Тартиби
дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи
соҳибони анборҳои гумрукӣ
1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ (минбаъд – Тартиби мазкур) мутобиқи қисми 1 моддаи 18 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – КГ ҶТ) таҳия шуда, тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи шахсони ҳуқуқии ватанӣ барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анбори гумрукӣ (минбаъд – Феҳрист), пешбурди Феҳрист аз тарафи мақомоти гумрук, ворид намудани тағйирот ба Феҳрист, хориҷ намудани шахсони ҳуқуқиро аз ин Феҳрист ва талабот нисбати ободонӣ, таҷҳизонӣ ва маҳали ҷойгиршавии анборҳои гумрукиро муқаррар менамояд.
- Соҳиби анбори гумрукӣ метавонад шахси ҳуқуқии ватанӣ бошад, ки ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дохил карда шудааст.
- Соҳибони анборҳои гумрукӣ метавонанд мақомоти гумрукие бошанд, ки ба сифати соҳиби анбори гумрукӣ, бе дохил намудани онҳо ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ фаъолият намоянд.
- Анборҳои гумрукии мақомоти гумрук анборҳои намуди кушода буда, бояд ҷавобгӯи талаботи муқаррарнамудаи Кодекси гумрук бошанд.
- Ба бино ва майдончаҳои кушоди барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъиншуда, бояд ҳудуди ҳифзшаванда ҳисоб шавад, ки барои ҷойгир намудани воситаҳои нақлиёти молро таҳти назорати гумруки интиқолдиҳанда дар муҳлати зарурӣ барои қарор додани мол дар анбори гумрукӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда бошад.
- Анбори гумрукӣ, инчунин ҳудуди ҳамшафати ҳифзшавандаи он минтақаи назорати гумрукӣ мебошанд.
- АРИЗА БАРОИ ДОХИЛ НАМУДАН БА ФЕҲРИСТИ
СОҲИБОНИ АНБОРҲОИ ГУМРУКӢ
- Барои дохил намудан ба Феҳрист шахси ҳуқуқии ҷавобгуйи талаботи муқаррарнамудаи моддаҳои 226 ва 227 КГ ҶТ ба Раёсати минтақавии гумрукӣ (минбаъд – РМГ), ки дар минтақаи фаъолияти он феълан бино ва (ё) майдончаи кушоди барои ба сифати анбори гумрукӣ истифодашаванда ҷойгир аст, бо ариза дар бораи дохил намудан ба Феҳрист (минбаъд – Ариза) муроҷиат менамояд.
- Ариза аз ҷониби шахси ҳуқуқии ватанӣ ба РМГ дар шакли хаттӣ тибқи Замимаи 1 ба Тартиби мазкур пешниҳод карда мешавад, ки маълумоти зеринро дар бар мегирад:
1) муроҷиат ба мақоми гумрук барои дохилшавӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ;
2) маълумот дар бораи номи шахси ҳуқуқӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳали ҷойгиршавӣ, кушодани суратҳисобҳои бонкӣ, инчунин андозаи маблағи сармояи оинномавии (ҷамъшаванда) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавӣ ё ҳиссагузориҳои аъзоҳақии аризадиҳанда;
3) маълумот дар бораи намуди анбори гумрукӣ (барои анбори пӯшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби ин анбор);
4) маълумот дар бораи биноҳо ва майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри аризадиҳанда қарор доранд ва барои истифодабарӣ ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидаанд, маҳали ҷойгиршавӣ, ободонӣ, таҷҳизонӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо;
5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи таваккали масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ.
6) маълумот дар бораи ҳаҷми фоиданоки биноҳо ё майдончаҳо;
7) номи РМГ, ки ба он ариза пешниҳод карда мешавад;
8) ному насаби сардори РМГ;
9) номи пурраи шахси ҳуқуқии аризадиҳанда;
10) рақами бақайдгирии давлатии сабт дар бораи таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шудааст;
11) сана ва имзои аризадиҳанда;
- Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин, ки маълумоти арзшударо тасдиқ мекунанд, замима карда мешаванд:
1) шаҳодатнома дар бораи сабти давлатии шахси ҳуқуқӣ;
2) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи соҳибии биноҳо ва майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидаанд;
3) тарҳҳо ва нақшаҳои биноҳо ва майдончаҳои кушода, ки барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидаанд;
4) тасдиқномаҳои бонкҳо дар бораи кушодани суратҳисобҳо;
5) шартномаи (полиси) суғурта барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ
6) рӯйхати кормандоне, ки ҳуқуқи ворид шудан ба анборҳои гумрукиро доранд;
7) маълумоти тасдиқкунанда дар бораи таъмини бехатарӣ ва мавҷудияти дастгоҳи сигнализатсия ва сӯхторхомӯшкунӣ;
8) руйхати таҷҳизот, техника, воситаҳои алоқа, компютерҳо ва техникаи ташкилӣ;
- Барои ҳар бинои ҳудудан алоҳида ва ҳар майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида, ки барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ таъин гардидааст, аризаи алоҳида пешниҳод карда мешавад.
- Ариза аз ҷониби РМГ мувофиқи тартиби коргузории дохилӣ ба қайд гирифта мешавад. Ҳангоми бақайдгирӣ, РМГ шумораи варақаҳои ҳуҷҷатҳои замимашударо ба ариза зам мекунад. Руйхати ҳуҷҷатҳо тибқи Замимаи 2 ба Тартиби мазкур пешниҳод карда мешаванд.
- Дар ҳолати зарурӣ, РМГ метавонад аз шахсони сеюм, инчунин аз мақомоти давлатӣ ҷиҳати тасдиқи воқеияти ҳуҷҷатҳои замимагардида дархост талаб намояд.
- РМГ аризаро дар мӯҳлати на бештар аз 30 рӯзи баъди гирифтани он баррасӣ менамояд.
