Лоиҳаи
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ КОНСЕССИЯҲО, ШАРИКИИ ДАВЛАТ
ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ ва ташкилии муносибатҳои вобаста ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусиро танзим намуда, тартиби амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро муайян ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии давлат ва бахши хусусиро таъмин месозад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
- Қонуни мазкур ба лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусии соҳаҳои инфрасохтор, хизматрасонии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ татбиқ мегардад.
- Амали Қонуни мазкур нисбат ба хариди давлатӣ татбиқ намегардад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) асосноккунии техникию иқтисодӣ - ташхиси техникӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва экологӣ, инчунин арзёбии хавфҳои асосӣ ва самарабахшии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
2) бахши хусусӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё кишвари хориҷӣ ҳамчун субъекти соҳибкорӣ ё иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба қайд гирифта шудаанд, ба истиснои муассисаҳои давлатӣ ва ҷамъияти саҳоми, ки ҳиссаи давлат дар сармояи оинномавии онҳо мебошад, бо шарики давлатӣ созишномаи консессионӣ ва ё шарикии давлат ва бахши хусусиро ба имзо расонидаанд;
3) дороиҳо - захираҳои дар натиҷаи амалиёти қаблӣ бадастоварда, ки ба ташкилоти фармоишгар тааллуқ доранд ё захираҳои наве, ки бо мақсади ҳамроҳ шудан ба созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин гирифтани фоидаи иқтисодӣ ба даст оварда мешаванд;
4) довталаби афзалиятдошта - иштирокдори озмун, аз ҷумла консорсиум, ки ҳамчун иштирокдори муваффақи озмун интихоб гардидааст;
5) иштирокдори озмун - шарики хусусие, ки дар ҷараёни интихобкунӣ оид ба иҷрои самараноки лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ мутобиқи Қонуни мазкур иштирок мекунад;
6) иштирок дар консорсиум - пешниҳоди лоиҳавӣ аз ҷониби ду ва зиёда шахсон, ки барои иштирок дар лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешниҳод шудааст;
7) консессия (иҷозат, гузашт) - дар асоси созишномаи консессионӣ бо пешниҳоди ҳуқуқи истифодабарии муваққатии самарабахш ба консессиядор супоридани объектҳои моликияти давлатӣ, аз ҷумла замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳаво, олами набототу ҳайвонот, моликияти давлатӣ дигар ва боигарии табиӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, инчунин ҳуқуқи бунёд ва сохтмони иншооти нав аз ҳисоби бахши хусусӣ бо шарти дар оянда баргардонидани онҳо ба давлат;
8) конседенти шартномаи консессионӣ - Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки аз номи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти марказӣ ё маҳаллии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ё санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амал мекунанд;
9) лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ – лоиҳаҳои инфрасохторӣ, хизматрасонии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва объектҳои ҷамъиятҳои саҳомие, ки 100 дарсади саҳмияи давлатиро доро мебошанд байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ мутобиқи Қонуни мазкур анҷом дода мешаванд;
10) механизми оқилона - тартибест, ки дар доираи қоидаҳои он ташкилоти фармоишгар метавонад ҳамаи уҳдадориҳои эҳтимолии молиявиро вобаста ба созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҳисоби маблағи мавҷуда ё ояндаи буҷетии худ иҷро менамояд;
11) марҳилаи амалисозӣ - марҳилаи лоиҳаи шарикӣ, ки баъд аз расидан ба марҳилаи баанҷомрасии маблағгузории лоиҳаи шарикӣ фаро мерасад;
12) даври озмун – марҳилаи лоиҳаҳои консессионӣ ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки аз лаҳзаи аз ҷониби Шуро оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ додани розиги барои гузаронидани озмун оғоз гардида, баъд аз маъқул донистани лоиҳаи созишнома аз ҷониби Шуро ба анҷом мерасад.
13) марҳилаи баанҷомрасии созишнома - марҳилаи лоиҳаи консессионӣ ва ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки баъди аз ҷониби Шуро оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ самаранок эътироф гардидани лоиҳаи созишнома оғоз гардида, пеш аз марҳилаи татбиқ ва ё баанҷомрасии тиҷоратӣ ба охир мерасад (агар баанҷомрасии молиявии созишнома зарур бошад);
14) объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ - объектҳои моликияти давлатӣ, замин, канданиҳои фоиданок, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот, роҳҳои автомобилгард, объектҳои истеҳсолӣ, объектҳои воситаи нақлиёти роҳи оҳан, аэродромҳо, иншооти гидротехникӣ, объектҳо оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсимоти неруи барқ, объектҳои таъминкунандаи гармӣ, объектҳои истеҳсол, коркард ва нигаҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, объектҳои коркард ва нобудкунии партовҳои сахти маишӣ, инфрасохтор, ки азнавсозӣ, сохтмон, таҷдид, истифодабарӣ, нигоҳдорӣ ва иҷораи онҳо дар доираи амалиcозии созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ карда мешаванд, инчунин кор, хизматрасонӣ ва навоварӣ, ки ҳангоми амалиcозии созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷорӣ мегарданд;
15) мақоми танзимкунанда – мақоми ваколатдори давлатие, ки ба он ваколати пешбурди сиёсати давлатӣ ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи рушди инфрасохтор ва пешниҳод намудани хизматрасонӣ дар бахши иҷтимоӣ дода шудааст;
16) пардохти ҳаққи хизматрасонӣ - ҳуқуқ ё ваколате, ки ба бахши хусусӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар барои пушонидани хароҷоти сармоягузорӣ ва гирифтани фоида бо роҳи ситонидани хироҷ аз истифодабарандагони лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода шуда, хироҷ, тариф ва пардохтҳои дигарро дар бар мегирад;
17) пардохт барои дастрасии объект – пардохте, ки ба бахши хусусӣ аз ҷониби шарики давлатӣ мутобиқи созишномаи консессионӣ ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар давраи истифода ва нигоҳдории объект анҷом дода мешавад;
18) созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ - санаде, ки уҳдадории байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ, инчунин шартҳои амалиcозии лоиҳаро мутобиқи Қонуни мазкур муқаррар менамояд;
19) ташкилоти фармоишгар - мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ барои бастани созишнома бо шарики хусусӣ мутобиқи Қонуни мазкур ваколат доранд;
20) таносуби нарх ва сифат - иҷрои вазифаҳои давлатӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ё истифодаи моликияти давлатӣ аз ҷониби бахши хусусӣ мувофиқи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки барои ташкилоти фармоишгар ё истеъмолкунанда фоидаи холис медиҳад ва он аз руйи хароҷот, нарх, сифат, муҳлат, миқдор, таҳвили хавф ё маҷмуи онҳо муайян карда мешавад;
21) озмун - чорабиние, ки тибқи Қонуни мазкур бо мақсади интихоби одилонаи шарики хусусӣ аз иштирокдорони озмун барои амалисозии самараноки лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ гузаронида мешавад;
22) ҳуҷҷатҳои озмунӣ - маҷмуи ҳуҷҷатҳои дорои шартҳо ва тартиби гузаронидани озмун, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё ташкилоти фармоишгар ба бахши хусусӣ барои таҳияи дархости озмун пешниҳод карда мешавад;
23) шарикии давлат ва бахши хусусӣ - ҳамкории шарикони давлатӣ ва бахши хусусӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни шарикони давлатӣ ва бахши хусусӣ барои амалиcозии лоиҳаи инфрасохтор, хизматрасонии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ;
24) шарики давлатӣ - мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва корхонаву муассисаҳои давлатӣ.
25) шарики хусусӣ – соҳибкори инфиродӣ ё шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ, ки лоиҳаи инфрасохтор ё лоиҳаи хизматрасониро дар соҳаи иҷтимоӣ мутобиқи созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд.
26) Шуро оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ – мақоми мушовара, ки аз ҷумлаи роҳбарони аввали вазорату идораҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Фаъолияти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо дар назар доштани манфиатҳои миллӣ дар асоси принсипҳои зерин амалӣ карда мешаванд:
1) волоияти қонун;
2) адолатнокӣ;
3) баробарӣ;
4) интихобӣ будани шарики хусусӣ;
5) дахлнопазирӣ;
6) беғаразӣ;
7) дахлнопазирии моликият ва хизматрасонии иҷтимоӣ;
8) хусусӣ нагардонидани объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
9) шаффофият;
10) рақобати солим.
