Дар Вазорати адлияи Бо қарори Раёсати
Ҷумҳурии Тоҷикистон Бонки миллии Тоҷикистон
аз 4 декабри с.2015 бо №139 “д” аз 29 сентябри с.2015,№195
“ба қайд гирифта шудааст” “тасдиқ шудааст”
Дастурамали №211
“Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти
мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”
Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор" ва қисми 2 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” таҳия шуда, тартиб ва қоидаҳои ташкил кардан, анҷом додан, ба расмият даровардан, ба ҳисоб гирифтан, ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷиро дар ташкилотҳои қарзӣ муқаррар мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
1.Ба амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдӣ ва ғайринақдӣ (минбаъд - амалиёти мубодилавӣ) амалиёти зерин мансубанд:
а) харид ва фурӯши асъори хориҷӣ бо пули миллӣ (мубодила);
б) ивази як асъори хориҷӣ ба асъори хориҷии дигар (табдил).
2.Вобаста ба амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд хизматрасониҳои иловагии зерин метавонад пешниҳод гардад:
-майда кардани асъори хориҷии нақдӣ;
-ивази асъори хориҷии нақди фарсуда ва осебдида ба асъори хориҷии нақди коршоям;
-муайян кардани аслияти асъори хориҷии нақдӣ ва дигар. Барои ин хизматрасониҳо ташкилотҳои қарзӣ тарофаҳо муқаррар карда, онҳоро дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ дар мувофиқа бо мақомоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ менамоянд.
3.Амалиёти мубодилавӣ аз ҷониби ташкилоти қарзие, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқи бо асъори хориҷӣ анҷом додани амалиётро дорад ( минбаъд - бонки ваколатдор) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он бе маҳдудият бо тартиби муқарраркардаи қонунгузорӣ ва Дастурамали мазкур анҷом дода мешавад.
4.Бонки ваколатдор амалиёти мубодилавиро дар бозори дохилӣ (байнибонкӣ, дохилибонкӣ, нақдӣ) ва бозорҳои беруна барои худ ва ё барои муштариёни худ (шахсони воқеию ҳуқуқии суратҳисоби бонкӣ дошта) ва бо шахсони воқеии дигар (амалиёти мубодилавии якдафъина) анҷом медиҳад.
5.Бонки ваколатдор амалиёти мубодилавиро дар бозори дохилӣ бо асъори хориҷии нақдию ғайринақдӣ ва дар бозори беруна бо асъори хориҷии ғайринақдӣ, ки нисбат ба онҳо дар бозори дохилӣ талабот ва пешниҳод мавҷуд аст, бо назардошти эҳтиёҷоту зарурият ба ин амалиёт ва гирифтани фоида анҷом медиҳад.
6.Бонки ваколатдор амалиёти мубодилавӣ дар бозори дохилиро тавассути воҳидҳои сохтории саридора, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва таҷҳизоти техникии худкори хизматрасониҳои хазинавидоштаи худ ва дар бозори беруна тавассути воҳидҳои сохтории саридора ва ё филиалаш, ки ба анҷом додани амалиёт бо асъори хориҷӣ ва ҳисобаробаркуниҳои байналмилалӣ вобастаанд, мегузаронад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ АНҶОМДИҲИИ АМАЛИЁТИ МУБОДИЛАВӢ
БО АСЪОРИ ХОРИҶИИ НАҚД
7.Бонки ваколатдор барои анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд аз имкониятҳои ҳар як муассисаи хазинаи амалиётидоштаи худ истифода мебарад.
8.Ба муассисаҳои хазинаҳои амалиётидошта (минбаъд - муассиса) инҳо дохил мешаванд:
а) марказҳои хазинавии саридора ва филиал;
б) марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва таҷҳизоти техникии худкор (банкомат ва терминалҳо);
в) нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ дар меҳмонхонаҳо, фурудгоҳҳо, дидбонгоҳҳои гумрукӣ.
