Тартиб оид ба
ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо
Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо (минбаъд – Тартиб) мутобиқи моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» таҳия шуда, тартиби аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ҷалб гардидани агентҳои бонкии пардохтиро барои анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкӣ, талабот ба фаъолияти онҳо ва назорати фаъолияти агентҳои бонкии пардохтиро аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ – фаъолияти ташкилоти
қарзӣ барои анҷом додани амалиётҳои алоҳидаи бонкӣ бо роҳи ҷалб намудани агентҳои бонкии пардохтӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ»;
- шартномаи агентии бонкии пардохтӣ – шартномае, ки байни
ташкилоти қарзӣ ва агенти бонкии пардохтӣ бо мақсади аз номи ташкилоти қарзӣ анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкие, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» муқаррар намудааст, баста шудааст;
- шартномаи субагентии бонкии пардохтӣ - шартномае, ки байни
агенти бонкии пардохтӣ ва субагенти бонкии пардохтӣ бо мақсади аз номи ташкилоти қарзӣ анҷом додани амалиёти алоҳидаи бонкие, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» муаяйн кардааст, баста шудааст;
- муштарӣ – шахси воқеие, ки ба ӯ аз ҷониби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ навъҳои алоҳидаи хизматрасониҳои пардохтӣ аз номи ташкилоти қарзӣ пешниҳод мегардад;
- мушаххаскунии муштарӣ – тартиби гирифтани маълумоти
мушаххаскунанда аз муштарӣ бо роҳи аз ҷониби ӯ пешниҳод намудани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ё мушаххасоти инфиродӣ ва ягонаи дар низоми иттилоотӣ бақайдгирифташуда, ки барои мушаххас кардани муштарӣ имкон медиҳад;
- суратҳисоби махсуси бонкӣ – суратҳисобе, ки аз ҷониби агенти
бонкии пардохтӣ дар ташкилоти қарзӣ барои ба суратҳисобҳои бонкӣ пурра гузаронидани маблағҳои нақди аз шахсони воқеӣ гирифташуда, аз суратҳисоб хориҷ ва ба он ворид кардани маблағҳо кушода шудааст;
- ҳақгузории кафолатнок – маблағҳои пулие, ки таъминоти
ҳисоббаробаркуниҳо аз рӯи пардохтҳо буда, аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ ба суратҳисоби махсуси бонкӣ дар ташкилоти қарзӣ гузаронида шудаанд;
- овердрафт (изофабардошт) - амалиёте, ки дар асоси шартномаи
байни ташкилоти қарзӣ ва агенти бонкии пардохтӣ ҳангоми норасоии муваққатии маблағҳои пулӣ дар бақияи суратҳисоби махсуси бонкии агенти бонкии пардохтӣ ба миён омада, ба агенти бонкии пардохтӣ бо шартҳои муайян барои истифода бурдани маблағҳои пулии ташкилоти қарзӣ имконият медиҳад.
БОБИ 2. ТАЛАБОТ БА ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ ҲАНГОМИ АНҶОМ ДОДАНИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ БОНКИИ ПАРДОХТӢ
- Ташкилоти қарзӣ бояд стратегияи татбиқи фаъолияти агентии бонкии пардохтиро таҳия ва тасдиқ карда, назорати босамари раванди пешниҳоди хизматрасониро тавассути агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ таъмин намояд.
- Барои татбиқи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ба ташкилоти қарзӣ зарур аст:
- санадҳои меъёрии дохилиеро, ки тартиб, шартҳои ҷалб ва
фаъолият кардани агентҳои бонкии пардохтӣ, аз он ҷумла қоидаҳои пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтиро тавассути агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ муайян менамоянд, таҳия ва тасдиқ намояд;
- ба сиёсати амнияти иттилоотӣ ва идорасозии хавфҳо вобаста ба фаъолияти агентҳои бонкии пардохтӣ тағйиру иловаҳо ворид намояд;
- тартиби гузаронидани санҷишҳои мунтазами мониторингӣ ва назоратии фаъолияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро
муқаррар намояд.
- Ташкилоти қарзӣ бояд номгӯи хизматрасониҳои пардохтиро, ки агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» пешниҳод мекунанд, муайян намояд.
