Рақам 53
Дар асоси нақша 68
Намуди ҳуҷҷат Тартиб
Ном бо забони тоҷикӣ Тартиби ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта
Ном бо забони русӣ Порядок распоряжения товарами и транспортными средствами, находящимися под таможенным контролем
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Қаблан чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ вуҷуд надошт.

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Ранее не существовал такой нормативный правовой акт.

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Лоиҳа

Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «_____»__________соли 2022,

№______ тасдиқ шудааст

 

Тартиби

ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти

таҳти назорати гумрукӣ қарордошта

 

 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

  1. Тартиби ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти таҳти назорати гумрукӣ қарордошта (минбаъд – Тартиби мазкур), ҷиҳати иҷрои талаботи моддаҳои 456-457 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, қоидаҳо ва расмиёти ихтиёрдорӣ намудани молу воситаҳои нақлиёти муҳлати нигаҳдориашон гузашта ва далелҳои шайъии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ичунин тартиби ба соҳиби қонунӣ пардохтани маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомадаро, ки ба моликияти давлатӣ гузаронида нашудаанд, муайян менамояд.
  2. Тартиби мазкур нисбати молу воситаҳои нақлиёти зерин татбиқ карда мешавад:
  • молу воситаҳои нақлиёте, ки воридоташон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст (моддаи 12 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • молҳое, ки муҳлати нигаҳдории муваққатии онҳо гузаштааст (моддаи 103 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • молҳое, ки муҳлати нигаҳдории онҳо дар анбори гумрукӣ гузаштааст (моддаҳои 218 ва 223 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • молҳои аз ҷониби мақомоти гумрук ситонидашуда, ки баъди ду моҳи ба охир расидани санҷиши гумрукӣ талаб карда нашудаанд (моддаи 418 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • молҳое, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати воридоташон маҳдудияти миқдорӣ муқаррар карда шудааст;
  • далелҳои шайъии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки мақомоти гумрук шароити нигаҳдории онҳоро надоранд ё ҳангоми аз арзиши далелҳои шайъӣ зиёд будани хароҷоти воқеии нигаҳдории онҳо (моддаи 455 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • дигар молҳо тибқи тартиб ва ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудаанд.
  1. ИХТИЁРДОРӢ НАМУДАНИ МОЛУ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТИ МУҲЛАТИ НИГАҲДОРИАШОН ГУЗАШТА
  2. Молҳое, ки воридоташон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст ва молҳое, ки аз маҳдудияти миқдории муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд ворид карда шудаанд, аз ҷониби мақомоти гумрук боздошта шуда, нисбати онҳо тадбирҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
  3. Молҳое, ки воридоташон ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст аз ҷониби интиқолдиҳанда бетаъхир аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда мешаванд, ба истиснои молҳое, ки муомилоташон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии эътирофнамудаи Тоҷикистон манъ ё маҳдуд карда шудааст.
  4. Ҳангоми мавҷуд набудани имконияти баровардан ё фавран набаровардан, молҳои мазкур дар анбори нигаҳдории муваққатӣ ё маҳали дигаре, ки минтақаҳои назорати гумрукӣ мебошад, аз ҳисоби шахсони дар моддаи 15 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зикргардида ҷойгир карда мешаванд.
  5. Муҳлати ниҳоии нигаҳдории молҳои мазкур се шабонарӯз мебошад, агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати молҳои алоҳида муҳлати дигар муқаррар нашуда бошад.
  6. Дар рӯзи дигари баъди ба охир расидани муҳлати дар банди 6 Тартиби мазкур пешбинишуда мақоми гумруке, ки молҳои мазкур таҳти назорати бевоситаи он қарор доранд, бо тартиб додани санад дар ду нусха ҳолати гузаштани муҳлати нигаҳдории муваққатии молҳои мазкурро тасдиқ менамояд. Санади мазкур аз ҷониби сардори мақоми гумруки болоӣ тасдиқ карда мешавад. Нусхаи дуюми санад ба соҳиби қонунии молҳо бо гузоштани имзо супорида мешавад (агар ин шахс аз тарафи мақоми гумрук муайян карда шуда бошад) ё тариқи почта ирсол карда мешавад.

