Рақам 51
Дар асоси нақша 66
Намуди ҳуҷҷат Қарор
Ном бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон”
Ном бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан «О порядке формирования и использования Дорожного фонда Республики Таджикистан»
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надошт.

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Ранее не существовал такой нормативный правовой акт.

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Лоиҳа

 

 

ҚАРОРИ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Дар бораи Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Мутобиқи моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳаракат дар роҳ” ва бо мақсади маблағгузории таъмир ва нигоҳдории шабакаи роҳҳои истифодаи умум  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р  м е к у н а д:

 

  1. Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегирдад).
  2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ташаккули буҷети давлатӣ барои солҳои минбаъда, Фонди роҳро дар доираи нишондиҳандаҳои асосии иқтисодӣ ҳамчун моддаи алоҳида ба буҷети давлатӣ дохил намояд, инчунин барои пешбурди фаъолияти Фонди роҳ суратҳисоби махсус кушода тамоми манбаъҳои даромади Фонди роҳро мувофиқи тартиби замимашуда ба ин суратҳисоб равона намояд.
  3. Ҷамъоварии даромади Фонди роҳ аз 1 июли соли 2024 ба роҳ монда шуда, фаъолияти пурраи он аз 1 январи соли 2025 амали карда шавад.
  4. Вазорату идораҳо, бонкҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои қарори мазкур чораҳои зарурӣ андешида, амалишавии саривақтии онро таъмин намоянд.
  5. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷалби маблағҳо ба Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораандешӣ намоянд.

 

 

             Раиси

Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Замимаи 1

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «__»______ соли 2024  №___ тасдиқ шудааст

 

 

Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
  2. Тартиби ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд - Фонди роҳ) асосҳои ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолияти Фонди роҳро бо мақсади истифодаи оқилона ва самараноки маблағҳои воридшаванда, ки дар қонунгузорӣ пешбини шудааст муайян менамояд, инчунин тартиби ҳамкории мақомоти таъсисёфтаи идоракуниро дар доираи тақсимоти маблағҳои ба фонд воридшавандаро муқаррар мекунад.
  3. Фонди роҳ дар тобеи Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад ва маблағҳои Фонди роҳ ба таври мақсаднок танҳо барои сохтмон, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум, харидории техника ва таҷҳизот, таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, манбаъҳои таълимӣ, рақамикунонии соҳаи нақлиёт ва дигар хароҷот равона мегарданд.
  4. Бо мақсади ташаккулдиҳии Фонди роҳ суратҳисоби алоҳида дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
  5. Истифодаи Фонди роҳ мутобиқи тартиби мазкур, тибқи қарорҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи роҳу нақлиёт дар мувофиқа бо Шӯрои Фонди роҳ амалӣ мегардад.
  6. Маблағҳои ба суратҳисоби Фонди роҳ воридшуда танҳо барои таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум тибқи тартиби мазкур истифода мегарданд.
  7. САРЧАШМАҲОИ ТАШАККУЛИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ РОҲ
  8. Фонди роҳ аз ҳисоби манбаҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, ташаккул меёбад.
  9. Ҳаҷми умумии маблағгузории Фонди роҳ ҳамасола бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли молиявии навбатӣ аз ҳисоби зерин муқаррар карда мешавад:

- пардохтҳо барои нигоҳдорӣ ва истифодабарии роҳҳои автомобилгард (маблағи мазкур аз ҳисоби даромадҳои умумии ташкилот, корхонаҳо, ҷамъиятҳо, ширкатҳо ва ғайраҳо ба андозаи 1% гирифта мешавад ба истиснои   муассисаҳои буҷетӣ);

- пардохтҳо барои додани тамоми иҷозатномаҳо барои амалӣ намудани фаъолиятҳои дар соҳаи роҳсозӣ ва нақлиёт;

- пардохтҳо барои додани иҷозати махсус барои интиқоли борҳои вазнин ва андозаҳои аз меъёр зиёд бо нақлиёти автомобилӣ;

- маблағҳои ҷарима барои аз меъёр зиёд  кашонидани бор бо воситаҳои нақлиёти автомобилӣ  (то 3 тонна 80 нишондиҳанда, то 5 тонна 120 нишондиҳанда, то 10 тонна 250 нишондиҳанда ва аз 10 тонна зиёд 500 нишондиҳанда);

- маблағҳои ҷарима барои вайрон кардани талаботҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи роҳу нақлиёт, аз ҷумла қоидаҳои ҳаракати роҳ ва нақлиёти автомобилӣ;

- маблағи роҳхатҳо, варақаҳои рухсатномаи ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии дуҷониба ва транзитии боркашонӣ;

 -пардохти ҳар солаи маблағ ба андозаи аз 3 то 20 нишондиҳанда дар вақти гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёти барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард;

-  пардохтҳо аз воситаҳои нақлиёти хориҷӣ барои истифодабарии роҳҳои автомобилгарди ҷумҳурӣ;

- аз ширкатҳои нақлиётие, ки ба мусофиркашони машғуланд: такси ба андозаи 10 сомонӣ, маршруткаҳо ба андозаи 5 сомонӣ ва автобусҳо ба андозаи 2 сомонӣ барои ҳар як ҷойи нишаст дар як моҳ, барои нигоҳдории роҳҳои автомобилгард пардохт карда шавад;