- Ташкилоти қарзӣ тарофаҳои хизматрасониҳои пардохтиро, ки агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ пешниҳод мекунад, муқаррар менамояд.
- Ташкилоти қарзӣ бояд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои
бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳн кардани силоҳи қатли ом»-ро дар доираи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ риоя ва иҷро намояд.
- Ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст ҳамаи иттилооти аз агенти бонкии пардохтӣ гирифтаро махфӣ нигоҳ дошта, дар асоси дархост маълумоти заруриро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.
- Ташкилоти қарзӣ ҳангоми ба роҳ мондани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ уҳдадор аст мунтазам амалҳои зеринро анҷом диҳад:
- санҷиши ҳолати (статуси) ҳуқуқии агенти (субагенти) бонкии
пардохтӣ;
- санҷиши суроға ва ё макони ҷойгиршавии агенти (субагенти)
бонкии пардохтӣ;
- санҷиш ҷиҳати бо ташкилоти қарзӣ надоштани робита ва муносибате, ки метавонад садди роҳи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ гардад;
- санҷиши мутобиқати имкониятҳои агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ба талаботи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ.
- Ташкилоти қарзӣ тибқи стратегияи қабулкардаи худ ҷиҳати татбиқи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ метавонад тадбирҳои иловагиеро, ки барои коҳиш додани хавфҳо ҳангоми анҷом додани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ зарур мешуморад, андешад.
- Ҳангоми аз ҷониби ташкилоти қарзӣ дар давоми шаш моҳ риоя накардани меъёрҳои мақбули муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон, анҷом додани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ба ташкилоти қарзӣ манъ карда мешавад.
- Агенти бонкии пардохтӣ барои пешниҳоди хизматрасонии пардохтӣ метавонад бо якчанд ташкилоти қарзӣ шартномаи агентии бонкии пардохтӣ бандад.
- Имкониятҳои агенти бонкии пардохтӣ барои пешниҳоди хизматрасонии якчанд ташкилоти қарзӣ бояд аз тарафи ташкилоти қарзӣ дар рафти баррасии дархости он баҳо дода шавад.
- Ташкилоти қарзӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ бояд қабули маблағҳоро бо таври нақдӣ, аз он ҷумла тангаҳои филизӣ, ва ғайринақдӣ бо истифодаи воситаҳои электронии пардохтӣ таъмин намояд.
БОБИ 3. УСУЛҲОИ БАҲОДИҲӢ ВА ТАРТИБИ ИНТИХОБИ АГЕНТИ БОНКИИ ПАРДОХТӢ АЗ ТАРАФИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ
- Ташкилоти қарзӣ ҳангоми интихоби агенти бонкии пардохтӣ
бояд ҳолатҳои зеринро ба инобат гирад:
- таҳкимии фаъолияти тиҷоратӣ дар давоми 12 (дувоздаҳ) моҳи
охир то лаҳзаи интихоби агенти бонкии пардохтӣ аз ҷониби ташкилоти
қарзӣ;
- қарзгирандаи беэътимод набудани агенти бонкии пардохтӣ дар
назди ягон ташкилоти қарзӣ дар давоми 12 (дувоздаҳ) моҳи охир то таърихи имзо шудани шартномаи агентии бонкии пардохтӣ;
- доштани инфрасохтори дахлдор ва захираҳои кадрӣ барои
пешниҳоди хизматрасонӣ дар доираи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ;
- ҷойгиршавии қулайи макони фаъолияти агенти бонкии пардохтӣ
аз нигоҳи хизматрасонӣ ба муштариён.
- Шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ барои анҷом додани
фаъолият ҳамчун агенти бонкии пардохтӣ ба ташкилоти қарзӣ бояд
ҳуҷҷатҳо ва маълумоти зеринро пешниҳод кунад:
- ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ ё ҳуҷҷати бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ;
- беруннавис аз феҳристи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ё
соҳибкори инфиродӣ;
- тавсифи фаъолияти тиҷоратие, ки шахсони мазкур дар давоми 12
(дувоздаҳ) моҳи охир анҷом додаанд;
- суроғаи ҳуқуқӣ ва воқеии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ,
рақами телефонҳо ва реҷаи корӣ.
