Рақам 59
Дар асоси нақша 75
Намуди ҳуҷҷат Қарор
Ном бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2019, №117”
Ном бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в постановление Правления Национального банка Таджикистана от 27 сентября 2019 года, №117”
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

Дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии

Тоҷикистон таҳти №992, аз 15 ноябри с. 2019

“ба қайд гирифта шудааст”

 

Бо қарори Раёсати

Бонки миллии Тоҷикистон аз

27 _сентябри с. 2019, №117 “тасдиқ шудааст”

 

 

 

 

 

Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти

низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар

Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Тартиб) мутобиқи қисми 2 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон”, қисми 9 моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва қисми 4 моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” таҳия гардида, тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин талаботҳои пайвастшавиро ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо муқаррар менамояд.

 

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

 

  1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби

бонкӣ (минбаъд – интиқоли фаромарзӣ) – интиқоли маблағҳое, ки ҳангоми анҷом додани он пардохткунанда ё маблағгиранда берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва/ё ҳангоми амалӣ намудани интиқоли маблағ ба пардохткунанда ё маблағгиранда бонки марказии (миллии) хориҷӣ ё бонки дигари хориҷӣ хизмат мерасонад;

-  низоми   пардохтӣ–  маҷмӯи   ташкилотҳое,  ки   бо   мақсади

интиқоли маблағҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ якҷоя амал

 

менамоянд ва дорои иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон мебошанд;

-  ташкилоти кафил – бонки ғайрирезиденте, ки барои иҷро намудани уҳдадориҳои оператори низоми пардохтӣ - иштирокчии Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисоби муросилотӣ кушода, дар доираи маблағҳои дар ин суратҳисоб ҷойгирнамуда анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро кафолат медиҳад. Оператори низоми пардохтӣ дар сурате аз кафолати ташкилоти кафил истифода бурда метавонад, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлати бақайдгирӣ (ё ҷойгиршавии маркази маъмурӣ) ҳуқуқи кушодани суратҳисоби муросилотӣ ва ё ҷой ҷойгир намудани маблағҳои пулиро дар Бонки миллии Тоҷикистон надошта бошад;

-  Маркази    миллии    протсессингии    интиқоли    маблағҳо

(минбаъд – Маркази миллӣ) – маҷмааи барномавию техникии Бонки миллии Тоҷикистон, ки ҳисоббаробаркуниҳоро аз рӯи интиқолҳои фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ тавассути суратҳисобҳои муросилотии Иштирокчиён ё дар доираи маблағҳои ҷойгирнамудаи ташкилоти кафил бо истифода аз воситаҳои электронии қабул, коркард, интиқол ва ҳифзи иттилоот таъмин менамояд;

-  Banknet-M – шабакаи ҳифзшудаи коммуникатсионии Бонки миллии Тоҷикистон;

- Бонки миллии Тоҷикистон (вобаста бо мақсадҳои Тартиби мазкур) – бонки ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи ҳамаи амалиётҳо дар Маркази миллӣ;

-оператори низоми пардохтӣ – шахси ҳуқуқие, ки қоидаҳои низоми пардохтиро муайян карда, уҳдадориҳои дигарро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” иҷро менамояд;

- Иштирокчиёни Маркази миллӣ (минбаъд – Иштирокчиён,

дар алоҳидагӣ - Иштирокчӣ) – ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва операторҳои низомҳои пардохтӣ;

 

-  ҳисоббаробаркуниҳои байнибонкӣ – ҳисоббаробаркунӣ байни Иштирокчиён барои иҷрои талаботҳо ва уҳдадориҳои пулӣ аз рӯи интиқолҳои фаромарзӣ, ки муштариёни онҳо мутобиқи қоидаҳои низоми пардохтӣ анҷом додаанд ва дар доираи он интиқоли фаромарзӣ амалӣ карда мешавад;

- cуратҳисоби муросилотӣ-ҳисоббаробаркунӣ – суратҳисоби

муросилотие, ки барои анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ дар доираи амалиётҳо дар Маркази миллӣ пешбинӣ шудааст;

- рӯзи амалиётӣ – рӯзи корӣ, ки дар давоми он Маркази миллӣ

қабул/интиқол, коркард ва иҷрои паёмҳои молиявӣ ва ғайримолиявиро анҷом медиҳад. Рӯзи амалиётии Маркази миллиро Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мекунад;

- ҳисоботи клирингӣ – ҳуҷҷате, ки аз тарафи Маркази миллӣ

таҳия карда шуда, уҳдадориҳо ва талаботҳои Иштирокчиро аз рӯи интиқолҳои фаромарзӣ дар фосилаи вақти муайян, нишон медиҳад.

  1. Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти Маркази миллиро ташкил намуда, барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳои байни Иштирокчиён аз рӯи интиқолҳои фаромарзӣ хизмат мерасонад.
  2. Бонки миллии Тоҷикистон барои Иштирокчиён истифодаи қоидаҳо ва меъёрҳои ягонаи техникиро дар соҳаи пешбурди суратҳисобҳои муросилотӣ, мубодила ва коркарди ҳуҷҷатҳои электронӣ таъмин менамояд.
  3. Иштирокчӣ уҳдадор аст, ки ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти интиқолӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунгузорӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро таъмин намояд.
  4. Бонки миллии Тоҷикистон маҳфуз нигоҳ доштани иттилооти ба Маркази миллӣ воридшуда, саривақт ва дуруст гузаронидани интиқолҳои фаромарзӣ, инчунин анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳоро байни Иштирокчиён таъмин менамояд.

 

  1. Ташкилоти кафил боядяке аз рейтинги қарзии байналмилалии сатҳи маблағгузорӣ – на поёнтар аз дараҷаи «BBB-», агентии рейтингии Standard & Poor's (ИМА), на поёнтар аз дараҷаи «Baa3» агентии рейтингии Moody's Investors Service (ИМА), на поёнтар аз дараҷаи «BBB-» агентии рейтингии Fitch - IBCA (ИМА) ё дорои рейтинги агентиҳои рейтингии миллие, ки аз ҷониби бонки марказии (миллии) давлати бақайдгирии ташкилоти қарзӣ эътироф гаштааст ва ба дараҷаи рейтингҳои байналмилалии қайдгардида баробар аст, дошта бошад. Дар ҳолати паст шудани рейтинги қарзии байналмилалии аз дараҷаи дар боло зикргардида ва ё ошкор гардидани далелҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҷониби ташкилоти кафил, оператори низоми пардохт уҳдадор мегардад, ки дар асоси дархости Бонки миллии Тоҷикистон, бонки дигарро ба сифати кафил ҷалб намояд.

 

 

БОБИ 2. ТАРТИБИ АНҶОМ ДОДАНИ ИНТИҚОЛҲОИ ФАРОМАРЗӢ

 

 

  1. Интиқолҳои фаромарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо тавассути Маркази миллӣ анҷом дода мешаванд.
  2. Мақсадҳои асосии Маркази миллӣ аз инҳо иборат мебошанд:

- боэътимод, фаврӣ ва бехатар анҷом додани интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкӣ дар шакли ғайринақдӣ байни Иштирокчиён;

- таъмин намудани суботи низоми бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи гардиши пул, коҳиш додани хавфҳо, кам кардани хароҷотҳои амалиётӣ, баланд бардоштани шаффофияти амалиётҳо;

- гузаронидани мониторинг ҷиҳати таъмини риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят

 

бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом”.

  1. 9. Маркази миллӣ   дар   асоси   принсипҳои   зерин   фаъолият

мекунад:

- шаффофият ҳангоми коркарди ҳуҷҷати пардохти электронӣ;

- равзанаи (интерфейси) ягона, ки ба Иштирокчиён барои дастрасӣ ба амалиётҳо дар низомҳои пардохтии ба Маркази миллӣ пайвастшуда, пешниҳод мегардад;

- роҳандозӣ намудани амалиётҳои марбут ба интиқоли фаромарзӣ аз ҷониби Иштирокчӣ;

- анҷом додани амалиётҳои марбут ба интиқоли фаромарзӣ дар доираи маблағҳое, ки дар суратҳисобҳои муросилотӣ- ҳисоббаробаркунии Иштирокчиён ё маблағҳои ҷойгирнамудаи ташкилоти кафил мавҷуданд;

- дараҷаи баланди бехатарӣ, фаврият ва боэътимодӣ.

  1. Амалиёти интиқоли фаромарзӣ тавассути Маркази миллӣ бо пули миллӣ - сомонӣ ва асъори хориҷӣ анҷом дода мешавад.
  2. Шартҳои асосӣ барои анҷом додани ҳисоббаробаркуниҳо ва амалиёти интиқоли фаромарзӣ дар Маркази миллӣ инҳо мебошанд:

- оғоз шудани рӯзи амалиётӣ;

- ҳаҷми кофии маблағ дар суратҳисоби муросилотӣ- ҳисоббаробаркунии Иштирокчӣ - оператори низоми пардохтӣ ё суратҳисоби муросилотии ташкилоти кафил, ки гардиши миёнаи шабонарӯзиро аз рӯи интиқоли фаромарзии маблағҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда, бо назардошти фарқияти ҳаҷми интиқолҳои фаромарзи аз Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишаванда, аз ҷумла дар рӯзҳои истироҳат ва ид, мепӯшонад;

  1. Бо мақсади иҷро намудани фармоиши интиқолҳои фаромарзӣ ва анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ аз рӯи амалиётҳо дар Маркази миллӣ, Иштирокчӣ уҳдадор аст, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон суратҳисобҳои муросилотӣ ва муросилотӣ-ҳисоббаробаркунӣ кушояд ё ҷалби ташкилоти кафилро пешбинӣ намояд.

 

  1. Тартиб ва шартҳои кушодани суратҳисобҳои бонкӣ тибқи Дастурамали №171 “Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суртаҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2011, №74 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июни соли 2011, №545 “а” ба қайди давлатӣ гирифта шудааст, муқаррар карда мешаванд.
  1. Бо мақсади таъмини иҷрои уҳдадориҳои Иштирокчӣ, Бонки миллии Тоҷикистон фармоишҳои интиқолҳои фаромарзиро дар ҳаҷми маблағҳое, ки дар суратҳисобҳои муросилотӣ- ҳисоббаробаркунии Иштирокчӣ мавҷуданд ё дар доираи маблағҳои ҷойгирнамудаи ташкилоти кафил иҷро менамояд.
  2. Маркази миллӣ бо мақсади анҷом додани амалиётҳои интиқоли фаромарзӣ ҳамкории мутақобилаи иттилоотӣ ва молиявии Иштирокчиёнро таъмин менамояд.
  3. Баъд аз иҷро кардани амалиёти интиқоли фаромарзӣ, Маркази миллӣ ба таври худкор (автоматикӣ) фавран иттилоотро дар бораи иҷро шудани он ба Иштирокчии дахлдор тавассути хати алоқаи мувофиқашуда ирсол менамояд.
  4. Дар асоси фармоишҳои интиқоли фаромарзии маблағҳои Иштирокчиён, ки дар давоми рӯзи амалиётӣ барои иҷро қабул шудаанд, Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоботҳои клирингии Иштирокчиёнро таҳия менамояд.
  5. Баъд аз анҷом ёфтани таҳияи ҳисоботи клирингии Иштирокчиён, Бонки миллии Тоҷикистон дар асоси он аз суратҳисобҳои муросилотӣ-ҳисоббаробаркунии Иштирокчиён маблағҳоро бидуни аксепт хориҷ ё ба суратҳисобҳои муросилотӣ- ҳисоббаробаркунии Иштирокчиён ворид менамояд.
  6. Баъди анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ байни Иштирокчиён, Бонки миллии Тоҷикистон беррунависи суратҳисоби муросилотӣ- ҳисоббаробаркуниро ба Иштирокчӣ тавассути низоми SWIFT ва/ё дигар хатҳои алоқаи мувофиқашуда ирсол менамояд.

 

  1. Бо мақсади таъмин кардани мақоми пули миллӣ ҳамчун воситаи ягонаи қонунии муомилот ва пардохт, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад тартиби бо пули миллӣ додани ин ё он асъори хориҷиро, ки шахсони воқеӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бе кушодани суратҳисоби бонкӣ интиқол додаанд, муқаррар намояд.
  2. 2Асъори аз интиқолҳои фаромарзӣ ҷамъшуда, ки ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо пули миллӣ пардохт намудаанд, тибқи Дастурамали №180 “Оид ба тартиби кори бозори байнибонкии асъор тавассути низоми электронии савдо”, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2011, №4 тасдиқ шудааст, дар бозори байнибонкии асъор фурӯхта мешавад.

 

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ ПАЙВАСТ НАМУДАНИ ИШТИРОКЧИЁН БА МАРКАЗИ МИЛЛӢ

 

 

  1. Операторҳои низомҳои пардохтие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, барои пайваст шудан ба Маркази миллӣ ҳуҷҷатҳои зеринро ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд:

- тарифҳои амалкунанда бо ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

- ариза тибқи Замимаи Тартиби мазкур;

- рӯйхати ташкилотҳои қарзии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо онҳо оператори низоми пардохтӣ ҳамкорӣ дорад.

  1. Барои пайваст шудан ба Маркази миллӣ, ташкилотҳои қарзии молиявие, ки бо операторҳои низомҳои пардохтӣ шартнома доранд, ба Бонки миллии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:

- нусхаҳои тасдиқгардидаи шартномаҳо ва тарифҳои амалкунанда бо операторҳои низомҳои пардохтӣ;

- ариза тибқи Замимаи Тартиби мазкур.

  1.  Баъд аз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки дар бандҳои 21 ва 22 Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд, барои пайваст кардани Иштирокчӣ ба Маркази миллӣ, байни Бонки миллии Тоҷикистон ваИштирокчӣ шартнома баста мешавад. Дар асоси ин шартнома Бонки миллии Тоҷикистон раванди пайваст кардани Иштирокчиро ба Маркази миллӣ таъмин менамояд. Шартномаи мазкур ҳадди ақал шартҳои асосии зеринро дар бар мегирад:

1)  Шартномаи пайвастшавии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба

Маркази миллӣ:

−   талаботи пайвастшавӣ ба Маркази миллӣ;

−   тартиби     муайян     кардани     масири     (маршрутизатсияи)

дархостҳо;

−   тартиби анҷом додани ҳисоббаробаркунӣ;

− механизми ба роҳ мондани алоқа, мубодилаи иттилоот ва ҳифзи иттилоот;

−   ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо;

−   реҷаи махфият;

−   масъулияти тарафҳо;

−   тартиби ҳалли баҳсҳо;

−   ҳолатҳои форс-маҷорӣ;

− муҳлати амал, тартиби тағйир додан ва бекор кардани шартнома.

2)  Шартномаи пайвастшавии операторони низоми пардохтӣ ба

Маркази миллӣ:

−   талаботи пайвастшавӣ ба Маркази миллӣ;

− тартиби муайян кардани масири (маршрутизатсияи) дархостҳо, аз ҷумла тартиби сохтани дархости интиқолӣ, иҷро ва бекор намудани он;

− тартиби амалӣ намудани клиринги пардохтӣ ва ҳисоббаробаркунӣ;

− механизми ба роҳ мондани алоқа, мубодилаи иттилоот ва ҳифзи иттилоот;

−   ҳуқуқу уҳдадориҳои тарафҳо;

−   реҷаи махфият;

−   масъулияти тарафҳо;

−   тартиби ҳалли баҳсҳо;

 

−   қонунгузории татбиқшаванда;

−   ҳолатҳои форс-маҷорӣ;

− муҳлати амал, тартиби тағйир додан ва бекор кардани шартнома.

Бо назардошти хусусиятҳои хоси фаъолияти Иштирокчиён Бонки миллии Тоҷикистон, ки идоракунии Маркази миллӣ ба зиммаи он гузошта шудааст (воҳиди сохтории дахлдор), метавонад дар мувофиқа бо Иштирокчиён ба шартномаи пайвастшавӣ шартҳои иловагӣ ворид намояд. Мазмуни шартҳои ҳадди ақал аз тарафи воҳиди сохтории дахлдор дар мувофиқа бо Иштирокчиён муайян карда мешавад. Лоиҳаи шартномаи пайвастшавӣ аз тарафи воҳиди сохтории дахлдор бо назардошти муқаррароти Тартиби мазкур омода ва бо маълумотномаи асосноккунии шартҳо барои имзо ба Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.

  1. Барои пайвасти техникӣ ба Маркази миллӣ, оператори низоми пардохтӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон маълумоти зерини техникиро пешниҳод мекунад:

−  тавсифи протоколи ҳамкорӣ байни оператори низоми пардохтӣ ва Маркази миллӣ;

−   тавсифи файлҳои шакли XSD барои таҳияи сохтори объектҳо, агар дар ин ҳолат татбиқпазир бошад;

−   пайвасти озмоишӣ бо ҳамаи мушаххасоти зарурӣ;

−   сертификатҳои рақамӣ – барои муштариён ва хизматрасонӣ, агар дар ин ҳолат татбиқпазир бошад;

−  сенарияи озмоиш, барои аз ҷониби Маркази миллӣ ва оператори низоми пардохтӣ тасдиқ шудани дурустии амалишавии ҳамгироӣ;

−   маълумот барои тамос бо мутахассиси техникӣ барои ҳалли фаврии масъалаҳое, ки ба миён меоянд.

  1. Баъд аз ба роҳ мондани озмоиши ҳамгироии оператори низоми пардохтӣ ва Маркази миллӣ, аз ҷумла ҳамаи амалиётҳои интиқоли фаромарзӣ дар низоми пардохтӣ ва тасдиқ шудани анҷоми муваффақонаи он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон ва оператори

 

низоми пардохтӣ санад дар бораи омодагии Иштирокчӣ барои фаъолият дар Маркази миллӣ тартиб дода мешавад ва оператори низоми пардохтӣ ё ташкилоти кафил ҷойгирнамоии маблағҳои заруриро дар суратҳисобҳои муросилотӣ барои гузаронидани амалиёт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд.

  1. Оператори низоми пардохтӣ ба шарикони худ дар Ҷумҳурии

Тоҷикистон оид ба санаи оғози фаъолияти худ дар Маркази миллӣ, хабарномаи хаттӣ ирсол менамояд. Аз ин сана тамоми амалиётҳои интиқоли фаромарзии маблағҳо бе кушодани суратҳисоби бонкии ин Оператори низоми пардохтӣ танҳо ба воситаи Маркази миллӣ амалӣ карда мешаванд.

  1. Оператори низоми пардохтӣ дар бораи дигар шудани қоидаҳои кори низоми пардохтӣ ва/ё тағйирот дар платформаи технологӣ бояд пешакӣ (на камтар аз як моҳ пеш аз эътибор пайдо кардани тағйирот) Бонки миллии Тоҷикистонро хаттӣ хабардор намояд.
  2. Барои пайвастшавии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба Маркази миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани амалиёт дар Маркази миллӣ бо воситаҳои барномавии Иштирокчӣ ва IP - нишонӣ дар шабакаи Banknet-M тавассути WEBравзана ба онҳо бастаи API–ро пешниҳод менамояд.

30.Дар ҳолати ба талаботи Тартиби мазкур мувофиқат накардани дархости ташкилоти қарзии молиявӣ ё оператори низоми пардохтӣ Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад пайвастшавии онҳоро ба Маркази миллӣ рад намояд.

  1. Иштирокчӣ уҳдадор аст ифшо накардани сирри бонкӣ ва ҳифзи маълумоти шахсиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намояд.

 

 

БОБИ 4. ТАРТИБИ ҚАТЪ Ё БОЗДОШТ НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ИШТИРОКЧӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛӢ

 

  1. Бонки миллии    Тоҷикистон    ҳуқуқ    дорад    фаъолияти

Иштирокчиро дар Маркази миллӣ дар ҳолатҳои зерин боз дорад:

- ҳангоми аз ҷониби Иштирокчӣ риоя нагардидани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Тартиби мазкур;

- риоя нагардидани уҳдадориҳои Иштирокчӣ аз рӯи шартномаҳо вобаста ба иштирок дар Маркази миллӣ;

- бозхонди иҷозатномаи ташкилоти қарзии молиявӣ ё оператори низоми пардохтӣ.

  1. Дар мавриди пайваста ба миён омадани ҳолатҳои дар сархати сархати якум ва/ё дуюми банди 32 Тартиби мазкур қайдгардида, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад фаъолияти Иштирокчиро дар Маркази миллӣ қатъ намояд.
  2. Ҳангоми ба миён омадани ҳолатҳои дар бандҳои 32 ва 33 Тартиби мазкур муқарраргардида, Бонки миллии Тоҷикистон ба Иштирокчӣ тариқи роҳҳои муқарраршудаи алоқа, аз ҷумла почтаи электронӣ, хабарномаи расмӣ дар бораи қатъ ё боздоштани фаъолият дар Маркази миллӣ бо нишон додани асосҳои он, ирсол менамояд.
  3. Дар сурати боздошти фаъолияти Иштирокчӣ дар Маркази миллӣ, дар хабарномаи расмии ирсолшуда муҳлат (то 30 рӯзи тақвимӣ) барои бартараф намудани камбудиҳо муқаррар карда мешавад.
  4. Ҳангоми дар муҳлати тибқи банди 35 Тартиби мазкур муқарраргардида бартараф нагардидани камбудиҳо, фаъолияти Иштирокчӣ дар Маркази миллӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон қатъ карда мешавад. Фаъолияти Иштирокчӣ дар Маркази миллӣ баъд аз бартараф намудани камбудиҳое, ки дар хабарномаи Бонки миллии Тоҷикистон дарҷ гардидаанд, барқарор карда мешавад.
  5. Санаи қатъ гардидани фаъолияти Иштирокчӣ дар Маркази миллӣ санаи бекор кардани Шартнома эътироф карда мешавад.
  6. Ҳангоми қатъ ё боздошти фаъолияти Иштирокчӣ дар Маркази миллӣ, Бонки миллии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад маблағҳои пулиро аз суратҳисоби муросилотӣ-ҳисоббаробаркунии Иштирокчӣ ё суратҳисоби муросилотии ташкилоти кафил барои иҷрои уҳдадориҳои Иштирокчӣ дар назди дигар Иштирокчиён, ки Тартиби мазкур, шартномаҳои байни Иштирокчӣ ва Иштирокчиён ё шартномаҳои байни Иштирокчӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон вобаста ба интиқоли маблағҳо тавассути Маркази миллӣ муқаррар намудаанд, бо харбардор кардани Иштирокчӣ хориҷ намояд.

 

 

БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

 

  1. Иштирокчӣ бе розигии пешакии Бонки миллии Тоҷикистон маълумот дар бораи мавҷудияти ва/ё нигоҳ доштани таъминоти барномавӣ, техникӣ ва/ё дигар қарорҳоро, ки барои фаъолият дар Маркази миллӣ пешбинӣ шудаанд, наметавонад ба шахсони сеюм ифшо намояд.
  2. Таъмини иҷрои муқаррароти Тартиби мазкур ба зиммаи Иштирокчиён вогузор гардида, назорати риоя гардидани он аз ҷониби сохторҳои дахлдори Бонки миллии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
  3. Дар ҳолати аз ҷониби Иштирокчиён риоя нашудани муқаррароти Тартиби мазкур, Бонки миллии Тоҷикистон метавонад мутобиқи моддаи 30 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ва моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” нисбат ба Иштирокчиён чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ татбиқ намояд.

 

Замима ба Тартиби интиқоли

фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои

пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

 

Ариза

 

Хоҳишмандам                                                                                    

 

 

 

 

 

(номи пурраи Иштирокчӣ ва нишонии ҳуқуқӣ)

 

 

 

 

Ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо барои пешниҳоди хизматрасониҳои зерин:

 

 

 

 

 

 

 

 

 

пайваст намоед.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

(Ному насаби роҳбар) (имзо)

 

Ҷ. М.

 

 

 

 

 

 

 

(Ному насаби сармуҳосиб) (сана) (имзо)

 

               _                                         

Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

“Зарегистрировано” Министерством юстиции

Республики Таджикистан за №992 от 15 ноября 2019 г.

 

“Утверждено” Постановлением Правления

Национального банка Таджикистана

от 27 сентября 2019 г., № 117

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Порядок трансграничного

перевода денежных средств и деятельности платежных систем, осуществляющих такие переводы в Республике Таджикистан

 

 

Порядок трансграничного перевода денежных средств и деятельности платежных систем, осуществляющих такие переводы в Республике Таджикистан (далее - Порядок), разработан в соответствии частью 2 статьи 32 Закона Республики Таджикистан “О Национальном банке Таджикистана”, частью 9 статьи 20 Закона Республики Таджикистан “О платёжных услугах и платёжной системе” и частью 4 статьи 4 Закона Республики Таджикистан “О валютном регулировании и валютном контроле” и определяет порядок трансграничного перевода денежных средств без открытия банковского счета и деятельности платежных систем, осуществляющих такие переводы в Республике Таджикистан, а также требования для подключения к Национальному процессинговому центру по денежным переводам.

 

 

ГЛАВА 1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ

 

 

 

  1. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

-  трансграничный    перевод     денежных     средств     без

открытия счета (далее - трансграничный перевод) – перевод

 

денежных средств, при осуществлении которого плательщик либо получатель средств находится за пределами Республики Таджикистан и/или перевод денежных средств, при осуществлении, которого плательщика или получателя средств обслуживает иностранный центральный (национальный) банк или другой иностранный банк;

-  платежная     система      -      совокупность      организаций,

взаимодействующих по правилам платежной системы в целях осуществления перевода денежных средств и имеющие лицензию Национального банка Таджикистана;

-  гарантирующая организация – банк нерезидент, который

для выполнения обязательств оператора платежной системы – участника Национального процессингового центра по денежным переводам открывает корреспондентский счет в Национальном банке Таджикистана и в рамках размещенных денежных средств на этом корреспондентском счете гарантирует осуществление расчетов. Оператор платежной системы может использовать гарантию данной гарантирующей организации, если согласно нормативных правовых актов страны регистрации (или месторасположения головного офиса) не имеет права открывать корреспондентский счет и/или размещать денежные средства в Национальном банке Таджикистана.

-  Национальный процессинговый центр по    денежным

переводам (далее – Национальный центр) – программно- технический комплекс Национального банка Таджикистана, который обеспечивает расчеты по трансграничным денежным переводам без открытия счета через корреспондентские счета Участников или в рамках размещенных денежных средств Гарантирующей организации с использованием электронных средств приёма, обработки, передачи и защиты информации;

-  Banknet-M     –     защищенная     коммуникационная     сеть

Национального банка Таджикистана;

 

- Национальный банк Таджикистана (для целей настоящего Порядка) - расчетный банк по всем операциям в Национальном центре;

-  оператор   платежной   системы   –    юридическое   лицо,

определяющее правила платежной системы и выполняющее иные обязанности в соответствии с Законом Республики Таджикистан

«О платежных услугах и платежной системе»;

-  участники Национального центра (далее – Участники, в отдельности - Участник) – кредитные финансовые организации и операторы платежных систем;

-  межбанковские расчеты – расчеты между Участниками по

выполнению денежных требований и обязательств по трансграничным переводам, инициированных их клиентами, в соответствии с правилами платежной системы в рамках которой происходит трансграничный перевод;

-  корреспондентский-расчетный счет – корреспондентский

счет, предназначенный для проведения расчетов в рамках операций

Национального центра;

- операционный день – рабочий день, в течении которого Национальный центр осуществляет приём/передачу, обработку и исполнение финансовых и не финансовых сообщений. Национальный банк Таджикистана устанавливает операционный день Национального центра;

-  клиринговый  отчет   –   документ,  который   составляется

Национальным центром, указывающий обязательства и требования Участника по трансграничным переводам в определенный промежуток времени;

  1.  Национальный банк Таджикистана обеспечивает функционирование Национального центра и оказывает услуги по проведению расчетов между Участниками по трансграничным денежным переводам клиентов.
  2.  Национальный банк Таджикистана       обеспечивает

Участникам применение правил и единых технических норм в области ведения корреспондентских счетов, обмена и обработки электронных документов.

  1. Участник обязан при     осуществлении    операции    по

денежным переводам соблюдать законодательство Республики Таджикистан, в том числе в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения.

  1. Национальный банк Таджикистана обеспечивает сохранность передаваемой в Национальный центр информации, своевременно и правильно проводит трансграничные переводы, а также выполняет расчеты между Участниками.
  2. Гарантирующая организация должна иметь кредитный рейтинг инвестиционного уровня одного из международных рейтинговых агентств – не ниже категории «ВВВ-», присвоенный рейтинговым агентством Standard & Poor's (США), не ниже категории «Baa3» по Moody's Investors Service (США), не ниже категории «BBB» по Fitch - IBCA (США) либо иметь рейтинг национального рейтингового агентства, который признается центральным (национальным) банком страны происхождения гарантирующей организации и равнозначный рейтингу перечисленных международных рейтинговых агентств. При снижении вышеуказанного международного кредитного рейтинга или выявлении фактов легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения со стороны гарантирующей организации, оператор платежной системы обязан на основе требования Национального банка Таджикистана привлечь другой банк в качестве гарантирующей организации.

 

 

ГЛАВА 2. ПОРЯДОК ОСУЩЕСТВЛЕНИЯ ТРАНСГРАНИЧНЫХ ПЕРЕВОДОВ

 

  1. Трансграничные переводы в Республике Таджикистан осуществляются только через Национальный центр.
  2. Основные цели Национального центра являются:

- обеспечение проведения надежного, быстрого и безопасного трансграничного денежного перевода без открытия банковского счета в безналичной форме расчетов между Участниками Национального центра;

- поддержание стабильности банковской системы Таджикистана в сфере оборота денег, снижение операционных рисков и издержек банковской системы Республики Таджикистан, повышения прозрачности операций;

- осуществление мониторинга с целью выполнения требований Закона Республики Таджикистан “О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения”.

  1. Национальный центр функционирует на основе следующих принципов:

- прозрачность обработки электронного платежного документа;

- единый интерфейс, предоставляемый Участникам, для доступа к операциям в платежных системах, подключенных к Национальному центру;

- инициирование операций, связанных с переводом со стороны Участника;

- осуществление операций, связанных с трансграничными переводами в пределах средств на корреспондентско-расчетном счетах Участников или денежных средств, размещенных гарантирующей организацией;

- высокой степени безопасности, оперативности и надежности.

 

  1. Операции по денежным переводам в Национальном центре осуществляется в национальной валюте - сомони и иностранной валюте.
  2. Основные условия для выполнения расчетов и проведения

операций      по      трансграничным      денежным     переводам      в

Национальном центре являются следующие:

- открытие операционного дня;

- достаточный объём денежных средств на корреспондентско- расчетном счете Участника-оператора платежной системы или корреспондентского счета гарантирующей организации в Национальном банке Таджикистана, покрывающий среднесуточный оборот по трансграничным денежным переводам в Республику Таджикистан, за вычетом трансграничных денежных переводов из Республики Таджикистан, в том числе в выходные и праздничные дни.

  1. В целях исполнения распоряжений по трансграничным денежным переводам и осуществления расчетов по операциям в Национальном центре, Участник обязан открыть в Национальном банке Таджикистана корреспондентские и корреспондентские- расчетные счета или предусмотреть привлечение гарантирующей организации.
  2. Порядок и условия открытия банковских счетов определяются Инструкцией №171 "О порядке открытия, переоформления и закрытия банковских счетов кредитными финансовыми организациями в Республике Таджикистан", который утверждён постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 28 апреля 2011 года, №74 и зарегистрирован в Министерстве юстиции Республики Таджикистан от 10 июня 2011 года, №545 “а”.
  3. В целях обеспечения исполнения обязательств Участника, Национальный банк Таджикистана исполняет распоряжения по трансграничным денежным переводам в пределах денежных средств, имеющихся на корреспондентском-расчетном счете Участника или денежных средств, размещенных гарантирующей организацией.

 

  1. В целях осуществления операций по трансграничным денежным переводам, Национальный центр обеспечивает информационное и финансовое взаимодействие Участников.
  2. После выполнения операции по трансграничному денежному переводу Национальный центр автоматически и незамедлительно отправляет информацию о её исполнении посредством согласованного канала связи соответствующему Участнику.
  3. На основании распоряжений по трансграничным денежным переводам Участников, принятых к исполнению в течении одного операционного дня, Национальный банк Таджикистана формирует клиринговые отчетов Участников.
  4. После завершения формирования   клирингового  отчета

Участников, Национальный банк Таджикистана на их основании в безакцептном порядке осуществляет списание денежных средств с корреспондентских-расчетных счетов Участников или зачисление на корреспондентские-расчетные счета Участников.

  1. После осуществления   расчетов   между   Участниками,

Национальный банк Таджикистана направляет Участнику выписку с корреспондентско-расчетного счета посредством системы SWIFT и/или других согласованных средств связи.

  1. В целях обеспечения статуса национальной валюты как единственного законного средства обращения и платежа, Национальный банк Таджикистана может устанавливать порядок выдачи в национальной валюте той или иной иностранной валюты, переведенной физическими лицами в Республику Таджикистан без открытия банковского счета.
  2. Валюта, аккумулированная от трансграничных денежных переводов, выданных кредитными финансовыми организациями в национальной валюте, продаётся на межбанковском валютном рынке согласно Инструкцией №180 «О порядке работы межбанковского валютного рынка посредством системы электронных торгов», которая утверждена постановлением Правления Национального банка Таджикистана от 1 февраля 2011 года, №4.

 

ГЛАВА 3. ПОРЯДОК ПОДКЛЮЧЕНИЯ УЧАСТНИКОВ К НАЦИОНАЛЬНОМУ ЦЕНТРУ

  1. Операторы платежных систем, функционирующие в Республике Таджикистан, для присоединения к Национальному центру предоставляют Национальному банку Таджикистана следующие документы:

- действующие тарифы с кредитными финансовыми организациями;

- заявление согласно Приложению к настоящему Порядку;

- список    кредитных   финансовых  организаций   Республики

Таджикистан, с которыми платежная система взаимодействует.

  1. Для присоединения к Национальному центру, кредитные финансовые организации, имеющие договора с операторами платежных систем, предоставляют в Национальный банк Таджикистана следующие документы:

- заверенные копии договоров и действующих тарифов с операторами платежных систем;

- заявление согласно Приложению к настоящему Порядку.

  1. После предоставления необходимых документов, предусмотренных пунктами 21 и 22 настоящего Порядка, для подключения Участника к Национальному центру, между Национальным банком Таджикистана и Участником заключается договор. На основании данного договора, Национальный банк Таджикистана обеспечит процесс подключения Участника к Национальному центру. Данный договор как минимум должен содержать следующие основные условия:

1)     Договор     присоединения     кредитной     финансовой организации к Национальному центру:

−   требования для подключения к Национальному центру;

−   порядок определения маршрутизации запросов;

−   порядок выполнения расчетов;

−   механизм обеспечения средство связи, обмен информацией и зашиты данных;

−   права и обязанности сторон;

 

−   режим конфиденциальности;

−   ответственность сторон;

−   порядок рассмотрения споров;

−   форс-мажорные обстоятельства;

−   срок действия, порядок изменения и расторжения договора;

 

2) Договор о присоединении к Национальному процессинговому центру по денежным переводам и технологическом взаимодействии (договор о присоединении):

−   требования для подключения к Национальному центру;

−   порядок маршрутизации запросов;

−   порядок осуществления клиринга и расчетов;

−   механизм обеспечения средство связи, обмен информацией и зашиты данных;

−   права и обязанности сторон;

−   режим конфиденциальности;

−   ответственность сторон;

−   порядок рассмотрения споров;

−   форс-мажорные обстоятельства;

−   срок действия, порядок изменения и расторжения договора.

 

Принимая во внимание особенности функционирования Участников структурное подразделение Национального банка Таджикистана, которой возложено управление Национального центра (соответствующее структурное подразделение) в согласовании с Участниками может внести дополнительные условия в договор. В согласовании с Участниками соответствующее структурное подразделение определяет содержание минимальных условий. Проект договора о присоединении с учетом положений настоящего Порядка с обоснованием условий подготавливается соответствующим структурным подразделением и предоставляется для подписания руководству Национального банка Таджикистана.

  1. Для технического подключения к Национальному центру, оператор платежной системы предоставляет следующие технические сведения:

 

− описание протокола взаимодействия между оператором платежной системы и Национальным центром;

−    описание  файлов  XSD   схемы для   генерации структуры

объектов, если применимо в данном случае;

− тестовое подключение, со всеми необходимыми реквизитами;

−  цифровые сертификаты - клиентские и сервисные, если применимо в данном случае;

− сценарии тестирования, для подтверждения со стороны Национального центра и оператора платежной системы правильности реализации интеграции;

− контактные данные технического специалиста для оперативного решения возникших проблем.

  1. После организации тестирования интеграции оператора платежной системы и Национального центра, включая все операции по трансграничным денежным переводам в платежной системе и подтверждения его успешного завершения, со стороны Национального банка Таджикистана и оператора платежной системы составляется акт о готовности Участника к работе в Национальном центре и оператор платежной системы или гарантирующее организация обеспечивает размещение необходимых денежных средств на корреспондентских счетах для проведения операций на территории Республики Таджикистана;
  2. Оператор платежной системы направляет письменное уведомление своим партнерам в Республике Таджикистан о дате начала деятельности в Национальном центре. С этой даты, все операции по трансграничным денежным переводам без открытия счета данного оператора платежной системы осуществляются только посредством Национального центра.
  3. Оператор платежной системы должен заблаговременно (не менее чем за месяц до вступления в действие) письменно уведомить Национальный банк Таджикистана об изменениях в правилах работы платежной системы и/или изменении в технологической платформе Участника.
  1.  Для технологического       подключения      кредитных финансовых организаций к Национальному центру, Национальный банк Таджикистана предоставляет пакет API для проведения операций в Национальном центре программными средствами Участника и IP адрес в сети Banknet-M для подключения Участника через WEB-интерфейс.
  1. В случае      несоответствия      заявления      кредитной финансовой организации или оператора платежной системытребованиям настоящего Порядка, Национальный банк Таджикистана вправе отказать им в подключении к Национальному центру.
  2.  Участник обязан обеспечить неразглашение банковской тайны и защиты персональных данных в соответствии с законодательством Республики Таджикистан.

 

ГЛАВА 4. ПОРЯДОК ПРЕКРАЩЕНИЯ ИЛИ ПРИОСТАНОВЛЕНИЕДЕЯТЕЛЬНОСТИУЧАСТНИКА В НАЦИОНАЛЬНОМ ЦЕНТРЕ

  1. Национальный банк Таджикистана вправе приостановить деятельность Участника в Национальном центре в следующих случаях:

−   несоблюдения   Участником   требований   законодательства

Республики Таджикистан и настоящего Порядка;

−   несоблюдения    выполнения    обязательств    Участника   по договорам, связанным с участием в Национальном центре;

−   отзыва лицензии у кредитной финансовой организации или оператора платежной системы.

  1. При регулярном возникновении случаев, указанных в первом и/или втором абзацах пункта 32 настоящего Порядка Национальный банк Таджикистана вправе прекратить деятельность Участника в Национальном центре.
  2. При наступлении случаев, указанных в пунктах 32 и 33 настоящего Порядка, Национальный банк Таджикистана направляет Участнику по установленным каналам связи, в том числе электронная почта, официальное уведомление о прекращении или приостановлении деятельности в Национальном центре с указанием их оснований.
  1.  В случае   приостановления  деятельности   Участника  в Национальном центре, в направленном уведомлении Устанавливается срок (не превышающий 30 календарных дней) для устранения недостатков.
  1. 36. В случае не устранения недостатков в установленный в пункте 35 настоящего Порядка срок, деятельность Участника в Национальном центре прекращается. Деятельность Участника в Национальном центре возобновляется после устранения недостатков, указанных в уведомлении Национального банка Таджикистана.
  1. Дата прекращения      деятельности      Участника      в Национальном центре признаётся датой расторжения договора.
  1. При прекращении или приостановлении деятельности Участника в Национальном центре, Национальный банк Таджикистана вправе с последующим уведомлением Участника списывать денежные средства с его корреспондентско-расчетного счета или с корреспондентского счета гарантирующей организации для исполнения обязательств Участника перед другими Участниками, предусмотренными настоящим Порядком, договорами между Участником и другими Участниками или договорами между Участником и Национальным банком Таджикистана по денежным переводам через Национальный центр.

 

 

ГЛАВА 5. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНОЕ ПОЛОЖЕНИЕ

  1. Участник не должен, без предварительного согласия Национального банка Таджикистана, разглашать третьим лицам информацию о наличии и/или содержании программных, технических и иных решений, предназначенных для работы в Национальном центре.
  2. Обеспечение исполнения требований настоящего Порядка возлагается на Участников, контроль над его соблюдением осуществляется со стороны соответствующих структур Национального банка Таджикистана.
  3. В случае несоблюдения требований настоящего Порядка Участниками, Национальный банк Таджикистана вправе применить по отношению к Участникам срочные исправительные меры и меры воздействия в соответствии со статьёй 30 Закона Республики Таджикистан “О платёжных услугах и платёжной системе” и статьи 48 Закона Республики Таджикистан “О Национальном банке Таджикистана”.

 

Приложение к Порядку трансграничного перевода денежных средств и деятельности

платежных систем, осуществляющих

такие переводы в Республике

Таджикистан

 

 

ЗАЯВЛЕНИЕ

 

 

 

 

Прошу присоединить                                                                   

 

 

 

 

(полное наименование Участника и юридический адрес)

 

 

 

 

к     Национальному    центру     по     денежным    переводам     для предоставления следующих услуг:

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

(ФИО руководителя) (Подпись)

 

М.П.

 

 

 

 

 

 

(ФИО главного бухгалтера) (дата)(Подпись)

 

               _                                         

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

                                                                                                          Замима

                                                                                     ба қарори Раёсати

                                                                            Бонки миллии Тоҷикистон

                                                                                                                       

аз «____» ­­__________с. 2023, № _____

 

 

 

Тағйиру иловаҳо ба Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва

фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо

дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

         Ба Тартиби интиқоли фаромарзии маблағҳо ва фаъолияти низомҳои пардохтии анҷомдиҳандаи чунин интиқолҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 27 сентябри соли 2019, №117 тасдиқ шудааст, тағйиру иловаҳои зерин ворид карда шаванд:

  1. Дар сархати чоруми банди 1 пас аз калимаҳои «суратҳисоби бонкӣ» калимаҳои «, амалиётҳо дар низоми пардохтии Бонки миллии Тоҷикистон, интиқоли маблағ ба воситаҳои электронии пардохт ва амалиётҳои пардохтӣ» илова карда шаванд.
  2. Дар бандҳои 4, 6 ва сархати сеюми банди 8 калимаҳои «қонунигардонии (расмикунонии)» ба калимаҳои «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и» иваз карда шаванд.
  3. Дар банди 24:

-  рақамҳои «21 ва 22» ба рақамҳои «22 ва 23» иваз карда шаванд;

- дар зербандҳои 1) ва 2) банди 24 пас аз калимаҳои «Маркази миллӣ» калимаҳои «ва ҳамкории технологӣ» илова карда шаванд.

   

    

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

                                                                                                         Приложение

                                                                                                 к постановлению Првления

                                                                                               Национального банка Таджикистана

                                                                                               от «____» ­­__________г. 2023, № _____

 

 

Дополнение и изменение к Порядоку трансграничных переводов денежных средств и деятельности платежных систем, осуществляющих такие же переводы

в Республике Таджикистан

 

         В Порядок трансграничных переводов денежных средств и деятельности платежных систем, осуществляющих такие же переводы в Республике Таджикистан, утвержденный постановлением Правлением Национального банка Таджикистана от 27 сентября 2019 года, №117         внести следующие дополнения и изменения:

  1. В четвертом абзаце главы 1 после слов «открытия счета» дополнить словами «, операции в платежной системе Национального банка Таджикистана, переводы денежных средств с использованием электроных платежных инструментов и платежных операций».
  2. В таджикском варианте в пунктах 4, 6 и в третьем абзаце главы 8 слова «қонунигардонии (расмикунонии)» заменить на слова «қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и».
  3. В пункте 24:
  • цыфры «21 и 22» заменить на цифры «22 и 23».
  • в подпунктах 1) и 2) пункта 24 после слов «Национальному центру» добавить слова «и технологическом взаимодействии».

    

   

    

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00059-HI-(2).pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00059-TTT-tasiri-tanzimkuni.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 24.05.2023
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 23.06.2023
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00059-MMK-#59Hulosa-TTT.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ
Санаи ворид 24.05.2023
Админ 0