-  ба иҷора додани қитъаҳои замин дар ҳамшафати роҳ ва канори роҳҳои истифодаи умум вокеъгардида, ки дар мувозинаи роҳҳо тааллуқ буда, ба истиснои роҳҳое, ки дар асоси созишномаҳои консессионӣ амал мекунанд;

-  даромад аз ҳисоби маблағҳои депозитии Фонди роҳ (танҳо дар бонкҳои давлатӣ);

-  системаи толлингии ҷоришавандаи давлатӣ;

- тибқи тартиби муқаррагардида маблағгузориҳои созмонҳои байналмилалии молиявӣ;

-  маблағҳои мақсаднок аз буҷети ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

-  маблағи ихтиёрии шахсони воқеъи ва ҳуқуқӣ;

- аз сарчашмаҳои дигаре ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.

  1. Даромадҳои Фонди роҳ аз андоз ва пардохтҳои ҳатми озод мебошад.

 

 

  1. САМТҲОИ ИСТИФОДАИ МАҚСАДНОКИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ РОҲ

 

  1. Фонди роҳ дар доираи маблағҳои ҷудошуда ба мақсадҳои зерин истифода мегардад:

- сохтмон, таҷдид, азнавсозӣ, таъмир ва нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва иншоотҳои он;

- тайёр кардани ҳуҷҷатҳои лоиҳакашӣ, гузаронидани ташхиси техникӣ, харидории қисмҳои эҳтиётӣ, харидории техника ва таҷҳизотҳо, бунёд ва барқарор намудани озмоишгоҳҳо ва муҷаҳҳазгардонии озмоишгоҳҳо тибқи талаботҳои муосир, харидории асбобоҳои муосир барои баҳодиҳии сифати корҳои сохтмонӣ, таъмирӣ ва нигоҳдорӣ;

- гузаронидани инвентаризатсияи роҳҳои автомобилгард ва иншоотҳои он, гузаронидани кадастри  қитъаҳои замин ва  бақайдгирии соҳибмулкони роҳҳои автомобилгард, автоматикунонии низомҳо, таъмини низоми идоракунии дороиҳои роҳҳои автомобилгард, системаи ҳисобкунии шиддатнокии ҳаракат дар роҳ, системакунонии  маълумотҳо оиди офатҳои табиӣ, рақамикунонии соҳаи роҳу нақлиёт;

- иҷрои нақша чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани бехатарии ҳаракати нақлиёт, бартарафкунии оқибатҳои офатҳои табиӣ дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум;

- пуриқтидор намудани базаҳои идораҳои минтақавӣ ва муассисаҳои нигоҳдорӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳа, муҳайё намудани шароити корӣ, баланд бардоштани тахасуси коргарон, ҳавасмандкунонии коргарон ва механизаторон;

- таҳия ва нашри адабиёти хизматӣ, китобҳо, дастурҳо, ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ, стандартҳо, бюллетенҳои иттилоотӣ ва дастурамалҳо, маҳсулоти бланка, ки барои таъмини фаъолияти истеҳсолию хоҷагидории мақоми ваколатдор дар соҳаи нақлиёт Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур буда;

- корҳои тадқиқотии илмию техникӣ дар соҳаи роҳдорӣ;

- гузаронидани дигар чорабиниҳое, ки ба фаъолияти роҳдорӣ алоқаманд буда, ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

 

  1. ИДОРАКУНИИ МАБЛАҒҲОИ ФОНДИ РОҲ

 

  1. Маблағҳои Фонди роҳ аз ҷониби Шӯрои Фонди роҳ идора карда мешавад.
  2. Истифодаи маблағҳои Фонди роҳ мутобиқи сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ, ки ҳамасола аз ҷониби Шӯрои Фонди роҳ тасдиқ карда мешавад, ба амал бароварда мешавад.
  3. Сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ дар асоси дурнамои пешбинишудаи воридшавии маблағҳо барои соли молиявии навбатӣ ва зарурати хароҷот намудани он аз рӯи самтҳое, ки Тартиби мазкур муқаррар намудааст, тартиб дода мешавад.
  4. Пас аз тасдиқи буҷети фонди роҳ аз тарафи Шурои Фонди роҳ ва Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати на зиёда аз 10 рӯз ба тақсимкунандагони асосӣ, тақсимкунандагон ва гирандагони маблағҳои буҷетии фонди роҳ дар хусуси маблағҳои пешбинишуда хабар медиҳад. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи маблағҳои тасдиқ шуда, сметаи хароҷоти ҳар як муассисаро таҳия ва тасдиқ намуда, дар мӯҳлати на зиёда аз 30 рӯз пас аз тасдиқи буҷети фонди роҳ онҳоро ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои маълумот пешниҳод менамояд.
  5. Тартиби таҳия ва тасдиқи сметаи хароҷотро дар доираи маблағҳои фонди роҳ Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

  1. МАҚОМИ ИДОРАКУНИИ ФОНДИ РОҲ

 

  1. Мақоми идоракунии Фонди роҳ Шӯрои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Шӯрои Фонди роҳ) мебошад, ки он дар ҳайати 9 (нуҳ) нафар таъсис дода мешавад (замима мегардад).
  2. Салоҳияти Шӯро:

- баррасӣ, муайян ва тасдиқи самтҳои асосӣ ва афзалиятҳои фаъолияти   Фонди роҳ;

- муайян намудани вазифаҳои дарозмуддат ва ҷории фаъолияти Фонди роҳ;

- тасдиқи дурнамои даромади маблағҳои Фонди роҳ;

- тасдиқи сметаи даромад ва хароҷоти маблағҳои Фонди роҳ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

- тақсим кардани маблағҳои Фонди роҳ барои сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таъмир, таҷдид, харидории техника ва таҷҳизоти роҳдорӣ, истифодаи техникии роҳҳо, рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ ва дигар хароҷотҳои пешбинишуда;

- тасдиқи ҳаҷми маблағгузорӣ барои соли ҷорӣ ва нишондиҳандаҳои    пешбинишаванда барои солҳои молиявии минбаъда;

- пешниҳод намудани таклифҳо оид ба беҳтар намудани ҷамъоварии     маблағҳои воридшаванда ба Фонди роҳ;

-  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани таклифҳо оид ба масъалаи ҳаҷми маблағҳое, ки ба Фонди роҳ дохил мешаванд;

-  тасдиқ намудани нақшаи сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таъмир, таҷдид, истифодаи техникии роҳҳо, рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли молиявии навбатӣ;

-  баррасии ҳисоботи аудиторӣ дар хусуси мақсаднок истифодаи маблағҳои Фонди роҳ;

- муайян ва мувофиқа намудани сохтор, штат, меъёрҳо ва дигар    нишондиҳандаҳо дар соҳаи роҳу нақлиёт;

- муайян намудани шакл, тартиб ва интишори ҳисобот оид ба истифодаи маблағҳои Фонди роҳ;

- назорат оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳои Фонди роҳ;

- баррасӣ ва тасдиқ намудани ҳисоботи Фонди роҳ дар бораи иҷрои  сметаҳои хароҷотии Фонди роҳ;

-  баррасии дигар масъалаҳое, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд.

 

  1. Шӯрои Фонди роҳ дар доираи ваколатҳои худ ҳуқуқ дорад:

- бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавод ва иттилооти барои иҷрои салоҳияти Шӯрои Фонди роҳ заруриро аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дархост намояд;

- барои иштирок дар кори Шӯрои Фонди роҳ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро даъват намояд;

- барои амалӣ намудани салоҳияти Шӯрои Фонди роҳ гурӯҳ ва комиссияҳои кории байни идорави таъсис диҳад ё коршиносони мустақилро ҷалб намояд;

-  амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигар, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд.

  1. Уҳдадориҳои Шӯрои Фонди роҳ:

- ҳамоҳангсозӣ ва мониторинги раванди амалисозии фаъолият оид ба маблағгузории хароҷот барои сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таъмир, таҷдид, харидории техника ва таҷҳизоти роҳдорӣ, истифодаи техникии роҳҳо, рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҷамъоварӣ, ҷамъбаст ва таҳлили пешниҳоду дархости вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳои дигар оид ба маблағгузории хароҷот барои сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таъмир, таҷдид, харидории техника ва таҷҳизоти роҳдорӣ, истифодаи техникии роҳҳо, рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- тасдиқи нақшаи кори ҳарсолаи Шӯрои Фонди роҳ;

- пешниҳоди ҳисобот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисгон дар бораи натиҷаҳои фаъолияти Шӯрои Фонди роҳ дар самти маблағгузории хароҷот барои сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таъмир, таҷдид, истифодаи техникии роҳҳо, рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Ба ҳайати Шӯрои Фонди роҳ раис, муовини раис ва аъзои Шӯро аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ аз рӯи мансаб дохил мегарданд.
  2. Раиси Шӯрои Фонди роҳ:

- фаъолияти Шӯрои Фонди роҳро ҳамоҳанг месозад;

- ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳро даъват мекунад ва мегузаронад;

- протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ ва ҳуҷҷатҳои дигари заруриро барои иҷро имзо мекунад;

- бо тартиби муқарраргардида аз вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар мавод ва иттилооти заруриро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти Шӯрои Фонди роҳ мансубанд, дархост мекунад;

- ҷиҳати иҷрои қарорҳои Шӯрои Фонди роҳ ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар пешниҳоду дархост медиҳад;

- ҳисоботи аъзои Шӯрои Фонди роҳро қабул менамояд;

- ваколатҳои дигари ба фаъолияти Шӯрои Фонди роҳ дахлдоштаро амалӣ менамояд.

  1. Муовини раиси Шӯрои Фонди роҳ:

- уҳдадориҳои раиси Шӯрои Фонди роҳро дар вақти набудани ӯ иҷро менамояд;

- супоришҳои дигари раиси Шӯрои Фонди роҳро иҷро мекунад.

  1. Котиби Шӯрои Фонди роҳ:

- коргузории Шӯрои Фонди роҳро таъмин менамояд;

- муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои дигари ба Шӯрои Фонди роҳ воридшударо омода ва ҷамъбаст карда, ба раиси Шӯрои Фонди роҳ пешниҳод менамояд;

- ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба масъалаҳои баррасишаванда таҳия карда, лоиҳаи протоколҳоро ба раис ва аъзои Шӯрои Фонди роҳ пешниҳод менамояд;

- протоколҳои ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳро омода сохта, пас аз тасдиқ ҷиҳати амалӣ гардидани онҳо тадбирҳо меандешанд, барои иҷро онҳоро ба вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар пешниҳод менамояд;

- супоришҳои раиси Шӯрои Фонди роҳ ва вазифаҳои дигарро вобаста ба фаъолияти Шӯрои Фонди роҳ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро менамояд.

