Бо қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз “___” ________ с.2021, № “___”
тасдиқ шудааст
Дастурамали №____ “Оид ба талаботи тахассусии
муассисон ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз”
Дастурамали №____ “Оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз” (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи қисми 2 моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” таҳия шуда, талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз (минбаъд – БТҚ) –ро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Дар Дастурамали мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- муассисони БТҚ – шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки дар бораи таъсис ва тасдиқи оинномаи он қарор қабул кардаанд ва ёдорои ҳиссаи муайян дар сармояи оинномавии БТҚ мебошанд;
- роҳбарони БТҚ – аъзои Шӯрои директорон (Шӯрои нозирон), директор (директори генералӣ) ва муовинони он, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроия (садорат, раёсат, маъмурият), сармуҳосиб ва роҳбарони воҳидҳои сохтории БТҚ, ки фаъолияташон бо таъмини бехатарии иттилотӣ алоқаманд мебошад;
– хиссаи иштироки афзалиятнок – ҳиссаи иштироки бевосита ё бавоситаи шахсе, ки мустақилона ё тавассути ягон шахс ё якҷоябо як ё бештар шахсон дорои зиёда аз даҳ фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи БТҚ мебошад;
- муфлисшавӣ – бо тартиб имуқарраршуда аз ҷониби суд ё худ шахси ҳуқуқӣ ғайриқобили пардохт эътироф кардан ишахси ҳуқуқӣ, яъне қобилият надоштани вай барои қонеъ гардонидани талаботи қарздеҳон аз рӯи ӯҳдадориҳои пулӣ, аз ҷумла пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
- пардохтнопазирии шахси ҳуқуқӣ – надоштани имконияти иҷроиши уҳдадориҳои худ аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ, ки дар вайронкунии тартиби тақсимоти захираҳои молиявӣ оид ба таъминоти истеҳсолот ва фурӯши маҳсулот / хизматрасонӣ зоҳир мешавад.
- Талаботи тахассусӣ барои шахсони зерин муайян карда мешавад:
- муассисони БТҚ;
- роҳбарони БТҚ.
- Маълумот оид ба талаботи тахассусӣ нисбат ба муассисон ва роҳбарони БТҚ мутобиқи Боби 3 ва Замимаҳои 1 ва 2 Дастурамали мазкур пешниҳод карда мешаванд.
- Роҳбарони БТҚ ҳуқуқ надоранд, бо хоҳиши худ дар давоми як сол аз санаи бақайдгирии он, ҳайати БТҚ-ро (мақомоти идоракунии онро) тарк кунанд, агар зимнан оиди ин гуна уҳдадорӣ пешакӣ батаври хаттӣ розигии худро дода бошанд.
БОБИ 2. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСИ
НИСБАТ БА МУАССИСОН ВА РОҲБАРОНИ БТҚ
- Танҳо шахсони дорои маълумоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва таҷрибаи касбии кориина камтар аз панҷсола метавонанд ба вазифаҳои директор (директори генералӣ) ва муовинони он, аъзои мақомоти дастаҷамъии иҷроия (садорат, раёсат, маъмурият) БТҚ таъин карда шаванд.
- Танҳо шахсони дорои маълумоти олии иқтисодӣ ва собиқаи касбии на камтар аз се сол, метавонад ба вазифаи сармуҳосиби БТҚ таъин карда шавад.
- Танҳо шахсони дорои таҳсилоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва таҷрибаи касбии кории на камтар аз се сол, метавонанд ҳамчун роҳбари воҳидҳои сохтории БТҚ, ки фаъолияташон бо таъмини бехатарии иттилотӣ алоқаманд мебошад, таъин шаванд.
- Шахсоне, ки дорои доғи судӣ барои ҷиноятҳои қасдан содир шуда мебошанд, наметавонанд ҳамчун муассис ваё роҳбари БТҚ таъин шаванд. Муассисон (шахсони воқеӣ) ва роҳбарони БТҚ бояд шахсони дорои обрӯю эътибори бенуқсони корӣ, аз нигоҳи касбӣ бо салоҳият ва боэътимод бошанд.