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ ФАЪОЛИЯТИ КОНСЕССИОНӢ, ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ инҳо мансубанд:
1) таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
2) таъсиси Шуро ва комиссияи байниидоравӣ оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи онҳо;
3) таъсиси Фонди маблағгузории лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
4) муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи консесияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
5) таъсиси комиссияи гузаронидани озмунҳо оид ба лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
6) таҳияи барномаҳо оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
7) тасдиқи тартиби бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
8) муайян намудани номгуйи объектҳое, ки ба консессия, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дода намешаванд ё ба консессия, шарикии давлат ва бахши хусусӣ додани онҳо маҳдуд карда шудааст;
9) тасдиқи тартиби пешбурди Феҳристи созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
10) ба имзо расонидани созишномаи консессионӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ;
11) тасдиқи дастурамал оид ба таҳияи асосноккунии техникию иқтисодӣ ва тартиби амалӣ намудани лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
12) тасдиқи тартиби пешниҳоди имтиёзҳои фискалӣ нисбат ба лоиҳаҳои афзалиятноки консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо назардошти гуруҳбандии онҳо аз нигоҳи соҳавӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ, давра ва минтақаи амалисозӣ, инчунин шартҳои пешбинишуда;
13) ҳалли масъалаҳои дигари консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд – мақоми ваколатдор) дохил мешаванд:
1) амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
2) ташкил ва гузаронидани озмунҳо оид ба лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
3) мониторинги иҷро ва назорати риояи шартҳои созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
4) пешбурди номгуйи лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки барои татбиқ ба нақша гирифта шудаанд;
5) пешбурди Феҳристи созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
6) муайянсозии масъалаҳои консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин ба баррасии Шуро пешниҳод намудани онҳо;
7) таҳия ва барои тасдиқ ба Шуро пешниҳод намудани дастурҳои техникию методологӣ барои лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
8) ҳамоҳангсозӣ ва расонидани кумак ба ташкилоти фармоишгар оид ба лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
9) мусоидат ба ташаббусҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
10) тибқи дархости ташкилоти фармоишгар расонидани кумак дар таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
11) баррасии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо асосноккунии техникию иқтисодии замимагардида ва додани тавсия ба ташкилоти фармоишгари дахлдор оид ба лоиҳаи пешниҳодшаванда вобаста ба риояи механизми оқилона, таносуби нарх ва сифат, инчунин имконпазирии амалиcозии лоиҳаи пешниҳодшуда;
12) баррасии ҳуҷҷатҳои озмунӣ, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар пешниҳод гардидааст;
13) додани тавсияҳо оид ба cозишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
14) таҳия ва амалиcозии барномаҳои рушди консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
15) дар ҳамкорӣ бо ташаббускори лоиҳаи пешниҳодшуда ҳамоҳангсозии байниидоравӣ оид ба омода ва амалиcозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
16) бо тартиби муқарраргардида ба роҳ мондани ҳамкорӣ бо сармоягузорон, ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ, донорӣ, илмӣ ва тадқиқотӣ, инчунин иштирокчиёни дигари муносибатҳои шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
17) тасдиқи методикаи арзёбии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
18) бақайдгирии созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
Моддаи 7. Ташкилоти фармоишгар
- Ваколатҳои ташкилоти фармоишгар дар соҳаи муносибатҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз инҳо иборат аст:
1) муайян ва барои баррасии мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
2) баимзорасонии созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
3) риояи дастурҳои Шуро оид ба идораи ҳар даври лоиҳаи консессионӣ, шарики давлат ва бахши хусусӣ;
4) омода ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои озмунӣ, созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои мувофиқа ба мақоми ваколатдори давлатӣ;
5) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба баррасии Шуро;
6) омода ё фармоиш додани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикиии давлат ва бахши хусусӣ ва дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳоди онҳо ба баррасии Шуро;
7) гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи иттилоотонии аҳолӣ оид ба вазифаҳо, сохтор ва ҷараёни иҷрои ҳар як лоиҳаи консессионӣ, шарики давлат ва бахши хусусӣ;
8) пешниҳоди ҳисоботи семоҳа ва солона ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба рафти амалишавии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
9) ҳалли масъалаҳои дигари вобаста ба муносибатҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ мутобиқи қонунгузорӣ.
Моддаи 8. Ваколатҳои Шуро оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Шуро оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ (минбаъд - Шуро) дорои ваколатҳои зерин мебошад:
1) баррасии масъалаҳо оид ба лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;
2) баррасӣ, тасдиқ, рад ва ё барои такмилдиҳӣ баргардонидани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
3) тасдиқи лоиҳаи созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки аз ҷониби ташкилоти фармоишгар мутобиқи тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод гардидааст;
4) баррасии пешниҳодҳои лоиҳавии манзурнамудаи ташкилоти фармоишгар бо дар назар доштани тавсияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ;
5) ҳалли фаврии масъалаҳои марбут ба идоракунии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ва ё аъзои Шуро бо ташаббуси худи онҳо пешниҳод карда шудааст;
6) ба мақомоти давлатии дахлдор барои санҷиш ва арзёбӣ ирсол намудани пешниҳодҳои дархостнашаванда ё пешниҳодҳои бо ташаббуси худ пешниҳодгардидае, ки Шуро қабул намудааст;
7) талаб намудани маълумот оид ба ҳуҷҷатҳо, тафсилот ва иттилооти дигари вобаста ба лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ташкилоти фармоишгар, мақоми танзимкунанда, бахши хусусӣ, мақоми давлатӣ ё шахсони воқеию ҳуқуқӣ;
8) додани супориш ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба расонидани ёрии иловагии тахассусӣ ё техникӣ;
9) додани супориш ба мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилоти фармоишгар ва ё мақомоти дигари давлатӣ барои гузаронидани санҷиш, таҳлил ва мониторинги лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
10) мониторинг ва назорати фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
11) маъқул донистани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- Шуро ҳангоми иҷрои ваколатҳои худ барои татбиқи мақсадҳои Қонуни мазкур қоидаҳоро бо роҳи қабули санад ва ё қарор муқаррар намояд;
1) муайян кардани меъёрҳои ниҳоӣ, ки бо раванди озмун алоқаманд мебошанд;
2) ҳал намудани масъалаҳои вобаста ба гузаронидани озмун ва музокироти мустақим;
3) муайян кардани механизмҳои танзими баҳсҳо мутобиқи Қонуни мазкур;
4) ҷорӣ намудан, таҷдиди назар кардан ва ситонидани пардохти ҳаққи хизматрасонӣ.
- Ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ Шуро метавонад, пеш аз қабули қарор оид ба ҳар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ташкилоти фармоишгар, мақоми ваколатдори давлатӣ, муассисаву ташкилотҳо ва корхонаҳои давлатӣ гузаронидани тадқиқоти заруриро вогузор намояд.
- Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад бе розигии хаттии Шуро ё аз номи Шуро мазмуни ягон ҳуҷҷат, мукотибот ё ягон иттилоотеро, ки ба шахси бегона дахл дорад ё дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои хизматӣ мутобиқи Қонуни мазкур ба ин шахс маълум гардидааст, ба ғайр аз иттилооте, ки дар рафти иҷрои вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби ин шахс, (шахсон) аз он воқиф шудааст, ба шахсони бегона ошкор намояд.
- Фаъолияти Шуро дар Низомномаи Шуро муайян карда мешавад.
