Рақам 128
Дар асоси нақша 160
Намуди ҳуҷҷат Тартиб
Ном бо забони тоҷикӣ Тартиби пешниҳод намудани хизматрасонии интернет
Ном бо забони русӣ Порядок предоставления интернет-услуг
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Мавҷуд нест.

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Мавҷуд нест.

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Замима

ба қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___»_______соли 2026, №__

 

 

Тартиби

пешниҳод намудани хизматрасонии интернет

 

  1. 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Тартиби пешниҳод намудани хизматрасонии интернет (минбаъд - Тартиби мазкур) бо мақсади таъмини дастрасии баробар ба шабакаи Интернет, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, дастгирии рақобати бовиҷдонона таҳия шуда, асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва техникии дастрасӣ ба шабакаи Интернетро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
  3. Амали Тартиби мазкур ба ҳамаи операторон ва провайдерон (минбаъд – провайдери интернет), ташкилкунандаи дастрасӣ ба интернети бесим, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии интернет истифода мебаранд (минбаъд – истифодабаранда), паҳн мегардад.
  4. 3. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:

- сифати хизматрасонӣ – маҷмуи нишондиҳандаҳо (суръат, таъхир, лаппиши таъхир (ҷиттер), зариби гумшавии бастаҳо), ки сатҳи қаноатмандии муштариро муайян мекунанд;

- спам – паёми электронӣ, ки бе розигии пешакии муштарӣ фиристода шуда, имкони шиносоии ирсолкунандаро намедиҳад;

            - ташкилкунандаи дастрасӣ ба интернети бесим – мақомоти давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо (ба истиснои муассисаҳои таълимӣ ва ислоҳӣ), ташкилотҳои давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба истифодабарандагон дастрасӣ ба интернети бесимро таъмин мекунад;

- трафик – ҳаҷми иттилооте, ки тавассути шабака дар воҳиди вақт интиқол дода мешавад;

- хизматрасонии Интернет — хизматрасонии алоқаи барқӣ мебошад, ки ба истифодабаранда дастрасӣ ба шабакаи глобалии иттилоотию телекоммуникатсионии Интернетро таъмин намуда, интиқол ва қабул намудани маълумот, истифодаи захираҳои иттилоотӣ, инчунин имконияти истифодаи сервисҳо ва барномаҳоеро, ки тавассути шабакаи Интернет фаъолият мекунанд, фароҳам меорад.

 

  1. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ХИЗМАТРАСОНИИ ИНТЕРНЕТ
  2. Хизматрасонии интернет дар асоси шартномаи дар шакли хаттӣ ё электронӣ (аз ҷумла аксепти офертаи оммавӣ) расонида мешавад. Шартномаи пешниҳоди хизматрасонии интернет метавонад қисми шартномаҳои дигар бошад ба шарте, ки он ба тамоми талаботи Тартиби мазкур ҷавобгӯ мебошад.
  3. Шартномаи пешниҳоди хизматрасонии интернет шартномаи оммавӣ ба ҳисоб меравад. Провайдери интернет ҳуқуқ надорад, ки бе асос бастани шартномаро рад кунад.
  4. Провайдери интернет уҳдадор аст, ки пеш аз бастани шартнома бо муштарӣ вобаста ба масъалаҳои зерин иттилооти боэътимод диҳад:

- хизматрасониҳои расонидашаванда;

- тарофаҳо барои ин хизматрасониҳо;

- тартиби пайвастшавӣ ва хизматрасонӣ;

- қоидаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои интернет;

- сифати хизматрасониҳо.

