Рақам 17
Дар асоси нақша 20
Намуди ҳуҷҷат Дастурамал
Ном бо забони тоҷикӣ Дастурамал “Дар бораи талабот ба нашри маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ”
Ном бо забони русӣ Инструкция «О требованиях к опубликованию информации кредитными финансовыми организациями»
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда буд.

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Раньше не принимался такой нормативный правовой акт

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

ЛОИҲА

 

 

 

 

Дастурамали №

“Дар бораи талабот ба нашри маълумот

аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ”

     Дастурамал «Дар бораи талабот ба нашри маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ» (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи моддаҳои 6 ва 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», моддаи 55 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», моддаи 39 (1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” ва бо назардошти моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» ва моддаҳои 50 ва 61 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ», моддаҳои 4, 7 ва 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низомҳои пардохтӣ” бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагони хизматрасониҳои низоми бонкӣ, баланд бардоштани сатҳи шаффофияти фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва миёнаравии молиявӣ, инчунин таҳкими боварии истеъмолкунандагонба фаъолияти низоми бонкӣ таҳия шуда, талаботи ҳадди ақалро вобаста ба нашри маълумот аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар бораи фаъолияти онҳо муқаррар менамояд.

Боби 1.Муқаррароти умумӣ

 

  1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ тартиби нашри маълумотро тавассути санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии худ, ки бояд талаботи ҳадди ақалидар Дастурамал муқарраршударопешбинӣ намоянд, ба танзим медарорад.
  2. Дар Дастурамал мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

-                       нашри маълумот –таъмини дастрасии маълумот тавассути ҷойгир кардан дар воситаҳои ахбори омма (минбаъд – ВАО), нашрияҳои чопӣ, маҳалли фаъолияти ташкилоти қарзии молиявӣ ва сомонаи расмии ташкилоти қарзии молиявӣ;

-         буллетени ахборотӣ (иттилоотӣ) нақша, буллетенҳо, брошура, буклет ва дигар нашрияҳои чопӣ, ки дар худ маълумот оид баташкилоти қарзии молиявӣ ва хизматрасониҳои аз ҷониби он пешниҳодшавандаро доранд;

-         ташкилотҳои қарзии молиявӣ- ташкилотҳои қарзӣва ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар асоси иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон  фаъолияти дар қонун пешбинишударо амалӣ менамоянд;

-         истеъмолкунандаи хизматрасонии низоми бонкӣ (муштарӣ) – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз хизматрасониҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ истифода мебарад ё мақсад дорад истифода барад;

-         маълумоти нисбатан муҳим–маълумоте, ки метавонад барои қабули қарори истеъмолкунанда вобаста ба истифодабарӣ аз хизматрасонӣтаъсир расонад.

 

Боби 2. Талаботи умумӣ нисбати

мундариҷаи маълумоти нашршаванда

 

  1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣуҳдадоранд тибқи меъёр ва тартиби дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали мазкур пешбинишуда, ҳисоботи молиявии солона ва хулосаи аудиторӣ, маълумот дар бораи фаъолият ва хизматрасониҳои пешниҳодшаванда, дар бораи сохтори моликият (саҳомон ё иштирокчиён, моликони ниҳоии ҳиссаҳои иштироки афзалиятнок), сохтори ташкилӣ ва идоракунӣ, шахсони алоқаманди худ, инчунин риояи талаботи меъёрҳои мақбулро нашр намоянд.
  2. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд ҳама гуна маълумоти иловагиро вобаста ба фаъолияти худ, ки онро барои истеъмолкунандагон муҳим мешуморанд, нашр намоянд.
  3. Нашри маълумоте, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун сирри бонкӣ ва (ё) дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаи шахсони ҳуқуқӣ ва (ё) воқеӣ ба ҳисоб меравад, манъ аст.
  4. Маълумоти аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ нашршаванда, аз ҷумла дар шакли электронӣ, бояд ба принсипҳои зерин ҷавобгӯ бошанд:

-         муҳим будани иттилоот;

-         мутобиқати маълумот баҳолати ҷорӣ;

-         боэътимод будани иттилоот;

-         инъикоси дурусти далелҳо ва мавҷуд набудани хатогиҳои назаррас;

-         саривақтӣ будани иттилоот;

-         дастрас будани иттилоот.

  1. Ҳангоми нашри маълумот бояд талаботҳои зерин риоя карда шаванд:

-         маълумот бояд бо забони содда ва фаҳмо нашр шуда, набояд калимаву ибораҳои печидаву душворфаҳм ва истилоҳҳои касбиву техникиро дар бар гирад;

-         маълумот бояд ҳадди ақал бо забони давлатӣ (ғайр аз нашрияҳо бо забони хориҷӣ, нашрияҳои махсус) ифода карда шавад;

-         маълумот бояд ба истеъмолкунанда бо ҳуруфи андозааш калони хоно ва  матни фаҳмо, инчунин дар  шаклепешниҳод карда шавад, ки истеъмолкунанда тавонад ба осонӣ маълумоти зарурии худро пайдо намояд;

-         маълумот дар бораи хизматрасонӣ бояд тавре пешниҳод карда шавад, ки барои истеъмолкунанда аз нуқтаи назари дарки моҳияти хизматрасонӣ ва арзёбии мутобиқати он ба ниёзҳои худ бамаврид ва пурмӯҳтаво бошад;

-         маълумот дар бораи хизматрасонӣ набояд шартҳои муҳимро пинҳон созадва ё аҳамияти онҳоро коҳиш дода, тасаввуротеро ба миён орад, ки онҳо муҳим нестанд;

-         маълумоте, ки манфиат аз хизматрасонии пешниҳодшавандаро пешбинӣ менамояд, бояд инчунин хавфҳои дахлдорро (дар сурати мавҷуд будани онҳо) инъикос намояд.