- Ташкилоти қарзӣ бояд дурустӣ ва мутобиқати иттилооте, ки аз шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ва ё аз кормандони ба фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ҷалбшудаи он гирифта шудааст, санҷад.
- Ташкилоти қарзӣ дар санадҳои меъёрии дохилии худ бояд талаботи ҳадди ақалро барои расмиёти интихоби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ муқаррар намояд.
- Ташкилоти ғайритиҷоратӣ, муассисаи таълимӣ ё дигар ташкилоте, ки мутобиқи қонунгузорӣ ба он барои анҷом додани фаъолияти тиҷоратӣ иҷозат дода нашудааст, ба фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ҷалб карда намешавад.
- Агар шахси роҳбарикунандаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ барои содир кардани қонуншикании молиявӣ, қаллобӣ ё ҳар гуна дигар қонуншикании молиявӣ доғи судӣ дошта бошад, чунин шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ интихоб шуда наметавонад.
БОБИ 4. ТАЛАБОТ БА МУҲТАВОИ ШАРТНОМАИ АГЕНТИИ/СУБАГЕНТИИ БОНКИИ ПАРДОХТӢ
- Дар шартномаи агентии/субагентии бонкии пардохтӣ бояд маълумоти зерин пешбинӣ карда шавад:
- номгӯи хизматрасониҳои пардохтӣ, ки аз ҷониби агенти
(субагенти) бонкии пардохтӣ пешниҳод мешаванд ва маҳдудиятҳо оид ба
онҳо;
- тарзи пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ, аз ҷумла тавассути воситаҳои электронии пардохтӣ ва дастрасӣ ба онҳо (ба воситаи шабакаи Интернет, хатҳои коммутатсионӣ ва дигар хатҳои муоширатӣ, бо истифодаи алоқаи мобилӣ, компютери фардӣ ва ё дигар таҷҳизот);
- тарофа ва ҳаққи хизмати агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ;
- тартиб, муҳлат ва шакли пешниҳоди ҳисоботи агенти бонкии пардохтӣ ба ташкилоти қарзӣ оид ба амалиётҳои муштариён;
- расмиёти бехатарӣ, аз ҷумла тартиби мушаххаскунии муштарӣ;
- муқаррарот дар бораи масъулияти ташкилоти қарзӣ дар назди муштариён, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилоти қарзӣ ва агенти бонкии пардохтӣ, масъулияти ташкилоти қарзӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ барои иҷро накардан ё ба таври матлуб иҷро накардани уҳдадориҳое, ки ҳангоми анҷом додани хизматрасониҳои пардохтӣ ба вуҷуд меоянд;
- муқаррарот дар бораи чораҳои коҳиш додани хавфҳо, аз ҷумла
маҳдуд кардани амалиётҳои муштариён, идорасозии маблағҳои нақдӣ, бехатарии маҳалли фаъолияти агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ва ғайра;
- муқаррарот дар бораи он, ки ҳамаи иттилоот ё маълумоте, ки
агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ дар доираи фаъолияти агентии
бонкии пардохтӣ ҷамъоварӣ менамояд, моликияти ташкилоти қарзӣ дониста шуда, махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ бояд ҳифзу нигоҳдории ҳамаи қайдҳои дахлдор, маълумотҳо, ҳуҷҷату файлҳоро таъмин намуда, усулҳои таъмини махфияти маълумоти муштариёнро муайян намояд;
- муқаррарот дар бораи он, ки кормандони агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ҳамчун кормандони ташкилоти қарзӣ дониста намешаванд ва ҳуқуқу уҳдадориҳои ин кормандон бояд байни ташкилоти қарзӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ мувофиқа карда шавад;
- тарзҳои ҳалли ихтилофоте, ки ҳангоми аз ҷониби агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ пешниҳод карда шудани хизматрасонии пардохтӣ ба миён меояд;
- рақами телефонҳо барои тамос, нишонӣ ва тартиби коре, ки дар
давоми он агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ метавонад хизматрасонии пардохтӣ пешниҳод намояд.
- Ташкилоти қарзӣ ва агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ
метавонанд дар шартномаи агентии/субагентии бонкии пардохтӣ
иловатан дигар шартҳоро пешбинӣ намоянд.