- Маълумот дар бораи мавҷудияти биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушода, ки барои истифодабарӣ ба сифати анбори гумрукӣ ва ҳудуди бевосита ба анбори гумрукӣ (минбаъд ҳудуди ҳамшафат), агар он аз ҷониби аризадиҳанда муайян карда шуда бошад, инчунин маълумот дар бораи мутобиқати онҳо ба талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд бо боздид аз маҳали чунин биноҳо ва (ё) майдонҳои кушода мутобиқи Тартиби мазкур санҷиш карда шаванд.
- Сардори РМГ ё муовини он Амрномаро дар бораи азназаргузаронии бино ва майдончаҳои кушода, ҷиҳати санҷиши ободонӣ, таҷҳизонидан, ҷойгиршавии бино ва майдончаҳои кушодаи арзшуда ба сифати анбори гумрукӣ ва ҳудуди ҳамшафати он бо риояи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи Замимаи 4 ба Тартиби мазкур дар шакли хаттӣ қабул мекунад. Азназаргузаронии гумрукии бино ва майдончаҳои кушода аз ҷониби комиссияе, ки аз шахсони мансабдори воҳидҳои сохтории ваколатдори РМГ-и дахлдор иборат аст, дар асоси Амрнома дар бораи гузаронидани азназаргузаронии бино ва майдончаҳои кушода анҷом дода мешавад. Дар Амрнома муҳлати гузаронидани азназаргузаронии гумрукӣ бо назардошти муҳлати қабули қарор дар бораи дохил намудани аризадиҳанда ба Феҳрист муқаррар карда мешавад. Дар натиҷаи азназаргузаронии биноҳо ва майдончаҳои кушод санади азназаргузаронии гумрукӣ (Замимаи 5) тартиб дода мешавад. Санади азназаргузаронии гумрукӣ дар ду нусха тартиб дода шуда, нусхаи дуюми он ба аризадиҳанда ё намояндаи ваколатдори ӯ бо имзо супорида мешавад.
- Дар давоми муҳлати дарҷгардида РМГ риояи шартҳои муқаррарнамудаи КГ ҶТ-ро санҷида, барои қабули қарор дар бораи дохил намудани аризадиҳанда ба Феҳрист хулосаро ба Хадамоти гумрук мефиристад.
- Хадамоти гумрук хулосаро баррасӣ намуда, ҳангоми қабули қарори мусбӣ аризадиҳандаро дар муҳлати то 10 рӯз аз рӯзи гирифтани хулоса ба Феҳрист ворид намуда, рақами тартибӣ медиҳад ва дар ин бора ба РМГ хаттӣ хабар медиҳад.
- Мақоми гумрук ҳуқуқ дорад аризаи шахси ҳуқуқиро барои дохил намудан ба Феҳрист дар ҳолатҳои зерин рад намояд:
1) дар сурати риоя накардани шахси ҳуқуқӣ шартҳои дохил намудан ба Феҳрист, ки дар моддаи 227 КГ ҶТ пешбинӣ шудаанд;
2) дар ҳолати номувофиқ будани маълумот дар ҳуҷҷатҳое, ки шахси ҳуқуқӣ дар ариза дар бораи дохил намудан ба Феҳрист пешниҳод намудааст;
3) дар ҳолате, ки агар дар як суроға якчанд бино ё иншоот мавҷуд бошад, шахси ҳуқуқӣ барои дохил намудан ба Феҳрист як ариза пешниҳод кардааст.
- Қарор дар бораи дохил намудан ба Феҳрист бо фармоиши РМГ ва додани Шаҳодатномаи дохил намудан ба Феҳрист (минбаъд- Шаҳодатнома) ба расмият дароварда мешавад. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад аз рӯзи қабули чунин қарор ба сифати соҳиби анбори гумрукӣ фаъолият намояд. Барои дохил намудан ба Феҳрист ҳеҷ гуна пардохт ситонида намешавад.
- РМГ Шаҳодатномаи дохилшавӣ ба Феҳристро пур карда, ба он рақами тартибиро, ки Хадамоти гумрук додааст, мегузорад ва ба аризадиҳанда медиҳад.
- Баъд аз анҷоми баррасии ариза, РМГ бо дархости аризадиҳанда уҳдадор аст, ки нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо ба ӯ баргардонад. РМГ дар бастаи ҳуҷҷатҳо барои додани Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳрист нусхаи ҳуҷҷатҳоеро мегузорад, ки нусхаи аслии онҳо ба аризадиҳанда баргардонида мешавад. Нусхаҳо бояд бо имзои шахси мансабдори мақоми гумрук, ки нусхаи аслиро медиҳад бо муҳри РМГ тасдиқ карда шаванд.
- Дар асоси маълумоти дар ариза нишондодашуда ва ҳуҷҷатҳое, ки Шаҳодатномаи дохил намудан ба Феҳрист дода шудааст, шахси мансабдори воҳиди РМГ, ки ба салоҳияти он масъалаҳои назорати гумрукӣ дохил мешаванд, баҳисобгирии соҳиби анбори гумрукиро дар Феҳрист тибқи Замимаи 3 ба Тартиби мазкур ба роҳ мемонад.
- Ариза ва ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо Шаҳодатномаи дохилшавӣ ба Феҳрист дода шудааст, дар якҷоягӣ бо нусхаи дуюми Шаҳодатномаи дохилшавӣ ба Феҳрист дар РМГ (дар шуъбае, ки ба салоҳияти он масъалаҳои назорати татбиқи низоми гумрукӣ дохил мешаванд), ки дар минтақаи он анбори гумрукӣ фаъолият мекунад, нигаҳ дошта мешаванд.
- ШАҲОДАТНОМА БАРОИ ДОХИЛ НАМУДАН
БА ФЕҲРИСТИ СОҲИБОНИ АНБОРҲОИ ГУМРУКӢ
- Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳрист аз рӯи намунаи дар Замимаи 6 ба Тартиби мазкур муайянкардашуда дода мешавад, ки он маълумот тибқи талаботи КГ ҶТ заруриро дорад.
