Лоиҳа
Дастурамал “Оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз”
Дастурамал “Оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз” (минбаъд-Дастурамал) мутобиқи қисми 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)”таҳия шуда, талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, инчунин таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарзро муайян менамояд.
1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Бюрои таърихи қарз (минбаъд – БТҚ) шахси ҳуқуқиест, ки ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастурамали мазкур барои ташкилу коркард, нигоҳдошти таърихи қарз, пешниҳоди ҳисоботи қарз ва дигар иттилоот хизмат мерасонад.
- Танҳо шахси ҳуқуқие, ки дорои иҷозатнома барои амалӣ намудани фаъолияти БТҚ мебошад, ҳуқуқи ташкилу коркард, нигоҳдошти таърихи қарз, пешниҳоди ҳисоботи қарз ва дигар иттилоотро дорад.
- Дар рафти пешбурди фаъолияти худ БТҚ бояд муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, аз ҷумла талабот ва шартҳои зеринро таъмин намояд:
- мавҷуд будани санадҳои меъёрии дохилие, ки сиёсати ҳифзи (амнияти) иттилоотро ба танзим медароранд;
- мавҷуд будани бинои зарурӣ барои ҷойгиркунии бехатар, истифодабарӣ ва ҳифзи техникии низомҳои иттилоотӣ, манбаи иттилоотии таърихи қарз;
- истифодаи таъминоти барномавии дорои иҷозатнома бо шарти кафолати амалкунанда аз ҷониби таъминкунандаи барнома.
4. Низоми бехатарии БҚТ бояд талаботи махсусро нисбати:
- бинои (ҳуҷраи) сервер ва бино (ҳуҷра) бо ҳуқуқи дастрасии маҳдуд;
- таъминоти барномавии низом, ки барои автоматикунонии фаъолияти БТҚ истифода бурда мешавад;
- таъминоти барномавии махсус (низоми иттилоотӣ), ки барои автоматикунонии фаъолияти БТҚ истифода бурда мешавад;
- воситаҳои техникии (захираҳои иттилоотии) БТҚ;
- таъмини бехатарии иттилоот пешбинӣ намояд.
- Фаъолияти БТҚ бо иттилооте алоқаманд аст, ки ба сирри бонкии таҳти ҳифзи қонун қарордошта мансуб мебошад. Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар раванди додани иҷозатнома ба БТҚ диққати махсус ба мувофиқатии чораҳои бехатарӣ ва ҳифзи иттилоот дода мешавад.
2. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА БИНОҲО
- БТҚ бояд дар бино ва дар ҳуҷраи дастрасиаш ба шахсони сеюм маҳдуд ҷойгир карда шавад.
- Ҳуҷраи сервер бояд дар маконе ҷойгир карда шавад, ки дар он имконияти васеъ кардани масоҳат ва ҷойгир кардани таҷҳизоти калон мавҷуд буда, ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- масоҳати ҳуҷраи сервер на камтар аз 20 метри мураббаъ бошад;
- тамоми саҳни (периметри) ҳуҷра бо фарши худсохт (фальшпол) таъмин карда шавад;
- ҳуҷраи сервер бояд бо шабакаи асосии сими заминваслаи (заземление) бино бо ноқили андозааш на камтар аз 1,5 сантиметр пайваст карда шавад;
- баландии шифти ҳуҷраи сервер бояд на камтар аз 2,44 метр бошад.
- Ҳуҷраи дастрасиаш маҳдуди БТҚ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- мавҷуд будани низоми дастрасии идорашаванда ба ҳуҷра (рухсатномаи электронии инфиродӣ), ки имконияти беназорат ворид шудан ва баромадани шахсони бе иҷозат воридшаванда ва барояндаро истисно менамояд;
- мавҷуд будани низоми мушоҳидаи видеоии даромадгоҳ (камераи наворгиранда бо имконияти сабти пайваста);
- мавҷуд будани низоми огоҳсозии сӯхтор;
- мавҷуд будани низоми огоҳсозӣ ва муҳофизат;
- дар ҳуҷраи дастрасиаш маҳдуди БТҚ ҷойгир кардани ҷойҳои корие, ки ба фаъолияти БТҚ алоқаманд нестанд, манъ мебошад;
- тирезаҳои ҳуҷраи дастрасиаш маҳдуди БТҚ бо панҷараҳои оҳанӣ таҷҳизонида шаванд;
- ҷойҳои кории кормандони масъул танҳо дар дохили ҳуҷраи дастрасиаш маҳдуди БТҚ ҷойгир карда шаванд.