  1. Аъзои Шӯрои Фонди роҳ:

- дар ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ иштирок менамоянд;

- таклифҳои мушаххасро барои ворид намудан ба нақшаи кор ва рӯзномаи ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ манзур менамоянд;

- мавод ва лоиҳаҳои қарорҳоро ба ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ омода менамоянд;

- дар бораи кори анҷомдодаи вазорату идораҳо ё ташкилотҳое, ки онҳоро намояндагӣ мекунанд, ҳисобот пешниҳод менамоянд;

- бо дархости раиси Шӯрои Фонди роҳ ё муовини ӯ иттилооти заруриро пешниҳод мекунанд.

  1. Шакли фаъолияти Шӯро Фонди роҳ ҷаласаҳои он мебошад, ки дар як сол на камтар аз чор маротиба гузаронида мешаванд.
  2. Дар мавриди зарурат метавонанд ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои Фонди роҳ доир гарданд. Ҷаласаҳои ғайринавбатии Шӯрои Фонди роҳ метавонанд дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё бо ташаббуси Раиси Шӯро гузаронида шаванд.
  3. Баргузории ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ дар мавриди зарурат дар мувофиқа бо ҳайати Шӯрои Фонди роҳ бо истифода аз низоми видеоконференсия иҷозат дода мешавад.
  4. Рӯзномаи ҷаласа ва маводи баррасишаванда ба аъзои Шӯрои Фонди роҳ на дертар аз се рӯз пеш аз оғози ҷаласа дастрас карда мешаванд.
  5. Раисӣ дар ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ аз ҷониби раиси Шӯрои Фонди роҳ анҷом дода мешавад ва дар сурати ҳузур надоштани ӯ, раисӣ аз ҷониби муовини раиси Шӯрои Фонди роҳ анҷом дода мешавад.
  6. Ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар онҳо аз нисф зиёди аъзои он иштирок дошта бошанд.
  7. Қарорҳои Шӯрои Фонди роҳ бо тариқи овоздиҳии кушода бо аксарияти овозҳои аъзое, ки дар ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ иштирок мекунанд, қабул карда мешаванд.
  8. Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор таклифу пешниҳоди худро оид ба маблағгузории хароҷот барои сохтмон, азнавсозӣ, нигоҳдорӣ, таъмир, таҷдид, истифодаи техникии роҳҳо, рақамикунонии соҳаи роҳдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ва ҷамъбаст ба котиби Шӯрои Фонди роҳ ба таври расмӣ пешниҳод менамоянд.
  9. Қарорҳои Шӯрои Фонди роҳ бо протокол ба расмият дароварда шуда, аз ҷониби раис, аъзо ва котиби Шӯрои Фонди роҳ ба имзо расонида мешаванд. Иҷрои қарори Шурои Фонди роҳ ҳатмӣ мебошад.
  10. Нусхаи протокол ва иттилооти дигари марбут ба фаъолияти Шӯрои Фонди роҳ дар муддати панҷ рӯзи баъди гузаронидани ҷаласа ба маълумоти ҳамаи ҳайати Шӯрои Фонди роҳ ва шахсони дигари манфиатдор расонида мешавад.
  11. Шӯрои Фонди роҳ барои иштирок дар ҷаласаҳои худ дар мавриди зарурат метавонад роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдори дигар, коршиносон ва мушовиронро бе ҳуқуқи овоздиҳӣ даъват намояд.
  12. Протоколҳои аслии ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳ дар котиботи Шӯрои Фонди роҳ нигоҳ дошта мешаванд.

 

  1. КОТИБОТИ ФОНДИ РОҲ

 

  1. Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои котиботи Шӯрои Фонди роҳро иҷро менамояд.
  2. Вазифаҳои котиботи Шӯрои Фонди роҳ:

- ҷаласаҳои навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯрои Фонди роҳро даъват намуда, кори онҳоро ташкил мекунад;

- масъалаҳоеро, ки бояд ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ ва ғайринавбатии Шӯрои Фонди роҳ ворид карда шаванд, мутобиқи таклифҳои пешниҳоднамудаи аъзои Шӯрои Фонди роҳ таҳия намуда, се рӯз пеш аз баргузории ҷаласаи Шӯрои Фонди роҳ ба аъзои Шӯрои Фонди роҳ рӯзномаи ҷаласа ва ҳуҷҷатҳои дигари барои баррасӣ зарурро ирсол менамояд;

- протоколи ҷаласаро тартиб дода, ба ҳамаи аъзои Шӯрои Фонди роҳ ва шахсони дигари манфиатдор нусхаҳои он ва маълумоти дигари марбут ба фаъолияти Шӯрои Фонди роҳро ирсол менамояд;

- дар ҳолати зарурӣ барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Фонди роҳ шахсони дигарро тибиқ тартиби муқарраргардида даъват менамояд;

- протоколҳои аслии ҷаласаҳои Шӯрои Фонди роҳро нигоҳ медорад.