- Дар ҳолати маълум шудани ҳадди ақалл яке аз далелҳои зерин, шахс, ҳамчун дорои обрӯю эътибори бенуқсони корӣ, аз нигоҳи касбӣ бо салоҳият ва боэътимод, ки дар Дастурамали мазкур пешбинишуда аст, ҳисобида намешавад:
- ҳамчун роҳбар, аъзои Шӯрои нозирон ё молики ҳиссаи афзалиятноки шахси ҳуқуқии муфлисшуда амал кардааст;
- шахси ҳуқуқии пешинаро ба таври бесалоҳият, яъне бидуни риояи принсипҳои идоракунии корпоративӣ идора намудааст;
- иштироки ӯ дар қонунигардонии (расмикунонии )даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда, яъне дар рафти анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулкидигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рӯйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулква ё мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ӯ тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рӯйпуш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифодабурдан ё ихтиёрдори ичунин молу мулк, ошкор гардидааст;
- бо ҳукми суд барои содир кардани ҷиноятҳои қасдонаи (аз ҷумла хусусияти коррупсионидошта) ба амалҳои динӣ ё сиёсии ӯ алоқаманд набуда аз озодӣ маҳрум шуда бошад.
Дар ҳолати шахси ҳуқуқӣ будани муассис, талаботи дар банди мазкур зикршуда нисбати роҳбарон ва муассисони (шахсони воқеӣ) дорои зиёда аз даҳ фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи ин гуна муассис, татбиқ мегардад.
10.Муассисони БТҚ бояд дорои вазъи устувори молиявӣ бошанд.
- Шахсони зерин ба ҳайси муассис ё роҳбари БТҚ шуда наметавонанд:
- шахсоне, ки нисбати онҳо маълумот дар бораи ҳолатҳое, ки дар бандҳои8 ва 9 Дастурамали мазкур зикр шудаанд, вуҷуд дорад.
- мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, фондҳои ғайрибуҷавӣ, муассисаҳо ва ташкилотҳои буҷавӣ, агар ҳолати дигар дар қонунгузорӣ пешбинӣ нашуда бошад.
БОБИ 3. ТАЛАБОТ ДОИР БА ПЕШНИҲОДИ
МАЪЛУМОТ ДАР БОРАИ МУАССИСОНИ БТҚ
- Маълумот оид ба муассисони БТҚ (шахсони воқеӣ) ба Бонки миллии Тоҷикистон бо мушаххасоти зерин пешниҳод карда мешавад:
- ном, насаб, номи падар;
- маълумоти шиносномавӣ, суроғаи маҳалли зист, рақами телефон;
-намуди фаъолият, ҷойи кор, вазифа (агар кор кунад), суроға ва рақами телефони ҷои кор;
- ҳаҷми саҳм ё ҳисса дар сармояи оинномавии БТҚ-и таъсисшаванда, аз ҷумла ҳамчун фоизи маблағи умумии сармояи оинномавӣ.
- Маълумотоид ба шахсони алоқаманди муассиси (шахси воқеӣ) БТҚ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо мушаххасоти зерин пешниҳод карда мешавад:
- иттилоот дар бораи хешовандони наздик, аз ҷумла зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони зан (шавҳар), қудоҳо, келинҳо, домодҳо, ҷиянҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд;
- иттилоот дар бораи шахси ҳуқуқӣ, ки шахси мазкур ба фаъолияти он дар доираи иштирок дар сармояи оинномавии он ва/ё усули дигар таъсир расонида метавонад бо зикри маълумот оиди номгӯй, дар бораи бақайдгирии давлатӣ, суроға, рақами телефон ва мушаххасоти пардохт (реквизити пардохт), рақами мушаххаси андозсупоранда,оид ба муассисон, дар бораи вазъи молиявӣ (аз ҷумла, иттилоот дар бораи вомбаргҳои ирсол шуда, қарзҳо ва кафолатҳои гирифташуда), ҳайати аъзоёни Шӯрои нозирон/Шӯрои директорон ва мақомоти иҷроия (яккасардорӣ (инфиродӣ) ё дастаҷамъӣ).