- Ташкилоти қарзӣ барои ҳамаи амалҳо ё иштибоҳҳои агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ, новобаста аз шартҳое, ки дар шартномаи агентии/субагентии бонкии пардохтӣ пешбинӣ шудаанд, масъулият ба зимма дорад, агар онҳо ба фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ё масъалаҳои марбут ба он дахл дошта бошанд.
- Ҳангоми бастани шартномаи агентии бонкии пардохтӣ ташкилоти қарзӣ ба агенти бонкии пардохтӣ қоида, тартиб ва шартҳои пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтиро пешниҳод мекунад.
- Ҳангоми бастани шартномаи агентии бонкии пардохтӣ ташкилоти қарзӣ андозаи ҳақгузории кафолатнокро, ки таъминоти ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи амалиётҳои агенти бонкии пардохтӣ мебошад, муайян мекунад. Маблағи ҳақгузории кафолатнок аз ҷониби агенти бонкии пардохтӣ ба суратҳисоби махсуси бонкӣ, ки он дар ташкилоти қарзӣ кушодааст, гузаронида мешавад. Бо мувофиқаи байни ташкилоти қарзӣ ва агенти бонкии пардохтӣ суратҳисоби мазкур имкон дорад аз тарафи ташкилоти қарзӣ ба андозаи меъёри (лимити) мувофиқакардаи тарафҳо банд карда шавад. Ҳамчунин, ташкилоти қарзӣ метавонад ба агенти бонкии пардохтӣ дар ҳолати норасоии маблағ дар суратҳисоби махсуси бонкии ӯ барои таъмини ҳисоббаробаркунӣ овердрафт (изофабардошт) пешниҳод намояд.
БОБИ 5. НАШРИ НОМГӮИ АГЕНТҲОИ (СУБАГЕНТҲОИ) БОНКИИ ПАРДОХТӢ ВА НИШОНИИ ОНҲО
- Ташкилоти қарзие, ки бо роҳи ҷалби агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ хизматрасониҳои пардохтиро пешниҳод менамояд, бояд рӯйхати агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро мутобиқи Замимаҳои №1 ва №2 ба Тартиби мазкур пеш барад.
- Ташкилоти қарзӣ бо дархости шахсони воқеӣ уҳдадор аст, ки рӯйхати агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтии худро пешниҳод намояд. Рӯйхати агентҳо (субагентҳо) бояд ба иттилооте, ки ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегардад, мутобиқат намояд.
- Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ наметавонад макони ҷойгиршавиашро дар доираи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ бе огоҳии пешакии ташкилоти қарзӣ иваз намояд, ба дигарон диҳад ё бандад.
- Огоҳинома дар бораи иваз кардан, ба дигарон додан ё бастани макони ҷойгиршавии агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ бояд на дертар аз 30 (сӣ) рӯз пеш аз рӯзи анҷом додани ин амал ба ташкилоти қарзӣ пешниҳод гардад.
БОБИ 6. НАЗОРАТИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ ДАР ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ БОНКИИ ПАРДОХТӢ
- Ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст фаъолияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро назорат намуда, механизмҳои дахлдори аз тарафи онҳо риоя шудани талаботи амалкунандаро таъмин намояд. Ташкилоти қарзӣ бояд зиёд кардани доираи вазифаҳои воҳидҳои аудити дохилӣ ва/ё назорати дохилиро барои баҳо додани хавфҳои ба фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ хосбуда таъмин намояд ва таъминоти кадрии ин воҳидҳоро бо мутахассисони баландихтисос кафолат диҳад. Назорат бояд инҳоро дар бар гирад:
- баҳо додани мутобиқати механизмҳои назорат, ки бо ҷалби
аудиторҳои дохилию берунӣ тавассути гузаронидани аудитҳои мунтазам амалӣ мегардад;
- риоя намудани тартиби ҳифзи махзани маълумот, низомҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ;
- таъмини агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ бо маводи дастурӣ ва ҳуҷҷатҳо оид ба идорасозии хавфҳо ҳангоми пешниҳоди хизматрасонии пардохтӣ;
- санҷиши фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ дар асоси
баҳодиҳии хавфҳо бо мақсади риояи қоидаҳо, муқаррарот ва дастурҳои амалиётӣ;
- ба кормандони воҳидҳои дахлдор омӯхтани ҳамаи равандҳои асосӣ ва малакаҳое, ки ҳангоми амалӣ кардани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ зарур мебошанд.
- Ташкилоти қарзӣ бояд барои ҳамгироии таъминоти барномавии фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ бо низоми асосииӣ автоматишудаи бонкӣ ҷиҳати таъмини равиши идорасозии хавфҳо аз рӯи ҳамаи намудҳои фаъолияти бонкӣ чораҳо андешад.
- Ташкилоти қарзӣ бояд агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро барои дуруст анҷом додани амалиёт ва пешниҳоди хизматрасониҳои мувофиқашудаи пардохтӣ, аз ҷумла, омӯзиши марбут ба дуруст мушаххас кардани муштариён, қоидаҳои хизматрасонӣ ба муштариён ва таъмини махфияти иттилоот омода намояд.
БОБИ 7. МАҲДУДИЯТҲО ДАР ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИ (СУБАГЕНТИ) БОНКИИ ПАРДОХТӢ
- Ба агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ манъ аст:
- анҷом додани ҳама гуна амалиёт ҳангоми набудани алоқа бо
низоми иттилоотии ташкилоти қарзӣ;
- иҷрои амалиётҳое, ки доир ба онҳо додани чеки хазина ё тасдиқномаи амалиёт дар шакли паёмаки электронӣ ғайриимкон аст;
- аз муштарӣ гирифтани маблағи иловагие, ки аз тарофаҳои
муқарраркардаи ташкилоти қарзӣ зиёд мебошад;
- пешниҳоди хизматрасонии пардохтие, ки дар Шартномаи
агентии/субагентии бонкии пардохтӣ пешбинӣ карда нашудааст;
- анҷом додани ҳамагуна амалиёт бо асъор, аз он ҷумла қабули маблағи қарз бо асъори хориҷӣ;
- анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо;
- анҷом додани амалиёт таҳти роҳбарии корманд ё шахси вобастаи ташкилоти қарзӣ;
- дар асоси шартнома ҷалб намудани дигар шахсон барои анҷом додани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ, ба истиснои ҳолатҳои ҷалби субагентҳои бонкии пардохтӣ.
- Ташкилоти қарзӣ аз рӯи хизматрасониҳои пардохтие, ки агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ пешниҳод менамояд, бояд маҳдудият муқаррар намояд. Доираи маҳдудиятҳо метавонанд миқдор ва ҳаҷми амалиёт, инчунин дигар маҳдудиятҳоеро, ки ташкилоти қарзӣ зарур мешуморад, дар бар гиранд.
- Ҳангоми муқаррар намудани маҳдудият бояд ҳаҷми пули нақде, ки агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ҳамлу нақл менамояд, инчунин хавфҳои марбут ба маҳалли ҷойгиршавии агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ҳангоми анҷом додани фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ ба назар гирифта шаванд.
БОБИ 8. ТАЛАБОТИ ҲАДДИ АҚАЛ БА МАҶМӮИ ТАҶҲИЗОТУ БАРНОМАВИИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ ДАР ДОИРАИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ БОНКИИ ПАРДОХТӢ
- Ташкилоти қарзӣ бояд аз технологияҳое истифода барад, ки ба таври фаврӣ анҷом додани пардохтро ба суратҳисоби гирандаи ниҳоии маблағҳои пулӣ кафолат диҳад.
- Ташкилоти қарзӣ бояд кафолат диҳад, ки:
-ҳамаи амалиёт дар доираи фаъолияти агентии бонкии пардохт дар реҷаи мустақим (вақти воқеӣ) иҷро карда мешавад;
- низомҳои иттилоотӣ ва таҷҳизоте, ки агентҳои (субагентҳои)
бонкии пардохтӣ истифода мебаранд, бевосита бо низоми автоматишудаи бонкии ташкилоти қарзӣ пайваст аст;
- ҳар як амалиёти агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ дар низоми автоматишудаи бонкии ташкилоти қарзӣ дарҷ мегардад;
- иттилоот оид ба амалиётҳо тавассути хатҳои алоқаи ҳифзшуда интиқол мешавад;
- тасдиқномаи амалиёти иҷрошуда дар намуди чеки хазина ё дар шакли паёмаки электронӣ дода мешавад;
- дар сурати аз меъёри (лимити) ҳаррӯза зиёд шудан ё аз тарафи агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ иҷро шудани амалиёти беиҷозат, амалиёт ба тарзи автоматӣ рад карда мешавад;
- китоби бақайдгирии амалиётҳо ва ҳолатҳои ғайричашмдошт пеш бурда мешавад;
- ҳамаи маълумот дар бораи амалиётҳое, ки тавассути агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ анҷом дода шудаанд, дар муддати на кам аз 5 (панҷ) сол нигоҳ дошта мешавад.
- Ташкилоти қарзӣ бояд барои коҳиш додани хавфҳое, ки аз ҷорӣ кардан ва истифода бурдани низоми итттилоотӣ ба миён меоянд, чораҳои дахлдор андешад.
- Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ барои дарҷ намудани ҳамаи амалиёт ва транзаксияҳо дар низомҳои иттилоотии ташкилоти қарзӣ, ки ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ истифода мешаванд, масъулият ба зимма дорад. Ташкилоти қарзӣ дар ҳолатҳои аз тарафи агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ иҷро накардани уҳдадориҳои дар банди мазкур зикршуда бояд чораҳо пешбинӣ намояд.
БОБИ 9. ТАЛАБОТ ДОИР БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
- Ташкилоти қарзӣ бояд талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро ба агенти (субагенти) бонкии пардохтии худ омӯзонад ва кафолат диҳад, ки:
- шахсияти муштарӣ ҳангоми иҷрои амалиёте, ки тасдиқи шахсиятро тақозо менамояд, мутобиқи қоидаҳои ба ҳамагон маъмули «муштарии худро бидон», аз ҷумла истифодаи ақаллан ду критерия тасдиқ карда мешавад: санҷида баромадани номи муштарӣ, рақами мушаххаси инфиродӣ (ПИН), гузарвожа, корти пардохтии бонкӣ, коди махфӣ ё хабари махфӣ;
- агенти бонкии пардохтӣ дар бораи ҳама гуна амалиёти шубҳаноке, ки ба вай маълум шудааст, фавран ба ташкилоти қарзӣ барои хабар додан ба мақоми ваколатдор дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумот ирсол менамояд;
- агенти бонкии пардохтӣ фаъолияти худро дар доираи маҳдудиятҳои амалиётие, ки ташкилоти қарзӣ ва ҳамин Тартиб муқаррар кардаанд, анҷом медиҳад.
БОБИ 10. ТАЛАБОТ ОИД БА ҲИМОЯИ ҲУҚУҚҲОИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН
- Ташкилоти қарзӣ бояд дастрасии иттилоотеро, ки ба муштарӣ барои мушаххас кардани агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ имкон медиҳад, таъмин намояд.
- Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ уҳдадор аст ба муштариён доир ба ҳамаи амалиётҳое, ки ба воситаи вай анҷом дода шудаанд, чеки хазина диҳад. Бо розигии муштарӣ иҷозат дода мешавад, ки чеки хазина дар шакли электронӣ дода шавад.
- Ташкилоти қарзӣ бояд хати алоқаро бо рақамҳои телефонииалоҳида (марказҳои тамос) барои қабули арзу шикоятҳои муштариён таъмин намояд. Муштариён метавонанд ин рақамҳои телефониро барои гирифтани иттилоот оид ба агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ, макони ҷойгиршавии он ва салоҳиятнокии фаъолияти агентии бонкии пардохтии вай истифода намоянд.
- Ташкилоти қарзӣ бояд тартиби баррасии шикоятҳоро таъмин намуда, дар ин бора ба муштариёни худ хабар диҳад.
- Ҳама арзу шикоятҳои муштариён бояд мутобиқи тартиб ва муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар давоми на зиёда аз 30 (сӣ) рӯз аз рӯзи муроҷиат ё пешниҳоди шикоятнома ба ташкилоти қарзӣ баррасӣ карда шаванд. Ташкилоти қарзӣ бояд сабтҳоро оид ба ҳамаи арзу шикояти муштариён ва чораҳои андешидааш оид ба ҳалли шикоятҳои мазкур маҳфуз нигоҳ дорад.
- Ташкилоти қарзӣ дар доираи фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ бояд аз низомҳое истифода барад, ки дар онҳо ҳифзу махфияти иттилоот дар бораи муштариён таъмин карда мешавад.
БОБИ 11. ИФШОИ МАЪЛУМОТ БАРОИ МУШТАРИЁН
- Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ уҳдадор аст дар ҳар як ҷойи гузаронидани амалиёт маълумотеро, ки дар қисми 10 моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ» муайян шудааст, инчунин номгӯи хизматрасониҳои пардохтиро дар ҷойи барои муштариён намоён ба маъраз гузорад.
- Агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ уҳдадор аст бо дархости муштарӣ ба ӯ нусхаи шартномаи агентии/субагентии бонкии пардохтро барои шиносоӣ пешниҳод намояд.
БОБИ 12. НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ АГЕНТИИ БОНКИИ ПАРДОХТӢ ВА УҲДАДОРИҲОИ ТАШКИЛОТИ ҚАРЗӢ
- Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи назорати ташкилотҳои қарзӣ фаъолияти агентии бонкии пардохтии ташкилоти қарзӣ, аз ҷумла риоя шудани талаботи Тартиби мазкурро назорат менамояд.
- Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми пайдоиши зарурат ё дар ҷавоб ба дархосту шикоятҳои муштариён метавонад санҷишҳои бозрасӣ ва боздиди макони ҷойгиршавии ҳар як агенти (субагенти) бонкии пардохтиро амалӣ намояд.
- Бонки миллии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани санҷиши бозрасӣ дар маҳалли ҷойгиршавии агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ ҳуқуқ дорад санҷиш гузаронад ва ба низомҳои дохилии итттилоотӣ, ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботҳои марбут ба фаъолияти агентии бонкии пардохтӣ дастрасӣ дошта бошад.
- Ташкилоти қарзӣ ҳар семоҳа на дертар аз санаи 10-уми моҳе, ки баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ меояд, бояд доир ба амалиётҳои гузаронидаи агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ мутобиқи Замимаи №3 Тартиби мазкур ва оид ба ҳодисаҳои/далелҳои қоидавайронкунӣ ё қаллобии агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ ва чораҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф кардани онҳо мутобиқи Замимаи №4 Тартиби мазкур ба Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам ҳисобот пешниҳод намояд.
- Ташкилоти қарзӣ уҳдадор аст бо дархости Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ ва амалиётҳои муштариён бо мақсади арзёбӣ ва мониторинги хизматрасониҳои молиявӣ маълумот пешниҳод намояд.
- Ташкилоти қарзӣ фаъолияти агентҳои (субагентҳои) пардохтии худро назорат карда, барои фаъолияти онҳо мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳн кардани силоҳи қатли ом» масъулият ба зимма дорад.
- Ташкилоти қарзӣ барои мониторинг ва назорат кардани фаъолияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтии худ масъулият ба зимма дорад.
- Ташкилоти қарзӣ бояд самаранокии риоя шудани меъёри (лимити) дар Тартиби мазкур муқарраршударо мониторинг карда, дар доираи талаботҳои санадҳои меъёрии дохилии худ чораҳои назоратиро муайян намояд.
- 56. Ташкилоти қарзӣ оид ба назорат кардани хавфҳои амалиётӣ, аз ҷумла мавҷудияти шартҳо дар шартномаи агентии/субагентии бонкии пардохтӣ, ки масъулияти агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтиро пешбинӣ мекунанд, бояд чораҳо андешад.
- Ташкилоти қарзӣ бо роҳи боздиди макони ҷойгиршавии агенти
(субагенти) бонкии пардохтӣ ҷиҳати мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, дастурамалҳо ва шартномаи агентии/субагентии бонкии пардохтӣ амал кардани агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ бояд чораҳои зарурӣ андешад.
Замимаи №1 ба Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби
онҳо
Номгӯи агентҳои бонкии пардохтӣ
(номи ташкилоти қарзӣ)
Ба « » с. 20
№
|
Номи агенти бонкии
пардохтӣ (АБП)
|
Мушаххасоти шартномаи агентии бонкии
пардохтӣ
(№ ва сана)
|
Шаҳодатномаи
/патенти
бақайдгирии давлатӣ
(№ ва сана)
|
РМА
|
Нишонии
ҳуқуқии АБП
|
Руйхати субагентҳои бонкии пардохтии ҷалбшуда (Номгуй, № ва санаи шартномаи субагентии бонкии
пардохтӣ, нишонӣ)
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
7
|
Роҳбар :_
(вазифа) (имзо) (ному насаб)
Ҷои муҳр
Сана
Замимаи №2 ба Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби
онҳо
Номгӯи субагентҳои бонкии пардохтӣ
(номи агенти бонкии пардохтӣ)
Ба « » с.20
№
|
Номи субагенти бонкии
пардохтӣ (САБП)
|
Номи агенти бонкии
пардохтӣ
|
Мушаххасоти шартномаи субагенти
бонкии пардохтӣ
(№ ва сана)
|
Шаҳодатномаи
/патенти
бақайдгирии давлатӣ
(№ ва сана)
|
РМА
|
Нишонии
ҳуқуқии САБП
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
7
|
Роҳбар :_
(вазифа) (имзо) (ному насаб)
Ҷои муҳр
Сана
Замимаи №3 ба Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби онҳо
Номи ташкилоти қарзӣ
Ҳисобот
Оид ба амалиётҳои гузаронидаи агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ
барои семоҳаи соли 20
№
|
Нишондиҳандаҳо
|
|
1
|
Теъдоди агентҳои бонкии пардохтӣ(адад), аз он ҷумла:
|
|
1.1.
|
Шахсони ҳуқуқӣ
|
|
1.2.
|
Соҳибкорони инфиродӣ
|
|
Амалиётҳои гузаронидашуда
|
Шумора (адад)
|
Ҳаҷм (сомонӣ)
|
2.
|
Ҳамагӣ амалиётҳо, аз он ҷумла:
|
|
|
2.1
|
Пардохти хизматрасониҳои алоқаи мобилӣ
|
|
|
2.2.
|
Пардохти хизматрасониҳои Интернет
|
|
|
2.3.
|
Пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ
|
|
|
2.4.
|
Пардохтҳои давлатӣ (андоз, боҷу хироҷ ва ғ.)
|
|
|
2.5.
|
Пур кардани суратҳисобӣ бонкӣ
|
|
|
2.6.
|
Пур кардани ҳамёнҳои электронӣ
|
|
|
2.7
|
Пардохти қарз
|
|
|
2.8.
|
Дигар пардохтҳо
|
|
|
Ро ҳбар:
(вазифа) (имзо) (ному насаб)
Ҷои муҳр Сана
Замимаи №4 ба Тартиб оид ба ҷалби агентҳои бонкии пардохтӣ ва амалисозии назорати риояи шартҳои ҷалби
онҳо
Номи ташкилоти қарзӣ
Маълумот оид ба ҳодисаҳои/далелҳои қоидавайронкунӣ ё қаллобии агентҳои (субагентҳои) бонкии пардохтӣ ҳангоми пешниҳоди хизматрасониҳои пардохтӣ ва чораҳои андешидашуда ҷиҳати бартараф кардани онҳо
аз « » то « » соли 20
Шумораи ҳодисаҳои/далелҳои қоидавайронкунӣ (адад)
№
|
Санаи муайян
кардани
ҳодисаи/далели қоидавайронку нӣ
|
Номгӯи агенти (субагенти) бонкии пардохтӣ
|
Ҷой ва намуди
ҳодисаи/далели
қоидавайронкунӣ
|
Шарҳи тадбирҳо оид ба бартараф кардани ҳодисаи/далели қоидавайронкунӣ
|
Оқибатҳои
ҳодисаи/далели
қоидавайронкунӣ
|
1
|
2
|
3
|
4
|
5
|
6
|
Роҳбар : (вазифа) (имзо) (ному насаб)
Ҷои муҳр
Сана