БОБИ 3. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ БА БАХШИ ХУСУСӢ ДОДАНИ ОБЪЕКТҲОИ КОНСЕССИОНӢ, ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА
БАХШИ ХУСУСӢ
Моддаи 9. Шаклҳои амалиcозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
1.Ташкилоти фармоишгар ҳангоми ба бахши хусусӣ додани объектҳои инфрасохтор, хизматрасонии таъиноти иҷтимоӣ ва иқтисодидошта яке аз шаклҳои зерини шарикӣ бо бахши хусусиро бо дар назар дошти хусусиятҳои хоси объектҳои инфрасохтор ва хизматрасонии иҷтимоӣ бо инобати манфиати давлат ва бахши хусусӣ интихоб мекунад:
1) сохтмон, ба иҷора гирифтан ва супоридан –бахши хусусӣ маблағгузорӣ ва сохтмони объекти инфрасохторро анҷом медиҳад ва пас аз анҷоми сохтмон объекти инфрасохторро ба шарики давлатӣ месупорад, вале ҳуқуқи ба иҷора додани объекти инфрасохторро дар як муҳлати муайяни вақт дар худ нигоҳ медорад ва пас аз гузаштани муҳлати зикршуда ҳуқуқи ихтиёрдорӣ намудани объекти инфрасохтор дар оянда ва ба иҷора додани он ба шарики давлатӣ мегузарад;
2) сохтмон, истифодабарӣ ва супоридан –бахши хусусӣ маблағгузорӣ ва сохтмони объекти инфрасохторро анҷом медиҳад ва пас аз анҷоми сохтмон онро истифода бурда нигоҳубин менамояд. Бахши хусусӣ объекти инфрасохторро дар давоми муҳлате, ки дар созишномаи шарикӣ зикр гардидааст, истифода мебарад ва ҳуқуқ дорад дар ҳамон давра аз истифодабарандагон хизматрасонии ҳамин объект маблағ ситонад. Ҳаҷми маблағи мазкур наметавонад аз ҳаҷме, ки бахши хусусӣ дар дархост ҳангоми иштирок дар интихоби бахши хусусӣ нишон дода буд, зиёд бошад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо созишномаи шарикӣ пешбинӣ шудааст. Ҳолатҳои баланд бардоштани андозаи маблағи аз истифодабарандагон гирифташаванда дар созишномаи шарикӣ танҳо бо мақсади ҷуброни фарқият вобаста ба баланд гардидани арзиши бозории мол, кор ва хизматрасонӣ пешбинӣ шуда метавонанд. Ситонидани пардохт бо мақсади бозгардондани хароҷоти бахши хусусӣ ҳангоми сохтмон, истифодабарӣ ва нигоҳдории объекти инфрасохтор пешбинӣ карда мешавад. Бахши хусусӣ пас аз ба анҷом расидани муҳлати муайяни дар созишномаи шарикӣ дарҷгардида объекти инфрасохторро ба шарики давлатӣ месупорад;
3) сохтмон, ихтиёрдорӣ, истифодабарӣ ва супоридан – намуди иштироки бахши хусусӣ дар лоиҳаҳои шарикӣ бо бахши хусусӣ, ки ҳамчун сохтмон, ихтиёрдорӣ ва истифодабарӣ муайян карда мешавад, ба истиснои он, ки дар муҳлати амали созишнома моликият ба ихтёрдории бахши хусусӣ гузашта, пас аз гузашти муҳлати созишномаи шарикӣ объект ба шарики давлатӣ супорида мешавад;
4) сохтмон, супоридан ва истифодабарӣ – шарики давлатӣ объекти инфрасохторро ба бахши хусусӣ месупорад, бахши хусусӣ сохтмони онро анҷом дода, масъулияти хароҷоти барзиёд, таъхироти эҳтимолӣ дар сохтмон ва хавфҳои ба онҳо вобастаро бар души худ мегирад. Баъд аз анҷоми сохтмони объект ҳуқуқи моликияти он ба шарики гузаронида мешавад, тибқи созишномаи шарикӣ маблағи харҷнамудаи бахши хусусӣ аз ҷониби шарики давлатӣ мунтазам пардохт карда мешавад;
5) созишнома дар бораи тавсеа ва истифодабарӣ –бахши хусусӣ объекти мавҷудаи инфрасохторро, ки аз шарики давлатӣ ба иҷора гирифтааст, васеъ менамояд. Бахши хусусӣ объекти инфрасохторро дар давоми муҳлати дар созишномаи шарикӣ муқарраргардида, истифода мебарад ва пас аз анҷоми ин муҳлат онро ба шарики давлатӣ месупорад;
6) таҷдид, истифодабарӣ ва супоридан – шарики давлатӣ объекти мавҷудаи инфрасохторро ба бахши хусусӣ медиҳад, бахши хусусӣ дар давоми муҳлати дар созишномаи шарикӣ зикргардида чорабиниҳо оид ба азнавсозии объектро дар асоси истифодаи технологияҳои нав, механизатсиякунонӣ, автоматикунонии истеҳсолот, навсозӣ ва ивази таҷҳизоти аз ҷиҳати маънавӣ куҳнашуда ва ҷисман фарсудашуда бо таҷҳизоти наву самараноктар амалӣ месозад. Дар давоми муҳлати дар созишномаи шарикӣ зикршуда бахши хусусӣ ҳуқуқ дорад барои хизматрасониҳои инфрасохтории расонидааш аз истифодабарандагон маблағ гирад. Пас аз анҷоми муҳлати созишномаи шарикӣ объект ба шарики давлатӣ баргардонида мешавад;
7) таҷдид, ба иҷора гирифтан ва супоридан –бахши хусусӣ объекти мавҷударо барқарор (таҷдид) намуда, баъдан онро ба муҳлати дар созишномаи шарикӣ зикршуда ба иҷора дода, хавфҳои вобаста ба онро бар души худ мегирад ва баъдан объектро ба шарики давлатӣ бармегардонад;
8) пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоӣ – ташкилоти фармоишгар ҳуқуқи пешниҳоди хизматрасониҳои иҷтимоии давлатии муайянро ба шарики хусусӣ медиҳад. Бахши хусусӣ дар давоми муҳлати дар созишномаи шарикӣ пешбинишуда намудҳои хизматрасониҳои бо созишномаи шарикӣ муайянгардидаро ба категорияи муайян ва номуайянии шахсон, пулакӣ ва ё ройгон анҷом медиҳад. Дар ҳолати аз ҷониби бахши хусусӣ ройгон анҷом додани чунин хизматрасониҳо, хароҷоти анҷомдодаи бахши хусусӣ, ки вобаста ба пешниҳоди ин хизматрасониҳо мутобиқи созишномаи шарикӣ аз ҳисоби буҷети давлат ҷуброн карда мешаванд.
- Шарикии давлат ва бахши хусусӣ илова ба шаклҳои бо қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда, метавонад тавассути таъсиси ширкати муштарак дар шакли ширкати лоиҳавӣ бо саҳмгузории давлат ва бахши хусусӣ амалӣ гардад.
- Ташаббускори лоиҳаи шарикӣ метавонад шаклҳои шарикии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбининашударо, интихоб ва пешниҳод намояд. Шакли аз ҷониби ташаббускор пешниҳодшаванда, набояд ба талаботи Қонуни мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намояд.
Моддаи 10. Таҳияи пешниҳодҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Пешниҳодҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо дар назар дошти муҳиммият ва зарурати иҷтимоию иқтисодии объект барои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ташкилоти фармоишгар таҳия карда мешаванд.
- Ташкилоти фармоишгар пешниҳодҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро таҳия намуда, барои баррасӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд. Ҳангоми аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дастгирӣ ёфтани пешниҳодҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ва ё бахши хусусӣ вобаста аз таъинот асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа таҳия гардида, ҷиҳати минбаъд баррасӣ гаштани он ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
- Ташкилоти фармоишгар барои таҳияи лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ чунин корҳоро анҷом медиҳад:
1) қабули қарор оид ба амалӣ намудани лоиҳа тавассути механизми консессия, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
2) муайян намудани шахсони масъул барои ҳамоҳангсозии раванди таҳия ва расмиёти лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
3) дар асоси талаботи муқарранамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ интихоби ташкилоти машваратӣ ҷиҳати таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
4) дар ҳолати зарурӣ ҷалби намояндагони мақомоти дигари давлатӣ ва ташкилотҳо дар рафти таҳияи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
5) таҳияи сметаи хароҷоти корҳо ва сарчашмаи маблағгузории онҳо;
- Асоснокунии техникию иқтисодии лоиҳа баъд аз баррасӣ ва арзёбӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи талаботи моддаи 7 Қонуни мазкур барои баррасӣ ва тасдиқ ба Шуро пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 11. Марҳилаҳои амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз марҳилаҳои зерин иборат мебошад:
- омода намудани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- интихоби бахши хусусӣ;
- маъқул донистани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби Шуро;
- амалишавии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
- Марҳилаи омода намудани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз интихоб намудани, таҳия ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани пешниҳоди лоиҳавӣ, асосноккунии техникию иқтисодӣ, ҳуҷҷатҳои озмунӣ ва таъсис додани комиссияи арзёбӣ иборат мебошад.
- Марҳилаи интихоби бахши хусусӣ аз эълон намудан ва гузаронидани озмун, таҳия, мувофиқа ва ба имзо расонидани созишнома бо ғолиби озмун иборат мебошад. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 14 Қонуни мазкур интихоби бахши хусусӣ бе истифодаи расмиёти муқаррарнамудаи моддаҳои 21 ва 22 Қонуни мазкур бе гузаронидани озмун амалӣ карда шавад.
- Марҳилаи амалишавии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз санаи эътибор пайдо намудани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ оғоз гардида, бо қатъ гардидани амали он ба охир мерасад.
- Шарики давлатӣ барои омода намудан ва гузаронидани ҳар яке аз марҳилаҳои лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳуқуқ дорад мушовирон ва ё коршиносони мустақилро ҷалб намояд.
Моддаи 12. Ташаббуси бахши хусусӣ оид ба лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Бахши хусусӣ метавонад бо ташаббуси худ лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро бо дар назар дошти муҳиммият ва зарурати иҷтимоию иқтисодии объект барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намояд. Дар баробари пешниҳоди лоиҳавӣ, аз ҷониби бахши хусусӣ асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи бо зикри усули инноватсионии ҳалли мушкилоти ҷойдошта ва барои манфиати ҷомеа манзур карда мешавад.
- Ташкилоти фармоишгар пешниҳоди лоиҳавии манзурнамудаи бахши хусусиро дар муддати 10 рузи корӣ баррасӣ ва арзёбӣ карда, онро барои баррасии минбаъда ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд.