 

 

Боби 3. Нашри маълумот аз ҷониби

ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар шабакаи интернет

 

  1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣбояд дорои сомонаи расмӣ бошанд, ки суроғаи он ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Дар ҳолати тағйир ёфтани суроғаи сомона, маълумот хаттӣ оиди суроғаи нав ба Бонки миллии Тоҷикистон дар давоми панҷ рӯзи корӣ аз санаи тағйир додани он, пешниҳод карда мешавад.
  2. Ташкилотҳои қарзии молиявӣбояд ҳадди ақал маълумоти зеринро дар сомонаи худ ҷойгир намоянд:

-         дар саҳифаи аввали сомона маълумот оид ба ном, суроғаи маҳалли ҷойгиршавӣ, реҷаи корӣ, рақамҳои телефонибоварии ташкилоти қарзии молиявӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон;

-         маълумот дар бораи таъсис ва бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии молиявӣ, рақам ва санаи додани иҷозатнома барои амалӣ гардонидани фаъолияти бонкӣ/бонкии исломӣ, рӯйхати амалиётҳои бонкӣ/бонкии исломӣ дар он зикргардида, оинномаи ташкилоти қарзии молиявӣ, ҳаҷми сармояи оинномавӣ;

-         сохтори ташкилоти қарзии молиявӣ бо назардошти минтақаҳо, номгӯй, маҳалли ҷойгиршавӣ, реҷаи корӣ ва рақамҳои телефон барои тамоси филиалҳо (шуъбаҳо), намояндагиҳо, дигар воҳидҳои сохтории  ташкилоти қарзии молиявӣ, номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ, банкоматҳо, терминалҳои электронӣ ва терминалҳои худкори худхизматрасон;ҳайати ҷамъияти холдинги бонкӣ ва (ё) гурӯҳи бонкӣ/холдинги бонкии ташкилоти қарзии исломӣ, ки ташкилоти қарзии молиявӣ аъзои он мебошад, ном ва маҳалли ҷойгиршавии саридораи ташкилот;

-         маълумот оид баташкилотҳои фаръии ташкилоти қарзии исломӣ ва вобаста, инчунин соҳаи фаъолияти онҳо;

-         ҳисоботи молиявии солона ташкилоти қарзии молиявӣ, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода шудааст,  инчунин хулосаи охирини аудиторӣ, ки эътимоднокии онро тасдиқ мекунад. Ҳисоботи молиявии солона дар сомонаи расмӣ тибқи тартиби хронологӣ (ҳадди ақал барои се соли охир) бо зикри номгӯи ҳисобот, давраи ҳисоботии таҳияшуда ва санаи ҷойгиркунии он дар сомонаи ташкилот, ҷойгир карда мешавад;

-         ҳисобот дар бораи меъёрҳои мақбул, аз ҷумла меъёрҳои кифоятии сармоя ва меъёри пардохтпазири ҷорӣ;

-         сохтори моликияти ташкилоти қарзиимолиявӣ, аз ҷумла номгӯи саҳомон (иштирокчиён) ва моликони ниҳоии ҳиссаҳои иштироки афзалиятнок, ки молики зиёда аз 25 фоизи саҳмияҳои (ҳиссаҳои иштироки) ташкилоти қарзии молиявӣ мебошанд, бо қайди шумораи саҳмияҳо (ҳиссаҳои иштирок);

-         маълумот дар бораи шахсони алоқаманди ташкилоти қарзии молиявӣ:насаб, ном ва номи падар (барои шахсони ҳуқуқӣ: ном ва суроға);

-         ҳайати (аъзои) Шурои нозирони ташкилоти қарзии молиявӣ:насаб, ном ва номи падар, ҷойи кори асосӣ (дар ҳолати мавҷуд будан);

-         ҳайати (аъзои)мақомоти иҷроияи ташкилоти қарзии молиявӣ:насаб, ном ва номи падар, вазифаи ишғолнамуда;

-         ҳайати (аъзоёни) кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ташкилоти қарзии молиявӣ: насаб, ном ва номи падар, вазифаи ишғолнамуда;

-         маълумот дар бораи хизматрасониҳои воқеан пешниҳодшавандаи ташкилоти қарзии молиявӣ ва шартҳои асосии онҳо;

-         усули ҳисоби меъёри фоизӣ барои истифодаи қарз/ маблағгузории исломӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муайян карда шудааст;

-         маълумот оид ба тартиби қабул ва баррасии муроҷиатҳои истеъмолкунандагон;

-         маълумот дар барои тартиби пешниҳоди муроҷиатҳои истеъмолкунандагон, аз ҷумла мавриди шикоят қарор гирифтани амали (беамалии) кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ, бо зикри маълумот барои тамос (телефон, суроға, ному насаб) бо шахсони масъули ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба онҳо истеъмолкунандагон барои ҳифзи ҳуқуқҳои худ муроҷиат карда метавонанд;

-         рақамҳои телефон, суроғаҳои электронӣ, суроғаи почтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои алоқа, ки тавассути онистеъмолкунандагон метавонанд ба ташкилоти қарзии молиявӣ дар тамос шаванд.

  1. Маълумотҳои дар сомонаи расмии ташкилоти қарзии молиявӣ нашршавандамуназзам ва дар қисматҳои алоҳида, тавре ҷойгир карда мешаванд, ки истеъмолкунанда имконияти ба осонӣ дарёфт кардани маълумоти барояшзаруриро дошта бошад. Сомонаи расмии ташкилоти қарзии молиявӣ бояд ҳадди ақал қисматҳои зеринро дарбаргирифта бошад:

-         дар бораи ташкилоти қарзии молиявӣ;

-         ҳисоботҳои молиявӣ;

-         хизматрасониҳо;

-         саҳомон ва роҳбарон;

-         тамоси мутақобил;

-         ҳуқуқҳои муштариён;

-         маълумот оид ба қурби мубодилавӣ ва қурби интиқоли асъори хориҷӣ;

-         ҳисобкунакҳои қарз ва амонат (дар сурати мавҷуд будан);

-         харитаи ҷойгиршавии филиалҳо ва марказҳои хизматрасониҳои бонкӣ.