9.Бонки ваколатдор бо мақсади анҷом додани амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд бояд:
а) маҳсулоти барномавӣ, таҷҳизоти техникӣ ва воситаҳои алоқаи ташкили шабакаи ягонаи электронии муттамаркази пайвасткунандаи тамоми муассисаҳои амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд анҷомдиҳандаро ба низоми амалиётии худӣ коркард, харидорӣ ва насб намояд. Низоми мазкур бояд иқтидору имконияти анҷомдиҳӣ, бақайдгирӣ, шинохту муайян кардани ҳар як амалиёти мубодилавиро дар низоми ягонаи амалиётии пайвастаи маркази хизматрасонии бонкӣ, филиал, сарбонки бонки ваколатдор дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) дошта бошад ва пешниҳоди маълумоту ҳисоботи ҳаррӯзаро оид ба амалиёти мубодилавӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли электронӣ таъмин карда тавонад;
б) бино ва таҷҳизоти техникии муассисаро ба талаботи нисбат ба марказҳои хазинавӣ муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон мутобиқ карда, назорату мушоҳидаи муттамаркази сабти видеоии ҷои кори ҳар як хазиначиро таъмин намояд;
в) бо дарназардошти ҳаҷми талабот ба амалиёти мубодилавӣ, хусусиятҳои хоси маҳалли ҷойгиршавӣ ва реҷаи корӣ ба муассиса маблағи кифояи пули миллӣ ва асъори хориҷии нақд ҷудо карда, тавассути хадамоти пулрасонии худӣ ва ё тариқи шартномавӣ расонидан ва баргардонидани ин маблағҳои пулиро ба (аз) муассисаи берун аз қароргоҳҳои саридора, филиал ҷойгирбуда, таъмин намояд;
г) баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии алоҳидаи ба зерҳисоби хазиначӣ ҷудо кардан, даромаду хароҷот ва бақияи маблағҳо бо пули миллӣ ва асъори хориҷии нақдӣ барои гузаронидани амалиёти мубодилавӣ пешбинӣ кардашударо таъмин карда, ба хазина ворид шудани даромад (хароҷот) аз амалиёти мубодилавӣ ва дар тавозуни ҳаррӯза инъикос шудани онҳоро таъмин намояд;
д) барои омӯзонидан ва бозомӯзии хазинадороне, ки бояд амалиёти мубодилавӣ анҷом диҳанд, чораҳои зарурӣ андешида, аз тайёрии тахассусӣ гузаштани онҳоро бо ҳуҷҷати расмӣ тасдиқ карда, хазинадорони тайёрии тахассусӣ надоштаро ба анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ роҳ надиҳад. Хазинадорони тахассуси мувофиқдошта, бояд тартиб ва қоидаи гузаронидани амалиёти мубодилавӣ, ҳисобдорӣ, ҳисоботдиҳӣ ва тартиби барасмиятдарории онҳоро дониста, донишу малакаи муайянкунии аслият ва пардохтпазир будани асъори хориҷӣ мутобиқи Замимаи №1 ва пули миллӣ, муайян карда тавонистани амалиёти шубҳанок ва пешниҳоди маълумот оид ба он, ташкил ва пешбурди ҳуҷҷатгузорӣ, нигоҳдории дороиҳо ва таъмини бехатарӣ ҳангоми анҷомдиҳии амалиётро дошта бошанд;
е) санади махсуси меъёрӣ (фармон, фармоиш, амр ё дигар) оид ба он, ки хазинаи муассиса ва хазиначӣ ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдро доранд, қабул карда, дар он тартиби анҷомдиҳӣ, баҳисобгирӣ, ҳисобдорӣ ва ҳисоботдиҳии амалиёти мубодилавӣ, реҷаи корӣ ва дигар меъёрҳои заруриро нишон диҳад;
ж) дар ҷои барои муштариён намоён (дастрас) иттилооти заруриро оид ба он, ки хазинаи муассисаи мазкур амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдро анҷом медиҳад ҷойгир карда, бо истифода аз шаклҳои гуногуни тарғиб ба шаҳрвандони дигар низ мавҷуд будани чунин як хизматрасониро хабар диҳад;