  1. Шартномаҳо бо шахсони воқеӣ ҳангоми пешниҳоди шиноснома ва ҳатман пайваст намудан ба сим-корт (барои интернети мобилӣ) тибқи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он баста мешаванд.
  2. Мушаххасоти ҳатмии шартномаи пешниҳоди хизматрасонии интернет:

- мушаххасоти иҷозатномаи фаъолият;

- номгӯйи хизматрасониҳо ва нақшаи тарофавӣ;

- низоми ҳисоббаробаркуниҳо;

- уҳдадориҳои провайдери интернет;

- уҳдадориҳои муштарӣ;

- суръати ниҳоӣ ва ҳадди ақали кафолатдодашуда тибқи талаботи ҳадди ақал ба сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ;

- муҳлати бартараф кардани камбудиҳои техникӣ;

- ҷавобгарии тарафҳо;

- муҳлати амали шартнома ва шартҳои бекор кардани он;

- ҳалли баҳсҳо.

  1. Расонидани хизматрасониҳои иловагӣ танҳо пас аз гирифтани тасдиқи дақиқ аз муштарӣ тавассути интерфейси алоҳида (дастури USSD, утоқи шахсӣ) ё SMS-паём иҷозат дода мешавад. Провайдери интернет уҳдадор аст шаффофияти чунин ҳисобкуниҳоро тавассути инъикоси онҳо бо сатри алоҳида дар тафсилоти ҳисобҳо ва утоқи шахсии муштарӣ таъмин намояд.

 

  1. ТАРТИБИ ТАЪМИНИ ДАСТРАСӢ БА ИНТЕРНЕТ
  2. Вазорату идораҳо, муассисаҳо (ба истиснои муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои ислоҳӣ) ва дигар корхонаву ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият, уҳдадоранд кормандони худро барои иҷрои ваколатҳои хизматиашон дар ҷойи кор бо интернет мутобиқ ба талабот, аз ҷумла тавассути шабакаҳои собит ё интернети бесим ройгон таъмин намоянд.
  3. Таъмини дастрасӣ ба интернет бояд бо дар назар доштани шумораи кормандон, хусусияти фаъолият ва зарурати истифодаи интернет амалӣ карда шавад.
  4. Ташкилкунандаи дастрасӣ ба интернети бесим новобаста аз шакли моликият, ки фаъолияти худро дар соҳаи зерин амалӣ менамояд, уҳдадор аст дастрасии интернети бесимро барои истифодабарандагон ройгон ё музднок таъмин намояд:

- фурудгоҳ;

- истгоҳи роҳи оҳан;

- терминали нақлиётӣ автомобилӣ;

- нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ (автобусҳо, троллейбусҳо);

- боғи фарҳангию фароғатӣ;

  • маҷмааҳои варзишӣ;
  • марказҳои савдо, хизматрасонӣ ва фароғатӣ;
  • бозор;
  • аквапарк;
  • осоишгоҳ;

- меҳмонхона;

- тарабхона;

- ошхона;

-  қаҳвахона.

  1. Дастрасии интернети бесим бояд:

- барои ҳамаи истифодабарандагон дастрас бошад;

- дар ҳолати коршоям нигоҳ дошта шавад;

- ба истифодаи хизматрасониҳои рақамӣ, аз ҷумла пардохтҳои ғайринақдӣ, имкон фароҳам оварад.

  1. 14. Таъмини дастрасӣ ба интернети бесим метавонад аз ҷониби ташкилкунандаи дастрасӣ ба интернети бесим мустақилона ё дар ҳамкорӣ бо провайдери интернет амалӣ карда шавад.
  2. 15. Ташкили дастрасӣ ба интернети бесим бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумоти шахсӣ амалӣ карда мешавад.
  3. 16. Ташкилкунандаи дастрасӣ ба интернети бесим уҳдадор аст, ки барои истифодабарандагон қисми ибтидоии дастрасии интернети бесимро бо маҳдудияти муайяни вақт на кам аз 30 дақиқа ба таври ройгон таъмин намояд. Истифодаи интернети бесим зиёда аз меъёри дар банди мазкур муқарраршуда, метавонад минбаъд ройгон ё музднок ба роҳ монда мешавад.
  4. 17. Ҳангоми расонидани хизматрасониҳои интернети бесим шартнома аз лаҳзаи анҷом додани амалҳои тасдиқи дастрасӣ басташуда аз ҷониби истифодабаранда ҳисобида мешавад, ки дар ҷараёни он истифодабаранда бояд бо тамоми шартҳои пешниҳоди хизматрасонии интернети бесим шинос гардад. Провайдери интернет уҳдадор аст мутобиқати чунин хизматрасониро ба талаботи қонунгузорӣ ва риояи нишондиҳандаҳои сифати хизматрасонӣ таъмин намояд.
  5. 18. Ташкилкунандаи дастрасӣ ба интернети бесим якҷо бо провайдери интернет шиносоии ҳувияти истифодабарандагонро тавассути роҳҳои зерин таъмин менамояд:

- фиристодани рамзи яккарата ба рақами телефони мобилӣ;

- маълумоти шиносномавӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
- портали авторизатсия;
- суроғаи MAC-и дастгоҳ.

  1. Давомнокии дастрасӣ ба интернети бесим бе тасдиқи дастрасии такрорӣ амалӣ карда мешавад.

 

  1. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ПРОВАЙДЕРИ ИНТЕРНЕТ
  2. Провайдери интернет ҳуқуқ дорад:

- ҳангоми ошкор намудани истифодаи ғайриқонунии даргоҳҳо (шлюзҳо), аз ҷумла воситаҳои генератсияи маснуии трафик, дигар механизмҳое, ки барои интиқоли ғайриқонунӣ ё пинҳонии трафик ва ё вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи масиргузаронии он истифода мешаванд, инчунин дар ҳолатҳое, ки чунин амалҳо ба фаъолияти устувори шабака, манфиатҳои қонунии провайдери интернет ё амнияти иттилоотии давлат зарар мерасонанд ё таҳдид мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон расонидани хизматрасониҳоро маҳдуд ё пурра қатъ намояд;

- барои пешгирии сарбории зиёди шабака низомҳои идораи трафикро ҷорӣ намояд ва шаффофияти ин чораҳоро барои муштарӣ таъмин кунад;

- дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузорӣ ва шартнома пешбинӣ намудаанд.

  1. Провайдери интернет уҳдадор аст:

- фаъолияти худро мувофиқи қонунгузорӣ ва Тартиби мазкур амалӣ намояд;

- хизматрасониҳоро мувофиқи шартномаи бо муштарӣ басташуда пешниҳод кунад;

- нишондиҳандаҳои сифати алоқаро, ки дар шартнома зикр шудаанд, таъмин намояд. Суръати воқеӣ ва дигар нишондиҳандаҳои сифат бояд ба талаботи ҳадди ақали сифати хизматрасонии алоқаи барқӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар намудааст, мутобиқ бошанд;

- муттасилӣ ва сифати хизматрасониҳоро дар давоми шабонарӯз таъмин кунад;

- хадамоти дастгирии техникии шабонарӯзиро ташкил намояд;

- дар бораи тағйир ёфтани тарофаҳо ва шартҳои шартнома на дертар аз 30 рӯзи тақвимӣ тавассути сомона, утоқи шахсӣ ва SMS-паём хабар диҳад;

- дар бораи корҳои профилактикӣ фавран огоҳ намояд;

- дар сурати вайрон кардани шартҳои Тартиби мазкур аз ҷониби муштарӣ ва ё бо сабабҳои марбут ба ҳолатҳои фавқулода, муштариро пешакӣ дар бораи қатъ кардани пайвастшавӣ ба шабакаи интиқоли додаҳо огоҳ созад;

- дар сурати пешниҳод накардани хизматрасониҳо бо гуноҳи провайдери интернет, азнавҳисобии ҳаққи хизматрасониро барои тамоми давраи қатъшавӣ ба таври худкор таъмин карда, маблағи дахлдорро бе пешниҳоди дархости иловагӣ ба манфиати муштарӣ барқарор намояд;