- Ба ҳар як бинои ҳудудан алоҳида ва (ё) ҳар як майдончаи кушодаи ҳудудан алоҳида дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ Шаҳодатномаи алоҳида дода мешавад.
- Шаҳодатнома дар бораи дохил намудан ба Феҳрист маълумотҳои зеринро дар бар мегирад:
1) номи соҳиби анбори гумрукӣ бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавии он;
2) маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори гумрукӣ истифода мешавад;
3) нишон додани навъи анбори гумрукӣ;
4) нишон додани маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ;
5) масоҳати анбори гумрукӣ (м.2);
6) ҳаҷми фоиданоки бино (мукааб);
7) ҳаҷми фоиданоки бино (м.мурабба);
8) дохил намудан ба феҳристи соҳибони анборҳои гумрук;
9) муҳлати амали шаҳодатнома;
10) сардори мақоми гумрук (ё шахси ивазкунандаи ӯ) насаб, ном, номи падар.
- Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад фаъолияти дахлдорро дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ аз рӯзи гирифтани шаҳодатнома оғоз намояд.
- Шаҳодатномаро шахси мансабдори РМГ-и салоҳиятдор бо роҳи гузоштани муҳр дар ҳар ду нусхаи аслӣ, ки аз тарафи сардори РМГ ва ё шахси ивазкунандаи ӯ имзо карда мешавад, пур менамояд. Ҳар ду нусхаи аслии бланка бо мӯҳри РМГ тасдиқ карда мешавад. Як нусхаи барасмиятдаровардашудаи Шаҳодатнома таҳти назорат дар РМГ нигоҳ дошта шуда, нусхаи дигари он ба аризадиҳанда дода мешавад.
- Нусхаи Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳрист ва нусхаи варақаи бақайдгирии соҳиби анбори гумрукӣ дар Феҳрист дар шакли қоғазӣ аз тарафи РМГ ба мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои фаъолияти гумрукӣ дар муддати 3 рӯзи баъди додани Шаҳодатнома фиристода мешавад.
- 30. Шаҳодатнома ба муҳлати 5 сол эътибор дорад. Дар сурати ба охир расидани муҳлати Шаҳодатнома соҳиби анбори гумрукӣ такроран ба Феҳрист дохил карда мешавад. Ариза дар бораи такроран ба Феҳрист дохил намудан мувофиқи Тартиби мазкур баррасӣ карда мешавад.
- 31. Ба шахси дигар додани Шаҳодатнома манъ мебошад.
- Тартиби пур кардани Шаҳодатнома дар Замимаи 7 ба Тартиби мазкур оварда шудааст.
4.ТАЛАБОТ НИСБАТИ ОБОДОНӢ, ТАҶҲИЗОНӢ ВА МАҲАЛИ
ҶОЙГИРШАВИИ АНБОРҲОИ ГУМРУКӢ
- Биноҳо ва (ё) майдончаҳои кушоде, ки барои истифода ба сифати анбори гумрукӣ пешбинӣ шудаанд, бояд тавре муҷаҳҳаз ва таҷҳизонида шаванд, ки:
1) бехатарии молҳоро таъмин намояд;
2) биноҳо ва майдончаҳои кушоде, ки барои истифодабари ба сифати анбори гумрукӣ пешбинӣ шудаанд ва бо низоми автоматикунонидашудаи нигоҳдории мол муҷаҳҳаз шудаанд ва ҳудуди ҳамшафати он бояд тавре муҷаҳҳаз ва таҷҳизонида шаванд, ки бехатарии молҳоро таъмин намуда, дастрасии шахсони бегонаро ба молҳо истисно карда шавад, (кормандони анбори гумрукӣ, ки нисбат ба молҳо ваколат надоранд ё намояндагони шахсони дорои чунин ваколатҳо нестанд);
3) имконияти гузаронидани назорати гумрукиро нисбат ба ин молҳо таъмин намояд.
- Барои ободонии анбори гумрукӣ талаботи ҳатмии зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) биноҳое, ки барои анбори гумрукӣ пешбинӣ шудаанд, танҳо дар биноҳо ё иншооти рӯизаминӣ (барои анбори гумрукии намуди кушода) ҷойгир карда мешаванд;
2) мавҷуд будани роҳҳои даромадгоҳ (вобаста ба намуди наклиёт);
3) мавҷуд будани майдончаи пӯшидаи муҷаҳҳазшуда барои гузаронидани муоинаи гумрукии мол ва воситаҳои нақлиёт;
4) мавҷуд будани минтақаи ҳамшафати девордор ва муҳофизатшаванда бо фарши сахт, ки барои таваққуф кардани воситаҳои нақлиёти интиқолдиҳандаи мол дар вақти зарурӣ барои анҷом додани низоми гумрукӣ муҷаҳҳаз шудааст;
5) девор ё аломатгузории майдончаи кушода, агар он ҳамчун анбори гумрукӣ истифода шавад;
6) ҳудуди анбори гумрукӣ набояд иншоотеро дар бар гирад, ки ба фаъолияти анбори гумрукӣ ва фаъолияти он алоқаманд нестанд;
7) ҷудо намудани бинои махсуси ободшуда ва мутобиқкардашуда дар дохили анбори гумрукӣ, ки барои нигаҳдории молҳое, ки метавонанд ба молҳои дигар зарар расонанд ё шароити махсуси нигаҳдориро талаб намоянд;
8) мавҷуд будани гузаргоҳҳо ва воситаҳои дахлдори таъмини назорат аз болои ҳаракати молҳо ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди анбори гумрукӣ;
9) ҷойгиршавии анбори гумрукӣ танҳо дар биноҳо ё иншооти марбут ба амволи ғайриманқул. Анбори гумрукӣ наметавонад дар ягон намуди воситаҳои нақлиёти ҳаракаткунандаи сайёр ва таҷҳизонидашудаи сайёри нақлиётӣ ҷойгир карда шавад.
