Рақам 48
Дар асоси нақша 62
Намуди ҳуҷҷат Қарор
Ном бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ”
Ном бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан “О Порядке и условиях включения официального названия, государственного флага Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарного знака”
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надошт.

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Ранее не существовал такой нормативный правовой акт.

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Лоиҳа

 

 

Қ А Р О Р И

 

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар бораи Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

 

 

            Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии

       Тоҷикистон

 

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «___» _____ соли 20__, №__

тасдиқ шудааст

 

Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ

 

  1. Тартиб ва шартҳои ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ (минбаъд - Тартиб) мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» таҳия гардида, муносибатҳоро вобаста ба тартиб ва шартҳои ба тамғаи молӣ ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда танзим менамояд.
  2. Барои ба тамғаҳои молӣ ворид намудани номи расмӣ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашавандаи тамғаи молӣ, аризадиҳанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» аризаро ҷиҳати бақайдгирии тамғаи молӣ бо нишонаи арзшуда, ки дорои унсурҳои қайдшуда мебошад, ба Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  3. Унсурҳои ҳифзнашаванда метавонанд ба тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ ворид карда шаванд, агар аризадиҳанда:

- шахси ҳуқуқӣ ва шахси воқеӣ;

- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи кафолат оид ба сифати баланди молҳо ва ё хизматрасониҳои арзшуда ва дар оянда паст накардани сифати чунин молҳо ва ё хизматрасониҳоро пешниҳод намояд.

  1. Ҳуҷҷатҳои дар банди 3 Тартиби мазкур қайдгардида бояд дар муҳлати бо моддаи 12 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» муқарраршуда пешниҳод карда шаванд.
  2. Дар сурати шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ будани аризадиҳанда, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳад, дар рафти экспертизаи ариза барои бақайдгирии тамғаи молии дорои унсурҳои ҳифзнашаванда, аризадиҳанда асоснокии интихоби чунин унсурҳоро пешниҳод менамояд.
  3. Номи расмӣ ва рамзҳои давлатӣ ба тамғаи молӣ ҳамчун унсури ҳифзнашаванда дар ҳолатҳои зерин ворид карда намешаванд:

- агар унсурҳои ҳифзнашаванда дар тамғаи молӣ ягона бошанд ва ё мавқеи назаррасро ишғол намуда, андозаашон аз панҷоҳ фоизи андозаи умумии тамға бештар бошад;

- агар нишонаи арзшуда аз тарафи ширкати хориҷӣ пешниҳод шуда бошад;

- агар нишонаи арзшуда унсурҳоеро дар бар гирад, ки хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ ба ҳисоб мераванд;

- агар молҳо ва хизматрасониҳои арзшуда манфиатҳои давлатро халалдор намоянд;

- дигар ҳолатҳои номутобиқатие, ки дар рафти экспертиза муайян карда мешаванд.

  1. Ҳангоми ворид шудани ҳуҷҷатҳои дар сархати дуюми банди 3 Тартиби мазкур пешбинишуда, Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати як моҳ хулосаи экспертиро оид ба воридсозии унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ ё рад намудани онҳоро мебарорад.
  2. Барои баррасии хулосаҳои экспертӣ ва қабули қарори ниҳоӣ аз ҷониби Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми мушовара - Комиссия оид ба баррасии хулоса доир ба нишонаҳои дарбаргирандаи унсурҳои ҳифзнашаванда бо шумораи то 7 коршинос (минбаъд - Комиссия) таъсис дода мешавад.
  3. Раис, ҳайат ва котиби Комиссия аз ҳисоби мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз ҷониби Директори он тасдиқ карда мешаванд.
  4. Хулосаҳои экспертӣ оид ба имконпазир ё имконнопазир будани воридсозии номи расмӣ ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун унсурҳои ҳифзнашаванда ба тамғаи молӣ, ки ба Комиссия супорида шудааст, аз санаи супорида шуданаш то як моҳ баррасӣ карда мешавад.
  5. Баррасии хулосаҳои экспертӣ дар ҷаласаи Комиссия бо иштироки на камтар аз 5 аъзои он анҷом дода мешавад. Ҷаласаро раиси Комиссия мегузаронад.
  6. Хулосаи Комиссия дар асоси натиҷаи овоздиҳии аъзои он қабул карда мешавад.
  7. Хулосаи Комиссия бо аксарияти овозҳои аъзои ширкатнамудаи он қабул карда мешавад. Дар сурати баробарии овозҳо, овози раисикунанда ҳалкунанда мебошад.
  8. Коршиносоне, ки оид ба тамғаи молии баррасишаванда хулоса пешниҳод намудаанд, дар кори Комиссия иштирок намекунад.
  9. Хулосаи Комиссия дар шакли хаттӣ тартиб ёфта, аз ҷониби раис ва аъзои он имзо карда мешавад.
  10. Хулосаи Комиссия ба экспертиза барои қабули қарор оид ба ариза равон карда мешавад.
  11. Экспертиза тибқи тартиби муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» нисбати нишонаи арзшуда қарори дахлдор қабул менамояд.
  12. Агар аризадиҳанда бо қарори мазкур розӣ набошад, ӯ метавонад дар муҳлат ва тартиби муқарраргардидаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тамғаҳои молӣ ва тамғаҳои хизматрасонӣ» эътироз намояд.
Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Проект

 

 

ПОСТАНОВЛЕНИЕ

 

Правительства Республики Таджикистан

 

О Порядок и условия включения официального названия, государственного флага Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарного знака

 

В соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан «О товарных знаках и знаках обслуживания» Правительство Республики Таджикистан постановляет:

Утвердить Порядок и условия включения официального названия, государственного флага Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарных знаках (прилагается).