Зимнан, сарлавҳаи қисматҳо, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонад тағйир ёбанд, агар дар сурате, ки чунин сарлавҳа мундариҷаи онро ба таври возеҳбаён намояд.

  1. Ташкилоти қарзии молиявӣ бояд мунтазам тачдид кардани маълумот ва дастрасии озоди шабонарӯзиро ба маълумоте, ки дар сомонаи расмӣ ҷойгир шудааст, ба ҳама шахсони ҳавасманд бемаҳдудият таъмин намояд.Мунтазам нав кардани маълумот дар сомонаи расмӣ маънои онро дорад, ки дар мавриди тағйирот ба мундариҷаи маълумот, чунин тағйирот дар сомонаи расмӣ бояд дар муддати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ аз санаи ворид кардани чунин тағйирот ҷойгир карда шавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи конунгузорӣ муҳлати дигари нав кардани маълумот муқаррар гардидааст.Дар ҷойи намоёни ҳар як саҳифаи сомонаи расмии ташкилоти қарзии молиявӣ истинод ба санаи навсозии маълумот дар саҳифаи мазкурбо зикри сана (рӯз,моҳ,сол)дода мешавад.
  2. Дар ҳолати ғайриимкон ёмаҳдуд будани дастрасии истеъмолкунандагон ба маълумоти дар сомонаи расмии ташкилоти қарзии молиявӣ ҷойгиршуда, бинобар сабаби ҷой доштани камбудиҳои техникӣ, барномавӣ ва ғайра, ташкилоти қарзии молиявӣчораҳои бартараф кардани онҳо ва барқарор намудани дастрасии истеъмолкунандагон ба чунин маълумотро андешида, дар сомонаи расмии худ эълон оид басана ва вақти маҳдуд будани дастрасӣ, инчунин вақти эҳтимолии барқарор шудани дастрасӣ ба маълумотробарои истеъмолкунандагон ҷойгир мекунад.
  3. Ба ғайр аз маълумоти дар Дастурамал зикргардида,ташкилотҳои қарзии молиявӣметавонанддар сомонаи расмӣ бо салоҳдиди худ, дигар маълумотҳоитибқиқонунгузорӣ манънагардидаро ҷойгир намоянд.

 

 

Боби 4. Нашри маълумот дар нашрияҳои чопӣ

 

  1. Ташкилотҳои қарзии молиявӣ тибқи талаботи қонунгузорииҶумҳурии Тоҷикистондар самти фаъолияти бонкӣ, уҳдадоранд ҳисоботи молиявии солона, аз ҷумла ҳисоботи молиявии солонаимаҷмӯии аз аудит гузаштаи худро, дар муддати на дертар аз як моҳ пас аз гирифтани хулосаи аудиторӣ, дар воситаҳои ахбороти оммаи чопӣ (на камтар аз ду рӯзномаи ҷумҳуриявӣ, ки нашрияҳои расмӣ ба ҳисоб мераванд), нашр намоянд.
  2. Ҳангоми нашри ҳисоботи солона, ташкилотҳои қарзии молиявӣбояд суроғаи саҳифаи дахлдори сомонаи расмии ташкилоти қарзии молиявиро, ки дар он ҳисоботи солона дар ҳаҷми пурра ҷойгир шудааст, қайд намоянд.
  3. Илова ба маълумоти дар сомонаи расмӣ ҷойгиршуда, ташкилотҳои қарзии молиявӣ метавонанд маълумот дар бораи хизматрасониҳои аз ҷониби онҳо пешниҳодшавандаро дар шакли буллетенҳои алоҳидаи иттилоотӣ нашр намоянд.
  4. Ҳангоми нашр кардани маълумот дар бораи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда тавассути буллетенҳои иттилоотӣ,ташкилотҳои қарзии молиявӣбояд маълумоти нисбатан муҳимро оид баҳар як намуди хизматрасонии аз ҷониби онҳо пешниҳодшаванда, нархнома ва пардохтҳои дигар, шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ, инчунин маълумот барои тамосро (рақамҳои телефон ва/ё суроғаиин маълумот), ки тавассути онмаълумоти пурра оид бахизматрасониҳои аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ пешниҳодшаванда дастрас шуда метавонад, қайд намоянд.
  5. Буллетенҳои иттилоотӣ метавонанд барои ҳар як намуди хизматрасонӣ ҷудогона нашр карда шаванд. Агар ҳамаи хизматрасониҳо дар як буллетени умумӣ дарҷ гардида бошанд, пас маълумот оид баҳар як хизматрасонӣ дар буллетени иттилоотӣалоҳиданашр мешавад.

