Рақам 126
Дар асоси нақша 159
Намуди ҳуҷҷат Фармоиш
Ном бо забони тоҷикӣ Фармоиши сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Ном бо забони русӣ Распоряжение начальника Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан " О Порядок выделения и использования ресурсов нумерации в Республике Таджикистан"
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ФАРМОИШ
"10" феврали соли 2015 № 2.15-04
Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Дар асоси талаботи моддаҳои 9, 10 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" ва банди 10 Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 майи соли 2011 №252 тасдиқ шудааст,


Ф А Р М О И Ш М Е Д И Ҳ А М:


1. Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин аз эътибор соқит дониста шаванд:
а) фармоиши Вазорати алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 феврали соли 2006 №5 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома "Дар бораи ҷудо намудан, истифодабарӣ ва пардохти ҳаққи захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 2006 №193 ба қайд гирифта шудааст;
б) фармоиши Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2007 №229 "Дар бораи тасдиқ намудани Низомнома "Дар бораи ҷудо намудан, истифодабарӣ ва пардохти ҳаққи захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон";
в) фармоиши Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 июни соли 2008 №20 "Оиди тасдиқ намудани Низомнома "Дар бораи ҷудо намудан, истифодабарӣ ва пардохти ҳаққи захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон", ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 июли соли 2008 №416 ба қайд гирифта шудааст.
3. Фармоиши мазкур барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуда, пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.

Сардор                                               Зуҳуров Б.С.

«ТАСДИҚ ШУДААСТ»

Бо фармоиши Хадамоти

алоқаи назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 10 феврали соли 2015

№2.15-04

 

ТАРТИБИ

ҶУДО НАМУДАН ВА ИСТИФОДАБАРИИ ЗАХИРАҲОИ РАҚАМГУЗОРӢ ДАР

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

  1. Қоидаҳои умумӣ

 

  1. Тартиби мазкур мутобиқи талаботи моддаҳои 9, 10 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» таҳия гардида, тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
  2. Танзими захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истисноии давлат буда, он мутобиқи Нақшаи рақамгузории шабакаҳои алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Нақшаи рақамгузорӣ) ба амал бароварда мешавад.
  3. Захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми захираи рақамгузории шабакаи алоқаи байналмилалӣ буда, аз захираҳои зерин иборат мебошад:

- рақамгузории шабакаи телефонии маҳаллӣ;

- рақамгузории шабакаи мобилӣ;

- рақамгузории префиксӣ тавассути «29ХХ»;

- рамзҳои минтақавии байнишаҳрӣ;

- рамзи (МСС-МNС) барои алоқаи мобилӣ;

- нуқтаҳои рамзии сигнализатсияи умумии каналҳо (СУК);

- рақамҳо барои хизматрасонии универсалӣ ва сервисии кӯтоҳ.

  1. Феҳристи мазкур пурра набуда, мумкин аст тибқи навгониҳои таҷрибаи байналмилалии соҳаи алоқаи барқӣ пурра карда шавад.
  2. Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Хадамоти алоқа) захираи рақамгузориро барои шабакаҳои алоқаи барқӣ ҷудо намуда, мавҷудияти маҳдудии захираи рақамгузорӣ ва андозаи пардохти ҳаққи захираи рақамгузориро муайян менамояд, захираи рақамгузории ҷудошударо пурра ё қисман бозпас мегирад, қарори ҷудо намудани захираи рақамгузориро аз нав ба расмият медарорад.
  3. Захираи рақамгузорӣ барои шабакаҳои алоқаи барқӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа мутобиқи дархости муроҷиаткунанда, ки дорандаи иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад, ба мӯҳлати иҷозатнома ҷудо карда мешавад.
  4. Дар сурати дароз карда шудани мӯҳлати амали иҷозатнома, мувофиқи муроҷиати дахлдор мӯҳлати амали иҷозати ҷудокунии захираи рақамгузорӣ дароз карда шуда метавонад.
  5. Захираи рақамгузорӣ ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ низ мувофиқи муроҷиаташон ҷудо карда мешавад.
  6. Хадамоти алоқа мутобиқи Нақшаи рақамгузорӣ захираи рақамгузориро бо тартиби зерин ҷудо мекунад:

- рамзҳои минтақаи рақамгузорӣ вобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- рамзҳои минтақаи рақамгузорӣ новобаста ба мавқеи ҷуғрофӣ дар ҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Агар тибқи Системаи рақамгузорӣ ва Нақшаи рақамгузорӣ ҳаҷми рақамгузории умумии ҷудо кардашуда ва дар ариза дар бораи ҷудо кардани захираи рақамгузорӣ дар маҳалли мушаххас аз 90 фоизи захираи дастрас зиёд бошад, захираи рақамгузорӣ маҳдуд дониста мешавад.
  2. Хадамоти алоқа дар мавриди тағйирёбии Нақшаи рақамгузорӣ дар бораи тағйирёбии рақамгузории шабакаҳои алоқаи барқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад.
  3. Иттилоот дар бораи тағйири Нақшаи рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, сабабҳо ва мӯҳлатҳои ба амалбарории он бояд на камтар аз 30 шабонарӯз то тағйири он нашр карда шавад.
  4. Хадамоти алоқа феҳристи системаи рақамгузориро мебарад, ки он дорои чунин маълумот мебошад:

а) нақшаи рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;

б) системаи рақамгузорӣ;

в) маълумот дар бораи захираҳои рақамгузории ҷудо кардашудаи системаи рақамгузорӣ;

г) маълумот дар бораи захираҳои холии рақамгузории системаи рақамгузорӣ;

д) маълумот дар бораи дорандагони иҷозати ҷудокунӣ ва истифодабарии захираи рақамгузорӣ, ки он аз инҳо иборат аст:

- барои шахси ҳуқуқӣ: ном, шакли ташкилии ҳуқуқӣ, суроғаи воқеии шахси ҳуқуқӣ;

- барои шахси воқеӣ: номи хонаводагӣ, ном, номи падар, ҷои зист, маълумоти ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият;

- барои шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ: ҳаҷм ва ҳудуди истифодаи захираи рақамгузорӣ;

е) санаи дода шудани (пурра бозпас гирифтан ё қисман гирифтани захираи рақамгузорӣ) ё аз нав қабул гардидани қарори ҷудо намудани захираи рақамгузорӣ.

  1. Иттилооти дар реестри системаи рақамгузорӣ мавҷуда, мумкин аст бо шакл ва ҳаҷми муқарраркардаи Хадамоти алоқа нашр карда шавад.

 

  1. Тартиби ҷудо кардани захираи рақамгузорӣ

 

  1. Муроҷиаткунанда барои гирифтани захираи рақамгузорӣ бо ариза тибқи замимаи 1 ба Хадамоти алоқа муроҷиат мекунад, ки дар он зикр карда мешаванд:

- номи муроҷиаткунанда, суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеии он, реквизитҳои бонкӣ;

- рақам ва санаи иҷозатнома бо нишон додани ҳудуд ва намуди фаъолияти иҷозатдодашуда;

- намуд ва ҳаҷми захираи дархостшуда;

- ҳудуди истифодабарии захираи рақамгузорӣ.

  1. Ба ариза ҳуҷҷатҳои зерин замима карда мешаванд:

- нақшаи сохти шабакаи алоқа ва номгӯи хизматрасонии алоқаи барқӣ, ки барои расонидани онҳо захираи рақамгузории дархостшаванда бояд истифода бурда шавад;

- маълумотнома дар бораи риояшавии тартиби истифодаи рақамҳои қаблан ҷудошуда, санади муқоисавии пардохти маблағҳои муқарраршуда ва асосноккунии молиявӣ ва техникии зарурияти гирифтани рақамҳои нав.

  1. Дар вақти ҷудо кардани захираи рақамгузорӣ дар минтақае, ки маҳдудияти захираҳои рақамгузорӣ барои шабакаи алоқаи барқӣ истифодабарии умум мавҷуданд, ғолиби музояда ҷиҳати дарёфти иҷозат ба Хадамоти алоқа ҳуҷҷатҳоеро пешниҳод мекунанд, ки иҷрои шартҳои музоядаро тасдиқ кунанд ва пеш аз ҷудо карда шудани захираи рақамгузорӣ бояд иҷро карда шаванд.
  2. Аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 16 ҳамин Тартиб нишон дода нашудаанд, мумкин нест.
  3. Захираи рақамгузорӣ бинобар сабаби ҷой доштани асоосҳои зерин ҷудо карда намешавад:

а) ҳангоми мутобиқ набудани ариза барои ҷудо кардани захираи рақамгузорӣ, ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои ба он замимашуда ба талаботи ҳамин Тартиб;

б) пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо дар банди 16 ҳамин Тартиб нишондодашуда;

в) мавҷуд будани иттилооти нодуруст ё ғалат дар ҳуҷҷатҳо;

г) номутобиқатии нақшаи сохти шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва захираи рақамгузории дархостшаванда ба якдигар;

д) маҳдуд будани захираи рақамгузорӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷудокунии он аз рӯи натиҷаи музояда барои гирифтани иҷозатнома ҷиҳати хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ ба амал бароварда мешавад;

е) номувофиқатии захираи рақамгузории дархостшаванда ба Системаи рақамгузорӣ ва Нақшаи рақамгузорӣ;

  1. Дар сурати мавҷуд будани яке аз асосҳои мазкур Хадамоти алоқа дар давоми 30 рӯзи гирифтани ҳуҷҷатҳо, онҳоро бо нишон додани сабаб, ба дархосткунанда бармегардонад.
  2. Хадамоти алоқа дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи дархосткунанда захираи рақамгузориро дар қисмати вуҷуд доштани маҳдудият дар қаламрави дархостшаванда ва имконияти ҷудо кардани захираи рақамгузориро таҳлил мекунад.
  3. Захираи рақамгузорӣ бо намунаи иҷозат тибқи замимаи 2 дар мӯҳлати як моҳ аз рӯзи қабули ариза бо тамоми ҳуҷҷатҳои дар банди 16 ҳамин Тартиб нишондодашуда, ҷудо карда мешавад.
  4. Дархосткунанда дар мӯҳлати то 10 рӯз баъд аз пешниҳод шудани варақаи пардохтӣ маблағи муқарраршударо пардохт менамояд. Дар ҳолати пардохт накардани маблағҳои муқарраршуда захираи рақамгузории ҷудогардида гирифта мешавад.
  5. Дар мавриди азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ Хадамоти алоқа мутобиқи аризаи вориси ҳуқуқӣ қарори вобастакунии захираи рақамгузориро аз нав қабул менамояд.
  6. Дар вақти аз нав вобастакунии захираи рақамгузорӣ Хадамоти алоқа ба Системаи рақамгузорӣ тағйироти дахлдор ворид менамояд.
  7. Вобастакунии захираи рақамгузорӣ бо риояи талаботи банди 19 ҳамин Тартиб ба амал бароварда мешавад.
  8. Қарори бозпас гирифтани захираи рақамгузории ҷудошуда тибқи замимаи 3 аз ҷониби Хадамоти алоқа дар ҳолатҳои зерин қабул карда мешавад:

а) ҳангоми хаттӣ муроҷиат намудани дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳанда барои ҷудокунӣ ва истифодабарии захираи рақамгузорӣ;

б) ба охир расидани мӯҳлати амали иҷозатномаи хизматрасонии алоқаи барқӣ;

в) дар давоми 1 соли аз ҷудо шудани захираи рақамгузорӣ пурра ё қисман истифода нашудани захираи рақамгузорӣ;

г) бар хилофи Системаи рақамгузорӣ ва Нақшаи рақамгузорӣ захираи рақамгузориро истифода кардан, аз ҷумла:

- носаҳеҳ рақам гирифтан, ки он барои ба дигар шабакаи алоқаи барқӣ баромадан муайян шудааст;

- захираи рақамгузориро барои интиқоли трафики ғайрии берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кардан;

- дигар кардани рақамҳои ҷудошуда ва ё ҷудокунии рақамҳо ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ;

д) истифодабарии захираи рақамгузорӣ, ки тибқи тартиби муқарраршуда ҷудо карда нашудааст;

е) дар ҳолати пардохт накардани маблағҳои муқарраршуда дар давоми 10 рӯз баъд аз гирифтани варақаи пардохтӣ;

ж) иҷро накардани ӯҳдадориҳои шартҳои савдои музояда.

  1. Хадамоти алоқа дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бораи қарори аз рӯи асосҳои дар зербандҳои в), г), д), е) ва ж) банди 27 қабулшуда, дар хусуси бозпас гирифтани захираи рақамгузорӣ, дар шакли хаттӣ, 30 рӯз пеш аз бозпас гирифтани захираи рақамгузорӣ хабардор менамояд.

 

  1. Тартиби истифодабарии захираи рақамгузорӣ

 

  1. Захираи рақамгузории ҷудошуда бояд пурра ё қисман дар давоми 1 соли ҷудо шудан истифода бурда шавад.
  2. Дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мустақилон рақамҳоро барои муштариён дар намуди симкорт аз ҳисоби захираи рақамгузории гирифтааш ҷудо мекунад.
  3. Дар вақти ҷудо кардани рақамҳо бояд ҳар як блоки рақамгузорӣ қатъиян пайдарҳам пур карда шавад.
  4. Дар сурати пур шудани ҳар як блоки рақамгузорӣ, Хадамоти алоқа бо муроҷиати аризадиҳанда блоки нав ҷудо менамояд.
  5. Захираи рақамгузории ҷудокардашуда дар ҳамон вақт пурра истифодашуда дониста мешавад, ки агар он на камтар аз 90 фоиз истифода шуда бошад.
  6. Истифодабарии захираи рақамгузорие, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷудо нагардида аст, манъ аст.
  7. Дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуқуқ надорад захираи рақамгузории ба он ҷудошударо ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои истифода диҳад, аз ҷумла дастрасиро ба рақамҳои аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷудо нашуда таъмин намояд.
  8. Дастрасӣ ба ҳама намуди захираи рақамгузорӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа таъмин карда мешавад.

 

  1. Тартиби пардохти ҳаққи захираи рақамгузорӣ

 

  1. Пардохти ҳаққи захираи рақамгузорӣ тибқи муқаррароти моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз ҷониби Хадамоти алоқа дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешавад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 1 ба Тартиби ҷудо

намудан ва истифодабарии

захираҳои рақамгузорӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ба Сардори Хадамоти

алоқаи назди Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

АРИЗА

барои ҷудо намудани захираи рақамгузорӣ

 

Номи корхона                                                                                                                                                    

Суроғаи ҳуқуқии корхона                                                                                                                              

Телефон: ___________________________

Факс: ______________________________

E- mail : ____________________________

Рақам ва санаи дода шудани иҷозатнома                                                                                                 

(барои пешниҳоди хизматрасонӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ)

Барои гирифтани захираи рақамгузорӣ муроҷиат карда мешавад:

                                                                                                                                                                               

(намуд ва ҳаҷми захираи рақамгузорӣ)

 

Ҷиҳати хизматрасонӣ мутобиқи иҷозатномаи                                                                                        

                                                                                                                                                                               

 

Маҳалле, ки захираи рақамгузорӣ истифода бурда мешавад                                                             

                                                                                                                                                                               

 

Имзои роҳбари корхона

 

_______________________

     (Нх. Н. Нп.)        Ҷ.М.

_______________________

                (Сана)

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 2

ба Тартиби ҷудо

намудан ва истифодабарии

захираҳои рақамгузорӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ИҶОЗАТИ ҶУДО КАРДАНИ ЗАХИРАИ РАҚАМГУЗОРӢ

 

№ _________  аз _______________

 

Ҷудо карда мешавад:                                                                                                                                      

(номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ)

Суроғаи ҳуқуқӣ                                                                                                                                                 

                                                                                                                                                                               

(рақам, санаи дода шудан, намуди фаъолияте, ки ба он иҷозатнома дода шудааст)

                                                                                                                                                                               

(намуд, ва ҳаҷми захираи рақамгузории ҷудокардашаванда)

Дар маҳалли                                                                                                                                                      

ба мӯҳлати                                                                                                                                                          

 

Сардор

________________________________

Ҷ.М.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 3

 ба Тартиби ҷудо

намудан ва истифодабарии

захираҳои рақамгузорӣ дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

ҚАРОРИ БОЗПАС ГИРИФТАНИ ЗАХИРАИ РАҚАМГУЗОРӢ

 

№ __________                                                                       аз _________________

 

Бо ҳамин бозпас гирифта мешавад:                                                                                                            

                                                                                  (номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва воқеӣ)

                                                                                                                                                                               

(рақам, санаи дода шудан, қарори ҷудо намудани захираи рақамгузорӣ)

                                                                                                                                                                               

(суроғаи ҳуқуқӣ)

                                                                                                                                                                               

(асоси бозпас гирифтани захираи рақамгузорӣ)

                                                                                                                                                                               

(намуд ва ҳаҷми захираи рақамгузории бозпас гирифташаванда)

 

Сардор ___________________________

                                   Ҷ.М.

 

Қарори бозпас гирифтани захираи рақамгузориро гирифтам:

Истифодабаранда:                                                            

 

Сана                                                                                       

 

Имзо                                                                                      

 

 

                                       ***

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

13феврали соли 2015 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст,

рақами бақайдгирӣ 416 “а”

 

 

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Матни забони русӣ мавҷуд нест.

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

ХАДАМОТИ АЛОҚАИ НАЗДИ ҲУКУМАТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Ф А Р М О И Ш  № ____

 

 

«____»_______ соли 2026                                                                ш.Душанбе

 

Дар бораи Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

160.120.040.

 

       

Мутобиқи моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва банди 10 Низомномаи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 сентябри соли 2025, №480 тасдиқ шудааст,               ф а р м о и ш    м е д и ҳ а м:

  1. Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Фармоиши мазкур тибқи тартиби муқарраргардида барои бақайдгирии давлатӣ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
  3. Фармоиши мазкур пас аз бақайдгирии давлатӣ ва интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
  4. Фармоиши сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 феврали соли 2015, №2.15-04 «Дар бораи тасдиқи Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 феврали соли 2015 №416 «а» ба қайди давлатӣ гирифта шудааст аз эътибор соқит дониста шавад.
  5. Назорати иҷроиши фармоиши мазкур ба зиммаи муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

 

         Сардори Хадамоти

         алоқаи назди Ҳукумати

         Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                   Исфандиёри Саъдулло

 

 

 

 

Тартиби

ҷудо намудан ва истифодабарии захираи рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Тартиби ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дарҶумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Тартиб) мутобиқи банди 2 моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" таҳия гардида, бо мақсади танзими ҷудо намудан ва истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
  3. Танзими захираҳои рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқиТартиби мазкур ба амал бароварда мешавад.
  4. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода мешаванд:
  • фосилаи рақамҳо – гурӯҳи пайдарпайи рақамҳо барои истифода ё ҷудо намудан пешбинӣ шудааст;
  • захираи рақамгузорӣ – маҷмӯи рақамҳо ва префиксҳое, ки барои хизматрасонии алоқа истифода мешаванд;
  • префикс – рамзи рақамӣ барои муайян кардани шабака ё минтақа;
  • префикси сайёҳӣ – рамзи рақами мобилие мебошад, ки барои пешниҳоди хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ ба сайёҳон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад;
  • рақами ғайрифаъол – рақаме, ки ба номи муштарӣ сабт нашудааст;
  • рақами фаъол – рақаме, ки ба номи муштарӣ ба қайд гирифта шудааст;
  • рақамҳои кӯтоҳ барои хизматрасонӣ – рақамҳое мебошанд, ки ба минтақа ё маҳалли муайян вобастагӣ надошта, аз 2 то 6 рақам иборат буда, барои пешниҳоди хизматрасониҳои иттилоотӣ, таъҷилӣ, техникӣ, тиҷоратӣ ва дигар хизматрасониҳои алоқа дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешаванд;
  • ҷудо кардани захираи рақамгузорӣ — маҷмӯи амалҳо ё расмиёти маъмурӣ, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа барои додани иҷозат ҷиҳати истифодаи фосилаи муайяни рақамгузорӣ амалӣ карда мешавад.
  1. Захираи рақамгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз захираҳои зерин иборат мебошад:
  • фосилаи “ХХ-0000000” то “ХХ-9999999” — маҷмӯи гурӯҳи даҳмиллионии рақамҳои телефонии собит ва мобилӣ;
  • фосилаи “ХХХ-000000” то “ХХХ-999999” — маҷмӯи гурӯҳи якмиллионии рақамҳои телефонии собит ва мобилӣ;
  • фосилаи “ХХ-XХ-00000” то “ХХ-XХ-99999” — маҷмӯи сад ҳазориирақамҳои телефонии собит ва мобилӣ;
  • фосилаи “ХХ-XXX0000” то “ХХ-XXX9999” — маҷмӯи даҳ ҳазориирақамҳои телефонии собит ва мобилӣ;
  • (Х= қисми доимӣ, яъне префикс (рамзи шабака ё минтақа) аз 0 то 9).
  1. ТАРТИБИ ҶУДО НАМУДАНИ ЗАХИРАҲОИ РАҚАМГУЗОРӢ
  2. Муроҷиаткунанда барои гирифтани иҷозати истифодабарии захираҳоирақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ тибқи тартиби муайян намудаи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ариза ба Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Хадамоти алоқа) ба таври электронӣ ё хаттӣ муроҷиат мекунад.
  3. Захираи рақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кибарои расонидани хизматҳои алоқаи телефонӣ ва хизматҳо бо истифода аз рақамгузории телефонӣ таъминшаванда (минбаъд — захираи рақамгузорӣ) пешбинӣ шудааст, инҳоро дар бар мегирад:
  • префикси маҳаллӣ;
  • префикси мобилӣ;
  • префикси сайёҳӣ;
  • рамзҳои минтақавӣ;
  • рақамҳои кӯтоҳ барои хизматрасонӣ;
  • дигар рамзҳое, ки дар Тартиб дарҷ шудаанд;
  1. Ба муроҷиаткунанда дар асоси аризаи ӯ барои гирифтани иҷозати истифодаи захираи рақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ тақсимоти префиксҳои маҳаллӣ, мобилӣ ва сайёҳӣ, дар шакли зайл анҷом дода мешавад:
  • ҷудо намудани префикс ХХ ё ХХХ;
  • тақсимоти рақамҳо сар карда аз фосилаи “ХХ-XXX0000” - “ХХXXX9999” то “ХХ-0000000” - “ХХ-9999999”;
  1. Дар иҷозати истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар соҳаи алоқаибарқӣ бо нишон додани фосилаҳои мазкур пай дар пай дар маҷмӯи “ХХXXX0000” то “ ХХ-XXX9999”ҷудо карда мешаванд.
  2. Дар сурати пур шудани ҳар як фосилаи рақамгузории ҷудошуда,Хадамоти алоқа дар асоси дархости муроҷиаткунанда фосилаи нави даҳ ҳазора ҷудо менамояд.
  3. Кушодани баромад ба рақамҳои кӯтоҳ барои хизматрасонӣ, танҳотавассути низоми электронӣ ва ё хатии Хадамоти алоқа амалӣ гардида, маълумоти дахлдор ба операторони алоқаи мобилӣ ва собит дар шакли электронӣ ва ё хатти ирсол карда мешавад.
  4. Рамзи MCC (Mobile Country Code) рамзи миллӣ мебошад, ки баҶумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ITU вобаста карда шудааст.
  5. Рамзи MNC (Mobile Network Code) аз ҷониби Хадамоти алоқа дардоираи MCC-и миллӣ ба оператори алоқаи барқӣ барои муайян кардани шабакаи мобилӣ бо дарназардошти имкониятҳои техникӣ, нақшаи рушди шабака ва риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ анҷом дода мешавад.
  6. Нуқтаи сигнализатсияи байналмилалӣ ISPC (International SignallingPoint Code) аз ҷониби Хадамоти алоқа ба оператори алоқаи барқӣ барои таъмини мубодилаи иттилооти сигнализатсионӣ байни шабакаҳои алоқаи барқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шабакаҳои алоқаи барқии давлатҳои дигар мутобиқи стандартҳои байналмилалии сигнализатсия (SS7/ОКС) ва бо дарназардошти талаботи техникии шабакаи оператори алоқаи барқӣ ҷудо карда мешавад.
  7. RN (Routing Number) рамзи мазкур, ки аз ҷониби Хадамоти алоқа баоператорони алоқаи барқӣ бо мақсади таъмини равонасозии дурусти зангҳо ва пайвастҳо дар шабакаҳои алоқа, аз ҷумла дар ҳолати масирёбии рақамҳо, ҷудо карда мешавад. RN танҳо барои истифодаи шабакавӣ пешбинӣ гардида, ҳамчун рақами муштарӣ истифода намешавад.
  8. NP DB (Number Portability DataBase) пойгоҳи додаҳои марказонидашудаи интиқолпазирии рақамҳо буда, аз ҷониби операторони алоқаи барқӣ ташкил, идора ва нигоҳдорӣ карда мешавад. Операторони алоқаи барқӣ уҳдадоранд мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Хадамоти алоқа маълумотро ба NP DB ворид намуда, онро барои муайян намудани оператори ҷории рақам ва таъмини равонасозии дурусти зангҳо бо истифода аз RN истифода намоянд.
  9. Хадамоти алоқа захираи рақамгузориро барои шабакаҳои алоқаи барқӣҷудо намуда, мавҷудияти маҳдудии захираи рақамгузорӣ ва андозаи пардохти ҳаққи захираи рақамгузориро муайян менамояд, захираи рақамгузории ҷудошударо бозпас мегирад, қарори ҷудо намудани захираи рақамгузориро аз нав ба расмият медарорад.
  10. Захираи рақамгузорӣ барои шабакаҳои алоқаи собит ва барқӣ аз ҷонибиХадамоти алоқа мутобиқи дархости муроҷиаткунанда, ки дорандаи иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ мебошад, дар асоси иҷозат ба мӯҳлати номаҳдуд дода мешавад.
  11. Хадамоти алоқа мутобиқи Тартиби мазкур захираи рақамгузориро ботартиби зерин ҷудо мекунад:
  • рамзҳои минтақаи рақамгузории аз ҷиҳати ҷуғрофӣ муайяншаванда дарҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • рамзҳои минтақаи рақамгузории аз ҷиҳати ҷуғрофӣ муайяннашаванда дарҳудуди қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  1. Хадамоти алоқа феҳристи рақамгузориро пеш мебарад, ки он дорои чунин маълумот мебошад:
  • системаи рақамгузорӣ;
  • маълумот дар бораи захираҳои рақамгузории ҷудо кардашудаи системаирақамгузорӣ;
  • маълумот дар бораи захираҳои холии рақамгузории системаи рақамгузорӣ;
  • маълумот дар бораи дорандагони иҷозати истифодабарии захираирақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, ки аз инҳо иборат аст:
  • барои шахси ҳуқуқӣ: ном, шакли ташкилии ҳуқуқӣ, суроғаи воқеии шахсиҳуқуқӣ;
  • барои шахси воқеӣ: номи хонаводагӣ, ном, номи падар, ҷои зист,маълумоти ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият;
  • барои шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ: ҳаҷм ва ҳудуди истифодаи захираирақамгузорӣ;
  • санаи додан (пурра бозпас гирифтан ё қисман гирифтани захираирақамгузорӣ) ё аз нав қабул гардидани қарори ҷудо намудани захираи рақамгузорӣ.
  1. Иттилооти дар феҳристи рақамгузорӣ мавҷуд буда, бо шакл ва ҳаҷми муқарраркардаи Хадамоти алоқа нашр карда мешавад.
  2. ТАРТИБИ ИСТИФОДАБАРӢ ВА МУАЙЯН НАМУДАНИ МАҚОМИ ЗАХИРАҲОИ РАҚАМГУЗОРӢ
    1. Дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ мустақилона рақамҳоро барои муштариён дар намуди симкорт ё eSIM аз ҳисоби захираи рақамгузории гирифтааш ҷудо мекунад.
    2. Бо мақсади таъмини истифодаи самараноки захираи рақамгузорӣ,баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва пешгирии истифодаи ғайримақсадноки рақамҳои мобилӣ ва собит мақоми рақами муштариён ба фаъол ва ғайрифаъол ҷудо карда мешаванд.
    3. Рақами мобилӣ ва собит новобаста аз ҳаҷми истифодаи хизматрасониҳои алоқаи барқӣ дар ҳолатҳои зерин фаъол эътироф карда мешавад:
  • дар системаи оператор ба номи муштарӣ ба қайд гирифта шуда бошад;
  • шартнома байни оператор ва муштарӣ бекор карда нашуда бошад;
  • пеш аз гузаронидани рақам ба ҳолати ғайрифаъол оператор уҳдадор аст,ки муштариро на камтар аз 7 рӯз пеш дар шакли автоматии занги телефонӣ ва ё паёмак огоҳ намояд ва то ба анҷом расидани муҳлати мазкур мақоми рақам фаъол нишон дода мешавад.
  1. Рақами мобилӣ ва собит дар ҳолатҳои зерин ғайрифаъол эътироф кардамешавад:
  • қатъи шартнома байни оператор ва муштарӣ;
  • хориҷ намудани рақам аз номи муштарӣ;
  • анҷоми муҳлати истифодаи рақам барои рақамҳои сайёҳӣ;
  • ҳаҷми рақамҳое, ки дар асоси иҷозат ба оператор додашудааст, вале дарсистемаи оператор ба номи муштарӣ ба қайд гирифта нашудааст ва барои рушди шабакаи оператор ҳамчун захира дар ҳисоби оператор қарор дорад;
  • қатъ намудани рақам бо дархости мақоми ваколатдор дар соҳаи алоқаибарқӣ ва ё бо қарори суд;
  1. Аз лаҳзаи эътирофи мақоми рақам ҳамчун ғайрифаъол, тамомихизматрасониҳои алоқаи барқӣ ба рақами мазкур то эътироф шудани мақоми рақам ҳамчун фаъол, қатъиян манъ карда мешавад.
  2. Дар вақти ҷудо кардани рақамҳо бояд ҳар як фосилаи рақамгузорӣқатъиян пайдарҳам пур карда шавад.
  3. Дар сурати пур шудани ҳар як фосилаи рақамгузорӣ, Хадамоти алоқадар асоси муроҷиати аризадиҳанда фосилаи нав ҷудо менамояд.
  4. Истифодабарии захираи рақамгузорие, ки бо тартиби муқарраршуда азҷониби Хадамоти алоқа ҷудо нагардида аст, манъ аст.
  5. Дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуқуқ надорад захираи рақамгузории баон ҷудошударо ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ барои истифода диҳад, аз ҷумла дастрасиро ба рақамҳои аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷудо нашуда таъмин намояд.
  6. Дастрасӣ ба ҳама намуди захираи рақамгузорӣ аз ҷониби Хадамотиалоқа таъмин карда мешавад.
  1. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ ОИД БА ЗАХИРАҲОИ

РАҚАМГУЗОРӢ

ВА ПАРДОХТҲО ВОБАСТА БА ОНҲО

  1. Истифодабарандагони захираҳои рақамгузорӣ уҳдадоранд тибқитартиби муқарраргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот пешниҳод намоянд.
  2. Ҳисобот ба мақоми ваколатдор оид ба истифодаи захираҳоирақамгузорӣ бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
  • ҳаҷми воқеии истифодашуда;
  • шумораи рақамҳои фаъол ва ғайрифаъол;
  • дигар маълумоте, ки мақоми ваколатдор муайян менамояд.
    1. Барои рақамҳои ғайрифаъоли сайёҳӣ маблағ ситонида намешавад.
    2. Ҳисобот ҳар моҳа на дертар аз рӯзи 10 моҳи баъд аз давраи ҳисоботӣ дарПортали идоракунии иҷозатдиҳӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи алоқа, пешниҳод карда мешавад.
    3. Андоза ва тартиби пардохти ҳаққи захираи рақамгузорӣ тибқимуқаррароти моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» аз ҷониби Хадамоти алоқа дар мувофиқа бо мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ муайян карда мешавад.
    4. Истифодабарандагони захираҳои рақамгузорӣ уҳдадоранд пардохтҳоимуқарраргардида барои истифодаи захираҳои рақамгузориро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ва пурра анҷом диҳанд.
    5. Дар ҳолати пешниҳод накардан ё нодуруст пешниҳод намуданиҳисобот, инчунин пардохт накардани маблағҳои муқарраршуда, чораҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.
    6. Шакл, муҳлат ва тартиби пешниҳоди ҳисобот ва пардохти маблағҳобарои истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ аз ҷониби Хадамоти алоқа дар якҷоягӣ бо дигар мақомотҳои давлатӣ тасдиқ карда мешавад.

 

 

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

СЛУЖБА СВЯЗИ ПРИ ПРАВИТЕЛЬСТВЕ

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН 

РАСПОРЯЖЕНИЕ  № ____

 

 

«____»_______ 2026  год                                                                       г.Душанбе

 

 

О Порядке выделения и использования ресурсов нумерации в Республике Таджикистан

 

160.120.040.

 

         В соответствии со статьёй 12 Закона Республики Таджикистан «Об электрической связи», статьёй 57 Закона Республики Таджикистан «О нормативно-правовых актах» и пунктом 10 Положения Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан, утвержденного постановлением Правительства Республики Таджикистан от 25 сентября 2025 года, №480,          р а с п о р я ж а ю с ь:

  1. Утвердить Порядок выделения и использования ресурсов нумерации в Республике Таджикистан (прилагается).
  2. Настоящее распоряжение предоставить в установленном порядке для государственной регистрации в Министерство юстиции Республики Таджикистан.
  3. Настоящее распоряжение ввести в действие после государственной регистрации и официального опубликования.
  4. Признать утратившим силу распоряжение начальника Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан от 10 февраля 2015 года, №2.15-04 «Об утверждении Порядка выделения и использования ресурсов нумерации в Республике Таджикистан», зарегистрированное в Министерстве юстиции Республики Таджикистан 13 февраля 2015 года за №416 «а».
  5. Контроль за исполнением настоящего распоряжения возложить на заместителя начальника Службы связи при Правительстве Республики Таджикистан — куратора отрасли.

 

 

         Начальник Службы

         связи при Правительстве

        Республики Таджикистан                                      Исфандиёри Саъдулло

 

 

 

ПОРЯДОК

ВЫДЕЛЕНИЯ И ИСПОЛЬЗОВАНИЯ РЕСУРСОВ НУМЕРАЦИИ В РЕСПУБЛИКЕ ТАДЖИКИСТАН

  1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
  2. Настоящий Порядок выделения и использования ресурсов нумерации в Республике Таджикистан (далее – Порядок) разработан в соответствии с частью 2 статьи 12 Закона Республики Таджикистан «Об электрической связи» и устанавливает порядок выделения и использования ресурсов нумерации в Республике Таджикистан.
  3. Регулирование ресурсов нумерации Республики Таджикистан осуществляется в соответствии с настоящим Порядком.
  4. Основные понятия, используемые в настоящем Порядке: диапазон номеров – последовательная группа номеров, предназначенная

для использования или выделения; ресурс нумерации – совокупность номеров и префиксов, используемых

для предоставления услуг связи; префикс – цифровой код, предназначенный для идентификации сети или

региона; туристический префикс – код мобильной нумерации, выделяемый для предоставления услуг мобильной связи туристам на территории Республики

Таджикистан; неактивный номер – номер, не зарегистрированный на абонента; активный номер – номер, зарегистрированный на абонента; короткие сервисные номера – номера, не привязанные к определённому региону или местности, состоящие из 2–6 цифр и используемые для предоставления информационных, экстренных, технических, коммерческих и иных услуг связи на территории Республики Таджикистан; выделение ресурса нумерации – совокупность действий и административных процедур, осуществляемых уполномоченным государственным органом в области связи по предоставлению разрешения на использование определённого диапазона нумерации.

  1. Ресурс нумерации Республики Таджикистан состоит из следующих ресурсов:

                Диапазон      «ХХ-0000000»      –      «ХХ-9999999»      —     совокупность

десятимиллионной группы номеров фиксированной и мобильной связи;

Диапазон «ХХХ-000000» – «ХХХ-999999» — совокупность миллионной группы номеров фиксированной и мобильной связи;

                Диапазон     «ХХ-ХХ-00000»     –    «ХХ-ХХ-99999»     —    совокупность

стотысячной группы номеров фиксированной и мобильной связи;

Диапазон «ХХ-XXX0000» – «ХХ-XXX9999» — совокупность десятитысячной группы номеров фиксированной и мобильной связи.

(Х – постоянная часть, то есть префикс (код сети или региона) от 0 до 9).

  1. ПОРЯДОК ВЫДЕЛЕНИЯ РЕСУРСОВ НУМЕРАЦИИ
  2. Заявитель для получения разрешения на использование ресурсов нумерации в сфере электрической связи обращается в Службу связи при Правительстве Республики Таджикистан (далее – Служба связи) в электронном или письменном виде в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
  3. Ресурс нумерации в сфере электрической связи Республики Таджикистан, предназначенный для предоставления услуг телефонной связи и услуг, обеспечиваемых посредством телефонной нумерации (далее – ресурс нумерации), включает:
  • местный префикс;
  • мобильный префикс;
  • туристический префикс;
  • региональные коды;
  • короткие сервисные номера;
  • иные коды, предусмотренные настоящим Порядком.
  1. На основании заявления пользователя распределение местных, мобильных и туристических префиксов осуществляется следующим образом:
  • выделение префикса ХХ или ХХХ;
  • распределение номеров начиная с диапазона «ХХ-XXX0000» – «ХХXXX9999» и далее до диапазона «ХХ-0000000» – «ХХ-9999999».
  1. В разрешении на использование ресурсов нумерации указываются выделяемые последовательно диапазоны в пределах группы «ХХ-XXX0000» – «ХХ-XXX9999».
  2. В случае полного использования каждого выделенного диапазона нумерации Служба связи на основании обращения пользователя выделяет новый десятитысячный диапазон.
  3. Открытие доступа к коротким сервисным номерам осуществляется исключительно через электронную систему либо посредством письменного уведомления Службы связи. Соответствующая информация направляется операторам мобильной и фиксированной связи в электронной или письменной форме.
  4. Код MCC (Mobile Country Code) является национальным кодом, закреплённым за Республикой Таджикистан в соответствии с процедурами Международного союза электросвязи (ITU).
  5. Код MNC (Mobile Network Code) выделяется Службой связи оператору электрической связи в рамках национального MCC для идентификации мобильной сети с учётом технических возможностей, плана развития сети и требований международных стандартов.
  6. Международный код пункта сигнализации ISPC (International Signalling Point Code) выделяется Службой связи оператору электрической связи для обеспечения обмена сигнальной информацией между сетями электрической связи Республики Таджикистан и сетями связи иностранных государств в соответствии с международными стандартами сигнализации (SS7/ОКС) и техническими требованиями сети оператора.
  7. RN (Routing Number) выделяется Службой связи операторам электрической связи для обеспечения корректной маршрутизации вызовов и соединений в сетях связи, в том числе при переносимости номеров. RN предназначен исключительно для сетевого использования и не может использоваться в качестве абонентского номера.
  8. NP DB (Number Portability DataBase) представляет собой централизованную базу данных переносимости номеров, которая создаётся, эксплуатируется и поддерживается операторами электрической связи. Операторы обязаны вносить в неё сведения в соответствии с порядком, установленным Службой связи, и использовать её для определения текущего оператора номера и обеспечения корректной маршрутизации вызовов посредством RN.
  9. Служба связи выделяет ресурсы нумерации для сетей электрической связи, определяет ограничения их использования и размер платы за ресурс нумерации, осуществляет отзыв выделенного ресурса нумерации, а также переоформляет решения о его выделении.
  10. Ресурс нумерации для сетей фиксированной и мобильной связи предоставляется Службой связи по обращению заявителя, являющегося обладателем лицензии на осуществление деятельности в сфере электрической связи, на основании разрешения на неограниченный срок.
  11. Служба связи выделяет ресурсы нумерации в следующем порядке:
  • коды географически определяемых зон нумерации на территории Республики Таджикистан;
  • коды географически неопределяемых зон нумерации на территории Республики Таджикистан.
  1. Служба связи ведёт реестр нумерации, содержащий:
  • систему нумерации;
  • сведения о выделенных ресурсах нумерации;
  • сведения о свободных ресурсах нумерации;
  • сведения о владельцах разрешений на использование ресурсов нумерации:
  • для юридических лиц: наименование, организационно-правовая форма, фактический адрес;
  • для физических лиц: фамилия, имя, отчество, место жительства, сведения о документе, удостоверяющем личность;
  • для физических и юридических лиц: объём и территория использования ресурса нумерации;
  • дата выделения, полного или частичного изъятия ресурса нумерации либо переоформления решения о его выделении.
  1. Информация, содержащаяся в реестре нумерации, публикуется в форме и объёме, установленными Службой связи.
  2. ПОРЯДОК ИСПОЛЬЗОВАНИЯ И ОПРЕДЕЛЕНИЯ СТАТУСА

РЕСУРСОВ НУМЕРАЦИИ

  1. Владельцы разрешительных документов самостоятельно выделяют номера абонентам в виде SIM-карт или eSIM из полученного ресурса нумерации.
  2. В целях обеспечения эффективного использования ресурса нумерации, повышения качества услуг и предотвращения нецелевого использования мобильных и фиксированных номеров абонентские номера подразделяются на активные и неактивные.
  3. Мобильный или фиксированный номер признаётся активным независимо от объёма потребляемых услуг связи, если:
  • зарегистрирован на абонента в системе оператора;
  • договор между оператором и абонентом не расторгнут;
  • до перевода номера в неактивный статус оператор обязан уведомить абонента не менее чем за 7 дней посредством автоматического голосового сообщения или SMS, при этом до истечения указанного срока номер считается активным.
  1. Мобильный или фиксированный номер признаётся неактивным в следующих случаях:
  • расторжение договора между оператором и абонентом;
  • снятие номера с регистрации абонента;
  • истечение срока использования туристического номера;
  • номера, выделенные оператору на основании разрешения, но не зарегистрированные на абонентов и находящиеся в резерве для развития сети оператора;
  • отключение номера по требованию уполномоченного органа в области электрической связи либо по решению суда.
  1. С момента признания номера неактивным предоставление любых услуг электрической связи по данному номеру до восстановления его активного статуса строго запрещается.
  2. При распределении номеров каждый диапазон нумерации должен заполняться строго последовательно.
  3. В случае полного использования каждого диапазона нумерации Служба связи по заявлению пользователя выделяет новый диапазон.
  4. Использование ресурсов нумерации, не выделенных Службой связи в установленном порядке, запрещается.
  5. Владелец разрешительного документа не вправе передавать выделенный ему ресурс нумерации другим физическим или юридическим лицам, а также обеспечивать доступ к номерам, не выделенным Службой связи.
  6. Доступ ко всем видам ресурсов нумерации обеспечивается Службой связи.
  7. ПОРЯДОК ПРЕДСТАВЛЕНИЯ ОТЧЁТНОСТИ ПО РЕСУРСАМ НУМЕРАЦИИ И СВЯЗАННЫХ ПЛАТЕЖЕЙ
  8. Пользователи ресурсов нумерации обязаны представлять отчётность уполномоченному государственному органу в установленном порядке.
  9. Отчёт, представляемый уполномоченному органу о использовании ресурсов нумерации, должен содержать следующие сведения:
  • фактический объём использования;
  • количество активных и неактивных номеров;
  • иные сведения, определяемые уполномоченным органом; 33. За неактивные туристические номера плата не взимается.
  1. Отчёт представляется ежемесячно не позднее 10-го числа месяца, следующего за отчётным периодом, через Портал управления разрешительной деятельностью и отчётностью в сфере связи.
  2. Размер и порядок внесения платы за ресурс нумерации определяются Службой связи по согласованию с государственным антимонопольным органом в соответствии со статьёй 12 Закона Республики Таджикистан «Об электрической связи».
  3. Пользователи ресурсов нумерации обязаны своевременно и в полном объёме осуществлять установленные законодательством Республики Таджикистан платежи за использование ресурсов нумерации.
  4. В случае непредставления отчётности, представления недостоверной отчётности либо неуплаты установленных платежей применяются меры ответственности, предусмотренные законодательством        Республики Таджикистан.
  5. Форма, сроки и порядок представления отчётности, а также порядок внесения платежей за использование ресурсов нумерации утверждаются Службой связи совместно с другими государственными органами.

 

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00126-TTT-IMG_0001.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 21.07.2026
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 20.08.2026
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00126-MMK-03.KHulosai-nihoi-№126-KHd.aloqa.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти алокаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ
Санаи ворид 21.07.2026
Админ 0