Шакли санад оид ба тасдиқи ҳолати гузаштани муҳлати нигаҳдории муваққатии молҳоро мақоми ваколатдор оид ба масъалаҳои гумрукӣ муайян менамояд.

  1. Мақоми гумруки болоӣ, ки санади мазкурро тасдиқ намудааст, дар давоми на дертар аз се рӯзи корӣ аз лаҳзаи тасдиқи санади мазкур, молҳоро дар асоси санади супоридан ва қабул мутобиқи Замимаи Тартиби мазкур ба мақоми дахлдори ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупорад ва дар ин бора дар давоми на дертар аз 15 рӯз соҳиби қонунӣ ё шахси дар моддаи 15 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршударо (агар ин шахсон аз тарафи мақоми гумрук муайян карда шуда бошанд) ба таври хаттӣ хабардор менамояд.
  2. Молҳое, ки муҳлати нигаҳдории онҳо дар анборҳои нигаҳдории муваққатӣ (моддаи 103 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон) ё анборҳои гумрукӣ (моддаи 218 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон) гузаштааст, инчунин молҳои аз ҷониби мақомоти гумрук тибқи моддаи 418 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ситонидашуда, ки баъди гузаштани ду моҳ аз лаҳзаи ба анҷом расидани санҷиши гумрукӣ талаб карда нашудаанд, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи бандҳои 7 ва 8 Тартиби мазкур ба мақоми дахлдори ваколатдори давлатии идораи амволи давлатӣ барои ихтиёрдорӣ намудан тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешаванд.
  3. Мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёрдории молҳои мазкурро бо роҳи фурӯш, нобуд сохтан ё партов гардонидан тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
  4. Молу воситаҳои нақлиёт тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯхта мешаванд.
  5. Молу воситаҳои нақлиёти ба фурӯш гузошташударо шахсони мансабдори мақомоти гумрук, кормандони ташкилоти ваколатдор, инчунин аъзои оилаи онҳо харидорӣ карда наметавонанд.
  6. Молу воситаҳои нақлиёте, ки муомилоташон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст, инчунин молҳое, ки нархи нигаҳдорӣ ва фурӯши онҳо аз арзишашон зиёд аст, мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон несту нобуд ё партов гардонида мешаванд.
  7. Молу воситаҳои нақлиёт аз ҳисоби шахси дар моддаи 15 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон зикршуда ва агар ин шахс муайян карда нашуда бошад, аз ҳисоби соҳиби қонунӣ ва агар соҳиби қонунӣ ҳузур надошта бошад аз ҳисоби Буҷети давлатӣ несту нобуд карда мешаванд.
  8. ИХТИЁРДОРӢ НАМУДАНИ ДАЛЕЛҲОИ ШАЙЪИИ ПАРВАНДАҲОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИИ МАЪМУРӢ ВА БА СОҲИБИ ҚОНУНӢ ПАРДОХТАНИ МАБЛАҒИ АЗ ФУРӮШИ ОНҲО БАДАСТОМАДА, КИ БА МОЛИКИЯТИ ДАВЛАТӢ ГУЗАРОНИДА НАШУДААНД
  9. Мақомоти гумрук молу воситаҳои нақлиётеро, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ҳамчун далелҳои шайъии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ эътироф карда шудаанд, дар ҳолатҳои зерин то нисбати онҳо аз рӯи баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардидани қарори суд ба мақомоти ваколатдори давлатии идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон месупоранд:
  • ҳангоми мавҷуд набудани шароити дахлдори нигаҳдории молҳои зудвайроншаванда ва дигар молҳо;
  • ҳангоми аз арзиши мол зиёд будани хароҷоти воқеии нигаҳдории он;
  • дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
  1. Мақомоти гумрук молу воситаҳои нақлиётро ҳангоми мавҷуд будани ҳолатҳои дар банди 15 Тартиби мазкур пешбинигардида фавран, вале на дертар аз се рӯз аз лаҳзаи гирифтани онҳо ба мақомоти давлатии дахлдори идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санади супоридан ва қабул мутобиқи Замимаи Тартиби мазкур месупоранд. Қарор дар бораи ба мақоми давлатии дахлдори идораи амволи давлатӣ супоридани далелҳои шайъӣ аз ҷониби сардори мақоми гумрук, ки қарор дар бораи оғоз намудани парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро қабул намудааст, қабул карда мешавад.
  2. Мақоми давлатии идораи амволи давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши молу воситаҳои нақлиётро фавран, вале на дертар аз муҳлати коршоямии онҳо анҷом дода, маблағи аз фурӯш бадастомадаро ба суратҳисоби махсуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад ва нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаро ба мақоми гумруки дахлдор пешниҳод менамояд.

