Бо қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон
аз «___»__________ 20___ сол, № ___
тасдиқ шудааст
Тартиби
ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии
ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) (минбаъд – Тартиб) бо мақсади ҷойгиркунии самаранок ва мақсадноки маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ва ба ин васила таъмини пардохтпазирӣ ва иҷрои саривақтииуҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) оид ба пардохтиҷуброни суғуртавӣ мутобиқи қисми 3 моддаи 27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» таҳия гардида, тартиби ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавиро (азнавсуғуртакуниро) муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- захираҳои суғуртавӣ – уҳдадориҳои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) аз рӯи шартномаҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки дар асоси баҳисобгириҳои актуарӣ арзёбӣ мешаванд;
- диверсификатсия – тақсимоти маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар байни объектҳои гуногуни маблағгузоришаванда бо мақсади кам кардани хавфи имконпазириталафоти маблағ ё даромад аз онҳо;
- пардохтпазирӣ –сармоягузорӣ ё ҷойгиркунии маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ба он дороиҳое, ки бо хароҷотҳои камтарин кобилияти фаврии ба шакли пулӣ мубаддал шуданро доранд;
- баргардонӣ –бо шартҳои муайяни бехатар таъмин будани маблағҳои ба сармоягузорӣ равонагардидаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо роҳи то ҳадди ақал паст намудани хавфи сармоягузорӣ. Зери хавфи самоягузорӣ ҳолате фаҳмида мешавад, ки агар фоидаи воқеӣ аз сармоягузорӣ камтар аз фоидаи ба нақшагирифта бошад;
- даромаднокӣ – гирифтани даромад аз маблағҳои захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), ки ба дороиҳо сармоягузорӣ ё ҷойгир карда шудаанд.
- депо мукофот – як қисми мукофоти суғуртавӣ, ки ҳангоми бастани шартномаи азнавсуғуртакунӣ ба сифати кафолати иҷрои уҳдадории азнавсуғуртакунанда дар ташкилоти азнавсуғурташаванда (седент) нигоҳ дошта мешавад.
- Тартиби мазкур танҳо нисбати маблағҳои фондҳои захиравии суғуртавӣтатбиқ мегардад.
- Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадоранд аз рӯзи мавриди амал қарор гирифтани Тартиби мазкур, фаъолияти худро ба талаботи он мутобиқ намоянд.
БОБИ 2. ДОРОИҲОИ АЗ ҲИСОБИ МАБЛАҒҲОИ ЗАХИРАҲОИ СУҒУРТАВӢ САРМОЯГУЗОРӢ Ё ҶОЙГИРШАВАНДА ВА ТАЛАБОТ НИСБАТ БА ОНҲО
- Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бошартҳои диверсификатсия, пардохтпазирӣ, баргардонӣ ва даромаднокӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистондар соҳаи суғурта пешбинӣ намудааст, басармоягузорӣва ё ҷойгиркунӣ ба дороиҳо равонамешаванд.
- Арзиши умумии дороиҳое, ки ба онҳо маблағи захираҳои суғуртавӣ сармоягузорӣ ё ҷойгир карда мешаванд, бояд ба андозаи умумии захираҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)баробар бошад.
- Сармоягузорӣ ҳам аз ҳисоби маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ва ҳам аз ҳисоби маблағҳои худӣ ба як дороӣ (қисми дороӣ)дар як вақт иҷозат дода намешавад.
- Арзиши дороиҳое, ки ба онҳо маблағҳои захираҳои суғуртавӣ сармоягузорӣ ё ҷойгир карда мешаванд, дар санаи баҳисобгирии нархгузорӣ аз рӯи маълумотҳои ҳисоботдиҳии муҳосибӣ муайян карда мешавад,агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигареро муқаррар накарда бошад.
- Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маблағҳои захираҳои суғуртавии худро бо дарназардошти банди 4 Тартиби мазкур ба намудҳои зерини дороиҳо сармоягузорӣ ё ҷойгиркарда метавонанд:
1) пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ- ба андозаи на зиёда аз 60,0 фоизаз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
2) воситаҳои пулӣ:
- маблағҳои пулӣ дар хазина дар ҳаҷми то 4 фоиз аз сармояи (фонди) оинномавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ), вале на зиёда аз 1750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо. Ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадор аст, ки меъёри мазкурро ҳамарӯза риоя намояд;
- воситаҳои пулӣ дар суратҳисобҳои бонкииташкилотҳои қарзии молиявӣ- ба андозаи на зиёда аз 20 фоиз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
Маблағҳои мазкур танҳо барои иҷрои уҳдадориҳо дар назди суғурташавандагон истифода бурда мешаванд.
3) векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд - ба андозаи на зиёда аз 40 фоиз аз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
4) коғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон тавассути ташкилотҳои қарзии молиявии хизматрасон мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон - ба андозаи на зиёда аз 50 фоиз аз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
5) коғазҳои қиматноки давлатии мамлакатҳои хориҷӣ (дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон) - ба андозаи на зиёда аз 30фоизҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
6) коғазҳои қиматноки дигари мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барориш ва муомилот дар ҳудуди Ҷумуҳурии Тоҷикистон баровардашуда ё аз ҷониби эмитентҳои хориҷӣ баровардашуда, ки барои амалисозии фаъолият оид ба ташкили тиҷорат дар бозори коғазҳои қиматнок иҷозатномаи мақоми ваколатдори дахлдорро дошта, барои муомилот дар бозори коғазҳои қимматнок роҳ дода шудаанд - ба андозаи на зиёда аз 30 фоиз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
7) қарздории дебитории суғурташавандагон, азнавсуғуртакунандагон, азнавсуғурташавандагон, суғуртакунандагон ва миёнаравҳои суғуртавӣ- ба андозаи на зиёда аз 25 фоизи ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ аз рӯи суғуртаи ҳаёт ва на зиёда аз 35фоиз аз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣаз рӯи суғуртаи умумӣ;
8) депо мукофот аз рӯи хавфҳое, ки ба азнавсуғуртакунӣ қабул карда шудааст,- ба андозаи на зиёда аз 15 фоиз аз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
9) арзиши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд- ба андозаи на зиёда аз 25 фоиз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
10) ҳиссаи ташкилоти азнавсуғуртакунӣ дар захираҳои суғуртавӣ- ба андозаи на зиёда аз 80 фоиз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ;
11) сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон - ба андозаи на зиёда аз 10 фоиз аз ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ.
- Дороиҳое, ки аз ҳисоби захираҳои суғуратавӣ сармоягузорӣ ё ҷойгир шудаанд, ҳамчун гарав ё сарчашмаи пардохти маблағи пулӣ ба қарздиҳанда аз рӯи уҳдадориҳои зомин (замонатдиҳанда) буда наметавонанд.
- Маблағҳои захираҳои суғуртавӣ ба номгӯӣ дороиҳои зерин сармоягузорӣ ё ҷойгир карда намешаванд:
- мукофотҳои суғуртавии дар муҳлати зиёда аз 6 моҳ аз ҷониби суғурташавандагон пардохтнагардида аз рӯзи пардохти дар шартномаи суғурта муқарраргардида;
- қарзи дебиторӣ аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ;
- маблағҳои кафолатӣ;
- воситаҳои асосӣ (биноҳо, иншоот, воситаҳои нақлиёт ва ғайра), ки барои пешбурди фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) пешбинӣ шудаанд;
- дороиҳое, ки ҳамчун заминаи уҳдадорӣ қарор додашудаанд (дар ҳудуди уҳдадориҳои қабулгардида);
- заминҳои таъиноти кишоварзидошта;
- дороиҳое, ки ба ҳабс гирифта шудаанд.
БОБИ 3. ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
- Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар баробари ҳисоботҳои муҳосибӣ, ҳар семоҳа дар бораи захираҳои суғуртавӣ тибқи замимаҳои №1 ва №2 Тартиби мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамоянд.
- Давраи ҳисоботӣ як соли тақвимиро дар бар мегирад. Ҳангомимавҷудбуданишартномаҳои суғуртавии дарозмуҳлат, ташкилотисуғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадориашро аз рӯиингунашартнома дар ҳисобот дарҷ мекунад.