 

 

 

Боби 5. Ҷойгир кардани маълумот дар маҳалҳои хизматрасонии ташкилоти қарзии молиявӣ

 

  1. Ҳудуди маҳалҳои хизматрасонии ташкилоти қарзии молиявӣ дар ҷойҳои намоён ва дар шакли барои истеъмолкунандагон мувофиқ маълумоти зерин ҷойгир карда мешавад:

-         маълумот дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии молиявӣ, дар бораи мавҷуд будани иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти бонкӣ, номгӯи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва нархномаи онҳо, суроғаи сомонаи расмӣ, реҷаи корӣ ва рақамҳои телефон барои тамос;

-         маълумот дар бораи роҳбарони ташкилоти қарзии молиявӣ;

-         тартиби ҳисоби меъёри фоизиисамараноки солона барои истифодаи қарз / маблағгузории исломӣ, тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;

-         маълумот дар барои суроғаи сомонаи ташкилоти қарзии молиявӣ ва (ё) рақам, сана ва номгӯи ВАО, ки дар он ҳисоботи муҳосибавии (молиявии) солона нашр шудааст;

-         маълумот дар бораи тартиби пешниҳоди муроҷиатҳо аз ҷониби истеъмолкунандагон, аз ҷумла шикоят оид ба амали (беамалии) кормандони ташкилоти қарзии молиявӣ, инчунин маълумот барои тамос (телефон, суроға, ному насаб) бо шахсони масъули ташкилоти қарзии молиявӣ, ки ба онҳо истеъмолкунандагон ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқҳои худ метавонанд муроҷиат намоянд.

  1. Бо дархости истеъмолкунандагон, ташкилоти қарзии молиявӣ уҳдадор аст маълумоти зеринро пешниҳод намояд:

-         нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии ташкилоти карзии молиявӣ ё ҳуҷҷати дигар, ки бақайдгирии давлатии ташкилоти қарзии молиявиро тасдиқ мекунад;

-         нусхаҳои иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ/ амалиётҳои бонкии исломӣ;

-         нусхаи ҳисоботи молиявии солона ва/ё нусхаи буклетҳо, брошюраҳо, буллетенҳо ва дигар нашрияҳое, ки ҳисоботи молиявии мазкурро дар бар мегиранд;

-         маълумот дар бораи хизматрасониҳои пешниҳодшаванда ва нархномаҳои онҳо;

-         рӯйхати агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ ва суроғаи ҷойгиршавии онҳо.

  1. Маълумот дар бораи хизматрасониҳои аз ҷониби ташкилоти қарзии молиявӣ пешниҳодшаванда, метавонад ба истеъмолкунандагон ба таври ройгон дар шакли буллетенҳои алоҳидаи иттилоотӣ пешниҳод карда шавад.

 

 

Боби 6. Талабот нисбати мундариҷаи маълумот оид ба хизматрасониҳои пешниҳодшаванда

 

  1. Ҳангоми нашри маълумот дар бораи хизматрасониҳои аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ пешниҳодшаванда дар сомона ва дар варақаҳои иттилоотӣ,ташкилотҳои қарзии молиявӣбояд маълумоти нисбатан муҳимро оид баҳар як хизматрасонии пешниҳодшаванда, нархнома ва ҳаққи хизматрасониҳо, шартҳои пешниҳоди хизматрасонӣ, инчунин маълумот барои тамос (рақамҳои телефон ва/ё суроғаи электронӣ), ки тавассути он маълумоти пурра дар бораи хизматрасониҳо дастрас кардамешавад, ҷойгир намоянд.
  2. Маълумот оид бақарзҳо/маблағгузории исломӣ ҳадди ақал бояд маълумоти зеринродар бар гирад:

- меъёри фоизиисамараноки солона аз рӯи намудҳои қарз бо шарҳи фарқият байни меъёрҳои номиналӣ ва самараноки фоизии солона;

- тартиби ҳисоби фоиз/даромад нисбати қарз/маблағгузории исломӣ, аз ҷумла бо пешниҳоди намунаи ҳисоби фоизҳо;

- ҳаққи хизмат ё дигар пардохтҳо(дар ҳолати мавҷудият) ва ҳаҷми онҳо, ки барои гирифтани қарз/маблағгузории исломӣ ҳамчун пардохти ҳатмӣ ба ҳисоб мераванд;

- ҳаҷми ноустуворона (ҷарима)дар ҳолати иҷро нашудани уҳдадориҳо аз ҷониби қарздор/муштарӣ ва ҳолатҳои татбиқ намудани ноустуворона, инчунин огоҳиномаоид баэҳтимолияти ба вуҷуд омадани оқибатҳои манфӣ ҳангоми иҷро нагардидани уҳдадориҳо, аз ҷумла:

- оид баэҳтимолиятиситонидани маҷбурии қарз / маблағгузории исломӣ аз ҳисоби молу мулки ба гарав гузошташуда;

-           дар бораи таърихи қарз;

-           оид ба ҳолати иҷро нагардидани уҳдадориҳо аз ҷониби қарздор/муштарӣ ва кофӣ набудани гарав барои рӯйпӯш кардани онҳо;

- оид ба эҳтимолияти пардохти уҳдадориҳои қарздор/муштарӣ аз ҳисоби молу мулки дигари қарздор/муштарӣ(дар ҳолати мавҷудият);

Маълумоти мазкур бояд алоҳида, дар шакли намоён ҷойгир карда шавад.

  1. Дар маълумот оид бақарзҳо/маблағгузории исломӣ бо асъори хориҷӣ қайд карда мешавад, ки тағйиротҳои қурби мубодилавии асъори хориҷӣ метавонад ба пардохтҳо барои баргардонидани қарз/маблағгузории исломӣ таъсир расонад.
  2. Дар маълумот оиди воситаҳои электронии пардохтӣ бояд ҳадди ақал маълумоти зерин дарҷ карда шавад:

- намуди воситаҳои электронии пардохтиикорти пешниҳодшаванда ва мансубияти он ба низомҳои пардохтӣ;

- номгӯи хизматрасониҳо, китариқи воситаҳои электронии пардохтӣ пешниҳод карда мешаванд,аз ҷумла шикоят намудан нисбати амалиётҳо, тартиб ва усули истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ(яъне намуди амалиётҳои гузаронидашаванда ва нархномаи оид ба хизматрасониҳо);

