Лоиҳа
КОДЕКСИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Кодекси мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, экологӣ ва ташкилии муносибатҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист танзим намуда, ба ҳифз ва истифодаи самаранок, мақсаднок, оқилонаи захираҳои табиӣ равона гардида, таъмини ҳифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, рушди устувор ва кафолати ҳимояи ҳуқуқҳои табиатистифодабарандагонро муайян менамояд.
ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ АСОСӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣДар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:1) амнияти экологӣ - ҳолати муҳофизавии манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва ҷамъият, аз таъсири эҳтимолии зараровар ба муҳити зист, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ;2) арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист - раванди муайян намудани таъсири имконпазири фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба муҳити зист, тағйири эҳтимолии муҳити зист, инчунин пешгӯӣ намудани вазъи ояндаи он ба мақсади қабули қарор оид ба имконпазир ё имконнопазир будани татбиқи қарорҳои лоиҳавӣ;3) арзёбии экологӣ - раванди муайян кардан, омӯхтан, тавсиф ва арзёбии таъсироти эҳтимолии мустақим ва ғайримустақими имконпазири татбиқи чорабиниҳои банақшагирифташуда ва ҷорӣ ё ҳуҷҷати таҳияшаванда оид ба муҳити зист;4) аудити экологӣ - арзёбӣ ва таҳлили мустақил дар фаъолияти хоҷагидорӣ доир ба риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва методию техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ ҷиҳати омода намудани тавсияҳо барои бартараф намудани камбудиҳои ошкоршуда;5) вазъияти фавқулоддаи экологӣ - ҳолати хатарноки экологӣ, ки бо мақсади ҳифзи ҳаёт, саломатии инсон ва муҳити зист фавран андешидани тадбирҳои таъҷилиро барои рафъи он талаб менамояд;6) вазъияти хатарноки экологӣ - ҳолате, ки муҳити зист дар натиҷаи таъсири омилҳои антропогенӣ ва табиӣ, аз ҷумла, таъсири офатҳои табиӣ хароб гардидааст ё эҳтимоли хароб шудан дорад ва ё тағйир ёфта, ба вазъияти бад афтодааст ва хатари ин метавонад ба манфиатҳои ҳаётан муҳими инсон ва ҷамъият таҳдид намуда, ҳолатҳои фавқулоддаро ба вуҷуд орад;7) газҳои гулхонаӣ - як ҷузъи газии таркиби ҳавои Замин (дуоксиди карбон, метан, оксидҳои нитроген ва дигар газҳо) аз пайдоиши табиӣ ё антропогенӣ мебошад, ки радиатсияи электромагнитии инфрасурхро фурӯ мебарад ва инъикос мекунад;8) гуногунии биологӣ - шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ ва обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо буда, гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва экосистемаҳо дар бар мегирад;9) деградатсияи замин (таназзули замин) - маҷмуи равандҳое мебошад, ки боиси паст шудани қабати ҳосилхезии замин, бад шудани ҳолати экологӣ ва мелиоративӣ, инчунин дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ё антропогенӣ, ки боиси тағйироти манфии таносуби микдорӣ ва сифатии хок мегардад;10) замин - сатҳи болои замин (фазои ҳудудӣ), аз ҷумла, қабати хок, ки дар ҷараёни фаъолият барои қонеъ гардонидани талаботи моддӣ, маънавӣ ва дигар талаботи ҷомеа истифода мешавад ё метавонад истифода шавад;11) зарар ба муҳити зист - тағйирёбии номатлуби вазъи муҳити зист дар натиҷаи ифлосшавӣ, ки ба таназзули низомҳои экологӣ ва коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаб мегардад;12) захираҳои табиӣ - ҷузъиёти муҳити зисти табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиию антропогенӣ, ки инсон истифода мебарад (энергияи офтоб, гармии дохилизаминӣ, ҳавои атмосфера, захираҳои замин, об, ҷангал ва маъдан, маводи радиоактивӣ, олами набототу ҳайвонот ва маҳсули онҳо, дигар неъматҳои табиӣ);13) иқлим - маҷмуи шароити бисёрсолаи обуҳаво, ки ба маҳалли муайян хос мебошад;14) истифодабарандагони табиат - шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари худ захираҳои табииро мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд ва (ё) ҳангоми амалисозии он ба муҳити зист таъсир мерасонанд;15) истифодаи захираҳои табиат - фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар бо истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин таъсири ин фаъолият ба муҳити зист;16) истифодаи сарватҳои зеризаминӣ - фаъолияте, ки бо омӯзиши геологӣ, истихроҷ, коркард ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ алоқаманд аст;17) истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ - маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, техникӣ, экологӣ ва дигар чорабиниҳо мебошад, ки истифодаи самараноки сарватҳои зеризаминӣ, инчунин ҳифзи дигар ҷузъҳои муҳити зист ва объектҳои табииро ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар бар мегирад;18) иттилооти экологӣ - ҳама гуна маълумот дар шакли хаттӣ, визуалӣ, акустикӣ, электронӣ ё шакли дигари моддӣ дар бораи ҳолати муҳити зист, ҷузъиёти он, робитаи мутақобилаи байни ин ҷузъиёт ва омилҳо, аз ҷумла, моддаҳо, энергия, садо, радиатсия, амалҳо ба монанди чорабиниҳои маъмурӣ, созишномаҳои экологӣ, қонунгузорӣ, нақшаҳо ва барномаҳои марбут ба муҳити зист ва хароҷот ҷиҳати татбиқи онҳо, таҳқиқоти иқтисодӣ ва дурнамоҳое, ки ҳангоми қабули қарорҳо оид ба муҳити зист истифода мегарданд, амнияти экологӣ, тағйирёбии иқлим, чораҳои мутобиқшавӣ ба он, инчунин оид ба хизматрасонии экосистема, генофонд ва захираҳои генетикии организмҳои зинда мебошад;19) ифлосшаии муҳити зист - воридшавии моддаҳои эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ, моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, инчунин таъсири садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ ва дигар таъсири манфии физикӣ ба муҳити зист;20) комплекси табиӣ - маҷмуи объектҳои табиӣ, ки аз ҷиҳати функсионалӣ ва табиӣ ба ҳам алоқаманд буда, бо нишонаҳои ҷуғрофӣ ва нишонаҳои дигари марбута муттаҳид мебошанд;21) консерватсияи замин - муваққатан аз гардиши хоҷагидорӣ баровардани қитъаҳои замини таназзулёфта ва камҳосилгашта бо мақсади баланд бардоштан ва беҳтар кардани хусусиятҳои ҳосилхезӣ ва экологии он;22) қабати озон - қабати атмосфера, ки бо ғилзати баланди молекулаҳои озон ифода ёфта, қобилияти баргардонидани афканишоти нурҳои ултрабунафши офтобро, ки барои мавҷудоти зинда хатарноканд, дорад;23) ландшафти табиӣ - мавзеи табиӣ, ки дар натиҷаи таъсири антропогенӣ тағйир наёфтааст ва бо намудҳои муайяни релефи маҳал, хок, растании дар шароити ягонаи иқлимӣ ташаккулёфта хос мебошад;24) лимити истифодаи захираҳои табиӣ - миқдори ниҳоии гирифтан ва истифода бурдани захираҳои табиӣ ва ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ки бо мақсади ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи онҳо, пешгирӣ ва рафъи таъсири номатлуб ба онҳо муқаррар карда мешавад;25) ҷузъҳои муҳити табиӣ - замин, қаъри он, хок, захираҳои об, ҳавои атмосфера, олами наботот ва ҳайвонот, дигар организмҳо, инчунин қабати озони атмосфера ва фазои кайҳонии атрофи Замин;26) маърифати экологӣ - раванди таълим, ки мақсади он таълиму тарбия дар руҳияи эҳтиром, ҳифз ва оқилона муносибат намудан ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ мебошад;27) меъёри технологӣ - меъёри имконпазири ихроҷ, партови модда ва микроорганизмҳо, ки барои манбаъҳои доимӣ (статсионарӣ), сайёр ва дигар манбаъҳо, равандҳои технологӣ ва таҷҳизот муқаррар карда мешаванд ва андозаи имконпазири ҳаҷми ихроҷ, партови моддаҳо ва микроорганизмҳоро ба муҳити зист нисбат ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда инъикос менамояд;28) меъёрҳои имконпазири фишори антропогенӣ ба муҳити зист - меъёрҳое, ки мутобиқи андозаи таъсири маҷмуии имконпазири ҳама манбаъҳо ба муҳити зист ва (ё) ҷузъиёти алоҳидаи муҳити табиат дар минтақаҳои мушаххас муқаррар карда шудаанд ва дар сурати риояи онҳо фаъолияти устувори низомҳои экологии табиӣ таъмин ва гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад;29) меъёрҳои ихроҷи партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда (минбаъд - меъёрҳои ихроҷ ва партов) - маҳдудияти ихроҷ ва партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ки барои давраи гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавҷуда, бо мақсади ноил гардидан ба меъёрҳои ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд;30) меъёрҳои ҳифзи муҳити зист - меъёрҳои муқарраргардидаи сифати муҳити зист ва меъёрҳои таъсири имконпазир ба он ки дар сурати риояи онҳо муҳити зисти барои ҳаёти инсон мусоиди фаъолияти устувори низомҳои экологии табиӣ таъмин ва гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад;31) минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ - ҳудудҳои табиие, ки барои таъмини меъёрҳои гигиении зарурии ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар қабати рӯйизаминии ҳавои атмосфера, ҳифзи захираҳои об, замин, олами наботот ва ҳайвонот, кам кардани таъсири манфии майдонҳои электромагнитӣ ва таъсири дигари кимиёвӣ ва физикӣ ба аҳолии маҳал муайян гардидаанд;32) моддаи ифлоскунанда - модда ё омехтаи моддаҳое, ки миқдор ва (ё) таркиби онҳо аз меъёри барои моддаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла, радиоактивӣ, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳои муқарраргардида зиёд мебошанд ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд;33) мониторинги ҳолати муҳити зист - системаи мушоҳидаи ҳолат ва ифлосшавии ҳавои атмосфера, захираҳои об, хок, инчунин таъмини гирифтани маълумот дар бораи ҳолати муҳити табиӣ ва пешгӯии тағйироти эҳтимолии он;34) мониторинги экологӣ - маҷмуи тадбирҳо оид ба мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯии ҳолати муҳити зист ва ҷузъҳои алоҳидаи он, омилҳои табиӣ ва антропогении таъсир ба онҳо ва манбаъҳои ташаккулёбии онҳо дар асоси ченкунии тағйироти нишондодҳои миқдорӣ ва сифатии муҳити зист;35) муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмуи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ, табиию антропогенӣ, объектҳои антропогенӣ, дигар объектҳои моддӣ ва (ё) амали мутақобилаи ин ҷузъиёт, ки ба сифати ҳаёт, шароити фаъолият ва вазъи саломатии инсон таъсир мерасонанд;36) муҳити зисти мусоид - муҳити зисте, ки сифати он зиндагии солими инсон, фаъолияти устувори низомҳои экологии табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиию антропогениро таъмин менамояд;37) назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (назорати экологӣ) - маҷмуи чорабиниҳое, ки барои пешгирӣ, ошкор ва рафъ кардани ҳолатҳои риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини риояи талабот, аз ҷумла, регламент ва стандартҳои экологӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ равона шудаанд;38) низоми ҳифзи муҳити зист - маҷмуи барнома ва чорабиниҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ, воҳидҳои зерсохтори он, шабакаҳои дар соҳаи муҳити зист сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият амалкунандаи муассисаю ташкилотҳо, ки ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нигаронида шуда, барои иҷрои мақсаду вазифаҳои ягона, афзун гардонидани саҳми ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таъмини амнияти экологӣ ва муҳити зисти мусоид барои инсон муттаҳид карда шудаанд;39) низоми экологӣ - маҷмуи ягона, устувор, мустақилона инкишофёбанда, танзимшавандаи ҷузъиёти зинда ва ғайризиндаи муҳити зист дар ҳудуди қитъаи муайяни биосферӣ, ки тавассути мубодилаи моддаҳо, энергия ва иттилоот байни ҳам алоқаманд мебошанд;40) объекти антропогенӣ - объекте, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятҳои объектҳои табиӣ намебошад;41) объекти арзёбӣ - фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки нисбати он расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист татбиқ карда мешавад;42) объекти табиии антропогенӣ - объекти табиӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар тағйир ёфтааст ва (ё) объекте, ки аз тарафи инсон сохта шуда, дорои хусусияти объекти табиӣ мебошад ва аҳаммияти рекреатсионӣ ва муҳофизатӣ дорад;43) объектҳои обии фаромарзӣ (обҳои фаромарзӣ) - объектҳои обе, ки сарҳади байни ду ва зиёда давлати хориҷиро убур мекунанд ё сарҳади давлатиро тавассути онҳо мегузарад;44) объектҳои табиӣ - низоми экологии табиӣ, ландшафтҳои табиӣ ва ҷузъҳои таркибии онҳо, ки хусусиятҳои табиии худро нигоҳ доштаанд;45) партовҳо - моддаҳо ё маводҳое мебошанд, ки дар ҷараёни фаъолияти иқтисодӣ, фаъолияти ҳаётии инсон ба вуҷуд меоянд ва ҷойи ташаккули онҳо таъиноти муайян надоранд ё хосиятҳои истеъмолии худро пурра ё қисман гум кардаанд;46) пирях - ҳаҷми бузурги яхи табиии дар натиҷаи табдили боришоти сахти атмосферӣ бавуҷудомада;47) рекултиватсияи замин - маҷмуи чорабиниҳое, ки барои барқарор кардани қабати ҳосилхези хок равона карда шудаанд; 48) рушди устувор - раванди рушди ҷомеа, ки ҳалли мутавозини вазифаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, дар як вақт нигоҳдории муҳити мусоиди зист ва иқтидори захираҳои табииро бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи наслҳои имрӯза ва ояндаи инсон таъмин менамояд;49) сайёҳии экологӣ - намуди сайёҳие, ки дар муҳити табиат сурат гирифта, мақсади он тамошои манзараҳои табиӣ, дастгирии ҳифзи муҳити зист ва халалдор насохтани ягонагии низомҳои экологӣ мебошад;50) сифати муҳити зист - вазъи муҳити зист, ки бо нишондиҳандаҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ, нишондиҳандаҳои дигар ва (ё) маҷмуи онҳо ифода мегардад;51) стандарти экологӣ - меъёрҳои ҳадди ҷоизи тасдиқшуда, ки раванди истифодаи техника ва технологияро ҳангоми истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол ва истифодаи маҳсулот таъмин менамояд;52) стандартҳо ва қоидаҳои истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ - санадҳои меъёрии техникие, ки талаботи ҳатмии бехатарии экологиро дар соҳаи истифода ва ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ муқаррар менамоянд;53) талаботи экологӣ (талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист) - пешниҳоди шартҳои ҳатмӣ, маҳдудият ё маҷмуи онҳо ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва риояи ҳатмии онҳо, ки бо Кодекси мазкур танзим карда мешавад;54) талаботи экологӣ оид ба ҳифз ва истифодаи замин - шартҳои ҳатмӣ, маҳдудият ё маҷмуи онҳо ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар оид ба ҳифз ва истифодаи замин, ки ба нигоҳдории замин ҳамчун унсури муҳими захираи табиӣ ва муҳити зист тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии онҳо равона гардидааст;55) талаботи экологӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои об - шартҳои ҳатмӣ, маҳдудият ё маҷмуи онҳо ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар оид ба ҳифз ва истифодаи об, ки ба нигоҳдории об ҳамчун унсури муҳими захираи табиӣ ва муҳити зист тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва риояи ҳатмии онҳо равона гардидааст;56) тарбияи экологӣ - раванди мунтазам, бонизом ва мақсадноке, ки ба ташаккули муносибатҳои эҳтиёткоронаи шахс ба табиат ва меъёрҳои ахлоқию фарҳангии рафтор нисбат ба муҳити зист, идоракунии табиат ва амнияти экологӣ бо мақсади рушди зеҳнӣ, маънавӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, ҷисмонӣ ва касбии шахс, қонеъ гардонидани талабот ва манфиатҳои таълимии ӯ амалӣ карда мешавад;57) таълими экологӣ - раванди таълиму тарбия, ки ба ташаккули фарҳанги экологӣ, низоми тамоюлҳои арзишӣ, меъёрҳои ахлоқию маънавии рафтор, гирифтани дониши махсус ва андӯхтани таҷриба дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин паҳн кардани донишҳои экологӣ, аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, муассисаҳои таҳсилоти зинаҳои гуногун, осорхонаҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, экологӣ, ташкилотҳои варзишӣ ва сайёҳӣ мебошад;58) таъмини амнияти экологӣ - маҷмуи тадбирҳо, ки барои пешгирии пайдоиш ва густариши вазъияти хатарноки экологӣ ва рафъи оқибатҳои онҳо андешида мешаванд;59) таъсири антропогенӣ - маҷмуи таъсиррасонии мустақим ва ғайримустақими фаъолияти инсон ба муҳити зист;60) таъсири манфӣ ба муҳити зист - тағйирёбии манфии ҳолати муҳити зист, ки пурра ё қисман дар натиҷаи таъсиррасонии объекти фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба вуҷуд омадааст;61) таъсири фаромарзӣ - таъсир ба муҳити зисти давлати хориҷӣ, ки метавонад дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шавад;62) таъсиррасонӣ ба муҳити зист - оқибатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда барои муҳити зист, ки ба саломатӣ ва амнияти аҳолӣ, объектҳои олами наботот, ҳайвонот, хок, ҳавои атмосфера, захираҳои об, замин, иқлим, ландшафт, ёдгориҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дигар объектҳои моддӣ ё робитаи мутақобилаи онҳо, инчунин ба шароити иҷтимоию иқтисодӣ таъсири манфӣ мерасонанд;63) фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда - шахси воқеӣ ва ҳуқуқие, ки барои омодасозии ҳуҷҷатҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, аз ҷумла, оид ба маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист масъул мебошад;64) фарҳанги экологӣ - маҷмуи муносибатҳои иҷтимоӣ, арзишҳои ахлоқӣ, меъёр ва усулҳои таъсири мутақобилаи ҷамъият ва муҳити зист, ки ташаккули дониш ва маърифати экологӣ дар шуур ва ахлоқи ҷамъиятии одамон равона гардида, ба ҳаёти солим, болоравии маънавиёти ҷамъият, рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, таъмини амнияти экологии давлат ва ҳар фарди алоҳида мусоидат менамояд;65) фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда - фаъолияти инъикосёфта дар ҳуҷҷати лоиҳавӣ оид ба сохтмон, азнавсозӣ, васеъкунӣ, бозсозии техникӣ, тағйири самти истеҳсолот, истифодаи объектҳо ва дигар фаъолияте, ки ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманд мебошад ва (ё) метавонад ба муҳити зист таъсир расонад;66) хатари экологӣ - эҳтимолияти фарорасии ҳолате, ки барои муҳити зист оқибати номусоид дошта, дар натиҷаи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари манфӣ, ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ ба вуҷуд меояд;67) хок - қабати болоии табиӣ ё дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари тағйирёфтаи замин, ки аз моддаҳои минералӣ ва органикӣ, об, ҳаво, организмҳои хокӣ ва самараи фаъолияти ҳаёти онҳо иборат буда, хусусияти ҳосилхезӣ, сохт ва хусусиятҳои дигари барои мавҷудияти набототу ҳайвонот ва ҳаёту фаъолияти инсон зарурро дорад;68) ҳавои атмосфера - қабати газҳое, ки заминро иҳота карда, аз нитроген, оксиген, омехтаи газҳои инертӣ, дуоксиди карбон, озон ва дигар газҳо иборат мебошад;69) ҳифзи замин - маҷмуи чорабиниҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, технологӣ ва дигар чорабиниҳо, ки ба ҳифзи замин таъмини истифодаи мақсаднок, оқилона ва самараноки он, барқароркунӣ ва баланд бардоштани маҳсулнокии хок, пешгирӣ аз таназзулёбӣ, пешгирии таъсиррасонии манфии антропогенӣ ба замин ва баланд бардоштани ҳосилхезии замин равона шудааст;70) ҳифзи муҳити зист - маҷмуи тадбирҳои давлатӣ ва ҷамъиятии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, технологӣ, маърифатӣ ва байналмилалӣ, ки ба таъмини ҳамоҳангии муносибати мутақобилаи ҷамъият ва табиат дар асоси ҳифз ва барқарорсозии муҳити табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати муҳити зисти инсон, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба муҳити зист ва бартараф намудани оқибатҳои он равона гардидаанд;71) ҳифзи ҳавои атмосфера - фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ, шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки ба нигоҳдорӣ, барқарорсозии сифат ва ҳавои атмосфера ба воситаи коҳиши ифлосшавии ҳавои атмосфера ва (ё) пешгирии он равона гардидааст;72) ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ - маҷмуи шартҳо ва тадбирҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои пешгирӣ намудани истифодаи ғайриоқилона ва хароб гаштани сарватҳои зеризаминӣ, таъмини талаботи муқарраргардида оид ба омӯзиш, азхудкунӣ ва истифодаи онҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои талафоти камтарини сарватҳои табиӣ нигаронида шудаанд;73) ҳифзи хок - маҷмуи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва тадбирҳои дигари оқилонаи истифодаи хок, ҳифз ва пешгирӣ кардани он аз харобшавӣ, таъсироти манфии табиӣ ва техногенӣ;74) ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои онҳоро иҳотакардае, ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳаммияти махсуси ҳифзи муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, рекреатсионӣ ва солимгардонӣ ҷойгир буда, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ва ё қисман аз истифодабарии хоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми махсуси ҳифз муқаррар шудааст;75) ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо - лоиҳаҳои ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, шаҳрсозӣ, меъморӣ, сохтмон, лоиҳаҳои санадҳои меъёрии техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба онҳо баробаркардашуда, ки ба объектҳои экспертизаи экологӣ дохил мешаванд;76) шикор – намуди фаъолият оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо роҳи ҷустуҷӯ, таъқиб ва дунболагирӣ кардан бо мақсади ба даст овардани (тавассути дошта гирифтан ё парондани) ҳайвоноту парандаҳои ваҳшӣ, ки дар табиат дар ҳолати озод ё дар шароити нимозод мавҷуданд;77) экспертизаи экологӣ - муқаррар намудани мутобиқатӣ ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба талаботи меъёрҳои сифати муҳити зист, қонунгузории экологӣ, санадҳои меъёрии техникӣ, амнияти экологӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувори экологӣ;78) эрозияи хок - ҷараёни нобудшавии хок дар зери таъсири боришот, обёрӣ ва шамол.
Моддаи 2. Қонунгузории экологии Ҷумҳурии ТоҷикистонҚонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Муносибатҳое, ки қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд1. Кодекси мазкур муносибатҳо вобаста ба алоқамандии мутақобилаи ҷамъият ва муҳити зистро дар раванди амалӣ сохтани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд, танзим менамояд.2. Муносибатҳо вобаста ба ҳифз ва истифодаи сарватҳои табиӣ, замин, қаъри замин, об, ҷангал, гуногунии биологӣ, объектҳои махсуси таърихию фарҳангӣ ва дигар боигариҳои табиӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар қисми бо муқаррароти Кодекси мазкур набуда, танзим карда мешаванд.3. Муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи экологӣ, ки таъмини беҳдошти санитарӣ-эпидемиологии аҳолӣ, муайян ва татбиқи иҷрои талаботҳои ҳатмӣ, ихтиёрӣ ба маҳсулот, хизматрасонӣ, кор, баҳогузорӣ ва тасдиқи мувофиқат, аккредитатсия дар соҳаи танзими техникӣ ва стандартӣ, истифодаи энергияи атомӣ ва таъмини амнияти радиатсионии аҳолӣ, муомилот бо партовҳо ва таъмини амнияти экологӣ, ки ҳангоми пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои табиӣ ва техногенӣ ба вуҷуд меоянд, агар дар ҳамин Кодекс танзим нашуда бошад, бо қонунгузории соҳавӣ танзим карда мешаванд.
Моддаи 4. Мақсад ва вазифаҳои қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон1. Мақсади қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муайян кардани заминаи ҳуқуқӣ, вазифаҳо ва принсипҳо, инчунин механизмҳои татбиқи сиёсати ягонаи давлатии экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ иборат аст.2. Вазифаҳои қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:1) таъмини сатҳи баланди ҳифзи муҳити зист тавассути татбиқи танзими давлатӣ, ки ба пешгирии ифлосшавии муҳити зист, пешгирии зарари экологӣ дар ҳама шакл ва таъмини рафъи оқибатҳои зарари экологӣ, инчунин тадриҷан кам кардани таъсири манфии антропогенӣ ба муҳити зист нигаронида шудааст;2) таъмини муҳити барои ҳаёт ва саломатии инсон мусоид;3) таъмини асосҳои экологии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон;4) таъмини саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими вокуниши глобалӣ ба таҳдиди тағйирёбии иқлим дар заминаи рушди устувор, инчунин дар татбиқи барномаҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва фаромарзӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз»;5) ҳифз, нигоҳдорӣ ва барқароркунии муҳити зист, аз ҷумла, ҳудудҳо ва объектҳои дорои арзиши махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ ва рекреатсионӣ;6) ташаккул додани низоми самарабахши идораи давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ҳамкории мутақобила ва ҳамоҳангсозии фаъолияти ҳамаи мақомоти давлатиро таъмин менамояд;7) ҳавасмандгардонии ҷалби сармоягузориҳои «сабз» ва истифодаи васеи беҳтарин техника, технология ва таҷрибаҳои каммасраф, кам кардани ҳаҷм ва коҳиши хатари партовҳои тавлидшуда ва идоракунии самараноки онҳо, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи об, инчунин татбиқи тадбирҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии энергия, истифодаи устувор, барқарорсозӣ ва такрористеҳсоли захираҳои табиӣ;8) таъмини доимӣ ва мунтазам ҷамъоварӣ, ҷамъшавӣ, нигоҳдорӣ, таҳлил ва паҳн кардани иттилооти экологӣ ба аҳолӣ, аз ҷумла, бо истифода аз технологияҳои муосири рақамӣ, инчунин эҳтироми ҳуқуқи ҳар як шахс ба дастрасии иттилооти экологӣ, муайян кардани шартҳои асосӣ, тартиб ва хусусиятҳои татбиқи ин ҳуқуқҳо;9) таъмини шаффофият ва иштироки ҳамаҷонибаи ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон;10) таъмини мониторинги самараноки муҳити зист ва назорати муҳити зист;11) фароҳам овардани шароит барои ҷалби маблағгузориҳо ба тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, навсозии иншоотҳои мавҷуда ва сохтмони инфрасохтори нав, ки дараҷаи баланди ҳифзи муҳити зистро таъмин менамояд;12) таъмини иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ ва уҳдадориҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;13) ташаккули фарҳанги экологӣ дар ҷомеа, пешбурди донишҳои экологӣ дар ҳамаи зинаҳои маориф, рушди маърифати экологӣ ва маърифатнокӣ бо мақсади таъмини рушди устувор;14) мустаҳкам намудани қонуният ва тартибот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини бехатарии экологӣ.
Моддаи 5. Ҳуқуқи моликият ба захираҳои табиӣЗахираҳои табиӣ моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Соҳибӣ ва истифодаи ҳуқуқи моликият ба захираҳои табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 6. Субъект ва объектҳои муносибатҳои экологӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот субъекти муносибатҳои экологӣ мебошанд.2. Объектҳои муносибатҳои экологӣ аз инҳо иборат аст:1) ҳуқуқи шаҳрвандон ба таъмини муҳити зисти мусоид;2) таъмини амнияти экологӣ ҳангоми банақшагирии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар шаклҳои фаъолият, инчунин маҳсулот ва хизматрасонӣ;3) чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, ҳифзи намудҳои нодир ва таҳти хатари нобудшавӣ қарордошта, ки дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидааст, дастгирӣ ва рушди шабакаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва объектҳои мероси табиию фарҳангии мақоми миллӣ ва байналмилалидошта;4) фаъолият оид ба омӯзиши равандҳои омилҳои таъсиррасонии табиӣ, антропогенӣ, табиию антропогенӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон.3. Объекти муносибатҳои дигари марбут ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҳифзи муҳити зист ва кафолати таъмини амнияти экологӣ, ки тибқи дигар соҳаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд, меъёрҳои онҳо бояд ба қонунгузории экологӣ мувофиқат намоянд.
Моддаи 7. Асосҳои экологии рушди устувори Ҷумҳурии ТоҷикистонНишондиҳандаҳои асосҳои экологии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборат аст:1) ноил шудани давлат ба таъмини муҳити зисти мусоид барои ҳаёт ва саломатии инсон;2) ҳифзи муҳити зист ва нигоҳдории гуногунии биологӣ;3) ташаккулдиҳӣ ва нигоҳдории устувори истеҳсолот ва истеъмолот, аз ҷумла, кам кардани таъсири антропогенӣ ба муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои барқарорнашавандаи табиӣ, рушди низоми муомилот бо партовҳо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи некуаҳволӣ ва сифати зиндагии аҳолӣ;4) нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ дар масъалаи истифодаи сарватҳои табиӣ ва таъсиррасонӣ ба муҳити зист;5) таъмини ҳифз, нигоҳдорӣ ва фаъолияти устувори низомҳои экологии табиӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ ва андешидани тадбирҳо оид ба беҳтар намудани он, пешгирии зарар ба муҳити зист, мубориза бар зидди биёбоншавӣ;6) таъмини ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба дастрасии иттилооти экологӣ ва иштироки ҷомеа дар ҳалли масъалаҳои экологӣ ва рушди устувор;7) иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои глобалии экологӣ, аз ҷумла, таҳдидҳои тағйирёбии иқлим тавассути татбиқи чорабиниҳо оид ба пешгирии тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он, инчунин амалӣ намудани чорабиниҳо оид ба ҳифзи қабати озони атмосфераи Замин;8) ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштан, ҳифз ва барқарор кардани вазъи солим ва экосистемаи Замин;9) мутобиқсозии қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо принсипҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;10) танзими воридот ва содироти ҳама гуна мавод ва моддаҳое, ки ба муҳити зист ё ба саломатии инсон зарар мерасонанд, тавассути сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, андешидани чораҳои пешгирикунанда тибқи принсипи хатари эҳтимолии экологӣ.
Моддаи 8. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ, иттилоотӣ, иҷтимоиву инфрасохторӣ ва дигар тадбирҳои таъсиррасонии давлатӣ мебошанд, ки ба таъмини ҳифз ва истифодаи оқилонаю самараноки захираҳои об ва замин, сарватҳои зеризаминӣ, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар захираҳои табиӣ барои манфиати халқ равона карда шудаанд.2. Барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист низоми ҳифзи муҳити зист ташкил карда мешавад, ки он ба таъмини ҳуқуқи шаҳрвандон барои муҳити зисти солим ва мусоид нигаронида шудааст.3. Асоси ташкили сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи муҳити зист иборат мебошад.
Моддаи 00. Экологияи рақамӣ1. Рақамикунонии муносибатҳои экологӣ тавассути таъсиси «Системаи ягонаи давлатии мониторинги муҳити зист ва захираҳои иттилоотӣ», ки ба амалисозии стратегияи миллии рушди устувор, пешгирии ҳолатҳои фавқулодаи экологӣ, амалисозии ҷараёнҳои ошкорбаёнӣ ва демократикунонии ҷомеа дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва захираҳои табиӣ мусоидат мусоидат менамояд, инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити дастрасии табақаҳои васеи аҳолӣ ба захираҳои иттилоотии экологӣ, амалинамоии мониторинги афкори ҷамъиятии аҳолӣ доир ба мушкилоти экологӣ, самаранокии истифодаи захираҳои табиӣ, баланд бардоштани истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва беҳсозии шароити иҷтимоию иқтисодии ҳаёти аҳолӣ ба роҳ монда мешавад.2. Рақамикунонии муносибатҳои экологӣ мутобиқи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ амалӣ карда мешавад.
БОБИ 2. ПРИНСИПҲОИ ҚОНУНГУЗОРИИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 9. Принсипи пешгирӣ Ҳама гуна фаъолияте, ки боиси ифлосшавии муҳити зист, таназзули муҳити табиӣ мегардад ё метавонад боиси зарари экологӣ ва расонидани зарар ба ҳаёт ва саломатии инсон гардад, дар доираи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, агар дар манбаи таъсир ба муҳити зист тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии сар задани ин оқибатҳо таъмин карда шаванд.
Моддаи 10. Принсипи эҳтиётӣ Агар дар натиҷаи ҳама гуна фаъолияте, ки барои муҳити табиӣ ва (ё) ҷузъҳои алоҳидаи он оқибатҳои назаррас ва бебозгашт дорад ё ба ҳаёт ва (ё) саломатии одамон зарар расонида метавонад, хавфи расонидани зарари экологӣ вуҷуд дошта бошад, сарфи назар аз набудани дар сатҳи ҳозираи донишҳои илмию техникии қобилияти асоснок кардан ва ба қадри кифоя баҳодиҳии эҳтимолияти ба амал омадани ин оқибатҳои манфӣ барои пешгирӣ кардани чунин оқибатҳо бо хароҷоти аз ҷиҳати иқтисодӣ қобили қабул чораҳои мутаносиб андешида шаванд.
Моддаи 11. Принсипи ислоҳнамоӣ Зарари экологӣ бояд пурра бартараф карда шавад. Агар пурра бартараф намудани зарари расонидаи муҳити зист имконнопазир бошад, оқибатҳои он ба қадри имкон бо дараҷаи ҳозираи тараққиёти илму техника кам карда шаванд. Ба андозае, ки оқибатҳои зарари экологӣ бартараф нашудаанд ё ҳадди ақал кам карда нашудаанд, иваз намудани онҳо бо роҳи гузаронидани ислоҳоти алтернативӣ тибқи Кодекси мазкур таъмин карда мешавад.
Моддаи 12. Принсипи мутаносибӣ Тадбирҳои ҳифзи муҳити зист то андозае пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои ноил шудан ба мақсад ва вазифаҳои қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон кифоя бошанд.
Моддаи 13. Принсипи «ифлоскунанда пардохт мекунад»Шахсе, ки фаъолияташ боиси ифлосшавии муҳити зист, таназзули муҳити табиӣ мегардад ё метавонад боиси он гардида, дар ҳама гуна шакл зарари экологӣ ё ба ҳаёт ва саломатии одамон зарар расонад, тамоми хароҷоти амалигардониро тибқи талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва назорати оқибатҳои манфии фаъолияти он, аз ҷумла, рафъи зарари экологӣ тибқи принсипи ислоҳнамоӣ ба зимма мегирад.
Моддаи 14. Принсипи рушди устувор Табиат ва захираҳои он сарвати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд ва истифодаи онҳо бояд устувор бошад. Давлат идоракунии мутаносиб ва оқилонаи сарватҳои табииро ба манфиати наслҳои ҳозира ва оянда таъмин менамояд. Ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ба ҳифзи низомҳои экологии табиӣ ва таъмини фаъолияти устувори онҳо, сарфаи об, энергия ва баланд бардоштани самаранокии энергия, кам кардани истеъмоли энергия ва ашёи хоми ғайрибарқароршаванда, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, ҳадди ақал тавлиди партовҳо, инчунин истифодаи онҳо ҳамчун захираҳои дуюмдараҷа афзалият дода мешавад.
Моддаи 15. Принсипи ҳамгироӣ Сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ бо назардошти таносуби байни вазифаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва зарурати таъмини асосҳои экологии рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, дараҷаи баланди ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сифат ташаккул ва амалӣ карда мешавад.
Моддаи 16. Принсипи дастрасии иттилооти экологӣДавлат дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ риояи ҳуқуқи ҷамъият, инчунин мақомоти давлатӣ ва шахсони манфиатдорро оид ба дастрасии иттилооти экологӣ дар асосҳо, шартҳо ва дар доираи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ таъмин менамояд.
Моддаи 17. Принсипи иштироки ҷомеа Ҷомеа ҳуқуқ дорад дар қабули қарорҳое, ки ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, тибқи шартҳо ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур иштирок намояд. Иштироки самараноки аҳли ҷомеа дар қабули қарорҳо аз рӯйи масъалаҳое, ки ба манфиатҳои ҳифзи муҳити зист ва рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл доранд, аз марҳилаи аввал, ки тамоми имкониятҳо барои баррасии вариантҳои гуногун кушодаанд, таъмин карда мешавад. Мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ошкорбаёнии қарорҳои қабулшавандаеро, ки метавонанд ба ҳолати муҳити зист таъсир расонанд, дар шароити баёни андешаи аҳли ҷомеа ва ба инобат гирифтани онҳо ҳангоми қабули ин қарорҳо таъмин менамоянд.
Моддаи 18. Принсипи равиши экосистемаҲангоми банақшагирӣ ва қабули қарорҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки дар натиҷаи татбиқи онҳо оқибатҳои манфӣ ба ҳолати муҳити зист ба миён меояд ё метавонад ба миён ояд, инчунин бояд тамомият ва ҳамбастагии табиии низомҳои табиии экологӣ, организмҳои зинда, ландшафтҳои табиӣ ва дигар объектҳои табиӣ, табиӣ-антропогенӣ, антропогенӣ ва зарурати нигоҳ доштани мувозинати табиии муҳити табиӣ ба назар гирифта шаванд. Дар ин маврид ба ҳифзи ландшафтҳои табиӣ, комплексҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ, нигоҳ доштан ва фаъолияти устувори низомҳои табиии экологӣ, инчунин пешгирии таъсири манфӣ ба хизматрасониҳои чунин низомҳои экологӣ афзалият дода мешавад.
Моддаи 19. Принсипи рушди иқтисодиёти «сабз»Иқтисодиёти «сабз» дар муносибатҳои ҳифзи муҳити зист бо назардошти нишододҳои адолат (баробарӣ дар дастрасӣ ба табиат), эҳтиром (ба шукуфоӣ ва некуаҳволӣ), эҳтиёткорӣ (баҳисобгирии сарбориҳои ҳудудӣ ба сайёра), иштирок (иштироки васеъ ҳангоми қабул кардани қарорҳо), идоракунӣ (ҳисоботдиҳӣ), устуворӣ (ноил гардидан ба устувории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ), самаранокӣ (истеҳсоли устувор ва истеъмоли босубот), робитаи байни наслҳо (сармоягузорӣ барои оянда) асос меёбад.
Моддаи 20. Принсипи «риояи эҳтиёткорӣ»Принсипи мазкур масъулияти ахлоқии ҳар як шахсеро дар бар мегирад, ки бо моддаҳои хатарнок, партовҳо ё таҷҳизотҳои ба он алоқаманд кор мекунад ё ҳангоми иҷрои ин вазифа онро идора мекунад, ба эҳтиёткории баланд масъул мебошад. Принсипи мазкур дар ҳолате, ки ҳамаи ҷонибҳо, иштирокчиёни истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, коркард ва нобудсозии охирини ниҳоии партовҳои хатарнок (аз ҷумла, партовҳои тиббӣ) ба таври муқарраршуда ба қайд гирифта шудаанд ё дорои иҷозатнома барои истеҳсол, қабул ва коркарди категорияҳои партовҳои муайяншуда мебошанд, беҳтар амалӣ мегардад.
Моддаи 21. Принсипи «хариди сабз»Принсипи мазкур хариди молҳо ва хизматрасониҳоеро дар бар мегирад, ки аз нуқтаи назари таъсирнокӣ ба муҳити атроф зарари камтарин мерасонад: мутобиқи қоидаҳои байналмилалӣ «хариди сабз» ҳамаи маводе, ки барои харидорӣ намудан ба нақша гирифта шудаанд, ба маҳакҳое, ки интихоби маҳсулоти заҳрнокиаш камтарин ва хатарнокиаш камро бидуни зарар ба самаранокии кор таъмин намоянд, бояд ҷавобгӯ бошанд.
БОБИ 3. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 22. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муносибатҳои экологӣ1. Ба салоҳияти умумии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи муҳити зист дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;2) ҳавасмандгардонии таҳқиқоти илмӣ ва илмии техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ ва идоракунии устувори истифодаи табиат;3) муқаррар намудани андоза ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ;4) муайян намудани тартиб ва шартҳои суғуртаи экологӣ;5) қабули қарорҳо дар хусуси истифодаи захираҳои табиӣ;6) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;7) маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар доира ва ҳаҷми муқаррарнамудаи буҷети давлатӣ;8) тасдиқи номгӯйи гурӯҳҳои маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки бояд ҳатман стандартизатсия ва сертификатсия шаванд;9) тасдиқи номгӯйи объектҳои нодири табиӣ таърихию фарҳангӣ ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;10) тасдиқи тартиб ва шартҳои пешбурди омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; 11) тасдиқи тартиби сертификатсияи ҳатмии экологӣ;12) тасдиқи тартиби ташкил ва истифодаи фондҳои ҳифзи муҳити зист;13) муайян ва амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; 14) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилооти экологӣ дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба иттилооти экологӣ;2) тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба иттилооти экологӣ;3) мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба иттилооти экологӣ;4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.3. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти экспертизаи экологӣ дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ;2) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба экспертизаи экологӣ;3) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи экологии давлатӣ ва байналмилалӣ;4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.4. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мониторинги экологӣ дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ;2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба мониторинги экологӣ;3) муайян намудани тартиби муттаҳидсозии захираҳои иттилоотии субъектҳои мониторинги экологӣ дар низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ ва истифодабарии онҳо;4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.5. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маърифати экологӣ дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологӣ;2) муайян намудани самтҳои асосии сиёсати давлатӣ ва фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани масъалаҳои маърифати экологӣ ва ташкили низоми маърифати экологӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ;3) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба рушди маърифати экологӣ;4) иштирок дар таҳияи барномаҳои байналмилалии маърифати экологӣ;5) муайян намудани самтҳои асосии ҳамкории байналмилалӣ оид ба маърифати экологӣ;6) таъсиси комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ ва муайян намудани ҳайати он;6. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;2) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;3) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.7. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;2) ташкил ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ;3) тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;4) муайян намудани самтҳои ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;5) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.8. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи оқилона, барқарорсозӣ ва таъмини устувории объектҳои олами наботот;3) тасдиқи тартиби муайян намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи объектҳои олами наботот;4) тасдиқи тартиби пешбурди кадастр ва мониторинги олами наботот;5) муқаррар намудани низоми чорабиниҳо оид ба истифода ва нигоҳубини оқилонаи марғзорҳо ва ландшафтҳои табиӣ;6) муқаррар намудани ҳиссаи (квотаи) истифодаи объектҳои олами наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;7) тасдиқи тартиби маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ намудани фаъолияти субъектҳое, ки ба олами наботот таъсири манфӣ мерасонанд;8) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.9. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти олами ҳайвонот дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба олами ҳайвонот;2) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба олами ҳайвонот;3) тасдиқи тартиби муайян намудани меъёрҳои пардохт барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;4) тасдиқ намудани Низомномаи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;5) ҷудо намудани ҳисса (квота) барои истифодаи олами ҳайвоноти нодир, ки дар Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;6) мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба олами ҳайвонот;7) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.10. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти шикор ва хоҷагии шикор дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор;2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор;3) тасдиқ намудани номгӯйи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ;4) ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ оид ба истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо;5) таъмини иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳифз ва истифодаи захираи ҳайвоноти шикорӣ эътироф кардааст;6) танзими дигар намудҳои истифодаи табиат бо мақсади ҳифзи захираи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо;7) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.11. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳо;2) таҳия ва тасдиқ намудани барномаҳои мақсаднок ва илмию техникии муомилот бо партовҳо;3) муқаррар намудани тартиби пешбурди кадастри давлатии партовҳо ва безараргардонии онҳо;4) муқаррар намудани тартиби воридот, содирот ва транзити партовҳо;5) муқаррар намудани тартиби сертификатсияи партовҳо;6) тасдиқи номгӯйи партовҳои хавфнок ва партовҳое, ки аз интиқоли фаромарзӣ мегузаранд ва таҳти танзими давлатӣ қарор доранд;7) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.12. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;2) қабули қарор оид ба лоиҳакашӣ, ҷойгиркунӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода додан ва аз истифода баровардани объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, инчунин рӯйпӯш кардани маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;3) муайян намудани намуд, ҳаҷм ва тартиби ҷуброн кардани хисороти расонидаи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда, ба шахсоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии ин маҳфузгоҳҳо ва объектҳо зиндагӣ ва фаъолият мекунанд;4) муайян намудани имтиёзҳо ба кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд;5) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.13. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;3) тасдиқи меъёрҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва дараҷаи таъсири зараровари физикӣ ва таъсирҳои дигар ба он;4) муқаррар намудани тартиби ягонаи баҳисобгирии давлатии таъсиррасонии манфӣ ба ҳавои атмосфера, мониторинги вазъи ҳавои атмосфера, ташкили махзани маълумоти ҷумҳуриявӣ ва низоми ягонаи иттилоот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;5) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.14. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи қабати озон дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи қабати озон;2) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи қабати озон;3) муқаррар намудани квотаҳои умумии воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;4) муқаррар намудани ҳаҷми ниҳоии истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, муҳлати коҳиш додан ё қатъ кардани истифодаи онҳо ва ворид намудани моддаҳои вайронкунандаи қабати озони нисбатан бехавф мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;5) муқаррар намудани имтиёзҳо ҳангоми истифодаи моддаҳои барои қабати озон бехатар;6) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.15. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт;2) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт;3) муқаррар намудани тартиби умумӣ ва принсипҳои маҳдудкунии ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мақсади таъмини амнияти экологӣ;4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.16. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;2) тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;3) тасдиқи низомномаи мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;4) мусоидат ба ҳамкории байналмилалӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ ва иштирок дар шабакаи байналмилалии обуҳавошиносӣ;5) муайян намудани номгӯйи моддаҳои олудакунандаро, ки таҳти мушоҳида ва назорат қарор мегиранд;6) муайян намудани минтақаҳои муҳофизатӣ ва номгӯйи маҳдудиятҳои фаъолияти хоҷагиҷорӣ ва фаъолияти дигар дар онҳо;7) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.17. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;2) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;3) таъсиси Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муайян намудани тартиби истифодаи он;4) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.18. Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи хок дохил мешаванд:1) пешбурди сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи хок;2) муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи хок;3) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи хок;4) тасдиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи хок;5) ташкили мониторинги давлатии ҳолати хок, муайян кардани тартиби гузаронидани мониторинги истеҳсолӣ;6) тасдиқ намудани тартиби мансуб донистани хок ба хоки нодир ва хоке, ки ба он хатари аз байн рафтан таҳдид мекунад;7) амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.19. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи замин, об, ҷангал ва сарватҳои зеризаминӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 23. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои экологӣ1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои экологӣ мувофиқан мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки амалисозии сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро таъмин менамояд.2. Ба ваколати умумии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дохил мешаванд:1) татбиқи сиёсати давлатии экологӣ, идоракунии соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, аз ҷумла, ҳифзи ёдгориҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, олами набототу ҳайвонот, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, намудҳои партовҳо, захираҳои обӣ, сарчашмаи таҳвили об, ҳавои атмосфера, ифлоскунандаҳои устувори органикӣ, обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ, қабати озон ва амнияти кимиёвӣ;2) идоракунии маҷмуӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;3) амалӣ намудани назорати давлатии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият;4) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин назорати иҷрои онҳо;5) дар доираи ваколати худ, таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;6) таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои маҷмуии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, иштирок дар татбиқи онҳо;7) иштирок дар таҳия ва татбиқи барномаҳои экологии байнидавлатӣ ва минтақавӣ;8) иштирок дар амалисозии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва дигар чорабиниҳое, ки барои беҳбуди вазъи муҳити зист андешида мешаванд, аз ҷумла, дар минтақаҳои офати экологӣ;9) анҷом додани амалҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидани шахсони гунаҳкор;10) ба суд пешниҳод намудани даъво дар хусуси ситонидани ҷарима, ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист расонида шудааст, ҳамчунин пардохти ҳатмии маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;11) таҳияи пешниҳодҳо оид ба таъсис, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, идора кардани чунин ҳудудҳо, назорати ҳифз ва истифодаи онҳо;12) иштирок дар ташкил, татбиқ ва рушди маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги экологӣ;13) гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва омӯзиши масъалаҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, захираҳои об, олами набототу ҳайвонот, захираҳои моҳӣ, партовҳо, обуҳавошиносӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва тағйирёбии иқлим;14) бо тартиби муқаррарнамуда маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигаре, ки бе риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад;15) таҳия ва пешбурди Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи Низомнома ва ҳайати комиссияи доимоамалкунандаи он;16) додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳномаҳо барои пешбурди фаъолиятҳо ва амалҳои муайян дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»;17) додани иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ барои субъектони ғайрисоҳибкорӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;18) дар доираи ваколати худ, муқаррар намудани меъёрҳои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла, объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, захираҳои об, инчунин партовҳо ба ҳавои атмосфера, манбаъҳои об, ҷойгиронии партовҳо барои ҳама субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста аз шакли моликият ва тобеият, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ;19) дар доираи ваколати худ муқаррар ва тасдиқ намудани тартиби ҷуброни зарар ва андозаи товони пардохт барои ифлос кардани муҳити зист бо партовҳо, истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмули умум, барои зиёда аз меъёр партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, объектҳои об ва буриши дарахту буттаҳо дар маҳаллаҳои аҳолинишин, заминҳои таъиноти кишоварзӣ ва ҷангал, ҳифзи табиат ва захираҳои давлатӣ (ба ғайр аз боғҳои хоҷагидорӣ ва қитъаи заминҳои наздиҳавлигӣ);20) дар доираи ваколати худ додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои ҳуқуқи ҷамъоварӣ кардан, аз сарҳад гузаронидан ва коркарду гӯронидани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ихроҷ, партофтан ва ҷойгиронии моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об ва истифодаи мақсадноки захираҳои табиӣ;21) таъсис ва пешбурди кадастри давлатии захираҳои табиӣ, баҳисобгирӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ дар самтҳои алоҳида;22) амалӣ намудани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, омӯзиш, ҷамъбаст ва интишори таҷрибаи байналмилалӣ, иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;23) ҷамъоварӣ, баррасӣ, таҳия ва нашри ҳисоботу гузоришҳои миллӣ оид ба вазъи муҳити зист;24) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор муайян намудани тартиб ва шартҳои пешбурди омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; 25) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти иттилооти экологӣ дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба иттилооти экологӣ;2) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба иттилооти экологӣ;3) ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ;4) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард, ташаккул, нигоҳдорӣ, пешниҳод, паҳн ва истифодаи иттилооти экологӣ;5) пешбурди назорати давлатӣ оид ба иттилооти экологӣ;6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.4. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти экспертизаи экологӣ дохил мешаванд:1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ;2) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба экспертизаи экологӣ;3) таъсиси комиссияи экспертӣ аз ҳисоби кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ, олимону мутахассисони соҳаҳои дахлдор ва ташкилу гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;4) тасдиқи ҳуҷҷатҳои техникӣ, дастурию методӣ оид ба экспертизаи давлатии экологӣ;5) таъмини базаи илмию методии экспертизаи давлатии экологӣ;6) таъмини иттилоотии экспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла, таъсис ва пешбурди махзани маълумот оид ба объектҳои аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаронидашуда;7) ҳамкорӣ бо мақомоти экологию экспертии давлатҳои хориҷӣ бо мақсади гузаронидани машваратҳо, экспертизаҳои экологии байналмилалӣ, муштарак, мубодилаи дастовардҳо ва таҷрибаи беҳтарин дар ин самт;8) ҳамоҳанг сохтани фаъолияти экспертӣ, анҷом додани роҳбарии методӣ дар масъалаи гузаронидани экспертизаи экологии объектҳо, сарфи назар аз тобеият ва шакли моликияташон;9) иштирок дар ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологии байналмилалӣ;10) ҷалби олимону мутахассисони хориҷӣ барои гузаронидани экспертизаи экологӣ ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ намудааст;11) дастрасӣ доштан ба манбаи иттилоот оид ба вазъи муҳити зист ва махзани донишҳо оид ба арзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба инсон ва муҳити зист;12) санҷиши эътимоднокии маълумоти далелҳои дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ зикргардида, тавассути хулосаҳои таҳлилии озмоишӣ;13) пешниҳоди хулоса ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба боздоштани маблағгузории объектҳое, ки хулосаи мусбии экспертизаи экологиро нагирифтаанд;14) пешниҳод намудани мавод ҷиҳати ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми риоя накардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба экспертизаи экологӣ;15) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.5. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти аудити экологӣ дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба аудити экологӣ;2) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба аудити экологӣ;3) муқаррар намудани стандартҳои аудити экологӣ;4) пешбурди феҳристи ҷумҳуриявии аудиторони инфиродии экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ;5) иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти аудитории экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;6) аттестатсияи аудитори экологӣ ва ташкил намудани курсҳои бозомӯзӣ барои баланд бардоштани тахассуси онҳо;7) ҳамоҳанг сохтани фаъолияти аудити экологӣ;8) ҳамкорӣ бо мақомоти экологию аудитории давлатҳои хориҷӣ бо мақсади гузаронидани машваратҳо, аудити экологии байналмилалӣ, муштарак, мубодилаи дастовардҳо ва таҷриба дар ин самт;9) тартиби пешниҳоди ҳисобот оид ба гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ ва муайян намудани қоидаҳои пешниҳоди хулоса оид ба гузаронидани аудити экологӣ;10) қабули қарор дар бораи гузаронидани аудити экологӣ аз ҷониби ташкилоти аудитории экологии хориҷӣ нисбат ба фаъолияти субъекти алоҳидаи аудити экологӣ;11) амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба фаъолияти самараноки аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ;12) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.6. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дохил мешаванд:1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;2) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;3) таҳия ва бо тартиби муқарраргардида қабул намудани қоидаҳо, тавсияҳо, дастурҳои методӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрию техникии танзимкунандаи муносибатҳо оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;4) таъмини дастрасии тарафҳои манфиатдор ба маълумот оид ба маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва натиҷаҳои баррасии он;5) ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, аз ҷумла, ҳисобот оид ба натиҷаи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;6) баррасии таклифу пешниҳодҳои тарафҳои манфиатдор, аз ҷумла, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон, ҳангоми омода сохтани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ оид ба маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;7) бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши мутахассисон ташкили курсҳои бозомӯзии кадрҳо оид ба гузаронидани илман асосноки арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;8) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.7. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти мониторинги экологӣ дохил мешаванд:1) низоми ягонаи давлатии мониторинги экологиро ташкил менамояд;2) объектҳои мониторинги экологии давлатиро дар мувофиқа бо мақомоти давлатӣ муайян менамояд;3) сохторҳои мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллиро ташкил мекунад ва низомномаи онҳоро тасдиқ мекунад;4) талаботи тахассусӣ оид ба кормандони самти мониторинги экологиро таҳия ва тасдиқ менамояд;5) таҳқиқотро доир ба мониторинги экологӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрӣ, ки дар асоси онҳо маълумот дар бораи ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ ҷамъоварӣ ва таҳқиқ карда мешавад, амалӣ менамояд;6) пешбурди махзанҳои махсуси маълумоти мониторинги экологиро ташкил ва таъмин менамояд;7) арзёбии маълумоти мониторинги экологиро оид ба маълумоте, ки тибқи қонунгузорӣ ба категорияи интишори маҳдуд мансуб аст, ташкил менамояд;8) омӯзишу таълими мутахассисонро барои кор оид ба мониторинги экологӣ ташкил менамояд;9) барои ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ супоришҳои дахлдор медиҳад;10) мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин аҳолиро дар бораи ҳолати муҳити зист дар асоси маълумоти эътимодноки иттилооти экологӣ хабардор менамояд;11) пешбурди феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологиро таъмин менамояд;12) фаъолияти зернизомҳои (идоравию функсионалии) мониторинги экологиро ҳамоҳанг ва назорат менамояд;13) эътимоднокии натиҷаи мониторинги экологиро санҷида, нисбати он қарор қабул мекунад;14) натиҷаҳои мониторинги экологиро ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, аҳолӣ ва истифодабарандагони табиат дастрас менамояд;15) мубодилаи иттилоотиро бо дигар мақомоти давлатӣ таъмин менамояд;16) заминаи зарурии моддию техникии мониторинги давлатии экологиро ташкил менамояд;17) барои гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ мусоидат менамояд;18) тибқи тартиби муқарраргардида муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи ҳолати муҳити зист баррасӣ менамояд ва аз натиҷааш ба онҳо иттилоъ медиҳад;19) бо мақсади рушди мониторинги экологӣ, бо мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, аҳолӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар мақомоти дахлдор ҳамкориҳои судмандро анҷом медиҳад;20) ҳамкории байналмилалиро оид ба пешбурди мониторинги давлатии экологӣ амалӣ менамояд.8. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти маърифати экологӣ дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологӣ;2) иштирок дар ташкили рушди маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги экологӣ;3) таҳия ва барои тасдиқ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба рушди маърифати экологӣ;4) назорати раванди татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба рушди маърифати экологӣ ва натиҷагирӣ аз онҳо;5) танзими фаъолияти комиссияи байниидоравии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ;6) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдор оид ба ташаккули маърифати экологӣ.7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.9. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;2) ташкил ва пешбурди мониторинг ва кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;3) амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;4) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;5) пешниҳоди даъво ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда расонида шудааст;6) ташкил ва гузаронидани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ якҷо бо муассисаҳои илмӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;7) ҳамоҳангсозии иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;8) ҳамоҳангсозии байнисоҳавии фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;9) муқаррар намудани андозаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) ва низоми онҳо;10) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.10. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;2) таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот;3) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот;4) баҳисобгирии давлатии объектҳои олами наботот ва истифодаи онҳо;5) мониторинг ва кадастри давлатии объектҳои олами наботот;6) муайян кардани андоза ва меъёрҳои истифодаи захираҳои наботот, амалӣ намудани тадбирҳо оид ба барқароркунии ландшафтҳои табиӣ;7) амалӣ намудани назорати давлатии ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;8) пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани объектҳои олами наботот ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;9) тасдиқ намудани қоидаҳои ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;10) тасдиқ ва муқаррар намудани меъёрии (лимит) истифодаи объектҳои олами наботот;11) тасдиқ намудани қоидаҳои парвариш, ҷамъоварӣ ва хариди объектҳои олами наботот ва қисмҳои онҳо;12) тасдиқ намудани тартиби пардохтҳо барои истифодаи объектҳои олами наботот;13) танзими паҳншавӣ ва корҳои барқарорсозии намудҳои растаниҳои худрӯй бо назардошти манфиатҳои иқтисодӣ;14) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.11. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти олами ҳайвонот дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба олами ҳайвонот;2) тартиб додани рӯйхати ҳайвоноте, ки шикори онҳо манъ аст;3) муқаррар намудани қоидаҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, муайян кардани меъёрҳои истифодаи олами ҳайвонот;4) тасдиқи нақшаи корҳои мониторинги вазъи олами ҳайвонот;5) муқаррар кардани тартиби ҳавасмандгардонии моддию маънавӣ вобаста ба мусоидат намудан ба ҳифзи олами ҳайвонот;6) таъмини назорати давлатии ҳифз, истифода ва барқароркунии олами ҳайвонот;7) пешниҳоди таклифҳо оид ба ворид намудани номгӯйи олами ҳайвонот ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;8) корҳое, ки ҳангоми иҷрояшон қоида, меъёр, муҳлат ва дигар талабот оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиши саршумори ҳайвонот ва роҳҳои кӯчиши онҳо риоя намешаванд, инчунин шикори ғайриқонуниро бозмедоранд ва оид ба манъи онҳо ба суд даъво пешниҳод менамоянд;9) санҷиши риояи тартиби муқарраршудаи баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо, ба роҳ мондани кадастри давлатии ҳайвонот;10) дар матбуоти даврӣ нашр намудани иттилоот оид ба ҳифз, истифода ва вазъи олами ҳайвонот;11) ба роҳ мондани мониторинги олами ҳайвонот;12) қоидаҳои баҳисобгирии давлатии олами ҳайвонот ва истифодаи онҳо, муайян намудани рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, ки бояд ба ҳисоб гирифта, ба кадастри давлатӣ дохил карда шаванд, инчунин пешниҳод кардани маълумот барои баҳисобгирӣ ва ташкили кадастри давлатӣ тибқи тартиби муқарраргардида, дар мувофиқа бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;13) андешидани тадбирҳои биотехникӣ барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот;14) пешниҳоди даъво ба суд оид ба ҳолатҳои риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот;15) пешгирӣ намудани ҳолатҳои сироятёбии ҳайвонот ва тавонбахшии онҳо аз офати табиӣ ё сабабҳои дигар;16) муайян намудани муҳлат ва мавсими истифодаи олами ҳайвонот ва моҳигирӣ, номгӯйи намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ, шумора ва ҷойи сукунати олами ҳайвонот;17) додани иҷозат оид ба содироту воридоти объектҳои олами ҳайвонот, аз ҷумла, ҳайвоноти ваҳшии ба намудҳои нодири ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда, қисм, ҷузъ ва ғанимати онҳо, инчунин воридот ва (ё) содироти намунаҳои ба замимаҳои Конвенсия оид ба савдои байналмилалии намудҳои ҳайвоноти ваҳшӣ ва набототи ёбоии зери хатари нобудшавӣ қарордошта (CITES) дохилшуда;18) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.12. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти шикор ва хоҷагии шикор дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор;2) татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор;3) таҳия ва иҷрои барномаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба ҳифз, афзун намудан ва истифодаи устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ;4) назорати рафти иҷрои тадбирҳои биотехникӣ дар шикоргоҳҳо;5) пешбурди мониторинги ҳолати саршумори ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо;6) пешбурди Феҳристи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ;7) ҳамоҳангсозии фаъолияти хоҷагиҳои шикор ва шикоргоҳҳо;8) якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ андешидан ва амалӣ кардани тадбирҳои байторию санитарӣ ва профилактикӣ оид ба ошкорсозӣ, пешгирии пайдоиш ва густариши бемориҳои гузарандаи ҳайвонот, аз ҷумла, бемориҳои барои инсон ва ҳайвонот умумӣ, андешидани чорабиниҳо барои бартараф намудани онҳо;9) бо тартиби муқарраргардида ҷамъоварӣ ва мубодилаи маълумот оид ба ҳайвоноти шикорӣ дар доираи низоми иттилооти экологии ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ;10) ҳамкории байналмилалӣ оид ба шикор ва фаъолияти хоҷагии шикор;11) назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи устувори захираи ҳайвоноти шикорӣ;12) таъмини мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва аҳолӣ бо иттилоот оид ба ҳолати захираи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо;13) таҳия ва тасдиқ намудани қоида ва усулҳои гузаронидани шикор, инчунин муайян намудани мавсими он;14) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.13. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳо;2) ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти давлатии ҷумҳуриявӣ оид ба муомилот бо партовҳо, инчунин дигар ташкилотҳо дар ин самт;3) назорати давлатии муомилот бо партовҳо, аз ҷумла, оид ба риояи меъёрҳои бехатарии экологӣ;4) таҳия, тасдиқ ва татбиқи қоидаю меъёрҳои давлатӣ, ки муомилоти бехатари экологии партовҳоро танзим менамоянд ва талаботи бехатарии партовҳоро барои муҳити зист ва саломатии инсон муқаррар мекунанд;5) ба мақомоти дахлдор ирсол намудани таклифу пешниҳодҳо оид ба боздоштан, маҳдуд ё қатъ намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, новобаста аз шакли моликияташон ҳангоми риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муомилот бо партовҳо;6) ташкили баҳисобгирии давлатӣ ва ҳисоботдиҳӣ доир ба муомилот бо партовҳо;7) таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилоот оид ба муомилот бо партовҳо;8) ташкил ва пешбурди кадастри партовҳо;9) ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба муомилот бо партовҳо;10) муқаррар намудани синфи хатарнокии партовҳо ва пешбурди таснифи онҳо;11) ҳамоҳангсозии фаъолият дар соҳаи коркарди партовҳо, аз ҷумла, кор фармудани захираҳои моддии дуюмдараҷа;12) амалӣ намудани барномаҳои минтақавӣ ва давлатӣ оид ба идоракунии партовҳо;13) тасдиқи қоидаҳои ҷамъоварӣ ва кашонидани партовҳо;14) ташкил намудани баҳисобгирии партовҳо бо мақсади ҷойгиронӣ, коркард, нобудсозӣ ва безараргардонӣ;15) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.14. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;2) назорати экологии фаъолияти корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;3) мувофиқасозии корҳо ва пешниҳоди хулосаҳо доир ба сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода додан ва аз истифода баровардани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда ва ҷиҳати гӯронидани партовҳо рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳҳо;4) иштирок дар корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таҷрибавию конструкторӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;5) бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа намудани лоиҳакашӣ, ҷойгиркунӣ ва сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;6) ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.15. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дохил мешаванд:1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;2) пешбурди назорати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;3) таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;4) баҳисобгирии объектҳои ихроҷкунанда ба ҳавои атмосфера ва пешбурди мониторинги ҳавои атмосфера;5) барӯйхатгирии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳифзи ҳавои атмосфера;6) тасдиқи лоиҳаҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;7) мувофиқакунонии меъёрҳои технологии соҳавии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;8) мувофиқакунонии меъёрҳои ҷоиз, аз ҷумла, меъёрҳои муваққатии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;9) ба суд пешниҳод намудани даъво дар хусуси ситонидани ҷарима, ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера расонида шудааст, ҳамчунин пардохти ҳатмии маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;10) бо тартиби муқарраргардида маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигаре, ки бо риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера анҷом дода мешавад;11) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;12) тасдиқи меъёрҳо ва стандартҳо оид ба ҳадди ниҳоии партовҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва назорати манбаъҳои доимӣ (статсионарӣ) ва сайёри партовҳо;13) тасдиқи рӯйхати моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки барои ҷудо намудани объектҳо ба гурӯҳҳо мусоидат менамояд;14) муқаррар намудани тартиби баҳисобгирии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва газҳои гулхонаӣ ба ҳавои атмосфера;15) тасдиқи меъёрҳои ғилзати ҳадди имконпазири моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.16) муқаррар намудани гурӯҳи хавфноки моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;17) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.16. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи қабати озон дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи қабати озон;2) таҳия ва барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи қабати озон;3) таҳия ва тасдиқи роҳнамо ва дастурҳо, меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ оид ба ҳифзи қабати озон;4) тасдиқи тартиби баррасӣ ва қабули ҳисобот дар бораи истифодаи квотаҳои инфиродии воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;5) таҳия намудани тартиби мониторинги қабати озон ва истифодаи маълумоти он;6) тақсимоти квотаҳои инфиродӣ барои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;7) додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои чунин моддаҳо;8) ҷорӣ ва муқаррар намудани маҳдудиятҳо барои истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва ворид намудаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озони нисбатан бехавф тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;9) ба роҳ мондани баҳисобгирии миқдори боқимондаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то пурра аз муомилот баровардани онҳо;10) пешбурди кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;11) пешбурди назорати давлатӣ дар самти ҳифзи қабати озон;12) амалӣ намудани ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳифзи қабати озон;13) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.17. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд:1) таҳия ва амалисозии чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт;2) ҳамоҳангсозии лоиҳаву барномаҳо оид ба рушди таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт;3) назорати амалисозии чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт;4) додани маълумотнома оид ба ҳолати заҳрнокии партовҳои нақлиёт ва пардохтҳо барои ифлос намудани ҳифзи муҳити зист;5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.18. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи пиряхҳо дохил мешаванд:1) амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;2) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;3) таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, сифати об ва таркиби изотопии пиряхҳо;4) мусоидат ба рушди шабакаҳои байналмилалии мушоҳидавии пиряхҳо, табодули байналмилалии иттилоот оид ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;5) пешгӯии эҳтимолияти фаромадани тарма ва обхезӣ, омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои пешгирикунандаи офатҳои табиӣ ва таъмини ҳифзи пиряхҳо;6) ташкил ва таъмини фаъолияти шабакаи иттилоотии моҳворавӣ ва шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо;7) пешбурди феҳристи давлатии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳияи низоми бақайдгирии пиряхҳо ва захираҳои оби онҳо; 8) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи пиряхҳо;9) таҳияи харитаи пиряхҳои Тоҷикистон ва харитаи захираҳои оби онҳо;10) тасдиқи дастурҳо оид ба муайян намудани зарари ба пирях ва барфтӯдаҳо расонидашуда ҳангоми фаъолияти хоҷагидорӣ ё фаъолияти худсаронаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;11) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.19. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи хок дохил мешаванд:1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи хок;2) таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи хок;3) тасдиқи меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба ҳифзи хок;4) амалисозии ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи хок;5) тасдиқи дастурамалҳои ҳисоб кардани зарар оид ба ҳифзи хок, аз ҷумла, барои вайрон ва ифлос кардани қабати ҳосилхези хок;6) амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба риояи талаботи қонунгузории ҳифзи хок аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;7) амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба иҷрои тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи хок ва қабати ҳосилхези замин аз ҷониби заминистифодабарандагон;8) амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифзи хок аз ифлосшавӣ дар натиҷаи кашондан, нигоҳ доштан ва истифодаи воситаҳои муҳофизати растаниҳо, моддаҳое, ки нашъунамои онҳоро метезонанд, нуриҳои маъданӣ, дигар моддаҳои кимиёвӣ;9) мониторинги ҳолати хок ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пешгирӣ кардани таназзулёбӣ, нобудшавӣ, ифлосшавии хок, биёбоншавӣ, барқарор намудани ҷангалҳо ва ташкил намудани дарахтзорҳои муҳофизати ҷангал;10) ҷорӣ намудани технологияҳо ва усулҳои муосир барои беҳтар намудани ҳосилхезии хок ва пешгирии бодлесшавӣ (эрозия);11) омӯзиш ва огоҳонидани заминистифодабарандагон ва дигар ҷонибҳои манфиатдор дар бораи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи ҳифз ва нигоҳдории хок;12) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 24. Ваколатҳои мақомоти ваколатдорӣ давлатии соҳавӣ дар соҳаи муносибатҳои экологӣ1. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм оид ба маърифати экологӣ дохил мешаванд:1) таъмини низоми маърифати экологӣ бо маводи илмию методӣ ва иттилоотӣ;2) мусоидат намудан дар омодасозии мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист, кадрҳои илмию педагогӣ ва хизматчиёни давлатӣ оид ба маърифати экологӣ ва баланд бардоштани савияи дониши экологии онҳо;3) дар якҷоягӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳияи барномаҳои омӯзишии маърифати экологӣ барои ҳамаи зинаҳои сохтори низоми маърифати экологӣ;4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот дохил мешаванд:1) дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот иштирок мекунад;2) дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот иштирок мекунад;3) қоидаҳо оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот, меъёрҳо ва стандартҳои истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои фонди давлатии ҷангалро таҳия ва тасдиқ мекунад;4) назорати идоравиро оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот дар заминҳои фонди давлатии ҷангал амалӣ менамояд;5) бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии давлатии объектҳои олами наботот ва баҳисобгирии ҳаҷми истифодаи онҳоро дар заминҳои фонди давлатии ҷангал амалӣ менамояд;6) барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами наботот дар заминҳои фонди давлатии ҷангал тадбирҳои биотехникӣ мегузаронад;7) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.3. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот дохил мешаванд:1) иштирок дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот;2) иштирок дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қоидаҳо, меъёрҳо ва стандартҳо оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот;3) амалӣ намудани назорати идоравӣ дар соҳаи ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот дар заминҳои фонди давлатии ҷангал;4) бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии давлатии объектҳои олами ҳайвонот ва баҳисобгирии миқдори онҳо дар заминҳои фонди давлатии ҷангал;5) иштирок дар таҳияи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;6) гузаронидани тадбирҳои биотехникӣ барои ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот дар заминҳои фонди давлатии ҷангал;7) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.4. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи карантини растанӣ дохил мешаванд:1) дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот иштирок мекунад;2) низоми тадбирҳои давлатиро оид ба карантини растаниҳо амалӣ менамояд;3) тадбирҳои муборизаи зидди организмҳои зарарноки карантиниро вобаста ба олами наботот муайян ва иҷрои онҳоро назорат мекунад;4) барои пешгирии паҳншавии ҳашароти зараррасони карантинӣ вобаста ба олами наботот чораҳо меандешад;5) ворид намудани ҳашароти зараррасон, бемориҳои растанӣ ва алафҳои бегонаро аз кишварҳои хориҷӣ, ки метавонад ба соҳаҳои иқтисодиёт зарар расонад, назорат менамояд;6) амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ менамояд.5. Ба ваколатҳои мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ дохил мешаванд:1) татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;2) таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;3) ташкили фаъолияти обуҳавошиносӣ ва таъмини рушди он;4) дар асоси шартнома амалӣ намудани хизматрасонии махсуси обуҳавошиносӣ;5) бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони фаъолияти обуҳавошиносӣ;6) мубодилаи иттилоот ва маълумоти обуҳавошиносӣ бо давлатҳои хориҷӣ ва созмону ташкилотҳои байналмилалӣ;7) иштирок дар таҳияи андоза ва меъёрҳои ҳисобкунии нишондодҳои обуҳавошиносӣ барои лоиҳакашии объектҳои сохташаванда;8) таъмини ягонагӣ ва муқоисаи усулҳои мушоҳида, ҳисобҳо, пешгӯӣ, маълумот ва мавод, воситаҳои назорати иҷрои корҳои обуҳавошиносӣ;9) назорати риояи қоидаҳои ҳавошиносӣ ва стандарткунонӣ, аз ҷумла, назорати дохилии воситаҳои ченкунии ҳавошиносӣ;10) ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ;11) ҳамоҳангсозии пешбурд ва ҳалли масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим;12) ташкил ва таъмини низоми давлатии мушоҳидавӣ, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, нигоҳдорӣ, пешниҳод ва ба амал баровардани маълумот дар бораи вазъи муҳити зист;13) ташкил ва гузаронидани таҳқиқоти илмӣ оид ба арзёбӣ ва пешгӯии вазъи муҳити зист;14) бо асбобҳо ва таҷҳизоти қабул, ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил, нигоҳдорӣ, пешниҳод ва паҳн намудани иттилооти обуҳавошиносӣ таҷҳизонидани шабакаи мушоҳидавӣ;15) пешбурди мониторинги муҳити зисти табиӣ, аз ҷумла, мушоҳидаҳои мунтазами таркиби физикию кимиёвии ҳавои атмосфера, обҳои рӯйизаминӣ, пиряхҳо ва барфҳои абадӣ;16) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.6. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таъмини ҳифз ва истифодаи олами наботот дар шаклҳои зерин иштирок менамояд:1) дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот;2) дар амалӣ намудани корҳои илмӣ ва илмию таҳқиқотӣ оид ба истифода, ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;3) бо тартиби муқарраршуда дар мониторинг ва баҳисобгирии объектҳои олами наботот, инчунин баҳисобгирии истифодаи онҳо;4) дар таҳияи Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини илмии пешбурди кадастри давлатии объектҳои олами наботот;5) самтҳои илмиро муайян намуда, барномаҳои таҳқиқотии илмиро оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот тартиб медиҳад ва онро амалӣ менамояд.7. Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар таъмини ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот дар шаклҳои зерин иштирок менамояд:1) дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот;2) бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии давлатии объектҳои олами ҳайвонот ва баҳисобгирии шумораи истифодаи онҳо;3) кадастри давлатии объектҳои олами ҳайвонот ва Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷиҳати илмӣ;4) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот хулосаи илмӣ медиҳад;5) самтҳои илмиро муайян мекунад, барномаҳои таҳқиқоти илмиро оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот тартиб медиҳад ва ба амал мебарорад;6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.8. Ба ваколати мақоми ваколадори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:1) назорати давлатии санитарию эпидемиологиро оид ба риояи меъёру қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ ҳангоми ҷойгиронӣ ва коркарди партовҳо амалӣ менамояд;2) тадбирҳои ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсонро аз таъсири зараровари партовҳо муайян мекунад;3) оид ба объектҳои ҷойгиронии муомилот бо партовҳо хулосаҳои давлатии санитарию гигиенӣ медиҳад;4) талаботи санитарию гигиениро нисбат ба молу маҳсулоти аз партов истеҳсолшуда муқаррар намуда, барои онҳо шаҳодатномаи гигиенӣ медиҳад;5) барои муайян кардани дараҷаи хавфнокии партовҳо ба ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон ёрии методӣ мерасонад;6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.9. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагию манзилии коммуналӣ оид ба муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:1) оид ба ҳолати ҷамъоварӣ, интиқол, коркард ва нобудсозии партовҳои сахти маишӣ назорати идоравиро пеш мебарад;2) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.10. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дохил мешаванд:1) пешбурди назорати давлатӣ ва назорати баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобудсозии партовҳои саноати кӯҳӣ ва коркард;2) назорати давлатии бехатарии радиатсионӣ ҳангоми нигоҳдорӣ, интиқол, безараргардонӣ ва нобудсозии партовҳои радиоактивӣ дар ҳудуди корхонаҳои саноатӣ;3) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.11. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дохил мешаванд:1) таъсис, ташкил ва пешбурди феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ;2) таъсис ва ташкили пешбурди кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ;3) таҳияи меъёр, қоида, стандарт оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;4) пешбурди корҳои илмӣ, тадқиқотӣ ва таҷрибавӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.12. Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи обёрӣ ва беҳдошти замин дохил мешаванд:1) технологияи сарфаи об ва ҳифзи хокро барои обёрии замин ҷорӣ менамояд;2) барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳои обӣ, таъмини устувории онҳо ва пешгирии таназзули хок чорабиниҳо таҳия менамояд;3) барои самаранок фаъолият намудани иншоотҳо ҷиҳати ҳифзи ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда чораҷӯйӣ менамояд;4) дастовардҳои илму техника, инчунин усулҳои технологияи муосирро ҷиҳати сарфаи об ва таҷрибаи пешқадамро ҷорӣ менамояд.
Моддаи 25. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи муносибатҳои экологӣ1. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дохил мешаванд:1) таҳия ва татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар маҳал, сохтмон ва азнавсозии объектҳои ҳифзи муҳити зист;2) пешниҳоди таклиф ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар хусуси ҳифзи объектҳои муҳити зист, ки дорои арзиши махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ мебошанд;3) таблиғи ҳифзи муҳити зист, амалӣ намудани корҳои тарбия ва ташаккули маърифати экологӣ;4) баррасии пешниҳодҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба беҳбудии ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;5) ташкил намудани нуқта ва қуттиҳои ҷамъоварии партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, бунёди партовгоҳҳо барои ҷойгиронӣ ва безараргардонии онҳо, инчунин ба намудҳо ҷудо намудани партовҳо ҷиҳати ҳифзи объектҳои муҳити зист;6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти экспертизаи экологӣ дохил мешаванд:1) ташкили муҳокимаҳои ҷамъиятии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки ба экспертизаи экологӣ фаро гирифта шудаанд;2) қабул ва татбиқи қарорҳо оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, пурсишҳо ва дархостҳои ташкилотҳо;3) мусоидат ба ташкили экспертизаи ҷамъиятии экологӣ дар асоси дархостҳои аҳолӣ;4) огоҳ намудани мақоми ваколатдори давлатии дахлдор ҳангоми ошкор гардидани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда бе хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ ё риоя накардани талаботи хулосаи экспертизаи экологӣ;5) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.3. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти маърифати экологӣ дохил мешаванд:1) ташкил ва таъмини низоми маърифати экологӣ дар сатҳи маҳал;2) таъсиси комиссияи байниидоравии минтақавӣ ва маҳаллӣ оид ба маърифати экологӣ;3) иштирок дар таҳия ва амалӣ намудани ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба рушди маърифати экологӣ;4) бо маводи иттилоотӣ ва илмию методӣ таъмин намудани муассисаю ташкилотҳо ва мақомоти идоракуние, ки ба фаъолият оид ба маърифати экологӣ машғуланд;5) ташкили низоми тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои педагогӣ ва идоракунӣ дар низоми маърифати экологӣ, мутахассисони эколог, кормандони воситаҳои ахбори омма, фарҳанг, роҳбарон ва шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилотҳо, мутахассисон ва шаҳрвандоне, ки фаъолияташон ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири зарарнок мерасонад;6) таблиғи донишҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, анҷом додани корҳои тарбия ва ташаккули маърифати экологӣ;7) андешидани чораҳо доир ба таъмини иҷрои қонунгузорӣ оид ба маърифати экологӣ.8) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.4. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил мешаванд:1) мусоидат ба иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;2) амалӣ намудани чораҳои асосии ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;3) ҳамоҳангсозӣ ва назорати фаъолияти сохторҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ доир ба масъалаҳои ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, мусоидат ба ҷалби ихтиёрии маблағ барои иҷрои тадбирҳои ҳифз ва барқарорсозии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;4) дар мувофиқа бо мақоми ваколадори давлатӣ ташкил, васеъ намудан ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи тобеи худ;5) якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян намудани марз, масоҳат ва низоми муҳофизати гузаргоҳҳои экологӣ;6) пешниҳод намудани таклифҳо вобаста ба ташкил намудани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва васеъ намудани минтақаҳои муҳофизатии (буферии) онҳо;7) қабул намудани қарорҳои дахлдор вобаста ба ташкил ва қатъи фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи аҳаммияти маҳалӣ дошта;8) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.5. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифз ва истифодаи олами наботот дохил мешаванд:1) иштирок дар таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами наботот;2) таҳия, тасдиқ ва татбиқи барномаҳои маҳаллии ҳифз ва истифодаи олами наботот;3) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.6. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот дохил мешаванд:1) иштирок дар муайян намудани дурнамои олами ҳайвонот;2) мусоидат дар таҳия ва татбиқи тадбирҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва зиёд шудани саршумори объектҳои олами ҳайвонот; 3) амалӣ намудани масъалаҳои дигар оид ба ҳифзу танзими истифодаи олами ҳайвонот якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ.7. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти шикор ва хоҷагии шикор дохил мешаванд:1) қабул ва амалӣ амалӣ намудани барномаҳои маҳаллӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор;2) иштирок дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва наҷот додани онҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ;3) мусоидат ба ташкил ва амалӣ намудани назорати ҷамъиятии шикор ва хоҷагии шикор;4) иттилоотонии аҳолии маҳал дар бораи чораҳои ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо, пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар ҳудуди онҳо;5) ҳамкорӣ бо дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои маҳал дар масъалаҳои нигоҳ доштан ва оқилона истифода бурдани захираи ҳайвоноти шикорӣ;6) қабули қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин оид ба ташкили хоҷагии шикор аз ҳисоби заминҳои фонди захиравии ноҳия ва шаҳр;7) ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар дар соҳаи шикор ва хоҷагиҳои шикорӣ, инчунин идоракунии шикор дар ҳудуди дахлдор;8) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.8. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:1) дар ҳудудҳои худ амалӣ гардонидани сиёсати давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳо;2) тасдиқ ва татбиқи барномаҳо оид ба идоракунии партовҳо дар сатҳи маҳал;3) мусоидат ба таъсиси корхонаҳо оид ба ҷамъоварӣ ва нобудсозии партовҳо;4) ба амал баровардани тадбирҳои рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда ва садамаҳое, ки ба муомилот бо партовҳо вобастаанд;5) ҳавасмандгардонии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои истифодаи пурраи партовҳо аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;6) таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо иттилоот оид ба муомилот бо партовҳо;7) дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори манфиатдор муқаррар намудани тартиби муомилот бо партовҳо дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ва маҳалҳои дигар;8) тасдиқи қоидаҳои муомилот бо партовҳои маишӣ;9) ошкор кардан ва барҳам додани партовгоҳи ғайрирасмӣ;10) андешидани тадбирҳо оид ба ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, пайдо кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиби ошкоркардашуда, муайян намудани дараҷаи хатарнокии онҳо;11) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмондани меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои муомилот бо партовҳо;12) муҳайё намудани шароити зарурӣ барои ҳавасманд гардонидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба ҷамъоварии партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа;13) ташкил ва нигоҳдории ҷойҳо (майдончаҳо)-и ҷамъоварии партовҳои сахти коммуналӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, ки чунин вазифа ба зиммаи шахсони дигар гузошта шудааст;14) мусоидат намудан ба фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҷамъоварӣ ва ҷойгиркунии партовҳо;15) бастани шартнома оид ба кашонидани партовҳо бо мақсади таъмини интиқоли минбаъдаи онҳо барои коркард ё нобудсозӣ;16) ташкил ва таъмини ҷамъоварӣ ва ҷудокунии партовҳо аз рӯйи намудҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки мувофиқи модда омехта кардани навъҳои гуногун тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷозат дода мешавад;17) вобаст намудани шахси масъул дар минтақа оид ба муомилот бо партовҳо;18) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.9. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дохил мешаванд:1) бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи дар маҳал ҷойгир намудани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишударо, бо дарназардошти манфиатҳои аҳолӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал мувофиқа менамоянд;2) дар гузаронидани ташхиси экологии лоиҳаҳои ҷойгиркунӣ, сохтмон ва аз истифода баровардани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва таклифу эродҳои худро пешниҳод менамоянд;3) ба ташкил ва баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳо вобаста ба ҷойгиркунӣ, сохтмон, аз истифода баровардани объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ мусоидат менамоянд;4) дар мавриди зарурӣ аз соҳибони объектҳо гузаронидани ташхиси радиологии атрофи минтақаи ҷойгиршавии объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивиро талаб менамоянд;5) таъмини бехатарии аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зистро дар маҳал ва рафти омодагии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро ҳангоми амалиёт дар ҳолати садамаҳои радиатсионӣ назорат мебаранд;6) дар бартараф намудани оқибатҳои садамаи радиатсионӣ иштирок менамоянд;7) оид ба омодагӣ ба таҳлияи (эвакуатсияи) аҳолӣ ва амалӣ намудани он дар ҳолатҳои зарурӣ чораҳо меандешанд;8) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.10. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи ҳавои атмосфера дохил мешаванд:1) муайян кардани самтҳои асосии ҳифзи ҳавои атмосфера ва тасдиқи барномаҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;2) банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва таъмини моддию техникии иҷрои барномаҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;3) ҳамоҳангсозии фаъолияти корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои маҳал, новобаста аз шакли моликияташон оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;4) мусоидат намудан дар татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ ва барномаҳои давлатӣ вобаста ба ҳифзи ҳавои атмосфера дар доираи тобеияташон;5) мусоидат намудан ба (чорабиниҳо) фаъолиятҳое, ки барои пешгирӣ, кам кардан ва барҳам додани ифлосшавии ҳавои атмосфера дар ҳудудҳои зертобеашон;6) дар доираи салоҳиятҳои худ вобаста ба вазъияти ифлосшавии боду ҳаво (ҳавои атмосфера) ба аҳолӣ хабар медиҳад;7) пешниҳод намудани хулоса ва иштирок дар ҷудо намудани мавзеъ оид ба ҷойгиронии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолие, ки манбаъи ифлосшавии ҳавои атмосфера мебошад;8) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.11. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти ҳифзи қабати озон дохил мешаванд:1) таҳия ва тасдиқи барномаҳо ва чорабиниҳои маҳаллӣ оид ба ҳифзи қабати озон;2) таҳия ва назорати татбиқи тадбирҳо оид ба сари вақт ҷамъоварӣ намудани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва нигоҳдории онҳо бо мақсади коркарди аввалия ё нобудсозӣ (утилизатсия)-и онҳо аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷумла, назорати онҳо дар сатҳи маҳал;3) қабули қарорҳо оид ба ҳифзи қабати озон ва идоракунии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва бекор кардани онҳо ҳангоми ҷавобгӯ набудан ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;4) амалӣ намудани ваколати дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.12. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ дохил мешаванд:1) тасдиқи сметаи маблағгузорӣ ба барномаҳои маҳаллӣ, аз ҷумла, ба фаъолияти истеҳсолию хоҷагӣ ва инкишофи инфрасохтори иҷтимоӣ, ки барои иҷрои ин барномаҳои мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ ҷалб карда шуданд;2) ҳакмкорӣ бо мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ дар гузаронидани чорабиниҳои обуҳавошиносӣ ва рафъи таъсири манфии зуҳуроти хатарноки маълумотҳои обуҳавошиносӣ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ;3) мусоидат намудан дар ҳифзи иншоотҳо, биноҳо ва дигар объектҳое, ки барои фаъолияти обуҳавошиносӣ таъин шудаанд;4) бо тартиби муқарраргадида ҷудо намудани қитъаҳои замин ва додани объектҳои он барои ташкили шабакаҳои доимии (статсионарии) мушоҳидавии вазъи муҳити зист;5) иштирок дар ташкил ва гузаронидани мониторинги вазъи муҳити зист ва таъмини татбиқи он;6) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.13. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи пиряхҳо дохил мешаванд:1) иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо; 2) андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо дар маҳал, иштирок дар татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо;3) пешгирии фаъолияти худсаронаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки сабаби расонидани таъсири манфӣ ба пирях ва барфтӯдаҳо мегардад; 4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.14. Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳифзи хок дохил мешаванд:1) иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи хок;2) андешидани тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи хок ва баланд бардоштани ҳосилхезии он аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ;3) иштирок дар татбиқи маҷмуи чорабиниҳо оид ба таназзулёбӣ, нобудшавӣ ва ифлосшавии хок дар маҳалҳо ва барқарорсозии оқибатҳои он;4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 26. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи муносибатҳои экологӣ1. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки аҳолиро дар гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ таъмин менамоянд.2. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатиро таъмин менамоянд.3. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти шикор ва хоҷагии шикор ваколатҳои зерин доранд:1) иштирок дар чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ва наҷот додани онҳо дар ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ;2) иштирок дар ташкил ва амалӣ намудани назорати ҷамъиятии шикор ва хоҷагии шикор;3) мусоидат ба истифодаи самараноки маблағҳои аз ҳисоби шикор бадастомада барои амалӣ намудани чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, барқарорсозӣ ва истифодаи устувори ҳайвоноти шикории маҳал;4) амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.4. Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, инчунин иҷрои уҳдадориҳои шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, мусоидат менамоянд.
БОБИ 4. ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ ЭКОЛОГИИ ШАҲРВАНДОН ВА ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 27. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Шаҳрвандон ба зиндагӣ дар шароити барои саломатӣ ва ҳаёт мусоид ва истифода аз неъматҳои он, ба ҳифзи муҳити зист аз таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ, вазъияти фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенидошта ҳуқуқ доранд.2. Шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқҳои зерин доранд:1) иттиҳодияҳои ҷамъиятии фаъолияташон вобаста ба ҳифзи муҳити зистро таъсис диҳанд;2) ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар ташкилот ва шахсони мансабдор барои гирифтани иттилооти саривақтӣ, пурра ва дақиқи вобаста ба вазъи муҳити зисти маҳалли истиқомати худ, чораҳои вобаста ба ҳифзи он муроҷиат намоянд ва чунин иттилоотро дастрас кунанд. Агар ошкор кардани иттилооти экологӣ ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, дархост метавонад рад карда шавад;3) дар ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, намоишу роҳпаймоиҳо дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва дар дигар чорабиниҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ширкат варзанд;4) дар раванди баррасии лоиҳаҳои нақшаҳо, барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими экологӣ ширкат варзанд, натиҷаҳои таҳқиқот, таклиф ва фикру ақидаҳои худро нисбат ба такмили лоиҳаҳои мазкур ҳамчун, тавсия пешниҳод намоянд;5) оид ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба он бо шикоят, ариза ва пешниҳодҳо ба мақоми ҳокимияти давлатӣ, инчунин ба дигар ташкилотҳо муроҷиат кунанд, ҷавобҳои асоснок гиранд;6) оид ба ҷуброни зараре, ки ба муҳити зист, моликияти шахсӣ ва саломатии онҳо расидааст, ба суд даъво пешниҳод намоянд;7) ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки худро аз таъсири манфии муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё фаъолияти дигар ба вуҷуд меояд, суғурта кунанд;8) дигар ҳуқуқҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.3. Шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист уҳдадориҳои зерин доранд:1) табиат, муҳити зист ва захираҳои табииро ҳифз намоянд;2) ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат кунанд;3) ҳангоми мушоҳидаи садамаю фалокат ва дигар хатарҳои экологие, ки метавонад ба муҳити зист таъсир расонад ва ё таъсир расонида метавонад, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё худидоракунии маҳаллӣ сари вақт хабар диҳанд;4) иҷро намудани уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.4. Истифодаи захираҳои табиӣ аз ҷониби шаҳрвандон бар зарари муҳити зист, ҳуқуқ ва манфиатҳои дигар шаҳрвандон, корхонаю ташкилот ва муассисаҳо иҷозат дода намешавад.
Моддаи 28. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқҳои зерин доранд:1) мувофиқи тартиби муқарраргардида дар таҳия, таблиғ ва татбиқи барномаҳои ҳифзи муҳити зист иштирок намоянд, дар асоси ихтиёрӣ шаҳрвандонро ба фаъолияти соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷалб намоянд;2) аз ҳисоби маблағҳои худ ва маблағҳои ҷалбгардида фаъолияти вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зистро пеш баранд, барқарорсозии захираҳои табиӣ ва амнияти экологиро таблиғ кунанд;3) ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса, ташкилот ва шахсони мансабдори онҳо барои дастрас кардани иттилооти пурра ва дақиқ оид ба вазъи муҳити зист, чораҳои ҳифзи он, ҳолат ва далелҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигаре, ки ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд, муроҷиат намоянд. Дархост оид ба иттилооти экологӣ дар ҳолате, ки ошкор кардани он ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, метавонад рад карда шавад;4) мутобиқи тартиби муқарраргардида дар муҳокима ва қабули қарорҳои хоҷагӣ ва дигар қарорҳое, ки татбиқи онҳо метавонад ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад, ширкат варзанд;5) ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту идораҳо бо арзу шикоят ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба муҳити зист муроҷиат кунанд ва ҷавоби асоснок гиранд;6) дар хусуси бекор кардани қарор оид ба лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон, навсозӣ, ба истифода додани объектҳо, ҳамчунин оид ба маҳдудсозӣ, боздоштан ва қатъ кардани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва суд муроҷиат кунанд;7) бо мақсади ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон оид ба ҷуброни товони зарари ба муҳити зист расонидашуда ба суд даъво пешниҳод кунанд;8) амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист уҳдадориҳои зерин доранд:1) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя кунанд;2) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд.3) дигар уҳдадориҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.3. Аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ истифода кардани муҳити зист ба зарари он, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ манъ аст.
Моддаи 29. Кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Давлат тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ татбиқи ҳуқуқҳои дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба онҳо додашударо кафолат медиҳад.2. Шахсоне, ки ба иҷро гардидани ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки дар Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, монеъ мегарданд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 30. Низоми чорабиниҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид1. Низоми чорабиниҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид маҷмуи чораҳои ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва маърифатию фарҳангиро дар бар мегирад.2. Бо мақсади таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид аз тарафи давлат чораҳои зерин амалӣ карда мешаванд:1) таъмини амнияти экологӣ ва беҳсозии сифати муҳити зист;2) муътадилгардонии вазъи муҳити зист, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ;3) пешгирӣ ва бартарафкунии зарар ба муҳити зист ва ҳаёти инсон;4) таъмини идоракунии фаъолияти бехатар оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок;5) такмили усул ва технологияҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;6) рушди низоми иттилоотӣ ва усулҳои назорати ҳифзи муҳити зист;7) баланд бардоштани маърифат ва фарҳанги экологӣ.3. Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор барои таъмини ҳуқуқҳои шаҳрвандон ба муҳити зисти мусоид масъул мебошанд.4. Ҷойгиронии объектҳое, ки фаъолияти онҳо метавонад ба муҳити зист зарар расонад, бо назардошти афкори аҳолии минтақаи дахлдор амалӣ карда мешавад.
БОБИ 5. ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ ВА ИҚТИСОДИЁТИ «САБЗ»
Моддаи 31. Вазифа ва усулҳои танзими иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Вазифаҳои танзими иқтисодии ҳифзи муҳити зист рушди ҳавасмандгардонии моддиву маънавии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, кормандони онҳо ва шаҳрвандон ба таҳия, банақшагирӣ ва амалӣ сохтани чорабиниҳои амнияти экологӣ, истифодаи оқилона, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии захираҳои табиӣ мебошад.2. Ба усулҳои танзими иқтисодии соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳо мансубанд:1) таҳияи дурнамои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ бо назардошти талаботи экологӣ;2) таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;3) таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист бо мақсади пешгирӣ ва рафъи зарар ба муҳити зист;4) муқаррар намудани андозаи пардохтҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири манфӣ ба муҳити зист;5) муқаррар намудани лимитҳо, квотаҳо ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла, объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, инчунин партовҳо ба ҳавои атмосфера ва объектҳои обӣ, ҷойгиронии партовҳо ва дигар намудҳои таъсиррасонии манфӣ ба муҳити зист;6) арзёбии иқтисодии объектҳои табиӣ ва табиию антропогенӣ, таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар ба муҳити зист;7) дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, инноватсионӣ ва дигар фаъолият, ки ба ворид кардани технология ва истеҳсолоти беҳтарину пешқадам, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, истифодаи такрорӣ ва коркарди партовҳо, инчунин дигар тадбирҳои самараноки ҳифзи муҳити зист нигаронидашуда;8) бо тартиби муқарраргардида ҷуброн намудани зараре, ки ба муҳити зист расонида шудааст;9) усулҳои дигари танзими иқтисодии ҳифзи самараноки муҳити зист.
Моддаи 32. Баҳисобгирӣ ва арзёбии иҷтимоию иқтисодии захираҳои табиӣ1. Мақоми ваколатдори давлатӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омори давлатӣ ва истифодабарандагони табиат ҳисоботи миқдор ва сифати захираҳои табиӣ, инчунин маҳсулоти ғайриасосии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарро таҳия мекунанд, арзёбии иҷтимоию иқтисодии онҳоро анҷом медиҳанд.2. Пешбурди кадастри давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 33. Маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистЧорабиниҳои ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:1) буҷети давлатӣ;2) фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист;3) пардохтҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;4) дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 34. Лимиту квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ1. Лимиту квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ барои истифодабарандагони табиат бо мақсади муайян кардани андозаҳои ниҳоии истифодаи захираҳои табиӣ, ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда ва ҷойгиронии партовҳо дар муҳити зист ба муҳлати муайян муқаррар карда мешаванд.2. Лимиту квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ барои истифодабарандагони табиат аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади тадриҷан расидан ба андозаҳои меъёрии истифодаи захираҳои табиӣ, ҳадди имконпазири ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо бо назардошти вазъи экологии ҳудуд муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 35. Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист1. Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:1) барои ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ;2) барои истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи меъёрҳои муқарраршуда;3) барои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд истифода бурдани захираҳои табиӣ.2. Пардохти маблағҳо барои расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:1) барои ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, объектҳои об ва замин, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист дар доираи меъёрҳои муқарраршуда;2) барои аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист.3. Пардохти маблағҳои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсир ба муҳити зист истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ҷуброни товони зарари ба муҳити зист расонидашуда озод намекунад.
Моддаи 36. Тартиби умумӣ оид ба муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи пардохти маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо1. Меъёри ифлоскунии муҳити зист, истифодаи захираҳои табиӣ, инчунин меъёри муомилот бо партовҳо дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», ки дар доираи ваколатҳои худ мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар намудааст, сурат мегирад.2. Меъёри ҷойгиркунии партовҳо аз рӯйи меъёри сарфи ашё ва маводҳо, бо назардошти ҳаҷми маҳсулоти банақшагирифташуда, бо фарқи (тарҳи) ҳаҷми нақшавии партовҳо муқаррар карда мешаванд.3. Ба ҳаҷми аз меъёри муқарраргардида зиёд ҷойгиркунии партовҳо партовҳои истифоданашаванда, партовҳои аз меъёр зиёд ҷамъшуда дар натиҷаи меъёрҳои муқарраргардидаи сарфи ашё ва маводҳо барои истеҳсоли маҳсулот, ҳаҷми ҳосилшавии маҳсулоти ғайрисара, ки дар тартиби технологӣ ва меъёрҳо нишон дода нашудааст, инчунин ҳаҷми ҷойгиркунии партовҳои дар асоси тартиботи ҷорӣ бақайдгирифтанашуда шомиланд.4. Меъёрҳои заминавии пардохт барои ҷойгиронии партовҳо дар доираи меъёрҳое (меъёрҳои муваққатан мувофиқашуда), ки вобаста ба таркиби (ингридиенти) ҳар як маводи ифлоскунанда муайян гардидаанд, бо назардошти дараҷаи хатарнокии онҳо барои муҳити зист ва саломатии аҳолӣ муқаррар карда мешаванд.5. Меъёрҳои ҷойгиркунонии партовҳо дар асоси меъёрҳои хароҷоти ашёи хому масолеҳ бо дарназардошти ҳаҷми банақшагирифташудаи маҳсулот ва фарқи (тарҳи) ҳаҷми нақшавии партовҳо, ки тибқи барномаи истифодаи партовҳо, инчунин бо тартиби муқарраршуда ҷойгиронии партовҳо ҳамчун ашёи хому масолеҳ истифода мешаванд, муқаррар мегарданд.