- дастрасии ройгонро новобаста ба мавҷудияти тавозуни мусбат ва ё ба сифр баробар будани бақия дар ҳисоби муштарӣ ба хадамоти садамавӣ ва таъҷилӣ, инчунин ба хизматрасониҳои давлатии электронӣ ва рақамӣ, тавассути низомҳои пардохти электронӣ ва хизматрасониҳои рақамии давлатӣ, таъмин намояд;

- аз низомҳои сертификатсияшудаи ҳимояи иттилоот истифода барад;

- ҷиҳати ҳимояи шабака аз барномаҳои зараровар ва спам чораҳо андешад;

- маҳдудияти дастрасиро ба иттилооти ҳифзшаванда ва хизматӣ таъмин намояд;

- махфияти маълумоти шахсӣ ва маҳрамияти мукотибаро, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ, риоя ва таъмин намояд;

- имкони техникии расонидани хизматрасониҳои иловагии масдудсозии муҳтаво («Назорати падару модар»)-ро бо дархости муштарӣ таъмин намояд;

- шикояти муштариро дар давоми 3 рӯзи корӣ баррасӣ намояд;

- дар ҷойҳои ҷамъиятӣ имкониятҳои техникиро барои ташкили дастрасӣ ба интернети бесим фароҳам оварад;

- бақияи трафики интернетро ба моҳи оянда новобаста аз нақшаи тарофавӣ ва бастаи интихобкардаи муштарӣ гузаронад;

- дигар уҳдадориҳое, ки қонунгузорӣ ва шартнома пешбинӣ намудаанд.

 

  1. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ МУШТАРӢ
  2. Муштарӣ ҳуқуқ дорад:

- мувофиқи шартнома ва Тартиби мазкур аз хизматрасониҳои интернет истифода барад;

- провайдери интернетеро, ки хизматрасониҳои дастрасӣ ба шабакаи интернетро пешниҳод мекунад, интихоб намояд;

- ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои провайдери интернет тибқи шартнома, ба ӯ изҳори норозигӣ пешниҳод кунад ва иҷрои матлуби уҳдадориҳои базиммагирифтаро талаб намояд;

- ҳангоми иҷро накардан ё иҷрои номатлуби уҳдадориҳои провайдери интернет, бартарафсозии камбудиҳо, азнавҳисобкунӣ, ҷуброни зиён тибқи шартнома ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;

- дар сурати вайрон кардани шартҳои шартнома аз ҷониби провайдери интернет, ки тибқи тартиби муқарраргардида исбот шуда, боиси коҳиши сифати хизматрасониҳо гардидааст, бартарафсозии ройгони камбудиҳо, азнавҳисобкунӣ ё бекор кардани шартномаро дар ҳолатҳои пешбининамудаи шартнома ё қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;

- дар бораи ҳолати тавозун, ҳаҷми трафик ва тафсилоти хизматрасониҳо дар реҷаи вақти воқеӣ дар утоқи шахсӣ иттилооти ройгон гирад;

- нақшаи тарофавии худро ба нақшаи тарофавии амалкунанда иваз кунад;

- ба ҳимоя аз ирсоли паёмҳои номатлуб (спам). Ирсоли паёмҳои таблиғотӣ аз ҷониби провайдери интернет танҳо дар сурати мавҷуд будани розигии дақиқи муштарӣ иҷозат дода мешавад;

- шартномаро бо провайдери интернет бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бекор кунад;

- дигар ҳуқуқҳое, ки қонунгузорӣ ва шартнома пешбинӣ намудаанд.

  1. Муштарӣ уҳдадор аст:

- амалҳоеро, ки ба рахна кардани низомҳои компютерӣ ва шабакаҳо нигаронида шудаанд (ҳамлаҳои DDoS, вирусҳо), анҷом надиҳад;

- мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таҷҳизоте, ки сертификат надорад, истифода набарад;

- дигар уҳдадориҳое, ки қонунгузорӣ ва шартнома пешбинӣ намудаанд.

