Рақам 123
Дар асоси нақша 106
Намуди ҳуҷҷат Қарор
Ном бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, №64”
Ном бо забони русӣ Постановление Национального банка Таджикистана “О внесение изменений и дополнений в постановление Национального банка Таджикистана от 2 июня 2017 года, №64“
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Дар Вазорати адлияи                                                                     Бо Қарори Раёсати Бонки

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                 миллии Тоҷикистон

№634 “а”, аз 17 июли соли 2017                                                   аз “2” июни с.2017, №64

“ба қайд гирифта шудааст”                                                           “тасдиқ шудааст”

 

 

Дастурамали №223 “Оид ба тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя”

 

Дастурамали №223 “Оид ба тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя” мутобиқи қисми 5 моддаи 11, моддаи 15 ва қисми 1 моддаи 16-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” таҳия шуда, тартиб ва расмиёти аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бонкҳои ваколатдор огоҳ намудани Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармояро муқаррар менамояд.

1.   Муқаррароти умумӣ

  1. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд оид ба амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя (минбаъд - амалиёти ҳаракати сармоя) тамоми ҳуҷҷатҳои асосноккунанда, ҳисобот, маълумот ва иттилооти заруриро то оғози пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ба амалиёти мазкур вобастаро ба бонки ваколатдори хизматрасон пешниҳод намоянд.
  2. Ба амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя амалиёти зерин мансубанд:

а) сармоягузориҳои мустақими резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ – сармоягузориҳои фаромарзӣ (резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон корхонаи резиденти мамлакати дигарро назорат мекунад ё дар идоракунии он таъсиру нуфузи зиёд дорад). Муносибатҳои бевоситаи сармоягузориҳои мустақими резидентҳо ба кишварҳои хориҷӣ он вақт ба вуҷуд меоянд, ки дар натиҷа резидент 10% ё бештари сармояи оинномавии шахси ҳуқуқии сармоягузоришавандаро соҳиб мешавад (аз ҷумла, ҳангоми таъсисдиҳии шахси ҳуқуқӣ, шахси ҳуқуқии муштарак, харидани (ба даст овардан) шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё ҳадди ақал 10 фоизи ҳиссаи он ё зиёд кардани ҳиссаи резидент дар он);

б) сармоягузориҳои маҷмӯии резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷӣ – сармоягузории пулӣ ва воситаҳои моддӣ ба коғазҳои қиматнок, аз ҷумла қарзӣ, саҳмияҳои ширкатҳои хориҷӣ, ки камтар аз 10% иштироки сармоягузорро дар сармояи шахси ҳуқуқӣ таъмин мекунанд (аз ҷумла харидани (ба даст овардан) коғазҳои қиматнок, иштирок дар ташаккули сармояи оинномавӣ, сармоягузорӣ ба қоғазҳои қимматноки ташкилотҳои байналхалқӣ ва давлатҳои хориҷӣ, саҳмияҳои хазинаҳои маблағгузорӣ);

в) аз тарафи резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом додани амалиёт бо коғазҳои қиматноки ҳосилавии кишварҳои хориҷӣ – қоғазҳои қиматноке, ки механизми барориш ва муомилоти онҳо бо ҳуқуқи аз нав бадаст овардан ва ё фурухтани коғазҳои қиматнок, сарватҳои молиявӣ ва моддӣ дар муҳлати тибқи шартнома муқарраркардашуда ба роҳ монда мешавад (созишномаҳои форвардӣ, фючерсӣ, опсионҳо, сертификатҳои пасандозӣ ва ғ.);

г) аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан ва ё ба онҳо додани қарз бо асъор и хориҷӣ, аз ҷумла тамдиди муҳлати пардохти арзиши мол, кор ва хизматрасониҳои содиркардашуда ва муҳлати баргардонидани пешпардохти арзиши мол, кор ва хизматрасониҳои воридотӣ ё муҳлати ворид кардани онҳо, ба муҳлати бештар аз 1 (як) сол;