10) ҳудуд ва биноҳои анбори гумрукӣ бояд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ аломати «Анбори гумрукӣ» ва «Таможенный склад» дошта бошанд;
11) шароити кори кормандонро мувофиқи қонунгузории меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартҳои истифодаи таҷҳизотро мувофиқи қоидаҳои техникаи бехатарӣ оид ба истифодабарии он таъмин менамояд;
12) низоми автоматии сӯхторхомӯшкунӣ ва бехатарии сигнализатсия;13) низоми назорати камеравӣ ва идоракунии дастрасӣ. Дар ҳолати набудани чунин низом, бино бояд ба қулфи электронӣ, рамзӣ ё механикӣ маҳкам карда шавад.
- Барои ободонии анбори гумрукӣ талаботҳои ҳатмии зерин пешниҳод карда мешаванд, ки соҳиби анбори гумрукӣ бояд онҳоро иҷро кунад:
1) обод кардани як қисми бино бо роҳҳои вурудӣ ва бинои алоҳида (девордор), агар бино ҳамзамон барои истифодабарии молҳои таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ ҷойгиршуда пешбинӣ шуда бошад;
2) мавҷудияти таҷҳизоти тарозу бо ҳаддҳои гуногуни баркашӣ, ки имконияти баркашии молҳои эҳтимолӣ барои ҷойгиркунӣ дар анбори гумрукӣ, аз ҷумла дар поллетҳо, паддонҳо ва дигар воситаҳое, ки одатан барои интиқол истифода мешаванд, таъмин менамояд;
3) техникаи боркунӣ ва борфарорӣ (масалан, мониши борбардорӣ, борбардорҳои барқӣ ва мошинҳои боркаши барқӣ, аробаҳои механикӣ, кранҳо ва борбардорҳо) ба миқдоре, ки барои гузаронидани назорати гумрукӣ аз болои молҳо (аз ҷумла бо пурра холи кардани онҳо) кофӣ аст. Вобаста ба хусусият ва намуди мушаххаси молҳое, ки дар анбори гумрукӣ нигаҳ дошта мешаванд, РМГ метавонанд талаботи иловагии зеринро муқаррар намоянд;
4) алоқаи телефонӣ, дастгоҳи факсимилӣ, техникаи ташкилӣ ва чопкунанда;
5) хати алоқаи телефонӣ (идоравӣ, дохилӣ ва истифодабарии умумӣ);6) дастрасӣ ба шабакаи Интернет;36. РМГ вобаста ба хусусият ва намуди молҳои дар анбори гумрукӣ нигаҳдошташуда метавонанд талаботи иловагии зеринро пешниҳод намоянд:
1) таъмини воситаҳои техникӣ барои назорати гумрукии маводҳои таҷзияшаванда ва радиоактивӣ, ки миқдори онҳоро РМГ мустақилона ё дар мувофиқа бо Хадамоти гумрук, мутобиқи қоидаҳои техникӣ ва стандартҳои миллии амалкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд. Хадамоти гумрук намуди воситаҳои техникии назорати радиатсиониро муайян мекунад;
2) мавҷуд будани таҷҳизоти муоинавии рентгенӣ, ки зарурат, миқдор ва намуди онро РМГ дар мувофиқа бо Хадамоти гумрук муайян мекунад;
- Ба маҳали ҷойгиркунии анборҳои гумрукӣ талаботи зерин пешниҳод карда мешаванд:
1) анбори гумрукӣ бояд дар як суроғаи почтавӣ ё дар ҳудуди ҷудонашавандаи периметри ҳудуди дар минтақаи фаъолияти дидбонгоҳи гумрукии ё гумруки тобеъи РМГ, ки Шаҳодатномаро медиҳад, ҷойгир бошад;
2) анбори гумрукӣ бояд дар наздикии муносиб ба марказҳои нақлиётӣ ва шоҳроҳҳое, ки молҳо ва воситаҳои нақлиёт ба сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида мешаванд, ҷойгир бошад. Аз шоҳроҳу роҳҳо ба анбори гумрукӣ бояд роҳҳои воридотӣ мувофиқ бошанд;
- Бо қарори сардори РМГ талаботҳои алоҳидаи муқаррарнамудаи боби мазкур оид ба ободонӣ ва таҷҳизонидани анборҳои навъи пӯшида, ки дар ҳудуди корхона соҳибони онҳо ба фаъолияти истеҳсолӣ машғуланд, агар талаботи муқаррарнамудаи банди 1 моддаи 225 КГ ҶТ риоя нашавад, татбиқ намегардад.
- БОЗХОНДИ ШАҲОДАТНОМА БАРОИ ДОХИЛ НАМУДАН
БА ФЕҲРИСТИ СОҲИБОНИ АНБОРҲОИ ГУМРУКӢ
39 Шаҳодатнома барои дохил намудан ба Феҳрист, ки аз тарафи РМГ дода шудааст, дар ҳолатҳои зерин бозхонд карда мешавад:
1) агар соҳиби анбори гумрукӣ ҳадди ақал яке аз шартҳои дохилшавӣ ба Феҳристро, ки моддаи 227 КГ ҶТ пешбинӣ кардааст, иҷро накунад;
2) якчанд маротиба ба ҷавобгарии маъмурӣ кашидани соҳиби анбори гумрукӣ барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар соҳаи фаъолияти гумрук;
- Қарор дар бораи бозхонди Шаҳодатнома бо фармоиши сардори РМГ ба расмият дароварда мешавад ва ба шахси ҳуқуқие, ки нисбаташ чунин қарор қабул шудааст, бо асосноккунии қабули чунин қарор дар шакли хаттӣ, на дертар аз рӯзи баъди қабули он (Замимаи 8) расонида мешавад.