 

 

          Председатель

Правительства Республики

          Таджикистан

 

Проект

 

Утвержден постановлением

Правительства Республики Таджикистан

от «___» _____ 20__ г. №__

 

Порядок и условия включения официального названия, государственного флага  Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарном знаке

 

  1. Порядок и условия включения официального названия, государственного флага Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарном знаке (далее - Порядок) разработан в соответствии со статьей 8 Закона Республики Таджикистан «О товарных знаках и знаках обслуживания» и регулирует отношения, связанные с порядком и условиями включения в товарный знак официального названия, государственного флага, герба Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов.
  2. Для включения официального названия, государственного флага Республики Таджикистан и других государственных символов в качестве неохраняемых элементов в товарном знаке заявитель в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан «О товарных знаках и знаках обслуживания», подает в Государственное учреждение «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан заявление на регистрацию товарного знака с заявленным обозначением, содержащим вышеуказанные элементы.
  3. Неохраняемые элементы могут быть включены в товарный знак и знак обслуживания, если заявитель:

-   юридическим лицом и физическим лицом;

- предоставит подтверждающий документ о гарантии высшего качества заявленных товаров или услуг, и в будущем не будет снижать качество товаров или услуг.

  1. Документы, указанные в пункте 4 настоящего Порядка, должны быть представлены в сроки, предусмотренные статьей 12 Закона Республики Таджикистан «О товарных знаках и знаках обслуживания».
  2. Если заявитель является физическим или юридическим лицом, занимающимся предпринимательской деятельностью, при рассмотрении заявления на регистрацию товарного знака, содержащего неохраняемые элементы, заявитель обосновывает выбор таких элементов.
  3. Официальное название и государственные символы не могут быть включены в товарный знак в качестве неохраняемых элементов в следующих случаях:

- если неохраняемые элементы в товарном знаке являются единственными или занимают доминирующую позицию, объем которых превышает пятьдесят процентов от общей площади знака;

-     если заявленное обозначение подано иностранной компанией;

-    если заявленное обозначение содержит элементы, противоречащие общественным интересам;

- если заявленные товары и услуги затрагивают интересы государства;

- в других несоответсвующих случях, которые выявляются во время экспертизы.

  1. При поступлении документов, предусмотренных в подпункте втором пункте 3 настоящего Порядка Государственное учреждение «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан в течение одного месяца выносит экспертное заключение о возможности или невозможности включения в товарные знаки неохраняемых элементов.
  2. Для рассмотрения экспертных заключений и принятия окончаталное решения, Государственное учреждение «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан создает коллегиальный орган - Комиссия по рассмотрению заключений по обозначениям, содержащим неохраняемые элементы в составе не мене 7 экспертов (далее - Комиссия).
  3. Председатель, состав и секретар Комиссии формируется из числа специалистов Государственного учреждения «Национальный патентно-информационный центр» Министерства экономического развития и торговли Республики Таджикистан и утверждается его директором.
  4. Экспертный заключения экспертизы о возможности или невозможности включения в товарные знаки неохраняемых элементов, переданный в Комиссию, рассматривается в течение одного месяца со дня его поступления.
  5. Рассмотрение экспертного запроса на заседании Комиссии проводится при участии не менее пять её членов. Заседание проводит председатель Комиссии.
  6. Заключение Комиссии принимается на основании результатов голосования ее членов.
  7. Заключение Комиссии принимается большинством голосов присутствующих её членов. При равенстве голосов голос председательствующего является решающим.
  8. Эксперт, которые дали экспертные заклячения по поводу рассматриваемого заявления, не принимает участие в работе Комиссии.
  9. Заключение Комиссии излагается в письменной форме и подписывается председателем и её членами.
  10. Заключение Комиссии направляется на экспертизу для принятия решения по заявлению.
  11. Экспертиза в порядке, установленном Законом Республики Таджикистан «О товарных знаках и знаках обслуживания» принимает по заявленному обозначению соответствующее решение.
  12. При несогласии заявителя с решением он может в срок и порядке, установленном Законом Республики Таджикистан «О товарных знаках и знаках обслуживания», подать возражение.

 

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00048-HI-Asosnokkuni.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00048-TTT-TTT.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 30.11.2022
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 30.12.2022
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00048-MMK-#48Hulosai-TTT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ
Санаи ворид 30.11.2022
Админ 0