- Маълумот дар бораи шахси ҳуқуқӣ, ки хешовандони наздики муассиси (шахси воқеӣ) БТҚ, дар алоқа бо ҳаҷми ҳиссаи он дар сармояи оинномавӣ ва ё тавассути усули дигар, ба фаъолияташон таъсир расонида метавонанд, ба Бонки миллии Тоҷикистон бо мушаххасоти зерин пешниҳод карда мешавад:
номгӯй, иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, суроғаи маҳалли зист, рақами телефон ва мушаххасоти (реквизити) пардохт, рақами мушаххаси андозсупоранда;
иттилоот дар бораи муассисон;
иттилоот дар бораи вазъи молиявӣ, аз ҷумла, иттилоот дар бораи қарзҳои гирифташуда;
ҳайати аъзоёни Шурои нозирон/Шурои директорон ва мақомоти иҷроия (яккасардорӣ (инфиродӣ) ва ё дастаҷамъӣ).
- Маълумот оид ба муассисони БТҚ (шахсони ҳуқуқӣ) ба Бонки миллии Тоҷикистон бо мушаххасоти зерин пешниҳод карда мешавад:
- номгӯи пурра, иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
- суроға ва рақами телефон;
- мушаххасоти пардохт(реквизити пардохт), рақами мушаххаси андозсупоранда;
- ҳаҷми саҳм/ҳисса дар сармояи оинномавии БТҚ, аз ҷумла, дар намуди фоиз аз ҳаҷми умумии сармояи оинномавӣ.
- Маълумот оид ба шахсони алоқаманди муассиси (шахси ҳуқуқӣ) БТҚ ба Бонки миллии Тоҷикистон бо мушаххасоти зерин пешниҳод карда мешавад:
- иттилоот оиди ҳайати аъзоёни мақомоти иҷроия, бо зикри иттилооти онҳо оиди шиноснома, рақами мушаххаси андозсупоранда, маҳалли зист, намуди фаъолият ва ҳаҷми ҳиссаашон / саҳмашондар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ (агар дошта бошад).
- Маълумот оиди шахсони ҳуқуқӣ, ки муассиси (шахси ҳуқуқӣ) БТҚ ба фаъолияти онҳо дар доираи ҳиссаи иштирок дар сармояи оинномавии онҳо ва/ё усули дигар таъсир расонида метавонад, ба Бонки миллии Тоҷикистон бо мушаххасоти зерин пешниҳод карда мешавад:
номгӯй, иттилоот дар бораи бақайдгирии давлатӣ, суроға, рақами телефон ва мушаххасоти пардохт (реквизити пардохт), рақами мушаххаси андозсупоранда;
иттилоот оид бамуассисон;
иттилоот дар бораи вазъи молиявӣ (аз ҷумла, иттилоот дар бораи вомбаргҳои ирсол шуда, қарзҳо ва кафолатҳои гирифташуда);
ҳайати аъзоёни мақомоти идоракунӣ (Шӯрои нозирон/Шӯрои директорон, мақомоти иҷроия (яккасардорӣ (инфиродӣ) ва ё дастаҷамъӣ)).