- Қарор дар бораи бозхонди Шаҳодатнома баъди 15 рӯз аз рӯзи қабули чунин қарор эътибори қонунӣ пайдо мекунад.
- Аз санаи эътибори қонунӣ пайдо кардани қарор дар бораи бозхонд кардани Шаҳодатнома, соҳиби анбори гумрукӣ мувофиқи тартиби муқарраршуда аз Феҳрист хориҷ карда мешавад. Нусхаи қарор дар бораи бозхонд кардани Шаҳодатнома бояд фавран ба Хадамоти гумрук фиристода шавад.
- Қарор дар бораи бозхондани Шаҳодатнома (нусхаи фармоиши РМГ) на дертар аз рӯзи дигари қабули фармоиши дахлдор ба шахси ҳуқуқӣ расонида мешавад.
- Қарор дар бораи бозхонди Шаҳодатнома ба роҳбар ё дигар намояндаи ваколатдори соҳиби анбор, бо имзо ё бо дигар воситаҳое, ки далел ва санаи гирифтани ин қарорро тасдиқ мекунад, расонида мешавад. Агар ин шахсон аз гирифтани чунин қарор саркашӣ намоянд, он тавассути почтаи фармоишӣ фиристода мешавад.
- ХОРИҶ НАМУДАН АЗ ФЕҲРИСТИ СОҲИБОНИ
АНБОРИ ГУМРУКӢ
- Соҳиби анбори гумрукӣ метавонад дар ҳолатҳои зерин аз Феҳрист хориҷ карда шавад:
а) бо хоҳиши соҳиби анбор аз рӯзи супоридани ариза дар шакли хаттӣ ба РМГ, ки Шаҳодатномаро додааст;
б) пас аз ба охир расидани муҳлати амали Шаҳодатнома аз рӯзи дигари ба охир расидани чунин муҳлат;
в) ҳангоми қабул намудани қарор дар бораи бозхондани Шаҳодатнома аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани чунин қарор;
г) ҳангоми барҳам додани шахси ҳуқуқӣ баъди як рӯзи аз ҷониби мақоми бақайдгиранда ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ қайд намудани шахси ҳуқуқие, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ дар ҷараёни барҳамхурӣ қарор дорад;
д) ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои дигаргунсозӣ аз рӯзи дигаре, ки азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, ба охиррасида ҳисоб мешавад.
- Хориҷ намудани соҳиби анбори гумрукӣ аз Феҳрист онро (ё вориси ҳуқуқии онҳоро) аз уҳдадории анҷом додани амалиёти гумрукӣ барои нигаҳдории молҳои таҳти низоми «Анбори гумрукӣ» қарордошта ё анҷом додани дигар амалҳое, ки пеш аз хориҷ кардани соҳиби анбор аз Феҳрист ба миён омадаанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи КГ ҶТ озод намекунад.
- Хориҷ намудан аз Феҳрист бо фармоиши РМГ, ки Шаҳодатномаро додааст ва дар он муҳлати қатъи эътибори Шаҳодатнома нишон дода шудааст, ба расмият дароварда мешавад. РМГ бояд соҳиби анбори гумрукиро ба таври хаттӣ дар бораи сабабҳои чунин қарор огоҳ созад. Дар ин ҳолат, соҳиби анбори гумрукӣ вазифадор аст, ки баъд аз гирифтани фармоиши мазкур дар бораи хориҷ шудан аз Феҳрист ба РМГ ҳисоботи пурра дар бораи молҳои дар анбор нигаҳдошташударо тибқи Замимаи 9 ба Тартиби мазкур дар шакли хаттӣ пешниҳод намояд.
- Дар ҳолати хориҷ намудан аз Феҳрист, соҳиби анбори гумрукӣ бояд на дертар аз 5 рӯз аз санаи қабули чунин қарор нусхаи Шаҳодатномаро, ки дар ихтиёри ӯ мебошад, ба РМГ супорад. Нусхаи фармоиши РМГ дар бораи хориҷ намудан аз Феҳрист, бо асосноккунии сабабҳои хориҷ намудан фавран ба Хадамоти гумрук фиристода мешавад.
- ВОРИД НАМУДАНИ ТАҒЙИРОТ БА ШАҲОДАТНОМА БАРОИ
ДОХИЛ НАМУДАН БА ФЕҲРИСТИ СОҲИБОНИ
АНБОРҲОИ ГУМРУКӢ
- Ҳангоми тағйир додани маълумоте, ки дар аризаи пешбининамудаи банди 8 Тартиби мазкур ё дар ҳуҷҷатҳои ба он замимашуда, соҳиби анбори гумрукӣ (вориси ҳуқуқии он) дар давоми 5 рӯз аз рӯзи рух додани ҳодисаҳои дахлдор ё аз рӯзе, ки ӯ огоҳ шуд, вазифадор аст, ки дар ин бора ба РМГ, ки Шаҳодатномаи дохил намудан ба Феҳристро додааст, ба таври хаттӣ хабар дихад ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тағйироти маълумот ва руйхати онҳоро пешниҳод намояд.
- РМГ дар давоми 5 рӯзи корӣ мутобиқати маълумоти нав дарҷгардидаро ба шартҳои муқаррарнамуда барои дохил намудани шахс ба Феҳрист месанҷад ва агар маълумоти дар Шаҳодатномаи дохилшавӣ ба Феҳрист нишондодашуда тағйир дода шавад, РМГ масъалаи додани Шаҳодатномаи навро тибқи Тартиби мазкур баррасӣ менамояд.
- Ҳангоми додани Шаҳодатномаи нав ба рақами қаблии Шаҳодатнома аломати ҳарфи калони алифбои тоҷикӣ илова карда мешавад.