 

  1. ТАРТИБИ ҲИСОББАРОБАРКУНӢ ВА ТАРИФИКАТСИЯ
  2. Тарофаҳо аз ҷониби провайдери интернет дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зиддиинҳисорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  3. Воҳиди пулӣ бояд бо асъори миллӣ ифода ва пардохт карда шавад.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Приложение

к постановлению Правительства

Республики Таджикистан

от «__»__________2026 года, №__

 

 

Порядок

предоставления интернет-услуг

 

  1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

  1. Порядок предоставления интернет-услуг (далее — настоящий Порядок) разработан в целях обеспечения равного доступа к сети Интернет, защиты прав потребителей, поддержки добросовестной конкуренции и определяет правовые, организационные и технические основы доступа к сети Интернет на территории Республики Таджикистан.
  2. Действие настоящего Порядка распространяется на всех операторов и провайдеров (далее – провайдер интернета), организатора доступа к беспроводному интернету, а также на физических и юридических лиц, пользующихся интернет-услугами (далее – пользователь).
  3. В настоящем Порядке используются следующие понятия:

- качество услуги – совокупность параметров (скорость, задержка, вариация задержки (джиттер), коэффициент потери пакетов), определяющих уровень удовлетворённости абонента;

- спам – электронное сообщение, отправленное без предварительного согласия абонента, не позволяющее идентифицировать отправителя;

- организатор доступа к беспроводному интернету – государственные органы, предприятия, учреждения (за исключением образовательных и исправительных учреждений), государственные организации, юридическое лицо или индивидуальный предприниматель, предоставляющие пользователям доступ к беспроводному интернету;

- трафик – объем информации, передаваемый по сети за единицу времени;

- Интернет-услуги — услуги электрической связи, обеспечивающие пользователям доступ к глобальной информационно-телекоммуникационной сети Интернет, включая передачу и прием данных, использование информационных ресурсов, а также возможность использования сервисов и приложений, функционирующих посредством сети Интернет.

 

  1. ПОРЯДОК ПРЕДОСТАВЛЕНИЯ ИНТЕРНЕТ-УСЛУГ
  2. Услуга интернета оказывается на основании договора в письменной или электронной форме (включая акцепт публичной оферты). Договор о предоставлении услуги интернета может быть частью других договоров с условием, что отвечает всем требованиям настоящего Порядка.
  3. Договор о предоставлении услуг интернета считается публичным договором. Провайдер интернета не вправе отказать в заключении договора без основания.
  4. Провайдер интернета обязан до заключения договора предоставить абоненту достоверную информацию по следующим вопросам:

- оказываемые услуги;

- тарифы на эти услуги;

- порядок подключения и обслуживания;

- правила предоставления услуги интернета;

- качество услуг.

  1. 7. Договоры с физическими лицами заключаются при предъявлении паспорта и обязательной привязке к сим-карте (для мобильного интернета) в соответствии с порядком и требованиями подключения к сети электрической связи и связанным с ней услугам.
  2. 8. Обязательные реквизиты договора о предоставлении услуг интернета:

- реквизиты лицензии провайдера интернета;

- перечень услуг и тарифный план;

- система расчетов;

- обязательства провайдера интернета;

- обязательства абонента;

- максимальная и минимально гарантированная скорость в соответствии с минимальными требованиями к качеству услуг электрической связи;

- сроки устранения технических неисправностей;

- ответственность сторон;

- срок действия договора и условия его расторжения;

- разрешение споров.

  1. Оказание дополнительных услуг допускается только после получения однозначного подтверждения от абонента через отдельный интерфейс (USSD-команда, личный кабинет) или SMS-сообщение. Провайдер интернета обязан обеспечить прозрачность таких начислений путем отражения их отдельной строкой в детализации счетов и личном кабинете абонента.