Замимаи №1 ба
Дастурамали №___
“Оид ба талаботи тахассусии муассисон
ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз”
ШАКЛИ МАЪЛУМОТНОМА
дар бораи муассисони (шахсони воқеӣ) БТҚ, кидорои зиёда аз даҳ фоизи сармояи оинномавӣ ё саҳмияҳои овоздиҳандаи БТҚ мебошанд
Дар бораи сарчашмаи маблағҳои пулӣ, ки ҳамчун ҳаҷми саҳм ба сармояи оинномавии БТҚ ______________ ворид карда мешавад.(номи БТҚ-и таъсисшаванда)
- Ном, насаб, номи падар ________________________________
- Шиноснома: силсила ____ рақам ______ аз тарафи кӣ ва кай дода шудааст________________________
- Суроғаи макони зисти доимӣ ____________________________
- Ҷои кори асосӣ ё намуди фаъолияти иҷрошаванда ________________
- Макон ва суроғаи ҷои кори доимӣ ё макони иҷрои фаъолият______________________________________________________
- Мақомоти андоз, ки пардохти андозҳоро ба буҷа назорат мекунад, ва макони бақайдгирии он ____________________________________________
- Иттилоот дар бораи даромадҳо ____________________________________
(даромади солона дар давоми 3 соли охиралоҳида барои ҳар сол қайд карда мешавад)
- Иттилоот дар бораи андозҳои пардохтшуда_______________
(маблағи андозҳои дар давоми 3 соли охирпардохтшудаалоҳида барои ҳар сол қайд карда мешавад)
- Маблағе, ки бояд ба сармояи оинномавии БТҚ пардохт карда шавад ____________________________________________________________________
- Иттилоот дар бораи ба ҷавобгарии гражданӣ/моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида шудан:
___________________________________________________________________________
(кай, аз тарафи кӣ, ва барои кадом қонунвайрокуниҳо ба ҷавобгарӣ кашида шудааст, намуди ҷавобгарӣ қайд карда мешавад)
- Маблағҳои барои пардохт ба сармояи оинномавӣ равона шуда, аз тарафи ман аз ҳисоби сарчашмаҳои зерини даромад ҷамъ оварда шудаанд__________________
- Замима: Эъломияҳои андоз барои 3 соли гузашта бо қайди мақомоти андоз оид ба қабули онҳо.
- Дурустии маълумоти дар эъломияи мазкур оварда шударо
Тасдиқ мекунам__________________имзо____________
Санаи таҳия "______" __________________ с. 20_____
Эзоҳ:
Эъломияи мазкур аз тарафи худи муассиси (шахси воқеӣ) БТҚ ба таври дастӣ пур кардамешавад.
Замимаи №2 ба Дастурамали №___
“Оид ба талаботи тахассусии муассисон
ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз”
ШАКЛИ МАЪЛУМОТНОМА
дар бораи роҳбарони БТҚ
Эзоҳ: Ҳама гуна тағйироти назаррас дар маълумотномаи мазкур овардашуда бояд ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон расонида шаванд.
Маълумоти умумӣ
- Ному насаб ____________________________________________
(ном, насаб, номи падар)
- Суроға _________________________________________________
(шаҳр, вилоят, индекси/намояи почта, давлат)
- Санаи таваллуд _________________________________________
(моҳ, рӯз, сол)
- Макони таваллуд ________________________________________
(шаҳр, вилоят, давлат)
- Шаҳрвандӣ ______________________________________________
(мамлакат)
- Рақами шиноснома _____________________________________
- Рақами телефон __________________________________________
(мобилӣ, корӣ)
- Шахсони таҳти парасторӣ ва хешовандони дигар, ки якҷоя истиқомат мекунанд:___________________________________________________________
(ном, синну сол, дараҷаи хешовандӣ)
- Номҳои дигарро қайд кунед, ки ҳозир ё пештар истифода бурдаед, аз ҷумла сабаби ивази онҳо ва муҳлати истифодаи онҳо. Ҳатман, насаби пеш аз хонадоршавӣ, насаб дар никоҳҳои пешина, номҳои тибқи қонун иваз карда шударо қайд кунед
____________________________________________________________________
(ному насаб, муддат ва сабаби истифода)
- Ҷойҳои истиқоматии пешина