- Мақоми ваколатдори давлатӣ дар муддати 10 рузи корӣ асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи пешниҳодгардидаро баррасӣ намуда, тавсияҳоро оид ба лоиҳаи мазкур ба ташкилоти фармоишгар пешниҳод менамояд.
- Дар ҳолати қабул гардидани пешниҳоди бахши хусусӣ дар муддати 5 рузи корӣ аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба бахши хусусӣ хабар дода мешавад ва пешниҳод бо замимаи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳа барои баррасӣ ба Шуро оид ба консессияҳо ва шарикии давлат ва бахши хусусӣ ирсол карда мешавад.
- Пас аз баррасӣ ва тасдиқи лоиҳа аз ҷониби Шуро мутобиқи моддаҳои 14, 21 ва 22 Қонуни мазкур расмиёти интихоби бахши хусусӣ гузаронида мешавад.
- Бахши хусусие, ки ғолиби озмун мегардад, хароҷоти вобаста ба таҳияи лоиҳаи асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пардохт менамояд.
- Пешниҳоди бахши хусусии ташаббускори лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар озмун оид ба интихоби шарики хусусӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ нисбати дигар иштирокдорни озмун бартарият дошта, иловатан соҳиби 5 дарсад аз холҳои арзёбӣ мегардад.
- Сирри тиҷоратӣ ва ҳуқуқҳо ба моликияти зеҳнӣ дар раванди расмиёти арзёбии пешниҳоди бахши хусусии ташаббускори лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз тарафи мақомот давлатӣ ва бахши хусусӣ махфӣ нигоҳ дошта мешавад.
- Пешниҳод ҷиҳати амалиcозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ метавонад дар шакли консорсиум аз ҷониби ду ва зиёда довталаб тибқи тартиби муқарраргардида, манзур карда шавад.
Моддаи 13. Тартиби додани объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар асоси озмун ва гуфтушуниди мустақим ба бахши хусусӣ дода мешаванд.
- Объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба бахши хусусӣ бе гузаронидани расмиёти озмун дар сурати чандон тулонӣ (то 20 сол) набудани муҳлати амалишавии лоиҳа, ҳангоми зарурати хизматрасонии муттасили фаврӣ, мавҷуд будани танҳо як манбае, ки барои татбиқи лоиҳаи пешниҳодшуда қодир мебошад ва дар ҳолатҳои дигар бо пешниҳоди асосноки мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилоти фармоишгар барои манфиати миллӣ, ҷамъиятӣ ё ба манфиати мақомоти дахлдори давлатӣ дар асоси розигии Шуро гузаронида мешавад.
Моддаи 14. Озмун оид ба интихоби бахши хусусӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Мақоми ваколатдори давлатӣ баъди аз ҷониби Шуро тасдиқ намудани асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба интихоби бахши хусусӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳа озмун баргузор менамоянд.
- Барои ташкил ва гузаронидани озмун аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ комиссияи озмунӣ таъсис дода мешавад, ки ба ҳайати он намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ, ташкилоти фармоишгар ва мақомоти дигари дахлдори давлатӣ шомил карда мешаванд.
- Аз натиҷаи баргузории комиссияи озмунӣ протокол тартиб дода мешавад.
Моддаи 15. Интишори иттилоот дар бораи баргузории озмун
Иттилоот дар бораи баргузории озмун қабл аз як моҳи гузаронидани озмун дар яке аз нашрияҳои воситаҳои ахбори оммаи расмии ҷумҳуриявӣ, сомонаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилоти фармоишгар интишор карда мешавад.
Моддаи 16. Интихоби пешакии иштирокчиёни озмун
- Комиссияи озмунӣ оид ба интихоби бахши хусусӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ интихоби пешакии иштирокдорони озмунро, ки имконият ва иқтидори кофии амалӣ намудани лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро доранд, муайян менамояд.
- Комиссияи озмунӣ интихоби пешакии иштирокдорони озмунро аз руйи меъёрҳои зерин мегузаронад:
1) мавҷудияти тахассуси дахлдори касбию техникӣ ва захираҳои инсонию моддие, ки барои иҷрои ҳама ҷанбаҳои лоиҳаи шарикӣ зарур мебошанд;
2) мавҷудияти қобилияти дахлдори идоракунӣ, ташкилотчигӣ, эътимоднокӣ ва таҷрибаю малака, аз ҷумла таҷрибаи корӣ дар соҳаи амалиcозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
3) мавҷудияти имконияти дахлдори молиявӣ барои маблағгузорӣ ва ё таҷриба дар ташкили маблағгузорӣ ва сармоягузориҳои зарурӣ барои лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
- Комиссияи озмунӣ дар ҳолатҳои зерин интихоби пешакии иштирокдорони озмунро иҷозат намедиҳад, аз ҷумла дар марҳилаи барҳамхурӣ, азнавташкилдиҳӣ ва дар баҳсҳои судӣ қарор надоштани довталаб.
Моддаи 17. Ҳуҷҷатҳои озмунӣ
- Ҳуҷҷатҳои озмунӣ шартҳои асосии зеринро дар бар мегирад:
1) нишондиҳандаҳои техникию иқтисодии объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
2) муҳлати таъсис ва ё такмили объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
3) кафолати сифати амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
4) ҳаҷми маблағгузорӣ, руйхати молумулк ё ҳуқуқҳои молумулкӣ, ки аз ҷониби шарики давлатӣ барои иҷрои созишнома пешниҳод карда мешавад;
5) ҳаҷми маблағҳои бахши хусусӣ, ки дар амалисозии лоиҳа ҷалб карда мешаванд;
6) кафолати иҷрои уҳдадориҳо аз руйи созишнома;
7) нархҳо, тарифҳои ҳадди ақалли маҳсулоти истеҳсолшаванда, корҳо ва хизматрасониҳои иҷрошаванда, иловапулиҳо ба чунин нарх, ҳо (тариф)-ҳо ҳангоми амалисозии фаъолияти бо созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбининамуда;
8) хавфҳое, ки тарафҳо ба зимма мегиранд;
9) меъёрҳои дигар дар ҳуҷҷатҳои озмунӣ пешбинишуда.
- Ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳуҷҷатҳои озмун тағйиру иловаҳо ворид намояд.
Моддаи 18. Интихоби ғолиби озмун
- Комиссияи озмунӣ ғолибро аз ҳисоби иштирокчиёни пешакӣ интихобшудаи озмун мутобиқи меъёрҳои дар қисми 2 моддаи мазкур интихоб менамояд.
- Довталаби озмун бояд ба меъёрҳои зерин мутобиқ бошад:
1) мавҷудияти ҳуқуқ ба амалисозии лоиҳа;
2) мавҷудияти захираҳои молиявӣ, моддӣ, техникӣ ва ё захираҳои меҳнатии тахассусӣ, ки барои иҷрои уҳдадориҳо дар доираи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ заруранд;
3) мавҷуд набудани асос, ки боиси пайдоиши бархурди манфиатҳо гардад;
4) ҳаҷми пардохтҳое, ки аз ҷониби бахши хусусӣ анҷом дода мешавад;
5) нарх ва тарифҳои ҳадди аққал;
6) ҳаҷми сармояи бахши хусусӣ барои амалиcозии созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
8) муҳлати тарҳрезӣ, сохтмон, таъсис, таҷдид, навсозӣ, истифода ва нигоҳдории объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
- Иштирокчие, ки нарх ва сифати беҳтаринро пешниҳод намудааст, бо қарори Комиссия ғолиб дониста мешавад.
- Қарори Комиссияи озмунӣ оид ба арзёбии пешниҳодҳо ва муайян намудани ғолиб бояд асоснок ва мутобиқ ба меъёрҳои муайянгардида бошад.
- Довталаб ва иштирокчии озмун метавонанд нисбат ба қарори Комиссияи озмунӣ оид ба арзёбии пешниҳодҳо ва муайян кардани ғолиб ба Шуро ва ё ба суд шикоят намояд.
Моддаи 19. Беэътибор донистани озмун
- Озмун оид ба интихоби бахши хусусӣ ҷиҳати амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар ҳолатҳои зерин беэътибор дониста мешавад:
1) пешниҳод накардани ариза барои иштирок дар озмун ва ё надодани иҷозати иштирок ба ягон иштирокдори озмун;
2) агар ариза барои иштирок дар озмун танҳо аз ҷониби як иштирокчӣ ворид гардида бошад ва ё танҳо ба як иштирокчии озмун иҷозати иштирок дода шудааст;
3) ҳозир нагардидани иштирокдорон барои иштирок дар озмун.
- Дар ҳолати номутобиқатии пешниҳодҳои иштирокдорони озмун ба меъёрҳои пешбинигардида натиҷаи озмун беэътибор дониста мешавад.