- Нусхаи якуми аслии Шаҳодатномаи нави дохил намудан ба Феҳрист аз ҷониби РМГ ба соҳиби анбори гумрукӣ бо гирифтани нусхаи аслии Шаҳодатнома, ки дар ихтиёри он аст дода мешавад, ки он якҷоя бо ҳуҷҷатҳои нави пешниҳодшуда ба ариза замима карда мешавад ва дар РМГ нигаҳ дошта мешавад. Дар асоси маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки дар асоси онҳо Шаҳодатномаи нави дохил намудан ба Феҳрист дода шудааст, шахси мансабдори воҳиди РМГ, ки салоҳияти он масъалаҳои назорати татбиқи низомҳои гумрукиро дар бар мегирад, варақаи нави бақайдгирии соҳиби анбори гумрукиро ба Феҳрист тартиб медиҳад.
- Нусхаҳои Шаҳодатномаи нави дохил кардан ба Феҳрист ва варақаи нави бақайдгирии шахс дар Феҳрист фавран аз ҷониби РМГ ба Хадамоти гумрук фиристода мешаванд.
- МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Хадамоти гумрук Феҳрист ва руйхати анборҳои гумрукии мақомоти гумрукро пеш мебарад ва нашри ин Феҳрист ва руйхати анборҳои гумрукии мақомоти гумрукро на камтар аз як маротиба дар ҳар се моҳ нашр менамояд.
- РМГ баҳисобгирии анборҳои гумрукиро тибқи тартиби муқарраршуда пеш мебарад. Маълумот дар бораи ворид намудани тағйирот дар Феҳрист ва руйхати анборҳои гумрукии мақомоти гумрук ҳар моҳ ба Хадамоти гумрук фиристода мешавад.
- Шахсони ҳуқуқӣ барои риоя намудани муқаррароти Тартиби мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошанд.
Замимаи 1.
ба Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
Ба сардори РМГ дар шаҳри (вилояти)________
__________________________________________
__________________________________________
(насаб, ном, номи падар)
аз номи _________________________________________
________________________________________________
__________________________________________
«___» __________соли 20____
АРИЗА
дар бораи дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
________________________________________________________________________________
(номи пурраи шахси ҳуқуқӣ)
Хоҳиш менамоям ҳуҷҷатҳои пешниҳодшударо баррасӣ намуда, ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дохил намоед
Маълумоти дар ариза дарҷгардида
|
1
|
2
|
3
|
|
1
|
|
|
|
(маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ)
|
|
2
|
|
|
|
(маълумот дар бораи кушодани суратҳисобҳои бонкӣ: бо сомонӣ, бо доллари ИМА, эвро ва дигар асъори хориҷӣ )
|
|
3
|
|
|
|
(маълумот дар бораи андозаи маблағи сармояи оиномавии (ҷамъшаванда) пурра ташаккулёфта, фонди оиномавӣ ё ҳиссагузориҳои аъзоҳақии шахси ҳуқуқӣ )
|
|
4
|
|
|
|
(маълумот дар бораи намуди анбори гумрукӣ (барои анбори пӯшида, инчунин асоснокии зарурат ва ба мақсад мувофиқ будани интихоби ин анбор)
|
|
5
|
|
|
|
(маълумот дар бораи ҳаҷми фоиданоки биноҳо ё майдончаҳо)
|
|
6
|
|
|
|
(маълумот дар бораи биноҳо ва майдончаҳои кушодае, ки дар ихтиёри шахси ҳуқуқӣ қарор доранд ва сифати анбори гумрукӣ таъйин гардидаанд)
|
|
7
|
|
|
|
(ному насаби сардори РМГ)
|
|
8
|
|
|
|
(номи пурраи шахси ҳуқуқии аризадиҳанда)
|
|
9
|
|
|
|
(рақам ва санаи додани шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар мақомоти андоз)
|
|
10
|
|
|
|
(рақами бақайдгирии давлатии сабт дар бораи таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки ба Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ворид карда шудааст)
|
|
11
|
|
|
|
(маълумот дар бораи шартномаи (шартномаҳои) суғуртаи таваккали масъулияти шаҳрвандии аризадиҳанда барои анбори шакли кушодаи гумрукӣ)
|
|
12
|
|
|
|
(сана ва имзои аризадиҳанда)
|
|
|
|
|
|
|
|
|
Замима: нусхаи ҳуҷҷатҳо дар ҳаҷми__________________варақ
Роҳбари шахси ҳуқуқӣ_____________________ _______________________________
(имзо) (насаб, ном, номи падар)
Сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ_________________ ________________________________
(имзо) (насаб, ном, номи падар)
Ҷ.М.
Замимаи 2
ба Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
Руйхати ҳуҷҷатҳо
|
№
|
Номгуи ҳуҷҷатҳо
|
Шумораи саҳифаҳо
|
Асл, нусхаи тасдиқшуда
|
Қайди мақоми гумрук оиди мавҷуд будани, шумораи саҳ. ва ҳуҷҷатҳои қабул кардаи ба ариза замимашуда.
|
|
1
|
|
|
|
|
|
2
|
|
|
|
|
|
3
|
|
|
|
|
|
4
|
|
|
|
|
|
5
|
|
|
|
|
|
6
|
|
|
|
|
|
7
|
|
|
|
|
|
8
|
|
|
|
|
|
9
|
|
|
|
|
|
10
|
|
|
|
|
| |
Замимаи 3
ба Тартиби дохил намудани шахсони
ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
Баҳисобгирии
шахси ҳуқуқӣ дар Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
1
|
Рақами шаҳодатнома барои дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
|
2
|
Ном ва рамзи РМГ, ки Шаҳодатномаро барои дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ додааст
|
|
3
|
Номи шахси ҳуқуқиӣ- соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
|
4
|
Маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ (суроғаи почтави) ва телефон
|
|
5
|
Рамзи РМА шахси ҳуқуқуқии соҳибони анбори гумрукӣ
|
|
6
|
Санаи додани Шаҳодатнома барои дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
|
7
|
Санаи ба охир расидани Шаҳодатномаи дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
|
8
|
Майдони умумии анбори гумрукӣ (аз ҷумла биноҳо, майдончаҳои кушод)
|
|
9
|
Ҳаҷми бинои анбори гумрукӣ
|
|
10
|
Намуди анбори гумрукӣ.