- Ҳуҷраи сервери таҷҳизонидашудаи БТҚ бояд дошта бошад:
- низоми дастрасии идорашаванда (рухсатномаи электронии инфиродӣ);
- низоми мушоҳидаи видеоии даромадгоҳи ҳуҷраи сервер ва ҳуҷраҳои ҳамшафат (ҳуҷраҳои бо таҷҳизоти назоратӣ – тақсимкунандаи воситаи алоқа муҷаҳҳаз);
- низоми огоҳкунанда оид ба муҳофизати дарҳо, тирезаҳо ва санҷандаҳои ҳаракат дар дохили қисмати масдудшуда (гермозона);
- низоми таъмини мунтазами қувваи барқ дар қисмати маҳдудшудаи (гермозона) ҳуҷраи сервер;
- низоми муътамади таъмини ҳуҷраи сервер, ҳуҷраҳои ҳамшафат ва таҷҳизоти равшанидиҳандаи бо навбати шабонарӯзӣ бо қувваи барқ;
- низоми сарднамоӣ ва тозакунии ҳаво бо захираи пурраи таҷҳизоти эҳтиётӣ;
- мавҷудияти натиҷаи аттестатсияи ҳуҷраи серверҳо ба талаботи бехатарӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор дода шудааст.
3. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ТАЪМИНОТИ БАРНОМАВӢ
- Таъминоти барномавии кории дар БТҚ истифодашаванда (низомҳои амалиётӣ, низомҳои идоракунии манбаи иттилоот, барномаҳои дафтарӣ, барномаҳои зиддивирусӣ) бояд бо иҷозатномаҳо (литсензияҳо) ва шаҳодатномаҳои расмӣ тасдиқ шуда бошанд.
- Таъминоти барномавии БТҚ бояд устувор (ношикаста) буда, нусхаи дуздӣ набошанд ва тибқи шартномаҳои расмии ҳуқуқи истифода, ки бо дорандаи чунин ҳуқуқ баста шудаанд, мавриди истифода қарор гиранд.
- Дар доираи ҷамъоварӣ ва нигоҳдории иттилоот оид ба таърихи қарз бояд низоми саноатии идоракунии манбаи иттилоот истифода бурда шавад, ки зимнан таҳиягари чунин низом бояд дорои намояндагии расмӣ ва маркази дастгирии техникӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад.
- Вориднамоӣ ва ба кор даровардани таъминоти барномавии БТҚ тибқи вазифаи техникие, ки аз ҷониби Роҳбари аввали он тасдиқ гардидааст, амалӣ гардонида мешавад ва дар баробари он бояд шаҳодатномаҳои дахлдори мансуб ба усулҳои амниятӣ мавҷуд бошанд.
- Таъминоти барномавии БТҚ бояд на камтар аз ду ва/ё зиёда усулҳои ба даст овардани (интиқоли) иттилоотро таъмин намояд:
- интерфейси интерактивӣ бо таҳияи файл дар шакли қолабии стандартӣ бо истифодаи таъминоти барномавии таҳияи ҳисоботҳо дар шаклҳои қолабии дастрас (маъмул);
- дастрасии шабакавӣ бо истифодаи шакли қолабии стандартии интиқолот тибқи реҷаи вақти воқеӣ, вориднамоии иттилоот бо ёрии функсионали вориднамоии дастӣ, бо истифодаи веб-браузер пур кардани шаклҳои қолабии экранӣ дар сомона.
- Бо мақсади таъмини амнияти иттилоот, таъминоти барномавии БТҚ бояд амалҳои зеринро таъмин намояд:
- мушаххаскунӣ/аутентификатсия бо мубодилаи маълумоти криптографӣ;
- маҳдуд намудани ҳуқуқҳои истифодабарандагон;
- пешбурди фаъолияти корӣ дар сатҳи асоси (ядрои) таъминоти барномавӣ ба тарзе, ки ягон амали аҳамиятнок (хоҳ амали истифодабаранда ё хоҳ амали раванд бошад) бе иштироки механизми амниятӣ анҷом дода нашавад;
- нақшаи бехатарии дар таъминоти барномавӣ татбиқшуда бояд аз воситаҳои бехатарии худи низоми амалиётӣ, ки дар он таъминоти барномавӣ амалӣ шудааст, чунин ҷудо карда шавад, то осебпазирии омилҳои бехатарии низоми амалиётӣ ба кори омилҳои бехатарии таъминоти барномавӣ таъсир нарасонад.