Тибқи тартиби хронологии баръакс, ҳама ҷойи истиқоматро дар давоми панҷ соли охир, номбар кунед. Макон ва муддати истиқоматро дохил намоед______________________________________________________________________
(кӯча, шаҳр, вилоят, индекс, давлат, аз (моҳ/сол) то (моҳ/сол)
- Маълумот оид ба таҳсил ва тавсияҳои касбӣ, бо зикри ҳамаи унвонҳо, курсҳои касбии хатм кардашуда ва дипломҳои касбӣ. Инчунин, макони ҷойгиршавии донишгоҳ, мактаб, муддати таҳсил ва унвонро номбар кунед
____________________________________________________________________
(ном, макони ҷойгиршавӣ, муддати таҳсил, унвон)
- Хизмати ҳарбӣ бо зикри маълумоти зерин
____________________________________________________________________________
(намуди артиш, рақами хидматӣ, унвон, сана ва намуди аз хизмат озодшавӣ)
- Ҷои кори ҷорӣ. Маълумоти зеринро дар бораи кори худ тибқи тартиби хронологии баръакс номбар кунед. Аввал ҷои кори ҷориро қайд кунед. Пас аз он, ҳама муддатҳои бекориро бо сабаби рафтан аз ҷои кори пешина номбар кунед. Дар ҳолати зарурият, саҳифаҳои иловагиро истифода баред.
Корфармо __________________________________________________________
Суроға_____________________________________________________________
(кӯча, хона, ҳуҷра, шаҳр, вилоят, индекс, давлат)
Ному насаби роҳбар ________________________________________________
Вазифаи роҳбар ____________________________________________________
Рақами телефон __________________________________________________
Муддати кор: аз ___________________________то ____________________
Музди меҳнати аввал _________________________________ музди меҳнати ҷорӣ ё ҷойи кори охирин _________________________________________________
Намуди фаъолият:
_____________________________________________________________________________
(вазифа, тавсифи ӯҳдадориҳои хидматӣ ва ӯҳдадориҳои асосӣ.
Дар ҳолати зарурият, саҳифаҳои иловагиро истифода баред)
Сабаби рафтан аз ҷойи кор. Қайд намоед, ки оё Шуморо аз кор озод намудаанд ё аз кор рафтанбо хоҳиши худи Шумо сурат гирифта буд. Ном, суроға ва рақами телефони корфармо ва вазифае, ки Шуморо аз кор озод намудаанд, санаи аз кор озод намудан ва мушаххасоти ҳолатро қайд кунед
_____________________________________________________________________________
(ному насаб, суроға, рақами телефони корфармо, вазифа, санаи хориҷ, тавзеҳот)
- Ҳуқуқвайронкуниҳои содиршуда. Тавсифи ҷавобгариҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, маъмурӣ, мурофиаҳои судии шаҳрвандӣ ё маъмурӣ (бо истиснои санҷишҳо, бозрасиҳо ва таҳқиқоти оддӣ ё аудиторӣ) зидди Шумо, ё бо Шумо ё шахси ҳуқуқииШумо алоқаманд, ки Шумо бо он алоқа доштед ё доред, ё ба муҷозот аз тарафи ҳама гуна судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили зеринро пешниҳод намоед:
- қаллобӣ, амали коррупсионӣ, беэътиноӣ, вайронкунии реҷаи пардохти қарз ё дастурҳои вазифавӣ, ҷиноятҳои муташаккил ё тамаъҷӯӣ;
- вайронкунии қонунгузорӣ ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қоғазҳои қиматнок;
- вайронкунии қоидаҳо, дастурамалҳо, кодексҳои рафтор ё одоби касбии ташкилотҳои молиявӣ;
- ҳама гуна айбдоркунӣ, ҳабс, хулосаҳои айбдоркунӣ ё ҳукм аз тарафи ҳама гуна мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зидди ҳама гуна шахси ҳуқуқӣ, ки бо онҳо Шумо ҳамчун роҳбар ё муассисидорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок, алоқамандӣ доштед. Ном ва шакли ташкилӣ – ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ; муносибати Шумо нисбати он, аз ҷумла фоизи саҳмияҳо ё ҳиссаи иштироки дар дасти Шумо буда (агар ҳаст), мушаххасоти айбдоркунӣ, санаи он; қаламрав ва макони айбдоркунӣ; барҳамдиҳӣ ё ҳолати ҷории айбдоркунӣ; санаи барҳадиҳӣ (агар ҳаст) номбар кунед.