з) бо дарназардошти вазъи бозор, таносуби талаботу пешниҳоди асъори хориҷии нақд ва тартиби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳуҷҷати махсус қурби (кросс-қурби) амалиёти мубодилавиро бо асъори хориҷии нақд дар оғози ҳар як рӯзи корӣ муқаррар карда, тавассути ворид кардани он дар низоми амалиётии муттамарказ ба ҳар як муассиса расонад. Маълумот оид ба қурби (кросс-қурби) амалиёти мубодилавӣ бояд ҳатман ба муштариён ва шаҳрвандони дигар бо таври айёнӣ, шаффофу фаврӣ дар лавҳаҳои (таблоҳои) тарғиботӣ дастрас карда шавад;
и) вобаста ба шароити маҳал ва ҷойгиршавии муассиса, таносуби талабот ва пешниҳоди асъори хориҷии нақд, реҷаи корӣ ва дигар омилҳои таъсиррасон қурби (кросс-қурби) амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдро муқаррар намояд ва ё дар давоми рӯзи корӣ қурби (кросс-қурби) қаблан муайяншударо, тағйир диҳад.
10.Амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:
а) шахсони воқеӣ-муштариёни бонки ваколатдор ва шахсони воқеии дигар амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдро дар муассисаҳои бонки ваколатдор (банди 8 Дастурамали мазкур), бе маҳдудияти маблағ ва таъинот, бо риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастомада ва маблағгузории терроризм” анҷом дода метавонанд. Дар ҷойи дигар (берун аз сарбонк, филиал, маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо) анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ маҳсуб гашта, боиси ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад;
б) амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд ба маблағи мутаносиб то ба 14,0 (чордаҳ) ҳазор сомонӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва ба маблағи мутаносиби аз 14,0 (чордаҳ) ҳазор сомонӣ зиёдбуда бо шарти пешниҳоди ҳатмии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият анҷом дода мешавад.
в) хазинадор анҷомдиҳии ҳар як амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдро тавассути низоми ягонаи амалиётӣ дар Дафтари бақайдгирии амалиётҳои мубодилавӣ дар шакли электронӣ сабт намуда, ба шахси воқеӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ (квитансия) медиҳад;
г) Дафтари бақайдгирии амалиётҳои мубодилавӣ мутобиқи Замима №2 дар шакли электронӣ пеш бурда мешавад;
д) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ (минбаъд - Ҳуҷҷати тасдиқкунанда) мутобиқи Замимаи №3 ба маблағи асъори хориҷии нақди мутаносиб то ба 14,0 (чордаҳ) ҳазор сомонӣ, бе дарҷи мушахассоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, бо имзои хазинадор, ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти ба маблағи мутаносиб аз 14,0 (чордаҳ) ҳазор сомонӣ зиёдбуда бо дарҷи мушахассоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, имзои хазинадор ва бо муҳри (тамғаи) муассиса дар шакли электронӣ ба расмият дароварда шуда, дар қоғаз чоп ва ба шахси воқеӣ дода мешавад;
е) Ҳуҷҷати тасдиқкунанда ба маблағи мутаносиби аз 70,0 (ҳафтод) ҳазор сомонӣ зиёд додашаванда, иловатан бо муҳри гирдаи маркази хизматрасонии бонкӣ, филиал ё саридораи бонки ваколатдор тасдиқ карда мешавад;
ж) пешниҳоди Ҳуҷҷати тасдиқкунанда (квитансия) барои ҳар як амалиёти мубодилавӣ ва ба ҳар як муштарӣ ҳатмӣ мебошад;
з) Ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои аз ҷониби шахси воқеӣ ба хориҷа баровардани асъори хориҷии нақд асос мебошад;
и) маҳсулоти барномавии низоми амалиётии муттамарказии ташкилоти қарзӣ бояд баҳисобгирӣ, пешбурд, барасмиятдарории Дафтари бақайдгирӣ ва Ҳуҷҷати тасдиқкунанда, ҷамъбасти рӯз, таҳияи ҳисобот оид ба амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақдӣ анҷомдодашуда ва чопи қоғазии онҳоро таъмин намояд.