д) аз ҷониби резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои бонкҳои ваколатдор) дар бонкҳои хориҷӣ кушодани суратҳисобҳои бонкӣ (суратҳисобҳои пасандозӣ, амонатӣ, ҳисоббаробаркунӣ);

е) дигар амалиёте, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчун амалиёти марбут ба ҳаракати сармоя эътироф карда мешаванд, аз он ҷумла аз тарафи резидентҳо харидан ва ё ба даст овардани амволи ғайриманқул дар хориҷа, додани қарзҳои тиҷоратӣ ба ғайрирезидентҳо ва ғайраҳо.

  1. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва Дастурамали мазкур бемаҳдудият амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармояро анҷом диҳанд, аз он ҷумла дар бонкҳои ғайрирезидент бе маҳдудияти шумора ва таъинот, бо риояи талаботи низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, суратҳисобҳои бонкӣ бо асъори хориҷӣ кушоянд.

2.                 Тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя

  1. Аз ҷониби резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармояи дар банди 2 Дастурамали мазкур пешбинишуда, бо шарти огоҳ намудани Бонки миллии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.

Дар Огоҳинома маълумоти зерин муфассал оварда мешавад:

а) мушаххасоти резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) хусусиятҳои амалиёти ҳаракати сармоя, аз ҷумла намуд, моҳият, маблағ, асъор, фоизҳо, санаи оғоз ва анҷоми амалиёт, тартиби пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ба ин амалиёт вобаста;

в) ном ва мушаххасоти тарафи дигари амалиёт;

        г)    мушаххасоти    суратҳисоби    бонкӣ    ва    бонки    ваколатдори

хизматрасони ин амалиёт;

д) маблағҳои асъории вобаста ба ин амалиёт пардохтшуда ё

гирифташуда;

е) мушаххасоти суратҳисоби бонкии дар бонки хориҷӣ бо асъори

хориҷӣ кушодашуда, аз ҷумла навъ, асъор, таъинот, санаи кушодашавии он, шарту шароити пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо тавассути ин суратҳисоби бонкӣ, ном ва дигар мушаххасоти шинохти бонки хориҷӣ;

ё) нусхаи ҳуҷҷат ва санадҳои асосноккунанда вобаста ба намуди

амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя, аз ҷумла асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаҳои муштарак, таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар хориҷа ё иштирок дар он, ҷалби қарзҳо, нусхаи шартномаҳои қарзӣ.

  1. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва амалияи фаъолияти хоҷагидорӣ амалиёти ҳаракати сармояро оғоз карда, дар муҳлати на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз санаи оғози он ва дар ҳолати кушодани суратҳисоби бонкӣ дар бонки хориҷӣ дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи кушодани он Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли замимаҳои 1 ва 2 огоҳ менамоянд.
  2. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати кушодани суратҳисоби бонкӣ дар бонки хориҷӣ дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи кушодани он мақомоти андози маҳаллӣ бақайдгириашонро низ, огоҳ менамоянд.
  3. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд Бонки миллии Тоҷикистонро оид ба суратҳисоби бонкии дар бонки хориҷа кушодаашон, тавассути “Равзанаи огоҳинамоӣ” дар сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон (nbt.tj) ҷойгиршуда низ, огоҳ намоянд.
  4. Огоҳиномаи ба Бонки миллии Тоҷикистон фиристодаи резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои аз ҷониби бонки ваколатдори хизматрасон анҷом додани хизматрасониҳои бонкии ба амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармояи мазкур вобаста, асос мебошад.
  5. Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлати на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз санаи гирифтани огоҳинома ба резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар шакли “хабарнома” медиҳад.

3.   Муқаррароти хотимавӣ

  1. Бонкҳои ваколатдори хизматрасон дар ҳолати аз ҷониби резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод нашудани огоҳиномаи ба шартҳои дар банди 4 боби 2 Дастурамали мазкур пешбинишуда мувофиқ (ҳуҷҷат, маълумот ва ё иттилоот) анҷом додани пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ба ин амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя дахлдоштаро рад менамоянд.
  2. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла бонкҳои ваколатдор) оид ба анҷом додани амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя ҳар семоҳа (то санаи 20-уми моҳи якуми баъди семоҳаи ҳисоботӣ оянда) тибқи талаботи Дастурамали №205 “Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории №1-АМ ”Амалиётҳои молиявии берунаи субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ”” (бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон №69 аз 22.04.с.2014 тасдиқ шудааст) ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
  3. Бонкҳои ваколатдори хизматрасон уҳдадоранд талаботи Дастурамали мазкурро ба маълумоти мизоҷонашон расонанд ва иҷрои онро дар раванди хизматрасонии бонкӣ таъмин намоянд.
  4. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бонкҳои ваколатдори хизматрасон, ҳангоми риоя накардани муқаррароти Дастурамали мазкур тибқи талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

“Зарегистрировано”                                                                  «Утверждено» Министерством юстиции                                                                          Постановлением Правления Республики Таджикистан                               Национального банка Таджикистана за №634 «а», от 17.07.2017 г.                                                   за №64 от «2» июня 2017 г.

 

 

 

 

Инструкция № 223

«О порядке уведомления об осуществлении валютных операций,

связанных с движением капитала»

 

 

Инструкция №223 “О порядке уведомления об осуществлении валютных операций, связанных с движением капитала”  разработана в соответствии с частью 5 статьи 11, статьи 15 и частью 1 статьи 16 Закона Республики Таджикистан «О валютном регулировании и валютном контроле” и устанавливает порядок и процедуры уведомления Национального банка Таджикистана юридическими и физическим лицами-резидентами Республики Таджикистан, в том числе уполномоченными банками об осуществлении валютных операций, связанных с движением капитала.

 

 

  1. Общие положения
  2. О валютных операциях, связанных с движением капитала (далее

– операции движения капитала) резиденты Республики Таджикистан до начала платежа и взаиморасчетов, связанных с данной операцией, обязаны предоставить в обслуживающий уполномоченный банк все обосновывающие документы, отчет, сведения и другую необходимую информацию.

  1. 2. К валютным операциям, связанным с движением капитала относятся следующие операции:

а) прямые инвестиции резидентов Республики Таджикистан в зарубежные страны – трансграничные инвестиции (резидент Республики Таджикистан контролирует предприятие резидента другой страны или имеет чрезмерное влияние в его управлении). Прямые отношения прямых инвестиций резидентов в зарубежные страны складываются тогда, когда резидент приобретает 10 процентов или более уставного капитала инвестируемого юридического лица (в том числе, при образовании юридического лица, совместного юридического лица, покупки (приобретения) юридического лица-нерезидента Республики Таджикистан или как минимум 10 процентов или более его доли или увеличения доли резидента в нем);

б) портфельные инвестиции резидентов Республики Таджикистан в зарубежные страны – денежные инвестиции и вложение материальных средства в ценные бумаги, в том числе в заёмные, акции иностранных компаний, обеспечивающих менее 10% участия инвестора в капитале юридического лица (в том числе, покупка (приобретение) ценных бумаг, участие в формировании уставного капитала, инвестиции в ценные бумаги международных организаций и иностранных государств, акции инвестиционных фондов);

в)  осуществление  резидентами Республики Таджикистан операций

с производными ценными бумагами иностранных государств – ценные бумаги, механизм выпуска и обращения которых   осуществляется с правом повторного приобретения или продажи ценных бумаг, финансовых и материальных ценностей в установленные договором сроки (форвардные, фьючерсные сделки, опционы, сберегательные сертификаты и др.);

г) получение кредитов от нерезидентов Республики Таджикистан или предоставление им кредитов в иностранной валюте, в том числе пролонгирование срока оплаты стоимости экспортируемых товаров, работ и услуг и срока возврата предоплаты стоимости импортируемых товаров, работ и услуг или срока их ввоза, на срок более 1 (одного) года;

д) открытие банковских счетов (сберегательных, депозитных, расчетных и др.) резидентами Республики Таджикистан (за исключением уполномоченных банков) в иностранных банках;

е) другие операции, признаваемые в соответствии с международными стандартами как операции, связанные с движением капитала, в том числе получение или приобретение резидентами недвижимого имущества за рубежом, предоставление коммерческих кредитов нерезидентам и др.