Моддаи 37. Тартиби муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи пардохти маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист1. Дар асоси муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» маблағ барои расонидани таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳамчун ҷамъи пардохтҳо дар мавридҳои зерин ситонида мешавад:1) барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист дар доираи меъёрҳои муқарраршуда;2) барои аз меъёри муқарраршуда зиёд партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ҷойгиркунии партовҳо, расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист (риоя нагардидани меъёрҳои дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ муқарраргардида ё ҳангоми надоштани ин ҳуҷҷатҳо).2. Партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ҷойгиркунии партовҳо, расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист бе ҳуҷҷати иҷозатӣ, ки мутобиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашудааст, ҳамчун аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд ба ҳисоб меравад ва маблағи пардохт панҷ баробар зиёд ҳисоб карда мешавад.3. Объекти пардохтбандӣ ҳаҷми воқеии партовҳо ва пасмондаҳо дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда, зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда, пасмонда ва партовҳои садамавии моддаҳои ифлоскунанда, ба вуҷуд омадани партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ дар ҳудуди меъёрҳои муқарраршуда ва зиёда аз меъёрҳои муқарраршуда мебошад, ки ба муҳити зисти табиӣ партофта ё ҷойгиронда мешавад.4. Барои муайян намудани миқдори пардохтҳои ҳатмӣ барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист (замин, об, ҳавои атмосфера), муомилот бо партовҳо 8 фоизи нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳамчун коэффитсиенти заминавӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамасола муқаррар карда мешавад.5. Ҳисоб намудани пардохтҳои ҳатмӣ, андозаи заминавии пардохтҳои ҳатмӣ барои ифлос намудани муҳити зист (замин, партовҳои истеъмолию истеҳсолӣ, партовҳо ба ҳаво, об), тибқи ҳуҷҷатҳои методии соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки қабул гардидааст, амалӣ карда мешавад.6. Ҳаҷми воқеии солонаи партовҳо ба муҳити зист (об, замин, ҳаво) тибқи ҳисоботҳои оморӣ ва дар сурати мавҷуд набудани ҳисобот аз рӯйи меъёрҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби пардохткунанда мустақил муайян карда шуда, андозаи маблағи пардохт бо сохторҳои зертобеи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар маҳал мувофиқа карда мешаванд.7. Агар миқдори моддаҳои ифлоскунанда нисбат ба меъёри муқарраргардидаи солона камтар шавад, пардохти зиёдатии супоридашуда ба ҳисоби соли оянда гузаронида мешавад.8. Коэффитсиентҳои ҳолати экологӣ ва аҳаммиятнокии экологии ҳолати ҳавои атмосфера, хок ва объектҳои обӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ карда мешаванд.9. Маблағи пардохт аз ҷониби пардохткунанда мустақилона бо дар назар доштани ҳаҷми воқеии ифлоскунии муҳити зист ва меъёрҳои муқарраршуда, ки дар ҳуҷҷатҳои иҷозатӣ нишон дода шудааст, ҳисоб карда шуда, на дертар аз санаи 20-уми моҳи баъди семоҳаи ҳисоботӣ супорида мешавад.10. Пардохти маблағҳо аз ҷониби пардохткунандае, ки низомҳои махсусро барои шахсони ҳуқуқӣ - истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ истифода мебаранд, мутобиқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» бо тартиби зайл сурат мегирад:1) маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 январ то 1 октябри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар муҳлати на дертар аз 20 октябри соли ҷорӣ супорида мешаванд;2) маблағҳои пардохт, ки барои давраи аз 1 октябр то 31 декабри соли ҷорӣ ҳисоб карда шудаанд, дар муҳлати на дертар аз 20 март, ки баъди соли ҳисоботӣ фаро мерасад, супорида мешаванд.11. Барои ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва объектҳои обӣ дар доираи меъёрҳои муқарраргардида (ҳадди ҷоиз ё муваққатан мувофиқашуда) як намуди меъёри заминавӣ муқаррар карда мешавад. Ҳангоми мавҷуд набудани меъёри амалкунандаи ҳадди ҷоизи ҳаҷми ҷойгиркунии партовҳо меъёри пардохт барои ҷойгиркунии партовҳо дар асоси ҳадди ҷоизи муқарраргардидаи ҳаҷми партовҳо, ки ҷамъшавии онҳо тибқи регламенти технологии истеҳсолот пешбинӣ гардида, аз ҷониби мақоми ваколотдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, муқаррар карда мешавад.12. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» барои ифлос кардани муҳити зист ва расонидани дигар намуди таъсири зарарнок ба он барои анҷом додани фаъолияти истифодаи табиат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтҳои ҳатмӣ ситонида мешаванд.13. Андозаи нақшаи солонаи пардохтҳо барои ифлос кардани муҳити зист, ҷойгиронии партовҳо аз тарафи истифодабарандагони табиат мустақиман муайян карда шуда, дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи роҳбари корхона тасдиқ карда мешавад.14. Пардохт барои ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, объектҳои об, ҷойгиронии партовҳо ва расонидани дигар таъсири зарарнок ба суратҳисоби зерсохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ, тавассути маркази хазинадории зерсохторҳои маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия супорида мешавад.15. Маблағи барзиёд супоридашудаи пардохт баъди баҳисобгирӣ ба ҳисоби пардохти фоизҳо, зарар ва ҷаримаҳо аз рӯйи ин пардохт ба ҳисоби пардохтҳои соли оянда ҳисоб карда мешавад ё дар асоси аризаи пардохткунанда ба ҳисоби бонкии ӯ гузаронида мешавад.16. Пардохт барои аз меъёри муқарраргардида зиёд ифлос намудани муҳити зист бо роҳи зарб задани меъёрҳои дахлдори пардохт барои ифлоскунӣ дар доираи меъёрҳои муқарраршуда бо бузургии аз меъёрҳои муқарраршуда зиёдаи вазну ҳаҷмҳои воқеии партофтани маводи ифлоскунанда, ҳаҷмҳои ҷойгиркунонии партовҳо, ҷамъ кардани ҳосили зарб аз рӯйи намудҳои ифлоскунӣ ва зарб задани ин адад бо нишондиҳанда барои ҳисобҳо тибқи муқаррароти қонунгузории соҳавӣ муайян карда мешавад.17. Тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» пардохт барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои обӣ ва расонидани дигар таъсири зарарнок ба он, аз ҷониби пардохткунанда мустақилона ҳисоб карда шуда, ба буҷети ҷумҳурӣ супорида мешаванд ва дар ин бобат ба зерсохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ ва омор ҳисобот пешниҳод менамоянд.18. Барои табиатистифодабарандагоне, ки фаъолияташон хусусияти мавсимӣ доранд, давраи ҳисоботии онҳо мавсими корӣ ба шумор меравад.
Моддаи 38. Хусусиятҳои муайян намудани ҳаҷми ифлосие, ки ба ҳавои атмосфера ихроҷ мегардадХусусиятҳои муайян намудани ҳаҷми ифлосие, ки ба ҳавои атмосфера ихроҷ мегардад аз инҳо иборат аст:1) ҳангоми муайян намудани ҷамъи умумии партовҳо ба ҳавои атмосфера вақти кории меъёрии манбаъҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера, ки ба вақти кории меъёрии таҷҳизоти технологии ин манбаъҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера мувофиқ аст, ба ҳисоб гирифта мешаванд;2) ҳангоми муайян кардани ҳаҷми партовҳои воқеӣ вақти кории воқеии таҷҳизот дар давоми соли тақвимӣ ба ҳисоб гирифта мешавад;3) дар ҳолати кор накардани таҷҳизоти технологии корхона, ки бо ҳуҷҷатҳои расмӣ исбот мешавад, ин корхона манбаи партовҳо ба ҳавои атмосферӣ ҳисобида намешавад;4) партофти якбораи иҷозатдодашуда ба ҳавои атмосферӣ, ки аз ҳолати воқеии истеҳсолот вобастагӣ дорад, ба ҳаҷми моддаҳои ба ҳавои атмосферӣ ихроҷшавандаи давраи ҳисоботӣ ҷамъ карда мешаванд.
Моддаи 39. Миқдори ифлосие, ки ба объектҳои обӣ ворид мешавандМиқдори ифлосие, ки ба объектҳои об равона карда мешаванд бо хусусиятҳои хоси зерин муайян карда мешаванд:1) аз миқдори нишондиҳандаҳои ифлосшавии умумӣ (моддаҳои муаллақ, боқимондаҳои хушк ва монанди инҳо), ки барои онҳо меъёри заминавии пардохт муқаррар карда шудааст, миқдори моддаҳои инфиродие, ки аз рӯйи меъёри заминавии муайян пардохта мешаванд, ҳангоми тасдиқи мавҷудияти ин моддаҳо дар таркиби миқдори умумӣ тарҳ карда мешавад;2) ҳангоми мавҷуд набудани усули муайян кардани моддаҳо дар обҳои партов миқдори ин модда, аз рӯйи маълумоти тавозуни (баланси) маводии модда дар ин объект муайян карда мешавад. Агар обҳои партов бо усули биологӣ тоза карда шаванд, пас ҳисоби миқдори моддаҳои ба объектҳои об равонашуда бо назардошти имконият ва дараҷаи хориҷ шудани онҳо ҳангоми тозакунӣ амалӣ карда мешавад;3) ҳисоби миқдори моддаҳои ифлоскунандаи ба объекти об равонашуда дар асоси ҳуҷҷатҳои меъёрии мувофиқ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда шудааст, ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 40. Фондҳои ҳифзи муҳити зист1. Барои хароҷоти пешбининашудаи вобаста ба ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, барқарор кардани талафоти муҳити зист ва ҷуброни товони зарари ба он расонидашуда, фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист таъсис дода мешаванд.2. Фондҳои мазкур аз ҳисоби маблағҳои барои истифодаи захираҳои табиӣ, ихроҷ, партофтан ва ҷойгиронии моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист пардохташуда, хайрияҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дигар манбаъҳо ташаккул меёбанд.
Моддаи 41. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист1. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист барои пӯшонидани хароҷот оид ба барқарорсозии талафоти муҳити зист, ҷуброни товони зарари ба саломатию молу мулки шаҳрвандон дар натиҷаи офатҳои табиӣ, садамаю фалокат ва дигар хатарҳои экологӣ расида таъсис дода мешаванд.2. Фондҳои мазкур аз ҳисоби суғуртаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маблағҷудокунии давлат, корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, инчунин маблағи хайрияи ихтиёрии шаҳрвандон таъсис дода мешаванд.3. Шартҳои суғуртакунӣ, тартиби ворид намудани пардохти маблағҳои суғуртавӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 42. Иқтисодиёти «сабз» дар раванди муносибатҳои ҳифзи муҳити зистРушди иқтисодиёти «сабз» бо роҳҳои зерин таъмин карда мешавад:1) андешидани чораҳо барои гузариш ба иқтисодиёти шакли сарбаста (тарзи ташкили иқтисодиёт, ки ба сикли моддии сарбастаи таъминоти захираҳо, кам намудани истеъмоли ҳама намуди ашёву захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва истифодаи самараноки партовҳо);2) ҷорӣ намудани навоварӣ барои афзоиши самаранокии истифодаи захираҳои табиии мавҷуда, кам кардани дараҷаи таъсири манфӣ ба муҳити зист, афзун намудани энергия-самаранокӣ ва энергия-сарфанамоӣ, коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;3) васеъ намудани доираи маблағгузории «сабз» (истифодаи шаклу механизмҳое, ки ба мақсади рушди иқтисодиёти «сабз» истифода бурда мешаванд), хариди «сабз» (таъмини баҳисобгирии талаботҳои экологӣ ҳангоми ҷойгир кардани фармоиш барои таъминоти мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ);4) баҳисобгирии натиҷаҳои арзёбии иқтисодии хизматрасонии экосистемаҳо ҳангоми қабули қарор аз ҷониби мақомоти давлатӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдори онҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;5) ташкили истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти органикӣ;6) мусоидат ба сайёҳии экологӣ ва агроэкосайёҳӣ;7) зиёд кардани шумораи нақлиёти барқӣ ва беҳтар намудани инфрасохтори шаҳрҳо;8) андешидани чораҳо оид ба коҳиш додани оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, тавассути квотаҳои тиҷоратӣ барои партовҳои газҳои гулхонаӣ;9) ҳифз ва истифодаи устувори гуногунии биологӣ ва ландшафтҳо;10) таъминоти илмии гузариш ба иқтисодиёти «сабз»;11) андешидани тадбирҳои дигаре, ки ба рушди иқтисодиёти «сабз» нигаронида шудаанд.2. Татбиқи чорабиниҳо оид ба рушди иқтисодиёти «сабз» аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ мутобиқи нақшаи миллии чорабиниҳо оид ба рушди иқтисоди «сабз», ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, амалӣ карда мешавад.
БОБИ 6. БАМЕЪЁРДАРОРӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 43. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист1. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист бо мақсади муайян кардани ҳадди имконпазири меъёри аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи таъсир ба муҳити зист, ки амнияти экологӣ ва ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳифзи ҳавои атмосфера, об, замин, олами набототу ҳайвонот, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табииро кафолат медиҳад, анҷом дода мешавад.2. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист низоми меъёрҳои сифати муҳити зист мебошад, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мешаванд.
Моддаи 44. Таҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зистТаҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоро дар бар мегирад:1) иҷрои корҳои таҳқиқотӣ-илмӣ ҷиҳати асосноккунии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;2) бо тартиби муқарраргардида гузаронидани экспертиза, тасдиқ ва нашри меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;3) муайян кардани асосҳои таҳия ё аз нав дида баромадани меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;4) ташаккул ва пешбурди махзани ягонаи иттилоотии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;5) арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани натиҷаҳои экологӣ, иҷтимоию иқтисодии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист.
Моддаи 45. Меъёрҳои сифати муҳити зист1. Меъёрҳои сифати муҳити зист барои арзёбии вазъи муҳити зист ба манфиати саломатии инсон, нигоҳдории низомҳои экологии табиӣ ва фонди генетикии олами набототу ҳайвонот муқаррар карда мешаванд.2. Ба меъёрҳои сифати муҳити зист инҳо мансубанд:1) меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои кимиёвии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати моддаҳои кимиёвӣ ва дигар моддаҳо дар муҳити зист иборат мебошад;2) меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои физикии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд ва аз меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсири физикӣ (радиоактивӣ, электромагнитӣ) ва дигар таъсири физикӣ ба муҳити зист иборат мебошад;3) меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои биологии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла, навъ ва гурӯҳҳои растанӣ, ҳайвонот ва дигар организмҳое, ки ҳамчун нишондодҳои сифати муҳити зист истифода бурда мешаванд, инчунин меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати микроорганизмҳо;4) дигар меъёрҳои сифати муҳити зист.3. Барои минтақаҳои алоҳида (мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, паркҳои миллии табиӣ, минтақаҳои осоишию курортӣ ва истироҳатӣ) бо назардошти хусусиятҳои табиию иқлимӣ, ҳамчунин арзиши махсуси онҳо меъёрҳои нисбатан қатъии сифати муҳити зист муайян карда мешаванд.
Моддаи 46. Меъёрҳои ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда, аз ҷумла, микроорганизмҳои патогенӣ ва дигар моддаҳои биологии ҳаво ва обу заминро ифлоскунанда бо назардошти воридоти умумии партовҳо аз ҳамаи объектҳои истеҳсолӣ, маълумотҳои инвентаризатсияи ихроҷ ва партофтани моддаҳои зарарнок аз ҳар як манбаи ифлоскунанда, меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар муҳити зист ва ифлосии мавҷудаи он муайян карда мешавад.2. Ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда, дигар модда ва микроорганизмҳо ба муҳити зист дар доираи лимитҳои муқарраргардидаи имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳо ва микроорганизмҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ мумкин аст.
Моддаи 47. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ ва дигар таъсири номатлуби физикӣ1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ ва дигар таъсири номатлуби физикӣ ба андозаи таъминкунандаи ҳифзи саломатӣ ва қобилияти меҳнатии одамон, ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти барои зиндагӣ мусоид муайян карда мешавад.2. Меъёрҳои мазкур ва усулҳои муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 48. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи таъсири радиатсионӣ1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи таркиби бехавфи моддаҳои радиоактивӣ дар муҳити зист ва озуқа, ҳадди имконпазири дараҷаи шуоъафкании радиатсионӣ ба андозае муайян карда мешаванд, ки саломатии инсон ва насли ояндаи он, нигоҳдории олами набототу ҳайвонот ва ҳолати мусоиди зист кафолат дода шаванд.2. Меъёрҳои мазкур ва усулҳои муайян кардани онҳо аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ якҷо бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 49. Меъёрҳои истифодабарии нурӣ ва заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва дигар моддаҳои кимиёвӣМеъёрҳои истифодаи нуриҳои минералӣ, органикӣ, пеститсидҳо, заҳрдоруҳои кимиёвӣ, дигар моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои нумӯяи растаниҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба андозае муқаррар карда мешаванд, ки талаботи ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби озуқа ва организми одам, инчунин ҳифзи саломатии инсон, фонди генетикии он ва олами набототу ҳайвонот таъмин карда шаванд.
Моддаи 50. Меъёрҳои ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ дар озуқа1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои зарарноки кимиёвӣ, заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ дар озуқа бо роҳи муайян кардани меъёри камтарини имконпазири барои саломатии инсон безарар, барои ҳар як намуди моддаи кимиёвӣ, заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои зарарноки биологӣ ва ҳар як намуди озуқа муайян карда мешаванд.2. Меъёрҳои мазкур аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ бо назардошти стандартҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 51. Стандартҳои экологӣ1. Дар стандартҳо барои техника, технология ва маводу ашёи нав, дигар маҳсулоте, ки метавонанд ба муҳити зист, саломатӣ ва фонди генетикии инсон таъсири зарарнок расонанд, талаботи экологие муқаррар карда мешаванд, ки риояи меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсиррасонӣ ба муҳити зистро дар раванди истеҳсолот, барқарорсозӣ, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода (истеъмол) ва нобудсозии маводу маҳсулоти мазкурро бояд таъмин намоянд.2. Стандартҳои мазкур, усулҳои муайян кардани онҳо ва намудҳои техника, технология, масолеҳ, моддаҳо ва дигар маҳсулоте, ки барои онҳо пешбинӣ мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ таҳия ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандарткунонӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 52. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист1. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист барои субъекти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар бо мақсади арзёбӣ ва танзими таъсири ҳама манбаъҳои доимӣ (статсионарӣ), сайёр ва дигар манбаъҳои ба муҳити зист таъсиррасон, ки дар ҳудуди минтақаи мушаххас, аз ҷумла, гуногунии биологӣ ҷойгиранд, муқаррар карда мешаванд.2. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист барои ҳар як намуди таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба муҳити зист ва таъсири муштараки ҳамаи манбаъҳои дар ҳудуди ин минтақа ҷойгирбуда, муқаррар карда мешаванд.3. Ҳангоми муқаррар намудани меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист хусусиятҳои муҳити зисти минтақаҳои мушаххас ба инобат гирифта мешаванд.
Моддаи 53. Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ ва муҳофизатӣ1. Меъёрҳои минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ барои ҳифзи обанбор ва дигар манбаъҳои обтаъминкунӣ, минтақаҳои курортӣ, муолиҷавию солимгардонӣ, маҳалҳои аҳолинишин ва дигар ҳудудҳо аз ифлосшавӣ ва дигар таъсири номатлуб муқаррар карда мешаванд.2. Меъёрҳои мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 54. Сертификатсияи экологӣ1. Сертификатсияи экологӣ бо мақсади таъмини бехатарии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар гузаронида мешавад.2. Сертификатсияи экологӣ метавонад ҳатмӣ ё ихтиёрӣ бошад.
БОБИ 8. ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ЭКОЛОГӢ ВА МИНТАҚАҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ
Моддаи 55. Вазъияти фавқулоддаи экологӣ1. Дар минтақаҳое, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари инсон ё таъсири харобиовари қувваи табиат вазъи номусоиди экологӣ ба вуҷуд омада, дар онҳо тағйирёбии ҷиддӣ ва устувори манфии муҳити зист барои ҳаёт ва саломатии одамон, нигоҳдории олами наботот ва ҳайвонот мушоҳида шудааст, вазъияти фавқулоддаи экологӣ эълон карда мешавад.2. Ҳангоми вазъияти фавқулоддаи экологӣ ҳама гуна фаъолияте, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, боздошта мешавад ё кори корхона, муассиса, ташкилот, коргоҳ, агрегатҳо ва таҷҳизоте, ки ба саломатии инсон ва фонди генетикии он таъсири манфӣ мерасонад, намудҳои алоҳидаи истифодаи захираҳои табиӣ низ маҳдуд карда шуда, ҷиҳати барқарорсозӣ ва таҷдиди захираҳои табиӣ чорабиниҳои фаврӣ андешида мешаванд.
Моддаи 56. Минтақаҳои офати экологӣ1. Минтақаҳои офати экологӣ маҳалҳои вазъи экологияшон фавқулоддае эълон карда мешаванд, ки дар онҳо дар натиҷаи вазъи номусоиди экологӣ ба муҳити зист, аз ҷумла, ба саломатии аҳолӣ зиёни зиёд расонида шудааст ва (ё) низомҳои табиии экологӣ ва муҳити зист хароб гаштаанд.2. Дар минтақаҳои офати экологӣ фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ, ба истиснои объектҳое, ки ба хизматрасонии аҳолии маскуни ин минтақа машғуланд, қатъ гашта, сохтмон ва азнавсозии объектҳои хоҷагидорӣ манъ карда мешавад, ҳама гуна намудҳои истифодаи захираҳои табиӣ қатъиян маҳдуд гашта, барои барқарорсозӣ ва таҷдиди захираҳои табиӣ ва солимгардонии муҳити зист чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.3. Тадбирҳои солимгардонии минтақаҳои офати экологӣ дар навбати аввал аз ҳисоби корхона, муассиса, ташкилотҳое, ки бо айби онҳо садама ё фалокат рух додааст, инчунин аз ҳисоби маблағи мақсадноки буҷети давлатӣ ва фондҳои ҳифзи муҳити зист маблағгузорӣ карда мешаванд.
Моддаи 57. Пешгирии садама ва бартараф кардани оқибати зарарноки экологии он1. Ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодаи объектҳои хоҷагии алоқаманд ба таъсири зарарнок ба муҳити зист, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, тадбирҳои огоҳонӣ, пешгирӣ ва барҳам додани оқибатҳои ба муҳити зист зараровари садама андешида мешаванд.2. Бо мақсади таваҷҷуҳи самарабахш ба ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ, ки барои муҳити зист оқибати зараровар доранд, нақшаҳои маҳаллӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ, ки дар онҳо чораҳои сафарбаркунии қувваю воситаҳои вазорату идораҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо ва аҳли ҷомеа якҷоя бо мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ пешбинӣ мегарданд, таҳия карда мешаванд.3. Барои ҳалли масъалаҳои вазъияти фавқулоддаи экологӣ бо тартиби муқарраргардида комиссияҳои махсус таъсис дода мешаванд.
Моддаи 58. Тартиби эълон намудани вазъияти фавқулоддаи экологӣ ва минтақаҳои офати экологӣ1. Вазъияти фавқулоддаи экологӣ дар саросари ҷумҳурӣ ва маҳалҳои алоҳидаи он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешавад.2. Минтақаҳои офати экологӣ ва сарҳадҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 59. Уҳдадориҳои корхонаҳо оид ба омода будан барои рафъи оқибати экологии садамаШахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, ки дар вазъияти фавқулоддаи экологӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон метавонанд зиён расонанд, уҳдадоранд, ки:1) дар вазъияти фавқулоддаи экологӣ нақшаи амал дошта бошанд;2) хадамоти махсуси дорои восита ва захираҳои моддии барҳам додани оқибати ногувори вазъияти фавқулоддаи экологӣ таъсис дода, онҳоро дар ҳолати омодабоши доимӣ нигоҳ доранд.
БОБИ 8. ОМОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 60. Омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омори давлатӣ гузаронида мешавад.2. Маълумоти оморӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омори давлатӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ ва хуқуқӣ дар ҳаҷми муайян ва муҳлати муқарраршуда дар шакли ҳисоботи омори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.3. Таркиби минималии нишондиҳандаҳои ҳисоботи омори давлатӣ ва тартиби омордории давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 61. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд1. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади танзими давлатии фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист, инчунин банақшагирии ҷорӣ ва дурнамои чорабиниҳои кам кардани таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар ба муҳити зист анҷом дода мешавад.2. Объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд ва маълумот оид ба таъсири онҳо ба муҳити зист мавриди бақайдгирии омории давлатӣ қарор дода мешаванд.
БОБИ 9. НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 62. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз таъмини иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, талаботи меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти марказӣ ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин таъмини амнияти экологӣ иборат мебошанд.2. Низоми назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз назорати давлатӣ, идоравӣ, истеҳсолӣ ва ҷамъиятӣ иборат мебошад.
Моддаи 63. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зистНазорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 64. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист1. Нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд бо тартиби муқарраршуда:1) бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор он субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд, мавриди санҷиш қарор диҳанд ва бо ҳуҷҷатҳо, таҳлилҳои ташхисӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои бевоситаи онҳо заруранд, шинос шаванд. Санҷиши фаъолияти субъектҳои ғайрисоҳибкорӣ тибқи талаботи қонунгузории соҳавӣ анҷом дода мешавад;2) риояи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва талаботи дигари ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист, кори иншоотҳои партовтозакунӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти безараргардонӣ, воситаҳои назорат, инчунин иҷрои нақшаву чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро мавриди санҷиш қарор диҳанд;3) риояи талабот, меъёр ва қоидаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зистро ҳангоми ҷойгиронӣ, сохтан, ба истифода додан, истифода намудан ва аз истифода баровардани объектҳои истеҳсолӣ ва дигар объектҳо мавриди санҷиш қарор диҳанд;4) иҷрои талаботи дар хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ нишондодашударо санҷанд;5) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати бартараф кардани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ҳангоми анҷом додани назорати экологӣ муайян карда шудаанд, иддао пешниҳод кунанд ва амрҳои иҷроишашон ҳатмӣ диҳанд;6) шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, ба мақомоти салоҳиятдор ва шахсони мансабдор барои ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод фиристанд, оид ба рӯёнидани товони зарари ба муҳити зист ё саломатии инсон бинобар вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист расонидашуда ба мақомоти судӣ даъво пешниҳод намоянд;7) ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя накардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари онҳоро муваққатан боздоранд. Дар асоси қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолият муассисаҳои бонкӣ то аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бекор кардани чунин қарорҳо маблағгузории фаъолияти боздошташударо қатъ менамоянд;8) либосҳои махсуси дорои аломатҳои фарқкунанда пӯшанд;9) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бо худ силоҳи оташфишон ва дигар воситаҳои махсус гиранд, нигоҳ доранд ва истифода намоянд;10) ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.2. Нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист уҳдадоранд:1) ҳуқуқвайрокуниҳоро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешгирӣ кунанд, муайян созанд ва бартараф намоянд;2) ба вайронкунандагони қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшонро фаҳмонанд;3) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд.3. Нисбати қарорҳои нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби судӣ шикоят кардан мумкин аст.4. Барои дар муҳлати тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида анҷом надодани пардохт барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист ба мақомоти судӣ даъво пешниҳод намоянд.5. Нозирони давлатии соҳаи ҳифзи муҳити зист таҳти ҳимояи давлат мебошанд ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
Моддаи 65. Назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Назорати идоравиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист вазорату идораҳо ва назорати истеҳсолиро ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо анҷом медиҳанд ва вазифаи онҳо санҷиши иҷрои нақшаву тадбирҳои ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, солимгардонии муҳити зист, риояи меъёрҳои сифати муҳити зист, талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва амрияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад.2. Тартиби ташкил ва фаъолияти назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо танзим мегардад.
Моддаи 66. Назорати экологии ҷамъиятӣ1. Назорати экологии ҷамъиятӣ аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо ташаббуси худи онҳо ё дар асоси шартномаҳо бо истифодабарандагони табиат ва ё мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад ва мақсади он амалӣ намудани ҳуқуқҳои ҳар як шахс ба муҳити зисти мусоид, пешгирӣ ва барҳам додани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад.2. Назорати экологии ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.3. Натиҷаҳои назорати ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шудаанд, бояд ҳатман мавриди муҳокима ва таваҷҷуҳ қарор дода шаванд.
БОБИ 10. ТАҲҚИҚОТҲОИ ИЛМӢ ДАР СОҲАИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 67. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи муҳити зист1. Вазифаҳои асосии таҳқиқот ва кашфиёти илмӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ба таъмини рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, фаъолияти устувори низомҳои экологии табиӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва солимгардонии муҳити зист равона гардидааст.2. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо мақсадҳои зерин гузаронида мешаванд:1) таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, дурнамоҳои илмӣ ва нақшаҳои ҳифз ва барқарорсозии муҳити зист;2) арзёбии натиҷаҳои таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолиятҳои дигар ба муҳити зист;3) такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тартиб додани меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист;4) таҳия ва такмили нишондиҳандаҳои арзёбии маҷмуии зарар ба муҳити зист, тарз ва усулҳои муайян намудани онҳо;5) ихтироъ ва таҳияи технологияҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;6) таҳияи барномаҳои тавонбахшии минтақаҳое, ки ҳамчун минтақаҳои офати табиӣ дониста шудаанд;7) таҳияи чорабиниҳои ҳифз ва рушди иқтидорҳои табиӣ ва рекреатсионӣ.
БОБИ 11. ҶУБРОНИ ТОВОНИ ЗАРАР БА МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 68. Уҳдадории ҷуброн намудани товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист расонида шудаастТашкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар субъекти хоҷагидор сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият ва шаҳрвандоне, ки ба муҳити зист бинобар ифлос кардан, хароб ва нобуд сохтани он, истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ, хароб кардани низомҳо, комплексҳо ва ландшафтҳои табиии экологӣ, бинобар вайрон кардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист зарар расонидаанд, уҳдадоранд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон товони зарарро ҷуброн намоянд.
Моддаи 69. Тартиби ҷуброни товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист расонида шудааст1. Товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ ба муҳити зист расонида шудааст, ихтиёран ё бо санади судӣ тибқи андозаи пардохти маблағҳои бо тартиби муқарраршуда тасдиқгардида ва усулҳои ҳисоб кардани онҳо дар ҳолати мавҷуд набудани онҳо бошад, тибқи хароҷоти воқеии барои барқарор сохтани ҳолати харобгаштаи муҳити зист бо назардошти зарари расонидашуда, аз ҷумла, фоидаи аздастрафта ҷуброн карда мешавад.2. Дар асоси санади суд зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузорӣ ба муҳити зист расонида шудааст, метавонад бо роҳи ба зиммаи ҷавобгар гузоштани уҳдадориҳои вобаста ба барқарорсозии ҳолати зарардидаи муҳити зист аз ҳисоби маблағи ӯ мутобиқи лоиҳаи корҳои барқарорсозӣ ҷуброн карда шавад.
Моддаи 70. Ҷуброни товони зараре, ки ба шаҳрвандон аз таъсири номусоиди муҳити зист расидааст1. Товони зараре, ки ба саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандон дар натиҷаи таъсири номусоиди фаъолияти ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳо ё шаҳрвандони алоҳида ба муҳити зист расидааст, дар ҳаҷми пурра ҷуброн карда мешавад.2. Товони зарар мувофиқи санади судӣ дар асоси даъвои шахси зарардида, аъзои оилаи ӯ, прокурор, мақомоти ба ин ваколатдори идораи давлатӣ, иттиҳодияи ҷамъиятӣ ба манфиати шахси зарардида ҷуброн карда мешавад.3. Товони зарари ба шаҳрвандон дар натиҷаи садамаҳои калон ё фалокатҳо, ҳамчунин офатҳои табиӣ расонидашуда мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 71. Даъвоҳо дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнокШахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба суд дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, ки ба саломатӣ ва молу мулки онҳо, аз ҷумла, ба муҳити зист осеб мерасонад, даъво пешниҳод намоянд.
БОБИ 12. ИТТИЛООТИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 72. Объекти иттилооти экологӣБа объекти иттилооти экологӣ маълумоти зерин дохил мешаванд:1) дар бораи вазъи муҳити зист, аз ҷумла, ҳавои атмосферӣ, захираҳои об, замин, хок, партов, олами набототу ҳайвонот, ландшафтҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, аз ҷумла, организмҳои аз ҷиҳати генетикӣ тағйирёфта ва таъсири мутақобилаи байни онҳо, инчунин маълумот оид ба хизматрасонии экосистемаҳо, генофонд ва захираҳои генетикии организмҳои зинда;2) дар бораи таъсири мутақобилаи моддаҳо, энергия, садо, радиатсия ва дигар омилҳои физикӣ ба муҳити зист;3) қарорҳои мақомоти давлатӣ, маълумот дар бораи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муҳити зист ва ҷузъҳои муҳити табиӣ, ҳифзи онҳо, инчунин асосноккунии зарурати иҷрои чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист ва асосноккунии молиявию иқтисодии онҳо;4) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, нақшаҳои маҷмуӣ-ҳудудӣ, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, чорабиниҳое, ки амалигардонии онҳо ба муҳити зист таъсир мерасонад, асосноккунии зарурати қабули онҳо, аз ҷумла, асосноккунии молиявию иқтисодӣ;5) раванди тағйирёбии иқлим, оқибатҳои мавҷуда ва пешбинишавандаи тағйирёбии иқлим, инчунин тадбирҳои мутобиқшавӣ ба он.
Моддаи 73. Ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ доранд.2. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқи озодона дастрас намудани иттилооти экологии дар ихтиёри моликони иттилооти экологӣ мавҷуда бе зарурати фаҳмонидани сабабҳои таваҷҷуҳ ба ин иттилооти экологӣ бо тартибе, ки Кодекси мазкур муайян намудааст, кафолат дода мешавад.
Моддаи 74. Кафолати таъмини ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд барои гирифтани иттилооти экологӣ ба моликони чунин иттилоот бо тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур муроҷиат намоянд ва онро гиранд.2. Ҳангоми муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади гирифтан ва истифодаи иттилооти экологӣ, моликони иттилооти экологӣ уҳдадоранд барои дастрас намудан ва шинос шудан ба чунин иттилоот тамоми шароити заруриро фароҳам оранд ва ҳангоми зурурат ба муроҷиат ва дархостҳо ҷавобҳои расмӣ пешниҳод намоянд.3. Моликони иттилооти экологӣ иттилооти экологиро ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард, ташаккул, нигоҳдорӣ, пешниҳод ва бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур паҳн мекунанд.4. Моликони иттилооти экологӣ ҳуқуқ надоранд пешниҳоди иттилооти экологиро рад кунанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.5. Пешниҳоди иттилооти махсуси экологӣ аз ҷониби моликони иттилооти экологӣ дар асоси шартномаи бо дархосткунанда баста ва амалӣ карда мешавад.6. Дар бораи аз ҷониби молики иттилооти экологӣ таъмин накардани ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, инчунин барои ба дархосткунанда пешниҳод намудани иттилооти экологии беэътимод ба мақомоти болоии молики иттилооти экологӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 75. Намудҳои иттилооти экологӣ ва манбаъҳои асосии он1. Иттилооти экологӣ ба иттилооти умумии экологӣ ва иттилооти махсуси экологӣ тақсим мешавад.2. Иттилооти экологӣ оид ба вазъи воқеӣ ва пешгӯишавандаи муҳити зист, тағйирёбии иқлим ва захираҳои табиӣ, ки барои истифодаи омма аз ҷониби моликони иттилооти экологӣ бо назардошти талаботи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда мешавад, иттилооти умумии экологӣ дониста мешавад.3. Иттилооти экологие, ки дар асоси шартнома омода карда мешавад ва барои пешниҳоди он корҳои иловагӣ, аз ҷумла, ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлил карданро талаб мекунад, иттилооти махсуси экологӣ дониста мешавад.4. Ба иттилооти махсуси экологӣ нисбат додани иттилооти экологии вобаста ба ҳодисаҳои расонидани зарар ба муҳити зист, манъ аст.5. Иттилооти экологие, ки моликони иттилооти экологӣ тибқи Кодекси мазкур метавонанд пешниҳод ё паҳн кунанд, дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолиятҳои зерин ташаккул меёбад:1) пешбурди сиёсати давлатӣ, мониторинг ва кадастри давлатии захираҳои табиӣ;2) натиҷаи назорати таҳлилию ташхисӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;3) баҳисобгирии давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои табиӣ ва таъсири он ба муҳити зист;4) гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист вобаста ба фаъолияти банақшагирифташудаи хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар;5) гузаронидани экспертизаи экологӣ;6) амалӣ намудани назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;7) гузаронидани аудити экологӣ;8) гузаронидани сертификатсияи экологӣ;9) бамеъёрдарорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;10) таҳия ва амалӣ намудани нақшаҳои маҷмуӣ-ҳудудӣ, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;11) фаъолияти обуҳавошиносӣ ва омӯзиши тағйирёбии иқлим;12) гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;13) амалӣ намудани дигар фаъолиятҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.6. Додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта, ки дар асоси онҳо захираҳои табиӣ ҳамчун манбаи ҷамъоварии иттилооти экологӣ истифода карда мешаванд, ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои мазкур, манъ, барқарор ва тамдиди муҳлати амал, инчунин қатъ намудани амали онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 76. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ1. Иттилооти экологӣ сарфи назар аз усули пешниҳод ё ташкили нигоҳдорӣ (дар шакли аснод, маҷмуи аснод, захираҳои китобхонаҳо, бойгониҳо, махзани маълумот), ки барои воридкунӣ ба низоми иттилоотии экологӣ пешбинӣ шудааст ё дар таркибаш чунин иттилоот мавҷуд аст, захираҳои давлатии иттилооти экологӣ ба ҳисоб меравад.2. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ маълумотҳоеро дар бар мегиранд, ки дар натиҷаи фаъолиятҳои бо Кодекси мазкур пешбинишудаи моликони иттилооти экологӣ ташаккул меёбад ва дар мақомоти давлатӣ, ташкилоту идораҳои дигари давлатӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи онҳо гузошташуда захира карда мешавад.3. Ташаккул ва пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологиро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.4. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ҷамъоварии марказонидашуда, баҳисобгирӣ, маҳфуз доштан ва истифодаи иттилооти экологӣ тадбирҳоро амалӣ мегардонад.5. Иттилооте, ки ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мегардад, ба қайд ва ба ҳисоб гирифта мешавад, инчунин шабакабандӣ гардида, барои пешниҳод ба мақомот, ташкилоти дахлдор ва истифода аз ҷониби зерсохторҳои он омода карда мешавад.
Моддаи 77. Ташаккули захираҳои давлатии иттилооти экологӣ1. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ низоми марказонидашудаи ҷамъоварӣ, баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва паҳнкунии иттилооти алоқаманд ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи захираҳои табиӣ, рушди устувор ва экология буда, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ташаккул ва пеш бурда мешавад.2. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини мубодилаи иттилоот байни мақомот ташаккул дода мешавад.3. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иттилооте, ки дар шабакаҳои иттилоотии экологӣ мавҷуд аст, инчунин ҳуҷҷатҳо ва маълумот дар бораи ҳифзи муҳити зист ташаккул меёбанд.4. Захираҳои давлатии иттилооти экологӣ аз мавод ва ҳуҷҷатҳои зерин иборат аст:1) ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист ва нақшаҳои маҷмуии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ;2) иттилооти экологие, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба таври ҳатмӣ ва ихтиёрӣ пешниҳод мешавад;3) Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон;4) кадастри давлатии захираҳои табиӣ;5) натиҷаи омӯзиш, барқарорсозӣ, истифода ва ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла, захираҳои ҷангал;6) ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;7) гуногунии биологӣ, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;8) канданиҳои фоиданоки маъмули умум, об, дигар захираҳои табиӣ;9) намудҳои гуногуни партовҳо;10) объектҳо ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ хатарнок;11) натиҷаҳои мониторинги экологӣ;12) маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;13) санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, санадҳои меъёрӣ ва регламентҳои техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;14) ҳисобот оид ба иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;15) адабиёти илмию техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва технологияҳои аз ҷиҳати экологӣ тозаи татбиқшаванда ва банақшагирифташаванда;16) пешгӯиҳои обуҳавошиносӣ вобаста ба вазъи обу ҳаво;17) мавод ва ҳуҷҷатҳои дигаре, ки маълумот оид ба иттилооти экологӣ доранд.
Моддаи 78. Пешбурди захираҳои давлатии иттилооти экологӣ1. Пешниҳод ва паҳн намудани маълумоте, ки ба захираҳои давлатии иттилооти экологӣ ворид шудааст, мувофиқи Кодекси мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.2. Ба мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоот дар бораи истифодаи захираҳои табиӣ ва вазъи экологии муҳити зист дар шаклҳои зерин пешниҳод карда мешавад:1) низомҳои иттилооти экологӣ;2) технологияҳои иттилооти экологӣ;3) захираҳои иттилооти экологӣ, аз ҷумла, махзан ва манбаи маълумоти иттилооти экологӣ, амсилаҳои иттилоотӣ ва манбаи амсилаҳо, маҷмуи харитаҳои рақамӣ ва атласҳо, ҳисоботи электронӣ, бойгониҳои худкор ва дигар иттилооти ҳуҷҷатикардашудаи экологӣ;4) маводи иттилооти экологӣ;5) равандҳои иттилооти экологӣ.
Моддаи 79. Ҳамкории мутақобилаи мақоми ваколатдори давлатӣ ва воҳидҳои сохтории он1. Воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ, ки барои ташаккули низомҳои иттилоотӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист масъуланд, бояд ба мақоми ваколатдори давлатӣ инҳоро пешниҳод намоянд:1) маълумот оид ба иттилооти таъҷилӣ ва ҷории экологӣ дар шакли муқарраргардида бо мақсади ташаккули низоми ягонаи иттилооти экологӣ;2) ҳисоботи электронӣ оид ба фаъолияти нимсола ва солона;3) иттилооти таҳлилӣ дар шакли электронӣ бо ҷадвалҳо, нақшаҳо, харитаҳо, суратҳо ва воситаҳои дигари айёнӣ ҳангоми дастрас шудани он;4) маълумоти ҳисоботӣ, ҷорӣ ва махсус дар бораи истифодаи захираҳои табиӣ ва вазъи муҳити зист аз рӯйи тартиби ба таври алоҳида муқарраршуда;5) маводи иттилоотию таҳлилӣ дар бораи тағйирёбии иқлим, ҳолати қаъри замин, захираҳои об, ҷангал ва захираҳои табиии дигар, оид ба ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологӣ баробари таҳия шудани онҳо;6) феҳристи электронии пармачоҳҳо, маводи мониторинги объектҳое, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд, дар давоми як моҳи воридшавии мавод;7) маводи ҳисоботи омории муаррифишаванда дар шакли электронӣ дар баробари омода шудани онҳо;8) иттилооти таъҷилӣ дар бораи ба вуҷуд омадан ва инкишофи ҳолатҳои фавқулодда ва садамаҳо дар объектҳо дар муҳлати муқарраршуда.2. Иттилооти экологӣ дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли хаттӣ ё дар ҳомили электронӣ пешниҳод карда мешавад.3. Ташкилотҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба мақоми ваколатдори давлатӣ нусхаи электронии захираҳои иттилооти экологиро оид ба истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист пешниҳод мекунанд.4. Тамоми иттилооти экологӣ ба таври хаттӣ ё электронӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.5. Барои таъмини шабакабандӣ ва ба тартиб даровардани раванди коркарди иттилоот мақоми ваколатдори давлатӣ шабакаи рамзбандиро аз рӯйи гурӯҳҳо коркард намуда, пеш мебарад.6. Барои таъмини ҳифзи низоми иттилооти махфӣ воситаҳои барномавии ҳифзи криптографӣ истифода карда мешаванд.7. Тартиб ва шартҳои интиқол ва воридшавии иттилоот ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба иттилооти экологӣ, ки сирри давлатӣ ё тиҷоратӣ дорад бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 80. Маҳдудияти дастрасӣ ба иттилооти экологӣ1. Пешниҳод ё паҳн намудани иттилооти экологӣ дар мавридҳои зерин манъ аст, агар:1) иттилоот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сирри давлатӣ ва ё хизматӣ ба ҳисоб равад;2) ошкор намудани иттилоот барои бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ анҷом додани фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва тафтишот халал расонад;3) ошкор намудани иттилоот ба муҳити зист зарар расонад ё эҳтимолияти хатари расонидани чунин зарарро дошта бошад;4) ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бо назардошти таъмини амнияти давлатӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқҳои шахсони ҳуқуқӣ муайян намудаанд.2. Пешниҳоди иттилооти экологӣ, инчунин рад карда мешавад, агар:1) мақомоти давлатӣ, ташкилоту идораҳои дигари давлатӣ иттилооти дархостшударо надошта бошанд ва гирифтани чунин иттилоот аз дигар моликони иттилооти экологӣ бинобар набудани он ғайриимкон бошад;2) шахси ҳуқуқие, ки мақомоти давлатӣ ё ташкилоту идораҳои дигари давлатӣ нест, иттилооти экологии дархостшударо надошта бошад;3) мазмуни дархост имкон надиҳад, ки иттилооти экологии дархостшуда муайян карда шавад;4) агар пешниҳоди иттилооти экологӣ боиси вайрон кардани ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ гардад;5) дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешинӣ намудааст.3. Дастрасӣ ба иттилооти экологии зерин маҳдуд карда намешавад:1) дар бораи вазъи муҳити зист ё зарари ба он расида;2) дар бораи ихроҷи моддаҳои кимиёвӣ ва зарарнок ба ҳавои атмосфера, хок, қабати замин, объектҳои об ҳангоми аз меъёрҳои муқарраргардидаи ҳифзи муҳити зист зиёд ва ё дар сурати набудани чунин меъёрҳо, агар муайянкунии онҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб намояд;3) дар бораи афканишоти иондоркунанда ва электромагнитӣ, садо ё таъсири дигари физикии аз меъёрҳои муқарраргардидаи ҳифзи муҳити зист зиёд ё набудани чунин меъёрҳо, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардани онҳоро талаб намояд;4) дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 81. Пешниҳоди иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии ғайридавлатӣ1. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқии ғайридавлатӣ, дар асоси дархости онҳо ройгон пешниҳод карда мешавад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муайян накарда бошад.2. Иттилооти умумии экологӣ аз тарафи молики иттилооти экологӣ ба дархосткунанда дар давоми даҳ рӯз аз рӯзи воридшавии дархост оид ба пешниҳоди он манзур карда мешавад.3. Иттилооти умумии экологӣ дар шакл, андоза ва таркиби зикрнамудаи дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ пешниҳод мешавад. Агар молики иттилооти экологӣ барои дар шакл ва андозаи дархостшуда пешниҳод намудани иттилооти экологӣ имконияти техникӣ надошта бошад, онро дар шакл ва андозаи мавҷуда бо зикри сабабҳои дахлдор манзур мегардонад.4. Агар дархост оид ба пешниҳоди иттилооти экологии таъиноти умумӣ ба иттилооти экологӣ дахл дошта бошад, ки дар марҳилаи таҳия қарор дорад ва дар муҳлати муқаррарнамудаи қонунгузорӣ пас аз анҷоми муҳлати таҳияи он пешниҳод ё паҳн карда шавад, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз гирифтани дархост дархосткунандаро ба таври хаттӣ огоҳ созад, муҳлат ва усули имконпазири гирифтани чунин маълумотро нишон диҳад.5. Дар сурати шахси ҳуқуқии ғайридавлатӣ будани молики иттилооти умумии экологӣ, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатие, ки қонеъ намудани ин дархост ба салоҳияти ӯ дохил мешавад, вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани дархост чунин иттилоотро аз молики иттилооти экологӣ мустақилона гирад ва дархосткунандаро ба таври хаттӣ дар ин бора огоҳ созад.6. Дар ҳолати воридшавии дархости мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологие, ки дар қисми 5 ҳамин модда пешбинӣ шудааст, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми даҳ рӯзи баъди ворид шудани он иттилооти дархостшударо пешниҳод намояд ё дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост дархосткунандаро дар бораи рад намудани пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ бо зикри сабабҳои раднамоӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, огоҳ созад.7. Мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатие, ки тибқи қисми 6 ҳамин модда иттилооти умумии экологиро дастрас намудааст, иттилооти мазкурро дар давоми як моҳ аз рӯзи воридшавии дархост ба дархосткунанда пешниҳод менамояд. Дар ҳолати аз молики иттилооти экологӣ гирифтани раднома дар бораи пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ, мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии раднома дархосткунандаро бо зикри сабабҳои радди дархост огоҳ месозад.8. Агар қонеъ кардани дархост оид ба пешниҳоди иттилооти умумии экологӣ дар салоҳияти мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатӣ набошад, онҳо вазифадоранд, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост онро ба дигар мақомоти давлатӣ ё ташкилоти дигари давлатие, ки салоҳияти қонеъ гардонидани чунин дархостро доранд, равон намоянд ва дар ин хусус дархосткунандаро огоҳ созанд.9. Агар иттилооти экологии дархостшуда ба иттилооти махсуси экологӣ мансуб бошад, молики иттилооти экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми панҷ рӯзи баъди воридшавии дархост ба дархосткунанда бастани шартномаи дарёфти иттилооти махсуси экологиро пешниҳод намояд.10. Дар сурати асоснок будани рад намудани пешниҳоди иттилооти экологӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, молики иттилооти экологӣ дар давоми панҷ рӯз дархосткунандаро ба таври хаттӣ дар бораи рад намудани дархости пешниҳоди иттилооти экологӣ бо нишон додани сабабҳои раднамоӣ ва фаҳмонидани тартиб ва муҳлати эътироз нисбати қарори қабулшуда огоҳ менамояд.
Моддаи 82. Хусусияти пешниҳоди иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилоту идораҳои дигари давлатӣИттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ ба мақомоти давлатӣ ё ташкилоту идораҳои дигари давлатӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дархости онҳо ройгон ё бо роҳи мубодилаи чунин иттилоот пешниҳод карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад. Иттилооти махсуси экологӣ ба мақомоти давлатӣ ва ташкилоту идораҳои дигари давлатӣ бо тартиби муайяннамудаи Кодекси мазкур пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 83. Тартибу шартҳои пешниҳоди иттилооти махсуси экологӣ ва пардохт барои онИттилооти махсуси экологӣ ба истиснои мақомоти давлатӣ, ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ музднок буда, дар асоси шартнома пешниҳод карда мешавад. Андозаи пардохт барои чунин иттилоот набояд аз хароҷоти асоснок барои ҷамъоварӣ, коркард, таҳлил ва нигоҳдории иттилооти махсуси экологӣ зиёд бошад.
Моддаи 84. Дархост дар бораи пешниҳоди иттилооти экологӣ1. Дархост барои пешниҳоди иттилооти экологӣ инҳоро дар бар мегирад:1) маълумот дар бораи молики иттилооти экологӣ (номи мақомоти давлатӣ ё дигар ташкилоти давлатӣ, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдор ё соҳибкори инфиродӣ);2) маълумот дар бораи истифодабарандаи иттилооти экологӣ (насаб, ном, номи падар ва ҷойи истиқомати шаҳрванд, насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ, рақами бақайдгирии ӯ ва номи мақоми бақайдгиранда, ном ва ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ);3) тавсифи иттилооти дархостшудаи экологие, ки имкон медиҳад андоза ва таркиби он муайян карда шавад;4) нишон додани шакли пешниҳоди иттилооти экологӣ.2. Ариза дар бораи пешниҳоди иттилооти экологӣ аз ҷониби молики иттилооти экологӣ дар рӯзи гирифтани он ба қайд гирифта мешавад.
Моддаи 85. Паҳн намудани иттилооти умумии экологӣИттилооти умумии экологӣ аз тарафи моликони иттилооти экологӣ тавассути нашрияҳо, дигар воситаҳои ахбори омма, сомонаҳои расмии худ ё бо роҳҳои дигари дастраси умум тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн карда мешавад.
Моддаи 86. Ҳисоботи миллӣ ва ҳисоботи интерактивӣ дар бораи вазъи муҳити зист ва захираҳои табиӣ1. Ҳисоботи миллӣ дар бораи вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ (минбаъд - Ҳисоботи миллӣ) ҳисоботи таҳлилӣ оид ба вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки ҳар сол бо мақсади огоҳ намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи вазъи воқеии экологӣ дар ҳудуди кишвар ва тадбирҳо оид ба беҳтар намудани он таҳия карда мешавад.2. Дар ҳисоботи миллӣ маълумоти зерин инъикос меёбад:1) дар бораи татбиқи сиёсати давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;2) дар бораи вазъи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои он, аз ҷумла, маълумот дар бораи нишондиҳандаҳои мақсадноки сифати муҳити зист;3) дар бораи хусусиятҳои сифатӣ ва миқдори муҳити зист ва захираҳои табиӣ;4) дар бораи таъсири антропогенӣ ба муҳити зист, ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ;5) дар бораи таҳқиқоти илмӣ ва пажӯҳишҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ;6) дар бораи захираҳои табиӣ ва истифодабарии онҳо, аз ҷумла, захираҳои ҷангал ва обу замин, объектҳои олами наботот ва ҳайвонот;7) оид ба тағйирёбии иқлим ва таъсири он, осебпазирӣ ва чораҳои андешидашавандаи мутобиқшавӣ ва коҳишдиҳандаи таъсири тағйирёбии иқлим, аз ҷумла, дар робита бо корҳо оид ба гузариш ба иқтисоди «сабз» ва рушди устувор;8) оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.3. Мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳар сол то 1 марти баъди соли ҳисоботӣ барои таҳияи Ҳисоботи миллӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод мекунанд.4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси маълумоти мавҷуда, инчунин маълумоти аз ҷониби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳодгардида таҳияи Ҳисоботи миллӣ ва интишори онро дар сомонаи расмии худ ташкил менамояд.5. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади интишори маълумот дар бораи вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва дастрасӣ ба чунин иттилоот, дар асоси Ҳисоботи миллӣ, Ҳисоботи интерактивӣ дар бораи вазъи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуда, дар сомонаи расмии худ ҷойгир менамояд.
БОБИ 13. ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 87. Мақсад ва вазифаҳои экспертизаи экологӣ1. Мақсадҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборат аст:1) пешгирии оқибатҳои имконпазири манфии татбиқи объектҳои экспертиза ва таъсири номатлуби онҳо ба захираҳои табиӣ, саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти экологӣ, ҷомеа, аз ҷумла, бартарафкунии зарари онҳо зимни фаъолияти идоракунӣ, хоҷагидорӣ, сармоягузорӣ ва дигар фаъолият оид ба татбиқи объектҳои экспертиза;2) таъмини пешгӯиҳо оид ба ҳолат ва тағйироти имконпазири вазъи экологӣ дар натиҷаи ҷойгиркунӣ ва инкишоф додани қувваҳои истеҳсолкунанда, ки ба захираҳои табиӣ, саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти экологӣ ва ҷомеа таъсири манфӣ намерасонанд.2. Вазифаҳои экспертизаи экологӣ аз инҳо иборат аст:1) арзёбии самаранокӣ, асоснокӣ ва кофӣ будани тадбирҳо оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои экспертиза;2) арзёбии мутобиқати объекти экспертиза дар марҳилаи қабули қарор оид ба истифодаи онҳо ба стандартҳои экологӣ;3) ташкили таҳлил ва арзёбии ҳамаҷонибаю холисонаи аз ҷиҳати илмӣ асосноки объектҳои экспертиза;4) таҳлил ва арзёбии экологии таъсири эҳтимолии зарарноки объектҳои экспертиза ба захираҳои табиӣ, муҳити зист, инчунин оқибатҳои эҳтимолии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва экологии он;5) омода намудани хулосаҳои холисона ва аз ҷиҳати илмӣ асосноки экспертизаи экологӣ ва сари вақт ба тарафҳои манфиатдор пешниҳод намудани онҳо.
Моддаи 88. Намудҳои экспертизаи экологӣ1. Экспертизаи экологӣ аз намудҳои зерин иборат аст:1) экспертизаи давлатии экологӣ;2) экспертизаи ҷамъиятии экологӣ.2. Экспертизаи давлатии экологӣ як намуди фаъолияти экспертӣ мебошад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси таҳқиқоти илмӣ, иҷтимоӣ, экологӣ, таҳлил ва арзёбии объектҳои экспертизаи экологӣ бо мақсади таъмини талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини амнияти экологӣ анҷом дода мешавад.3. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бо ташаббуси шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти асосии онҳо мутобиқи оинномаҳояшон ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ мебошад ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ташкил ва гузаронида мешавад.
Моддаи 89. Ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣШаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба ташкил ва гузаронидани экспертизаи экологӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:1) ҳангоми гузаронидани экспертизаи экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки амалӣ намудани он манфиатҳои экологии аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунандаро халалдор месозанд, муҳокимаҳои ҷамъиятӣ, инчунин ҳаноми зарурат экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ташкил намоянд;2) ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки манфиатҳои экологии онҳоро ҳамчун аҳолии дар ин маҳалҳо истиқоматкунанда халалдор месозанд ба таври хаттӣ пешниҳоди асоснок манзур намоянд ва доир ба натиҷаҳои баррасии онҳо маълумот гиранд;3) экспертизаи ҷамъиятии экологиро талаб кунанд ва дар гузаронидани он тибқи тартиби муқарраргардида ширкат варзанд.
Моддаи 90. Назорати давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ1. Назорати давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ бо мақсади аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя намудани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ва талаботи хулосаи экспертизаи экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои экспертизаи экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор амалӣ карда мешавад.
§1. Экспертизаи давлатии экологӣ
Моддаи 91. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ1. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ аз ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, техникӣ, ҳуҷҷатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда иборат мебошанд, ки метавонанд ба муҳити зист таъсири манфӣ расонанд.2. Ба ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ дохил мешаванд:1) лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳи умумӣ, махсус ва ҷузъӣ, лоиҳаҳои меъмории иморатсозии маҳал;2) асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ дар сохтмон, ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (меъморӣ, лоиҳаҳои сохтмонӣ ва ғайраҳо) барои сохтмон, таҷдид, васеъкунӣ, азнавсозии техникӣ, такмилдиҳӣ, тағйирдиҳии самти истеҳсолот, барҳамдиҳии объект ва маҷмааҳо новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва моликият;3) лоиҳаҳои нақшаи маҷмуавии ҳудудии истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист;4) лоиҳаҳои асосноккунии илмӣ ва техникӣ-иқтисодӣ, ки оид ба ташкил ва васеъ намудани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, аз ҷумла, ба минтақабандии функсионалии онҳо ва нақшаҳои генералии рушди инфрасохтор, ба заминҳои захиравӣ додани заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, барҳам додан ё ихтисор кардани ҳудуди давлатии мамнӯъгоҳҳои табиии дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ва нақшаҳои идоракунии ташкилотҳои экологӣ, таҳия шудаанд.3. Ба ҳуҷҷатҳои дигари фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда дохил мешаванд:1) лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ, нақшаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ки татбиқи онҳо ба истифодаи захираҳои табиӣ алоқаманданд ва метавонанд ба муҳити зист таъсир расонанд;2) лоиҳаҳои пешбурди хоҷагиҳои шикорӣ, моҳипарварӣ ва асосҳои биологӣ оид ба воридоти ҳайвоноти нодир аз хориҷи мамлакат ба парваришгоҳҳо;3) лоиҳаҳои бунёди ҷангалзор;4) лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки дар онҳо талабот оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар раванди таҳияи он, истеҳсол, истифода, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, фурӯш ва истифодаи маҳсулот ва муомилот бо партовҳо ё хизматрасонӣ муқаррар мегарданд;5) ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои объектҳои инфрасохтори сайёҳӣ дар марзҳои маъмурии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.4. Объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ метавонад дигар лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти банақшагирифташавандае бошанд, ки татбиқи онҳо ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд.
Моддаи 92. Субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣСубъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ ба ҳисоб мераванд:1) эксперти экспертизаи давлатии экологӣ (комиссияи экспертӣ);2) фармоишгарон;3) таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо.
Моддаи 93. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ1. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ шахси дорои донишҳои махсуси соҳаи ҳифзи муҳити зист буда, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ҷалб карда мешавад ва (ё) шахсони мансабдори мақомоти давлатии барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ масъул буда метавонанд.2. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ наметавонад намояндаи фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин намояндаи шахси воқеӣ ва ташкилоте бошад, ки бо фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дорад.3. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ, таҳлили ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ва таҳияи хулоса нисбат ба он мустақил мебошад. Дахолати мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони мансабдор ба фаъолияти эксперти экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст.4. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ дар гузаронидани он мутобиқи Кодекси мазкур ва супорише, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ додааст, иштирок менамояд.5. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ барои экспертизаи гузаронидашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар аст.
Моддаи 94. Ҷалби экспертони мустақил ва беруна дар раванди гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ1. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, ҳангоми зарурат барои гирифтани тақриз ва ё хулоса ба мақомот, ташкилоти дигар, инчунин ба экспертҳои алоҳидаи миллӣ ва байналмилалӣ, ки дониш ва таҷрибаи дахлдор доранд, муроҷиат намояд.2. Ҷалби экспертони хориҷӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 95. Комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ1. Комиссияи экспертӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ таъсис дода мешавад. Ба ҳайати комиссияи экспертӣ кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ ва экспертони ғайриштатӣ, аз ҷумла, намояндагони ташкилоту муассисаҳои лоиҳакашӣ ва илмию таҳқиқотӣ, ки самти фаъолияташон ҳифзи муҳити зист мебошад, дохил мешаванд.2. Комиссияи экспертии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ таъсис ва ҳайати он тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 96. Фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо1. Мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба гузаронидани экспертизаи экологӣ манфиатдоранд, фармоишгар ба ҳисоб мераванд.2. Ба таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, ташкилот ва ё соҳибкори инфиродӣ, ки ба таҳияи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо машғул мебошад, дохил мешаванд.3. Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳуқуқу уҳдадориҳои фармоишгар оид ба гузаронидани экспертизаи экологӣ метавонанд ба зиммаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шаванд.
Моддаи 97. Тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ1. Экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби экспертҳои алоҳида ё комиссияҳои экспертӣ дар асоси аризаи фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо гузаронида мешавад.2. Ҳангоми дохилшавии ариза оид ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ бо замимаи мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист лоиҳаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо дар муддати то 5 рӯз ба қайд гирифта мешаванд. Пуррагии ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида ва мутобиқати онҳо ба талаботи муқарраргардида оид ба экспертизаи давлатии экологӣ омӯхта мешавад.3. Дар ҳолати дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани маводи экспертизашаванда онҳо дар муддати 5 рӯзи баъди бақайдгирӣ ба ташкилоти лоиҳакашӣ ё фармоишгар барои пурра намудан баргардонида мешаванд.4. Барои гузаронидани экспертизаи объектҳо ва намудҳои фаъолияти дараҷаи таъсиррасониашон баланд ё таъсири фаромарзӣ дошта, аз ҳисоби мутахассисони мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ ва олимону мутахассисони соҳаҳои дахлдор комиссияи экспертӣ таъсис дода мешавад.
Моддаи 98. Талабот ба таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва тартиби пешниҳоди онҳо ба экспертизаи давлатии экологӣ1. Ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ба экспертизаи давлатии экологӣ дар шакли хаттӣ ва электронӣ (аз рӯйи мавҷудияти имконияти техникӣ) пешниҳод карда мешаванд. Ҳамаи маводи ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшуда дар экспертизаи давлатии экологӣ нигоҳ дошта мешаванд.2. Шартҳои техникӣ ва экологӣ оид ба лоиҳакашӣ тибқи талаботи санадҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ, ҳамчунин ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ба расмият дароварда мешаванд. Муҳлати амали шартҳои техникӣ барои лоиҳакашӣ тибқи муҳлатҳои меъёрии барои лоиҳакашӣ муқарраршуда муайян карда мешавад. Муҳлати амали шартҳои экологӣ барои лоиҳакашӣ наметавонад аз ду сол зиёд бошад.3. Шартҳои техникӣ ва экологӣ барои лоиҳакашӣ, ки муҳлати амалашон ба охир расидааст, ба экспертизаи давлатии экологӣ қабул карда намешаванд.
Моддаи 99. Муҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ1. Муҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ барои лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи субъекти хоҷагидор бо тартиби муҳлатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад.2. Муҳлати гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ барои лоиҳаҳои пешниҳоднамудаи субъектҳои ғайрисоҳибкорӣ то 30 рӯзро ташкил диҳад. Вобаста ба мураккабии объекти экспертизашаванда бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ метавонад то 60 рӯз тамдид карда шавад.
Моддаи 100. Арзёбии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣҲангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва ҳуҷҷатҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда арзёбӣ карда мешавад:1) мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба барнома, нақша, тарҳҳои маҷмуавии ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷойгиронии самараноки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, рушди соҳавӣ, гармитаъминкунӣ, обтаъминкунӣ ва шабакаи корезӣ, лоиҳаҳои шаҳрсозии тарҳи умумӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳангоми мавҷуд будани онҳо, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд;2) асосноккунӣ ва аз назари экологӣ бехатар будани татбиқи фаъолияти пешбинишуда, ҳамчунин тарзи татбиқи онҳо, чорабиниҳои пешниҳодшудаи техникӣ, муҳандисӣ ва меъморию нақшавӣ, ки истифодаи оқилонаи мавод, ашёи хом, захираҳои замин ва сӯзишворию энергетикиро ба назар мегирад;3) пуррагии омилҳои ошкоргардида оид ба таъсир ба ҷузъиётҳои муҳити зист ва дараҷаи аз назари экологӣ хатарноки онҳо, миқёси маҷмуавии таъсири эҳтимолии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба муҳити зист;4) кифоя будани чорабиниҳои пешбинишуда барои таъмини талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист, огоҳкунӣ аз эҳтимолияти рух додани ҳолатҳои садамавӣ ва рафъи оқибатҳои он;5) дар асоси талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист мавҷудияти хулосаи мақомоти ваколатдори ҷумҳуриявӣ ва сохторҳои вилоятии он тибқи ваколаташон оид ба объектҳое, ки дар сарҳади ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир карда мешаванд;6) мавҷудияти чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологӣ ҳангоми татбиқи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;7) дараҷаи хатарнокии экологии партовҳои истеҳсолии ҳосилшаванда ва мавҷудияти чорабиниҳо оид ба безараргардонии онҳо дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;8) ба назар гирифтани афкори ҷомеа оид ба татбиқи лоиҳаи пешниҳодшуда, аз ҷумла, лоиҳаҳои шаҳрсозӣ ва ё лоиҳаҳое, ки таҷдид (зичгардонӣ)-и маҳалҳои аҳолинишин, объектҳои хатарноки истеҳсолӣ ва ғайраро пешбинӣ менамояд;9) мутобиқати андозаи хати муҳофизатию санитарӣ ба талаботи муқарраргардида ва дар ҳолати кам кардани он тибқи талаботи қонунгузорӣ мавҷуд будани асосноккунӣ ва хулосаи мақомоти назорати санитарӣ;10) мавҷуд будани маълумот оид ба натиҷаи арзёбии дараҷаи олудашавии хок, обҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ аз маҳсулоти нафтӣ, ҳамчунин чорабиниҳо оид ба бартарафкунии ин ифлосиҳо дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ оид ба таҷдид ва (ё) барҳам додани объектҳои нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ (аз ҷумла, ҳама намудҳои нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ);11) мутобиқати қарори лоиҳавӣ ба регламенти шаҳрсозӣ барои ҳудуди интихобшуда (зичии иморатҳо, кабудизоркунӣ, аз ҷумла, мавҷудияти боғҳои сатҳи ноҳиявӣ ва шаҳрӣ, зичии фонди аҳолӣ, таъминоти объектҳо ба ҷойи нигоҳдории воситаҳои нақлиёт);12) асосноккунии дар лоиҳа воридкунии объектҳои алоҳида (таваққуфгоҳ барои нигоҳдории техникаҳо, дегхонаи буғӣ, анборҳо, биноҳои маъмурӣ-маишӣ ва дигар биноҳо), ҳамчунин асоснокии андозаи бино ва иншоотҳои ёрирасони ба таркиби лоиҳа воридшаванда, оид ба объектҳои таъиноти ҳифзи муҳити зист (партовгоҳҳои партовҳои маишӣ ва (ё) партовҳои истеҳсолӣ, иншооти обтозакунии шаҳрӣ, иншооти обгирӣ ва ғайраҳо);13) мутобиқати объект ба истифодаи мақсадноки замин, мавҷудияти онҳо дар номгӯйи объектҳои барои дар минтақаи функсионалии баррасишаванда ҷойгиршаванда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, санадҳои техникӣ дар соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ тибқи нақшаи генералӣ;14) мавҷудияти объектҳо барои ҷойгиронии муваққатии партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ ва низоми корезии боришот бо иншооти тозакунӣ барои объектҳои истеҳсолӣ;15) истифодаи об аз манбаъҳои объектҳои обии рӯйизаминӣ;16) мавҷудияти чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи захираҳои об (истифодаи низоми баргардандаи обтаъминкунӣ), низом ва истифодаи иншооти обтозакунии босамари корезӣ, хоҷагию маишӣ ва истеҳсолӣ, инчунин ҳангоми ҷой надоштани равонакунии обҳои партов бо истифода аз релефи маҳал;17) дар лоиҳа мавҷуд будани чорабиниҳое, ки пешгирии таъсири номатлубро ба объектҳои олами ҳайвонот ва (ё) муҳити зисти онҳо таъмин менамояд (сохтмони иншоот барои гузаштани ҳайвоноти ваҳшӣ ба воситаи шабакаи нақлиётӣ, дарғот ва дигар монеаҳо дар роҳи муҳоҷирати онҳо, зоопарваришгоҳҳо ва дигар объектҳо барои парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ ва ғайраҳо);18) мавҷудияти чорабиниҳо ҷиҳати ҳифзи ҳавои атмосфера, оид ба муомилот бо партовҳое, ки такроран истифода мешаванд, инчунин чорабиниҳое, ки тибқи тавсияҳои асосноккунии гидроэкологии ҷойгиронии объект иҷро гардидааст.
Моддаи 101. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ1. Ҳуҷҷате, ки аз рӯйи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ таҳия шуда, дорои хулосаҳо дар бораи таъсири ин ё он фаъолият ба муҳити зист мебошад, хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ маҳсуб меёбад. Аз рӯйи натиҷаи экспертизаи давлатии экологӣ, хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ тартиб дода мешавад, бо назардошти:1) ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;2) маводи мувофиқашудаи ҳисоботи тарафҳои манфиатдор оид ба арзёбии объектҳое, ки метавонанд таъсири фаромарзӣ ба муҳити зист дошта бошанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани чунин арзёбӣ талаб карда мешавад;3) пешниҳодоти хаттии омоданамудаи экспертҳои ғайриштатӣ (барои объектҳои дараҷаи таъсирашон баланд ва таъсири фаромарзӣ дошта);4) хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ а ё таклифу пешниҳодҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ (дар сурати мавҷуд будани он).2. Хулосаи экспертизаи давлатии экологиро эксперти экспертизаи давлатии экологӣ (ҳамаи аъзои комиссияи экспертӣ) имзо мегузорад ва онро роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ тасдиқ менамояд.3. Ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ, ки барои тасдиқ пешниҳод мегардад, дар ҳолати мавҷуд будан мулоҳизаи махсуси экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ замима карда мешавад.4. Ҷойи сохтмони корхонаҳо, иншооту дигар объектҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеъият дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ муайян карда мешаванд.5. Сохтмон, ба истифода додан, инчунин амалӣ сохтани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда бе хулосаи мусбии экспертизаи экологӣ манъ аст.6. Ҳангоми таҳияи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ва қабули қарор оид ба истифодаи объекти экспертиза маводи ба комиссияи экспертӣ фиристодашуда, ки афкори ҷомеаро инъикос мекунанд, бояд баррасӣ карда шаванд.
Моддаи 102. Намудҳои хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ва таркиби онҳо1. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ метавонад мусбӣ ё манфӣ бошад.2. Хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ инҳоро дар бар мегирад:1) мувофиқати фаъолияти пешбинишуда ба талаботи экологӣ, ки тибқи қонунгузории экологӣ муқаррар карда шудаанд;2) таъсири имконпазири пешгӯишаванда ба муҳити зист;3) имконпазирии татбиқи объекти экспертиза.3. Хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷамъбасти мувофиқати қарори лоиҳавии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба талаботи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла, санадҳои меъёрии техникӣ, инчунин аз дигар маълумот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.4. Маблағгузорӣ ва амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки бояд ҳатман аз экспертизаи давлатии экологӣ гузарад, танҳо дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад.5. Хулосаи манфии экспертизаи давлатии экологӣ дар ду шакл қабул карда мешаванд:1) зарурияти такмили ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда аз рӯйи мулоҳиза ва пешниҳодоте, ки дар хулосаи экспертизаи экологӣ қайд гардидаанд;2) имконнопазирии татбиқи объекти экспертиза бо дарназардошти таъмин нашудани талаботи қонунгузории экологӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти банақшагирифташаванда.6. Дар сурати манфӣ будани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо метавонанд, баъд аз ислоҳи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар камбудиҳои дар хулоса дарҷшуда, онро такроран ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳод намоянд ё ин ки аз амалӣ намудани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда даст кашанд.
Моддаи 103. Муҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ1. Муҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба давомнокии амалисозии лоиҳа, ки дар лоиҳаҳои объектҳои сохтмонӣ пешбинӣ гардидааст, бо дароз намудани он ба муҳлати як сол муқаррар мегардад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати дигаре пешбинӣ нагардида бошад.2. Муҳлати эътибори хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ аз рӯйи объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ба истиснои объектҳои сохтмонӣ, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати эътибори ҳуҷҷатҳои ин объект муқаррар карда мешавад.3. Бекор кардани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ аз ҷониби мақоме, ки онро додааст, дар асоси дархости хаттӣ ё ризоияти шахсе, ки ба ӯ чунин хулоса дода шудааст, сурат мегирад.4. Дар сурати ошкор шудани риоя нагардидани талаботи қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бекор намудани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ бо тартиби судӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 104. Гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ва иловагӣ1. Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:1) такмили мавод дар асоси эродҳои экспертизаи давлатии экологии қаблан гузаронидашуда;2) тағйир ёфтани шартҳои истифодаи табиат;3) истифодаи объекти экспертиза бо риоя накардани қарорҳои қабулкардаи қаблӣ ё муҳлатҳои меъёрии банақшагирӣ ва сохтмон, ки тибқи меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ пешбинӣ гардидаанд;4) ба охир расидани муҳлати хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;5) дар асоси санади судӣ;6) дохил кардани тағйирот ба ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо баъди гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ.2. Ба гузаронидани экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ҷалб намудани эксперте, ки дар экспертизаи экологии таҳти муҳокима қарордошта иштирок намудааст, манъ аст.3. Экспертизаи давлатии экологии иловагӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:1) ҳангоми муайян намудани номутобиқатӣ байни технология ва лоиҳаи мавҷуда;2) ҷорӣ намудани қувваҳои иловагии истеҳсолӣ ва амалӣ намудани фаъолияти экспертизашавандае, ки дар раванди экспертизаи қаблӣ баррасӣ нагардидаанд;3) дар сурати беэътибор донистани хулосаи қаблӣ.4. Асосҳои беэътибор донистани хулосаи қаблӣ бо тартиби гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ муқаррар карда мешаванд.5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон новобаста ба ҳолатҳои дар ҳамин модда пешбинишуда метавонад нисбати ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сохтмон ва намудҳои фаъолияте, ки барои онҳо арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳатмӣ мебошад ва иншооте, ки сохтмони онҳо аз ҳисоби давлат ва бо кафолати давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ё иловагӣ таъин кунад.6. Экспертизаи давлатии экологии такрорӣ ва иловагии дар ҳамин модда пешбинишуда мутобиқи тартиби барои гузаронидани экспертизаи давлатии экологии ҳатмӣ муқаррарнамудаи Кодекси мазкур гузаронида мешавад.
Моддаи 105. Тартиби додани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ1. Хулосаи экспертизаи экологӣ ба фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми иҷозатдиҳӣ дода мешавад.2. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ, фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо фиристода мешавад.3. Фармоишгар ва ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо уҳдадор аст, ки нусхаи хулосаи экспертизаи давлатии экологиро ба мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳали татбиқи лоиҳа дастрас намояд.
Моддаи 106. Ҳуқуқҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ1. Эксперти экспертизаи давлатии экологӣ чунин ҳуқуқҳо дорад:1) ба таври хаттӣ таҳия намудани мулоҳизаи махсус оид ба объекти экспертизаи давлатии экологӣ ва замима намудани он ба хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;2) пешниҳоди таклифҳо дар хусуси ба экспертизаи давлатии экологӣ ҷалб намудани мутахассисони ташкилотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва давлатҳои хориҷӣ, ки дорои донишҳои махсус дар соҳаи муайяни илму техника ва ғайра мебошанд;3) пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили ташкили гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ.2. Фармоишгар ва таҳиягарони ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ҳуқуқҳои зерин доранд:1) гирифтани маълумот аз экспертҳои (комиссияи экспертии) экспертизаи давлатии экологӣ оид ба муҳлату тартиб ва натиҷаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;2) талаб намудани ислоҳи вайронкунии тартиби муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;3) додани шарҳи хаттӣ ё шифоҳӣ ва пешниҳод оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ;4) шикоят кардан нисбати хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ ба мақомоти болоии давлатӣ ва ё ба суд;5) амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 107. Уҳдадориҳои субъектҳои экспертизаи давлатии экологӣ1. Экспертҳои экспертизаи давлатии экологӣ уҳдадориҳои зерин доранд:1) таҳлили пурра, холисона ва маҷмуии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида ва муайян намудани мутобиқати онҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Точикистон;2) риоя намудани талаботи қонунгузории экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;3) риоя намудани тартиб ва муҳлати муқарраргардидаи гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ;4) бе осеб нигоҳ доштани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодгардида ва нигоҳ доштани махфияти маълумоти онҳо;5) риоя намудани талаботи дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Уҳдадориҳои фармоишгар аз инҳо иборат аст:1) пешниҳоди ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои объектҳои экспертизашаванда ба экспертизаи давлатии экологӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ин амал ба уҳдаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шудааст;2) бо дархости ташкилкунандагони экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пешниҳод намудани нусхаи ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои фаъолияти банақшагирифташаванда;3) татбиқ намудани лоиҳа оид ба объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ бо дарназардошти хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;4) иҷро намудани дигар уҳдадориҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида.3. Таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо уҳдадориҳои зерин доранд:1) пешниҳод намудани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба объекти экспертизаи давлатии экологӣ дар ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байни фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ин амал ба уҳдаи таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо вогузор карда шудааст;2) ба фармоишгар расонидани ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо бо хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;3) иҷрои дигар уҳдадориҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.
Моддаи 108. Ошкорбаёнии экспертизаи давлатии экологӣ1. Ошкорбаёнии экспертизаи давлатии экологӣ тавассути иштироки шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди баррасӣ ва қабули қарорҳо оид ба объектҳои экспертизаи экологӣ таъмин карда мешавад.2. Ба шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии манфиатдор имконият дода мешавад, ки ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ таклифу дархостҳои худро ба мақоми вакоратдори давлатӣ пешниҳод намоянд.3. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ пас аз пешниҳод гардидани он дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешавад.
Моддаи 109. Гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣМуҳокимаи ҷамъиятӣ дар раванди экспертизаи давлатии экологӣ дар ҳолати зарурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 110. Тартиби баррасии ихтилофҳо дар раванди экспертизаи давлатии экологӣИхтилофҳо дар раванди экспертизаи давлатии экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба экспертизаи экологӣ ё бо тартиби судӣ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд.
Моддаи 111. Маблағгузории экспертизаи давлатии экологӣЭкспертизаи давлатии экологӣ, аз ҷумла, экспертизаи такрорӣ ва иловагӣ аз ҳисоби фармоишгар маблағгузорӣ карда мешавад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре муқаррар нагардида бошад. Андозаи боҷи давлатиро оид ба гирифтани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ барои субъекти хоҷагидор қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба низоми иҷозатдиҳӣ муайян менамояд.
§2. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ
Моддаи 112. Объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣОбъектҳои дар моддаи 91 Кодекси мазкур пешбинигардида метавонанд объектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бошанд, ба истиснои ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки дорои маълумоти сирри давлатианд ва ё дастрасӣ ба онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд гардидааст.
Моддаи 113. Субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣБа субъектҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ инҳо дохил мешаванд:1) шахсоне, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо дахл мекунад ва инчунин ҳуқуқи таъини гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологиро доранд;2) иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки самти асосии фаъолияташон тибқи оинномаи онҳо ҳифзи муҳити зист мебошад;3) экспертҳо ва ё комиссияҳои экспертӣ, ки барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ аз тарафи ташкилкунандагони он ҷалб карда мешаванд;4) фармоишгарон ё таҳиягарони ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо;5) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ.
Моддаи 114. Эксперти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ1. Эксперти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ шахси воқеие мебошад, ки оид ба масъалаи баррасишаванда дорои дониши илмӣ ва амалӣ буда, аз ҷониби ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ барои гузаронидани чунин экспертиза ҷалб карда мешавад.2. Эксперти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ наметавонад намояндаи фармоишгар ва таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо, инчунин намояндаи шахси воқеӣ ва ташкилоте бошад, ки бо фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дорад.3. Эксперти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ дар гузаронидани он мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва супориши аз ҷониби ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ додашуда иштирок мекунад.4. Эксперти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертиза ҳуқуқ дорад оид ба объекти экспертиза, ки ба хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ замима карда мешавад, ба таври хаттӣ фикри мухолиф баён намояд.
Моддаи 115. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ҳуқуқ доранд:1) аз ташкилкунандагони экспертизаи ҷамъиятии экологӣ, ҳуҷҷатҳо ва маводи барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ лозимаро талаб намояд;2) барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ комиссияи экспертиро таъсис диҳад;3) ба мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони мансабдор, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологиро пешниҳод намояд;4) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз болои хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ шикоят намояд;5) экспертизаи ҷамъиятии экологиро мутобиқи тартиби муқарраргардида ташкил кунанд ва гузаронанд, намояндагони худро барои ширкат дар экспертизаи давлатии экологӣ тавсия намоянд.2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ уҳдадоранд:1) тибқи талаботи қонунгузорӣ экспертизаи ҷамъиятии экологиро ташкил намоянд;2) ба ҷомеа дар бораи натиҷаҳои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ хабар дода, фикри ҷомеаро ҳангоми омода намудани хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ба инобат гиранд;3) ошкорбаёнии хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологиро барои омма таъмин намоянд.
Моддаи 116. Шарт ва тартиби гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ1. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот уҳдадоранд аҳолиро аз фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда дар ҳудуди тобеи худ тавассути воситаҳои ахбори омма ва дигар усулҳои дастрасии иттилоот сари вақт хабардор намоянд.2. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пеш аз экспертизаи давлатии экологӣ ё бо он якҷоя гузаронида мешавад.3. Экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бо шарти ба қайд гирифтани аризаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ оид ба гузаронидани он аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад. Талабот оид ба шакл ва мундариҷаи ариза барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аризаро бояд дар рӯзи ворид шуданаш ба қайд гиранд. Ариза дар ҳолатҳои зерин ба қайд гирифта намешавад:1) дар оинномаи ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии мазкур дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешбинӣ нашуда бошад;2) агар иттиҳодияҳои ҷамъиятии ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта нашуда бошад;3) дигар асосҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.5. Барои беасос рад намудани бақайдгирии давлатии ариза дар бораи гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷавобгар мебошанд.6. Фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо бо дархости ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ дар давоми 10 рӯз баъд аз пешниҳоди чунин дархост уҳдадор аст ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳоро, ки таркиб ва мундариҷаашон ба ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологии пешниҳодшаванда монанд мебошад, ба экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пешниҳод намояд.7. Барои гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ экспертҳоро ҷалб менамояд ё комиссияҳои экспертӣ таъсис медиҳад. Муқаррароти моддаи 93 Кодекси мазкур нисбат ба экспертҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ низ дахл доранд.
Моддаи 117. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ1. Натиҷаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ дар шакли хулоса тартиб дода мешавад ва хусусияти тавсиявӣ дорад.2. Дар хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ маълумоти зерин дарҷ карда мешавад:1) ном ва суроғаи ҳуқуқии ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;2) насаб, ном, номи падар (агар дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият нишон дода шуда бошад) ё номи пурраи шахсе, ки фаъолияти он объекти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ мебошад, ном ва ҷойгиршавии объекти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;3) маълумот дар бораи ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ фиристодани огоҳинома дар бораи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;4) муҳлати гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;5) номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшуда, инчунин номгӯйи ҳуҷҷатҳои дигаре, ки дар раванди гузаронидани он истифода мешаванд;6) ҳайати комиссияи экспертии экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;7) пешниҳоди натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;8) тавсифи супориши гузаронидани экспертизаи ҷамъиятии экологӣ, ки онро ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ муайян мекунад;9) тавсифи раванди экспертизаи ҷамъиятии экологӣ, аз ҷумла, муносибат бо ҷомеа, шахсе, ки фаъолияти ӯ объекти экспертизаи ҷамъиятии экологӣ мебошад ва дигар тарафҳои манфиатдор.3. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ҳангоми гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ баррасӣ карда мешавад.4. Хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ метавонад дар воситаҳои ахбори омма нашр гардад, ба мақомоти давлатие, ки ваколати гузаронидани экспертизаи давлатии экологиро доранд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, фармоишгар ё таҳиягари ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо ва инчунин ба дигар тарафҳои манфиатдор пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 118. Истифодаи натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ1. Комиссияи экспертӣ хулосаи экспертизаи ҷамъиятии экологиро баррасӣ намуда, хулосаи худро ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва ташкилкунандаи экспертизаи ҷамъиятии экологӣ ирсол менамояд.2. Натиҷаҳои экспертизаи ҷамъиятии экологӣ инчунин ҳангоми гузаронидани экспертизаи маҷмуии ғайриидоравии лоиҳаҳои (ҳуҷҷатгузории лоиҳавӣ-сметавӣ) барои сохтмони нав ё азнавсозӣ (васеъкунӣ, аз нав муҷаҳҳазгардонии техникӣ, модернизатсия), таъмири асосии иншооти нав, биною иншоотҳои мавҷуда, комплексҳои онҳо, коммуникатсияҳои муҳандисию нақлиётӣ, вайронкунии объектҳои нотамом ва баъди ба кор андохтани объектҳое, ки захираи худро тамом кардаанд, ба назар гирифта мешаванд.
Моддаи 119. Маблағгузории экспертизаи ҷамъиятии экологӣЭкспертизаи ҷамъиятии экологӣ аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешавад:1) маблағи худии ташкилкунандагони экспертизаи ҷамъиятии экологӣ;2) ҳаққи узвияти ихтиёрии шаҳрвандон ва ташкилотҳо;3) дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
БОБИ 14. АРЗЁБИИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 120. Мақсад ва намудҳои арзёбии экологӣ1. Мақсади арзёбии экологӣ аз омода намудани хулосаи зарурӣ барои қабули қарор оид ба татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда ё ҳуҷҷати таҳияшаванда, ки ба мақсад ва вазифаҳои қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат мекунанд, иборат мебошад.2. Арзёбии экологӣ дар шаклҳои зерин гузаронида мешавад:1) арзёбии стратегии экологӣ;2) арзёбии таъсиррасонии экологӣ;3) арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ;4) арзёбии соддакардашудаи экологӣ.3. Арзёбии стратегии экологӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзӣ ба муҳити зистро дар бар мегирад.4. Арзёбии соддакардашудаи экологӣ барои фаъолияти банақшагирифташуда ва ҷорӣ, ки мутобиқи Кодекси мазкур арзёбии таъсиррасонии экологиро ҳатмӣ талаб намекунад, гузаронида мешавад, ҳангоми:1) таҳияи лоиҳаҳои стандартҳои партовҳо барои объектҳои категорияҳои I ва II;2) таҳияи ҳуҷҷатҳои лоиҳавии бахши «Ҳифзи муҳити зист» ҳамчун қисми ҳуҷҷатҳои лоиҳавии фаъолияти банақшагирифташуда ва ҳангоми тартиб додани ҳисобот оид ба таъсиррасонӣ ба муҳити зист.
§1. Арзёбии стратегии экологӣ
Моддаи 121. Муқаррароти умумӣ дар бораи арзёбии стратегии экологӣ1. Арзёбии стратегии экологӣ раванди муайян кардан, омӯхтан, тавсиф кардан ва арзёбии оқибатҳои назарраси эҳтимолии татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаҳои дар қисми 3 моддаи 122 Кодекси мазкур зикргардида дар асоси тадқиқоти дахлдор, барномаҳои рушди ҳудудҳо ва нақшаҳои генералии маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд барои мақсадҳои ҳамин боби Кодекс - ҳуҷҷатҳо) оид ба муҳити зист, аз ҷумла, марҳилаҳои пешбининамудаи моддаи 122 Кодекси мазкур фаҳмида мешавад.2. Арзёбии стратегии экологӣ дар тамоми раванди таҳияи ҳуҷҷат гузаронида мешавад ва бояд дар марҳилаи ибтидоии таҳияи он оғоз карда шавад, ки барои сари вақт муайян кардан ва омӯхтани тамоми таъсиррасонии манфии назаррас ба муҳити зист, ки дар натиҷаи татбиқи он чунин ҳуҷҷатҳо ба вуҷуд омадаанд ва имкон медиҳад ҳангоми таҳия ва тасдиқи минбаъдаи ҳуҷҷат тамоми чораҳои заруриро барои пешгирӣ ё дар сурати имконнопазирии пешгирии пурра барои ҳадди ақал кам кардани чунин таъсирҳо ба назар мегирад.3. Тасдиқ, татбиқи ҳуҷҷат ва маблағгузории чорабиниҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои мазкур бе гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ, агар уҳдадории гузаронидани он дар Кодекси мазкур пешбинӣ шуда бошад ё дар натиҷаи тафтиши ҳуҷҷатҳо муайян карда шавад, манъ аст.4. Натиҷаи арзёбии стратегии экологии ҳуҷҷатҳои сатҳи миллӣ бояд ҳангоми гузаронидани арзёбии стратегии экологии ҳуҷҷатҳои сатҳи маҳаллӣ ба назар гирифта шаванд.5. Натиҷаҳои арзёбии стратегии экологии ҳуҷҷатҳои дар сатҳи маҳаллӣ таҳияшуда ҳангоми гузаронидани арзёбии стратегии экологии ҳуҷҷатҳои дар сатҳи миллӣ таҳияшуда бояд ба назар гирифта шаванд.6. Арзёбии стратегии экологӣ, инчунин санҷиши таъсири ҳуҷҷатҳо мутобиқи Кодекси мазкур ва дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 122. Мавзуи арзёбии стратегии экологӣ1. Мавзуи арзёбии стратегии экологӣ лоиҳаи ҳуҷҷатҳо, инчунин тағйирот ва (ё) иловаҳои ба ҳуҷҷатҳои мавҷуда воридшаванда мебошад, ки татбиқи онҳо метавонад ба муҳити зист таъсири назаррас расонад.2. Дар сурати ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ҳуҷҷати амалкунанда, ки татбиқи онҳо метавонад ба муҳити зист таъсири ҷиддӣ расонад, чунин ҳуҷҷати мавҷуда дар якҷоягӣ бо лоиҳае, ки ба ҳуҷҷати мазкур ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳоро пешбинӣ менамояд бояд бо арзёбии стратегии экологӣ фаро гирифта шавад.3. Ҳуҷҷатҳое, ки ба рушди соҳаи кишоварзӣ, ҷангал, моҳипарварӣ, энергетика, саноат (аз ҷумла, иктишоф ва истихроҷи маъдан), нақлиёт, тандурустӣ, хоҷагии манзилӣ (иншоотҳои пасобтозакунӣ), ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, идоракунии партовҳо, хоҷагии об, телекоммуникатсия, сайёҳӣ, банақшагирии рушди шаҳру деҳот, истифода ва ҳифзи замин нигаронида шудаанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисмҳои 5 ва 6 моддаи мазкур татбиқи ҳатмии арзёбии стратегии экологиро талаб менамоянд.4. Лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳое, ки ба қисми 3 моддаи мазкур дохил намешаванд, ҳатман аз арзёбии стратегии экологӣ гузаронида мешаванд, агар дар онҳо муқаррароте пешбинӣ шуда бошанд, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» барои додани иҷозатнома шарт шуда метавонанд, нисбат ба фаъолиятҳое, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд ва агар зарурати гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ дар асоси натиҷаҳои санҷиши таъсири ҳуҷҷатҳо муқаррар шуда бошад, мутобиқи моддаи 127 Кодекси мазкур гузаронида мешаванд. Муқаррароти қисми мазкур нисбат ба ҳуҷҷатҳои дар қисми 6 моддаи мазкур пешбинишуда татбиқ намегардад.5. Ҳангоми ворид намудани тағйирот ва (ё) иловаҳо ба ҳуҷҷатҳои дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида арзёбии стратегии экологӣ гузаронида намешавад, агар зарурати арзёбии стратегии экологии чунин тағйирот ва (ё) иловаҳо дар асоси натиҷаҳои санҷиши таъсири ҳуҷҷатҳо мавҷуд бошад.6. Арзёбии ҳатмии стратегии экологиро талаб намекунад:1) ҳуҷҷатҳо дар соҳаи молия ва буҷет;2) ҳуҷҷатҳое, ки мақсади ягонаашон таъмини мудофиа, амнияти миллӣ, мудофиаи гражданӣ, пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда мебошад.
Моддаи 123. Марҳилаҳои арзёбии стратегии экологӣАрзёбии стратегии экологӣ аз марҳилаҳои зерин иборат аст:1) муайян намудани зарурати гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ дар асоси меъёрҳо ва ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур, аз рӯйи натиҷаҳои санҷиши таъсири ҳуҷҷат;2) муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;3) таҳияи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;4) арзёбии сифати ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;5) баррасии лоиҳаи ҳуҷҷат то тасдиқи он аз рӯйи мутобиқат ба ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;6) мониторинги таъсири назарраси ҳуҷҷат ба муҳити зист.
Моддаи 124. Субъектҳое, ки барои гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ масъуланд1. Масъулият барои таъмини иҷрои арзёбии стратегии экологӣ ба зиммаи мақомоти давлатӣ-таҳиягари ҳуҷҷат гузошта мешавад.2. Мақомоти давлатӣ-таҳиягари ҳуҷҷат тибқи талаботи қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини ҳуқуқи аҳолӣ ба дастрасии иттилооти экологӣ ва ҳуқуқи шахсони манфиатдор барои иштирок дар қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои экологӣ дар тамоми марҳилаҳои таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷат иштирок менамояд.3. Таҳияи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои дигар дар раванди гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ-таҳиягар мустақилона ва (ё) бо ҷалби коршиносони соҳа бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
Моддаи 125. Гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ1. Арзёбии стратегии экологӣ барои объектҳои дар моддаи 126 Кодекси мазкур пешбинишуда гузаронида мешавад.2. Арзёбии стратегии экологӣ аз ҷониби фармоишгарон, ташкилотҳои лоиҳакашие, ки дар ҳайати онҳо мутахассисон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тайёр ва барои гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ омода карда шудаанд.3. Натиҷаҳои арзёбии стратегии экологӣ дар ҳисоботи экологӣ оид ба арзёбии стратегии экологӣ тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.
Моддаи 126. Объектҳое, ки аз арзёбии стратегии экологӣ гузаронида мешаванд1. Объектҳое, ки аз арзёбии стратегии экологӣ гузаронида мешавад, аз инҳо иборат аст:1) лоиҳаи барномаҳое, ки дорои муқаррароти танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ (аз ҷумла, дар соҳаи коркарди партовҳо, истифодаи сарватҳои зеризаминӣ), соҳаҳои кишоварзӣ, иқтисод, саноат, нақлиёт, энергетика ва сайёҳӣ;2) лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, ба ғайр аз нақшаҳои генералии маҳали аҳолинишин ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот.2. Объектҳое, ки аз арзёбии стратегии экологӣ гузаронида намешавад:1) барои лоиҳаҳои барномавӣ вобаста ба мудофиаи гражданӣ, вазъияти фавқулодда ва бехатарии радиоактивии аҳолӣ;2) барои объектҳое, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудааст, агар ба онҳо тағйиру иловаҳое, ворид карда шуда бошад, ки татбиқи онҳо боиси афзоиши таъсири имконпазир ба муҳити зист намегардад.
Моддаи 127. Санҷиши ҳолати таъсиррасонии ҳуҷҷатҳо1. Санҷиши ҳолати таъсиррасонии ҳуҷҷатҳо раванди муайян кардани таъсири эҳтимолии назаррас ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷатҳо бо мақсади муайян кардани меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи мазкур, зарурати будан ё набудани гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ мебошад.2. Санҷиши ҳолати таъсиррасонии ҳуҷҷатҳо барои ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ба қисмҳои 4 ё 5 моддаи 122 Кодекси мазкур дахл доранд, ҳатмист.3. Санҷиши таъсири ҳуҷҷат дар асоси меъёрҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) аҳаммияти ҳуҷҷат аз нуқтаи назари зарурати ба инобат гирифтани хатарҳои марбут ба таъсир ба муҳити зист ва таъмини мутобиқати ҳуҷҷат ба ҳадафҳои мусоидат ба рушди устувор;2) имконияти татбиқи намудҳои фаъолияте, ки ҳуҷҷат муқаррар кардааст, бо назардошти ҷойгиршавӣ, намуд, миқёс, шароити фаъолият, мавҷудияти захираҳои табиӣ ва шароити истифодаи онҳо;3) дараҷаи таъсири чунин ҳуҷҷат ба татбиқи ҳуҷҷатҳои дигар;4) хавфҳои экологӣ ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат, аз ҷумла, аз нуқтаи назари таъсир ба саломатии аҳолӣ;5) аҳаммияти ҳуҷҷат аз ҷиҳати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байналмилалии он дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;6) хусусиятҳои оқибатҳои экологии татбиқи ҳуҷҷат, ба монанди эҳтимолият, давомнокӣ, басомад ва баргардонидани оқибатҳо, хусусияти маҷмуии оқибатҳо, миқёс ва масофаи фазои таъсир (минтақаи ҷуғрофӣ ва андозаи аҳолии зарардида);7) хусусияти фаромарзии оқибатҳо ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат;8) дараҷа ва хусусияти оқибатҳои эҳтимолии татбиқи ҳуҷҷат барои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, объектҳои фонди давлатии мамнӯъгоҳҳо, унсурҳои шабакаи экологии бо низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, манотиқи табиии нодир ва намудҳои ҳайвонот ва набототи зери хатари нобудшавӣ қарордошта, объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ, заминҳои таъиноти солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию маданӣ;9) зарурати арзёбии оқибатҳои эҳтимолии экологии татбиқи ҳуҷҷате, ки нисбати онҳо арзёбии стратегии экологӣ қаблан гузаронида шуда буд ё набуд, вале омӯзиши кофии тамоми оқибатҳои эҳтимолии экологии татбиқи ҳуҷҷатро таъмин накардааст;10) хусусияти тағйироти пешниҳодшуда ба ҳуҷҷате, ки нисбати онҳо қаблан арзёбии стратегии экологӣ гузаронида шуда буд.4. Санҷиши ҳолати таъсиррасонии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ-таҳиягари ҳуҷҷат дар марҳилаи ибтидоии таҳияи ҳуҷҷат ташкил карда мешавад.5. Санҷиши ҳолати таъсиррасонии ҳуҷҷатҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад, бо назардошти:1) эродҳо ва пешниҳодҳое, ки аз мақомоти манфиатдори давлатӣ ва мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи моддаҳои 131 ва 132 Кодекси мазкур ва тибқи дастурамали ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ гирифта шудаанд;2) зарурати гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ, агар асосе, ки дар зербанди 2) қисми 1 моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинӣ шудааст, мавҷуд бошад.6. Мақомоти давлатӣ-таҳиягари ҳуҷҷат барои оғоз намудани ташхиси таъсири ҳуҷҷат ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро мефиристад:1) лоиҳаи ҳуҷҷат, аз ҷумла, маълумот дар бораи самтҳои асосӣ ва муҳлати татбиқи он;2) тавсифи ҳудуд, ки дар он татбиқи ҳуҷҷат ба нақша гирифта шудааст;3) тавсифи умумии таъсири эҳтимолӣ ба муҳити зист, ҳаёт ва (ё) саломатии инсон ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат.7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми ду рӯзи корӣ пас аз гирифтани ҳуҷҷатҳои дар қисми 6 моддаи мазкур зикргардида онҳоро дар сомонаи расмии интернетӣ ҷойгир мекунад ва дар ин бора ба ҳамаи мақомоти давлатӣ хабар медиҳад, ки мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи моддаи 131 Кодекси мазкур ба сифати шахсони манфиатдор муайян намуда, мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда дар ҳамин муҳлат бо роҳҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 132 Кодекси мазкур дар ин бора ба шахсони манфиатдор хабар медиҳад.8. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои воридшударо дар асоси меъёрҳои дар қисми 3 моддаи мазкур муқарраргардида баррасӣ намуда, бо назардошти эродҳо ва пешниҳодҳои аз мақомоти манфиатдори давлатӣ ва аҳолӣ расидаро дар бораи зарурат будан ё набудани гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ (минбаъд – хулоса оид ба натиҷаҳои санҷиши таъсири ҳуҷҷат) хулоса омода мекунад. 9. Мақоми ваколатдори давлатӣ ба мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда хулосаро оид ба натиҷаҳои муоинаи таъсири ҳуҷҷат мефиристад ва нусхаи чунин ҳуҷҷатро дар сомонаи расмии интернетӣ ҷойгир менамояд.10. Муҳлати санҷиши ҳолати таъсиррасонии ҳуҷҷат аз рӯзи аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист гирифтани ҳуҷҷатҳои дар қисми 6 моддаи мазкур зикргардида понздаҳ рӯзи корӣ мебошад.