- Ҳифзи иттилоот дар таъминоти барномавӣ бояд бо усулҳое амалӣ карда шавад, ки иҷрои амалҳои зеринро таъмин намояд:
- мавҷудияти сертификатҳои мутобиқати таъминоти барномавӣ ба талаботи бехатарӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор дода шудааст;
- ғайриимкон будани дастрасӣ ба иттилооти дар боло овардашуда берун аз чорчӯбаи таъминоти барномавӣ;
- ҳама гуна интиқоли иттилоот ба/аз манбаи иттилоотии таъминоти барномавӣ бояд таҳти назорати механизмҳои бехатарӣ сурат гирад;
- имконияти фаъолияти устувор дар ҳолати пайдо шудани нуқсонҳо;
- сохтори муҳофизатии сезинагии “муштарӣ – сервер” бо он мақсад, ки дар ҳолати корношоям шудани компютери кории истифодабаранда ё дастрасии беиҷозати шахси бегона, фаъолияти қисмати серверии низом аз кор намонад ва ноқисии сервери таъминоти барномавӣ ба ҳолати иттилооти низом таъсир нарасонад;
- санҷиши аудити ҳодисаҳои муҳими низомсоз бо сабт дар китоби бақайдгирӣ ва инчунин бо имконияти муҳофизат аз ҷониби ҳама субъектҳо;
- санҷиши аудити амалҳои истифодабарандагон ва маъмурони чӣ муваффақ ва чӣ номуваффақ;
- назорати иттилооти содира ва ворида;
-имконияти такмили модулҳо ва механизмҳои бехатарӣ;
- пешбинӣ намудани уҳдадориҳои зерин дар шартнома бо таҳиягари низоми иттилоотӣ:
- мунтазам огоҳ кардани БТҚ аз хусуси хатоиҳо ва осебпазириҳои ошкоршудаи низом, инчунин таъмини пешниҳоди саривақтии тағйирот ба низом ва навсозии он;
- таъсиси хадамоти дастгирии таъҷилӣ, аз ҷумла доир ба масъалаҳои бехатарӣ барои машварати кормандони БТҚ ва расонидани ёрии амалӣ оид ба масъалаҳои амнияти иттилоот.
- Таъминоти барномавии БТҚ бояд барои нигоҳдории маълумот дар бораи субъекти таърихи қарз ба муҳлати дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таърихи қарз (кредит)» пешбинишуда ва инчунин барои таҳияи ҳисоботҳои қарзӣ дар тӯли як дақиқа бо маълумоти то марҳилаи муайяни вақт аз аввали таъсиси таърихҳои қарз таҳияшуда имконият фароҳам оварад.
4. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ВОСИТАҲОИ ТЕХНИКӢ
- Воситаҳои техникии БТҚ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:
- мавҷуд будани таъминоти техникии шахсӣ (таҷҳизоти компютерӣ, серверҳо, воситаҳои дастгоҳҳои муҳофизатӣ, таҷҳизоти ҷузъӣ ва дигар таҷҳизот) ва инчунин мавҷуд будани ҳуҷҷатҳое, ки мансубияти (тааллуқдории) таъминоти техникиро ба БТҚ тасдиқ мекунанд;
- мавҷудияти шартномаҳои мутобиқати таъминоти дастгоҳӣ ба талаботи бехатарӣ, ки аз ҷониби мақомоти дахлдор дода шудааст;
- мавҷудияти низоми кафолатноки таъмини нерӯи барқ – қуттии автоматикии насби манбаи нерӯи барқи захиравӣ, таҷҳизоти дизелии барқдиҳанда, ки аз бонги (сигнали) ду сарчашмаи таъмини барқи мунтазам (минбаъд - СТБМ) ба ҳаракат омада, нерӯи барқро дар шабакаи тамоми БТҚ таъмин менамояд. Дар баробари он, шиддатнокии ҳар як СТБМ зимни реҷаи оддии корӣ бояд на камтар аз чил фоиз бошад.
- Серверҳои БТҚ бояд низоми мунтазам тобовари мукаммалро ташкил дода, аз кластери садфоизаи нусхаи қисми дастгоҳӣ иборат бошанд. Серверҳои захиравии манбаи иттилоотии БТҚ бояд алоҳида аз серверҳои асосӣ нигоҳ дошта шуда, фаъолияти мунтазами манбаи иттилооти БТҚ-ро тарзе таъмин намоянд, ки дар ҳолати аз кормондани серверҳои манбаи иттилоот, БТҚ имконияти барқароркунии манбаи иттилоотро дар заминаи серверҳои эҳтиётӣ муддати 6 (шаш) соат аз лаҳзаи аз кор мондани сервери асосӣ дошта бошад.
5. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ТАШКИЛИ КОР ВОБАСТА БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ИТТИЛООТ
- Ташкили таъмини бехатарии иттилоот бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- мавҷуд будани шабакаи интиқоли иттилооти ҳифзшуда бо рамзикунонии иттилоот (трафик) тавассути маршрутизаторҳои сарҳадии таҷҳизот;
- мавҷуд будани низоми ошкоркунии (пешгирии) ҳамлаҳо аз шабакаи Интернет ба шабакаи компютерии БТҚ бо истифодаи экрани байнишабакавӣ;
- мавҷуд будани низоми ҳифзи криптографии компютерҳо тавассути крипто-калидҳо ва низомҳои муайянкунии истифодабарандагон;
- мавҷуд будани таҳлилгари шабакавии маълумот (трафик) дар асоси муайянкунандаи идоракунии дастрасӣ ба дорандаи кортҳои шабакавии истифодабарандагон;
- мавҷуд будани низоми нусхабардории эҳтиётӣ ва барқарорсозии маълумот.
- БТҚ мубодилаи иттилоотро бо таъминкунандагон ва истифодабарандагони ҳисоботҳои қарзӣ тавассути шабакаҳои алоқаи алоҳида ё шабакаи Интернет ба шарти риояи талаботҳои зерин иҷро менамояд:
- мавҷуд будани шабакаи асосӣ бо иқтидори интиқолии на камтар аз 10 мегабит/сония;
- мавҷуд будани шабакаи захиравии беноқил бо иқтидори интиқолии на камтар аз 2 мегабит/сония;
- истифодаи шабакаҳои таъминкунандагони гуногун;
- истифодаи шабакаҳо танҳо барои мубодилаи иттилоот бо таъминкунандагони иттилоот ва истифодабарандагони ҳисоботҳои қарзӣ.
6. ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ҶОЙҲОИ КОРӢ
- Ҷои кории кормандони БТҚ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:
- таъминоти барномавӣ дар компютери махсуси инфиродии алоҳида ҷойгир карда шуда, дорои шиноснома бошад ва дар он маълумот оид ба макон, мушаххасот, инчунин оид ба воситаҳои техникӣ ва барномавие, ки дар таъминоти барномавӣ васл гаштаанд, мавҷуд бошад. Шиноснома бо имзои роҳбари ташкилот ба расмият дароварда шуда, дар худи корманд нигоҳ дошта шавад;
- истифодаи компютери инфиродии корманд ва ҷойгир кардани воситаҳои барномавӣ дар он, ки ба таҳия, коркард, интиқол ё пешбурди ҳуҷҷатгузории электронӣ дар чорчӯбаи иштирок дар низоми иттилоотӣ алоқаманд нест, манъ аст.
- Компютери инфиродии корманд бояд дорои сохтори муҳофизатие бошад, ки ҷузъиёти зеринро дар бар гирад:
- воситаҳои муайянкунӣ (мушаххаскунӣ) ва санҷиши (аутентификатсия) шахсияти истифодабарандагон;
- имконияти пешбурди журналҳои электронӣ, муҳлати нигоҳдории ҳуҷҷатҳои электронӣ бо мақсади назорати фаъолияте, ки бо дастрасӣ ба компютер ва амалҳои истифодабарандагон алоқаманд мебошад;
- мавҷуд будани як ном ва рамзи низоми истифодабаранда (корманди масъул), ки тавассути он истифодабаранда дар ҳолати ворид шудан ба низом муайян карда мешавад ва зимнан чунин як ному рамз бояд ба як шахси воқеӣ мутобиқ бошад;
- компютери корӣ бояд воситаҳои таъмини мукаммалӣ ва махфияти таъминоти барномавиро дошта бошад;
- дастрасӣ ба захираҳои шабака ва ноқилҳои беруна ва дастрасӣ ба портҳои воридот ва содироти иттилоот аз компютерикорӣ, аз ҷумла дар сохтори танзимии заминавии низоми воридот-содирот бояд баста бошанд;
- блоки низом, портҳои воридот-содироти иттилооти компютери корӣ бояд аз тарафи маъмури низом бо муҳр ё тамға (пломба) маҳкам шаванд;
- раванди муҳргузорӣ, тамғагузорӣ (пломбагузорӣ) дар китоби махсус бо қайди ному насаб, агар бошад - номи падар, вазифа, сана, вақт ва мақсади гузоштани муҳр сабт карда мешавад;
- барои ноутбукҳо, маҳкам кардани воситаҳо танҳо дар асоси низоми заминавӣ бе муҳрбандӣ рухсат дода мешавад;
- баровардани компютерҳо ва ноутбукҳо аз бино манъ аст, ба истиснои ҳолатҳои гузаронидани корҳои таъмирӣ ва профилактикӣ, ки дар асоси аризаи пешниҳодкардаи корманд ба унвони роҳбари БТҚ сурат мегиранд;
- тартиби дастрасӣ ба захираҳои дигар (фазо дар диск, директория, манбаъҳои иттилоот ва нусхаҳои эҳтиётии манбаъҳои иттилоот), ки барои ҷамъоварии иттилоот баҳри интиқол ба муҳити иттилоот бо истифодаи низоми муҳофизатӣ, гирифтани иттилоот аз муҳити иттилоот, нигоҳдорӣ ва ё коркарди иттилоот пешбинӣ шудаанд, бояд имконияти дастрасии бе иҷозатро ба ин захираҳо роҳ надиҳад;
- даромадани корманд ба ҳуҷраи дастрасиаш маҳдуд дар асоси уҳдадориҳои вазифавии ӯ амалӣ мегардад.
7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Таъмини риояи талаботи Дастурамали мазкур ба зиммаи кормандони масъули БТҚ вогузор карда мешавад.
- Назорати риоя шудани талаботи Дастурамали мазкур аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон тавассути тартиб додани санади баҳодиҳии мутобиқати маҷмааи дастгоҳӣ – барномавии БТҚ мутобиқи Замимаи №1 Дастурамали мазкур ба роҳ монда мешавад.
- Барои риоя накардани талаботи Дастурамали мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон нисбат ба БТҚ чораҳои таъсиррасониро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамояд.
Замимаи №1 ба Дастурамал “Оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз”
Санади
санҷиши мутобиқати маҷмааи дастгоҳӣ – барномавии БТҚ
_______________________________ (макони таҳия)
_______________________________ (санаи таҳия)
Санади мазкур дар бораи баҳодиҳии мутобиқати маҷмааи техникӣ– барномавии БТҚ______________________ ба талабот нисбати муҳофизати иттилоот аз тарафи аъзои гурӯҳи санҷишӣ дар ҳайати зерин таҳия гардид:
Намояндагони Бонки миллии Тоҷикистон:
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
Хулосаи муфассали объектҳои аз ташхис гузаронидашуда ва ҳуҷҷатҳои аз тарафи гурӯҳи санҷишӣ таҳлилшуда:
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
Мазмуни мухтасари хулосаҳои намояндагони БТҚ:
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
Санҷиши ҳуҷҷатҳои техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дигари БТҚ _______________________________, азназаргузаронии ҳуҷраҳои техникӣ ва воситаҳои муҳофизатӣ ва объектҳои дигари он, ки барои кор дар низоми ташаккули таърихи қарз пешбинӣ шудаанд, инчунин истифодаи онҳо аз тарафи гурӯҳи санҷишӣ, чунин натиҷагирӣ шуд:
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
(мувофиқат (номувофиқат) бо талаботи муайяншуда ва кифоягии (ғайрикифоягии) онҳо барои оғоз / идома додани фаъолияти БТҚ дар бозори хизматрасониҳои иттилоотӣ).
БТҚ ҳуҷҷатҳои зерини техникӣ ва ҳуҷҷатҳои дигарро пешниҳод кардааст, ки ба санади гурӯҳи санҷишӣ замима карда мешаванд:
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
Санади мазкур дар ду нусхаи асл таҳиягардида, як нусхагӣба Бонки миллии Тоҷикистон ва БТҚ супурда шуд:
Аъзои гурӯҳи санҷишӣ:
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
__________________________________________________________________
Намояндаи БТҚ:
__________________________________________________________________