  1. Резиденты Республики Таджикистан в порядке установленным

Законом Республики Таджикистан «О валютном регулировании и валютном контроле» и настоящей Инструкцией имеют право осуществлять без ограничений валютные операции, связанные с движением капитала, в том числе без ограничения количества и назначения открывать банковские счета в иностранной валюте в банках нерезидентах, с соблюдением требований системы противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем  и

 

финансирования  терроризма   и   финансированию   распространения оружия массового поражения.

  1. Порядок уведомления об осуществлении валютных операций, связанных с движением капитал
  2. Валютные операции, связанные с движением капитала, предусмотренные в пункте 2 настоящей Инструкции, осуществляются резидентами Республики Таджикистан при условии уведомления Национального банка Таджикистана.

Уведомление содержит следующую подробную информацию:

а) реквизиты резидента Республики Таджикистан;

б) особенности операции движения капитала, в том числе вид,

сущность,   сумма,   валюта,   проценты,   дата   начала   и   завершения операции, порядок платежа и расчетов, связанных с этой операцией;

в) название и реквизиты другой стороны операции;

г)    реквизиты    банковского   счета    и    уполномоченного   банка,

обслуживающего данную операцию;

д) оплаченные или полученные валютные средства, связанные с

этой операцией;

е) реквизиты банковского счета, открытого в иностранном банке в иностранной валюте, в том числе: вид, валюта, назначение, дата его открытия, условия платежа и расчетов через этот банковский счет, название и другие данные, идентифицирующие иностранный банк;

ж) копии обосновывающих документов и актов в зависимости от вида валютных операций, связанных с движением капитала, в том числе копии технического и экономического обоснования совместных проектов, образования юридического лица за рубежом или участия в нем, привлечения кредитов, копии кредитных договоров.

  1. Резиденты Республики Таджикистан с соблюдением требований законодательства и практики осуществления хозяйственной деятельности начинают операцию движения капитала и в срок не позднее 5 рабочих дней с даты её начала, и в случае открытия банковского счета в иностранном банке в срок не позднее 10 рабочих дней с даты его открытия уведомляют Национальный банк Таджикистана по форме приложений 1 и 2.
  2. Резиденты Республики Таджикистан в случае открытия банковского счета в иностранном банке в срок не позднее 10 рабочих дней с даты его открытия также уведомляют налоговые органы по месту своей регистрации.

 

  1. 7. Резиденты Республики Таджикистан об открытом ими банковском счете в банке за рубежом также могут уведомлять Национальный банк Таджикистана через «Окно оповещения», размещенное на сайте Национального банка Таджикистана (www.nbt.tj).
  2. 8. Уведомление, отправленное резидентом Республики Таджикистан в Национальный банк Таджикистана, является основой для осуществления банковских услуг, связанных с данной валютной операцией, связанной с движением капитала со стороны обслуживающего уполномоченного банка.
  3. Национальный банк Таджикистана в срок не позднее 5 рабочих дней с даты получения уведомления, представляет резидентам Республики Таджикистан, подтверждающий документ в форме «извещение».
  4. Заключительные положения
  5. 10. Обслуживающие уполномоченные банки в случае непредставления резидентами Республики Таджикистан уведомления, соответствующего условиям, предусмотренным в пункте 4 главы 2 настоящей Инструкции (документ, сведения или информация), отказывают в проведении платежа и расчетов, касающихся данной валютной операции, связанной с движением капитала.
  6. 11. Резиденты Республики     Таджикистан     (в      том     числе

уполномоченные банки) ежеквартально (до 20-го числа первого месяца, следующего за отчетным кварталом) представляют в Национальный банк Таджикистана отчет об осуществлении валютных операций, связанных с движением капитала согласно требованиям Инструкции №205 «По заполнению формы статистической отчетности №1–АМ «Внешние финансовые операции субъектов внешнеэкономической деятельности» (утверждено постановлением Правления Национального банка Таджикистана № 69 от 22. 04. 2014 г.).

  1. Обслуживающие уполномоченные банки обязаны довести до сведения своих клиентов требования настоящей Инструкции и обеспечить её исполнение в процессе банковского обслуживания.
  2. 13. Резиденты Республики Таджикистан, в том числе обслуживающие уполномоченные банки, в случае несоблюдения положений настоящей Инструкции привлекаются к ответственности в соответствии с требованиями нормативных правовых актов Республики Таджикистан.
Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

 

Замима ба қарори

                                                         Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон

                                                        аз «___» ________ соли 2026, №__

 

 

 

Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №223 «Оид ба тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя»

 

         Ба Дастурамали №223 «Оид ба тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя», ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2017, №64 тасдиқ шудааст тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Дар банди 2:

1) дар зербанди б) калимаи «маҷмӯии» ба калимаи «ҷомадонии» иваз карда шуда, пас аз калимаи «оинномавӣ» калимаҳои «ё зиёд намудани ҳиссаи худ дар он» илова карда шаванд;

2) зербандҳои г), д) ва е) дар таҳрири зерин ифода карда шаванд:

«г) аз ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтан ва ё ба онҳо додани қарз бо сарватҳои асъорӣ, ки муҳлати пардохташон бештар аз як сол мебошад, инчунин тамдиду таҷдиди шартҳои шартномаҳои қарзӣ ва сармоягузориҳо (мустақим ва ҷомадонӣ);

д) аз ҷониби резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба истиснои бонкҳои ваколатдор) дар кишварҳои хориҷӣ кушодани ҳамагуна суратҳисобҳо ва ҳамёнҳои электронӣ;

е) аз тарафи резидентҳо дар кишварҳои хориҷӣ харидан ва ё ба даст овардани амволи ғайриманқул, аз ҷумла амволи дар раванди сохтмон қарордошта;»;

3) зербандҳои ё), ж) ва з) бо мазмуни зерин илова карда шаванд:

«ё) тамдиди муҳлати пардохти арзиши мол, кор ва хизматрасониҳои содиркардашуда ва муҳлати баргардонидани пешпардохти арзиши мол, кор ва хизматрасониҳои воридотӣ ё муҳлати ворид кардани онҳо, ба муҳлати бештар аз 1 (як) сол;

ж) аз тарафи резидентҳо дар кишварҳои хориҷӣ гузоштани амонату пасандозҳо бо сарватҳои асъорӣ ва тамдиди муҳлати онҳо, инчунин хариду нигоҳдории сабикаҳои тиллоӣ;

з) аз тарафи резидентҳо ба кишварҳои хориҷӣ анҷом додани дигар намуди сармоягузориҳо, инчунин дигар амалиёте, ки мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ ҳамчун амалиёти марбут ба ҳаракати сармоя эътироф карда мешаванд.».

  1. Дар банди 3 калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии)» ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и» иваз карда шаванд.
  2. Зербанди е) банди 4 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«е) мушаххасоти суратҳисоби дар кишварҳои хориҷӣ бо асъори хориҷӣ кушодашуда, аз ҷумла навъ, асъор, таъинот, санаи кушодашавии он, шарту шароити пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо тавассути ин суратҳисоб, ном ва дигар мушаххасоти шинохти ташкилоти хориҷӣ;».

  1. Банди 5 дар таҳрири зерин ифода карда шавад:

«5. Резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо риояи талаботи қонунгузорӣ ва амалияи фаъолияти хоҷагидорӣ амалиёти ҳаракати сармояро оғоз карда, дар муҳлати на дертар аз 5 рӯзи корӣ аз санаи оғози иҷрои уҳдадориҳои шартномаи асъорӣ ва дар ҳолати кушодани суратҳисоб дар кишварҳои хориҷӣ дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ аз санаи кушодани он Бонки миллии Тоҷикистонро дар шакли замимаҳои 1 ва 2 огоҳ менамоянд.».