 

  1. ПОРЯДОК ОБЕСПЕЧЕНИЯ ДОСТУПА К ИНТЕРНЕТУ
  2. Министерства и ведомства, учреждения (за исключением дошкольных и общеобразовательных учреждений, исправительных учреждений) и иные предприятия и организации независимо от формы собственности обязаны бесплатно обеспечивать своих работников на рабочих местах доступом к интернету для выполнения ими служебных полномочий в соответствии с установленными требованиями, в том числе посредством фиксированных сетей или беспроводного интернета.
  3. Обеспечение доступа к интернету должно осуществляться с учётом численности сотрудников, характера деятельности и необходимости использования интернет.
  4. Организатор доступа к беспроводному интернету независимо от формы собственности, осуществляющий деятельность в следующей сфере, обязан обеспечивать пользователям доступ к беспроводному интернету на бесплатной или платной основе.

- аэропорт;

- железнодорожная станция;

- автомобильный транспортный терминал;

- городской общественный транспорт (автобусы, троллейбусы);

- парк культуры и отдыха;

- спортивные комплексы;

- торгово‑сервисные и развлекательные центры;

- рынок;

- аквапарк;

- санаторий;

- гостиница;

- ресторан;

- столовая;

- кафе.

  1. 13. Доступ к беспроводному интернету должен:

- быть доступным для всех пользователей;

- поддерживаться в работоспособном состоянии;

- обеспечивать возможность использования цифровых сервисов, в том числе безналичных платежей.

  1. 14. Обеспечение доступа к беспроводному интернету может осуществляться организатором доступа самостоятельно или в сотрудничестве с провайдером интернета.
  2. 15. Организация доступа к беспроводному интернету осуществляется с соблюдением требований законодательства в области информационной безопасности и защиты персональных данных.
  3. 16. Организатор доступа к беспроводному интернету обязан бесплатно предоставить пользователям первоначальный доступ к беспроводному интернету, с определенным ограничением по времени не менее 30 минут. Использование беспроводного интернета сверх нормы, установленной настоящим пунктом, в дальнейшем может осуществляться на бесплатной или платной основе.
  4. 17. При оказании услуг беспроводного интернета договор считается заключённым с момента совершения пользователем действий по подтверждению доступа в ходе которых пользователь должен ознакомиться со всеми условиями предоставления услуг беспроводного интернета. Провайдер интернета обязан обеспечить соответствие таких услуг требованиям законодательства и соблюдение показателей качества услуг.
  5. 18. Организатор доступа к беспроводному интернету совместно с провайдером интернета обеспечивает идентификацию личности пользователей следующими способами:

- отправка одноразового кода на номер мобильного телефона;

- паспортные данные и другие документы, удостоверяющие личность;

- портал авторизация;

-  MAC‑адрес устройства.

  1. Доступ к беспроводному интернету в течение его действия осуществляется без повторного подтверждения доступа.

 

  1. ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ ИНТЕРНЕТ ПРОВАЙДЕРА
  2. Провайдер интернета имеет право:

- требовать от абонента соблюдения настоящего Порядка;

- приостанавливать услуг интернета в случае нарушения абонентом сроков оплаты или требований кибербезопасности;

- при выявлении незаконного использования шлюзов, в том числе средств искусственной генерации трафика, иных механизмов, используемых для незаконной или скрытой передачи трафика, либо для нарушения установленного порядка маршрутизации, а также в случае, когда такие действия наносят ущерб или создают угрозу устойчивому функционированию сети, законным интересам провайдера интернета или информационной безопасности государства, ограничивать либо полностью прекращать оказание услуг в соответствии с законодательством Республики Таджикистан;

- внедрять системы управления трафиком для предотвращения перегрузки сети, соблюдая прозрачность этих мер для абонента;

- иные права, предусмотренные законодательством и договором.

