Рақам 40
Дар асоси нақша 55
Намуди ҳуҷҷат Қарор
Ном бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи Талабот нисбат ба услуби баҳисобгирии тарифҳои суғуртавӣ”
Ном бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана "О Требования к методике расчета страховых тарифов"
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашудааст

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Раньше не принимался такой нормативный правовой акт

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

 

Бо қарори Раёсати

     Бонки миллии Тоҷикистон

            аз «___»______с. 20___, № ___

                тасдиқ шудааст

 

 

Талабот нисбат ба услуби

ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ

 

Талабот нисбат ба услуби ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ (минбаъд - Талабот) мутобиқи қисми 3 моддаи 25 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ” бо мақсади самаранокии амалиётҳои суғуртавӣ ва ҳимояи манфиатҳои истифодабарандагони хизматрасониҳои суғуртавии ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таҳия гардида, талабот оид ба таркиб ва мазмун, услубҳои баҳодиҳӣ ва принсипҳои ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта дар ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро муқаррар менамояд.

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Дар Талаботи мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

 - меъёри умумӣ – тарифи суғуртавӣ, ки аз рӯи он суғурташаванда ба суғуртакунанда мукофоти суғуртавиро (ҳаққи суғуртавиро) пардохт менамояд ва он аз меъёри холис ва сарборӣ иборат мебошад;

- меъёри холис – қисми меъёри умумие, ки барои ташаккулдиҳии захираҳои суғуртавии ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) бо мақсади амалисозии пардохтҳои суғуртавӣ (ҷубронҳои суғуртавӣ) муайян шудааст;

- сарборӣ – қисми меъёри умумие, ки барои ҷуброни хароҷотҳои амалиётию маъмурии суғуртакунанда ҷиҳати гузаронидани  амалиёти суғуртавӣ, хароҷоти ғайричашмдошт ва фоида муайян шудааст;

- сарбории эҳтимолӣ – қисми меъёри холис, ки эҳтимолияти рух додани хавфҳои ғайричашмдоштро нисбат ба хавфҳои муайян пешбинӣ менамояд;

- таснифи хавфҳо – номгӯи меъёрҳо (критерияҳо)-е, ки дараҷаи хавфро аз рӯи коэффитсиентҳои фарқкунанда ифодаменамояд;

- коэффитсиентҳои фарқкунанда – коэффитсиентҳое, ки нисбати тарифҳои суғуртавии ҳисобгардида барои ба эътибор гирифтани омилҳои хавфи объекти суғурта истифода бурда мешаванд;

- актуарий – шахси воқеие, ки фаъолиятро оид ба ҳисобҳои иқтисодию риёзӣ ба таври касбӣ тибқи шартномаи меҳнатӣ ё гражданию ҳуқуқӣ амалӣ менамояд;

- тарифи суғуртавӣ – арзиши воҳиди рӯйпӯшкунии суғуртавӣ.

  1. Талаботи мазкур танҳо нисбати намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ татбиқ мегардад.
  2. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) уҳдадоранд, ки минбаъд услубҳои баҳодиҳӣ ва принсипҳои ҳисобкунии тарифҳои суғуртавиро бо назардошти Талаботи мазкур таҳия намуда, бо мақоми назорати суғуртавӣ мувофиқа намоянд.

БОБИ 2. ТАЛАБОТҲОИ УМУМӢ ОИД БА ҲИСОБКУНИИ МЕЪЁРҲОИ ТАРИФҲОИ СУҒУРТАВӢ

  1. Ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ ба принсипҳои мукаммалӣ, пайдарҳамӣ ва баробарӣ асос меёбад.
  2. Ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ набояд дорои хатогиҳо, носаҳеҳӣ ва ислоҳҳо бошад.
  3. Ҳангоми тавсифи ҳисобкунӣ риояи пурраи ифодаи формулаҳо ва натиҷагирӣ, инчунин нишондоди ҳамаи мафҳумҳои ададии қиматҳои барои гузаронидани ҳисоббарориҳои дахлдор ҳатмӣ зарур мебошад.
  4. Ҳангоми ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ маълумоти зерин ба инобат гирифта мешавад:

- ахбороти муфассал оид ба сарчашмаи маълумоти омории аввалияи истифодашаванда;

- маълумот оид ба давраи вақте, ки маълумоти омории аввалияи истифодашаванда аз он ҷо гирифта шудааст.