- тартиби амал намудан дар мавриди гум кардан/дуздида шуданива истифодаи беиҷозати воситаҳои электронии пардохтӣ, тавсифи масъулияти ташкилоти қарзии молиявӣ ва дорандаи воситаҳои электронии пардохтӣ, ки аз амалиёти мазкур бармеояд;

- рӯйхати суроғаҳои банкоматҳо, терминалҳои хазинавии ташкилоти қарзии молиявӣ ва терминалҳои электронии (аз  ҷумла QR-рамз) дар муассисаҳои савдою хизматрасонӣ насбгардида, ки воситаҳои электронии пардохтиро хизматрасонӣ менамоянд;

- дар ҳолате, ки ташкилоти қарзии молиявӣ хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ (тариқи шабакаи Интернет, алоқаи мобилӣ ва ғайра) пешниҳод менамояд, ҳамчунин тартиб ва шартҳои хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ низ дарҷ карда мешаванд.

  1. Илова ба маълумотоид басуратҳисобҳои бонкӣ, иттилооти зерин пешниҳод карда мешаванд:

- намудҳои амалиётҳои дахлдортариқи суратҳисоб ва/ё маҳдудиятҳо;

- дар ҳолати пардохти фоиз аз рӯи  маблағҳои пулӣтариқи суратҳисоб, ҳаҷми меъёри номиналии фоизӣ, тартиб ва давраи баҳисобгирӣ;

- ҳаҷми бақияи ҳадди ақал дар суратҳисоб;

- шартҳои пешниҳоди иқтибос аз суратҳисоб, нусхаи ҳуҷҷатҳои пардохтӣ ё дигар маълумотҳовобаста ба амалиётҳои тариқи суратҳисоб гузаронидашаванда.

  1. Илова ба маълумот оид баамонатҳои бонкӣ/пасандозҳои исломӣ, иттилооти зерин пешниҳод карда мешавад:

-тартиби ҳисоби фоиз/даромад ва муҳлати пардохт;

-эълон дар бораи андоз аз даромади фоизӣ/даромад (дар сурати мавҷуд будан);

-хабарнома дар бораи андозаи кафолатдодашудаи амонат/пасандози исломӣ тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи пасандозҳои шахсони воқеӣ» муқарраргардида;

-шартҳои пешниҳоди иқтибос аз суратҳисобҳо, нусхаҳо ё дигар маълумотҳооид баамалиётҳои бо суратҳисоб гузаронидашуда.

  1. Дар маълумотнома оид баинтиқоли маблағҳо, иловатан маълумотҳои зеринро дарҷ мегарданд:

- рӯйхати низомҳое, ки интиқоли маблағро анҷом медиҳанд;

-номгӯи ҳуҷҷатҳои барои интиқоли маблағ ҳатмӣ;

- муҳлати интиқоли маблағ;

-ҳаҷми маблағи ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии интиқоли маблағҳои пулӣ, агар чунин ҳаҷм муқаррар шуда бошад, бо назардошти маҳдудиятҳо нисбати маблағҳои интиқолӣ ба кишварҳои хориҷӣ, ки қонунгузории кишвари дахлдор пешбинӣ намудааст;

- асъори интиқоли маблағ ва қурби мубодилавӣ;

- интиқол/дастрас намудани маблағҳои пулӣ, шартҳои боздошт, бозхонд, тағйири маълумот, бекор намудани интиқоли маблағ ва баргардонидани маблағҳои  интиқолӣ;

- тартиби пешниҳоди иддао ва тартиби ҳалли баҳсҳо;

- дигар маълумоти иловагие, ки ба хусусиятҳои хоси интиқоли маблағ алоқаманд мебошанд.

 

 

Боби 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Дастурамал

 

  1. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ риоя нагардидани талаботи Дастурамали мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад нисбати онҳо мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ татбиқ намояд.
Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

 Проект

 

 

 

 

Инструкция №

«О требованиях к опубликованию информации

кредитными финансовымиорганизациями»

 

 

    Инструкция №__«О требованиях к опубликованию информации кредитными финансовыми организациями» (далее  Инструкция) разработана в соответствии со статьями 6 и 7 Закона Республики Таджикистан «О Национальном банке Таджикистана», статьей 55 Закона Республики Таджикистан «О банковской деятельности», статьей 39(1) Закона Республики Таджикистан «О защите прав потребителей» и с учетом статьей 3 Закона Республики Таджикистан «О микрофинансовых организациях» и статьями 50 и 61 Закона Республики Таджикистан «О исламской банковской деятельности»статьями 4, 7 и 8 Закона Республики Таджикистан "О платежных услугах и платежных системах” и в целях создания благоприятных условий для защиты прав потребителей услуг банковской системы, повышения уровня прозрачностидеятельности кредитных финансовых организаций и  финансового посредничества, а также для укрепления доверия потребителей к деятельности банковской системы, устанавливает минимальные требования к публикации информации о деятельности кредитных финансовых организаций.

 

ГЛАВА 1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

  1. Кредитная финансовая организация регулирует порядок опубликования информации посредством своих внутренних правовых актов, которые должны предусматривать минимальные требования, установленные настоящей Инструкцией.
  2. В настоящей Инструкции используются следующие основные понятия:

-опубликование информации - обеспечение доступа к информации, путем размещения в средствах массовой информации (далее СМИ), впечатных изданиях, в местах деятельности кредитной финансовой организации, а также на официальном сайте кредитной финансовой организации в информационно-телекоммуникационной сети "Интернет" (далее - сайт кредитной финансовой организации);

- информационный бюллетень - проспекты, бюллетени, брошюры, буклеты и другие печатные издания, содержащие информацию о кредитной финансовой организации и о предоставляемых ею услугах;

- кредитныефинансовые организации - кредитные организации и исламские кредитные организации, действующие на основании лицензии Национального банка Таджикистана, предусмотренной законодательством;

- потребитель услугбанковской системы (клиент) -физическое или юридическое лицо, которое пользуется либо намеревается воспользоваться услугой кредитной организации;

- существенная информация - информация, которая может повлиять на решение потребителя воспользоваться услугой.