Моддаи 20. Махфият
- Ташкилоти фармоишгар ва мақоми ваколатдори давлатӣ набояд ба иштирокдорони озмун муҳтавои пешниҳодҳоро ошкор кунанд. Ҳамаи муҳокима, мукотиба ё гуфтушунидҳо байни ташкилоти фармоишгар ва иштирокдорони озмун ба ғайр аз мукотиботи вобаста ба тавзеҳоти дархост оид ба пешниҳод намудани изҳори манфиатдорӣ, ҳуҷҷатҳои озмунӣ барои интихоби пешакӣ ё дархост барои супоридани пешниҳодҳо махфӣ мебошанд.
- Агар бо қонунгузорӣ ё қарори суд тартиби дигаре муқаррар нашуда бошад ё дар дархост барои супоридани пешниҳодҳо муайян шуда бошад, тарафи музокирот набояд ба шахси дигар ягон иттилооти техникӣ, молиявӣ, дигари марбут ба муҳокимаҳо, мукотибот ва гуфтушунидҳои гирифташуда ё иҷро гардидаро, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст, бе розигии тарафи дигар ифшо намояд.
Моддаи 21. Ҳолатҳои имкондиҳандаи эълони ғолиб бе гузаронидани озмун
- Ташкилоти фармоишгар бе истифодаи расмиёти интихоби бахши хусусӣ дар асоси озмун бо риояи талаботи қисми 2 моддаи мазкур дар ҳолатҳои зерин ба музокирот оғоз менамояд:
- дар сурати чандон тулонӣ (то 20 сол) набудани муҳлати амалишавии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- дар ҳолате, ки Шуро чунин истисноро бинобар сабабҳои асосноки манфиати миллӣ ё ҷамъиятӣ тасдиқ мекунад ё дар ҳолатҳои ба манфиати дахлдори ташкилоти фармоишгар дониста мешавад.
- Музокирот оид ба интихоби бахши хусусӣ бе гузаронидани озмун барои ба имзо расонидани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар қисми 2 моддаи 13 ва қисми 1 моддаи мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 22. Музокирот доир ба созишномаҳое, ки бе гузаронидани озмун доир карда мешаванд
Агар музокирот доир ба созишномаҳо бе гузаронидаи озмун гузаронида шавад, ташкилоти фармоишгар бояд:
- созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро тибқи талоботи Қонуни мазкур ва дастури Шуро таҳия намояд;
- аз руйи имкон бо шахсони дорои қобилияти амалӣ намудани лоиҳаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, бо иштироки намояндаи мақоми ваколатдори давлатӣ музокирот доир намояд;
- меъёрҳои арзёбиеро муқаррар намояд, ки мутобиқи онҳо пешниҳодҳо арзёбӣ ва дараҷабандӣ карда мешаванд.
Моддаи 23. Маҳфуз нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо
Ташкилоти фармоишгар ҳуҷҷатҳои ба расмиёти интихоб ва супоридани қарордод дахлдоштаро дар муддати на камтар аз муҳлати амали созишнома нигоҳ медорад.
Моддаи 24. Шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ
- Ташкилоти фармоишгар аз довталаби афзалиятдоштаи озмун таъсис додани шахси ҳуқуқиеро талаб намояд, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад.
- Агар довталаби афзалиятдоштаи озмун шахси ҳуқуқиро мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур таъсис диҳад, пас ин ҳолатро дар ҳуҷҷатҳои зарурии барои интихоби пешакӣ пешниҳодшаванда ё дар пешниҳоди техникии худ зикр мекунад.
- Шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ танҳо бо мақсади амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ таъсис ёфта, фаъолияти худро тибқи принсипҳои идоракунии корпоративӣ ба роҳ мемонад. Шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ ба муҳлати амали созишнома оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ фаъолият намуда, баъд аз анҷоми муҳлати созишнома тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда барҳам дода мешавад.
- Ҳама гуна талабот нисбат ба ҳаҷми ҳадди ақаллии сармояи оинномавии шахси ҳуқуқии таъсисёфта ва расмиёти гирифтани розигии ташкилоти фармоишгар барои оинномаи шахси ҳуқуқӣ ё тағйироти муҳим дар оиннома, дар созишномаи шарикӣ тавре зикр карда мешаванд, ки онҳо ба шартҳои дархост барои супоридани пешниҳодҳо ҷавобгу бошанд ва ба талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ мутобиқат кунанд.
- Саҳмдорони шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ аз руйи уҳдадориҳои қарзии ҷамъият, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ масъулият надоранд.
- Ташкилоти фармоишгар метавонад дар амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ тавассути саҳмгузорӣ дар шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ иштирок намояд. Аммо идоракунии шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ наметавонад пурра ба ташкилоти фармоишгар дода шавад.
- Шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ ҳамасола бояд аз аудит гузарад.
БОБИ 4. СОЗИШНОМАИ КОНСЕССИОНӢ, ШАРИКИИ
ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Моддаи 25. Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ дар шакли хаттӣ ба имзо расонида шуда, масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
1) мавзуи созишномаи консессионӣ ва ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
2) хусусият, ҳаҷм, шарт ва ҳаҷми истисноии кору хизматрасониҳое, ки бахши хусусӣ пешниҳод мекунад;
3) мусоидати ташкилоти фармоишгар барои гирифтани иҷозатномаҳо ва иҷозатҳо дар сатҳе, ки барои амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ зарур аст;
4) баргардонидани дороиҳо ба ташкилоти фармоишгар баъд аз қатъ гардидан ё ба охир расидани муҳлати амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
5) расмиёти баррасӣ ва тасдиқи лоиҳаҳои техникӣ, нақшаҳо ва тафсилоти сохтмон аз ҷониби ташкилоти фармоишгар, расмиёти озмоиш ва санҷиши ниҳоӣ, тасдиқ ва қабули лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳангоми амалисозии чунин лоиҳаҳо;
6) ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо;
7) сатҳе, ки тибқи он бахши хусусӣ уҳдадор аст ба ташкилоти фармоишгар ё мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот ва иттилооти дигарро оид ба фаъолияти худ пешниҳод кунад;
8) механизмҳои ҳалли масъалаҳо вобаста ба хароҷоти иловагӣ ва оқибатҳои дигаре, ки метавонанд дар натиҷаи ҳама гуна дастури ташкилоти фармоишгар ё мақоми давлатии дигар аз он ҷумла ҳама гуна ҷубронҳое, ки бахши хусусӣ ҳуқуқи ба онҳо даъво карданро дорад, ба вуҷуд ояд;
9) ҳуқуқи ташкилоти фармоишгар ба баррасӣ ва тасдиқ намудани қарордодҳои асосие, ки бахши хусусӣ ба имзо мерасонад, аз ҷумла бо иштироки бахши хусусӣ ё шахсони дигар вобаста;
10) кафолати иҷрои лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки бояд пешниҳод карда шавад ва полисҳои суғуртавие, ки бояд бахши хусусӣ барои амалӣ намудани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дошта бошад;
11) воситаҳои ҳифзи ҳуқуқӣ дар сурати аз ҷониби яке аз тарафҳо иҷро нагардидани уҳдадориҳо;
12) шартҳои озод кардани тарафҳо аз масъулияти қодир набудан барои иҷрои уҳдадориҳо ё ба таъхир гузоштани ҳамаи уҳдадориҳое, ки берун аз доираи механизми оқилонаи он қарор доранд;
13) ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо баъди гузаштани муҳлат ё қатъ гардидани он;
14) усули ҳисобкунии зарару ҷуброн мутобиқи Қонуни мазкур;
15) ҳуқуқ ва механизмҳои истифодашавандаи танзими баҳсҳое, ки метавонанд байни ташкилоти фармоишгар бахши хусусӣ ба миён оянд;
16) ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо нисбат ба иттилооти махфӣ;
17) шартҳои дахлдори молиявӣ;
18) тақсими хавфҳо байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ;
19) ба бахши хусусӣ пардохти ҷубронпулӣ аз ҳисоби буҷети дахлдор ё пардохти ҳаққи хизматрасонии анҷомдодаи бахши хусусӣ мутобиқи Қонуни мазкур;
20) уҳдадориҳои бахши хусусӣ оид ба иҷро ё амалиcозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, хавфҳои молиявӣ, техникӣ ё амалиётии иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё истифодаи моликияти давлатӣ ва гирифтани пардохтҳо барои хизматрасонӣ;
21) ҳаҷм ва тартиби пардохтҳои консессионӣ;
22) ҳаҷми сармоягузории ҳарсола ва муҳлати ҷудо намудани маблағҳо, инчунин ҳаҷми маҳсулот мувофиқи бизнес-нақша;
23) талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳифзи иҷтимоӣ, бехатарии фаъолият ва ҳифзи қаъри замин;
24) ҳуқуқи тарафҳо барои дастрас намудани иттилоот доир ба фаъолияти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
25) шартҳои ҷалби кормандони кироя, таълим, суғурта ва ҳифзи иҷтимоии онҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
26) тартиб, шароит ва муҳлати баргардонидани объекти фаъолияти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба идоракунии ташкилоти фармоишгар;
27) кафолатҳои молиявӣ, суроғаҳои ҳуқуқӣ ва реквизитҳои бонкии тарафҳо;
28) шартҳои тағйир додан ва бекор намудани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
29) тартиби ҳалли баҳсҳои байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ.