- Дар ҳолатимавҷудбуданизаруративориднамуданитағйиротва/ёиловаҳо ба ҳисобот, ташкилотисуғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар муҳлатипанҷрӯзикорӣаз рӯзи пешниҳодиҳисобот ба мақоминазоратисуғуртавӣдархостихаттирооид ба вориднамуданитағйиротёиловаҳо боэзоҳномаисабабҳоилозимбуданиворидкуниитағйиротёиловаҳо пешниҳод менамояд.
БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Иҷрои талаботи Тартиби мазкур барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатмӣ мебошад.
- Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) риоя нагардидани меъёрҳои муқаррарнамудаи Тартиби мазкур мақоми назорати суғуртавӣ таъинот қабул менамояд.
Замимаи №1ба Тартиби ҷойгиркунии
маблағҳои захираҳои суғуртавии
ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ
____________________________________________________
(номи пурраи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ))
ба ҳолати “___” ___________ соли 20 ___
(ҳазор сомонӣ)
Захираҳо
|
Ҳамагӣ, (ҳазор
сомонӣ)
|
Бо сомонӣ
|
Аз онҳо бо асъори хориҷӣ
|
Сомонӣ
|
Доллари ИМА
|
Евро
|
Рубли
русӣ
|
Дигар асъор
|
Захираҳои мукофоти суғуртавии бозёфтнашуда
|
|
|
|
|
|
|
Захираизарарҳоибавуҷуднаомада
|
|
|
|
|
|
|
Захираи зарарҳо
(аз ҷумла)
|
|
|
|
|
|
|
захираизарарҳоибавуҷудомада, вале арзнашуда
|
|
|
|
|
|
|
захираизарарҳоиарзшуда, вале танзимнашуда
|
|
|
|
|
|
|
Ҳаҷми умумии захираҳои суғуртавӣ
|
|
|
|
|
|
|
Роҳбар _______________________________________________________
(ному насаб)(имзо)
Сармуҳосиб __________________________________________ _________
(ному насаб) (имзо)
Замимаи №2
ба Тартиби ҷойгиркунии маблағҳои
захираҳои суғуртавии ташкилотҳои
суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Ҳисобот оид батаркиби захираҳои суғуртавӣ
____________________________________________________
(номи пурраи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ))
ба ҳолати “___” ___________ соли 20 ___
(ҳазор сомонӣ)
Дороиҳо
|
Ҳамагӣ дороиҳо
|
Аз онҳо маблағҳои захираҳои суғуртавӣ
|
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
Векселҳои давлатии хазинадории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудаанд
|
|
|
|
|
Қоғазҳои қиматноки Бонки миллии Тоҷикистон
|
|
|
|
|
Пасандозҳо дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ
|
|
|
|
|
Воситаҳои пулӣ:
|
|
|
|
|
- пули нақд дар хазинаи ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
|
|
|
|
|
- воситаҳои пулӣ дар суратҳисобҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ
|
|
|
|
|
коғазҳои қиматноки давлатии мамлакатҳои хориҷӣ (дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон)
|
|
|
|
|
Коғазҳои қиматноки дигар давлатҳои мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барориш ва муомилот дар ҳудуди Ҷумуҳурии Тоҷикистон
|
|
|
|
|
Қарздории дебитории суғурташавандагон, азнавсуғуртакунандагон, азнавсуғурташавандагон, суғуртакунандагон ва миёнаравҳои суғуртавӣ
|
|
|
|
|
Депо мукофот аз рӯи хавфҳое, ки ба азнавсуғуртакунӣ қабул карда шудаанд
|
|
|
|
|
Арзиши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуд
|
|
|
|
|
Сабиқаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон
|
|
|
|
|
Ҳиссаи ташкилоти азнавсуғуртакунӣдар захираҳои суғуртавӣ
|
|
|
|
|
Ҳамагӣ дороиҳо
|
|
|
|
|
Роҳбар _____________________________________________ _________
(ному насаб)(имзо)
Сармуҳосиб __________________________________________ _________
(ному насаб) (имзо)