  1. Провайдер интернета обязан:

- осуществлять свою деятельность в соответствии с законодательством и настоящим Порядком;

- предоставлять услуги в соответствии с договором, заключенным с абонентом;

- обеспечивать параметры качества связи, указанные в договоре. Фактическая скорость и иные параметры качества должны соответствовать минимальным требованиям качества услуг электрической связи, установленным уполномоченным государственным органом в области электрической связи;

- обеспечивать непрерывность и качество услуг круглосуточно;

- создать круглосуточную службу технической поддержки;

- информировать об изменении тарифов и условий договора не позднее чем за 30 календарных дней через сайт, личный кабинет и SMS-сообщение;

- немедленно уведомлять о профилактических работах;

- в случае нарушений условий настоящего Порядка со стороны абонента или по причинам, связанным с чрезвычайными ситуациями, предварительно уведомлять абонента о прекращении подключения к сети передачи данных;

- в случае неоказания услуг по вине провайдера интернета, в автоматическом режиме обеспечивать автоматический   перерасчет платы за услуги за весь период его прекращения, восстанавливая соответствующую сумму в пользу абонента без дополнительного запроса;

- обеспечивать бесплатный доступ независимо от наличия положительного или нулевого баланса на счету абонента к аварийным и экстренным службам, а также к государственным электронным и цифровым услугам, посредством систем электронных платежей и государственные цифровые сервисы;

- использовать сертифицированные системы защиты информации;

- принимать меры по защите сети от вредоносного программного обеспечения и спама;

- обеспечить ограничение доступа к защищенной и служебной информации;

- соблюдать и обеспечить конфиденциальность персональных данных и тайну переписки, за исключением случаев, предусмотренных законодательством;

- обеспечить техническую возможность оказания дополнительных услуг по фильтрации контента («Родительский контроль») по запросу абонента;

- рассматривать жалобу абонента в течение 3 рабочих дней;

- в общественных местах создавать технические возможности для организации доступа к беспроводному интернету;

- переносить остаток интернет трафика на следующий месяц, независимо от тарифного плана и выбранного абонентом пакета;

- иные обязанности, предусмотренные законодательством и договором.

 

  1. 5. ПРАВА И ОБЯЗАННОСТИ АБОНЕНТА
  2. Абонент имеет право:

- в соответствии с договором и настоящим Порядком пользоваться интернет-услугами;

- выбирать провайдера интернета, предоставляющего услуги доступа к сети интернет;

- предъявлять возражения провайдеру интернета при неисполнении или ненадлежащем исполнении его обязанностей по договору и требовать исполнения надлежащим образом принятых на себя обязательств по этому договору;

- требовать устранения недостатков, перерасчета, возмещения убытков в соответствии с договором или законодательством Республики Таджикистан в случае неисполнения либо ненадлежащего исполнения обязательств провайдером интернета;

- в случае нарушения провайдером интернета условий договора, доказанного в установленном порядке и повлекшего ухудшение качества услуг, требовать безвозмездного устранения недостатков, перерасчета либо расторжения договора в случаях, предусмотренных договором или законодательством Республики Таджикистан

- получать бесплатную информацию о состоянии баланса, объеме трафика и детализации услуг в режиме реального времени в личном кабинете;

- изменять свой тарифный план на действующий тарифный план;

- на защиту от получения нежелательной рассылки (спама). Отправка рекламных сообщений провайдером интернета допускаются только при наличии явного согласия абонента;

- расторгнуть договор с провайдером интернета в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан;

- иные права, предусмотренные законодательством и договором.

  1. Абонент обязан:

- не предпринимать действий, направленных на взлом компьютерных систем и сетей (DDoS-атаки, вирусы);

- в соответствии с законодательством Республики Таджикистан не использовать оборудование, не имеющее сертификата;

- иные обязательства, предусмотренные законодательством и договором.

 

  1. 6. ПОРЯДОК РАСЧЕТОВ И ТАРИФИКАЦИЯ
  2. Тарифы устанавливаются провайдером интернета по согласованию с уполномоченным государственном органом в антимонопольной сфере в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
  3. Денежная единица должна быть выражена и оплачиваться в национальной валюте.

 

  1. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
  2. 2 Физические и юридические лица за несоблюдение настоящего Порядка несут ответственность в соответствие законодательством Республики Таджикистан.
Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00128-HI-IMG_0001.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00128-TTT-IMG_0001.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 05.08.2026
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 04.09.2026
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00128-MMK-03.-KHulosai-nihoi-№128-160.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти алокаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ
Санаи ворид 05.08.2026
Админ 0