Ном ва шакли ташкилӣ-ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ Алоқа бо шахси ҳуқуқӣ ва ҳаҷми саҳм дар сармояи оинномавии он Мушаххасоти айбдоркунӣ Сана Қаламрав ва макон Барҳамдиҳӣ Сана
- Оё ягон аризаи Шумо бо асосҳои зерин рад шудааст, ё Шумо аризаи худро пас аз огоҳикунии расмӣ ё ғайрирасмӣ оид ба рад шудани он, бозхондаед:
ташкилдиҳии БТҚ ё ташкилотҳои молиявӣ?
хариди БТҚё ташкилоти молиявӣ ё ширкати холдингии ташкилоти молиявӣ?
хариди саҳми афзалиятноки иштирок дар сармояи оинномавии ҳама гуна ташкилотҳои молиявӣ ё БТҚ?
_____________________________________________________________________
___________________________________________________________________
(Дар ҳолати ҷавоби мусбӣ ба яке аз саволҳои дар боло овардашуда, тафсири муфассали сабаби рад кардан ё бозхонди аризаро, мақомоти танзимгар, ки ба он ариза дода шуда буд, ва санаи додани аризаро пешниҳод кунед.)
- Тафсири муфассали нақш ва уҳдадориҳои вазифавии худро ҳамчун аъзои Шӯрои директорон/Шӯрои нозирон, Раёсат, роҳбарият ё муассисисаҳми / ҳиссаи афзалиятноки назораткунандаи иштирок дар ҳама гуна ташкилотҳои молиявӣ ё БТҚ, ки бо алоқамандӣ доред, ва нисбати он розигии расмӣ оид бабоздошти фаъолият, барҳамдиҳӣ ё муфлисшавии он дар давоми алоқаи Шумо ё пас аз тарки ташкилот аз тарафи Шумо, дастрас шудааст, пешниҳод намоед.
Аз ҷумла:
- оё Шумо дорои ягон уҳдадориҳои нисбати пардохти қарзӣ шахсӣ, қарзи шахси ҳуқуқии Шумо, ё қарзе, ки дар он Шумо ҳамчун зомин амал мекунед, бинобар пардохт, таъминот, таъхир ё намуди дигари мушкилоти молиявӣ, иҷронашуда мебошед? Мушаххасоти мукаммалро пешниҳод намоед.
- оё Шумо дониста ба ҳама гуна мақомоти танзимгари молиявӣ аризаҳои шифоҳӣ ё хаттӣ, огоҳинома ё бақайдгирӣ кардаед, ки бардурӯғ ё гумроҳкунанда мебошанд ва бо далелҳои моддӣ, алоқаманданд, ё ба ҳолате дучор шуда будед, ки далели моддиро оид ба маълумот, ки нисбати ин гуна аризаҳо, огоҳӣ ё бақайдгирӣ дархост шудааст, иншо карда натавонистед?
________________________________________________________________________
______________________________
(Дар ҳолати ҷавоби мусбӣ, мушаххасоти онро пешниҳод намоед.)
- Маълумоти гуногун, аз ҷумла:
- ҳама БТҚ, ташкилотҳои қарзии молиявӣ ё дигар ташкилотҳои молиявӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқиро номбар кунед, ки бо онҳо дорои муносибат ҳамчун аъзои Шӯрои директорон/Шӯрои нозирон, Раёсат ё саҳмдори ҳиссаи афзалиятнок(дорои 10% ё зиёда аз ҳаҷми сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ) ба ҳисоб меравед ё шахси барои бехатарии иттилоот масъул будед, номбар кунед. Маълумоти дар ҳисоботи мазкур ба таври муфассал дар қисми “Кор” овардашударо такрор накунед. Ном, макони ҷойгиршавии ҳар муассиса, алоқаи Шумо ба он, фоизи саҳмияҳои Шумо, ва санаҳоро дохил кунед.