|
|
11
|
Нигаҳдории категорияҳои алоҳидаи молҳо
|
|
12
|
Реквизити ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуқуқи нигаҳдории молҳои зераксизӣ.
|
|
13
|
Намуди моликияти бино (қисми замин), ки ҳамчун анбори гумрукӣ арз шудааст
|
|
14
|
Рақам ва санаи бастани шартномаи суғурта, ташкилоти суғуртакунанда
|
|
15
|
Санаи тасдиқи расмиёти истифодабарии анбори гумрукӣ
|
|
16
|
Рамз ва номи мақомоти гумрук ва воҳиди назораткунандаи анбори гумрук.
|
|
17
|
Эзоҳ: (маълумот барои аз Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ хориҷ кардан, дар бораи вайрон кардани қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳиби анбори гумрукӣ ва ғайра нишон дода мешавад)
|
|
|
|
Замимаи 4
ба Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ
ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
__________________________________________________________________(номи мақоми гумрук) АМРНОМА
дар бораи гузаронидани азназаргузаронии бино ва ё майдончаҳои кушод,
ки ба сифати анбори гумрукӣ ва ҳудуди анбори гумрукӣ арз шудаанд
«_____» __________ с.20__. № ____ ш._____________ 1. Мутобиқи қисми 1 моддаи 416 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон АМР МЕДИҲАМ: 1. Комиссия дар ҳайати 4 нафар аз воҳидҳои сохтории дахлдор барои азназаргузаронии бино(ҳо), (ҳудуд), инчунин молҳо ва (ё) ҳуҷҷатҳое, ки дар маҳал ва суроғаи дар аризаи шахси ҳуқуқӣ барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ дарҷ гардидаанд, таъсис дода шавад: 1).Сардори шӯъбаи ташкили назорати гумрукӣ______________________________________ ______________________________________________________________________________(насаб, ном, номи падар, вазифа ва рақами шаҳодатномаи хизматӣ) 2). Сардори шубаъи пардохтҳои гумркӣ ва назорати арзӣ____________________________________________________________________________________________________________________________ 3).Сардори шӯъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ__________________ ___________________________________________________________________4). Сардори шуъбаи назорати баъди барасмиятдарории гумрукӣ ва аудит________________ ______________________________________________________________________________________________ 2. Дар ҳолати рад кардани даромадан ба бино, майдончаҳои кушода, ҳудуди анбори гумрукӣ ва кушодани биноҳои баста шахсони мансабдори мақомоти гумрук ҳуқуқ доранд, ки дар ҳузури ду (2) нафар шахсони холис ба анбори гумрукӣ ворид шаванд. 3. Дар вақти гузаронидани азназаргузаронии гумрукӣ Санад оид ба азназаргузаронии гумрукӣ тартиб дода шавад. Сардори РМГ дар шаҳри (вилояти)__________________________________________________________________________________________________________________________________ Ҷ.М.
Замимаи № 5
ба Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ
ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
____________________________________________________________________
(номи мақоми гумрук)
САНАДИ
азназаргузаронии бино ва ё майдончаҳои кушод, ки ба сифати анбори
гумрукӣ ва ҳудуди анбори гумрукӣ арз шудаанд.
«___» ________ 20___ с. ш. ____________________
азназаргузарони оғоз шуд соати ____ дақ. ____
азназаргузарони анҷом ёфт соати ____ дақ. ____
Комиссия дар ҳайати _____________________________________________________________
(ном, насаб, вазифаи иштирокчиёни азназаргузаронӣ)
________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Дар асоси Амрномаи _____________________________________________________________
(аз номи кӣ, дар бораи чӣ, таърих ва рақам)
________________________________________________________________________________
Бо иштироки соҳиби бино ё ин, ки намояндаи он
________________________________________________________________________________
(ному насаб, вазифа)
Азназар гузаронида шуд __________________________________________________________
(бо нишон додани суроға)
________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Азназаргузарони муайян карда шуд_________________________________________________
(маҳз чӣ)
________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________ба санад илова карда мешаванд ____________________________________________________
(нақша, сурат, таблитса ва ғ.)
________________________________________________________________________________
Аъзоёни комиссия:
1._______________________ ______________________________________
(имзо) (насаб, ном, номи падар)2._______________________ ______________________________________ (имзо) (насаб, ном, номи падар)3._______________________ ______________________________________ (имзо) (насаб, ном, номи падар) 4._______________________ ______________________________________ (имзо) (насаб, ном, номи падар) Шахсони холис: 1.________________ ________________________________________________ (имзо) (насаб, ном, номи падар, рақами шиноснома ва маҳали истиқомат)____________________________________________________________________2._____________ ____________________________________________________ (имзо) (насаб, ном, номи падар, рақами шиноснома ва маҳали истиқомат)____________________________________________________________________ 3.Шахси ҳуқуқӣ истифодабарандаи бино ё ин, ки намояндаи он _________________________ ____________________________________ (имзо) (насаб, ном, номи падар)
Замимаи 6
ба Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ
ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
ХАДАМОТИ ГУМРУКИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
|
|
ШАҲОДАТНОМА № ХХХХХХ/ХХ/ХХХХ
барои дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи
соҳибони анборҳои гумрукӣ
|
|
|
(номи мақоми гумруке, ки Шаҳодатномаро додааст)
|
|
|
|
(номи соҳиби анбори гумрукӣ бо нишон додани шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳали ҷойгиршавии он)
|
|
|
|
( маълумот дар бораи ҳуқуқи соҳибии бино ва (ё) майдончаи кушода, ки ба сифати анбори гумрукӣ
истифода мешавад)
|
|
|
|
(нишон додани навъи анбори гумрукӣ)
|
|
|
|
(нишон додани маҳали ҷойгиршавии анбори гумрукӣ)
|
|
|
|
(масоҳати анбори гумрукӣ (м.2)
|
|
|
|
(ҳаҷми фоиданоки бино (м.мукааб)
|
|
|
|
(ҳаҷми фоиданоки бино (м.мурабба)
|
|
|
|
(дохил намудан ба феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ)
|
|
|
|
(муҳлати амали Шаҳодатнома)
|
|
|
|
(сардори мақоми гумрук (ё шахси ивазкунандаи ӯ) насаб, ном, номи падар)
|
|
|
|
|
|
|
|
|
(имзо)
|
|
Ҷ.М.
