Рақам 49
Дар асоси нақша 63
Намуди ҳуҷҷат Қонун
Ном бо забони тоҷикӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи номи фирмавӣ”
Ном бо забони русӣ Закон Республики Таджикистан “О фирменных наименованиях”
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надошт.

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Ранее не существовал такой нормативный правовой акт.

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Лоиҳаи

 

ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

«ДАР БОРАИ НОМИ ФИРМАВӢ»

 

Қонуни мазкур муносибатҳоро вобаста ба ҳифзи ҳуқуқ ва истифодабарии номи фирмавӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим медарорад.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

- номи фирмавӣ - номи устувори пурра ё ихтисоршудаи шахси ҳуқуқии тиҷоратӣ (минбаъд - шахси ҳуқуқӣ) мебошад, ки барои фарқкунии як шахси ҳуқуқӣ аз дигар шахси ҳуқуқӣ истифода бурда мешавад;

- ҳуқуқи истисноӣ - ҳуқуқи истифодабарӣ ва манъ намудани истифодабарии номи фирмавӣ аз тарафи шахсони сеюм;

- мақоми ваколатдори давлатӣ - мақоме, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ муайян карда шудааст;

- идораи патентӣ - мақоме, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бақайдгирии шартномаҳои иҷозатномадиҳӣ муайян карда шудааст.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номи фирмавӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи номи фирмавӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.

 

БОБИ 2. ҲИФЗИ ҲУҚУҚИИ НОМИ ФИРМАВӢ

 

Моддаи 3. Номи фирмавӣ

  1. Шахси ҳуқуқӣ дар баробари номи пурраи фирмавӣ метавонад номи фирмавии ихтисоршуда дошта бошад.
  2. Номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ бояд ишора ба шакли ташкилӣ - ҳуқуқии онро дошта бошад.
  3. Тартиби истифодабарии калимаҳои «Тоҷикӣ», «Давлатӣ», «Миллӣ» ва ё ибораҳои ба онҳо ҳамшабеҳ, инчунин ишора ба номи пурра ё ихтисоршудаи «Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи қонунгузории амалкунанда муайян карда мешавад.
  4. Шахси ҳуқуқие, ки номи фирмавии он тибқи тартиби муқарраргардида ҳифзи ҳуқуқӣ пайдо намудааст, барои истифодаи он ҳуқуқи истисноӣ дорад.

 

Моддаи 4. Талаботҳо нисбат ба номи фирмавӣ

Нишонаҳое, ки ҳамчун номи фирмавӣ эътироф шуда наметавонанд:

- ҳаммонанд бо номҳои фирмавии шахсони ҳуқуқӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз шудаанд ва фаъолияти якхела мебаранд;

- ҳаммонанд бо насаби шахси машҳур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе розигии ӯ;

- ҳаммонанд бо номҳои асарҳои илмӣ, адабӣ ва санъати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруф ё порчаҳои онҳо, - бе розигии муаллиф ва ё ворисони ҳуқуқии ӯ;

- ҳаммонанд бо номҳои ташкилотҳои ғайритиҷоратии сабтшуда;

- ҳаммонанд бо тамғаи молии вожавӣ ё қисми вожавии омехтаи тамғаи молӣ ва номи ҷойи пайдоиши моли дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшуда;

- ҳаммонанд бо номҳои давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ;

- ба меъёрҳои маънавӣ, принсипҳои инсондӯстӣ ва манфиатҳои ҷамъият мухолифаткунанда;

- дигар ҳолатҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудаанд.

 

Моддаи 5. Ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ

  1. Ҳифзи ҳуқуқ ва истифодабарии номи фирмавии шахси ҳуқуқӣ аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии он дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба вуҷуд меояд.
  2. Агар номи фирмавӣ бо дигар воситаҳои фардикунонӣ (номи ҷойи пайдоиши мол, тамғаи молии вожавӣ ё қисми вожавии омехтаи тамғаи молӣ) ҳаммонанд гардад ва истеъмолкунандаро тавонад ба гумроҳӣ барад, бартарият ба ҳамон воситаи фардикунонӣ дода мешавад, ки ҳифзи ҳуқуқии он аввалияти пештар дорад.
  3. Аризадиҳанда ҳуқуқ дорад, пеш аз пешниҳод намудани ариза барои бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, ҷусутуҷӯи дахлдорро оиди ҳаммонандӣ ба воситаҳои фардикунонии арзшуда ва бақайдгирифташуда гузаронад.

 

Моддаи 6. Аввалияти номи фирмавӣ

Аввалияти номи фирмавӣ аз санаи пешниҳод шудани ариза барои бақайдгирии шахси ҳуқуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 3. ҲУҚУҚИ ИСТИСНОӢ БА НОМИ ФИРМАВӢ

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавӣ

  1. Ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавӣ аз санаи ба қайд гирифтани шахси ҳуқуқӣ дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба вуҷуд меояд.
  2. 2. Номи фирмавӣ наметавонад предмети шартномаи хариду фурӯш ва ҳадя бошад.

 

Моддаи 8. Истифодабарии номи фирмавӣ

  1. Номи фирмавӣ дар ҳолатҳои зерин истифода карда мешавад:

- инъикоси  номи фирмавӣ дар бланкаҳои расмӣ, мӯҳрҳо, штампҳо ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки бо фаъолияти шахси ҳуқуқӣ алоқаманд аст;

- истифода намудани номи фирмавӣ дар молҳо, борпечи онҳо, дар реклама, лавҳаҳо, эълонҳо, ҳисобҳо, нашрияҳои чопӣ, ҳангоми намоиши молҳо дар намоишгоҳҳо ва ярмаркаҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд.

  1. Номи фирмавӣ ё унсурҳои алоҳидаи он метавонад аз ҷониби дорандаи ҳуқуқ дар тамғаи молӣ ва тамғаи хизматрасонии худ истифода шавад.
  2. Номи фирмавии шахсони ҳуқуқие, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур ба қайд гирифта шудаанд, дорои ҳифзи ҳуқуқӣ нисбати намудҳои фаъолияти амалкунанда мебошанд.

 

Моддаи 9. Пешниҳоди ҳуқуқ ба истифодабарии номи фирмавӣ

  1. Шахси ҳуқуқӣ (иҷозатномадиҳанда) метавонад ба шахси ҳуқуқии дигар (иҷозатномагиранда) истифодабарии номи фирмавии худро дар асоси бастани шартномаи иҷозатномадиҳӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат диҳад.
  2. Дар шартномаи иҷозатномадиҳӣ бояд шартҳое, ки ба иштибоҳ андохтани истеъмолкунандаро истисно менамояд, пешбинӣ шавад.
  3. Шартномаи иҷозатномадиҳӣ ва инчунин дигар шартномаҳое, ки ба воситаи онҳо истифодабарии номи фирмавӣ амалӣ гардонида мешаванд, бояд дар Идораи патентӣ тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шаванд. Бе чунин бақайдгирӣ шартномаҳои зикргардида беэътибор дониста мешаванд.
  4. Қоидаҳои бақайдгирии шартномаи иҷозатномадиҳӣ ва дигар шартномаҳоеро, ки ба воситаи онҳо истифодабарии номи фирмавӣ амалӣ гардонида мешаванд, Идораи патентӣ муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Гузариши ҳуқуқ ба номи фирмавӣ

  1. Гузариши ҳуқуқ ба номи фирмавӣ танҳо дар ҳолатҳои азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ бо роҳи муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавӣ, тақсимшавӣ ва ҷудокунӣ ё пурра фурӯхтани корхона, ҳамчун маҷмӯи молу мулк иҷозат дода мешавад.
  2. Ҳангоми муттаҳидшавии шахсони ҳуқуқӣ ва ҳамроҳшавии як шахси ҳуқуқӣ ба шахси ҳуқуқии дигар гузариши ҳуқуқ ба номи фирмавӣ мутобиқи санади гузариш амалӣ гардонида мешавад.
  3. Ҳангоми тақсимшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳангоми ҷудокунии шахси ҳуқуқӣ аз таркиби шахси ҳуқуқӣ гузариши ҳуқуқ ба номи фирмавӣ тибқи мувозинаи ҷудокунанда амалӣ гардонида мешавад.

 

Моддаи 11. Тарзҳои ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ

Ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ аз истифодабарии ғайриқонунӣ бо тарзҳои зерин амалӣ карда мешавад:

- нашри қарори суд дар воситаҳои ахбори омма бо мақсади ҳимояи шаъни кории шахси ҳуқуқӣ;

- аз ҳисоби вайронкунанда тоза намудани номи фирмавии ғайриқонунии истифодашаванда аз молҳо, тамғақоғазҳо, борпечҳои қалбакӣ;

- аз ҳисоби вайронкунанда нобуд сохтани молҳо, тамғақоғазҳо, борпечҳои қалбакӣ, дар ҳолати имконнопазирии аз онҳо тоза кардани номи фирмавии ғайриқонунӣ истифодашаванда;

- супоридани молҳои қалбакӣ, тамғақоғазҳо, борпечҳо ба шахси ҳуқуқие, ки соҳиби ҳуқуқ ба номи фирмавӣ мебошад;

- дигар тарзҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 12. Вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавӣ

     Аз ҷониби шахсони сеюм истифода бурдани номи фирмавии ҳаммонанди шахси ҳуқуқие, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, вайронкунии ҳуқуқи истисноӣ ба номи фирмавӣ ба ҳисоб меравад.

 

Моддаи 13. Мавриди баҳс қарор додан ва беэътибор донистани ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ

  1. Дар ҳолати риоя нагардидани талаботи моддаи 4 Қонуни мазкур додани ҳифзи ҳуқуқӣ ба номи фирмавӣ метавонад мавриди баҳс қарор гирад.

2.Дар ҳолати пешбининамудаи қисми 2 моддаи 5 Қонуни мазкур ҳифзи ҳуқуқӣ ба номи фирмавӣ метавонад беэътибор дониста шавад.

  1. Баҳсҳои ба номи фирмавӣ вобастабуда бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.

Моддаи 14. Қатъ гардидани ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ

Ҳифзи ҳуқуқии номи фирмавӣ дар ҳолати барҳамхӯрии шахси ҳуқуқӣ ё тағйир ёфтани номи фирмавии он қатъ мегардад.

 

БОБИ 4. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

Моддаи 15. Ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ

Шахсони ҳуқуқии хориҷӣ тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи муомилаи мутақобила аз ҳуқуқҳои дар Қонуни мазкур пешбинишуда баробари шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд.

 

Моддаи 16. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Моддаи 17. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода мешавад.

 

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Проект

 

ЗАКОН

РЕСПУБЛИКИ ТАДЖИКИСТАН

«О ФИРМЕННЫХ НАИМЕНОВАНИЯХ»

 

Настоящий Закон регулирует отношения, возникающие в связи с правовой охраной и использованием фирменного наименования на территории Республики Таджикистан.

 

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

Статья 1. Основные понятия

В настоящем Законе используются следующие основные понятия:

- фирменное наименование - это устойчивое полное или сокращенное наименование юридического коммерческого лица (далее - юридическое лицо), используемое для отличия одного юридического лица от другого юридического лица.

- исключительное право - право использования и запрещение использования фирменного наименования третьим лицам;

- уполномоченный государственный орган - орган, который уполномочен Правительством Республики Таджикистан относительно регистрации юридических лиц;

- патентное ведомства - орган, который уполномочен Правительством Республики Таджикистан относительно регистрации лицензионый договоров.

 

Статья 2. Законодательство Республики Таджикистан о фирменном наименовании

Законодательство Республики Таджикистан о фирменном наименовании основано на Конституции Республики Таджикистан, состоит из Гражданского кодекса и других нормативно - правовых актов Республики Таджикистан, а также международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан.

 

ГЛАВА 2. ПРАВОВАЯ ОХРАНА ФИРМЕННОГО НАИМЕНОВАНИЯ

 

Статья 3. Фирменное наименование

  1. Юридическое лицо наряду с полным фирменным наименованием может иметь и сокращенное фирменное наименование.
  2. Фирменное наименование юридического лица должно содержать указание на его организационно - правовую форму.
  3. Порядок использования слов «Таджикский», «Государственный», «Национальный» и или любых их сочетаний, а также указаний на полное или сокращенное название «Республики Таджикистан» определяются действующими законами.
  4. Юридическое лицо, фирменное наименование которого получило правовую охрану в соответствии с установленным порядком, имеет исключительное право на его использование.

 

Статья 4. Требования к фирменному наименованию

Обозначения, которые не могут быть признаны в качестве фирменных наименований:

- совпадающие с охраняемыми на территории Республики Таджикистан фирменными наименованиями юридических лиц, ведущих аналогичную деятельность;

- совпадающие с фамилией известного в Республике Таджикистан лица, без его согласия;

- совпадающие с названиями известных в Республике Таджикистан произведений науки, литературы и искусства или их фрагментов, без согласия автора или его правопреемников;

- совпадающие с названиями зарегистрированных некоммерческих организаций;

- совпадающие со словесными товарными знаками или со словесной частью комбинированных товарных знаков или наименованием места происхождения товара, охраняемыми на территории Республики Таджикистан;

- совпадающие с наименованиями государств и международных организаций;

- противоречащие нормам морали, принципам гуманности и общественным интересам;

- в иных случаях, предусмотренных законодательством Республики Таджикистан.

 

Статья 5. Правовая охрана фирменного наименования

  1. Правовая охрана фирменного наименования в Республике Таджикистан возникает на основании государственной регистрации юридического лица в уполномоченном государственном органе.
  2. В случае если фирменное наименование тождественно с другими средствами индивидуализации (наименованием места происхождения товара, словесными товарными знаками или со словесной частью комбинированных товарных знаков) и может ввести в заблуждение потребителя, предпочтение дается тому средству индивидуализации, правовая охрана которого имеет более ранний приоритет.
  3. Перед подачей заявления огосударственной регистрации юридического лица, заявитель вправе провести соответствующий поиск на тождественность с заявленными и зарегистрированными средствами индивидуализации.

 

Статья 6. Приоритет фирменного наименования

Приоритет фирменного наименования устанавливается по дате подачи заявления для регистрации юридического лица в уполномоченный государственный орган.

 

ГЛАВА 3. ИСКЛЮЧИТЕЛЬНОЕ ПРАВО НА ФИРМЕННОЕ НАИМЕНОВАНИЕ

 

Статья 7. Исключительное право на фирменное наименование

  1. Исключительное право на фирменное наименование возникает с даты регистрации фирменного наименования в уполномоченном государственном органе.
  2. Фирменное наименование не может быть предметом договора купли-продажи и дарения.

 

Статья 8. Использование фирменного наименования

  1. Фирменное наименования используется в следующих случаях:

- отражение фирменного наименования на официальных бланках, печатях, штампах и иной документации, связанной с деятельностью юридического лица;

- применение фирменного наименования на товарах, их упаковке, в рекламе, вывесках, проспектах, счетах, печатных изданиях, при демонстрации товаров на выставках и ярмарках, проводимых в Республике Таджикистан.

  1. Фирменное наименование может использоваться в качестве элемента товарного знака (знака обслуживания).
  2. Фирменные наименования юридических лиц, зарегистрированных до введения в действие настоящего Закона, имеют правовую охрану относительно действующих видов деятельности.

 

Статья 9. Предоставление права на использование фирменного наименования

  1. Юридическое лицо (лицензиар) может разрешить другому юридическому лицу (лицензиату) использование своего фирменного наименования на основании заключенного лицензионного договора в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
  2. В лицензионном договоре должны быть обусловлены меры, исключающие введение потребителя в заблуждение.
  3. Лицензионный договор, а также другие договора, посредством которых осуществляется использование фирменных наименований, должны быть зарегистрированы в Патентном ведомстве, согласно установленному порядку. Без такой регистрации указанные договора считаются недействительными.
  4. Правила регистрации лицензионного договора, а также других договоров, посредством которых осуществляется использование фирменного наименования, устанавливаются Патентным ведомством.

 

Статья 10. Переход права на фирменное наименование

  1. Переход права на фирменное наименование допускается только в случаях реорганизации юридического лица путем объединения, присоединения, разделения и выделения или продажи предприятия в целом как имущественного комплекса.
  2. При объединении юридических лиц и при присоединении одного юридического лица к другому юридическому лицу переход права на фирменное наименование осуществляется в соответствии с передаточным актом.
  3. При разделении юридического лица или при выделении юридического лица из состава юридического лица переход права на фирменное наименование осуществляется в соответствии с разделительным балансом.

 

Статья 11. Способы охраны права на фирменное наименование

Охрана исключительного права на фирменное наименование от незаконного использования осуществляется путем:

- публикации в средствах массовой информации о решении суда в целях защиты деловой репутации юридического лица;

- удаления за счет нарушителя с контрафактных товаров, этикеток, упаковок незаконно используемого фирменного наименования;

- уничтожения за счет нарушителя контрафактных товаров, этикеток, упаковок в случае невозможности удаления с них незаконно используемого фирменного наименования;

- передачи контрафактных товаров, этикеток, упаковок юридическому лицу, обладающему правом на фирменное наименование.

- иными способами в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

 

Статья 12. Нарушение исключительного права на фирменное наименование

  1. Использование третьими лицами тождественного фирменного наименования юридического лица, получившего государственную регистрацию в установленном порядке, считается нарушением икслючительного права на фирменное наименование.

 

Статья13. Оспаривание и признание недействительным предоставления правовой охраны фирменному наименованию

  1. В случае несоблюдения требований статьи 4 настоящего Закона, предоставление правовой охраны фирменному наименованию может быть оспорено.
  2. В случае предусмотренном частью 2 статьи 5 настоящего Закона правовая охрана фирменного наименования может быть признано недействительным.
  3. Споры относящиеся к фирменному наименованию рассматриваются в судебном порядке.

 

Статья 14. Прекращение правовой охраны фирменного наименования

Правовая охрана фирменного наименования прекращается в случае ликвидации юридического лица или изменения его фирменного наименования.

 

ГЛАВА 4. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

Статья 15. Права иностранных физических и юридических лиц

Иностранные физические и юридические лица пользуются правами, предусмотренными настоящим Законом, наравне с физическими и юридическими лицами Республики Таджикистан в силу международных правовых актов, признанных Республикой Таджикистан, или на основе принципа взаимности.

 

Статья 16. Ответственность за нарушение настоящего Закона

Физические и юридические лица за нарушение настоящего Закона несут ответственность в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

 

Статья 17. Порядок введения в действие настоящего Закона

Настоящий Закон вводится в действие с момента официального опубликования.

 

             Президент

Республики Таджикистан

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00049-HI-Asosnokkuni.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00049-TTT-TTT.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 08.12.2022
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 07.01.2023
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00049-MMK-#49Hulosa-TTT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ 13.02.2023
Санаи ворид 08.12.2022
Админ 0