ГЛАВА 2. ОБЩИЕ ТРЕБОВАНИЯ, ПРЕДЪЯВЛЯЕМЫЕ К СОДЕРЖАНИЮ ПУБЛИКУЕМОЙ ИНФОРМАЦИИ

     3. Кредитные финансовыеорганизации обязаны в объеме и порядке, предусмотренном законами Республики Таджикистан и настоящейИнструкцией,публиковать своюгодовую финансовою отчетность и аудиторское заключение, сведенияо деятельности и оказываемых услугах, о структуре собственности (акционерах или участниках, конечных бенефициарах), организационной структуре и структуре управления, связанных (аффилированных) лицах, а также соблюдении пруденциальных нормативов.

     4.Кредитные финансовые организации могут публиковатьлюбую дополнительную информацию о своей деятельности, которую они посчитают существенной для потребителей услуг.

     5.Не подлежит публикации информация, составляющая в соответствии с законодательством Республики Таджикистан банковскую и (или) иную охраняемую законом тайну юридических и (или) физических лиц.

     6.Информация, публикуемаякредитными финансовымиорганизациями, в том числе в электронном виде, должна соответствовать следующим общим требованиям (принципам): актуальности, достоверности, своевременности и доступности:

- важность информации;

- соответствие информации  текущей ситуации;

- достоверность информации;

-точное представление фактов и отсутствие существенных ошибок;

-своевременность информации;

-доступность информации.

  1. При опубликовании информации должны соблюдаться следующие требования:

 

- информация должна бытьизложена на простом и понятном языке, не содержать замысловатых, сбивающих с толку слов и выражений, сугубо профессиональных и технических терминов;

- информация должна быть изложена как минимум, на государственном языке (за исключением публикаций на иностранном языке, специальных изданий);

- информациядолжна представляться потребителю разборчивым, крупным шрифтом и обозримым текстом и таким образом, чтобы потребитель смог с легкостью найти интересующую его информацию;

- информация об услуге должна представляться таким образом, чтобы для потребителя она была уместной и содержательной с точки зрения понимания сути услугии оценки ее соответствия своим нуждам;

-информация об услуге не должна скрывать важные условия или преуменьшать их значение, создавая впечатление, что они не важны;

- информация, акцентирующая выгоду, ожидаемую от предоставляемой услуги, должна также указывать на соответствующие риски (при наличии таковых).

 

ГЛАВА 3. ОПУБЛИКОВАНИЕ ИНФОРМАЦИИ КРЕДИТНЫМИ ФИНАНСОВЫМИ ОРГАНИЗАЦИЯМИ В ИНТЕРНЕТЕ

 

8.Кредитные финансовыеорганизации должны иметь официальный сайт, адрес которого предоставляется в Национальный банк Таджикистана.В случае изменения адреса сайта, новый адрес предоставляется Национальному банку Таджикистана в течение пяти рабочих дней после его изменения.

  1. Кредитные финансовыеорганизации обязаны размещать на своем официальном сайте по меньшей мере следующую информацию:

- на главной странице сайта информацию о названии, адресе, графике работы, номерах горячей линии кредитного финансового учреждения и Национального банка Таджикистана;

- информация о создании и государственной регистрации кредитной финансовойорганизации, номер и дата выдачи лицензии на банковскую/исламскую банковскую деятельность, перечень указанных в нем банковских/исламскихбанковских операций, устав кредитного финансового учреждения, размер уставного капитала;

- структура кредитной финансовой организации с учетом регионов, названия, местонахождения, графиком  работы и номеров телефонов для связи с филиалами (отделениями), представительствами, другими структурными подразделениями кредитной финансовой организации, наименованием и местонахождением банковских агентов, банкоматов, банковских электронных терминалов и автоматических терминалов самообслуживания; наименование банковской холдинговой компании и (или) банковской группы / банковского холдинга исламской кредитной организации, членом которой является кредитная финансовая организация, наименование и местонахождение головного офиса организации;

- информация о дочерних и связанных организациях исламской кредитной организации , а также об их сфере деятельности;

- годовуюфинансовую отчетность кредитной финансовойорганизации, составленную в соответствии с требованиями законодательства Республики Таджикистан, а также последнее аудиторское заключение, подтверждающее достоверность. Годовая финансовая отчетность размещается на официальном сайте, в хронологическом порядке (как минимум, за последние три года) с указанием наименования отчетности, отчетного периода, за который она составлена, дату ее размещения на сайте организации;

- отчеты об основных экономических нормативах, включая нормативы достаточности капитала и текущей ликвидности;

- структура собственности кредитной финансовойорганизации, в том числе список акционеров (участников) и конечных бенефициарных владельцев акций (долей), владеющих более 25 процентами акций (долей) кредитной финансовой организации с указанием количества акций (долей);

-информация о связанных лицах кредитной финансовой организации: фамилия, имя и отчество (для юридических лиц: имя и адрес);

- состав (члены) наблюдательного совета кредитной финансовойорганизации: фамилия, имя, отчество, место основной работы (при наличии);

- состав (члены) исполнительного органа кредитной финансовойорганизации: фамилия, имя, отчество, занимаемая должность;

- состав (члены) комитета по обслуживанию исламского финансирования кредитной финансовой организации: фамилия, имя и отчество, занимаемая должность;

- сведения о фактически представляемых кредитной финансовой организацией услугах и об основных их условиях;

- методика расчета процентной ставки за пользование кредитом/исламским финансированием, определенная нормативными правовыми актами Национального банка;

-информация о процедуре принятия и рассмотрения обращений потребителей;

- информация о порядкепредоставленияобращенийпотребителями, в том числе обжалования действий (бездействий) сотрудников кредитной финансовой организации, включая контактные данные (телефон, адреса, ф.и.о.) ответственных лиц кредитной финансовойорганизации к которым могут обратиться потребители для защиты своих прав;

- номера телефонов, электронные адреса, почтовые адреса и прочие средства связи, по которым потребители могут связаться с кредитной финансовойорганизацией.