|
|
|
|
|
(санаи додани Шаҳодатнома)
|
|
|
| |
|
|
|
| |
|
Замимаи 7
ба Тартиби дохил намудани шахсони
ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
ТАРТИБИ
пур кардани бланки Шаҳодатнома барои дохил намудани
шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анбори гумрукӣ
Бланкаи шаҳодатнома оид ба дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анбори гумрукӣ дар маҷмуи ду варақи дорои серия ва рақами якхела, ки ба усули типографи дар шакли А-4 дар коғази ғафс чоп карда шудааст, ки ба РМГ фиристода мешавад.
Варақи якуми Шаҳодатнома ба соҳиби анбори гумрукӣ дода шуда, варақи дуюм дар РМГ, ки шаҳодатномаро додаст, нигоҳ дошта мешавад.
Дар кунҷи чапи поёнии бланкаи Шаҳодатнома ба таври типографии ишора шудаанд:
-серияи бланк, ки аз ду ҳарфи калони чопии алифбои тоҷикӣ иборат аст;
-ҳисоби шашрақамаи бланк.
Рақами бақайдгирии шаҳодатнома оид ба дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анбори гумрукӣ аз ёздаҳ рақам иборат мебошад ба шакли ХХХХХХ/ХХ/ХХХ (бе холигии байни рақамҳо):
а) барои анборҳои гумрукии соҳибони анборҳои гумрукӣ:
ХХ-ду рақами минбаъдаи ҳисса: 01 анбори гумрукии шакли кушода 02- анбори гумрукии шакли пӯшида;
ХХХ- се рақами ҳиссаи сеюм рақами тартибии серақамаи шаҳодатнома;
б) барои анборҳои гумрукии аз тарафи мақомоти гумрук ташкил кардашуда:
ХХ- ду рақами минбаъдаи ҳисса «71», ки «7» нишони анбори гумрукии ташкилнамудаи мақоми гумрук, «1» нишони анбори гумрукии шакли кушода;
ХХХ- се рақами аввали ҳисса рамзи анбори гумруки мебошад;
ХХ- ду рақами минбаъдаи ҳисса «71», ки «7» нишони анбори гумрукӣ ташкил намудаи мақоми гумрук, «1» нишони анбори гумрукии шакли кушода;
Дар сутуни «маҳалли ҷойгиршавии бино (ё) майдончаи кушода» суроғаи почтавии бино ва (ё) майдончаи кушода навишта мешавад.
Дар сутуни «масоҳат (м2) ва (ё) ҳаҷми (м3) бино ва (ё) майдончаи кушод» масоҳати умуми ва ҳаҷми бино ва майдончаи кушод, ки барои ба сифати анбори гумрукӣ истифодашаванда ва дар он молҳои таҳти назорати гумруки буда нигаҳдорӣ мешаванд, навишта мешавад.
Замимаи 8
ба Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ
ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ
____________________________________________________________________
(номи мақоми гумруке, ки шаҳодатномаро додааст)
ҚАРОР
ОИД БА БОЗХОНДИ ШАҲОДАТНОМА БАРОИ ДОХИЛ НАМУДАНИ СОҲИБОНИ АНБОРҲОИ ГУМРУКӢ
Бо ин огоҳ карда мешавад
__________________________________________________________________________
(шакли ташкилию ҳуқуқӣ, номи соҳиби анбор)
________________________________________________________________________________________________
(суроғаи почта)
Оид ба бозхонди шаҳодатномаи № ____________ барои дохил намудан ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ ___________________________________________________________________________ нишон дода шудааст
________________________________________________________________________________________________
далели асоснок барои бозхонди шаҳодатнома)
__________________________________________________________________________
________________________________________________________________________________________________
________________________________________________________________________________________________
________________________________________________________________________________________________
________________________________________________________________________________________________
________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________________
Ҷ.М. «______» _______________соли 20____
(мӯҳри мақоми гумрук) (санаи қабули қарор барои бозхонди шаҳодатнома)
Сардори мақоми гумрук _________ _______________________________
(имзо) ( насаб, ном, номи падар)
Замимаи 9ба Тартиби дохил намудани шахсони ҳуқуқӣ ба Феҳристи соҳибони анборҳои гумрукӣ Ҳисоботдар бораи молҳое, ки дар анбори гумрукӣ нигаҳ дошта мешаванд ___________________________________________________________________(номи анбори гумрукӣ, рақами шаҳодатнома ва муҳлати амали он) Дар вақти хориҷ намудан ______________________________ аз Феҳристи соҳибони анборҳои (номи мақоми гумрук) гумрукӣ дар анбор мавҷуд буданд:
|
№ р/т
|
Номи
шахси ҳуқуқие, ки
молҳоро
дар анбори гумрукӣ ҷойгир кардааст
|
Номгуи молҳо
|
Рамзи мол
6 аломати аввали НМ ФИХ
|
Вазни молҳо бо кг, шумора ва дона
|
Рақами маълумотии ДЭМ
|
Арзиши гумрукӣ (бо доллари ИМА)
|
Санаи ҷойгиркунии молҳо дар анбори гумрукӣ
|
Рақами анбор
|
Эъзоҳ
|
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
7
|
8
|
9
|
10
|