  1. Ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ мутобиқи Талаботи мазкур аз рӯи ҳамаи намудҳои суғуртаи ихтиёрӣ гузаронида шуда, аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғураткунӣ) на кам аз як маротиба дар се сол таҷдиди назар карда мешавад.
  2. Ҳангоми ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ маълумотҳои оморӣ, ки хавфҳои суғуртавии ба суғуртакунӣ фарогирифташавандаро инъикос менамоянд, истифода бурда мешавад.
  3. Бо мақсади ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта, истифодаи маълумотҳои омории аввалия барои се соли охир ва ё зиёда соли пурраи молиявии қабл аз санаи ҳисобкунӣ зарур мебошад.
  4. Ҳангоми гузарондани ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ риояи яке аз принсипҳо ва шартҳои зерини истифодабарии маълумотҳои оморӣ зарур мебошад:

- ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ дар асоси маълумотҳои омории аввалия аз рӯи як ё якчанд хавфҳои асосии суғуртавӣ, ки ба андозаи тарифи суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта таъсири бештар доранд;

- ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ дар маҷмуъ дар асоси маълумотҳои аввалияи оморӣ аз рӯи ҳамаи хавфҳо, ки тавассути суғурта руйпӯш мешаванд, амалӣ карда мешавад.

  1. Мафҳумҳои макроиқтисодии ҳангоми ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ истифодашаванда (нишондиҳандаи таваррум, мафҳуми нишондиҳандаи ҳадди ақали ҳисобкунӣ) бояд бо маълумотҳои расмӣ аз рӯи ин нишондиҳандаҳо дар санаи ҳисобкунӣ мутобиқат кунанд.

БОБИ 3. ТАЛАБОТ ОИД БА УСЛУБҲОИ БАҲОДИҲӢ ВА ҲИСОБКУНИИ ТАРИФҲОИ СУҒУРТАВӢ

  1. Ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ аз рӯи намуди суғурта мутобиқи услуби интихобгардидаи ҳисобкунии тарифи суғуртавӣ амалӣ карда мешавад.
  2. Ҳисобкунии меъёрҳои тарифӣ аз рӯи намуди суғурта дорои ахбороти зерин оид ба услуби ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ мебошад:

 - маълумоти муфассал дар бораи сарчашмаи ахборот оид ба услуби истифодагардидаи ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ;

- шарҳи пурраи услуби истифодагардидаи ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ. Шарҳи услубҳои ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ алоҳида  аз ҳисобкунунии бевосита ифода карда мешавад.

  1. Услубҳои ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ қисмҳои зерини таркибии тарифи суғуртавиро муайян мекунанд:

- меъёри умумӣ;

- меъёри холис;

- сарборӣ;

  • сарбории эҳтимолӣ.
  1. Мукаммалӣ ва мутобиқати услубҳои ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ ба маълумоти омории аввалияи истифодашаванда аз рӯи меъёрҳои зерин муайян карда мешаванд:

- мутобиқатии байни маълумотҳои омории аввалия ва  параметрҳои баҳисобгирӣ дар ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ истифодашаванда, тибқи услуби ҳисобкунӣ;

- услуби интихобшудаи ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ ҷанбаҳои зиёд ё камшавии нишондиҳандаҳои ҳисобкуниро, ки ба андозаи тарифҳои суғуртавӣ таъсир мерасонанд, аз ҷумла эҳтимолияти ҳодисаи суғуртавӣ, нишондиҳандаи вазнинии зарар, коэффитсиенти зарар ва ғайраро ба назар мегирад;

-мавҷудияти манфиатнокии иқтисодӣ (аз лиҳози иқтисодӣ мақсаднок) дар натиҷаҳои мобайнӣ ва ниҳоии ҳисобкуниҳои тарифҳои суғуртавӣ, ки мутобиқи услуби интихобшуда амалӣ карда мешавад.

  1. Ҳангоми амалисозии ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ ё мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) аз рӯи намуди суғурта дар соҳаи “суғуртаи ҳаёт” маълумоти муфассал дар бораи сарчашмаҳо ва роҳҳои гирифтани ҷадвали фавт ва замимаҳои ҷадвали нишондодашуда оварда мешавад, ки ҳангоми муайянкунии андозаи мукофоти суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ) истифода мегарданд.

БОБИ 4. ТАЛАБОТ ОИД БА НАТИҶАҲОИ ҲИСОБКУНИИ ТАРИФҲОИ СУҒУРТАВӢ, БАРАСМИЯТДАРОРӢ ВА ҶОЙГИРКУНИИ ОНҲО

  1. Дар натиҷаи ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ вобаста ба намудҳои суғурта бояд нишондиҳандаҳои зерин муайян ва асоснок карда шаванд:

- андозаи тарифи суғуртавии заминавӣ, заминавии ҳадди ақал ва заминавии ҳадди ниҳоӣ;

- омилҳои хавф, ки ба тарифҳои суғуртавии  заминавии ҳисобкардашуда истифода бурдани коэффитсиентҳои фарқкунандаро (дифференсатсиониро) бо асосноккунии андозаи ин коэффитсиентҳо талаб менамоянд;

- гурӯҳбандии муфассали хавфҳо вобаста ба намуди суғурта;

- ҷадвали тақсимбандии тарифҳои суғуртавӣ (андозаи мукофотҳои суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ)) вобаста ба гурӯҳҳои суғурташавандагон (суғурташудагон) ва мутобиқи гурӯҳбандии қабулгардида ба суғурта фаро гирифта шудани хавфҳои суғуртавӣ.

  1. Талаботи сархати чоруми банди 18 ба ташкилотҳои суғуртавии хориҷӣ ва филиалҳои онҳо, ки фаъолияти суғуртавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи “суғуртаи ҳаёт” амалӣ менамоянд, татбиқ намегардад.
  2. Ҳисобкунии тарифҳои суғуртавӣ аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғурткунӣ) амалӣ карда мешаванд. Ҳангоми дар бозори суғуртаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани ташкилоти актуарӣ, тарифҳои суғуртавии аз ҷониби ташкилоти актуарӣ ҳисобкардашуда, бо имзо ва муҳри онҳо тасдиқ гардида, ному насаб, рақам ва санаи додани иҷозатнома нишон дода мешавад.
  3. Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) маълумот дар бораи андозаи тарифҳои суғуртавиро вобаста ба намудҳои суғуртаи амалишаванда дар сомонаи расмии худ ва ҷойҳои барои суғурташавандагон дастрас ҷойгир менамоянд, аммо бе маҳдудшавӣ ба ахборот оид ба:

- андозаҳои заминавӣ, ҳадди ақали заминавӣ, ҳадди ниҳоии заминавии тарифи суғуртавӣ;

- коэффитсиентҳои фарқкунанда (дифференсиалӣ);

- ҷадвали тақсимоти тарифҳои суғуртавӣ (андозаи мукофотҳои суғуртавӣ (ҳаққи суғуртавӣ)) вобаста ба гурӯҳҳои суғурташавандагон (суғурташудагон) ва мутобиқи таснифоти қабулгардида ба суғурта фаро гирифтани хавфҳои суғуртавӣ.

  1. Талаботи сархати сеюми банди 21 ба ташкилотҳои суғуртавии хориҷӣ ва филиалҳои онҳо, ки фаъолияти суғуртавиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи “суғуртаи ҳаёт” амалӣ менамоянд, татбиқ намегардад.
  2. Ахбороти дар банди 21 дарҷгардида бо забонҳои давлатӣ ва русӣ бо нишон додани сана, вақти тартиб додани ахбороти мазкур ва дарҷи муҳлати амали он ҷойгир карда мешавад.
  3. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) таҷдиди назар кардани меъёрҳои тарифҳои суғуртавӣ аз рӯи намудҳои суғурта, ташкилоти суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ аз санаи мувофиқа намудани онҳо бо мақоми назорати суғуртавӣ, дар сомонаи расмии худ ва (ё) ҷойҳои барои суғурташавандагон дастрас ҷойгир менамояд.

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Иҷрои муқаррароти Талаботи мазкур барои ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) ҳатмӣ мебошад.
  2. Дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ) риоя нагардидани талаботи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур мақоми назорати суғуртавӣ таъинот қабул менамояд.
Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Утверждено

постановлением Правления Национального банка Таджикистан

за № ___от «___»______ 20___ г.

 

 

Требования к методике расчета

страховых тарифов

     Требования к методике расчета страховых тарифов(в дальнейшем - Требования)разработаны в соответствии с частью 3 статьи 25 Закона Республики Таджикистана "О страховой деятельности" с целью эффективности страховых операций и защиты интересов пользователей страховых услуг страховых (перестраховочных) организаций и устанавливают требования к структуре и содержанию, методике оценки и принципам расчета страховых тарифов по видам страхования в страховых (перестраховочных) организациях.

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

  1. В настоящих Требованиях используются следующие основные понятия:

  - брутто-ставка - страховой тариф, по которому страхователь уплачивает страховщику страховую премию (страховой взнос) и который состоит из нетто-ставки и нагрузки;

  - нетто-ставка - часть брутто-ставки, предназначенная для формирования страховых резервов страховой (перестраховочной) организации с целью осуществления страховых выплат (страховых компенсации);

  - нагрузка - часть брутто-ставки, предназначенная для покрытия административных расходов страховщика на проведение страховых операций, непредвиденных расходов и прибыли;

  - рисковая нагрузка - часть нетто-ставки, которая предусматривает вероятность возникновения непредвиденных рисков к определенным рискам;

 -классификация рисков - перечень критериев, характеризующих степень риска, по соответствующим коэффициентам различия;

  - коэффициенты различия - коэффициенты, применяемые к рассчитанным страховым тарифам для учета факторов риска объекта страхования;

 - актуарий - физическое лицо, осуществляющее деятельность по экономико-математическим расчетам на профессиональной основе в соответствии с трудовым или гражданско-правовым договором;

- страховой тариф - стоимость единицы страхового покрытия.

  1. Настоящие Требования применяются только по видам добровольного страхования.
  2. Страховые (перестраховочные) организации обязаны в дальнейшем разработать методы оценки и принципов расчета страховых тарифов с учетом Требования и согласовать с органом страхового надзора.

ГЛАВА 2. ОБЩИЕ ТРЕБОВАНИЯ К РАСЧЕТУ

РАЗМЕРОВ СТРАХОВЫХ ТАРИФОВ

  1. Расчет страховых тарифов основывается на принципах полноты, последовательности и адекватности.

5.Расчет страховых тарифов не должен содержать ошибок, неточностей и уточнений.

  1. При описании расчета необходимо соблюдение полноты изложения формул и выкладок, а также указание всех числовых значений параметров, необходимых для проведения соответствующих вычислений.
  2. При расчете страховых тарифов учитывается следующая информация:

1) подробные сведения об источнике используемых исходных статистических данных;

2) данные о периоде времени, за который получены используемые исходные статистические данные.

  1. Расчет страховых тарифов в соответствие настоящимиТребованиями производится по всемвидам добровольного страхования, и пересматривается страховой (перестраховочной) организацией не реже одного раза в тригода.
  2. При расчете страховых тарифов используются статистические данные, которые характеризуют страховые риски, принимаемые на страхование.

10.В целях расчета страховых тарифов по видам страхования необходимо использование исходных статистических данных за последние три и более полных финансовых года, предшествующих дате расчета.

  1. При проведении расчета страховых тарифов необходимо соблюдение одного из следующих принципов и условий для применения исходных статистических данных:

- расчет страховых тарифов производится на основе исходных статистических данных по одному или нескольким основным страховым рискам, имеющим наибольшее влияние на величину страхового тарифа по видам страхования;

- расчет страховых тарифов производится на основе исходных статистических данных в совокупности по всем рискам, покрываемым страхованием.

12.Значения макроэкономических показателей, используемых в расчете страховых тарифов (показатель инфляции, значение минимального расчетного показателя), должны соответствовать официальным сведениям по этим показателям на дату расчета.

ГЛАВА 3. ТРЕБОВАНИЯ К МЕТОДИКЕ ОЦЕНКИ И РАСЧЕТА СТРАХОВЫХ ТАРИФОВ

  1. Расчет страховых тарифов по виду страхования осуществляется в соответствии с выбранным методом расчета страхового тарифа.
  2. Расчет тарифных ставок по виду страхования содержит следующую информацию о методе расчета страховых тарифов:

- подробные сведения об источнике информации по использованному методу расчета страховых тарифов;

- полное описание использованного метода расчета страховых тарифов.Описание методов расчета страховых тарифов излагается отдельно от непосредственного расчета.

  1. Методы расчета страховых тарифов определяют следующие составляющие страхового тарифа:
  • брутто-ставка;
  • нетто-ставка;
  • нагрузка;
  • рисковая нагрузка.
  1. Полнота и соответствие методов расчета страховых тарифов используемым исходным статистическим данным определяется следующими критериями:

- соответствие между исходными статистическими данными и расчетными параметрами, участвующими в расчете страховых тарифов, согласно методу расчета;

- выбранный метод расчета страховых тарифов учитывает имеющиеся тренды (тенденции) к увеличению или уменьшению расчетных показателей, влияющих на величину страховых тарифов, таких как вероятность страхового случая, показатель тяжести ущерба, коэффициент убыточности и другие;

- наличие экономического смысла (экономической целесообразности) в промежуточных и окончательных результатах расчетов страховых тарифов, произведенных в соответствии с выбранным методом.

  1. При осуществлении расчета страховых тарифов или страховых премий (страховых взносов) по виду страхования в отрасли "страхование жизни" приводится подробная информация об источниках и способах получения таблиц смертности, с приложением указанных таблиц, которые будут использоваться при определении размеров страховой премии (страхового взноса).

ГЛАВА 4. ТРЕБОВАНИЯ К РЕЗУЛЬТАТАМ РАСЧЕТА СТРАХОВЫХ ТАРИФОВИХ ОФОРМЛЕНИЮ И РАЗМЕЩЕНИЮ

  1. В результате расчета страховых тарифов по видам страхования должны быть определены и обоснованы следующие показатели:

- базовый, минимальный базовый и максимальный базовый размеры страхового тарифа;

- рисковые факторы, которые влекут применение к рассчитанным базовым страховым тарифам коэффициентов дифференциации с обоснованием величин этих коэффициентов;

- подробная классификация рисков по виду страхования;

- таблица распределения страховых тарифов (размеров страховых премий (страховых взносов)) в зависимости от категории страхователей (застрахованных) и принимаемых на страхование страховых рисков в соответствии с принятой классификацией.

  1. Требования подпункта четырепункта18 не распространяются на иностранные страховые организации и их филиалы, осуществляющие в Республике Таджикистан страховую деятельность в отрасли "страхование жизни".
  2. Расчет страховых тарифов производится страховыми (перестраховыми) организациями. В случае наличия актуарной организации на страховом рынке Республики Таджикистан, рассчитываемые страховые тарифы актуарной организацией заверяются их подписью и печатью с указанием его фамилии, имени, отчества номера и даты выдачи лицензии.
  3. Страховые (перестраховочные) организации размещают на официальномсайте и в местах, доступным для обозрения страхователями, информацию о размерах страховых тарифов по видам страхования, включая, но не ограничиваясь информацией о:

- базовых, минимальных базовых и максимальных базовых размерах страхового тарифа;

- коэффициентах дифференциации;

- таблице распределения страховых тарифов (размеров страховых премий (страховых взносов)) в зависимости от категории страхователей (застрахованных) и принимаемых на страхование страховых рисков в соответствии с принятой классификацией.

  1. Требования подпункта три пункта 21 не распространяются на иностранные страховые организации и их филиалы, осуществляющие в Республике Таджикистан страховую деятельность в отрасли "страхование жизни".
  2. Информация, указанная в пункте 21 размещается на государственном и русском языках с указанием даты и времени, по состоянию на которые данная информация составлена, и периода ее действия.
  3. В случае пересмотра размеров страховых тарифов по видам страхования, страховая (перестраховочная) организация в течение пяти рабочих дней после согласования с органом страхового надзораобновляет соответствующую информацию на своем официальном сайте и (или) в местах доступным для обозрения страхователями.

ГЛАВА 5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

  1. Исполнение установленным настоящим Требованием для страховых (перестраховочных) организаций является обязательным.

26.В случае несоблюдения требование настоящего нормативно правового акта страховыми (перестраховочными) организациями, уполномоченный орган страхового надзора принимает предписания.

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00040-HI-(1).pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00040-TTT-tasiri-tanzimkuni.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 22.02.2022
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 24.03.2022
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00040-MMK-#40Hulosa-TTT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ 07.04.2022
Санаи ворид 22.02.2022
Админ 0