  1. Сведения, опубликованные на официальном сайте кредитнойфинансовой организации, размещаются координировано, по отдельным разделам, так чтобы потребитель мог легко найти интересующую его информацию. На официальном сайте по меньшей мере должны быть следующие разделы:

- о кредитной финансовой организации;

- финансовые отчеты;

- услуги;

- акционеры и руководители;

-обратная связь;

- права клиента;

- информация  об обменном курсе  и курсепо денежным переводам иностранных валют;

- кредитные и депозитные калькуляторы (при наличии);

- карта расположения филиалов и центров банковского обслуживания.

Причем, заглавия разделов, установленные настоящим пунктом, могут быть изменены, однако таким образом, чтобы заглавие четко выражало содержание раздела.

  1. Кредитная финансоваяорганизация должна обеспечить постоянное обновление и свободный круглосуточный доступ к информации, размещенной на своем официальном сайте всем заинтересованным лицам без ограничений. Постоянное обновление информации на официальном сайте означает, что в случае изменений в содержании информации, подобные изменения размещаются на официальном сайте не позднее чем 5 рабочих дней со дня их изменения, за исключением случаев, когда законодательством установлен другой срок обновления данной информации. На хорошо обозримом месте каждой страницы официального сайта кредитной финансовойорганизации даётся ссылка о дате (день/месяц/год) обновления информации на данной странице.
  2. В случае невозможности (ограничения) доступа потребителей услуг к размещенной на официальном сайте кредитной финансовойорганизации информации, в результате возникновения технических, программных и иных сбоев, кредитная финансоваяорганизация предпринимает действия, направленные на их устранение и возобновление доступа потребителей к этой информации, поместив на сайте объявление, которое содержит причину, дату и время прекращения (ограничения) доступа, а также дату и время возобновления доступа к информации.
  3. Кроме вышеуказанной информации, кредитные финансовыеорганизации по своему усмотрению могут размещать на официальном сайте другие незапрещенные законодательством Республики Таджикистан сведения.

 

ГЛАВА 4. ОПУБЛИКОВАНИЕ ИНФОРМАЦИИ

В ПЕЧАТНЫХ ИЗДАНИЯХ 

 

 

  1. Кредитные финансовыеорганизации обязаны согласно требованиям законодательства Республики Таджикистан опубликовать в республиканских печатных средствах массовой информации, являющихся официальными изданиями, свой годовой финансовый отчёт, включая консолидированный годовой финансовый отчёт, прошедший аудит, в срок не позже одного месяца после получения аудиторского заключения.
  2. При опубликовании годового отчета кредитные финансовыеорганизации указывают адрес соответствующей страницы официального сайта кредитной финансовойорганизации, где размещен годовой отчет в полном объеме.
  3. Кредитные финансовыеорганизации дополнительно к информации, размещаемой на своем официальном сайте,могутопубликовать сведения о предоставляемых ими услугах,в виде отдельных информационных бюллетеней.
  4. При опубликовании информации о предоставляемых услугах в информационных бюллетенях, кредитные финансовыеорганизации должны указывать существенную информацию (сведения) о каждой предоставляемой ими услуге, тарифы и другие выплаты, условия предоставления услуг, а также контактную информацию (телефонные номера и/или адреса сайтов), по которым можно получить исчерпывающую информацию о предоставляемых кредитной финансовойорганизацией услугах.
  5. Информационные бюллетени могут выпускаться для каждой услуги отдельно. Если все услуги представляются в одном общем бюллетене, то информация о каждой из них представляется в информационном бюллетене отдельно.

 

 

 

ГЛАВА 5. РАЗМЕЩЕНИЕ ИНФОРМАЦИИ В МЕСТАХ ОБСЛУЖИВАНИЯ КРЕДИТНОЙ ФИНАНСОВОЙ ОРГАНИЗАЦИИ

 

  1. В местах обслуживаниякредитная финансоваяорганизация размещает в удобной для потребителя услуг форме и на обозримом месте следующую информацию:

- сведения о государственной регистрации кредитной финансовойорганизации, о наличии лицензии на осуществление банковской деятельности, перечень оказываемых услуг и тарифах, адрес своего официального сайта, режим работы и справочные телефоны;

- информацию о руководителях кредитной финансовойорганизации;

- порядок расчета эффективной  годовой  ставки за пользование кредитом/исламским финансированием, в соответствии с нормативными правовыми актами Национального банка Таджикистана;

- информацию об адресе сайта кредитной финансовойорганизации и (или) номере, дате и наименовании СМИ, в которой опубликована годовая бухгалтерская (финансовая) отчетность;

- информацию о порядке подачи обращений потребителями, в том числе обжалования действий (бездействий) сотрудников кредитной финансовойорганизации, включая контактные данные (телефон, адреса, ф.и.о.) ответственных лиц кредитной финансовойорганизации к которым могут обратиться потребители для защиты своих прав.

  1. По требованию потребителей, кредитная финансоваяорганизация обязана предоставлять следующую информацию:

-  копию свидетельства о государственной регистрации кредитной финансовойорганизации или иной документ, подтверждающий государственную регистрацию кредитной финансовойорганизации;

- копии имеющихся у кредитной финансовойорганизации лицензий на осуществление банковских/исламских банковских операций);

- копию годовой финансовой отчетности и/или экземпляр буклетов, брошюр и прочих изданий, содержащих данную финансовую отчетность;

- информацию о предоставляемых услугах и их тарифах;

- список платежных банковских агентов (субагентов) и их адреса.

  1. Информация об предоставляемых кредитной финансовойорганизацией услугах могут представляться потребителям бесплатно в виде отдельных информационных бюллетеней.

 

ГЛАВА 6. ТРЕБОВАНИЯ, ПРЕДЪЯВЛЯЕМЫЕ К СОДЕРЖАНИЮ ИНФОРМАЦИИ О ПРЕДОСТАВЛЯЕМЫХ УСЛУГАХ

 

  1. При раскрытии информации о предоставляемых кредитной финансовойорганизацией услугах на сайте и в информационных бюллетенях, кредитные финансовыеорганизации должны размещатьсущественную информацию по каждой предоставляемой услуге, тарифах и комиссиях, условиях предоставления услуг, а также контактную информацию (телефонные номера и/или адреса сайтов) по которой можно получить полную информацию об услугах.
  2. В сведениях окредитах/исламском финансированиикак минимум представляется следующая информация:

 

- годовая эффективная процентная ставка по видам кредитов с разъяснением разницы между номинальной и эффективной годовыми процентными ставками;

- порядок расчета процентов по кредиту/исламскому финансированию, в том числе представляется образец расчета процентов;

- комиссии или другие выплаты (при их наличии) иих размеры, подлежащиек обязательной выплате за получение кредита/исламского финансирования;

- размеры неустоек (штраф)в случае невыполнения заемщиком своих обязанностей и случаи применения неустоек, а также предупреждение о возможных негативных последствиях невыполнения обязательств, в том числе:

-

о возможности принудительного взыскания кредита/исламского финансирования за счет заложенного имущества;

- о кредитной истории;

 

- в случае невыполнения заемщиком своих обязательств и недостаточности залога для их покрытия;

- о возможности погашения обязательств заемщика за счет иного имущества заемщика (при его наличии).

Данная информация размещается отдельно и на видном месте.

 

24.В информации по кредитам/исламскому финансированию в иностранной валютеотмечается, что изменения обменного курса иностранной валюты могут повлиять на выплаты по погашению кредита/исламского финансирования.

25. В сведениях об электронных платежныхсредствах как минимумпредставляется следующая информация:

-виды предоставляемых электронных платежных средств и их принадлежность к платежным системам

 

- перечень услуг, предоставляемых электронными платежными средствами, в том числе обжалование действий, порядок и способы использования электронных платежных средств (т. е. видов проводимых операций и тарифы по оказанию услуг);

- порядок действий в случае утери/кражи и несанкционированного использования электронных платежных средств, описание ответственности кредитной финансовой организации и держателя электронных платежных средств, вытекающих из данных операций;

- перечень адресов банкоматов, кассовых терминалов кредитной финансовой организации и электронных терминалов (в том числе QR - код), установленных в торгово-сервисных учреждениях, обслуживающих электронные платежные средства;

- в случае, когда финансовая кредитная организация предоставляет дистанционные банковские услуги (через сеть Интернет, мобильную связь и др.), также отражается порядок и условия предоставления дистанционных банковских услуг.

  1. Дополнительно к сведениям о банковских счетах,представляется следующая информация:

 

- виды возможных операций по счету и/или ограничения;

 

- в случае выплаты процентов по денежным средствам через расчетный  счёт, размер номинальной процентной ставки, порядок расчета и период начисления;

 

- размер минимального остатка на расчетном  счёте;

 

- условия предоставления выписок, копий платёжных документов или прочих сведений по операциям, проведенныхпорасчетному счету.

  1. В сведенияхобанковских вкладах/сбережениях/исламского депозитапредставляется следующая информация:

- порядок расчета процентов/прибыли и сроки начисления;

- объявление о налоге на процентные доходы/доход(в случае их наличия);

- извещение о гарантированном размере сбережений/исламского депозита, в соответствии с порядком, установленном законом Республики Таджикистана «О страховании сбережений физических лиц»;

- условия предоставления выписок, дубликатов или прочих сведений об операциях, проведенных порасчетному счету.

  1. В сведениях о переводах денежных средств,дополнительно представляется следующая информация:

- список систем, посредством  которых осуществляются денежные переводы;

 

-перечень документов, необходимых для осуществления перевода денежных средств;

-срок осуществления перевода;

- минимальный и максимальный размер денежных переводов, если установлен такой размер, с учетом ограничений в отношении переводных средств в зарубежные страны, предусмотренных законодательством соответствующей страны;

- валюта перевода денежных средств и обменных курсов;

- перевод/получение денежных средств, условия блокировки, отзыва, изменения данных, аннулирования денежных переводов и возврата переведенных  средств;

- порядок подачи претензий и порядок разрешения споров;

- другая дополнительная информация, связанная с характерными особенностями перевода денежных средств.

 

 

ГЛАВА 7.ОТВЕТСТВЕННОСТЬ ЗА НЕСОБЛЮДЕНИЕ ТРЕБОВАНИЙ

 

29.В случае несоблюдения требований настоящей Инструкции кредитными финансовыми организациями Национальный банк Таджикистана применяет по отношению к ним срочные исправительные и воздействующие меры в соответствии со статьей 48Закона Республики Таджикистан «О Национальном банке Таджикистана»

 

 

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00017-HI-.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00017-TTT-.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 22.05.2020
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 21.06.2020
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00017-MMK-TTT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ 01.07.2020
Санаи ворид 22.05.2020
Админ 0