Моддаи 128. Муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ1. Ҳангоми муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, ҳаҷм ва дараҷаи тафсилоти иттилооте, ки бояд ба ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ дохил карда шаванд, дар асоси хусусият ва мазмуни ҳуҷҷат муқаррар карда мешавад. Муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) муайян намудани миқёси таъсири эҳтимолӣ ба муҳити зист, ҳаёт ва (ё) саломатии инсон ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат;2) муайян намудани қарорҳои алтернативии оқилона ва амалан татбиқшаванда, ки метавонанд ба ҳуҷҷат дохил карда шаванд;3) огоҳонидани шахсони манфиатдор дар бораи ҳуҷҷати банақшагирифташуда, роҳҳои алтернативии имконпазир, ки ба он дохил карда мешаванд ва натиҷаҳои пешбинишудаи татбиқи он;4) муайян намудани доираҳои манфиатдор нисбат ба ҳуҷҷати мушаххас;5) ба мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда додани маълумоти зарурӣ барои асосноккунии хароҷоти таҳияи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;6) муайян намудани доираи маълумоти ибтидоӣ ва дигар иттилооте, ки барои ба даст овардани натиҷаҳо ҳангоми арзёбии стратегии экологӣ заруранд;7) муайян намудани таъсири назарраси ҳуҷҷати банақшагирифташуда ба минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, дигар ҳудудҳо ва объектҳое, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд ва дорои аҳаммияти маҳаллӣ, миллӣ ё байналмилалӣ мебошанд;8) муайян намудани эҳтимолияти таъсири фаромарзӣ ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷати банақшагирифташуда;9) муайян намудани мақсадҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, мақсадҳои таъмини муҳити зисти мусоид барои ҳаёт ва саломатии инсон, ки ба ҳуҷҷат дахл доранд ва дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ муқаррар шудаанд.2. Муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо назардошти эродҳо ва пешниҳодҳои аз мақомоти манфиатдори давлатӣ ва шахсони манфиатдор мутобиқи моддаҳои 131 ва 132 Кодекси мазкур воридгардида амалӣ карда мешавад.3. Тартиби муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологиро дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ муқаррар менамояд.4. Натиҷаҳои муайян кардани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли хулоса ба расмият дароварда мешавад.
Моддаи 129. Ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ1. Ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ таъсироти эҳтимолии назаррас ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат, инчунин алтернативаҳои оқилонаи ҳалли дар он пешниҳодшударо бо дарназардошти ҳадафҳо ва доираи ҷуғрофии ҳуҷҷат муайян, тавсиф ва арзёбӣ мекунад.2. Мундариҷаи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ бояд бо муайян кардани ҳаҷми ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ мувофиқ бошад.3. Ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ бояд маълумоти дар қисми 4 моддаи мазкур зикргардидаро дар бар гирад, ки ба сатҳи дониши муосир ва усулҳои арзёбӣ, мазмун ва сатҳи тафсилоти ҳуҷҷат мувофиқ бошад.4. Ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ бояд инҳоро дар бар гирад:1) мундариҷа, мақсадҳои асосии ҳуҷҷат ва робитаи он бо дигар ҳуҷҷатҳо;2) арзёбии сифати ҷории муҳити зист ва тағйирёбии эҳтимолии он дар ҳолати рад кардани қабули ҳуҷҷат;3) арзёбии сифати муҳити зист дар минтақаҳое, ки татбиқи ҳуҷҷат метавонад ба таври назаррас ба онҳо таъсир расонад;4) мушкилоти мавҷудаи экологӣ, хавфи шиддат ёфтани онҳо ё ба вуҷуд омадани мушкилоти нави экологӣ ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат, аз ҷумла, аз нуқтаи назари таъсир ба сифати муҳити зист, саломатии инсон ва таъсир ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;5) мақсадҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, мақсадҳои таъмини муҳити зист барои ҳаёт ва саломатии инсон мусоиди бо ҳуҷҷат алоқаманд, ки дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ муқаррар шудаанд, инчунин тартиби ҳисоботи ин ҳадафҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зистро ҳангоми таҳияи ҳуҷҷат ба назар гиранд;6) тавсифи оқибатҳои эҳтимолии муҳими экологии татбиқи ҳуҷҷат, аз ҷумла, оқибатҳои иловагӣ, маҷмуӣ, кӯтоҳмуҳлат, миёнамуҳлат ва дарозмуҳлат, доимӣ ва муваққатӣ, мусбат ва манфӣ;7) тадбирҳо оид ба пешгирӣ, кам кардан, ҷуброн кардани ҳама гуна таъсири манфии назаррас ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат;8) асосноккунии қарорҳои дар ҳуҷҷат қабулшуда аз байни имкониятҳое, ки ҳангоми арзёбии стратегии экологӣ баррасӣ шудаанд ва тавсифи раванди арзёбӣ, аз ҷумла, ҳама гуна мушкилоте, ки бо набудани методологияи зарурӣ, набудани иттилоот ё воситаҳои техникӣ дар раванди арзёбӣ;9) барномаи мониторинги таъсири назаррас ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат, аз ҷумла, тавсифи тадбирҳои мушаххас оид ба татбиқи он;10) тавсифи таъсири эҳтимолии фаромарзӣ ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат (агар вуҷуд дошта бошад), эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдори давлатӣ ва ҷомеа, аз ҷумла, онҳое, ки ҳангоми арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ ба даст омадаанд;11) ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, аз ҷумла, хулосаҳои мухтасар ва умумӣ оид ба бандҳои 1) - 10) қисми мазкур ва дар шакли дастраси умум пешниҳодшуда.5. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда дар доираи таҳияи ҳуҷҷат таҳияи ҳисоботро оид ба арзёбии стратегии экологӣ, аз ҷумла, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ҷалби коршиносони беруна бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хариди давлатӣ таъмин менамояд.6. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда вазифадор аст дар бораи арзёбии стратегии экологӣ барои арзёбии сифат ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳисобот пешниҳод намояд. Муҳлати таҳияи ҳисоботро дар бораи арзёбии стратегии экологӣ мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда мустақилона муайян мекунад, агар чунин муҳлат имкони анҷом додани арзёбии стратегии экологиро то тасдиқи ҳуҷҷат ва бо назардошти натиҷаҳои гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ таъмин намояд.7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар давоми ду рӯзи корӣ пас аз гирифтани ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ аз мақомоти давлатӣ-таҳиягар онро дар сомонаи расмии интернетӣ ҷой дода, дар ин бора ба мақомоти манфиатдори давлатии дахлдор мутобиқи моддаи 131 Кодекси мазкур хабар медиҳад, мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда дар ҳамин муҳлат мутобиқи қисми 5 моддаи 132 Кодекси мазкур дар ин бора ба шахсони манфиатдор хабар медиҳад.8. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз мақомоти манфиатдори давлатӣ ва аҳолӣ дар давоми сӣ рӯзи тақвимӣ аз рӯзи интишори ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ дар сомонаи расмии интернетӣ эродҳо ва пешниҳодҳоро қабул мекунад.9. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботи арзёбии стратегии экологиро, ки аз мақомоти давлатӣ-таҳиягар гирифтааст, аз рӯйи сифат ва мувофиқат ба хулоса дар бораи муайян кардани ҳаҷми ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ бо назардошти эродҳо ва пешниҳодҳои воридшуда аз мақомоти манфиатдори давлатӣ ва шахсони манфиатдор баррасӣ менамояд.10. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯйи натиҷаҳои арзёбии сифати ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ пас аз ба охир расидани муҳлати дар қисми 8 моддаи мазкур зикргардида оид ба сифати қаноатбахш ё ғайриқаноатбахши ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ хулоса мебарорад.11. Дар сурати ғайриқаноатбахш эътироф шудани сифати ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, дар хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ бояд ҷанбаҳои ғайриқаноатбахш эътирофшудаи ҳисобот, аз ҷумла, бо истинод ба эродҳо ва пешниҳодҳои воридшуда аз мақомоти манфиатдори давлатӣ ва аҳли ҷомеа, инчунин тавсияҳо оид ба чораҳое, ки ҳангоми ба итмом расонидани ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ барои қаноатбахш эътироф намудани сифати он бояд қабул карда шаванд, зикр карда мешавад.12. Дар сурати ғайриканоатбахш дониста шудани ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда онро ва дар мавриди зарурат лоиҳаи ҳуҷҷатро такмил дода, такроран ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои арзёбии сифат тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин модда пешниҳод менамояд.12. Тасдиқи ҳуҷҷате, ки мутобиқи Кодекси мазкур бояд аз арзёбии стратегии экологӣ гузаронида шавад, танҳо дар сурати мавҷуд будани ҳисобот дар бораи арзёбии стратегии экологӣ, ки сифати он дар асоси хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ қаноатбахш эътироф шудааст, иҷозат дода мешавад.13. Дар давоми ду рӯзи корӣ пас аз гирифтани хулосаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи сифати ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда нусхаи чунин хулосаро дар сомонаи расмии интернетӣ ҷойгир карда, дар бораи он мутобиқи қисми 5 моддаи 132 Кодекси мазкур пешбинишуда ба маълумоти ҷомеа мерасонад. Моддаи 130. Баррасии ҳуҷҷат барои мувофиқати мавзуъ ба ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ1. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда баъди қаноатбахш эътироф намудани ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ мутобиқи қисми 10 моддаи 129 Кодекси мазкур дар ҳолати зарурӣ ҳуҷҷатро бо назардошти хулосаи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ аз нав дида мебарояд.2. Пас аз ба итмом расонидани ҳуҷҷат мутобиқи қисми 1 моддаи мазкур мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда лоиҳаи ҳуҷҷатро барои муҳокимаи ҷамъиятӣ пешниҳод менамояд. Муҳокимаи ҷамъиятӣ тибқи қоидаҳои гузаронидани муҳокимаи ҷамъиятӣ, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ кардааст, гузаронида мешавад.
Моддаи 131. Машварат бо мақомоти манфиатдори давлатӣ дар доираи арзёбии стратегии экологӣ1. Ба мақомоти манфиатдори давлатӣ, мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатие дохил мешаванд, ки ба фаъолияти онҳо ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат таъсир расонида мешавад.2. Номгӯйи мақомоти манфиатдори давлатӣ дар ҳар як ҳолати мушаххас аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. Дар баробари ин, ба шумораи мақомоти манфиатдори давлатӣ дар ҳама ҳолат мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар ҳудуди онҳо татбиқи ҳуҷҷат дар назар аст, ҳатман дохил мешаванд.3. Барои навъҳои алоҳидаи ҳуҷҷатҳо номгӯйи мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки бояд ба мақомоти манфиатдори давлатӣ тасниф карда шаванд, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби таҳия ва тасдиқи чунин ҳуҷҷатҳоро танзим мекунанд, муқаррар карда мешаванд.4. Машварат бо мақомоти манфиатдори давлатӣ раванди қабул, баррасӣ ва ба назар гирифтани эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдори давлатиро дар бар мегирад, ҳангоми:1) гузаронидани санҷиши таъсири ҳуҷҷат;2) муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;3) муайян кардани сифати ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;4) баррасии лоиҳаи ҳуҷҷат то тасдиқи он ба ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, ки сифати он мутобиқи қисми 10 моддаи 129 Кодекси мазкур қаноатбахш эътироф шудааст.5. Машварат бо мақомоти манфиатдори давлатӣ мутобиқи ҳамин модда ва дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ гузаронида мешавад.6. Мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст ҳамаи эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдори давлатиро, ки ҳангоми санҷиши таъсири ҳуҷҷат, муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ ва муайян кардани сифати арзёбии стратегии экологӣ ворид шудаанд, агар чунин эродҳо ва пешниҳодҳо дар муҳлатҳои дахлдори муқаррарнамудаи дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ пешниҳод шуда бошанд, баррасӣ менамояд. Мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки мутобиқи моддаи мазкур ба мақомоти манфиатдори давлатӣ тасниф шудаанд, вазифадоранд, ки мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ эрод ва таклифҳои худро ё дар бораи набудани онҳо тавассути мактуб пешниҳод менамоянд.7. Дар асоси натиҷаи машваратҳои мақомоти манфиатдори давлатӣ, ки мутобиқи моддаи мазкур гузаронида шудаанд, мақоми ваколатдори давлатӣ протоколи машваратҳоро бо мақомоти манфиатдори давлатӣ тартиб медиҳад, ки дар он тамоми эрод ва пешниҳодҳои аз онҳо воридгардида инъикос карда мешаванд. Мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст ба мақомоти манфиатдори давлатӣ дар бораи дар марҳилаҳои дахлдори арзёбии стратегии экологӣ чӣ гуна ба назар гирифта шудани эрод ва пешниҳодҳои онҳо, инчунин сабабҳои ба назар гирифта нашудани эродҳо ва пешниҳодҳои муайян маълумот пешниҳод намояд.8. Протоколҳои машварат бо мақомоти манфиатдори давлатӣ бо роҳҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи 132 Кодекси мазкур ба маълумоти шахсони манфиатдор расонида мешаванд.
Моддаи 132. Иштироки шахсони манфиатдор дар гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ1. Шахсони манфиатдор ҳуқуқ дорад, ки эродҳо ё таклифҳои худро пешниҳод намоянд, дар мавриди:1) лоиҳаи ҳуҷҷат дар ҳама гуна марҳилаҳои арзёбии стратегии экологӣ;2) зарурат ё набудани зарурати гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ дар марҳилаи пешбининамудаи моддаи 127 Кодекси мазкур;3) ҳаҷми ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ дар марҳилаи пешбининамудаи моддаи 128 Кодекси мазкур;4) сифати ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ дар марҳилаи пешбининамудаи моддаи 129 Кодекси мазкур;5) барномаҳои мониторинги таъсири назарраси ҳуҷҷат ба муҳити зист дар марҳилаи пешбининамудаи моддаи 135 Кодекси мазкур.2. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда вазифадор аст, ки имкони иштироки шахсони манфиатдорро дар ҳамаи марҳилаҳои арзёбии стратегии экологӣ мутобиқи талаботи Кодекси мазкур ва дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ аз марҳилаи ибтидоии таҳияи ҳуҷҷатҳо, ки дар он аз байни имкониятҳои дастрас якеро интихоб намудан мумкин аст, таъмин намояд.3. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда иштироки шахсони манфиатдорро дар гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ бо роҳҳои зерин таъмин менамояд:1) муайян намудани шахсони манфиатдор;2) муқаррар намудани муҳлатҳои асоснок, ки ба шахсони манфиатдор имкони сари вақт ва самаранок баён намудани эродҳо ва пешниҳодҳоро дар ҳамаи марҳилаҳои арзёбии стратегии экологӣ фароҳам меоранд;3) дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур бо усулҳои пешбининамудаи қисми 5 моддаи мазкур ба шахсони манфиатдор хабар додан;4) ба шахсони манфиатдор пешниҳод намудани маълумот дар асоси дархости онҳо;5) огоҳ намудани аҳли ҷамъияти манфиатдор дар бораи имконияти иштироки он дар машваратҳо дар ҳолатҳои гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ;6) бо назардошти эрод ва пешниҳодҳои худ дар ҷараёни гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ.4. Меъёрҳои муайян намудани шахсони манфиатдор бо дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ муайян карда мешаванд.5. Усулҳои ҳатмии огоҳонидани аҳолӣ аз ҷараёни арзёбии стратегии экологӣ инҳоянд:1) ҷойгиркунии маълумот дар сомонаи расмии интернетии мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда;2) ҷойгиркунии маълумот дар сомонаи расмии интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;3) нисбат ба маълумоти дар сархатҳои 1), 2), 3) ва 11) қисми 6 моддаи мазкур пешбинишуда ҷойгиркунии маълумот дар на камтар аз як воситаи ахбори омма (дар нашрияи даврии чопӣ, тавассути шабакаи телевизион ё шабакаи радио), ки дар тамоми ҳудудҳои аз татбиқи ҳуҷҷат зарардида паҳн шудааст, инчунин дар рӯйи коғаз дар ҷойҳое, ки барои аҳолӣ дастрас мебошанд (дар лавҳаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва воҳидҳои ҳудудии он, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар ҷойҳое, ки махсус барои гузоштани огоҳиҳо пешбинӣ шудаанд);4) фиристодани мактубҳо ба шахсони ҳуқуқие, ки дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда масъуланд, агар онҳо дар натиҷаи татбиқи ҳуҷҷат зарар дида бошанд.6. Иттилооте, ки бояд дар раванди гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ ба шахсони манфиатдор пешниҳод карда шавад, инҳоро дар бар мегиранд:1) маълумот дар бораи оғози таҳияи ҳуҷҷат, ном, самтҳои асосӣ ва муҳлатҳои татбиқи он;2) ном ва ҷойгиршавии мақоми давлатӣ (шахси мансабдор), ки барои қабул ва ба назар гирифтани эродҳо ва пешниҳодҳои шахсони манфиатдор масъул аст;3) муҳлат, ҷой ва тартиби гирифтани эродҳо ва пешниҳодҳо аз шахсони манфиатдор дар марҳилаҳои гуногуни арзёбии стратегии экологӣ;4) лоиҳаи ҳуҷҷатҳо то тасдиқи онҳо;5) хулосаҳо оид ба натиҷаҳои санҷиши таъсири ҳуҷҷат;6) баёнот ва хулосаҳое, ки доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологиро муайян мекунанд;7) ҳисоботҳои арзёбии стратегии экологӣ;8) протоколҳои машваратҳо бо мақомоти манфиатдори давлатӣ, ки барои баррасии таъсири ҳуҷҷат, муайян кардани ҳаҷми ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, инчунин ҳангоми арзёбии сифати ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ ва лоиҳаи ҳуҷҷат гузаронида мешаванд;9) ҳисобот оид ба мониторинги таъсири назаррас ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷатҳо;10) эълони муҳокимаи оммавӣ;11) протоколҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ оид ба лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо ва ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;12) маълумотномаҳо, аз ҷумла, мухтасари эродҳо ва пешниҳодҳои шахсони манфиатдор, ки дар рафти муҳокимаи ҷамъиятӣ гирифта шудаанд;13) маълумот дар бораи арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ, ки дар доираи арзёбии стратегии экологӣ гузаронида мешавад;14) хулосаҳо оид ба сифати ҳисоботҳои арзёбии стратегии экологӣ;15) ҳуҷҷатҳои тасдиқшуда;16) дигар ҳуҷҷатҳо ва маълумоти ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳодшуда вобаста ба арзёбии стратегии экологӣ.7. Маълумот дар бораи арзёбии стратегии экологии дар бандҳои 5) - 16) қисми 6 моддаи мазкур зикргардида бояд аз ҷониби мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ба фонди давлатии иттилооти экологӣ супорида шавад.
Моддаи 133. Арзёбии таъсиррасонии фаромарзӣ ҳангоми арзёбии стратегии экологӣ1. Ҳангоми мавҷуд будани асосҳои дар зербанди 2) қисми 1 моддаи 167 Кодекси мазкур пешбинишуда арзёбии таъсиррасонии фаромарзӣ ҳангоми арзёбии стратегии экологӣ гузаронида мешавад.2. Арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ мутобиқи параграфи 3 ҳамин боб ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 134. Хусусиятҳои ҳуҷҷатҳое, ки аз арзёбии стратегии экологӣ гузаронида мешавандҲуҷҷатое, ки бояд аз арзёбии стратегии экологӣ гузаронида шавад, маълумоти ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдори давлатӣ, шахсони манфиатдор ва аҳолӣ, аз ҷумла, натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ва дар ҳолатҳои арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ натиҷаҳои чунин арзёбӣ ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 135. Мониторинги таъсири назарраси ҳуҷҷатҳо ба муҳити зист1. Мақомоти давлатии таҳиякунанда барои таъмини мониторинги таъсири назарраси ҳуҷҷат ба муҳити зист тибқи барномаи мониторинг, ки ҷузъи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ мебошад, масъул аст.2. Ҳадафҳои мониторинги таъсири назарраси ҳуҷҷатҳо ба муҳити зист инҳоянд:1) сари вақт ошкор намудани таъсири назарраси манфии ҳуҷҷат ба муҳити зист, ки қаблан ба инобат гирифта нашуда буданд ва имконияти андешидани чораҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва рафъи онҳо;2) арзёбии дараҷаи ноил шудан ба таъсири судманд ба муҳити зист, ки дар ҳуҷҷат зикр шудааст;3) таъмини мутобиқати ҳуҷҷат ба ҳадафҳои қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба таъсири сифати муҳити зист ба ҳаёт ва саломатии инсон, ки дар сатҳҳои маҳаллӣ, миллӣ ва байналмилалӣ муқаррар карда шудаанд ва бо ҳамин ҳуҷҷат алоқаманданд.3. Тартиби мониторинги таъсири назаррас ба муҳити зист дар натиҷаи иҷрои ҳуҷҷатҳо бо дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ муқаррар карда мешавад.4. Мақомоти давлатӣ-таҳиягари ҳуҷҷат ҳар сол дар муҳлати дар барномаи мониторинг муқарраргардида таҳияи ҳисоботро оид ба мониторинги таъсири назаррас ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷатҳо таъмин намуда, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешниҳод менамояд, инчунин тибқи банди 5 моддаи 132 Кодекси мазкур ва дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани арзёбии экологӣ ба шахсони манфиатдор аз натиҷаи чунин мониторинг хабар медиҳад.
§2. Арзёбии таъсиррасонии экологӣ
Моддаи 136. Субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистСубъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист инҳо мебошанд:1) мақоми ваколатдори давлатӣ;2) фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда;3) таҳиягари (паймонкори) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ;4) ташкилотҳо ва коршиносоне (паймонкорони фаръие), ки ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҷалб карда мешаванд.
Моддаи 137. Объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист Ба объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дохил мешаванд:1) ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ-сметавии (лоиҳа, лоиҳаи корӣ) сохтмони объектҳои нав, таҷдид, васеъкунӣ, азнавтаҷҳизонии техникӣ, шаклдигаркунии истеҳсолот, муваққатан хобондан ва барҳам додани корхонаҳои амалкунанда;2) лоиҳаҳо оид ба бунёди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, воридсозии (интродуксияи) объектҳои олами набототу ҳайвонот ба муҳити табиӣ, лоиҳаҳои ҳифзу нигаҳдошти гуногунии биологӣ ва чорабиниҳои дигари ҳифзи муҳити зист.
Моддаи 138. Масъулияти субъектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Мақоми ваколатдори давлатӣ барои сари вақт, пурра ва холисона баррасӣ намудани маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, масъул мебошад.2. Фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда барои иҷрои амалҳои зерин масъул мебошад:1) омода намудани маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;2) ба назар гирифтани оқибатҳои таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳангоми татбиқи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда;3) маблағгузории расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва таҳқиқоту ҷустуҷӯҳои ба он алоқаманд;4) ба таҳиягари маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист пешниҳод намудани иттилооти мавҷуда дар бораи таъсир ба муҳити зист аз истифодаи объектҳои амалкунандаи монанд, ки тавассути мониторинги соҳавӣ, арзёбии вазъи тиббию географӣ ва таҳлили баъдилоиҳавии экологӣ ба даст оварда шудаанд;5) пешниҳоди ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар таркиби ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ;6) таъмини иҷрои хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ оид ба баррасии ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ, аз ҷумла, ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист.3. Таҳиягари ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ дар назди фармоишгар барои иҷрои амалҳои зерин масъул мебошад:1) риояи расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;2) таҳияи ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, мукаммалӣ, саҳеҳӣ ва сифатии натиҷаҳои дар он бадастовардашуда.4. Ташкилотҳо ва коршиносоне, ки барои гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҷалб карда мешаванд, барои мукаммалӣ, саҳеҳӣ ва сифати корҳое, ки тибқи шартномаҳо анҷом дода мешаванд, масъул мебошанд.
Моддаи 139. Ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист нисбати лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки бо Кодекси мазкур нишон дода шудаанд, ҳатмӣ мебошад.2. Таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, бе гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист манъ аст.
Моддаи 140. Талабот ҳангоми баррасии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистҲангоми баррасии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист талаботи зерин бояд риоя карда шавад:1) пешниҳоди дархост дар бораи баррасии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;2) пуррагии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;3) саҳеҳият ва асоснокии илмии маълумот, ки ба маводи арзёбии таъсиррасонӣ ворид карда мешавад;4) уҳдадории фармоишгар ҷиҳати ба ҳамаи тарафҳои манфиатдор фароҳам овардани шароит барои сари вақт гирифтани иттилооти пурра ва саҳеҳ;5) ба инобат гирифтани шартномаҳои байналмилалӣ оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст.
Моддаи 141. Шаклҳои таъсиррасонӣ ва ҷузъҳои муҳити зист, ки ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба инобат гирифта мешаванд1. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист шаклҳои зерини таъсиррасонӣ ба инобат гирифта мешаванд:1) таъсиррасонии мустақим - таъсиррасонӣ аз фаъолияти асосӣ ва ба он алоқаманди фаъолияти банақшагирифташаванда ҳудуди маҳалли ҷойгиршавии объект;2) таъсиррасонии ғайримустақим - таъсиррасонӣ аз омилҳои дуюмдараҷа, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳа метавонанд ба вуҷуд оянд;3) таъсиррасонии кумулятивӣ - таъсиррасоние, ки хусусияти ҷамъшаванда дошта, дар тамоми ҷараёни татбиқи лоиҳа метавонад ба амал ояд.2. Дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таъсиррасонӣ ба ҳолати ҷузъҳои зерини муҳити зист ба назар гирифта мешавад:1) ҳавои атмосфера;2) захираҳои об;3) сатҳ ва қаъри обанборҳо;4) ландшафтҳо;5) захираҳои замин ва хок;6) олами наботот ва ҳайвонот;7) экосистемаҳо;8) саломатии аҳолӣ;9) шуғли аҳолӣ, имконияти таҳсил ва истироҳат кардан, истифода намудан аз дигар инфрасохтори иҷтимоӣ;10) объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ ва дигар арзишҳои моддӣ;11) ҳосилшавии ҳама гуна партовҳо, аз ҷумла, партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ, сахти маишӣ, радиоактивӣ, обӣ, тиббӣ, сохтмонӣ ва ғайра;12) дигар ҷузъҳои муҳити зист ё маҷмуи онҳо.
Моддаи 142. Марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Расмиёти арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист пай дар пай, бо назардошти марҳилаҳои лоиҳакашии шаҳрсозӣ ва сохтмон, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.2. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:1) марҳилаи 1 - шарҳ ва арзёбии ҳолати муҳити зисти ҳудуд, ки бо мақсади асоснок кардани интихоби қитъаи муносиби замин барои ҷойгиронии объект гузаронида мешавад;2) марҳилаи 2 - арзёбии пешакии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ки дар як вақт бо асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳа гузаронида шуда, дар шакли изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба расмият дароварда мешавад;3) марҳилаи 3 - арзёбии таъсиррасонӣ, ки бо мақсади таҳлили пурра ва маҷмуии оқибатҳои эҳтимолии татбиқи лоиҳаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, асоснок кардани вариантҳои алтернативӣ ва таҳияи нақшаи (барномаи) идоракунии ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бояд тавсифи ҳалли техникии пешгирии ҳолатҳои таъсири манфӣ ба муҳити зистро дар бар гирад. Дар ин марҳила меъёрҳои ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва объектҳои об, ҳосилшавӣ, ҷамъоварӣ ва ҷойгиронии партовҳои истеъмолӣ ва обӣ, дигар таъсири физикию кимиёвӣ таҳия карда мешаванд;4) марҳилаи 4 - таҳлили баъдилоиҳавӣ, ки пас аз як соли ба истифода супорида шудани объект (оғози фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда) бо мақсади тасдиқи бехатарӣ барои муҳити зист ва тасҳеҳи нақшаи (барномаи) идоракунии ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.
Моддаи 143. Арзёбии пешакии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Ҳангоми арзёбии пешакии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фармоишгар (иҷрокунанда) иттилоотро оид ба фаъолияти банақшагирифташаванда бо дар назар доштани мақсад ва муҳлати амалӣ намудани он, мутобиқати он ба барномаҳои минтақавӣ ва соҳавӣ, маҳалли пешбинишудаи ҷойгиркунии он, ҳамчунин оид ба ҳолати мавҷудаи муҳити зист ва таъсиррасонии эҳтимолӣ дар оянда ба он ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти банақшагирифташуда сабт менамояд.2. Дар рафти арзёбии пешакӣ фармоишгар (иҷрокунанда) аҳолии манфиатдори маҳали татбиқи лоиҳаи фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташавандаро огоҳ месозад. Иттилоот дар ин бора дар сомона ва нашрияҳои расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ҳудуди амалишавии лоиҳа пешбинӣ мегардад, ҳамчунин ҳудуде, ки фаъолияти банақшагирифташаванда метавонад таъсир расонад, ҷой дода мешавад. Иттилооти мазкур ҳамчун маълумотро дар бораи ҷойҳои дастрас намудани он, усулҳои огоҳсозӣ, баргузории машварату муҳокимаҳо бо аҳолии манфиатдор ва шаклҳои он, пешниҳодҳои хаттӣ, натиҷаҳои пурсиши аҳолӣ, инчунин муҳлати марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар бар мегирад.3. Фармоишгар вазифадор аст ба ҳамаи иштирокчиёни раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист имкони сари вақт гирифтани иттилооти мукаммал ва боэътимодро таъмин намояд (принсипи эътимоднокӣ ва мукаммалии маълумоти барои экспертизаи экологӣ пешниҳодшуда).
Моддаи 144. Асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаи арзёбишаванда1. Фармоишгар дар асоси натиҷаҳои арзёбии пешакии таъсиррасонӣ супориши ба муҳити зист асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаро барои гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист тартиб медиҳад, ки он дорои маълумоти зерин мебошад:1) ном ва суроғаи фармоишгар;2) муҳлат, усулҳо ва вазифаҳои асосии гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;3) таркиб ва мундариҷаи пешбинишавандаи маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист.2. Ҳангоми тартиб додани асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ фармоишгар талаботи мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин нуқтаи назари тарафҳои манфиатдори раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро ба инобат мегирад.
Моддаи 145. Хударзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташудаДар асоси арзёбии пешакӣ ва асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ хударзёбии таъсиррасонии фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташуда ба муҳити зист гузаронида шуда, аз натиҷаи он ҳисобот омода карда мешавад.
Моддаи 146. Барои шиносоии ҷомеа пешниҳод намудани шакли пешакии маводи арзёбишаванда1. Фармоишгар (паймонкори) арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист шакли пешакии маводи арзёбиро барои шиносоии ҷомеаи манфиатдор, гирифтани таклифу пешниҳодоти хаттии шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешниҳод намуда, баъди муҳокимаи ҷамъиятӣ онҳоро ба маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳамроҳ менамояд.2. Бо назардошти таклифу пешниҳодоти воридгардида, шакли ниҳоии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист тартиб дода мешавад. Фармоишгар дастрасии ҷомеаи манфиатдорро ба шакли ниҳоии мавод дар давоми тамоми муҳлат аз лаҳзаи тасдиқи он ва то қабули қарор оид ба амалисозии фаъолияти банақшагирифташуда, таъмин менамояд.
Моддаи 147. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои объектАрзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои объект дар умум гузаронида мешавад. Гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои марҳилаҳои алоҳидаи кории объект дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ марҳилаҳои сохтмон ва маҷмааҳои алоҳидаи ба истифодадодашаванда манъ аст. Ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои марҳилаҳои корӣ аз рӯйи объект дар алоҳидагӣ дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ҷудошаванда, зинаҳои сохтмон ва маҷмааҳои бакорандозӣ роҳ дода намешавад.
Моддаи 148. Таъмини раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фармоишгар (иҷрокунанда) бо истифодаи иттилооти пурра, саҳеҳ, восита ва усулҳои ченкунӣ, инчунин ҳисобҳо, арзёбиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин мекунад. Дараҷаи тафсилот ва пуррагии гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯйи хусусиятҳои хоси фаъолияти хоҷагидории банақшагирифташаванда ва дигар фаъолият муайян карда шуда, барои муайянкунӣ ва арзёбии оқибатҳои имконпазири экологӣ ва ба он вобастаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва дигар оқибатҳои амалисозии фаъолияти банақшагирифташуда бояд кофӣ бошад.2. Агар ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист норасоии иттилооте, ки барои расидан ба мақсади арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ё дигари омили зарурӣ ошкор гардад, фармоишгар гузаронидани таҳқиқотҳои иловагиро барои қабули қарор ба нақша мегирад, инчунин дар маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барномаи мониторинги экологӣ ва назоратро, ки барои бартараф кардани норасоиҳо оид ба ин номуайяниҳо нигаронида шудааст, муқаррар мекунад.
Моддаи 149. Гурӯҳбандии объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда вобаста ба моҳияти таъсири экологӣ, ҳамчун объекти арзёбӣ ба гурӯҳҳои «А», «Б», «В» ва «Г» ҷудо карда мешавад.2. Объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфии зиёд расонида, ба соҳаи истифодаи технологияҳои беҳтарини дастрасӣ мансубанд ва дар сурати дар партовҳои обӣ ва партовҳо ба ҳавои атмосфера мавҷуд будани моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон І ва ІІ (аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ), ба объектҳои гурӯҳи «А» мансубанд.3. Объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири номатлуби миёна мерасонанд ва дар сурати дар партовҳои обӣ ва партовҳо ба ҳавои атмосфера мавҷуд будани моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон ІІІ (аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ) ба объектҳои гурӯҳи «Б» мансуб мебошанд.4. Объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфии кам мерасонанд ва дар сурати дар партовҳои обӣ ва партовҳо ба ҳавои атмосфера мавҷуд будани моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон ІV ва (ё) V (аз рӯйи меъёрҳои санитарӣ) объектҳои гурӯҳи «В» мансубанд.5. Объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфии ҷузъӣ мерасонад ва дар сурати мавҷудияти моддаҳои зарарноки дараҷаи хатарнокиашон ба муҳити зист кам, ба объектҳои гурӯҳи «Г» мансуб дониста мешаванд.6. Барои намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти банақшагирифташаванда, ки ба номгӯйи гурӯҳҳои «А» ва «Б» дохил карда нашудаанд, пешниҳоди изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва эъломияи уҳдадориҳо оид ба тадбирҳои муайянгардида ва пешбинишавандаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби фармоишгари фаъолияти мазкур ҳатмӣ мебошанд.7. Изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист таъсири манфӣ ё мусбӣ мерасонад, пешниҳод карда мешавад.8. Таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯйи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист дар замима нишон дода мешавад.
Моддаи 150. Мақсади гурӯҳбандии объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Гурӯҳбандии объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои ҳалли як қатор вазифаҳо, аз ҷумла, баланд бардоштани сатҳи назорат аз болои объектҳои истеҳсолии хатарнок ва баръакс, паст кардани сатҳи назорати объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири номатлубашон ҷузъӣ мебошад, инчунин истифодаи сарфакоронаи маблағҳои молиявии корхонаҳо, танзими назорат ва ғайраҳо равона карда шудааст.2. Ба гурӯҳи мувофиқ мансуб донистани объект, ки ба муҳити зист таъсири номатлуб мерасонанд, ҳангоми бақайдгирии давлатии объектҳои ба муҳити зист таъсири номатлуб расонанда амалӣ карда мешавад. Гурӯҳи объект метавонад ҳангоми дигар гардидани маълумот оид ба объекте, ки ба муҳити зист таъсири номатлуб мерасонад, тағйир дода шавад.
Моддаи 151. Асосҳои муайян кардани дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташаванда барои муҳити зистДараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташаванда барои муҳити зист ҳангоми шомил намудани онҳо ба дараҷаи хатарнокӣ аз рӯйи меъёрҳои дар поён овардашуда пайдо шудани хавфи таъсиррасонӣ ба муҳити зист муайян карда мешавад:1) аз рӯйи миқёси таъсиррасонӣ;2) таъсир ба ҳудудҳои табии махсус муҳофизатшаванда;3) истеҳсолоти махсусан хатарнок;4) шиддатнокии таъсиррасонӣ (воридшавии моддаҳои зарарнок дар воҳиди вақт);5) иқтидори қиёсии таъсиррасонӣ (воридшавии моддаҳои зарарнок ба воҳиди масоҳат);6) даврияти таъсиррасонӣ дар вақт (таъсиррасонии номуттасил, бефосила ва якдафъаина);7) давомнокии таъсиррасонӣ (сол, моҳ ва ғайра);8) ҳадди фазоии таъсиррасонӣ (масоҳат, андоза ва шакли минтақаи таъсиррасонӣ).
Моддаи 152. Нишондиҳандаҳои асосӣ барои муайян намудани дараҷаи хатарнокии объектҳои фаъолияти банақшагирифташаванда барои муҳити зист1. Нишондиҳандаҳои асосӣ барои муайян намудани дараҷаи хатарнокӣ аз инҳо иборат мебошанд:1) таҳлил ва тавсифоти экологии маводҳои лоиҳавӣ дар доираи вазъи экологии мавҷуда дар ҳудуди баррасишаванда;2) маълумот оид ба ҳолати муҳити зист дар маҳали амалишавандаи эҳтимолии фаъолияти пешбинишаванда;3) маҳдудиятҳо оид ба истифодаи сарватҳои табиӣ;4) бамеъёрдарории лоиҳавии сарбории антропогенӣ ва техногенӣ.2. Ҳангоми муқарраркунии меъёрҳо бояд инҳо ба назар гирифта шаванд:1) дараҷаи таъсиррасонии намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда (соҳа, қисми соҳа, истеҳсолот) ба муҳити зист;2) дараҷаи заҳрнокӣ, хосиятҳои бавуҷудоварии бемориҳои саратон (кансерогенӣ) ва тағйирёбии биологии моддаҳои зарарноке, ки дар таркиби партовҳо ба ҳавои атмосфера, обҳои партов мавҷуданд, ҳамчунин дараҷаи хатарнокии партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ;3) таснифоти объектҳо ва истеҳсолоти саноатӣ.
Моддаи 153. Меъёрҳо барои арзёбии таъсир ба ҳавои атмосфера, муҳити об ва партовҳоМеъёрҳо барои арзёбии таъсир ба ҳавои атмосфера, муҳити об ва партовҳо чунинанд:1) аҳаммияти рутубату ғализии заминавии моддаҳои зарарнок дар таркиби ҳавои атмосфера ва муҳити об;2) дурнамои рушди корхона, ҳудуди ҳамшафати аҳолинишин ва минтақаи саноатӣ;3) ҷойгиршавии қитъаҳои маҳалҳои аҳолинишини мавҷуда, осоишгоҳҳо ва минтақаҳои истироҳатии шаҳр;4) ҷойгиршавии майдончаҳои саноатӣ;5) хусусиятҳои физикӣ-ҷуғрофӣ ва иқлимии маҳалҳо;6) барӯйхатгирии манбаъҳои олудакунанда дар объектҳои тарҳрезишаванда.
Моддаи 154. Расмиёти баррасии ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар экспертизаи давлатии экологӣ1. Баррасии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, аз ҷумла, ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба гурӯҳҳои объектҳои арзёбӣ анҷом дода мешавад.2. Қарор дар бораи муқаррар кардани расмиёти дахлдори экспертизаи давлатии экологии маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, аз ҷумла, ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на бештар аз 10 рӯзи кории баъд аз бақайдгирии маводҳои пешниҳодшуда, қабул карда мешавад.3. Хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ вобаста ба ҳуҷҷатҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист барои иҷро аз ҷониби фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 155. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба объектҳои гурӯҳи «А»1. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба объектҳои гурӯҳи «А» мансуб дониста мешаванд, агар:1) объекти арзёбӣ ба муҳити зист ва ё беҳдошти санитарию гигиении аҳолӣ таъсири манфии миқёсан калон расонад;2) объекти арзёбӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки дар асоси конвенсияҳои экологӣ ва дигар созишномаҳои байналмилалӣ ҳифз мешаванд ё мақоми дигари байналмилалӣ доранд, таъсири бевосита расонад;3) объекти арзёбӣ ба объектҳои мероси таърихию фарҳангӣ таъсири бевосита дошта бошад;4) объекти арзёбӣ таъсири фаромарзӣ дошта бошад.2. Объектҳои арзёбии ба гурӯҳи «А» мансуббуда ба таври пурра ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист фаро гирифта мешаванд. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар таркиби ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ ба таври ҳатмӣ ба экспертизаи давлатии экологӣ мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.3. Танзими техникии масъалаҳои таъмини амнияти экологии объектҳои арзёбии марбут ба гурӯҳи «А» тибқи принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) ҳатмӣ будани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳангоми қабули қарор оид ба амалисозии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, аз ҷумла, қабули қарор дар бораи рад кардани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда;2) имконпазирии таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба муҳити зист тибқи талаботи меъёрӣ оид ба таъмини бехатарии экологӣ, ки дар регламентҳои техникӣ муқаррар шудаанд;3) таъмини коҳишдиҳии таъсиррасонии манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда дар асоси истифодаи технологияҳои беҳтарини дастрас бо назардошти аз нигоҳи иқтисодӣ мақсаднок будани татбиқи онҳо, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва риояи регламентҳои техникӣ дар самти ҳифзи муҳити зист.
Моддаи 156. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба объектҳои гурӯҳи «Б»1. Ба гурӯҳи «Б» фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба муҳити зист таъсири пешгӯишаванда мерасонанд ва ин бо натиҷаҳои ташхисҳои қаблан анҷомдода тасдиқ шудааст.2. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои марбут ба гурӯҳи «Б» риояи технологияҳои беҳтарини дастрас ва меъёрҳои технологии дахлдор, ки бо регламентҳои техникӣ муқаррар шудаанд, ба назар гирифта мешаванд.3. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои марбут ба гурӯҳи «Б» инҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд:1) нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда (маълумот дар бораи ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолшаванда ё иқтидор, мавҷудияти таъсироти дарозмуҳлати кумулятивӣ, ҳаҷми истифодаи захираҳои табиӣ, ҳосилшавии партовҳо, олудашавӣ ва хавфҳо барои муҳити зист);2) ҷойгиршавии объект бо назардошти мавҷудият ва осебпазирии минтақаҳои наздисоҳилӣ, мамнӯъгоҳҳо ва ҳудудҳои дигари ҳифзшавандаи табиӣ ва таърихию фарҳангӣ, моҳияти таъсири экологӣ, паҳншавии ҷуғрофӣ, давомнокӣ ва такрорёбии он.
Моддаи 157. Меъёрҳои мансуб донистани фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба объектҳои гурӯҳи «В»1. Ба объектҳои гурӯҳи «В» фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташавандае мансуб дониста мешаванд, ки ба муҳити зист таъсири назаррас надошта, андозаи ин таъсир бояд бо натиҷаи ташхис тасдиқ карда шавад.2. Дар ҳуҷҷатҳое, ки якҷоя бо изҳорот дар бораи таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои гурӯҳи «В» пешниҳод мегарданд, намудҳои таъсиррасонӣ (ихроҷи партовҳо ба ҳавои атмосфера ва манбаъҳои обӣ, ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳои сахт ва таъсири физикӣ, аз ҷумла, садо ва ларзиш ва дигар намудҳои таъсиррасонӣ), ки ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда хос мебошанд, арзёбӣ карда мешаванд.
Моддаи 158. Хусусиятҳои объектҳои арзёбии мансуб ба гурӯҳи «Г»1. Ба объектҳои гурӯҳи «Г» фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташавандае мансуб дониста мешавад, ки ба муҳити зист таъсири ҷузъии манфӣ мерасонад ва масъалаҳои кам кардани ин таъсир тариқи чораҳои муҳандисӣ-техникӣ ҳал шудаанд.2. Шарти асосӣ барои объектҳои арзёбии гурӯҳи «Г» мувофиқати самти фаъолият бо таъиноти нақшаи генералии ҳудуд мебошад.
Моддаи 159. Таъмини методии арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.2. Назорати иҷрои талабот оид ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистро мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 160. Ҳуҷҷати арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Ҳуҷҷати арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда мебошад.2. Ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда инҳоро дар бар мегирад:1) маълумоти ҳатмӣ дар бораи фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда;2) асосноккунии зарурати татбиқи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, асосноккунии сармоягузорӣ, инчунин қисми тасдиқшавандаи лоиҳаи корӣ ва шарҳнома;3) тавсифи ҳолати то лаҳзаи оғози фаъолият мавҷудбудаи ҷузъҳои муҳити зисти маҳали татбиқи лоиҳа;4) ҳадаф ва тавсифи нишондиҳандаҳои асосии лоиҳа дар маҷмуъ ва талабот нисбат ба ҷойгиронии он дар маҳал;5) тавсифи нишондиҳандаҳои асосии равандҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла, намуд ва миқдори маводу таҷҳизоти истифодашаванда бо нишон додани шаклҳои эҳтимолии таъсиррасонии манфии фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист, ҳаҷм ва таркиби партовҳо, ашёи хоми истифодашаванда (захираҳои аз табиат гирифташаванда);6) арзёбии технологияи истифодашаванда аз лиҳози мутобиқати он ба технологияҳои беҳтарини дастрас ва меъёрҳои қиёсии техникӣ ва гигиенӣ;7) иттилоот дар бораи намудҳои алтернативӣ бо нишондоди сабабҳои асосии интихоби намуди лоиҳавӣ;8) тавсифи таъсиррасонии эҳтимолии фаъолият ба ҷузъҳои абиотикӣ (геология ва шароити релеф, иқлим, ҳолати ҳавои атмосфера ва муҳити обӣ) ва биотикии (ландшафтҳо, хок, олами наботот ва ҳайвонот) муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва шароити иҷтимоию иқтисодӣ;9) тавсифи манбаъҳо ва намудҳои таъсиррасонӣ дар марҳилаи сохтмон;10) нишон додани таъсиррасонии номаълуми (номуайяни) фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба муҳити зист;11) арзёбии хатари экологӣ ва дигар хавфҳое, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид мекунанд;12) тавсифи тадбирҳо, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсир ба муҳити зист пешбинӣ гардидаанд, аз ҷумла, пешниҳодҳо оид ба гузаронидани мониторинги экологӣ;13) меъёрҳои лоиҳавии партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ва ҷойгиронии партовҳо дар муҳити зист, ҳамчунин меъёрҳои истихроҷи захираҳои табиӣ;14) асосноккунии барномаи назорати экологии истеҳсолӣ;15) арзёбии экологию иқтисодии лоиҳа бо назардошти хатарҳои эҳтимолӣ, хусусият ва ҳаҷми ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда;16) мавод дар хусуси баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон, ки дар шакли протоколҳо ба расмият дароварда шуда, хулосаҳо оид ба паҳлуҳои экологии фаъолияти банақшагирифташавандаро дар бар мегирад;17) нишон додани мушкилот оид ба дастрасии иттилоот ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;18) хулосаҳои асосӣ аз натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;19) тавсифи мухтасари иттилооти пешбининамудаи қисми мазкур барои шаҳрвандон;20) дигар иттилоот, ки барои таъмини пуррагӣ ва эътимоднокии ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист зарур аст.4. Таркиб ва мундариҷаи ҳуҷҷатҳо оид ба марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 161. Тартиби тасдиқи ҳуҷҷати арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зистШакли ниҳоии мавод оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби фармоишгар тасдиқ шуда, барои истифодабарӣ ҷиҳати омода намудани ҳуҷҷатҳои асосноккунӣ супорида мешавад ва дар таркиби он ба экспертизаи давлатии экологӣ, ҳангоми зарурат ба экспертизаи ҷамъиятии экологӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 162. Хусусиятҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти объектҳои дорои таъсири фаромарзӣАрзёбии таъсиррасонии фаромарзии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба муҳити зист бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, гузаронида мешавад.
Моддаи 163. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ҳуқуқ доранд:1) дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист иштирок намоянд;2) ба мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба ташкил ва гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятии ҳисобот оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист муроҷиат намоянд;3) дар асоси натиҷаҳои муҳокимаҳои ҷамъиятии ҳисобот оид ба арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ба мақоми ваколатдори давлатӣ таклифу эродҳо пешниҳод намоянд.2. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист уҳдадоранд:1) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя намоянд;2) ба мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли мушкилоти ҳифзи муҳити зист иштирок ва мусоидат намоянд.3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дигар ҳуқуқу уҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, доро мебошанд.
Моддаи 164. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар омодасозӣ ва муҳокимаи маводҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби фармоишгар ҳамчун қисми таркибии раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таъмин карда мешавад.2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои иштироки шаҳрвандон татбиқи лоиҳа дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамоянд.3. Бо мақсади ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии маҳали татбиқи лоиҳа фароҳам овардани имконияти иштирок дар раванди қабули қарор оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ва баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои онҳо машваратҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешаванд.4. Тартиби иштироки иттиҳодияҳои ҷамъиятиро дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 165. Дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот дар раванди баргузории арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист1. Мақоми ваколатдори давлатӣ расмиёти иттилоотонии шаҳрвандонро дар марҳилаи дахлдори арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист оид ба лоиҳаҳои ба гурӯҳҳои «А» ва «В» мансуббуда тартиб медиҳад. Дар як вақт имконияти гузаронидани машваратҳо ва баҳисобгирии фикру мулоҳизаҳои шаҳрвандон пешбинӣ карда мешаванд.2. Расмиёти иттилоотонии шаҳрвандон иборатанд аз:1) нишон додани манбаъҳои дастрас намудани иттилоот ва ҷойҳои баргузории машваратҳо;2) нишон додани шаклҳои иттилоотонии ҷомеа (аз ҷумла, тавассути сомонаҳои интернетӣ, почта, воситаҳои ахбори омма, ташкили муҳокимаҳо, истифодабарии расмҳо, ҷадвалҳо, нақшаҳо, диаграммаҳо ва дигар воситаҳо);3) муайян намудани тарзу услуби машварат бо шаҳрвандон (аз ҷумла, дар шакли муҳокимаи пешниҳодҳои хаттӣ, натиҷаҳои пурсиши аҳолӣ);4) муқаррар кардани муҳлатҳо барои марҳилаҳои дахлдори арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист.5) иштирок намудан дар таҳия ва муҳокимаи маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист.3. Тамоми иттилоот, аз ҷумла, ҳисобот, хулосаи экспертҳо, асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳо, тағйирот дар лоиҳаҳо, натиҷаи таҳқиқот, ки ба объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дахл доранд, дар сомонаи интернетии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда мешаванд.4. Пас аз қабули қарор дар бораи додани иҷозат ё рад кардани татбиқи лоиҳа, мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти зеринро барои ҷомеа дастрас менамояд:1) моҳияти қарор;2) далелу мулоҳизаҳои асосӣ, ки барои қабули қарори мазкур асос мегарданд;3) тавсифи чорабиниҳои асосӣ оид ба пешгирӣ, коҳиш додан ва дар ҳолати имконпазир будан, бартараф кардани таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳангоми татбиқи лоиҳа.5. Дастрасӣ бо иттилооти маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист бо назардошти талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сирри давлатӣ, сирри тиҷорат ва ҳифзи моликияти зеҳнӣ амалӣ карда мешавад.6. Таъмини иштироки аҳолӣ, аз ҷумла, иттилоотонии аҳолӣ дар бораи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ҷалби онҳо дар раванди арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҷониби фармоишгар дар тамоми марҳилаҳои ин раванд, сар карда аз таҳияи шартҳои техникӣ барои гузаронидани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист, амалӣ карда мешавад.
§3. Арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ Моддаи 166. Асосҳо барои гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ1. Арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ гузаронида мешавад, агар:1) фаъолияти банақшагирифташуда ё татбиқи ҳуҷҷат, ки иҷрои он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, метавонад ба муҳити зист дар қаламрави давлати дигар таъсири назарраси манфии фаромарзӣ расонад;2) амалисозии фаъолияти банақшагирифташуда ё татбиқи ҳуҷҷат берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба муҳити зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назарраси манфии фаромарзӣ расонад.2. Арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ ба шарте сурат мегирад, ки агар ин дар шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон ва мутобиқи муқаррароти чунин шартномаҳо ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад.3. Асосҳои дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи мазкур зикргардида аз ҷониби инҳо муайян карда мешаванд:1) ташаббускори фаъолияти банақшагирифташуда, ки иҷрои он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст, ҳангоми таҳияи ариза оид ба фаъолияти банақшагирифташуда ё дар оянда ҳангоми арзёбии таъсири чунин фаъолият ба муҳити зист;2) мақомоти давлатӣ-таҳиягари ҳуҷҷати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ;3) аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар баробари иҷрои вазифаҳои худ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонии экологӣ ва арзёбии стратегии экологӣ.4. Мақомоти давлатӣ-таҳиягар ба ҷамъоварии иттилооти зарурӣ барои арзёбии эҳтимолӣ, хусусият ва миқёси таъсироти имконпазири фаромарзии экологӣ ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат, пеш аз пешниҳоди ариза барои гузаронидани санҷиши таъсиррасонии ҳуҷҷат ё агар ҳуҷҷат санҷишро талаб нанамояд, дар марҳилаи муайян кардани доираи ҳисобот оид ба арзёбии стратегии экологӣ оғоз менамояд.5. Ташаббускор ба ҷамъоварии маълумот дар бораи таъсири эҳтимолии манфии фаромарзии фаъолияти банақшагирифташуда ба муҳити зист пеш аз пешниҳоди ариза барои қабули қарор дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ оғоз мекунад.6. Ҳангоми дастрас шудани маълумоти иловагӣ асосҳои дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи мазкур зикргардида метавонанд ҳангоми гузаронидани арзёбии минбаъдаи стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ муайян карда шаванд.7. Мақоми ваколатдори давлатӣ мавҷуд будани асосҳои дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи мазкур зикршударо дар лаҳзаи санҷиши таъсирҳо ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат ё фаъолияти банақшагирифташуда, инчунин дар раванди арзёбии стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ тафтиш менамояд.
Моддаи 167. Оғози арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ дар ҳолатҳое, ки тарафи пайдоиши онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад1. Ҳангоми муайян намудани асосҳои дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 166 Кодекси мазкур зикргардида мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар бораи оғоз намудани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ фармоиш мебарорад.2. Фармоиш дар бораи оғози арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ инҳоро дар бар мегирад:1) қарор дар бораи оғози арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ ва боздоштани ҳамаи расмиёти маъмурии қаблан оғозшуда вобаста ба арзёбии стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ;2) барои арзёбии стратегии экологӣ номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти аз мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда талабшаванда, аз ҷумла:а) ариза барои гузаронидани санҷиши таъсири ҳуҷҷат;б) аризае, ки доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологиро муайян мекунад;в) хулоса дар бораи натиҷаҳои санҷиши таъсири ҳуҷҷат;г) хулоса дар бораи муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ;д) лоиҳаи консепсияи ҳуҷҷат, агар таҳияи он дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шуда бошад;е) маълумот дар бораи самтҳои асосӣ ва муҳлатҳои татбиқи ҳуҷҷате, ки таҳияи пешакии консепсия дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудааст;ё) лоиҳаи ҳуҷҷат, ки дорои маълумот дар бораи таъсири эҳтимолии фаромарзии экологӣ ҳангоми татбиқи он мебошад;ж) ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, ки дорои маълумот дар бораи таъсири эҳтимолии фаромарзии экологӣ ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат мебошад;3) барои арзёбии таъсиррасонии экологӣ номгӯйи ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоте, ки аз ташаббускори фаъолияти банақшагирифташуда талаб карда мешавад, аз ҷумла:а) аризаи ташаббускор дар бораи қабули қарор аз рӯйи натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ;б) хулоса дар бораи натиҷаҳои санҷиши таъсиррасонии фаъолияти банақшагирифташуда;в) хулоса дар бораи муайян намудани доираи арзёбии таъсиррасонии экологӣ;г) иқтибос аз ҳисобот дар бораи таъсири эҳтимолӣ, ки дорои маълумот дар бораи таъсири эҳтимолии фаромарзии экологӣ ҳангоми иҷрои фаъолияти банақшагирифташуда мебошад;4) талабот нисбат ба ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дар бандҳои 2) ва 3) қисми мазкур зикргардида, ки дар қисми 3 моддаи мазкур зикр шудаанд.3. Ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти дар бандҳои 2) ва 3) қисми 2 моддаи мазкур зикргардида бояд дар шакли электронӣ ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод карда шаванд.4. Мақоми ваколатдори давлатӣ на дертар аз рӯзи кории баъди рӯзи қабули фармоиш нусхаи онро ба мақомоти давлатӣ-таҳиягар ё ташаббускор дастрас менамояд.5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати се рӯзи кории пас аз рӯзи гирифтан аз мақомоти давлатӣ-таҳиягар ё ташаббускори ҳуҷҷатҳои ҷавобгӯйи талаботи дар фармоиш зикргардида, ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои хориҷӣ барои интиқоли минбаъда ба тарафҳои таъсиррасон ҳуҷҷатҳои зеринро мефиристад:1) мактубе, ки дар бар мегирад:а) маълумот дар бораи ҳуҷҷат ё фаъолияти банақшагирифташуда, аз ҷумла, тамоми маълумоти мавҷуда дар бораи таъсири эҳтимолии фаромарзии ҳуҷҷат ё фаъолияти банақшагирифташаванда ба муҳити зист;б) маълумот дар бораи тартиб ва оқибатҳои ҳуқуқии тасдиқи ҳуҷҷат ё қабули қарор аз рӯйи натиҷаҳои арзёбӣ;в) маълумот дар бораи тартиби гузаронидани арзёбии стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ, аз ҷумла, муҳлатҳои пешниҳоди эродҳо ва пешниҳодҳо аз ҷониби мақомоти манфиатдори давлатӣ ва ҷамъият;г) огоҳ намудани муҳлати пешниҳоди ҷавоб ба тарафҳои таъсиррасон дар бораи нияти иштирок дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ, ки набояд аз понздаҳ рӯзи тақвимӣ зиёд бошад;2) ҳуҷҷатҳо ва (ё) маълумоти аз ҷониби мақомоти давлатӣ-таҳиягар ё ташаббускор тибқи талаботи фармоиш пешниҳодшуда;3) маводи иловагӣ, агар онҳо мавҷуд бошанд ва метавонанд ба қарори тарафи таъсиррасон оид ба иштирок дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ таъсир расонанд.6. Агар тарафҳои таъсиррасон аз иштирок дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ саркашӣ кунанд ё дар муҳлати дар огоҳинома зикргардида посух надиҳанд, мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми рӯзи кории минбаъда дар бораи қатъ намудани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ қарор мебарорад, расмиёти маъмурии пештар оғозгардидаро вобаста ба арзёбии стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ аз нав барқарор намуда, дар ин хусус ба мақомоти дахлдори давлатӣ-таҳиякунанда ё ташаббускори фаъолияти банақшагирифташуда хабар медиҳад.7. Дар ҳолате, ки агар ҳадди ақал яке аз тарафҳои таъсиррасон, ки ҳуҷҷатҳои мутобиқи қисми 5 моддаи мазкур ба ӯ ирсолшударо гирифтааст, дар бораи нияти иштирок дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ дар муҳлати дар огоҳинома зикргардида хабар дода бошад, мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ бо мақсади мубодилаи иттилоот ва муқаррар намудани тартиб, муҳлат, маҳалли гузаронидани машваратҳои минбаъда, забони ҳуҷҷатҳое, ки ба тарафи таъсиррасон пешниҳод карда мешаванд, машваратҳои аввалия бо чунин тараф ва (ё) иттилоот ва дигар шартҳои гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологиро ташкил менамояд.8. Давраи умумии машваратҳо бо тарафҳои таъсиррасон барои арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ набояд аз шаш моҳ зиёд бошад. Моддаи 168. Тартиби гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи тартиб ва шартҳои дар раванди машваратҳои аввалия мувофиқашуда бо тарафҳои таъсиррасон машваратҳо ташкил менамояд.2. Ҳангоми гузаронидани машваратҳо тарафҳо метавонанд дар бораи тартиб ва шартҳои иштироки тарафҳои таъсиррасон дар арзёбии стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ дар баробари Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа кунанд.3. Мақоми ваколатдори давлатӣ баъди ба анҷом расонидани таҳияи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ ва арзёбии сифати он ё ба анҷом расонидани ҳисоботи таъсири эҳтимолӣ порчаҳои ҳуҷҷат, ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, дигар ҳуҷҷатҳо ва (ё) иттилооти марбут ба арзёбии стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологиро муайян мекунад, ки бояд ба забони дар рафти машваратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафҳои таъсиррасон муайяншуда тарҷума карда шаванд ва мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ё ташаббускорро аз фаъолияти банақшагирифташуда огоҳ созад.4. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ё ташаббускори фаъолияти банақшагирифташуда дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ пас аз гирифтани огоҳиномаи дар қисми 3 моддаи мазкур зикргардида порчаҳои ҳуҷҷат, ҳисобот дар бораи арзёбии стратегии экологӣ ё ҳисоботи арзёбии таъсири эҳтимолӣ ба дигар ҳуҷҷатҳо ва (ё) иттилооти марбут ба арзёбии стратегии экологӣ ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ бо тарҷумаи нотариалии онҳо ба забони дар огоҳинома нишондодашударо ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз гирифтани маълумот ва дигар ҳуҷҷатҳои ба талаботи банди 1) қисми мазкур ҷавобгӯ, онҳоро барои баррасии минбаъда ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои хориҷӣ ҷиҳати интиқол ба тарафҳои таъсиррасон, ки дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ иштирок мекунанд, мефиристад.5. Дар асоси ҳуҷҷат, ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, ҳисобот дар бораи таъсири эҳтимолӣ, инчунин дигар маълумот ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба таъсири эҳтимолии фаромарзии ҳуҷҷат ё фаъолияти банақшагирифташуда ба муҳити зист мақоми ваколатдор бо тарафҳои таъсиррасон машваратҳо ташкил мекунад, аз ҷумла, муҳокимаҳои:а) муқаррароти дигари имконпазири ҳуҷҷат ё имкониятҳои татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда;б) тадбирҳои имконпазир оид ба коҳиш додани таъсиррасонии фаромарзӣ ва мониторинги оқибатҳои чунин тадбирҳо аз ҳисоби ҷониби истеҳсолкунанда;в) шаклҳои дигари кумаки мутақобилаи тарафҳо дар коҳиш додани ҳама гуна таъсиррасонии фаромарзии экологӣ ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат ё фаъолияти банақшагирифташуда.6. Ҳангоми машваратҳо бо тарафҳои таъсиррасон ҷамъоварии эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор ва тарафҳои таъсиррасон метавонад бо тартиб ва муҳлате, ки ҳангоми машваратҳо мувофиқа карда мешавад, инчунин иштироки мақомоти манфиатдор ва тарафҳои дар муҳокимаҳои ҷамъиятии лоиҳаи ҳуҷҷат, ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ ва ҳисобот дар бораи таъсири эҳтимолӣ мутобиқи Кодекси мазкур ва қоидаҳои гузаронидани муҳокимаҳои ҷамъиятӣ ташкил карда мешавад.7. Мақоми ваколатдори давлатӣ баррасӣ ва баҳисоб гирифтани эродҳо ва пешниҳодҳоеро, ки ҳангоми машварат бо тарафҳои таъсиррасон ворид гардидаанд, инчунин онҳоеро, ки мақомоти манфиатдор ва тарафҳои таъсиррасон пешниҳод кардаанд, ҳангоми иҷрои вазифаҳои худ дар раванди муҳокимаи арзёбии стратегии экологӣ ва ё арзёбии таъсиррасонии экологӣ таъмин менамояд.8. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ва ташаббускор ҳангоми таҳияи лоиҳаи ҳуҷҷат ва ҳисобот оид ба арзёбии стратегии экологӣ ё ҳисобот дар бораи таъсири эҳтимолӣ вазифадор аст, ки натиҷаҳои машваратҳо бо тарафҳои таъсиррасон, эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор ва ҷамъиятии тарафҳои таъсиррасонро баррасӣ намояд.9. Мақомоти давлатие, ки барои тасдиқи ҳуҷҷат ваколатдор аст, ҳангоми тасдиқи ҳуҷҷат натиҷаҳои машваратҳо бо тарафҳои таъсиррасон, эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор ва шахсони манфиатдори тарафҳои таъсиррасонро ба назар гирад.10. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ва ташаббускор вазифадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зерин ва (ё) маълумотро бо тарҷумаи тасдиқшудаи нотариалӣ ба забоне, ки дар рафти машваратҳо бо шахсони зарардида муайян шудааст, пешниҳод намоянд:а) порчаҳои ҳисоботи экологӣ дар нусхаи ниҳоӣ ва ҳуҷҷати тасдиқшуда;б) порчаҳои қарор аз натиҷаҳои арзёбӣ;в) шаҳодатнома, ки чӣ тавр ҳангоми таҳияи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, тасдиқи ҳуҷҷат ё қабули қарор аз рӯйи натиҷаҳои арзёбӣ, натиҷаҳои машваратҳо бо тарафҳои таъсиррасон, эродҳо ва пешниҳодҳои мақомоти манфиатдор ва ҷомеаи тарафҳои таъсиррасон ба назар гирифта шудааст, инчунин бо нишон додани сабабҳое, ки дар кадом маврид муқаррароти ҳуҷҷати тасдиқшуда ё қарор аз рӯйи натиҷаҳои арзёбӣ аз байни имкониятҳои мавҷудаи алтернативӣ интихоб карда шудаанд;г) нусхаи иҷозат ё расиди огоҳиномае, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар асоси қарор дар бораи натиҷаҳои арзёбӣ дода ё қабул шудааст (агар татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда, ки бояд аз арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист гузаронида мешавад, гирифтани иҷозат ё ирсоли огоҳинома ба мақомоти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳиро талаб кунад).11. Порчаҳои ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои дуюм ва сеюми банди якуми қисми мазкур пешбинишударо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян мекунад.10. Мақомоти давлатӣ-таҳиягар ва ташаббускор вазифадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот оид ба таҳлили пас аз лоиҳа (агар зарурати гузаронидани он бо қарори натиҷаҳои арзёбӣ ё созишномаи байни тарафҳои таъсиррасон муқаррар карда шуда бошад) ё ҳисобот дар бораи мониторинги таъсири назаррас ба муҳити зист ҳангоми татбиқи ҳуҷҷат бо тарҷумаи тасдиқи нотариалӣ ба забоне, ки дар машварат бо тарафҳои таъсиррасон муайян карда мешавад, пешниҳод намоянд.11. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар давоми панҷ рӯзи корӣ пас аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дар қисмҳои 7 ва 8 моддаи мазкур зикргардида онҳоро ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои хориҷӣ барои ирсоли минбаъда ба тарафҳои таъсиррасон, ки дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ иштирок мекунанд, мефиристад.12. Агар мақомоти давлатӣ-таҳиягар, ташаббускор ё мақомоти манфиатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти иловагиеро, ки ба натиҷаҳои арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ таъсир мерасонад, дастрас намояд ё аз тарафи таъсиррасон дар бораи пайдо шудани чунин маълумот хабар гирад, мақоми ваколатдори давлатӣ бо тарафҳои таъсиррасон машварат мегузаронад, ки дар рафти он тарафҳо дар бораи ворид намудани тағйироти дахлдор ба ҳуҷҷати тасдиқшуда, қарор дар асоси натиҷаҳои арзёбӣ ё андешидани чораҳо оид ба рафъ ё кам кардани таъсири манфии фаромарзиро баррасӣ мекунанд.
Моддаи 169. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда, ташаббускор ва мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ1. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ва ташаббускор ҳуқуқ доранд дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ, аз ҷумла, машваратҳо бо тарафҳои таъсиррасон иштирок намоянд.2. Мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ва ташаббускор ҷавобгаранд, барои:1) муайян намудани таъсироти эҳтимолии назарраси манфии фаромарзӣ ба муҳити зист ҳангоми иҷрои фаъолият ё ҳуҷҷати банақшагирифташуда;2) инъикоси маълумоти пурра ва асоснок дар бораи таъсири эҳтимолии назарраси манфии фаромарзӣ ба муҳити зист дар ҳуҷҷатҳое, ки барои баррасии таъсири ҳуҷҷат пешниҳод карда мешаванд, муайян намудани доираи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, таҳқиқи таъсири фаъолияти банақшагирифташуда, муайян кардани доираи арзёбии таъсиррасонии экологӣ;3) арзёбии дурусти таъсироти эҳтимолии назарраси манфии фаромарзӣ дар ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ ё ҳисобот дар бораи таъсири эҳтимолӣ;4) ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои барои додани тарафҳои таъсиррасон пешбинишуда, ки ба талаботи Кодекси мазкур ҷавобгӯ мебошанд;5) таъмини хизматрасонии тарҷумонии сифати мувофиқ дар сурати баргузории муҳокимаҳои ҷамъиятӣ бо иштироки намояндагони ҷомеаи тарафҳои таъсиррасон;6) мусоидат ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ;7) бо назардошти натиҷаҳои машваратҳо бо тарафҳои таъсиррасон, инчунин ҳамаи эродҳо ва пешниҳодҳои аз ҷониби мақомоти манфиатдор ва ҷомеаи тарафҳои таъсиррасон, аз ҷумла, ҳангоми таҳияи ҳисоботи арзёбии стратегии экологӣ, ҳуҷҷат ва ҳисобот оид ба таъсири имконпазир пешниҳодшуда;8) ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои минбаъд ба тарафҳои таъсиррасон додани нусхаи иҷозат ё расид дар бораи қабули огоҳиномаи аз ҷониби мақомоти давлатӣ дар асоси қарори натиҷаи арзёбӣ бо замимаи тарҷумаи тасдиқшудаи нотариалӣ ба забоне, ки дар рафти машваратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарафҳои таъсиррасон муайян карда шудааст (агар татбиқи фаъолияти банақшагирифташуда, ки бояд аз арзёбии таъсиррасонии экологӣ гузаронида мешавад, гирифтани иҷозат ё ирсоли огоҳинома ба мақомоти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳиро талаб кунад).3. Ташаббускор таваккали хароҷоти вобаста ба гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологиро ба зимма мегирад, агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ин хароҷот аз ҳисоби буҷет ҷуброн карда нашавад ё дар натиҷаи машваратҳо бо тараф дар бораи пайдоиши таъсири фаромарзӣ муқаррар нашуда бошад, ки чунин хароҷот аз ҷониби ин тарафи баромадкунанда ҷуброн карда мешавад.4. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст:1) тамоми маводҳои марбут ба арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологиро дар сомонаи расмии интернетӣ ҷой дода, дастрасии оммавии онҳоро таъмин намояд;2) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои хориҷӣ ҳуҷҷатҳои барои интиқоли минбаъда ба тарафҳои таъсиррасон пешбинишударо дар давоми се рӯзи корӣ пас аз рӯзи гирифтани онҳо аз мақомоти давлатӣ-таҳиякунанда ё ташаббускор фиристад, агар дар Кодекси мазкур муҳлати дигар пешбинӣ нагардида бошад ва ё дар рафти машваратҳо бо тарафи таъсиррасон, ки дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзӣ иштирок доранд, мувофиқа нашуда бошад.
Моддаи 170. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати тарафи таъсиррасон дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ1. Агар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давлати хориҷӣ дар бораи банақшагирии фаъолият ё таҳияи ҳуҷҷате, ки татбиқи он метавонад ба муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назарраси манфии фаромарзӣ расонад, огоҳинома гирад, мақоми ваколатдори давлатӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ ҳамчун ҷониби таъсиррасон ташкил менамояд.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми ду рӯзи кории баъди рӯзи гирифтани огоҳиномаи дар қисми 1 моддаи мазкур зикргардида дар сомонаи интернети расмии худ онро интишор менамояд, инчунин даъватномаро ба аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баён намудани андешаҳои худ оид ба зарурати гузаронидани арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ ва оид ба масъалаҳои марбут ба чорабиниҳои банақшагирифташуда ва ҳуҷҷати таҳияшаванда таклифу эродҳо пешниҳод намоянд.3. Агар асосҳое вуҷуд дошта бошанд, ки амалӣ намудани фаъолият ё татбиқи ҳуҷҷате, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, метавонад ба муҳити зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири назарраси манфии фаромарзӣ расонад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ дорад ба давлати пайдоиши чунин таъсири фаромарзӣ дархости арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ фиристад.4. Пас аз оғози арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ мақоми ваколатдори давлатӣ:1) ба мақомоти манфиатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳудудҳои таҳти таъсир пешбинишуда дар бораи арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ маълумот медиҳад;2) мувофиқи Кодекси мазкур гузаронидани муҳокимаи оммавиро таъмин менамояд;3) дар доираи арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ бо давлати пайдоиши чунин таъсиррасонии фаромарзӣ машваратҳо мегузаронад.5. Хароҷоти огоҳонидани аҳолӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои таҳти таъсир пешбинишуда оид ба арзёбии таъсиррасонии фаромарзии экологӣ аз ҳисоби буҷет ҷуброн карда мешавад, агар дар натиҷаи машваратҳо бо тарафи пайдоиши таъсиррасонии фаромарзӣ муқаррар карда нашавад, ки чунин хароҷот аз ҷониби тарафҳои баромадкунанда ҷуброн карда мешавад.
БОБИ 15. АУДИТИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 171. Мақсад ва вазифаҳои аудити экологӣ1. Мақсадҳои аудити экологӣ аз инҳо иборат аст:1) мусоидат ба субъекти аудити экологӣ дар муайян намудани сиёсати экологии худ;2) ташаккули афзалиятҳо барои риояи талаботи экологии муқарраргардида;3) ташкили механизми истифодаи оқилона ва самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор;4) арзёбии холисонаи ҳолати экологӣ дар фаъолияти субъекти аудити экологӣ ва додани хулосаи асоснок.2. Вазифаҳои аудити экологӣ аз инҳо иборат аст:1) ҷамъоварии маълумоти боэътимод дар бораи ҷанбаҳои экологии фаъолияти субъекти аудити экологӣ;2) муайян намудани мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари субъекти аудити экологӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрию техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;3) арзёбии таъсиррасонии фаъолияти субъекти аудити экологӣ ба ҳолати муҳити зист;4) муайян намудани афзалиятҳо ҳангоми банақшагирии фаъолияти субъекти аудити экологӣ оид ба ҳифзи муҳити зист, ошкор ва тавсия намудани имкониятҳои иловагии амалисозии онҳо;5) баланд бардоштани самаранокии танзими таъсиррасонии фаъолияти субъекти аудити экологӣ ба муҳити зист;6) паст намудани хавфи сар задани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва антропогенӣ;7) арзёбии самаранокии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ки аз тарафи субъекти аудити экологӣ амалӣ карда мешаванд;8) тартиб додани хулосаи аудити экологӣ, таҳияи тавсияҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин беҳтар намудани низоми идоракунии ҳифзи муҳити зист, ки субъекти аудити экологӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 172. Субъект ва объекти аудити экологӣ1. Субъекти аудити экологӣ шахси ҳуқуқӣ (новобаста аз шакли ташкилӣ-ҳуқуқӣ ва моликият) ва соҳибкори инфиродие, ки барои гузаштан аз аудити экологӣ фармоиш медиҳад (фармоишгар) ё мавриди аудити экологӣ қарор мегирад (субъекти санҷишшаванда), ба ҳисоб мераванд.2. Аудити экологиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ, ки резидентони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, анҷом дода метавонанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур.3. Объекти аудити экологӣ аз инҳо иборат аст:1) ҳисоботи фаъолияти субъекти аудити экологӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;2) ҳуҷҷатҳои техникӣ ва технологӣ;3) ҳуҷҷатҳои меъёрии идоравӣ;4) ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифода захираҳои табиӣ;5) лоиҳаҳои сохтмон, азнавсозӣ, васеъкунӣ, азнавтаҷҳизонӣ ва барҳамдиҳии объектҳои фаъолият;6) лоиҳаҳои азхудкунии замин, ҷангалсозӣ, истифодаи захираҳои табиӣ ва дигар лоиҳаҳои ба муҳити зист ва захираҳои табиӣ таъсири имконпазирдошта;7) фаъолияти хоҷагидории субъекти аудити экологӣ, ки ба муҳити зист ва низоми идоракунии он таъсир мерасонад.
Моддаи 173. Иҷозатномадиҳӣ барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ1. Ҳуҷҷати махсусе, ки ҳуқуқи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолияти аудитории экологӣ машғул шудани дорандаи онро тасдиқ менамояд, иҷозатнома оид ба фаъолияти аудитории экологӣ мебошад.2. Иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
Моддаи 174. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ1. Аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:1) мустақилона муайян намудани шакл ва усулҳои тартиби гузаронидани аудити экологӣ бо дарназардошти шартҳои мушаххаси шартнома;2) аз субъекти аудити экологӣ гирифтан ва таҳлил намудани маълумоти зарурӣ барои амалӣ намудани аудити экологӣ, ҳамчунин аз мақомоти давлатӣ, ки аудити экологиро таъин кардааст;3) ҳангоми зарурат аз субъекти аудити экологӣ гирифтани тавзеҳоти хаттӣ оид ба масъалаҳое, ки дар раванди гузаронидани аудити экологӣ пайдо гардидаанд;4) даст кашидан аз гузаронидани аудити экологӣ дар ҳолати аз ҷониби субъекти аудити экологӣ пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва таъмин нагардидани амнияти шахсии аудитори экологӣ.2. Аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ уҳдадоранд:1) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳангоми гузаронидани аудити экологӣ риоя намоянд;2) аудити экологиро бо салоҳият гузаронанд;3) ҳуҷҷатҳои дар раванди аудити экологӣ гирифта ва тартиб додаашонро маҳфуз нигоҳ доранд, маълумоти дар раванди аудити экологӣ дастраснамударо ба шахсони сеюм надиҳанд, мазмуни онҳоро бе розигии роҳбари субъекти аудити экологӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ва шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ ба шахси сеюм ошкор накунанд;4) аз субъекти аудити экологӣ оид ба талаботи қонунгузорӣ вобаста ба гузаронидани аудити экологӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои тарафҳо ва баъди шиносоӣ бо хулосаи аудити экологӣ оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ба онҳо хулосаҳои аудитори экологӣ асос ёфтаанд, маълумот пешниҳод намоянд;5) субъекти аудити экологиро аз номувофиқатии фаъолият ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологӣ огоҳ намоянд;6) махфияти натиҷаи аудити экологӣ, инчунин маълумотеро, ки ҳангоми гузаронидани он дастрас намудаанд ва махфияташ зери ҳимояи қонун аст, риоя намоянд;7) эътимоднокӣ ва асоснокии хулосаи аудити экологиро таъмин намоянд;8) аз натиҷаи аудити экологӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист, агар чунин қонунвайронкунӣ эҳтимолан боиси хатари амнияти экологӣ шуда тавонад, хабар диҳанд;9) дар муҳлати муқаррарнамудаи шартнома оид ба гузаронидани аудити экологӣ хулосаи аудити экологиро омода намуда, ба субъекти аудити экологӣ пешниҳод намоянд;10) дигар уҳдадориҳоро, ки дар шартнома оид ба гузаронидани аудити экологӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, иҷро намоянд.
Моддаи 175. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъекти аудити экологӣ1. Субъекти аудити экологӣ ҳуқуқ дорад:1) аз аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба гузаронидани аудити экологӣ ва баъд аз шиносоӣ бо хулосаи аудити экологӣ оид ба санадҳои меъёрӣ, ки дар асоси онҳо хулосаи аудити экологӣ тартиб дода шудаанд, маълумот гирад;2) нисбат ба қарори ғайриқонунии ташкилоти аудитори экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд;3) аз хизматрасонии аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ дар мавриди риоя накардани шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ даст кашад.2. Субъекти аудити экологӣ уҳдадор аст:1) ба аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ барои сари вақт ва босифат гузаронидани аудити экологӣ тибқи шартҳои шартнома шароит муҳайё намояд;2) талаботи аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологиро, ки аз шартҳои шартнома барои гузаронидани аудити экологӣ бармеоянд, иҷро намояд;3) ба гузаронидани аудити экологӣ бо мақсади маҳдуд намудани доираи масъалаҳои мавриди аудит фарогирифташуда, агар дар шартнома оид ба гузаронидани аудити экологӣ тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад, дахолат нанамояд;4) монеаҳои имконпазирро барои аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ ҳангоми гузаронидани аудити экологӣ бартараф намояд;5) сари вақт пардохти пурраи хизматрасониҳои гузаронидани аудити экологиро мутобиқи шартнома анҷом диҳад;6) камбудиҳои дар асоси талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ дар раванди гузаронидани аудити экологӣ аз ҷониби аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ ошкоршударо бартараф намояд;7) субъектони аудити экологӣ, ки дараҷаи таваккалнокии баланд ва миёнаи таъсиррасонӣ ба муҳити зист доранд, бояд ҳар сол як маротиба аз аудити экологӣ гузаранд;8) ба аудиторони экологӣ ҷиҳати азназаргузаронии таҷҳизоти технологӣ оид ба муайян намудани самаранокии кори он, омӯхтани маҳалли ҷойгиронӣ бо мақсади безараргардонӣ ва нигоҳдории партовҳо, манбаъҳои ифлосшавии ҳаво, об, замин ва нигоҳдории захираҳои биологӣ, инчунин ҷамъоварии намунаҳои зарурӣ барои гузаронидани санҷишҳои лабораторӣ шароит фароҳам оварад;9) дигар уҳдадориҳои дар шартнома оид ба гузаронидани аудити экологӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро иҷро намояд.
§1. Намуд ва тартиби гузаронидани аудити экологӣ
Моддаи 176. Намудҳои аудити экологӣ1. Аудити экологӣ дар асоси шартнома бо субъекти аудити экологӣ аз ҷониби аудитори инфиродии экологӣ ва ё ташкилоти аудитории экологӣ дар намуди аудити экологии ихтиёрӣ ё ҳатмӣ дар сурати доштани иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.2. Аудити экологии ихтиёрӣ дар асоси шартномаи субъекти аудити экологӣ бо аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ анҷом дода мешавад.3. Аудити экологии ҳатмӣ яке аз вазифаҳои идоракунии танзими давлатии истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб рафта, бо дархости субъекти аудити экологӣ аз ҷониби аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ гузаронида мешавад.4. Дар ҳолатҳои зарурӣ нисбати дилхоҳ субъекти аудити экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ аудити экологӣ таъин карда мешавад, ки хусусияти ҳатмиро дорад.
Моддаи 177. Талабот ба тартиб ва шартҳои гузаронидани аудити экологӣ1. Аудити экологӣ аз тарафи аудитори инфиродии экологӣ ва ё ташкилоти аудитории экологӣ дар асоси шартнома бо субъекти аудити экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешаванд.2. Дар шартномаи гузаронидани аудити экологӣ бояд шартҳои ҳатмии зерин пешбинӣ гарданд: мавзуи шартнома, муҳлат, ҳаҷми муайяни хизматрасонӣ, андоза ва шартҳои пардохти маблағ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти тарафҳо. Бо розигии тарафҳо дар шартнома метавонад дигар шартҳо пешбинӣ карда шаванд.3. Аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ ҳуқуқ доранд барои гузаронидани аудити экологӣ дар асоси шартнома дигар аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологии дорои иҷозатнома ва аз аттестатсия гузаштаро ҷалб намоянд. Дар ин сурат, масъулият оид ба талаботи дар Кодекси мазкур пешбинишуда, ба зиммаи аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ гузошта мешавад, ки бо субъекти аудити экологӣ шартнома бастаанд.
Моддаи 178. Хулосаи аудити экологӣ1. Аз натиҷаҳои аудити экологии гузаронидашуда хулосаи аудити экологӣ тартиб дода мешавад.2. Хулосаи аудити экологӣ ҳуҷҷатест, ки дар он натиҷаи таҳлил ва арзёбии фаъолияти субъекти аудити экологӣ ва маълумотҳои дигаре, ки тибқи шартҳои шартномаи тарафҳо ва дар раванди аудити экологӣ ба даст оварда шудаанд, нишон дода мешавад.3. Шакли хулосаи аудити экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити экологӣ муқаррар карда мешавад.4. Хулосаи аудити экологиро роҳбари ташкилоти аудитории экологӣ ба имзо мерасонад ва бо муҳри ташкилот тасдиқ менамояд. Дар ҳолати гузаронидани аудит аз ҷониби аудитори инфиродии экологӣ, хулосаи аудити экологӣ бо имзои худи ӯ тасдиқ карда мешавад.5. Тағйиру иловаҳое, ки дар раванди омода намудани хулоса ба амал меоянд, аз ҷониби аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ бо субъекти аудити экологӣ мувофиқа карда мешавад.6. Хулосаи аудити экологӣ дар муҳлати муқарраршуда ва риояи шартҳои шартнома аз ҷониби аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ омода карда мешавад.7. Дар ҳолати сари вақт ва бо сабабҳои гуногун омода нагардидани хулосаи мазкур, аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ ба таври хаттӣ субъекти аудити экологиро барои тамдид намудани муҳлати иҷрои хулосаи мазкур огоҳ менамояд.8. Субъекти аудити экологӣ вазифадор аст, ки дар давоми 10 шабонарӯз пас аз гирифтани хулосаи аудити экологӣ нусхаи онро, ки бо муҳр ва имзои роҳбари субъекти аудити экологӣ тасдиқ карда мешавад, ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои маълумот пешниҳод намояд.
Моддаи 179. Мақсадҳои аудити экологии ҳатмӣАудити экологии ҳатмӣ бо чунин мақсадҳо гузаронида мешавад:1) арзёбии ҳолати муҳити зист дар сарҳади минтақаи муҳофизатию санитарии объектҳои субъекти аудити экологӣ, ки дар раванди фаъолияти онҳо ба захираҳои табиӣ ва муҳити зист таъсир расонида мешавад;2) арзёбии мутобиқати фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари субъекти аудити экологӣ, ҳамчунин иншоот, истеҳсолот, сехҳо ва дигар объектҳо, ки истифодаи онҳо метавонад ба ҳолати муҳити зист таъсир расонад;3) арзёбии ҳуҷҷатҳо (лоиҳавӣ, техникӣ, технологӣ, истеҳсолӣ ва ғайраҳо) ҷиҳати мувофиқат ба қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист;4) арзёбии мутобиқати лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;5) арзёбии эҳтимолияти ба вуҷуд омадани офатҳои хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта;6) арзёбии зарари ба муҳити зист расонидашуда.
Моддаи 180. Шаклҳои гузаронидани аудити экологии ҳатмӣАудити экологии ҳатмӣ дар шаклҳои зерин гузаронида мешавад:1) аудити экологии пурра, яъне дар шакли санҷиши маҷмуии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти субъекти аудити экологӣ, ки бо истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист алоқаманданд;2) аудити экологии махсусгардонидашуда, яъне дар шакли санҷиши таъсиррасонӣ ба ҷузъҳои алоҳидаи муҳити зист аз ҳамаи самтҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолияти субъекти аудити экологӣ, ки бо истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист алоқаманданд.
Моддаи 181. Тартиби таъини аудити экологии ҳатмӣ1. Аудити экологии ҳатмӣ бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил ва гузаронида мешавад ва аз рӯйи хусусият аудити экологии давлатӣ ба ҳисоб меравад.2. Аудити экологии ҳатмӣ нисбати субъекти аудити экологие, ки фаъолияташон аз ҷиҳати экологӣ хатарнок аст, дар ҳолатҳои зерин таъин карда мешавад:1) суғуртакунии экологӣ бо мақсади муайян намудани андозаи пардохти суғуртавӣ ва (ё) зарар;2) арзёбии фаъолият оид ба бартарафсозии оқибатҳои экологии садама ва ҳолатҳои фавқулодда;3) иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;4) дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.3. Ҳангоми гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ масъалаҳои зерин арзёбӣ карда мешаванд:1) технологияи истеҳсолӣ;2) дараҷаи таваккалнокии баланд;3) оқибатҳои эҳтимолии таъсиррасонӣ ба аҳолӣ;4) чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва тағйирдиҳии технология;5) ташаккули стратегия ва чорабиниҳо оид ба паст намудани таъсиррасонии техногенӣ ба муҳити зист;6) ҳаҷми хароҷот ва фоида аз рӯйи ҳар як нақшаи камкунии олудашавии муҳити зист;7) интихоби стратегияи муносиби корхона (манфиатбахш аз нигоҳи ҳифзи саломатӣ, паст кардани таъсиррасонии манфӣ ба муҳити зист, ҳамчунин бо дарназардошти зарурияти арзёбии хароҷот ва фоида).
Моддаи 182. Хулосаи аудити экологии ҳатмӣ1. Аз рӯйи натиҷаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ хулосаи аудити экологии ҳатмӣ тартиб дода мешавад. Хулосаи аудити экологии ҳатмӣ дурустии нақшаҳои арзёбии зеринро дар бар мегирад:1) фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;2) ҳисоботи муҳосибӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;3) камбудиҳо дар пешбурди ҳисобот оид ба фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист.2. Дар хулосаи аудити экологии ҳатмӣ, инчунин метавонад ҳолатҳое, ки хусусияти шартҳои махсуси тасдиқ шудан ва ё нашудани ҳисоботро мекушоянд, арзёбии дурустии бақайдгирии партовҳо, арзёбии дурустии маълумоти дар ҳуҷҷатҳои экологии корхона дарҷгардида, арзёбии дурустии маълумоти барои аҳолӣ ва воситаҳои ахбори омма омодашуда инъикос ёбанд.3. Хулосаи аудити экологии ҳатмӣ аз ҷониби аудиторҳое, ки аудити экологии ҳатмиро гузаронидаанд, имзо гардида, аз ҷониби роҳбари ташкилоти аудитории экологӣ ва ё дигар шахси мансабдори аз ҷониби ӯ ваколатдоршуда тасдиқ карда мешавад.4. Ба маълумоти махфӣ, ки аудитор дар раванди гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ дастрасӣ пайдо мекунад, қоидаи ҳуқуқии махсус татбиқ мегардад.
Моддаи 183. Корҳое, ки ҳангоми гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ иҷро карда мешавандҲангоми гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ иҷрои ин корҳоро таъмин менамояд:1) тартиб додан ва барасмиятдарории саволнома барои субъекти аудити экологӣ ҷиҳати пешниҳоди ҳуҷҷатгузорӣ ва маълумот оид ба объектҳои аудити экологӣ;2) омодасозии лоиҳаи шартнома оид ба тартиби гузаронидани аудити экологӣ, ба имзорасонӣ ва назорати иҷрои он;3) таҳлили ҳуҷҷатҳои аз ҷониби субъекти аудити экологӣ пешниҳодшуда;4) тартиб додани нақшаи гузаронидани аудити экологии субъектҳои хоҷагидор, аз ҷумла, нақшаи вазъи санҷиш дар сурати бештар аз 10 гектар будани масоҳати таҳқиқшавандаи объектҳои субъекти аудити экологӣ ҷиҳати фаъолияти мунтазами ҳар як аудитор ва истифодаи самараноки вақти корӣ;5) қабули қарор дар бораи зарурати ҷалби коршиносони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва марказҳои таҳлилию ташхисӣ барои арзёбии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари субъекти аудити экологӣ ба ҳолати муҳити зист;6) қабули қарор дар бораи ҷалб намудани коршиносони техникӣ, ки тахассуси зарурӣ доранд, барои пешниҳод намудани тавсия ва арзёбии масъалаҳои алоҳидае, ки донишҳои махсусро дар соҳаи сохтмон, энергетика, саноат ва дигар соҳаҳои иқтисодӣ талаб менамояд;7) гузаронидани аудити экологӣ нисбати субъекти аудити экологӣ дар асоси нақшаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ;8) аз ҷониби ҳар аудитори экологӣ омода намудани иттилооти хаттӣ оид ба натиҷаҳои аудити экологии ҳатмӣ дар асоси тақсимоти вазифаҳо тибқи нақшаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ;9) омода намудани ҳисобот оид ба нитиҷаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ;10) омода намудани тавсияҳо оид ба бартарафсозии камбудиҳои ошкоршуда;11) омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати такмили фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;12) арзёбии зарари ба ҷузъи муайяни муҳити зист расонидашуда, ки субъекти аудити экологӣ бояд ҷуброн намояд;13) омода намудани хулосаи аудитори инфиродии экологӣ ё ташкилоти аудитории экологӣ оид ба нитиҷаи гузаронидани аудити экологии ҳатмӣ;14) қабули қарор доир ба мавҷуд будани хатар ба амнияти экологӣ ва зарурати иттилоотонии мақомоти давлатии дахлдор, шахсони манфиатдор ва дигар амалҳои муҳими ҳуқуқӣ, ки қонунгузорӣ манъ накардааст.
Моддаи 184. Талаботи тахассусии аудитори экологӣ1. Аудитори экологӣ бояд маълумоти олӣ, тахассус ва малакаи кофӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дошта бошад, ки он ба талаботи стандартҳои аудити экологӣ ҷавобгӯ бошанд.2. Ба ғайр аз талаботи дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда, аудиторони экологӣ бояд барои баланд бардоштани тахассуси худ аз курсҳои бозомӯзӣ ва аттестатсияи тахассусӣ гузаранд ва тибқи стандартҳо шаҳодатномаи тахассусӣ оид ба аудити экологиро гиранд.3. Омӯзиши махсуси аудитори экологӣ бояд соҳаҳои зеринро дар бар гирад:1) технологияҳои ҳифзи муҳити зист;2) ҷанбаҳои техникӣ ва экологии фаъолияти корхона;3) санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;4) низоми мониторинги ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ ва стандартҳое, ки аз рӯйи онҳо аудити экологӣ гузаронида мешавад;5) тартиб, раванд ва усулҳои гузаронидани аудити экологӣ.
Моддаи 185. Аттестатсияи аудитори экологӣ1. Аттестатсияи аудитори экологӣ аз ҷониби комиссияе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити экологӣ таъсис медиҳад, дар шакли имтиҳони тахассусӣ гузаронида мешавад. Ба шахсоне, ки имтиҳони тахассусиро супурдаанд, шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ дода мешавад.2. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассуси аудитори экологӣ мебошад, ки барои пешбурди фаъолияти аудитори экологӣ дода мешавад. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ ба муҳлати номаҳдуди эътибори он дода мешавад.3. Аудитори экологӣ вазифадор аст, ки дар се сол як маротиба аз рӯзи гирифтани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ аз рӯйи барномаҳои такмили ихтисос аз бозомӯзӣ гузарад.
Моддаи 186. Бекор кардани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ1. Шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ дар ҳолатҳои зерин бекор карда мешавад:1) муайян гардидани пешниҳоди маълумоти беэътимод барои ба аттестатсия роҳ додани номзад ба аудитори экологӣ;2) ғайриқобили амал эътироф намудани аудитори экологӣ ё маҳдуд намудани қобилияти амали он бо тартиби судӣ;3) додани хулосаи аудити экологии бардурӯғ, инчунин додани хулоса бе гузаронидани аудити экологӣ;4) қувваи қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд дар бораи ба муҳлати муайян маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ;5) мунтазам риоя нагардидани талаботи асосии стандартҳои аудити экологӣ ва дигар қонунвайронкунӣ дар раванди фаъолияти касбӣ.2. Қарор оид ба бекор намудани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба аудити экологӣ қабул мекунад.3. Нисбати қарор оид ба бекор намудани шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 187. Феҳристи аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ1. Феҳристи аудиторони инфиродии экологӣ ва ташкилотҳои аудитории экологӣ ҳуҷҷатест, ки номгӯй, маълумот дар бораи суроғаи ҷойгиршавӣ, шаҳодатномаи тахассусӣ ва иҷозатнома дар бораи машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологиро дар бар мегирад.2. Аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ пас аз гирифтани шаҳодатномаи тахассусӣ ва иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба феҳрист ворид карда мешавад.3. Ба феҳрист маълумоти зерин ворид карда мешавад:1) оид ба аудитори инфиродии экологии дорои иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ, ки бо тартиби муқарраршуда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст;2) шахсони ҳуқуқӣ, ки дар оинномаашон ин намуди фаъолият пешбинӣ шуда, дар воҳидҳои кориаш ҳадди ақал як мутахассиси дорои иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ фаъолият мекунад.4. Воридкунии аудитори инфиродии экологӣ ва ташкилоти аудитории экологӣ ба феҳрист аз лаҳзаи гирифтани иҷозатнома бо мақсади минбаъд барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ амалӣ карда мешавад.5. Барои ворид гардидан ба феҳрист дархосткунанда ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:1) дархост оид ба ворид гардидан ба феҳрист;2) нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;3) иқтибос аз феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;4) нусхаи оинномаи шахси ҳуқуқӣ;5) гувоҳномаи тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳадди ақал як мутахассиси дорои иҷозатнома барои машғул шудан ба фаъолияти аудитории экологӣ дар воҳидҳои кории дархосткунанда;6) нусхаи шаҳодатномаи тахассусии аудитори экологӣ;7) нусхаи иҷозатномаи фаъолияти аудитории экологӣ.6. Дархост барои ворид гардидан ба феҳрист ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро, ки саҳифабандӣ ва ба рӯйхат гирифта шудаанд, дархосткунанда барои воридкунӣ ба феҳрист пешниҳод мекунад. Ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда дар мақоми ваколатдори давлатӣ дар дафтари махсус ба қайд гирифта мешаванд.7. Ҳуҷҷатҳои дархосткунанда, ки барои ворид намудан ба феҳрист пешниҳод гардидаанд, дар ҷаласаи комиссия оид ба воридкунии дархосткунанда ба феҳрист баррасӣ карда мешаванд. Қарори комиссия бо суратҷаласа ба расмият дароварда мешавад.8. Оид ба ворид гардидан ба феҳрист ва ё қабули қарор дар бораи рад кардан барои воридкунӣ ба феҳрист дар давоми ҳафт рӯзи корӣ аз рӯзи барасмиятдарории қарори комиссия оид ба ворид гардидан ба феҳрист ба дархосткунанда хабар дода мешавад. Дар қарор оид ба рад кардан барои воридкунӣ ба феҳрист далелҳои асоснок нишон дода мешаванд.9. Далелҳои асоснок барои қабули қарори комиссия дар бораи рад кардани ворид гардидани дархосткунанда ба феҳрист инҳо мебошанд:1) ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;2) тибқи талабот пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо.10. Дархосткунанда ҳуқуқ дорад аз болои қарори комиссия дар бораи рад намудан барои воридкунӣ ба феҳрист бо тартиби муқарраргардида ба суд шикоят намояд.
БОБИ 16. МОНИТОРИНГИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 188. Мақсад ва вазифаҳои мониторинги экологӣ1. Мониторинги экологӣ бо мақсадҳои зерин гузаронида мешавад:1) мушоҳидаи ҳолати муҳити зист, аз ҷумла, ҳолати муҳити зист дар минтақаҳои манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист;2) риояи стандартҳои муқарраршудаи сифати муҳити зист;3) муайян намудани манбаъҳои ифлосшавии муҳити зист;4) гирифтани маълумоти воқеӣ оид ба вазъи муҳити зист, ки дар асоси он мониторинги иҷтимоӣ ва гигиенӣ амалӣ карда мешаванд;5) огоҳонидани аҳолӣ дар бораи вазъи муҳити зист;6) арзёбӣ ва пешгӯии тағйироти ҳолати муҳити зист, ки зери таъсири омилҳои антропогенӣ ва табиӣ қарор доранд;7) таъмини талаботи давлат, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилооти эътимоднок дар бораи ҳолати муҳити зист ва тағйирёбии он, ки барои пешгирӣ, рафъ ва кам намудани оқибати ногувори чунин тағйирёбиҳо зарур аст;8) ташкили низоми ягонаи доимоамалкунандаи давлатӣ оид ба мушоҳидаи вазъи экологӣ, захираҳои табиӣ, аз ҷумла, набототу ҳайвонот ва низомҳои экологӣ;9) пешбурди корҳои илмию таҳқиқотӣ дар асоси натиҷаҳои мониторинги экологӣ.2. Вазифаҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборат аст:1) ба роҳ мондани мушоҳидаҳои мунтазами ҳолати объектҳои ҳифзи муҳити зист ва равандҳои дар он баамаломада;2) ташкили махзани иттилоотӣ дар бораи объектҳои мушоҳидашаванда;3) арзёбии воқеии нишондиҳандаҳои ҳолат ва мукаммалии функсионалии маҷмааҳои табиӣ, муҳити зист ва вазъи саломатии аҳолӣ;4) пешгӯии тағйирёбии ҳолати объектҳои мушоҳидашаванда;5) гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ, пешниҳодҳо ва тадбирҳо дар бораи рафъи оқибати ногувори таъсиррасонӣ ба муҳити зист;6) иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳолати муҳити зист ва ҷузъҳои алоҳидаи он.
Моддаи 189. Объектҳо ва субъектҳои мониторинги экологӣ1. Объектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборат аст:1) манбаъҳои таъсиррасонии антропогенӣ ба муҳити зист;2) муҳити зист ва ҷузъҳои он, аз ҷумла, ҳавои атмосфера, обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, хок, қаъри замин, олами наботот ва ҳайвонот, системаҳои экологӣ ва инчунин иқлим ва қабати озонии Замин;3) аҳолии зери таъсири манфии омилҳои муҳити зист қарордошта;4) шароити табиию иқлимӣ.2. Субъектҳои мониторинги экологӣ аз инҳо иборат аст:1) мақоми ваколатдори давлатӣ;2) мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;3) мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;4) истифодабарандагони табиат.
Моддаи 190. Низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ1. Низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ ин сохтори гуногунтаркиби иттилоотӣ мебошад, ки бо роҳи тавъам сохтани зернизомҳои алоҳида, маҷмааҳои ченкунию иттилоотӣ ва ҳисобкунию иттилоотии аз ҷиҳати илмӣ асоснок, мақсад ва талаботи умумӣ барои ташкил ва гузаронидани мушоҳидаҳо, ҷамъбаст ва ҳамгироии маълумоти бадастовардаи ба ҳам алоқаманд ташкил карда мешавад.2. Низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва ҳудуди муайян дар ҳаҷме, ки гирифтани иттилооти пурра ва эътимоднок дар бораи муҳити зист ва ҳолати экологӣ, инчунин динамикаи тағйирёбии онҳо зарур аст, ба роҳ монда мешавад.3. Асоси низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ аз зернизомҳои функсионалӣ ва маҳаллии мониторинги экологии дар заминаи мақомоти давлатӣ созмонёфта иборат мебошад, ки барои ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ ваколатдоранд. Ҳамоҳангсозии фаъолияти зернизомҳои идоравӣ ва функсионалӣ ва муттаҳиднамоии онҳоро дар низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.4. Маълумоти мониторинги экологӣ, ки ба иттилооти экологӣ мансуб аст, ба истиснои ҳолатҳои муайяннамудаи қонун, махфӣ буда наметавонад. Дастрасии маҳдуд вобаста ба зарурати таъмини сирри давлатиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 191. Вазифаҳои асосии низоми ягонаи мониторинги давлатии экологӣВазифаҳои асосии низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ аз инҳо иборат аст:1) ташкил ва ҷорӣ намудани мушоҳидаҳои мунтазами ҳолат ва вазъияти (нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдорӣ) объектҳои мониторинги экологӣ;2) ташкили махзани иттилоотии маълумот дар бораи объектҳои мониторинги экологӣ;3) арзёбии нишондиҳандаҳои ҳолат ва устувории функсионалии захираҳои табиӣ ва низомҳои экологӣ;4) мувозинати муҳити зист ва вазъи саломатии аҳолӣ;5) таҳлил ва пешгӯии тағйирёбии ҳолати объектҳои мониторинги экологӣ;6) таҳияи барномаҳо, гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ ва тадбирҳо оид ба пешгирии оқибатҳои номусоиди таъсир ба муҳити зист;7) иттилоотонии мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба вазъи муҳити зист;8) муқаррар намудани тартиб, шакл ва муҳлати пешниҳоди захираҳои иттилоотӣ ба низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ ва тартиби истифодаи он;9) ба низоми ягонаи омори давлатӣ ворид намудани маълумоти бадастовардашуда дар бораи мониторинги экологӣ.2. Омилҳои ба муҳити зист таъсиркунанда аз инҳо иборат аст:1) омилҳои табиӣ (нурҳои офтоб, иваз шудани фаслҳои сол, хушксолӣ, сармо, бодхезӣ, чангбод, офатҳои табиӣ, ҳашароти зараррасон, организмҳои бегона);2) таъсири омилҳои гуногуни антропогенӣ ба муҳити зист.
Моддаи 192. Ташкили низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ1. Мониторинги экологӣ дар доираи низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:1) мақомоти ваколатдор (зернизомҳои идоравию функсионалӣ) оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологии ҳудуди муайян - мақомоти давлатӣ (вазорату идораҳо ва муассисаҳо), мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, истифодабарандагони табиат, ташкилотҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ мебошанд;2) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба мониторинги экологӣ - фаъолияти зернизомҳои идоравию функсионалӣ ва муттаҳидсозии онҳоро дар низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ амалӣ месозад.2. Мониторинги давлатии экологӣ аз мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ, маҳаллӣ ва ҳудуди муайян иборат мебошад ва бо тартиби зерин ташкил карда мешаванд:1) мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ, ки дар назди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешавад;2) мониторинги давлатии экологии маҳаллӣ, ки дар назди мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ташкил карда мешавад;3) мониторинги давлатии экологии ҳудуди муайян, ки дар назди мақомоти давлатӣ (вазорату идораҳо ва муассисаҳо), мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, истифодабарандагони табиат, ташкилотҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ташкил карда мешавад.3. Сохтори мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ба номгӯйи ташкилотҳои низоми мақоми ваколатдори давлатӣ ҳамчун ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ дохил мегарданд.
Моддаи 193. Тартиб, шакл ва муҳлати пешниҳоди захираҳои иттилоотӣ ба низоми ягонаи давлатии мониторинги экологӣ ва тартиби истифодаи он1. Шаклҳои ҳисоботӣ ва самтҳои (намудҳои) мониторинги экологӣ вобаста ба нишондиҳандаҳои асосии ҳифзи муҳити зист аз маълумотҳои дар бораи истифода, ҳифз ва барқароркунии олами наботот, ҳайвонот, ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, захираҳои моҳӣ, истифода ва ҳифзи ҳавои атмосферӣ, манбаъҳои об, замин, муомилот бо партовҳо, ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, аз ҷумла, ба ҳаво, манбаъҳои об, ҷойгир кардани партовҳои хатарнок (истеҳсолӣ, истеъмолӣ, радиоактивӣ, такрористифодашаванда), моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, моддаҳои устувори органикӣ, натиҷаҳои экспертизаи давлатии экологӣ, аудити экологӣ, арзёбии экологӣ ва дигар самтҳо иборат буда, тартиби пешниҳоди онҳо ва пешбурди мониторинги экологӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва тасдиқ карда мешавад.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ, тартиб ва шаклҳои ҳисоботиро барои пешбурди мониторинги экологӣ ба субъектҳои мониторинги экологӣ дастрас менамояд.3. Пешниҳоди натиҷаи мониторинги экологӣ бо тартиби зерин амалӣ карда мешавад:1) мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба мониторинги экологии ҳудуди муайян, маълумоти экологиро коркард намуда, натиҷаашро ба сохтори мониторинги давлатии экологии маҳаллӣ манзур менамояд;2) сохтори мониторинги давлатии экологии маҳаллӣ эътимоднокии натиҷаи мониторинги пешниҳоднамудаи мониторинги экологии ҳудуди муайянро санҷида, натиҷаи онро ба сохтори мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ пешниҳод менамояд;3) сохтори мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ эътимоднокии натиҷаи мониторинги пешниҳоднамудаи сохтори мониторинги давлатии экологии маҳаллиро қабул намуда, дурустӣ ва пуррагии онро месанҷад ва дар шакли натиҷаҳои мониторинги ҷумҳуриявии экологӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарафҳои манфиатдор манзур менамояд;4) мақоми ваколатдори давлатӣ (зернизомҳои идоравию функсионалӣ) оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологии ҳудуди муайян (вазорату идораҳо ва муассисаҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, истифодабарандагони табиат (ташкилотҳо, корхонаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ) мониторинги экологиро мустақиман мегузаронанд ва натиҷаашро тибқи тартиб, шакл ва дар муҳлати муқарраршуда ба сохторҳои мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пешниҳод менамоянд;4. Муҳлати пешниҳоди натиҷаи мониторинги экологӣ ба таври зерин амалӣ карда мешавад:1) сохтори мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ маълумоти аз сохтори мониторинги давлатии экологии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва соҳибкорони инфиродӣ воридгардидаро таҳлил ва натиҷаҳои онро ҳар нимсола то 20-уми моҳи аввали семоҳаи дигар ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамояд;2) сохтори мониторинги давлатии экологии маҳаллӣ ҳар моҳ то 10-уми моҳи дигар аз натиҷаи мониторинги гузаронидашуда ба сохтори мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;3) сохтори мониторинги экологии ҳудуди муайян ҳар моҳ то 5-уми моҳи дигар аз натиҷаи мониторинги гузаронидашуда ба сохтори мониторинги давлатии экологии маҳаллӣ ҳисобот пешниҳод менамояд;5. Тартиб, шакл ва муҳлати пешниҳод намудани маълумот оид ба натиҷаи мониторинги экологӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва антропогенӣ, инчунин садамавӣ тибқи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ муайян ва гузаронида мешавад.6. Натиҷаи мониторинги давлатии экологиро сохтори мониторинги давлатии экологии ҷумҳуриявӣ ҳар шашмоҳа дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷой медиҳад.
Моддаи 194. Истифодаи захираҳои иттилоотии мониторинги экологӣЗахираҳои иттилоотии мониторинги экологӣ аз тарафи мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳангоми қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ дар ҳолатҳои зерин истифода карда мешаванд:1) ҳангоми таҳияи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ;2) ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозию меъморӣ, нақшаҳои генералии шаҳру ноҳияҳо, сохтмони объектҳои хоҷагидорӣ;3) ҳангоми пешбурди кадастрҳои давлатии захираҳои табиӣ;4) ҳангоми тайёр намудани ҳисоботҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист;5) ҳангоми гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ;6) ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳои истифодаи табиат, ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ, маблағгузории тадбирҳо ва барномаҳои беҳдошти муҳити зист.
Моддаи 195. Вазифаҳои мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба мониторинги экологӣ1. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба мониторинги экологӣ вазифаҳои зерин дорад:1) мониторинги манбаъҳои таъсири антропогениро ба муҳити зисти табиӣ аз ҳисоби маблағҳои худ ташкил намояд ва гузаронад, заминаи зарурии моддию техникии мониторинги экологиро муҳайё созад;2) шахсони мансабдори масъулро барои гузаронидани мониторинги экологӣ муайян ва тайёрии касбии онҳоро мувофиқи талаботи тахассусии муқарраргардида таъмин созад;3) аз ҷониби ташкилот ва соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташон бо истифодаи захираҳои табиӣ ё хавфи таъсири манфӣ ба муҳити зист вобаста аст, ташкил ва пешбурди мониторинги экологиро тибқи қонунгузорӣ назорат намояд.2. Мониторинги экологӣ дар минтақаҳои дорои мақоми махсуси экологӣ, минтақаи ҳолати фавқулоддаи экологӣ, минтақаи фалокати экологӣ, воҳидҳои марзию маъмурии пӯшида, объектҳои ҳарбӣ ва мудофиавӣ инчунин дар минтақҳои ҷамъомадҳо ва машқҳои ҳарбӣ, ҳангоми ҷойгиркунии қӯшун, техникаи ҳарбӣ, ҳангоми огоҳнамоӣ ва пешгирии ҳолатҳои фавқулодда тибқи талаботи қонунгузорӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 196. Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ1. Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ бо мақсади қайди объектҳои мониторинги экологӣ тартиб дода мешавад.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ, субъектҳои фаъолияти хоҷагидор (истифодабарандагони табиат)-ро дар бораи мансубияти объектҳои тобеи онҳо ба феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ тавассути пешниҳоди огоҳинома хабардор менамояд ва бо пешниҳоди шакли бақайдгирии объекти мониторинги экологӣ ба онҳо дастуру супоришҳои зарурӣ медиҳад.3. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ ба сифати қитъаҳои намунавӣ ва пойгоҳҳо барои арзёбии сифати муҳити зист ворид карда мешаванд.4. Мақсади асосии пешбурди феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ аз бақайдгирии манбаъҳои таъсири антропогенӣ ба муҳити зист, аз ҷумла, ҷойгиркунии партовҳо, объектҳо ва минтақаҳои махсуси муҳити зист, ҳавои атмосфера, манбаъҳои обӣ, хок, замин ва қаъри замин, олами набототу ҳайвонот, низомҳои экологии нодир, омилҳои таъсири манфии муҳити зист ва саломатии аҳолӣ иборат мебошад.5. Вазифаҳои асосии пешбурди феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ аз шакли бақайдгирии объекти мониторинги экологӣ, ҷамъоварии маълумот оид ба феҳрист ва ба танзим даровардани онҳо, ташкили махзани иттилоотии маълумот дар бораи феҳристи давлатии ин объектҳо иборат мебошад.6. Ба феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ истифодабарандагони табиат ва дигар шаклҳои субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки ҳангоми фаъолият ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва соҳаи кишоварзӣ таъсир мерасонанд, дохил мешаванд.7. Феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи вазорату идораҳои дахлдор, ки объектҳои мониторинги экологӣ дар тобеияти онҳо қарор доранд, ҳамчунин истифодабарандагони табиат (ҳангоми фаъолият ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт таъсир мерасонанд) тартиб дода мешаванд. 8. Санҷиши дурустии бақайдгирии объекти мониторинги экологӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.9. Субъектҳои фаъолияти хоҷагидор (истифодабарандагони табиат, ки ҳангоми фаъолият ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт таъсир мерасонанд), дар муҳлати 20 рӯз ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод менамоянд.10. Вазорату идораҳои дахлдор, дигар мақомот, истифодабарандагони табиат, ки (ҳангоми фаъолият ба муҳити зист, саломатии аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт таъсир мерасонанд) ба сохторҳои вобастаи онҳо шомиланд, барои саривақт пешниҳод намудани маълумот ҷиҳати ворид намудани он ба феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ масъуланд.
Моддаи 197. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ташкилотҳои махсусгардонидашуда оид ба гузаронидани мониторинги экологӣ1. Ташкилотҳои махсусгардонидашуда оид ба гузаронидани мониторинги экологӣ вазифадоранд:1) талаботи муқарраршуда оид ба мониторинги эколгиро риоя намоянд;2) ба мақоми ваколатдори давлатӣ нақшаи гузаронидани мониторинги экологӣ дар соҳаҳое, ки ба онҳо барои гузаронидани мониторинги экологӣ ваколат дода шудааст, таҳия ва ҳамасола барои тасдиқ пешниҳод намоянд;3) маълумоти мониторинги давлатии экологиро сари вақт, пурра ва дар шаклҳои муқарраршуда ба низоми ягонаи маълумоти мониторинги экологӣ оид ба самтҳои гузаронидашудаи мониторинги давлатии экологӣ ройгон пешниҳод намоянд;4) фавран ба мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти фавриро пешниҳод намоянд.2. Ташкилотҳои махсусгардонидашуда оид ба гузаронидани мониторинги экологӣ уҳдадоранд:1) маълумоти мониторинги экологиро бо мақсади беҳтар намудани мониторинги давлатии экологӣ ва дигар мақсадҳо мувофиқи тартиби муқарраргардида истифода баранд;2) дар тартиб додани тадбирҳои ҳифзи муҳити зист дар асоси маълумотҳои мониторинги экологӣ иштирок намоянд;3) дар ташаккули номгӯйи субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист ва номгӯйи моддаҳои ифлоскунандае, ки бояд назорат карда шаванд, иштирок намоянд;4) дар доираи ваколатҳои худ бо супориши субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист дар асоси шартнома мониторинги давлатии экологии маҳаллиро анҷом диҳанд.
Моддаи 198. Мониторинги маҳаллии муҳити зист1. Мониторинги маҳаллии муҳити зист аз ҷониби субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист мустақилона ва (ё) бо ҷалби ташкилотҳои махсусгардонидашуда амалӣ карда мешавад.2. Мониторинги маҳаллии муҳити зист мутобиқи нақшаю барномаҳои маҳаллии мониторинги муҳити зист, ки аз ҷониби субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 199. Иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар раванди мониторинги экологӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои гирифтани иттилооти пурра ва эътимодноки вазъи муҳити зист муроҷиат намоянд.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст, ки бо тартиби муқарраргардида муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар бораи вазъи муҳити зист баррасӣ намояд ва онҳоро аз натиҷаи баррасӣ ва тадбирҳои қабулгардида иттилоъ диҳад.3. Иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо пешниҳодҳо доир ба муқаррар намудани объектҳои иловагии мониторинги экологӣ муроҷиат намоянд.4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд дар раванди гузаронидани мониторинги экологӣ аз ҳисоби маблағи худ ё манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, истифода намоянд.5. Маълумоти мониторинги экологии аз тарафи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба даст овардашуда, ки ҷавобгӯйи талабот нисбат ба захираҳои иттилоотӣ мебошад, ба феҳристи объектҳои мониторинги экологӣ ворид карда мешавад.
Моддаи 200. Рӯйхати субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист1. Рӯйхати субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад ва бояд на камтар аз як маротиба дар се сол бозбинӣ карда шавад.2. Асосҳо барои ба рӯйхати субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист дохил намудан чунин мебошанд:1) саҳми бартаридоштаи ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист ё таъсири объектҳои он ба муҳити зист, ки аз меъёрҳои муқарраршудаи сифати муҳити зист зиёд аст;2) шартҳое, ки дар хулосаи мақоми ваколатдор дар бораи ба талаботи экологӣ мувофиқ будани ҳуҷҷатҳои толоиҳавӣ ва лоиҳавӣ муайян карда шудаанд;3) мавҷудияти ихроҷи партовҳои зиёдатии (муваққатан мувофиқашуда) моддаҳои ифлоскунанда ба муҳити зист;4) мавҷудияти партовҳои умумӣ ба атмосфера зиёда аз 100 тонна дар як сол;5) мавҷудияти 10 адад ва зиёда аз ин таҷҳизоти тозакунандаи чангу газ дар иншооти антропогенӣ.3. Таҷдиди ғайринавбатии номгӯйи субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист бо ташаббуси мақоми ваколатдори давлатӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда дар ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) ба амал омадан ё таҳдиди вазъияти фавқулодда дар натиҷаи таъсири муҳити зисти объекти мушаххаси антропогенӣ;2) ба амал омадани вазъияти фавқулодда дар объекти антропогенӣ, ки инкишофи он метавонад ба муҳити зист зарар расонад.4. Мониторинги маҳаллии муҳити зист нисбат ба моддаҳои ифлоскунанда ё омилҳои таъсиррасонии физикӣ, ки барои онҳо стандартҳои сифати муҳити зист вайрон карда шудаанд, инчунин нисбат ба моддаҳое, ки бинобар хусусиятҳои технологии истеҳсоли объекти антропогенӣ партовҳои зиёдатии моддаҳои ифлоскунанда имконпазир аст, гузаронида мешавад. Номгӯйи чунин моддаҳои ифлоскунанда ва омилҳои таъсиррасонии физикӣ барои ҳар як объекти антропогенӣ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.5. Рӯйхати тасдиқшудаи моддаҳои ифлоскунанда ва омилҳои таъсиррасонии физикӣ барои субъектҳои мониторинги маҳаллии муҳити зист метавонад бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на бештар аз як маротиба дар як сол бо асосҳои пешбининамудаи қисми 2 моддаи мазкур тағйир дода шавад.
Моддаи 201. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои мониторинги экологӣ1. Субъектҳои мониторинги экологӣ ҳуқуқ доранд:1) ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба таҳия ва татбиқи барномаҳои давлатӣ оид ба мониторинги экологӣ ва истифодаи маълумоти мониторинги экологӣ ҳангоми андешидани тадбирҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, инчунин дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ дар ҳолатҳои фавқулодда таклифҳо пешниҳод намояд;2) маълумоти мониторинги давлатии экологиро, ки ба махзани ягонаи ҷумҳурӣ дохил карда шудаанд, бо тартиби муқарраргардида истифода баранд.2. Субъектҳои мониторинги экологӣ нисбати объектҳояшон, ки ба феҳристи давлатии объектҳои мониторинги экологӣ ворид шудаанд, уҳдадоранд:1) мониторинги маҳаллии манбаъҳои таъсири антропогениро ба муҳити зист ташкил намоянд ва гузаронанд;2) ташкили заминаи зарурии моддию техникии мониторинги экологиро таъмин намоянд;3) мониторинги маҳаллиро бо истифода аз усулу воситаҳои тасдиқшуда, ташхисҳои кимиёвию физикӣ (садо, ларзиш, майдони магнитӣ, радиатсия) ва ченкуниҳои инструменталӣ ба роҳ монанд;4) шахсони мансабдори масъули гузаронидани мониторинги давлатии экологии маҳаллиро муайян ва тайёрии касбии онҳоро мувофиқи талаботи тахассусии муқарраргардида таъмин намоянд;5) ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ маълумоти тасдиқшудаи мониторинги экологии маҳаллиро дар муҳлати муқарраргардида ройгон пешниҳод намоянд.3. Истифодабарандагони табиат ва (ё) шахсони ҳуқуқии аз тарафи онҳо ҷалбшуда мониторинги давлатии экологии маҳаллиро аз рӯйи барномаҳои худ, ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа шудаанд, бо истифода аз озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсия амалӣ мегардонанд.
Моддаи 202. Мониторинги экологӣ дар ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ1. Дар ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ (минтақаи ҳолати фавқулоддаи экологӣ, минтақаи ҳолати хатарноки экологӣ) мониторинги экологӣ қисми таркибии барномаҳои беҳдошти минтақа мебошад.2. Мониторинги экологӣ дар объектҳое, ки нисбати онҳо қарори мансубият ба ҳудудҳои дорои мақоми махсуси экологӣ қабул шудааст, дар ҳаҷми барои арзёбии самараноки пурра ва эътимодноки тадбирҳо ва барномаҳои иҷрошавандаи ҳифзи муҳити зист гузаронида мешавад.
Моддаи 203. Мониторинги экологӣ ҳангоми огоҳнамоӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда1. Дар объектҳое, ки ба феҳристи давлатии объектҳои хатарнок ворид шудаанд, мониторинги экологии ҳолати онҳо аз рӯйи нишондодҳои дахлдор бо ин объектҳо, инчунин мониторинги экологии омилҳои берунае, ки имконияти ба вуҷуд овардани ҳолатҳои фавқулоддаро доранд, ташкил ва амалӣ карда мешавад.2. Ҳангоми ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда мониторинги экологии объектҳои табиӣ ва дигар объектҳое, ки дар минтақаи зери таъсири ҳолатҳои фавқулодда ва паҳншавии оқибатҳои номусоиди онҳо қарор доранд, гузаронида мешавад.
Моддаи 204. Мониторинги экологии партовҳои хатарнок1. Мониторинги экологӣ дар ҳамаи зинаҳои муносибат бо партовҳои хатарнок (ҷамъшавӣ, кашонидан, безараргардонӣ, истифодабарӣ, гӯронидан ва ғайра) ба роҳ монда мешавад.2. Мониторинги экологиро шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки вобаста ба партовҳои хатарнок фаъолият мебаранд, амалӣ менамоянд, агар дар шартномаи байни онҳо ва истеҳсолкунанда ё молики партовҳои хатарнок тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 205. Мониторинги экологӣ ва экспертизаи давлатии экологӣДар ҳуҷҷатҳои ба экспертизаи давлатии экологӣ пешниҳодшавандаи объектҳои мониторинги экологӣ доир ба тадбирҳои вобаста ба истифодаи табиат, таҳияи бахши алоҳида оид ба мониторинги экологӣ ҳатмӣ мебошад. Дар объектҳои экспертизаи давлатии экологӣ, ки ҳамзамон (пурра ё қисман) объектҳои мониторинги экологӣ мебошанд, пуррагӣ ва эътимоднокии иттилооти ба экспертиза пешниҳодшуда бо истифодаи захираҳои иттилооти дахлдор, ки дар низоми мониторинги экологӣ мавҷуд аст, таъмин карда мешавад.
Моддаи 206. Маблағгузории тадбирҳо оид ба ташкил ва гузаронидани мониторинги экологӣ1. Низоми мониторинги экологӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои гузаронидани мониторинги экологӣ, барномаҳои давлатии мақсаднок, инчунин аз ҳисоби маблағҳои ғайрибуҷетии ташкилотҳо ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.2. Маблағгузории ташкили мониторинги экологӣ дар доираи иҷрои барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ аз буҷетҳои дахлдор ва фондҳои ғайрибуҷетӣ амалӣ карда мешавад.3. Мониторинги экологии манбаъҳои ифлоскунандаи муҳити зист, ки моликияти коммуналӣ мебошанд, аз ҳисоби корхонаҳо ва истифодабарандагони табиати дар ҳудуди ҳамин воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ҷойгиршуда маблағгузорӣ карда мешавад.4. Мониторинги экологии объектҳои табиӣ ва дигар объектҳои дар ихтиёри шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ набуда, инчунин гузаронидани мониторинги экологии ҳолати муҳити зист, вазъи саломатии аҳолӣ тибқи барномаҳои мақсадноки ҷумҳуриявӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст, маблағгузорӣ карда мешавад.
БОБИ 17. МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 207. Мақсад ва вазифаҳои маърифати экологӣ1. Мақсади маърифати экологӣ аз инҳо иборат аст:1) фаро гирифтани шаҳрвандон ва ҷомеа бо донишҳои умумии экологӣ;2) мусоидат намудан ба ташаккули тарбия ва фарҳанги экологӣ, созгории таъсири мутақобилаи инсон, ҷомеа ва муҳити зист, тақвияти донишҳои экологӣ бо мақсади ҳифзи саломатии инсон, муҳити зист ва танзими истифодаи сарватҳои табиӣ.2. Вазифаҳои маърифати экологӣ аз инҳо иборат аст:1) таъмин ва ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон оид ба ташаккули донишҳои экологӣ;2) таъмини кафолати ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ташкилӣ, психологӣ ва дигар кафолатҳо барои ташаккул, инкишофи таълим, тарбия ва фарҳанги экологӣ;3) таъмини механизмҳои иҷрои вазифаҳо дар сохторҳои мавҷудаи низоми иттилоот ва таълим.
Моддаи 208. Маърифати экологӣ1. Маърифати экологӣ бо мақсади ташаккули фарҳанги экологӣ, тарбияи муносибати эҳтиёткорона бо табиат ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ амалӣ карда мешавад.2. Маърифати экологиро мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба маърифати экологӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма, муассисаҳои таълимӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои варзишӣ, сайёҳӣ ва дигар шахсони ҳуқуқӣ ба амал мебароранд.3. Маърифати экологӣ дар чунин шаклҳо ба амал бароварда мешавад:1) иттилоотонии ҷомеа дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулшуда ва таҳияшуда дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологӣ;2) паҳн ва тарғиби донишҳои экологӣ;3) нашри маводҳои таълимӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти экологӣ бо дарназардошти хусусиятҳои табиат ва вазъияти экологии кишвар;4) ташкил ва гузаронидани конференсияҳо, озмунҳо, семинарҳо, мизҳои мудаввар ва дигар чорабиниҳо;5) иттилоотонии ҷомеа дар бораи ҳолати муҳити зист, захираҳои табиӣ, амнияти экологӣ (аз ҷумла, тавассути интишори ҳисоботи солона дар бораи вазъи муҳити зист);6) ташкили намоишгоҳҳои доимӣ (статсионарӣ) ва сайёр оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист;7) нашри маводҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ;8) омӯзиш ва тарғибу ташвиқи ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;9) шаклҳои дигаре, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ нагардидааст.
Моддаи 209. Фарҳанги экологӣ1. Фарҳанги экологӣ тавассути таълими умумӣ ва ҳамаҷонибаи экологӣ, инчунин паҳн намудани донишҳои экологӣ, аз ҷумла, тавассути воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, объектҳои таърихию фарҳангӣ, ташкилоту муассисаҳои ҳифзи муҳити зист, варзишӣ ва сайёҳӣ ташаккул меёбад.2. Тадбирҳо оид ба баланд бардоштани сатҳ ва рушди фарҳанги экологӣ тавассути татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 210. Таълими экологӣ1. Таълими экологӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар доираи барномаҳои таълимӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Барномаҳои таълимӣ пайвастагии барномаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисонро фаро мегирад.2. Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ, муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон сарфи назар аз равия ва шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, асосҳои донишҳои экологӣ таълим дода мешаванд.3. Дар ташкилотҳои таълимии касбӣ ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими экологии мутахассисон тавассути ташкили курсҳои дахлдор ва чорабиниҳои амалии экологӣ сурат мегирад.4. Бо мақсади инкишоф додани таълими экологӣ ташкилотҳои экологӣ, инчунин экспедитсияҳо, сафарҳо, сайёҳат ва дигар чорабиниҳои экологӣ ташкил карда мешаванд.
Моддаи 211. Раванди таълиму тарбияи экологӣБо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати экологӣ ва тайёрии касбии мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист низоми умумӣ ва маҷмуавии таълиму тарбияи экологӣ ҷорӣ карда мешавад, ки он дар худ таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, бозомӯзии касбӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон, инчунин интишори донишҳои экологӣ, аз ҷумла, бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо, муассисаҳои фарҳангӣ, муассисаҳои ҳифзи муҳити зист, ташкилотҳои варзишӣ ва сайёҳиро фаро мегирад.
Моддаи 212. Фазои маърифат, фарҳанг ва иттилооти экологӣФазои маърифат, фарҳанг ва иттилооти экологӣ низоми муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма, шабакаҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ, иншооти гуногуни соҳаҳои фаъолияти инсон (истеҳсолот ва хизматрасонӣ), объектҳои таърихию фарҳангӣ, фароғатӣ, сайёҳӣ, варзишӣ, маҷмааҳои табиӣ ва антропогению табиӣ (мамнӯъгоҳҳо, ёдгориҳои табиӣ, боғҳои миллӣ), инчунин маҷмааҳои табиию таърихӣ-меъморӣ, мавзеъҳои шаҳрӣ ва деҳотиро дар бар мегирад, ки дар якҷоягӣ бо фароҳам овардани шароити мувофиқ барои ташаккули маърифат ва фарҳанги экологии ҷомеа равона шудаанд.
§1. Низоми маърифати экологӣ
Моддаи 213. Низоми маърифати экологӣНизоми маърифати экологӣ қисми таркибии низоми ягонаи таҳсилот буда, маҷмуи меъёрҳои бо ҳам алоқаманди таҳсилот, барномаҳои таълимии зинаю самтҳои гуногунро фарогир буда, ҳамгироии омӯзиш ва фаъолияти муассисаҳои соҳаи маориф ва илмро таъмин менамояд.
Моддаи 214. Сохтори низоми маърифати экологӣ1. Маърифати экологӣ аз зинаҳои зерин иборат аст:1) томактабӣ (маърифати экологӣ дар оила ва муассисаҳои томактабӣ);2) таҳсилоти умумӣ;3) таҳсилоти ибтидоии касбӣ;4) таҳсилоти миёнаи касбӣ;5) таҳсилоти олии касбӣ;6) таҳсилоти олии касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;7) таҳсилоти махсус ва иловагӣ;8) маърифати экологии табақаҳои васеи аҳолӣ, аз он ҷумла дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Таълими фанҳои экологӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсили низоми маориф ва илм бо риояи меъёрҳои давлатии таҳсилот ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 215. Сиёсати давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба рушди маърифати экологӣ1. Сиёсати давлатӣ доир ба маърифати экологӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба рушди маърифати экологӣ ташаккул меёбад.2. Сиёсати давлатӣ доир ба маърифати экологӣ фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ мебошад, ки ба таъмини шароит барои амалӣ намудани омӯзиши экологии аҳолӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва шахсони воқеӣ ҷиҳати ташаккули фарҳанги умумӣ ва тахассусии экологии шахс ва ҷомеа равона шудааст.3. Масъалаҳои ташаккул ва татбиқи маърифати экологӣ мувофиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба рушди маърифати экологӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 216. Ҳуқуқҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон оид ба маърифати экологӣ1. Оид ба маърифати экологӣ иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон чунин ҳуқуқҳо доранд:1) омода намудани пешниҳодҳо ҷиҳати амалӣ намудани сиёсати давлатӣ оид ба маърифати экологӣ;2) ширкат дар озмунҳо ва таҳияи лоиҳаҳо оид ба маърифати экологӣ;3) иштирок дар омода намудани барномаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба маърифати экологӣ.2. Ташкилотҳо ва шаҳрвандоне, ки ба фаъолияти маърифати экологӣ машғуланд, ҳуқуқи ба мақомоти дахлдор дархост пешниҳод намудан ва гирифтани маълумоти воқеии экологиро доранд.3. Ҳар як шаҳрванд ҳуқуқи гирифтани дониши экологиро дорад. Дониши экологӣ яке аз бахшҳои маърифати ҷамъиятӣ мебошад, ки ба истифодаи бошууронаи табиат ва таъмини муҳити зисти бехатар барои инсон равона шудааст.4. Дониши экологии ҳадди ақал ин пеш аз ҳама ҳаҷми камтарини донишҳои зарурӣ барои ҳар як узви ҷомеа, ки мақсад аз он ҷорӣ намудани истеҳсолотӣ аз лиҳози экологӣ бехавф, сарфаи захираҳои табиӣ, энергия, барқарорсозии хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо, инчунин ҳифзи муҳити зист ва ташаккули муносибати эҳтиёткорона ба он мебошад.5. Падару модар ва шахсоне, ки онҳоро иваз мекунанд барои таълиму тарбияи кӯдак дар руҳияи муносибати ғамхорона ва масъулиятшиносӣ нисбат ба муҳити зист масъул мебошанд.
Моддаи 217. Иштироки муассисаҳои ҳифзи муҳити зист, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва воситаҳои ахбори омма дар раванди маърифати экологӣ1. Дар раванди маърифати экологӣ муассисаҳои ҳифзи табиат, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва воситаҳои ахбори омма иштирок менамоянд.2. Муассисаҳои ҳифзи муҳити зист дар раванди маърифати экологӣ бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтҳо ҳамчун асоси биосфера, инчунин мавқеи онҳо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳо иштирок мекунанд.3. Осорхонаҳо дар раванди маърифати экологӣ дар шакли ташкили намоишҳои доимии табиатшиносӣ ва намоишгоҳҳои дорои хусусияти экологӣ, намоишгоҳҳои сайёри осорхонавӣ, ташкил ва гузаронидани семинарҳо, конференсияҳо, симпозиумҳо, форумҳо, маҳфилҳо, машғулиятҳо, гузаронидани курсҳо оид ба беҳтар намудани таълим ва тарбияи экологӣ иштирок менамоянд.4. Китобхонаҳо мувофиқи оинномаҳои худ дар раванди маърифати экологӣ бо роҳи пур кардани фонди китобхона, гушаҳои махсус, нашрияҳои дорои хусусияти экологӣ, экологӣ-ҳуқуқӣ, гузаронидани семинарҳо, озмунҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, амнияти экологӣ, муомилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ иштирок менамоянд.5. Воситаҳои ахбори омма дар раванди маърифати экологӣ бо мақсади тарғиби донишҳои экологӣ, таълим ва ташаккули фарҳанги экологӣ тавассути интишори барномаҳои махсуси радио ва телевизион, озмунҳои чопи мақолаҳо, эълонҳои оммавӣ, нашрияҳои чопӣ, барномаҳо ва намоишҳои дорои хусусияти экологӣ иштирок менамоянд.
Моддаи 218. Комиссияҳои байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ1. Барои таҳияи пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои маърифати экологӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият байни мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои манфиатдор оид ба маърифати экологӣ комиссияҳои байниидоравӣ оид ба маърифати экологӣ (минбаъд - комиссия) таъсис дода мешаванд. Комиссия мақоми ҳамоҳангсоз ва дастаҷамъӣ буда, фаъолияти он доимоамалкунанда мебошад.2. Комиссияи байниидоравии ҷумҳуриявиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи байниидоравии маҳаллиро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъсис медиҳад.3. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии ҷумҳуриявӣ намояндагони вазорату идораҳои соҳаҳои маориф ва илм, адлия, фарҳанг ва варзиш, иқтисод, молия, тандурустӣ ва назорати санитарию эпидемиологӣ, меҳнат, мудофиа, ҳолатҳои фавқулодда, корҳои хориҷӣ, ҳифзи муҳити зист, ташкилоту муассисаҳои манфиатдор ва воситаҳои ахбори омма дохил мебошанд.4. Ба ҳайати комиссияи байниидоравии маҳаллӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои маҳаллии мақомоти дар қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида шомил карда мешаванд.
Моддаи 219. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои комиссия1. Комиссия дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:1) баррасӣ намудани масъалаҳо оид ба маърифати экологӣ, аз ҷумла, оид ба амалисозии шартномаҳои байналмилалӣ дар ин самт;2) шунидани ҳисоботи комиссияҳои байниидоравии маҳаллӣ;3) бо тартиби муқарраргардида таъсис додани гурӯҳҳои корӣ аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳа барои коркарди пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои маърифати экологӣ;4) дар доираи ваколати худ ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани таклифҳо оид ба фаъолгардонии корҳои тарбиявию фаҳмондадиҳӣ дар доираи лоиҳаҳои аз ҷониби комиссия таҳияшаванда;5) гузаронидани машваратҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо оид ба маърифати экологӣ;6) аз мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳо талаб намудани мавод ва иттилоот оид ба масъалаҳои ба ваколатҳои комиссия дохилбуда.2. Комиссия дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:1) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳо оид ба маърифати экологӣ;2) пешниҳоди таклифҳо ҷиҳати такмили қонунгузорӣ оид ба маърифати экологӣ;3) ташкили кумаки дастурӣ барои муассисаҳои таълимӣ ва дигар ташкилотҳо оид ба маърифати экологӣ;4) баррасии пешниҳодҳо оид ба ташкили низоми таъминоти иттилоотии маърифати экологӣ ва паҳн кардани донишҳои экологӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа.
Моддаи 220. Ваколат, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳайати комиссия1. Комиссия аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳо, воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва олимони соҳаи экология таъсис дода шуда, аз раис, муовини раис, котиби масъул ва дигар аъзои комиссия иборат мебошад.2. Раиси комиссия ба фаъолияти умумии комиссия роҳбарӣ намуда, барои иҷрои вазифаҳои ба зиммаи ӯ вогузоршуда шахсан масъул мебошад.3. Раиси комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:1) роҳбарии фаъолияти комиссияро амалӣ мекунад;2) вазифаҳоро дар байни аъзои комиссия тақсим менамояд;3) иҷрои вазифаҳои дар назди комиссия гузошташударо таъмин менамояд;4) оид ба баргузории ҷаласаҳои комиссия қарор қабул менамояд;5) қарорҳои қабулкардаи комиссияро тасдиқ менамояд.4. Муовини раиси комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:1) супоришҳои раиси комиссияро иҷро менамояд;2) оид ба самтҳои асосии фаъолияти комиссия пешниҳодҳо омода менамояд;3) бо супориши раис дар набудани ӯ ба ҷаласаҳои комиссия роҳбарӣ менамояд;4) иҷрои қарорҳои қабулнамудаи комиссияро таъмин менамояд.5. Котиби комиссия дорои ваколатҳои зерин мебошад:1) лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи комиссияро таҳия карда, ба раиси комиссия пешниҳод мекунад;2) супоришҳои раиси комиссияро оид ба масъалаҳои ташкили фаъолияти комиссия иҷро менамояд;3) омодагии ҷаласаҳои комиссия ва таҳияи лоиҳаи қарорҳои онро таъмин месозад;4) таъмини фаъолияти иттилоотию таҳлилии комиссияро бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, ки дар комиссия намояндагӣ мекунад, амалӣ менамояд;5) ҳуҷҷатҳо ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро барои баррасӣ ба комиссия омода ва пешниҳод мекунад;6) ваколатҳои дигарро мутобиқи қарорҳои комиссия ва супориши раиси комиссия иҷро менамояд.6. Аъзои комиссия ҳуқуқҳои зерин дорад:1) дар доираи масъалаҳои марбут ба фаъолияти худ ба комиссия таклифҳо пешниҳод менамояд;2) дар муҳокимаи пешниҳодҳо ва қабули қарорҳо оид ба масъалаҳои аз ҷониби комиссия баррасишаванда иштирок менамояд;3) оид ба фаъолияти комиссия ва рафти амалисозии қарорҳои он маълумот мегирад.7. Аъзои комиссия уҳдадориҳои зерин дорад:1) дар доираи уҳдадориҳои худ оид ба амалигардонии қарорҳои комиссия чораҳои заруриро андешад;2) дар ҷаласаҳои комиссия, дар муҳокимаи масъалаҳои баррасишаванда ва қабули қарорҳо аз рӯйи онҳо иштирок намояд;3) ҳангоми имконнопазир будани иштирок, ба котиби комиссия оид ба масъалаҳои рӯзнома пешниҳодҳои хаттии худро ирсол намояд.
Моддаи 221. Ташкили фаъолияти комиссия1. Ҷаласаҳои комиссия дар асоси нақшаи кории ҳарсола тасдиқшаванда, вале на камтар аз ду маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.2. Дар ҷаласаҳои комиссия бо ризоияти раиси комиссия намояндагони мақомоти давлатии дигар, созмонҳои байналмилалӣ ва дигар шахсони манфиатдор метавонанд иштирок намоянд.3. Ҷаласаи комиссияро раиси он мегузаронад. Дар сурати набудани раиси комиссия ё бо супориши ӯ вазифаи ӯро муовини раиси комиссия иҷро мекунад.4. Комиссия салоҳияти қабули қарорҳоро дар сурати дар ҷаласаҳои он иштирок намудани на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои комиссия дорад. Қарорҳои комиссия бо ҷонибдории аксарияти овозҳои аъзои комиссия, бо дарназардошти ақидаи аъзои дар ҷаласа иштирокнадошта, ки ба котиби комиссия тариқи хаттӣ фиристонида шуданд, қабул карда мешаванд.5. Қарорҳои комиссия бо протокол ба расмият дароварда шуда, ба он раис ва котиби комиссия имзо мегузоранд. Нусхаи протоколҳо ба аъзои комиссия, инчунин мақомот ва ташкилотҳои дахлдор ирсол мегардад. Қарорҳое, ки комиссия мувофиқи ваколаташ қабул менамояд, ҷиҳати иҷро барои мақомоти давлатӣ, инчунин ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият ҳатмӣ мебошанд.6. Таъминоти ташкилию техникии фаъолияти комиссияро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ менамояд.
Моддаи 222. Дастгирии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ1. Давлат масъалаҳои маърифати экологиро дар самтҳои афзалиятноки зерин дастгирӣ менамояд:1) муайян намудани нақшаи дарозмуддати чорабиниҳо оид ба маърифати экологӣ бо мақсади мусоидат намудан ба гузариши давлат ба рушди устувор;2) такмил додани асосҳои таълимию методӣ ва илмию методии маърифати экологӣ;3) тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тарғиби беҳтарин усулҳои инноватсионии педагогии ватанию хориҷӣ барои ташаккули маърифат ва фарҳанги экологӣ;4) таъсиси модулҳои ба амалия нигаронидашуда, ки дорои китобҳои ҳалли ҳамгирошуда, бозиҳо, тасвирӣ, маълумотнома ва дигар намуди маводҳо мебошанд, ки дастрасии аҳолиро ба таҳсилот ва маърифати экологӣ таъмин мекунанд;5) мусоидат ба рушди ташкилотҳо, аз ҷумла, ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ, ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ, амалӣ намудани барномаҳо ва чорабиниҳои маърифати экологӣ дар ҷомеа ва оила;6) дар заминаи ташкилотҳои махсусгардонидашуда тайёр намудани мутахассисон дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;7) огоҳсозии аҳолӣ дар бораи таъсири пешбинишавандаи техногенӣ, таъсири тағйирёбии иқлим, осебпазирии одамон ва муҳити зист дар чунин шароит ва чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.2. Ба тадбирҳои дастгирии давлатӣ оид ба маърифати экологӣ инҳо дохил мешаванд:1) маблағгузории таълими экологӣ дар ташкилотҳои таълимӣ (корҳои таълимӣ-методӣ ва чорабиниҳо оид ба маърифат ва таълими экологӣ, такмили ихтисоси мутахассисон);2) иштироки фаъолонаи мақомоти давлатӣ дар ташаккули фармоиши давлатии таълимӣ оид ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;3) таъмини фармоиши давлатӣ барои дастгирии амалияи инноватсионии методологӣ, таҳқиқот оид ба маърифати экологӣ бо мақсади мусоидат ба рушди устувор;4) таъмини фармоиши давлатии иҷтимоӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ғайритиҷоратие, ки оид ба таълим ва маърифати экологӣ фаъолият мекунанд;5) гузаронидани чорабиниҳо оид ба таълим ва маърифати экологӣ, такмили ихтисос, тайёр кардан ва бозомӯзии кадрҳо.
Моддаи 223. Назорати давлатӣ оид ба маърифати экологӣНазорати давлатӣ оид ба маърифати экологӣ бо мақсади аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя намудани қонунгузории маърифати экологӣ, инчунин талаботи дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба маърифати экологӣ амалӣ карда мешавад.
ҚИСМИ МАХСУС
ФАСЛИ 2. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
БОБИ 18. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ЗАМИН
Моддаи 224. Муқаррароти умумӣ оид ба ҳифзи замин1. Замин ҳамчун объекти ҳифзи муҳити зист аз таъсири омилҳои зерин ҳифз карда мешавад:1) ифлосшавии антропогении замин ва хок;2) ихроҷи ҳама гуна партовҳои ифлоскунандаи замин;3) харобшавӣ ва камҳосилии хок;4) аз истифодаи ғайримақсаднок;5) вайрон кардан ва хароб шудани замин бо дигар роҳҳо (аз сабаби эрозияи обӣ ва шамолӣ, биёбоншавӣ, обхезӣ, ботлоқшавӣ, шуршавии дуюмдараҷа, хушкшавӣ, фишурдан, тағйирёбии техногении ландшафтҳои табиӣ).2. Ҳифзи замин тибқи талаботи қонунгузории экологӣ бо мақсадҳои пешгирии ҳолатҳои зерин амалӣ карда мешаванд:1) расонидани зарар ба ҳаёт ва (ё) саломатии инсон;2) вайрон шудани устувории системаҳои экологӣ;3) харобшавӣ ва нобудшавии ҷангал;4) коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ;5) расонидани зиён ба муҳити зист ва манфиатҳои аҳолӣ.6) шуршавии замин ва аз меъёр зиёд гардидани моддаҳои кимиёвӣ, радиоактивӣ ва нуриҳои минералӣ дар таркиби хок;7) ботлоқшавии заминҳо. 3. Ифлосшавии замин бо моддаҳои кимиёвӣ, биологӣ, радиоактивӣ, нафт, маҳсулоти нафтӣ, партовҳо, обҳои партов, организмҳои бактериологию паразитӣ ва зараррасон, инчунин маҳсулоти зиёновари хоҷагӣ ё бо дигар навъи фаъолият дар натиҷаи вайрон кардани қоидаҳои муносибат бо доруҳои заҳрдор, пору, нумӯяи авҷи растанӣ ҳангоми нигаҳдошт, истифода, интиқоли онҳо ҳамчунин дигар усулҳое, ки боиси ифлосшавии замин, нобудшавии хок, дигар оқибатҳое, ки боиси таназзул ё камшавии онҳо гардида, ба саломатии инсон ва муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, фаҳмида мешавад.4. Ҳифзи замин аз ҳамаи намудҳои ифлосшавӣ, аз ҷумла, дар натиҷаи ворид шудани моддаҳои ифлоскунанда аз муҳити физикӣ бо замин ва хок (ҳавои атмосфера ва об) амалӣ карда мешавад.5. Ифлос кардани сатҳи болои замин дар рӯйи замин ғайримуташаккил ҷойгир кардани партовҳои истеъмолию истеҳсолӣ, ки ба истифодаи замин монеъ мешавад ё арзиши эстетикии онро бад мекунад, маҳсуб мешавад.6. Ҳифзи замин дар асоси муносибати маҷмуӣ ба замин чун ба унсури мураккаби табиӣ (низомҳои экологӣ) бо дарназардошти хусусиятҳои ҷуғрофию минтақавии он амалӣ карда мешавад.7. Низоми истифодаи оқилонаи замин бояд хусусияти ҳифзи муҳити зист, сарфакунии захираҳои замин, нигоҳдории хок, маҳдуд намудани таъсиррасонӣ ба олами наботот ва ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ ва унсурҳои дигари муҳити зистро таъмин намояд.8. Ҳифзи замин бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) пешгирӣ намудани замин аз харобшавӣ, вайроншавӣ ва дигар оқибатҳои номатлуб, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ба амал меоянд;2) баҳисобгирӣ, барқарор ва беҳтар намудани ҳолати заминҳое, ки дучори харобшавию вайроншавӣ гардидаанд;3) дар амал татбиқ намудани меъёрҳои экологии истифодаи самараноки замин.9. Бо мақсади ҳифзи замин заминистифодабарандагон чорабиниҳои зеринро амалӣ менамоянд:1) ташкили истифодаи оқилонаи замин;2) барқарор намудан ва баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва хусусиятҳои фоиданоки дигари хок, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳо;3) пешгирӣ намудан аз эрозияи обию шамолӣ, сел, зериобмонӣ, ботлоқшавӣ, сахту шуршавии замин;4) ҳифзи замин аз ифлосшавӣ бо моддаҳои кимиёвию радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва аз дигар равандҳои харобшавӣ;6) боз доштани истифодаи заминҳои харобшудаи кишоварзӣ;7) ҳангоми аз гардиши кишоварзӣ баровардани заминҳо, захира кардан ва интиқол додани қабати ҳосилхези хок ба заминҳои камҳосил ва заминҳое, ки азхуд карда мешаванд;8) андешидани чораҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин;9) татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи самараноки замин.10. Чорабиниҳои ҳифзи замин тибқи лоиҳаҳои заминсозӣ, беҳдоштӣ ва дигар чорабиниҳо бо назардошти тавсияҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 225. Талаботи экологӣ ҳангоми минтақабандӣ ва истифодаи заминҳои таъиноти кишоварзӣ1. Ҳангоми минтақабандӣ кардани заминҳои таъиноти кишоварзӣ амнияти экологӣ ва сифати заминҳои таъиноти кишоварзӣ таъмин карда мешавад.2. Минтақабандии заминҳои таъиноти кишоварзӣ аз рӯйи нишондиҳандаҳои дараҷаи осебпазирии экологӣ, ки меъёри он харобшавии физикӣ ва ифлосшавии кимиёвӣ мебошад, асос ёфтааст.3. Муайян намудани дараҷаи ифлосшавии кимиёвии замин бо истифода аз ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои кимиёвӣ дар хок, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ карда шудааст, амалӣ карда мешавад.4. Маҳакҳои экологии арзёбии заминҳо бо мақсади муайян кардани зарурати аз заминҳои арзишашон баланд ба камарзиш гузаронидани онҳо, ҳифз, инчунин тасниф ба минтақаи офатҳои экологӣ ё минтақаи фавқулоддаи экологӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (минбаъд - маҳакҳои экологии арзёбии замин) тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 226. Талаботи экологӣ ҳангоми минтақабандӣ ва истифодаи заминҳои маҳалҳои аҳолинишин1. Минтақабандии заминҳои маҳалҳои аҳолинишин дар асоси меъёрҳои экологии арзёбии замин ба амал бароварда мешавад.2. Ҳангоми ба дигар гурӯҳи заминҳо гузаронидани заминҳои маҳалҳои аҳолинишин имкони дохил шудани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва оби ин ҳудудҳо ва таъсири бевоситаи онҳо ба ҳаёт ва (ё) саломатии инсон ба назар гирифта мешавад.3. Барои минтақаи ҳолати фавқулоддаи экологӣ низоми махсуси истифода муқаррар карда мешавад, ки боиси минбаъд бад шудани вазъи экологӣ намегардад.
Моддаи 227. Талаботи экологӣ оид ба минтакаҳо ва истифодаи заминҳои таъиноти саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва заминҳои дигари ғайрикишоварзӣ1. Ҳангоми минтақабандӣ кардани заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва дигар мақсадҳои ғайрикишоварзӣ бехатарии экологӣ таъмин карда мешавад.2. Бо мақсади таъмини амнияти экологӣ ва фароҳам овардани шароити зарурии истифодаи объектҳои саноатӣ, нақлиёт ва дигар объектҳо минтақаҳо бо назардошти фароҳам овардани шароити махсуси истифодаи ин заминҳо, ки ба беҳдошти муҳити зист мусоидат мекунанд, муқаррар карда мешаванд.3. Ҳангоми ба дигар гурӯҳи заминҳо гузаронидани заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва дигар заминҳои ғайрикишоварзӣ минтақаҳое ба инобат гирифта мешаванд, ки дар доираи он намудҳои фаъолияте, ки ба мақсадҳои таъсиси минтақаҳо номувофиқ аст, маҳдуд ё манъ аст.4. Маҳаки иловагии экологӣ ҳангоми ба дигар гурӯҳи заминҳо гузаронидани заминҳои саноат, нақлиёт, алоқа, мудофиа ва дигар заминҳои таъиноти ғайрикишоварзӣ, ифлос шудани онҳо бо моддаҳои кимиёвӣ аз сатҳи дар маҳакҳои экологии арзёбии замин муқарраргардида ба ҳисоб меравад. Заминҳое, ки ба дараҷаи баландтарини ифлосшавӣ тасниф карда шудаанд, консерватсия карда шуда, ба заминҳои захиравӣ гузаронида мешаванд.
Моддаи 228. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи заминҳои минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва заминҳои таъиноти рекреатсионӣ1. Дар ҳудуди заминҳои таъиноти рекреатсионӣ бо мақсади нигоҳ доштани шароити мусоиди экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ ҳангоми минтақабандии онҳо минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.2. Шахсоне, ки амалигардонии фаъолияти сайёҳиро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда анҷом медиҳанд, уҳдадоранд талаботҳои зерини сайёҳии экологиро риоя намоянд:1) мутобиқати шумораи сайёҳоне, ки дар як вақт дар ҳудуди муайян мемонанд, ба сарбории рекреатсионӣ, ки нисбат ба чунин ҳудуд муқаррар шудааст;2) пешгирии расонидани зарар ба муҳити зист;3) интихоби воситаҳои нақлиёте, ки ба муҳити зист таъсири камтари манфӣ мерасонанд;4) кам кардани ҳосилшавии партовҳои сахти маишӣ ва саноатӣ, таъмини ҷойгиркунии онҳо дар ҷойҳои барои ҷамъоварӣ муқарраршуда, роҳ надодан ба ҷойгиронии партовҳо дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;5) ҷалб намудани аҳолии муқимӣ барои хизматрасонии сайёҳон дар минтақаҳои сайёҳатӣ, ташкил ва гузаронидани хатсайрҳои сайёҳӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи иқтисодӣ.
Моддаи 229. Талаботи экологӣ ҳангоми истифода ва ҳифзи заминҳои фонди давлатии ҷангал1. Ҳангоми таснифи заминҳои фонди давлатии ҷангал ҳолати наботот ҳамчун нишондиҳандаи ҳолати экологии ҳудуд бояд маҳаки экологӣ бошад.2. Ба гурӯҳи дигари заминҳо гузаронидани заминҳои фонди ҷангал дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад.3. Ҳангоми ба дигар гурӯҳҳо гузаронидани заминҳои фонди ҷангал бояд нишондиҳандаҳои экологӣ, аз ҷумла, таъсир ба олами наботот ва ҳайвонот бояд ба назар гирифта шаванд.4. Муносибатҳое, ки оид ба талаботи экологӣ ҳангоми истифода ва ҳифзи заминҳои фонди давлатии ҷангал, ки дар Кодекси мазкур танзим нагардидааст, тибқи қонунгузории замин ва ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 230. Талаботи экологӣ ҳангоми минтақабандӣ ва истифодаи заминҳои фонди давлатии об1. Ҳангоми минтақабандии заминҳои фонди об ҳифзи объектҳои об таъмин карда мешавад.2. Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои фонди давлатии об метавонанд аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи захираҳои об ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои эҳтиёҷоти кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал, моҳидорӣ, шикор, барои истифодаи муваққатӣ ва дигар мақсадҳо дода шаванд, агар хилофи таъиноти асосии қитъаи замин набошанд, инчунин боиси ифлосшавӣ ва харобшавии замин ва мутаносибан бад шудани вазъи экологӣ нагардиданд.3. Гузаронидани заминҳои фонди давлатии об ба дигар гурӯҳҳои замин дар асоси хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ тибқи талаботи қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:1) қатъ гардидани мавҷудияти объекти об ё тағйирёбии назарраси нишондодҳои экологӣ ва гигиении он;2) ба гурӯҳи заминҳои минтақаҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил намудани онҳо;3) тағйир додани сарҳади маҳалҳои аҳолинишин, ки боиси тағйир ёфтани заминҳои фонди давлатии об мегардад.4. Заминҳое, ки барои минтақаҳои муҳофизати об ҷудо карда шудаанд, ба гурӯҳҳои заминҳои маҳалли аҳолинишин ва саноатӣ дода шуда наметавонанд, дар онҳо барои пешгирии ифлосшавӣ, бадшавӣ ва камшавии об низоми махсуси фаъолияти хоҷагидорӣ муқаррар карда мешавад.5. Талаботи экологӣ ҳангоми истифода ва ҳифзи заминҳои фонди давлатии об, ки дар Кодекси мазкур танзим нагардидааст, тибқи қонунгузории замин ва оби Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 231. Талаботи экологӣ ҳангоми минтақаҳо ва истифодаи заминҳои захиравӣ1. Ҳангоми минтақабандӣ кардани заминҳои захиравӣ ҳудуди зуҳуроти тағйироти манфӣ ва якҷинсии фазоии тақсимоти минтақаҳои харобшавии дараҷаҳои гуногун дар минтақаи таҳқиқшаванда ба назар гирифта мешаванд.2. Суръати таназзули экосистема аз рӯйи силсилаи мушоҳидаҳои панҷоҳсола ҳисоб карда мешавад. Арзёбии дараҷаи таназзули экосистема мувофиқи меъёрҳои экологии арзёбии замин гузаронида мешавад.3. Заминҳои захиравӣ ба заминҳои гурӯҳҳои дигар вобаста ба мақсадҳои истифодаи минбаъда танҳо баъди дар замин муқаррар намудани сарҳади заминҳое, ки ба онҳо дода мешаванд, гузаронида мешаванд. Ҳангоми ба заминҳои гурӯҳҳои дигар гузаронидани заминҳои захиравӣ дар навбати аввал бо назардошти талаботи экологии ин гурӯҳҳои замин қитъаи замин интихоб карда мешавад.4. Аз гурӯҳи заминҳои захиравӣ гузаронидани заминҳои вайроншуда баъди рекултиватсия ва тадбирҳои беҳтар намудани сифати заминҳо ва ҳолати экологӣ имконпазир аст.5. Қитъаҳои замин аз ҳисоби заминҳои захиравӣ, ки дар онҳо қаблан озмоишҳои маводҳои ядроӣ ва радиатсионӣ гузаронида шудаанд, танҳо баъди анҷоми ҳамаи чораҳои рафъи оқибатҳои озмоиши маводҳои ядроӣ ва радиатсионӣ ва азназаргузаронии маҷмуии экологӣ ва гирифтани хулосаҳои мусбии экспертизаи давлатии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ барои истифодабарӣ дода мешаванд.
Моддаи 232. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи муносиби замин1. Талаботи асосии экологӣ барои истифодаи муносиби замин инҳоянд:1) асосноккунии илмӣ ва пешгӯии оқибатҳои экологии иваз кардани таъиноти замин ва аз нав тақсим кардани он;2) амалӣ кардани сиёсати ягонаи давлатии экологӣ ҳангоми банақшагирӣ, ташкили истифода ва ҳифзи ҳамаи гурӯҳҳои замин;3) таъмини истифодаи оқилона ва мақсадноки замин;4) ба роҳ мондани истифодаи замин бо назардоштани ғунҷоиши экологии ҳудуд;5) таҳияи маҷмуи тадбирҳо оид ба нигоҳдории устувори ландшафтҳо ва ҳифзи замин;6) амалӣ кардани тадбирҳои ҳифзи замин;7) нигоҳ доштани муҳити табиӣ, хусусиятҳои муҳофизатии об, санитарию эпидемиологӣ, солимгардонӣ ва дигар хосиятҳои табиии фоиданоки ҷангал;8) нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва таъмини фаъолияти устувори низомҳои экологӣ.2. Додани қитъаҳои замин барои ҷойгир ва истифодаи корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо бо гирифтани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ, риояи талаботи экологӣ ва бо назардошти оқибатҳои экологии фаъолияти ин объектҳо сурат мегирад.3. Барои сохтмон ва бунёди объектҳои ба истеҳсолоти кишоварзӣ алоқаманд набуда заминҳое ҷудо карда мешаванд, ки ба мақсадҳои кишоварзӣ мувофиқ намебошанд ва баҳои пасттарини сифати хок доранд.
Моддаи 233. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи замин1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми истифодаи замин ба ифлосшавии замин, аз ҷумла, сатҳи болои замин, харобшавӣ ва камҳосилии хок роҳ надиҳанд, инчунин уҳдадоранд дар мавридҳои зарурӣ барои пешгирии талафи бебозгашти он нигоҳ доштани қабати ҳосилхези хокро таъмин намоянд.2. Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, инчунин шахсони дигар ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон ва дигар корҳое, ки бо вайрон кардани замин алоқаманданд, уҳдадоранд:1) қитъаҳои замини ишғолшударо дар ҳолате нигоҳ доранд, ки барои истифодаи минбаъдаи онҳо аз рӯйи таъинот мувофиқ бошанд;2) пеш аз оғози кори вобаста ба вайрон кардани замин қабати ҳосилхези хокро канда, нигоҳ доштан ва дар оянда истифода бурдани онро бо мақсади азхудкунии заминҳои вайроншуда таъмин намояд;3) барқароркунии (рекултиватсияи) заминҳои вайроншударо анҷом диҳанд.3. Ҳангоми иҷрои корҳо истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, сохтмон ва дигар корҳое, ки бо вайрон кардани қабати замин алоқаманданд, амалҳои зерин манъ аст:1) вайрон кардани қабати бо растанӣ пушидашуда ва қабати хок берун аз қитъаҳои замин, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани корҳо вобаста ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, иҷрои корҳои сохтмонӣ ва дигар корҳои дахлдор ҷудо карда шудаанд;2) гирифтани қабати ҳосилхези хок бо мақсади фурӯхтан ё ба моликияти шахсони дигар додани он.4. Ҳангоми интихоби самти рекултиватсияи заминҳои вайроншуда инҳо ба назар гирифта мешаванд:1) хусусияти вайроншавии қабати болои замин;2) шароити табиӣ ва физикию ҷуғрофии минтақае, ки дар он объект ҷойгир аст;3) хусусиятҳои иҷтимоию иқтисодии ҷойгиршавии объект бо назардошти дурнамои рушди чунин минтақа ва талаботи ҳифзи муҳити зист;4) зарурати барқарор намудани масоҳати заминҳои вайроншуда дар минтақаҳое, ки хокаш ҳосилхез мебошанд ва хоҷагиҳои интенсивӣ;5) зарурати барқарор намудани заминҳои вайроншуда дар наздикии маҳалҳои аҳолинишин барои бунёди боғҳо, ташкили хоҷагиҳои ёрирасон ва минтақаҳои истироҳат, аз ҷумла, бунёди обанборҳо дар қитъаҳои коркардашуда, маҷмуаҳои ороишӣ ва боғдорӣ, барқарор кардани ландшафтҳои табиӣ, рӯйпӯш кардани партовгоҳҳо, аз ҷумла, партовҳои радиоактивӣ;6) дар ҳудуди объекти саноатӣ гузаронидани корҳои банақшагирӣ, барҳам додани канданиҳои нодаркор ва обанборҳо, баровардани партовҳои сохтмон ва кабудизоркунии замин;7) сойҳо ва ҷӯйҳо дар қитъаи замини истифодашаванда, ки бояд пур ё ҳамвор карда шаванд;8) кабудизоркунии ҳатмии минтақа.5. Агар қитъаҳои замин барои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои саноатӣ истифода шаванд, онҳо бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошанд:1) мутобиқати қоидаҳо ва меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ оид ба лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифода намудани полоишгоҳ (полигон)-и мафҳузгоҳи партовҳои саноатӣ;2) дар ҷойҳое ҷойгир шаванд, ки аз сел ва обҳои борон зери об намондаанд;3) дар гирду атрофи сарҳади замин (периметр), роҳҳои дохилшавиаш сахтпӯш дошта, муҳофизати зиддиполоишгарии муҳандисӣ, деворпӯш ва кабудизоркунӣ дошта бошанд;4) новаҳои (обдавҳои) рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ аз қитъаи замин набояд ба объектҳои об ворид шаванд.6. Ҷорӣ намудани технологияи нав, татбиқи тадбирҳои мелиоративии замин ва баланд бардоштани ҳосилхезии замин, агар онҳо ба талаботи экологӣ, меъёру қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ ва дигар талаботи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунанд, манъ аст.7. Тартиби истифодаи заминҳое, ки ба ифлосшавии радиоактивӣ ва (ё) кимиёвӣ дучор шудаанд, таъсис додани минтақаҳои муҳофизатӣ, нигоҳдории биноҳои истиқоматӣ, истеҳсолӣ, тиҷоратӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ дар ин заминҳо, гузаронидани корҳои мелиоративӣ ва техникӣ дар онҳо бо назардошти ҳадди ҷоизи дараҷаи таъсиррасонии радиатсионӣ ва кимиёвӣ муайян карда мешавад.8. Заминистифодабарандагон уҳдадоранд бо мақсади ҳифзи замин чораҳои зерин андешанд:1) ҳифзи замин аз эрозияи обӣ ва шамолӣ, сел, ярч, обхезӣ, зериобмонӣ, ботлоқшавӣ, шуршавии такрорӣ, хушкшавӣ, сахтшавӣ, ифлосшавӣ бо партовҳо, аз ҷумла, бо моддаҳои радиоактивӣ ва кимиёвӣ, партовҳо, ифлосшавии биогеннӣ, инчунин дигар таъсироти манфӣ;2) ҳифзи замин аз ифлосшавии объектҳои карантинӣ, намудҳои бегона ва организмҳои махсусан хавфнок, паҳн шудани онҳо, аз алафҳои бегона, буттаҳо ва ҷангалҳои майда, инчунин аз дигар ҳолатҳои бад шудани замин;3) рафъи оқибатҳои ифлосшавӣ, аз ҷумла, биогенӣ;4) нигоҳ доштани ҳолати беҳдошти замин;5) рекултиватсияи заминҳои вайроншуда, барқарор намудани ҳосилхезии хок, сари вақт ба истифода додани заминҳо.9. Дар заминҳои маҳалҳои аҳолинишин истифода бурдани намаки ош барои мубориза бар зидди ях манъ аст.
БОБИ 20. ҲИФЗИ ХОК
Моддаи 234. Муқаррар намудани меъёрҳо оид ба ҳифзи хок1. Бо мақсади ҳифзи хок, таъмини талаботи экологӣ, иҷрои корҳои санитарию эпидемиологӣ ва хоҷагидорӣ меъёрҳои давлатии сифати хок, меъёрҳои ҷоизи таъсиррасонӣ ба хок ва меъёрҳои дигари дахлдор муқаррар карда мешаванд.2. Нишондиҳандаҳои меъёрии сифати хок нишондиҳандаҳои ҳадди ҷоизи моддаҳои кимиёвӣ, радиоактивӣ, биологӣ ва микроорганизмҳо дар хок ва тағйироти ҷоизи таркиб, сохт ва хусусиятҳои онро дар бар гирифта, бо назардошти намуди хок ва таъиноти мақсадноки замин муқаррар карда мешаванд.3. Нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири ҷоиз ба хок шомили нишондиҳандаҳои меъёрии таъсири намуди мушаххаси ҷоизи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари алоқаманд ба хок, нишондиҳандаҳои фишори ҷоизи антропогенӣ ба хок мебошанд.4. Нишондиҳандаҳои меъёрии ҷоизи антропогенӣ ба хок аз рӯйи ҳар намуди таъсиррасонии ба хок ва маҷмуи таъсир ба хоки тамоми маҳалли муайян бо назардошти хусусиятҳои ташаккули хоки минтақаҳои гуногуни табиию иқлимӣ, қобилияти барқароршавии хок ва таъиноти мақсадноки замин муқаррар карда мешаванд.5. Нишондиҳандаҳои меъёрии таъсиррасонии ҷоизи антропогенӣ ба хоки заминҳои таъиноти кишоварзӣ бояд ҳосилхезии онро таъмин намоянд.6. Нишондиҳандаҳои меъёрии ҳифзи хок аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 235. Мониторинги хок1. Мониторинги хок аз мушоҳидаи мунтазами ҳолати он бо мақсади ошкор намудани тағйирот дар сохт ва сифати он иборат буда, таҳқиқоти хок, баҳодиҳӣ ва пешбинии тадбирҳо ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфии онро дар бар мегирад.2. Мониторинги давлатии ҳолати хокро мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи мониторинги давлатии экологӣ ва мониторинги замин мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.3. Мониторинги давлатии ҳолати хок аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар машғуланд ва дар натиҷаи фаъолияти онҳо ба хок таъсири манфӣ расидааст, уҳдадоранд мониторинги ҳолати хокро анҷом диҳанд. Мониторинги ҳолати хок аз ҳисоби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ - субъектони фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар амалӣ карда мешавад.5. Дар асоси натиҷаҳои мониторинги хок тавсияҳо оид ба пешгӯӣ, пешгирӣ ва рафъи равандҳои манфӣ дар ҳолати хок таҳия карда мешаванд. Натиҷаҳои мониторинги хок ва тавсияҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 236. Таҳқиқи хок1. Мақсад аз таҳқиқи хок муайян кардани ҳолат ва сифати он андешидани чораҳо оид ба ҳифз, барқарор ва беҳтар намудани ҳолати хок мебошад.2. Таҳқиқи хок дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ё бо ташаббуси истифодабарандагони замин гузаронида мешавад.3. Таҳқиқи хок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, он мавқеи намуд ва зернамудҳои хоки қитъаи замин, ҳолати экологӣ ва санитарию эпидемиологии хок, инчунин хусусиятҳои дигари онро муайян менамояд.4. Таҳқиқи хок аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ, муассисаҳо ва ташкилоти илмӣ ё шахсони дигари ваколатдор мутасаддии ин намуди фаъолият бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.5. Маълумот оид ба таҳқиқи хок, харитаҳои хок, ҳисобот дар бораи ҳолати хок ва ҳуҷҷатҳои расмии дигарро дар бар мегирад.6. Харитаҳои хок дар асоси маълумоти кадастри давлатии замин, мониторинги давлатии экологӣ, таҳқиқи хок ва маълумоти дигар дар бораи хок тартиб дода мешаванд.
Моддаи 237. Иттилоот дар бораи ҳолати хокИттилоот дар бораи ҳолати хок ва тадбирҳо оид ба ҳифзи он андешидашуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 238. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи хок1. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи хок дар доираи назорати давлатии экологӣ, назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ амалӣ карда мешавад.2. Назорати давлатии ҳифзи хок амалҳои зеринро дар бар мегирад:1) назорати ҳолати хок дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ва намудҳои дигари фаъолият;2) назорати иҷрои талабот ва риояи нишондиҳандаҳои меъёри ҳифзи хок;3) назорати иҷрои чорабиниҳои пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои заминсозӣ, шаҳрсозӣ ва экологӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои дигар, ки тадбирҳои пешгирии хароб ва ифлосшавии хок, барқарорсозии он ва рафъи ҷараёнҳои манфиро дар хок фаро гирифтаанд;4) санҷиши дурустии маълумоте, ки дар бораи ҳолати хок пешниҳод карда шудааст;5) андешидани чораҳо ҷиҳати рафъи камбудиҳо оид ба ҳифзи хок.
Моддаи 239. Назорати ҷамъиятӣ ва истеҳсолии ҳифзи хокНазорати ҷамъиятӣ ва истеҳсолии ҳифзи хок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
Моддаи 240. Ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои истифодабарандагони замин оид ба ҳифзи хок1. Истифодабарандагони замин оид ба ҳифзи хок ҳуқуқ доранд:1) мустақилона ба амал баровардани тадбирҳои ҳифзи хок ва баланд бардоштани ҳосилхезӣ, беҳтар намудани ҳолати хок, пешгирӣ намудани таназзул, харобшавӣ ва ифлосшавии онҳо аз ҳисоби маблағҳои худ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузорӣ манъ накардааст;2) истифодаи комёбиҳои илмӣ, техникӣ ва технологӣ ҷиҳати ҳифзи хок ва баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо;3) талаби ҷуброни зарари ба хок расонидашуда аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;4) гирифтани маълумот дар бораи баҳодиҳии сифати хок дар қитъаи замини ба онҳо тааллуқдошта аз институтҳои дахлори Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон;5) гирифтани маълумот аз мақомоти дахлдори давлатӣ ё субъектҳои хоҷагидор дар бораи таъсири воситаҳои механикӣ, коркарди кимиёвӣ ва муҳофизати растаниҳо, инчунин мутобиқшавии тухмӣ ба ҳолати хок.2. Истифодабарандагони замин оид ба ҳифзи хок уҳдадоранд:1) ҳифзи хок, нигоҳ доштан, барқарор намудан ва баланд бардоштани ҳосилхезии онҳо ҳангоми истифодабарии замин;2) пешгирӣ намудани амалҳое (беамалие), ки боиси ифлосшавӣ ва паст шудани қабати ҳосилхезии замин мегарданд;3) истифода накардани техника ва технологияе, ки боиси фишурдани хок мегардад;4) ҳамкорӣ дар таҳқиқоти хок;5) пешгирии ифлосшавӣ ва таназзули хок.
Моддаи 241. Меъёрҳои экологии сифати хок1. Меъёрҳои экологии сифати хок аз рӯйи нишондиҳандаҳои кимиёвӣ ва биологӣ дар шакли ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар хок муқаррар карда мешаванд.2. Ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар хок ҳамчун миқдори ниҳоии (вазни) моддаи кимиёвӣ фаҳмида мешавад, ки мутобиқи Кодекси мазкур моддаи ифлоскунанда эътироф шуда, боиси харобшавии ҷузъҳои муҳити табиӣ мегардад ё устувории низомҳои экологӣ ва гуногунии биологиро вайрон мекунад.3. Меъёрҳои сифати хок бо назардошти хусусиятҳои табиии ҳудудҳо ва гурӯҳҳои замин, ки мутобиқи қонунгузории замини Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, таҳия ва муқаррар карда мешаванд.4. Агар тибқи меъёрҳои муқарраргардидаи сифати хок аломатҳои бад шудани ҳолати унсурҳои зиндаи низоми табиии экологӣ (растанӣ, ҳайвонот ва дигар организмҳо), ки бо таҳқиқоти илмӣ ба муддати на камтар аз панҷ сол тасдиқ шудаанд, пайдо шуда бошанд, барои чунин ҳудудҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ стандартҳои ҳудудии экологиро оид ба сифати хок муқаррар намоянд. Дар чунин ҳолат нишондиҳандаҳои ҳолати гурӯҳи осебпазиртарини объектҳои биологӣ ба сифати нишондиҳандаҳои сифати хок истифода бурда мешавад. Моддаи 242. Ҳифзи қабати ҳосилхези хок1. Ҳифзи қабати ҳосилхези хок аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ва истифодабарандагони замин таъмин карда мешавад.2. Ҳангоми иҷрои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ҳифзи қабати ҳосилхези хок бояд таъмин карда шавад.3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми дар қитъаҳои замини дорои хоки ҳосилхез бунёд кардани биною иншоотҳо ва машғул шудан бо намудҳои дигари фаъолияти ғайрикишоварзӣ бо мақсади хароб накардани қабати ҳосилхези хок онро гирифта, ба ҷойи дигар, ки шароити мусоид дорад, мекашонанд.4. Қабати ҳосилхези хоки гирифташуда барои барқарор намудани хоки заминҳои хароб ва ифлосгашта, гузаронидани корҳои ободонию кабудизоркунии атрофи биноҳо, заминҳои камҳосил, беҳтар кардани сифати хоки заминҳои таъиноти кишоварзӣ, инчунин барои аз худ кардани замини нав истифода мешавад.5. Ҷойҳои нигоҳдории қабати ҳосилхези хоки гирифташуда ва истифодаи минбаъдаи онро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунанд.6. Қабати ҳосилхези хокро аз сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардан манъ аст. Намунаи хок ва коллексияҳои хок танҳо ба мақсадҳои илмӣ бо розигии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар бароварда мешаванд.
Моддаи 243. Талабот оид ба ҳифзи хок ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон1. Ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони биною иншоотҳо талабот оид ба ҳифзи хок бояд риоя карда шавад.2. Дар таҳияи лоиҳаҳои шаҳрсозӣ, меъморӣ ва сохтмон дар баробари ба инобат гирифтани талаботи экологӣ, санитарию эпидемиологӣ тадбирҳо оид ба ҳифзи хоки ҳосилхез ва истифодаи оқилонаи он ҳатман пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 244. Талабот оид ба ҳифзи хок ҳангоми иҷрои фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар1. Фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, ки ба хок таъсири манфӣ мерасонанд, бояд мутобиқи талабот ва нишондиҳандаҳои меъёри ҳифзи хок ба роҳ монда шавад.2. Бо мақсади пешгирии ифлосшавии хок шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми фаъолияти истеҳсолӣ, истифодаи объектҳо ва намудҳои дигари фаъолият, ки ба хок таъсири манфӣ мерасонанд, уҳдадоранд технологияҳои самарабахши тоза кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳаво, объектҳои об ва партовҳои дигарро ба роҳ монанд.3. Дар ҳолати аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ истифода намудани объектҳо ва машғул шудан бо намудҳои дигари фаъолият, ки ба ҳолати хок таъсири манфӣ расонида метавонанд, гузаронидани мониторинги истеҳсолии ҳолати хок аз ҷониби онҳо ҳатмӣ мебошад.4. Агар хоки қитъаҳои замин дар натиҷаи истифодаи объектҳо ва намудҳои дигари фаъолият ифлос гашта, ба саломатии аҳолӣ хатар таҳдид намояд, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, қабати ифлосшудаи хокро бурида гирифта, дар ҷойи махсус гӯронанд ва бо тартиби муайяншуда бо хоки тоза рӯйпӯш намоянд.
Моддаи 245. Талабот оид ба ҳифзи хок ҳангоми барҳам додан ё муваққатан боздоштани фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарДар сурати барҳам додан ё муваққатан боздоштани фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, ки ба ҳолати хок таъсири манфӣ мерасонанд, шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар объектҳои мазкур фаъолият мекунанд, уҳдадоранд ҳолати хокро таҳқиқ ва барои барқарор кардани ҳолати мусоиди истифодаи минбаъдаи он мутобиқи таъиноти мақсаднок тадбирҳо андешанд.
Моддаи 246. Талабот оид ба ҳифзи хок аз ботлоқшавӣ ва шуршавӣ1. Барои ҳифз намудани хок аз ботлоқшавӣ ва шуршавӣ корҳои вобаста ба таҳқиқи хок гузаронида шуда, лоиҳаҳои заминсозии дохилихоҷагӣ таҳия карда мешаванд, ки дар онҳо тадбирҳои агротехникӣ, мелиоративӣ ва тадбирҳои дигар пешбинӣ мегарданд.2. Бо назардошти натиҷаҳои корҳои вобаста ба таҳқиқи хок барои ҳифзи он аз ботлоқшавӣ ва шуршавӣ тадбирҳои зерин андешида мешаванд:1) тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо то ҳадди муайяннамудаи лоиҳа паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ;2) обшӯй кардани заминҳои шур;3) риоя кардани меъёри обёрӣ мутобиқи нақшаи обёрикунӣ ва меъёрҳои обёрӣ;4) иҷрои корҳои дигари агротехникӣ ва мелиоративӣ, ки ба ҳифзи заминҳо аз ботлоқшавӣ ва шуршавӣ мусоидат мекунанд.
Моддаи 247. Талабот оид ба ҳифзи хок аз харобшавӣ ва хушку сахтшавӣ1. Истифодабарандагони замин уҳдадоранд барои ҳифзи хок аз харобшавӣ, хушку сахтшавӣ, инчунин барқарор намудани ҳосилхезии хок, хусусиятҳои кимиёвӣ ва биологии он, тадбирҳо андешанд.2. Тадбирҳо оид ба пешгирии харобшавии хок бо назардошти натиҷаҳои таҳқиқи хок, аз ҷумла, аз харитаи агрокимиёвӣ ва корҳои лабораторӣ андешида мешаванд.3. Тадбирҳо оид ба пешгирии хушкшавии хок дар доираи корҳои мелиоративӣ ва агротехникии зерин анҷом дода мешаванд:1) вобаста ба маҳалли ҷойгиршавии табиии хок ва бо назардошти намуди зироат таҳия кардани нақшаи истифодаи об ва обёрии замин тибқи меъёрҳои агротехникӣ;2) бо мақсади нигоҳ доштани намнокии хок пеш аз боришоти барфу борон мутобиқи талаботи агротехникӣ шудгор кардани заминҳо.4. Барои ҳифзи хок аз сахтшавӣ дар баробари андешидани тадбирҳои пешбининамудаи қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур чораҳои иловагӣ оид ба нарм намудани хокҳои сахтшуда ва кишти зироатҳое, ки хусусияти ковок кардани хокро доранд, инчунин бо истифодаи нуриҳои органикӣ, минералӣ ва биологӣ андешида мешаванд.
Моддаи 248. Талабот оид ба барқарор намудани хоки харобгардида1. Истифодабарандагони замин, ки дар натиҷаи амал ё беамалии онҳо хоки заминашон хароб гардидааст, уҳдадоранд барои барқарор намудани он тадбирҳо андешанд.2. Хароҷоти барқароркунии хоки харобгашта аз ҷониби истифодабарандагони замин, ки бинобар амал ё беамалии онҳо хароб гардидааст, ҷуброн карда мешаванд.3. Тадбирҳо оид ба барқароркунии хоки харобшуда дар асоси усулҳои илмӣ ва бо назардошти намуд ва дараҷаи харобшавии он, қобилияти табиии барқароршавии хок, инчунин бо назардошти таъиноти мақсадноки хок андешида мешаванд.4. Ҳангоми барқарор кардани хоки харобгардида тартиби махсуси истифодаи қитъаи замини дорои чунин хок, ки барои барқарор намудани хосият ва ҳосилхезии хок, камтар кардани таъсири антропогенӣ ва пурра барқарор гаштани фаъолияти зарурии он равона гардидааст ҷорӣ карда мешавад.5. Агар дар рафти фаъолияти хоҷагидорӣ ҳолати хок мунтазам хароб гардида ё ифлосшавии он бо моддаҳои зараровар зиёд ифлос шуда, ба саломатии инсон хатар таҳдид намояд, истифодаи ин гуна қитъаҳои замин боздошта мешавад.6. Қабати хоки бо моддаҳои радиоактивӣ ё бо моддаҳои дигари ба ҳаёт ва саломатии инсон зарарнок ифлосшудаи хок бурида ва бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷойи махсус гӯронида мешавад.7. Дар сурати қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷуброни зарари ба хок расонидаашон озод карда намешаванд.
БОБИ 20. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ САРВАТҲОИ ЗЕРИЗАМИНӢ
Моддаи 249. Муқаррароти умумӣ дар бораи ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ1. Сарватҳои зеризаминӣ ҳамчун объекти ҳифзи муҳити зист, аз омилҳои зерин ҳифз карда мешавад:1) коҳишёбӣ;2) ифлосшавӣ;3) расонидани зарар ба муҳити зист, ҳаёт ва саломатии инсон;4) ис¬тифодаи худсарона ва ғайриқонуни сарватҳои зеризаминӣ;5) истихроҷи пурраи захираи маъданҳои фоиданоки асосӣ ва ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурҳои туфайлӣ.
Моддаи 250. Талаботи экологӣ оид ба ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ1. Талаботи экологӣ оид ба ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд:1) ҳифзи конҳои маъданҳои фоиданок аз таъсири табиӣ ва антропогенӣ, ки сифати маъданҳои фоиданок ва арзиши саноатии конҳоро паст карда, шароити истихроҷи онҳоро мушкил мегардонанд;2) пешгирӣ намудани сохтмони худсарона дар ҳудуди конҳои маъданҳои фоиданок, риояи тартиби муқарраргардидаи сохтмон ва истифодаи объектҳо дар ҳудудҳои мазкур;3) ҷойгир намудани партовҳои саноатию маишӣ дар ҷойҳои ташаккули захираҳои об, ҷамъшавии об ва захираи обҳои зеризаминӣ, ки барои истеъмол ё эҳтиёҷоти саноатӣ истифода мешаванд;4) пешгирӣ намудани манбаъҳои маъданҳои зеризаминӣ ва муҳити зист аз ифлосшавӣ ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, махсусан ҳангоми дар зери замин гӯронидани моддаҳои зарарнок, партови истеҳсолӣ ва обҳои партов;5) риояи тартиби муайяншудаи хобонидан ва барҳамдиҳии корхонаҳои истихроҷи маъданҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминии ба истихроҷи маъдан алоқаманд.2. Бо мақсади ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ истифодабарандагони замин чорабиниҳои зеринро амалӣ менамоянд:1) ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи замин;2) пешгирӣ намудан аз обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, сахту шуршавӣ фурӯравӣ ва лағжиши замин;3) ҳифзи замин аз ифлосшавӣ бо моддаҳои кимиёвию радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва дигар омилҳои харобшавӣ;4) андешидани чораҳо оид ба пешгирии ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории замин;5) татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифз ва истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;6) амалӣ намудани тадбирҳои ҳифзи қитъаи замин ҳангоми истихроҷ ва коркарди сарватҳои зеризаминӣ тибқи лоиҳаҳои заминсозӣ, беҳдоштӣ бо назардошти тавсияҳои илмӣ ва таҷрибаи пешқадам.
Моддаи 251. Талаботи экологӣ оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ1. Талаботи экологӣ оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз инҳо иборатанд:1) риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;2) омӯзиши пурра ва босифати геологӣ, истифодаи оқилонаи комплексии сарватҳои зеризаминӣ;3) мавҷудияти хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ;4) истифодаи техника ва технологияҳои муосир, ки ба муҳити зист таъсири камтарин мерасонанд;5) банақшагирӣ ва амалисозии фаъолиятҳое, ки ифлосшавии обро ҳангоми иҷрои корҳои марбут ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пешгирӣ мекунанд;6) риояи қоидаҳо ва муҳлатҳои боздоштан (консерватсия кардан) ва барҳамдиҳии корхонаҳои кӯҳӣ, кони кӯҳӣ, инчунин иншооти зеризаминии бо истихроҷи маъданҳои фоиданок алоқаманд;7) роҳ надодан ба иҷрои корҳо оид ба истихроҷи маъданҳои фоиданок бидуни нақшаи мувофиқашудаи солонаи рушди корҳои кӯҳӣ, ҳифзи конҳои кӯҳӣ аз таъсири манфии иншооти сохтмон;8) ҳифзи кони маъданҳои фоиданок аз таъсири зараровари вобаста ба сохтмони майдони ҷойгиршавии маъданҳои фоиданок;9) баҳисобгирии пурраи маъданҳои фоиданоки истеҳсолшуда ва захираи маъданҳои асосӣ, маъданҳои ҳамроҳи онҳо ҷойгирифта ва унсурҳои фоиданоки туфайлӣ.2. Амалисозии ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бо риояи ҳатмии талаботи экологӣ бо мақсади ҳифзи объектҳои махсус ҳифзшаванда, ки аҳаммияти илмӣ, табиию фарҳангӣ ва санитарию солимгардонӣ доранд (машқгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ, мамнӯъгоҳҳо ва ёдгориҳои таърихию табиӣ, парваришгоҳҳои ҳайвонот ва набототи нодир, ландшафтҳои табиӣ ва гуногунии биологӣ).3. Амалисозии ҳуқуқи истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳангоми ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва дигар маводҳои коллексионии геологӣ барои пешбурди тадқиқотҳои илмӣ, ташкили экспонатҳои намоишӣ дар осорхонаҳо, тайёр кардани маҳсулот барои мақсадҳои тиҷоратӣ бе халал расонидан ба мувозинати экологӣ, тамомияти объектҳои олами наботот ва ҳайвонот ва дар маҷмуъ, гуногунии биологӣ гузаронида мешавад.4. Уҳдадориҳои истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, инчунин шахсони дигарро ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ, иҷрои корҳои сохтмон ва дигар корҳое, ки бо вайрон кардани замин алоқаманданд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сарватҳои зеризаминӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 252. Талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи омӯзиши геологӣ, иктишоф ва истихроҷи ашёи хоми карбондор, инчунин ҳангоми коркард, истеҳсол, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯши ашёи хоми карбондор ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда 1. Ҳангоми лоиҳакашии меъморию сохтмонӣ, сохтмон, азнавсозӣ, таъмири асосӣ, ба истифода додан, истифода бурдан ва аз истифода баровардани объектҳои сохтмони асосие, ки дар омӯзиши геологӣ, иктишоф ва истихроҷи ашёи хоми карбондор, инчунин ҳангоми коркард, истеҳсол, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯши ашёи хоми карбондор ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда, оид ба ҷамъоварӣ, коркард, истифода бурдан, безарар гардонидан, ҷойгир кардани партовҳои истеҳсолӣ, ҷамъоварӣ намудани гази ҳамроҳи нафтбуда, барқарорсозии заминҳо ва дигар тадбирҳо оид ба пешгирии таъсири манфӣ ба муҳити зист чораҳо андешида мешаванд.2. Тарҳрезии лоиҳаи меъморию сохтмонӣ, сохтмон, азнавсозӣ, таъмири асосӣ, ба истифода додан, истифода бурдан ва аз истифода баровардани объектҳои сохтмони асосие, ки ҳангоми омӯзиши геологӣ, иктишоф ва истихроҷи карбогидридҳои истифодашаванда, инчунин ҳангоми коркард, истеҳсол, интиқол (ба истиснои ҳамлу нақл дар роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум ва хатҳои роҳи оҳан), нигоҳдорӣ, фурӯши ашёи хоми карбондор ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда дар сурати мавҷуд будани лоиҳаҳои корҳои мелиоративӣ ва дигар корҳои барқароркунӣ иҷозат дода мешавад.3. Ҳангоми омӯзиши геологӣ, иктишоф ва истихроҷи ашёи хоми карбондор, инчунин ҳангоми коркард, истеҳсол, интиқол, нигоҳдорӣ, фурӯши ашёи хоми карбондор ва маҳсулоти аз онҳо истеҳсолшуда бояд тадбирҳо оид ба огоҳонидан ва бартараф кардани резиши нафт, маҳсулоти нафтӣ ва дигар таъсири манфӣ ба муҳити зист пешбинӣ карда шавад.
Моддаи 253. Шартҳои экологии истифодаи сарватҳои зеризаминии дорои аҳаммияти маҳаллӣШарти экологии истифодаи сарватҳои зеризаминии дорои аҳаммияти маҳаллӣ инҳоянд:1) ба шартҳои иҷозатномаҳои истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дохил намудани талаботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист;2) гузаронидани мониторинги истеҳсолии муҳити геологӣ дар ҳудуди корхонаҳои истихроҷи маъдан ва иншоотҳои зеризаминии истифодашаванда;3) татбиқи тадбирҳои махсус оид ба ҳифзи муҳити зист аз таъсири зараровари корхонаҳои истихроҷи маъдан ва иншоотҳои зеризаминии истифодашаванда, ки бо мақомоти маҳаллии ҳифзи муҳити зист мувофиқа шудаанд;4) риояи талаботи экологӣ ҳангоми қатъ кардани истифодаи сарватҳои зеризаминӣ боздоштан (консерватсия кардан) ё барҳам додани корхонаи истихроҷи канданиҳои фоиданок ва иншоотҳои зеризаминии дорои аҳаммияти маҳаллидошта тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 21. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ОБЪЕКТҲОИ ОБ
Моддаи 254. Муқаррароти умумӣ оид ба ҳифзи объектҳои об1. Объектҳои об аз ҳама намуди ифлосшавӣ, аз ҷумла, ифлосшавии паҳншуда (ифлосшавӣ тавассути сатҳи замин, хок, сарватҳои зеризаминӣ ё ҳавои атмосфера) ҳифз карда мешаванд.2. Объектҳои об бо мақсади пешгирии таъсири омилҳои зерин мавриди ҳифз қарор мегиранд:1) коҳишёбӣ;2) таъсири зараровар ба захираҳои об;3) вайрон кардани устувории фаъолияти низоми экологӣ;4) биёбоншавӣ, харобшавии заминҳо, ҷангалҳо ва дигар ҷузъҳои муҳити табиӣ;5) коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ;6) расонидани зарари экологӣ.7) бад шудани шароити таъмини об;8) паст кардани қобилияти такрористеҳсолкунӣ ва тоза кардани объектҳои об ба таври табиӣ;9) вайрон кардани реҷаи гидрологию гидрогеологии объектҳои об;10) дигар ҳодисаҳои номатлуб, ки ба хосиятҳои кимиёвӣ, физикӣ ва биологии объектҳои об таъсири манфӣ мерасонанд.3. Ифлосшавии объектҳои об ин дар таркиби обҳои рӯйизаминӣ ё зеризаминӣ мавҷуд будани моддаҳои ифлоскунанда бо ғилзат ё таъсири физикии он аз меъёрҳои экологии муқарраргардидаи сифати об ба истиснои иншоотҳое, ки барои ҷойгир кардани партовҳо ва партофтани обҳои партов пешбинӣ шудаанд, зиёд мебошад.4. Манбаъҳои ифлосшавии объектҳои об ин воридшавии моддаҳои ифлоскунанда ва таъсири физикӣ дар натиҷаи омилҳои антропогенӣ ва табиӣ, инчунин дар натиҷаи равандҳои кимиёвӣ, физикӣ ва биологии ба вуҷуд омадани моддаҳои ифлоскунандаи онҳо эътироф карда мешаванд.5. Коҳишёбии объектҳои об ин кам шудани маҷрои об, захираи обҳои рӯйизаминӣ ё аз сатҳи ҳадди ақали қобили қабул кам шудани ҳаҷми захираи обҳои зеризаминӣ мебошад. Талаботе, ки ба пешгирии коҳишёбии об нигаронида шудаанд, бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об ва Кодекси мазкур муқаррар карда мешаванд.6. Ифлосшавии табиӣ ва техногенӣ бо моддаҳои зарарноки кимиёвӣ, моддаҳои заҳрнок ва пайвастагиҳои онҳо, ифлосшавии ҳароратӣ, бактериявӣ, радиатсионӣ ва дигар навъи ифлосшавиро фаро мегирад.
Моддаи 255. Партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба объектҳои об1. Партофтани моддаҳои ифлоскунанда ин ҳамроҳ намудани моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби партовҳои оби ҷоришаванда ба объектҳои об мебошад.2. Бо мақсади аз ифлосшавӣ ҳифз намудани объектҳои об чорабиниҳои зерин манъ аст:1) ба объектҳои об партофтан ва гӯронидани моддаҳои радиоактивӣ ва заҳрнок;2) ба объектҳои об партофтани обҳои партови иншоотҳои саноатӣ ва хӯрокворие, ки иншоотҳои тозакунанда надоранд ва мувофиқи стандартҳо самаранок тоза карда намешаванд;3) гузаронидани корҳои таркишӣ дар объектҳои обе, ки дар онҳо технологияҳои ядроӣ ва дигар намудҳо бо партови моддаҳои радиоактивӣ ва заҳролудкунанда истифода мешаванд;4) истифодаи техника ва технология дар объектҳои об ва иншоотҳои хоҷагии об, ки ба саломатии инсон ва муҳити зист таҳдид мекунанд.3. Ба партовҳои обӣ инҳо дохил мешаванд:1) обҳои рӯйизаминӣ, ки барои эҳтиёҷоти истеҳсолӣ ё маишӣ истифода шуда, олудаҳои иловагиро дар худ мегирад ва натиҷа таркиб ё хосиятҳои физикии он тағйир меёбад;2) обҳои зеризаминӣ, ки дар натиҷаи истихроҷ ва ё истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ҳамчун маҳсулоти иловагӣ ҷамъ мешаванд (карерҳо, конҳо, обҳои конҳо, обҳои қабатӣ, ки ҳамчун маҳсулоти иловагӣ бо карбогидридҳо ба даст омадаанд).4. Ба сифати партовҳои обӣ дохил намешаванд:1) ҷорӣ намудани обҳои қабати замин якҷоя бо карбогидридҳо, обҳои тозашуда ва обҳои техникӣ, ки сифати онҳо ба талаботҳои меъёрҳои муқарраршудаи ҳадди имконпазир мутобиқат мекунад;2) ворид кардани маҳлулҳои технологӣ ва (ё) агентҳои корӣ ба қаъри замин барои истихроҷи маъданҳои фоиданок мутобиқи лоиҳаҳо ва регламентҳои технологӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;3) рафъи обҳое, ки барои хунуккунии обӣ дар зарфҳои нигоҳдорӣ истифода шуда, дар системаи пӯшидаи обтаъминкунӣ ҷойгиранд.
Моддаи 256. Ҳифзи объектҳои об аз ифлосшавӣ1. Ба объектҳои об партофтани партовҳо, ки ба сифати табиии об таъсири манфӣ мерасонанд ва гӯронидани моддаҳои радиоактивӣ ва заҳрнок манъ аст.2. Тадбирҳо вобаста ба пешгирии ифлосшавии объектҳои об дар натиҷаи садамаҳо ва дигар вазъиятҳои фавқулодда ва бартарафсозии оқибатҳои онҳо дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.3. Ба объектҳои об партофтани обҳои партов, ки дар таркибашон моддаҳои радиоактивӣ, заҳркимиёҳо (пеститсидҳо), агрокимиёҳо ва дигар моддаҳои барои саломатии инсон хатарнок ва пайвастагиҳое, ки аз меъёрҳои ҳадди имконпазири таъсир ба объектҳои об зиёд аст, манъ мебошад.4. Қоидаҳои ҳифзи объектҳои обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 257. Меъёрҳои имконпазири партовҳои обии таъсири антропогенӣ ба об1. Меъёрҳои ҳадди имконпазири партофтани партовҳои обӣ аз инҳо иборат аст:1) меъёрҳои хоси технологии партофтани партовҳои обӣ;2) партофтани партовҳои обии муваққатан иҷозатдодашуда;3) меъёрҳои техникии партофтани партовҳои обӣ;4) меъёрҳои имконпазири таъсири физикӣ барои обҳои рӯйизаминӣ.2. Меъёрҳои экологии ҳадди имконпазири таъсири зараровар ба объектҳои об бо асосҳои зерин муқаррар карда мешаванд:1) миқдори ҳадди имконпазири таъсири сарбории антропогенӣ, ки таъсири дарозмуддати онҳо ба тағйири системаи экологии объектҳои об оварда намерасонад;2) миқдори имконпазири массаҳо ва ғилзатии моддаҳои зарарнок, ки метавонанд ба объекти об ва майдони обҷамъшаванда ворид шаванд.3. Қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои партовҳои обии иҷозатдодашуда, партовҳои обии муваққатан иҷозатдодашуда, меъёрҳои таъсиррасонии физикӣ ба обҳои рӯйизаминӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 258. Меъёрҳои имконпазири таркиби партовҳои обӣ1. Меъёрҳои имконпазири партовҳои обӣ меъёри экологии дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ муқарраргардида мебошад ва ҳамчун миқдори моддаи ифлоскунанда ё омехтаи моддаҳои ифлоскунанда дар обҳои партов, ҳадди ниҳоии имконпазири партовҳои обӣ дар як воҳиди вақт муайян карда мешавад.2. Таҳияи лоиҳаҳои меъёрҳои ҳадди имконпазири партовҳои обӣ барои иншооте, ки оби партови тозашударо ба объекти обӣ ё ба релефи маҳал мепартоянд, ҳатмист. Ба объекти об ё ба релефи маҳал партофтани партовҳои обӣ бе иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ манъ аст.3. Барои ҳар як моддаи ифлоскунанда дар ҳар як нуқтаи обпарто бояд меъёри имконпазири партовҳои обӣ муқаррар карда шавад.4. Ғилзати асосии заминавии антропогении моддаҳои ифлоскунанда дар об ҳамчун таъиноти ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар нуқтаи мушаххаси назорати объекти об дар шароити номусоид дар натиҷаи партовҳо аз дигар манбаъҳо, ки ҳангоми муайян кардани меъёрҳои имконпазири партовҳои обӣ анҷом дода мешаванд, фаҳмида мешавад.5. Тозакунии обҳои партов дар ҳолатҳои пешбининамудаи қисми 1 моддаи мазкур мувофиқи қарорҳои лоиҳавии тасдиқшудаи маҳсулоти нафтӣ, моддаҳои моеъ ва сулфиди гидроген амалӣ карда мешавад.
Моддаи 259. Мониторинги риояи меъёрҳои имконпазири партовҳои обӣ1. Мониторинги риояи меъёрҳои имконпазири партовҳои обӣ ва таъсири онҳо ба сифати об дар объекти об бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Мониторинги риояи меъёрҳои экологии сифати оби объектҳои оби рӯйизаминӣ дар қитъаи назоратӣ гузаронида мешавад. Қитъаи назоратӣ дар объектҳои обҳои рӯйизаминӣ, ки барои таъмини оби нӯшокӣ, маишӣ ва моҳипарварӣ истифода мешаванд, дар масофаи на бештар аз панҷсад метр поёнтар аз нуқтаи партофтани обҳои партов (нуқтаи ихроҷи обҳои партов, ҷойи истихроҷи канданиҳои фоиданок, корҳои истеҳсолӣ дар объектҳои об) муқаррар карда мешавад.3. Дар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ асосҳои муайян кардани мавқеъ ва шумораи нуқтаҳое, ки дар он мониторинги риояи меъёрҳои экологии сифати об дар қитъаи назоратӣ гузаронида мешавад, пешниҳод карда мешавад.4. Дар сурати давра ба давра (як маротиба) зиёд шудани ғилзати заминавии ифлосиҳои назоратшаванда, аз меъёри имконпазири партовҳои обӣ, ки дар натиҷаи ин тағйирёбии заминавӣ ба вуҷуд омадаанд, вайрон кардани меъёрҳои имконпазири партовҳои обӣ намебошад.
Моддаи 260. Талаботи экологӣ оид ба ҳифзи объектҳои об1. Қонунгузории экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии таъсири зараровари антропогенӣ ба объектҳои об талаботи ҳатмии экологиро оид ба ҳифзи объектҳои об ҳангоми анҷом додани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият муқаррар менамояд.2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳуқуқ доранд бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳа ҷорӣ намудани талаботи иловагии экологии ҳифзи объектҳои об дар ҳудуди воҳидҳои алоҳидаи маъмурию ҳудудӣ дар ҳолатҳое, ки дар ҳудудҳо чунин меъёрҳои муқарраршудаи экологии сифати об риоя карда намешаванд, пешбинӣ намоянд.3. Ҳангоми истифодаи объектҳои об шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки чорабиниҳои ҳифзи объектҳои обро тибқи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об амалӣ намоянд.
Моддаи 261. Талаботи экологии ҷамъоварӣ ва (ё) истифодаи об1. Истифодабарии махсуси об тибқи шартҳои иҷозат оид ба истифодаи махсуси об, инчунин бо риояи талаботи экологии пешбининамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории оби Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Истифодабарии махсуси обҳои зеризаминӣ хилофи шартҳои пешбининашудаи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ манъ аст.3. Бо мақсади таъмини баҳисобгирии давлатии обҳои зеризаминӣ, назорати истифода ва ҳифзи муҳити зист, истифодабарандагони об, ки фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва (ё) истифодаи обҳои зеризаминиро бо тартиби истифодаи махсуси об амалӣ менамоянд, дар асоси талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об уҳдадоранд:1) баҳисобгирии ибтидоии обҳои аз объектҳои обҳои зеризаминӣ гирифта ва ба онҳо партофташавандаро пеш мебаранд;2) иншоотҳои обгирӣ ва обпарторо бо воситаҳои ченкунии суръати ҷараёни обҳои зеризаминӣ таҷҳизонанд ва дар чоҳҳои гидрогеологӣ асбобҳои идоракуниро насб намоянд;3) ба қабули обҳои зеризаминӣ, назорати оперативӣ ба кори чоҳҳо ва назорат аз болои иҷрои низоми технологӣ мувофиқи басомад ва дигар талаботи пешбиникардаи лоиҳаи тасдиқшуда (нақшаҳои технологӣ) назорат мекунанд.4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо боиси ифлосшавӣ ва коҳишёбии объектҳои об мегардад ё метавонад боиси он гардад, уҳдадоранд барои пешгирӣ намудани чунин оқибатҳо чораҳо андешанд.5. Бо мақсади ҳифз намудани объектҳои об аз ифлосшавӣ иҷрои амалҳои зерин манъ аст:1) истифодаи моддаҳои радиоактивӣ, заҳркимиёҳо (пеститсидҳо), агрокимиёҳо дар ҳавзаи объектҳои об;2) қабул ва гӯронидани партовҳо дар объектҳои об;3) рафъи обҳои партов ба объектҳои обе, ки дар сатҳи нишондиҳандаҳои муқаррарнамудаи меъёрҳои имконпазири партовҳои обӣ тоза карда нашудаанд.
Моддаи 262. Талаботи экологӣ ҳангоми партофтани партовҳои обӣ1. Ба объектҳои оби табиии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, инчунин рӯйи замин ё қабати он партофтани партовҳои обӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» иҷозат дода мешавад.2. Шахсоне, ки объектҳои оби партовгоҳ ва (ё) обанборҳои сунъии барои тоза кардани ҳолати табиии биологии оби партов пешбинишударо истифода мебаранд, вазифадоранд, ки ҷиҳати пешгирии таъсири онҳо ба муҳити зист чораҳои зарурӣ андешанд, инчунин баъди қатъ гардидани истифодаи онҳо барқарорсозии (рекултиватсияи) қитъаи заминро гузаронанд.3. Зарфҳои нигоҳдории бухоркунии обҳои партови тарҳрезишуда (аз нав ба истифода додашуда) бояд бо пардаи гузаранда муҷаҳҳаз карда шаванд, то воридшавии моддаҳои ифлоскунанда ба қаъри замин ва обҳои зеризаминиро пешгирӣ кунанд. Муайян кардан ва асоснок кардани ҳалли технологӣ ва техникии коркарди пешакии обҳои партов то ҷойгир кардани он дар зарфҳои нигоҳдорӣ ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист анҷом дода мешавад.4. Ба объектҳои обҳои рӯйизаминӣ дар минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои мутамаркази таъминоти оби нӯшокӣ, истироҳатгоҳҳо ва ҷойҳои барои шиноварӣ таъиншуда партофтани обҳои партов, сарфи назар аз дараҷаи тозагии он иҷозат дода намешавад.5. Ҳангоми партофтани партовҳои обӣ истифодабарандагони об уҳдадоранд:1) ташхиси таркиби кимиёвии оби партовро дар озмоишгоҳҳои худ ё дигар озмоишгоҳҳои дорои аккредитатсия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намоянд;2) ба мақомоти ваколатдори давлатӣ, танзими истифодаи захираҳои об ва мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ иттилооти фаврӣ дар бораи партови садамавии моддаҳои ифлоскунанда, инчунин вайрон кардани низоми муқарраргардидаи гирифтани обҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ ва объектҳои партофтани партовҳои обӣ (фармоишгар) маълумот пешниҳод намоянд.6. Ба объекти обҳои рӯйизаминӣ партофтани партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ манъ аст.
Моддаи 263. Талаботи экологии ҳифзи обҳои зеризаминӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти истеҳсолиашон метавонад ба ҳолати обҳои зеризаминӣ таъсири зараровар расонад, уҳдадоранд обҳои зеризаминиро назорат намуда, барои пешгирии ифлосшавӣ ва камшавии захираҳои об ва таъсири зараровари об сари вақт чораҳо андешанд.2. Лоиҳае (нақшаи технологӣ), ки дар асоси он обҳои зеризаминӣ истихроҷ ва истифода мешаванд, бояд аз экспертизаи давлатии экологӣ гузаронида шавад.3. Истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ, ки конҳо ва қитъаҳои обҳои зеризаминиро ҷустуҷӯ ва арзёбӣ мекунанд, инчунин истифодабарандагони обе, ки обҳои зеризаминиро ҷамъоварӣ ва (ё) истифода мебаранд, уҳдадоранд амалҳои зеринро иҷро намоянд:1) бартараф намудани имконияти ифлосшавии объектҳои оби зеризаминӣ;2) бартараф намудани имконияти омехта шудани обҳои қабати обдори гуногун ва аз як қабат ба қабати дигар, агар ин дар лоиҳа (нақшаи технологӣ) пешбинӣ нагардида бошад;3) андешидани чораҳои фаврӣ барои пешгирии талафоти об дар ҳолатҳои фавқулодда ва бартараф намудани имконияти беназорати танзимнашудаи обҳои зеризаминӣ;4) баъди анҷоми корҳо - гузаронидани барқарорсозии (рекултиватсияи) қитъаҳои замини дар ҷараёни истифодаи қаъри замин вайроншуда, гирифтан ва (ё) истифодаи обҳои зеризаминӣ.4. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зисти фаъолияти пешбинишаванда аз рӯйи таъсир ба обҳои зеризаминӣ, инчунин хавфҳои марбут ба таъсири ғайримустақим ба объектҳои обҳои рӯйизаминӣ ва дигар ҷузъҳои муҳити табиӣ, аз ҷумла, дар шакли обхезӣ, зериобмонӣ, биёбоншавӣ, ботлоқшавии заминҳо, ба амал омадани ярч, фурӯ рафтани замин ва дигар оқибатҳои ба ин монанд, барои пешгирӣ кардани чунин оқибатҳои бавосита чораҳои зарурӣ муайянкардашуда, ба назар гирифта мешаванд.5. Истифодабарандагони обе, ки обҳои зеризаминиро ҷамъоварӣ ва (ё) истифода мебаранд, уҳдадоранд талафоти ҷуброннашавандаи об ва бад шудани хосиятҳои сифати онро аз сабаби камбудиҳои истифодаи чоҳҳо пешгирӣ кунанд.6. Талабот оид ба муҷаҳҳазгардонӣ бо асбобҳои назоратӣ, консерватсия ва барҳам додани чоҳҳои гидрогеологиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об муқаррар мекунад.7. Истифодаи обҳои зеризаминӣ пеш аз ҳама барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ ба истифода дода мешавад. Истифодаи обҳои зеризаминӣ барои дигар мақсадҳо танҳо дар сурати кифоя будани захираҳои об иҷозат дода мешавад.8. Дар майдонҳои обҷамъшавандаи объектҳои зеризаминӣ, ки барои эҳтиёҷоти нӯшокӣ ва хоҷагию маишии аҳолӣ истифода мешаванд ё метавонанд истифода шаванд, ҷойгир намудани объектҳои партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, қабристонҳо, макони дафни чорво ва дигар объектҳое, ки ба обҳои зеризаминӣ таъсири манфӣ мерасонанд ё расонида метавонад, манъ аст.9. Ба истифода додани иншооти обгиранда барои обҳои зеризаминӣ бидуни муҷаҳҳазгардонии онҳо бо, асбобҳои ченкунии об, инчунин бидуни муқаррар намудани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ ва ташкили нуқтаҳои мушоҳидаи нишондиҳандаҳои ҳолати обҳои зеризаминӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об манъ аст.11. Ҳангоми ҷамъоварӣ ва (ё) истифодаи обҳои зеризаминӣ дар ҳаҷми ду ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз истифодабарандагони об уҳдадоранд аз ҳисоби худ корҳои илмию таҳқиқотӣ, таҷрибавию конструкторӣ ва технологиро оид ба дарёфти усулҳои нав ва такмили нақшаҳои технологии мавҷуда, аз худ кардани конҳои обҳои зеризаминӣ, нав кардани таҷҳизоти технологӣ, воситаҳои назорати доимӣ ва даврагӣ, ҳифзи обҳои зеризаминӣ аз камшавӣ, ифлосшавӣ, ҳифзи сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити зистро таъмин намоянд.12. Бо мақсади ҳифзи объектҳои обҳои зеризаминие, ки барои таъмини оби нӯшокӣ ва маишӣ истифода мешаванд, инчунин обҳои онҳо хусусиятҳои табиии шифобахш доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.13. Дар минтақае, ки оби партов ба чоҳҳои ҷаббанда ворид карда мешавад, бояд аз ҳисоби истифодабарандаи об мутобиқи барномаи саноатии назорати экологӣ мушоҳидаҳои мунтазами лаборатории сифати об дар чоҳҳо, чашмаҳо ва чоҳҳои обгирии наздик ташкил карда шаванд.14. Ҳангоми ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтан ва ба истифода додани иншоотҳои обгиранда, ки бо истифодаи обҳои зеризаминӣ алоқаманданд, барои пешгирии таъсири зараровари онҳо ба объектҳои обҳои рӯйизаминӣ ва муҳити зист чораҳо андешида шаванд.
Моддаи 264. Талаботи экологӣ оид ба ҳифзи объектҳои обҳои зеризаминӣ ҳангоми истифодаи сарватҳои зеризаминӣ1. Ҳангоми арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист чорабиниҳои пешбинишуда оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ арзёбии таъсиррасонӣ ба объектҳои обҳои зеризаминӣ ва муайян намудани тадбирҳои зарурии ҳифзи обҳои зеризаминӣ ҳатмӣ мебошад. Тадбирҳои ҳифзи объектҳои обҳои зеризаминӣ ҳангоми амалиёти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ дар доираи ҳуҷҷати дахлдори лоиҳавии амалиёти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ пешбинӣ шудаанд.2. Объектҳои обҳои зеризаминӣ, ки ҳангоми амалиёти истифодаи қаъри замин рӯ ба рӯ мешаванд, барои пешгирии ифлосшавӣ бояд ҷудо нигоҳ доштани онҳо таъмин карда шаванд.3. Агар дар рафти амалиёти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ кушодани объекти оби зеризаминӣ, ки метавонад ба сифати манбаи оби нӯшокӣ ва (ё) маишӣ истифода гардад, дар назар дошта шавад, хусусиятҳои токсикологии реагентҳои кимиёвии барои тайёр кардан (коркард) истифодашаванда, пармакунӣ ва лойҳои сементӣ бо мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ мувофиқа карда мешавад.4. Агар ҳангоми гузаронидани амалиёти истифодаи сарватҳои зеризаминӣ кушодани объекти обҳои зеризаминӣ ба нақша гирифта нашуда бошад, истифодабарандаи сарватҳои зеризаминӣ уҳдадор аст фавран ҷиҳати ҳифзи объектҳои обҳои зеризаминӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об чораҳо андешад ва дар ин бора ба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, танзими истифодаи захираҳои об, сарватҳои зеризаминӣ, мақоми ваколатдори назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ хабар диҳад.5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки иншоотҳои обгирандаи обҳои зеризаминиро истифода мебаранд, вазифадоранд минтақаҳои муҳофизатии санитарӣ, ташхиси кимиёвӣ ва мониторинги обҳои зеризаминиро ташкил намоянд.6. Ҳангоми омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминӣ, кофтуков ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, сохтан ва истифодаи иншооти зеризаминии ба истихроҷи маъдан алоқаманд нестанд, истифодабарандагони сарватҳои зеризаминӣ вазифадоранд барои пешгирии ифлосшавӣ ва камшавии обҳои зеризаминӣ чораҳо андешанд.
Моддаи 265. Талаботи экологии ҳифзи объектҳои об ҳангоми садама1. Агар сифати об дар объектҳои оби барои нӯшокӣ, обтаъминкунӣ ё истифодаи оби маданию маишӣ истифодашаванда бад шавад, ки дар натиҷа партовҳои фавқулоддаи моддаҳои ифлоскунанда ба вуҷуд омада, ба ҳаёт ва (ё) саломатии инсон таҳдид кунад, барои ҳифзи аҳолӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи гражданӣ чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.2. Объектҳои обе, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё равандҳои табиӣ ба вуҷуд омада, ба саломатии инсон, олами набототу ҳайвонот ва вазъи муҳити зист таҳдид мекунанд, метавонанд минтақаҳои фавқулоддаи экологӣ ё офати экологӣ эълон карда шаванд.
БОБИ 22. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ОИД БА ҲИФЗ ВА ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ
Моддаи 266. Муқаррароти умумӣ оид ба ҳифзи ҷангал Ҷангал ҳамчун объекти муҳити зист, аз таъсир ва омилҳои зерин ҳифз карда мешавад:1) ҷойгиронии ғайриқонунии партовҳои сохтмонӣ ва сахти маишӣ ё худсарона партофтани пасобҳои ифлос;2) бартараф намудани таъсири зараровар ба ҷангал;3) хуруҷи бемориҳо ва организмҳои зараррасони ҷангал;4) сӯхтор, буриши ҷангалзорҳо ва шикори ғайриқонунӣ; 5 вайрон кардани устувории фаъолияти системаҳои экологии ҷангал;6) биёбоншавӣ, таназзули замин ва дигар ҷузъҳои муҳити табиӣ;7) коҳиш ёфтани гуногунии биологӣ;8) таъсири зараровар ба растаниҳои худрӯй ва ҳайвоноти ваҳшии ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилшуда;9) дигар намуди омилҳо, ки метавонанд ба ҳолати ҷангал, ҳифз ва истифодаи устувори он таъсири зараровар дошта бошанд.
Моддаи 267. Талаботи экологӣ оид ба ҳифз, барқарорсозӣ ва истифодаи устувори ҷангал дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаҲифз, барқарорсозӣ ва истифодаи устувори ҷангал дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 268. Талаботи экологӣ оид ба ҳифз, барқарорсозӣ ва истифодаи ниҳолҳои дарахту буттаҳо дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал, ки барои истифода ба хоҷагиҳои ҷангал ва (ё) истифодабарандагони дигари ҷангал дода шудаанд1. Ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи ниҳолҳо ва дарахту буттаҳо дар қитъаҳои фонди давлатии ҷангал, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои пешбурди маҷмуии хоҷагии ҷангал дода шудаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Ҳоҷагиҳои ҷангал ва (ё) истифодабарандагони он, уҳдадоранд, ки корҳои ҳифз ва барқарорсозии ҷангалро амалӣ намуда, дар гузаронидани баҳисобгирии давлатии фонди ҷангал бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намоянд.3. Дар минтақаи муҳофизатӣ фаъолияте, ки ба ҳолати ҷангал, ҳифз ва барқароркунии ҷангал таъсири манфӣ мерасонанд, манъ карда мешаванд.4. Назорати ҳолат, ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи ниҳолҳо ва дарахту буттаҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҷангал амалӣ карда мешавад.
Моддаи 269. Талаботи экологӣ оид ба ҳифз, истифода ва барқароркунии фонди давлатии ҷангал, ки дар қитъаҳои истифодабарандагони дигари замин ҷойгиранд1. Барои амалӣ намудани ҳифз, истифода ва барқароркунии қитъаҳои фонди давлатии ҷангал, ки дар қитъаҳои истифодабарандагони дигари замин ҷойгиранд, истифодабарандагони ҷангал ба истифодаи маҳдуди мақсадноки қитъаҳои замини дигар (сервитут) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи замин ҳуқуқ доранд.2. Барои аз таъсири манфии беруна ҳифз намудани ҷангалҳои табиӣ дар ҳудуди қитъаҳои фонди давлатии ҷангал, ки дар қитъаҳои истифодабарандагони дигари замин ҷойгиранд, минтақаҳои муҳофизатӣ бо паҳнои 20 метр муқаррар карда мешаванд.3. Фаъолияте, ки ба ҳолат, ҳифз, истифода ва барқароркунии фонди давлатии ҷангали дар қитъаҳои истифодабарандагони дигари замин ҷойгирбуда таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.
Моддаи 270. Талаботи экологӣ оид ба ҳифз ва истифодаи ҷангалзорҳои муҳофизатии қитъаҳои замин, канори роҳҳои оҳан ва автомобилгард, дарёҳо ва наҳрҳо, қубурҳои магистралӣ ва дигар иншоотҳои хатӣ 1. Ҷангалзорҳои муҳофизатӣ, ки дар қитъаҳои замин, канори роҳҳои оҳан ва автомобилгард, дарёҳо ва наҳрҳо, қубурҳои магистралӣ ва дигар иншооти хатӣ ҷойгир шудаанд, барои ҳифзи ин объектҳо аз зуҳуроти номусоиди табиӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва кам кардани таъсири садо, бодлесӣ (эрозия) ва обшусташавӣ, вайрон гардидани маҷрои дарёҳо ва наҳру ҷуйборҳо эмин нигоҳ доштани қитъаҳои заминҳои кишт пешбинӣ шудаанд.2. Дар қитъаҳои дорои ҷангалзорҳои муҳофизатӣ, ки дар қитъаҳои замин, канори роҳҳои оҳан ва автомобилгард, дарёҳо ва наҳрҳо, қубурҳои магистралӣ ва дигар иншоотҳои хатӣ воқеъ гардидаанд, буриши дарахтони ҷангал, буриши санитарӣ, буриши дарахтон вобаста ба азнавсозии ниҳолҳо ва дарахтони камарзиш, ки хусусиятҳои муҳофизатӣ ва обнигоҳдорӣ доранд ё вазифаҳои дигари ҳифзи муҳити зистро доранд, мувофиқи лоиҳаҳои дахлдор иҷозат дода мешавад.3. Ҳифз ва истифодаи ҷангалзорҳои муҳофизатии дар қисми 1 ҳамин модда пешбинигардида аз ҷониби истифодабарандагони замин, ки ҷангалзорҳои муҳофизатӣ дар қитъаи замини онҳо ҷойгиранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 271. Ҳифзи Фонди сабзи маҳалҳои аҳолинишин1. Фонди сабзи маҳалҳои аҳолинишин маҷмуи ҳудудҳое мебошад, ки дар онҳо ҷангалзор ва дигар дарахту буттазорҳо воқеъ гардидаанд.2. Ҳифзи Фонди сабзи маҳалҳои аҳолинишин низоми тадбирҳоеро пешбинӣ менамояд, ки нигоҳ доштан ва инкишоф додани Фонди сабзро таъмин намуда, барои муътадил гардонидани вазъияти экологӣ ва фароҳам овардани муҳити зисти мусоид заруранд.3. Дар ҳудудҳое, ки ба Фонди сабзи маҳалҳои аҳолинишин дохил мешаванд, фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба ин ҳудудҳо таъсири манфӣ мерасонанд ва ба иҷрои вазифаҳои экологӣ, санитарӣ, гигиенӣ ва рекреатсионӣ халал мерасонанд, манъ аст.4. Ҳифз ва барқароркунии ҷангал дар ҳудудҳои дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 272. Низоми объектҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сабз воқеъгардида1. Бо мақсади муҳофизати объектҳои махсуси табиӣ, ки дар минтақаҳои сабз воқеъ гардидаанд, низоми маҳдуди фаъолият муқаррар карда мешавад.2. Низоми маҳдуди фаъолият дар минтақаҳои сабз мувофиқи нишондодҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) афзалияти амалигардонии фаъолият ва истифодаи технологияе, ки боиси тағйирёбии мусоиди ҳолати объектҳои табиӣ дар минтақаҳои сабз ҷойгиршуда мегардад;2) таъмини мувозинати ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологӣ дар минтақаҳои сабз.3. Дар ҳудудҳое, ки ба минтақаҳои сабз дохил мешаванд, фаъолиятҳои зерин манъ аст:1) истифодаи моддаҳои кимиёвии заҳрнок ва агрокимиёҳо;2) ҷойгиронии партовҳои хатарнок;3) ҷойгиронии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мудофиаи гражданӣ ба объектҳои истеҳсолии хатарнок тасниф шудаанд;4) коркарди конҳои канданиҳои фоиданок, ба истиснои коркарди конҳои обҳои маъданӣ ва лойи шифобахш, истифодаи дигар сарватҳои табиии шифобахш;5) бунёди объектҳои сохтмони асосӣ (ба истиснои иншоотҳои гидротехникӣ, хатҳои алоқа ва барқ, қубурҳо, роҳҳои автомобилгард ва оҳан, дигар объектҳои хатӣ, бино, иншоот ва сохтмонҳое, ки қисми ҷудонопазири технологии объектҳои мазкур мебошанд, инчунин объектҳои тандурустӣ, маориф, объектҳои фаъолияти рекреатсионӣ ва сайёҳӣ);6) сохтмони комплексҳо ва фермаҳои чорвою парандапарварӣ, анборҳои пору;7) ҷойгир кардани иншооти дафни чорво;8) ҷойгир кардани анборҳои доруҳои заҳрнок ва нуриҳои маъданӣ.4. Барқарорсозии (рекултиватсияи) заминҳои вайроншуда, ҳифзи заминҳо аз бодлесӣ (эрозия), обшусташавӣ, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, шуршавии дуюмдараҷа, хушкшавӣ, ифлосшавӣ бо партовҳо ва моддаҳои кимиёвӣ, дигар таъсироти манфӣ дар минтақаҳои сабз дар навбати аввал ба амал бароварда мешавад.5. Тадбирҳои барқарорсозии (рекултиватсияи) минтақаҳои сабз амалӣ намудани тадбирҳои бехатарии санитарӣ дар ҷангал ва бартараф намудани макони ҳашароти зараррасони ҷангал, аз ҷумла, истифодаи моддаҳои кимиёвиеро, ки боиси таназзули системаҳои экологии табиӣ, камшавии захираҳои табиӣ ва дигар тағйироти манфии ҳолати муҳити зист мегардад, дар бар мегиранд.6. Дар минтақаҳои сабз, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон буридани яклухти ҷангал ва дигар ниҳолзор манъ аст.7. Тадбирҳои барқароркунии ҷангал дар ҳудуди минтақаҳои сабз дар навбати аввал, вале на дертар аз як сол аз рӯзи буридани ҷангали дахлдор ва дигар ниҳолзор анҷом дода мешаванд.8. Хусусиятҳои ҳифз ва барқароркунии ҷангалҳои дар минтақаҳои сабз ҷойгиршуда аз рӯйи минтақаҳои вобастагардида аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи хоҷагии ҷангал ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 273. Хусусиятҳои ҳифзи ҷангалҳо аз ифлосшавии радиоактивӣ1. Бо мақсади ҳифзи ҷангалҳо аз ифлосшавии радиоактивӣ таҳқиқоти радиатсионии ҷангалҳо гузаронида шуда, минтақаҳои ифлосшавии радиоактивии онҳо муқаррар карда мешаванд.2. Хусусиятҳои татбиқи тадбирҳои пешгирикунанда ва барқарорсозӣ дар минтақаҳои ифлосшавии радиоактивии ҷангалро мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва амнияти ядроӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 274. Хусусиятҳои ҳифзи ҷангал аз ифлосшавӣ1. Бо мақсади ҳифзи ҷангалзорҳо хоки ҷангал, муҳити зисти объектҳои олами ҳайвонот ва дигар объектҳои табиии ҷангал барои пешгирӣ ва бартараф намудани резиши нафт ва маҳсулоти нафтӣ тадбирҳо андешида мешаванд.2. Қитъаи заминҳои аз нафт ва маҳсулоти нафтӣ ифлосшуда, ки дар онҳо ҷангалзор воқеъ гардидаанд, бояд барқарорсозӣ (рекултиватсия) карда шаванд.3. Хусусиятҳои ҳифзи ҷангал аз ифлосшавӣ аз нафт ва маҳсулоти нафтӣ, инчунин баамалбарории тадбирҳо оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани резиши нафт ва маҳсулоти нафтиро мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муқаррар менамояд.
Моддаи 275. Хусусиятҳои ҳифзи дарахтони нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи ҷангал1. Дарахту буттаҳо ва дигар растаниҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи қитъаҳои фонди давлатии ҷангал, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, ҳифз карда мешаванд.2. Хусусиятҳои ҳифзи объектҳои олами набототи дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда ва дар ҷангал ҷойгиршударо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
БОБИ 23. ҲУДУДҲОИ ТАБИИИ МАХСУС МУҲОФИЗАТШАВАНДА
Моддаи 276. Мақсад ва вазифаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаМақсад ва вазифаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз инҳо иборат мебошанд:1) ҳифзи комплексҳои нодири табиӣ, инчунин ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ;2) барқарор ва нигоҳдошти гуногунии биологӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;3) пешбурди барномаҳои илмию таҳқиқотӣ бо мақсади ҳифз ва афзун кардани олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла, намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта;4) мусоидат ба рушди сайёҳии экологӣ ва фарҳангӣ;5) гузаронидани корҳои таблиғотӣ дар байни аҳолӣ;6) таҳия ва ҷорӣ намудани усулҳои илмии ҳифз ва истифодаи комплексҳои табиӣ, амалӣ намудани кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, гузаронидани корҳо оид ба мониторинги экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологӣ.
Моддаи 277. Категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Вобаста ба мақсадҳои ташкил, хусусиятҳои низоми ҳифз ва истифодабарӣ категорияҳои зерини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд:1) мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ;2) паркҳои табиии давлатӣ;3) парваришгоҳҳои табиӣ;4) боғҳои давлатии ҳайвонот;5) ёдгориҳои табиии давлатӣ;6) минтақаҳои экологию этнографӣ;7) паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ;8) минтақаҳои табиии солимгардонӣ ва рекреатсионӣ;9) ҳудудҳо барои идоракунии алоҳидаи захираҳои табиӣ.2. Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда муқаррар карда мешаванд.3. Бо назардошти арзиши экологӣ ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дорои аҳаммияти байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошанд.
Моддаи 278. Ҳуқуқи моликият ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моликияти истисноии давлат буда, давлат истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад.2. Амалҳое, ки ошкоро ё пинҳонӣ ҳуқуқи моликияти давлатӣ будани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро вайрон мекунанд, манъ мебошанд.
Моддаи 279. Идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки ҳудудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, идора карда мешаванд. Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.2. Фаъолият оид ба амалӣ намудани назорати давлатӣ ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тадбирҳои мушаххас дар ин ҳудудҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 280. Мақсад ва тартиби пешбурди кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) арзёбии ҳолати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва тағйироти дар онҳо баамалоянда;2) баланд бардоштани самарабахшии идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тавассути амалисозии чорабиниҳое, ки ба нигоҳдорӣ ва барқарорсозии онҳо равона карда шудааст;3) назорати давлатии истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва риояи низоми муқарраргардидаи муҳофизати махсус дар онҳо;4) арзёбии вазъи фонди мамнӯъгоҳҳои табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва ба назар гирифтан ва риояи низоми дахлдори ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми банақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии неруҳои истеҳсолии минтақа.2. Тартиби пешбурди кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз таъсиси китоби кадастрӣ ва парвандаҳои кадастрии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда иборат мебошад.3. Дар китоби кадастрӣ маълумот оид ба ҳама категорияҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшананда, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, бо нишон додани маълумот оид ба мақом, гурӯҳ, намуди низоми муҳофизат ва самтҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷамъ оварда мешавад.4. Ба ҳар як ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда, ки ба кадастрии давлатӣ ворид карда мешавад, рақами кадастрӣ дода мешавад. Айнан ҳамин рақами кадастрӣ дар парвандаи кадастрии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гузошта мешавад.5. Парвандаи кадастрӣ барои ҳар як ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда алоҳида тартиб дода мешавад, ки ба он маълумоти зерин ворид карда мешаванд:1) қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё қарори раиси вилоят, шаҳр ва ноҳия дар бораи ташкил намудани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;2) асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва илмию табиӣ оид ба ташкил ё васеъ намудани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;3) хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ оид ба асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ ва илмию табиӣ оид ба ташкил ё васеъ намудани масоҳати ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;4) маълумот дар бораи дарҷ намудани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда дар кадастрҳои захираҳои табиии давлатӣ (замин, об, ҷангал, олами ҳайвонот, конҳо ва иншоотҳои канданиҳои фоиданок), ки бо дархости мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мегардад;5) рӯйхати иншоотҳои давлатии фонди мамнӯъгоҳ, ки дар ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда ҷойгир аст;6) хулосаи дигар вазорату идораҳои дахлдор дар бораи ташкил намудани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;7) шаҳодатномаи бақайдгирии молу мулки ғайриманқули ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда;8) харитаи заминистифодабарӣ ва дигар маводҳои заминсозии ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда.6. Қоидаҳои барасмиятдарории шиноснома ва ба қайд гирифтани ҳудуди табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.7. Маълумоте, ки дар кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҷамъ оварда шудаанд, дар мақоми ваколатдори давлатӣ нигоҳ дошта мешаванд ва бо тартиби муқарраргардида ба тарафҳои манфиатдор пешниҳод карда мешаванд.8. Маълумоти кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар шакли чопӣ ва электронӣ бо истифодаи низоми электронӣ ҷамъоварӣ, коркард ва нигоҳдорӣ карда мешавад.9. Коркард ва тартиби ворид намудани маълумот ба кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба роҳ мемонад.10. Сохторҳои зертобеи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар сол то 20 январи соли ҳисоботӣ маълумоти дахлдорро барои ворид намудан ба кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар шакли чопӣ ва электронӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод менамоянд.11. Пешбурди кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар доираи маблағҳои буҷетӣ амалӣ карда мешавад.12. Бо дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дастрас намудани маълумоти кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда оид ба ҳудудҳои дархостшаванда бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.13. Дар маълумоти пешниҳодшаванда инчунин натиҷаҳои корҳои илмию таҳқиқотӣ, ки дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар давраи ҳисоботӣ гузаронида шудаанд ва лоиҳаҳое, ки дар ин давра амалӣ мешаванд, муфассал дарҷ мегарданд.
Моддаи 281. Тартиби пешбурди кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда маҷмуи маълумот дар барои мавқеи ҷуғрофӣ, тавсифҳои миқдорӣ, сифатӣ, арзишҳои экологӣ, иқтисодӣ, илмӣ, маърифатӣ ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандагони онҳо, барои арзёбии вазъи фонди табиӣ, муайян намудани дурнамои рушд ва таъмини ҳифзи онҳо, гузаронидани таҳқиқоти илмӣ, назорати давлатии ҳифзи генофонд ва риояи низоми дахлдор, инчунин ба назар гирифтани ҳудудҳои мазкур ҳангоми банақшагирии рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҷойгиронии неруҳои истеҳсолии минтақа ва дигар арзишҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро дар бар гирифта, низоми ҳифз ва тартиби истифодаи онҳоро ба роҳ мемонад.2. Пешбурди кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда тибқи низоми ягонаи таҳиякардаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо иштироки дигар идораҳои манфиатдор амалӣ карда мешавад.3. Маълумоте, ки дар кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда нигоҳ дошта мешаванд, барои қабули қарорҳои идоракунӣ, хоҷагидорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист асос мебошанд ва ҳангоми таҳияи нақшаҳои дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, нақшаи заминсозӣ, ҳуҷҷатҳои лоиҳавию шаҳрсозӣ, гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва ҳалли дигар масъалаҳо истифода мешаванд.4. Кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси маълумоти доимӣ пешниҳодшаванда аз сохторҳои зертобеи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ бо мақсади таҳияи нақшаи дурнамои идоракунӣ, барномаҳои рушди соҳа, ташаккули шабакаи экологӣ, банақшагирии истифодаи оқилонаи заминҳо ва ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолкунанда бо назардошти нигоҳдорӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтҳои нодири табиӣ пеш бурда мешавад.5. Шахсони мансабдори ташкилоту муассисаҳое, ки кадастри давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро пеш мебаранд, вазифадоранд, ки дурустии маълумоти ба ҳуҷҷатҳои кадастрӣ дохилшаванда ва ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор дастрас намудани ин маълумотро таъмин намоянд.
Моддаи 282. Шиносномаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо ва ташкилотҳое, ки дар ихтиёри онҳо ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда мебошанд, шиносномаи ҳудудҳои мазкурро тартиб медиҳанд ва дар он маълумот дар бораи ҳудуд, низом ва идоракунии онҳо нишон дода мешавад.2. Тартиби пешбурди шиносномаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 283. Банақшагирии тадбирҳои ҳифз ва истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ пешбинӣ карда мешаванд. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо назардошти мутобиқати манфиатҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснокшудаи иқтисодӣ ва экологии ҷомеа ба нақша гирифта мешаванд.2. Банақшагирии ҷорӣ ва дарозмуҳлати тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар таркиби ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ ва нақшаи генералии рушд ва ҷойгиронии неруҳои истеҳсолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт бо назардошти иқтидори захираҳои табиии ҷумҳурӣ ва минтақаҳои алоҳидаи он анҷом дода мешавад.3. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ рушди иҷтимоию иқтисодии минтақаҳо, нақшаҳои заминсозӣ ва тарҳи ноҳияҳо пешбинӣ карда мешаванд.4. Банақшагирии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҷониби вазорату идораҳо ва муассисаҳое, ки ҳудудҳои мазкур дар ихтиёри онҳо мебошанд, амалӣ мегардад.
Моддаи 284. Таъминоти моддию техникӣ ва маблағгузории тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва муассисаҳо, новобаста аз шакли моликият ва тобеият, барои таъминоти моддию техникии тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда чораҳои зарурӣ меандешанд.2. Тадбирҳои ҳифзу истифодаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:1) буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;2) фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист;3) маблағҳои корхона, муассиса ва дигар ташкилотҳо новобаста аз шакли моликият;4) хайрия ва кумаки ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;5) дигар манбаъҳои маблағгузорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
§1. Ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Моддаи 285. Минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ)1. Минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) минтақае, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил карда мешаванд.2. Ҳангоми зарурати пешгирӣ ё кам кардани таъсироти зарарнок ба комплексҳои табиии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) метавонад фаъолияти хоҷагидории маҳдуд муқаррар карда шаванд.3. Дар минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) намудҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.4. Андозаҳои минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ) ва низоми онҳо бо назардошти хусусияти ҷуғрофии ҳар як минтақа аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.5. Бо мақсади таъмини реҷаи махсуси ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар он минтақаҳои асосӣ, муҳофизатӣ (буферӣ) ва ғайра муқаррар карда мешаванд
Моддаи 286. Гузаргоҳҳои экологӣ1. Гузаргоҳҳои экологӣ барои таъмини алоқаи бефосила миёни ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва дигар ҳудудҳои табиии муҳофизатшавандаи низомҳои экологӣ бо мақсади нигоҳ доштани объектҳои фонди давлатии мамнӯъгоҳҳои табиӣ, гуногунии биологӣ, ҳифзи гузаргоҳҳои табиии муҳоҷирати ҳайвонот ва густариши наботот, ки дар ҳудудҳои табиии муҳофизатшаванда ҷойгиранд ва мерӯянд, ташкил карда мешаванд.2. Дар қитъаҳои гузаргоҳҳои экологӣ низоми танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад, ки он ҳифзи ҳайвоноти ваҳширо дар ҷойҳои зисти муваққатиашон ва дар давраи муҳоҷират, инчунин ҳифзи ҷойҳои нашъунамои растаниҳои табииро таъмин менамояд.3. Марз, масоҳат ва низоми муҳофизати гузаргоҳҳои экологӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ якҷоя бо мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешаванд.
Моддаи 287. Заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаЗаминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба гурӯҳҳои заминҳои фонди давлатии ҷангал, таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ тааллуқ доранд. Дар заминҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда фаъолият бар хилофи таъиноти мақсадноки онҳо манъ аст.
Моддаи 288. Тартиби муқаррар намудани минтақаҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Минтақаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо муассисаи ваколатдори илмӣ ва пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.2. Дар мавриди муқаррар намудани минтақаҳо барои ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ)-и онҳо зарари ба заминистифодабарандагон расонидашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.3. Дар мавриди гирифтани заминҳои фонди давлатии ҷангал ва захираи давлатии замин бо мақсади ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба муассисаҳои ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои дигар, ки заминҳои мазкур дар тавозуни онҳо мебошанд, зарар ҷуброн карда намешавад.
Моддаи 289. Дастрасии шаҳрвандон ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба истиснои минтақаҳое, ки низоми қатъии муҳофизатӣ доранд, дастраси умум буда, аз ҷониби шаҳрвандон ба мақсадҳои рекреатсионӣ, солимгардонӣ, фарҳангӣ ва сайёҳии экологӣ истифода мегарданд.2. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ба истиснои минтақаҳои низоми муҳофизатии қатъидошта, истиқомати начандон зичи аҳолии таърихан муқимӣ, бо шарти нигоҳ доштани мувозинати экологии ҳудуди мазкур иҷозат дода мешавад.3. Сайёҳии экологӣ дар вақти муқарраргардида ва аз рӯйи хатсайрҳои пешакӣ тасдиқгардида, тибқи қоидаҳои боздиди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ кардааст, анҷом дода мешавад. Мақоми ваколатдори давлатӣ ё муассисаҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёри онҳо мебошанд, бо мақсади ҳифзи намудҳои нодир ва нобудшавандаи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зисти (сукунати) онҳо, метавонанд сайёҳии экологиро дар минтақаҳои алоҳидаи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда манъ намоянд.4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии машғули сайёҳии экологӣ бояд бо мақомот ё муассисаҳое, ки ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ихтиёрашон мебошад, оид ба таъмини риояи низоми онҳо ва қоидаҳои сайёҳии экологӣ шартнома банданд, хатсайр ва дигар шартҳоро мувофиқа созанд.5. Воридшавӣ ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо мақсади сайёҳии экологӣ метавонад музднок бошад. Андоза ва тартиби пардохти музди сайёҳии экологиро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.6. Маблағҳое, ки аз сайёҳии экологӣ дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба даст меоянд, барои тибқи талаботи қонунгузорӣ нигоҳдорӣ, таъмини мақсаду вазифаҳо ва низоми ин ҳудудҳо истифода мешаванд.
Моддаи 290. Тартиби азнавташкилдиҳӣ, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Азнавташкилдиҳӣ, боздоштани фаъолият ва барҳам додани ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешаванд.2. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ҳангоми зарурати тағйир додани намуд ва категорияи онҳо мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуда, аз нав ба қайд гирифта мешаванд.3. Фаъолияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар ҳолатҳои зерин боздошта ё барҳам дода мешаванд:1) ба охир расидани муҳлати фаъолият;2) расонидани зарари ҷуброннопазир дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва амалҳои дорои хусусияти техногенӣ;3) гирифтани қитъаи замини ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ.
§2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ
Моддаи 291. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва вазифаҳои онҲудуди қитъаи замин ё муҳити об, ки аз фаъолияти хоҷагидорӣ пурра гирифта шуда, барои нигоҳдорӣ, омӯзиши комплексҳои табиии хос, нодир, генофонди набототу ҳайвонот, гузаронидани мониторинги ҷараёни равандҳо ва ҳодисаҳои табиӣ пешбинӣ гардидааст, мамнӯъгоҳи табиии давлатӣ ба ҳисоб меравад.2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ иҷрои вазифаҳои зеринро таъмин менамоянд:1) ҳифзи гуногунии биологӣ бо роҳи нигоҳ доштани тамомияти комплекси табиӣ;2) пешбурди мониторинги биологӣ ва «Солномаи табиат»;3) гузаронидани таҳқиқоти илмӣ;4) мусоидат дар тайёр намудани кормандони илмӣ ва мутахассисони соҳаи ҳифзи муҳити зист;5) иштирок дар экспертизаи экологии лоиҳаҳо ва нақшаҳои ҷойгиронии объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар объектҳое, ки амалигардонии онҳо метавонад ба комплексҳои табиии мамнӯъгоҳҳо ва минтақаҳои муҳофизатии онҳо таъсири манфӣ расонад;6) ташаккули маърифати экологӣ.
Моддаи 292. Тартиби ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ1. Қарор дар бораи ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, инчунин тағйир додани ҳудуди онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ қабул карда мешавад.2. Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ розигии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар ин ҳудуд бо фаъолияти хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат машғуланд, зарур нест.3. Барои ташкили мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ қитъаи замин мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда мешавад.
Моддаи 293. Идоракунии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ1. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ идора карда мешаванд.2. Нақшаҳои идоракунии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дигари дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шаванд.
Моддаи 294. Низоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ1. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки рушди муқаррарии равандҳои табииро халалдор сохта, ба ҳолати комплексу объектҳои табиӣ таҳдид мекунанд ва ба иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳ вобаста нестанд, манъ аст.2. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои муҳофизатӣ (буферӣ)-и онҳо мутобиқсозии растанӣ ва ҳайвоноти ба ин минтақаҳо хос набуда манъ аст.3. Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ амалӣ намудани тадбирҳои зерин иҷозат дода мешавад:1) тадбирҳои нигоҳдошт, барқарорсозӣ ва пешгирии дигаргуншавии комплексҳои табиӣ дар натиҷаи таъсири антропогенӣ, инчунин иҷрои вазифаҳои илмию таҳқиқотии ба зиммаи мамнӯъгоҳ гузошташуда;2) тадбирҳои зидди сӯхтор ва санитарӣ, инчунин намудҳои дигари фаъолияти маҳдуди хоҷагидорӣ ва истифодаи табиат, ки барои иҷрои вазифаҳои мамнӯъгоҳи давлатӣ заруранд;3) сайёҳии экологӣ.4. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ будубоши шаҳрвандон, ба ғайр аз кормандони мамнӯъгоҳ ва шахсоне, ки назорати давлатиро амалӣ менамоянд, танҳо аз тарафи маъмурияти мамнӯъгоҳҳо иҷозат дода мешавад.5. Дар минтақаҳои ҳамшафати мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ сохтмони объектҳои нави хоҷагидорӣ ва анҷом додани дигар фаъолияте, ки ба низоми мамнӯъгоҳҳо таҳдид карда, боиси афзоиши ғилзати заминавии моддаҳои олудакунанда ё тағйирёбии низоми гидрологии ҳудуди мамнӯъгоҳҳо мегардад, танҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешаванд.6. Дар минтақаҳои ҳамшафати мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад хатсайрҳои сайёҳӣ ташкил карда шавад.
Моддаи 295. Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ1. Фаъолияти илмию таҳқиқотӣ дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ тавассути таҳқиқоти доимии шабонарӯзӣ ва бисёрсолаи комплексӣ, ки ба омӯзиши комплексҳои табиӣ ва мушоҳидаҳои дарозмуддати ҷараёни равандҳои табиӣ бо мақсади арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани вазъи экологӣ, таҳияи асосҳои илмии ҳифзи муҳити зист, нигоҳ доштани гуногунии биологӣ ва ландшафтӣ, барқарорсозӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ равона шудаанд, анҷом дода мешавад.2. Пешбурди «Солномаи табиат» барои тамоми мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳатмӣ аст. «Солномаи табиат» ҳуҷҷати илмӣ мебошад, ки дар он натиҷаҳои асосии мушоҳидаҳо оид ба раванд ва зуҳуроти табиӣ, таҳлили маълумоти бадастомада, инчунин қонуниятҳои зоҳиршудаи раванду зуҳуроти табиии мушоҳидашаванда, сабабҳои ба вуҷуд омадан ва дурнамои рушди минбаъдаи онҳо сабт карда мешаванд.3. Хусусиятҳои мушаххас, низом ва самти фаъолияти илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дар низомномаҳои онҳо ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегарданд, муқаррар карда мешаванд.4. Дар мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дар ҳолатҳои зарурӣ шурои олимон ташкил карда мешавад. Ҳайати шурои олимон ва низомномаи онро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мекунад.5. Фондҳои илмии мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ бемуҳлат нигоҳ дошта мешаванд. Ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ҳуқуқи нашри асарҳои илмӣ дода мешавад.
Моддаи 296. Истифодаи объектҳои мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣЗамин, об, қаъри замин ва олами набототу ҳайвоноти ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ пурра ва ройгон барои истифодаи бемуҳлат ба мамнӯъгоҳҳо дода мешаванд. Ба иҷора додани қитъаҳои замин ва дигар захираҳои табиии мамнӯъгоҳҳо манъ аст.
§3. Паркҳои табиии давлатӣ
Моддаи 297. Паркҳои табиии давлатӣ, ҳудуди ҷойгиршавӣ ва вазифаҳои он1. Парки табиии давлатӣ ҳудуде мебошад, ки комплексҳои табиии дорои аҳаммияти махсуси экологӣ, таърихӣ, эстетикиро дар бар гирифта, барои мақсадҳои ҳифзи муҳити зист, сайёҳӣ, рекреатсионӣ, илмӣ ва фарҳангӣ пешбинӣ шудааст.2. Паркҳои табиии давлатӣ дар ҳудуди заминҳои барои ин мақсадҳо ҷудо кардашуда, инчунин қитъаҳои замини истифодабарандагони дигар ҷойгир карда мешаванд.3. Паркҳои табиии давлатӣ иҷрои вазифаҳои зеринро таъмин менамоянд:1) ҳифз ва барқарорсозии комплексҳои табиии қитъаҳо ва объектҳои табиии намунавӣ ва нодир;2) ҳифзи мероси фарҳангӣ (объектҳои этнографӣ, бостоншиносӣ, таърихӣ ва ландшафтҳои табиӣ);3) ташаккули маърифати экологӣ;4) таҳия ва татбиқи усулҳои илмии ҳифзи муҳити зист;5) мусоидат барои сайёҳии экологӣ.
Моддаи 298. Тартиби ташкили паркҳои табиии давлатӣ1. Паркҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ (паркҳои табиии миллӣ) ва маҳаллӣ бошанд.2. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии миллӣ ва тасдиқи низомномаи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.3. Қарор дар бораи ташкили паркҳои табиии маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ қабул карда мешавад.
Моддаи 299. Идоракунии паркҳои табиии давлатӣ1. Паркҳои табиии давлатӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ идора карда мешаванд.2. Нақшаҳои идоракунии паркҳои табиии давлатӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, ба маълумоти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон расонида мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор метавонанд ба таҳияи нақшаи идоракунӣ ҷалб карда шаванд.
Моддаи 300. Минтақабандӣ ва низоми паркҳои табиии давлатӣ1. Минтақабандии паркҳои табиии давлатӣ ва тағйир додани онҳо аз тарафи мақомоте, ки паркҳои табиии давлатӣ дар ихтиёрашон мебошанд, амалӣ гашта, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.2. Дар ҳудуди паркҳои табиии давлатӣ мутобиқи минтақабандии ҳудудҳои онҳо ва бо назардошти ҳолати комплексҳо ва объектҳои табиӣ ва имкониятҳои рекреатсионии онҳо низоми мухталифи ҳифз ва истифода муайян карда мешавад.3. Ҳудуди паркҳои табиии давлатӣ ба минтақаҳои зерин ҷудо карда мешаванд:1) минтақаи мамнӯъ - минтақае, ки дар он низоми манъи ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигаре, ки ҳолати муқаррарии комплексҳо ва объектҳои табииро халалдор мекунад, пешбинӣ шудааст;2) минтақаи парваришгоҳ - минтақае, ки низоми он фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигарро дар мавсимҳои муайян, дар давраи муайян ба андозае, ки он ба ҳолати комплексҳои табиӣ ва рушди муқаррарии онҳо таъсири манфӣ нарасонад, пешбинӣ менамояд. Дар минтақаи парваришгоҳ муҳайё сохтани шароит барои истироҳати кӯтоҳмуддати шаҳрвандон тавассути ташкили пайроҳаҳо, паноҳгоҳҳои хурд ва гӯшаҳо барои мушоҳида иҷозат дода мешавад;3) минтақаи фаъолияти хоҷагидорӣ - минтақае, ки дар он истифодаи маҳдуди захираҳои табиӣ, инчунин истифодаи замин, ки ба объектҳо ва комплексҳои табиии муҳофизатшаванда зарар намерасонад, пешбинӣ мешавад.4. Дар ҳудуди паркҳои табиии давлатӣ амалҳои зерин манъ аст:1) буридани дарахту буттаҳо, ба истиснои буришҳои санитарӣ ва бо мақсадҳои нигоҳубин;2) таъсис ва фаъолияти корхонаҳое, ки хатари экологӣ доранд;3) ҷойгиронии организмҳои бегонаи зинда бо мақсади мутобиқгардонӣ;4) ҷойгиронӣ ва гӯронидани ҳама гуна партовҳо.5. Тибқи низомномаи паркҳои табиии давлатӣ намудҳои фаъолияти дигаре, ки боиси коҳиш ёфтани арзишҳои табиӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангии ҳудуди онҳо мегарданд, метавонанд манъ ва ё маҳдуд карда шаванд.6. Сохтмони роҳ ва хатҳои қубурҳои магистралӣ, хатҳои барқ ва дигар коммуникатсияҳо, ки ба фаъолияти паркҳои табиии давлатӣ алоқаманд нестанд, танҳо бо иҷозати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ амалӣ карда мешаванд.
§4. Парваришгоҳҳои табиӣ
Моддаи 301. Намудҳои парваришгоҳҳои табиӣ1. Парваришгоҳи табиӣ ҳудуде мебошад, ки бо мақсади нигоҳ доштан ва барқарор намудани ҷузъҳои алоҳидаи табиат ва комплексҳои табиӣ ба давраи муайян ҷудо гардидааст.2. Парваришгоҳҳои табиӣ метавонанд давлатӣ ва хусусӣ бошанд. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд. Парваришгоҳҳои хусусӣ танҳо аҳаммияти маҳаллӣ доранд.3. Парваришгоҳҳои табиии давлатӣ аз рӯйи таъинот ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:1) ландшафтӣ (комплексӣ) - барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии ландшафтҳо ва комплексҳои пурарзиши табиӣ;2) биологӣ (ботаникӣ, зоологӣ) - барои нигоҳдорӣ ва барқарорсозии намудҳои пурарзиш, нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами набототу ҳайвонот;3) палеонтологӣ - барои нигоҳдории намудҳои алоҳидаи биологии ниҳоят қадим ва маҷмуи онҳо;4) гидрологӣ (ботлоқӣ, кӯлӣ, дарёӣ) - барои нигоҳдории объектҳои пурарзиши об ва акваторияи онҳо;5) геологӣ ва минералогӣ - барои нигоҳдории намудҳои нодири геологӣ ва минералогӣ.
Моддаи 302. Тартиби ташкили парваришгоҳҳои табиӣ1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешаванд.2. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳаммияти маҳаллиро мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил менамоянд.3. Қитъаҳои замин метавонанд бе гирифтан аз заминистифодабарандагон парваришгоҳи табиии давлатӣ эълон карда шаванд.4. Парваришгоҳҳои хусусӣ бо қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар асоси дархости шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии манфиатдор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ ташкил карда мешаванд.5. Парваришгоҳҳо метавонанд бемуҳлат ё ба муҳлати то даҳ сол ташкил карда шаванд.6. Муҳлати фаъолияти парваришгоҳҳои табиии давлатӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамдид карда мешавад.
Моддаи 303. Тобеият ва маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатӣ1. Парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ дар тобеияти мақоми ваколатдори давлатӣ буда, аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.2. Тобеият ва тартиби маблағгузории парваришгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳаммияти маҳаллӣ аз тарафи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки дар бораи ташкили онҳо қарор қабул мекунад, муайян карда мешаванд.
Моддаи 304. Низоми парваришгоҳҳои табиии давлатӣ1. Дар ҳудуди парваришгоҳҳои табиии давлатӣ ҳама гуна фаъолияти хилофи вазифаҳои парваришгоҳ манъ ё маҳдуд карда мешавад.2. Вазифаҳои мушаххас ва хусусиятҳои низоми ҳар парваришгоҳи табиии давлатӣ бо низомномаи он муайян карда мешавад.3. Корхонаю муассиса ва дигар ташкилотҳое, ки дар қитъаи замини онҳо парваришгоҳи табиии давлатӣ ташкил карда шудааст, вазифадоранд низоми муқарраргардидаи парваришгоҳро риоя намоянд.
Моддаи 305. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ1. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ дар низомномаҳои онҳо, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ мегардад, муайян карда мешавад.2. Низоми парваришгоҳҳои табиии хусусӣ бояд ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот, ҳайвонот ва комплексҳои табиӣ, инчунин муҳайё сохтани шароит барои омӯзиши онҳоро пешбинӣ намояд.3. Ҷойгир ва паҳн кардани намудҳои бегонаи олами набототу ҳайвонот дар ҳудуди парваришгоҳҳо манъ аст.4. Парваришгоҳҳои табиии хусусӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва сохтори маҳаллии мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи намунаҳои муқарраргардидаи ҳисоботи омори давлатӣ ҳисобот медиҳанд.5. Назорати давлатии ҳолати ҳифзи муҳити зист ва фаъолияти парваришгоҳҳои табиии хусусӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
§5. Боғҳои давлатии ҳайвонот
Моддаи 306. Ташкил ва минтақабандии боғҳои давлатии ҳайвонот1. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.2. Боғҳои давлатии ҳайвонотро, ки аҳаммияти ҷумҳуриявӣ доранд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил мекунад.3. Боғҳои давлатии ҳайвоноти аҳаммияти маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ташкил карда мешаванд.4. Қитъаҳои замин бо мақсади ташкили боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи бемуҳлат дода мешаванд.5. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот барои нигоҳдорӣ, афзоиш ва намоиши ҳайвонот - минтақаи намоишӣ, барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ - минтақаи илмӣ, барои хизматрасонӣ ба тамошобинон - минтақаҳои ҷамъиятӣ, маъмурӣ ва хоҷагию истеҳсолӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 307. Парвариши ҳайвонот дар боғҳои давлатии ҳайвонот ва хусусиятҳои ҳифзи онҳо1. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот коллексияи намудҳои гуногуни ҳайвоноти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷаҳон ташкил ва ҳифзу нигоҳдории онҳо таъмин карда мешавад.2. Воридоту содирот ва транзити ҳайвонот, инчунин мубодилаи онҳо байни боғҳои давлатии ҳайвонот ва дигар муассисаҳои соҳаи ҳайвонотшиносӣ (зоологӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот нуқтаҳои назорати байторӣ ва зоотехникӣ, ҳамчунин ҷойҳои махсус барои парвариши насли ҳайвоноти нодир, нобудшаванда ё зери хатари нобудшавӣ қарордошта ташкил карда мешаванд.
Моддаи 308. Хусусиятҳои истифодаи боғҳои давлатии ҳайвонот1. Боғҳои давлатии ҳайвонот бо мақсадҳои илмӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва таълимӣ истифода мешаванд. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот оид ба нигоҳдорӣ ва парвариши ҳайвонот дар шароити маҳкам ва нимозод таҳқиқоти илмӣ гузаронида мешаванд.2. Боғҳои давлатии ҳайвонот метавонанд фондҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва бойгониҳо ташкил намоянд, вобаста ба фаъолияти худ адабиёти илмӣ, илмии оммавӣ ва ғайра нашр намоянд, инчунин ба аҳолӣ дар соҳаи байторӣ, корҳои селексионӣ ва парвариши ҳайвоноти зотӣ хизмати музднок расонанд.3. Дар боғҳои давлатии ҳайвонот мутобиқи соҳаи фаъолияти онҳо метавонанд хоҷагиҳои ёрирасон, устохонаҳо, мағозаҳои зоологӣ ва дигар объектҳои барои фаъолияти хоҷагидорӣ зарур ташкил карда шаванд.
§6. Ёдгориҳои табиии давлатӣ ва минтақаҳои экологию этнографӣ
Моддаи 309. Тартиби ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон кардани объектҳои табиӣ1. Ёдгории табиӣ объекти табиии нодир, барқарорнашаванда ва аз ҷиҳати экологӣ, илмӣ, эстетикӣ ва фарҳангӣ пурарзиш мебошад.2. Ёдгориҳои табиии давлатӣ метавонанд дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ бошанд.3. Объектҳои табиӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, вазорату идораҳои манфиатдор, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгориҳои табиии давлатии дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ эълон карда мешаванд.4. Қарор дар бораи ёдгориҳои табиии давлатии маҳаллӣ эълон кардани объектҳои табиӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва пешниҳоди ташкилотҳои манфиатдор қабул карда мешавад.5. Объектҳои табиӣ метавонанд бе гирифтани қитъаи замини заминистифодабарандагон ёдгориҳои табиии давлатӣ эълон карда шаванд.
Моддаи 310. Низоми ёдгориҳои табиии давлатӣ1. Дар ҳудуди ҷойгиршавии ёдгориҳои табиии давлатӣ, инчунин нисбати худи ёдгориҳо ҳама гуна фаъолияте, ки ба амнияти онҳо таҳдид карда метавонад, манъ аст.2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар қитъаи замини мавриди истифодаи онҳо ёдгориҳои табиии давлатӣ ҷойгиранд, уҳдадоранд ҳифзи онҳоро таъмин намоянд. Мақомоте, ки дар бораи ёдгории табиии давлатӣ эълон кардани объекти табиӣ қарор қабул кардааст, онро барои ҳифз супорида, уҳдадории ҳифз ва шиносномаи онро, ки дар он низоми ҳифзи ёдгориҳои табиат муайян мегардад, ба расмият медарорад.3. Хароҷоти таъмини низоми муқаррарнамудаи ҳифзи ёдгориҳои табиии давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, фондҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии ҳифзи муҳити зист ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, пӯшонида мешавад.
Моддаи 311. Тартиби ташкили минтақаҳои экологию этнографӣ ва низоми онҳо1. Минтақаҳои экологию этнографӣ бо пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.2. Фаъолияти хоҷагидорӣ дар ҳудуди минтақаҳои экологию этнографӣ набояд боиси хароб гаштани муҳити зисти сокинони маҳал ва захираҳои биологӣ гардад. Дар маҳалҳои зисти доимии сокинони маҳаллии минтақаҳои экологию этнографӣ танҳо ба фаъолияти маҳдуди анъанавии хоҷагидорӣ роҳ дода мешавад.3. Дар минтақаҳои экологию этнографие, ки дар ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, оид ба ҳар яки онҳо низомномаи алоҳида қабул қарда мешавад.
§7. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ
Моддаи 312. Мақоми паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ муассисаҳое мебошанд ки вазифаи онҳо аз ташкили коллексияи дарахту буттаҳо бо мақсади ҳифзи гуногунии биологӣ ва ғанӣ гардонидани олами наботот, воридсозӣ (интродуксия) ва мутобиқсозии намудҳои нави растанӣ, инчунин амалӣ намудани фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва фарҳангию маърифатӣ иборат аст.2. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд шахси ҳуқуқии мустақил бошанд ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда шаванд ё ба сохтори муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ё таълимӣ дохил шуда, дар тавозуни онҳо қарор дошта бошанд.3. Қитъаи замини паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз истифодаи хоҷагидорӣ гирифта, барои истифодаи бемуҳлат ба онҳо дода мешавад.
Моддаи 313. Тартиби ташкил кардани паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ва низоми онҳо1. Паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дархости мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё бо дархости ташкилотҳои манфиатдор ташкил карда мешаванд.2. Дар ҳудуди паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ ҳама гуна фаъолияте, ки бо иҷрои вазифаҳои онҳо алоқаманд нест ва ба мавҷудияти набототи худрӯйи табиӣ ва боғӣ таҳдид мекунад, манъ аст.3. Ҳудудҳои паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ метавонанд ба минтақаҳои зерин тақсим шаванд:1) намоишӣ, ки воридшавӣ ба он бо тартиби муайянкардаи маъмурият иҷозат дода мешавад;2) илмию таҷрибавӣ, ки ҳуқуқи ворид шудан ба онро танҳо кормандони илмии паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ, инчунин мутахассисони муассисаҳои дигари илмӣ доранд;3) мамнуӣ, ки нигоҳдории комплексҳо ва объектҳои растаниҳои муқаррарӣ ва нодири табииро таъмин менамояд;4) маъмурӣ.4. Вазифаҳои мушаххас, соҳаи фаъолияти илмӣ, вазъи ҳуқуқӣ, сохти ташкилӣ, хусусиятҳои низом ва ҳифзи паркҳои дендрологӣ ва боғҳои ботаникӣ бо назардошти таъинот ва низоми ҳифз дар низомномаҳои онҳо муайян карда мешаванд.
§8. Минтақаҳои солимгардонии табиӣ ва рекреатсионӣ
Моддаи 314. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои солимгардонии табиӣ1. Минтақаҳои солимгардонии табиӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда мешаванд.2. Бо мақсади ҳифзи хусусиятҳои табиӣ ва воситаҳои табобатии минтақаҳои солимгардонӣ, ҳифзи онҳо аз вайроншавию олудашавӣ ва бармаҳал харобшавӣ минтақаҳои ҳифзи санитарӣ муқаррар карда мешаванд.3. Дар минтақаҳои ҳифзи санитарӣ амалӣ намудани корҳое, ки хок, манбаъҳои об ва ҳавои атмосфераро олуда сохта, ба объектҳои олами наботот ва ҳайвонот зарар ва ба хосиятҳои муолиҷавӣ ва табобати санаторӣ таъсири манфӣ мерасонанд, манъ аст.
Моддаи 315. Тартиби ташкил ва низоми минтақаҳои табиии рекреатсионӣ1. Минтақаи табиии рекреатсионӣ, қитъаи замин, муҳити об ё ҳамбастагии онҳо, ки аҳаммияти эстетикӣ, экологӣ, муолиҷавӣ ва фарҳангӣ доранд, бо мақсадҳои истироҳату солимгардонӣ истифода мешавад.2. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи пешниҳоди мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дар мувофиқа бо заминистифодабарандагони манфиатдор эълон карда мешаванд.3. Дар минтақаҳои рекреатсионӣ фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигаре, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ расонида, ландшафтҳои табииро ҷиддӣ тағйир медиҳад ё ба истифодаи ин минтақаҳо тибқи таъиноташон монеъ мешавад, манъ аст.4. Минтақаҳои табиии рекреатсионӣ барои истироҳати муташаккилонаи аҳолӣ ва сайёҳӣ мувофиқи шартномаҳое, ки муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳо бо заминистифодабарандагон мебанданд, истифода карда мешаванд.5. Низоми минтақаи табиии рекреатсионӣ бо низомномаи он, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад, муайян мегардад.
§9. Ҳудудҳо барои идоракунии алоҳидаи захираҳои табиӣ
Моддаи 316. Ҳудудҳо барои идоракунии алоҳидаи захираҳои табиӣБа ҳудудҳо барои идоракунии алоҳидаи захираҳои табиӣ қитъаҳои замини ҷамъияти шикорчиён, ташкилотҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои шикорӣ, ки барои истифодаи самараноки олами набототу ҳайвонот пешбинӣ шудаанд, дохил мешаванд.
Моддаи 317. Низоми ҳудудҳо барои идоракунии алоҳидаи захираҳои табиӣ1. Дар ҳудудҳо барои идоракунии алоҳидаи захираҳои табиӣ интродуксияи намудҳо ва зернамудҳои нави организмҳои зинда бо мақсади мутобиқгардонии онҳо ва дигар фаъолияте, ки метавонад ба олами набототу ҳайвонот зарар расонад, манъ аст.2. Дар ҳудудҳо барои идоракунии алоҳидаи захираҳои табиӣ истифода бурдани олами набототу ҳайвонот бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузорӣ иҷозат дода мешавад.
§10. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаи дорои аҳаммияти байналмилалӣ
Моддаи 318. Резерватҳои биосферии давлатӣ1. Резервати биосферӣ қитъаи экосистемаи замин ва об ё ҳамбастагии онҳо ки ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дохил гардида, барои ҳифзи арзишҳои табиӣ ва фарҳангӣ, истифодаи устувори замин, аз ҷумла, заминҳои таъиноти кишоварзӣ, фонди ҷангал, ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва маҳалҳои аҳолинишини деҳот пешбинӣ шудааст.2. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд барои дохил кардан ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ пешниҳод карда шаванд. Қарор дар бораи пешниҳоди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ дар асоси пешниҳоди якҷояи мақоми ваколатдори давлатӣ ва муассисаи ваколатдори илмӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад. Дар сурати дохил кардан ба шабакаи ҷаҳонии резерватҳои биосферӣ мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мегарданд.3. Мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳаммияти байналмилалӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ идора карда мешаванд. Низомномаи мамнӯъгоҳҳои табиии давлатии дорои аҳаммияти байналмилалӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад.4. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, ки мақоми резерватҳои биосферӣ доранд, минтақаҳои зерини функсионалӣ пешбинӣ карда мешаванд:1) минтақаи марказӣ - минтақаи бо низоми қатъии муҳофизатие, ки танҳо барои ҳифзи гуногунии биологӣ ва ландшафтӣ ва муҳайё сохтани шароити рушди биогеосенозҳо пешбинӣ шудааст. Дар минтақаи марказӣ ҳама гуна фаъолияти хоҷагидорӣ, ба ғайр аз таҳқиқотҳои илмӣ ва гузаронидани мониторинги равандҳои табиӣ манъ аст;2) минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - қисми ҳудуди қитъаи замин ва қисми фазо, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил карда мешавад. Минтақаи мазкур барои амалӣ намудани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ бехатар, аз ҷумла, дар бахши маърифати экологӣ, фароғат, сайёҳии экологӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқотҳои илмӣ истифода мешавад;3) минтақаи гузариш - қисми ҳудуде, ки ба дигар заминистифодабарандагон тааллуқ дошта, барои пешбурди фаъолияти хоҷагидории раванди экологидошта, ки ба комплексҳо ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда зарар намерасонад, истифода мешавад.
Моддаи 319. Паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ1. Паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ дар асоси шартномаҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда мешаванд.2. Низоми паркҳо ва мамнӯъгоҳҳои табиии байнидавлатӣ тибқи созишномаҳои байнидавлатӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои иштирокчии созишномаҳо муайян карда мешавад.
Моддаи 320. Заминҳои кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ1. Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ минтақаҳое мебошанд, ки ба сифати макони зисти олами набототу ҳайвоноти маъмул, хусусан парандагони обии муҳоҷир хизмат мекунанд.2. Кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ метавонанд ба мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, паркҳои табиии миллӣ ва дигар намудҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дохил карда шаванд.3. Дар ҳудуди кӯлу ботлоқзорҳои дорои аҳаммияти байналмилалӣ низоми мамнуӣ, парваришгоҳ ва ё низоми ба мақсадҳои ҳифзи табиат танзимшавандаи истифодаи замин муқаррар карда мешавад.
§10. Тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда
Моддаи 321. Тартиби ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда аз тарафи мақомоте, ки ин ҳудудҳо дар ихтиёрашон мебошанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз карда мешаванд.2. Кормандони хадамоти муҳофизати ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ба воҳидҳои кории кормандони мамнӯъгоҳ, паркҳои табиии давлатӣ ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ дохил мешаванд.3. Директорони мамнӯъгоҳ, паркҳои табиии давлатӣ ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ сарнозирони давлатии муҳофизати ин ҳудудҳо мебошанд.
Моддаи 322. Ҳуқуқҳои нозирони давлатии муҳофизати мамнӯъгоҳ, паркҳои табиии давлатӣ ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ1. Кормандони мамнӯъгоҳ, паркҳои табиии давлатӣ ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, ки нозирони давлатии ҳифзи ҳудудҳои мазкур мебошанд, ҳуқуқ доранд аз тамоми ҳуқуқу имтиёзҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист ва ҷангал истифода баранд.2. Қарорҳои дар доираи ваколатҳои худ қабулнамудаи нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ, паркҳои табиии давлатӣ ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ буда, дар ҳолати норозӣ будан, онҳо ҳуқуқ доранд ба суд муроҷиат намоянд.3. Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ, паркҳои табиии давлатӣ ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба нигоҳ доштан, бо худ гирифта гаштан ва истифода бурдани воситаҳои махсус ва силоҳи хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.4. Нозирони давлатии ҳифзи мамнӯъгоҳ, паркҳои табиии давлатӣ ва парваришгоҳҳои табиии давлатӣ мавриди суғуртаи ҳатмӣ қарор мегиранд ва дар сурати маъюб шудан ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба ҷуброни зарар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.
Моддаи 323. Назорати давлатӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Назорати давлатии ҳолат ва риояи низоми ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ месозад.2. Фаъолият оид ба амалӣ сохтани назорати давлатӣ ва идоракунии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда дар минтақаҳои сарҳадӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад. Тадбирҳои мушаххас дар ин ҳудудҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи сарҳади давлатӣ амалӣ карда мешаванд.
Моддаи 324. Назорати ҷамъиятӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшавандаНазорати ҷамъиятӣ оид ба ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо ташаббуси ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
БОБИ 24. ОЛАМИ НАБОТОТ
Моддаи 325. Субъектҳо ва объектҳои олами наботот1. Субъектҳои олами наботот шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ мебошанд.2. Объектҳои олами наботот ҳамаи намудҳои растаниҳои худрӯй: қисмҳои рӯйизаминӣ ва зеризаминии онҳо, аз ҷумла, решаву тухмӣ, гул, алафзор, гиёҳҳои доруворӣ ва техникӣ, меваю ҳосили буттаҳои худрӯй, растаниҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, дарахтон, гурӯҳи дарахтон, буттаҳо, ниҳолҳо, қамишзор, инчунин обсабзҳо, набототи ушнамонанд, замбӯруғҳо, гулсангҳо ва ғайра мебошанд.3. Объектҳои олами наботот аз рӯйи таъинот ва паҳншавӣ ба гурӯҳои зерин тақсим мешаванд:1) аз рӯйи таъинот: ба растаниҳои озуқаворӣ, хӯроки чорво, доруворӣ, техникӣ ва коллексияҳои ботаникӣ;2) аз рӯйи паҳншавӣ: зиёдпаҳншуда, маҳдуд паҳншуда, нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта.
Моддаи 326. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд:1) дар мавзеъҳои гурӯҳи растаниҳои моликияти давлатӣ, ба истиснои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда озодона рафтуомад кунанд;2) маҳсулоти олами набототро, ки дар ихтиёрашон ҳаст ва тайёр (ҷамъоварӣ) карда шудааст, инчунин даромади аз фурӯши онҳо ба даст омадаро аз рӯйи салоҳияти худ истифода кунанд;3) ҷуброни зараре (аз ҷумла, фоидаи аздастрафтае)-ро, ки дар натиҷаи поймол кардани ҳуқуқи истифодабарандагон расонида шудааст, талаб намоянд;4) объектҳои олами набототро, ба истиснои ҳолатҳое, ки барои истифодабарӣ ё ҷамъоварӣ, коркард, истеҳсоли доруворӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаҳо зарур аст, истифода баранд;5) дар беҳдошти заминҳо ҳамшафати (минтақаҳои буферии) ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда иштирок кунанд;6) барқароркунӣ ва ҳифзу нигаҳдории тамоми намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот, инчунин дигар намуди растаниҳои худрӯй, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардидаанд.2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд:1) талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои олами набототро риоя намоянд;2) хусусиятҳои олами набототро оид ба ҳифзи об, хок, муҳитофарӣ, рекреатсионӣ, барқарорсозии саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва рушди фаъолияти хоҷагидорӣ нигоҳ доранд;3) объектҳои олами набототро аз сӯхтор, сел, равандҳои бодлесӣ (эрозия) ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳо ҳифз намоянд;4) ба бадшавии муҳити нашъунамои объектҳои олами наботот, ба нобудшавӣ ва осеб расонидан ба растаниҳои худрӯй, олуда кардани маҳалли нашъунамои онҳо роҳ надиҳанд, ҳангоми ҷамъоварӣ ва тайёр кардани ашёи хоми растаниҳои худрӯй қоидаҳои ҳифзи муҳити зистро риоя кунанд;5) тамомияти гурӯҳи растаниҳои табииро вайрон накунанд, барои нигоҳ доштани гуногунии намудҳои онҳо, афзоиши маҳсулнокии марғзорҳо, дарахтзорҳо, тухмию меваҳо ва дигар маҳсулот мусоидат намоянд;6) ба амалӣ намудани ваколатҳо мақоми ваколатдори давлатие, ки ба ҳифз ва истифодаи объектҳои олами наботот назорат мебарад, монеа эҷод накунанд;7) бо намудҳои карантинии наботот, растаниҳои бегона, ҳашароти зараррасон ва бемориҳои растаниҳои худрӯй мубориза баранд, бодлесшавии (эрозияи) хок, ботлоқшавӣ, обзеркунӣ, шуршавӣ, ифлосашавӣ, пастшавии ҳосилнокии замин ва дигар омилҳои манфиро пешгирӣ намоянд;8) музди истифодаи объектҳои олами набототро сари вақт ва пурра пардохт намоянд;9) ба бадшавии ҳолати захираҳои дигари табиӣ роҳ надиҳанд;10) ҳуқуқи истифодабарандагони дигари объектҳои олами набототро поймол накунанд;11) ҳангоми дар ҳудуди қитъаи заминҳои онҳо ҷорӣ гардидани низоми махсуси ҳифзи растаниҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсоне, ки дорои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаҳои дахлдор мебошанд, монеа эҷод накунанд;12) дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бе ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаҳои мақомоти дахлдор ба ҷамъоварӣ ва коркарди растаниҳо дар ҳудуди қитъаи заминҳои ба онҳо вобасташуда роҳ надиҳанд.13) бидуни мавҷудияти ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ба буриши дарахтони гуногун ва буттаҳои дар қитъаи заминҳояшон ҷойгирбуда роҳ надиҳанд;14) ҷуброни зарари ба олами наботот расонидашударо дар асоси муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор пардохт намоянд;15) дигар талаботи ҳифз ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами набототро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, риоя намоянд.
Моддаи 327. Пардохти истифодаи объектҳои олами наботот1. Истифодаи объектҳои олами наботот дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон музднок мебошад, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошад.2. Андозаи пардохт вобаста ба намуд, мақсад ва ҳаҷми истифодаи объектҳои олами наботот бо назардошти маҳалли ҷойгиршавӣ, маҳсулнокии биологии ҳудуд ва дигар омилҳои экологӣ тибқи санади меъёрию ҳуқуқии дахлдор муқаррар карда мешавад.3. Пардохти истифодаи объектҳои олами наботот истифодабарандагони табиатро аз иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами наботот, муҳити нашъунамои онҳо ва ҷуброни зарари расонидашуда озод намекунад.4. Маблағҳои пардохти истифодаи объектҳои олами наботот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ дохил мегарданд, ба мақсадҳои ҳифз ва барқарор намудани объектҳои олами наботот, дар навбати аввал объектҳои олами набототе, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд, инчунин барои пешбурди кадастри давлатӣ ва мониторинги олами наботот равона карда мешаванд.
Моддаи 328. Мониторинги олами наботот1. Мониторинги олами наботот маҷмуи мушоҳидаҳо ва таҳқиқоти ҳолати объектҳои олами наботот бо мақсади сари вақт ошкор сохтани тағйирот, арзёбии онҳо, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои равандҳои манфӣ дар объектҳои олами наботот мебошад.2. Мониторинги олами наботот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.
Моддаи 329. Кадастри давлатии объектҳои олами наботот1. Кадастри давлатии объектҳои олами наботот низоми ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи мақоми ҳуқуқии объектҳои олами наботот, тақсимбандии онҳо аз рӯйи гурӯҳҳои истифодабарандагони олами наботот, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва маъмурию ҳудудӣ, майдонҳо, захираҳо, тавсифи миқдорӣ ва сифатӣ, арзишмандӣ барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва илм, арзёбии иқтисодии захираҳои табиӣ ҳамчун растаниҳои техникӣ, хӯроки чорво, доруворӣ, ғизо ва дигар, истифодаи онҳо дар миқёси ноҳияҳо, шаҳрҳо ва вилоятҳо, ки барои таъмини ҳифз ва истифодаи оқилона ва барқарорсозии онҳо заруранд, дар бар мегирад.2. Пешбурди кадастри давлатии объектҳои олами наботот бо гузаронидани таҳқиқоти топографию геодезӣ, геоботаникӣ, заминсозию ҷангалсозӣ ва дигар таҳқиқот, бақайдгирӣ ва арзёбии ҳолати истифодаи объектҳои олами наботот таъмин карда мешавад.3. Кадастри давлатии объектҳои олами наботот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот аз рӯйи тартиби ягона, аз ҳисоби маблағи буҷети давлатӣ анҷом дода мешавад.4. Истифодабарандагони объектҳои олами наботот, муассисаҳои давлатии илмӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки ашёи хоми худрӯйи набототро ҷамъоварӣ мекунанд, уҳдадоранд ба мақоми ваколатдори давлатӣ, ки кадастри давлатии объектҳои олами набототро мебаранд, маълумоти худро дар бораи паҳншавӣ, майдонҳо, захираҳо, ҳосилнокӣ, арзёбии миқдорӣ, сифатӣ ва иқтисодии захираҳои табиии растаниҳо, ҳифз ва истифодаи онҳо пешниҳод намоянд.
§1. Ҳифз ва истифодаи объектҳои олами наботот
Моддаи 330. Мақсад ва вазифаҳои ҳифзи объектҳои олами набототТаъмини риояи чораҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ ва дигар чораҳое, ки ба нигоҳдории муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи онҳо, истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо аз таъсири манфии антропогенӣ, зиёд кардани қобилияти барқароршавӣ, маҳсулнокӣ ва устувории онҳо равона карда шудаанд, мақсад ва вазифаҳои асосии ҳифзи объектҳои олами наботот мебошад.Ҳифзи гурӯҳи табиии растаниҳо дар асоси муносибати маҷмуӣ ба онҳо, чун ба ташкилаи мураккаби низомҳои экологӣ сурат гирад.
Моддаи 331. Талаботи асосии ҳифзи объектҳои олами наботот1. Истифодабарандагони объектҳои олами наботот бо мақсади ҳифзи ин объектҳо бояд талаботи асосии зеринро иҷро намоянд:1) ҳифзи муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи онҳо;2) истифодаи оқилонаи ҳудудҳое, ки гурӯҳи растаниҳои табииро фаро гирифтаанд;3) ҳифзи объектҳои ба онҳо вобасташуда аз истифодаи худсарона ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо;4) ҳимояи объектҳои марғзори ба онҳо вобасташуда аз таъсири антропогенӣ;5) пешгирӣ намудани вайронкунии қоидаҳою меъёрҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;6) пешгирии пайдоиш ва барҳам додани сӯхторҳо дар гурӯҳи растаниҳо;7) аз нобудшавӣ пешгирӣ кардани объектҳои марғзорҳо ҳангоми амалӣ гаштани ҷараёни истеҳсолот ва истифодаи воситаҳои нақлиёт;8) барқарор кардан, баланд бардоштани устуворӣ ва маҳсулнокии объектҳои олами наботот;9) риояи низоми ҳифзи намудҳои растаниҳо ва гурӯҳи растаниҳои нодир, эндемикӣ, қадима ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;10) ҳифзи растаниҳои худрӯй ва гурӯҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо ҳангоми таҳдиди хатари нобудшавӣ аз офатҳои табиӣ ва техногенӣ;11) ҳифзи хок аз бодлесшавӣ (эрозия), сел, обзеркунӣ, ботлоқшавӣ, шуршавӣ, хушкшавӣ, сахтшавӣ, ифлосшавӣ аз партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ, моддаҳои кимиёвию радиоактивӣ ва дигар омилҳои харобшавӣ;12) муваққатан боздоштани (консерватсияи) кори объектҳои харобшудаи олами наботот, агар бо тарзи дигар онҳоро барқарор кардан ва маҳсулнокиашонро зиёд кардан аз ғайриимкон бошад;13) гузаронидани таҳқиқоти илмӣ барои асоснок намудани чораҳои ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот ва мусоидат намудан барои гузаронидани таҳқиқоти мазкур.2. Ҳифзи объектҳои олами наботот бо роҳҳои зерин таъмин карда мешаванд:1) муқаррар кардани қоидаҳо ва меъёрҳои ҳифз ва истифодаи объектҳои олами наботот;2) муқаррар кардани маҳдудиятҳо ва манъкуниҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот;3) бо тартиби муқарраршуда ташкил кардани мамнӯъгоҳҳо, паркҳо ва боғҳои миллӣ, парваришгоҳҳо, дигар объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда;4) муқаррар намудани низоми махсуси ҳифзи намудҳои растаниҳои эндемикӣ, қадима ва растаниҳое, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;5) ташкили таҳқиқоти илмӣ барои таъмини чорабиниҳои ҳифз ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;6) бақайдгирии дарахтон ва буттазорҳои сарсабз;7) баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон дар руҳияи муносибати эҳтиёткорона, ғамхорона ва сарфакорона ба объектҳои олами наботот, тарғибот тавассути воситаҳои ахбори омма дар бораи ҳифз ва истифодаи оқилонаи онҳо;8) гузаронидани мониторинг ва назорати давлатии ҳифз ва истифодаи марғзорҳо;9) пешниҳод оид ба дохил намудани намудҳои растаниҳо ва гурӯҳи растаниҳои нодир, эндемӣ, қадима ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи таҳқиқотҳои илмӣ ва дигар чорабиниҳо ошкор карда мешаванд ва ҳифзи онҳо.3. Тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи объектҳои олами наботот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки дар ихтиёри онҳо қарор доранд ва объектҳои олами набототро истифода мебаранд, аз ҷумла, иҷорагирон, дар асоси барномаҳои ҷумҳуриявӣ, инчунин меъёру қоидаҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи объектҳои олами наботот амалӣ мегардонанд.
Моддаи 332. Талабот оид ба ҳифзи муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои табиӣ, пешгирии нобудшавии онҳо дар раванди истеҳсолот1. Ҳама гуна фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонад, бо риояи талаботи ҳифзи онҳо амалӣ гардонида мешавад.2. Ба намудҳои фаъолияте, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот таъсир мерасонанд, инҳо шомиланд: ҷойгиркунонии объектҳои хоҷагидорӣ ва иншоотҳо, сохтмони шоҳроҳҳои нақлиёт, маҳалҳои аҳолинишин, аз ҷумла, иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, ҷудо кардани чарогоҳ ва гузаронидани чорво, таҳияи хатсайри сайёҳӣ ва ташкили ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ, беҳдошти замин, ҷойҳои истифодаи ҷангал ва об, ба муомилоти хоҷагӣ додани заминҳои нав. Ҳангоми ҷойгиркунонӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии маҳалҳои аҳолинишин чорабиниҳо оид ба ҳифзи объектҳои олами наботот низ пешбинӣ ва амалӣ гардонида шуда, дахлнопазирии қитъаҳое, ки ба сифати муҳити сабзиши растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои нодир аз ҷиҳати илмӣ арзиши махсус доранд, таъмин карда мешаванд.3. Ба истифода додани объектҳо ва истифодаи технологияе, ки чораҳои ҳимояи олами набототро бинобар тағйир ёфтани муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳҳои табиӣ таъмин намекунад, манъ аст.4. Маҳалли ҷойгиркунонӣ, корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо, тағйир ёфтани равандҳои технологӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот ва молҳо дар корхонаҳо, низоми тозакунии партовҳо, ки ба ҳолати объектҳои олами наботот бинобар вайрон шудани муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй ва гурӯҳи растаниҳои табиӣ таъсир мерасонанд, бо мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда мешаванд.5. Ҳангоми ба истифода додани корхонаҳои нав ва азнавсозии корхонаҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва амалӣ гардонидан ё тағйир додани технологияҳои коркунанда ё иҷрои дигар корҳои истеҳсолӣ, истеҳсоли намудҳои нави маҳсулот, истифодаи воситаҳои нақлиёт, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирии нобудшавӣ ва расонидани зарари дигар ба объектҳои олами наботот чораҳо андешанд.6. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд бо партовҳои маишӣ ва истеҳсолӣ, инчунин бо маҳсулоти нафтӣ ва маводи кимиёвӣ ба ифлосшавии ҳудудҳое, ки растаниҳо ишғол кардаанд, роҳ надиҳанд. Рехтани хокрубаҳо, партовҳои маишӣ ва истеҳсоли берун аз ҷойҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба ин мақсад ҷудо карда шудаанд, манъ аст.7. Дар маҳалҳои мавзеи гурӯҳҳои растаниҳои табиӣ сӯзонидани растаниҳои хушк манъ аст.8. То оғози корҳои сохтмонӣ бо тартиби муқарраргардида растаниҳои барои фаъолияти хоҷагидорӣ ва илм арзишманди худрӯй ҷамъоварӣ карда мешаванд, растаниҳои нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор доранд, дар сурати имконнопазир будани нигоҳдории ҷойи нашъунамои онҳо ба ҳудуди дигар, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамоянд, кӯчонида мешаванд.9. Ҳангоми истифодаи воситаҳои ҳифзи растаниҳо ангезандаҳои сабзиши онҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар воситаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, ки дар пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ ба кор бурда мешаванд, талаботи ҳифзи растаниҳои худрӯй, гурӯҳи растаниҳое, ки онҳо ташкил мекунанд ва муҳити нашъунамои онҳо бояд ба назар гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо бо мақсади кам кардани таъсири зарари онҳо ба олами наботот ва муҳити зист бо чорабиниҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва дигар чорабиниҳо якҷо сурат мегирад.10. Ҳангоми тайёр намудан ва аз хориҷа ворид кардани воситаҳои нави кимиёвӣ ва биологӣ меъёрҳои ҳадди ниҳоии ғуншавии онҳо дар муҳити зист, ки ҳифзи растаниҳои худрӯй, гурӯҳи ташкилдодаи онҳо ва муҳити нашъунамои онҳоро таъмин менамоянд, таҳия карда мешаванд.11. Бо мақсади ҳифзи объектҳои олами наботот мумкин аст ба истифодабарандагони онҳо, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадории дахлдор вогузор карда мешавад.
Моддаи 333. Ҳифзи растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва гурӯҳҳои табиии растаниҳо1. Растаниҳои нодир ва намудҳои растаниҳои зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва гурӯҳҳои табиии ташкилдодаи онҳо ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардида, ба таври махсус ҳифз карда мешаванд.2. Ба амалҳое, ки боиси нобудшавӣ, коҳиши захираҳо ё вайрон шудани муҳити нашъунамои намудҳои растаниҳои нодир, зери хатари нобудшавӣ қарордошта ва гурӯҳҳои онҳо мегардад, роҳ дода намешавад.3. Барои ҳифз кардани намудҳои растаниҳое, ки барқарорсозии онҳо дар шароити табиӣ душвор аст, бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ва бо назардошти хулосаҳои муассисаҳои илмӣ барои дар шароити дигар барқарор кардани онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Моддаи 334. Намудҳои истифодаи объектҳои олами набототДар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузорӣ ба истифодаи намудҳои зерини объектҳои олами наботот роҳ дода мешавад:1) тайёр кардани ғизо барои чорво;2) истифодаи объектҳои олами наботот барои чаронидани чорво, занбӯриасалпарварӣ ва пиллапарварӣ;3) ҷамъоварӣ ва тайёр кардани ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва ғизоии гиёҳҳои худрӯй;4) истифодаи олами наботот барои эҳтиёҷоти хоҷагии ҷангал, шикор ва моҳидорӣ;5) истифодаи хусусиятҳои олами наботот барои ҳифзи хок, ба вуҷуд овардани қабати хосилхези хок, ҳифзи об ва дигар хусусиятҳои он;6) истифодаи олами наботот ба мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ, ҳифзи муҳити зист, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва эстетикӣ;7) истифодаи олами наботот ба мақсадҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ.
Моддаи 335. Тартиби истифодаи объектҳои олами наботот1. Олами наботот моликияти истисноии давлатӣ буда, давлат ҳифз ва истифодаи самараноки онро ҳамчун асоси ҳаёт ва фаъолияти инсон ба манфиати халқ кафолат медиҳад.2. Объектҳои олами наботот бояд дар маҷмуъ бо низоми чорабиниҳои ҳифз ва барқарорсозии захираҳои табиии растаниҳо, нигоҳдории муҳити нашъунамои онҳо ва риояи қоидаҳо, муҳлатҳо, ҳисса (лимит) ва меъёрҳои (квота) муқарраргардида мавриди истифода қарор гиранд.3. Истифодабарандагони қитъаи замин ҳамзамон истифодабарандагони объектҳои олами набототе мебошанд, ки дар қитъаи заминҳои ба онҳо вобасташуда мерӯянд.4. Феҳристи намуди растаниҳои худрӯй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, инчунин феҳристи намуди растаниҳоро, ки аз муҳити табиӣ хориҷ кардани онҳо манъ аст ё бо мақсади ҳифз ва барқарорсозии онҳо маҳдуд карда мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.5. Тартиби истифодаи ин намудҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мекунад.6. Истифодаи намудҳои алоҳидаи объектҳои олами наботот дар асоси гирифтани иҷозат амалӣ мегардад. Иҷозат барои истифодаи объектҳои олами наботот, воридоту содироти объектҳои олами наботот, инчунин ғанимати онҳо ва амал оид ба истифодаи объектҳои олами наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 336. Истифодаи объектҳои олами наботот барои эҳтиёҷоти чорводорӣ, пиллапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва дигар мақсадҳо1. Объектҳои олами наботот барои эҳтиёҷоти чорводорӣ, пиллапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва мақсадҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қитъаҳои махсуси барои ин мақсадҳо ҷудогардида ва (ё) дар қитъаҳои ба мақсадҳои дигар таъиншуда метавонанд мавриди истифода қарор дода шаванд.2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки истифодабарандагони алафзорҳои табиӣ ва чарогоҳҳо мебошанд, вазифадоранд мутобиқи Кодекси мазкур талаботро оид ба ҳифз, истифодаи оқилона ва афзун гардонидани маҳсулнокии онҳо риоя намоянд.
Моддаи 337. Тайёркунӣ, ҷамъоварӣ, коркард, қабул ва фурӯши ашёи хоми доруворӣ, техникӣ ва хӯроквории растаниҳои худрӯй ва маҳсулоти онҳо1. Шахсони воқеӣ метавонанд дар тайёр кардани ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрӯй ва маҳсулот барои хӯрокворӣ, дар асоси шартномаҳо бо истифодабарандагони якумдараҷаи қитъаҳои замин иштирок намоянд.2. Тайёркунӣ ва ҷамъоварии ашёи хоми доруворӣ ва техникии растаниҳои худрӯй дар ҷойҳои табиии наботот, ки он метавонад ба олами наботот ё ҳайвонот, инчунин ба саломатии аҳолӣ зарар расонад, бо тартиби муқарраргардида манъ ё маҳдуд карда мешавад.
Моддаи 338. Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ ва сайёҳӣ, солимгардонӣ ва истифодаи хусусиятҳои муҳитофарии объектҳои олами наботот1. Истифодаи объектҳои олами наботот ба мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, истироҳатӣ, сайёҳӣ ва солимгардонӣ бо ҷамъоварӣ кардан ва накардани растаниҳои худрӯй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳо аз муҳити табиӣ дар сурате роҳ дода мешавад, ки агар он ба олами наботот зарар нарасонад ва ҳуқуқи истифодабарандагони дигари объектҳои олами набототро поймол накунад, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.2. Барои ташкили истироҳати оммавии аҳолӣ ва дигар мақсадҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, эстетикӣ, инчунин солимгардонӣ мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, истифодабарандагони доимии объектҳои олами наботот, инчунин дигар корхонаю муассиса ва ташкилот дар мувофиқа бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ободонӣ ва хизматрасонии фарҳангию маишӣ ба аҳолӣ бо назардошти зарурати нигоҳ доштани манзараҳои табиӣ, муҳити нашъунамои растаниҳои худрӯй, риояи тарҳи меъмории паркҳои табиии миллӣ, истироҳатгоҳҳо, дигар минтақаҳои истироҳатӣ ва сайёҳӣ, солимгардонӣ, наздишаҳрӣ ва талаботи санитарӣ чорабиниҳо мегузаронанд.3. Истифодаи хусусиятҳои объектҳои олами наботот оид ба ҳифзи хок, ба вуҷуд овардани қабати ҳосилхези хок, ҳифзи об ва дигар хусусиятҳои муҳитофарӣ, мубориза барои пешгирии тармафуроӣ, бодлесшавии (эрозияи) замин, шусташавии соҳилҳо, ҳангоми рекултиватсияи замин, амали кардани корҳои беҳдоштӣ, бе гирифтани растаниҳои худрӯй аз муҳити табиӣ роҳ дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.4. Истифодаи хусусиятҳои муайяншудаи объектҳои олами наботот бо роҳи аз муҳити табиӣ ҷамъоварӣ кардани растаниҳои худрӯй (тавассути тайёр кардани мева, тухмӣ, узвҳои зеризаминии онҳо ва ғайра) бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 339. Истифодаи объектҳои олами наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаандИстифодаи объектҳои олами набототи ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда дар ҳолатҳои истисноӣ бо мақсади таҳқиқотҳои илмӣ, парвариш ва такрористеҳсолкунии онҳо дар шароити табиӣ бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 340. Коллексияҳои ботаникӣ1. Коллексияҳои ботаникӣ коллексияҳои зиндаи боғҳои ботаникӣ, паркҳои дендрологӣ, чорбоғҳо, гармхонаҳо, ниҳолхонаҳо ва дигар манбаъҳои генетикии тухмиҳо, инчунин гербарийҳо ва дигар қисму маҳсулоти ҷамъовардаи растаниҳо мебошанд.2. Тартиб додан ва пурра гардонидани коллексияҳои ботаникӣ бо роҳи аз муҳити табиӣ гирифтани растаниҳои худрӯй аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар сурати риояи талаботи Кодекси мазкур ва бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.3. Коллексияҳои ботаникӣ, ки арзиши илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё эстетикӣ доранд, ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки соҳибони чунин коллексияҳо мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи коллексияҳои ботаникиро риоя намоянд. Қоидаҳои тартибдиҳӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи коллексияҳои ботаникӣ, инчунин хариду фурӯш, фиристодан ва берун баровардани онҳо тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 341. Истифодаи объектҳои олами наботот дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ, таърихию фарҳангӣ ва заминҳои захиравӣ1. Объектҳои олами наботот дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ, таърихию фарҳангӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешаванд.2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо хилофи таъиноти мақсаднок ва низоми муқарраргардида мебошад, ба истифода ё иҷора додани объектҳои олами наботот, ки дар заминҳои таъиноти ҳифзи табиат, солимгардонӣ, рекреатсионӣ ва таърихию фарҳангӣ воқеъ гаштаанд, манъ аст.3. Объектҳои олами наботот дар заминҳои захиравӣ мумкин аст ба истифода, иҷора ва дигар намудҳои истифодаи муваққатӣ пеш аз ҳама барои мақсадҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал мутобиқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шаванд.
Моддаи 342. Истифодаи оқилона чун асоси сермаҳсулӣ ва нигоҳдории олами наботот1. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот бо мақсади гузаронидани чорабиниҳои иловагӣ оид ба муҳофизат, истифодаи оқилона ва барқароркунии объектҳои олами наботот ба роҳ монда мешавад.2. Ҳавасмандгардонии иқтисодии истифодабарандагони объектҳои олами наботот аз ҳисоби манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.
Моддаи 343. Муқаррар намудани манъкунӣ ва маҳдудиятҳо дар истифодаи объектҳои олами наботот1. Бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқарорсозии объектҳои олами наботот истифодаи намудҳои алоҳидаи он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад маҳдуд ё муваққатан боздошта шавад.2. Манъкунӣ ва маҳдудиятҳои истифодаи объектҳои олами наботот бо роҳи танзими фаъолият дар ҳудуди аз ҷиҳати хоҷагидорӣ истифодашаванда, пурра ё қисман хориҷ намудани ҳудуди муайян аз истифодаи хоҷагидорӣ (ташкил кардани мамнӯъгоҳҳо, қитъаҳои мамнӯъгоҳҳо дар парки табиии миллӣ, парваришгоҳҳо, эълон кардани ёдгориҳои табиӣ, ҷудо кардани дигар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда) метавонанд муқаррар гарданд.3. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади нигоҳдорӣ ва барқарорсозии объектҳои олами наботот, метавонад аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҷамъоварӣ ва тайёр кардани намудҳои алоҳидаи растаниҳои худрӯй, қисмҳо ва маҳсулоти онҳоро дар намуди истеҳсолӣ ва коркарди нав ба муҳлати муайян манъ ё маҳдуд кунад.
Моддаи 344. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот1. Ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:1) аз истифода гирифтани қитъаи замин;2) ихтиёран даст кашидан аз истифодаи объектҳои олами наботот;3) ба охир расидани муҳлати муқарраркардаи истифода;4) аз байн рафтани зарурати истифодаи объектҳои олами наботот;5) қатъ шудани фаъолияти субъекти истифодабаранда;6) мунтазам риоя накардани қоидаю меъёрҳо ва дигар талаботи ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;7) мунтазам дар муҳлатҳои муқарраргардида напардохтани музди истифодаи захираҳои табиии олами наботот, вайрон кардани шартҳои шартномаи иҷораи онҳо;9) риоя накардани қоидаҳои истифодаи воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезандаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералӣ ва дигар воситаҳои кимиёвӣ ва биологӣ, ки ба олами наботот зарар мерасонанд;10) риоя накардани қоидаҳои аз як ҷо ба ҷойи дигар бурдан, инчунин воридоту содироти коллексияҳои ботаникӣ;11) амалиёте, ки боиси нобуд ва кам шудани намудҳои набототе, ки ба онҳо хатари нобуд шудан таҳдид кардааст ё таҳдид мекунад;12) ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.2. Ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами наботот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
Моддаи 345. Ҳавасмандгардонии иқтисодии чорабиниҳо оид ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии объектҳои олами набототҲавасмандгардонии иқтисодии чорабиниҳо оид ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии объектҳои олами наботот ба зиёд шудани ҳавасмандии истифодабарандагон, барои нигоҳ доштан ва барқарор кардани маҳсулоти олами наботот нигаронида шуда, инҳоро дар бар мегирад:1) аз фондҳои ҷумҳуриявӣ ё маҳаллии ҳифзи муҳити зист ҷудо кардани маблағ барои барқарорсозии объектҳои олами наботот;2) ҷудо намудани маблағ аз манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;3) ташкили коллексияи ботаникии растаниҳои худрӯй ва киштшавандаи нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта;4) ташкили низоми мониторинг ва кадастри давлатии олами наботот ва амалӣ намудани назорати давлатӣ оид ба ҳифзи объектҳои олами наботот;5) ташкил намудани таҳқиқотҳои илмӣ, ки ба таъмини тадбирҳои ҳифз, истифодаи оқилона ва такрористеҳсолкунии олами наботот нигаронида шудаанд.
Моддаи 346. Карантини растаниҳо дар Ҷумҳурии ТоҷикистонТавассути Сарҳади давлатӣ воридот, содирот ва интиқол додани молҳои аз растаниҳо ҳосилшуда, ки таҳти реҷаи карантинӣ қарор доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи карантин ва муҳофизати растаниҳо амалӣ карда мешавад.
Моддаи 347. Кӯчондан, ба иқлим мутобиқ намудан ва пайванд кардани растаниҳо1. Ба ҷойҳои нави нашъунамо кӯчонидани растаниҳо, мутобиқ намудани навъҳои нави растаниҳо, чорабиниҳо оид ба пайвандкунии растаниҳои худрӯй дар шароити табиӣ бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ ва хоҷагӣ дар асоси хулосаҳои ташкилоти дахлдори илмӣ ва мақомоти давлатӣ оид ба карантини растаниҳо ва бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода мешавад.2. Қоидаҳои кӯчондан, ба иқлим мутобиқ ва пайванд кардани растаниҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ менамояд.
Моддаи 348. Мутобиқ намудани тадбирҳои биотехникии ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами набототТадбирҳои биотехникӣ оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами наботот, ки аз ҷониби истифодабарандагони объектҳои олами наботот таҳия ва тасдиқ карда мешаванд, бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда мешаванд.
§2. Назорати давлатии ҳифз ва истифодаи объектҳои олами наботот
Моддаи 349. Мақсад ва вазифаҳои назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои олами наботот1. Мақсад ва вазифаҳои назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои олами наботот аз инҳо иборат мебошанд:1) таъмини риоя гардидани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи олами наботот аз ҷониби истифодабарандагони олами наботот;2) истифодаи оқилона ва самараноки олами наботот;3) ҳифзи олами наботот аз ҳама гуна таъсирҳои манфӣ бо мақсади фароҳам овардани имконият ва қобилияти барқароршавии минбаъдаи онҳо;4) ҳифзи олами наботот аз сӯхтор, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳо;5) андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати барқарор ва ҳифзи навъҳои растаниҳои нодир, эндемӣ, қадима ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, инчунин намудҳои растаниҳои худрӯй ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида;6) пешгирӣ, ошкор ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо оид ба истифодаи олами наботот;7) ошкор намудани ҷамъоварии худсарона ва ғайриқонунии растаниҳои нодир, зери хатари нобудшавӣ қарордошта, растаниҳои худрӯй ва ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида;8) бо тартиби муқарраргардида пешниҳод намудани зарар барои ҷамъоварии худсарона ва ғайриқонунии растаниҳои нодир, зери хатари нобудшавӣ қарордошта, растаниҳои ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида.2. Назорати давлатӣ оид ба ҳифз ва истифодаи объектҳои олами наботот дар шакли санҷиш, амалиёти назоратӣ, мониторинг ва пешгирии қонунвайрокуниҳо ҳангоми истифодаи олами наботот амалӣ карда мешавад.3. Назорати давлатӣ оид ба ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот дар баробари муқаррароти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳоро дар бар мегирад:1) ҷалб намудани вазорату идораҳо, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассиса, корхона ва дигар ташкилот, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ ба чорабиниҳо оид ба ҳифз, истифода ва барқарорсозии объектҳои олами наботот;2) санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;3) додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаҳо барои истифодаи объектҳои олами наботот тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ;4) муайян намудани низоми махсуси ҳифзи растаниҳои эндемӣ, қадима ва намудҳои растаниҳое, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шудаанд;5) истифодаи намудҳои алоҳидаи олами наботот тибқи меъёрҳои (квота) муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;6) пешниҳоди дастур дар бораи пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо ба истифодабарандагони олами наботот.4. Бо мақсади андешидани чораҳои махсуси ҳифзи намудҳои олами наботот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил карда мешаванд.5. Ташкили ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, қоидаҳои воридшавӣ, истифода, корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба олами наботот дар онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.6. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади ҳифзи намудҳои растаниҳое, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намудҳои растаниҳои нодири дар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дохил карда шудаанд, инчунин намудҳои растаниҳо ва гурӯҳи растаниҳои нодир ва қадима низоми махсуси ҳифзи онҳоро муқаррар ва амалӣ менамояд.7. Низоми махсуси ҳифзи намудҳои растаниҳои тибқи Кодекси мазкур пешбинишуда, новобаста аз гурӯҳи заминҳо метавонад танҳо дар доираи он қитъаи замине, ки дар онҳо чунин намудҳои растаниҳо мерӯянд, муқаррар карда шавад.8. Низоми махсуси ҳифзи растаниҳо дар шакли иҳота ва ё рӯйпӯш намудани растаниҳо, аз танаи растаниҳо кандани шоха ва баргҳо, нармкунии бехи растаниҳо бо мақсади инкишофи минбаъдаи онҳо, ҷамъоварӣ бе осебрасонӣ, гирифтани намунаҳо ҷиҳати омӯзиш ва гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.9. Дар қитъаҳои замине, ки ба онҳо низоми махсуси ҳифзи намудҳои растаниҳои дар Кодекси мазкур пешбинишуда ҷорӣ шудааст, чаронидан ва нигоҳдории чорво, ворид гардидан ва ҷамъоварӣ намудани растаниҳо, ба истиснои мақоми ваколатдори давлатӣ ва шахсоне, ки дорои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ё иҷозатномаи дахлдор мебошанд, манъ аст.
БОБИ 25. ОЛАМИ ҲАЙВОНОТ
Моддаи 350. Категорияи олами ҳайвонот1. Олами ҳайвонот аз рӯйи намуд ва таъиноти мақсаднокӣ ба категорияҳои зерин ҷудо мешавад:1) намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта;2) намудҳои ҳайвоноте, ки объекти шикор мебошанд;3) намудҳои ҳайвоноте, ки объекти моҳидорӣ мебошанд;4) намудҳои ҳайвоноте, ки бо мақсади хоҷагидорӣ истифода мешаванд (ғайр аз шикор ва моҳидорӣ);5) намудҳои ҳайвоноте, ки бо мақсадҳои хоҷагидорӣ истифода намешаванд, вале арзиши экологӣ, фарҳангӣ ва илмӣ доранд;6) намудҳои ҳайвоноте, ки саршумори онҳо бо мақсади ҳифзи сиҳатии аҳолӣ, пешгирии беморшавии ҳайвоноти хонагӣ ва кишоварзӣ, пешгирии зарар ба муҳити зист ва объектҳои дигари олами ҳайвонот, нарасонидани талафоти ҷиддӣ ба фаъолияти кишоварзӣ танзим карда мешаванд.2. Намудҳои ҳайвонот бо мақсади ҳифзи гуногунии намудҳои онҳо, нигоҳдорӣ, афзун гардонидани саршумор ва истифодаи мунтазам ба категорияҳо ҷудо карда шуда, аз як категория ба категорияи дигар гузаронида мешаванд.
Моддаи 351. Субъектҳо ва объектҳои олами ҳайвонот1. Субъектҳои муносибатҳои олами ҳайвонот шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва мақомоти давлатӣ мебошанд.2. Объектҳои олами ҳайвонот ҳамаи намудҳо, таркиб ва ҷойи зисти ҳайвонот мебошанд, ки ҳифз ва истифода карда мешаванд. Объектҳои олами ҳайвонот аз ҳайвоноти бесутунмуҳра ва сутунмуҳрадор иборат мебошанд.3. Объектҳои зерини олами ҳайвонот таҳти ҳифз ва истифода қарор мегиранд:1) ҳайвоноти ваҳшӣ ва популятсияи онҳо;2) тухм, ҷанин, узв ва дигар маҳсулоти олами ҳайвонот;3) мавзеи зиндагӣ, лона, ҷойи тухмгузорӣ, мӯрчахона, дигар ҷойҳои зисти табиии ҳайвонот, хандақҳои зимистонгузаронӣ, ҷойи тулаккунӣ ва қароргоҳҳо барои истироҳат ва ғизохӯрии парандаҳои кӯчӣ, ҷойҳои доимӣ ё мавсимии ҷамъшавӣ, ҷойҳои наслгирӣ ва дигар маҳалҳои ҷамъшавии ҳайвонот.
Моддаи 352. Иштироки шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар иҷрои тадбирҳои ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот1. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд бо олами ҳайвонот муносибати эҳтиёткорона намуда, объектҳои онро ҳифз кунанд.2. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар амалӣ намудани тадбирҳо оид ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот, пешниҳоди таклифҳо дар бораи ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии олами ҳайвонот, пешгирӣ намудани ҳолатҳои вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот ва огоҳ намудан дар бораи чунин ҳолатҳо ҳамкорӣ менамоянд.3. Мақоми ваколатдори давлатӣ ҳангоми иҷрои тадбирҳо оид ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот пешниҳоди шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятиро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат мегиранд.4. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд назорати ҷамъиятиро оид ба ҳифз, истифодаи оқилона ва барқароркунии олами ҳайвонот амалӣ намоянд.
Моддаи 353. Ташкил намудан, такмил додан ва баҳисобгирии давлатии коллексияи зоологӣ1. Коллексияи зоологӣ маҷмуи намудҳои олами ҳайвонот, ки бо низоми ягона бо роҳи интихоб ё усулҳои омӯзиши ирсиятҳои фарқкунанда, бо мақсади истифодабарӣ дар фаъолияти илмӣ, селексионӣ, таълимӣ ва иҷрои корҳои дигар ҷамъоварӣ карда мешаванд.2. Ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои ташкил ва такмили коллексияҳои зоологӣ (коллексияҳои зинда, боғи ҳайвонот ва боғҳои дигар, инчунин дар шакли коллексияи хӯсаҳо, доруҳо ва узвҳои ҳайвонот) бо роҳи аз муҳити табиӣ ба ин мақсадҳо гирифтани ҳайвонот мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат медиҳад.3. Такмил додани коллексияҳои зоологӣ, ки моликияти шаҳрвандон мебошанд, инчунин аз тарафи шаҳрвандон ташкил намудани коллексияҳои нав манъ аст, ба истиснои коллексияҳои иборат аз ғаниматҳои шикори ҳайвонот, моҳигирӣ ва дигар намудҳои истифодаи олами ҳайвонот, ки бо риояи талаботи муқарраршуда анҷом дода шудааст.4. Коллексияҳои зоологии дорои аҳаммияти илмӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ, таълимию тарбиявӣ ё зебоишиносӣ ба қайди давлатӣ гирифта мешаванд. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки соҳиби чунин коллексия мебошанд, вазифадоранд қоидаҳои нигоҳ доштану ба ҳисоб гирифтан ва истифода кардани коллексияҳои зоологиро риоя намоянд.5. Тартиби ташкил кардан, такмил додан, нигоҳ доштан, истифода бурдан ва ба ҳисоб гирифтани коллексияҳои зоологӣ, савдои онҳо, ҳамчунин тартиби фиристодан ва аз ҳудуди ҷумҳурӣ баровардани объектҳои коллексияҳо ва маҳсулоти олами ҳайвонот тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 354. Кӯчонидан ва мутобиқсозӣ, ҷуфтӣ кардани ҳайвонот ва маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони объектҳои табиӣ бо мақсади ҳифзи олами ҳайвонот1. Бо мақсади таҳқиқоти илмӣ, зарурати хоҷагӣ ба ҷойҳои нави зиндагӣ кӯчонидан ва мутобиқсозии олами ҳайвонот, инчунин тадбирҳои ҷуфтикунии ҳайвонот дар асоси хулосаи муассисаҳои дахлдори илмӣ танҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода мешавад.2. Худсарона кӯчонидан, мутобиқ ва ҷуфтӣ кардани ҳайвонот манъ аст.3. Бо мақсади ҳифзи олами ҳайвонот ҳуқуқи истифодабарандагони қитъаҳои замин, ҷангал, об ва сарватҳои зеризаминӣ метавонанд маҳдуд карда шуда, ба зиммаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадориҳои дахлдор гузошта мешаванд.
Моддаи 355. Баҳисобгирии давлатӣ ва кадастри давлатии олами ҳайвонот1. Барои таъмини ҳифз ва ташкили истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот баҳисобгирии давлатии ҳайвонот ва истифодаи онҳо ба роҳ монда шуда, кадастри давлатии олами ҳайвонот ташкил карда мешавад, ки он маҷмуи маълумот дар бораи паҳншавии ҷуғрофии намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот, саршумори онҳо ва дигар маълумоти заруриро дар бар мегирад.2. Баҳисобгирии давлатии ҳайвонот, истифодаи онҳо ва ташкили кадастри давлатии олами ҳайвонот дар қитъаҳои озод аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, дар қитъаҳои вобасташуда аз ҳисоби истифодабарандагони он ба роҳ монда мешавад.3. Парваришгоҳҳо вазифадоранд дар бораи паҳншавӣ, саршумор ва истифодаи ҳайвоноти ваҳшӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ барои ба роҳ мондани кадастри давлатӣ маълумот пешниҳод намоянд.
Моддаи 356. Мониторинги объектҳои олами ҳайвонотМониторинги объектҳои олами ҳайвонот қисми таркибии низоми ягонаи мониторинги давлатии экологӣ буда, низоми мушоҳидаи мунтазами ҳолати объектҳои олами ҳайвонот, арзёбӣ ва пешгӯии тағйирёбии онҳо аз таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ мебошад.
§1. Истифодаи объектҳои олами ҳайвонот
Моддаи 357. Истифодаи объектҳои олами ҳайвонот1. Олами ҳайвонот моликияти истисноии давлатӣ буда, давлат ҳифз ва истифодаи самараноки онро ҳамчун асоси ҳаёт ва фаъолияти инсон ба манфиати халқ кафолат медиҳад.2. Олами ҳайвонот ба таври умумӣ ва махсус истифода бурда мешаванд.3. Истифодаи умумии олами ҳайвонот истифодаи объектҳои олами ҳайвонот ва хусусиятҳои фоидабахши он бе ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ мебошад.4. Истифодаи махсуси олами ҳайвонот истифодаи объекти олами ҳайвонот ва маҳсулоти фаъолияти ҳаётии он бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ мебошад.
Моддаи 358. Воридот, содирот ва транзити олами ҳайвонот барои истифода1. Ҳайвоноти ваҳшӣ, инчунин қисмҳо ва маҳсулоти онҳо, коллексияҳои зоологӣ, тӯҳфаҳо ва ҳайвоноти хушккардашуда, ки ҳангоми воридот, содирот ва транзити ғайриқонунӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт карда шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешаванд.2. Истифодаи намудҳои алоҳидаи объектҳои олами ҳайвонот дар асоси гирифтани иҷозат амалӣ мегардад. Иҷозат барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, воридот, содирот ва транзити объектҳои олами ҳайвонот, инчунин ғанимати онҳо ва амал оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 359. Тартиби истифодаи объектҳои олами ҳайвонот1. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот иҷозатнома ё иҷозат медиҳад.2. Заминистифодабарандагони шикоргоҳҳо ва қитъаҳои замин, ки мавзеъҳои зисти ҳайвонот мебошанд ва объектҳои шикор нестанд, барои истифодаи олами ҳайвонот дар ин қитъаҳо ҳуқуқи афзалиятнок доранд.3. Олами ҳайвонотро барои истифодаи бемуҳлат ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо усули ҷудо кардани қитъаи замин ва ба онҳо вобаста кардани шикоргоҳҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон додан мумкин аст.4. Ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот бо санадҳое, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда оид ба ҳуқуқи истифодаи шикоргоҳҳо дода шудаанд, инчунин бо иҷозатномаҳои дахлдор барои шикор кардан, дошта гирифтан ё ҷамъ овардани ин намудҳои олами ҳайвонот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст, тасдиқ карда мешаванд.5. Рӯйхати намудҳои (гурӯҳи намудҳои) ҳайвонот ё дигар олами ҳайвонотро, ки шикори онҳо бе иҷозат ё бидуни бастани шартнома мумкин аст, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 360. Намудҳои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот1. Истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо роҳҳои зерин амалӣ мегардад:1) шикор;2) моҳидорӣ, аз ҷумла, сайди ҳайвоноти бесутунмуҳраи обӣ;3) сайди ҳайвоноте, ки объектҳои шикору моҳидорӣ ва бесутунмуҳраи обӣ нестанд;4) истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо мақсади таҳқиқоти илмӣ, коллексияҳо, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, барқарорсозӣ, солимгардонӣ ва ҳифзи табиат, истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоиданоки ҳаётии онҳо.2. Муҳлати истифодаи намудҳои алоҳидаи объектҳои олами ҳайвонотро мақоми ваколатдори давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 361. Шикори объектҳои олами ҳайвонотШикори объектҳои олами ҳайвонот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 362. Манъи худсарона доштан ва нобуд кардани мор ва хазандагони дигарДар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон худсарона доштан ва нобуд кардани ҳамаи намуди мор ва хазандагони дигар, ба истиснои маҳалҳои аҳолинишин ва минтақаҳои ҳифзи осоишгоҳҳои табобатӣ, фароғатгоҳҳо манъ аст. Мор ва хазандагони дигарро танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ бо мақсади таҳқиқоти илмӣ ва ташкили ҷой барои нигоҳдории мор (серпентарий) доштан мумкин аст.
Моддаи 363. Истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ1. Барои истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо роҳҳои гуногуни мушоҳида, нишонгузорӣ, суратгирӣ ва ғайра бе ҷудо кардани ҳайвонот аз муҳити зисти табиӣ иҷозат дода мешавад, агар он ба ҳайвонот ё муҳити зисти онҳо зарар нарасонад ва ҳуқуқи дигар истифодабарандагони олами ҳайвонотро халалдор накунад, ба истиснои мавридҳое, ки чунин истифодабарӣ манъ карда шудааст.2. Истифодаи олами ҳайвонот бо мақсади илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ ва зебоишиносӣ бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити табиии зист бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Моддаи 364. Истифодаи хусусиятҳои фоидабахши ҳаёт ва фаъолияти ҳайвонотБа истифодаи хусусиятҳои фоидабахши фаъолияти ҳаётии ҳайвонот – мазраъофарҳо, поккорони табиии муҳит, гардолудкунандагони растаниҳо ва ғайра бидуни ҷудо кардани онҳо аз табиат, ба истиснои мавридҳои муайянкардаи Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад.
Моддаи 365. Истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти ҳаёт ва фаъолияти онҳо1. Истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо (асал ва муми занбӯри ваҳшӣ ва ғайра) танҳо бо шарти аз табиат ҷудо накардан ва нобуд насохтани ҳайвонот ва бидуни вайрон кардани муҳити табиии зисти онҳо мумкин аст.2. Қоидаҳои истифодаи ҳайвонот бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти фаъолияти ҳаётии онҳо аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 366. Пардохтҳо барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот1. Истифодаи махсуси объектҳои олами ҳайвонот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон музднок мебошад.2. Иҷорапулии объектҳои олами ҳайвонот мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи шартномаи иҷора ба заминистифодабарандагони якумдараҷа бо тарзи ғайринақдӣ супорида мешавад.3. Маблағи пардохти истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба фондҳои махсус дохил мегардад, дар навбати аввал барои ҳифз ва барқарор намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва муҳити зисти онҳо, барои пешбурди кадастри давлатии олами ҳайвонот, таҳқиқотҳо ва мониторинги олами ҳайвонот, Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба роҳ мондани кори мамнӯъгоҳҳо ва таҳқиқоти илмӣ харҷ карда мешавад.4. Мамнӯъгоҳҳо, осорхонаи мамнӯъгоҳҳо, боғҳои миллию зоологӣ, боғҳои зоологию ботаникӣ аз пардохтҳо барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот озод карда мешаванд.
Моддаи 367. Ҳуқуқи истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонотШахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ танҳо ба он намуди истифодаи олами ҳайвонот ҳуқуқ доранд, ки ба онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода шудааст.Дар мавридҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот ба манфиати давлат, истифодабарандагон, инчунин бо мақсади ҳифзи олами ҳайвонот метавонад маҳдуд карда шавад.
Моддаи 368. Вазифаҳои истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот1. Истифодабарандагони объектҳои олами ҳайвонот вобаста ба намуди истифода вазифадоранд:1) қоида, меъёр ва муҳлати муқарраршудаи истифодаи олами ҳайвонотро риоя кунанд;2) олами ҳайвонотро тавре истифода баранд, ки тамомияти гурӯҳҳои табиӣ халалдор нашавад ва ҳайвоноти дигар ва муҳити зисти онҳо осеб набинанд;3) саршумор ва ҳолати популятсияи ҳайвоноти истифодашаванда, инчунин вазъи муҳити зисти онҳоро ба ҳисоб гиранд;4) оид ба афзун гардонидани саршумори ҳайвонот тадбирҳои зарурӣ андешанд;5) бо мақоми ваколатдори давлатӣ ҷиҳати ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот ҳамкорӣ намоянд.2. Истифодабарандагони олами ҳайвонот вазифадоранд дигар талаботро оид ба ҳифз ва истифодаи объекти олами ҳайвонот ва афзунгардонии саршумори он, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, иҷро намоянд.
Моддаи 369. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами ҳайвонот1. Ҳуқуқи истифодаи объектҳои олами ҳайвонот дар ҳолатҳои зерин қатъ карда мешавад:1) ихтиёран даст кашидан аз истифодаи объектҳои олами ҳайвонот;2) аз байн рафтани зарурати истифодаи олами ҳайвонот;3) ба охир расидани муҳлати муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;4) барҳам хӯрдан ё қатъ гардидани фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо ҳуқуқи истифодаи олами ҳайвонот дода шудааст;5) қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатие, ки мутобиқи онҳо олами ҳайвонот барои истифода дода шуда буд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;6) зарурати андешидани тадбирҳои махсуси ҳифзи олами ҳайвонот ё бинобар ба миён омадани хатаре, ки ба саломатии аҳолӣ таҳдид менамояд;7) ба таври доимӣ риоя накардани қоидаю меъёр ва дигар талаботи истифодаю ҳифз ва афзун гардонидани олами ҳайвонот;8) пардохт накардани музди истифодаи олами ҳайвонот;9) зарурати бо тартиби муқарраршуда аз истифода гирифтани заминҳо ва олами ҳайвонот бо мақсади ҳифзи ҳайвонот, наботот ва дигар захираҳои табиӣ ё тамомияти комплекси табиӣ;10) бо тартиби муқарраршуда аз истифода гирифтани заминҳое, ки дар онҳо олами ҳайвонот мавриди истифода қарор мегиранд;11) ҳангоми бекор гардидани иҷозат ва иҷозатномаҳо;12) мунтазам риоя накардани шартҳои шартномаи иҷораи объектҳои олами ҳайвонот;13) ҳолатҳои дигари тибқи Кодекси мазкур пешбинигардидае, ки боиси қатъ гардидани истифодаи олами ҳайвонот мегардад.
§2. Ҳифзи олами ҳайвонот
Моддаи 370. Тадбирҳо оид ба ҳифзи олами ҳайвонотОлами ҳайвонот бо роҳҳои зерин ҳифз карда мешавад:1) муқаррар кардани қоидаю меъёрҳои ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонот ва зиёд намудани саршумори онҳо;2) муқаррар кардани мамнуиятҳо ва маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот;3) ҳифз аз истифодаи худсарона ва кирдорҳои дигари риоя нашудани тартиби муқарраргардидаи истифодаи олами ҳайвонот;4) ҳифзи муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот;5) пешгирӣ намудани талафи ҳайвонот ҳангоми иҷрои корҳои истеҳсолӣ;6) ташкил кардани мамнӯъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва ҷудо кардани қитъаҳои дигари таҳти ҳифзи махсус қарордошта;7) парвариш ва зиёд кардани намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта дар шароити ғайриозод;8) ҷорӣ намудани маҳдудият барои истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо мақсади ташкил намудани коллексияҳои зоологӣ;9) ёрӣ расонидан ба ҳайвонот дар мавриди беморшавӣ, хатари нобудшавии онҳо ҳангоми офати табиӣ ва бо сабабҳои дигар;10) ташкили таҳқиқоти илмӣ бо мақсади асоснок кардани тадбирҳои ҳифзи олами ҳайвонот;11) ташаккули маърифати экологӣ дар руҳияи дӯст доштани олами ҳайвонот;12) таблиғи ҳифзи олами ҳайвонот аз тариқи воситаҳои ахбори омма ва дигар воситаҳо;13) ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи ҳайвоноти ваҳшӣ;14) танзими воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти олами ҳайвонот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;15) гузаронидани тадбирҳои биотехникӣ ва дигар тадбирҳои ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот;16) андешидани дигар тадбирҳо ва муқаррар кардани талаботҳои дигар оид ба ҳифзи олами ҳайвонот, ки хилофи қонунгузорӣ намебошад.
Моддаи 371. Муқаррар кардани мамнуиятҳо ва маҳдудиятҳо дар истифодаи олами ҳайвонот1. Бо мақсади ҳифз ва зиёд намудани саршумори баъзе намудҳои ҳайвонот истифодаи онҳо дар ҳудуди муайян ва ба муҳлати муайян бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур метавонад маҳдуд ё пурра манъ карда шавад.2. Барои ҳифз намудан ва зиёд намудани саршумори объектҳои олами ҳайвонот чораҳои зерин муқаррар карда мешаванд:1) маҳдуд намудани муҳлати истифодаи олами ҳайвонот;2) манъ кардани тарзу усул ва намудҳои олоти шикор;3) тағйир додани меъёрҳои шикор;4) маҳдуд гардонидани миқдори истифодабарандагони олами ҳайвонот.3. Барои муқаррар намудани мамнуниятҳо ва маҳдудиятҳо асос шуда метавонанд:1) риоя накардани синни ҷуфтшавии ҳайвонот;2) кам гаштани саршумори ҳайвонот;3) бад шудани муҳити зисти онҳо;4) зарурати муҳайё сохтани минтақаҳои ором дар ҷойҳои ҷамъшавии анбӯҳи ҳайвонот ҳангоми кӯчиш ва наслдиҳӣ.4. Бо мақсади нигоҳдории олами ҳайвонот иҷрои корҳои зерин манъ аст:1) нобуд кардани наботот ва дигар корҳое, ки вазъи муҳити зисти ҳайвонотро бад месозанд;2) то бист метр наздик аз макони зисти ҳайвоноте, ки муташаккилона зиндагӣ мекунанд, шудгор кардани қитъаи замин, инчунин бе иҷозати пешакии мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҷойи дигар кӯчонидани онҳо;3) вайрон ва хароб кардани лонаи ҳайвонот, ҷамъоварӣ намудани тухми онҳо;4) бо заврақҳои мотордор сайругашт кардан дар мавзеъҳои лонасозӣ ва тухмгузории мурғҳои обӣ ва моҳӣ;5) дар мавзеи зисти оммавии ҳайвоноти сумдор ва мурғони ҷамоавӣ бе розигии мақоми ваколатдори давлатӣ аз як километр пасттар парвоз кардани тайёраҳо, чархболҳо ва ғайра;6) нобуд сохтани муҳити зист ва хароб кардани киштзори хӯроки ҳайвонот, ниҳолу буттаҳои муҳофизатӣ, охурҳои ему намак, ишоранишонҳо, иншоотҳои зарури шикору моҳидорӣ;7) шикори ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта;8) дар муҳлати пешбининакардаи иҷозатномаи истифодаи олами ҳайвонот ва меъёри муқарраршуда шикор кардани олами ҳайвонот;9) шикори объектҳои олами ҳайвонот бо истифодаи аз тарзу усул ва олоти барои шикори ҳайвонот ва моҳигирӣ мамнуъ;10) шикори объектҳои олами ҳайвонот бо истифода аз олотҳои тарканда, маводи заҳрдор;11) бе иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ парвариш намудан, насл гирифтан, дурага кардани ҳайвоноти бегона ва ҳамчунин шикор намудани ҳайвоноти ба табиат мутобиқшуда.
Моддаи 372. Талабот оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонотБо мақсади ҳифз ва истифодаи оқилонаи олами ҳайвонот талаботи зерин бояд риоя карда шаванд:1) нигоҳдории шаклҳои гуногуни биологии олами ҳайвонот дар шароити озоди табиӣ;2) нигоҳдории тамомияти популятсияи намудҳои ҳайвоноти нодир, зери хатари нобудшавӣ қарордошта, намудҳои ба маҳал хос, кӯчӣ ва ҳайвоноти дигари арзишнок;3) ҳифзи муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот ва гурӯҳҳои табиии онҳо;4) истифодаи илман асосноку сарфакорона, маҷмуъ ва оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот, мунтазам зиёд намудани саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ;5) нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи хусусиятҳои фоиданоки ҳаёт ва фаъолияти намудҳои алоҳидаи ҳайвонот;6) истифодаи самаранок ва оқилонаи объектҳои олами ҳайвонот ва танзими афзоиши ҳайвонот ва саршумори онҳо дар шароити озоди табиӣ бо мақсади ҳифзи саломатии инсон ва пешгирӣ намудани зараре, ки ба табиати зинда ва иқтисодиёт мерасад;7) доштани хусусиятҳои олами ҳайвонот вобаста ба ҳифзи об, хок, муҳитофарӣ, шароити истироҳат, барқарорсозӣ ва дигар хусусиятҳои фоиданоки он барои ҳифзи саломатии аҳолӣ, беҳсозии муҳити зист ва рушди иқтисодиёт;8) ҳифзи объектҳои олами ҳайвонот ҳангоми ба амал омадани сӯхтор, сел, камобӣ, хушксолӣ ва дигар офатҳои табиӣ, инчунин аз ҳашароти зараррасон ва бемориҳо;9) истифодаи муздноки объектҳои олами ҳайвонот.
Моддаи 373. Риояи талабот зимни фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонадҲама гуна фаъолияте, ки ба вазъи олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъсир мерасонад, бо риояи талаботи ҳифзи олами ҳайвонот иҷро мегардад.
Моддаи 374. Талабот оид ба сохтмон ва фаъолияти дигар, ки ба объектҳои олами ҳайвонот таъсири манфӣ мерасонад1. Ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони маҳалҳои аҳолинишин, корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо, такмили равандҳои технологӣ ва ҷорӣ кардани технологияи муосир, ба истифода додани заминҳои навкорам, назди соҳилҳо, дарёбод ва буттазорҳо, обёрии замин, истифодаи ҷангалзор, иҷрои корҳои ҷустуҷӯӣ-геологӣ, истихроҷи маъдан, ҷудо кардани қитъаҳои замин барои чарогоҳ ва гузаргоҳҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, тартиб додани хатсайрҳо ва ташкили ҷойҳои истироҳати оммавии аҳолӣ бояд бо назардошти ҳифзи муҳити зист ва олами ҳайвонот амалӣ карда шаванд, инчунин дахлнопазирии қитъаҳое, ки ҳамчун муҳити зисти ҳайвонот аҳаммияти хоса доранд, таъмин карда шавад.2. Ҳангоми ҷойгиркунӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмони роҳҳои оҳан, автомобилгард, қубургузар ва дигар роҳҳои нақлиётӣ, хатҳои интиқоли барқу алоқа, инчунин иншоотҳои гидротехникӣ бояд тадбирҳои ҳифз ва нигоҳдории роҳҳои кӯчиши ҳайвонот таъмин карда шаванд.
Моддаи 375. Мувофиқа намудани сохтмони объектҳое, ки ба вазъи олами ҳайвонот таъсир мерасонандҶойи сохтмони корхонаҳо ва иншоотҳои бо Кодекси мазкур пешбинишуда ва дигар объектҳое, ки ба ҳолати олами ҳайвонот, муҳити зист, шароити афзоиш ва роҳҳои кӯчиши онҳо таъсир мерасонанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда мешавад.
Моддаи 376. Пешгирӣ намудани талафоти ҳайвонот ҳангоми иҷрои корҳои истеҳсолӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки ҳангоми киштукор, чӯбтайёркунӣ ва дигар корҳо, инчунин ҳангоми истифодаи воситаҳои нақлиёт барои пешгирӣ намудани талафоти ҳайвонот тадбирҳо андешанд.2. Сӯзондани растаниҳои хушк, нигоҳдории мавод, ашёи хом ва ҳама гуна партовҳо, аз ҷумла, партовҳои истеҳсолию истеъмолӣ бе андешидани тадбирҳои муқарраршуда оид ба пешгирии талафоти ҳайвонот манъ аст.
Моддаи 377. Ҳифз, истифода ва барқароркунии объектҳои олами ҳайвонот дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда1. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда моҳидорӣ, шикор кардан ва дошта гирифтани намудҳои олами ҳайвонот ва дигар фаъолияте, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, манъ аст.2. Дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда истифодаи намудҳои алоҳидаи олами ҳайвонот ва дигар фаъолияти хилофи қоидаҳои истифодаи олами ҳайвонотро пурра манъ ё маҳдуд кардан мумкин аст.3. Тартиби ҳифз ва истифодаи олами ҳайвонотро дар ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 378. Дохил намудани намудҳои ҳайвонот ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон1. Намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешаванд.2. Амалҳое, ки боиси ҳалокат, камшавии саршумор ё халалдор гаштани муҳити зисти намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта мегарданд, манъ аст.
Моддаи 379. Тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта1. Бо мақсади ҳифзи ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта, ки дар шароити озоди табиӣ афзоиши саршумори онҳо имконнопазир аст, мақоми ваколатдори давлатӣ вазифадор аст барои афзоиши намудҳои мазкур шароити мусоид фароҳам созад.2. Ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаро танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои парвариш кардан дар шароити махсуси муҳайёкардашуда ва минбаъд раҳо кардани онҳо ба муҳити зисташон, ба мақсадҳои илмӣ ва дигар мақсадҳои муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта гирифтан мумкин аст.
Моддаи 380. Тартиби истифодаи намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта Истифодаи намудҳои ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордошта бо мақсадҳои илмию таҳқиқотӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, зебоишиносӣ, фароғатӣ, солимгардонӣ ва ҳифзи табиат, ба даст овардани маҳсулот ва хусусиятҳои фоиданоки ҳаёти онҳо дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.
Моддаи 381. Ҳифзи олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо ҳангоми истифода ва ҳамлу нақли воситаҳои ҳифзи растанӣ, ангезаҳои инкишофи онҳо, нуриҳои маъданӣ ва доруворӣ1. Ҳангоми истифодаи воситаҳои ҳифзи растанӣ, нумӯяҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералӣ ва воситаҳои дигари биологӣ ва кимиёвӣ, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ истифода мешаванд, талаботи ҳифзи олами ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо бояд ба эътибор гирифта шаванд. Истифодаи воситаҳои кимиёвии ҳифзи растаниҳо бо мақсади кам кардани таъсири зараровари онҳо ба олами ҳайвонот бояд бо иҷрои тадбирҳои агротехникӣ, селексионию генетикӣ, биологӣ ва ғайраҳо мувофиқ карда шаванд.2. Бо мақсади пешгирии талафоти ҳайвонот ва бадшавии муҳити зисти онҳо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон вазифадоранд, ки қоидаҳои ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ ва истифодаи воситаҳои дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо риоя намоянд.3. Ҳангоми ихтирои нуриҳои минералӣ ва воситаҳои нави биологию кимиёвӣ меъёри таркиби муътадили онҳо, ки ба муҳити табиӣ, ҳифзи ҳайвонот ва муҳити зисти онҳо зараровар набошад, бояд муқаррар карда шавад.4. Истифода, нигоҳдошт ва интиқоли воситаҳои ҳифзи растанӣ, нумӯяҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералӣ ва воситаҳои дигари биологӣ ва кимиёвӣ, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ истифода мешаванд, бояд бехатарии олами ҳайвонот ва муҳити зисти онро таъмин намоянд.5. Барои ҳифзи олами ҳайвонот меъёрҳои истифодаи ҳадди ақали воситаҳои ҳифзи растанӣ, нумӯяҳои инкишофи онҳо, нуриҳои минералӣ ва воситаҳои дигари биологӣ ва кимиёвӣ бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 382. Саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвонот ва муайян кардани намудҳо, баҳисобгирӣ ва танзими саршумори объектҳои олами ҳайвонот1. Бо мақсади ҳифзи саломатии инсон, пешгирии бемориҳои ҳайвонот ва пешгирии зарар ба фаъолияти хоҷагидорӣ, барои танзими саршумори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти ваҳшӣ тадбирҳо андешида мешаванд.2. Чорабиниҳо оид ба муайян кардани намудҳо, баҳисобгирӣ ва танзими саршумори объектҳои олами ҳайвонот аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо ҷалби муассисаҳои илмӣ, ташкилоти дигари манфиатдор ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешаванд.
БОБИ 26. ШИКОР ВА ХОҶАГИИ ШИКОР
Моддаи 383. Объектҳои шикор ва хоҷагии шикор1. Объектҳои шикор ва хоҷагии шикор ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо мебошанд.2. Ҳифз ва истифодаи намудҳои ҳайвоноти ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 384. Истифодаи умумӣ ва махсуси фонди шикор1. Фонди шикор ба таври умумӣ ва махсус истифода мешавад.2. Истифодаи умумии фонди шикор аз истифодаи ҳайвоноти шикорӣ ва хосиятҳои фоиданоки онҳо бо мақсадҳои илмӣ, фарҳангию маърифатӣ, тарбиявӣ, истироҳатӣ, эстетикӣ ва мақсадҳои дигар бе ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ иборат мебошад.3. Истифодаи умумии фонди шикор аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ройгон буда, иҷозати махсусро талаб намекунад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.4. Фаъолияти хоҷагиҳои шикорӣ ва ё шикор дар мавзеъҳои зерин манъ мебошад:1) минтақаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, ки маҷмуаҳои табиии моҳияти эталонидошта ва дар ҳолатҳои гуногуни барқароршавии табиӣ қарордоштаро дар бар мегаранд;2) маҳаллаҳои аҳолинишин (шаҳрак ва деҳот) ва ҳудуди ҳаммарзи онҳо – дар масофаи 500 метр;3) марказҳои шаҳру ноҳияҳо ва ҳудудҳои ҳаммарзи он дар масофаи 2 километр;4) ҳудуди заминҳои таъиноти саноат, нақлиёт, алоқа, солимгардонӣ, рекреатсионӣ, таърихию фарҳангӣ, мудофиа, таъиноти дигари дорои муҳофизати махсус ва ҳудуди ҳаммарзи он дар масофаи 500 метр;5) мавзеи истироҳатии оммавии аҳолӣ ва ҳудудҳои ҳаммарзи он дар масофаи 500 метр;6) ҳудудҳое, ки дар масофаи 2 километр аз манбаи бемориҳои сирояткунандаи байни ҳайвонот эҳтимоли паҳн шуданро доранд.5. Сарҳадҳои шикоргоҳҳо бо назардошти арзишҳои экологӣ, шикор ва дигар арзишҳои онҳо, аз рӯйи ҳудуди марзию маъмурӣ ва аломатҳои осон муайян ва шинохташавандаи рӯйи замин (роҳҳо, теппаҳо, сохҳилҳо, хатҳои барқ, хати газ ва ғайра) муқаррар карда мешаванд.6. Истифодаи махсуси фонди шикор аз истифодаи ҳайвоноти шикорӣ бо ҷудо кардани онҳо аз муҳити зисти табиӣ иборат мебошад.7. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи истифодаи махсуси фонди шикорро танҳо дар шикоргоҳҳое амалӣ менамояд, ки дар онҳо ба ӯ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дода шудааст. 8. Ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдуднашуда ба истифодабарандаи шикоргоҳ бо иҷозат пешниҳод гардида, ҳуқуқи истифодаи махсуси ҳайвоноти шикории намудҳои маҳдудшуда бо роҳи ба истифодабарандаи шикоргоҳ додани иҷозатнома пешниҳод карда мешавад. 9. Истифодаи фонди шикор аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ ва шикорчӣ дар асоси роҳхати шикор бо риояи талаботи Кодекси мазкур ва риояи Қоидаҳои шикор амалӣ карда мешавад.
Моддаи 385. Истифодабарандаи шикоргоҳИстифодабарандаи шикоргоҳ фаъолияти хоҷагии шикорро дар шикоргоҳ дар асоси шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳҳо), ки бо мақоми ваколатдори давлатӣ баста шудааст, инчунин дар доираи талаботи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 386. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи шикоргоҳ1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандаи шикоргоҳ бо Кодекси мазкур ва шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор (шартнома дар бораи вобаста кардани шикоргоҳҳо) танзим карда мешаванд.2. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқ дорад:1) фаъолияти хоҷагии шикор, аз ҷумла, ҳифз, мониторинг ва истифодаи ҳайвоноти шикориро дар доираи меъёрҳо ва талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба шикор ва дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии истифодаи махсуси захираи ҳайвоноти шикорӣ пеш барад;2) маҳсулоти шикорро дар асоси риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон коркард намояд;3) бо мақсади парвариш ҳайвоноти нодирро аз муҳити табиӣ гирад, онро парвариш ва ба табиат сар диҳад;4) дар чорабиниҳои мубориза бар зидди шикори ғайриқонунӣ, аз ҷумла, якҷоя бо мақомоти ваколатдори давлатӣ иштирок намояд;5) тибқи тартиби муқарраргардида ҳайвонот ё дигар маҳсулоти шикорро соҳибӣ намояд, мавриди коркард қарор диҳад ё фурӯшад;6) парвариши ҳайвоноти ваҳширо дар ҳудуди хоҷагии шикории худ ба роҳ монад;7) дар ҳудуди хоҷагии шикор шиору овезаҳо оид ба ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти нодир, риояи қоидаҳои шикор ва хатсайри шикор насб намуда, ба тарафҳои манфиатдор дар бораи хоҷагии шикор маълумоти пурраро таъмин намояд;8) тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба зарари ба объектҳои олами ҳайвонот ва маҳалли сукунати онҳо расонидашуда санад тартиб диҳад ва ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд;9) нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки амали онҳо ба истифодабарандаи шикоргоҳ зарари молумулкӣ расонидаанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд даъво пешниҳод кунад;10) нисбат ба қарори мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо, ки ҳуқуқи ӯро вобаста ба шикори объектҳои олами ҳайвонот вайрон мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд;11) дар мувофиқа бо заминистифодабарандаи якумдараҷа ва дар асоси нақшаҳои тасдиқгардидаи хоҷагии шикор оид ба беҳтар кардани ҳолати муҳити зисти объектҳои олами ҳайвонот чораҳо андешад;12) бо дигар истифодабарандагони шикоргоҳ барои пешбурди якҷояи фаъолияти хоҷагии шикор муттаҳид шавад.3. Истифодабарандаи шикоргоҳ уҳдадор аст:1) бо фаъолияти хоҷагии шикор танҳо дар асоси нақшаҳои хоҷагии шикор ва мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул шавад;2) сарҳади шикоргоҳҳоро, ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар он ҳуқуқ дорад, бо насби сутунҳои сарҳадӣ ва огоҳиномаҳо ва ҷой додани харитаи схематикӣ бо назардошти маълумоти умумӣ дар бораи ҳудуди хоҷагии шикорӣ нишонагузорӣ кунад;3) оид ба гӯронидани лошаҳои бесоҳиб, қисмҳо, ҷузъ, пӯст ва бадани ҳайвоноти ваҳшӣ ба шикорчиён дастрас намудани маълумоти дахлдор, инчунин гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба қоидаҳои шикорро ташкил намояд;4) дар рафти гузаронидани шикори ҳайвоноти ваҳшӣ ҷиҳати риояи талаботи қоидаҳои шикор ва дар маҳал пур намудани санади ғаниматӣ намояндаи мақомоти ваколатдори давлатиро ҷалб намоянд;5) шикори ҳайвоноти шикориро тибқи тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намоянд;6) ба шикорчиён тартиб ва талаботи дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор муқаррарнамудаи қонунгузориро фаҳмонад ва риоя шудани онҳоро талаб намояд;7) шикори ҳайвоноти шикориро бо мақсади ҳифз намудан ва афзун гардонидани саршумор мустақилона маҳдуд намояд;8) шахсони мансабдори мақомоти давлатиро, ки назорати давлатиро амалӣ менамоянд ва ҳуқуқи гузаронидани санҷишро доранд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ба шикоргоҳ роҳ диҳад ва амрномаҳои додашударо сари вақт иҷро намояд;9) маблағи муқарраргардида барои шикори ҳайвоноти шикориро тибқи муқаррароти Кодекси мазкур сари вақт ва пурра пардохт намояд;10) ба муомилаи бераҳмонаи ҳайвоноти шикоршуда роҳ надиҳад;11) зарареро, ки бо айби ӯ ба ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳо расидааст, ҷуброн намояд;12) дар шикоргоҳҳое, ки дар онҳо ба фаъолияти хоҷагии шикор ҳуқуқ дорад, мониторинги ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳоро гузаронад, шумора ва намудҳои ҳайвоноти маҷуда ва шикоргардидаро ҳар сол ба ҳисоб гирад ва маълумоти дахлдорро дар шакли муқарраргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намояд;13) амалӣ намудани чорабиниҳои биотехникӣ оид ба ҳифз ва афзунгардонии саршумори ҳайвоноти шикориро татбиқ намояд;14) мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ ва санитарию эпидемиологиро дар бораи ошкор гардидани беморӣ, бад шудани ҳолати ҳайвоноти шикорӣ бетаъхир огоҳ намояд, оид ба пешгирӣ ва рафъи беморӣ чораҳо андешад ва дар мавриди сар задани офатҳои табиӣ барои наҷот додани ҳайвонот чора андешад;15) ҳолатҳои ҳуқуқвайронкуниро ошкор ва бартараф намояд;16) оид ба пешгирии сӯхтор ва дигар пайомадҳои табиӣ дар ҳудуди вобасташуда тадбирҳо андешад;17) аз ҳисоби маблағи бадастомада (фоидаи бадастомада) на кам аз 35 фоизи маблағро барои беҳдошти ҳифзи муҳити зист, олами набототу ҳайвонот ва дигар чорабиниҳо бо мақсади ҳифзу афзунгардонӣ ва барқароркунии объектҳои олами ҳайвоноти нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи ҳудуди хоҷагии шикорӣ (шаҳру ноҳияҳо) сарф намояд;18) ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба шикор ва фаъолияти хоҷагии шикор ҳисобот пешниҳод намояд.4. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқ надорад ба пешбурди фаъолияти дигар заминистифодабарандагон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, монеъ шавад.
Моддаи 387. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо1. Ҳамаи шикоргоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ, сарфи назар аз шаклҳои ташкилию ҳуқуқӣ, фонди шикоргоҳҳо ба ҳисоб рафта, дар ихтиёри мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад. Тарҳи ҷойгиршавӣ ва сарҳади шикоргоҳҳо дар доираи сохтори шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ муайян карда мешавад. Парваришгоҳ, минтақаҳои алоҳидаи паркҳои миллӣ ва табиӣ метавонанд ҳамчун шикоргоҳ истифода шаванд.2. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ба шахсони ҳуқуқӣ бо роҳи бастани шартномаҳо дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор доир ба шикоргоҳҳои муайян (шартномаҳо дар бораи вобаста намудани шикоргоҳҳо) мутобиқи тарҳи ҷойгиршавии шикоргоҳҳо, ки дар доираи шикоргоҳсозии байнихоҷагӣ муайян гардидаанд, дода мешавад.3. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бори аввал ба муҳлати 10 сол баста мешавад. Дар ҳолати шартҳои шартномаро риоя кардани истифодабарандаи шикоргоҳ онро мақоми ваколатдори давлатӣ пеш аз гузаштани муҳлати эътибораш яктарафа бекор карда наметавонад. Иҷрои уҳдадориҳо тибқи шартҳои шартномаи вобаста кардани шикоргоҳҳо аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ, ки қаблан шикоргоҳҳо ба ӯ вобаста карда шуда буданд, ҳангоми қабул намудани қарор дар бораи ба муҳлати нав вобаста кардани шикоргоҳҳои мазкур бартарияти иловагӣ мебошад. Муҳлати дуюм то 20 сол буда метавонад.4. Шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо дар асоси озмун баста мешавад.5. Тартиби гузаронидани озмун ва ба шахси ҳуқуқӣ (истифодабарандаи шикоргоҳ) додани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳи муайян, шакли намунавии шартнома дар бораи тартиби бастан ва бекор кардани он, аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. 6. Дар сурати ворид шудани ҳамагӣ як дархост мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқ дорад, бе гузаронидани озмун бо истифодабарандаи шикоргоҳ шартнома бандад.7. Истифодабарандаи шикоргоҳ фаъолияти худро бо заминистифодабарандагони дигар (истифодабарандагони чарогоҳ ва заминҳои дигари таъиноти кишоварзӣ, субъектҳои фаъолияти сайёҳӣ ва ғайра), ки ба таркиби ҳудуди шикоргоҳ дохил мешаванд ва ҳуқуқи пешбурди чунин фаъолиятро доранд, амалӣ менамояд.
Моддаи 388. Боздоштан ва қатъ кардани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор1. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳолати шартҳои шартномаро иҷро накардани истифодабарандаи шикоргоҳ боздошта мешавад.2. Муҳлати боздоштани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.3. Ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар ҳолатҳои зерин бо роҳи бекор намудани шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор қатъ карда мешавад:1) гирифтани қитъаи замини шикоргоҳҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ки ба пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор мувофиқ нест;2) барҳам додани истифодабарандаи шикоргоҳ;3) ихтиёран даст кашидани истифодабарандаи шикоргоҳ аз ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор;4) гузаштани муҳлати шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор, агар минбаъд тарафҳо хоҳиши бастани шартномаро надошта бошанд;5) бо қабул шудани қарори суд дар мавриди аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.4. Аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ ғайриимкон гардидани иҷрои шартҳои шартнома дар ҳолати рафънопазир (форс-мажор) бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа карда мешавад
Моддаи 389. Шикор1. Шикор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шахсони воқеӣ, бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Бо силоҳи оташфишон, пневматикӣ ва силоҳи ҳаводиҳандаи сард, бо парандаҳои шикорӣ, дом ва олоту воситаҳои дигари шикор дар қитъаҳои табиии махсус муҳофизатшавандае, ки ба таркиби шикоргоҳ дохил нестанд, гаштугузор намудан ба шикор кардан баробар дониста мешавад. 3. Шикор дар шикоргоҳҳое, ки истифодабарандаи шикоргоҳ ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро дар он надорад, манъ аст.
Моддаи 390. Намудҳои шикор1. Ба намудҳои шикор дохил мешаванд:1) шикори варзишӣ ва ҳаваскорӣ; 2) шикори тиҷоратӣ;3) шикори ғаниматӣ;4) шикор бо мақсади нигоҳ доштан ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ дар шароити нимаозод ё дар мавзеи зисти ба таври сунъӣ бунёдшуда;5) шикор бо мақсади гузаронидани корҳои илмӣ, тиббӣ ва назоратӣ;6) шикор бо мақсади танзими саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ;2. Шикори варзишӣ ва ҳаваскорӣ аз ҷониби шахсони воқеӣ бо мақсади истеъмоли шахсии маҳсулоти шикорӣ амалӣ карда мешавад.3. Шикори тиҷоратӣ барои фурӯши маҳсулоти шикорӣ бо мақсадҳои тиҷоратӣ анҷом дода мешавад.4. Шикори ғаниматӣ бо мақсади ба даст овардани кубокҳои шикор (курку шох, пар, пӯст, ҷоғ, дандон ва дигар узвҳои ҳаётбахш), ки аз руи аломатҳои муайян баҳо дода мешавад, сурат мегирад.5. Шикор бо мақсади нигоҳ доштан ва парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ дар шароити нимаозод ё дар шароити зисти ба таври сунъӣ бунёдшуда иҷозат дода мешавад, агар барои ҳайвоноти ваҳшӣ, ки дар онҳо дар фазои маҳдуд зиндагӣ мекунанд, шароит фароҳам оварда шуда бошад.6. Шикор барои корҳои илмӣ, табобатӣ ва мубориза бо мақсади омӯхтан ва нигоҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ, инчунин ташкили кӯмак ба ҳайвоноти ваҳшӣ дар ҳолатҳои беморӣ, таҳдиди марги онҳо, гуруснагӣ ва бо сабабҳои дигар гузаронида мешавад.7. Шикор бо мақсади танзими саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ бо мақсади дар ҳолати муносиб нигоҳ доштани сатҳ ва сохтори саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ, инчунин барои мубориза бар зидди ҳайвонот, ки ангезандаи сироятҳои махсусан хавфнок мебошанд, гузаронида мешавад.
Моддаи 391. Гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар соҳаи шикор1. Ҳуқуқи шикори намудҳои маҳдудшудаи ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ муқаррар карда мешавад. 2. Меъёри истифодабарии шикори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти шикорӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ, муассисаҳои хоҷагии ҷангал, истифодабарандаи шикоргоҳҳо ва шикорчӣ бо роҳи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, ба истиснои хоҷагиҳои шикорие, ки дар ҳудуди заминҳои онҳо ҳайвоноти нодир сукунат мекунанд, дода мешавад. 3. Меъёри истифодаи шикори намудҳои алоҳидаи ҳайвоноти шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 392. Пардохти маблағи роҳхати шикор ва истифодаи он1. Шикори ҳайвоноти шикорӣ музднок мебошад. Пардохти маблағи роҳхати шикор бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонида мешавад. Маблағи пардохти муқарраршуда ҳангоми гирифтани роҳхат барои истифодабарии махсуси ҳайвоноти шикорӣ пурра пардохт карда шуда, пас гардонида намешавад.2. Маблағи роҳхати шикор ба тариқи зайл тақсим карда мешавад:1) 40 фоиз ба суратҳисоби махсуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳалли ҳайвони шикоргардида барои маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳифзи муҳити зист, барқарорсозӣ ва истифодаи устувори ҳайвоноти шикории маҳал равона карда мешавад;2) 20 фоиз ба фонди махсуси ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда гузаронида мешавад, агар шикор дар дохил ё наздикии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда анҷом дода шуда бошад;3) 40 фоиз ба суратҳисоби махсуси мақоми ваколатдори давлатӣ барои иҷрои корҳои вобаста ба ҳифз, мониторинг ва барқарорсозии захираи ҳайвоноти шикорӣ (ба роҳ мондани назорат ва ҳифз, мониторинги ҳайвоноти шикорӣ, шикоргоҳсозии байнихоҷагӣ, устувор намудани заминаи моддию техникӣ) ва хароҷоти дигари ба фаъолияти он алоқаманд гузаронида мешавад;4) дар сурати дар дохил ё наздикии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда воқеъ набудани шикоргоҳ 60 фоизи маблағ ба суратҳисоби мақоми ваколатдори давлатӣ гузаронида мешавад.
Моддаи 393. Ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикор1. Истифодабарандаи шикоргоҳ ва шикорчиёне, ки ҳуқуқи истифодаи махсус ва шикор кардани ҳайвоноти шикориро доранд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикор мебошанд. 2. Ҳуқуқи моликият ба ғанимати ҳайвоноти шикорӣ тибқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
§1. Шикорчӣ
Моддаи 394. Шикорчӣ1. Шахсони воқеии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷие, ки бо тартиби муқарраргардида дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи шикорчӣ ва дар сурати парвариш кардани парандаҳо ва сагҳои шикорӣ ва шикор намудан бо онҳо бо қайди махсус дода шудааст, шикорчӣ шуда метавонанд.2. Шахсони воқеии зерин шикорчӣ шуда метавонанд: 1) шахси синашон аз 18 боло, ки дар шикор намудҳои иҷозатдодашудаи олоти шикор, сагҳо ва парандаҳои шикориро истифода мебаранд;2) шахсе, ки мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи соҳиб шудан ба силоҳи оташфишонии шикориро доранд. 3. Ба шикорчӣ шаҳрванди хориҷие баробар дониста мешавад, ки мувофиқи шартнома бо истифодабарандаи шикоргоҳ ё бо шахси сеюм ба Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан барои шикор кардан омадааст ва дар асоси шартнома манфиати истифодабарандаи шикоргоҳро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мамлакатҳои дигар намояндагӣ менамояд.
Моддаи 395. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шикорчӣ1. Шикорчӣ дорои ҳуқуқҳои зерин мебошад:1) шикори ҳайвоноти ваҳширо дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ мақоми ваколатдори давлатӣ бо дарназардошти маҳал ва муҳлати муқарраршуда анҷом диҳанд;2) маҳсулоти аз ҳисоби шикор бадастомада, аз ҷумла, гӯшт, пӯст, шох, ҷоғ ва дигар қисмҳоро (аз нигоҳи худ) бо салоҳдиди худ ихтиёрдорӣ кунад;3) аз шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ки назорати давлатиро оид ба риояи қоидаҳои шикор, ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ амалӣ мекунанд, пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти онҳоро талаб мекунанд.2. Шикорчӣ дорои уҳдадориҳои зерин мебошад:1) ҳангоми гузаронидани шикор ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла, иҷозатнома барои нигоҳ доштан ва гирифта гаштани силоҳи шикорӣ, иҷозат барои шикори ҳайвоноти ваҳшӣ (картаи шикори ҳайвоноти ваҳшӣ) дошта бошанд;2) дар бораи қитъаи замини ба хоҷагии шикор вобасташуда ва ё ҳудуде, ки дар он шикор гузаронида мешавад, маълумоти пурра дошта бошад;3) дар қитъаи замине, ки барои гузаронидани шикор иҷозат нест ва ё бо сабабу омилҳои дигар иҷозат мамнуъ аст, шикор нагузаронад;4) қоидаҳои бехатарии шикори ҳайвоноти ваҳширо донанд ва муҳлатҳои шикорро риоя кунад, дар мавзеъҳое, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда шикори ҳайвоноти ваҳшӣ иҷозат дода шудааст, шикор гузаронад;5) баъд аз анҷоми шикор дар варақаи санади ғаниматӣ маълумотҳои заруриро оид ба шикор пур кунад;6) ҳангоми ба охир расидани шикор пеш аз баромадан аз ҳудуди хоҷагии шикорӣ ё шикоргоҳ ҳайвоноти ваҳшиеро, ки дар асоси иҷозат шикор шудаанд, дар китоби хоҷагӣ ба қайд гирад;7) ҳуҷҷати иҷозатдиҳие, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад, дар мақомоти ҳифзи муҳити зисти маҳал ба қайд гирад;8) дар шикор бо тартиби муқарраргардида танҳо силоҳ ва ҳайвоноти шикорӣ, ки барои истифодаи онҳо иҷозат дода шудааст, истифода кунад;9) захираҳои ҳайвонотро аз рӯйи меъёри муқарраргардида ва дар ҳудуди шикоргоҳҳои муайяншуда истифода барад; 10) ба муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ имконият диҳад, ки ҳайвоноти намудашон маҳдудкардашударо омӯзанд ва намунаҳои илмиро бе вайрон намудани ҳолати маҳсулоти шикор гиранд;11) қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхторро дар ҳудуди хоҷагӣ риоя намояд;12) қоидаҳои ҷойгиронии партовҳоро риоя намуда, партовҳои сахти маиширо аз таваққуфгоҳ ва дигар мавзеъҳои ҳудуди шикоргоҳ ба ҷойҳои нигоҳдории партовҳо кашонида бароранд;13) дар бораи ҳалқа, микрочип ва тамғаҳо, ки ҳангоми гузаронидани шикор аз ҳайвоноти ваҳшӣ пайдо мегарданд, ба маъмурияти хоҷагии шикорие, ки дар ҳудуди он шикор гузаронида шудааст ва ба мақомоти ваколатдори давлатӣ маълумот диҳад;14) шиору овеза, анборхона, таҷҳизоти хӯрокдиҳӣ, лонаҳои сунъӣ ва дигар иншооти биотехникиро вайрон накунанд, инчунин талаботи дигари пешбининамудаи Кодекси мазкурро риоя намояд.
Моддаи 396. Ҷамъияти шикорчиён1. Ҷамъияти шикорчиён ин ташкилоти ихтиёрии ғайритиҷоратии худидораи аз ҷониби шахсони воқеӣ (шикорчиён) дар асоси умумияти манфиат муттаҳидгардида мебошад, ки барои амалӣ намудани ҳуқуқ ба шикор ташкил шудааст.2. Ҷамъияти шикорчиён бо мақсадҳои зерин таъсис дода мешавад:1) ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии шикорчиён;2) гузаронидани чорабиниҳо оид ба ҳифз ва афзун намудани ҳайвоноти шикорӣ;3) ҷалби шаҳрвандон ба шикор ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор;4) пешгирӣ кардани шикори ғайриқонунӣ.
Моддаи 397. Шаҳодатномаи шикорчӣ1. Шаҳодатномаи шикорчиро ба шахси воқеӣ ҷамъияти шикорчиёни ҷумҳуриявӣ дар асоси доштани ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор медиҳад.2. Намунаи шаҳодатномаи шикорчӣ аз рӯйи категория (силсила) ва тартиби додан ва гирифтани он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. 3. Дар шаҳодатномаи шикорчӣ маълумот дар бораи хаққи аъзогии пардохташуда ва боҷҳои давлатӣ, инчунин маълумот дар бораи бақайдгирии аслиҳа ва лавозимоти шикорӣ дарҷ карда мешавад. Шаҳодатномаи шикорчӣ дар сурати мавҷуд будани қайд дар бораи пардохти ҳаққи аъзогӣ барои давраи дахлдор бо эътибор дониста мешавад.
Моддаи 398. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шикор 1. Шикорчӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш аз шикор кардан, ба истиснои ҳолатҳои дар қисмҳои 2 ва 3 моддаи мазкур пешбинишуда, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро бо худ дошта бошад: 1) шаҳодатномаи шикорчӣ; 2) иҷозати нигоҳ доштан ва бо худ гирифта гаштани силоҳи шикорӣ, ки бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, ба истиснои ҳолатҳои шикор кардан бо олоти шикорие, ки мутобиқи Кодекси мазкур аз ҷумлаи силоҳи шикорӣ намебошад; 3) ҳангоми шикор намудан бо парандаҳо ва сагҳои шикорӣ шаҳодатномаи шикорчӣ бо қайди махсус ва ҳуҷҷатҳои бақайдгирии онҳо; 4) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои шикор. 2. Талаботи дар сархатҳои якум ва дуюми қисми 1 моддаи мазкур пешбинишуда ба шаҳрванди хориҷии ба шикорчӣ баробаркардашудае татбиқ намешавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муваққатан иқомат дошта, аз рӯйи шартномаи бо истифодабарандагони шикоргоҳ ё бо шахсони сеюм бастааш, ки дар асоси шартнома манфиати истифодабарандагонро дар кишварҳои дигар ҳимоя менамояд, хоҳиши шикор кардан дорад.3. Шаҳрванди хориҷии ба шикорчӣ баробаркардашуда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шикор мекунад, уҳдадор аст иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилиро барои воридоту содироти силоҳи шикории худ, иҷозати мақоми ваколатдори давлатиро барои воридоту содироти парандаҳо ва сагҳои шикорӣ, ки дар шикор истифода мебарад, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба олами ҳайвонот барои шикор, инчунин содироти ғаниматро дошта бошад.§2. Қоидаҳои шикор
Моддаи 399. Қоидаҳои шикор1. Қоидаҳои шикор, аз талаботи зерин иборат мебошад:1) истифодаи дурусти усул ва олоти шикор;2) ба инобат гирифтани фасли сол (мавсим) ва муҳлати шикор;3) риоя ва истифодаи тарзу воситаҳои шикор ва шикори ҳайвоноти намудҳои муайян;4) риояи техникаи бехатарӣ;5) истифодаи маҳсулоти шикор ва барасмият даровардани ҳуҷҷатҳои маҳсулоти шикор ё маҳсулоти бо тартиби муқарраргардида бадастовардашуда;6) ҷавобгарӣ барои шикори ғайриқонунӣ.2. Риояи Қоидаҳои шикор барои ҳамаи шикорчиён ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 400. Усул ва олоти шикор1. Усул ва олоти шикор бояд ба меъёрҳои байналмилалии шикори бораҳмона мутобиқ бошанд. Усулҳои шикор маҷмуи техника ва амалҳое мебошанд, ки бо истифода аз асбобҳои шикорӣ, шикор анҷом дода мешавад.2. Ба усул ва олоти манъшудаи шикор мансубанд:1) ба кор бурдани усул ва олоти шикорие, ки дар натиҷаи истифодаи онҳо муайян кардани намуди ҳайвони шикоргардида имконнопазир гашта, хатари шикори намудҳои ҳайвоноти ваҳшии шикорашон манъшуда вуҷуд дорад;2) истифодаи силоҳи ҷангӣ ва лавозимоти он;3) истифодаи асбобҳои нурафкан (равшанидиҳанда), маводи тарканда, доруҳои заҳрноки кимиёвӣ, ширеш ва чоҳ;4) гузоштани дому қапқонҳое, ки дасту по ва гардани ҳайвонро мефишуранд, аз ҷумла, барои шикори хирсу гург, силовсину қашқалдоқ ва рӯбоҳ;5) шикор кардан бо истифода аз чархбол, нақлиёти автомобилӣ ва барфрав;6) истифодаи дастгоҳҳои барқӣ (электрошок);7) камон, аробакаш ва найза, ба истиснои истифода барои корҳои илмӣ, тиббӣ ва назоратӣ, ки бо ҳаракат накардан ва тамғабандии ҳайвоноти ваҳшӣ алоқаманданд;8) ҳалқаҳо, қалмоқҳо, домҳо барои ҳайвоноти туяки ваҳшӣ ва шабакаҳо.3. Ба олоти барои шикор иҷозатдодашуда инҳо дохил мешаванд:1) силоҳи оташфишон бо тири мувофиқ, ки махсус барои шикор пешбинӣ шудааст;2) банду дом барои ба тарзи анъанавӣ дошта гирифтани тазарв ва кабку бедона;3) қапқонҳо барои шикори суғур ва ҳайвони дарранда, ба шарте ки ҳайвон зинда монад ва осеб набинад ё зуд маҳв карда шавад;4) парандаҳои шикорӣ, сагҳои шикорӣ ва дигар ҳайвоноти шикорӣ (агар дар иҷозатномаи шикор бақайдгирии дахлдор мавҷуд бошад).5) манораҳо.4. Ҳангоми шикори ҳайвоноти ваҳшӣ усулҳои зерини шикор манъ аст:1) ташкили чоҳҳои дом;2) истифодаи моддаҳои тарканда, кимиёвӣ ва моддаҳои биологӣ;3) истифодаи қувваи барқ; 4) оташ задани растаниҳо;5) истифодаи дастгоҳҳо барои тирпарронии бесадо;6) барои ҷалби ҳайвоноти ваҳшӣ истифода бурдани асбобҳои садобарорӣ;7) дар гузаргоҳҳои обӣ, ки аз сӯхтор, обхезӣ ва дигар офатҳои табиӣ ҳайвонҳои ваҳшӣ гурехтаанд;8) ба болои ях, барфи чуқур, об ё дигар макони зист, ки ба онҳо хос нест, рондани ҳайвоноти ваҳшӣ;9) шабона бо асбобҳои рушноидиҳанда (ба ғайр аз шикори хуки вахшӣ, нарс, кирмак) бо истифода аз воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, замин, ҳаво ва киштиҳои хурд.5. Барои ба дом афтондани ҳайвони шикорӣ бо мақсади илмӣ ва мақсадҳои дигар усулу олотҳои замонавӣ ба кор бурда мешаванд, ки аз онҳо ҳайвони шикоргардида набояд осеб бинад.6. Барои ҳамчун олоти шикор истифода бурдани парандаҳо ва сагҳои шикорӣ мавҷуд будани ҳуҷҷат оид ба қонунӣ дошта гирифтан, ворид намудан ва нигоҳ доштани онҳо талаб карда мешавад.
Моддаи 401. Мавсими шикор Мавсими шикор бо назардошти хусусиятҳои биологии ҳайвонот, барои зарар надидани устувории популятсияи онҳо ва имконияти шикор бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси хулосаи илман асосноки мақомотҳои илмӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 402. Дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ бо мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ1. Ҳайвоноти шикорӣ бо мақсади гузаронидани таҳқиқоти илмии муассисаҳои илмӣ ва таълимӣ танҳо дар мавридҳои зарурӣ дар асоси барномаю лоиҳаҳои илмию техникии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мувофиқи иҷозат, ки мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида додааст, дошта гирифта мешаванд. 2. Маҳсулоти шикор барои таҳқиқоти илмӣ, ҷамъоварӣ ва пурра кардани коллексияҳо, ташкили намоишҳо ва ҳамин гуна эҳтиёҷоти ташкилотҳои илмӣ, таълимӣ, ҳамчунин муассисаҳои фарҳангӣ ва ҳифзи табиат истифода карда мешаванд.
Моддаи 403. Дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ бо мақсадҳои санитарӣ1. Ҳайвоноти шикориро бо мақсади санитарӣ (барои пешгирии паҳн гардидани бемориҳои сироятӣ) истифодабарандагони шикоргоҳ танҳо дар ҳолатҳои зарурӣ дар асоси хулосаи санитарию эпидемиологӣ тибқи иҷозате, ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст, дошта мегиранд. 2. Ҳайвоноти ваҳшии баръало аз девонагӣ сироятёфтаро бо мақсади бехатарии санитарӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ безарар гардонидан мумкин аст.3. Ҳайвоноти шикории ба мақсади бехатарии санитарӣ дошташуда бо риояи чораҳои бехатарии санитарӣ ба хадамоти давлатии байторӣ ва хадамоти санитарию эпидемиологӣ барои таҳқиқ ва безарар кардани онҳо супурда мешаванд.
Моддаи 404. Қоидаҳои нигоҳ доштани парандаҳо ва сагҳои шикорӣ 1. Парандаҳои шикориро бо мақсади истифода ҳангоми шикор, барои ҳифз ва дастгирии анъанаҳои миллии шикор нигоҳ доштан мумкин аст. 2. Парандаҳои шикорӣ аз муҳити сукунаташон ё аз парваришгоҳи бақайдгирифташуда ё аз соҳибони дигари қонунӣ гирифта мешаванд. 3. Соҳиби парандаҳо ва сагҳои шикорӣ бояд шаҳодатномаи шикорчии бо қайди махсус дошта бошад, ки донишу малакаи парваришу тарбияи парандаҳо ва сагҳои шикорӣ ва барои шикор истифода бурдани онҳоро тасдиқ менамояд.
§3. Мониторинг, банақшагирӣ ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор
Моддаи 405. Мониторинги давлатии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ1. Мониторинги давлатии захираҳои шикор ва маҳалли сукунати онҳо низоми мушоҳидаҳои доимии паҳншавӣ, саршумор, ҳолати ҷисмонии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ, таркиби синнусолӣ ва ҷинсии популятсия, сифат ва масоҳати маҳалли сукунати онҳо буда, қисми таркибии мониторинги давлатии муҳити зист ба ҳисоб меравад.2. Маълумот аз мониторинги давлатии захираҳои шикор ва маҳалли сукунати онҳо барои таъмини истифодаи оқилона, ҳифзи захираҳои шикор ва муҳити зисти онҳо истифода мешавад.3. Мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикориро мақоми ваколатдори давлатӣ, маъмурияти ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва истифодабарандаи шикоргоҳ бо тартиби муқарраргардида мегузаронанд.4. Мақоми ваколатдори давлатӣ доир ба намудҳои ҳайвоноти маҳдудшудаи шикорӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол мониторинги давлатӣ мегузаронад. Маълумоти мониторинги давлатӣ барои муқаррар кардани андозаи маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикорӣ истифода бурда мешавад.5. Истифодабарандаи шикоргоҳ мониторинги истеҳсолии намудҳои асосии ҳайвоноти шикориро аз ҳисоби маблағи худ соле на камтар аз як маротиба мегузаронад. Маълумоти мониторинги истеҳсолӣ ҳангоми муқаррар намудани андозаи маҳдудияти шикори ҳайвоноти шикоргоҳи ҷудогона истифода бурда мешаванд.
6. Тартиби гузаронидани мониторинги захираи ҳайвоноти шикорӣ ва маҳалли сукунати онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон тасдиқ менамояд.
Моддаи 406. Ҳисоботи шикори истифодабарандаи шикоргоҳ ва тамғазании ҳайвоноти шикоргардида1. Истифодабарандаи шикоргоҳ вазифадор аст шикори ҳайвоноти шикоргоҳеро, ки дар он ба ӯ ҳуқуқи амалӣ намудани фаъолият оид ба хоҷагии шикор дода шудааст, бо номгӯйи намуди ҳайвонот, макону санаи шикор шудан, синни тахминӣ, ҷинси ҳайвонот ва дигар маълумоти муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба ҳисоб гирад. 2. Маълумоти ҳисоботии шикори ҳайвонотро истифодабарандаи шикоргоҳ ба мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраршуда пешниҳод менамояд. Маълумоти дар доираи мониторинги ҳайвоноти шикорӣ бадастомада нигоҳ дошта ва таҳлил карда мешавад. 3. Ҳайвоноти сумдори шикорӣ ва намудҳои дигари ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшударо дар маҳалли шикор мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути тамғазанӣ гузоштани бирка, тамға, ҳалқа, микрочип, доғ ва ғала нишонагузорӣ мекунад. 4. Парандаҳои ваҳшии аз маҳалли сукунаташон дошта гирифташуда ва (ё) дар қафас аз тухм баромада, аз ҷониби намояндаи истифодабарандаи шикоргоҳ ё аз ҳисоби онҳо бо ҳалқаи гирифтанашаванда ё микрочип нишондод карда мешаванд. Нигоҳдорандаи парандаи бадомафтода уҳдадор аст ҳалқа ва ё микрочипро бемуҳлат дар паранда нигоҳ дорад. 5. Пломбаҳо (бирка, тамға, ҳалқа, микрочип, доғ ва ғала) предмети намунаи ягонаи давлатии ҳисобашон қатъӣ буда, силсилаю рақамҳои ҳисобгирӣ доранд ва онҳоро мақоми ваколатдори давлатӣ медиҳад. 6. Тартиби пломбазании ҳайвонотро мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 407. Кадастри ҳайвоноти шикорӣ 1. Кадастри ҳайвоноти шикорӣ маълумоти мониторингро оид ба маҳалли паҳншавӣ, саршумор ва сохтори популятсия, ҳолати муҳити зист, маҳалли шикор, ҳодисаҳои шикори ғайриқонунӣ, парандаҳои шикорӣ ва ҳайвоноти дигари шикории аз муҳити сукунаташон дошта гирифташуда ва дигар маълумотро оид ба ҳайвоноти шикорӣ дар бар мегирад.2. Истифодабарандаи шикоргоҳ маълумоти кадастриро барои ворид намудан ба кадастри ҳайвоноти шикорӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод мекунад.
Моддаи 408. Муқаррар кардани меъёр ва маҳдудияти дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ 1. Бо мақсади таъмини истифодаи устувори ҳайвоноти шикорӣ меъёр ва маҳдудияти дошта гирифтани онҳо муқаррар карда мешаванд. Барои муқаррар намудани онҳо маълумоти мониторинг, маълумоти манбаъҳои дигар, хулосаи асосноки муассисаҳои илмӣ асос мебошанд. 2. Ҳайвоноти шикорӣ вобаста ба шумора ва дараҷаи афзоиши популятсия ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд: 1) намудҳои маҳдуднашуда - намудҳое, ки дошта гирифтани онҳо барои таъмини устувории популятсия бинобар зиёд будани саршумор ва сернаслиашон маҳдудияти аниқро дар шакли ҳисса аз ҳадди калонтарини саршумори популятсияи дар натиҷаи мониторинг муқарраргардида талаб намекунад. Дар баробари ин барои чунин намудҳо барояшон меъёри маҳдудкунии шикор ба тариқи муайян кардани мавсими шикор, маҳдуд кардани миқдори иҷозати шикори ҳайвоноти шикорӣ, шикорравӣ аз рӯйи як иҷозат ва шикори ҳайвонот дар ин шикорравӣ ва (ё) давраи дигари муайян муқаррар карда мешавад;2) намудҳои маҳдудшуда - намудҳое, ки дошта гирифтани онҳо барои таъмини устувории популятсия маҳдудияти аниқро дар шакли ҳисса аз ҳадди калонтарини саршумори популятсияи дар натиҷаи мониторинг муқарраргардида талаб мекунад. Намудҳои муайяни ҳайвоноти шикорӣ, аз ҷумла, ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шуда, ба категорияҳои ҳайвоноти «Таҳти хатари нестшавӣ қарордошта» мансубанд, ба ҳайвоноти маҳдудшуда дохил мешаванд.3. Номгӯйи намудҳо, меъёр ва маҳдудияти шикор, ҳамчунин миқдори ҳайвоноти шикорӣ ва комиссияи иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 409. Бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ1. Шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ бо мақсади таъмини нигоҳдошти саршумор ва барқарор намудани он ва истифодаи оқилонаи ҳайвоноти шикорӣ бунёд карда мешаванд. 2. Шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ бо истифода аз имкониятҳои худ, ҳамчунин бо ҷалби мутахассисон ва ташкилотҳои махсус бунёд ва фаъолияташон ҳамоҳанг карда мешавад. 3. Ҳадафи бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ аз инҳо иборат аст: 1) муқаррар кардани қитъаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, ки дар онҳо фаъолияти кишоварзӣ ё фаъолияти дигар муваққатан ё доимӣ маҳдуд ё манъ карда мешавад; 2) муайян кардани сарҳади қитъаҳои шикоргоҳ, ки барои фаъолияти кишоварзӣ таъин гардидаанд ва самтҳои афзалиятноки онҳо. 4. Заминҳои зерин ба таркиби шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ дохил намешаванд:1) замини мамнӯъгоҳҳои табиии давлатӣ, минтақаҳои алоҳидаи паркҳои табиии давлатӣ (миллӣ), парваришгоҳҳои табиии давлатӣ, минтақаҳои марказии муҳити биосферӣ;2) замини маҳалҳои аҳолинишин ва заминҳои атрофи маҳалҳои аҳолинишин, ки на кам 500 метр аз шаҳракҳо ва 2 км аз маркази ноҳияву шаҳрҳо воқеъ гардидаанд;3) замини объектҳои саноатӣ, хоҷагӣ, табобатию солимгардонӣ, ҳарбӣ ва ғайра ва заминҳои 500 метр аз онҳо дуртар ҷойгиршудаи гирду атроф;4) замини маҳалли истироҳати оммавии аҳолӣ, паркҳо, бӯстонсаройҳо ва заминҳои 500 метр аз онҳо дуртар ҷойгиршудаи гирду атроф.
Моддаи 410. Банақшагирии хоҷагии шикор (бунёди шикоргоҳҳои дохилихоҷагӣ) 1. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор ба шикори устувори ҳайвоноти шикорӣ асос ёфта, танҳо дар асоси банақшагирии он амалӣ мегардад. 2. Натиҷаи банақшагирии хоҷагии шикор нақшаҳои зерини хоҷагии шикори истифодабарандагони шикоргоҳ мебошанд: 1) нақшаи миёнамуҳлати фаъолияти хоҷагии шикор (на камтар аз 5 сол); 2) нақшаи ҳарсолаи гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии шикор. 3. Тартиби ташкил ва амалигардонии банақшагирии фаъолияти хоҷагии шикор, шаклҳои нақшаи миёнамуҳлати хоҷагидорӣ ва нақшаи ҳарсолаи чорабиниҳои он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 411. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор1. Пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор аз инҳо иборат аст:1) банақшагирии фаъолияти хоҷагии шикор;2) мониторинги фаъолияти хоҷагии шикор;3) мусоидат намудан ба ҳифз ва афзоиши захираи ҳайвоноти шикорӣ;4) андешидани тадбирҳо дар хусуси ба соҳаи кишоварзӣ зарар нарасонидани ҳайвоноти шикорӣ;5) ташкил ва амалӣ кардани назорати истеҳсолии шикоргоҳ;6) ташкили фаъолияти егерӣ;7) ташкили шикори ҳайвоноти шикорӣ;8) амалӣ намудани ҳуҷҷатгузорӣ.2. Истифодабарандаи шикоргоҳ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро дошта бошад:1) шартнома дар бораи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор бо номгӯйи ҳуҷҷатҳои дахлдор;2) нақшаи идоракунии хоҷагии шикор ва нақшаи ҳарсолаи гузаронидани чорабиниҳои хоҷагии шикор;3) шаҳодатномаи шикорчӣ; 4) қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикор. 3. Истифодабарандаи шикоргоҳ бо мақсади ҳифз, барқароркунии саршумор ва шикори устувори ҳайвоноти шикорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикорро муқаррар менамояд, ки онҳо будубоши шаҳрвандонро дар ҳудуди шикоргоҳи дар ихтиёрдоштаи истифодабаранда танзим мегардонанд. Қоидаҳои тартиботи дохилии хоҷагии шикор бо фармони истифодабарандаи шикоргоҳ ба расмият дароварда мешаванд ва бояд барои ҳар шахси манфиатдор дастрас бошанд.4. Қоидаҳои тартиботи дохилӣ масъалаҳои зеринро дар бар мегиранд:1) маълумот дар бораи муқаррар намудани ҳудуди шикоргоҳ бо нишон додани сарҳади қитъаҳои шикор, минтақаҳои ҳифзи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ, афзоишёбӣ бо зикри насаб, ном ва номи падари кормандон ва қитъаҳои онҳо;2) қоидаҳои ба шикоргоҳ омадан ва шикор кардан;3) номгӯйи объектҳое, ки дар онҳо шикор кардан иҷозат дода шудааст ва нархномаи хизматрасонӣ;4) номгӯйи кормандоне, ки назорати истеҳсолии шикорро ба зимма доранд;5) дигар маълумоти дахлдор.5. Истифодабарандаи шикоргоҳ ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот пешниҳод мекунад, ки он дорои маълумоти зерин мебошад:1) натиҷаи баҳисобгирии саршумори намудҳои асосии ҳайвоноти шикорӣ ва дигар ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуда, дар шикоргоҳ сукунат доранд;2) маълумоти ба шикоргоҳ (қитъаи шикор) омадани шикорчиён, хароҷоти иҷозати шикор ва шикори ҳайвоноти шикорӣ;3) маълумот дар бораи чорабиниҳои биотехникӣ ва муҳофизатии гузаронидашуда.6. Ҳисобот бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 412. Нигоҳдорӣ, ҳифз ва барқароркунии саршумори ҳайвоноти шикорӣ 1. Бо мақсади нигоҳдории захираи ҳайвоноти шикорӣ, кам нашудан ва барқароркунии саршумори онҳо ва барои муҳайё сохтани шароити мусоид ҷиҳати афзоиши табиии саршумори онҳо истифодабарандаи шикоргоҳ, минтақаҳои нигоҳдории намудҳои ҳайвоноти шикорӣ ва қитъаҳои афзоишёбиро муқаррар мекунад ва тадбирҳои биотехникӣ мегузаронад. 2. Чорабиниҳои биотехникӣ аз инҳо иборатанд: 1) мусоид гардонидани муҳити зисти ҳайвоноти шикорӣ бо роҳи беҳтар намудани сифати шикоргоҳҳо, беҳтар намудани хусусиятҳои ғизонокӣ, ҳифз ва барои лонагузорӣ мувофиқ будани онҳо; 2) муваққатан беҳтар кардани шароити зисти ҳайвоноти шикорӣ;3) наҷот додани ҳайвонот ҳангоми фалокати табиӣ, аз ҷумла, дар шароити душвору вазнини обу ҳаво муваққатан бо хӯрокворӣ таъмин намудани онҳо; 4) чораҳои байторию пешгирикунанда, ки барои беҳдошти популятсияи намудҳои ҳайвоноти шикорӣ ва пешгирии эпизоотӣ истифода мешаванд; 5) бо роҳи сунъӣ парвариш кардани ҳайвоноти шикорӣ барои минбаъд ба шикоргоҳ сар додани онҳо; 6) ба ҳадди ҷоиз расонидани саршумор ва сифати намудҳои ҳайвоноти шикорӣ.3. Чорабиниҳои биотехникиро вобаста ба талабот ва шароити маҳаллии биотехникӣ истифодабарандаи шикоргоҳ дар шикоргоҳе мегузаронанд, ки барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар он ҳуқуқ дорад.
Моддаи 413. Ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва пешгирии нобудшавии онҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кишоварзӣ ё фаъолияти дигар, рух додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ1. Ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти кишоварзӣ ва ё корҳои дигаре, ки ба ҳолати ҳайвоноти шикорӣ ва шароити (маҳалли) сукунати онҳо таъсир мерасонад ё расонида метавонанд, оид ба ҳифзи ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити зисташон, шароити афзоиши саршумори онҳо ва роҳҳои ҳиҷраташон, пешгирии беморӣ ва талафи ҳайвоноти шикорӣ чораҳо андешида мешаванд. 2. Истифодабарандаи шикоргоҳ ва дигар шахсони дахлдор ҳангоми рӯй додани ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ уҳдадоранд барои наҷот додани ҳайвоноти шикорӣ чораҳо андешанд.
Моддаи 414. Маҳдуд кардани ҳуқуқи истифодабарандагони замин ва захираҳои дигари табиӣ бо мақсади нигоҳдории ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорБо мақсади нигоҳдории ҳайвоноти шикорӣ ва муҳити сукунати онҳо ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти кишоварзӣ ва ғайра (аз ҷумла, чаронидани чорво ва алафдаравӣ) машғул шудани истифодабарандагони замин ва захираҳои дигари табиӣ пурра ё қисман маҳдуд карда мешавад.
§4. Назорат оид ба шикор ва хоҷагии шикор
Моддаи 415. Намудҳои назорат оид ба шикор ва хоҷагии шикор1. Назорат оид ба шикор ва хоҷагии шикор аз назорати давлатӣ, назорати истеҳсолӣ ва назорати ҷамъиятӣ иборат буда, тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. 2. Назорати давлатӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор аз тарафи нозирони мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.3. Назорати истеҳсолиро оид ба шикор ва хоҷагии шикор истифодабарандагони шикоргоҳ дар ҳудуди шикоргоҳҳое, ки ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро доранд анҷом медиҳанд. Номгӯйи кормандони масъули назорати истеҳсолӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор бо қарори истифодабарандаи шикоргоҳ тасдиқ карда мешавад. 4. Назорати ҷамъиятӣ бо мақсади ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ ва иштирок дар ҳифз, истифодаи оқилона ва барқароркунии саршумори ҳайвоноти шикорӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 416. Назорати риоя шудани шартнома аз тарафи истифодабарандаи шикоргоҳ 1. Назорати риояи шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикорро аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳ мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ аз рӯйи зарурат дурустӣ ва сифати ҳисоботу ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи истифодабарандаи шикоргоҳро оид ба иҷрои шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор месанҷад. Аз рӯйи натиҷаи санҷиш санад тартиб дода шуда, оид ба бартараф намудани норасоиҳо ва ҳуқуқвайронкунӣ қарор қабул карда мешавад. Истифодабарандаи шикоргоҳ оид ба иҷрои қарор дар муҳлати муайяншуда мақоми ваколатдори давлатиро ба таври хаттӣ огоҳ месозад.
Моддаи 417. Ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки назорати давлатӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд1. Шахсони мансабдори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, нозирони давлатӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор мебошанд. 2. Роҳбари мақоми ваколатдори давлатӣ сарнозири давлатӣ оид ба назорати шикори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. 3. Нозирони давлатии шикор ҳуқуқ доранд:1) риоя шудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифз, барқароркунии саршумор ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот, шартҳои шартномаи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор аз ҷониби истифодабарандаи шикоргоҳро бо тартиби муқарраргардида мавриди санҷиш қарор диҳанд;2) дар бораи бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дастур диҳанд;3) доир ба риоя нашудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шикор ва хоҷагии шикор санад тартиб диҳанд;4) шахси ҳуқуқвайронкунӣ содирнамударо боздоранд, азназаргузаронии шахсӣ ва чизу чораро анҷом диҳанд, ашё ё олоти содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ (аз ҷумла, ҳайвоноти ғайриқонунӣ шикоргардидаро) гиранд, воситаҳои нақлиётро аз назар гузаронанд;5) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оид ба ҳифз, барқароркунии саршумор ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот баррасӣ намуда, шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарӣ кашанд, оид ба ҷуброни зарари ба олами ҳайвонот ва наботот расонидаашон даъво пешниҳод намоянд, ҳангоми зарурат парвандаро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва суд барои баррасӣ супоранд:6) силоҳи хизматӣ ва таҷҳизоту воситаҳои махсусро ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ доранд, бо худ гирифта гарданд ва истифода намоянд;7) тибқи низомномаи тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ либоси хидматии дорои нишонаҳои фарқкунандаро пӯшида гарданд;8) корҳои истифодабарии объектҳои олами ҳайвонотро, ки бо вайрон намудани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мешаванд, манъ намоянд;9) воридоту содирот, ба шикоргоҳ сар додану ҷойгир кардан ва муътодонидани ҳайвоноту набототеро, ки ба объектҳои олами набототу ҳайвоноти ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расонида метавонанд, манъ кунанд;10) тадбирҳои дигареро бо мақсади иҷрои Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии табиат аст, андешанд. 4. Нозирони давлатии шикор уҳдадоранд:1) зимни иҷрои вазифаҳои хизматӣ талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд;2) нисбат ба шахсони санҷишшаванда хушодобу хушмуомила бошанд;3) ба кормандони истифодабарандаи шикоргоҳ дар хусуси назорати истеҳсолӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор, инчунин ба шахсоне, ки оид ба шикор ва хоҷагии шикор назорати ҷамъиятӣ мебаранд, мусоидат намоянд.
Моддаи 418. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсоне, ки назорати истеҳсолӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд1. Шахсоне, ки назорати истеҳсолӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:1) оид ба риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор санад тартиб диҳанд; 2) шахси ҳуқуқвайронкунӣ содирнамударо дастгир намуда, азназаргузаронии шахсӣ ва чизу чораро анҷом диҳанд, ашё ва олоти содир шудани ҳуқуқвайронкунӣ (аз ҷумла, объектҳои табиии ғайриқонунӣ дошта гирифта)-ро гиранд, воситаҳои нақлиётро аз назар гузаронанд. 2. Кормандони истифодабарандаи шикоргоҳ, ки назорати истеҳсолӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд: 1) санадҳои риоя накардани қонунгузорӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикор, ашёву олоти содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ, аз ҷумла, объектҳои ғайриқонунӣ шикоргардида ва маҳсулоти дигари шикорро ба мақоми ваколатдори давлатӣ супоранд; 2) оид ба тамоми ҳодисаҳои вайрон карда шудани қонунгузорӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор ба мақоми ваколатдори давлатӣ иттилоот пешниҳод намоянд.
Моддаи 419. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд1. Шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд:1) ҳолатҳои риоя накардани қонунгузориро дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот бо тартиб додани санади намунаи дилхоҳ ба қайд гиранд;2) иҷрои қонунгузории соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонотро назорат баранд; 3) бо мақоми ваколатдори давлатӣ барои пешбурди фаъолияташон ҳамкорӣ намоянд. 2. Шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, уҳдадоранд: 1) назорати ҷамъиятиро оид ба шикор ва хоҷагии шикор тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ба роҳ монанд;2) санадҳои ҳуқуқвайронкунӣ дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот тартибдодаи худро ба мақоми ваколатдори давлатӣ супоранд. 3. Шахсоне, ки назорати ҷамъиятӣ оид ба шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд, барои дурустии маълумоти тартибдодаашон дар санадҳо оид ба ҳуқуқвайронкунӣ масъулият доранд.
БОБИ 27. МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ ИСТЕҲСОЛӢ ВА ИСТЕЪМОЛӢ
Моддаи 420. Партовҳо ҳамчун объекти ҳуқуқи моликият1. Партовҳо объекти ҳуқуқи моликият мебошанд. Ҳуқуқи моликият ба партовҳо метавонад бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як шахс ба шахси дигар гузарад.2. Истеҳсолкунандаи партовҳо ҳуқуқи моликият ба партовҳоро аз лаҳзаи ҳосилшавии онҳо ва то ба шахси дигар гузаштани ин ҳуқуқ ё ин ки то коркард ё пурра несту нобуд сохтани партовҳо бо тартиби пешбининамудаи Кодекси мазкур ба даст меорад.3. Ҳангоми хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ, ҳуқуқи моликият ба партовҳои ҳосилшуда, уҳдадориҳо оид ба нигоҳдорӣ ва несту нобуд кардани партовҳо ҷуброни товони зарар ба муҳити зист, саломатии инсон, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба соҳиби нав мегузаранд.4. Моликияти партовҳо ба соҳиби ашёи хом, мавод, маҳсулоти нимтайёр, дигар маҳсулот, инчунин мол (маҳсулот), ки дар натиҷаи истифодаи онҳо ин партовҳо ба вуҷуд омадаанд, тааллуқ дорад.5. Моликияти партовҳоро шахси дигар метавонад дар асоси шартномаҳо оид ба ихтиёрдории партовҳо ба даст орад.6. Соҳибони партовҳо дар доираи ваколатҳои муқаррарнамудаи қонун партовҳоро соҳибӣ, истифода ва ихтирёрдорӣ мекунанд.7. Интиқоли моликият ба партовҳо ва ҷавобгарӣ барои оқибатҳои зараровар ҳангоми иваз кардани соҳиби қитъаи замине, ки дар он партовҳо ҷойгир шудаанд, тибқи қонун ҳал карда мешаванд.
Моддаи 421. Дараҷаҳои хатарнокии партовҳо1. Партовҳои хатарнок партовҳое мебошанд, ки дар таркиби худ моддаҳои дорои хусусиятҳои зараровар (заҳрнокӣ, сирояткунанда, таркишӣ, хатари сӯхторӣ, қобилияти баланди реаксионӣ) доранд ва дар миқдору шаклҳои мавҷуда мустақилона ва ё дар алоқамандӣ бо моддаҳои дигар метавонанд ба муҳити зист ва саломатии инсон хатари бевосита ё имконпазир дошта бошанд.2. Партовҳо вобаста ба таъсири манфӣ ба муҳити зист тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ба панҷ дараҷаи хатарнокӣ ҷудо мешаванд: 1) дараҷаи I - партовҳои хатарнокиашон бениҳоят баланд; 2) дараҷаи II - партовҳои хатарнокиашон баланд;3) дараҷаи III - партовҳои хатарнокиашон миёна;4) дараҷаи IV - партовҳои хатарнокиашон паст.5) дараҷаи V - партовҳои безаҳр.2. Дараҷаи хатарнокии партовҳо аз тарафи истеҳсолкунандаи он мувофиқи хуҷҷатҳои меъёрие, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи муомилот бо партовҳо, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколаташон тасдиқ намудаанд, муайян карда мешавад.
Моддаи 422. Муомилот бо партовҳои бесоҳиб1. Тартиби муомилот бо партовҳои бесоҳибро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муайян мекунад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.2. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои ошкор намудан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб, истифодаи маҷмуии ин гуна партовҳо, риояи шартҳои муомилот бо онҳо ва пешгирии таъсири манфии онҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон масъул мебошанд.3. Заминистифодабарандагоне, ки дар ҳудуди қитъаи замини онҳо партовҳои бесоҳиб ошкор карда шудаанд, уҳдадоранд сари вақт ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар бораи онҳо хабар диҳанд.4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ уҳдадоранд барои муайян кардани соҳибмулки партовҳои бесоҳиб ва дараҷаи хавфнокии онҳо, ташкили баҳисобгирӣ ва муомилот бо онҳо мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул намоянд.5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ соҳибмулки партовҳои бесоҳиб мебошанд, ки дар ҳудуди онҳо ҷойгиранд.6. Асос барои иҷрои расмиёти муайян намудани партовҳои бесоҳиб ва ҳисоби минбаъдаи онҳо муроҷиати шаҳрвандон, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, воситаҳои ахбори омма, инчунин натиҷаи санҷиши нозирони мақомоти ҳифзи муҳити зист, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, хадамоти санитарию эпидемиологӣ, дигар мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ шуда метавонад.7. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои муайян, ошкор кардан ва ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб комиссияи доимоамалкунанда таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ мекунад. Ба ҳайати комиссия муовини раиси шаҳр, ноҳия, намояндагони сохторҳои минтақавии мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, санитарию эпидемиологӣ, ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, оташнишонӣ ва сохторҳои дигар шомил мешаванд.8. Дар сурати муайян намудани соҳиби партовҳои бесоҳиб, ҷавобгарӣ барои муомилот бо ин партовҳо ва пешгирии таъсири манфии партовҳо ба муҳити зист дар асоси талаботи Кодекси мазкур пурра ба зиммаи ӯ вогузор мегардад.9. Дар сурати муайян накардани соҳиби партовҳои бесоҳиб, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ интиқол додан, ҷойгир кардан ва безарар гардонидани ин партовҳоро амалӣ мегардонад ва ё барои ин кор маблағҳои заруриро ҷудо менамояд.10. Барои ба ҳисоб гирифтани партовҳои бесоҳиб ва бақайдгирии раванди муомилот бо онҳо дар асоси хулоса ва маълумоти комиссия дар зерсохторҳои минтақавии мақоми ваколатдори давлатӣ китоби бақайдгирӣ ташкил дода мешавад.11. Баҳисобгирии партовҳои соҳибашон ошкоргардида мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 423. Танзими иқтисодии муомилот бо партовҳо1. Барои ҷойгиркунонии партовҳо бо назардошти ҳаҷми ҷойгиршавии онҳо, таснифи хатарнокӣ ва меъёрҳои ҷойгиркунонӣ маблағ ситонида мешавад. Маблағи аз пардохти ҷойгиркунонии партовҳо бадастомада ба буҷети дахлдор равона мегардад.2. Ҳавасмандгардонии иқтисодии фаъолият оид ба коркарди партовҳо бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) паст кардани андозаи пардохт барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳангоми ҷойгиркунии партовҳо, ҳангоми ҷорӣ намудани технологияҳое, ки кам кардани партовҳо ё истифодаи такрории онҳоро таъмин мекунанд;2) истифодаи фарсоиши босуръати фондҳои асосии истеҳсолӣ, ки бо фаъолият оид ба муомилоти партовҳо алоқаманданд.3. Субъектони муомилот бо партовҳо бо мақсади ҳавасмандгардонии чорабиниҳо оид ба истифодаи такрории партовҳо ва кам кардани ҳаҷми ташаккули онҳо, ҷорӣ намудани технологияҳо бо ин мақсад ҷамъоварӣ ва коркарди такрории онҳоро анҷом медиҳанд, дар маблағгузории чорабиниҳо оид ба партовҳо ва кам кардани ҳаҷми истеҳсоли онҳо иштирок мекунанд, метавонанд тибқи қонунгузорӣ аз имтиёзҳои зерин истифода намоянд:1) имтиёзҳои аз андозбандии фоида аз фурӯши маҳсулоти аз партовҳо истеҳсолшуда;2) қарздиҳии афзалиятноки давлатӣ;3) субсидияҳои махсуси давлатӣ барои кам кардани фоизҳо барои қарзҳои бонкии марбут ба сармоягузорӣ, ки барои истифодаи такрории партовҳо ва истеҳсоли таҷҳизоти дахлдор равона карда шудаанд;4) дотатсияҳо аз буҷети давлатӣ ва буҷетҳои маҳаллӣ барои интиқоли партовҳо ё маҳсулоти коркардшуда аз ин партовҳо;5) мусоидат барои истифодаи технологии муосири муомилот бо партовҳо;6) дотатсияҳо аз фондҳои ҳифзи муҳити зист ва дигар манбаъҳо;7) имтиёзҳо оид ба пур кардани воситаҳои гардони субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, ки ҷамъоварӣ, коркард ва истифодаи партовҳоро ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа амалӣ менамоянд, агар ин воситаҳо барои ба даст овардан ва коркарди чунин партовҳо мақсаднок истифода шаванд.4. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ метавонад дар доираи ваколатҳои худ чорабиниҳои иловагиро вобаста ба ҳавасмандгардонии муомилот бо партовҳо ва кам кардани ҳаҷми ташаккули онҳо муайян кунанд.
Моддаи 424. Пардохт барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳангоми ҷойгиркунии партовҳо1. Ҳангоми ҷойгиркунии партовҳо барои таъсири манфӣ ба муҳити зист тибқи Кодекси мазкур пардохт ситонида мешавад.2. Супоридани пардохт барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳангоми ҷойгиркунии партовҳо (ба истиснои партовҳои сахти коммуналӣ) аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни амалисозии фаъолияти онҳо партовҳои хоҷагидорӣ ва (ё) дигар фаъолият ба вуҷуд меоянд, амалӣ карда мешавад.3. Супоридани пардохт барои таъсири манфӣ ба муҳити зист ҳангоми ҷойгиркунии партовҳо (ба истиснои партовҳои сахти коммуналии аҳолӣ) аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, ки дар ҷараёни амалисозии фаъолияти онҳо партовҳои хоҷагидорӣ ва (ё) дигар фаъолият ба вуҷуд меоянд, амалӣ карда мешавад.
§1. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муомилот бо партовҳо
Моддаи 425. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони воқеӣ оид ба муомилот бо партовҳо1. Шахсони воқеӣ ҳуқуқ доранд:1) гирифтани маълумоти боэътимод аз мақомоти ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида дар бораи мавҷудияти партовҳои хатарнок ва дигар партовҳо дар ҷойҳои зисти худ, бехатарии иншооти пешбинишуда ва амалкунандаи ҷойгиркунии партовҳо;2) иштирок дар муҳокимаи лоиҳаҳои қарорҳо дар бораи сохтмони иншооти ҷойгиркунии партовҳо;3) истифодаи хизматрасониҳои корхонаҳои ҷамъоварӣ ва содироти партовҳои маишӣ;4) ҷуброни зарари ба саломатӣ ва молу мулки онҳо дар натиҷаи вайрон кардани қонунгузорӣ оид ба муомилот бо партовҳо расонидашуда;5) иштирок дар амалӣ намудани назорати ҷамъиятӣ ба ҳолати санитарӣ ва экологии объектҳои ҷойгиркунӣ ва муомилот бо партовҳо;6) ба шароити бехатар барои ҳаёт ва саломатии онҳо ҳангоми коркарди партовҳо;7) иштирок дар муҳокимаи лоиҳаи қарорҳо оид ба сохтмони объектҳои идоракунии партовҳо;8) гирифтани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани меъёрҳои муқаррарагардида оид ба муомилот бо партовҳо ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо расонида шудааст;9) татбиқи ҳуқуқҳои дигар оид ба муомилот бо партовҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст.2. Шахсони воқеӣ уҳдадоранд:1) риояи талаботи меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ ва экологӣ оид ба муомилот бо партовҳоро таъмин намоянд;2) бо тартиби муқарраргардида барои истифодаи хизматрасониҳои корхонаҳои ҷамъоварӣ ва содироти партовҳои маишӣ маблағ пардохт намояд;3) иҷрои уҳдадориҳои дигар оид ба муомилот бо партовҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.
Моддаи 426. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ оид ба муомилот бо партовҳо1. Шахсони ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд:1) дар таҳияи барномаҳои давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳо иштирок намоянд;2) оид ба масъалаҳои коркарди партовҳо ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳодҳо намоянд;3) аз мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраргардида дар бораи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарӣ ва экологӣ оид ба муомилот бо партовҳо маълумот гиранд;4) гирифтани ҷуброни зараре, ки дар натиҷаи вайрон кардани меъёрҳои муқаррарагардида оид ба муомилот бо партовҳо ба ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки онҳо расонида шудааст;5) татбиқи ҳуқуқҳои дигар оид ба муомилот бо партовҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додааст.2. Шахсони ҳуқуқӣ уҳдадоранд:1) барои кам кардани партовҳо тамоми чораҳои заруриро андешанд;2) меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраршудаи санитарӣ ва экологӣ оид ба коркарди партовҳо ҳангоми ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, интиқол, истифода, партофтан, безараргардонӣ ва гӯронидани партовҳоро риоя намоянд;3) баҳисобгирии ҳатмии партовҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ гузаронида, дар ин бора ҳисобот пешниҳод намоянд;4) лоиҳаи меъёрҳои ҳосилшавии партовҳо ва маҳдудиятҳои ҷойгиркунии партовҳоро, ки дар натиҷаи фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидории онҳо ба вуҷуд омадаанд, таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида барои мувофиқа ва гирифтани иҷозат ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намоянд;5) оид ба татбиқи технологияҳои инноватсионӣ оид ба партофтани партовҳое, ки соҳиби он мебошанд, чораҳо андешанд;6) ба омехта кардани партовҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи технологияи истеҳсолот, роҳ надиҳанд;7) ба мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи ҳолатҳои беиҷозати ҷойгиркунии партовҳо ба муҳити зист ва объектҳои обӣ фавран маълумот пешниҳод намоянд;8) бо тартиби муқарраргардида барои истифодаи хизматрасониҳои корхонаҳое, ки ҷамъоварӣ ва содироти партовҳои маиширо анҷом медиҳанд, инчунин барои ифлосшавии муҳити зист ҳангоми ҷойгиркунӣ ва (ё) гӯронидани ҳамаи намудҳои партовҳо пардохт намоянд;9) зарари ба саломатии инсон, муҳити зист, инчунин зарари ба молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар натиҷаи ҷойгиркунӣ ё гӯронидани партовҳои фаъолияти истеҳсолии худ ё дар натиҷаи вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба муомилот бо партовҳо расонидашударо ҷуброн намояд;10) иҷрои уҳдадориҳои дигар оид ба муомилот бо партовҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст.3. Шахсони ҳуқуқие, ки соҳиби партовҳо мебошанд, бояд мустақилона ё тибқи шартнома аз ҳисоби маблағҳои худ чорабиниҳои партофтан, ҷойгиркунӣ, интиқол ва гӯронидани партовҳои истеҳсолотро амалӣ намоянд.4. Шахсони ҳуқуқие, ки соҳиби партовҳо мебошанд, бояд чорабиниҳоро оид ба нигоҳдории иншооти ҷойгиркунӣ ва гӯронидани партовҳо маблағгузорӣ кунанд. Дар ҳолати ҷойгиркунӣ ва гӯронидани партовҳо дар дигар иншооти ҷойгиркунӣ ва гӯронидани партовҳо, соҳибони партовҳо бояд тибқи шартнома барои нигоҳдории иншооти ҷойгиркунӣ ва гӯронидани партовҳо маблағ пардохт кунанд.5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ, ки дар моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, инчунин ба соҳибкорони инфиродӣ бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ, ки фаъолияти истеҳсолӣ ва хоҷагидориро оид ба муомилот бо партовҳо амалӣ менамоянд, дахл доранд.
§2. Талабот ҳангоми муомилот бо партовҳо
Моддаи 427. Талабот ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии корхона, иншоот ва объектҳои дигар1. Талаботи ягона ба объектҳои коркард, азнавистифодабарӣ, безараргардонӣ, ҷойгиркунии партовҳои сахти маишӣ, аз ҷумла, вобаста ба интихоби ҷойҳои ҷойгиркунии чунин объектҳо, маводҳои истифодашаванда ва қарорҳои технологӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.2. Ҳангоми лоиҳакашии меъморӣ-сохтмонӣ, сохтмон, таҷдид, таъмири асосии биноҳо, иншоотҳо ва дигар объектҳое, ки дар ҷараёни истифодаи онҳо партовҳо ба вуҷуд меоянд, зарур аст, ки ҷойҳо (майдончаҳо)-и ҷамъшавии муваққатии чунин партовҳо тибқи меъёрҳо ва қоидаҳои муқарраргардида ва дигар талабот оид ба коркарди партовҳо пешбинӣ карда шаванд.3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии корхона, иншоот ва объектҳои дигар, уҳдадоранд:1) стандарт, меъёр ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи сифати муҳити зистро, ки оид ба муомилот бо партовҳо муайян шудаанд, риоя намоянд;2) лоиҳаи ҳуҷҷатҳои меъёри ҳосилшавӣ ва ҷойгиронии партовҳоро бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа намоянд ва иҷозати дахлдорро гиранд;3) лоиҳаи фаъолияти банақшагирифташаванда оид ба муомилот бо партовҳоро ба экспертизаи давлатии экологӣ ва санитарию эпидемиологӣ пешниҳод намоянд.
Моддаи 428. Иҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои хатарнокИҷозатномадиҳии фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои хатарнок дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 429. Талабот оид ба муомилот бо партовҳо ҳангоми истифодаи корхонаҳои истеҳсолӣ1. Истифодаи корхонаҳои истеҳсолӣ, бино, иншоот ва дигар объектҳои бо коркарди партовҳо алоқаманд, ки бо воситаҳои техникӣ ва технологияҳои ҷамъкунӣ, ҷойгиркунӣ ва безараргардонии партовҳо муҷаҳҳаз нестанд, манъ аст.2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар раванди иcтифодаи корхонаҳои истеҳсолӣ уҳдадоранд:1) стандарт, меъёр ва дигар қоидаҳои муқаррарнамудаи сифати муҳити зистро, ки оид ба муомилот бо партовҳо муайян шудаанд, риоя намоянд;2) муомилот бо партовҳоро дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ амалӣ намоянд;3) технологияи кампартовро ҷорӣ намоянд;4) партовҳои ҳосилшударо ба рӯйхат гирифта, ба мақомоти омор ва мақоми ваколатдори давлатӣ маълумоти саҳеҳ пешниҳод кунанд;5) назорати истеҳсолиро оид ба партовҳо амалӣ гардонанд;6) ба мақоми ваколатдори давлатӣ иттилооти заруриро диҳанд;7) қоидаҳои пешгирии вазъи садамавиро ҳангоми муомилот бо партовҳо риоя кунанд;8) ҳангоми рӯй додани садамаҳои оқибати манфии экологидошта ё ба миён омадани ҳолатҳое, ки ба чунин садамаҳо меоваранд, фавран дар ин бора ба мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳолӣ хабар диҳанд;9) нақшаи чорабиниҳоро оид ба пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳо ва оқибатҳои фавқулоддаи техногенӣ, ки бо коркарди партовҳо алоқаманданд таҳия намоянд;10) ҳангоми аз сарҳад гузаронидани партовҳо талаботи Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин қоидаҳои байналмилалии аз сарҳад гузаронидани партовҳои хатарнокро, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ба роҳбарӣ гиранд.3. Истифодаи истеҳсолоте, ки дар он нобудсозии партовҳои зарарноки ҳосилшуда тавассути усулҳои безарари экологӣ ғайриимкон аст, манъ мебошад.
Моддаи 430. Талабот ба ҷойгиркунонии партовҳо1. Интихоби мавзеи сохтмони иншоот барои ҷойгиркунонӣ ва безараргардонии партовҳо дар асоси таҳқиқоти махсус (заминшиносӣ, обшиносӣ, геологӣ ва ғайра) дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ, дар ҳолати гирифтани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ, мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ (дар мавриди зарурӣ қарор бо назардошти афкори умум қабул карда мешавад) муайян карда мешавад.2. Партовҳои хавфнок бояд пеш аз гӯронидан аз усулҳои таъсиррасонӣ, ки хосиятҳои хатарноки чунин партовҳоро коҳиш медиҳанд ё истисно мекунанд, инчунин муътадил ва безарар карда шаванд. Танҳо партовҳои бехавф метавонанд бе коркарди пешакӣ гӯронида шаванд.3. Гӯронидани партовҳо дар ҳудуди шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, истироҳатгоҳҳо, ҷойҳои табобатию беҳдоштӣ ва истироҳатӣ, дар ҳудуди ҳавзҳо, чашмаҳои зеризаминӣ, ки барои корҳои хоҷагию маишӣ истифода бурда мешаванд, инчунин дар мавзеъҳои конҳои канданиҳои фоиданок ва ҷойҳои маъданковӣ манъ аст.4. Меъёрҳои қабули партовҳо барои гӯронидан талаботи зеринро дар бар мегиранд:1) ҳифзи муҳити зист (хусусан обҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ) ва саломатии инсон;2) таъмини усулҳои муътадилсозии партовҳо дар доираи мавзеъҳои ҷойгиркунонӣ;3) таъмини таркиби сифатии партовҳои қабулшаванда;4) маҳдудияти миқдори партовҳои қабулшуда ва мавҷудияти қобилияти ҷузъҳои органикии онҳо барои харобшавии ҳаётӣ (биодеградатсия);5) маҳдудияти шумораи ҷузъҳои эҳтимолан хавфнок тибқи меъёри ҳифз;6) паст кардани хосиятҳои экотоксикии партовҳо ва полоиши ҳосилшуда.5. Ҷойгиркунонии партовҳо дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ амалӣ карда мешавад.6. Ҷойгиркунонии партовҳо мутобиқи қоидаҳое, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, амалӣ мегардад.7. Мавзее, ки дар он партовҳо гӯронида шудаанд, ба рӯйхати давлатии мавзеъҳои гӯронидани партовҳо дохил карда мешавад. Тартиби ташкили рӯйхати давлатии мавзеъҳои гӯронидани партовҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.8. Феҳристи мавзеъҳо (майдончаҳо)-и ҷамъшавии партовҳои сахти маишӣ бояд инҳоро фарогир бошад, аз ҷумла:1) маълумот дар бораи ҷойгиршавии мавзеъҳо (майдончаҳо)-и ҷамъшавии партовҳои сахти коммуналӣ;2) маълумот дар бораи хусусиятҳои техникии мавзеъҳо (майдончаҳо)-и ҷамъшавии партовҳои сахти коммуналӣ;3) маълумот дар бораи соҳибони мавзеъҳо (майдончаҳо)-и ҷамъоварии партовҳои сахти маишӣ;4) маълумот дар бораи манбаъҳои ташаккули партовҳои сахти коммуналӣ, ки дар ҷойҳои ҷамъшавии партовҳои сахти маишӣ дар мавзеъҳо (майдончаҳо) ҷамъ мешаванд.9. Гӯронидани партовҳои зерин дар мавзеъҳои муайяншуда манъ мебошад:1) ҳама гуна партовҳо дар шакли моеъ (партовҳои моеъ);2) партовҳои хатарнок, ки дар шароити мавзеи ҷойгиркунонӣ тарканда, зангзананда, оксидшаванда, баландхавф ё оташгиранда мебошанд;3) партовҳое, ки бо об дар реаксия медароянд;4) партовҳои тиббӣ;5) партовҳои биологӣ, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи байторӣ муайян карда шудаанд;6) шинаҳои пурра истифодашуда ва пораҳои онҳо, ба истиснои истифодаи онҳо ҳамчун маводи муътадилкунанда ҳангоми барқарорсозӣ;7) партовҳои ифлоскунандаҳои устувори органикӣ;8) пеститсидҳо;9) партовҳое, ки ба меъёрҳои қабул ҷавобгӯй нестанд;10) партовҳои пластикӣ ва полиэтиленӣ, бастабандии полиэтилентерефталат;11) лампаҳо ва асбобҳои дорои симоб;12) шиша ва зарфҳои шишагӣ;13) пораҳои металлҳои ранга ва сиёҳ;14) батареяҳои литийӣ, сурб-кислота;15) таҷҳизоти электронӣ ва барқӣ;16) воситаҳои нақлиёти аз истифода баровардашуда;17) партовҳои сохтмонӣ;10. Дар мавриди гӯронидани партовҳо гузаронидани мониторинги мавзеи гӯронидан ҳатмӣ мебошад. Мониторинги мавзеи гӯронидан аз тарафи молики объекти ҷойгиршавии партовҳо мутобиқи тартибе, ки бо мақоми ваколатори давлатӣ мувофиқа карда шудааст, амалӣ мегардад.11. Моликони мавзеъҳои ҷойгиршавии партовҳо пас аз истифодаи ин мавзеъҳо (ё қитъаҳо) уҳдадоранд корҳои барқароркунии қитъаҳои вайроншудаи қитъаи заминро иҷро намоянд.
Моддаи 431. Талабот ба тозакунии маҳалҳои аҳолинишин аз партовҳои истеъмолӣ ва маишӣ1. Ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин ҳамарӯза аз партовҳои сахту моеи истеъмолӣ ва маишӣ тоза карда мешавад. Дар ҷойҳои муайяннашуда партофтан, гӯронидан ва нигоҳдории партовҳо манъ аст.2. Ташкили оқилонаи ҷамъоварии партовҳо, ки ҷамъоварии алоҳидаи қисмҳои истифодашавандаи онҳо (партовҳои хӯрокворӣ, металлҳои сиёҳ ва ранга, маснуоти бофандагӣ, коғаз ва ғайра), нигоҳдории муваққатӣ, бурдан ва безараргардонии мунтазами партовҳои истеъмолӣ, инчунин тоза намудани ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро пешбинӣ мекунад, аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад ва бояд ба талаботи қоидаҳои санитарӣ, гигиенӣ ва меъёрҳои экологӣ мутобиқ бошад.3. Риояи меъёру қоидаҳои нигоҳдории ҳудуди маҳалҳои аҳолинишинро мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоте, ки назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва ҳифзи муҳити зистро амалӣ мегардонанд, назорат мекунанд.
Моддаи 432. Талабот ҳангоми муомилот бо партовҳои хатарнок1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо партовҳои хатарнок ҳосил мешаванд, вазифадоранд ҳангоми муомилот ба онҳо ҳифзи боэътимоди муҳити зист ва саломати инсонро аз таъсири зараровар таъмин намоянд.2. Тамоми партовҳои хатарнок аз рӯйи таъсири зарарнокиашон ба муҳити зист ва саломати инсон ба дараҷаҳо тақсим карда мешаванд.3. Дараҷаи хатарнокии партовҳо бо назардошти муқаррароти Кодекси мазкур аз тарафи истеҳсолкунандаи он мувофиқи хуҷҷатҳои меъёрие, ки мақоми ваколатдори давлатӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар доираи ваколаташон тасдиқ намудаанд, муайян карда мешавад.4. Партовҳои хатарнокро танҳо дар иншоотҳои барои ин мақсад махсус таҷҳизонидашуда дар асоси иҷозатномае, ки бо тартиби муқарраргардида дода шудаанд, ҷойгир намудан мумкин аст.5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки бо партовҳои хатарнок муомилот доранд, вазифадоранд партовҳои хатарнокро бо тартиби муқаррарнамудаи мақомоти омори давлатӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ ба қайд гиранд.
Моддаи 433. Талабот ба коркарди партовҳои дараҷаҳои I- IV-и хатарнок1. Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки дар ҷараёни фаъолияти онҳо партовҳои дараҷаҳои I-IV-и хатарнок ба вуҷуд меоянд, вазифадоранд, ки партовҳои дахлдорро ба дараҷаи мушаххаси хатарнокӣ нисбат диҳанд, то мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро ба дараҷаи дахлдори хатарнокӣ ворид намоянд. Тасдиқи ба дараҷаи мушаххаси хатарнокӣ дохил кардани партовҳои дараҷаҳои I-IV-и хатарнок аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.2. Дар асоси маълумот дар бораи таркиби партовҳо, арзёбии дараҷаи таъсири манфии онҳо ба муҳити зист, шиносномаи партовҳои дараҷаҳои I-IV-и хатарнок тартиб дода мешавад. Тартиби шиносномадиҳии партовҳо ва шаклҳои намунавии шиносномаҳои партовҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешаванд. Муайян кардани маълумот дар бораи таркиб ва хосиятҳои партовҳои ба шиносномаи партовҳо дохилшаванда бо риояи талаботи андозагирӣ, воситаҳои ченкунӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад.3. Шахсоне, ки ба ҷамъоварӣ, интиқол, коркард, ихтиёрдорӣ, безараргардонӣ, ҷойгиркунии партовҳои дараҷаҳои I-IV-и хатарнок машғул мебошанд, вазифадоранд, ки ҳуҷҷатҳои тахассусиро, ки дар натиҷаи омӯзиши касбӣ ё гирифтани маълумоти иловагии касбӣ барои кор бо партовҳои дараҷаҳои I-IV-и хатарнок дода шудаанд, дошта бошанд. Масъулияти иҷозат додани кормандон ба кор бо партовҳои дараҷаи I-IV-и хатарнок ба зиммаи шахси мансабдори дахлдори ташкилот гузошта мешавад.
Моддаи 434. Талабот ба интиқоли партовҳои хатарнок1. Интиқоли партовҳо бо риояи талаботи экологӣ, талаботи санитарӣ-эпидемиологӣ ва дигар талаботе, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақлиёт муқаррар кардааст, амалӣ карда мешавад.2. Ташкили интиқоли партовҳо бо риояи шартҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) мавҷудияти шиносномаи партовҳо ҳангоми интиқоли партовҳои дараҷаи I-IV хатарнокӣ;2) мавҷудияти ҳуҷҷатҳо барои интиқол ва кашонидани партовҳо, ки тибқи қоидаҳои интиқоли бор бо нишон додани миқдори партовҳои интиқолшаванда, ҳадаф ва таъиноти интиқоли онҳо ба расмият дароварда шудаанд;3) риояи талаботи бехатарии интиқоли партовҳо тавассути воситаҳои нақлиёт;4) дар воситаҳои нақлиёт, контейнерҳо, систернаҳое, ки ҳангоми интиқоли партовҳо истифода мешаванд, аломатҳои махсуси фарқкунанда мавҷуд бошанд, ки дараҷаи муайяни хатари партовҳоро нишон медиҳанд.3. Партовҳои хатарнокро танҳо дар мавриди мавҷуд будани шиносномаи партовҳои хатарнок ва бо воситаҳои нақлиёти махсус таҷҳизонидашуда интиқол додан мумкин аст.4. Тартиби интиқоли партовҳо дар намудҳои мушаххаси нақлиёт (автомобилӣ, роҳи оҳан, обӣ), талабот ба иҷрои корҳои боркардан ва фаровардани бор, қоидаҳои дигари зарурӣ оид ба таъмини бехатарии экологӣ, бо стандартҳо ё меъёру қоидаҳое, ки аз тарафи мақомоти давлатии назорат ба бехатарии нақлиёт тасдиқ шудаанд ва бо мақоми ваколатдори давлатӣ мувофиқа шудаанд, муқаррар карда мешавад.5. Ҷавобгарии ҳуқуқӣ барои бехатарии муомилот бо партовҳо аз лаҳзаи ба воситаи нақлиёт бор кардани партовҳо ва аз тарафи ташкилот ё шахси воқеӣ, ки интиқоли партовҳоро иҷро мекунанд, қабул намудан, то лаҳзаи дар ҷойҳои муқарраршуда аз нақлиёт фаровардани онҳо ба зиммаи муассисаи нақлиётие мебошад, ки ба он нақлиёти додашуда тааллуқ дорад.
Моддаи 435. Аз сарҳад гузаронидани партовҳо1. Ворид намудани ҳама намудҳои партовҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гӯронидан ва бехатар гардонидан манъ аст.2. Барои истифодаи дуюмдараҷа ба сифати ашёи хом аз сарҳад гузаронидани партовҳо, ба истиснои партовҳои хатарнок, танҳо бо иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ мегардад.3. Назорати воридот ва содироти партовҳо бо мақсади истифодаи дуюмдараҷа аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи гумрук, санитарию эпидемиологӣ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро ба имзо расонидааст, таъмин карда мешавад.
Моддаи 436. Талабот барои муомилоти партовҳои захираҳои дуюмдараҷа1. Партовҳое, ки барои истеҳсоли мол, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ ё гирифтани энергия дубора истифода бурдан мумкин аст, тибқи қонунгузорӣ метавонанд ба захираҳои дуюмдараҷа дохил карда шаванд. Захираҳои дуюмдараҷаи партовҳо мавриди истифодаи такрорӣ қарор гирифта ба гӯронидани онҳо иҷозат дода намешавад.2. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари онҳо захираҳои дуюмдараҷаи партовҳо ба вуҷуд омадаанд, метавонанд истифодаи такрории онҳоро мустақилона таъмин кунанд ё бо мақсади истифодаи такрорӣ ба шахсони дигар супоранд.3. Захираҳои дуюмдараҷаи оҳанпора ва партовҳои металлҳои ранга ва (ё) сиёҳ, бо мақсади истифодаи такрорӣ бо назардошти хусусиятҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур интиқол дода мешаванд.4. Шахсони воқеӣ, ки дар ҷараёни фаъолияти онҳо захираҳои дуюмдараҷаи партовҳо ба вуҷуд меоян ҷамъоварии ҷудогонаи онҳоро дар партовгоҳҳои партовҳои сахти маишӣ ё интиқоли онҳоро ба ҷойҳои махсуси ҷамъоварии захираҳои дуюмдараҷаи партовҳо таъмин мекунанд.5. Захираҳои дуюмдараҷаи партовҳо дар ҷойҳои махсуси ҷамъоварӣ метавонанд аз рӯйи намудҳо ва гурӯҳҳои мувофиқи талабот оид ба коркарди чунин гурӯҳҳо захира карда шаванд.
Моддаи 437. Талабот ба фаъолият оид ба коркарди партовҳоДар раванди коркарди партовҳо талаботҳои зерин таъмин карда мешаванд:1) бехатарӣ барои муҳити зист ва саломатии инсон, истифодаи раванди технологӣ, ки ба кам кардани ҳаҷми партовҳо, коркард ва безараргардонии онҳо нигаронида шудааст;2) роҳ надодан ба омехта кардани партовҳои хатарнок ва бехатар ҳангоми коркарди онҳо, агар технология пешбинӣ накарда бошад;3) кам кардани хатари воқеӣ ва эҳтимолӣ дар раванди коркарди партовҳо;4) ҷамъоварии партовҳо дар ҷойҳои ташаккулёбии онҳо, нигоҳ доштани онҳо дар анборҳои махсуси аз ҷиҳати техникӣ муҷаҳҳазшуда ва аз рӯйи намудҳо дар қитъаҳои барои ин мақсад ҷудошуда;5) дар ҳолати муносиб нигоҳ доштани анборҳо ё қитъаҳои махсуси ҷойгиркунии партовҳои коркардшаванда бо мақсади ҳифзи муҳити зист;6) дар муҳити дахлдор ҷудо нигоҳ доштан ва гӯронидани партовҳо, дарёфти имкониятҳо барои истифодаи дуюмдараҷа;7) ташкили истифодаи партовҳо ҳамчун ашёи хоми дуюмдараҷа дар ҷойҳои ташаккулёбӣ ё дар корхонаҳои коркард;8) татбиқи усулҳои биологӣ, физикию кимиёвӣ, механикию техникӣ, ҳароратӣ ва дигар усулҳои коркард, безараргардонӣ ва кам кардани ҳаҷми партовҳо;9) гирифтани иҷозатнома барои муомилот бо партовҳо.
§3. Назорат оид ба муомилот бо партовҳо
Моддаи 438. Назорати давлатии муомилот бо партовҳо1. Назорати давлатии муомилот бо партовҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ, инчунин мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда мешавад.2. Ба назорати давлатии муомилот бо партовҳо дохил мешаванд:1) назорати риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми муомилот бо партовҳо, ошкор намудани вайронкунии талаботи мазкур аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, андешидани чораҳо оид ба бартараф кардани онҳо;2) назорати риоя намудани талаботи муомилот бо партовҳо, аз ҷумла, талаботи шартномаҳои байналмилалӣ дар хусуси аз сарҳад гузаронидани партовҳо (ба истиснои партовҳои хатарнок) ба сифати ашёи хоми дуюмдараҷа истифодашаванда аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;3) назорати иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, гигиена, зидди эпидемияҳо, қоидаҳои санитарию ҳифзи муҳити зист, меъёрҳои гигиенӣ ва экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо;4) назорат ба риояи қоидаҳои бехатарии сӯхтор ҳангоми муомилот бо партовҳо;5) назорати риояи тартиби баҳисобгирӣ, ҷамъоварӣ, коркард ва таҳлили маълумот оид ба муомилот бо партовҳо, арзёбии таъсири онҳо ба муҳити зист;6) назорат ба саҳеҳии иттилооту ҳисоботе, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба партовҳо пешниҳод мекунанд;7) таҳлили фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ оид ба муомилот бо партовҳо, пешниҳоди тавсияҳо оид ба истифодаи технологияҳои паст кардани андозаю дараҷаи хатарнокӣ ва истифодаи партовҳо ҳамчун ашёи хом;8) назорати риояи дастрас будани иттилоот оид ба муомилот бо партовҳо ба аҳолӣ;9) бо тартиби муқаррарнамуда ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;10) қабул намудани қарорҳо дар бораи маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ кардани фаъолият оид ба муомилот бо партовҳо, ки барои муҳити зист ва саломатии инсон хатари имконпазир доранд;11) назорати мавҷудияти ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ҳангоми муомилот бо партовҳо.3. Нисбати қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки назорати давлатии муомилот бо партовҳоро амалӣ месозад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 439. Назорати истеҳсолӣ оид ба муомилот бо партовҳо1. Ташкилоту корхонаҳое, ки фаъолияти хоҷагию истеҳсолиашон бо партовҳо вобаста аст бо мақсади санҷиши иҷрои талаботу меъёрҳои экологӣ, санитарӣ ва талаботи дигари муомилот бо партовҳо назорати истеҳсолиро оид ба муомилот бо партовҳо амалӣ менамоянд.2. Тартиби ташкили назорати истеҳсолӣ оид ба муомилот бо партовҳо бо низомномаҳо, ки аз тарафи корхонаю ташкилотҳо дар асоси Кодекси мазкур ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муомилот бо партовҳо дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ таҳия ва тасдиқ шудаанд, танзим карда мешавад.
Моддаи 440. Назорати ҷамъиятии муомилот бо партовҳоНазорати ҷамъиятии муомилот бо партовҳо аз ҷониби иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон дар маҳалли истиқоматашон бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
§4. Бамеъёрдарорӣ ва баҳисобгирии давлатии муомилот бо партовҳо
Моддаи 441. Бамеъёрдарории муомилот бо партовҳо1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар доираи меъёрҳои тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъсири имконпазири партовҳоро ба муҳити зист ва саломатии инсон риоя мекунанд.2. Партовҳое, ки объекти хариду фурӯш ё содироту воридот мебошанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сертификатсия карда мешаванд.
Моддаи 442. Баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳии давлатии муомилот бо партовҳо1. Ҳисоботдиҳии давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳо тартиби ягона дорад.2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо тартиби муқарраршуда баҳисобгирии ибтидоии партовҳои ҳосилшуда, истифодашуда, ба шахсони дигар дода ё фурӯхташуда, инчунин ҷойгиршударо ба иҷро мерасонанд ва пуррагию саҳеҳии иттилооти пешниҳодшавандаро таъмин сохта, дар шаклу муҳлати аз тарафи мақомоти омори давлатӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраргардида ҳисобот пешниҳод мекунанд.3. Тартиби баҳисобгирии ибтидоиро оид ба муомилот бо партовҳо мақоми ваколатдори давлатӣ, тартиби баҳисобгирии расмии омориро бошад, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ, муқаррар мекунанд.4. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нигоҳдории маълумоти баҳисобгириро оид ба муомилот бо партовҳо дар давоми муҳлате, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст, таъмин менамоянд.
Моддаи 443. Кадастри давлатии партовҳо1. Кадастри давлатии партовҳо маҷмуи маълумоти мураттабшуда, баҳисобгирии партовҳо, технологияҳои истифодаи такрории партовҳо ва безараргардонии намудҳои гуногуни партовҳоро дар бар мегирад.2. Кадастри давлатии партовҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути методологияи ягона дар асоси таснифоти давлатии ахбороти техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ анҷом дода мешавад.
Моддаи 444. Мониторинги давлатии партовҳо1. Мониторинги давлатии партовҳо маҷмуи тадбирҳо оид ба гузаронидани мушоҳида, арзёбӣ, пешгӯии ҳолати тағйирот оид ба муомилот бо партовҳо мебошад.2. Мониторинги давлатии партовҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади мушоҳидаи вазъи муҳити зист, аз ҷумла, вазъи муҳити зисти минтақаҳои ҷойгиршавии манбаъҳои таъсири антропогенӣ ва таъсири ин манбаъҳо ба муҳити зист, инчунин таъмини талаботи сохторҳои давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо маълумоти дақиқ ва сари вақт ба нақша гирифтани чорабиниҳои пешгирӣ, рафъ ва ё кам кардани оқибати номатлуби тағйирёбии вазъи муҳити зист амалӣ карда мешавад.3. Мониторинги давлатии партовҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути методологияи ягона дар асоси таснифоти давлатии ахбороти техникию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба роҳ монда мешавад.4. Маълумот оид ба низоми комплексии мушоҳида, арзёбӣ ва пешгӯии тағйирот оид ба муомилот бо партовҳо ба даст омадааст, аз ҷониби мақомоти марказӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои таҳияи дурнамоҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва қабули қарорҳои дахлдор, таҳияи барномаҳои давлатӣ ва мақсаднок, консепсия, стратегия ва нақшаҳои амалии онҳо оид ба муомилот бо партовҳо истифода бурда мешаванд.5. Мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди иншооти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири онҳо ба муҳити зист як қисми системаи мушоҳидаи ҳолати он ва ифлосшавии он дар зери таъсири иншооти ҷойгиркунии партовҳо мебошад ва бо мақсади пешгирии тағйироти манфии сифати муҳити зист, иттилоотонии мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар бораи ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар минтақаҳои ҷойгиршавии иншооти партовҳо амалӣ карда мешавад.6. Сарҳади таъсири объектҳои ҷойгиркунии партовҳо ба муҳити зист дар асоси натиҷаҳои арзёбии таъсир ба муҳити зист, ки дар ҳуҷҷатҳои лоиҳавии объекти ҷойгиркунии партовҳо мавҷуд аст ва (ё) дар асоси меъёрҳои муқарраршудаи таъсири ҷоиз ба муҳити зист тибқи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад. Сарҳади таъсири объекти ҷойгиркунии партовҳо аз рӯйи натиҷаҳои мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди объекти ҷойгиркунии партовҳо мушаххас карда мешавад.7. Мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди объектҳои ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири онҳо ба муҳити зист аз ҷониби моликон, соҳибони объектҳои ҷойгиркунии партовҳо ва дар сурати ба истифода додани ин объектҳо аз ҷониби истифодабарандагони объектҳои ҷойгиркунии партовҳо амалӣ карда мешавад.8. Барои ташкили корҳои назорати ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди иншооти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири онҳо ба муҳити зист, арзёбии тағйироти ҳолати он аз ҷониби шахсони масъули гузаронидани мониторинг, барномаи мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди иншооти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири он ба муҳити зист таҳия карда мешавад.9. Барои иншооти партовҳои аз кор баровардашуда, мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди иншооти партовҳо ва дар доираи таъсири онҳо ба муҳити зист дар доираи назорати ҳолати онҳо ва таъсири муҳити зист амалӣ карда мешавад. Қатъи мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар минтақаҳои аз истифода баровардашудаи иншооти ҷойгиркунии партовҳо пас аз ба охир расидани муҳлати пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои аз кор баровардани иншооти ҷойгиркунии партовҳо иҷозат дода мешавад, агар дар натиҷаи ин мониторинг таъсири манфии муҳити зисти иншооти ҷойгиркунии партовҳо тибқи қонунгузории ҳифзи муҳити зист ва қонунгузории соҳаи таъмини санитарӣ-эпидемиологӣ тасдиқ карда шавад.10. Натиҷаҳои мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди иншооти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири онҳо ба муҳити зист дар шакли ҳисобот тартиб дода мешаванд, ки аз ҷониби шахсони истифодабарандаи ин иншооти ҷойгиркунии партовҳо дар шакли озод ва бо тартиби огоҳинома ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар маҳалли ҷойгиршавии иншооти ҷойгиркунии партовҳо ҳар сол то 15 январи соли баъди ҳисобот пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 445. Барномаи мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо ва таъсири онҳо ба муҳити зист1. Барномаи мониторинг дар асоси маълумоти мавҷуда дар бораи ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо ва таъсири онҳо ба муҳити зист таҳия карда мешавад.2. Шахсони масъули гузаронидани мониторинг метавонанд аз маълумоти зерин истифода баранд:1) маълумоти фондии мушоҳидаҳои ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо ва таъсири он ба муҳити зист;2) маълумот дар бораи ҳолати заминавии муҳити зист дар мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо;3) маълумоти мавҷудаи шахсони масъули гузаронидани мониторинг оид ба мушоҳидаҳои ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо ва таъсири он ба муҳити зист;4) маълумот дар бораи дигар манбаъҳо ва объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд, мавзеъҳои ҷойгиркунонии таъсири партовҳо ҷойгир шудаанд;5) маводҳои таҳқиқоти қаблан гузаронидашудаи муҳити зист дар мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо ва таъсири он ба муҳити зист.3. Ҳангоми таҳияи барномаи мониторинг хусусиятҳои лоиҳавии (хусусиятҳои техникии) мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо, пайдоиш, намудҳо, миқдор ва дараҷаҳои хатари партовҳои ҷойгиршуда, шароити табиию ҷуғрофӣ, геологӣ ва гидрогеологии мавзеъҳои ҷойгиркунонии партовҳо ба инобат гирифта мешаванд.4. Барномаи мониторинг бахшҳои зеринро дар бар мегирад:1) маълумоти умумӣ дар бораи объекти ҷойгиркунии партовҳо;2) ҳадафҳо ва вазифаҳои мушоҳидаи ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди иншооти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири он ба муҳити зист;3) маълумот дар бораи манбаъҳои иттилооте, ки ҳангоми таҳияи барномаи мониторинг истифода шудаанд;4) асосноккунии интихоби ҷузъҳои назоратшавандаи муҳити табиӣ ва объектҳои табиӣ дар ҳудуди объекти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири он ба муҳити зист;5) асосноккунии интихоби нишондиҳандаҳои мушоҳидашаванда барои ҷузъҳои муҳити табиӣ ва объектҳои табиӣ, ки ҳолат ва ифлосшавии муҳити зистро дар ҳудуди объекти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири он ба муҳити зист, даврабандии гузаронидани мушоҳидаҳо тавсиф мекунанд;6) асосноккунии интихоби ҷойҳои интихоб, нуқтаҳои гузаронидани ченкунӣ, муайянкунӣ ва мушоҳидаҳои асбобӣ;7) таркиби ҳисобот дар бораи натиҷаҳои мониторинги ҳолат ва ифлосшавии муҳити зист дар ҳудуди объекти ҷойгиркунии партовҳо ва дар доираи таъсири он ба муҳити зист;8) рӯйхати манбаъҳои истифодашуда.
БОБИ 28. МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ
Моддаи 446. Танзими давлатии бехатарӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ1. Танзими давлатии бехатарӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивиро мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.2. Ба танзими давлатии бехатарӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ намудҳои зерини фаъолият дохил мешаванд:1) бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва корхонаҳои тавлидкунандаи онҳо, ҷойҳои нигоҳдорӣ, гӯронидан, инчунин ҷойҳои маҳфуздории онҳо;2) амалӣ намудани корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯйӣ оид ба интихоби қитъаи замин барои ҷойгиркунии объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;3) лоиҳакашии объектҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинӣ гардидаанд, озмоиш, тайёр намудан ё сохтмони онҳо;4) ба истифода додан, ба кор даровардан, аз истифода баровардани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда ва гузаронидани корҳои мураттабсозӣ оид ба таъмини бехатарӣ дар маҳфузгоҳҳо пас аз қатъи фаъолияти онҳо ва инчунин солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта;5) ҳосилшавӣ ва муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, аз ҷумла, интиқол ва гӯронидани онҳо.3. Иҷозатнома барои фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дода мешавад.
Моддаи 447. Уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣШахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ уҳдадориҳои зерин доранд:1) таъмин намудани бехатарӣ ҳангоми интихоби қитъаи замин, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, баистифодадиҳӣ ва аз истифодабарории иншоот ва таҷҳизоти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда;2) арзёбии бехатарии объектҳои амалкунандаи барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда ва дар мавриди зарурӣ, пешбинӣ намудани ҳама чораҳои дастраси такмилдиҳӣ бо мақсади баланд бардоштани бехатарии онҳо;3) риоя намудани меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо, талаботи санадҳои меъёрии техникӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;4) таъмини амалисозии барномаҳои бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;5) пешбурди бақайдгирии партовҳои радиоактивӣ;6) таъмини ҳифзи физикии партовҳои радиоактивӣ;7) ҳамасола ташкил ва гузаронидани мониторинги радиатсионии ҷойи нигоҳдорӣ ва маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ;8) сари вақт огоҳ намудани мақомоти иҷроияи марказии давлатӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар сурати ба амал омадани садама, офатҳои табиӣ ва техногенӣ дар объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;9) андешидани чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани оқибатҳои радиатсионии садамаҳо, офатҳои табиӣ ва техногенӣ, таъмини таҳлияи (эвакуатсияи) аҳолӣ, ҳифзи кормандон ва муҳити зист;10) таъмини иҷрои чорабиниҳое, ки ба баланд бардоштани сатҳи бехатарии кормандон, аҳолӣ ва ҳифзи муҳити зист дар объектҳои зертобеъ барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда равона шудаанд;11) иҷрои талаботҳои лоиҳавӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии табиатистифодабарӣ ва шартҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномаи мақомоти дахлдор;12) ҷуброни зарари садамаҳои радиатсионӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти онҳо расидааст.
Моддаи 448. Талаботи умумӣ ба ҳосилкунандагони партовҳои радиоактивӣ1. Ҳосилкунандагони партовҳои радиоактивӣ ҳар сол истифодаи мавод, моддаҳо, таҷҳизот ва ашёи дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ҳосилшавандаро, ки дар таркибашон радионуклидҳо аз меъёрҳои муқарраргардидаи бехатарии радиатсионӣ зиёд мебошанд ва қобили истифодаи минбаъда буда наметавонанд, муайян менамоянд.2. Ҳосилкунандагони партовҳои радиоактивӣ интиқоли партовҳои радиоактивиро ба маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона ё тавассути корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 449. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ1. Гӯронидани партовҳои радиоактивӣ танҳо аз ҷониби корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар сурати мавҷуд будани иҷозатнома амалӣ карда мешавад.2. Ҳосилкунандагони партовҳои радиоактивӣ партовҳои радиоактивиро ба корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои тасдиқшуда месупоранд.3. Партовҳои радиоактивӣ аз лаҳзаи ба имзо расидани ҳуҷҷатҳо оид ба супоридани партовҳои радиоактивӣ аз ҷониби тарафҳо ба моликияти давлатӣ мегузаранд.4. То гузаштани партовҳои радиоактивӣ ба моликияти давлатӣ масъулият оид ба ҳифзи радиатсионӣ ва бехатарии муомилот бо партовҳои радиатсионӣ ба зиммаи истеҳсолкунанда мебошад.5. Корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ метавонанд коркарди пешакии партовҳои радиоактивиро дар корхона ва муассисаҳое, ки дар он ҷо ин партовҳо ба вуҷуд омадаанд, амалӣ намоянд.6. Ҳамкории мутақобилаи байни истеҳсолкунандагони партовҳои радиоактивӣ ва корхонаҳои махсусгардондашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар асоси шартнома тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Моддаи 450. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот1. Муносибатҳои мутақобилаи корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳо ба танзим дароварда мешаванд.2. Бартараф намудани мухолифат дар марҳилаҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, истифодабарӣ, аз истифода баровардан ё бастани объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
§1. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ
Моддаи 451. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ1. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ барои ҷамъоварӣ ва нигоҳдории маълумоти зарурӣ бо мақсади таъмини фаъолияти низоми давлатии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ, пешгирӣ намудани имконияти ҷамъшавии беназорати партовҳои радиоактивӣ, таъмин намудани назорати фаврӣ оид ба ҷойгиршавӣ ва интиқоли партовҳои радиоактивӣ, шароити нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо гузаронида мешавад.2. Бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ инҳоро дар бар мегирад:1) пешбурди феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ;2) пешбурди кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва номгӯйи ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ.3. Барои ба таври доимӣ таъмин намудани азнавбарқароркунӣ ва сари вақт ворид намудани тағйирот ба феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ барӯйхатгирии мунтазами давлатии партовҳои радиоактивӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, аз ҷумла, маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии дар минтақаи истеҳсолкунандаи ин партовҳо ҷойгирбуда гузаронида мешаванд. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бемуҳлат (доимӣ) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта мешаванд.4. Ташкил ва таъмин намудани фаъолияти низоми баҳисобгирии партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.
Моддаи 452. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ1. Мақомот ва муассисаҳои давлатии дар танзими муносибатҳои вобаста ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ иштироккунанда, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои ворид намудан ба феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод менамоянд.2. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ сабти ҷории мунтазами ҳуҷҷатҳои шакли махсус оид ба ҳосилшавӣ, таркиби физикию кимиёвӣ, ҳаҷм, хусусият, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивиро ифода мекунад ва дар доираи низоми бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ таъсис дода мешавад.3. Ба феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ иттилоот дар бораи ҳамаи намудҳои партовҳои радиоактивӣ (сахт, моеъ, газшакл, манбаъҳои радиоактивии муҳлати амалашон баитмомрасида, партовҳои радиоактивии коркарди саноати кӯҳкорӣ ва маъдан, оҳанпора ва ашёи бо моддаҳои радиоактивӣ ифлосшуда ва ғайра) ворид карда мешавад.4. Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ дар асоси варақаҳои баҳисобгирӣ, ки аз ҷониби маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ пур карда мешаванд, ҳар нимсола ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ирсол карда мешаванд.5. Таъсис, ташкил ва пешбурди феҳристи давлатии партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ амалӣ менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар ташкилотҳои маҳфуздорандагони партовҳои радиоактивӣ оид ба эътимоднокии маълумотҳои дар варақаи баҳисобгирии партовҳои радиоактивӣ зикргардида санҷиш мегузаронад.6. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аз феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ маълумотҳоро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба партовҳои радиоактивӣ ва ба дигар мақомот дар асоси дархост, инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо тибқи созишномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.7. Оид ба масъалаҳои пешбурди феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳар сол ҳисобот омода менамояд, ки он на дертар аз 28 феврал пас аз соли ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.8. Соҳиби маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ барои сари вақт пешниҳод намудани маълумот оид ба ворид намудан (инчунин ворид намудани тағйирот) ба феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ масъуланд.9. Ҳуҷҷатҳои феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ бе муҳлат нигоҳ дошта мешаванд.10. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ барои ҳифз ва пуррагии феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ ва сари вақт ворид намудани тағйирот ба он масъул мебошад.
Моддаи 453. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ1. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ махзани маълумоти мураттабшуда дар бораи объектҳои барои нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда, инчунин ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ ва дар бораи макони ҷойгиршавӣ, хусусияти миқдорӣ ва сифатӣ, низоми назорат ва мониторинги радиатсионии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва шароити нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ мебошад.2. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дар доираи баҳисобгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ таъсис дода шуда, бо мақсади таъмин намудани назорати фаврӣ аз болои ҷойгир ва интиқол ёфтани партовҳои радиоактивӣ, шароити нигоҳдорӣ ва гӯронидани онҳо ва истифодаи иқтидори мавҷуда оид ба нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ пеш бурда мешавад.3. Таъсис ва ташкили пешбурди фаъолияти кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивиро мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ амалӣ менамояд.4. Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дар асоси варақаҳои бақайдгирие, ки аз ҷониби соҳибони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ пур карда мешаванд ва ҳар сол ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ирсол карда мешаванд, бурда мешавад. Барои пур кардани варақаҳои бақайдгирӣ, инчунин иловакунӣ ва навкунии минбаъдаи онҳо маълумоти феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ истифода мешавад. Тағйиру иловаҳо ба варақаҳои бақайдгирӣ мунтазам зимни пайдо шудани маълумоти нав бо нигоҳ доштани маълумоти аввалия ворид карда мешаванд.5. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ оид ба дурустии маълумоти дар варақаи бақайдгирии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ (ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ) зикргардида, риояи талаботи бехатарии радиатсионӣ ва муҳофизати физикӣ дар маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ (ҷойҳои нигоҳдории муваққатии партовҳои радиоактивӣ) санҷишҳо мегузаронад.6. Оид ба масъалаҳои пешбурди фаъолияти кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ҳар сол ҳисобот тартиб медиҳад, ки на дертар аз 28 феврал, пас аз соли ҳисоботӣ ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.7. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ аз кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ маълумотро ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва дигар мақомот тибқи дархост, инчунин ба ташкилотҳои байналмилалӣ ва дигар давлатҳо тибқи шартномаҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.8. Ҳуҷҷатҳои кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ бе муҳлат нигоҳ дошта мешаванд.9. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ оид ба муҳофизат ва пуррагии маълумоти кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ масъул мебошад.
§2. Тартиби муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Моддаи 454. Маҳфузгоҳҳо ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ1. Нигоҳдорӣ ва гӯронидани партовҳои радиоактивӣ танҳо дар ҷойҳои махсуси аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайяншуда ва дар асоси иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ роҳ дода мешавад.2. Дар вақти нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ ҷудо нигоҳ доштани онҳо аз муҳити зист бо маҷмуи монеаҳои табиӣ ва сунъӣ таъмин карда мешавад.3. Бехатарии радиатсионии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ дар шароити муқаррарӣ бо риояи меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ, инчунин бехатарии идоракунии партовҳои радиоактивӣ таъмин карда мешавад.4. Бехатарии радиатсионии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ҳангоми истифодабарии муқаррарӣ, ҳодисаҳои фавқулоддаи табиӣ (заминларза, обхезӣ ва монанди онҳо) ё ҳолатҳои садамавӣ бо чорабиниҳои лоиҳавии илмӣ асосноккардашуда ба назар гирифтани ҳодисаҳо ва ҳолатҳои мазкур, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои бехатарии радиатсионӣ, таъмин карда мешаванд. Масъулият оид ба омода намудани арзёбии бехатарии муомилот бо партовҳои радиоактивӣ дар чаҳорчӯбаи асосноккунии бехатарӣ ба зиммаи соҳиби объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ гузошта мешавад.5. Гӯронидани партовҳои радиоактивии дарозумр танҳо дар намуди сахт, шаклҳои геологии устувор, интиқоли онҳо бо шарти ҳатмии таъмини бехатарӣ аз таркиш, сӯхтор ва ядроӣ, ки безарар гардидани онҳоро дар ҳудуди қитъаи ҷудокардашудаи қаъри замин кафолат медиҳад, амалӣ карда мешавад.6. Гӯронидани партовҳои радиоактивии кӯтоҳумрро дар намуди сахт дар маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии наздик ба сатҳи замин ва рӯйизаминии маҳфузгоҳҳо амалӣ кардан мумкин аст.7. Дар тамоми муҳлати нигоҳдорӣ ё гӯронидани партовҳои радиоактивӣ назорати мунтазами ҳолати онҳо, шароити радиатсионии нигоҳдорӣ ва маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, муҳити зист аз ҷониби соҳиби объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ таъмин карда мешавад.
Моддаи 455. Таъмини муҳофизати физикӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ1. Таъмини муҳофизати физикӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба зиммаи соҳиби объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ гузошта мешавад.2. Сатҳи муҳофизати физикӣ ба сатҳи хатарнокии радиатсионӣ ва хусусияти партовҳо бояд баробарандоза бошад.3. Фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ манъ карда мешавад, агар чорабиниҳо нисбат ба таъмини бехатарии муҳофизати физикӣ андешида нашуда бошанд.4. Тартиби ташкил намудани муҳофизати физикиро ҳангоми муомилот бо партовҳои радиоактивӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.
Моддаи 456. Интиқоли партовҳои радиоактивӣ1. Интиқоли партовҳои радиоактивӣ дар асоси меъёрҳо ва қоидаҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ муайянгардида бо назардошти маълумоти зерин амалӣ карда мешавад:1) тартиби интиқоли онҳо;2) ҳуқуқ ва уҳдадориҳои боринтиқолдиҳанда, боркашон ва қабулкунанда;3) чораҳои бехатарӣ;4) талабот ба борҷома ва воситаҳои нақлиёт;5) чорабиниҳо дар ҳолати рух додани ҳодисаҳои садамаи нақлиётӣ дар вақти интиқоли партовҳои радиоактивӣ;6) пешгирӣ ва чорабиниҳо оид ба бартараф намудани оқибатҳои эҳтимолии садамаҳои радиатсионӣ;7) чорабиниҳои муҳофизати физикӣ.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ дар мувофиқа бо вазорату идораҳои манфиатдор маҷмуи чораҳои ҳатмиро оид ба интиқоли партовҳои радиоактивӣ таҳия менамоянд.3. Шартҳо ва реҷаи интиқоли партовҳои радиоактивӣ бо роҳи ҳавоӣ, оҳан, обӣ ва нақлиёти автомобилӣ бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ ва вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда мешаванд.4. Дар сурати ба амал омадани садамаи радиатсионӣ ҳангоми интиқоли партовҳои радиоактивӣ масъулият оид ба бартарафсозӣ, инчунин ҳифзи кормандон, аҳолӣ, муҳити зист ва маводи арзишнок ба зиммаи интиқолдиҳандаи партовҳо гузошта мешавад, агар тибқи шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 457. Истифодаи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ1. Истифодаи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ тибқи меъёрҳо, коидаҳо ва стандартҳо оид ба бехатарии радиатсионӣ ва талаботи бехатарӣ оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва таъмин намудани мониторинги радиатсионии ҳолати маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ анҷом дода мешавад.2. Назорати ҳолати муҳити зист дар минтақаи ҷойгиршавии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.3. Сари вақт огоҳкунии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба вайронкунии қоидаҳои истифодаи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ба зиммаи роҳбарони корхонаҳои махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ гузошта мешавад.4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ иҷрои чорабиниҳоеро, ки ба истифодаи босамари маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивии амалкунанда равона гардидаанд, таъмин менамоянд.5. Низоми махсус дар ҳудуди маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ, дар минтақаи назоратӣ ва минтақаи муҳофизати санитарӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 458. Консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта1. Консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, дар асоси хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ амалӣ карда мешавад.2. Қатъ намудани қабули партовҳои радиоактивӣ ва ё консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта тибқи лоиҳаи консерватсияи маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта, меъёрҳо, қоидаҳо ва стандартҳои бехатарии радиатсионӣ амалӣ карда мешавад.3. Баъди консерватсияи маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ паст кардани эҳтимолияти дастрасии ғайриқонунӣ ба маҳфузгоҳи консерватсияшуда таъмин карда мешавад. Пас аз солимгардонии минтақаи бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгашта ва андешидани чораҳо оид ба паст кардани эҳтимолияти дастрасии ғайриқонунӣ ба он ё барои амалӣ намудани фаъолияти муайян иҷозат дода мешавад.4. Масъулият оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳое, ки объекти муомилот бо партовҳои радиоактивиро тавсиф мекунанд, нишонаҳои огоҳкунанда, монеаҳо ва ба ин монанд ба зиммаи соҳиби объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ гузошта мешавад.5. Низоми махсус дар ҳудуди маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ, минтақаи назоратӣ ва минтақаи муҳофизати санитарӣ баъди рӯйпӯш намудани онҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим карда мешавад.
Моддаи 459. Тартиби интиқоли партовҳои радиоактивӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба хориҷа ва дар дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон1. Воридот, содирот ва транзити партовҳои радиоактивӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Содироти партовҳои радиоактивӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳудуди давлате, ки ҷониби Конвенсияи муттаҳида оид ба муомилоти бехатар бо сӯзишвории истифодашуда ва муомилоти бехатар бо партовҳои радиоактивӣ нест, манъ аст. Ҳангоми бастани шартнома оид ба интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлате, ки тарафи Конвенсияи муттаҳида оид ба муомилоти бехатар бо сӯзишвории истифодашуда ва муомилоти бехатар бо партовҳои радиоактивӣ нест, талаботи Конвенсияи мазкур ба асос гирифта мешавад.3. Барои гирифтани иҷозатнома ба ҳар як интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ аризадиҳанда баъд аз муайян намудани категорияи партовҳои радиоактивӣ ба мақоми ваколатдори давлатӣ муроҷиат менамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ дархости аризадиҳандаро бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа намуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои қабули қарор пешниҳод менамояд.4. Номгӯйи гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тавассути онҳо интиқоли фаромарзии партовҳои радиоактивӣ иҷозат дода мешавад, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи гумрук дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ, амнияти миллӣ, ҳифзи муҳити зист, нақлиёт, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муайян карда мешаванд.5. Соҳиби партовҳои радиоактивӣ оид ба партовҳои радиоактивии интиқолшуда ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ барои ворид намудани тағйирот ба феҳристи партовҳои радиоактивӣ маълумот пешниҳод менамояд.6. Ҳангоми интиқоли фаромарзии ғайриқонунии партовҳои радиоактивӣ тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи амали содиркунандаи таҳти доираи ҳуқуқи давлати содиркунанда қарордошта ё дар ҳолати чунин интиқол тавассути ҳудуди давлати дигар аз ҷониби содиркунандае, ки таҳти доираи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарордошта рӯй додааст, партовҳои радиоактивӣ ба давлате, ки онҳо аз ҳудуди он бароварда шудаанд, баргардонида мешавад.
Моддаи 460. Намудҳои фаъолияте, ки дар минтақаҳои объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ҷудогардида манъ карда шудаанд1. Қитъаҳои замини маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои дигари барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда, аз гардиши кишоварзӣ бароварда мешаванд. Барои чунин объектҳо минтақаҳои назоратӣ бо масофаи муҳофизати санитарӣ муқаррар карда мешаванд.2. Дар минтақаҳои назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ фаъолиятҳои зерин манъ карда мешаванд:1) истиқомати аҳолӣ;2) ҳамаи намудҳои истифодаи об, ҷангал, замин ва қаъри замин, ба истиснои фаъолиятҳо, ки дар лоиҳаҳои минтақаҳои назоратӣ ва муҳофизати санитарӣ муайян карда шудааст;3) гузаронидани таҳқиқоти илмӣ бе иҷозати махсус;4) бе иҷозати махсус амалӣ намудани фаъолият бо мақсади ба даст овардани маҳсулоти худрӯй, инчунин сохтмони иншооти таъиноти иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ;5) дар асоси натиҷаҳои арзёбии бехатарӣ ҳар гуна фаъолияти дигаре, ки низоми бехатарии радиатсиониро таъмин намекунад.
§3. Тартиби лоиҳакашӣ, ҷойгиркунӣ, сохтмон, азнавсозӣ, ба истифода додан ва аз истифода баровардани объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Моддаи 461. Қабули қарор оид ба гузаронидани корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯйӣ барои ҷойгиркунии объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ1. Қарор оид ба сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро, ки дар минтақаи онҳо сохтмони объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ба нақша гирифта шудааст, оид ба қабули қарори қабулшуда инчунин оид ба корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯйии дар қитъаи замини банақшагирифташуда хабардор менамояд.3. Пешниҳоди корхонаи махсусгардонидашудаи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ вобаста ба ҷудо намудан ва ё истифодаи қитъаи замин дар сурати мавҷуд будани маълумоти зерин баррасӣ карда мешавад:1) маводи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;2) хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ;3) хулосаи мусбии экспертизаи давлатӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ.4. Хулосаи экспертизаҳои мазкур ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки барои бунёди объекти пешбинишуда масъуланд, барои шиносшавӣ дастрас бошанд.5. Агар қитъаи замини барои сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда корношоям эътироф гардад, соҳиби объекти мазкур корҳоро оид ба солимгардонии минтақа ва бартарафсозии ҳамаи оқибатҳои зарари экологӣ, ки дар натиҷаи гузаронидани корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯйӣ ба вуҷуд омадаанд, анҷом диҳад.
Моддаи 462. Тартиби қабул намудани қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳ ё иншоот барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ1. Мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баррасии масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешниҳод ирсол менамояд.2. Ҷиҳати қабули қарор оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:1) тавсифномаи техникии объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда;2) асосноккунии техникӣ-иқтисодии зарурати сохтмони объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда, инчунин на камтар аз се тарзи ҷойгиркунии объекти мазкур дар маҳал;3) арзёбии бехатарӣ;4) таҳлили маълумот нисбат ба бехатарии қитъаи замин, ки дар вақти корҳои лоиҳакашию ҷустуҷӯйӣ ба даст омадаанд;5) тавсифномаи муҳити табиии минтақаи ҷойгиршавии объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда;6) хулосаи баҳодиҳии таъсири ин объектҳо ва маҳфузгоҳҳо ба аҳолӣ ва муҳити зист;7) пешниҳод ва эродҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот.3. Қарор оид ба додани қитъаи замин барои сохтмони маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва объекти барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешавад.
Моддаи 463. Лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода супоридани объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда1. Лоиҳакашии объектҳои барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда дар асоси меъёрҳо, қоидаҳо, стандартҳо ва истифодаи технологияҳое, ки таҷриба, озмоиш ё таҳлили муваффақ ва беҳтарин дорад, иҷро карда мешавад.2. Лоиҳаи маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ бояд ду марҳилаи арзёбии бехатарии объекти муомилот бо партовҳои радиоактивиро дар бар гирад:1) ҳангоми истифодаи маҳфузгоҳ;2) баъди рӯйпӯш намудани маҳфузгоҳ.3. Сохтмони маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ ва объектҳои дигари барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ пешбинишуда дар асоси лоиҳаҳои аз экспертизаи давлатии экологӣ гузашташуда, меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои сохтмон, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ дода шудааст, амалӣ мегардад.4. Ба истифода додан ва аз истифода баровардани объекти муомилот бо партовҳои радиоактивӣ бо дарназардошти меъёрҳои Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.
§4. Кафолатҳои иҷтимоии давлатӣ барои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ
Моддаи 464. Кафолатҳои иҷтимоӣ барои шаҳрвандоне, ки дар минтақаи ҷойгиршавии объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунанд1. Ба шаҳрвандоне, ки дар минтақаи объектҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунанд, ҳуқуқи ҷуброн кардани хисороти расонидаи объектҳои мазкур кафолат дода мешавад.2. Шахсони воқеӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бехатарии радиоактивӣ ҳуқуқ доранд. Ин ҳуқуқ тавассути гузаронидани маҷмуи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии таъсири манфии аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд ба организми инсон, иҷрои қоидаҳо, меъёрҳо ва талабот оид ба таъмини бехатарии радиоактивӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки муомилот бо партовҳои радиоактивиро анҷом медиҳанд, таъмин карда мешавад.3. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба гирифтани маълумоти воқеӣ дар бораи вазъи бехатарии радиоактивӣ ва тадбирҳо оид ба таъмини бехатарии радиоактивӣ андешидашуда аз тарафи ташкилоте, ки фаъолияташ бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманд аст, ҳуқуқ доранд.
Моддаи 465. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки бо партовҳои радиоактивӣ кор мекунанд1. Ҳифзи иҷтимоии кормандоне, ки фаъолияти онҳо бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманд аст, бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) суғуртаи ҳатмии тиббӣ;2) имтиёзҳо вобаста ба муайянкунии синну соли нафақа, рӯзи корӣ, иловапулӣ ба маош.2. Суғуртаи ҳатмии тиббӣ аз ҳисоби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки бо муомилот бо партовҳои радиоактивӣ машғуланд, амалӣ карда мешавад.
БОБИ 29. ДИГАР НАМУДИ ПАРТОВҲО
Моддаи 466. Партовҳои тиббӣПартовҳои тиббӣ партовҳое мебошанд, ки дар натиҷаи фаъолияти муассисаҳои тиббӣ (беморхонаҳо, марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо, диспансерҳо, марказҳои ёрии таъҷилии тиббӣ, марказҳои хунгузаронӣ, беморхонаҳои нигоҳубини дарозмуддат, донишкада, донишгоҳҳо ва коллеҷҳо, инчунин муассисаҳои таълимӣ, клиникаҳои байторӣ, дорухонаҳо, саноати дорусозӣ, иншоотҳои фароғатӣ, муассисаҳои санитарӣ-пешгирикунанда, муассисаҳои судӣ - экспертизаи тиббӣ, озмоишгоҳҳои тиббӣ) ва дигар ташкилотҳое, ки бо фаъолияти тиббӣ машғуланд, ба вуҷуд омада, барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар доранд.
Моддаи 467. Гурӯҳбандии (таснифи) партовҳои тиббӣПартовҳои тиббӣ ба гурӯҳҳои зерин тасниф карда мешаванд:1) гурӯҳи А: партовҳои умумии бехатар;2) гурӯҳи Б: партовҳои сироятпазир, партовҳои нештез ва партовҳои ташреҳӣ (паталогӣ);3) гурӯҳи В: партовҳои сироятпазириашон баланд;4) гурӯҳи Г: партовҳои фармасевтӣ ва кимиёвӣ;5) гурӯҳи Д: партовҳои радиоактивӣ.
Моддаи 468. Муомилот бо партовҳои тиббӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти онҳо ба муомилот бо партовҳои тиббӣ алоқамандӣ дорад, вазифадоранд, ки талаботи меъёр ва қоидаҳои санитарӣ оид ба ҷамъоварӣ, безараргардонӣ, интиқол, нигоҳдорӣ ва нобудсозии партовҳоро риоя намоянд.2. Партовҳое, ки дубора истифода бурда намешаванд, бо истифода аз имкониятҳои бартаридошта, аз қабили нобудсозӣ ё гӯронидан дар замин бояд коркард карда шаванд, то ин ки таъсири он ба саломатии одамон ва муҳити зист паст гардад. Партовҳои дар муассисаҳои тиббӣ ҳосилшаванда ба партовҳои хатарнок дохил мешавад ва онҳо хусусиятҳои истеъмолӣ надошта, истифодаи онҳо барои истеҳсолот ва дигар хизматрасониҳо манъ аст.3. Низоми идоракунии партовҳои тиббӣ марҳилаҳои зеринро дар бар мегиранд:1) ҷудокунӣ ва ҷамъоварии партовҳо дар дохили муассисаҳое, ки ба фаъолияти тиббӣ ё фармасевтӣ машғуланд;2) коркард ва безарагардонии партовҳо дар ҳудуди иншоот ва ё муассисаи тиббӣ;3) интиқоли партовҳо дар ҳудуди иншоот ва ё муассисаи тиббӣ;4) нигоҳдории партовҳо дар ҳудуди иншоот ва ё муассисаи тиббӣ;5) нобудсозӣ ва гӯронидани партовҳо дар ҳудуди иншоот ва ё муассисаи тиббӣ;6) коркарди умумии партовҳо.4. Талаботҳои экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои тиббӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 469. Партовҳои электронӣ ва электротехникӣ1. Партовҳои электронӣ ва электротехникӣ партовҳое мебошанд, ки дар натиҷаи истеҳсол, истифода ва партофтани таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ, аз қабили воситаҳои нақлиёт, компютерҳо, телефонҳои мобилӣ, техникаи маишӣ ва дигар дастгоҳҳои дорои маводи арзишманд ва хатарнок ба вуҷуд омада, барои саломатии инсон ва муҳити зист хатар доранд.2. Таҷҳизоти электронӣ ва электротехникӣ маҳсулоти таъиноти саноатӣ ва (ё) маишӣ, ки дар он ҷараёни барқ ё майдонҳои электромагнитӣ истифода мешаванд, инчунин таҷҳизот барои тавлид, интиқол ва ченкунии чунин ҷараёнҳо ва майдонҳо, ки маҷмуи мутақобилан амалкунанда ва якдигарро пурракунандаи механизмҳо, мошинҳо, воситаҳо ва дастгоҳҳое, ки дар нақшаи ягонаи технологӣ, аз ҷумла, нақшаҳои дастгоҳҳо ва ҷузъҳои электронӣ иштирок мекунанд.3. Талаботҳои экологӣ ҳангоми муомилот бо партовҳои электронӣ ва электротехникӣ тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт муқаррар карда мешаванд.
БОБИ 30. ҲИФЗИ ҲАВОИ АТМОСФЕРА
Моддаи 470. Мақсад ва вазифаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера1. Мақсади ҳифзи ҳавои атмосфера танзими фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аст, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд буда, ифлосшавии ҳавои атмосфера бо роҳи коҳиш додан ва (ё) пешгири намудани партовҳо танзим карда мешавад.2. Вазифаҳои ҳифзи ҳавои атмосфера аз инҳо иборат аст:1) нигоҳдорӣ, беҳтарсозӣ ва барқарорсозии ҳолати ҳавои атмосфера;2) пешгирӣ ва паст намудани дараҷаи таъсири манфии кимиёвӣ, физикӣ, биологӣ ва дигар таъсиррасонӣ ба ҳавои атмосфера;3) таъмини қонуният оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;4) таъмини амнияти экологӣ.
Моддаи 471. Объектҳо ва субъектҳои ҳифзи ҳавои атмосфера1. Объектҳои ҳифзи ҳавои атмосфера аз инҳо иборат мебошанд:1) партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;2) манбаъҳои доимии (статсионарии) партови моддаҳои ифлоскунанд ба ҳавои атмосфера;3) манбаъҳои сайёри партови моддаҳои ифлоскунанд ба ҳавои атмосфера;4) манбаъҳои таъсири зараровари физикӣ;5) меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера;6) меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;7) меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера.2. Субъектҳои ҳифзи ҳавои атмосфера инҳо мебошанд:1) мақоми ваколатдори давлатӣ (шахсони мансабдор), ки танзим ва идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфераро ба зимма доранд;2) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки манбаъҳои доимӣ ва сайёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераро истифода мебаранд.
Моддаи 472. Таснифи манбаъҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера1. Манбаъҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаи доимӣ (статсионарӣ) ва сайёр иборат мебошанд.2. Манбаъҳои доимии (статсионарии) партови моддаҳои ифлоскунанда аз манбаъҳои доимии (статсионарии) муташаккил ва манбаъҳои доимии (статсионарии) номуташаккил иборат мебошанд.3. Манбаъҳои доимии (статсионарии) муташаккил партови моддаҳои ифлоскунандаи манбаъҳое мебошад, ки бо дастгоҳҳои коҳишдиҳанда ё безараргардонии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.4. Манбаъҳои доимии (статсионарии) номуташаккили партови моддаҳои ифлоскунандаи манбаъҳое мебошанд, ки бо дастгоҳҳои коҳишдиҳанда ё безараргардонии моддаҳои ифлоскунандаи ба ҳавои атмосфера муҷаҳҳаз гардонида нашудаанд.5. Манбаъҳои сайёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз инҳо иборат мебошанд:1) воситаҳои нақлиёти механикӣ (ба истиснои воситаҳои нақлиёти барқӣ);2) воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан (ба истиснои воситаҳои нақлиёти барқӣ);3) ҳавопаймоҳо;4) нақлиёти обӣ;5) мошинҳои худгард.4. Воситаҳои нақлиёти механикӣ ба дараҷаҳои экологӣ ва моддаҳои ифлоскунанда ба дараҷаҳои хатарнок ҷудо мешаванд.5. Рамзи тахассусие, ки вобаста ба таркиби миқдорӣ ва сифатии партови моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ба воситаи нақлиёти механикӣ хос аст, таснифи экологии воситаҳои нақлиёти механикӣ мебошад. Таснифи экологии воситаҳои нақлиёти механикӣ ва дараҷаҳои хатарнокии моддаҳои ифлоскунанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 473. Баҳисобгирии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера1. Баҳисобгирии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз тарафи субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои ғайрисайёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, алоқаманданд, бо роҳи дар ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ бо далел инъикос намудани иттилооти экологӣ оид ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ифлосшавии ҳавои атмосфера ва тадбирҳо барои ҳифзи он бо тартиби муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Баҳисобгирии давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ба инҳо дахл доранд:1) субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст;2) манбаъҳои доимии (статсионарии) партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;3) партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.3. Баҳисобгирии давлатиро мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
Моддаи 474. Барӯйхатгирии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера1. Субъектҳое, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, уҳдадоранд партови моддаҳои ифлоскунандаро ба ҳавои атмосфера ба рӯйхат гиранд.2. Тартиби барӯйхатгирии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 475. Мониторинги ҳавои атмосфера1. Мониторинги ҳавои атмосфера низоми мушоҳидаи вазъи ҳавои атмосфера, инчунин арзёбӣ ва пешгӯии равандҳои асосии тағйироти сифати ҳавои атмосфера бо мақсади саривақт муайян кардани таъсиррасонии номатлуби омилҳои табиӣ ва антропогенӣ мебошад.2. Мониторинги ҳавои атмосфера қисми таркибии низоми ягонаи мониторинги давлатии экологӣ мебошад ва мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 476. Пардохт барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера1. Барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликияташон, ки фаъолияти хоҷагидориро амалӣ менамоянд ва манбаъҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера доранд, пардохт ситонида мешавад.2. Пардохтҳо барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз инҳо иборатанд:1) пардохт барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳудуди меъёрҳои муқарраргардида ё партовҳои муваққатан мувофиқашуда;2) пардохт барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд;3) пардохт барои партовҳои садамавӣ ба ҳавои атмосфера.3. Андозаи пардохтҳо барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, тартиби муайянкунӣ ва ситонидани онҳо бо назардошти дараҷаи хатарнокии моддаҳои ифлоскунандаи таркиби онҳо барои саломатии инсон ва муҳити зист аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 477. Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера1. Ҳавасмандгардонии иқтисодӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера барои таъмини мақсадҳои зерин амалӣ карда мешавад:1) сохтмон, насб ё таҷдиди дастгоҳҳои газтозакунӣ;2) созмони низомҳои худкор назорат аз рӯйи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;3) фаъолияти инноватсионӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла, татбиқ ва истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва (ё) технологияҳои сарфакунандаи захира, усулҳои беҳтарини дастраси техникӣ;4) истифодаи энергияи офтоб, шамол, обҳои термалӣ, ҳаракати табиии ҷараёни об, сӯзишворӣ аз чӯб ва дигар намудҳои биомасса, гази биологӣ ва манбаъҳои дигари энергия, ки ба ҳавои атмосфера таъсири кам доранд;5) татбиқи дигар тадбирҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера.2. Тартиб ва шартҳои ҷорӣ кардани ҳавасмандгардонии иқтисодӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
§1. Бамеъёрдарории ҳифзи ҳавои атмосфера
Моддаи 478. Меъёрҳои ҳифзи ҳавои атмосфера1. Меъёрҳои ҳифзи ҳавои атмосфера иборатанд аз:1) меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера;2) меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;3) меъёрҳои ниҳоии ҳадди имконпазирии таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера;4) меъёрҳои консентратсияи аз ҷиҳати экологӣ бехатари моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, минтақаҳои рекреатсионӣ, объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва мамнуъгоҳҳои биосферӣ.2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дигар намудҳои меъёрҳо оид ба ҳавои атмосфераро муқаррар намояд.
Моддаи 479. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера1. Бамеъёрдарории сифати ҳавои атмосфера бо мақсади муқаррар намудани меъёри ҳадди ҷоизи таъсир ба ҳавои атмосфера, ки бехатарии экологии аҳолӣ ва муҳити зисти табииро дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият таъмин мекунад, амалӣ карда мешавад.2. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера иборатанд аз:1) меъёрҳои ҳадди ҷоизи ғилзати моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва дараҷаҳои тахминии таъсири бехатари моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераи маҳалҳои аҳолинишин ва истироҳатгоҳҳои умумии аҳолӣ;2) меъёрҳои ғилзати бехатари экологии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфераи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва объектҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда, инчунин ҳудудҳои табиие, ки ба ҳифзи махсус зарурат доранд.3. Меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологии аҳолӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 480. Меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера1. Меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера инҳоянд:1) меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;2) меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;3) меъёрҳои моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.2. Ба меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера инҳо дохил мешаванд:1) меъёрҳои технологии соҳавии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;2) меъёрҳои ҳадди технологии инфиродии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.3. Меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера барои манбаъҳои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз рӯйи усулҳои беҳтарини дастраси техникӣ ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.4. Меъёрҳои технологии соҳавии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.5. Меъёрҳои технологии инфиродии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз ҷониби субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, таҳия ва тасдиқ карда мешаванд.6. Меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера барои манбаъҳои доимии (статсионарии) партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки ба субъектҳои хоҷагидори фаъолияташ бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд дода шудааст, муқаррар карда мешаванд.7. Дар ҳолати имконнопазир будани риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партов аз тарафи субъектҳои хоҷагидор, мақоми ваколатдори давлатӣ барои чунин субъектҳо метавонад, меъёрҳои муваққатии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераро муқаррар намояд.8. Меъёрҳои партови моддаҳои ифлоскунанда дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар санадҳои меъёрии техникӣ муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 481. Меъёрҳои ниҳоии ҳадди имконпазири таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера1. Бо мақсади танзими давлатии таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера меъёрҳои ҳадди ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера муқаррар карда мешаванд.2. Меъёрҳои ниҳоии ҳадди имконпазири ҷоизи таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешаванд.
§2. Талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера
Моддаи 482. Уҳдадориҳои шаҳрвандон ва субъектҳои фаъолияти хоҷагидориашон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд1. Шахсоне, ки аз воситаҳои нақлиёти механикӣ истифода мебаранд, уҳдадоранд меъёрҳои моддаҳои ифлоскунандаро дар таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера мансуб ба онҳо риоя намоянд.2. Субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, уҳдадоранд:1) тадбирҳоеро таҳия ва амалӣ созанд, ки ифлосшавии ҳавои атмосфераро пешгирӣ намоянд;2) дар сурати имконнопазир будани таъмини риояи меъёрҳои ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва (ё) меъёрҳои технологии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера бо назардошти истифодаи беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ манбаъҳои доимии (статсионарии) партови номуташаккилро бо дастгоҳҳои газтозакунӣ муҷаҳҳаз гардонанд;3) манбаъҳои номуташакилро то ҳадди имкон муташакил намуда, мунтазам таҷҳизотҳои ҳавотозакуниҳоро таъмир намоянд ва дар ҳолати ноил нашудан ба самаранокии лозимӣ қисмҳои корношоям ва ё таҷҳизотҳоро пурра иваз намоянд;4) ба зиёдшавии меъёрҳои муқарраргардидаи ҳифзи ҳавои атмосфера роҳ надиҳанд, дар ҳолати зиёдшавии ин меъёрҳо барои рафъи сабабу оқибати партовҳои аз меъёр зиёди моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера тадбирҳо андешанд;5) ҳангоми имконнопазир будани риояи меъёрҳои ҳифзи ҳавои атмосфера истифодаи манбаъҳои партови моддаҳои ифлоскунандаро то рафъи камбудиҳои ошкоршуда боздоранд ё пурра қатъ намоянд;6) оид ба кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологӣ ва таъмини иҷрои онҳо чораҳо андешанд;7) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилооти экологӣ пешниҳод намоянд;8) такмили ихтисос, бозомӯзӣ, дастурдиҳӣ, санҷиши дониши кормандонеро, ки ба ҳифзи ҳавои атмосфера машғуланд, таъмин намоянд;9) ҳамасола мониторинги баҳисобгирии миқдор ва таркиби моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераро тавассути ченкуниҳои инструменталӣ гузаронанд;10) меъёрҳои муқарраршудаи ниҳоии ҳадди имконпазири таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфераро риоя намоянд;11) барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера иҷозат гиранд ва шартҳои онро қатъиян риоя намоянд;12) маблағи пардохт барои партофтани моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфераро сари вақт супоранд;13) ҷиҳати ташхиси воситаҳои нақлиёт ва дар худи корхона ба таври доимӣ назорати соҳавиро анҷом диҳанд;14) дигари уҳдадориҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардидаро иҷро намоянд.
Моддаи 483. Талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгиркунӣ, сохтмон ва таҷдиди объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият1. Лоиҳаи объекти фаъолияти хоҷагидорӣ, ки фаъолияти он бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд мебошад, бо назардошти талаботи зерин тарҳсозӣ карда мешавад:1) иттилоот оид ба беҳтарин усулҳои дастраси техникӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқарраргардида пешниҳод карда мешавад;2) меъёрҳо оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера;3) меъёрҳои ниҳоии ҳадди имконпазири моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера;4) нишондиҳандаҳо оид ба камкунии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки дар барномаҳои давлатӣ, соҳавӣ ва маҳаллии ҳифзи ҳавои атмосфера пешбинӣ шудаанд.2. Лоиҳакашӣ, ҷойгиркунӣ ва сохтмони объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки истифодаашон метавонад ба сифати ҳавои атмосфера, тағйирёбии иқлим ва қабати озон таъсири номусоид расонад, ба саломатӣ ва ҳаёти инсон, инчунин муҳити зистро зери хатар гузорад, манъ карда мешаванд.3. Дар атрофи объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ, ки бо партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд мебошанд, минтақаи санитарию муҳофизатӣ муқаррар карда мешавад. Андоза ва ҳудуди чунин минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ дар асоси ҳисоби паҳншавии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера бо назардошти ғилзати заминаи моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера ва оне, ки берун аз ҳудуди ин минтақаҳо миқдори моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз меъёрҳои сифати ҳавои атмосфера зиёд нестанд, муайян карда мешаванд.4. Ба истифода додани объектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла, талаботи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ ҷавобгӯ нест, манъ мебошад.
Моддаи 484. Талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии (статсионарии) партов1. Нисбати манбаъҳои муташаккили доимии (статсионарии) партови моддаҳои ифлоскунанда талаботи зерин муқаррар карда мешавад:1) муҷаҳҳаз гардонидани нуқтаҳои намунагирӣ ва гузаронидани санҷиши партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера мувофиқи талаботи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ ва ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ;2) дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии техникии риояашон ҳатмӣ муҷаҳҳаз гардонидан бо низомҳои худкори назорати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера.2. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои доимии (статсионарии) партов танҳо ҳангоми доштани иҷозат барои партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки мувофиқи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера ва шартҳои дар чунин иҷозат муқарраргардида имконпазир мебошад.
Моддаи 485. Талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов1. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера бояд дар ҳолатҳои зерин таҳти санҷиши субъектҳои хоҷагидоре қарор гиранд, ки истеҳсол, истифода, хизматрасонии техникӣ ва таъмири манбаъҳои сайёри партовро бо истифодаи усулҳои инструменталӣ доир ба мувофиқати мавҷудияти воқеияти моддаҳои ифлоскунанда ба меъёрҳои мавҷудияти моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои манбаъҳои сайёри партов ба уҳда доранд:1) ҳангоми истеҳсоли манбаъҳои сайёри партовҳо;2) ҳангоми додани иҷозат ба воситаҳои механикии нақлиёт барои ҳаракат дар роҳҳо;3) баъди хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҷузъҳо ва агрегатҳои манбаъҳои сайёри партове, ки ба партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера таъсир мерасонанд.2. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера аз манбаъҳои сайёри партов аз меъёрҳои моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои коркардшудаи манбаъҳои сайёри партовҳо, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда шудааст, набояд зиёд бошанд.3. Ба истифодаи манбаъҳои сайёри партове, ки моддаҳои ифлоскунандаи таркиби газҳои коркардшудаи онҳо аз меъёрҳои барои онҳо муқарраргардида зиёданд, иҷозат дода намешавад.
Моддаи 486. Талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми сӯзонидани сӯзишворӣ, моддаҳо, омехтаи моддаҳо, маводу партовҳо1. Сӯзонидани сӯзишворӣ, моддаҳои карбогидратдор, омехтаи моддаҳо, маводу партовҳо (минбаъд дар ҳамин модда - моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда) дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода мешавад:1) мутобиқати сӯзишворӣ, моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда ба санадҳои меъёрию техникии риояашон ҳатмӣ;2) мутобиқати таҷҳизоти технологӣ ва дигар таҷҳизоте, ки барои сӯзонидани намуди муайяни сӯзишворӣ, моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда таъингардида ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера, ҳифзи муҳити зист ва партовҳо.2. Сӯзонидани сӯзишворӣ ва моддаҳои ҳамчун сӯзишворӣ истифодашаванда дар ҷойҳо ва (ё) дастгоҳҳои барои сӯзонидани сӯзишворӣ пешбининашуда манъ аст.3. Сӯзонидани моддаҳо ва омехтаи моддаҳо, маводу партове, ки сӯзишворӣ ба ҳисоб намераванд манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки мавод бо истифодаи дастгоҳҳои махсус ва риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист сӯзонида мешавад.
Моддаи 487. Талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми пеш омадани шароити номусоиди метеорологӣ1. Партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар ҳолате танзим карда мешавад, ки шароити номусоиди метеорологӣ пеш ояд ва тибқи маълумоти нуқтаҳои мушоҳидавии мониторинги ҳавои атмосфера ғилзати баландтарини моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера аз меъёри сифати ҳавои атмосфера зиёд бошад.2. Тадбирҳо оид ба кам кардани партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дар давраи шароити номусоиди метеорологӣ дар шартҳои иҷозати партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера дохил мешаванд.3. Ҳангоми тағйирёбии вазъи ҳавои атмосфера, ки сабаби рӯй доданаш партови садамавии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосфера мебошад ва хатари он ба ҳаёт ва саломатии инсон таҳдид менамояд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.
Моддаи 488. Талабот оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера ҳангоми таъсири зараровари физикӣ ба атмосфера1. Ҳама гуна таъсири зараровари физикӣ ба ҳавои атмосфера дар сурати риоя кардани меъёрҳои ҳадди ҷоиз дар мавриде, ки барои он мақоми ваколатдори давлатӣ иҷозат дода бошад, ҳамчунин дар сурати риоя кардани дигар талаботи пешбининамудаи ин ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ имконпазир аст.2. Ҳангоми риоя накардани талаботи мазкур фаъолияти дахлдори корхонаҳои саноатӣ, муассисаҳо, консернҳо, ширкату ассотсиатсияҳо, иттиҳодияву кооперативҳо, корхонаҳои хурд, коргоҳҳо ва дастгоҳҳои дигар ташкилотҳоро бо қарори мақоме, ки назорати давлатии ҳифзи ҳавои атмосфераро ба зимма дорад, то вақти бартараф кардани сабабу шароити ин қонуншиканӣ боздоштан, маҳдуд ё манъ кардан мумкин аст.3. Барои мубориза бо садоҳои истеҳсолот ва дигар садоҳо бояд корҳои зайл ба анҷом расонида шаванд:1) равандҳои технологии пастсадо татбиқ карда шаванд;2) конструкcияи воситаҳои нақлиёт ва истифодаи онҳо, инчунин нигоҳубини роҳҳои оҳан ва автомобилгард, кӯчаҳо, ҷойгиронии фурудгоҳҳо, иншооту таҷҳизоти саноатӣ ва дигар иншооту таҷҳизоте, ки манбаи садо мебошанд, беҳтар карда, аз маҳалҳои аҳолинишин ва ноҳияҳои сераҳолӣ дар масофаи зарурӣ ҷойгир карда шаванд;3) банақшагирӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин беҳтар карда шаванд;4) оид ба пешгирӣ ва кам кардани садоҳои маишӣ тадбирҳои ташкилӣ андешида шаванд.4. Шаҳрвандон вазифадоранд, ки талаботи мубориза бурдан бо садоҳои маишӣ дар манзили истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҷойҳои истироҳат ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ муқарраршударо риоя намоянд.5. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирӣ кардани таъсири зараровари садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ, афканишот ва дигар манбаъҳо ба муҳити зист ва саломатии инсон тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Моддаи 489. Ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин1. Ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин аз таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар намуди фаъолият бо роҳҳои зайл таъмин карда мешавад:1) риояи меъёрҳои ҳадди ҷоизи партови моддаҳои ифлоскунандае, ки ба тағйирёбии иқлим ва қабати озони Замин таъсир мерасонанд;2) коҳиш додани партови моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво, ки боиси гармшавии иқлим мегарданд ва кам кардани истифодаи моддаҳое, ки қабати озонро вайрон мекунанд;3) татбиқи чораҳои ҷавобагӣ барои риоя накардани талаботи мазкур;4) иҷро кардани талаботи созишномаҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва дигар тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист.2. Ҳифзи иқлим ва қабати озони Замин бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 490. Иҷозат барои партови моддаҳои зараровар ба атмосфераИҷозат барои партови моддаҳои зараровар ба атмосфера дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешавад.
Моддаи 491. Ифлосшавии фаромарзии ҳавои атмосфераМуносибатҳо оид ба ифлосшавии ҳавои атмосфераи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз манбаъҳои ифлоскунанда, ки дар ҳудуди давлати ҳамсоя ҷойгир мебошанд, инчунин чораҳо барои пешгирӣ ва кам кардани чунин ифлосшавӣ, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ё дар асоси созишномаҳои байнидавлатӣ ҳаллу фасл карда мешаванд.
Моддаи 492. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера1. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера бо мақсади риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера, аз ҷумла, риояи ҳатмии санадҳои меъёрии техникӣ амалӣ карда мешавад.2. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера қисми таркибии назорати соҳаи ҳифзи муҳити зист мебошад ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалӣ карда мешавад.3. Назорати давлатии санитариро оид ба ҳифзи ҳавои атмосфера мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ташкилотҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти ҳолати санитарию эпидемиологӣ ваколатдор мебошанд, амалӣ менамоянд.
БОБИ 31. ҲИФЗИ ҚАБАТИ ОЗОН
§1. Самтҳои асосии фаъолият оид ба ҳифзи қабати озон
Моддаи 493. Вазифаҳои танзими давлатии фаъолият оид ба ҳифзи қабати озонВазифаҳои танзими давлатии фаъолият оид ба ҳифзи қабати озон аз инҳо иборат аст:1) танзими истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;2) танзими муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон.2. Вазифаҳои асосии танзими давлатии фаъолият оид ба ҳифзи қабати озон инҳоянд:1) муқаррар намудани квотаи истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон тибқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;2) ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;3) муқаррар намудани талабот барои ворид намудани маҳдудият ва манъ кардани муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;4) таъмини назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи қабати озон аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;5) амалӣ намудани танзими фаъолияти мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи қабати озон.
Моддаи 494. Танзими истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонТанзими истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ тавассути воситаҳои зерин амалӣ карда мешаванд:1) муқаррар намудани квотаҳо барои истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон;2) додани иҷозат барои воридот ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дигар давлатҳо содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои чунин моддаҳо.
Моддаи 495. Танзими муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон1. Муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон амалиётҳои зеринро дар бар мегирад:1) истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар истеҳсолот, ҳангоми хизматрасонии техникӣ ё таъмир;2) ҳамлу нақли моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;3) нигоҳдории моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;4) коркарди аввалияи (рекуператсияи) моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;5) аз нав барқароркунии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;6) нобудсозӣ (утилизатсия)-и моддаҳои вайронкунандаи қабати озон.2. Танзими муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо роҳи додани иҷозатнома барои истеҳсоли кор бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, таъмир, насб, хизматрасонии таҷҳизоти дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, коркарди аввалия (рекуператсия), аз нав барқароркунӣ, нобудсозӣ (утилизатсия)-и моддаҳои вайронкунандаи қабати озон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 496. Тартиби муқаррар намудани квотаҳои умумии воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон1. Ҳиссаҳои умумӣ барои воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешавад.2. Ҳиссаҳои умумӣ барои воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон бо назардошти миқдори муқарраршуда тибқи шартномаҳои байналмилалӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, муқаррар карда мешаванд.3. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ квотаҳои умумии воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро барои як сол муқаррар менамояд.
Моддаи 497. Тартиби муқаррар намудани квотаҳои инфиродии воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон1. Ҳангоми пешниҳоди дархост барои воридоти зиёда аз як моддаи вайронкунандаи қабати озон, ҳаҷми иҷозатдодашудаи онҳо аз рӯйи як квотаи инфиродӣ барои моддаҳои алоҳида муқаррар карда мешавад.2. Иҷозат барои воридот аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ба дархостдиҳанда дар асоси квотаҳои инфиродӣ барои воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон муқарраршуда дода мешавад.3. Дархостдиҳанда ҳуқуқ дорад дар давоми сол моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт ё қисман ба миқдори на бештар аз квотаҳои инфиродии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ бо огоҳии хаттии мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи ҳар як давраи воридот ва миқдори моддаҳои воридшаванда воридот намояд. Дар мавриди огоҳ накардан ва ё бе иҷозат ворид кардан, воридкунанда тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.4. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки барои воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон квотаҳои инфиродӣ гирифтаанд, то 25 феврали соли оянда ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи истифодаи квотаҳои инфиродӣ барои воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ҳисоботи солона пешниҳод менамоянд.5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар давоми як рӯзи кории баъди қабули қарор дар бораи додани иҷозат барои воридот дар ин бора ба таври дахлдор ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ хабар медиҳад. Дархостдиҳанда бояд аз оқибатҳои пешбининамудаи моддаи мазкур тавассути огоҳинома хабардор карда шавад.6. Дархостдиҳанда уҳдадор аст боҷи давлатиро, ки қонун муқаррар кардааст, дар муҳлати на дертар аз панҷ рӯзи корӣ пас аз ба таври дахлдор хабардор кардани ӯ дар бораи тасдиқи дархост барои гирифтани иҷозат пардохт намояд.
Моддаи 498. Талабот оид ба ҳифзи қабати озон ҳангоми банақшагирии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, ки бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо алоқаманд мебошанд1. Ҳангоми банақшагирии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, ки бо моддаҳои вайронкунадаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо алоқаманд мебошанд, талаботи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои қонунгузорӣ оид ба ҳифзи қабати озон, аз ҷумла, талаботи ҳатмии санадҳои меъёрии ҳуқуқии техникӣ, инчунин, талаботи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст ва маълумот дар бораи беҳтарин усулҳои техникии дастрас ба назар гирифта мешаванд.2. Лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳо, ҷорӣ намудани таҷҳизот ва асбобҳои техникие, ки истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳоро дар бар мегиранд, ба истиснои гидрофторкарбонҳо манъ аст.3. Ҳангоми банақшагирии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, ки бо моддаҳои вайронкунадаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо алоқаманд мебошанд, дар сурати мавҷуд набудани дигар имконият ба гидрофторкарбонҳо бояд гидрофторкарбонҳои дорои иқтидори пасттарини гармшавии глобалӣ истифода шаванд.4. Лоиҳакашӣ ва сохтмони объектҳои хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар, ки моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳоро истеҳсол мекунанд, манъ аст.
Моддаи 499. Воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо1. Иҷозатномадиҳии фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, коркарди дубора ва нобудсозии (утилизатсияи) моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок, инчунин фаъолият вобаста ба насб, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот, ки бо истифода аз моддаҳои зикршуда дар шакли хунуккунандаҳо, кафккунандаҳо ва пропиленҳо кор мекунанд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.2. Воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо танҳо дар сурате иҷозат дода мешавад, ки шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва (ё) маҳсулоти дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ дода мешавад, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми панҷуми ҳамин модда дошта бошанд.3. Воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқарраршуда амалӣ карда мешавад.4. Барои воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо ба давлатҳое, ки иштирокчиёни Протоколи Монреал нестанд ва аз он хориҷ шудаанд, додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ манъ аст.5. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ё маҳсулоти дорои чунин моддаҳо, ки ба Номгӯи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ мебошанд, талаб карда намешавад, агар чунин маҳсулот молу мулки шахсии воридкардаи шаҳрвандон бошад ва миқдори он аз меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд набошад.
Моддаи 500. Фаъолият бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озонҲангоми кор бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон фаъолияти зерин манъ аст:1) воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо бе иҷозатнома, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дода шудааст;2) муомилоти ғайриқонунӣ бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки ба Рӯйхати моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дохил карда шудаанд ва истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ аст;3) ихроҷи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба атмосфера;4) лоиҳакашӣ, таҷдид, азнавтаҷҳизонидани техникӣ, васеъ кардан, сохтмони нави иншоотҳо бо истифода аз технологияҳо, таҷҳизот, моддаҳо ва маводҳое, ки коркарди моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро пешбинӣ мекунанд ва дар Рӯйхати моддаҳои вайронкунандаи қабати озони истифодаашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ аст, пешбинӣ мегардад.
Моддаи 501. Уҳдадориҳои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон уҳдадоранд:1) талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон риоя намоянд;2) тибқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва тадбирҳои ҳифзи қабати озон истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро кам намуда, барои пурра қатъ намудани истифодаи онҳо чораҳои зарурӣ андешанд;3) оид ба сари вақт ҷамъ кардани партовҳои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва нигоҳ доштани онҳо бо мақсади аз нав кор кардан ё нобуд кардан тадбирҳо таҳия карда, ба амал бароранд;4) бо талаби шахсони мансабдори ваколатдори мақомоти давлатӣ барои назорати моддаҳои мавҷудаи вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо чораҳо андешида, инчунин ҳуҷҷатҳоро оид ба муомилоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон пешниҳод намоянд;5) аз ҳаҷми муқарраршуда истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро зиёд накунанд;6) дар асоси шартномаҳои маданӣ-ҳуқуқӣ барқарор намудан, коркарди такрорӣ (ресиркулятсия) ва безараргардонии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ё интиқол додани моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки барқароркунӣ, коркарди такрорӣ (ресиркулятсия) ва безараргардонии моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро анҷом медиҳанд, таъмин намоянд;7) муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро бо истифода аз зарфҳои такроран истифодашаванда, ба истиснои зарфҳои ҳаҷмашон камтар аз се литр барои истифодаи лабораторӣ ва таҳлилӣ, ки шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, ба амал бароранд;8) ба ҳисоб гирифтани истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро ба роҳ монда, оид ба муомилоти онҳо ҳисобот диҳанд;9) барӯйхатгирӣ ва ҳисоби истифода ва муомилоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро тибқи қоидаҳои барӯйхатгирии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва қоидаҳои ҳисоби истифода ва муомилоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон амалӣ намоянд;10) барои тайёрии касбӣ, бозомӯзӣ, таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон оид ба масъалаҳои муомилоти бехатар бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон роҳнамоиро таъмин намоянд ва тадбирҳои зарурӣ андешанд;11) уҳдадориҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намоянд.2. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки воридкунанда, содиркунанда ва истеҳсолкунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои чунин моддаҳо мебошанд, уҳдадоранд:1) дар борпечи маҳсулот навиштаҷоти «Ба қабати озон зараровар» гузошта, бо чунин навиштаҷот банду баст, ки дар он моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои чунин моддаҳо нигоҳ дошта ё интиқол дода мешаванд, возеҳ нишон диҳанд;2) нигоҳдорӣ ва интиқоли бехатари онҳоро таъмин намоянд;3) дар ҳуҷҷатҳои боркашонӣ ном ва миқдори моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, аз ҷумла, моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, ки дар маҳсулот мавҷуданд, нишон диҳанд.3. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ҳангоми истифодаи таҷҳизот ва дастгоҳҳои техникии дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон уҳдадоранд инҳоро таъмин намоянд:1) назорати мустаҳкамии таҷҳизот ва асбобҳои техникии дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;2) сари вақт нигоҳ доштан ва таъмири таҷҳизот ва асбобҳои техникии дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;3) кам кардани истифодаи таҷҳизот ва асбобҳои техникие, ки дар таркибаш моддаҳои вайронкунандаи қабати озон доранд, инчунин ҷорӣ намудани технологияҳои барои қабати озон бехатар;4) ба ҳолати аввала баргардонидани (рекуператсияи) моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ё интиқол додани таҷҳизот ва асбобҳои техникии дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба баргардонидани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба ҳолати аввала машғуланд, дар асоси шартномаҳои маданӣ-ҳуқуқӣ.
Моддаи 502. Баҳисобгирии истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва пешниҳоди иттилоот1. Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти марбут ба муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро анҷом медиҳанд, баҳисобгирии истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро пеш мебаранд ва дар бораи муомилоти онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисобот медиҳанд.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот дар бораи намудҳо ва миқдори моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, истеҳсол, воридот ва содироти онҳо, аз ҷумла, маҳсулоти дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро ҷамъбаст намуда, ҳар сол ба Котиботи Конвенсияи Вена «Дар бораи ҳифзи қабати озон» ҳисобот медиҳад.
Моддаи 503. Кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон1. Кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон низоми марҳилавии пуршаванда ва дақиқшавандаи баҳисобгирии истифода ва муомилоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, аз ҷумла, маълумот дар бораи ҷойгиршавӣ, таркиби ҷузъҳо, хусусиятҳои миқдорӣ, сифатӣ ва шароити истифодабариро дар бар мегирад.2. Ҳамаи намудҳои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ба қайд гирифта мешаванд.3. Кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон бо мақсади таъмини мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешниҳод намудани маълумот барои арзёбӣ, пешгӯӣ, таҳияи қарорҳои технологӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва дигар қарорҳо оид ба ҳифзи муҳити зист, инчунин пешбурди баҳисобгирии умумимиллии ҳамаҷонибаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон бо мақсади иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон пеш бурда мешавад.4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар асоси маълумоти кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон таҳлил ва пешгӯии истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро анҷом дода, ташкили низоми назорати давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро барои иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳисоботи солона мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи қабати озон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, таъмин менамояд.5. Барои пешбурди кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озонро анҷом медиҳанд ва (ё) дар тавозуни онҳо таҷҳизоте, ки дорои моддаҳои вайронкунандаи қабати озон мебошад, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоботро дар бораи муомилот бо моддаҳои вайронкунандаи қабати озон пешниҳод мекунанд.6. Маълумоти мухтасари кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон дар сомонаи расмии мақоми ваколатдори давлатӣ ҷойгир карда шуда, кушода ва дастрас мебошад.7. Таҳия ва пешбурди кадастри давлатии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 504. Мониторинги қабати озон 1. Мониторинги ҳолати қабати озон, арзёбӣ ва пешгӯии тағйироти он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо ҷалби муассисаҳои илмӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ амалӣ карда мешавад.2. Вазифаҳои асосии мониторинги қабати озон аз инҳо иборат аст:1) чен кардан, баҳо додан ва пешгӯии ҳолати қабати озон ва сатҳи радиатсияи ултрабунафш дар сатҳи заминӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;2) ташкили махзани иттилоотӣ оид ба ҳолати қабати озон ва пешниҳоди ин маълумот ба мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва дигар шахсони манфиатдор;3) мубодилаи иттилоот дар бораи ҳолати қабати озон бо мақомоти ваколатдори давлатҳои дигар ва ташкилотҳои байналмилалӣ;4) тайёр кардан ва такмили ихтисоси мутахассисон дар соҳаи мониторинги қабати озон.
Моддаи 505. Назорати ҳифзи қабати озон1. Назорати давлатӣ оид ба ҳифзи қабати озон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти дигар дар доираи салоҳият ва ваколатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.2. Назорати идоравиро дар соҳаи ҳифзи қабати озон ташкилотҳои болоӣ бо мақсади таъмини иҷрои барномаҳо ва чорабиниҳо аз ҷониби корхонаҳо ва ташкилотҳои тобеи онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи қабати озон ба амал мебароранд.3. Назорати истеҳсолӣ дар соҳаи ҳифзи қабати озон аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ амалӣ карда мешавад.4. Ҷомеаи манфиатдор бо ташаббуси худ метавонад назорати ҷамъиятиро дар соҳаи ҳифзи қабати озон амалӣ намояд.
Моддаи 506. Механизми иқтисодии ҳифзи қабати озонМеханизми иқтисодии ҳифзи қабати озон аз инҳо иборат аст:1) таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва тадбирҳои ҳифзи қабати озон;2) маблағгузории барномаҳои мақсадноки давлатӣ ва чорабиниҳо оид ба ҳифзи қабати озон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ, фондҳои байналмилалии ҳифзи қабати озон ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст;3) тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани низоми имтиёзноки андозбандӣ ва қарздиҳӣ;4) ситонидани пардохт барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ доир ба воридот ва содироти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорои онҳо.
БОБИ 32. ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ЭКОЛОГИИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 507. Вазифаҳои таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиётТаъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт вазифаҳои зеринро иҷро менамояд:1) пешгирӣ, коҳиш додан ва амалӣ намудани назорати маҷмуии олудашавии муҳити зист ҳангоми истеҳсол, истифода ва нобудсозии воситаҳои нақлиёт, инчунин пайдошавии партовҳо, пасмондаҳо ва дигар таъсироти манфӣ, ки дар натиҷаи истифодаи воситаҳои нақлиёт пайдо мешаванд;2) баланд бардоштани сатҳи умумии ҳифзи муҳити зист аз таъсири техногенӣ, ки ҳангоми истеҳсол ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, инчунин дар натиҷаи нобудсозии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд меоянд.
Моддаи 508. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт1. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт ҷузъи таркибии барномаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ва барномаҳои мақсаднок дар соҳаи рушди нақлиёт маҳсуб меёбанд.2. Ҳангоми таҳияи нақшаҳои генералии рушди шаҳрҳо, дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ҳудудҳои истироҳатию фароғатӣ чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт ба инобат гирифта мешаванд.3. Чорабиниҳо оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт вобаста ба такмили намудҳои воситаҳои нақлиёт ва технологияҳо, истифодаи намудҳои нави сӯзишвории муҳаррик, инчунин тағйирёбии талабот ба ҳифзи муҳити зист мунтазам аз нав баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 509. Омодасозии кормандони роҳбарикунандаи ташкилотҳои нақлиётӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт оид ба таъмини амнияти экологӣ1. Роҳбарони ташкилотҳои нақлиётӣ уҳдадоранд барои таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт шахси масъулро таъин ё вобаста намоянд.2. Роҳбарони чунин ташкилотҳо ва шахсони масъул уҳдадоранд бо тартиби муқарраргардида аз курсҳои махсуси омодагӣ оид ба масъалаҳои амнияти экологии воситаҳои нақлиёт гузаранд.3. Дар ҳама муассисаҳои таълимие, ки ронандагони воситаҳои нақлиётро омода мекунанд, барномаҳои махсуси омӯзишӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт ҷорӣ карда мешаванд.
Моддаи 510. Бамеъёрдарории таъсири воситаҳои нақлиёт ба муҳити зистМеъёрҳои экологии партовҳои воситаҳои нақлиёт ва ҳадди ҷоизи садо ва ларзиши воситаҳои нақлиёт ва таъсироти дигари манфии физикии воситаҳои нақлиёт, инчунин муҳлати ҷорӣ намудани ин меъёрҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 511. Таснифоти экологии воситаҳои нақлиёт1. Воситаҳои нақлиётие, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муҳлати зиёда аз шаш моҳ ворид карда мешаванд ва барои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгард пешбинӣ гардидаанд, ба дараҷаҳои экологӣ ҷудо карда мешаванд. Дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёт вобаста ба меъёрҳои техникии партовҳо барои намунаи (модели) мушаххаси воситаи нақлиёт дар лаҳзаи истеҳсоли он муқаррар карда мешавад.2. Таснифоти экологии воситаҳои нақлиёт оид ба партови моддаҳои зараровар (олудакунанда) мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки ба талаботи амниятӣ, меъёрҳои санитарӣ, ҳифзи меҳнат, экология, стандартҳои байналмилалию давлатӣ ва регламентҳои техникӣ мутобиқ мебошанд, муқаррар карда мешавад.3. Тартиби анҷом додани таснифоти экологии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 512. Тадбирҳо оид ба коҳиш додани таъсири воситаҳои нақлиёт ба вазъи экологӣБо мақсади коҳиш додани таъсири воситаҳои нақлиёт ба вазъи экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зерин андешида мешаванд:1) гузаронидани санҷиши вазъи экологии воситаҳои нақлиёт;2) ҷорӣ намудани шартҳои техникӣ ба сӯзишвории муҳаррик;3) ташкили истеҳсол ва фурӯши сӯзишвории муҳаррики аз ҷиҳати нишондодҳои экологӣ тоза;4) назорати сифати сӯзишвории муҳаррик;5) ҷорӣ намудани технологияи коркарди дубора ё безараргардонии автомобилҳо, аккумуляторҳо ва дигар қисмҳои нақлиёт;6) амалисозии хизматрасонии техникӣ дар шафати роҳҳо.
Моддаи 513. Талаботи экологӣ ҳангоми азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт1. Ҳангоми азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ дараҷаи экологии воситаҳои нақлиётро тибқи стандартҳо ва меъёрҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, номгӯйи таҷҳизоти насбшударо, ки ғализии моддаҳои зараровари (олудакунандаи) ихроҷшуда ва ҳадди ҷоизи садо, ларзиш ва таъсироти манфии физикиро коҳиш медиҳад, нишон медиҳанд. Ташкилотҳо оид ба хизматрасонии техникӣ уҳдадоранд ҳангоми риоя нагардидани муқаррароти мазкур ба таври ройгон камбудиҳои воситаҳои нақлиётро бартараф намоянд.2. Соҳибони воситаҳои нақлиёт ҳангоми истифодаи онҳо мутобиқати ин воситаҳоро ба талаботи экологии истифодабарӣ, ки барои ҳамин дараҷаи экологии воситаи нақлиёт муқаррар гардидааст, таъмин менамоянд.3. Тағйир додани сохти воситаи нақлиёт, ки боиси паст шудани дараҷаи экологии он мегардад, манъ аст.
Моддаи 514. Талаботи экологӣ оид ба таъмини амнияти экологии объектҳои инфрасохтори воситаҳои нақлиётТалаботи экологӣ оид ба таъмини амнияти экологии объектҳои инфрасохтори воситаҳои нақлиёт ҳангоми лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон ва таҷдиди онҳо, аз ҷумла, ҳудудҳои аз ҷиҳати экологӣ осебпазир тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Моддаи 515. Бақайдгирии омилҳои экологӣ ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори воситаҳои нақлиёт1. Ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори воситаҳои нақлиёт дар сурати тағйирёбии шакли моликият, инчунин муфлисшавӣ, омилҳои экологӣ ва андозаи зарари расонидашуда аз ҷониби объектҳои инфрасохтори воситаҳои нақлиёт ба муҳити зист мутобиқи нарх ва усулҳои тасдиқгардидаи ҳисоб намудани андозаи зарар, дар сурати мавҷуд набудани онҳо, аз рӯйи хароҷоти воқеии барқароркунии ҳолати халалдоршудаи муҳити зист бо назардошти зарари расонидашуда, аз ҷумла, фоидаи аздастрафта ба назар гирифта мешаванд.2. Фаъолияти бақайдгирии омилҳои экологӣ ҳангоми нархгузорӣ ба объектҳои инфрасохтори воситаҳои нақлиёт аз рӯйи натиҷаҳои аудити экологӣ, ки бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад, амалӣ мегардад.
Моддаи 516. Чораҳои баланд намудани дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёт1. Бо мақсади баланд намудани дараҷаи экологии воситаҳои нақлиёт, таҷҳизонидани онҳо бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи заҳрнокии газҳои истифодашуда, ки ба маҷмуи воситаҳои ташкилоти истеҳсолкунанда дохил намешаванд ва ба меъёрҳои техникии партовҳо таъсир мерасонанд, сурат мегирад.2. Таҷҳизонидани воситаҳои нақлиёт бо воситаву таҷҳизоти иловагии коҳишдиҳандаи заҳрнокии газҳои истифодашуда ба таври ихтиёрӣ аз ҷониби соҳибони воситаҳои нақлиёт сурат мегирад.
Моддаи 517. Уҳдадориҳои шахсони ба фурӯши яклухт ва чаканаи сӯзишвории муҳаррик машғулбудаШахсоне, ки дар асоси иҷозатнома ба таҳвил, нигоҳдорӣ, фурӯши яклухт ва чаканаи сӯзишвории муҳаррик машғуланд, барои риояи чораҳои зерин уҳдадоранд:1) мутобиқати сифати сӯзишвории муҳаррик ба талаботи стандарти давлатӣ;2) бо тартиби муқарраргардида гузаштан аз санҷиши назорати сифати сӯзишвории муҳаррик;3) гузаштан аз санҷиши воситаҳои техникӣ оид ба мутобиқат ба меъёрҳои техникии муқарраркардашуда ва стандарту талаботҳои байналмилалӣ.
Моддаи 518. Таъмини амнияти экологии нобудсозии воситаҳои нақлиёти истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёт, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашуда1. Усулҳои истифодашавандаи нобудсозии воситаҳои нақлиёти истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёт, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашуда, пешгирӣ, коҳиш додан ва назорати маҷмуии таъсири номатлуби онро ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ пешбинӣ менамояд.2. Шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёт пас аз анҷоми муҳлати истифодабарӣ барои нобудсозӣ ба ташкилоте, ки дар он шина ва покришкаҳои истифодашудаи воситаҳои нақлиёт қабул ва (ё) таҷзия мегарданд, супорида мешаванд.3. Аккумуляторҳои истифодашуда пас аз анҷоми муҳлати истифодабарӣ барои коркард ба ташкилоте, ки ҷамъоварии марказонидашуда ва (ё) нобудсозии онҳоро анҷом медиҳад, супорида мешаванд. Ташкилоти мазкур бояд барои амалисозии чунин фаъолият тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологиро дошта бошад. Аккумуляторҳои истифодашуда аз партовҳои истеъмолӣ алоҳида нигоҳ дошта мешаванд.4. Равғани истифодашудаи муҳаррик аз партовҳои истеъмолӣ алоҳида ҷамъ оварда мешавад. Дар фазои кушод сӯзондани он ё ба низоми обу корез ва объектҳои об партофтани равғани истифодашудаи муҳаррик манъ аст. Ҷамъоварӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиронии равғани истифодашудаи муҳаррик дар асоси иҷозатнома оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, таҳвил ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок анҷом дода мешаванд.5. Нобудсозии воситаҳои нақлиёти истифодашуда, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёт, аккумуляторҳо ва равғанҳои истифодашудаи муҳаррик бо назардошти технологияи муосир тибқи меъёру қоидаҳои сохтмон ва санитарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.6. Тартиби ҷамъоварӣ, таҳвил ва нобудсозии воситаҳои нақлиёти истифодашуда, қисмҳои он, аз ҷумла, шина ва покришкаҳои воситаҳои нақлиёт, аккумуляторҳо ва равғанҳои муҳаррики истифодашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 519. Назорати давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт1. Назорати давлатӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.2. Тартиби ташкил ва гузаронидани назорати экологӣ, инчунин санҷишҳои интихобии мутобиқати воситаҳои нақлиёт ба меъёрҳои экологии партовҳо, маҳдудсозӣ ва қатъ намудани истифодаи воситаҳои нақлиёт, дараҷаҳои гуногуни экологиро санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.3. Назорати мутобиқати воситаҳои нақлиёти дар истифода қарордошта ба меъёрҳои экологии партовҳо ҳангоми бақайдгирии воситаҳои нақлиёт, инчунин муоинаи давлатии техникии онҳо аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ анҷом дода мешавад.4. Назорати сифати сӯзишвории муҳаррик ҳангоми воридот ба ҷумҳурӣ, дар базаҳои нигоҳдории сӯзишворӣ ва нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.5. Мақомоти дахлдори давлатӣ уҳдадоранд истифодаи воситаҳои нақлиётро дар сурати мутобиқ набудани онҳо ба меъёрҳои амалкунандаи экологии партовҳо боздоранд.6. Амрномаи мақомоти дахлдори давлатӣ ва талаботи шахсони мансабдори онҳо барои иҷро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳатмӣ мебошад.
Моддаи 520. Назорати истеҳсолӣ оид ба таъмини амнияти экологии воситаҳои нақлиёт1. Назорати истеҳсолӣ, аз ҷумла, гузаронидани таҳқиқоту озмоишҳои ташхисӣ дар ҷараёни нигоҳдорӣ, таҳвил ва фурӯши воситаҳои нақлиёт, иҷрои кору хизматрасонӣ, аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ бо мақсади таъмини амнияти экологӣ ва (ё) безараргардонии чунин маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ амалӣ карда мешавад.2. Назорати истеҳсолӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои санитарӣ ва стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.3. Шахсоне, ки назорати истеҳсолиро амалӣ менамоянд, барои сари вақт, пурра ва аниқ будани он масъул мебошанд.
БОБИ 33. ФАЪОЛИЯТИ ОБУҲАВОШИНОСӢ
Моддаи 521. Объектҳо ва субъектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ1. Ба объектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ иқлим, шароити ҳаво ва обшиносӣ, тағйироти муҳити зист дар натиҷаи таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ дохил мешаванд.2. Ба субъектҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ инҳо дохил мешаванд:1) мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ ва марказҳои минтақавии он;2) шабакаҳои давлатии мушоҳидакунӣ;3) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки фаъолияти обуҳавошиносиро дар асоси иҷозатнома ба амал мебароранд.4) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки маълумоти вобаста ба обуҳавошиносиро истифода менамоянд.3. Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ – зерсохтори мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти ҳифзи муҳити зист мебошад.
Моддаи 522. Иҷозатномадиҳӣ ба фаъолияти обуҳавошиносӣФаъолият оид ба обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла, иҷрои корҳои таъсиррасонидани фаъол ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.
Моддаи 523. Маблағгузории фаъолияти обуҳавошиносӣ1. Таъминоти молиявии фаъолияти обуҳавошиносӣ аз ҳисоби маблағҳои зерин cypат мегирад:1) буҷети давлатӣ;2) маблағҳои махсуси ҳифзи муҳити зист;3) манбаъҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.2. Фаъолияти обуҳавошиносӣ метавонад дар асоси шартнома аз рӯйи фармоишҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе расонидани халал ба иҷрои ҳатмии корҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мегардад, иҷро карда шавад.3. Корҳо оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ ҳангоми рафъи оқибатҳои вазъияти фавқулодда аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар манбаъҳои манънакардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешаванд.
§1. Танзим ва идоракунии давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ
Моддаи 524. Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣСамтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборат аст:1) таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ;2) қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки фаъолияти обуҳавошиносиро танзим менамояд;3) ташаккул, такмил ва таъмини фаъолияти низоми ягонаи давлатии мушоҳидаҳо ва ченкуниҳо оид ба обуҳавошиносӣ;4) пешниҳоди маълумот ба мақомоти давлатӣ ва аҳолӣ дар бораи вазъи пешбинишудаи муҳити табиӣ, раванди ифлосшавии муҳити зист, аз ҷумла, дар вазъияти фавқулодда;5) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва хоҷагидорӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ барои иҷрои корҳо оид ба обуҳавошиносӣ;6) татбиқи фаъолияти инноватсионию сармоягузорӣ;7) гузаронидани таҳқиқотҳои илмии бунёдӣ ва амалӣ оид ба обуҳавошиносӣ, тағйирёбии иқлим ва олудашавии муҳити зист;8) ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ.
Моддаи 525. Самтҳои асосии танзими идоракунии давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣСамтҳои асосии танзими идоракунии давлатии фаъолияти обуҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:1) ташаккул додан ва таъмин намудани кори шабакаи давлатии мушоҳидавӣ оид ба обуҳавошиносӣ;2) таъмин намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳолӣ бо иттилоот дар бораи вазъи обу ҳаво ва ҳолати пешбинишавандаи муҳити зист, аз ҷумла, иттилооти таъҷилӣ;3) муайян кардани талабот ба маводи иттилоотӣ;4) муайян кардани номгӯйи корҳои дорои аҳаммияти ҷумҳуриявӣ оид ба обуҳавошиносӣ, ташкил ва таъмини иҷрои онҳо;5) ташаккул додани захираҳои иттилооти давлатӣ оид ба обуҳавошиносӣ, таъсис додан ва ба роҳ мондани кори фонди ягонаи давлатии иттилоот дар бораи вазъи муҳити зист;6) ташкил намудан ва гузаронидани корҳо оид ба таъсиррасонии фаъол ба равандҳои ҳавошиносӣ ва дигар равандҳои геофизикӣ, инчунин пешбурди назорати давлатӣ оид ба гузаронидани ин корҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ;7) таъмин намудани муҳофизати шабакаи мушоҳидавии давлатӣ;8) иштирок дар ҳамкориҳои байналмилалии фаъолияти обуҳавошиносӣ;9) иҷозатномадиҳии фаъолияти обуҳавошиносӣ.
§2. Намудҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ
Моддаи 526. Намудҳои мушоҳидаи вазъи муҳити зист1. Мушоҳидаи вазъи муҳити зист ба намудҳои зерин ҷудо мешаванд:1) ҳавошиносии наздизаминӣ;2) обшиносӣ;3) пиряхшиносӣ;4) ҳавошиносии кишоварзӣ;5) актинометрӣ ва тавозуни гармӣ;6) аэрологӣ;7) гелиогеофизикӣ;8) ҳавошиносии авиатсионӣ, моҳвораӣ ва радиолокатсионӣ;9) озонсанҷӣ;10) сатҳи олудашавии ҳавои атмосфера, об, хок, қабати барф.2. Мушоҳидаи вазъи муҳити зист нисбати дигар ҷузъиёти муҳити зист, инчунин, дар шароити махсус ва ба мақсадҳои мудофиа низ сурат гирифта метавонад.
Моддаи 527. Фаъолияти ҳавошиносӣ1. Фаъолияти ҳавошиносӣ ба муайян намудани вазъият ва инкишофи ҳодисаҳои ҳавошиносӣ, равандҳои техногенӣ, физикӣ, кимиёвӣ ва дигар равандҳо дар атмосфера ҳангоми таъсири мутақобила бо дигар объектҳои муҳити зист равона шудааст.2. Барои ба даст овардани маҷмуи маълумот дар бораи ҷузъҳои тавозуни радиатсионии радиатсияи фаъол мушоҳидаҳои актинометрӣ гузаронида мешаванд.3. Барои мушоҳидаи ҳолати қабатҳои озон ва ионосферӣ мушоҳидаҳои озонсанҷӣ ва ионосферӣ гузаронида мешаванд. 4. Бо мақсади ба даст овардани маълумоти ҳавошиносӣ дар баландиҳои дараҷаи стандартӣ ва махсуси атмосфера мушоҳидаҳои аэрологӣ гузаронида мешавад.5. Барои омӯхтани таъсири шароитҳои ҳавошиносӣ ба инкишофи зироатҳои кишоварзӣ ва парвариши ҳосил мушоҳидаҳои ҳавошиносии кишоварзӣ анҷом дода мешавад.6. Вазифаҳои асосии фаъолияти ҳавошиносӣ аз инҳо иборатанд:1) таъмин намудани ташкилотҳо бо маълумоти зарурӣ барои тартиб додани пешгӯии обуҳавошиносӣ ва огоҳ намудан аз шароитҳои номусоиди дарназардошта;2) огоҳ намудани мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҳодисаҳои хавфноки атмосфера, равандҳои иқлимӣ, дигар тағйироти ҳавошиносии муҳити зист;3) ҷамъбасти маълумоти боэътимод дар бораи низоми ҳавошиносӣ ва радиатсионӣ.
Моддаи 528. Фаъолияти обшиносӣФаъолияти обшиносӣ дар шакли ҷамъоварии маълумот дар бораи ҳолати дарёҳо, кӯлҳо, пиряхҳо, обанборҳо, каналҳо, дигар объектҳои об бо мақсадҳои зерин зарур аст, анҷом дода мешавад:1) қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба маълумот оид ба тағйирёбии низомҳои обшиносии объектҳои об ва ҳодисаҳои хавфноки обшиносӣ;2) омӯзиши қонуниятҳои фазоию муваққатии низоми обшиносӣ, пешбурди омори захираҳои об, кадастри давлатии об, тавозуни оби ҳавзаҳо ва ҳудудҳои обӣ, арзёбии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ба низоми захираҳои об;3) амалӣ намудани мониторинги захираҳои об дар ҳавзаҳои дарёҳо.
Моддаи 529. Фаъолияти обуҳавошиносӣ дар шароити махсус1. Фаъолияти обуҳавошиносӣ дар шароити махсус (офатҳои табиӣ, садамаҳо ва вазъияти дигари фавқулодда, пешгӯйи ва огоҳсозӣ) қисми таркибии амали низоми давлатии пешгирӣ ва барҳамдиҳии оқибатҳои вазъияти фавқулоддаи табиӣ ва техногенӣ мебошад.2. Ҳангоми офатҳои табиӣ ва садамаҳо, ки боиси олудашавии муҳити зист гардидаанд ё боиси он шуда метавонанд, мушоҳидаҳои иловагии муҳити зист гузаронида мешавад.3. Тартиби гузаронидани чорабиниҳои обуҳавошиносӣ дар шароити махсус бо тартиби муқаррарнамудаи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Моддаи 530. Фаъолият дар самти дараҷаи олудашавии муҳити зистМақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ ба дараҷаи олудашавии ҳавои атмосфера, обҳои рӯйизаминӣ, хок ва қабатҳои барф бо мақсади муайян намудани таъсири табиӣ ва антропогенӣ ба объектҳои муҳити зист дар натиҷаи ихроҷи партовҳои олудакунанда ва аз сарҳад воридшавии онҳо, инчунин олудашавии биологӣ ва радиоактивии ҳавои атмосфера, об ва хок мушоҳида мебарад.
Моддаи 531. Мониторинги вазъи муҳити зист1. Мушоҳидаи дарозмуҳлат ба вазъи муҳити зист, ҳодисаҳои табиии дар он баамалоянда, инчунин, баҳодиҳӣ ва пешгӯии вазъи он мониторинги ҳолати муҳити зистро ташкил медиҳад. Амалӣ намудани мушоҳидаҳо ва фаъолияти дигари обуҳавошиносӣ ҷузъи асосии мониторинги вазъи муҳити зист мебошад.2. Муносибатҳо вобаста ба мониторинги вазъи муҳити зист, аз ҷумла, дар муносибатҳои фаъолияти обуҳавошиносӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар самти мониторинги экологӣ танзим карда мешаванд.
Моддаи 532. Иттилооти обуҳавошиносӣДастрасии мақомоти давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилоот дар бораи обуҳавошиносӣ, тартиби пешниҳод ва ё паҳн намудани он бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур дар самти иттилооти экологӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 533. Шабакаҳои мушоҳидакунӣ ва ҳифзи онҳо1. Воҳиди ибтидоии истеҳсолии низоми миллии обуҳавошиносӣ ва шабакаи байналмилалии обуҳавошиносӣ, ки дар бораи вазъи муҳити зист бевосита маълумот гирифта, онро коркард ва ба марказҳои обуҳавошиносӣ пешниҳод менамоянд, шабакаҳои мушоҳидакунӣ мебошад.2. Маҷмуи стансияҳо ва ҷойҳои навбатдории низоми мушоҳидавии обуҳавошиносӣ низоми давлатии мушоҳидавии обуҳавошиносиро ташкил медиҳанд.3. Барҳам додан ё ба ҷойи дигар кӯчонидан ва ҷойгиркунонии нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакунӣ, инчунин кушодани объектҳои нав ё қатъ кардани фаъолияти объектҳои амалкунанда, ки ба шабакаи давлатии мушоҳидавӣ оид ба обуҳавошиносӣ дохил мешаванд, танҳо бо иҷозати мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ сурат мегирад.4. Бо мақсади ба даст овардани маълумоти боэътимод дар бораи гузариши равандҳои табиӣ дар ҷойҳои гузаронидани мушоҳидаи вазъи муҳити зист дар атрофи нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакунӣ, минтақаҳои муҳофизатӣ ҷорӣ намуда, дар онҳо фаъолияти хоҷагӣ ва дигар фаъолият маҳдуд карда мешавад.5. Ҷудо кардани қитъаҳои замин ва акваторияи oбӣ барои ҷойгиркунии шабакаҳои мушоҳидакунӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Қитъаҳои замини нуқтаҳои доимии (статсионарии) мушоҳидавӣ, аз ҷумла, объектҳои обӣ танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ гирифта мешаванд. Дар чунин ҳолатҳо кӯчонидани нуқтаҳои доимии (статсионарии) мушоҳидавӣ аз ҳисоби шахсоне, ки ба манфиати онҳо қитъаҳои замин гирифта мешавад, дар мувофиқа бо мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ амалӣ мегардад.6. Дар қитъаҳои замине, ки тавассути онҳо гузаштан ё рафтуомад ба нуқтаҳои доимии (статсионарии) мушоҳидавии шабакаи давлатии мушоҳидавӣ оид ба обуҳавошиносӣ амалӣ карда мешавад, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сервитут муқаррар карда мешавад.7. Заминистифодабарандагон ва дигар истифодабарандагони табиат, ки дар қитъаҳои замини онҳо нуқтаҳои шабакаҳои мушоҳидакунӣ ҷойгир шудаанд, уҳдадоранд барои рафтуомад ба ин нуқтаҳо анҷом додани корҳои мушоҳидавӣ, интихоби намунаҳо, таъмиру барқарорсозӣ ва дигар корҳо имконият фароҳам оваранд.
Моддаи 534. Амалӣ намудани фаъолияти обуҳавошиносӣ аз тарафи шахсони ҳуқуқӣ1. Шахсони ҳуқуқӣ фаъолияти обуҳавошиносиро дар асоси иҷозатнома тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳанд.2. Фаъолияти обуҳавошиносӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ бо риояи принсипҳои асосии фаъолияти обуҳавошиносӣ амалӣ карда мешавад.3. Шахсони ҳуқуқие, ки фаъолияти обуҳавошиносиро анҷом медиҳанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар асоси шартнома мубодилаи иттилоот менамоянд.4. Фаъолияти обуҳавошиносии шахсони ҳуқуқиро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ ҳамоҳанг менамояд.
Моддаи 535. Мушоҳидаи обуҳавошиносӣ ва талабот ба гузаронидани ченкунӣ1. Мушоҳидаи обуҳавошиносӣ ва гузаронидани ченкунӣ аз ҷониби шабакаҳои давлатии мушоҳидавӣ оид ба обуҳавошиносии мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ амалӣ карда мешавад.2. Таҷҳизоти ченкунӣ, ки дар корҳои обуҳавошиносӣ истифода мешаванд, бояд аз санҷиш гузаранд ва воситаҳои ченкунӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сертификатсия карда мешаванд.3. Тартиби сертификатсиякунонии воситаҳои ченкунии таъиноти умумитехникӣ ва обуҳавошиносиро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дар самти фаъолияти обуҳавошиносӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 536. Назорати давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносӣ1. Назорати давлатӣ оид ба фаъолияти обуҳавошиносиро мақоми ваколатдори давлатӣ амалӣ менамояд.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ санҷишҳои зеринро анҷом медиҳад:1) мутобиқатсозии воситаҳои техникии ченкунӣ ва татбиқи усулҳои ченкунӣ, ки ҳангоми гузаронидани мушоҳидаи обуҳавошиносӣ истифода мешаванд;2) сифатнокӣ, маҷмуӣ ва ягонагии мушоҳидаи обуҳавошиносӣ, риояи қонунгузорӣ дар бораи мушоҳидаи обуҳавошиносӣ, коркард ва нигоҳдории онҳо;3) риояи талаботи қонунгузорӣ оид ба таъмин ва хизматрасонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки Кодекси мазкур муайян кардааст, бо маълумоти зарурии обуҳавошиносӣ;4) пешбурди саривақтӣ ва пурраи омори давлатӣ, бақайдгирии иттилооти обуҳавошиносӣ ва манбаи маълумоти обуҳавошиносӣ, инчунин ба бойгонии соҳавии давлатии обуҳавошиносӣ пешниҳод намудани маводи обуҳавошиносӣ.
Моддаи 537. Кафолатҳое, ки ба гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ дода мешаванд1. Кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар шароити душвори иқлимӣ, дар ҷойҳои дурдаст ва душворгузар кор мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маводи озуқа ва сӯзишвории ройгон ё ҷубронпулии арзиши он таъмин карда мешаванд.2. Муносибатҳо вобаста ба истифода бурдани силоҳи хизматӣ аз ҷониби кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи силоҳ танзим карда мешаванд.
Моддаи 538. Таъминоти моддию техникии фаъолияти обуҳавошиносӣТаъминоти моддию техникии фаъолияти обуҳавошиносӣ вобаста ба иҷрои барномаҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва минтақавии обуҳавошиносӣ, лоиҳаҳо ва мушоҳидаҳо, инчунин, фармоишҳои давлатӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ, маҳаллӣ ва дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, сурат мегирад.
Моддаи 539. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ1. Кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ ҳуқуқҳои зерин доранд:1) пӯшидани либоси махсус бо нишони фарқкунанда;2) гирифта гаштан, нигоҳ доштан ва истифода кардани силоҳи ғайринизомии намуди худмуҳофизатӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ;3) амалӣ намудани ҳуқуқҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Кормандони мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадориҳои зерин доранд:1) риоя намудани интизоми хизматӣ, меҳнатӣ ва иҷро;2) таъмини ҳифзи моликияти давлатӣ;3) баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва тахассусӣ;4) риоя намудани талаботи Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 34. ТАНЗИМИ ТЕХНИКӢ ВА СТАНДАРТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 540. Объектҳо ва тартиби тасдиқи мутобиқат дар соҳаи ҳифзи муҳити зистОбъектҳо ва тартиби тасдиқи мутобиқат дар соҳаи ҳифзи муҳити зистро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими техникӣ муайян мекунад.
Моддаи 541. Ҷорӣ ва татбиқ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист1. Ҷорӣ ва татбиқ намудани стандартҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи стандартизатсия бо назардошти талаботи Кодекси мазкур амалӣ карда мешаванд.2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ лоиҳаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба стандартизатсияро баррасӣ менамояд, инчунин пешниҳодҳо оид ба таҳия, ворид намудани тағйирот, аз нав дида баромадан ва барҳам додани стандартҳои милливу байнидавлатӣ, таснифкунандагони миллии иттилооти техникӣ-иқтисодӣ ва тавсияҳо оид ба стандартизатсия барои ворид намудан ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартизатсияро омода менамояд.3. Ворид намудани стандартҳои байналмилалии низоми идоракунии ҳифзи муҳити зист аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо воситаҳои зерин ҳавасманд карда мешаванд:1) паҳн кардани иттилоот дар бораи стандартҳои байналмилалии низоми идоракунии ҳифзи муҳити зист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд;2) паст кардани дараҷаи хавф аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар доираи назорати давлатии эклологӣ барои шахсоне, ки стандартҳои байналмилалии системаи идоракунии ҳифзи муҳити зистро ҷорӣ намуданд ва дорои чунин ҳуҷҷати тасдиқкунанда мебошанд;3) татбиқи чораҳои ҳавасмангардонии иқтисодӣ, ҷиҳати ворид намудани стандартҳои байналмилалии системаи идоракунии муҳити зист, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст.
Моддаи 542. Тамғагузории экологӣ1. Тамғагузории экологӣ изҳоротест, ки дар бораи ҷанбаҳои экологии маҳсулот, корҳо ё хизматрасониҳо дар шакли матн, аломат ё тасвири графикӣ дар тамғакоғаз ё бастаи маҳсулот, дар ҳуҷҷатҳои ҳамроҳшаванда, тавсифи техникӣ, брошюраҳои таблиғотӣ, варақаҳои иттилоотии оммавӣ ё дар шакли дигар маълумот медиҳад.2. Ҷанбаҳои экологӣ дар ин модда унсурҳои фаъолият, маҳсулот ё хизматрасониҳои ташкилот фаҳмида мешавад, ки метавонад ба муҳити зист таъсир расонад.3. Тамғагузории экологӣ аз ҷониби истеҳсолкунандаи маҳсулот (иҷрокунандаи корҳо, хизматрасониҳо) ихтиёран пас аз тасдиқи мутобиқат аз ҷониби шахсоне, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аккредитатсия дар соҳаи баҳодиҳии мутобиқат аккредитатсия шудаанд, амалӣ карда мешавад.4. Тамғагузории маҳсулоти органикӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истеҳсолоти органикӣ амалӣ карда мешавад.5. Вазифаҳои тамғагузории экологӣ аз инҳо иборат аст:1) иттилоотонии истеъмолкунандагон дар бораи ҷанбаҳои экологии истеъмолии маҳсулот, кор ва хизматрасониҳо;2) ҳавасмандгардонии афзоиши харид ва истеъмоли (истифодаи) маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ аз ҷиҳати экологӣ тоза бо мақсади коҳиш додани таъсири манфии антропогенӣ ба муҳити зист;3) пешгирӣ ё кам кардани таъсири манфии антропогенӣ ба муҳити зист дар тӯли давраи ҳаётии маҳсулот;4) мусоидат ба содирот ва баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ.6. Тамғагузории экологӣ тамоми ҷанбаҳои давраи ҳаётии маҳсулот, кор ё хизматрасониро ба назар мегирад. БОБИ 35. ҲИФЗИ ИҚЛИМ
Моддаи 543. Тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он1. Тағйирёбии иқлим ба тағйирёбии аз ҷиҳати оморӣ муҳим дар нишондиҳандаҳои миёнаи ҳолати иқлим ё тағйирёбии он дар тӯли даҳсола ё тӯлонитар ишора мекунад, ки бе восита ё бавосита ба фаъолияти инсон вобастааст, ки дар таркиби атмосфераи ҷаҳонӣ тағйирот ба вуҷуд меорад ва ба тағйирёбии табиии иқлим, ки дар тӯли давраҳои муқоисашаванда мушоҳида мешавад, такя мекунад.2. Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тибқи Кодекси мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тағйирёбии иқлим амалӣ карда мешавад ва маънои раванди пешгирӣ ва кам кардани талафот ва истифодаи фоидаҳои вобаста ба таъсири мушоҳидашаванда ва пешбинишудаи тағйирёбии иқлимро ифода менамояд.3. Таъсири тағйирёбии иқлим самаранокии мусбат ва манфии мушоҳидашуда ва пешбинишудаи дар системаҳои экологӣ, ҷамъият ва иқтисодиётро дар бар мегирад, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ва падидаҳои экстремалии метеорологӣ ва дигар падидаҳои табиӣ ба вуҷуд омадаанд.4. Осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим ин таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба системаҳои экологӣ, ҷамъият ва иқтисодиёт мебошад.5. Тағйирёбии иқлим дар сатҳи глобалӣ на танҳо бо тағирёбии нишондодҳои обу ҳаво, балки бо афзоиши ҳодисаҳои ғайриоддии обу ҳаво, ки ба ҷараёни муҳоҷират, амнияти озуқаворӣ, тандурустӣ ва дигар соҳаҳо таъсир мерасонад, ҳамроҳӣ мекунад.
Моддаи 544. Ҳадафҳо, соҳаҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ ва принсипҳои асосии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим1. Мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим бо мақсади пешгирӣ ва коҳиш додани оқибатҳои номатлуб ва хисорот дар натиҷаи тағйирёбии иқлим ба саломатии инсон, системаҳои экологӣ, ҷамъият ва иқтисодиёт, коҳиш додани осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин истифодаи имкониятҳои мусоиди марбут ба тағйирёбии иқлим амалӣ карда мешавад.2. Соҳаҳои зерини идоракунии давлатӣ барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим афзалият доранд: кишоварзӣ, захираҳои об, хоҷагии ҷангал, энергетика, нақлиёт ва мудофиаи гражданӣ.3. Раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба принсипҳои зерин асос меёбад:1) баҳисобгирии ҳатмии таъсири тағйирёбии иқлим дар нақшаҳои миёнамуҳлат ва дарозмуддати рушди иҷтимоию иқтисодӣ;2) марҳилаҳои татбиқи раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, шуруъ аз соҳаҳои афзалиятнок;3) муносибати байнисоҳавии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки ҳамаи соҳаҳои афзалиятноки дар қисми 2 ҳамин модда зикршударо фаро мегирад;4) мавҷудияти робита байни тадбирҳои амалишаванда оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва коҳиш додани таъсири манфии тағйирёбии иқлим.
Моддаи 545. Талаботи умумӣ ба раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим1. Раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:1) ҷамъоварии иттилоот ва арзёбии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим;2) банақшагирии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;3) таҳияи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;4) татбиқи тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;5) мониторинг ва арзёбии самаранокии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;6) ҳисобот дар бораи таъсири тағйирёбии иқлим ва самаранокии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим;7) андешидани тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар асоси натиҷаҳои мониторинг ва арзёбӣ.2. Раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ваколат доранд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо амалӣ карда мешавад.3. Дар доираи таҳия ва татбиқи барномаҳои дахлдори давлатӣ оид ба соҳаҳои афзалиятноки мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар қисми 2 моддаи 553 Кодекси мазкур зикр шудаанд, мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо марҳилаҳои раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро, ки дар қисми 1 ҳамин модда зикр шудаанд, амалӣ менамоянд.4. Талабот оид ба татбиқи марҳилаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида тибқи қоидаҳои ташкил ва татбиқи раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ шудааст, амалӣ карда мешавад.5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар бораи натиҷаҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тибқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба тағйирёбии иқлим ҳисобот медиҳад.
Моддаи 546. Талабот оид ба ҷамъоварии иттилоот ва арзёбии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим1. Мақомоти ваколатдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо арзёбии осебпазирии тағйирёбии иқлимро барои банақшагирӣ, таҳия ва татбиқи чораҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ташкил мекунанд.2. Арзёбии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар асоси ҷамъоварии иттилооти зерин амалӣ карда мешаванд:1) тамоюлҳо ва рӯйдодҳои ҷорӣ ва гузаштаи иқлим;2) пешгӯии тағйирёбии ояндаи иқлим;3) таъсири ҷорӣ ва гузаштаи иқлим;4) таъсири пешбинишудаи тағйирёбии иқлим.3. Арзёбии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим аз рӯйи соҳаҳои афзалиятнок дар сатҳи миллӣ аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ кишоварзӣ, захираҳои об, хоҷагии ҷангал, энергетика, нақлиёт ва мудофиаи гражданӣ тибқи ваколатҳои онҳо ташкил карда мешавад. Таъсири асосии манфии тағйирёбии иқлим бо баҳодиҳии эҳтимолияти зуҳуроти онҳо чунин аст:1) мушоҳидаи тағйироти системаҳои гидрологӣ ба захираҳои об аз ҷиҳати миқдор ва сифат;2) бисёр намудҳои ҷонварони рӯйизаминӣ, дар оби ширин ва дарёҳо зиндагикунанда мавқеи ҷуғрофӣ, фаъолияти мавсимӣ, шакли муҳоҷират, шумора ва робитаи мутақобила бо намудҳои дигарро тағйир додаанд;3) таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба ҳосилнокии зироатҳо;4) бадшавии саломатии инсон дар натиҷаи тағйирёбии иқлим;5) оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии тағирёбии иқлим.4. Арзёбии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар соҳаҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ташкил карда мешавад.5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар арзёбии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим тибқи қоидаҳои ташкил ва татбиқи раванди мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим кӯмаки иттилоотӣ ва методӣ мерасонад.
Моддаи 547. Банақшагирии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим1. Банақшагирии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим амалӣ карда мешавад ва ба натиҷаҳои арзёбии осебпазирӣ ба тағйирёбии иқлим асос ёфтааст.2. Банақшагирии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи миллӣ, тавассути баҳисобгирии таъсири тағйирёбии иқлим ва баррасии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар барномаҳои дахлдори давлатӣ вобаста ба соҳаҳои афзалиятноки идоракунии давлатӣ оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим, ки дар қисми 2 моддаи 553 Кодекси мазкур зикр шудаанд, амалӣ карда мешавад.3. Банақшагирии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар сатҳи маҳаллӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо тавассути баҳисобгирии таъсири тағйирёбии иқлим ва баррасии тадбирҳои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи татбиқи сиёсати давлатии экологӣ дар сатҳи маҳаллӣ амалӣ карда мешавад.
БОБИ 36. ҲИФЗИ ПИРЯХҲО
Моддаи 548. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо 1. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо маҷмуи тадбирҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангию маърифатиро дар бар мегирад.2. Сиёсати давлатӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ба ҳифз ва нигоҳдории пиряхҳо ҳамчун манбаъҳои захираҳои об барои манфиатҳои аҳолӣ, соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини тавозуни устувори экологӣ, нигоҳдории макони зисти намудҳои нодир ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи олами наботот ва ҳайвонот равона карда шудааст.
Моддаи 549. Ҳуқуқи моликият ба пиряхҳо ва Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1. Пиряхҳо моликияти истисноии давлат мебошанд ва давлат ҳифзи онҳоро таъмин менамояд.2. Фонди ҳифзи пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби маблағҳои созмонҳои байналмилалӣ, грантҳо ва манбаъҳои дигар, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, ташаккул меёбад.
Моддаи 550. Вазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳоВазифаҳои танзими давлатии ҳифзи пиряхҳо аз инҳо иборат мебошанд:1) ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муассисаҳои илмӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, субъектҳои хоҷагидор ва шахсони воқеӣ оид ба омӯзиш, мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;2) ташкил ва таъмини фаъолияти шабакаи иттилоотии моҳворавӣ ва шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо бо мақсади ҷамъоварии иттилооти дахлдор, омӯзишу таҳлили он, таъмини саҳеҳӣ ва пуррагии пешгӯиҳо ва арзёбии вазъи захираҳои барф, назорати раванди ташаккулёбӣ ва инкишофи пиряхҳо;3) омӯзиши пиряхҳои набзӣ ва кӯлҳои пиряхӣ бо мақсади муайян намудани ҳолат ва вазъи бехатарии онҳо;4) таҳқиқи ҳавзаҳои пиряхӣ, қабатҳои барфӣ, аз ҷумла, қабатҳои устувори онҳо, қитъаҳои азбайнрафтаи пиряхҳо ва хатҳои барфӣ;5) ташкили корҳои экспедитсионӣ ва таҳқиқотӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ва захираҳои барф, фаромадани тармаҳо ва пешгирии обхезиҳо, инчунин реҷаи гидрологии обҳои пиряхӣ дар ҳавзаҳои обҷамъшавӣ ва кӯлҳои пиряхӣ;6) тайёр намудан ва бозомӯзии мутахассисони соҳаи мониторинг ва ҳифзи пиряхҳо;7) таъмини мақомоти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, бахши хусусӣ, инчунин аҳолӣ бо иттилоот дар бораи вазъи ҷорӣ ва дурнамои пиряхҳо.
Моддаи 551. Фаъолият дар минтақаҳои ҷойгиршавии пиряхҳо1. Дар минтақаҳои санитарии ҳифзи пиряхҳо ҷойгир намудани иншооти истеҳсолии хатарнок ва пешбурди фаъолияти хоҷагидорӣ, инчунин ҷойгир кардани захираи маҳсулоти нафтӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, истифодаи моддаҳои кимиёвӣ, пеститсидҳо ва дигар моддаҳои зараровар, ки метавонад ба вазъи пиряхҳо таъсири номатлуб расонад, манъ аст. 2. Пешбурди корҳои иктишофи геологӣ, коркард ва истихроҷи маъданҳои фоиданок, сохтмон ва ё истифодаи иншооти зеризаминӣ дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.3. Сайёҳии экологӣ ва варзишию кӯҳгардӣ, кӯҳнавардӣ, чорабиниҳои ҳарбӣ, инчунин гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар минтақаҳои ҳифзи санитарии пиряхҳо ва бевосита дар ҳудуди пиряхҳо вобаста ба фасли сол ва реҷаи махсуси дастрасӣ ба онҳо тибқи талаботи бехатарӣ ва ҳифзи муҳити зист, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, амалӣ карда мешаванд.4. Фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари хилофи Кодекси мазкур амалишаванда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд, боздошт ё манъ карда мешавад.
Моддаи 552. Арзёбии таъсиррасонии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо1. Арзёбии таъсиррасонии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. 2. Гузаронидани арзёбии таъсиррасонии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда, ки метавонад ба вазъи пиряхҳо таъсири номатлуб расонад, ҳатмӣ мебошад.3. Шахсони воқеӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди арзёбии таъсиррасонии экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда ба пиряхҳо иштирок намоянд.
Моддаи 553. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо 1. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо аз ҷониби муассисаҳои илмии таҳқиқотӣ амалӣ карда мешаванд.2. Таҳқиқоти илмии пиряхҳо самтҳои зеринро дар бар мегирад:1) таҳқиқоти бунёдии илмӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо, таҳия ва ҷорӣ намудани тамсилаҳои муосири таҳқиқоти пиряхҳо, аз ҷумла, бо назардошти таъсири тағйирёбии иқлим;2) гузаронидани корҳои илмию таҳқиқотӣ оид ба пиряхшиносӣ ва криосфера, аз ҷумла, дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии минтақавӣ ва байналмилалӣ; 3) муайян намудани меъёрҳои илмию методии омӯзиши пиряхҳо, инчунин ҳангоми татбиқи ин фаъолият дар шароити махсуси иқлимӣ;4) амалӣ намудани фаъолият дар самтҳои дигари таҳқиқоти илмӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 554. Мониторинги пиряхҳо1. Мониторинги пиряхҳо тавассути гузаронидани мушоҳидаҳои дарозмуҳлати маҷмуӣ, омӯзиш, арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани ҳолати табиии пиряхҳо, таҳлили раванди таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим, таъсироти дигари физикӣ, кимиёвӣ ва биологии дорои омилҳои табиӣ ва антропогенӣ ба пиряхҳо, инчунин таъсири пиряхҳо ба муҳити зист ва омода кардани иттилооти дахлдор дар ин хусус амалӣ карда мешавад.2. Мониторинги пиряхҳо самтҳои зеринро дар бар мегирад:1) мушоҳидаи ҳолат ва қонуниятҳои тақсимоти боришот, қабатҳои барф, ташаккул ва паҳншавии пиряхҳо, нақши онҳо дар таҳаввул ва пешгӯии тағйирёбии вазъи муҳити зист;2) мушоҳидаи раванди таъсири омилҳои табиӣ, антропогенӣ ва тағйирёбии иқлим ба маҷмуи пиряхҳо, аз ҷумла, бо истифода аз технологияи рақамӣ, барномаҳо ва воситаҳои ченкунии махсус; 3) истифодаи низоми мониторинги кайҳонии пиряхҳо бо мақсади арзёбии қабатҳои барф, ҳаҷм ва обшавии онҳо;4) мушоҳидаи ҳолати тармаҳои дар раванди обшавии пиряхҳо ва яхбастагиҳои бисёрсола бавуҷудомада.
Моддаи 555. Истифодаи натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳоНатиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ оид ба пиряхшиносӣ ва мониторинги пиряхҳо бо мақсадҳои зерин истифода мешаванд:1) таҳия ва татбиқи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо ва истифодаи захираҳои оби пиряхҳо;2) пешгӯии вазъи муҳити зист ва ташаккули захираҳои об;3) таҳияи харитаҳои фаврии барфтӯдаҳо, муайян намудани масоҳат ва сарҳади пиряхҳо, пешгӯии лағжиши пиряхҳои набзӣ ва фаромадани тармаҳо бо мақсади пешгирии оқибатҳои номатлуби офатҳои табиии марбут ба онҳо;4) таҳия ва пешниҳоди тавсияҳо оид ба пешгирии таъсиррасонии антропогенӣ ба пиряхҳо ва қабатҳои барф, инчунин таъсири номатлуби обшавии босуръати пиряхҳо ва барфтӯдаҳо ба аҳолӣ, иқтисодиёт ва муҳити зист;5) мақсадҳои дигари ба ҳифзи пиряхҳо равонашуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 556. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо 1. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо маҷмуи нуқтаҳои доимӣ (статсионарӣ) ва сайёр, аз ҷумла, дидбонгоҳҳо, стансияҳо, расадхонаҳо ва озмоишгоҳҳо мебошанд, ки мушоҳидаи равандҳои ташаккул ва тағйирёбии вазъи пиряхҳо, барфтӯдаҳо ва яхбастагиҳои бисёрсола, захираҳои об, омӯзиши хусусиятҳои ландшафтию иқлимӣ, яхбандӣ, гидрологӣ ва гидрометеорологӣ, инчунин баҳисобгирии сифати об, таркиби изотопӣ, ҳолати санитарии пирях ва барфтӯдаҳоро дар бар мегирад.2. Фаъолияти шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо барои гузаронидани омӯзиш ва мониторинги онҳо ҷиҳати ҷамъоварӣ, таҳлил, коркард, омода намудани иттилоот ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намудани он равона карда мешавад.3. Ташкили шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо, аз ҷумла, яхбастагиҳои бисёрсола, қатъ намудани фаъолият ё иваз намудани мавзеи ҷойгиронии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.4. Шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо қисми таркибии шабакаи давлатии мушоҳидавӣ оид ба обуҳавошиносӣ мебошад.5. Додани қитъаҳои замин барои ҷойгиронии нуқтаҳои шабакаи давлатии мушоҳидавии пиряхҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 557. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо1. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо маҷмуи маълумоти ҷамъоваришуда, батартибдаровардашуда, мукаммалгардида ва ҳуҷҷатгузоришуда оид ба вазъи пиряхҳо мебошад.2. Махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешавад.3. Иттилоот аз махзани маълумот дар бораи омӯзиш ва мониторинги пиряхҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.
Моддаи 558. Пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии ТоҷикистонВазъи ҳуқуқии пиряхҳои фаромарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузаронидани корҳои таҳқиқотию илмӣ, мониторинг, арзёбӣ ва ҳифзи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
БОБИ 37. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ҶОЙГИРОНӢ, ЛОИҲАКАШӢ, СОХТМОН, АЗНАВСОЗӢ, МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ КОРХОНА, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲО
Моддаи 559. Талаботи умумии экологӣ ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо1. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, мавриди истифода қарор додан, муваққатан боздоштан (консерватсия кардан) ва барҳамдиҳии корхона, иншооту дастгоҳҳо, ҳангоми гузаронидани хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, қубурҳо, каналҳо, роҳҳои нақлиётӣ ва дигар объектҳое, ки ба муҳити зист мустақим ва ғайримустақим таъсир расонида метавонанд, бояд талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла, ҳифзи саломатии инсон риоя гардида, барои ҳифз ва солимгардонии муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо андешида шаванд.2. Вайрон кардани талабот оид ба ҳифзи муҳити зист тибқи амри мақоми ваколатдори давлатӣ боиси муваққатан боздоштан, маҳдуд кардан ё пурра қатъ гардонидани фаъолияти ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ, мавриди истифода қарор додан ва барҳам додани объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, моликият ва тобеият мегардад.
Моддаи 560. Талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҷойгиронии корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо1. Ҳангоми ҷойгиронии корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият, иҷрои талабот оид ба ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ, амнияти экологӣ, ба назар гирифтани оқибатҳои наздиктарин ва дури экологӣ, генетикӣ, иқтисодӣ, демографӣ, маънавӣ ва дигари фаъолияти объектҳои мазкур бояд таъмин карда шавад.2. Ҷойҳои сохтмони корхона, иншооту дигар объектҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият, тибқи қонунгузории амалкунанда дар сурати мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ муайян карда мешаванд.3. Ҳангоми ҷойгиронии биноҳо, иншоот ва дигар объектҳо тамоми чораҳои имконпазир оид ба халалдор нагаштани манфиатҳои қонунии шаҳрвандон андешида мешаванд.
Моддаи 561. Талаботи экологӣ нисбати сохтмону азнавсозии корхона, иншоотҳо ва дигар объектҳо1. Иҷрои корҳои омодасозӣ дар маҳал, сохтмон, таъмиру таҷдиди объектҳо, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият бидуни хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ манъ аст. Тағйир додани лоиҳа ё арзиши корҳои тасдиқшуда бар зарари муҳити зист иҷозат дода намешавад.2. Корҳои дар қисми экологии лоиҳа пешбинишуда дар навбати аввал иҷро карда мешаванд.3. Ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ ҷиҳати ҳифзу истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, рекултиватсияи заминҳо ва барқарорсозии захираҳои дигари табиӣ, ҷойгиронии партовҳо, ободонии атроф ва солимгардонии муҳити зист бояд тадбирҳо андешида шаванд.4. Риоя накардани талаботи моддаи мазкур дар асоси амрияи мақоми ваколатдори давлатӣ, назорати давлатии санитарию эпидемологӣ, назорати бехатарии корҳо дар соҳаи саноат ва назорати кӯҳкорӣ боиси манъ кардани корҳои сохтмонӣ то бартараф кардани норасоиҳои қайдшуда мегардад.
Моддаи 562. Риоя намудани талаботи экологӣ ҳангоми хусусигардонии молу мулки давлатӣ1. Корхона ва дигар объектҳо бо назардошти натиҷаҳои санҷиши вазъи экологии онҳо хусусӣ гардонида мешаванд. Санҷиши вазъи экологии корхона ё объекти дигари хусусигардонидашаванда тибқи нақшаи хусусигардонӣ пешбинӣ карда мешавад ва аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом дода мешавад.2. Чорабиниҳо оид ба тоза ва безараргардонии корхона ва дигар объекти хусусигардонӣ аз ҳисоби давлат ва (ё) бо розигии молики нав аз манъбаҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:1) маблағи барои сохтмон, таҷдид ва азнавтаҷҳизонии объектҳои ҳифзи муҳити зист бозсармоягузорӣ намудаи молики нави корхона;2) аз ҳисоби маблағе, ки ба корхона ва дигар объекти хусусигардонидашуда дар шакли қарзҳои мақсаднок, қарзҳои бефоиз ва маблағгузории мақсадноки эҳтиёҷоти вобаста ба ҳифзи муҳити зист ворид мешаванд;3) аз ҳисоби маблағе, ки корхона тавассути низоми суғуртаи экологӣ мегирад;4) аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 563. Риоя намудани талабот ва уҳдадориҳои экологӣ ҳангоми муфлисшавӣ1. Ҳангоми оғоз намудани парванда оид ба муфлисшавӣ нисбати шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат санҷиши вазъи экологии он гузаронида мешавад.2. Уҳдадории гузаронидани санҷиши вазъи экологии корхона ва дигар объекти муфлисшуда ба зиммаи мақомоти анҷомдиҳандаи санатсия ё идоракунандаи берунӣ вогузор карда мешавад.3. Объекти санҷиш натиҷаҳои фаъолияти хоҷагидории корхона, ки боиси муфлисшавӣ гаштааст, инчунин риояи талаботи экологӣ аз ҷониби он мебошанд.4. Ҳангоми баррасии парванда оид ба муфлисшавии шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат манфиати кредиторон нисбати уҳдадориҳои экологӣ ба инобат гирифта мешавад.
Моддаи 564. Риоя намудани талабот ва уҳдадориҳои экологӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ ва азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ1. Шахси ҳуқуқӣ - истифодабарандаи табиат бо назардошти талаботи экологӣ дар асоси маълумоти санҷиши ҳолати корхона бо инъикоси ҳатмии натиҷаҳои онҳо дар тавозуни барҳамдиҳӣ, ки ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ мураттаб мегардад, барҳам дода ва аз нав ташкил карда мешавад.2. Ҳолати экологии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ё аз нав ташкилдодашаванда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ мавриди санҷиш қарор мегирад.3. Ҳангоми азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ ворисони ҳуқуқии молики нав нисбати уҳдадориҳои экологӣ мутобиқи тавозуни тақсимотӣ таъмин карда мешавад.4. Шахси ҳуқуқӣ бо назардошти манфиатҳои қарздиҳандагон нисбати уҳдадориҳои экологӣ барҳам дода мешавад.
Моддаи 565. Талаботи экологӣ ҳангоми мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо1. Корхона, иншоот ва дигар объектҳо бо шарти дар ҳаҷми пурра иҷро кардани талаботи экологии дар лоиҳа пешбинишуда, тибқи санадҳои комиссияҳои қабул, ки бо иштироки намояндагони мақоми ваколатдори давлатӣ таъсис меёбанд, мавриди истифода қарор дода мешаванд.2. Мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо, ки бо воситаҳои назорати ифлосшавии муҳити зист, иншооту таҷҳизоти зарурии тоза ва безараргардонӣ ва нобуд кардани партовҳои зарарнок, ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда то ҳадди меъёрҳои ҷоиз таъмин нестанд, бе анҷом додани корҳои лоиҳавии рекултиватсияи замин, барқарорсозии захираҳои дигари табиӣ ва солимгардонии муҳити зист манъ аст.
БОБИ 38. ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ КОРХОНА, ИНШООТ, ОБЪЕКТҲОИ ДИГАР ВА ИҶРОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИГАР
Моддаи 566. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо1. Корхона, иншоот ва дигар объектҳо вазифадоранд, ки оид ба риояи низоми технологӣ ва иҷрои талаботи ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ ва солимгардонии муҳити зист тадбирҳои самаранок андешанд.2. Корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо дар асоси кори самараноки иншоотҳои партовтозакунӣ, таҷҳизот ва воситаҳои назорат, безараргардонӣ ва истифодаи партовҳои истеъмолшаванда, гузаштан ба технология ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехавф меъёрҳои муқарраршудаи сифати муҳити зистро риоя мекунанд, оид ба ҳифз ва барқароркунии маҳсулнокии низомҳои экологии табиӣ, ҳифзи замин, хок, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва барқарорсозии захираҳои табиӣ тадбирҳо меандешанд.3. Риоя накардани талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхона, иншоот ва объектҳои дигар, боиси боздоштан, маҳдуд сохтан ва қатъ кардани фаъолияти корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ё коргоҳ, филиалҳо ва таҷҳизоти онҳо бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ мегардад.4. Самти фаъолияти объектҳо, қисматҳои алоҳидаи он ё коргоҳҳо, истифода бурдани технология ва техникаи нави аз ҷиҳати экологӣ зарарнок дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дигар карда мешавад.
Моддаи 567. Талаботи экологӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дар соҳаи кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал фаъолияткунанда вазифадоранд нисбати ҳифзи хок, обанборҳо, олами набототу ҳайвонот аз таъсири зараровари офатҳои табиӣ, оқибати номатлуби истифодаи техника, моддаҳои кимиёвӣ, омилҳои дигаре, ки вазъи муҳити зистро бад мекунанд ва ба саломатии инсон зарар мерасонанд, тадбирҳо андешанд.2. Хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ), комплексҳои чорводорӣ, корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал бояд талаботи санадҳои меъёрии санитарию муҳофизатӣ, минтақаҳои ҳифзи об ва иншоотҳои партовтозакуние, ки ифлос ва харобшавии замин, захираҳои об, нобуд ва харобшавии ҷангалу чарогоҳҳо, инчунин ба ҷузъиёти дигари муҳити зист расонидани зарарро истисно менамоянд, риоя кунанд.3. Иҷро накардани талаботи мазкур ва расонидани зарар ба муҳити зист, аз ҷумла, ба ҳаёт ва саломатии инсон, дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва назорати давлатии санитарию эпидемологӣ боиси боздоштан, маҳдуд ё қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарноки объектҳои соҳаи кишоварзӣ, хоҷагии ҷангал ва дигар объектҳо мегардад.
Моддаи 568. Талаботи экологӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва иҷрои корҳои мелиоративӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ, иҷрои корҳои мелиоративӣ ва истифодаи низомҳои мелиоративӣ оид ба риояи мувозинати об, истифодаи оқилона ва ҳифзи замин, наботот, аз ҷумла, ҷангалзор, истифодаи сарфакоронаи об, пешгирӣ аз зериобмонӣ, ботлоқшавӣ, шуршавӣ, эрозияи замин, роҳ надодан ба нобудшавии ҷойҳои тухммонӣ, парваришёбӣ, зимистонгузаронӣ ва кӯчидани моҳиён ва таъсири дигари зараровар ба муҳити зист бояд тамоми тадбирҳоро андешанд.2. Риоя накардани талаботи мазкур боиси дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ боздоштани иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ё истифодаи ин низомҳо то бартараф намудани норасоиҳо ё қатъ гардонидани чунин корҳо ва ҳамзамон қатъ кардани маблағгузории чунин корҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ мегардад.
Моддаи 569. Талаботи экологӣ нисбат ба объектҳои энергетикӣ1. Ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва мавриди истифода қарор додани корхона, дастгоҳ ва дигар объектҳои энергетикӣ, инчунин дарғот, сарбанд ва обанборҳо мувофиқи талаботи Кодекси мазкур сурат мегирад.2. Таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар соҳаи энергетика бо назардошти зарурати кам кардани таъсири манфии оқибатҳои экологӣ ва таъсири объектҳои энергетикӣ ба муҳити зист, аз ҷумла, ба саломатии аҳолӣ анҷом дода мешавад.3. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмони неругоҳҳои барқи обӣ ва дигар объектҳои энергетикӣ зарурати иқтисодӣ, релефи маҳалли ҷойгиронии объект, тадбирҳои бештар эҳтиёт кардани замин, ҷангал, конҳо, маҳалҳои аҳолинишин, ёдгориҳои табиӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ҳифзи самараноки захираҳои моҳӣ, қабати ҳосилхези замин ва роҳ надодан ба тағйироти манфӣ дар муҳити зист ҳангоми тоза намудан ва бо об пур кардани обанбор бояд ба назар гирифта шаванд.4. Риоя накардани талаботи мазкур дар асоси амрияҳои мақоми ваколатдори давлатӣ боиси боздоштани корҳои лоиҳакашӣ, сохтмон ё ин ки қатъ гардонидани истифодаи объектҳои энергетикӣ то бартараф намудани норасоиҳо мегардад.
Моддаи 570. Талаботи экологӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин1. Лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин бояд ба талаботи Кодекси мазкур мувофиқат кунад ва шароити мусоиди экологиро барои зиндагӣ ва кору истироҳати аҳолӣ таъмин намояд.2. Сохтмони объектҳои нав ва зиёд кардани иқтидорҳои объектҳои амалкунандаи хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият дар минтақаҳое, ки ифлосии муҳити зист аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд аст, манъ мебошад.3. Ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин таъмини обҳои нӯшокӣ ва полезӣ, кабудизоркунӣ, канализатсия, заҳбуру заҳкашҳо ва ташкили ҷуйборҳои обрави обҳои боришоти борон ва дигар обҳо бунёди фарши кӯчаҳо, ташкили партовгоҳҳо, безараргардонӣ, анборкунӣ, аз назари экологӣ ва санитарӣ бехавф кашонидан, нобуд сохтан ва гӯр кардани партовҳо, равона сохтан ва тоза кардани селобаҳо бояд ба назар гирифта шавад.4. Бо мақсади ҳифзи муҳити зист дар атрофи шаҳрҳои калон, марказҳои саноатӣ ва объектҳои калони аз ҷиҳати экологӣ хавфнок, боғу ҷангалзор, минтақаҳои санитарию муҳофизатӣ, иншоотҳои селгардон ва мустаҳкамкунандаи соҳилҳо бунёд карда мешаванд.
Моддаи 571. Талаботи экологӣ нисбати истифодаи маводи радиоактивӣ1. Корхонаҳо, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳрвандон уҳдадоранд, ки қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашонидан, истифодабарӣ, нобуд сохтан ва гӯронидани маводи радиоактивиро риоя кунанд, ба баланд гаштани меъёрҳои ҳадди ҷоизи радиатсия роҳ надиҳанд, дар сурати баланд шудани он фавран ба мақомоти дахлдор, ки бехатарии радиатсиониро таъмин мекунанд, дар хусуси сатҳи баланди радиатсия, ки барои саломатии инсон ва муҳити зист хавфнок аст, хабар диҳанд, инчунин барои рафъи манбаъҳои заҳролудшавӣ тадбирҳо андешанд.2. Корхонаю муассисаҳо, ташкилот ва шаҳрвандоне, ки қоидаҳои муносибат бо маводи радиоактивиро риоя намекунанд, мувофиқи қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ аз ҳуқуқи истифодаи ин мавод маҳрум ё фаъолияташон оид ба истифодаи ин мавод то бартараф кардани норасоиҳо қатъ карда мешавад.3. Воридоти партовҳои радиоактивӣ, инчунин интиқоли онҳо тавассути ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст.
Моддаи 572. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи маводи кимиёвӣ ва маводи дигар дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар1. Корхонаю муассиса, ташкилотҳо, шахсони мансабдори онҳо ва шаҳрвандон вазифадоранд, ки қоидаҳои истеҳсол, нигоҳдорӣ, кашонидан ва ба кор бурдани маводи кимиёвӣ, воситаҳои ҳимояи растанӣ ва нумӯяи он, нуриҳои минералӣ, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият истифода мешаванд, риоя кунанд, меъёрҳои муқарраршудаи истифодаи онҳоро риоя карда, барои пешгирии оқибати зарарноки онҳо ба муҳити зист, аз ҷумла, ба саломатии инсон чораҳо андешанд.2. Ба воридот, истеҳсол ва истифодаи маводи эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ, инчунин маводи бори аввал ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид ва истифодашаванда, баъд аз таҳқиқи зарурии экологӣ ва токсикӣ-гигиенӣ, танзими гигиении муносибат бо онҳо, бақайдгирии давлатии ин моддаҳо бо тартиби муқаррарнамудаи Комиссияи амнияти химиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад.3. Истифодаи маводи заҳрноки кимиёвии таҷзиянашаванда, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад, манъ аст.4. Қоидаҳои ҳифзи муҳити зист ба манфиати ҳифзи саломатии инсон аз таъсири маводи зарарноки кимиёвие, ки дар фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба кор бурда мешаванд, аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ карда мешаванд.
Моддаи 573. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири зарарноки биологӣ1. Ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва истифодаи корхонаҳо, иншооту объектҳои дигар, сарфи назар аз шаклҳои моликияту тобеият, ки ба муҳити зист таъсири биологӣ мерасонанд, бояд меъёрҳои ҳадди ҷоизи ғилзати микробҳо дар муҳит, бемориҳои замбӯруғӣ, вирусҳо ва дигар микроорганизмҳо ва маводи биологии ба таври сунъӣ ҳосилкардашуда, ки онҳоро мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ тасдиқ менамояд, риоя карда шаванд.2. Истеҳсол, парвариш ва дар муҳити зист ҷойгир кардани объектҳои биологии ба табиати маҳал бегона, аз ҷумла, бо усули сунъӣ ҳосилшуда, инчунин истифодаи онҳо ҳангоми мавҷуд будани хулосаи мусбии экспертизаи давлатии экологӣ иҷозат дода мешавад.3. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муҳити зист таъсири биологӣ мерасонанд ва ё имконияти чунин таъсиррасониро доранд, вазифадоранд истеҳсол, офаридан, нигоҳдорӣ, ҳамлу нақл, истифода ва нобуд кардани микроорганизмҳо ва маводи биологии аз ҷиҳати экологӣ безарарро таъмин намуда, ҷиҳати рафъи садамаву фалокатҳо, пешгирӣ ва барҳам додани оқибати таъсири зарарноки биологӣ ба муҳити зист ва саломатии инсон ва фонди генетикии он чораҳо андешанд.4. Мушоҳида, ба ҳисоб гирифтани манбаъҳо ва назорати дараҷаи таъсири биологӣ ба муҳити зист аз ҷониби мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ сурат мегирад.
Моддаи 574. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири садо, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ ва дигар таъсироти зарарноки физикӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд, ки барои пешгирӣ ва рафъи садою ларзишҳои зарарноки истеҳсолӣ, таъсири манфии майдонҳои электромагнитӣ ва дигар таъсироти зарарноки физикӣ дар биноҳои истеҳсолӣ, ҷамъиятӣ, истиқоматӣ, дар кӯчаҳо, ҳавлиҳо, майдонҳои шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои истироҳати аҳолӣ, ҷойҳои ҷамъшавии зиёди ҳайвонот ва парандаҳои ваҳшӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.2. Барзиёдии аз меъёрҳои ҳадди ҷоизи дараҷаи таъсири садою ларзишҳои истеҳсолӣ ва нақлиётӣ, ларзиш, майдонҳои электромагнитӣ ва таъсири дигари зарарноки физикӣ ба саломатии инсон ва муҳити зист манъ аст. Тадбирҳое, ки риояи меъёрҳои мазкурро кафолат медиҳанд, ҳангоми лоиҳакашӣ ва сохтмони шаҳрҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, лоиҳакашӣ, сохтмон ва таҷдиди корхонаҳо, коргоҳҳо, хатҳои технологӣ, бунёду азхудкунии техникаи нав, ҳангоми лоиҳакашӣ ва истифодаи воситаҳои нақлиёти рӯйизаминӣ, зеризаминӣ, обӣ ва ҳавоӣ пешбинӣ карда мешаванд.
Моддаи 575. Ҳифзи муҳити зист ҳангоми муоимилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ уҳдадоранд барои ҷамъоварӣ, кашонидан, безараргардонӣ, коркард, истифода, анборкунӣ, гӯронидан, инчунин кам кардани пайдоиши партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ чораҳои самарабахш андешида, меъёру қоидаҳои амалкунандаи экологӣ, санитарӣ-гигиенӣ ва беҳдоштиро риоя намоянд.2. Партофтани партовҳои саноатӣ ва обҳои тозанашудаи канализатсия ба обанборҳои истифодаи умум, маҷроҳои селрав ва каналҳои обёрӣ, қабатҳои обрави зеризаминӣ дар ҳудуди маҳалҳои истиқоматӣ, ҷангалзорҳо ва киштзорҳо манъ аст. Ҷойҳои анборкунӣ ва гӯронидани партовҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ, мақоми назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва геология муайян карда мешаванд.3. Гӯронидани партовҳои хатарнок, аз ҷумла, партовҳои радиоактивӣ дар ҳудуди маҳалҳои аҳолинишин, шафати шаҳр ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, минтақаҳои зичии аҳолиаш зиёд, дарёҳо, кӯлҳо, минтақаҳои осоишгоҳ, табобатию солимгардонӣ ва рекреатсионӣ, дигар ҷойҳое, ки ба саломатии инсон ва вазъи муҳити зист метавонад хавф таҳдид намояд, манъ аст. Ҳама гуна намудҳои муомилот бо партовҳои хатарнок бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.4. Риоя накардани қоидаҳои мазкур боиси маҳдуд кардан ё боздоштани фаъолияти корхона ва дигар объектҳо то бартараф кардани норасоӣ мегардад.
ФАСЛИ 3. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИЭКОЛОГӢ ВА МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
БОБИ 39. ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИЭКОЛОГӢ
Моддаи 576. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экологӣҲамкории байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ дар асоси қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 577. Афзалиятҳои ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ1. Иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди ҳамкориҳои байналмилалии соҳаи экологӣ ба афзалиятҳои зерин асос меёбад:1) ҳифзи муҳити зисте, ки барои ҳаёт ва саломатии инсон мусоид аст;2) расидан ба ҳадафҳои рушди устувор;3) ҳимояи манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ;4) пешгирӣ, коҳишдиҳӣ ва назорати ифлосшавии фаромарзӣ;5) рушд ва дастгирии савдои озоди байналмилалӣ ва сармоягузорӣ дар асоси риояи стандартҳо ва талаботҳои экологӣ;6) расонидани кӯмаки байналмилалӣ дар ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ;7) татбиқи меъёрҳо ва принсипҳои ҳуқуқи байналмилалӣ барои ҳалли мушкилоти экологии фаромарзӣ ва минтақавӣ;8) иштирок дар раванди ташаббусҳои байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ ва рушди устувор.2. Вазифаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ дар заминаи ҷаҳонӣ (глобалӣ), фаромарзӣ, минтақавӣ ва дуҷониба ҳал карда мешаванд.
Моддаи 578. Принсипҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ1. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ тибқи принсипҳои умумиэътирофгардидаи ҳуқуқи байналмилалӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онро эътироф намудааст, амалӣ мегардад. 2. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ, инчунин дар асоси принсиҳои соҳавие, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бармеоянд, амалӣ карда мешаванд.3. Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ нисбат ба меъёрҳои пешбининамудаи қонунгузории экологӣ дигар стандартҳо ва қоидаҳоро муқаррар намоянд, принсип ва меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ карда мешаванд.4. Ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи экологӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад:1) софдилона иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ;2) эҳтироми ҳуқуқи соҳибихтиёрии давлатҳо барои истифодаи сарватҳои табиии худ;3) ҳамгироии ҳифзи муҳити зист ва рушди иқтисодӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор;4) масъулияти давлат барои таъмини чораҳо оид ба пешгирии зарар ба муҳити зист;5) эҳтиёт ва андешидани чораҳои пешгирикунанда;6) ҳалли осоиштаи баҳсҳои байналмилалӣ;7) қаблан огоҳнамоӣ ва машваратҳои тарафайн оид ба таъсири хатарҳои назарраси фаромарзии экологӣ.
Моддаи 579. Механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи экологӣ1. Механизмҳои ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи экологӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро тибқи уҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ дар расмиёти зерини байналмилалӣ ва фаромарзӣ муайян менамояд:1) мубодилаи иттилооти экологӣ;2) гузаронидани мониторинги муштараки экологӣ дар асоси талаботҳо ва стандартҳои мувофиқашуда;3) муайян ва ҳифзи намудҳои биологӣ ва объектҳои табиии дорои аҳаммияти байналмилалидошта;4) гирифтани розигии асосноки пешакӣ барои иҷрои намудҳои фаъолияти алоҳидае, ки мавзуи танзими байналмилалии экологӣ мебошанд;5) додани иҷозатномаҳои махсус барои намудҳои алоҳидаи фаъолият, ки ба муҳити зист ва саломатии инсон эҳтимоли таҳдид доранд;6) танзими муштараки таъсироти экологӣ ва баҳодиҳии самараноки татбиқи он;7) баҳодиҳии таъсири фаромарзӣ ба муҳити зист;8) иттилоотикунонӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми таҳдиди эҳтимолии хатари фаромарзӣ ба муҳити зист;9) расонидани кӯмак бо дархости дигар давлатҳо дар ҳолатҳои фавқулодда ҳангоми таҳдиди хатари фаромарзӣ, аз ҷумла, таҳияи нақшаҳои дахлдори муштарак;10) таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои миллӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ;11) баҳодиҳии риояи уҳдадориҳои шартномаҳои байналмилалӣ, ки аз ҷониби мақомоти махсуси ваколатдори байналмилалӣ гузаронида мешаванд;12) татбиқи чораҳои ҷавобгарӣ барои расонидани зарар ба муҳити зисти дигар давлатҳо ё минтақаҳои берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон.2. Дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи шартномаҳои байналмилалӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба расмиёти зарурии дар қисми 1 моддаи мазкур пешбинишударо таҳия менамояд.3. Бо мақсади таъмини фаъолияти самараноки механизми ҳамкориҳои байналмилалӣ ва татбиқи расмиёти дар қисми 1 ҳамин модда пешбинишуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳуқуқи ташаббуси таъсиси мақомоти байнидавлатиро доранд.
Моддаи 580. Шартномаҳои байналмилаӣ дар соҳаи экологӣ1. Шакли ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи экологӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ шартномаҳои байналмилалӣ мебошанд.2. Тартиби ба имзо расонидан, тасдиқ (ратификатсия), ҳамроҳшавӣ, бақайдгирӣ, интишор, иҷро намудан, бекор кардан (денонсатсия) ва боздоштани амали шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ ва истифодаи сарватҳои табиӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ ба танзим дароварда мешавад.3. Иҷро намудани шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ инҳоро дарбар мегиранд:1) таҳия ва тасдиқи нақшаи чорабиниҳои зарурӣ барои таъмини иҷрои онҳо;2) муайян кардани мақомоти масъули ваколатдори давлатӣ оид ба иҷрои шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ;3) гузаронидани таҳлили пайвастаи самаранокии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шартномаҳои байналмилалӣ дар соҳаи экологӣ.
БОБИ 40. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 581. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкурШахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Кодекси мазкур мутобиқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 582. Тартиби ҳалли баҳсҳо дар соҳаи экологӣБаҳсҳо дар соҳаи экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 583. Аз эътибор соқит донистани баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии ТоҷикистонСанадҳои қонунгузории зерин аз эътибор соқит дониста шаванд:1) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2002 «Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, № 4, қ. 1, мод. 287; с. 2005, № 7, мод. 409; с. 2011, № 6, мод. 447);2) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» аз 22 июли соли 2013 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 530; с. 2017, №1430);3) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 741; с. 2006, №3, мод.167; с. 2007, №7, мод. 441; с. 2011, №12, мод. 850; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 418; с. 2006, № 177; с. 2007, № 285; с. 2011, № 786; с. 2014, № 1121; с. 2016, № 1345);4) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳофизат ва истифодаи олами наботот» аз 17 майи соли 2004 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, № 5, мод.342; с. 2007, № 7, мод. 691; с. 2008, № 1, қ. 2, мод. 18);5) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи олами ҳайвонот» аз 5 январи соли 2008 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2008, № 1, қ. 2, мод. 19);6) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маърифати экологии аҳолӣ» аз 29 декабри соли 2010 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, № 12, қ. 1, мод. 832);7) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 3, мод. 174; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 417);8) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ» аз 25 марти соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 3, мод. 172);9) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» аз 2 августи соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, № 11, мод. 669; с. 2017, № 7-9 мод. 572);10) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» аз 26 декабри соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 12, мод. 849);11) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи хок» аз 16 октябри соли 2009 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №9-10, мод. 548);12) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» аз 26 декабри соли 2011 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 12, мод. 852; с. 2014, № 11, мод. 668);13) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» аз 16 апрели соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 4, мод. 268);14) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера» аз 28 декабри соли 2012 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, № 12, қ. 1. мод. 1009);15) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти экологии нақлиёти автомобилӣ» аз 8 августи соли 2015 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, № 7-9, мод. 702);16) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» аз 18 июли соли 2017 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 7-9, мод. 571);17) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» аз 3 январи соли 2024 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2024).
Моддаи 584. Тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси мазкурКодекси мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Замима ба Кодекси экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Таснифи объектҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист аз рӯйи гурӯҳҳо вобаста ба хусусияти таъсиррасонии онҳо ба муҳити зист
1. Манбаъҳои антропогении асосии ифлоскунии муҳити зист чунин тасниф меёбанд:1) неругоҳҳои ҳароратӣ ҳавои атмосфераро бо партовҳое, ки дар таркибашон ангидриди сулфур, дуоксиди сулфур, оксидҳои нитроген, дуда, чанг ва хокистари дорои намакҳои металҳои вазнин ифлос мекунанд;2) корхонаҳои металлургияи сиёҳ;3) металлургияи ранга, ки ҳавои атмосфераро бо пайвастагиҳои металҳои ранга ва вазнин, буғи симоб, ангидриди сулфур, оксидҳои нитроген, карбон ва ғайраҳо ифлос мекунад;4) саноати мошинсозӣ ва коркарди метал. Партовҳои ин корхонаҳо аэрозоли пайвастагиҳои металҳои ранга ва вазнин, аз ҷумла, буғи симоб доранд;5) саноати коркарди нафт ва нафту химия, ки манбаи ифлоскунии ҳавои атмосфера бо сулфидҳо, ангидриди сулфур, оксиди карбон, аммиак, карбогидридҳо ва бензапирен мебошанд;6) корхонаҳои химияи органикӣ. Ин корхонаҳо манбаи миқдори калони партовҳои моддаҳои органикӣ мебошад, ки дорои таркиби мураккаби химиявӣ, кислотаи хлорид, пайвастагиҳои металлҳои вазнин, дуда ва чанг ҳастанд;7) корхонаҳои химияи ғайриорганикӣ. Партовҳо аз ин корхонаҳо дорои оксиди сулфур ва нитроген, пайвастагиҳои фосфор, хлори озод ва сулфидҳо ҳастанд;8) нақлиёти автомобилӣ. Қонунияти ҷуғрофии паҳншавии ифлоскунандаҳо, ки аз онҳо ба вуҷуд меоянд, аз шакли шабакаи шоҳроҳҳо ва шиддатнокии ҳаракати нақлиёт, ҳамчунин адади зиёди чорроҳаҳо, ки дар онҳо нақлиёт муддати муайян бо муҳаррики коркунанда меистад.2. Тибқи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист» фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари банақшагирифташаванда вобаста ба моҳияти таъсири экологӣ ҳамчун объекти арзёбӣ ба гурӯҳҳои «А», «Б», «В» ва «Г» ҷудо гардида, салоҳияти гузаронидани экспертизаи экологӣ оид ба объекти арзёбии гурӯҳҳои «А», «Б», «В» ба зиммаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва объекти арзёбии гурӯҳи «Г» ба зиммаи мақомоти вилоятии ҳифзи муҳити зист гузошта мешавад.3. Ба объектҳои гурӯҳи «А» шомил мешаванд:1) шоҳроҳҳо, роҳҳои оҳан, шоҳроҳҳои суръатбаланд, нақбҳо ва терминалҳои мошинҳои боркаши таъиноташон ҷумҳуриявӣ;2) фурудгоҳҳои хатти парвозашон 2100 метр ва зиёда аз он;3) анборҳои нафт ва маҳсулоти нафтии гурӯҳҳои I ва II;4) обанборҳои ҳаҷмашон аз 200 млн м3 зиёд;5) фабрикаҳои маъдантозакунии кӯҳӣ бо иқтидори истеҳсолиашон аз 500 ҳазор тонна маъдан зиёд дар як сол;6) партовгоҳҳои партовҳои сахти маишии шаҳрӣ (барои шаҳрҳои шумораи аҳолиашон аз 200 ҳазор нафар зиёд);7) неругоҳҳои барқии обӣ бо иқтидори аз 300 МВт зиёд;8) истихроҷи ашёи хоми маъданҳӣ ва кӯҳию химиявӣ бо ҳаҷми ҷинсҳои кӯҳии 200 млн м3/сол ва зиёда аз он, рекултиватсияи карйерҳои истифодашуда;9) истихроҷи захираҳои сӯзишворӣ (нафт, газ, ангишт ва ғайра);10) заводҳои металлургияи сиёҳ ва ранга;11) корхонаҳои пӯсту чарм;12) иншоотҳои обтозакунӣ иқтидорашон зиёда аз 200 ҳазор м3 дар як шабонарӯз;13) хатти баландшиддати интиқоли барқи таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байнидавлатӣ;14) хатҳои магистралии қобилияти обгузарониашон зиёда аз 50 м3/сония ва коллекторҳо бо сарфи лоиҳавию ҳисоби зиёда аз 30 м3/сония;15) саноати мошинсозӣ (ҳавопаймосозӣ, автомобилсозӣ, тракторсозӣ, муҳарриксозӣ ва ғайра);16) ҷойҳои гӯркунии партовҳои заҳрнок;17) заводҳои партовсӯзонӣ;18) қубурҳои нафт/ гази таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байнидавлатӣ;19) корхонаҳои коркарди нафту газ;20) сарбандҳои гурӯҳҳои I ва II;21) анборҳои зеризаминии нигоҳдории газ;22) партовгоҳҳои моддаҳои радиоактивӣ ва ишқоркунонии зеризаминӣ;23) корхонаҳои истифодабарандаи технологияи ишқоркунонии тӯдагӣ;24) корхонаҳои коркарди партовҳои дорои хатарнокии гурӯҳҳои I ва II;25) корхонаҳои истифодабарандаи биотехнология;26) истеҳсоли аккумулятор, қисматҳо ва батареяи галваникӣ;27) истеҳсоли асбест (сангпахта) ва маҳсулоти асбестӣ;28) истеҳсоли семент бо иқтидори 1 млн тонна ва зиёда аз он;29) истеҳсол ва нигоҳдории моддаҳои тарканда;30) истеҳсоли таҷҳизот ва ё дастгоҳҳое, ки дар таркибашон моддаҳои заҳрнок дошта, тибқи шартномаҳои байналмилалӣ танзим карда мешаванд;31) истеҳсол, истифода ва нигоҳдории моддаҳои радиоактивӣ (изотопҳо);32) истеҳсоли резин ва маҳсулоти резини техникӣ;33) истеҳсоли шишаи дорои омехтаҳои заҳрнок;34) истеҳсоли семент бо иқтидори 1 млн тонна ва бештар аз он;35) рекултиватсияи полоишгоҳҳои партовҳои заҳрнок;36) анборҳои нигоҳдории пеститсидҳои (заҳрхимикатҳои) таъиноти ҷумҳуриявӣ;37) неругоҳҳои ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳои сӯзонанда бо иқтидори ҳароратии 300 МВт ва зиёда аз он;38) завод ва фабрикаҳои дорубарорӣ;39) муҷтамаъ ва заводҳои химиявӣ;40) анборҳо барои гӯронидани пеститсидҳои мамнӯъ ва ё муҳлати истифодаашон гузашта ва зарфҳои холии онҳо.4. Ба объектҳои гурӯҳи «Б» шомил мешаванд:1) роҳҳои автомобилгарди дорои аҳаммияти вилоятӣ;2) заводҳои асфалту бетонбарорӣ;3) фурудгоҳҳои хатти парвозашон то 2100 метр;4) базаи нафту маҳсулоти нафтии гурӯҳи III;5) пармакунии чоҳҳои нафту газдор;6) иншооти гидротехникии обгирӣ ва пармакунии чоҳҳои амудии обҳои зеризаминии таъиноти байнивилоятӣ;7) обрасонии таъиноти ҷумҳуриявӣ ва байнивилоятӣ;8) обанборҳои ҳаҷмашон то 200 млн м3;9) неругоҳҳои барқии обии иқтидорашон 30 МВт ва камтар аз он;10) партовгоҳҳои шаҳрии партовҳои маишӣ (барои маҳалҳои аҳолинишин бо шумораи аз 100 то 200 ҳазор нафар);11) фабрикаҳои маъдантозакунии кӯҳии иқтидори истеҳсолиашон то 500 ҳазор тонна;12) депоҳои роҳи оҳан;13) истихроҷи ашёи хоми кӯҳию маъданӣ химиявӣ бо ҳаҷми ҷинсҳои кӯҳӣ то 1 млн м3/сол ва рекултиватсияи карйерҳои дар натиҷаи истихроҷ ҳосилшуда;14) истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул дар ҳаҷми зиёда аз 30 ҳазор м3 як сол;15) роҳҳои оҳани таъиноти идоравӣ;16) комплексҳои чорводорӣ;17) иншооти тозакунии канализатсионӣ бо иқтидори аз 50 то 200 ҳазор м3/шабонарӯз;18) комплексҳои истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ ва иловагиҳои биологӣ;19) хатҳои интиқоли барқии таъиноти вилоятӣ;20) саноати нахресӣ;21) воридот, нигоҳдорӣ ва истифодаи пеститсидҳо (заҳрхимикатҳо) ва нуриҳои минералӣ;22) хатҳои магистралӣ бо иқтидори обгузаронии аз 30 то 50 м3/сония ва коллекторҳои сарфи лоиҳавӣ-ҳисобии зиёда аз 15 то 30 м3/сония;23) комбинат ва фабрикаҳои мебелбарорӣ;24) комбинатҳои ордбарорӣ;25) заводҳои коркарди партовҳо;26) қубурҳои нафт/гази дорои аҳаммияти вилоятӣ;27) азхудкунии заминҳои нав дар майдони зиёда аз 100 гектар;28) сарбандҳои гурӯҳҳои III ва IV;29) корхонаҳои истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ;30) корхонаҳои рангубор ва локзании пӯст;31) корхонаҳои коркарди ашёи хоми пахта;32) корхонаҳои рангуборкунии матоъ ва коғаз бо локи ҳаҷмаш 300 т/сол;33) корхонаҳои коркарди партовҳои дорои хатарнокии гурӯҳи III;34) корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ, ба ғайр аз истеҳсоли асбест ва семент;35) истеҳсоли семент бо иқтидори камтар аз 1 млн тонна;36) истеҳсоли маҳсулоти тамоку;37) истеҳсоли коғаз ва картон;38) истеҳсоли плитаҳои чӯбию парағагӣ ва чӯбию нахӣ;39) истеҳсоли нахи шишагӣ;40) истеҳсоли газҳои инертӣ;41) истеҳсоли маводи косметикӣ;42) истеҳсоли рангкунандаҳо;43) истеҳсоли маҳсулоти полимерӣ ва маводи синтетикӣ;44) истеҳсоли дастгоҳҳои электротехникӣ;45) фабрикаҳои ресмонресӣ ва бофандагии дорои сехҳои рангкунӣ ва ороишӣ;46) фабрикаҳои парандапарварӣ;47) ҷустуҷӯй ва иктишофи канданиҳои фоиданоки марбут ба коркарди кӯҳӣ;48) саноати радиотехника ва электронӣ;49) таҷдид ва беҳдошти мелиоративии заминҳои обёришавандаи куҳна бо масоҳати зиёда аз 1000 гектар;50) анборҳои нигоҳдории пеститсидҳои (заҳрхимикатҳои) таъиноти вилоятӣ;51) неругоҳҳои ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳои сӯзонанда бо иқтидори ҳароратии аз 100 то 300 МВт;52) бунёди партовгоҳҳои партовҳои саноатӣ;53) корхонаҳои бофандагӣ;54) саноати коркарди пахта;55) истеҳсоли пеститсидҳо (заҳркимиёҳо) ва агрокимиёҳо.5. Ба объектҳои гурӯҳи «В» шомил мешаванд:1) роҳҳои автомобилгарди таъиноти маҳаллӣ;2) нуқтаҳои таъмири автомобилҳо, паркҳои автомобилӣ;3) нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории нафт ва газ;4) пойгоҳҳои бунёдӣ барои алоқаи мобилӣ;5) иншооти гидротехникии обгирӣ ва пармакунии чоҳҳои амудии обҳои зеризаминии таъиноти маҳаллӣ;6) иншооти обрасони таъиноти вилоятӣ ва ноҳиявӣ;7) хатҳои интиқоли гази таъиноти шаҳракӣ;8) истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки маъмул бо ҳаҷми камтар аз 30 ҳазор м3 дар як сол;9) шаҳракҳои истироҳатӣ ва маҷмааи меҳмонхонаҳо;10) анборҳои ғалланигоҳдорӣ;11) хоҷагиҳо оид ба парвариши ҳайвоноти ваҳшӣ;12) иншооти тозакунии корезӣ бо иқтидори камтар аз 50 ҳазор м3/шабонарӯз;13) фабрикаҳои қолинбарорӣ;14) сехҳои хурди шаробпазӣ ва истеҳсоли нӯшокиҳои ферментдор;15) сехҳои хурди истеҳсоли масолеҳи гилӣ ва маводи сохтмонӣ;16) сехҳои хурди коркарди пӯст;17) хатҳои магистралии иқтидори обгузарониашон камтар аз 100 м3/сония ва коллекторҳои сарфи лоиҳавӣ-ҳисобии камтар аз 20 м3/сония;18) неругоҳҳои барқии обии хурд (бо иқтидори камтар аз 30 Мвт);19) саноати гӯшт (забҳ ва коркард);20) анборҳои маҳсулоти нафтии корхонаю ташкилотҳо;21) азхудкунии заминҳои нави масоҳаташон то 100 гектар;22) коркард ва консервакунонии маҳсулоти кишоварзӣ;23) партовгоҳҳои партовҳои сахти маишӣ барои маҳалҳои аҳолинишини шумораашон камтар аз 100 ҳазор нафар;24) корхонаҳои коркарди маҳсулоти рӯшноиҳискунанда;25) корхонаҳои коркарди пашм;26) корхонаҳои коркарди партовҳои дорои хатарнокии гурӯҳи IV;27) корхонаҳои коркарди нахи пахта;28) корхонаҳои рангубори кимиёвии матоъ ва коғаз бо локи ҳаҷми истеҳсолаш то 300 т/сол;29) муассисаҳои хӯроки умумӣ бо зиёда аз 50 ҷои нишаст;30) корхонаҳои истеҳсоли нӯшокиҳои ғайриспиртӣ;31) коргоҳҳои истеҳсоли асфалту бетон дар дастгоҳҳои ғайристатсионарӣ;32) коргоҳҳои истеҳсолоти масолеҳи ороишие, ки дар сохтмон истифода бурда мешаванд;33) коргоҳҳои истеҳсоли пойафзол;34) коргоҳҳои истеҳсоли хӯрокаи омехтаи чорво;35) коргоҳҳои истеҳсоли собун;36) коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулот аз шишае, ки партовҳои заҳрнок надорад;37) коргоҳҳои истеҳсоли мебел;38) коргоҳҳои истеҳсолоти маҳсулоти чиниворӣ ва кулолӣ;39) коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти заргарӣ, тиллокорию оҳангарӣ ва рӯйбаст бо металлҳои қиматбаҳо;40) фабрикаҳои ресандагӣ ва бофандагии бе рангуборкунӣ ва сафедкунӣ;41) фермаҳои парандапарварӣ, чорвои калони шохдор, асппарварӣ ва гӯсфандпарварӣ;42) таҷдид ва беҳдошти мелиоративи заминҳои корам дар майдони аз 100 то 1000 гектар;43) таъмири муҳаррик ва мошинҳо, аз он ҷумла рангубори онҳо;44) таъмири маҳсулоти резинӣ-техникӣ бо таъмири шина;45) хоҷагиҳои моҳипарварӣ, аз он ҷумла коркарди моҳӣ;46) бозорҳо бо зиёда аз 50 ҷойи нишаст;47) сохтмони биноҳои баландошёна бо ҷойгиронии инфрасохторҳои гуногун;48) васлкунӣ ва таъмири асбобҳои барқӣ;49) анборҳои маҳсулоти кишоварзӣ;50) анбори заҳрхимикатҳои таъиноти ноҳиявӣ;51) объектҳои махсуси ҳифзи ҳуқуқ;52) матбааҳо;53) гармхонаҳо ва парвардахонаҳои дегхонадор;54) истгоҳҳои барқии ҳароратӣ ва дигар дастгоҳҳо барои сӯзонидан бо иқтидори то 100 МВт;55) депоҳои трамвай ва троллейбусҳо;56) фабрикаҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ;57) нуқтаҳои пахтатайёркунӣ;58) дастгоҳҳои хлоронии об;59) коргоҳҳои нонбарорӣ;60) хушкашӯйҳо;61) яхдонҳои ҳаҷмашон аз 50 тонна зиёд;62) коргоҳ ва устохонаҳои истеҳсол ва таъмири мебел;63) коргоҳи истеҳсоли карбиди калтсий;64) фабрикаҳои чойбаркашӣ;65) коргоҳи истеҳсоли оҳак.6. Ба объектҳои гурӯҳи «Г» шомил мешаванд:1) ҳаммом ва саунаҳо бе дегхонаи буғӣ;2) иншооти обрасони таъиноти дохилихоҷагӣ;3) табобатхонаҳои байторӣ;4) вулканизатсия (нуқтаҳои таъмири хурди чархҳо);5) мошинсарой ва таваққуфгоҳҳои истифодаи маҳаллӣ;6) қабристонҳо;7) коргоҳҳои хурди қолинбофӣ;8) коргоҳҳои хурди бофандагӣ ва дӯзандагӣ;9) коргоҳҳои хурди истеҳсоли мебел ва таъмири он;10) коргоҳҳои хурди шонакунӣ (коркарди пашм, пахта);11) осиёбҳои хурд;12) коргоҳҳои хурди дудкунии маҳсулоти гӯштӣ ва моҳӣ;13) нуқтаҳои шустушӯи автомобилҳо;14) коргоҳҳои хурди коркарди сангҳои ороишӣ;15) ҳудудҳои табиию истироҳатӣ (ландшафтиву рекреатсионӣ) ва иншоотҳои таъиноти манзилию ҷамъиятӣ, инчунин фарҳангию маишие, ки дегхонаи буғӣ ва иншооти тозакунӣ надошта, ба канализатсия пайваст мебошанд;16) азхудкунии заминҳои дохилихоҷагӣ;17) нуқтаҳои муваққатии нигоҳдории партовҳои сахти маишӣ;18) истеҳсоли таҷҳизоти варзишӣ;19) нуқтаҳои қабул ва нигоҳдории пилла;20) ошхонаҳои то 30 ҷойи нишаст;21) бозорҳои камтар аз 30 ҷойи нишаст;22) таҷдид ва беҳдошти мелиоративии заминҳои корами истифодашаванда дар майдони то 10 гектар;23) анборҳои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ;24) сохтмон ва таҷдиди шабакаҳои оби дохилихоҷагӣ дар майдони то 10 гектар;25) гармхонаҳо ва парвардахонаҳо (бе истифодаи дегхона), ба ғайр аз гармхонаҳои хоҷагиҳои ёрирасони шахсӣ;26) нонвойхонаҳо, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ва макаронӣ;27) коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ;28) коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти сафолӣ.