  1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои котиботи Шӯрои Фонди роҳ дар мувофиқа бо Раиси Шӯрои Фонди роҳ амалӣ карда мешавад.
  2. Котиби масъули Шӯрои Фонди роҳ дар як вақт роҳбари котиботи Фонди роҳ мебошад.

 

  1. ҲИСОБОТ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ФОНДИ РОҲ

 

  1. Фонди роҳ ҳар семоҳа ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фаъолияти худ тибқи тартиби муқарраградида ҳисобот пешниҳод менамояд.
  2. Баҳисобгирии муҳосбӣ ва ҳисоботи молиявӣ дар Фонди роҳ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
  3. Котиботи Фонди роҳ маълумот оид ба фаъолияти Фонди роҳро ҳамасола то 1 март дар васоити ахбори омма нашр мекунад.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

  1. Назорати фаъолияти Фонди роҳ оид ба истифодаи мақсадноки маблағҳо тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 

 

 

 

Замима

ба Тартиби

ташаккулдиҳӣ ва истифодаи Фонди роҳи

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳайати

Шӯрои Фонди роҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Раиси Шӯро;

муовини якуми Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон - муовини Раиси Шӯро;

сардори раёсати таҳлил ва дурнамои иқтисодии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон – котиби Шӯрои Фонди роҳ.

 

Аъзои Шӯро:

 

муовини Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

муовини Раиси Палатаи ҳисоб;

раиси Иттифоқи касабаи соҳаи роҳу нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

намояндаи иттиҳодияҳои ҷамъиятии соҳаи нақлиёти мусофир ва бор кашонӣ (дар мувофиқа).

 

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Проект

 ПОСТАНОВЛЕНИЯ

Правительства Республики Таджикистан

О порядке формирования и использования дорожного Фонда Республики Таджикистан

 В соответствии со статьей 33 Закона Республики Таджикистан “О дорожном движении”  и  в  целях  финансирования  ремонта  и  обслуживания сети  дорог  общего  пользования  Правительство  Республики  Таджикистан  п о с т а н о в л я е т:

  1. Утвердить порядок формирования и использования дорожного Фонда Республики Таджикистан (прилагается).
  2. Министерству финансов Республики Таджикистан при формировании государственного бюджета на последующие годы включить дорожный Фонд в рамках основных экономических показателей в качестве отдельной статьи в государственный бюджет, а также открыть специальный счет для осуществления деятельности дорожного Фонда, направить на этот счет все источники доходов дорожного Фонда согласно прилагаемого порядка.
  3. Сбор доходов дорожного Фонда осуществить с 1 июля 2024 года, а его полную деятельность начать с 1 января 2025 года.
  4. Министерствам, ведомствам, банкам и исполнительным органам государственной власти необходимо принять необходимые меры для выполнения данного постановления и обеспечить своевременную реализацию.
  5. Министерству транспорта Республики Таджикистан совместно с Министерством финансов Республики Таджикистан и Государственным комитетом по инвестициям и управлению государственным имуществом Республики Таджикистан принять меры по привлечению средств в дорожный Фонд Республики Таджикистан.

 

 

Председатель

Правительства Республики Таджикистан

 

 

 

Приложение 1

Утверждено постановлением

Правительства Республики Таджикистан

от «___»________2024г. №_____

 

Порядок формирования и использования дорожного Фонда

Республики Таджикистан

 

  1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
  2. Порядок формирования и использования дорожного Фонда Республики Таджикистан (далее - дорожный Фонд) устанавливает и определяет правовые и экономические основы деятельности дорожного Фонда с целью рационального и эффективного использования поступающих средств, предусмотренных законодательством, а также и устанавливает порядок взаимодействия созданных органов управления в сфере распределения средств, поступающих в фонд.
  3. Дорожный Фонд создается при Министерстве транспорта Республики Таджикистан, и средства дорожного Фонда используются целенаправленно только на строительство, ремонт и содержание автомобильных дорог общего пользования, приобретение техники и оборудования, обеспечение безопасности дорожного движения, обучения специалистов, цифровизации транспортной отрасли и другие расходы.
  4. В целях формирования дорожного Фонда в Министерстве финансов Республики Таджикистан создается отдельный счет.
  5. Использование дорожного Фонда осуществляется в соответствии с настоящим Порядком, решениями уполномоченного органа в области дорог и транспорта и по согласованию с Советом дорожного Фонда.
  6. Средства, поступающие на счет Дорожного фонда, используются только для ремонта и обслуживания дорог общего пользования согласно данного порядка.

 

  1. ИСТОЧНИКИ ФОРМИРОВАНИЯ СРЕДСТВ ДОРОЖНОГО ФОНДА
  2. Дорожный Фонд формируется за счет бюджетных и внебюджетных источников, не запрещенных законодательством.
  3. Общий объем финансирования дорожного фонда ежегодно устанавливается Законом Республики Таджикистан «О государственном бюджете Республики Таджикистан» на очередной финансовый год за счет:

- платежей на содержание и эксплуатацию автомобильных дорог (эта сумма вычитается из общих доходов организаций, предприятий, обществ, компаний и т. д. в размере 1%, за исключением бюджетных учреждений);

- платежей за выдачу всех лицензий на осуществление деятельности в сфере дорожного строительства и транспорта;

- платежей за выдачу специального разрешения на перевозку тяжелых грузов и превышающие размеры грузов с автотранспортом;

- суммы штрафов за перегруз автотранспортными средствами (до 3 тонн 80 показателей, до 5 тонн 120 показателей, до 10 тонн 250 показателей и более 10 тонн 500 показателей);

-  суммы штрафов за нарушение требований нормативных правовых актов в области дорожного движения и транспорта, в том числе правил дорожного движения и автомобильного транспорта;

- сумма путевых листов, формы разрешения на международные двухсторонние и транзитные перевозки;

- ежегодных выплата в размере от 3 до 20 показателей при проведении технического осмотра транспортных средств для содержания автомобильных дорог;

- платежей от иностранных транспортных средств за использование автомобильных дорог республики;

- от транспортных компаний, осуществляющие перевозки пассажиров: такси на сумму 10 сомони, микроавтобусы на сумму 5 сомони и автобусы на сумму 2 сомони за каждое место в месяц;

- сдача в аренду земельных участков, расположенных вдоль дорог и обочин дорог общего пользования, входящих в баланс дорог за исключением дорог действующих на основе концессионных соглашений;

- доходы от депозитов дорожного Фонда (только в государственных банках);

- внедряемые государственные толлинговые системы;

- финансирование международных финансовых организаций в установленном порядке;

- целевые средства из республиканского и местного бюджета;

- добровольная сумма физических и юридических лиц;

- из других источников, не запрещённых законодательством Республики Таджикистан.

  1. Доходы дорожного Фонда освобождены от налогов и обязательных платежей.

 

  1. НАПРАВЛЕНИЯ ЦЕЛЕВОГО ИСПОЛЬЗОВАНИЯ СРЕДСТВ ДОРОЖНОГО ФОНДА
  2. Дорожный фонд в рамках выделяемых средств используется на следующие цели:

- строительство, реконструкция, ремонт и обслуживание автомобильных дорог общего пользования и их сооружений;

- подготовка проектной документации, проведение технической экспертизы, закупка запасных частей, приобретение техники и оборудования, строительство и восстановление лабораторий и оснащение лабораторий в соответствии с современными требованиями, приобретение современных приборов для оценки качества строительных, ремонтных и обслуживающих работ;

- проведение инвентаризации автомобильных дорог и их сооружений, проведение кадастра земельных участков и регистрация владельцев автомобильных дорог, автоматизация режимов, обеспечение системы управления активами автомобильных дорог, системы расчета интенсивности движения на дорогах, систематизация сведений о стихийных бедствиях, цифровизация сферы дорог и транспорта;

- реализация плана мероприятия по повышению безопасности дорожного движения, ликвидации последствий стихийных бедствий на дорогах общего пользования;

- укрепление баз региональных ведомств и учреждений обслуживания, подготовка специалистов сферы, создание условий труда, повышение удобства работников, поощрение работников и механизаторов;

- разработка и публикация служебной литературы, книг, инструкций, нормативно-технической документации, стандартов, информационных бюллетеней и инструкций, продукции бланков, необходимой для обеспечения производственной и хозяйственной деятельности уполномоченного органа в сфере транспорта Республики Таджикистан;

- научно-технические исследовательские работы в области дорожного строительства;

- проведение других мероприятий, связанных с дорожной деятельностью и не противоречащих законодательству Республики Таджикистан.

 

  1. УПРАВЛЕНИЕ ФОНДАМИ ДОРОЖНОГО ФОНДА
  2. Средства дорожного Фонда управляются Советом дорожного Фонда.
  3. Использование средств дорожного Фонда осуществляется в соответствии со сметой доходов и расходов средств дорожного Фонда, ежегодно утверждаемой Советом дорожного Фонда.
  4. Смета доходов и расходов средств дорожного Фонда составляется на основе прогнозируемого прогноза поступления средств на следующий финансовый год и необходимости их расходования по направлениям, установленным настоящим Порядком.
  5. После утверждения бюджета дорожного Фонда Советом дорожного Фонда и Министерством транспорта Республики Таджикистан в срок не более 10 дней информирует основных распорядителей, распорядителей и получателей бюджетных средств Дорожного фонда о предусмотренных средствах. Министерство транспорта Республики Таджикистан в пределах утвержденных средств разрабатывает и утверждает смету расходов каждого учреждения и в срок не более 30 дней после утверждения бюджета дорожного фонда представляет их в Министерство финансов Республики Таджикистан для ознакомления.
  6. Порядок разработки и утверждения сметы расходов в пределах средств дорожного фонда устанавливается Министерством транспорта Республики Таджикистан.
  7. ОРГАН УПРАВЛЕНИЯ ДОРОЖНЫМ ФОНДОМ
  8. Органом управления дорожным Фондом является Совет дорожного Фонда Республики Таджикистан (далее – Совет дорожного Фонда), который создается в составе 9 (девяти) человек.
  9. Полномочия Совета:

- рассмотрение, определение и утверждение основных направлений и приоритетов деятельности дорожного фонда;

- определение долгосрочных и текущих задач деятельности дорожного Фонда;

- утверждения прогноза доходов фондов дорожного Фонда;

- утверждение сметы доходов и расходов средств дорожного Фонда и внесение в него изменений и дополнений;

- распределение средств дорожного Фонда на строительство, реконструкцию, техническое обслуживание, ремонт, приобретение техники и дорожного оборудования, техническое использование дорог, қифровизацию дорожной сферы и другие предусмотренные расходы;

- утверждения объема финансирования на текущий год и прогнозируемых показателей на последующие финансовые годы;

- внесение предложений по улучшению сбора поступающих средств в дорожный фонд;

- представление в Правительство Республики Таджикистан предложений по вопросам объема средств, входящих в дорожный фонд;

- утверждение плана строительства, реконструкции, технического обслуживания, ремонта, технического использования дорог, оцифровки дорожной сферы в Республике Таджикистан на очередной финансовый год;

- рассмотрение аудиторского отчета о целевом использовании средств дорожного Фонда;

- определение и согласование структуры, состояния, норм и других показателей в области дорог и транспорта;

- определение форм, порядка и опубликования отчета об использовании средств дорожного Фонда;

- контроль за целевым использованием средств дорожного Фонда;

- рассмотрение и утверждение отчета дорожного фонда об исполнении смет расходов дорожного Фонда;

- рассмотрение других вопросов, установленных нормативно- правовыми актами.

  1. Совет дорожного фонда в пределах своих полномочий имеет право:

- запрашивать в порядке, установленном нормативно-правовыми актами, материалы и информацию, у министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и других организаций необходимые для исполнения полномочий Совета дорожного Фонда;

- приглашать представителей исполнительных органов государственной власти, общественных объединений, организаций, представителей международных организаций, частного сектора и гражданского общества для участия в работе Совета дорожного Фонда;

- создать группу и рабочие межведомственные комиссии или привлечь независимых экспертов для осуществления компетенций Совета дорожного Фонда;

- осуществление иных прав, установленных нормативно-правовыми актами.

  1. Обязательства Совета дорожного фонда:

- координация и мониторинг процесса осуществления деятельности по финансированию расходов на строительство, реконструкцию, техническое обслуживание, ремонт, приобретение техники и дорожного оборудования, техническое использование дорог, оцифровку дорожной сферы в Республике Таджикистан;

- сбор, обобщение, анализ предложений и запросов министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, других организаций по финансированию расходов на строительство, реконструкцию, техническое обслуживание, ремонт, приобретение техники и дорожного оборудования, техническое использование дорог, оцифровку дорожной сферы в Республике Таджикистан;

- утверждение годового плана работы Совета дорожного Фонда;

- представление отчета в Правительство Республики Таджикистан о результатах деятельности Совета дорожного Фонда в направлении финансирования расходов на строительство, реконструкцию, техническое обслуживание, ремонт, техническое использование дорог, оцифровку дорожной сферы в Республике Таджикистан.

  1. В состав Совета дорожного Фонда входят председатель, заместитель председателя и членов Совета состоящих из представителей министерств и государственных ведомств по должности.
  2. Председатель Совета дорожного Фонда:

- координирует деятельность Совета дорожного Фонда;

- созывает и проводит заседания Совета дорожного Фонда;

- подписывает протоколы заседаний Совета дорожного Фонда и другие необходимые документы для исполнения;

- запрашивает в установленном порядке у министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти и других организаций необходимые материалы и информацию по вопросам, относящимся к компетенции совета дорожного Фонда;

- для выполнения решений Совета дорожного фонда даёт предложения и запросы министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти и другим организациям;

- принимает отчеты членов Совета дорожного фонда;

- осуществляет иные полномочия, относящиеся к деятельности Совета дорожного фонда.

  1. Заместитель председателя Совета дорожного фонда:

- выполняет обязанности председателя Совета дорожного фонда при его отсутствии;

- выполняет другие поручения Председателя Совета дорожного фонда.

  1. Секретарь Совета дорожного фонда:

- обеспечивает делопроизводства Совета дорожного фонда;

- готовит и обобщает обращения и другие документы, поступившие в Совет дорожного фонда, представляет председателю Совета дорожного фонда;

- составляет необходимые документы по рассматриваемым вопросам и представляет проект протоколов председателю и членам Совета дорожного фонда;

- составляет протоколы заседаний Совета дорожного фонда, после утверждения принимает меры по их осуществлению, представляет их для исполнения министерствам и ведомствам, местным исполнительным органам государственной власти и другим организациям;

- выполняет поручения Председателя Совета дорожного фонда и другие задачи, связанные с деятельностью Совета дорожного фонда в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

  1. Члены Совета дорожного фонда:

- участвуют на заседаниях Совета дорожного фонда;

- представляют конкретные предложения по включению в план работы и повестку дня заседаний Совета дорожного фонда;

- готовят материалы и проекты решений к заседаниям Совета дорожного фонда;

- предоставляют отчеты о проделанной работе министерств, ведомств или организаций, которые они представляют;

- предоставляют необходимую информация по запросу председателя совета дорожного фонда или его заместителя.

  1. Формой деятельности Совета дорожного фонда является его заседания, которые проводятся не менее четырех раз в год.
  2. При необходимости могут проводиться внеочередные заседания Совета дорожного фонда. Внеочередные заседания Совета дорожного фонда могут проводиться по поручению Правительства Республики Таджикистан или по инициативе Председателя Совета.
  3. По мере необходимости допускается проведение заседаний совета дорожного Фонда с использованием системы видеоконференций по согласованию с составом совета дорожного фонда.
  4. Повестка заседания и обсуждаемые материалы должны быть предоставлены членам Совета дорожного фонда не позднее, чем за три дня до начала заседания.
  5. Заседания Совета Дорожного фонда ведет председатель Совета Дорожного фонда, а в его отсутствие председательство осуществляет заместитель председателя Совета Дорожного фонда.
  6. Заседания правления Дорожного фонда считаются правомочными, если в них присутствует более половины его членов.
  7. Решения совета дорожного Фонда принимаются путем открытого голосования большинством голосов членов, участвующих на заседаниях совета дорожного фонда.
  8. Министерства и ведомства, местные исполнительные органы государственной власти и другие соответствующие организации официально представляют свои предложения по финансированию расходов на строительство, реконструкцию, техническое обслуживание, ремонт, техническое использование дорог, оцифровку дорожной сферы в Республике Таджикистан для рассмотрения и обобщения секретарю Совета дорожного фонда.
  9. Решения совета дорожного фонда оформляются протоколом и подписываются председателем, членами и секретарем Совета дорожного Фонда. Выполнение решения Совета дорожного фонда является обязательным.
  10. Копии протокола и иная информация, относящейся к деятельности Совета дорожного фонда, предоставляется до сведения всех членов Совета дорожного фонда и других заинтересованных лиц в течение пяти дней после проведения заседания.
  11. Совет дорожного фонда может приглашать для участия в своих заседаниях по мере необходимости руководителей министерств и ведомств, местных исполнительных органов государственной власти, организаций, других должностных лиц, экспертов и консультантов без права голоса.
  12. Подлинники протоколов заседаний Совета дорожного фонда хранятся в секретариате Совета дорожного фонда.

 

  1. СЕКРЕТАРИАТ ДОРОЖНОГО ФОНДА
  2. Министерство транспорта Республики Таджикистан выполняет функции секретариата Совета дорожного фонда.
  3. Обязанности секретариата Совета дорожного фонда:

- созывает очередные и внеочередные заседания Совета дорожного фонда и организует их работу;

- подготавливает вопросы, подлежащие включению в повестку дня очередного и внеочередного заседания Совета Дорожного фонда, в соответствии с предложениями, внесенными членами Совета Дорожного фонда, и направляет повестку дня заседания и другие документы, необходимые для рассмотрения членам Совета Дорожного фонда за три дня до даты проведения заседания Совета Дорожного фонда;

- составляет протокол заседания и направляет всем членам Совета дорожного фонда и другим заинтересованным лицам его копии и другую информацию, относящуюся к деятельности Совета дорожного фонда;

- при необходимости приглашает к участию в заседании Совета Дорожного фонда иных лиц в установленном порядке;

- хранят подлинники протоколов заседаний Совета дорожного фонда.

  1. Права и обязанности секретариата Совета дорожного фонда осуществляются по согласованию с председателем Совета дорожного фонда.
  2. Ответственный секретарь Совета дорожного фонда одновременно является руководителем секретариата дорожного фонда.

 

  1. ОТЧЕТНОСТЬ О ДЕЯТЕЛЬНОСТИ ДОРОЖНОГО ФОНДА
  2. Дорожный фонд ежеквартально представляет Правительству Республики Таджикистан и Министерству финансов Республики Таджикистан отчет о своей деятельности в установленном порядке.
  3. Бухгалтерский учет и финансовая отчетность в дорожном фонде осуществляется в соответствии с нормативными правовыми актами.
  4. Секретариат дорожного фонда ежегодно до 1 марта публикует в средствах массовой информации информацию о деятельности дорожного фонда.
  5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

  1. Контроль за деятельностью дорожного фонда по целевому использованию средств осуществляется в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
  2. Физические и юридические лица несут ответственность за несоблюдение требований настоящего Порядка в соответствии с действующим законодательством Республики Таджикистан.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

                                                                  

 

                                   Приложение к

                                                                 Порядку формирования и

                                                                  использования дорожного                          

                                                                            Фонда Республики Таджикистан

 

Состав Совета дорожного Фонда

Министр транспорта Республики Таджикистан – Председатель Совета;

Первый заместитель министра транспорта Республики Таджикистан – заместитель председателя Совета;

Начальник Управления анализа и экономического прогнозирования Министерства транспорта Республики Таджикистан – секретарь Совета Дорожного фонда.

 

Члены Совета дорожного фонда

заместитель министра юстиции Республики Таджикистан;

заместитель министра экономического развития и торговли Республики Таджикистан;

заместитель министра финансов Республики Таджикистан;

заместитель председателя Государственного комитета по

инвестициям и управлению имуществом Таджикистана;

заместитель Председателя Счетной палаты Республики Таджикистан;

председатель профсоюза дорожно-транспортного комплекса Республики Таджикистан;

представитель общественного объединения сферы пассажирских и грузовых перевозок (на рассмотрении).

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00051-HI-.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00051-TTT-Untitled.FR11.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 03.06.2024
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 03.07.2024
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ 03.06.2024
Санаи ворид 04.01.2023
Админ 0