Мақоми гумруке, ки далелҳои шайъиро ба мақоми давлатии идораи амволи давлатӣ месупорад, маълумотҳои суратҳисоби махсуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Сарраёсати хазинадории марказии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақоми давлатии идораи амволи давлатӣ ба таври хаттӣ ирсол менамояд.

  1. Агар дар натиҷаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарори суд дар бораи мусодираи молу воситаҳои нақлиёт қабул карда шавад, мақоми гумруки парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро оғознамуда дар давоми на дертар аз се рӯз аз рӯзи дастрас намудани қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ирсол намудани дархост ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронидани маблағи аз фурӯши ин молу воситаи нақлиёт бадастомада ба тариқи хаттӣ хабар медиҳад.
  2. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт ба моликияти давлатӣ гузаронидашуда бадастомадаро, ба истиснои хароҷоти ҳамлу нақл (интиқол), нигаҳдорӣ ва фурӯш, ки дар банди 22 Тартиби мазкур пешбинӣ гардидаанд, дар асоси дархости хаттии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба буҷети ҷумҳуриявӣ мегузаронад.
  3. Агар дар натиҷаи баррасии парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қарори суд дар бораи ба соҳиби қонунӣ баргардонидани молу воситаҳои нақлиёт қабул гардад, маблағи аз фурӯши ин молу воситаҳои нақлиёт бадастомада, ки ба моликияти давлатӣ гузаронида нашудаанд, ба соҳибони қонунӣ дар давоми 3 сол аз лаҳзаи фурӯши онҳо пардохта мешавад.
  4. Соҳиби қонунии молу воситаҳои нақлиёт метавонад дар давоми се сол аз лаҳзаи фурӯши молу воситаҳои нақлиёт ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аризаи хаттӣ дар бораи пардохтани маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада муроҷиат намояд. Соҳиби қонунии молу воситаҳои нақлиёт бояд дар аризаи хаттӣ маълумотҳо дар бораи суратҳисобе, ки маблағҳо ба он пардохта мешаванд, зикр намуда, нусхаи санад дар бораи гирифтани далелҳои шайъӣ ва нусхаи қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи судро дар бораи баргардонидани молу воситаҳои нақлиёт ба аризаи хаттӣ замима намояд. Ариза дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” баррасӣ карда мешавад.

         Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи соҳиби қонунии молу воситаҳои нақлиёт ба Сарраёсати хазинадории марказии  Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба соҳиби қонунӣ аз суратҳисоби махсуси Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонидани маблағи мазкур дархости хаттӣ ирсол менамояд. Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дархост маълумотҳо дар бораи суратҳисоби зикрнамудаи соҳиби қонунии молу воситаҳои нақлиётро дарҷ намуда, нусхаи қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд дар бораи парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро замима менамояд.

         Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомадаро дар давоми 15 рӯз аз лаҳзаи гирифтани дархости Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суратҳисоби дар дархост зикршуда мегузаронад.

  1. Аз маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада, ки бояд ба соҳиби қонунӣ тибқи банди 21 Тартиби мазкур пардохта шаванд, боҷҳои гумрукии воридотӣ ва андоз нисбати моли хориҷӣ, ки ҳангоми иҷозат барои муомилоти озод супорида мешуд, инчунин хароҷоти ҳамлу нақл (интиқол), нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо, аз ҷумла, хароҷоти экспертиза ва нархгузорӣ, ки мақомоти гумрук, мақомоти давлатии идораи амволи давлатӣ ва шахсони дигар масраф намудаанд, ситонида мешаванд.

Хароҷоти мақомоти гумрук, мақомоти давлатии идораи амволи давлатӣ ва шахсони дигар оид ба ҳамлу нақл (интиқол), нигоҳдорӣ ва фурӯши молу воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла, хароҷоти экспертиза ва нархгузорӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои шаклҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.

  1. Агар маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада барои пардохти боҷҳои гумрукӣ, андоз ва ҷуброни тамоми хароҷоти мақомоти гумрук, мақомоти давлатии идораи амволи давлатӣ ва шахсони дигаре, ки мувофиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи аз ҳисоби ин маблағ ҷуброн шудани хароҷоти худро доранд, кофӣ набошад, он тибқи навбати зайл тақсим карда мешавад:

1) дар навбати аввал ба Буҷети давлатӣ маблағи боҷҳои гумрукӣ ва андоз гузаронида мешавад;

2) дар навбати дуввум хароҷоти ҳамлу нақл (интиқол), нигоҳдорӣ ва фурӯши мол ҷуброн карда мешавад.

  1. Хароҷот, инчунин ҳисоби чунин хароҷот тибқи тартиби навбати тақвимии ворид гардидани ҳуҷҷатҳое, ки ҳуқуқи ҷуброни хароҷотро мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунанд, анҷом дода мешавад.
  2. Баъди гузаштани мӯҳлати дар банди 20 Тартиби мазкур пешбинишуда, маблағи аз фурӯши молу воситаҳои нақлиёт бадастомада ба Буҷети давлатӣ гузаронида мешавад.

4.МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

  1. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳуқуқ доранд тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба суд нисбати қарор, амали (беамалии) мақомоти давлатӣ ё шахсони мансабдори онҳо ҳангоми татбиқи муқаррароти Тартиби мазкур шикоят намоянд, агар бо чунин қарор, амал (беамалӣ), ба назари ин шахсон ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо поймол гардида бошад.
  2. Шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ ва дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Тартиби мазкур тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 

 

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

Проект

Утвержден

постановлением Правительства

Республики Таджикистан

от «_____»__________2022 года,

№______

 

 

Порядок

распоряжения товарами и транспортными средствами, находящимися

под таможенным контролем

1.ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

  1. Порядок распоряжения товарами и транспортными средствами, находящимися под таможенным контролем (далее - настоящий Порядок), разработан в целях исполнения требований статьей 56-57 Таможенного кодекса Республики Таджикистан и определяет правила и процедуры распоряжения товарами и транспортными средствами, срок хранения которых истек, вещественными доказательствами по делам об административных правонарушениях, а также порядок выплаты сумм, вырученные от реализации товаров и транспортных средств, не обращенных в государственную собственность, их законному владельцу.
  2. Настоящий Порядок применяется в отношении следующих товаров и транспортных средств:
  • Товары и транспортные средства, запрещенные в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан к ввозу на таможенную территорию Республики Таджикистан (статья 12 Таможенного кодекса Республики Таджикистан)
  • товары, срок временного хранения которых истек (статья 103 Таможенного кодекса Республики Таджикистан);
  • товары, срок хранения которых на таможенном складе истек (статьи 218 и 223 Таможенного кодекса Республики Таджикистан);
  • товары, изъятые таможенными органами, невостребованные по истечении двух месяцев со дня окончания таможенной проверки (статья 418 Таможенного кодекса Республики Таджикистан);
  • товары, на ввоз которых в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан установлены количественные ограничения;
  • вещественные доказательства по делам об административных правонарушениях, условия хранения которых отсутствуют в таможенных органах либо если фактические расходы на их хранение превышают стоимость вещественных доказательств (статья 455 Таможенного кодекса Республики Таджикистан);
  • иные товары в порядке и на условиях, определенных нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
  1. РАСПОРЯЖЕНИЕ ТОВАРАМИ И ТРАНСПОРТНЫМИ СРЕДСТВАМИ СРОК ХРАНЕНИЯ КОТОРЫХ ИСТЁК
  2. Товары, запрещенные в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан к ввозу на таможенную территорию Республики Таджикистан и товары, ввезенные сверх количественного ограничения, установленного нормативными правовыми актами Республики Таджикистана, задерживаются таможенными органами и к ним принимаются меры, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан.
  3. Товары, запрещенные в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан к ввозу на таможенную территорию Республики Таджикистан, подлежат немедленному вывозу перевозчиком с таможенной территории Республики Таджикистан, за исключением товаров, оборот которых запрещён либо ограничен нормативными правовыми актами Республики Таджикистан или международными правовыми актами, признанными Республикой Таджикистан.
  4. В случае невозможности вывоза или неосуществления немедленного вывоза указанные товары подлежат помещению на склады временного хранения или в иные места, являющиеся зонами таможенного контроля, за счет лиц, указанных в статье 15 Таможенного кодекса Республики Таджикистан.
  5. Предельный срок хранения таких товаров составляет трое суток, если иной срок не предусмотрен иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан в отношении отдельных видов товаров.
  6. На следующий день после истечения срока, предусмотренного пунктом 6 настоящего Порядка, таможенный орган, под непосредственным контролем которого находятся данные товары, путем составления акта в двух экземплярах подтверждает факт истечения срока временного хранения этих товаров. Данный акт утверждается начальником вышестоящего таможенного органа. Второй экземпляр этого акта подлежит вручению законному владельцу товаров, если это лицо установлено таможенным органом. Второй экземпляр этого акта вручается законному владельцу товара под роспись (если это лицо установлено таможенным органом) или направляется по почте.

Форма акта, подтверждающего факт истечения срока временного хранения товаров, определяется уполномоченным органом по вопросам таможенного дела.

  1. Вышестоящий таможенный орган, утвердивший указанный акт, не позднее трех рабочих дней с момента утверждения этого акта, на основании акта приема-передачи согласно Приложению настоящего Порядка передает товары соответствующему уполномоченному государственному органу по управлению государственным имуществом, и не позднее чем за 15 дней в письменной форме уведомляет законного владельца или лицо, указанное в статье 15 Таможенного кодекса Республики Таджикистан (если эти лица установлены таможенным органом).
  2. Товары, срок хранения которых истек на складах временного хранения (статья 103 Таможенного кодекса Республики Таджикистан) или на таможенных складах (статья 218 Таможенного кодекса Республики Таджикистан), а также товары, изъятые таможенными органами в соответствии со статьей 418 Таможенного кодекса Республики Таджикистан, невостребованные по истечении двух месяцев со дня окончания таможенной проверки, передаются соответствующему уполномоченному государственному органу по управлению государственным имуществом в порядке, установленном пунктами 7 и 8 настоящего Порядка, для распоряжения ими в соответствии с порядком, установленном законодательством Республики Таджикистан.
  3. Уполномоченные государственные органы по управлению государственным имуществом Республики Таджикистан осуществляет распоряжение этими товарами путем их реализации, уничтожения или утилизации в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.
  4. Реализация товаров и транспортных средств производится в порядке, установленном в соответствии с нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
  5. Товары и транспортные средства, подлежащие реализации, не могут приобретаться должностными лицами таможенных органов, работниками уполномоченной организации, а также членами их семей.
  6. Товары и транспортные средства, оборот которых запрещен в Республике Таджикистан, а также товары, расходы на хранение и реализацию которых превышают их стоимость, подлежат уничтожению или утилизации в соответствии с иными нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.
  7. Уничтожение или утилизация товаров и транспортных средств осуществляются за счет лица, указанного в статье 15 Таможенного кодекса Республики Таджикистан, если это лицо не установлено, - за счет их законного владельца, а если отсутствует законный владелец, - за счет средств Государственного бюджета.

3.РАСПОРЯЖЕНИЕ ВЕЩЕСТВЕННЫХ ДОКАЗАТЕЛЬСТВ ПО ДЕЛАМ ОБ АДМИНИСТРАТИВНЫХ ПРАВОНАРУШЕНИЯХ И ВЫПЛАТА СУММ, ВЫРУЧЕННЫЕ ОТ РЕАЛИЗАЦИИ ВЕЩЕСТВЕННЫХ ДОКАЗАТЕЛЬСТВ, НЕ ОБРАЩЕННЫХ В ГОСУДАРСТВЕННУЮ СОБСТВЕННОСТЬ

  1. Таможенные органы передают уполномоченным государственным органам по управлению государственным имуществом товары и транспортные средства, признанные вещественными доказательствами по делам об административных правонарушениях в соответствии с законодательством Республики Таджикистан об административных процедурах, до принятия в их отношении решения суда по рассмотрению дел об административных правонарушениях, в случае:
  • отсутствия условий надлежащего хранения скоропортящихся и иных товаров;
  • когда фактические затраты на их хранение превышают стоимость товаров;
  • иные случаи, предусмотренные законодательством Республики Таджикистан об административных процедурах.
  1. При наличии обстоятельств, предусмотренных пунктом 15 настоящего Порядка, таможенные органы незамедлительно, но не позднее трех дней после изъятия, передают товары и транспортные, соответствующим государственным органам по управлению государственным имуществом Республики Таджикистан на основании акта приема-передачи согласно Приложению настоящего Порядка. Решение о передаче вещественных доказательств соответствующему государственному органу по управлению государственным имуществом принимается начальником таможенного органа, принявшего постановление о возбуждении дела об административном правонарушении.
  2. Государственный орган по управлению государственным имуществом в порядке, установленном нормативными правовыми актами Республики Таджикистан, незамедлительно осуществляет реализацию товаров и транспортных средств, но не позднее истечения срока их годности, а вырученные от реализации средства перечисляет на специальный счет Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан в Главном управлениицентрального казначейства Министерства финансов Таджикистана, и представляет копию подтверждающего документа в соответствующий таможенный орган.

         Таможенный орган, передавший вещественные доказательства государственному органу по управлению государственным имуществом, представляет в письменной форме сведения о специальном счете Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан в Главное управление центрального казначейства Министерства финансов Таджикистана.

  1. Если по результатам рассмотрения дела об административном правонарушении будет принято решение суда о конфискации товаров и транспортных средств, таможенный орган, возбудивший дело об административном правонарушении не позднее трех дней со дня получения вступившего в законную силу решения суда в письменной форме информирует Таможенную службу при Правительстве Республики Таджикистан для направления в Министерство финансов Республики Таджикистан запроса о перечислении в республиканский бюджет сумм, вырученных от реализации этих товаров и транспортных средств.
  2. Министерство финансов Республики Таджикистан на основании письменного запроса Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан перечисляет в республиканский бюджет суммы, вырученные от реализации конфискованных товаров и транспортных средств, за исключением сумм расходов, указанных в пункте 22 настоящего Порядка.
  3. Если по результатам рассмотрения дела об административном правонарушении будет принято решение суда о возврате товаров и транспортных средств законным владельцам, суммы, вырученные от реализации товаров и транспортных средств, не обращенных в государственную собственность, выплачиваются их законному владельцу в течение трех лет со дня их реализации.
  4. Законный владелец товаров и транспортных средств вправе в течение трех лет с момента реализации товаров и транспортных средств обратиться в Таможенную службу при Правительстве Республики Таджикистан с письменным заявлением о выплате сумм, вырученных от реализации товаров и транспортных средств. Законный владелец товаров и транспортных средств в своем письменном заявлении должен указать сведения о счете, на который перечисляются денежные средства, при этом прилагает к письменному заявлению копии акта об изъятии вещественных доказательств и вступившего в законную силу решения суда о возврате товаров и транспортных средств. Заявление рассматривается в сроки, установленные Законом Республики Таджикистан «Об обращениях физических и юридических лиц».

         Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан на основании заявления законного владельца товаров и транспортных средств направляет в Главное управление центрального казначейства Министерства финансов Республики Таджикистан письменный запрос о выплате законному владельцу указанных сумм со специального счета Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан.

         Таможенная служба при Правительстве Республики Таджикистан в запросе указывает сведения о счете, указанном законным владельцем товаров и транспортных средств, и прилагает копию вступившего в законную силу решения суда по делу об административном правонарушении.

         Министерство финансов Республики Таджикистан в течение 15 дней с момента получения запроса Таможенной службы при Правительстве Республики Таджикистан перечисляет суммы, вырученные от реализации товаров и транспортных средств, на счет, указанный в запросе.

  1. Из сумм, вырученных от реализации товаров и транспортных средств, подлежащих выплате законному владельцу в соответствии с пунктом 21 настоящего Порядка, удерживаются суммы ввозных таможенных пошлин, налогов в отношении иностранных товаров, которые подлежали бы уплате, если бы они были выпущены для свободного обращения, а также расходы на перевозку (транспортировку), хранение товаров и их реализацию (включая экспертизу и оценку), понесенные таможенными органами, государственными органами по управлению государственным имуществом и иными лицами.

         Расходы, понесенные таможенными органами, государственными органами по управлению государственным имуществом и иными лицами, на перевозку (транспортировку), хранение товаров и их реализацию (включая экспертизу и оценку), утверждаютя согласно документам по формам, определяемым нормативными правовыми актами Республики Таджикистан.

  1. Если сумм, вырученных от реализации товаров и транспортных средств, недостаточно для взыскания таможенных пошлин, налогов и покрытия всех расходов таможенных органов, государственных органов по управлению государственным имуществом и иных лиц, которые в соответствии с гражданским законодательством Республики Таджикистан вправе претендовать на возмещение своих расходов за счет указанных сумм, их распределение осуществляется в следующей очередности:

1) в первую очередь производится перечисление в Государственный бюджет сумм таможенных пошлин, налогов;

2) во вторую очередь производится возмещение расходов на перевозку (транспортировку), хранение и реализацию товаров.

  1. Возмещение расходов, а также расчет таких расходов производится в порядке календарной очередности поступления документов, подтверждающих право на возмещение расходов в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.
  2. По истечении срока, предусмотренного пунктом 20 настоящего Порядка, суммы, вырученные от реализации товаров и транспортных средств, перечисляются в Государственный бюджет.

4.ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ

  1. Физические и юридические лица вправе в установленном нормативными правовыми актами порядке обжаловать решение, действие (бездействие) государственных органов или их должностных лиц в суд, если такими решением, действием (бездействием) по мнению этих лиц нарушены их права или законные интересы.
  2. Должностные лица государственных органов и иные физические и юридические лица за несоблюдение требований настоящего Порядка привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

 

 

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00053-HI-.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00053-TTT-TTT.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 10.02.2023
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 12.03.2023
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00053-MMK-#53Hulosa-TTT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ 16.03.2023
Санаи ворид 10.02.2023
Админ 0