Ном ва макони ҷойгиршавӣ Вазифа / Муносибат Фоизи моликият
(ҳиссаи иштирок) Аз
моҳ/сол То
моҳ/сол
- ҳама гуна шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла иттиҳодияҳо, рафоқатҳо ё корхонаҳои муштарак, ки дар онҳоШумо ҳамчун Роҳбар, аъзои Шӯрои директорон/Шӯрои нозирон, аъзои Раёсат ё саҳмдори ҳиссаи афзалиятнок(дорои 10% ё зиёда аз ҳаҷми сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ) ба ҳисоб меравед ва алоқамандӣ доред, қайд намоед. Маълумоти аллакай дар ҳисоботи мазкур мушаххас овардашударо такрор накунед. Ном ва макони ҷойгиршавии ҳар шахси ҳуқуқӣ, намуди фаъолияти он, алоқаи Шумо бо он, ҳаҷми саҳме, ки моликияти Шумо аст (дар ҳолати будан), ва санаи таъсиси муносибатҳоро, қайд кунед.
Ном ва макони ҷойгиршавӣ Намуди фаъолият Фоизи алоқамандӣ Моликият
(ҳиссаи иштирок) Сана
- Оё Шумо ё шахси ҳуқуқие, ки Шумо бо он ҳамчун Роҳбар, аъзои Шӯрои директорон/Шӯрои нозирон, Раёсат ё саҳмдори ҳиссаи афзалиятнок (дорои 10 % ё зиёда аз ҳаҷми сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ), ё шахси барои бехатарии иттилоот масъул, алоқамандӣ доред ба мурофиаҳои судӣ нисбати муфлисшавӣ ё вайронкунии бехатарии иттилоот дар давоми даҳ соли охир ҷалб карда шудаед? Ҳама мушаххасотро нисбати ҳама мурофиаҳои судии мувофиқро пурра пешниҳод намоед.
__________________________________________________________________
_____________________________________________________________________
_____________________________________________________________________
- Ҳама ассотсиатсияҳо ё иттиҳодияҳо, ки ба он Шумо аъзо мебошед, номбар кунед. Номи ин ташкилотҳо ва макони ҷойгиршавии онҳоро, намуди ташкилот, ва инчунин ҳама вазифаҳое, ки Шумо дар ин ташкилотҳо ишғол кардаед, номбар кунед.
Ном ва макони ҷойгиршавии ташкилот Намуди фаъолият Вазифаҳои ишғолшуда
- Ҳама гуна маълумоти дигарро, ки Шумо барои тахассусатон муҳим меҳисобед, ворид намоед.
________________________________________________________________
_________________________________________________________________.
- Ном ва суроғаи пурраи на камтар аз се шахсеро номбар кунед, ки Шуморо тавсия дода метавонанд. Ин шахсон бояд бо феъл, шаъну шараф ва маълумоти асосӣ нисбати Шумо шахсан шинос бошанд, зимнан бо Шумо ва бо аризаи мазкур ягон алоқамандӣ надошта бошанд.
Ном/рақами телефон Суроға Намуди фаъолият
- Ҳуҷҷатҳое, ки ба тарҷумаи ҳол замима карда мешаванд:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳо, ки тахассуси Шуморо тасдиқ мекунанд (диплом, шаҳодатнома, шиноснома ва ғайра);
- маълумотнома аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистоноид ба ҳолатҳои дар доираи парвандаҳои ҷиноятӣ, ки бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят ба дастоварда алоқаманданд, дастгир шудан ё ҳамчун гумонбаршуда ё айбдоршаванда ҷалб шудан, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудан.