|
|
Бо Қарори Раёсати
Бонки миллии Тоҷикистон №131 аз “29” cентябри с.2017
тасдиқ шудааст
|
Дастурамали №229
“Дар бораи тартиби пешниҳод намудани
шакли ҳисоботи омории № 1-А
“Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар
пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”“
Дастурамали №229 “Дар бораи тартиби пешниҳод намудани шакли ҳисоботи омории №1-А “Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”“ (минбаъд - Дастурамал) мутобиқи моддаҳои 42 ва 86 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” таҳия шуда, тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ пешниҳод кардани ҳисобот оид ба андозҳои ҳисобшуда ва пардохтшуда ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро муайян менамояд.
БОБИ 1. ШАКЛ ВА МУҲЛАТИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
- Шакли ҳисоботи омории №1-А “Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет” (минбаъд-ҳисоботи омории №1-А) ба Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд– БМТ) тариқи портали иттилоотии “Равзанаи ягона” дар реҷаи вақти воқеӣ (он-лайн) бо истифодаи имзои электронии рақамии (минбаъд– ИЭР) роҳбари ташкилоти қарзӣ ё шахси ваколатдор, ҳар моҳ на дертар аз таърихи 15-уми баъди давраи ҳисоботӣ пешниҳод карда мешавад.
- Дар шакли ҳисоботи омории №1-А маълумот оид ба бақияи маблағи андозҳо дар аввали давраи ҳисоботӣ (бақияпулӣ-, изофапулӣ+), маблағи ҳисобшуда ва пардохтшудаи андозҳо, инчунин бақия маблағи андозҳо дар охири давраи ҳисоботӣ (бақияпулӣ-, изофапулӣ+) ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, дарҷ карда мешавад. Дар ҳисоботи омории №1-А ҳамаи маълумотҳо бо пули миллӣ нишон дода мешаванд.
- Дар ҳисоботи омории №1-А маълумот дар бораи Рамзи андоз тибқи рамзгузории Замимаи №1 ва Рамзи намуди андоз тибқи рамзгузории Замимаи №2 Дастурамали мазкур дарҷ мегардад.
БОБИ 2. ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ ҲИСОБОТ
- Ҳисоботи омории №1-А дар портали иттилоотии “Равзанаи ягона” дар реҷаи вақти воқеӣ (он-лайн) ҳангоми пайдарпай ворид кардани маълумоти ҳисоботӣ тариқи равзанаҳои интерфейси портал, инчунин тариқи воридоти якдафъаи маълумоти ҳисоботӣ тартиб дода мешавад.
- Маълумоти ҷамъбастӣ барои ҳисоботи омории №1-А бояд пешакӣ дар файли электронии шакли Excel бо назардошти талаботи Дастурамали мазкур таҳия карда шавад.
- Дар маълумоти ҳисоботие, ки ба воситаи портали иттилоотии “Равзанаи ягона” пешниҳод карда мешавад, бояд ИЭР роҳбар ё шахси ваколатдори ташкилоти қарзӣ мавҷуд бошад. Тартиби истифодаи ИЭР дар Замимаи №4 Дастурамали мазкур нишон дода шудааст.
- Дар портали иттилоотии “Равзанаи ягона”, дар зерменюи “Кӯмак” ҳуҷҷати электронии “Роҳнамои истифодабаранда” бо шарҳи муфассал ва тасвири нақшавии қисмҳои вазифавии (равзанаҳои интерфейс) ҳисоботи омории №1-А барои анҷомдиҳии кор дар реҷаи “он-лайн” мавҷуд аст.
- Сохтори файли электронии шакли Excel дар шакли ҳисоботи омории №1-А нишон дода шудааст. Ин файл ба воситаи барномаҳои иловагӣ ё аз тарафи оператор-иҷрокунандаи шакли ҳисоботи омории №1-А “дастӣ” пур карда мешавад.
- Маълумот дар файли электронии шакли Excel бо риояи талаботи Дастурамали мазкур ворид карда мешавад. Дуруст пур намудани ҳисобот аз рӯи шакли нишондодашуда имкон медиҳад, ки маълумот ба БМТ ба воситаи портали иттилоотии “Равзанаи ягона” пешниҳод карда шавад.
- Портали “Равзанаи ягона” имкон медиҳад, ки санҷишҳои иловагии маълумотҳои воридкардашуда дар давраи ҳисоботӣ гузаронида шаванд. Инчунин, ҷадвалҳои санҷиши амалиёти хизматрасонӣ имкон медиҳанд, ки маълумоти пешниҳодшаванда таҳлил карда шуда, хатогиҳо дар вақти ворид кардани маълумоти дахлдор ошкор карда шаванд. Низом дурустии маълумоти воридшавандаро санҷида, дар бораи хатогиҳо хабар дода, таҳрири онҳоро имконпазир мегардонад. Маълумотро чанд маротиба, то лаҳзаи гузоштани ИЭР таҳрир кардан мумкин аст. Баъди гузоштани ИЭР, таҳрири маълумоти ҳисоботӣ танҳо бо иҷозати шахсони ваколатдори БМТ мумкин мебошад.
- Дар ҳолати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба усулҳои таҳияи ҳисоботи омории №1-А, ба иҷрокунандаи ҳисобот маълумоти иловагӣ ва ҳуҷҷатҳо бо шарҳу тавзеҳот аз ҷониби кормандони воҳиди сохтории масъули БМТ пешниҳод мешавад.
- Агар маълумоти шакли ҳисоботи омории №1-А дар файли электронии шакли Excel тариқи почтаи электронӣ ё реҷаи таъхири техникӣ (oф-лайн) пешниҳод гардад, он гоҳ тағйироти ба сохтори файл воридшуда (дигаршавии ҷойи қисмҳо, сутунҳо, ноаёнии сутунҳо ва ғайра) ҳамчун маълумоти ҳисоботии нодуруст пешниҳодшуда дониста мешавад ва ин гуна ҳисобот дар БМТ ҳамчун пешниҳод накардани ҳисобот дар муҳлати талабшуда ба қайд гирифта мешавад.
БОБИ 3. ТАРЗИ ПУР НАМУДАНИ ШАКЛИ ҲИСОБОТ
- Маълумотҳо дар ҳисоботи омории №1-А, ки дар файли электронии шакли Excel таҳия мегардад, аз рӯи Замимаҳои №1,2,3 ва 4 Дастурамали мазкур пур карда мешаванд.
- Дар варақаи унвонии шакли ҳисоботи омории № 1-А дар файли электронии шакли Excel нишон додани санаи ҳисобот ба шакли “рӯз, моҳ, сол”, рамз (код) ва рақами мушаххаси андозсупорандаи ташкилоти қарзӣ зарур мебошад.
- Ҳангоми тариқи почтаи электронӣ ба БМТ пешниҳод намудани шакли ҳисоботии омории №1-А дар файли электронии шакли Excel, бояд дар варақаи унвонӣ ному насаб, рақами телефони иҷрокунандаи он нишон дода шавад.
- Барои рамзбандии (кодгузории) маълумот бояд классификатори рамзҳо (кодҳо), ки дар маълумотномаи Замимаҳои № 1, 2, 3 ва 4 Дастурамали мазкур зикр шудааст, истифода бурда шавад.
Ҷадвали 1. Маълумоти умумӣ дар бораи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
№
|
Ном
|
Мазмун
|
1
|
Рамзи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
|
Мутобиқи Замимаи №1 Дастурамали мазкур гузошта мешавад.
|
2
|
Рамзи намуди андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои дигар ба буҷет
|
Мутобиқи Замимаи №2 Дастурамали мазкур нишон дода мешавад.
|
3
|
Рамзи минтақа
|
РРамзи минтақа мутобиқи Замимаи №3 Дастурамали мазкур нишон дода мешавад.
|
4
|
Бақияпулӣ дар аввали давра (бақияпулӣ-, изофапулӣ +)
|
Маблағҳои андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, фоизҳо ва ҷаримаҳое, ки барои пардохтан ба буҷет ҳисоб карда шуда, дар муҳлати муқарраргардида, аз ҷумла дар муҳлати тағйирдодашуда, пардохт нашудаанд (бақияпулӣ) ё изофа пардохт шудаанд (изофапулӣ).
|
5
|
Маблағҳои ҳисобшуда
|
Маблағҳои андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, фоизҳо ва ҷаримаҳое, ки барои пардохтан ба буҷет дар давраи аз аввали соли ҳисоботӣ то охири моҳи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудаанд.
|
6
|
Маблағҳои пардохтгардида
|
Маблағҳои андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, фоизҳо ва ҷаримаҳое, ки ба буҷет аз аввали соли ҳисоботӣ то охири моҳи ҳисоботӣ пардохт карда шудаанд.
|
7
|
Маблағҳои аз буҷет тарҳшаванда
|
Маблағҳое, ки дар рафти ҳисоббаробаркунӣ аз буҷет тарҳ мешаванд.
|
8
|
Бақияпулӣ дар охири давра (бақияпулӣ-, изофапулӣ +)
|
Маблағҳои андозҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет, фоизҳо ва ҷаримаҳое, ки барои пардохтан ба буҷет ҳисоб карда шуда, дар муҳлати муқарраргардида, аз ҷумла дар муҳлати тағйирдодашуда, пардохт нашудаанд (бақияпулӣ) ё изофа пардохт шудаанд (изофапулӣ).
|
Замимаи №1 ба Дастурамали №229 “Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-А “Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет””
“Рамзи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”
Рамзҳо ҳангоми таҳияи намудани ҳисоботи оморӣ №1-А аз рӯи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзгузорӣ мешаванд.
Гурӯҳбандии андозҳо боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои дигар ба буҷет
|
Рамзҳо
|
Андозҳои умумидавлатӣ
|
1
|
Андозҳои маҳаллӣ
|
2
|
Боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
|
3
|
Замимаи №2 ба Дастурамали №229 “Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-А “Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”“
“Рамзи намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”
Рамзҳо ҳангоми муайян намудани намуди андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет гузошта мешаванд.
Намуди андозҳо, боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои дигар ба буҷет
|
Рамз
|
Андозҳои умумидавлатӣ
|
|
Андоз аз даромад
|
4011010
|
Андоз аз фоида
|
4011020
|
Андоз аз арзиши иловашуда
|
4042000
|
Аксизҳо
|
4050000
|
Андози иҷтимоӣ 25 %
|
4021020 4021040
|
Андози иҷтимоӣ 1 %
|
4021010 4021030
|
Андозҳо барои захираҳои табиӣ
|
4071030
|
Андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард
|
4042030
|
Андоз аз фурӯши нахи пахта ва алюминий аввалия
|
4041000
|
Андозҳои маҳаллӣ
|
|
Андоз аз воситаҳои нақлиёт
|
4071020
|
Андоз аз молу мулки ғайриманқул
|
4031000
|
Боҷҳо, пардохтҳои ҳатмӣ ва пардохтҳои
дигар ба буҷет
|
|
Боҷи давлатӣ
|
4071040
|
Боҷи гумрукӣ
|
4061010
|
Дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет
|
5
|
Дигар пардохтҳо ба буҷет
|
6
|
Замимаи №3 ба Дастурамали №229 “Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-А
“Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”“
Маълумотномаи “Рамзи нуқтаи аҳолинишин”
Рамзҳои нуқтаҳои аҳолинишини Тоҷикистон мутобиқи тартиби қабулшудаи тақсимоти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шудаанд.
Рамз
|
Номгӯи шаҳру ноҳияҳо
|
Рамз
|
Номгӯи шаҳру ноҳияҳо
|
100
|
ш. Душанбе
|
424
|
н. Темурмалик
|
101
|
н. Сино
|
425
|
ш. Норак
|
102
|
н. И.Сомонӣ
|
426
|
н. Бохтар
|
103
|
н. Фирдавсӣ
|
427
|
н. Вахш
|
104
|
н. Шоҳмансур
|
428
|
н. Восеъ
|
205
|
н. Файзобод
|
429
|
н. Ёвон
|
206
|
н. Варзоб
|
430
|
н. Қубодиён
|
207
|
ш. Роғун
|
431
|
н. Ҷ. Балхӣ
|
208
|
н. Рӯдакӣ
|
432
|
н. Кӯлоб
|
209
|
н. Ваҳдат
|
433
|
н. Ҷайҳун
|
210
|
ш. Ҳисор
|
434
|
н. Ҷомӣ
|
211
|
н. Шаҳринав
|
435
|
н. Носири Хусрав
|
212
|
ш. Турсунзода
|
436
|
н. Панҷ
|
313
|
н. Лахш
|
437
|
н. Сарбанд
|
314
|
н. Нуробод
|
438
|
н. Фархор
|
315
|
н. Рашт
|
439
|
н. Ҳамадонӣ
|
316
|
н. Сангвор
|
440
|
н. Хуросон
|
317
|
н. Тоҷикобод
|
441
|
н. Дустӣ
|
418
|
ш. Қурғонтеппа
|
442
|
н. Шаҳритус
|
419
|
н. Данғара
|
543
|
ш. Хуҷанд
|
420
|
н. Муъминобод
|
544
|
н. Шаҳристон
|
421
|
н. Ховалинг
|
545
|
н. Айнӣ
|
422
|
н. Балҷувон
|
546
|
ш. Табошар
|
423
|
н. Шамсиддин Шоҳин
|
547
|
н. Кӯҳистони Мастчоҳ
|
548
|
н. Исфара
|
661
|
ш. Хоруғ
|
549
|
н. Истаравшан
|
662
|
н. Ванҷ
|
550
|
н. Панҷакент
|
663
|
н. Дарвоз
|
551
|
н. Ашт
|
664
|
н. Ишкошим
|
552
|
н. Бобоҷон Гафуров
|
665
|
н. Мурғоб
|
553
|
н. Деваштич
|
666
|
н. Рошқалъа
|
554
|
н. Зафаробод
|
667
|
н. Рушон
|
555
|
ш. Бӯстон
|
668
|
н. Шуғнон
|
556
|
н. Конибодом
|
|
|
557
|
н. Мастчоҳ
|
|
|
558
|
н. Спитамен
|
|
|
559
|
н. Ҷаббор Расулов
|
|
|
560
|
ш. Гулистон
|
|
|
Замимаи №4 ба Дастурамали №229
“Дар бораи пур намудани шакли ҳисоботи омории № 1-А
“Ҳисобот оид ба андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет”“
- Маълумоти умумӣ дар бораи имзои электронии рақамӣ (ИЭР)
Имзои электронӣ (ИЭР)– иттилооте, ки барои аз сохтакорӣ ҳифз намудани ҳуҷҷатҳои электронӣ, муайян кардани шахсе, ки ҳуҷҷатро имзо кардааст, ё барои ҳифзи ҳуҷҷат аз дигаргунсозӣ ва азназаргузаронии шахси сеюм пешбинӣ шудааст.
Ҳуҷҷати электронӣ - ҳуҷҷати электронӣ - маълумоте, ки дар ҳомили мошинӣ сабтшуда аст ва ба талаботи муқаррар кардаи Қонун “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ” мувофиқат мекунад;
Имзои электронии рақамӣ - имзои электронии рақамй – маҷмӯи рамзҳое, ки тавассути имзои электронии рақами ҳосил мешаванд ва қисми таркибии ҳуҷҷати электронй баҳисоб меравад;
Тасдиқномаи воситаҳои имзои электронии рақамӣ - ҳуҷҷат дар ҳомили коғазӣ, ки мувофиқи қоидаҳои сертификатсия ҷиҳати ба талаботи муқарраргардида мутобиқ будани воситаҳои имзои электронии рақамӣ дода шудааст;
Калиди пӯшидаи имзои электронии рақамӣ – пайдарҳамии аломатҳо (рамзҳо), ки ба соҳиби сертификати калиди имзо маълум аст;
Калиди кушодаи имзои электронии рақамӣ – пайдарҳамии рамзҳои имзои электронии рақамӣ, ки ба ҳар истифодабаранда дастрас аст ва барои тасдиқ кардани аслияти имзои электронии рақамӣ дар ҳуҷҷати электронӣ таъин гардидааст;
Шахси имзокунанда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дорои ҳуқуқи имзои электронии рақамӣ мебошад, инчунин ҳуқуқ дорад онро дар ҳуҷҷати электронӣ истифода барад;
Маълумоти электронӣ - пешниҳоди электронии ҳама гуна иттилооте, ки мошинаи электронии ҳисоббарор қабул мекунад.
- Маълумоти умумӣ дар бораи низоми Равзанаи ягона (РЯ)
Портали «Равзанаи ягона» (минбаъд - низоми иттилоотии РЯ) – низоми иттилоотиест, ки соҳиби он БМТ мебошад. БМТ “Равзанаи ягона”-ро ҳамчун як василаи алоқа барои ҳамкорӣ бо Ташкилотҳои қарзӣ (минбаъд -муштари) истифода мебарад. Низоми мазкур барои пешниҳод, коркард, қабул ва аудити ҳисоботҳои оморӣ дар шакли ҳуҷҷатҳои электроние, ки дар реҷаи вақти воқеӣ (он-лайн) ё реҷаи таъхири техникӣ (офф-лайн) бо ИЭР тасдиқ шудаанд, пешбинӣ шудааст. Низоми Равзанаи ягона ду иштирокчӣ дорад: намояндагони ташкилотҳои қарзӣ, ки аз тарафи БМТ ваколатдор шудаанд ва намояндагони ваколатдоркардаи худи ташкилоти қарзӣ.
2.1. Маълумоти умумӣ оид ба ИЭР дар низоми иттилоотии РЯ.
Асоси ин вариантро алгоритми асимметрии криптография ташкил медиҳад. Асимметрияи нақши фиристанда ва гиранда дар ИЭР ду калиди ҳампайвасти электрониро талаб мекунад: калиди пӯшида (калиди имзо) ва кушода (калиди тафтиши имзо).
Низоми ИЭР ду расмиёт дорад:
1) расмиёти имзо
2) расмиёти тафиши имзо.
Дар расмиёти гузоштани имзо калиди пӯшидаи фиристандаи маълумот, дар расмиёти тафтиши имзо бошад калиди кушодаи фиристанда истифода бурда мешавад.
Ҳар гуна маълумоте, ки барои имзо пешниҳод мешавад, ҳэш-функсияи ягонаро ташкил медиҳад, яъне ҳамаи қимати сутунҳои ҳуҷҷати электронӣ соҳиби он мегарданд. Ҳэш-функсияи низоми иттилоотии РЯ ҳар гуна тағйиру дигаргунии маълумоти имзошударо зуд ҳис мекунад. Ин маънои онро дорад, ки низом баъд аз амалиёти ИЭР ба ҳар гуна кӯшиши тағйирдиҳии маълумот зуд вокуниш нишон дода, дар бораи вайрон карда шудани яклухтии маълумоти пешниҳодшуда хабар медиҳад.
Дар сурати иҷозат додани ислоҳи маълумоти имзошуда, низоми иттилоотии РЯ нусхаи аввалаи ҳисоботро барои дохил намудани ислоҳҳо тартиб медиҳад. Ворид кардани ислоҳҳо ба нусхаи аслии аввалаи ҳисобот банд карда мешавад.
Агар ислоҳот маълумотро тағйир надиҳад (яъне ҷустуҷӯ ё иштибоҳ, набудани маълумот, кӯшиши чанд бор ворид намудани маълумот, бозгашт ба гунаи (варианти) аввала, он гоҳ ҳэш - маблағ ба гунаи аввала мувофиқ меояд, вале вақти сохтани имзои электронӣ дар он фарқ мекунад.
Агар гунаи тағйирёфта такрори маълумоти пештар додашуда набошад (яъне ба маълумот тағйирот ворид шуда бошад), он гоҳ ҳеш – рамзи нав ташкил карда мешавад, ки аз гунаи аввала тамоман фарқ дорад.
2.2. Зернизоми идорасозии калидҳои электронӣ. Низоми иттилоотии РЯ бо модули барномавӣ таъмин карда шудааст, ки вазифаи он идорасозии калидҳои электронии имзо ва ҳифзи криптографӣ мебошад. Вазифаҳои зернизоми идоракунии калидҳои электронӣ инҳоянд:
- сохтан, озмудан, ҳисобгирӣ ва тақсим кардани калидҳои электронӣ;
- назорати нигоҳдорӣ ва нобуд кардани калидҳои электронӣ;
- назорати ба кор даровардан ва иваз намудани калидҳои электронӣ;
- пешбурди пойгоҳи маълумоти калидҳои электронӣ;
- назорати ба кор даровардан ва иваз намудани калидҳои электронии имзои рақамӣ.
- Тартиби таъмини дастрасии техникии Муштариён ба
низоми иттилоотии РЯ
3.1. Муштариён уҳдадоранд вобаста ба намуди ҳисоботи пешниҳодшаванда ва рамзи мушаххаси бонкии ( минбаъд - РМБ) додашуда марҳилаҳои фаъолияти худро дар воҳидҳои сохтори дахлдори БМТ ба қайд гиранд.
Муштариёнро шахси ваколатдори воҳиди сохтори дахлдори БМТ ба қайд мегирад. Расмиёти мазкур барои пешбурди расмии пойгоҳи ягонаи Муштариён иҷозат медиҳад.
3.2. Аз ҷониби БМТ барои ҳар як Муштарӣ калиди электронии рақамӣ барои имзои ҳуҷҷатҳои электронӣ сохташуда дода мешавад.
3.3. Иҷозати бақайдгирии истифодабарандагони ваколатдор дар низоми иттилоотии РЯ бояд дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда (шаҳодатномаи шахсӣ, иқтибос, ваколатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои таъсисӣ) сурат гирад. Ҳамаи калидҳои электронӣ ва сертификатҳо дар воҳиди ваколатдоршудаи сохтори дахлдори БМТ тибқи тартиби техникии мубодилаи маълумот байни портал ва БМТ сохта ба қайд гирифта мешаванд.
Тартиби техникӣ.
Аз сервери БМТ маълумоти зерин гирифта мешавад:
- тасдиқномаи калиди кушодаи ИЭР
- рӯйхати сертификатҳои бозхондшуда
Маълумоти номбаршуда аз даст ба низоми иттилоотии РЯ ворид карда мешавад.
Рӯйхати сертификатҳои бозхондшуда давра ба давра нав карда мешавад (ҳар ҳафта ё дар ҳолатҳои зарурӣ).
3.4. БМТ барои дастрасии Муштарӣ ба низоми иттилоотии РЯ иҷозат ва ҳуқуқи идоракунии онро медиҳад. Муштарӣ бояд маъмури низоми иттилоотии РЯ-ро таъин кунад. Маъмур дар навбати худ ваколатҳоро байни кормандони ташкилоти худ тақсим мекунад.
3.5. Ба намояндаи ваколатдори Муштарӣ калиди пӯшидаи электронии ИЭР дар ҳомили муайяни иттилоотии «E-TOKEN» дода мешавад. 3.6. Муштарӣ уҳдадор аст мустақилона таъминоти барномавӣ, дастгирии барномаи хизматрасонии техникиро нав ва дастрасӣ ба низоми иттилоотии РЯ-ро мутобиқи талаботи БМТ таъмин намояд.
3.7. Муштарӣ уҳдадор аст вақти муназзами дастгоҳҳои (сахтафзорҳои) худро, ки дар онҳо таъминоти барномаҳо (минбаъд-ТБ) барои дастрасӣ ба низоми иттилоотии РЯ амал мекунанд, ба вақти ҷории шаҳри Душанбе бо дақиқии то 5 дақиқа мувофиқ кунад, дар ин ҳолат вақти ҷории соати дастгоҳҳои Дастгоҳи марказии БМТ вақти асосӣ ба ҳисоб меравад.
3.8. Барои таҳия ва санҷиши ИЭР-и ҳуҷҷати электронӣ таъминоти барномавӣ, ки нусхаи эталонии он дар БМТ маҳфуз аст, истифода мешавад. 3.9. Муштарӣ уҳдадор аст мустақилона ва аз ҳисоби худ чунин барномаву дастгоҳҳоро таъмин намояд:
- компютери шахсии ба талаботи муосир ҷавобгӯ;
- браузерҳои Opera на пасттар аз версияи 9, Mozilla-Firefox на пасттар аз версияи 9;
- мавҷудияти протоколи TCP/IP, порти кушода 443;
- шабакаи алоқа бо манбаъҳои БМТ, ки суръати интиқоли маълумот дар он на камтар аз 256 кбит/сония (қабул ва фиристодан) мебошад.
- Банд кардани дастрасӣ ба низоми иттилоотии РЯ Муштарӣ
4.1. БМТ ҳуқуқ дорад дастрасӣ ба низоми иттилоотии РЯ –ро дар ин ҳолатҳо банд намояд:
- гузаронидани корҳои танзимӣ;
- иҷро нагардидани (ба таври матлуб иҷро нагардидани) уҳдадориҳои Муштарӣ;
- фаъол набудан дар муддати 6 моҳ.
4.2. БМТ дастрасии Муштариро дар ҳолатҳои зер ҳатман банд мекунад:
- барҳамхӯрии фаъолияти ташкилоти қарзӣ;
- гирифтани огоҳинома дар бораи нобоварӣ ба (компрометатсияи) калиди электронии ИЭР;
- гирифтани аризаи хаттӣ барои бекор кардани логинҳои дастрасии Муштарӣ;
- тамом шудани муҳлати калиди электронии ИЭР.
4.3. Ҳангоми пеш аз муҳлат қатъ шудани ваколатҳои намояндаи ваколатдори худ, ки ба номи вай ИЭР сабт шудааст, Муштарӣ уҳдадор аст дар шакли хаттӣ ба воҳиди сохтории дахлдори БМТ дар бораи бозхонди ваколатнома хабар диҳад, инчунин дар бораи барҳам додани калиди электронии ИЭР ариза пешниҳод намояд. Дар ин ҳолат шахси ваколатдори БМТ сертификатро бозхонд менамояд.
4.4. Дар сурати гузаронидани корҳои танзимӣ дар низоми иттилоотии РЯ, БМТ уҳдадор аст Муштариро на кам аз 3 рӯз пештар дар бораи танаффуси техникии нақшавии кори низоми иттилоотии РЯ ва муҳлати он тариқи низоми иттилоотии РЯ ё бо роҳи ҷойгир намудани маълумот дар сомонаи БМТ дар шабакаи Интернет огоҳ кунад. Дар низоми иттилоотии РЯ мавҷудияти сервери эҳтиётӣ пешбинӣ карда мешавад.
- Тартиби иваз намудани калидҳои электронии ИЭР
5.1. Муҳлати амали калидҳои электронии ИЭР 12 моҳро ташкил медиҳад.
5.2. Муҳлати анҷоми кори ИЭР на кам аз 5 рӯзи корӣ пештар аз санаи анҷом ёфтани муҳлати амали он ба воситаи портал хабар дода мешавад.
5.3. Муштарӣ ҳуқуқ дорад ҳар вақт масъалаи иваз кардани мушаххасоти (атрибутҳои) ИЭР-ро то анҷом ёфтани муҳлати амалии онҳо ба миён гузошта, ба воҳиди сохтории дахлдори БМТ дар ин бора аризаи хаттӣ пешниҳод намояд. Аз ҷумла, Муштарӣ ҳуқуқ дорад барои бекор кардани логини пештараи дастрасӣ ба низом, огоҳинома дар бораи нобоварӣ ба (компрометатсияи) калидҳои электронӣ, дар бораи ҳуҷҷатҳои нави тасдиқкунандаи шахсияти шахси ваколатдор, ваколатнома бо муҳлати нав, бақайдгирии номи истифодабарандаи нав дар низоми ИЭР, санади супурди калидҳои электронии ИЭР ба шахси дигари ваколатдорро талаб намояд.
5.4. Нобоварӣ ба (компрометатсияи) калидҳои электронии пӯшидаи ИЭР – ин бовар накардани он, ки калидҳои электронии пӯшидаи истифодашавандаи ИЭР ба шахсони бегона дастнорасанд. Нобоварӣ ба (компрометатсияи) калидҳои электронии ИЭР инҳо мебошанд:
- гум кардани ҳомили калиди электронӣ;
- гум кардани ҳомили калиди электронӣ ва баъдан пайдо кардани он;
- аз кор озод кардани кормандоне, ки ба иттилооти асосӣ дастрасӣ доранд;
- гум кардани калидҳои электронии сейф, вақте ки дар он ҳомилони иттилооти асосӣ мавҷуд мебошанд;
- дастрасии муваққатии шахсони бегона ба иттилооти асосӣ;
- дигар ҳолатҳое, ки бевосита ё бавосита аз имконияти дастрасии беиҷозати шахсони беваколат ба калидҳои пӯшидаи ИЭР гувоҳӣ медиҳанд.
5.5. Дар ҳолати нобоварӣ ба (компрометатсияи) калидҳои электронии пӯшидаи ИЭР, Муштарӣ уҳдадор аст:
- фавран ба воҳиди сохтории дахлдори БМТ огоҳинома фиристода, дар бораи нобоварӣ ба (компрометатсияи) калидҳои электронии ИЭР хабар диҳад;
- корро дар низоми иттилоотии РЯ қатъ намояд;
- калидҳои электронии аз боварӣ баромадаи ИЭР-ро иваз намояд.
- Тартиби мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ дар низоми иттилоотии РЯ
6.1. Мубодилаи ҳуҷҷатҳои электронӣ байни БМТ ва Муштарӣ тариқи каналҳои шабакаи Интернет сурат мегирад.
6.2. БМТ маълумотро дар шакли ҳуҷҷати электронии бо ИЭР тасдиқшуда шабонарӯзӣ тариқи низоми иттилоотии РЯ аз ҳар як нуқтаи дар Интернет дастрасбуда қабул мекунад.
6.3. Маълумот аз лаҳзае, ки Муштарӣ аз БМТ оид ба бақайдгирии маълумот дар пойгоҳи маълумот (минбаъд - ПМ) хабарнома мегирад, гирифташуда ба ҳисоб меравад. Агар дар кори канали электронии алоқае, ки Муштарӣ истифода мебарад, дар вақти фиристодани маълумот носозӣ ба вуҷуд ояд ва аз БМТ тасдиқнома ворид нашавад, он гоҳ портали РЯ дар бораи қабул наакрдани ҳисобот хабар медиҳад.
- Тартиби баррасии баҳсҳо
7.1. БМТ дар ҳузури комиссия мавҷудияти ҳуҷҷати электронии баҳснокро тафтиш карда, нусхаи онро пешниҳод мекунад.
7.2. Комиссия ИЭР-и ҳуҷҷати электронии пешниҳодшударо ба воситаи калидҳои электронии ИЭР, ки дар вақти фиристодан/гирифтан амал мекунанд, санҷида мебарояд. Агар санҷиш натиҷаи мусбат диҳад ва имзои дар ҳуҷҷат буда ба имзои Муштарӣ мувофиқ ояд, он гоҳ қарор қабул карда мешавад, ки маълумоти мавҷудаи файл ба ҳуҷҷати баҳснок ба фоидаи БМТ мутобиқат мекунад.
- Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотӣ низоми иттилоотии РЯ
8.1. Истифодабарандагони низоми иттилоотӣ ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: истифодабарандагон аз БМТ ва истифодабарандагон аз ташкилот ҳои қарзӣ, ки ба БМТ ҳисобот месупоранд.
Ҷадвали 1. Нақш ва ҳуқуқи дастрасии Муштарӣ ба низом
Нақши истифодабаранда аз ташкилотҳои қарзӣ
|
Амалиёти асосӣ
|
Соҳиби E-TOKEN
|
Аз воҳидҳои ваколатдори БМТ сертификат гирифта, истифодабарандагони ташкилоти худро ташкил менамояд ва ба онҳо барои иҷрои амалиёти муайян ҳуқуқҳои зарурӣ таъин мекунад
|
Аудитори маълумот
|
Азназаргузаронии ҳамаи маълумоте, ки дар ташкилот мавҷуд аст
|
Иҷрокунандаи маълумот
|
Дохил ва ислоҳ намудани маълумот, танҳо ба ҳисоботи дахлдор дастрасӣ доранд
|
Сарпарасти маълумот
|
Додани мақом (статус) аз рӯи натиҷаҳои дохил ва ислоҳ кардани маълумот, ба ҳамаи ҳисоботҳои ба онҳо вобасташуда дастрасӣ доранд.
|
Масъули такмилу таҷдиди маълумот
|
ИЭР ба ҳисоботҳои дахлдор
|
Ҷадвали 2. Нақш ва ҳуқуқи дастрасии БМТ ба низом
Истифодабарандаи БМТ
|
Амалҳои асосӣ
|
Дорандаи E-TOKEN -и маъмурӣ
|
Кор бо маълумотномаҳо, азназаргузаронии шумораи муштариёни портал, маълумотҳои дар низом буда ва ғайра
|
Маъмури сертификатҳо ва калидҳои электронии ИЭР
|
Сохтан ва нобуд кардани калидҳои электронӣ ва сертификатҳои ИЭР барои истифодабарандагони БМТ ва истифодабарандагони ташкилотҳои қарзӣ, зери назорат гирифтани таҷдиди калидҳои электронӣ ва сертификатҳо
|
Дорандаи E- TOKEN-и хидматӣ дар шуъба
|
Ташкили истифодабарандагон барои кормандони воҳиди сохтории дахлдори БМТ ва таъини ҳуқуқҳои онҳо
|
Дорандаи E- TOKEN-и аудиторӣ
|
Ташкили истифодабарандагон барои кормандони воҳиди сохтории дахлдори БМТ. Азназаргузаронии маълумотҳои пешниҳодшуда.
|
Аудитори маълумот
|
Азназаргузаронии маълумотҳои пешниҳодшуда.
|
Сарпарасти ҳисоботҳо
|
Санҷиши маълумоти пешниҳодшуда ва додани мақоми қабул шуд/рад шуд
|
Иҷрокунандаи ҳисоботҳо
|
Иҷрои амалиёт оид ба дохил кардани маълумоти ташкилот ва ислоҳи он
|
8.2. Ҳолати бақайдгирии мустақилонаи аввала барои дорандагони E-TOKEN:
- дорандаи E-TOKEN ба WEB портал https://eo.nbt.tj/aspr/дохил шуда:
- бо тартиби бақайдгирӣ шинос шуда, розӣ будани худро бо шартҳои бақайдгирӣ тасдиқ мекунад;
- дар бораи худ маълумот ворид мекунад, ( Ҷадвали 3);
- низом дурустии маълумоти шахсиро месанҷад, дар сурати рад шудан, сабаби радшавиро дар хабарнома (огоҳинома) нишон медиҳад;
- дар ҳолати дуруст будани маълумоти пешниҳодшуда, истифодабаранда барои таҳияи маълумоти мушаххаскунанда: логин, гузарвожа, тасдиқи гузарвожа, саволи махфӣ ва ҷавоб ба он маълумот ворид мекунад. Гузарвожаро низом қабул мекунад, дар он рақамҳо, ҳарфҳои калону хурд (шояд аломатҳои китобатӣ) дарҷ шудаанд;
- нишонии почтаи электрониро барои тамос дохил мекунад;
- дар нишонии электронии мазкур барои активатсияи логини худ дастур мегирад;
- баъди ин амалиёт истифодабаранда ба саҳифаи https://eo.nbt.tj/aspr/ ворид шуда, бо мақсади дастрасӣ ба низом логин ва гузарвожаи худро дохил мекунад;
- дорандаи E-TOKEN уҳдадор мешавад, ки мустақилона мувофиқ ба миқдори зарурии кормандони филиал ва дигар воҳидҳои сохтории худ логинҳо кушода, барои онҳо ҳуқуқҳои дахлдор таъин кунад.
Ҷадвали 3. Маълумоти зарурии ҳангоми бақайдгирии аввалин (намуна).
Номи сутун
|
Тавсиф
|
Минтақа
|
Вилояти Хатлон
|
Шаҳр/нуқтаи аҳолинишин
|
Кӯлоб
|
Насаб
|
Саидов
|
Ном
|
Саид
|
Ташкилоти қарзӣ
|
ТАҚХ “Финка”
|
Нишонии электронии хидматӣ
|
ххх@finca.tj
|
Воҳиди сохторӣ
|
Департаменти қарздиҳӣ
|
Шуъба
|
Ххх
|
Телефони ҷойи кор
|
Ххх
|
Телефони мобилӣ
|
Ххх
|
Вазифа
|
сармуҳосиб
|
Нақш дар низом
|
Масъули такмилу таҷдиди маълумот
|
№ шиноснома
|
Ххх
|
Сурат
|
ххх jpeg
|
Эзоҳ
|
|
- Қоидаҳои дастрасӣ ба низоми иттилоотии РЯ
Пайдарҳамии додани статусҳо:
- Иҷрокунандаи дахлдори ҳисобот маълумоти заруриро дохил мекунад, низоми иттилоотии РЯ дар вақти дохил кардани маълумот мақоми “Мусаввада”-ро мегирад;
- баъди анҷом ёфтани амалиёти дохил кардани маълумот, иҷрокунанда мақоми “санҷишро интизор аст”-ро мегузорад;
- мақоми “санҷишро интизор аст”-ро, ки иҷрокунандаи ҳисобот гузоштааст, метавонад танҳо сарпараст тағйир диҳад. Сарпараст такмил ва таҷдид шудани маълумотро месанҷад ва ҳуқуқ дорад барои иҷрои амалиёти ИЭР статуси “барои имзо дода шуд”-ро диҳад.
- пас аз гузаронидани амалиёти ИЭР маълумотҳо мақоми “Имзо шуд ва ба БМТ фиристода шуд”-ро мегирад. Ин амалиётро низоми иттилоотии РЯ бо таври худкор (автоматӣ) анҷом медиҳад.
- пас аз он ки маълумот мақоми “Имзо шуда ба БМТ фиристода шуд”-ро мегирад, кормандони ташкилотҳо ҳуқуқ надоранд ба маълумоти пешниҳодшуда тағйирот ворид кунанд;
- сарпарасти БМТ амалиёти санҷишӣ мегузаронад ва агар маълумот дуруст бошад, мақоми “Қабул шуд”-ро мегузорад ва агар ворид кардани тағйирот лозим шавад, мақоми “Барои ислоҳ баргардонида шуд”-ро таъин мекунад. Дар ҳолати охир, барои иҷрокунанда низом ба таври худкор нусхаи маълумотро бо рақами тартибӣ ва мақоми “мусаввада” таҳия мекунад. Ба ҳолати аввалаи маълумот статуси “Рад гардид” дода мешавад ва маълумот барои ислоҳи минбаъда дастнорас мегардад.
- Аудитори БМТ ҳуқуқ дорад маълумоти дорои мақоми “Қабул шуд”-ро аз назар гузаронида, мақоми “Аз аудит гузашт”-ро илова кунад.
Ҷадвали 4. Мақоми маълумоти ҳисоботӣ
Номи амалиёт
|
Мақоми ҳисобот
|
Дохил/ислоҳ кардани маълумот аз тарафи иҷрокунанда
|
Мусаввада
|
Сарпараст тайёр аст маълумотро санҷида барояд
|
Санҷишро интизор аст
|
Маълумотро сарпарасти санҷид, он барои имзои шахси масъул тайёр аст
|
Барои имзо дода шуд
|
Маълумот барои ба БМТ пешниҳод шудан тайёр аст
|
Имзо гардида, ба БМТ фиристода шуд
|
Маълумотро сарпарасти БМТ санҷида баромад
|
БМТ қабул кард
|
Маълумоте, ки ба санҷиши такрорӣ зарурат дорад
|
Барои ислоҳ баргардонида шуд
|
Маълумотро аудитори БМТ санҷида баромад
|
Аз аудити БМТ гузашт
|
Маълумот бинобар нодуруст будан рад карда шуд
|
Рад шуд
|