Рақам 47
Дар асоси нақша 54
Намуди ҳуҷҷат Қарор
Ном бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи манъ намудани истеҳсол, воридот ва истифодаи зарфу борҷомаҳои пластикӣ ва полиэтилении ғафсиаш то 15 микрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Ном бо забони русӣ Проект постановления Правительства “О запрете производства, ввоза и использования пластиковой и полиэтиленовой посуды и тары толщиной до 15 микрон в Республике Таджикистан”
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нагардидааст.

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Ранее не принимался такой нормативный правовой акт.

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Лоиҳа

 

ҚАРОРИ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи манъ намудани воридот ва истифодаи борҷомаҳои полиэтилении ғафсиашон то 15 микрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ғайр аз борҷомаҳои бедаста, ки қисми ҷудонашавандаи мол мебошанд)

 

Мутобиқи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Аз 1 январи соли 2025 дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воридот ва истифодаи борҷомаҳои полиэтилении ғафсиашон то 15 микрон (ғайр аз борҷомаҳои полиэтилении бедаста, ки барои бастабандӣ ва бандубасти молҳо истифода мешаванд, ё қисми ҷудонашавандаи мол мебошанд, дар лӯла барои истифодабарии хоҷагӣ фурӯхта мешаванд ва инчунин аз полимерҳои биологии тезпӯсанда) манъ карда шавад.
  2. Вазорати саноат ва технологияҳои нав якҷо бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тақвият додани истеҳсоли борҷомаҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар аз қоғаз, картон, латта, сафол ва аз полиэтиленҳои биологии тезпӯсанда дар қаламрави ҷумҳурӣ чораҷӯӣ намоянд.
  3. Корхонаҳои истеҳсолие, ки бо истеҳсоли борҷомаҳои аз ҷиҳати экологӣ безарар аз қоғаз, картон, латта, сафол ва полиэтиленҳои биологии тезпӯсанда машғуланд ва марказу дуконҳои савдое, ки аз фуруши борҷомаҳои полиэтиленӣ даст кашидаанд, аз пардохтҳои экологӣ ба миқдори 15% озод карда шаванд.
  4. Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон назорати иҷрои қарори мазкурро таъмин намояд.

 

 

 

           Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

      Тоҷикистон

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Проект

                                        ПОСТАНОВЛЕНИЕ

                      Правительства Республики Таджикистан

 

О запрете ввоза и использования пакетов из полиэтиленовой пленки толщиной до 15 микрон в Республике Таджикистан (за исключением пакетов, не имеющих ручек и являющихся неотъемлимой частъю товаров)

 

            В соответствии со статьей 18 Конституционного закона Республики Таджикистан «О Правительстве Республики Таджикистан», статьей 5 Закона Республики Таджикистан «Об отходах производства и потребления» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

  1. С 1 января 2025 года на территории Республики Таджикистан запретить ввоз и использование пакетов из полиэтиленовой пленки толщиной до 15 микрон (за исключением пакетов из полиэтиленовой пленки, не имеющих ручек, используемых для расфасовки и упаковки товаров, являющихся неотъемлимой частъю товаров, реализуемых рулонами для использования в быту, а также из биоразлагаемых полимерных материалов).
  2. Министерству промышленности и новых технологий совместно с Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан принять меры по усилению производства экологической тары из картона, бумаги, тряпок, керамики и из биоразлагаемых полимерных материалов на территории республики.
  3. Производственные предприятия, занимающиеся производством экологических пакетов из картона, бумаги, тряпок, керамики и из биоразлагаемых полимерных материалов и торговые центры, отказавшиеся от продажи полиэтиленовых пакетов, освободить от экологических платежей в размере 15%.
  4. Комитету по охране окружающей среды при Правительстве Республики Таджикистан совместно с Таможенной службой при Правительстве Республики Таджикистан обеспечить контроль над исполнением настоящего постановления.

 

 

          Председатель

Правительства Республики

          Таджикистан

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00047-HI-.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00047-TTT-.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 14.10.2022
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 13.11.2022
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00047-MMK-Hulosa--TTT-.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҲҶТ
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ
Санаи ворид 14.10.2022
Админ 0