30) дороиҳое, ки моликияти давлатӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд;
31) дороиҳое, ки моликияти бахши хусусӣ ҳисобида шудаанд ё минбаъд ҳисобида мешаванд.
32) дороиҳое, ки онҳоро бахши хусусӣ мутобиқи шартҳои созишнома бояд ба ташкилоти фармоишгар ё дигар шахсе, ки ташкилоти фармоишгар зикр намудааст, баргардонад ё супорад;
33) дороиҳое, ки ташкилоти фармоишгар бо салоҳдиди худ метавонад аз бахши хусусӣ харида гирад;
34) дороиҳое, ки бахши хусусӣ то ба анҷом расидани муҳлати амал ё то бекор гардидани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ метавонад онҳоро соҳибӣ кунад ё ихтиёрдорӣ кунад.
35) механизм ва тартиби таҳвили дороиҳои ташкилоти фармоишгар дар ҳолати барҳамдиҳӣ;
36) ҷуброне, ки бахши хусусӣ метавонад ҳуқуқи нисбат ба моликияти ташкилоти фармоишгар ё ба бахши хусусии нав супурдашуда ва ё молу мулки харидорӣ намудаи ташкилоти фармоишгар ро дошта бошад;
37) таҳвили технологияҳое, ки барои фаъолияти лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ зарур аст;
38) омузиши ҳайати кормандони ташкилоти фармоишгар ё вориси бахши хусусӣ вобаста ба истифодабарӣ ва хизматрасонии техникии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
39) аз ҷониби бахшиҳои хусусӣ таъмин намудани хизматрасониҳо ва захираҳои иловагӣ, аз он ҷумла таҳвили қисмҳои эҳтиётӣ, дар мавриди зарурат, дар муҳлати қобили қабул баъди супоридани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба ташкилоти фармоишгар ё вориси бахши хусусӣ;
40) тартиби вориб намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
41) тартиби эътибор пайдо намудани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
42) муҳлати амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
- Дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳуқуқи бахши хусусиро ба ҷуброн дар натиҷаи тағйироти қонунгузорӣ ё тадбирҳои дигари танзими давлатие, ки бевосита ба лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дахл дошта, ки дар муқоиса бо хароҷот ва арзиши қаблан муайянгашта кам мебошанд, пешбинӣ карда мешавад.
- Ба созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ метавонанд шартҳои дигаре, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нестанд, дохил карда шаванд.
Моддаи 26. Ҳуқуқи истифодаи қитъаи замини лоиҳавӣ
- Ташкилоти фармоишгар мутобиқи муқаррароти қонунгузории замин ба бахши хусусӣ қитъаи заминро барои истифодабарӣ пешниҳод менамоянд ё дар мавриди зарурӣ ҷиҳати гирифтани ҳуқуқҳои марбут ба истифодаи қитъаи замин дар доираи лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз он ҷумла ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, ки метавонад барои амалисозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ зарур бошад, мусоидат намоянд.
- Мутобиқи муқаррароти қонунгузорӣ, созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкилоти фармоишгар ҳуқуқи истифодаи қитъаи заминро ба истифодаи бахши хусусӣ вогузор менамояд ё ин ки дар мавриди зарурӣ ба бахши хусусӣ барои ба даст овардани ҳуқуқи ворид шудан, гузаштан тавассути ҳудуд ё пешбурди кору сохтмони иншоот дар он ҷой, дар доираи моликияти шахсони сеюм, ба он тавре ки амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ талаб мекунад, мусоидат мерасонад.
Моддаи 27. Механизмҳои молиявӣ
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ метавонад ба бахши хусусӣ ҷиҳати ба даст овардани ҳуқуқи муқаррар кардан, гирифтан ё ҷамъ кардани пардохти ҳаққи хизматрасониро ҳангоми амалисозии лоиҳаи консессонӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ иҷозат диҳад. Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ усулу шаклҳои муқаррар ва тасҳеҳ намудани пардохти ҳаққи хизматрасониро мутобиқи шартҳое, ки мақоми танзимкунандаи ваколатдор муқаррар намудааст, пешбинӣ менамояд.
- Ташкилоти фармоишгар метавонад пардохти бевоситаро ба бахши хусусӣ ба сифати иваз ё илова ба пардохти ҳаққи хизматрасонии амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ анҷом диҳад.
Моддаи 28. Тадбирҳои таъминотӣ
- Бо дар назар дошти ҳама гуна маҳдудиятҳое, ки метавонанд дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ гарданд, бахши хусусӣ ҳуқуқ дорад нисбат ба дороиҳо, ҳуқуқҳо ё манфиатҳои худ, ки ба лоиҳаи консессонӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дахл доранд ва ё барои таъмини маблағгузории амалисозии лоиҳаи шарикӣ зарур мебошад, тадбирҳои таъминотии зеринро андешад:
- таъминоти марбут ба молу мулки манқул ё ғайриманқули ба бахши хусусӣ тааллуқдошта, ё манфиатҳои он дар дороиҳои лоиҳаи консессонӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- гарави даромадҳои оянда ва қарзҳои дебиторӣ дар назди бахши хусусӣ барои амалисозии лоиҳаи консессонӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
- Иштирокдорони шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ, ки мутобиқи моддаи 24 Қонуни мазкур таъсис дода шудааст, барои ба гарав мондан ё андешидани тадбирҳои дигари таъминотии ҳиссаи худ дар шахси ҳуқуқӣ ҳақ доранд.
- Тадбирҳои таъминотӣ наметавонанд мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи мазкур нисбат ба молу мулки давлатӣ ё моликияти дигар, дороӣ ё ҳуқуқҳое, ки барои пешниҳод кардани хизматрасониҳои давлатӣ зарур буда, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо фароҳам овардани чунин тадбирҳои таъминотро манъ кардааст, татбиқ шаванд.
Моддаи 29. Гузашт кардани ҳуқуқу уҳдадориҳо аз руйи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бояд шартҳоеро муайян намояд, ки ҳангоми иҷрои онҳо ташкилоти фармоишгар ба гузашт кардани ҳуқуқу уҳдадориҳо ба бахши хусусӣ дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷумла аз ҷониби бахши хусусии нав ба зимма гирифтани ҳама уҳдадориҳои у ва далелҳои тасдиқкунандаи имконияти техникӣ ва молиявии бахши хусусии нав, ки метавонанд барои амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ лозим шаванд, розигӣ медиҳад.
- Дар мавриди азнавташкилдиҳии яке аз тарафҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳуқуқу уҳдадориҳои он ба ворисони қонунӣ мегузаранд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
- Қисман ё пурра гузашт кардани ҳуқуқу уҳдадориҳои бахши хусусӣ ба шахсони сеюм, инчунин супоридани объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи тартиби муқарраргардида амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 30. Додани бастаи назоратии саҳмияҳо ба шахси сеюм
Агар дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, бастаи назорати саҳмияҳо ё ҳиссаи иштироки шахси ҳуқуқии бахши хусусӣ бе розигии ташкилоти фармоишгар ба шахси сеюм дода намешавад.
Моддаи 31. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ шартҳои аз ҷониби бахши хусусӣ таҷдиди назар гардидани муқаррароти созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро бо дар назар дошти ҷуброн муайян менамояд, агар хароҷоти иҷрои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз тарафи бахши хусусӣ ба таври назаррас афзуда бошад ё арзише, ки бахши хусусӣ аз чунин иҷро ба даст меорад, дар муқоиса бо хароҷоти дар ибтидо тахминшуда ва арзиши иҷрои он ба таври назаррас дар натиҷаи тағйироти зерин кам шуда бошад:
- тағйирот дар шартҳои иқтисодӣ ё молиявӣ;
- берун аз доираи назорати бахши хусусӣ қарор доранд;
- чунин хислате доранд, ки бахши хусусӣ натавонистааст онро ҳангоми бастани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо мулоҳиза тахмин кунад ё ба инобат гирад ё ин ки оқибати онҳоро пешгирӣ ё рафъ намояд.
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ расмиёти таҷдиди назар намудани шартҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро баъди фаро расидани ҳолатҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинигардида муқаррар менамояд.
Моддаи 32. Муҳлати амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ вобаста ба хусусиятҳои техникию иқтисодии объекти консессия ва шарикӣ ба муҳлати то 49 сол баста мешавад.