  1. Дар банди 6 калимаҳои «суратҳисоби бонкӣ дар бонки хориҷӣ» ба калимаҳои «суратҳисоб дар кишварҳои хориҷӣ» иваз карда шаванд.
  2. Аз банди 7 калимаҳои «бонкии» ва «бонки» хориҷ карда шуда, калимаи «хориҷа» ба «кишварҳои хориҷӣ» иваз карда шаванд.
  3. Дар матни замимаҳои 1 ва 2 калимаи «бонки» ба калимаи «ташкилоти» иваз карда шаванд.
Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

 

Приложение к постановлению

    Правления Национального банка

Таджикистана

от «___» __________ 2026 года, №__

 

Изменения и дополнения в Инструкцию №223

«О порядке уведомления об осуществлении валютных операций, связанных с движением капитала»

 

Внести в Инструкцию №223 «О порядке уведомления об осуществлении валютных операций, связанных с движением капитала», утверждённую постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 2 июня 2017 года, №64, следующие изменения и дополнения:

  1. В пункте 2:

1) подпункт б) после слова «уставном» дополнить словами «или увеличение своей доли в нём»;

2) подпункты г), д) и е) изложить в следующей редакции:

«г) получение от нерезидентов Республики Таджикистан и/или предоставление им займа в валютних ценностях со сроком погашения более одного года, а также продление и изменение условий кредитных договоров и инвестиций (прямых и портфельных);

д) открытие резидентами Республики Таджикистан (за исключением уполномоченных банков) в зарубежных странах любых счетов и электронных кошельков;

е) покупка или приобретение резидентами в зарубежных странах недвижимого имущества, в том числе имущества находящегося на стадии строительства;»;

3) дополнить подпунктами ё), ж) и з) следующего содержания:

«ё) продление срока оплаты стоимости экспортированных товаров, работ и услуг, и срока возврата предоплаты за стоимость импортируемых товаров, работ и услуг или срока их ввоза на срок более 1 (одного) года;

ж) размещение резидентами в зарубежных странах вкладов и депозитов в валютних ценностях и продление их сроков, а также покупка и хранение слитков золота;

з) осуществление резидентами в зарубежных странах иных видов инвестиций, а также иных операций, признаваемых в соответствии с международными нормами валютными операциями, связанными с движением капитала.».

  1. Подпункт е) пункта 4 изложить в следующей редакции:

«е) реквизиты счёта, открытого в зарубежных странах в иностранной валюте, в том числе вид, валюта, назначение, дата его открытия, условия платежей и расчётов через данный счёт, наименование и иные идентификационные реквизиты иностранной организации;».

  1. Пункт 5 изложить в следующей редакции:

«5. Резиденты Республики Таджикистан, соблюдая требования законодательства и практику хозяйственной деятельности, приступая к проведению операций, связанных с движением капитала, уведомляют Национальный банк Таджикистана в срок не позднее 5 рабочих дней со дня начала исполнения обязательств по валютному договору, а в случае открытия счёта в зарубежных странах — в срок не позднее 10 рабочих дней со дня его открытия, по форме приложений 1 и 2.».

  1. В пункте 6 слова «банковский счёт в иностранном банке» заменить словами «счёт в зарубежных странах».
  2. Из пункта 7 слова «банковский» и «банка» исключить.
  3. В тексте приложений 1 и 2 слово «банка» заменить словом «организации».
Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00123-HI-_Dasturamali_223_Final.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00123-TTT-_Dasturamali_223_Final.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 23.06.2026
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 23.07.2026
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00123-MMK-03.-KHulosai-nihoi-123-106-BMT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ 06.08.2026
Санаи ворид 23.06.2026
Админ 0