БОБИ 3. ТАРТИБИ ҲИСОБОТДИҲӢ ВА НАЗОРАТИ АМАЛИЁТИ МУБОДИЛАВӢ БО АСЪОРИ ХОРИҶИИ НАҚД
11.Бонкҳои ваколатдор то санаи 5-уми ҳар моҳ дар бораи муассисаҳое, ки ба онҳо ҳуқуқи анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд дода шудааст ва муассисаҳое, ки аз ҳуқуқи мазкур маҳрум карда шудаанд ба Бонки миллии Тоҷикистон (шӯъбаҳои минтақавии вай) маълумоти ҷамъбастӣ пешниҳод мекунанд.
12.Маълумоти ҷамъбастӣ оид ба ҳаҷм ва қурби миёнавазни амалиётҳои мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд ҳамчун қисми ҳисоботи бонки ваколатдор оид ба амалиёти мубодилавӣ дар бозори дохилии асъори ҷумҳурӣ ҳар рӯз дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) ба Бонки миллии Тоҷикистон (шуъбаҳои минтақавии он) пешниҳод мегардад.
13.Бонкҳои ваколатдор тамоми маълумоти дигареро, ки ба анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ дахл доранд ба Бонки миллии Тоҷикистон ва шӯъбаҳои минтақавии он тибқи шакл ва мӯҳлати муайянкардаи вай тавассути низоми ягонаи амалиётии бо Бонки миллии Тоҷикистон пайвастаи худ дар реҷаи вақти воқеӣ (онлайн) пешниҳод менамоянд.
14.Роҳбарони бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) ва масъулини муассисаҳо вазифадоранд тартиби анҷомдиҳӣ, супоридани даромад, барасмиятдарорӣ ва ҳисоботдиҳии амалиёти мубодилавӣ, нигоҳдории дороиҳои хазинаро ҳамарӯза, аз ҷумла тавассути низоми ягонаи амалиётӣ, назорат намоянд. Бонкҳои ваколатдор ва филиалҳои онҳо бояд ҳар як муассисаи худро бо Дафтари бақайдгирии санҷиш тибқи тартиби муқарраршуда таъмин намоянд.
15.Бонки миллии Тоҷикистон ва шуъбаҳои минтақавии он (намояндагони ваколатдори онҳо) ҳуқуқ доранд фаъолияти ҳар як муассисаро бевосита ва ё бо иштироки намояндаи бонки ваколатдор санҷанд.
БОБИ 4. МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ
ДАСТУРАМАЛИ МАЗКУР
16.Таъмини иҷрои талаботи Дастурамали мазкур ба зиммаи роҳбарони бонкҳои ваколатдор (филиалҳои онҳо) ва масъулини муассисаи онҳо гузошта шуда, назорати риояи он аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (шуъбаҳои минтақавии он) дар маҳалҳо анҷом дода мешавад.
17.Дар ҳолати ошкор гардидани вайронкунии талаботи Дастурамали мазкур Бонки миллии Тоҷикистон тибқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” метавонад ҳар гуна чораҳои фаврии ислоҳӣ ё таъсиррасониро нисбат ба бонки ваколатдор татбиқ намояд.
- Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми аз ду маротиба зиёд риоя накардани тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ ва амру супоришҳои бартараф кардани камбудиҳо, бо мақсади таъмини суботи молиявӣ, дар доираи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва “Дар бораи фаъолияти бонкӣ“ метавонад нисбат ба бонки ваколатдор чораи манъи анҷомдиҳии амалиёт ва ё бозхонди иҷозатномаи фаъолияти бонкиро низ татбиқ намояд.