- Муҳлати амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ муайян карда мешавад. Ташкилоти фармоишгар барои тамдид кардани муҳлати амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки натиҷаи яке аз ҳолатҳои зеринанд, розӣ нашавад:
- мавқуф гузоштан, ба анҷом расондан ё боздошта шудани истифодаи лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар натиҷаи ҳолатҳое, ки берун аз доираи назорати оқилонаи тарафҳо қарор доранд;
- боздоштани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар натиҷаи амалҳои ташкилоти фармоишгар ё мақоми дигари давлатӣ;
- зиёд шудани хароҷот вобаста ба талаботи ташкилоти фармоишгар, ки аз ибтидо дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ нашудааст, агар бахши хусусӣ чунин хароҷотро бе тамдиди муҳлат ҷуброн карда натавонад;
- дар мувофиқа бо бахши хусусӣ, бинобар манфиатҳои миллӣ ё ҷамъиятӣ, ки бо ҳуҷҷатҳои маҳфуздорандаи ташкилоти фармоишгар асоснок карда шудаанд.
- Баъди гузаштани муҳлати амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ шахсе, ки шартҳои созишномаро бовиҷдонона иҷро кардааст, барои тамдиди созишнома ҳуқуқи бартариятнокро соҳиб мегардад.
Моддаи 33. Қатъ шудани амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Ташкилоти фармоишгар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро дар ҳолатҳои зерин бекор мекунад:
- агар бахши хусусӣ уҳдадориҳояшро бинобар қодир набудан, ё бо сабабҳои дигар иҷро карда натовонад;
- мавҷудияти сабабҳои рафънопазири манфиатҳои миллӣ ё ҷамъиятӣ барои ҷуброн кардани зиёни бахши хусусӣ, тавре ки ин дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ гардидааст.
- Бахши хусусӣ метавонад созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро дар ҳолатҳои зерин бекор кунад, агар:
- ташкилоти фармоишгар уҳдадориҳои моддиашонро оид ба созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ иҷро накунанд;
- муҳлати таҷдиди назар кардани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ мутобиқи моддаи 34 Қонуни мазкур риоя гардида, вале тарафҳо вобаста ба таҷдиди назари созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба мувофиқа нарасида бошанд;
- хароҷоти иҷрои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби бахши хусусӣ ба таври назаррас зиёд шуда бошад ё арзише, ки бахши хусусӣ аз чунин иҷрои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба даст меорад, дар натиҷаи амал ё беамалии ташкилоти фармоишгар ё мақомоти дигари давлатӣ хеле кам шуда бошад, инчунин агар тарафҳо дар мавриди таҷдиди назар намудани созишнома ба мувофиқа нарасида бошанд.
- Ҳар яке аз тарафҳо ҳуқуқ дорад созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро бо розигии ҳамдигар дар мувофиқа бо Шуро бекор кунад.
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ метавонад бо ризоияти тарафаҳо ё бо қарори суд дар ҳолати аз ҷониби яке аз тарафҳо риоя накардани шартҳои он қатъ карда шавад.
- Амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз лаҳзаи хориҷ гаштани онҳо аз феҳристи ягонаи давлатии созишномаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ қатъ карда мешавад.
Моддаи 34. Беэътибор донистани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ беэътибор дониста мешавад, агар ташкилоти фармоишгар бе розигии Шуро оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо моддаҳои 6 ва 8 Қонуни мазкур пешбинӣ гардидаанд, бо бахши хусусӣ созишномаи консессионӣ ё шарикии давлат ва бахши хусусӣ баста бошад.
- Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҷониби Шуро оид ба консессияҳо, шарикии давлат ва бахши хусусӣ беэътибор дониста мешавад ва нисбат ба ташкилоти фармоишгар ва ҳам нисбат ба бахши хусусӣ эътибори қонунӣ надорад.
Моддаи 35. Тартиби эътибор пайдо намудани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ баъд аз тасдиқи Шуро оид ба шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз лаҳзаи имзо намудани он байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо менамояд.
Моддаи 36. Ҷубронпулӣ ҳангоми бекор шудани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ тартиби ҷуброни зиёни тарафҳо қайд карда мешавад, ки он дар ҳолати бекор кардани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳисоб карда мешавад ва дар мавриди зарурӣ ҷуброни воқеии арзиши корҳои дар доираи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ иҷрошуда, хароҷот ё талафоти анҷомдодаи тарафҳо, аз ҷумла фоидаи аздастдода пешбинӣ карда мешавад.
БОБИ 5. ТАРАФҲОИ СОЗИШНОМАИ КОНСЕССИОНӢ, ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ, ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ОНҲО
Моддаи 37. Тарафҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
- Тарафҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкилоти фармоишгар, бахши хусусӣ, инчунин конседент мебошанд.
- Ташкилотҳои молиявию қарзӣ, ки лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро маблағгузорӣ менамоянд, метавонанд тарафҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҳисобида шаванд.
- Ташкилот ва корхонаҳои давлатӣ, ки ташкилоти фармоишгар ваколат ба онҳо додааст, метавонанд аз номи ташкилоти фармоишгар фаъолият намуда, уҳдадориҳои ташкилоти фармоишгарро тибқи созишнома ба уҳда гиранд. Дар баробари ин, ташкилоти фармоишгар масъулияти иҷрои уҳдадориҳои созишномаро пурра ба уҳдаи худ мегирад.
- Бахши хусусӣ метавонад ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тибқи созишнома бауҳдагирифтаро ба як ва ё якчанд бахшҳои дигари хусусӣ вогузор намояд. Аммо бахши хусусӣ масъулияти иҷрои уҳдадориҳои созишномаро пурра ба уҳдаи худ мегирад.
Моддаи 38. Ҳуқуқҳои ташкилоти фармоишгар
- Ҳуқуқҳои ташкилоти фармоишгарро инҳо ташкил медиҳанд:
- гирифтани ҳисобот аз шарики хусусӣ оид ба рафти иҷрои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- мониторинг ва бемамониат дастрасӣ пайдо намудан ба ҳуҷҷатгузории амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва объектҳои дагари он;
- пешниҳоди дархост ба бахши хусусӣ барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дар рафти назорат ва мониторинги лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- аз бахши хусусӣ талаби ҷуброни зарар нисбати объекти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ки бо айби бахши хусусӣ рух додааст.
- Ташкилоти фармоишгар, бо дар назар доштани аз ҷониби бахши хусусӣ иҷро нагардидани қисми зиёди уҳдадориҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва тавоно набудани бахши хусусӣ ба бартараф намудани камбудиҳо дар муҳлати зиёд баъд аз гирифтани огоҳинома на бештар аз шаш моҳ бо мақсади таъмин намудани хизматрасонии самаранок ва саривақт ба анҷом расонидани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро ба уҳдаи худ гирифта, назорат ва идораи кори онро ба роҳ мемонад. Мутобиқи шартҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ:
- даромадеро, ки мавзуи гарави қонеъ гардонидани ҳама гуна уҳдадориҳо мебошад, ҷамъ оварад ва пардохт намояд;
- лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро рушд медиҳад ва истифода менамояд, пардохти ҳаққи хизматрасониро муқаррар менамояд ва ба қарордоди кунунии хизматрасонӣ мутобиқ созад;
- метавонад ҳангоми зарурат пешниҳодҳои лоиҳавиро барои сохтмон, хизматрасонии техникӣ ё истифодабарии лоиҳа пешбинӣ намояд.
- Дар сурати иҷро нагардидани уҳдадориҳои моддӣ ва ё вайрон гардидани шартҳои созишнома аз ҷониби бахши хусусӣ созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро қатъ намуда, бахши хусусии дигареро, ки маблағгузории лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро таъмин менамояд, тариқи озмун ва ё гуфтушуниди мустақим интихоб намояд. Бахши хусусии интихобгардида бояд иҷрои уҳдадориҳо дар доираи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусии мавҷударо таъмин кунад.
- Барои баргардонидани сармоя ба бахши хусусӣ ки барои амалӣ намудани лоиҳаи консессисонӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ харҷ карда шудааст, мусоидат менамояд.
- Ҳуқуқҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ кардааст, амалӣ мекунад.
Моддаи 39. Уҳдадориҳои ташкилоти фармоишгар
Ташкилоти фармоишгар уҳдадор аст:
1) ба бахши хусусӣ дар амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ мусоидат намояд;
2) ба бахши хусусӣ ҳуқуқи истифодабарӣ ва ё ихтиёрдории объекти консессия, шарикии давлат ва бахши хусусиро мутобиқи шарт ва муҳлати дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ гардидааст, пешниҳод намояд;
3) тибқи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои иҷрои кор ва хизматрасонӣ ба бахши хусусӣ пардохтҳоро амалӣ намояд;
4) ба бахши хусусии ғолиби озмун барои гирифтани ҳуҷҷатҳои зарурии иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ мусоидат намояд;
5) ҳангоми бекор намудани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи моддаи 36 Қонуни мазкур зиёни ба бахши хусусӣ расонидашударо пардохт намояд;
6) талабот ва шартҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро риоя намояд.
Моддаи 40. Ҳуқуқҳои бахши хусусӣ
- Бахши хусусӣ ҳуқуқ дорад:
1) оид ба тағйир додани шартҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ таклифу пешниҳодҳо манзур намояд;
2) ҳангоми бекор гардидани созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ тибқи моддаи 36 Қонуни мазкур аз ташкилоти фармоишгар пардохти зиёни расонидашударо талаб намояд;
3) даромади софи аз фаъолияти амалисозии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бадастомадаро баъд аз пардохти андозҳо ва пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, бо салоҳдиди худ истифода барад;
4) объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро мутобиқи шартҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ истифода ё ихтиёрдорӣ намояд;
5) дар мувофиқа бо ташкилоти фармоишгар ва мақоми ваколатдори давлатӣ ба таркиби молу мулк тағйирот дарорад, дар объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ корҳои азнавсозӣ, васеъкунӣ ва азнавтаҷҳизонии техникиро, ки арзиши онҳоро зиёд мегардонад, анҷом диҳад;
6) барои эҳтиёҷоти объектҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, молу мулк ва маводи зарурӣ ворид намояд;
7) маҳсулоти истеҳсолкардаашро содир намояд;
8) аз амали ғайриқонунии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони мансабдори онҳо, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба суд муроҷиат намояд.
- Бахши хусусӣ дорои ҳуқуқҳое дигаре мебошад, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 41. Уҳдадориҳои бахши хусусӣ
Бахши хусусӣ уҳдадор аст:
1) шартҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро пурра риоя намояд;
2) дар доираи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ истеҳсоли мол, иҷрои кор ва хизматрасониро бо сифат ва нархи дастрас таъмин намояд;
3) дастрасии баробарҳуқуқиро барои пешниҳодкунандагони хизматрасонӣ ба ҳамаи лоиҳаҳои шарикӣ, ки бахши хусусӣ амалӣ месозад, татбиқ намояд;
4) фаъолияти хоҷагидории худро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ амалӣ намояд;
5) баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монад;
6) объекти консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро, ки дар асоси созишнома ба уҳадории у вогузор гардидааст, дар муҳлати муқарраршуда дар ҳолати хуби техникӣ ба ташкилоти фармоишгар баргардонад, инчунин баъди анҷоми муҳлати амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат бахши хусусӣ ва ё қатъ шудани он молу мулки худро ихтиёрдорӣ намояд;
7) қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои меҳнат, шуғли аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва иҷтимоиро риоя намояд;
8) ҳисобот оид ба рафти амалишавии созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро ҳар семоҳа ба ташкилоти фармоишгар ва мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд;
9) уҳдадориҳои дигарро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ намудааст, иҷро намояд.
БОБИ 6. ДАСТГИРИИ ДАВЛАТӢ ВА КАФОЛАТҲОИ ШАРИКИИ ДАВЛАТ ВА БАХШИ ХУСУСӢ
Моддаи 42. Кафолат ва дастгириҳо давлатӣ
- Бо мақсади ҳимояи сармояи бахши хусусӣ ҳангоми амалӣ намудани лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, ба бахши хусусӣ чунин кафолатҳои давлатӣ дода мешаванд:
- дахолат накардани ташкилоти фармоишгар ва мақомотҳои давлатии дигар ба фаъолияти иқтисодии бахши хусусӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки созишнома ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
- манъи хусусигардонии объекти шарикӣ дар давраи амали созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
- Пешниҳоди имтиёзҳои фискалӣ нисбат ба лоиҳаҳои афзалиятноки консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ бо назардошти гуруҳбандии онҳо аз нигоҳи соҳавӣ, ҳаҷми маблағгузорӣ, давра ва минтақаи амалисозӣ, инчунин шартҳои пешбинишударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
- Дар ҳолати зарурӣ берун аз доираи номгӯи лоиҳаҳои афзалиятноки консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳои фискалӣ барои чунин лоиҳаҳо пешбинӣ карда мешавад.
Моддаи 43. Дастгирии давлатии молиявӣ
Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ, аз ҷониби ташкилоти фармоишгар ба бахши хусусӣ дастгирии молиявӣ пешниҳод карда мешавад:
1) мусоидат ҷиҳати дарёфти қарзҳои имтиёзноки давлатӣ, қарзҳои буҷетӣ, грантҳо ва намудҳои дигари маблағгузорӣ барои амалишавии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва қисматҳои алоҳидаи ин лоиҳаҳо;
2) пешниҳоди субсидияҳои давлатӣ, ки барои таъмини кафолати даромади ҳадди ақаллии бахши хусусӣ аз амалиcозии лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- ) равона намудани маблағҳои буҷетӣ ҷиҳати пардохти бахши хусусӣ барои иҷрои кор ва хизматрасонии муайян тибқи созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ;
- ) амалишавии кафолатҳо ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳо аз ҷониби шарики давлатӣ дар доираи қонунгузории танзимкунанда;
- ) пешниҳоди имтиёзҳои андозиву гумрукӣ тибқи қонунгузории андоз ва гумрук оид ба лоиҳаҳои амалишавандаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ.
Моддаи 44. Дастгирии давлатии ҳуқуқӣ
Бо мақсади амалӣ намудани лоиҳаҳои консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ташкилоти фармоишгар ҳуқуқ дорад ба бахши хусусӣ оид ба дастгирии ҳуқуқӣ ва ё барои пешниҳод гардидани чунин дастгирӣ кумак расонад:
1) илова ба ҳуқуқҳо ба объекти шарикӣ, додани ҳуқуқҳо ба амволи дигари манқул ё ғайриманқул тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) додани ҳуқуқ ба объектҳои амволи манқул ва ғайриманқули дар моликияти ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ қарордошта;
3) додани ҳуқуқ барои ба даст овардани даромад тавассути гирифтани ҳаққи хизматрасонӣ аз намуди дигари фаъолияте, ки ба амалишавии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ алоқамандии бевосита надорад;
4) муқаррар намудани ҳаҷми имтиёзноки иҷорапулӣ барои истифодаи молу мулки дар моликияти ҷумҳуриявӣ ё коммуналӣ қарордошта;
5) додани ҳуқуқҳои истисноӣ ба фаъолияти дар доираи созишнома оид ба лоиҳаи шарикӣ амалишаванда, ки мутобиқи Қонуни мазкур ба имзо расидааст;
6) ҳуқуқ ба озодона соҳибӣ, истифодабарӣ, ихтиёрдорӣ намудани сармояи ба лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ҷалбгардида ва даромадҳо аз фоидаи аз онҳо ба даст овардашуда, бо мақсадҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;
7) ҳуқуқ ба руёнидани зараре, ки дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии мақомоти марказӣ ё маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ба бахши хусусӣ расонида шудааст;
8) ҳуқуқ ба таҷдиди назар (иваз) кардани шартҳои созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва ё пеш аз муҳлат қатъ намудани созишнома ва гирифтани зарари расонидашуда дар ҳолати аз ҷониби ташкилоти фармоишгар қабул гардидани санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки шартҳои амалинамоии лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусиро нисбат ба шартҳои пешбининамудаи созишнома мушкил менамоянд;
9) пешниҳоди дигар намудҳои дастгирӣ, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф нестанд.
Моддаи 45. Ҳимояи ҳуқуқҳои қарздиҳандагон
1. Кафолати ҳуқуқии қарздиҳандагон, аз ҷумла ҳаҷми ҷуброн дар ҳолати қабл аз муҳлат бекор гардидани созишнома дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ пешбинӣ мегардад.
2. Бахши хусусӣ метавонад ба қарздиҳандагон тамоми намуди таъминот, аз ҷумла ҳуқуқҳои вобаста ба созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва созишномаҳои дигари дахлдор, ҳуқуқҳо ва дороиҳо вобаста ба лоиҳаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба гарав гузоштани саҳмияҳо, додани ҳуқуқҳо, даромадҳо ва пардохтҳои тибқи созишнома пардохтшавандаро пешниҳод намояд.
3. Ташкилоти фармоишгар ҳангоми ивази бахши хусусӣ тибқи Қонуни мазкур кафолати ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қарздиҳандагонро таъмин менамояд.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 46. Тартиби баррасии баҳсҳо
- Баҳсҳо байни ташкилоти фармоишгар ва бахши хусусӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд, агар дар созишномаи консессионӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
- Дар ҳолати ҳал нашудани баҳсҳо тарафҳо ҳуқуқ доранд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли баҳсҳо ба Шуро ва ба мақомоти судӣ муроҷиат намоянд.
Моддаи 47. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 48. Дар бораи аз эътибор соқит донистани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» ва «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи консессияҳо» аз 15 декабри соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №12, мод. 847) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шарикии давлат ва бахши хусусӣ» аз 28 декабри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №12, мод,1001) аз эътибор соқит дониста шаванд.
Моддаи 49. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон