Лоиҳа
Қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар бораи Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ,
санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Мутобиқи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва моддаи 57 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
- Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
- Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар муҳлати ду моҳ санадҳои меъёрии ҳуқуқии худро ба қарори мазкур мутобиқ намоянд.
- Қарорҳои зерини Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- аз 3 апрели соли 2007, №172 «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (дар таҳрири нав)»;
- аз 5 феврали соли 2003, №54 «Дар бораи Тартиби гузаронидани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз 4 марти соли 2002, №92 «Дар бораи тартиби литсензиядиҳӣ барои истифодаи қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
- аз 20 феврали соли 1995, №158 «Дар бораи ворид намудани илова ба қарори Шӯрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 августи соли 1992, №325»;
- аз 3 июли соли 2003, №301 «Дар бораи тасдиқи Тартиби додани иҷозатнома барои дошта гирифтани намудҳои ҳайвоноти кӯчанда, нодир ва зери таҳдиди нобудшавӣ қарордошта»;
- аз 21 майи соли 2022, № 239 «Дар бораи Тартиби сертификатсияи маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳӣ».
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Замима
ба қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «__» _______ соли 2023, №__
Тартиби
додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ
ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
- МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
- Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо (минбаъд – Тартиб) қоидаҳои аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо барои анҷом додани фаъолият ва амалҳои субъектҳои хоҷагидор, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» (минбаъд - Қонун) муқаррар гардидаанд, ба танзим медарорад.
- Тартиби мазкур номгӯйи мақомоти иҷозатдиҳанда, мақоми иҷроияи иҷозатдиҳанда, пардохти хироҷ барои додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба буҷети давлатии дахлдор (ҷумҳуриявӣ ё маҳаллӣ), дар асоси Қонун номгӯйи мукаммал ва муҳлати амали ҳамаи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муқаррар карда шуда, номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба мақомоти иҷозатдиҳанда барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта пешниҳодшаванда, шартҳо ва талаботи иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусиро муайян менамояд.
- Ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби роҳбари мақомоти иҷозатдиҳанда ё муовини ӯ имзо гардида, бо муҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад. Дар ҳолате, ки агар ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби мақомоти маҳаллии мақомоти иҷозатдиҳанда дода шавад, он аз ҷониби роҳбари мақомоти маҳаллии мақомоти иҷозатдиҳанда имзо гардида, бо муҳри ин мақомот тасдиқ карда мешавад.
- Ҳуқуқи анҷом додани фаъолият ё амале, ки дар асоси ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта ба роҳ монда мешавад, аз санаи гирифтани иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳинома фаро мерасад.
- Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштае, ки дар давлатҳои дигар гирифта шудаанд, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарте амалӣ мегарданд, ки агар онҳо бо созишномаҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ басташуда, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф шуда бошанд.
- 1. Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти
ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта инҳо мебошанд:
- иҷозатнома – варақаи расмӣ (бланк)-и иҷозатнома;
- ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – варақаи расмӣ (бланк)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- амали тасдиқ ва мувофиқасозӣ – варақаи расмӣ (бланк)-и санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ;
- қабули огоҳинома – иқтибос аз қабули огоҳинома.
- Варақаи расмӣ (бланк)-и иҷозатнома, варақаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ ҳуҷҷати баҳисобгирии қатъии бо усули нашриётӣ омодагардида буда, дорои дараҷаи муҳофизатӣ ва рақами баҳисобгирӣ мебошад.
- Ба ислоҳкунии ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта роҳ дода намешавад. Варақаи расмӣ (бланк)-и вайроншудаи иҷозатнома, ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ бо тартиб додани санад нобуд карда мешавад.
- Таркиби ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта:
1) барои иҷозатнома:
- номи мақоми иҷозатдиҳанда;
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии иҷозатномадор - барои шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомат, унсурҳо (реквизитҳо)-и ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти иҷозатномадор – барои соҳибкори инфиродӣ;
- намуди фаъолият ва амалҳои иҷозатномашаванда (зернамуди фаъолият ва амалҳое, ки гирифтани иҷозатномаро талаб менамоянд);
- рақами иҷозатнома ва санаи додани иҷозатнома;
- муҳлати амали иҷозатнома (ба муҳлати номаҳдуди амал ё якдафъаина);
- маълумот оид ба муҳлате, ки на дертар аз он амали якдафъаина аз ҷониби иҷозатномадор пас аз гирифтани иҷозатнома ба анҷом расонида шавад (барои иҷозатномаи якдафъаина);
- рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари роҳбари мақоми иҷозатдиҳанда (агар иҷозатнома аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад, мансаб, насаб, ном ва номи падари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони он);
- ҷойи имзо ва муҳри мақоми иҷозатдиҳанда;
- санаи қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома;
2) иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ аз ду қисм иборат аст. Қисми якум – варақаи унвонӣ ва қисми дуюм - варақаи мазмунӣ (шартҳо) (замимаи 1). Ба иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ қитъаи кӯҳкорӣ ё қитъаи геологӣ замима мегардад, ки тибқи тартиби муқарраргардида дода мешавад;
3) барои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ:
- номи мақоми иҷозатдиҳанда;
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – барои шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомат, унсурҳо (реквизитҳо)-и ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - барои соҳибкори инфиродӣ;
- номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият ва амалҳо (зернамудҳои фаъолият ва амалҳо, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд);
- рақами ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва санаи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- муҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ (ба муҳлати номаҳдуди амал ё якдафъаина);
- маълумот оид ба муҳлате, ки на дертар аз он амали якдафъаина аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бояд пас аз гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба анҷом расонида шавад (барои ҳуҷҷати иҷозатдиҳии якдафъаина);
- рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари роҳбари мақоми иҷозатдиҳанда (агар ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад, мансаб, насаб, ном ва номи падари Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони он);
- ҷойи имзо ва муҳри мақоми иҷозатдиҳанда;
- санаи қабули қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
4) барои санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ:
- номи мақоми иҷозатдиҳанда;
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии дорандаи санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ - барои шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомат, унсурҳо (реквизитҳо)-и ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти дорандаи санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ - барои соҳибкори инфиродӣ;
- номгӯйи санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ (зернамудҳои фаъолият ва амалҳое, ки анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозиро талаб менамоянд);
- рақами санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ ва санаи додани санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ;
- рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари роҳбари мақоми иҷозатдиҳанда;
- ҷойи имзо ва муҳри мақоми иҷозатдиҳанда;
- санаи тасдиқ ва мувофиқасозӣ;
5) иқтибос аз қабули огоҳинома ба аризадиҳанда:
- номи мақоми иҷозатдиҳанда;
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии дорандаи санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ - барои шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар, маҳалли истиқомат, унсурҳо (реквизитҳо)-и ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти дорандаи санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ - барои соҳибкори инфиродӣ;
- номгӯйи огоҳиномаҳои гирифташаванда барои фаъолият ва амалҳо;
- рақами мушаххаси андозсупоранда ва рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари роҳбари мақоми иҷозатдиҳанда;
- ҷойи имзо ва муҳри мақоми иҷозатдиҳанда;
- санаи қабули огоҳинома.
- 2. Шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ
- Шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби мазкур муқаррар карда мешаванд, ки риояи онҳо зимни гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби субъекти хоҷагидор ҳатмӣ мебошад.
- Аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ва ё мақомоти дигари давлатӣ иловатан пешниҳод кардани шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусие, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби мазкур муқаррар карда нашудаанд, манъ аст.
- Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» амалӣ карда мешавад.
- Ҳангоми зарурат шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ дар мавриди додани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта ба он замима гардида, бо имзои роҳбари мақомоти иҷозатдиҳанда ва муҳри он тасдиқ карда мешаванд (агар ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шавад, шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ бо имзои Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё яке аз муовинони он тасдиқ карда мешаванд).
- Шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ дар варақаи махсус қайд карда мешаванд, ки он ҳуҷҷати баҳисобгирии қатъии бо усули нашриётӣ омодагардида буда, дорои дараҷаи муҳофизатӣ ва рақами баҳисобгирӣ мебошад.
- Ислоҳкунии варақаи шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ манъ аст. Варақаи шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ бо тартиб додани санад нобуд карда мешавад.
- Таркиби варақаи шартҳои иҷозатдиҳӣ, талабот ва шартҳои тахассусӣ аз инҳо иборат мебошад:
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқии дорандаи ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта - барои шахси ҳуқуқӣ;
- насаб, ном, номи падар дорандаи ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта - барои соҳибкори инфиродӣ;
- номгӯйи шартҳои иҷозатдиҳӣ;
- номгӯйи талабот ва шартҳои тахассусӣ;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари роҳбари мақоми иҷозатдиҳанда;
- ҷойи имзо ва муҳри мақоми иҷозатдиҳанда.
- 3. Тақсимоти ваколатҳо оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта байни мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти
давлатӣ ва сохторҳои онҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо
- Аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳандаи сатҳи зерин иҷозатнома ва ё ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода мешаванд, амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ анҷом дода мешаванд, огоҳинома қабул карда мешаванд:
- мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
- Мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи Тартиби мазкур ваколати додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро доранд, метавонанд вобаста ба хусусияти хос (дараҷа, нишондиҳанда, шумора, миқдор, ҳаҷм, андоза) додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидоштаро бо қарори дахлдор ба сохторҳои худ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вогузор намоянд.
- 4. Тартиби пардохти хироҷ барои додани
ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта
- Пардохти хироҷ барои баррасӣ ва додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм, пардохтҳои хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» тариқи ғайринақдӣ амалӣ карда мешавад.
- Ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳие, ки барои баррасӣ ва додани онҳо тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» пардохти хироҷ барои баррасии ариза пешбинӣ нашудааст, ҳангоми азнавбарасмиятдарорӣ ва додани нусхаи дуюм (дубликат)-и он пардохти хироҷ ситонида намешавад.
- Агар ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дода шаванд, пардохти хироҷ барои баррасӣ ва додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм, пардохтҳои хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба буҷети ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад.
- Агар ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дода шаванд, пардохти хироҷ барои баррасӣ ва додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм, пардохтҳои хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳӣ ба буҷети маҳаллӣ гузаронида мешавад.
- Агар ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби сохторҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дода шаванд, хироҷ барои баррасӣ ва додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм, пардохтҳои хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ба таври зерин ситонида мешаванд:
- агар нигоҳдории сохторҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ амалӣ карда шавад - ба буҷети ҷумҳуриявӣ;
- агар нигоҳдории сохторҳои мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллӣ амалӣ карда шавад ба буҷети маҳаллӣ.
- 5. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ҳуҷҷати
хусусияти иҷозатдиҳидошта заруранд
- Барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта аризадиҳанда ба мақомоти иҷозатдиҳандаи дахлдор ҳуҷҷатҳои пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби мазкурро пешниҳод менамояд. Ҳуҷҷатҳо дар шакли хаттӣ ё тавассути низоми электронӣ барои додани аризаҳо пешниҳод карда мешаванд. Ҳангоми додани ариза барои гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта тавассути низоми электронӣ, ҳамаи ҳуҷҷатҳо дар шакли электронӣ пешниҳод карда мешаванд.
- Ҳуҷҷатҳои аз ҷониби шахсони хориҷӣ пешниҳодшаванда, ки дар хориҷа дода шудаанд, бояд ба забони давлатӣ тарҷума ва бо тасдиқи нотариалӣ ва тасдиқи дигари дахлдор (расмикунонӣ, апостил) пешниҳод карда шаванд.
- Аризадиҳанда барои гирифтани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта маълумот ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамояд:
- ариза дар бораи гирифтани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта бо нишон додани намуди фаъолият ё амал;
- нусхаи ҳуҷҷате, ки бақайдгирии давлатии субъекти хоҷагидорро тасдиқ мекунад;
- пардохти хироҷ барои баррасии ариза (ба истиснои номгӯйи ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳие, ки барои онҳо пардохти хироҷ барои баррасии ариза пешбинӣ нашудааст);
- ваколатнома барои намояндагии манфиатҳо ба номи шахси ваколатдор, агар ҳуҷҷатҳо барои гирифтани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта аз ҷониби намояндаи аризадиҳанда пешниҳод шаванд;
- ҳуҷҷатҳое дигаре, ки вобаста ба хусусияти хоси ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта бо Тартиби мазкур пешбинӣ шудаанд.
- Аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳанда аз аризадиҳанда талаб кардани ҳуҷҷатҳое, ки дар Тартиби мазкур пешбинӣ нагардидаанд, манъ аст. Дар мавриди зарурати дастрас намудани маълумот, хулоса, санад ва ё иттилооти дигар нисбат ба аризадиҳанда ва фаъолияти ӯ мақомоти иҷозатдиҳанда онро бе ҷалби аризадиҳанда аз мақомоти дигари давлатӣ дастрас менамояд. Мақомоти давлатӣ бо дархости мақоми иҷозатдиҳанда маълумот, хулоса, санад ва ё иттилооти дахлдорро нисбати аризадиҳанда дар муҳлати панҷ рӯзи корӣ баъд аз гирифтани дархости мазкур ирсол мекунанд.
- Аризадиҳанда барои дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда масъулият дорад. Мақомоти иҷозатдиҳанда дар ҳолати зарурӣ ҳуқуқ дорад, ки дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи аризадиҳандаро бе ҷалби ӯ санҷад. Санҷиши дурустии маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи аризадиҳанда аз ҳисоби мақомоти иҷозатдиҳанда амалӣ карда мешавад.
- Аризаи барои гирифтани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта додашуда ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида тибқи номгӯй ба қайд гирифта мешаванд. Маълумотнома дар бораи қабули ариза ва ҳуҷҷатҳои ба он замимагардида, ки бо имзои шахси масъул ва муҳри мақомоти иҷозатдиҳанда тасдиқгардида бо сабт дар бораи санаи бақайдгирӣ ба аризадиҳанда супорида ё тавассути низоми электронӣ ба ӯ фиристода мешавад.
- 6. Қоидаҳои қабули қарор дар бораи додан, азнавбарасмиятдарорӣ,
додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ
- Қабули қарор дар бораи додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» амалӣ карда мешавад.
- Бо мақсади додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатномаҳо дар назди мақомоти иҷозатдиҳанда Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта таъсис дода мешавад. Мақомоти иҷозатдиҳанда бо мақсади додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ дар ҳолати зарурӣ метавонад, вобаста ба хусусияти хоси ҳуҷҷати иҷозатдиҳидошта, аз ҷумла ҷиҳати таъмини шаффофият Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта таъсис диҳад.
- Роҳбари аввали мақомоти иҷозатдиҳанда ё яке аз муовинони ӯ раиси Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта мебошад. Агар фаъолият оид ба мусофиркашонӣ тавассути воситаи нақлиёти мусофиркаши ҷамъиятӣ (сабукрав, (таксӣ) автобус, троллейбус микроавтобус) дар ҳудуди шаҳри Душанбе амалӣ карда шавад, раиси Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта муовини Раиси шаҳри Душанбе (сарпарасти соҳаи нақлиёт) муайян карда мешавад.
- Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта дар ҳайати 5 (панҷ) ё 7 (ҳафт) нафар аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷозатдиҳанда ташкил карда мешавад.
- Қарори Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта бо протоколи ҷаласаи Комиссияи мазкур ба расмият даровада шуда, асос барои додан, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, анҷом додани амалҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ мегардад.
- Фаъолияти Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ҳамон вақт салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки дар ҷаласаи он аз нисф зиёди ҳайати Комиссияи мазкур иштирок намоянд.
- Дар асоси қарори Комиссия оид ба додани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта варақаи расмӣ (бланк)-и иҷозатнома, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санади тасдиқ ва мувофиқасозӣ аз ҷониби роҳбари аввали мақомоти иҷозатдиҳанда ба имзо расонида шуда, бо муҳри расмии мақомоти иҷозатдиҳанда тасдиқ карда мешавад.
- ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
- 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ;
- фаъолият вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ;
- фаъолият вобаста ба истихроҷи нафту газ;
- фаъолият вобаста ба истихроҷи ангишт;
- фаъолият вобаста ба истифодаи сарватҳои дигари зеризаминии маъданӣ;
- фаъолият вобаста ба истифодабарии сарватҳои зеризаминии ғайримаъданӣ;
- фаъолият вобаста ба истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди он;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дастрас намояд, ки якчанд зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, барои додани иҷозатнома танҳо маблағи ҳадди баландтари пешбининамудаи замимаи Қонуни мазкур ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: дар асоси пешниҳоди аризадиҳанда муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар мавриди ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, субъекти хоҷагидор метавонад аризаи нав барои идомаи фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ба мақоми иҷозатдиҳанда пешниҳод намояд, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳқурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби мазур аз нав баррасӣ карда мешавад;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи кон;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникии аризадиҳанда;
- маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявии аризадиҳанда (мавҷудияти сармояи худӣ дар ташкилотҳои қарзӣ:
- дар ҳаҷми на кам аз 300,0 (сесад) ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳангоми фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ, фаъолият вобаста ба истихроҷи нафту газ ва фаъолият вобаста ба истифодаи дигар сарватҳои зеризаминии маъданӣ;
- дар ҳаҷми на кам аз 200,0 (дусад) ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҳангоми фаъолият вобаста ба ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ, истихроҷи ангишт, истифодабарии сарватҳои зеризаминии ғайримаъданӣ, истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди онҳо);
- маълумотномаи омӯзиши геологӣ;
- нақшаи тиҷоратӣ оид ба истифодабарии қаъри замин;
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- анҷом додани фаъолияти иҷозатномашаванда дар ҳудуди қитъаи геологӣ ва қитъаи замин;
- саривақт пардохт намудани андозҳо, аз ҷумла бонуси обунавӣ ва дигар пардохтҳои давлатӣ оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ;
- риояи шарт ва талаботи оид ба ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист, бехатарии пешбурди корҳо;
- махфӣ нигоҳ доштани маълумоте, ки дар раванди фаъолият ошкор гардида, сирри давлатӣ мебошад;
- ҳамасола пешниҳоди ҳисобот аз натиҷаи фаъолият ба мақомоти иҷозатдиҳанда;
- пас аз гирифтани иҷозатнома оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ, иҷозатномадор уҳдадор аст, ки фаъолияти кории худро дар муҳлати на дертар аз 1 сол оғоз намояд;
- истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул тибқи номгӯйи канданиҳои фоиданоки маъмул (ба истиснои истихроҷ аз маҷрои дарё) дар асоси захираҳои саноатии тасдиқшуда ва дар Тарози давлатии захираҳо гузошташуда иҷозатнома дода мешавад (замимаи 2);
- гузаронидани корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки маъмул аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин бе гирифтани иҷозатнома дар асоси лоиҳаи бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Барои анҷом додани чунин корҳо истифодабарандаи қаъри замин метавонад дар асоси шартнома ташкилотҳои дигари соҳавиро ҷалб намояд;
- дар ҳолате, ки кони канданиҳои фоиданоки дар марҳилаи ҷустуҷӯ ошкоршуда ва арзёбигардида аз ҳудуди қитъаи геологии тибқи иҷозатнома додашуда берун барояд, он гоҳ бо дархости иҷозатномадор ба мақоми ваколатдори соҳа, қитъаи ба ӯ додашуда ба андозае, ки тамоми конро дарбар гирифта тавонад, васеъ карда мешавад;
- баъди аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани ҳисоботи геологӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаи қаъри замин, ки дар мавриди он иҷозатномаи омӯзиши геологии қаъри замин амал мекунад, иҷозатномадор, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунад, ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани иҷозатномаи истихроҷи кандании фоиданокро дорад. Ин ҳуқуқ, агар дар давоми ду соли баъди тасдиқи захираҳои кони иктишофшуда истифода нагардад, эътибори худро гум мекунад;
- барои истихроҷи кони канданиҳои фоиданок, ҳамзамон ҳуқуқи бурдани иктишофи онро (дар ҳудуди қитъаи кӯҳкорӣ), инчунин коркарди партовҳои ташкилотҳои истихроҷи маъдан ва коркарди вобаста ба онро медиҳад;
- риояи Шартҳо барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ (замимаи 3);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони соҳавӣ дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси геолог, маркшейдер, муҳандиси кӯҳӣ, заминсоз, техник, технолог, молия ва қарз, иқтисодчӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, барқчӣ ва дигар ихтисосҳое, ки ба фаъолияти субъекти хоҷагидор оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ алоқамандӣ доранд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда - Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ ва ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ; мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда – Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият вобаста ба истихроҷи нафту газ; мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда - Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолият вобаста ба истихроҷи ангишт, истифодаи дигари сарватҳои зеризаминии маъданӣ, истифодабарии сарватҳои зеризаминии ғайримаъданӣ, истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди он).
- 2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба тайёр кардан ва савдои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда;
- фаъолият оид ба савдои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба тайёр кардан ва савдои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандаро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият пешниҳод карда мешаванд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи Шартҳои махсуси технологӣ барои тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкунӣ ва рақамгузории онҳо (замимаи 4);
- мавҷуд будани таҷҳизот ва технологияҳое, ки имконияти ҳимояи пурраи аломатҳои варақаҳои маҳсулоти матбаавиро аз сохтакорӣ ва дигар сӯиистифодаҳо таъмин менамоянд;
- мавҷуд будани низоми ҳисобот ва шартҳо барои таъмини нигоҳдории маҳсулоти матбаавӣ дар вақти истеҳсол;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти аудиторӣ (барои аудити биржаҳо, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои сармоягузорӣ ва аудити умумӣ):
1) зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳое, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатии корманд, ки собиқаи на кам аз се соли кориро ҳамчун муҳосиб, иқтисодчӣ, аудитор, молиячӣ, ҳуқуқшиносӣ, бонкдорӣ ва корманди мақомоти андоз тасдиқ намояд;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судии бардоштанашуда дар ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудан барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (ба истиснои ҳолатҳои сафедкунанда);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, бонкдорӣ, ҳуқуқ, иқтисод, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, андоз ва андозбандӣ мебошанд (барои шахси ҳуқуқӣ на кам аз 3 нафар ва барои соҳибкори инфиродӣ на кам аз 1 нафар);
- ҳар се сол такмил додани тахассуси касбии муҳосибии аудитор;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (вобаста ба аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо):
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба хариду фурӯши металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- фаъолият оид ба хариду фурӯши маснуоти заргарӣ аз металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо сохташуда;
- фаъолият оид ба аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо (вобаста ба аз аҳолӣ харидани маснуоти заргарӣ ва дигар маснуоти аз металлу сангҳои қиматбаҳо сохташудаи рӯзгор ва шикастапораҳои онҳо, хариду фурӯши яклухт ва чаканаи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо)-ро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судии бардоштанашуда дар ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти фондҳои ғайридавлатии нафақа:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- нусхаи хуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба фонди оинномавии шахси ҳуқуқӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳое, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатии корманд, ки собиқаи на кам аз се соли кориро ҳамчун муҳосиб, иқтисодчӣ, молиячӣ, ҳуқуқшинос ва корманди мақомоти давлатии соҳаи молия, иқтисод ва андоз тасдиқ намояд;
- варақаи шахсии роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷуд будани на кам аз 3 нафар мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, иқтисодчӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳуқуқшиносӣ, андоз ва андозбандӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи биржа:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- қоидаҳои савдои биржавӣ, ки аз тарафи аз тарафи роҳбари субъекти хоҷагидор тасдиқ гардидааст;
- ҳуҷҷате, ки ба сармояи оинномавии биржа пардохт намудани на камтар аз 50 дарсади маблағи эълоншударо тасдиқ мекунад;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳое, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатии корманд, ки собиқаи на кам аз се соли кориро ҳамчун иқтисодчӣ, молиячӣ, бонкдорӣ ва ҳуқуқшиносӣ тасдиқ намояд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя намудани қоидаҳои савдои биржавӣ ва зимни тағйири қоидаҳо дар муҳлати на дертар аз 10 рӯзи корӣ ба мақомоти иҷозатдиҳанда пешниҳод намудани маълумот оид ба он;
- мавҷуд будани бинои дахлдор барои гузаронидани савдои биржавӣ ва сомонаи расмии ташкилкунанда, ки дар он фаъолияти биржавӣ амалӣ карда мешавад;
- ҳар семоҳа пешниҳод намудани маълумот оид ба натиҷаи фаъолият ба мақомоти иҷозатдиҳанда;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти на кам аз 3 нафар мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, бонкдорӣ, иқтисодчӣ, ҳуқуқшиносӣ ва ё риёзӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти брокерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок;
- фаъолияти диллерӣ дар бозори коғазҳои қиматнок;
- фаъолият оид ба идораи портфели коғазҳои қиматнок;
- фаъолият оид ба муайян кардани уҳдадориҳои тарафҳо (клиринг) аз рӯйи амалиёт бо коғазҳои қиматнок;
- фаъолияти маҳфуздорӣ;
- фаъолияти ташкили савдо дар бозори коғазҳои қиматнок;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнокро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳое, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатии кормандон, ки собиқаи на кам аз се соли кориро ҳамчун иқтисодчӣ, молиячӣ, ҳуқуқшинос ва корманди бонк тасдиқ намояд;
- маълумот дар бораи тартиби ҳимоя ва нигоҳ доштани маълумоти электронӣ;
- маълумот дар бораи низоми нигоҳ доштани маълумот, аз ҷумла дар бораи усулҳои нигоҳ доштани навиштаҷоти депозитарие, ки аз ҷониби депозитарий барои иҷро намудани фаъолияти депозитарӣ истифода бурда мешаванд;
- қоидаи савдои коғазҳои қиматнок, ки аз тарафи роҳбари субъекти хоҷагидор тасдиқ гардидааст;
- қоидаи листинг ва делистинг, ки аз тарафи роҳбари субъекти хоҷагидор тасдиқ гардидааст;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таъмин намудани бино бо низоми бехатарӣ, яъне гузоштани воситаҳои бонгдиҳӣ, рамзҳо, ҳимояи воситаҳои компютерӣ;
- тибқи қоидаҳои муқарраргардида анҷом додани фаъолияти иштирокдорони касбии бозори коғазҳои қиматнок;
- ҳамасола дар ҷамъбасти сол пешниҳод намудани ҳисобот оид ба фаъолият дар бозори коғазҳои қиматнок ба мақомоти иҷозатдиҳанда;
- дар давоми на камтар аз як соли пас аз гирифтани иҷозатнома амалӣ намудани аҳдҳо бо қоғазҳои қимматнок;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассиси дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, корманди бонк, иқтисодчӣ ва ҳуқуқшиносӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор;
- фаъолияти букмекерӣ;
- фаъолияти ба роҳ мондани бозии лото;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судии бардоштанашуда дар ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудан барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (ба истиснои ҳолатҳои сафедкунанда) нисбат ба роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи Шартҳо оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото (замимаи 5);
- ба мақоми иҷозатдиҳанда пешниҳод намудани маълумот оид ба нуқтаҳои фаъолияти кушодашуда ва нуқтаҳои фаъолияташон қатъкардашуда, инчунин сомонаи расмие, ки дар он шартбандиҳо гузаронида шуда, пас аз гирифтани иҷозатнома таъсис дода шудааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома, пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти гаравхона:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судии бардоштанашуда дар ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудан барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (ба истиснои ҳолатҳои сафедкунанда) нисбат ба роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таҷҳизонидани бино бо воситаҳои техникии муҳофиза ва бонгдиҳӣ (бо панҷара ва дарҳои оҳанин муҷаҳҳаз будани бино, мавҷудияти камераҳои мушоҳидавӣ, мавҷудияти воситаҳои бонгдиҳӣ огоҳкунии хатар, сейфҳои махсус барои нигоҳдории мавзӯи гарав ва монанди инҳо);
- ҳар се моҳа ба мақоми иҷозатдиҳанда пешниҳод намудани маълумот оид ба маблағи умумии дар гардишбуда, андозаи сандуқи қарзӣ, маблағи қарзи додашуда, маблағи баргардонидашуда, шумораи қарзгирифтагон, андозҳои пардохтгардида;
- ба мақоми иҷозатдиҳанда пешниҳод намудани маълумот оид ба нуқтаҳои фаъолияти кушодашуда ва нуқтаҳои фаъолияташон қатъкардашуда;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи рушди иқтисод ва савдо
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти намояндаи патентӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- нусхаи қарори комиссияи аттестатсионӣ ба истиснои нафароне, ки зиёда аз 3 сол собиқаи корӣ дар самти марбут ба санҷиши объектҳои моликияти саноатӣ доранд;
- маълумот оид ба надоштани доғи судии бардоштанашуда дар самти ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон будан;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ, илмҳои техникӣ, табиатшиносӣ, иқтисодӣ ва доштани шаҳодатнома дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафа:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи аслии шартномаи (қарордоди) иқтисодии хориҷӣ бо замимаи тағйирот ва/ё иловаҳо ба шартнома, нусха ва тарҷумаи онҳо, ки бо имзои аризадиҳанда (роҳбари шахси ҳуқуқӣ) ва муҳр тасдиқ карда мешавад;
- нусхаи шартномаи (қарордоди) иқтисодии хориҷӣ, тибқи тартиби муқарраргардида дар ҳолатҳое, ки агар иштирокчии амалиёти иқтисодии хориҷӣ истеҳсолкунандаи мол (кор ва хизматрасонӣ) бошад;
- ҳуҷҷате, ки дорои маълумоти пурра оид ба хусусиятҳои техникии маҳсулоти таъйиноти дуҳадафа мебошад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- иҷрои амалҳои марбут ба гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он маҳсулоти таъйиноти дуҳадафа аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар роҳу восита, аз қабили воситаҳои электронӣ ё шакли ғайримоддӣ - омӯзиш, таъминоти техникӣ (хизматрасонӣ), инчунин таъсиси чунин барнома ва технологияҳо дар шакли электронӣ, ки ба шахсони берун аз Тоҷикистон буда дастрас аст, интиқол дода мешавад;
- иҷрои амалҳои марбут ба гузаштани сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар натиҷаи он маҳсулоти таъйиноти дуҳадафа ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар роҳу восита ворид мешавад;
- иҷрои амалҳо оиди аз ҳудуди ягон давлат берун баровардани маҳсулоти таъйиноти дуҳадафа, ки қаблан ба ин давлат ворид карда шуда мавриди коркард қарор дода нашуданд;
- иҷрои амалҳо оид ба ҳаракати маҳсулоти таъйиноти дуҳадафа тариқи ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боркашонии он берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфтааст ва бояд берун аз он ба анҷом расад (ба истиснои парвозҳои байналмилалии транзитӣ бе фуруд омадан дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми воридот, содирот ва транзити маҳсулоти таъйиноти дуҳадафа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот оид ба таҳвили маҳсулот ба воридкунанда (истифодабарандаи ниҳоӣ), инчунин нусхаи эъломияи гумрукии боркашониро дар давоми 3 (се) рӯз баъд аз гирифтан ё интиқоли ҳар як гурӯҳи маҳсулот ба мақомоти иҷозатдиҳанда;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар
соҳаи саноат ва технологияҳои нав
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва иншоотҳо барои тайёр кардан, коркард ва фурӯши пораву партови металлҳои сиёҳ ва ранга;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият вобаста ба коркарди пораву партови металлҳои қиматбаҳо бо мақсади ба даст овардани натиҷаи ниҳоии маҳсулот ва холис кардани металлҳои қиматбаҳо;
- фаъолият вобаста ба рекуператсияи сангҳои қиматбаҳо;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳоро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- маълумотнома аз мақомоти корҳои дохилӣ дар бораи таъмини бехатарии бинои корӣ ва санҷиши коргарон ба низоми рухсатдиҳӣ;
- маълумот дар бораи тахассуси касбии кормандон;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва иншоотҳо барои фаъолияти муомилоти металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва асбобу лавозимоти ёридиҳанда, аз он ҷумла печҳои муфелӣ, ҷевонҳои ҳавокаш, ҷевонҳои хушккунӣ, сейф, дастгоҳҳои аррақкунӣ, микроскоп, дигар асбобҳои зарурӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
- мавҷудияти тарозуи махсус барои баркашидани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ки дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи коршоямии он мебошад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти тамоку:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият оид ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку;
- фаъолият оид ба фурӯши яклухти маҳсулоти тамоку;
- фаъолият оид ба фурӯши чаканаи маҳсулоти тамоку;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти тамокуро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ (вобаста ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба маҳсулоти тамоку (сертификати мутобиқат, тамғаҳои аксизӣ);
- ҳуҷҷати тасдиқкунанада (шиноснома)-и корхонаи истеҳсолӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти тамоку;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва иншоотҳо барои фаъолият оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти тамоку;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти тамоку ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба маҳсулоти тамоку (сертификати мутобиқат, тамғаҳои аксизӣ);
- риояи регламентҳои техникӣ ва технологияи истеҳсолот;
- риояи қоидаҳои тамғакунонӣ ва фурӯш;
- мавҷуд будани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти тамоку ва ба меъёру стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй будани онҳо;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва фурӯши яклухти спирти этилӣ ва машрубот;
- фаъолият оид ба фурӯши чаканаи машрубот (инчунин дар шакли рехта);
- фаъолият оид ба истеҳсоли пиво;
- фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши яклухти маҳсулоти спиртдор;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти соҳаи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдорро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ (вобаста ба истеҳсоли спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор);
- ҳуҷҷати тасдиқкунанада (шиноснома)-и корхонаи истеҳсолӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи истеҳсол ва муомилоти спирти этилӣ, машрубот ва маҳсулоти спиртдор;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва иншоотҳо барои фаъолият оид ба истеҳсол ва муомилоти маҳсулоти спиртдор;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти спиртдор ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба маҳсулоти спиртдор (сертификати мутобиқат, тамғаҳои аксизӣ);
- риояи регламентҳои техникӣ ва технологияи истеҳсолот;
- риояи қоидаҳои тамғакунонӣ ва фурӯш;
- ба роҳ мондани фурӯши машрубот танҳо дар ҷойҳое, ки аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бе ҷалби аризадиҳанда муайян карда шудааст;
- ба меъёру стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй будани нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти спиртдор;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият оид ба истихроҷи рег;
- фаъолият оид ба истихроҷи омехтаи регу шағал;
- фаъолият оид ба истихроҷи гил;
- фаъолият оид ба истихроҷи гилхок;
- фаъолият оид ба истихроҷи санги бинокорӣ;
- фаъолият оид ба истихроҷи регсанг;
- фаъолият оид ба истихроҷи бӯр;
- фаъолият оид ба истихроҷи квартсит;
- фаъолият оид ба истихроҷи доломит;
- фаъолият оид ба истихроҷи мергел;
- фаъолият оид ба истихроҷи оҳаксанг;
- фаъолият оид ба истихроҷи оҳаксанги ковок;
- фаъолият оид ба истихроҷи варақсанг;
- фаъолият оид ба истихроҷи аргиллитҳо ва алевролитҳо;
- фаъолият оид ба истихроҷи сангҳои магматикӣ, вулқонӣ ва метаморфӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмулро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамуд ва ё ду ва бештари зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида шуда, дар иҷозатнома зернамудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда дарҷ мегарданд;
3) муҳлати амал: дар асоси пешниҳоди аризадиҳанда муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул, ки сарватҳои зеризаминӣ мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар мавриди ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул, субъекти хоҷагидор метавонад аризаи нав оид ба фаъолият вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул ба мақоми иҷозатдиҳанда пешниҳод намояд, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳқурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби мазур аз нав баррасӣ карда мешавад;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ (вобаста ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул);
- маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрӣ (субъекти хоҷагидор метавонад, оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрҳо маълумотномаҳоро дар алоҳида (шакли алоҳида) пешниҳод намояд);
- маълумотномаи омӯзиши геологӣ ва нусхабардории мавод;
- нақшаи тиҷоратӣ оид ба истифодабарии канданиҳои фоиданок ;
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ оид ба истихроҷи канданиҳои фоиданоки маъмул;
- мавҷудияти мавзеи истифодаи канданиҳои фоиданоки маъмули истифодабарии сарватҳои зери замин;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи энергетика ва захираҳои об
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба коркарди нафту газ ва истифодабарии иншоотҳои нафтӣ ва газӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ ё шартномаи иҷора;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутахассисони соҳа, доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- нақшаи тиҷоратӣ бо нишондодҳои иқтидори солона (оид ба коркарди нафту газ);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудият ва ба талабот ҷавобгӯй будани заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла объектҳое (нуқтаҳои коркард, фуруш, нигоҳдорӣ, интиқол ва тақсимоти маҳсулоти нафтӣ), ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ дар нуқтаҳои коркард, фуруш, нигоҳдорӣ, интиқол ва тақсимоти маҳсулоти нафтӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони соҳавӣ, ки дорои таҳсилот аз рӯйи ихтисоси вобаста ба коркарди нафт мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ ё шартномаи иҷора оид ба нигоҳдорӣ ва фурӯши маҳсулоти нафтӣ ва газӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба ҳуқуқи истифодаи замин (барои нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти нафту газ);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудият ва ба талабот ҷавобгӯй будани заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла объектҳое (нуқтаҳои нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо), ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ дар нуқтаҳои нигоҳдорӣ ва фурӯши нафту газ ва маҳсулоти коркарди онҳо;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ ё шартномаи иҷора;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутахассисони соҳа, доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ ҳангоми васл, танзим ва таъмири иншоотҳо ва таҷҳизоти энергетикӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: сатҳи тахассусию касбии кормандон бо дар назар доштани дараҷаи таҳсилот аз рӯйи ихтисос дар соҳаи энергетика;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсол, интиқол ва тақсим кардани энергияи барқ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ (иқтидори нерӯгоҳ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутахассисони соҳа, доштани таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти ва ба талабот ҷавобгӯй будани заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла объектҳое (нуқтаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсим кардани энергияи барқ), ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ дар нуқтаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсим кардани энергияи барқ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: сатҳи тахассусию касбии кормандон бо дар назар доштани дараҷаи таҳсилот аз рӯйи ихтисос дар соҳаи энергетика;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: дар асоси пешниҳоди аризадиҳанда муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда, ки сарватҳои зеризаминӣ мебошанд, аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. Дар мавриди ба анҷом расидани муҳлати амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда, субъекти хоҷагидор метавонад аризаи нав вобаста ба фаъолият оид ба истихроҷи нафт ва газ аз чоҳҳои аз эътибор соқитшуда ба мақоми иҷозатдиҳанда пешниҳод намояд, ки он бо тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳқурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби мазур аз нав баррасӣ карда мешавад;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрӣ (субъекти хоҷагидор метавонад, оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрҳо маълумотномаҳоро дар алоҳида (шакли алоҳида) пешниҳод намояд);
- маълумотнома оид ба омӯзиши геологии қитъаи иҷозатномашавандаи қаъри замин;
- нақшаи тиҷоратӣ оид ба истифодабарии қаъри замини иҷозатномашаванда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру талаботи стандартҳои давлатӣ дар чоҳҳои аз эътибор соқитшуда ҳангоми истихроҷи нафту газ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад;
- мавҷудияти ҳудудҳои арзии қитъаи кӯҳкорӣ;
- мавҷудияти ҳудудҳои арзии қитъаи геологӣ;
- ҳаҷмҳои истихроҷи ашёи минералӣ тибқи нақшаи тиҷоратӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондани истифодаи оқилонаи ҳифзи сарвати зеризаминӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: сатҳи тахассусию касбии кормандон бо дар назар доштани дараҷаи таҳсилот аз рӯйи ихтисос дар соҳаи истихроҷ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба коркарди конструксияи биною иншоот бо маводи ба оташ тобоваранда;
- фаъолият оид ба васл, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои худкор ва воситаҳои дастии оташнишонӣ;
- фаъолият оид ба таъмин намудан бо воситаҳо ва маводи оташнишонӣ;
- фаъолият оид ба гузарондани экспертизаи восита ва маводи ба оташ тобоваранда ва оташнишонӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳоро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд.
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳо (иҷрои корҳои васлу таъмир ва хизматрасонии воситаҳои таъмини аз сӯхтор пешгирӣ кардани биною иншоотҳо)-е, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ карда мешавад;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи дахлдор эътироф кардааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандиси техникаи бехатарӣ аз сӯхтор, алоқа ва химия мебошанд;
7) мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда: Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсол, сохтан, фурӯш, коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба истеҳсолу сохтани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;
- фаъолият оид ба фурӯши силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;
- фаъолият оид ба коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсол, сохтан, фурӯш, коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии онро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани кормандони бо силоҳ ва лавозимоти ҷангии он фаъолияткунанда;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти тандурустӣ оид ба надоштани бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмоние, ки ин ҳолатҳо ба муомилаи дуруст бо силоҳ монеъ мешаванд;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муомилаи эҳтиёткорона бо силоҳи оташфишон;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба талабот ва шартҳои тахассуссие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таҷҳизонидани биное, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ, зиддисӯхторӣ, ҳимояи воситаҳои компютерӣ ва таҳти назорати нуқтаи муттамаркази мушоҳидавӣ қарордошта;
- мавҷудияти шахсони масъули силоҳноки муҳофизавии мақомоти корҳои дохилӣ;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино (қоидаҳои нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти он, ҷевонҳои (сейфҳои) оҳанин барои нигоҳдории аслиҳа, кисмҳои асосӣ ва лавозимоти он, шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, посбонӣ))-е, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ карда мешавад;
- ба бинои фурӯшгоҳи силоҳ ва лавозимоти ҷангии он роҳ додани танҳо шахсони аз 18-сола боло;
- мавҷудияти маълумотнома оид ба донистани қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона бо силоҳ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
-мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи уҳдадории умумии ҳарбӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба доштани билети шикорӣ (оид ба ташкили фурӯш, коллексиякунӣ ва банамоишгузории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он);
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти фарматсевтӣ (тайёр ва истеҳсол кардани дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ):
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба воридот, содирот, фурӯши дору ва молҳои тиббӣ;
- фаъолият оид ба тайёр, истеҳсол ва фурӯши дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
- фаъолият оид ба фурӯши дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти фарматсевтиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- маълумот оид ба техникаҳои ҷалбкардашуда, аз ҷумла дар асоси шартномаи иҷора;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолияти фарматсевтӣ риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти низоми дохилии санҷиши сифати дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
- ҳамасола такмил додани омодагии касбии соҳибкори инфиродӣ ва кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи фармасевтӣ мебошанд;
- сертификати мутахассис, ки омодагии касбии онҳоро, барои анҷом додани навъи мушахасси фаъолияти фармасевтӣ тасдиқ мекунад;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинсексионӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дератизатсионӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсиониро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- маълумот оид ба техникаҳои ҷалбкардашуда, аз ҷумла дар асоси шартномаи иҷора;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти низоми дохилии санҷиши сифати воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;
- ҳамасола такмил додани омодагии касбии соҳибкори инфиродӣ ва кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ё фарматсевтӣ мебошанд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба хизматрасонии техникии техникаи тиббӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ё фарматсевтӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият оид ба истифодаи ангезандаҳои бемориҳои сирояткунанда риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ҳамасола такмил додани омодагии касбии соҳибкори инфиродӣ ва кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- ҳамасола такмил додани омодагии касбии соҳибкори инфиродӣ ва кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ва ё фарматсевтӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми дору:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият оид ба ҷамъоварӣ ва тайёр намудани ашёи хоми дору риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ва ё фарматсевтӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии тиббӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- руйхати намудҳои хизматрасонии тиббӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолияти хусусии тиббӣ риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- ҳамасола такмил додани омодагии касбии соҳибкори инфиродӣ ва кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ва ё фарматсевтӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ;
- фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи молу мулк барои фаъолият;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ надоштани шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;
- маълумотномаи маркази наркологӣ ба шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба таъини шахсони масъул, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва мутобиқати таҷҳизотҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти низоми дохилии назорати сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропии истеҳсолшаванда;
- мавҷудияти шартнома бо ташкилоти муҳофизатӣ оид ба ҳифзи объектҳое, ки дар онҳо растаниҳои нашъадор, воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ҷойгир карда мешаванд;
-ҳар се моҳ пешниҳоди ҳисобот оид ба гирифтан ва сарф кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
- мавҷудияти нусхаи шартнома бо маҳсулотқабулкунандагон ва маҳсулотсупорандагони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ва ё фарматсевтӣ мебошанд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, харид, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот)-и дар тиб истифодашаванда:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи молу мулк барои фаъолият;
- маълумотнома оид ба доғи судӣ надоштани шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;
- маълумотномаи маркази наркологӣ ба шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба таъини шахсони масъул, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият оид ба киштукори растаниҳои нашъадор ба мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин таҳияи воситаҳои нави нашъадор ва моддаҳои психотропӣ риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва мутобиқати таҷҳизотҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти низоми дохилии назорати сифати воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропии истеҳсолшаванда;
- мавҷудияти шартнома бо ташкилоти муҳофизатӣ оид ба ҳифзи объектҳое, ки дар онҳо воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо нигоҳ дошта мешаванд;
-ҳар се моҳ пешниҳоди ҳисобот оид ба гирифтан ва сарф кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо;
- мавҷудияти нусхаи шартнома бо маҳсулотсупорандагони воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи тиббӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ва ё фарматсевтӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи назорати маводи нашъаовар
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, харид, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот):
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи молу мулк барои фаъолият;
- маълумотномаи оид ба зарурати муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (бо нишон додани талаботи якрӯза, моҳона ва солона);
- маълумотнома оид ба доғи судӣ надоштани шахсоне, ки ба прекурсорҳои воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ рухсат доранд;
- маълумотномаи маркази наркологӣ ба шахсоне, ки ба воситаҳои нашъаовар, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо рухсат доранд;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба таъини шахсони масъул, ки ба муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ рухсат доранд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ риояи шарт ва талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва мутобиқати таҷҳизотҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ҷавобгӯй будани бинову иншоотҳо барои истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, харид, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти шартнома бо ташкилоти муҳофизати оид ба ҳифзи объектҳое, ки дар онҳо прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ нигоҳ дошта мешаванд;
- мавҷудияти низоми дохилии назорати сифати прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- нусхаи шартнома бо маҳсулотсупорандагони прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- талаботи махсус нисбати объектҳо, таҷҳизот ва мутахассисон мутобиқи регламентҳои технологӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрие, ки бо тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муайян карда мешаванд;
- манъ будани истифодаи иҷозатномадиҳӣ аз тарафи шахсони сеюм;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тахассусии шахсоне, ки ба прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ рухсат доранд (нусхаҳои шиноснома ва диплом);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти кормандоне, ки дорои таҳсилоти олӣ, миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси химия, физика, фарматсевтӣ, муҳандисию механик, муҳандисию кӯҳкор ё муҳандисию металлург, тармимгарони нигораҳо ва дигар ихтисосҳои самти фаъолият;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Эзоҳ: муқаррароти банди мазкур нисбати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар мубориза мебаранд ва муассисаҳои экспертизаи давлатии судӣ, лабораторияҳои мақоми ваколатдор дар соҳаи назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ вобаста ба экспертизаи воситаҳои нашъаовар паҳн намегардад.
- 9. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳо, ки гирифтани иҷозатномаро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи молу мулк барои пешбурди фаъолият;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи корфармои хориҷӣ оид ба ҷалб намудани шаҳрвандони хориҷӣ ба кор (бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- дархости шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (иқтибоси тасдиқ кардашуда ё апостил гузошташудаи феҳристи тиҷоратии давлати ҷойи истиқомат ва ё дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мақоми ҳуқуқӣ мутобиқи қонунгузории давлати ҷойи истиқомат бо тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷатҳо бо забони тоҷикӣ ва русӣ) ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти бино, заминаи моддию техникӣ ва махзани маълумоти таъминкунандаи алоқаи мунтазам бо агентиҳои бокортаъминкунӣ дар хориҷа;
- мавҷудияти заминаи иттилоотӣ оид ба қонунгузории муҳоҷират,;
- мавҷудияти шартномаҳои меҳнатӣ байни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корфармои хориҷӣ;
- риояи ҳатмии шартҳои созишномаи меҳнатии бо муҳоҷири меҳнатӣ басташуда то бозгашт ба Ватан;
- мутобиқи тартиби муқарраршуда таъмини барасмиятдарории шиносномаи хориҷии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои кор ба хориҷа мераванд;
- мавҷудияти махзани бойгонӣ оид ба шартномаҳои меҳнатии ба имзорасонидашуда ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- мавҷудияти махзани бойгонӣ оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дорои сармояи оинномавии на кам 1500 (аз як ҳазору панҷсад) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои шахсони ҳуқуқӣ ва на кам аз 1000 (ҳазор) нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои соҳибкорони инфиродӣ;
- субъектҳои хоҷагидоре, ки барои бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дорандаи иҷозатнома мебошанд, уҳдадоранд таносуби бокортаъминкуниро бо теъдоди на кам аз 90 дарсад аз ҳисоби шаҳрвандори ҷумҳурӣ ва то 10 дарсад аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ риоя намоянд (ба истиснои ҳолатҳое, ки тибқи қонунгузорӣ ё созишномаҳои байниҳукуматӣ муайян шудаанд);
- субъектҳои хоҷагидор, ки бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон машғуланд, уҳдадоранд талаботи бозори меҳнатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба инобат гирифта, танҳо мутахассисони баландихтисосро ҷалб намоянд;
- субъектҳои хоҷагидоре, ки дорои иҷозатнома оиди бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, уҳдадоранд ҳар сол на кам аз 100 (сад) нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хориҷи кишвар бо кор таъмин намоянд;
- мутобиқи харитаи баҳисобгирии омории муҳоҷирони меҳнатӣ ҳар се моҳа пешниҳоди маълумот ба мақомоти ваколатдори давлатӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти на кам аз як мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард ва иншооти роҳи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3;
- фаъолият оид ба сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳи оҳан ва иншооти роҳи оҳани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 4;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, сохтмон, таъмир ва барқарор кардани роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- маълумот оид ба техникаҳои ҷалбкардашуда (ба истиснои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ дар роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ), аз ҷумла дар асоси шартномаи иҷора;
- маълумот оид ба роҳбар, муовини роҳбар ва сармуҳандиси аризадиҳанда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст (мувофиқи лоиҳае, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст);
- мутобиқати корҳои иҷрошудаи иҷозатномадор ба меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст (мувофиқи лоиҳае, ки тибқи тартиби муқарраргардида тасдиқ гардидааст);
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳо (воситаҳои нақлиёт, воситаҳои техникӣ, таҷҳизот, иншоотҳо, таҷҳизоти мавқеъмуайянкунандаи моҳворавӣ ва QR-(ID) рамзи бақайдгирӣ)-е, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ карда мешавад;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти техника барои ба роҳ мондани фаъолияти иҷозатномашаванда (ба истиснои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ дар роҳҳои автомобилгард, роҳи оҳан ва иншооти роҳ) аз ҷониби иҷозатномадор;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риоя намудани сатҳи масъулиятнокии дараҷаи дахлдор;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома, пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти на кам аз 3 (се) мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси роҳсозӣ ва хоҷагии роҳҳо мебошанд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ;
- фаъолият оид ба боркашонӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ;
- фаъолият оид ба боркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ;
- фаъолияти нақлиётӣ- экспедитсионӣ дар нақлиёти автомобилӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти автомобилиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ аз рӯйи дараҷаи дахлдор, ки дар банди 6) муқаррар гардидааст;
- нусхаи шаҳодатномаи ронандагӣ мувофиқ ба намунаҳои байналмилалӣ (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ);
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии воситаи нақлиёт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаи шартномаи иҷораи воситаҳои нақлиёт ва ваколатнома барои идораи воситаи нақлиёт (барои фаъолияти боркашонӣ ва ё мусофиркашонӣ тавассути воситаи нақлиёти шахси воқеӣ ва ё ҳуқуқии дигар амалӣ карда шавад);
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ (барои шахсони ҳуқуқӣ);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ба роҳ мондани фаъолияти мусофиркашонӣ аз ҷониби шаҳрвандоне, ки ба синни 21 расидаанд ва дорои на кам аз 3 сол собиқаи ронандагӣ дошта доранд;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- риояи қоидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла перрон, қароргоҳ, нуқтаи гузаронидани муоинаи техникӣ ва муоинаи тиббии ронандагон пеш аз баромадан ба хатсайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва танзимгарӣ, таҷҳизоти мавқеъмуайянкунандаи моҳворавӣ (GPS), тахограф, QR-(ID) рамзи бақайдгирии интиқолдиҳанда ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (барои шахсони ҳуқуқӣ);
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондани хизматарсонии маишию маданӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал, аз ҷумла ҷойи нигоҳдории бағоҷ, утоқ барои истироҳати ронандагон, толори интизорӣ, хазинаи чиптафурӯшӣ, утоқи танзимгарон, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ);
- мавҷудият ва ба талабот ҷавобгӯй будани нақшаи хатсайрҳо ва ҷадвали ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ба шарту талаботҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ ва фаъолият оид ба мусофиркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ);
- мувофиқати ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ дар нақлиёти мусофиркашонӣ (қайди муоинаи тиббӣ ва механикии нуқтаи назорати техникӣ мувофиқи нақшаи вақти баромад ва бозгашт бо вақти воқеӣ, ҷадвали ҳаракат ва нақшаи хатсайр);
- вобаста ба зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда мувофиқати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, терминалҳо, нуқтаҳои назоратӣ, бақайдгирӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда дар баромадгоҳҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, мавҷудияти қароргоҳҳо, анборҳои барои нигоҳдории борҳо, мавҷудияти механизмҳои боркунию борфарорӣ, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва танзимгарӣ, хизматрасонии маданию маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (барои фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ дар нақлиёти автомобилӣ);
- мувофиқ будани намуди беруна ва дохилии воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ (навиштаҷотҳои пеш, қафо, паҳлӯ ва маълумоти лозима дар дохили воситаи нақлиёт барои истеъмолкунандагони хизматрасонӣ) ба талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- аз ҷониби иҷозатномадор риоя гардидани сарборӣ ба тири меҳварии воситаи нақлиёт, андозаҳои габаритии борҳои кашондашаванда ва ғунҷоиши нақлиёт ба талаботҳои муқарраршуда (барои фаъолият оид ба боркашонӣ дар дохили ҷумҳурӣ бо нақлиёти автомобилӣ ва фаъолият оид ба боркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ);
- мавҷудияти ронандае, ки дорои шиносномаи хориҷӣ мебошад (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати кору хизматрасонӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- мавҷудияти ронандаи дорои шаҳодатномаи ронандагӣ тибқи талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти ронандаи дорои шаҳодатномаи ронандагӣ мувофиқ ба намунаҳои байналмилалӣ (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонии байналмилалӣ бо нақлиёти автомобилӣ);
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан;
- фаъолият оид ба боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳан;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти роҳи оҳанро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шаҳодатномаи идоракунанда (машинист)-и таркиби ҳаракаткунанда;
- нусхаи шиносномаи техникии роҳи оҳан;
- нақшаи роҳи фаръии роҳи оҳан дар ҳар қароргоҳи буриш;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба молики роҳи фаръии роҳи оҳан будани аризадиҳанда ва ё шартнома оид ба истифодабарии он;
- шартнома бо қароргоҳи дахлдор оид ба истифодабарии роҳи магистралӣ ва фаръии роҳи оҳан (агар аризадиҳанда роҳи магистралиро истифода барад);
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ (барои шахси ҳуқуқӣ);
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба молики роҳи фаръӣ будани аризадиҳанда ва ё шартномаи баимзорасонидашуда оид ба истифодабарии он;
- нақшаи роҳи фаръии роҳи оҳан дар ҳар қароргоҳи буриш;
- нусхаи шаҳодатнома барои идораи қатора, ки дар банди 6) муқаррар гардидааст;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ба имзо расонидани шартнома бо қароргоҳи дахлдор оид ба истифодабарии роҳи магистралӣ ва фаръии роҳи оҳан (агар аризадиҳанда роҳи магистралиро истифода барад);
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад (вагонҳо, локомотивҳо, воситаҳои техникӣ, таҷҳизотҳо, иншоотҳо) ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилале, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- риояи қоидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд;
- мавҷудияти депо, нуқтаи гузаронидани муоинаи техникӣ ва муоинаи тиббӣ, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ, танзимгарӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои гузаронидани муоинаи техникии воситаҳои нақлиёт, қароргоҳҳо, анборҳои барои нигоҳдории борҳо, механизмҳои боркунию борфарорӣ, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва танзимгарӣ, хизматрасонии маданию маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати кору хизматрасонӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти на кам аз 1 (як) ронандаи дорои шаҳодатнома барои идораи қатора;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ;
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти роҳи оҳан;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳанро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ (агар барои шахси ҳуқуқӣ бошад) пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудият ва ба талабот ҷавобгӯй будани заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла объектҳое (нуқтаҳои ташхиси воситаҳои нақлиёт, шустушӯйи воситаҳои нақлиёт, таъмири қисмҳои ҳаракаткунанда, механизму агрегатҳо, қисмҳои барқӣ, харротӣ ва рангу бори воситаҳои нақлиёт, васлу насби таҷҳизоти газӣ дар воситаҳои нақлиёт), ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда амалӣ карда мешавад;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати кору хизматрасонӣ;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ;
- фаъолияти терминалҳои боркашонӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашониро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ аз рӯйи намуди фаъолияти терминалҳо, қароргоҳ ва таваққуфгоҳҳои автомобилӣ ва истгоҳу қароргоҳҳои роҳи оҳан (барои шахсони ҳуқуқӣ) пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудият ва ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй будани заминаи моддию техникии ҳар як намуди фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонӣ, қароргоҳ ва таваққуфгоҳҳои автомобилӣ ва истгоҳу қароргоҳҳои роҳи оҳан (барои шахсони ҳуқуқӣ);
- мавҷудияти заминаи моддию техникии иҷозатномадор, аз ҷумла перрон, қароргоҳ, нуқтаи гузаронидани муоинаи техникӣ ва муоинаи тиббии ронандагон пеш аз баромадан ба хатсайр, хадамоти маълумотдиҳию иттилоотӣ, операторӣ ва танзимгарӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- риояи қоидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондани хизматарсонии маишию маданӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба мусофирон, ронандагон ва кормандони терминал, аз ҷумла ҷои нигоҳдории бағоҷ, утоқ барои истироҳати ронандагон, толори интизорӣ, хазинаи чиптафурӯшӣ, утоқи танзимгарон, утоқ барои модару кӯдак, меҳмонхона;
- мавҷудият ва ба талабот ҷавобгӯй будани нақшаи хатсайрҳо, ҷадвали ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо ва QR-(ID) рамзи бақайдгирӣ ба шарту талаботҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мувофиқати ҳуҷҷатҳои нақлиётӣ дар нақлиёти мусофиркашонӣ (қайди муоинаи тиббӣ ва механикии нуқтаи назорати техникӣ мувофиқи нақшаи вақти баромад ва бозгашт бо вақти воқеӣ, ҷадвали ҳаракат ва нақшаи хатсайр);
- вобаста ба зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда мувофиқати воситаҳои нақлиёт дар хатсайрҳо, нуқтаҳои назоратӣ, бақайдгирӣ, гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ ва дидбонгоҳҳои доимоамалкунанда дар баромадгоҳҳои вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутобиқати кору хизматрасонӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 11. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи молу мулки давлатӣ:
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти баҳодиҳӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти соҳибкори инфиродӣ ва ё кормандони шахси ҳуқуқӣ аз рӯйи ихтисоси фаъолияти баҳодиҳӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи стандартҳои миллии баҳодиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар номгӯи баставӣ мавҷудияти на камтар аз як корманди дорои тахассуси дахлдор дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (барои шахсони ҳуқуқӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба доштани тахассуси дахлдор дар соҳаи фаъолияти баҳодиҳӣ (барои соҳибкорони инфиродӣ);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома, пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таҳсилоти соҳибкори инфиродӣ ва ё кормандони шахси ҳуқуқӣ аз рӯйи ихтисоси фаъолияти баҳодиҳӣ;
6) мақоми иҷозатдиҳанда: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 12. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи идораи замин ва геодезӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти геодезӣ;
- фаъолияти харитасозӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти геодезӣ ва харитасозиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷат оид ба ташкили низоми ҳифзи назорат аз рӯйи мувофиқи сифати корҳои геодезии иҷрошаванда (барои фаъолияти геодезӣ);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мавҷудияти асбобҳои геодезӣ (барои фаъолияти геодезӣ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мутобиқати интихоби методикаи корҳо, миқёси наворҳо ва буриши релеф ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷуд будани кадрҳои бомаҳорати иҷрокунанда;
- мавҷуд будани асбобҳои геодезӣ, ки дар Феҳристи давлатии воситаҳои ченак ба қайд гирифта шудаанд ва аз санҷиши эътимодноки давлатӣ гузаштаанд (барои фаъолияти геодезӣ);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки таҳсилоти олӣ ё таҳсилоти миёнаи махсус дар ихтисоси соҳаи геодезӣ, харитасозӣ, заминсозӣ ва маркшейдерӣ дошта бошанд;
7) мақоми иҷозатдиҳанда: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 13. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд, аз ҷумла иҷрои корҳои фаъолона таъсир расонидан ба ҳодисоту раванди обуҳавосанҷӣ ва геофизикӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба муайян намудани мушаххасоти метеорологӣ, иқлимӣ, аэрологӣ, гидрологӣ ва агрометеорологӣ;
- фаъолият оид ба тайёр кардан ва ба истифодабарандагон пешниҳод намудани иттилооти пешгӯйишуда ва ҳолати ҷорӣ;
- фаъолият оид ба ташаккул додан ва ба роҳ мондани махзани маълумот дар соҳаи гидрометорологӣ, соҳаҳои ба он алоқаманд ва мониторинги сифати муҳити зист;
- фаъолият оид ба муайян намудани дараҷаи олудагӣ (аз ҷумла радиоактивӣ)-и муҳити табиӣ (ҳавои атмосфера, хок, обҳои сатҳӣ);
- фаъолият барои ба истифодабарандагон тайёр кардан ва пешгӯйӣ кардани иттилооти таҳлилӣ ва ҳисобӣ оид ба ҳолати муҳити табиии зист ва олудагии он (аз ҷумла олудагии радиоактивӣ);
- фаъолият оид ба насб, таъмир, пешгӯйӣ ва тафтиши асбобу таҷҳизоти таъиноти гидрометеорологӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатномаро барои як ва ё якчанд зернамудҳои фаъолияти дархостшуда дастрас намояд. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ (аз ҷумла, техника ва технологияҳои ҷалбшаванда);
- маълумот ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳо оид ба мутобиқати таҷҳизоту асбобҳо ба стандартҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- лоиҳаи асосноккунӣ барои фаъолияти иҷозатномашаванда ва маълумот доир ба зернамудҳои фаъолияти дархостшуда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудият ва ба талабот ҷавобгӯй будани асбобу таҷҳизотҳо, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда ва иҷрои корҳо амалӣ карда мешавад;
- ба мақоми иҷозатномадиҳанда ва сохторҳои ҳудудии он бетаъхир расонидани маълумоти ройгон оид ба ҳолати муҳити табиии зист, олудашавии он, ҳолатҳои фавқулоддаи хислати техногенӣ дошта, ки ба муҳити табиии зист таъсири манфӣ мерасонад;
- бо тартиби муқарраргардида ба маркази наздиктарини обуҳавосанҷӣ расонидани маълумоти фаврие, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо, ё иттилооти таъҷилӣ ба даст оварда шудааст;
- ҳар семоҳа ба мақоми иҷозатдиҳанда ва Фонди ягонаи маълумот оид ба ҳолати муҳити табиии зист расонидани иттилооти соҳаи обуҳавосанҷӣ ва мониторинги муҳити табиии зист ва олудашавии он;
- субъекти хоҷагидор бе розигии расмии мақоми иҷозатдиҳанда наметавонад, ки маълумотро дар соҳаи обуҳавосанҷӣ ва соҳаҳои ба он алоқаманд ба мамлакатҳои хориҷӣ ва ё ташкилотҳое, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд дастрас намояд;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти шахсони дорои таҳсилоти тахассусӣ ва собиқаи кории соҳавӣ на камтар аз 3 (се) сол дошта;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои хатарнок:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли партовҳои хатарнок;
- фаъолият оид ба истифодабарии партовҳои хатарнок;
- фаъолият оид ба безараргардонӣ ва дафнкунии партовҳои хатарнок;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои хатарнокро дастрас намояд, ки зернамудҳои фаъолият ва амалҳои дархостшударо дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ, биноҳои истеҳсолӣ, иншооти ҷойгиркунии партовҳо, воситаҳои нақлиёти барои анҷом додани намуди фаъолияти иҷозатномашаванда зарурӣ (агар шахси ҳуқуқӣ бошад);
- маълумот оид ба мутобиқати нақлиёт, таҷҳизот ва асбобҳои ба стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- маълумот оид ба техникаҳои ҷалбкардашуда, аз ҷумла дар асоси шартномаи иҷора;
- маълумот оид ба ҳолати партовгоҳ (аз ҷумла, махкамшуда, кабудизоршуда, масофа то минтақаи аҳолинишин, толобҳо (обанбор), минтақаи рекратсионӣ, мамнуъгоҳҳо ва ҳудудҳои ҳифзи об);
- нусхаи хулосаҳои мақомоти дахлдори давлатӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ба талаботи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй будани партовгоҳ, биноҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои ҷойгиркунии партовҳо, таҷҳизоти ба меъёрҳо ва талаботҳои техникӣ ва технологӣ ҷавобгӯ, воситаҳои нақлиёти барои анҷом додани намуди фаъолияти иҷозатномашаванда зарурӣ, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда ва иҷрои корҳо амалӣ карда мешавад;
- дар ихтиёри иҷозатномагиранда мавҷуд будани воситаҳои назорат ва ченак, ки риоя кардани меъёрҳои таъсиррасонии ҷоизро ба муҳити зист ҳангоми фаъолияти иҷозатномашаванда ва иҷрои корҳо амалӣ карда мешавад, тасдиқ менамоянд;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷати тахассусии соҳавӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, коркарди дубора ва нобудкунии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок, инчунин фаъолият вобаста ба насб, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот, ки бо истифода аз моддаҳои зикршуда дар шакли хунуккунандаҳо, кафккунандаҳо ва пропиленҳо кор мекунанд:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти ба даст овардан ва фурӯши моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок кор мекунанд;
- фаъолияти истифода, коркарди дубора ва фурӯши моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок кор мекунанд;
- фаъолият оид ба нобудкунии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок кор мекунанд;
- фаъолият оид ба насб, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот, ки бо истифода аз моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва дар шакли хунуккунандаҳо, кафккунандаҳо ва пропиленҳо истифода мешаванд;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза ки зернамудҳои фаъолият ва амалҳои дархостшударо дар бар мегирад иҷозатнома барои фаъолияти ба даст овардан, фурӯш, истифода, коркарди дубора ва нобудкунии моддаҳои вайронкунандаи қабати озон, гидрофторкарбонҳо, ки дар замимаҳои А, В, С, Е, F Протоколи Монреал дохил шудаанд ва маҳсулоти дорандаи онҳо, моддаҳои ҳамчун хунуккунандаҳо истифодашаванда, ки аз рӯйи таркиби физикӣ-кимёвии худ сӯзанда ва заҳрнок, инчунин фаъолият вобаста ба насб, хизматрасонӣ ва таъмири таҷҳизот, ки бо истифода аз моддаҳои зикршуда дар шакли хунуккунандаҳо, кафккунандаҳо ва пропиленҳо кор мекунанд дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шартнома байни дастраскунанда ва корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, хамчунин таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ, биноҳо, таҷҳизот, ҳайати мутахассисон, тайёрии тахассусӣ, ки иҷозатномагиранда ҳангоми фаъолият бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон кор мекунанд (агар шахси ҳуқуқӣ бошад);
- маълумот оид ба мутобиқати таҷҳизот ва асбобҳо ба стандартҳои давлатӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалӣ онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудият, ихтиёрдорӣ ва ба талаботи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷавобгӯй будани биноҳо, таҷҳизот, ҳайати мутахассисон, тайёрии тахассусӣ, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда ва иҷрои корҳо оид ба нобуд кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо, ҳамчунин фаъолият оид ба васлнамоӣ ва хизматрасонӣ таҷҳизоте, ки бо истифодаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон амалӣ карда мешавад;
- мавҷудияти нақша чорабинии корхонаи истифодакунандаи моддаҳои вайронкунандаи қабати озон ва маҳсулоти дорандаи онҳо оиди ботадриҷ кам кардан ва қатъ кардани истифодаи ин моддаҳо;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи шарту талаботҳои Конвенсияи Вена дар бораи ҳифзи қабати озон ва Протоколи Монреал оид ба моддаҳои вайронкунандаи қабати озон;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: доштани тахасуси соҳавӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: амал оид ба истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- амал оид ба истифодаи объектҳои олами набототе, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;
- амал оид ба истифодаи объектҳои олами ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- истифодаи фонди объектҳои олами наботот ва ҳайвонот, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, тибқи квота аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол муайянгардида анҷом дода мешавад;
- тарзҳои ба даст овардани объектҳои олами наботот ва ҳайвонот мувофиқи мақсадҳои истифодабарии онҳо муайян карда мешаванд ва набояд ба афзоиши табиии ин объектҳо зарар расонанд (тибқи қонунгузории соҳавӣ);
- амалишавии иҷозатнома якдафъаина барои истифодаи олами набототу ҳайвоноте, ки ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидаанд, ҳамасола мавсимӣ тибқи квотаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- восита ва усулҳои ба даст овардани ҳайвоноти ба Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохилгардида бояд мақсади интихобӣ доштани амалиётро таъмин намоянд, расонидани ҷароҳати ҷисмонӣ ба ҳайвоноти дигар ва халалдор кардани оромии онҳоро то ҳадди имкон кам гардонанд;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият шарту талаботҳои муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд, риоя гардад;
- санаде, ки барои амал оид ба истифодаи объектҳои олами наботот ва ҳайвоноте, ки ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил гардидаанд гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
4) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
5) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: аудитории экологӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи яке аз ихтисосҳое, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатии корманд ё кормандон, ки собиқаи на кам аз 5 (панҷ) соли кориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тасдиқ намояд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосҳои соҳавӣ (барои шахси ҳуқуқӣ на кам аз 3 нафар);
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 14. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти хусусии байторӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти хусусии табобатӣ-пешгирикунӣ, ҷарроҳӣ, акушерӣ- гинекологӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши маводи биологии байторӣ ва воситаҳои дорувории таъиноти байторӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши хӯрокворӣ ва иловаҳои хӯроки чорво;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти хусусии байториро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба бақайдгирии доруворӣ дар соҳаи байторӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондани ҳолати санитарию беҳдоштӣ оид ба мутобиқати биноҳо (истеҳсолӣ, анборҳо, идоравӣ), иншоот, таҷҳизоти раванди технологи истеҳсолӣ ба меъёру қоидаҳои санитарӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани он ба меъёру стандартҳои давлатӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси байторӣ мебошанд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 15. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи сохтмон:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1;
- фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2;
- фаъолият оид ба лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3;
- фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1;
- фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2;
- фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3;
2) субъекти хоҷагидор бо риояи шарти иҷозатдиҳӣ, шарт ва талаботи тахассусӣ ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи сохтмонро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро бо сатҳи масъулиятнокии дараҷаи дилхоҳ дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тахассуси ба талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқаткунандаи соҳибкори инфиродӣ ё кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи сохтмон;
- мавҷудияти иморат, биноҳо, таҷҳизот ва ҷиҳозу олот, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои механикӣ ва дастӣ, таҷҳизоти технологӣ, дастгоҳҳои сайёр ва энергетикӣ, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ, ки бо ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунӣ ба аризадиҳанда тааллуқ доранд ва барои анҷомдиҳии фаъолияти иҷозатномашаванда заруранд;
- мавҷудияти идораи корӣ, бойгонӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ бо ҳуқуқи моликият (хусусӣ) ва санадҳои меъёрии сохтмониву меъморӣ (барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 ва 2);
- мавҷудияти идораи корӣ, асбобу таҷҳизоти тадқиқотию лоиҳакашӣ бо дигар асосҳои қонунӣ (иҷоравӣ) ва санадҳои меъёрии сохтмониву меъморӣ (барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3);
- мавҷудияти идораи корӣ, заминаи моддию техникӣ, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои механикӣ ва дастӣ, дастгоҳу таҷҳизот, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ бо ҳуқуқи моликият (хусусӣ) (барои фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1);
- мавҷудияти идораи корӣ ва заминаи моддию техникӣ бо ҳуқуқи моликият (хусусӣ) ё мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт, асбобҳои механикӣ ва дастӣ, дастгоҳу таҷҳизот, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ бо ҳуқуқи моликият (хусусӣ) (барои фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2);
- мавҷудияти идораи корӣ, заминаи моддию техникӣ, мошинҳои сохтмонӣ, воситаҳои нақлиёт бо дигар асосҳои қонунӣ (иҷоравӣ) ва асбобҳои механикию дастӣ, дастгоҳу таҷҳизот, воситаҳои таъмини бехатарӣ, воситаҳои назорат ва ченкунӣ бо ҳуқуқи моликият (хусусӣ) (барои фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3);
- мавҷуд будани низоми назорати сифати корҳои анҷомдода-шаванда, мавод, конструксияҳо, маснуоти қабулшаванда ва хизматрасонии метрологии асбобҳо ва воситаҳои ченкунӣ мувофиқи талаботи стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар сохтмон;
- риояи қоидаҳои муайян намудани сатҳи масъулиятнокӣ барои корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи сохтмон (замимаи 6);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- на кам аз 50 дарсад шумораи баставии роҳбарон ва мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва собиқаи кории на камтар аз 5 сол дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ ва сохтмон доштани шахси ҳуқуқӣ;
- таҳсилоти олии касбӣ ва на камтар аз 5 сол собиқаи корӣ дар соҳаи тадқиқоти муҳандисӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон доштани соҳибкори инфиродӣ;
- дар ҷадвали баставӣ мавҷудияти шумораи муҳандисони техникии доимӣ на камтар аз понздаҳ нафар ва на камтар аз 75 дарсадро ташкил диҳанд (барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1);
- дар ҷадвали баставӣ мавҷудияти шумораи муҳандисони техникии доимӣ на камтар аз даҳ нафар ва на камтар аз 50 дарсадро ташкил диҳанд (барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2);
- дар ҷадвали баставӣ мавҷудияти шумораи муҳандисони техникии доимӣ на камтар аз панҷ нафар ва то 50 дарсадро ташкил диҳанд (барои фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3);
- дар ҷадвали баставӣ мавҷудияти шумораи муҳандисони техникии доимӣ на камтар аз даҳ нафар ва на камтар аз 75 дарсадро ташкил диҳанд (барои фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1);
- дар ҷадвали баставӣ мавҷудияти шумораи муҳандисони техникии доимӣ на камтар аз панҷ нафар ва на камтар аз 50 дарсадро ташкил диҳанд (барои фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2);
- дар ҷадвали баставӣ мавҷудияти шумораи муҳандисони техникии доимӣ на камтар аз се нафар ва то 50 дарсадро ташкил диҳанд (барои фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷудаи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3);
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти иҷозатномадиҳии фаъолияти шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 16. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи телевизион ва радио
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи телевизион, радио, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият дар соҳаи телевизион;
- фаъолият дар соҳаи радио;
- фаъолият дар соҳаи истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ;
- фаъолият оид ба фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи телевизион, радио, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аудиовизуалиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- нусхаи иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар барои таъсиси шабакаҳои кабелии пахши барномаҳо (барои шабакаҳои кабелӣ);
- пешниҳоди маълумот оид ба басомад, забон, ҳудуди фарогирӣ, усули пахш, фосила, ҳаҷм ва вақти пахш (барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва ё радио);
- рӯйхати номгӯйи таҷҳизоти технологие, ки бо мақсади намоиши телевизион истифода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти таҷҳизоти мазкур (агар фаъолият дар соҳаи телевизион бошад);
- рӯйхати номгӯйи таҷҳизоти технологие, ки бо мақсади пахши радио истифода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти таҷҳизоти мазкур (агар фаъолият дар соҳаи радио бошад);
- рӯйхати номгӯйи таҷҳизоти технологие, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ истифода мешаванд ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти таҷҳизоти мазкур (агар фаъолият дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ бошад);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидааст (барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва ё радио);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷуд будани басомади озоди пахш дар минтақаи пешниҳоднамудаи аризадиҳанда;
- мавҷудияти таҷҳизотҳои технологии истифодашаванда ба талаботҳои меъёрӣ-техникӣ;
- таҷҳизонидани биное, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ, зиддисӯхторӣ, ҳимояи воситаҳои компютерӣ ва таҳти назорати нуқтаи муттамаркази мушоҳидавӣ қарордошта;
- на дертар аз 10 (даҳ) рӯзи тақвимӣ ба мақоми иҷозатдиҳанда пешниҳоди маълумот оид ба тағйир ёфтани басомад, забон, ҳудуди фарогирӣ, усули пахш, фосила, ҳаҷм ва вақти пахш (барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва ё радио);
- риояи талаботи технологӣ барои истеҳсоли барномаҳои паҳншавандаи телевизион, радио ва маҳсулоти аудиовизуалӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта ба дигар шахс гузашт кардан ва ё фурӯхтани ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта манъ аст;
- дар мавриде, ки молик - бенефитсиар (манфиатгир)-и аризадиҳанда шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд бошад, барои фаъолият дар соҳаи телевизион, радио, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ иҷозатнома дода намешавад. Аз ҷониби субъекти хоҷагидор, ки молик - бенефитсиар (манфиатгир)-и он шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда дар соҳаи телевизион, радио, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти аудиовизуалӣ манъ аст;
- дорандаи иҷозатнома дар ҷараёни фаъолияти худ бе розигии мақомоти иҷозатномадиҳанда набояд шарту талаботи иҷозатномаро тағйир диҳад;
- усули пахш (мавҷӣ, мултимедӣ, моҳворавӣ, Т-2, шабакаи байналмилалӣ (интернет), ноқилӣ ва ғайра);
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти на кам аз 1 (як) нафар мутахасиси дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси хабарнигорӣ (барои фаъолият дар соҳаи телевизион ва ё радио);
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бозрасии давлатии назорат дар соҳаи телевизион ва радиошунавонии Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 17. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда):
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оиди ба муомилот баровардан (фурӯш)-и таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда;
- фаъолият оид ба гузаронидани ташхис ва муолиҷаи рентгенӣ;
-фаъолият оид ба истифодаи манбаъҳои ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда дар фаъолияти илмӣ ва таълимӣ;
-фаъолият оид ба истифодабарии таҷҳизотҳои рентгении назоратӣ (бағоҷи дастӣ ва интиқоли бор тавассути нақлиёт);
- истифодаи суръатфизои хаттии электронҳо;
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ (васл ва таъмир)-и таҷҳизоти ҳосилкунандаи афканишоти иондоркунанда;
- фаъолият оид ба хизматрасониҳои назорати дозиметрӣ, сифати таҷҳизот, дозиметрияи инфиродӣ;
- фаъолият оид ба таълим ва омӯзиш дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатномаи фаъолият вобаста ба манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда)-ро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият иҷозатномашавандаро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда) сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);
- ҳуҷҷатати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;
- нусхаи барномаи дохилӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ;
- нусхаи нақшаи вокуниш (эътино) ба ҳолатҳои садамавӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таъмини риояи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ;
- таъмини риояи меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мутобиқати сатҳи тахассусии кормандон ба меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда;
- мавҷудият ва ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани таҷҳизоте, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолият амалӣ карда мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи субъекти хоҷагидор оид ба гузаштан аз курсҳои омӯзишӣ дар самти бехатарии радиатсионӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба лоиҳакашӣ, гузаронидани баҳодиҳӣ ва асосноккунии техникию иқтисодии консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида;
- фаъолият оид ба гузаронидани корҳои консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва ҳудудҳои бо партовҳои радиоактивӣ ифлосгардида;
- фаъолият оид ба коркарди пешакӣ, коркард ва хурдҳаҷмгардонии партовҳои радиоактивӣ;
- фаъолият оид ба интиқол, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати партовҳои радиоактивӣ;
- фаъолият оид ба аз истифода баровардани объекти радиатсионии хатарнок;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатномаи фаъолият оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият иҷозатномашавандаро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда) сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);
- маълумот оид ба баҳодиҳии бехатарии корҳои солимгардонӣ;
- баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи консерватсиякунӣ ва солимгардонии маҳфузгоҳи партовҳои радиоактивӣ (ба истиснои фаъолият оид ба коркарди пешакӣ, коркард ва хурдҳаҷмгардонӣ, интиқол, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати партовҳои радиоактивӣ);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;
- нусхаи барномаи дохилӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ;
- лоиҳаи солимгардонӣ ва нақшаи амалигардонии он (ба истиснои фаъолият оид ба коркарди пешакӣ, коркард ва хурдҳаҷмгардонӣ, интиқол, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати партовҳои радиоактивӣ);
- нақшаи вокуниш (эътино) ба ҳолатҳои садамавӣ;
- чораҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ (барои фаъолият оид ба коркарди пешакӣ, коркард ва хурдҳаҷмгардонӣ, интиқол, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати партовҳои радиоактивӣ);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таъмини риояи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар раванди фаъолият;
- таъмини риояи меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мутобиқати сатҳи тахассусии кормандон ба меъёру стандартҳои амалкунанда;
- мавҷудият ва ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани асбобҳо, таҷҳизот, теникаю воситаҳои нақлиёте, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолият амалӣ карда мешавад;
- мавҷудияти хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи субъекти хоҷагидор оид ба гузаштан аз курсҳои омӯзиш дар самти бехатарии радиатсионӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба воридот, содирот ва транзити моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивии кушода ва пӯшида ба ҳудуди ҷумҳурӣ;
- фаъолият оид ба истифодабарии моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивии пӯшида;
- фаъолият оид ба истифодабарии моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивии кушода;
- фаъолият оид ба нигоҳдории муваққатии моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ;
- фаъолият оид ба нигоҳдории дарозмуддати моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ;
- фаъолият оид ба ҳамлу нақли моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ;
- фаъолият оид ба пешкаш намудани хизматрасонии техникӣ (васл ва таъмир)-и асбоб ва таҷҳизоте, ки моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ доранд;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатномаи фаъолият вобаста ба воридоту содирот, истеҳсол, фурӯш, истифода, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият иҷозатномашавандаро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои истеҳсол, ҳамлу нақл, коркард, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда) сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ;
- маълумот оид ба баҳодиҳии бехатарии корҳо вобаста ба моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ;
- нусхаи барномаи дохилӣ оид ба бехатарии радиатсионӣ;
- нақшаи вокуниш (эътино) ба ҳолатҳои садамавӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда ҳангоми ворид кардани моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ ба мамлакат, баргардонидани он ба содиркунанда ё имконияти ба нигаҳдории дарозмуддат супоридани он таъмин карда мешавад;
- маълумот дар бораи воситаи нақлиёт ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионии ронанда (ҳангоми ҳамлу нақли моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ) (барои фаъолият вобаста ба воридот, содирот ва транзити моддаҳои (манбаъҳои) радиоактивӣ);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар раванди фаъолият;
- таъмини риояи меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мутобиқати сатҳи тахассусии кормандон ба меъёру стандартҳои амалкунанда;
- мавҷудият ва ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани асбобҳо, таҷҳизот, теникаю воситаҳои нақлиёте, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолият амалӣ карда мешавад;
- риоя намудани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳангоми ҳамлу нақли моддаҳо (манбаъҳо)-и радиоактивӣ;
- таҷҳизонидани биное, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхторӣ (барои фаъолият вобаста ба истеҳсол, истифода, нигоҳдории муваққатӣ ва дарозмуддати моддаҳои радиоактивӣ);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи субъекти хоҷагидор оид ба гузаштан аз курсҳои омӯзиш дар самти бехатарии радиатсионӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳамлу нақл ва нигодории маводи ядроӣ;
- фаъолият оид ба интихоби қитъа, баҳодиҳии қитъа (асосноккунии техникию иқтисодӣ ва баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист), лоиҳакашӣ, сохтмони иншооти истифодаи энергияи атомӣ;
- фаъолияти ба истифода додан, истифодабарӣ ва аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатномаи фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият иҷозатномашавандаро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншооти истифодаи энергияи атомӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи таъин намудани шахси масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ ва кормандоне, ки бо манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда) сару кор доранд (гурӯҳҳои А ва Б);
- нусхаи ҳуҷҷати барасмиятдаровардашуда, ки ҳуқуқи соҳибмулкӣ ё истифода намудани маводи ядроӣ, нуқтаҳои нигаҳдории маводи ядроиро тасдиқ мекунад;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи омӯзиш оид ба бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- маълумот оид ба баҳодиҳии бехатарии фаъолият вобаста ба тамоми марҳилаҳои ҳаётии иншооти истифодаи энергияи атомӣ;
- баҳодиҳии таъсир ба муҳити зист ва асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони иншооти истифодаи энергияи атомӣ, истифодабарӣ ва ё аз истифода баровардани он;
- нусхаи барномаи дохилии бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ;
- лоиҳаи сохтмон ё аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ бо нақшаи амалигардонии он (ба истисноӣ фаъолият оид ба истеҳсол, истифодабарӣ, коркард, ҳамлу нақл ва нигодории маводи ядроӣ);
- нақшаи вокуниш (эътино) ба ҳолатҳои садамавӣ;
- чораҳо оид ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва сӯзишвории ядроии истифодашуда (барои фаъолияти ба истифода додан, истифодабарӣ ва аз истифода баровардани иншооти истифодаи энергияи атомӣ);
- ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти манбаъҳои маблағгузории корҳои аз истифода баровардани дастгоҳҳои ядроӣ, маводи ядроӣ ё нуқтаҳои нигаҳдории маводи ядроӣ, ҳамчунин фонди махсус барои маблағгузории хароҷоти вобаста аз истифода баровардани объектҳои нишондодашуда ва маблағгузорӣ барои корҳои илмию тадқиқотӣ оид ба асоснок намудан ва пурзӯр намудани бехатарии ин объектҳоро тасдиқ менамоянд;
- ҳуҷҷате, ки имконияти ба нигаҳдории дарозмуддат супоридани партовҳои радиоактивии ҳосилшаванда ва бозгардонидани сӯзишвории истифодашудаи ядроиро тасдиқ менамояд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таъмини риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дар раванди фаъолият;
- риояи меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мутобиқати сатҳи тахассусии кормандони иҷозатномадор ба меъёрҳо ва стандартҳои амалкунанда;
- мавҷудият ва ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани асбобҳо, таҷҳизот, теникаю воситаҳои нақлиёте, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолият амалӣ карда мешавад;
- риоя намудани талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ ҳангоми ҳамлу нақли маводи ядроӣ;
- таҷҳизонидани биное, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхторӣ (барои фаъолият оид ба истеҳсол, истифодабарӣ, коркард ва нигоҳдории маводи ядроӣ ва барои фаъолияти ба истифода додан ва аз истифодабарии иншооти истифодаи энергияи атомӣ);
- мавҷудияти хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи субъекти хоҷагидор оид ба гузаштан аз курсҳои омӯзиш дар самти бехатарии радиатсионӣ гузашта;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- 18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба мусофиркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонии мунтазами дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба боркашонии мунтазами дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонии мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба боркашонии мунтазами байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба мусофиркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба боркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и дохилӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба боркашонии ғайримунтазам (чартерӣ)-и байналмилалӣ бо нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолияти агентӣ оид ба фурӯши билети мусофиркашонии интиқоли авиатсионӣ;
- фаъолияти бо хӯрокворӣ таъмин намудани мусофирон (экипаж)-и киштиҳои ҳавоӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ бо нақлиёти ҳавоиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бинои баиҷорагирифташуда;
- маълумот оид ба навъи ҳавопаймо (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва ё боркашонӣ);
- маълумот оид ба дараҷаи интиқол (мунтазам, дохилӣ, байналмилалӣ) (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва ё боркашонӣ);
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии ташкилоти авиатсионӣ дар Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (IСАО) (барои фаъолият оид ба мусофиркашонию боркашонии дохилӣ ва ё байналмилалӣ);
- ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба рамзи сеҳарфаи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ ва ҳуҷҷатҳои интиқолии бақайдгирифташуда;
- рӯйхати муқарраргардидаи ҳуҷҷатҳо барои барасмиятдароии боркашонӣ ва ё мусофиркашонии байналмилалӣ (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва ё боркашонии дохилӣ ва ё байналмилалӣ);
- нусхаи сертификати тахассуси ҳайати шахсӣ (барои фаъолияти субъекти хоҷагидор оид ба фурӯши интиқоли авиатсионӣ);
- нусхаи сертификати тахассуси ҳайати шахсӣ (барои фаъолияти бо хӯрокворӣ таъмин намудани мусофирон (экипаж)-и киштиҳои ҳавоӣ);
- маълумот оид ба номгӯй ва шумораи зарурии зарфҳо (барои фаъолияти бо хӯрокворӣ таъмин намудани мусофирон (экипаж)-и киштиҳои ҳавоӣ);
- сертификати мутобиқати маҳсулоти хӯрокворӣ ва ашёи хоми озуқавӣ (барои фаъолияти бо хӯрокворӣ таъмин намудани мусофирон (экипаж)-и киштиҳои ҳавоӣ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоте, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидааст, барои кормандони аризадиҳанда;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- риояи талаботи санадҳои ҳуқуқии байниҳукуматӣ дар бораи истифодаи фазои ҳавоӣ, ки аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баста шудааст;
- мавҷудияти созишномаҳо, шартномаҳо, протоколҳо, ёддошти тафоҳум ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки байни ташкилоти авиатсионӣ оид ба иҷрои парвозҳо баста шудаанд;
- иҷрои шарту талаботи муайяннамудаи Конвенсияи соли 1952 Римӣ ва суғуртавии Конвенсияи соли 1955 Варшавагӣ;
- риоя гардидани стандартҳои миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст;
- мавҷудияти сертификати мутобиқат дар мавриди истифодаи ҳавопаймое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар давлат ба қайд гирифта шудааст (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва ё боркашонӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба суғуртаи ҳатмӣ бо ташкилотҳои суғуртавӣ (барои фаъолият оид ба мусофиркашонӣ ва боркашонӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи қобилияти иқтисодию молиявии аризадиҳанда оид ба иҷрои намудани фаъолияти иҷозатномашаванда (барои фаъолияти мусофиркашонӣ ва боркашонӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият, заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- бастани шартнома бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсионӣ (барои фаъолияти ташкилот оид ба фурӯши билети мусофиркашонии интиқоли авиатсионӣ);
- бастани шартнома бо на камтар аз як интиқолдиҳандаи авиатсионӣ оид ба таъмин намудани мусофирон (экипаж)-и киштиҳои ҳавоӣ бо хӯрокворӣ (барои фаъолияти бо хӯрокворӣ таъмин намудани мусофирон (экипаж)-и киштиҳои ҳавоӣ);
- риоя гардидани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар раванди фаъолият, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисоси соҳаи авиатсияи гражданӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба хизматрасонии техникӣ ҳангоми парвози нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;
- фаъолият оид ба таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсионӣ;
- фаъолият оид таъмини муҳандисию авиатсионии ҳавопаймо;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ барои амалигардонии фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино бо таҷҳизоти зарурӣ таҷҳизонидашуда;
- маълумот оид ба таъминоте, ки бевосита ба парвоз ва нишасти ҳавопаймо вобаста аст (танзимгарӣ ҳавоӣ, метеорологӣ ва штурманӣ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоте, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидааст, барои кормандони аризадиҳанда;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ барои амалигардонии фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ;
- мавҷудияти низоми назоратӣ ва баҳисобгирии сифати хизматрасонии техникӣ, ки ба муқаррароти дар нақлиёти ҳавоӣ қабулгардида мувофиқат мекунад ва пурраю самаранокии назоратро таъмин мекунад;
- мавҷудияти воситаҳои гардон (қисмҳои эҳтиётӣ, маҳсулоти пуркунанда, равған ва моеъҳои махсуси молиданӣ, маводҳои харҷшаванда ва монанди онҳо) ва риоя намудани тартиби пуркунонии он, ки ба иҷро намудани намудҳои хизматрасонии техникии ин ё он намуди ҳавопаймо ё дигар техникаи авиатсионӣ имконият медиҳад;
- мавҷудияти низоми таъминоти иттилоотӣ, ки ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаи авиатсионӣ алоқаманд аст;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсионӣ (барои фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии техникии нақлиёти ҳавоӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба таъминоти муҳандисӣ -авиатсионӣ (барои фаъолият оид таъмини муҳандисию авиатсионии ҳавопаймо);
- мавҷудияти озмоишгоҳҳо оид ба назорати сифати маводи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ (барои фаъолият оид ба таъмини ҳавопаймо бо сӯзишвории авиатсионӣ);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисоси соҳаи авиатсияи гражданӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонии нақлиёти ҳавоӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ;
- фаъолияти терминалҳои боркашонӣ;
- фаъолият оид ба таъминоте, ки бевосита ба парвоз ва нишасти ҳавопаймо вобаста аст (аэродромӣ, электросветотехникӣ, радиотехникӣ, метеорологӣ, штурманӣ, орнитологӣ, ҷустуҷӯйӣ ва садамивию наҷотдиҳӣ, таъмини идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, иттилооти аэронавигатсионӣ, бехатарии авиатсионӣ);
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонии нақлиёти ҳавоиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ аз рӯйи намуди фаъолияти терминалҳо ва таъминоте, ки бевосита ба парвоз ва нишасти ҳавопаймо вобаста аст (аэродромӣ, электросветотехникӣ, радиотехникӣ, орнитологӣ, ҷустуҷӯйӣ ва садамивию наҷотдиҳӣ, таъмини идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, иттилооти аэронавигатсионӣ, бехатарии авиатсионӣ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоте, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидааст, барои кормандони аризадиҳанда;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ барои амалигардонии фаъолияти терминалҳои мусофиркашонӣ ва боркашонии нақлиёти ҳавоӣ;
- риояи меъёру стандартҳои давлатӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- риояи қоидаҳои ҳамлу нақли бор, мусофирон ва бағоҷ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян гардидаанд;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ мондани хизматарсонии маишию маданӣ ва санитарию беҳдоштӣ ба мусофирон, сарнишинони ҳавопаймо ва кормандони терминал, аз ҷумла ҷойи нигоҳдории бағоҷ, утоқ барои истироҳати сарнишинони ҳавопаймо, толори интизорӣ, хазинаи чиптафурӯшӣ, утоқи танзимгарон;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисоси соҳаи авиатсияи гражданӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 19. Мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи маориф:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бинои таълимӣ, иншооти ёрирасон (хобгоҳ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии тиббию маишӣ) барои фаъолият;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (сохтор, ҷузъҳои таркибӣ, теъдоди омӯзгорон ва таълимгирандагон, масоҳати таълимӣ, адабиёти таълимӣ, утоқҳои махсуси озмоишӣ (лабораторияҳои махсус), аудитория, кабинетҳо, техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои таълимии ба стандартҳои давлатии таҳсилот мутобиқ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф танзим гардидаанд, ҷавобгӯй бошад) дар шакли ҷадвалҳо, аксҳо ва сабтҳои кӯтоҳи видеоӣ;
- барномаи таълимӣ (таҳсилотӣ) ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯйи самт, ихтисос вобаста ба зинаҳои таҳсилот ё курсҳои кутоҳмуддат;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (бинои таълимӣ, иншооти ёрирасон, техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои таълимии ба стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгӯй, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд);
-хулосаи аттестатсияи давлатии муассисаи таълимӣ (ба истиснои муассисаҳои таълимии навтаъсис баъд аз як давраи хатм) тибқи Барномаи аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ вобаста ба зинаҳои таҳсилот, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм тасдиқ шудааст (“аз аттестатсия давлатӣ гузашт” ва ё “аз аттестатсияи давлатӣ шартан гузашт”);
- риояи иҷрои талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ дар раванди фаъолият;
- дар ҷадвали басти муассисаи таълимӣ мавҷудияти шумораи мутахассисон аз рӯйи зинаи таҳсилот;
- ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, ҷавобгӯй будани бинои таълимӣ, иншооти ёрирасон;
- риоя намудани қоида ва меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ дар раванди фаъолият;
- риоя намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор дар раванди фаъолият;
- мавҷудияти нақшаи тасдиқгардида оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;
- мавҷудияти хулосаи мақомоти дахлдор дар бораи мутобиқат ба шартҳо ва талабот оид ба намуди пешбинигардидаи фаъолият;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ аз рӯйи самт, ихтисосҳо;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 20. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба додани сертификатҳои калидҳои имзои электронии рақамӣ, ба қайд гирифтани соҳибони имзоҳои электронии рақамӣ, хизматрасонӣ вобаста ба тасдиқ кардани ҳаққонияти имзоҳои электронии рақамӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба мавҷудияти дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот;
- мавҷудияти утоқи махсус ва ҷойгиркунии дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти кормандоне, ки таҷрибаи корӣ бо низомҳои оператсионӣ, воситаҳои криптографии ҳифзи иттилоот ва техникии ҳифзи иттилоот;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисию техникӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои ғайриошкоро дастрас намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба мавҷудияти дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот;
- мавҷудияти утоқи махсус ва ҷойгиркунии дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти кормандоне, ки таҷрибаи корӣ оид ба ошкор намудани таҷҳизоти электроние, ки барои ғайриошкоро дастрас намудани маълумот дар биноҳо ва воситаҳои техникӣ таъин гардидаанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисию техникӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои ҳифзи техникии иттилооти махфӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба мавҷудияти дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот;
- мавҷудияти утоқи махсус ва ҷойгиркунии дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти кормандоне, ки таҷрибаи корӣ оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои ҳифзи техникии иттилооти махфӣ доранд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисию техникӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба ҳифзи техникии иттилооти махфӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба мавҷудияти дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот;
- мавҷудияти утоқи махсус ва ҷойгиркунии дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти кормандоне, ки таҷрибаи корӣ оид ба ҳифзи техникии иттилооти махфӣ доранд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисию техникӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбинӣ шудаанд, инчунин хариду фурӯши воситаҳои мазкур:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба мавҷудияти дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот;
- мавҷудияти утоқи махсус ва ҷойгиркунии дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти кормандоне, ки таҷрибаи корӣ оид ба коркард ва истеҳсоли воситаҳои махсуси техникие, ки барои ғайриошкоро ба даст овардани иттилоот пешбинӣ шудаанд, инчунин хариду фурӯши воситаҳои мазкур доранд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисию техникӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 21. Мақоми ваколатдори давлатии
бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардорӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба таъмири кранҳо;
- фаъолият оид ба хизматрасонии кранҳо;
- фаъолият оид ба васлкунии кранҳо;
- фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии лифтҳо;
- фаъолият оид ба васлкунии лифтҳо;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии механизмҳои борбардориро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иншооти борбардор (руйхат, рақамҳои ба қайдгирифташуда, рақами заводӣ, соли истеҳсол, шиносномаи иншоот (барои фаъолият оид ба таъмири кранҳо, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии лифтҳо));
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда барои идораи кранҳо (барои фаъолият оид ба хизматрасонии кранҳо);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъини шахсони масъул ва хизматрасон оид ба бехатарона истифода бурдани механизмҳои борбардорӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба сатҳи дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ (барои фаъолият оид ба таъмири кранҳо, фаъолият оид ба таъмир ва хизматрасонии лифтҳо);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси мошинсозӣ мебошанд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ доранд:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан доранд, аз ҷумла лоиҳакашии иншоотҳои кӯҳии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, лоиҳакашии шабакаҳои гази табиӣ ва моеъ;
- фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи сӯхтан доранд, аз ҷумла лоиҳакашии иншоотҳои кӯҳии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, лоиҳакашии шабакаҳои гази табиӣ ва моеъ;
- фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи химиявӣ доранд, аз ҷумла лоиҳакашии иншоотҳои кӯҳии рӯйизаминӣ ва зеризаминӣ, лоиҳакашии шабакаҳои гази табиӣ ва моеъ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза фаъолият оид ба истифодаи иншоотҳои истеҳсолие, ки хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ дорандро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи техникии иншооти истеҳсолии хатарнок оид ба хавфи таркиш надоштан;
- нусхаи нақшаи тасдиқгардида оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;
- нусхаи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъини шахсони масъул ва хизматрасон оид ба истифодаи бехатарии иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани кормандони бо истифодаи иншоотҳои истеҳсолии хавфи таркидан, сӯхтан ва химиявӣ фаъолияткунанда;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таҷҳизонидани бино ва иншооте, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхторӣ;
- мавҷудияти регламентҳои техникии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқарраршуда;
- риоя гардидани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар раванди фаъолият, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд;
- мавҷудияти нақшаи тасдиқгардида оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъини шахсони масъул ва хизматрасон оид ба истифодаи бехатарии иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба сатҳи дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳои сохт ва бехатарона истифода бурдани объектҳо;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси кимиё, биолог ва меъмор мебошанд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- руйхати кормандони масъули гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ (барои шахсони ҳуқуқӣ);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар самти гузаронидани экспертиза (барои соҳибкорони инфиродӣ)
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба заминаи моддию техникӣ.
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти шумораи зарурии кормандон барои гузаронидани экспертизаи бехатарии саноатӣ, ки ба талаботҳои тахассусӣ мувофиқи самти экспертизаи гузаронидашаванда ҷавобгӯ мебошанд (барои шахсони ҳуқуқӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар самти гузаронидани экспертиза (барои соҳибкорони инфиродӣ);
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба сатҳи дониши кормандони муҳандисию техникии ташкилот;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- фаъолият оид ба нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани кормандони бо истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ фаъолияткунанда;
- маълумотнома дар бораи пурра таъмин будан ва дараҷаи ихтисоси кадрҳо, ташкили омӯзиш ва аз санҷиш гузаронидани мутахассисоне, ки фаъолияташон ба истеҳсолот, объектҳо ва корҳои хатарнок вобаста аст;
- маълумот оид ба мавҷуд будани лоиҳаи сохтмони анборҳои маводи тарканда;
- нусхаи санади қабули анбори маводи тарканда;
- рӯйхати тасдиқшудаи коргароне, ки бо маводи тарканда сару кор доранд;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъини шахсони масъул ва хизматрасон оид ба истифодаи бехатарии иншоот, объектҳо ва бехатарона гузаронидани корҳо;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- таҷҳизонидани биное, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхторӣ;
- мавҷудияти шахсони масъули силоҳноки муҳофизавии мақомоти корҳои дохилӣ;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва иншоотҳои истеҳсолӣ, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- риоя гардидани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ дар раванди фаъолият, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба сатҳи дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона гузаронидани корҳо;
- мавҷудияти регламентҳои техникии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқарраршуда;
- мавҷудияти нақшаи тасдиқгардида оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ барои тайёр намудани маводи тарканда ва масолеҳ аз онҳо;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба истеҳсоли маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;
- фаъолият оид ба паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаандро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- маълумот оид ба мавҷуд будани лоиҳаи сохтмони анборҳои маводи тарканда;
- рӯйхати тасдиқшудаи коргароне, ки бо маснуоти тарфгарӣ сару кор доранд;
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани кормандони бо истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ, ки ба кадастри давлатии маводи тарканда дохил шудаанд, фаъолияткунанда;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона оид ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ;
- таҷҳизонидани биное, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхторӣ;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва иншоотҳои ба истеҳсол ва паҳн намудани маснуоти тарфгарӣ истифодашаванда;
- мавҷудияти регламентҳои техникии маҳсулоти истеҳсолшаванда ё дастурамалҳои технологии бо тартиби муқарарршуда тасдиқшуда;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба корҳои маркшейдерӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- руйхати асбобу таҷҳизоти маркшейдерию геодезӣ ва техникаи ҳисоббарорӣ бо нишон додани тамға, навъ ва замимаи нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино бо нишон додани масоҳат ва таъминоти восеӣ мувофиқи дастурамал оид ба гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;
- маълумот дар бораи мутахассисони хадамоти маркшейдерӣ (насаб, ном, номи падар, соли таваллуд, таҳсилот, собиқаи корӣ аз рӯи ихтисос, вазифаи ишғолкарда, санаи аттестатсияи охирин);
- маълумот дар бораи талаботи асосӣ ҳангоми истифодабарии қаъри замин, ки тарзу усулҳои махсуси душвор ва фавқулдақиқи гузаронидани корҳои маркшейдериро талаб мекунад;
- маълумот дар бораи тартиби мавҷудбудаи таъмир, тафтиш ва санҷиши асбоб ва лавозимотҳои маркшейдерӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва иншоотҳо барои фаъолияти корҳои маркшейдерӣ;
- мавҷудияти ҳатмии асбобу лавозимоти ёридиҳанда, аз он ҷумла асбобҳои нақшакашӣ, таҷҳизоти аксбардорӣ, дафтари ҳисоби координатаҳо ва китобчаҳои саҳроӣ, қоғаз ва дигар лавозимот барои тайёр кардани планшетҳо, калка ва аксҳои рӯшноидиҳанда дар раванди амали намудани фаъолияти маркшейдерӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои асосии меъёрию техникӣ (қоидаҳо, меъёрҳо, дастурҳо) вобаста ба масъалаҳои гузаронидани корҳои маркшейдерӣ;
- мавҷудияти шумораи даркории кормандони воҳиди маркшейдерӣ (муҳандис ва техник-маркшейдер, картограф), ки дар асоси талаботи дастурамали гузаронидани корҳои маркшейдерӣ тайёр карда шудаанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандис ва техник-маркшейдер, картограф мебошад;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 22. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи почта:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидан (супоридан)-и муросилоти почта;
- фаъолият оид ба қабул ва интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути почта;
- фаъолият оид ба почтаи курйерӣ ва хизматрасониҳои курйерӣ;
- фаъолият оид ба хизматрасониҳои почтаи байналмилалӣ;
- фаъолият оид ба истеҳсол ва фурӯши аломатҳои давлатии пардохти алоқаи почта;
- фаъолият оид ба қабул, коркард, кашонидан ва бурда расонидан (супоридан)-и муросилоти алоқаи махсус ва фелдегерӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи алоқаи почтаро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини қоидаҳо, талабот ва меъёрҳои ягонаи алоқаи почта, стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (иморат, бино, таҷҳизот ва воситаҳои нақлиёт), ки барои анҷомдиҳии фаъолият заруранд ва ҷавобгӯй будани онҳо ба хусусияти меъёрҳои технологияи алоқаи почта;
- расонидани хизмати алоқаи почта дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳуқуқҳои баробари фароҳам овардани чунин хизмат барои ҳамаи истифодабарандагони хизмати алоқаи почта;
- мутобиқи талаботи стандартҳои байналмилалӣ таъмин намудани сифати зарурии хизматрасонии алоқаи почта;
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намудани талаботи махфияти мукотиба ва муросилот;
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии умумӣ;
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи радифии глобалии шахсӣ;
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ тавассути шабакаи операторон;
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ тавассути шабакаи операторон;
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи транкӣ бо ҷудонамоӣ аз рӯйи ҳар як стандарт;
- фаъолият оид ба хизматҳои хадамоти телематикӣ (ба истиснои «IР-телефония»);
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва «IР - телефония») тавассути шабакаи операторон;
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо ва дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радио ва телевизион;
- фаъолият оид ба васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии истгоҳҳои худкори телефонии хурд;
- фаъолият оид ба васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиоистгоҳҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, истгоҳҳои рӯйизаминӣ, радиомодемҳо);
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии умумиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома маълумот оид ба ҳудуде, ки дар он амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда анҷом дода мешавад, пешниҳод карда мешавад:
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ (замимаи 7);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии инфиродӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолият оид ба банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа (аз ҷумла ба истифода додани каналҳо, шоҳроҳҳои алоқа);
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии маҳаллӣ;
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байнишаҳрӣ;
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи телефонии байналмилалӣ;
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати интиқоли маълумот (аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва «IР-телефония»);
- фаъолият оид ба хизматҳои алоқаи мобилии истифодаи умум бо ҷудонамоӣ аз рӯйи ҳар як стандарт;
- фаъолият оид ба хизматҳои радиодаъвати шахсӣ;
- фаъолият оид ба хизматҳо ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио;
- фаъолият оид ба хизматҳои хадамоти телематикӣ, аз ҷумла хизматрасонии контент-провайдерӣ (ба истиснои «IР -телефония»);
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии инфиродиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба ҳудуде, ки дар он амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашаванда анҷом дода мешавад;
- феҳристи воситаҳои техникии алоқа бо нишондоди тавсифоти онҳо, диапазон ва номиналҳои радиобасомад (агар онҳо истифода шаванд);
- барномаи ташкили шабакаи алоқа ва дурнамои рушди шабака бо нишон додани теъдоди муштариён, ҳаҷми ҷараёни пайвастҳои гузаронандаи истгоҳҳои байнишаҳрӣ, байналмилалӣ, низом ва шабакаҳои интиқоли маълумот, минтақаи хизматрасонӣ, инчунин тавсифоти техникии шабакаҳои мушаххас ё иншоотҳои алоқа;
- тавзеҳномаи инъикоскунандаи чунин масъалаҳои техникӣ, аз ҷумла принсипҳои асосӣ ва нақшаи ташкили алоқа, хусусияти таҷҳизоти истифодашаванда ва хизматрасониҳо;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ (замимаи 7);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 23. Бонки миллии Тоҷикистон
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти аудиторӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзӣ;
- фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои қарзии исломӣ;
- фаъолияти аудиторӣ барои аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ);
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома оид ба фаъолияти аудиториро дастрас намояд, ки танҳо як зернамуди фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи бо муҳр тасдиқшудаи ҳуҷҷати таъсисӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ, ки фаъолияти кориро тасдиқ менамояд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассусии аудиторӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- мавҷудияти на кам аз 3 (се) мутахассисоне, ки дорои шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ бо доштани собиқаи кории на камтар аз ду сола ба сифати аудитор ва шаҳодатномаи тахассусии аудитори бонкӣ/аудитори ташкилотҳои суғуртавӣ мебошанд;
- мавҷудияти маълумоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ барои аудиторон;
- мавҷудияти собиқаи на кам аз се соли корӣ аз рӯи ихтисосҳои муҳосиб, иқтисодчӣ, тафтишотчӣ, ҳуқуқшинос, корманди молия дар соҳаи фаъолияти бонкӣ, бонкии исломӣ ва суғуртавӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти суғуртавӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти суғуртавӣ;
- фаъолияти азнавсуғуртакунӣ;
- фаъолияти брокери суғуртавӣ;
- фаъолияти актуарӣ;
- фаъолияти адҷастерӣ;
- фаъолияти сюрвейери суғуртавӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома оид ба фаъолияти суғуртавиро дастрас намояд, ки танҳо як зернамуди фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- асосноккунии техникӣ-иқтисодии фаъолияти ташкилоти суғуртавӣ, ки дар он роҳҳои расидан ба мақсади дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ пешбинишуда, муайян карда шудаанд;
- қоидаҳои мушаххаси намудҳои суғурта;
- тарифҳои суғуртавии аз лиҳози актуарӣ асоснокшуда;
- маълумот дар бораи муассис (муассисон, иштирокдорон)-и ташкилоти суғуртавӣ, ки 10 (даҳ) ё зиёда дарсади ҳиссаи ташкилоти суғуртаро доро мебошанд;
- рӯйхати аъзои мақомоти идоракунӣ, аз он ҷумла насаб, ном, номи падар, суроға, инчунин, маълумот дар бораи мувофиқати онҳо ба талаботҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи суғурта;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба сармояи оинномавӣ ва ҳаҷми он;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти суғуртавӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва аъзои шӯрои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
- маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;
- маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии саридораи субъекти хоҷагидор ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он фаъолияти суғуртавӣ амалӣ карда мешавад;
- хулосаи аудиторӣ оид ба эътимоднокии ҳисоботи молиявӣ (барои ташкилоти суғуртавии хориҷӣ);
- қарори макомоти дахлдори ташкилоти суғуртавӣ, азнавсуғуртакунӣ, брокерӣ, актуарӣ, адҷастерӣ, сюрвейрии хориҷӣ дар бораи таъсиси филиал дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои ташкилоти хориҷӣ);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти ваколатдори давлати хориҷӣ дар бораи ташкилоти суғуртавӣ, азнавсуғуртакунӣ, брокерӣ, актуарӣ, адҷастерӣ, сюрвейрии хориҷӣ бо иҷозатнома дар барои амалигардонии фаъолият (бо тартиби муқарраргардида тасдиқ (легализатсия) ва ё апостил гузошташуда) (барои ташкилоти хориҷӣ);
- нусхаи ҳуҷҷати расман интишоршудаи тавозуни муҳосибӣ оид ба се соли охир (барои ташкилоти суғуртавии хориҷӣ);
- маълумотномаи расмии бонкӣ, ки вазъи мусоиди молиявии соҳибкори инфиродӣ ва шахси воқеиро тасдиқ менамояд (барои шаҳрвандони хориҷӣ);
- маълумот дар бораи роҳбар, сармуҳосиб, аудитори дохилӣ (роҳбари хадамоти аудити дохилӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти суғуртавӣ, муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- анҷомдиҳии намудҳои фаъолияти суғуртавӣ, ки дар иҷозатнома пешбинӣ шудаанд;
- риояи қоидаҳое, ки бо ташкилёбӣ ва истифодаи захираҳои суғуртавӣ ва фонди оинномавӣ алоқаманд мебошанд;
- бе мувофиқа паст накардан ё баланд набардоштани тарифҳои суғуртавӣ;
- иҷрои уҳдадориҳои суғуртакунанда дар назди суғурташаванда;
- дар муҳлати муайян то 15 (понздаҳ) рӯз пешниҳод намудани маълумот дар бораи тағйироте, ки ба ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ворид шудаанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- роҳбари (аз ҷумла шахсе, ки вазифаи роҳбари ягонаи мақоми иҷроия, роҳбари мақоми дастҷамъии иҷроияро амалӣ менамояд) субъекти фаъолияти суғуртавӣ - шахси ҳуқуқӣ бояд ба талаботи шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ бошад, дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ё ҳуқуқие бошад, ки бо ҳуҷҷати эътирофшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳсилоти олӣ тасдиқ шудааст, қонунгузории соҳаи фаъолияти суғуртавиро донад ва дорои собиқаи кории на камтар аз дусола ба сифати роҳбари воҳиди субъекти фаъолияти суғуртавӣ ё ташкилоти молиявии дигар бошад;
- актуарийи суғуртавӣ бояд забони давлатиро донад, дорои таҳсилоти олии математикӣ, техникӣ ё иқтисодии бо ҳуҷҷати дахлдори тасдиқгардидаи дар Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда, инчунин шаҳодатномаи тахассусии тасдиқкунандаи дониши ӯ дар соҳаи ҳисобҳои актуарӣ бошад;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти бюрои таърихи қарз:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи бо муҳр тасдиқшудаи ҳуҷҷати таъсисӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣ ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз;
- маълумот оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбари Бюрои таърихи қарз;
- маълумот оид ба тахассуси кормандоне, ки фаъолияти онҳо ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;
- маълумот оид ба асоснокии техникиву иқтисодии фаъолияти Бюрои таърихи қарз;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҳифзи маълумоти Бюрои таърихи қарз;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба ташкили сармояи оинномавӣ дар ҳаҷми на камтар аз 50 дарсади ҳаҷми эълоншудаи сармояи оинномавӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ оид ба танзими сиёсати ҳифзи (амниятӣ) иттилоотӣ;
- мавҷудияти иҷозатномаҳои дахлдор дар самти ҳифзи техникии иттилооти махфӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ оид ба бехатар ҷойгиркунӣ, истифодабарӣ, ҳифзи техникии низомҳои иттилоотӣ ва маҳзани маълумоти таърихи қарз;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани бино ва таҷҳизоти зарурӣ (барои бехатар ҷойгир кардан ва истифода бурдани низомҳои иттилоотӣ, манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва дигар ҳуҷҷатҳо), ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатномашаванда аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ карда мешавад;
- мавҷудияти маълумотнома оид ба надоштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои қасдан содиркардашуда аз ҷониби муассисон, роҳбарони Бюрои таърихи қарз, муҳосибон ва кормандоне, ки фаъолияташон ба ҳифзи маълумот алоқаманд аст;
- намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти идоракунии маҳаллӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, фондҳои ҷамъиятӣ, фондҳои ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои буҷетӣ набошанд (барои роҳбар ва муасисон/иштирокчиёни Бюрои таърихи қарз);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва ё дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва таҷрибаи касбии кории на камтар аз панҷсола барои роҳбар;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз се сол аз рӯйи ихтисос барои сармуҳосиб;
- дорои таҳсилоти олӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва таҷрибаи касбии кории на камтар аз се сол барои роҳбари воҳидҳои сохторие, ки фаъолияташ бо таъмини бехатарии иттилоотӣ алоқаманд аст;
- шахсони дорои обрӯю эътибори бенуқсони корӣ, аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод (барои роҳбари Бюрои таърихи қарз);
- муассисон/иштирокчиёни Бюрои таърихи қарз бояд:
- шахсони дорои обрӯю эътибори бенуқсони корӣ, аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд (барои шахсони воқеӣ);
- дорои вазъи устувори молиявӣ бошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти бонкӣ;
- фаъолияти ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ;
- фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурд;
- фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурд;
- фаъолияти фондҳои қарзии хурд;
- фаъолияти ташкилотҳои қарзии анъанавӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкиро дастрас намояд, ки танҳо як зернамуди фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти бонкӣ ё ташкилоти қарзии ғайрибонкӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- лоиҳаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як узви шурои нозирон ва корманди роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи доштани таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда;
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва аъзои шурои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;
- маълумотнома бо зикри ному насаб, шаҳрвандӣ, ҷойи доимии истиқомат, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
- маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ - молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;
- эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, узви шурои нозирон ва корманди роҳбарикунанда оид ба шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будан;
- нақшаи фаъолияти пешбиникунандаи мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ, идоракунии хавфҳо ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла тадбирҳои дахлдор барои муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ дар давоми се соли оянда;
- барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳали ҷойгиршавии онҳо;
- маълумот оид ба маҳали ҷойгиршавии саридора ва ҳар гуна маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкӣ амалӣ карда мешавад;
-ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти ҳолдингии бонкӣ дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии ташкилоти қарзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти хулосаи пешакии мусбии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома;
- қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
- қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;
- ба талаботи шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод ҷавобгӯ будани моликони ҳиссаи иштироки афзалиятноки ташкилоти қарзӣ, инчунин дигар шахсони ҳуқуқие, ки ин моликон дар онҳо дорои ваколати назоратӣ мебошанд ва узви шурои нозирон ва кормандони роҳбарикунандаи онҳо;
- ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармоя барои иҷрои уҳдадориҳо;
-мақбул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;
-воқеӣ будани нақшаи фаъолият;
-тасмим дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;
-амалӣ шудани дараҷаи мақбули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ;
- дар давоми як моҳ аз санаи қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома, ворид намудани маблағи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- аъзои шӯрои нозирон бояд:
- дорои таҳсилоти олӣ, шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;
- кормандони ягон ташкилоти қарзии молиявии дигар набошанд;
- аъзои шурои нозирон ё дорандаи ҳиссаи иштироки афзалиятнок дар дигар ташкилоти қарзии молиявӣ набошанд;
- корманд, аз ҷумла корманди роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ, ҷамъияти вобаста ва фаръии он набошанд, ба истиснои корманди ҷамъияти алоқаманди ташкилоти қарзӣ;
- хизматчии давлатӣ набошанд, ба истиснои узви шӯрои нозирони ташкилоти қарзие, ки давлат дар он саҳмдор аст;
- синашон аз 30 сола кам набошад;
- на камтар аз чор як ҳиссаи аъзои шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) таҷрибаи кории зиёда аз се сол дошта бошанд;
- кормандони роҳбарикунанда бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯйи ихтисос дар низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) ва (ё) молия, ки на камтар аз се соли собиқаи он дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад - барои аъзои Раёсат, раис, муовини ӯ, сармуҳосиб;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯйи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ (ватанӣ ва ё хориҷӣ) ва (ё) молия ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ва (ё) молия - барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал;
- шахсони аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;
- оид ба қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дониши кофӣ дошта бошанд;
- аъзои мақоми идоракунӣ, иҷроия ва ё корманди дигар ташкилоти қарзии молиявӣ набошанд;
- дар ҳамин ташкилоти қарзӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд, ба истиснои намояндаи давлат дар раёсати ташкилоти қарзии давлатӣ;
7) барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурд (ташкилоти амонатии қарзии хурд, ташкилоти қарзии хурд ва фонди қарзии хурд) ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи аз тарафи роҳбар имзо ва бо муҳри ташкилот тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти маблағгузории хурд;
- маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, ихтисос, таҳсилот, собиқаи корӣ, надоштани доғи судӣ аз рӯйи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта, набудани маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии муассисон барои шахсони ҳуқуқӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда - барои шахсони воқеӣ;
- нусхаи ҳисоботи молиявии муассисон - шахсони ҳуқуқӣ барои соли охир бо хулосаи аудиторӣ;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷро кардани уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ барои соли охири фаъолият;
- маълумотнома оид ба қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ пардохтшавандаи муассисон - барои шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;
- рӯйхати саҳмиядорон (иштирокчиён) ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо (ҳиссаҳо) бо зикри нишонӣ ва миқдори саҳмияҳои (ҳиссаҳои) онҳо;
- нақшаи корӣ бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли фаъолияти минбаъда (ба истиснои фонди қарзии хурд);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи ихтисос барои кормандони роҳбарикунанда;
8) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
- қаноатбахш будани вазъи молиявии муассисон;
- дар давоми як моҳ аз санаи қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома, ворид намудани маблағи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
9) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии қарзии хурд бояд:
- дорои таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ буда, аз рӯйи ихтисос дар низоми бонкӣ собиқаи кории на камтар аз ду сол дошта бошанд;
- танҳо дар ҳамин ташкилоти амонатии қарзии хурд пурра ва дар як вазифа кор кунанд;
- аз рӯйи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта доғи судӣ надошта бошанд;
- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд;
10) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон;
11) барои гирифтани иҷозатномаи фаъолияти ташкилотҳои қарзии анъанавӣ («равзанаи бонкии исломӣ» дар ташкилоти қарзии анъанавӣ) ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи тасдиқшудаи оиннома бо тағйиру иловаҳои воридшуда, ки масъалаҳои анҷом додани фаъолияти бонкии исломиро муайян месозад, бо нишон додани ҳиссаи сармояи оинномавие, ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ равона шудааст;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъсиси «равзанаи бонкии исломӣ», ки барои анҷом додани фаъолияти бонкии исломӣ муқаррар шудааст;
- маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти қарзӣ;
- маълумот дар бораи шахсоне, ки ба ҳайати Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ ворид шудаанд бо зикри дорои донишу малака дар соҳаи ҳуқуқи исломӣ ва фаъолияти бонкии исломӣ будани онҳо;
12) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯй будани номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ»;
- мувофиқ будани бино ва таҷҳизоти «равзанаи бонкии исломӣ» ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
- аз ҷониби ташкилоти қарзии анъанавӣ риоя гардидани талаботи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар меъёрҳо;
-дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи пардохти хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома;
13) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- кормандони роҳбарикунандаи «равзанаи бонкии исломӣ» бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯйи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар низоми бонкӣ;
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошад;
- оид ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дониши кофӣ дошта бошад;
- корманди ташкилоти қарзии анъанавӣ ва ташкилоти қарзии исломии дигар набошад;
- дар ҳамин ташкилоти қарзии исломӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намоянд;
14) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти бонкҳои исломӣ;
- фаъолияти ташкилотҳои ғайрибонкии исломӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломиро дастрас намояд, ки танҳо як зернамуди фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи аз тарафи нотариус тасдиқкардашудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ бо нишон додани маблағи эълоншудаи сармояи оинномавӣ;
- маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касб, таҳсилот, маълумоти муфассал оид ба собиқаи кории ҳар як корманди роҳбарикунанда;
- нусхаи ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоти олии иқтисодии кормандони роҳбарикунанда, ҳамчунин нусхаи ҳуҷҷат (сертификат, диплом) дар бораи доштани таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод будани ҳар як корманди роҳбарикунанда;
- маълумотнома бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, фаъолият ё касби молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии ҳиссаи иштироки афзалиятнок, ки вазъи молиявии онҳоро тасдиқ мекунад;
- маълумотнома оид ба манбаи қонунии маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ воридшаванда;
- нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ-молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок доир ба се соли охир бо хулосаи аудити берунӣ;
- рӯйхати саҳмиядорон ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо, ки нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ ва миқдори саҳмияҳоро дар бар мегирад;
- эъломияи хаттӣ аз ҷониби ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва корманди роҳбарикунанда оид ба муфлис набудан, надоштани доғи судӣ ва маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нақшаи фаъолият бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, аз ҷумла, тадбирҳои дахлдор барои мубориза бар зидди муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ доир ба се соли ояндаи фаъолият;
- барои ҳар як молики ҳиссаи иштироки афзалиятнок, аз ҷумла манфиатдори ниҳоии чунин ҳиссаи иштироки афзалиятнок, рӯйхати шахсони ҳуқуқие, ки иштироки онҳо дар сармояашон вуҷуд дорад, бо нишон додани ҳисса ва маҳалли ҷойгиршавии онҳо;
- маълумот дар бораи таъсиси Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти қарзии исломӣ ва дар бораи шахсоне, ки ба ҳайати Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ шомил шудаанд, бо зикри дорои донишу малака дар соҳаи ҳуқуқи исломи ва фаъолияти бонкии исломӣ будани онҳо;
- маълумот оид ба маҳалли ҷойгиршавии саридора ва маҳалли дигари воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он, ки дар он ҷо фаъолияти бонкии исломӣ амалӣ карда мешавад;
- ҳуҷҷат дар хусуси он ки мақоми назорати бонкии кишваре, ки бонки хориҷии (асосии) ё ҷамъияти холдингии ташкилоти қарзии исломӣ дар он ҷой таъсис ёфта, фаъолият мекунад, ба анҷомдиҳии фаъолияти бонкии исломии ташкилоти қарзии исломӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва назорати маҷмӯии бонкии дархосткунандаро амалӣ месозад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти хулосаи пешакии мусбии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи додани иҷозатнома;
- қонунӣ, эътиборнок ва дақиқ будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
- қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;
- ба талаботи шахсони аз назари касбӣ босалоҳият ҷавобгӯй будани моликон, шахсони дорои ҳиссаи иштироки афзалиятнок ва кормандони роҳбарикунанда;
- ба шарту талаботи иҷозатномадиҳӣ мутобиқ будани сохтор ва ҳайати кормандон, захираҳои ҷорӣ, молиявӣ ва ташаккули сармоя барои иҷрои уҳдадориҳо;
- қобили қабул будани амалиёти дар оиннома нишондодашуда;
- воқеӣ будани нақшаи фаъолият;
- тасмим дар хусуси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суроғаи доимӣ;
- амалӣ шудани дараҷаи қабули мушоҳида ва назорат аз ҷониби мақомоти назорати хориҷӣ дар асоси маҷмӯӣ;
- дар давоми як моҳ аз санаи қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома, ворид намудани маблағи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- аъзои шурои нозирон наметавонанд:
- дар ягон ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, кор кунанд;
- аъзои оилаи узви шӯрои нозирони ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;
- узви шурои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;
- раис ё узви Раёсати дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;
- хизматчии давлатӣ бошанд (ба истиснои ташкилотҳои қарзии исломии давлатӣ);
- синашон аз 30 сола кам бошад;
- на камтар аз чор як ҳиссаи аъзои шӯрои нозирон бояд дар низоми бонкӣ собиқаи кории зиёда аз сесола дошта бошад;
- кормандони роҳбарикунандаи бонкҳои исломӣ ва ташкилотҳои қарзии ғайрибонкии исломӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд:
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз панҷсола аз рӯйи ихтисос дар низоми бонкӣ, ки на камтар аз се соли онро собиқа дар вазифаҳои роҳбар ё муовини роҳбари воҳидҳои сохтории иқтисодӣ ташкил диҳад - барои аъзои раёсат, раис, муовинони ӯ ва сармуҳосиб;
- дорои таҳсилоти олии иқтисодӣ, ҳамчунин дорои таҳсилот дар соҳаи фаъолияти бонкии исломӣ ва собиқаи кории на камтар аз сесола аз рӯйи ихтисос дар сохторҳои иқтисодии низоми бонкӣ ё таҳсилоти дигари олӣ ва собиқаи кории на камтар аз даҳсола дар низоми бонкӣ - барои роҳбар ва сармуҳосиби филиал;
- шахси аз нигоҳи касбӣ босалоҳият ва боэътимод бошанд;
- оид ба қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ дониши кофӣ дошта бошанд;
- корманди ташкилоти қарзии анъанавӣ ва ташкилоти қарзии исломии дигар набошад;
- дар ҳамин ташкилоти қарзии исломӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;
- дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ намоянд;
- аъзои Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯй бошанд:
-дорои таҳсилоти олӣ (иқтисодӣ ё ҳуқуқӣ);
-шахси аз нигоҳи касбӣ кӣ босалоҳият ва боэътимод;
-доштани дониши кофӣ оид ба қонунгузории бонкӣ (исломӣ) ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон;
-дорои дониш оид ба маблағгузории исломӣ бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда (шаҳодатнома, диплом, сертификат);
- раиси Кумита бояд дорои собиқаи кории на камтар аз яксола дар Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломии ташкилоти қарзии исломӣ ва ё равзанаи бонкии исломӣ бошад;
- на камтар аз се ду ҳиссаи аъзои Кумита дорои таҳсилоти олии дар соҳаи илми шаръӣ, махсусан дар соҳаи фиқҳи муомилот бошанд;
- узви Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ набояд:
-аз ташкилоти қарзии исломие қарздор бошад, ки қарзаш дар маҷмӯъ аз 2% андозаи сармояи танзимшавандаи он зиёдтар аст;
-узви мақоми иҷроияи (шӯрои нозирони) шахси ҳуқуқие бошад, ки он аз ташкилоти қарзии исломӣ қарздор буда, қарзаш дар маҷмӯъ аз 10% андозаи сармояи танзимшавандаи ташкилоти қарзии исломӣ зиёдтар аст;
-як ё чанд шахси ҳуқуқии бо ташкилоти қарзии исломӣ манфиатҳои умумӣ доштаро назорат кунад ва/ё қарзи умумии онҳо аз ташкилоти қарзии исломӣ шахсони ҳуқуқии бо ташкилоти қарзии исломӣ манфиати умумидошта, ҳамчун қарзи умумии як шахс мутобиқи талаботи Бонки миллии Тоҷикистон ҳисоб карда шавад;
-қарзи аз ташкилоти қарзии исломӣ гирифтааш қарзи «беэътимод» тасниф шуда бошад;
-узви мақоми иҷроияи (шӯрои нозирони) шахси ҳуқуқие бошад, ки аз ташкилоти қарзии исломӣ ё ҳар гуна шахси ҳуқуқии бо ташкилоти қарзии исломӣ манфиати умумӣ дошта қарз гирифтааст, ки он қарзи «беэътимод» тасниф шуда буд;
-хешованди наздики узви шӯрои нозирон (шӯрои парасторон) ва Раёсати ташкилоти қарзии исломӣ бошад;
-дар ягон ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломии дигар, ба истиснои ҷамъияти вобаста, кор кунад;
-узви шӯрои нозирон ё саҳмиядори (иштирокчии) дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошад;
-раис ё узви Раёсати дигар ташкилоти қарзии анъанавӣ ё ташкилоти қарзии исломӣ бошанд;
-хизматчии давлатӣ бошад (ба истиснои ташкилотҳои қарзии исломии давлатӣ);
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти ташкилотҳои маблағгузории хурди исломӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда:
- фаъолияти ташкилотҳои амонатии қарзии хурди исломӣ;
- фаъолияти ташкилотҳои қарзии хурди исломӣ;
- фаъолияти фондҳои қарзии хурди исломӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозатнома барои фаъолияти оид ба анҷомдиҳии амалиёти бонкии исломиро дастрас намояд, ки танҳо як зернамуди фаъолияти иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани иҷозатнома танҳо барои як зернамуди фаъолияти иҷозатномашаванда ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи аз тарафи роҳбари ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ тасдиқкардашудаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ ва шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ;
- маълумот дар бораи кормандони роҳбарикунанда бо зикри насаб, ном ва номи падар, шаҳрвандӣ, ҷойи истиқомати доимӣ, таҳсилот, тахассус, собиқаи корӣ, надоштани доғи судӣ аз рӯи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта ва маҳдудият дар фаъолияти касбӣ;
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии муассисон барои шахсони ҳуқуқӣ ва рақами мушаххаси андозсупоранда барои шахсони воқеӣ;
- нусхаи ҳисоботи молиявии муассисон - шахсони ҳуқуқӣ доир ба фаъолият дар соли охир бо хулосаи аудити берунӣ;
- маълумотномаи мақоми ваколатдор оид ба иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ доир ба фаъолият дар соли охир;
- маълумотнома оид ба қонунӣ будани манбаи маблағҳои пулии ба сармояи оинномавӣ пардохтшавандаи муассисон - барои шахсони воқеӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонун;
- рӯйхати саҳмиядорон (иштирокдорон) ва манфиатдорони ниҳоии саҳмияҳо (ҳиссаҳо) бо зикри нишонӣ ва миқдори саҳмияҳои (ҳиссаҳои) онҳо;
- нақшаи корӣ бо назардошти мақсаду намудҳои фаъолият, тавсифи сохтори ташкилӣ ва низоми назорати дохилӣ, дурнамои ҳисоботи тавозунӣ, даромаду хароҷот ва гардишҳои пулӣ барои се соли фаъолияти минбаъда (ба истиснои фонди қарзии хурди исломӣ);
- маълумот дар бораи ташкили Кумитаи хизматрасонии маблағгузории исломӣ дар сохтори ташкилоти маблағгузории хурди исломӣ бо зикри дорои малакаю дониш будан дар соҳаи ҳуқуқ ва фаъолияти бонкии исломӣ;
- маълумот дар бораи маҳалли ҷойгиршавӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- қонунӣ ва боэътимод будани маълумот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда;
-қаноатбахш будани вазъи молиявӣ ва фаъолияти муассисон;
- дар давоми як моҳ аз санаи қабули қарор дар бораи додани иҷозатнома, ворид намудани маблағи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
-кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти амонатии қарзии хурди исломӣ бояд:
- дорои таҳсилоти олии касбии иқтисодӣ буда, аз рӯйи ихтисос дар низоми бонкӣ собиқаи кории на камтар аз ду сол дошта бошанд;
- танҳо дар ҳамин ташкилоти амонатии қарзии хурди исломӣ пурра ва дар як вазифа кор кунанд;
- аз рӯйи ҷиноятҳои иқтисодӣ ва хусусияти коррупсионидошта доғи судӣ надошта бошанд;
- дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ кунанд;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолияти оператори низоми пардохтӣ:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- қарори мақоми идоракунии ташкилоти қарзии молиявӣ дар бораи ташкили низоми пардохтӣ;
- қарори мақоми ваколатдори шахси ҳуқуқӣ дар бораи ташкили низоми пардохтӣ (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
- нақшаи фаъолият оид ба рушди низоми пардохтӣ барои ду соли тақвимии наздик;
- қоидаҳои низоми пардохте, ки ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ” ҷавобгӯ мебошанд;
- номгӯи операторони хизматрасониҳои инфрасохтори пардохте, ки барои хизматрасонӣ дар низоми пардохтӣ ҷалб карда мешаванд;
- розигии хаттии ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла дар шакли шартномаи басташуда дар бораи фаъолият кардани он ба ҳайси маркази ҳисоббаробаркунии низоми пардохтӣ (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
- ҳуҷҷатҳое, ки дар онҳо оид ба андозаи сармояи оинномавии ташкилот маълумот оварда шудааст (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
- ҳисоботи молиявии се соли охир дар шакли нусха бо хулосаи аудиторӣ (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
-хулосаи аудиторони дорои сертификати барномаҳои сертификатсиякунонии байналмилалӣ оид ба аудити маҷмааи дастгоҳӣ-барномавӣ дар самти фаъолияти кортҳои пардохтӣ (барои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ);
- ҳуҷҷати расмии тасдиқкунанда оид ба бақайдгирии низоми пардохтӣ ё ҳуқуқи оператори низоми пардохтӣбарои фаъолият намудан дар самти интиқоли байналмилалии маблағҳо дар давлати хориҷӣ (барои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи қоидаҳои низоми пардохт ва талаботи қонунгузорӣ дар бораи хизматрасониҳои пардохтӣ ва низоми пардохтӣ;
- дорои сармояи оинномавии на кам аз 2500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома) пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома) ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ:
- роҳбар дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси иқтисодӣ, риёзӣ, ҳуқуқӣ ё технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия ва на кам аз ду сол таҷрибаи корӣ ба ҳайси роҳбари шуъба ё дигар воҳидҳои сохтории ташкилоти қарзии молиявӣ ё оператори низоми пардохтӣ бошад (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
- аз ҷониби роҳбар ва сармуҳосиб надоштани доғи судӣ барои содир кардани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ ва ё коррупсионӣ (барои шахси ҳуқуқие, ки ташкилоти қарзии молиявӣ намебошад);
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- Намуди фаъолияти иҷозатномашаванда: фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани иҷозатнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи натиҷаҳои фаъолияти молиявию хоҷагӣ дар санаи охири ҳисоботӣ (дар мавриди навтаъсис будани шахси ҳуқуқӣ пешниҳод намудани ҳисоботи молиявӣ баъд аз як соли фаъолият);
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда дар бораи шароит, ҷой ва тарзи анҷомдиҳии фаъолияти бо асъори хориҷӣ вобастабуда, тартиби қабул ва нигоҳдории маблағҳои асъорӣ, шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ба онҳо вобаста;
- маълумот дар бораи кормандони масъули таъминкунандаи фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ;
- ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- маълумот оид ба мушаххасоти суратҳисоби бонкӣ, бонки ваколатдори хизматрасон, тартиби қабул ва нигоҳдории маблағҳои асъорӣ ва шакли ҳисоббаробаркуниҳо;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таъмини риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими асъор ва назорати асъор, муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст;
- таъмини пурра ва воқеӣ будани баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ оид ба амалиёти асъорӣ;
- мавҷудияти шароит, ҷой ва тарзи анҷомдиҳии фаъолияти ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ вобастабуда, тартиби қабул ва нигоҳдории маблағҳои асъорӣ, шаклҳои ҳисоббаробаркуниҳои ба онҳо вобаста;
- мавҷудияти воситаҳои техникии зарурӣ барои қабул, нигоҳдорӣ ва муайян кардани аслияти асъори хориҷӣ, доштани кормандони дорои донишу малакаи кор бо асъори хориҷӣ;
- мавҷудияти суратҳисоби бонкӣ бо асъори хориҷӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатнома ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ
- 1. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амалҳо: иҷозат барои содирот, воридот ва транзити навъҳои алоҳидаи молҳо (кор ва хизматрасониҳо)-е, ки номгӯйи онҳо бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои воридоти навъҳои алоҳидаи молҳо (кор ва хизматрасониҳо);
- амал барои содироти навъҳои алоҳидаи молҳо (кор ва хизматрасониҳо);
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозат барои содирот, воридот ва транзити навъҳои алоҳидаи молҳо (кор ва хизматрасониҳо)-ро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои иҷозатномашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди фаъолияти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маълумот оид ба навъҳои алоҳидаи молҳо (кор ва хизматрасониҳо)-е, ки содирот, воридот ва транзит мешаванд, пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- молҳо (кор ва хизматрасониҳо), ки барои он иҷозат барои содирот, воридот ва транзити навъҳои алоҳидаи молҳо (кор ва хизматрасониҳо) гирифта шудааст, дар муҳлати то 1 (як) сол аз лаҳзаи гирифтани иҷозат барои содирот, воридот ва транзити навъҳои алоҳидаи молҳо (кор ва хизматрасониҳо) содирот, воридот ва транзит карда шаванд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷроияи иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақоми иҷозатдиҳанда: Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда - Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон).
- 2. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) ҳуҷҷатҳои иловагӣ барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ: нест;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи Шартҳо барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ (замимаи 8);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият ва амалҳо: шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лотерея:
1) зернамудҳои фаъолият ва амалҳо, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият оид ба гузаронидани лотерея;
- фаъолият оид ба гузаронидани лотереяи электронӣ;
- фаъолият оид ба гузаронидани иқдомҳо;
- фаъолият оид ба гузаронидани бозиҳои бурднок;
2) муҳлати амал:
- барои фаъолият оид ба гузаронидани лотерея ва барои фаъолият оид ба гузаронидани лотереяи электронӣ - номаҳдуд;
- барои фаъолият оид ба гузаронидани иқдомҳо ва барои фаъолият оид ба гузаронидани бозиҳои бурднок – якдафъаина;
3) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лотереяро дастрас намояд, ки фаъолият оид ба гузаронидани лотерея ва фаъолият оид ба гузаронидани лотереяи электрониро дар бар гирад. Барои барои фаъолият оид ба гузаронидани иқдомҳо ва барои фаъолият оид ба гузаронидани бозиҳои бурднок шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лотерея дар алоҳидагӣ дода мешаванд;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- қарори шахси ҳуқуқӣ оид ба таъсис додан ва гузаронидани лотерея;
- асосноккунии молиявию иқтисодӣ доир ба гузаронидани лотерея, ки дар он ҳаҷми умумии фонди мукофотӣ (дар шакли пулию молӣ), ҳаҷми ҳиссаи бурд аз маблағи эълоншудаи фонд на кам аз 50 дарсади фонди мукофотӣ, номгӯйи мукофотҳо ва дигар масъалаҳои молиявии масъалаи мазкур нишон дода мешавад;
- намуна ё нусхаи билети лотерея (аз ҷумла, лотереяи электронӣ, купон, билети иқдом ва ё бозиҳои бурднок, рақами инфиродии иштиркочӣ (ID));
- маълумот оид ба суроғаи электронии ташкилкунанда, ки тавассути он лотереяи электронӣ гузаронида мешавад (барои фаъолият оид ба гузаронидани лотереяи электронӣ);
- маълумотнома дар бораи мавҷудияти сервер, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани лотереяи электронӣ ҷойгир карда шудааст (барои фаъолият оид ба гузаронидани лотереяи электронӣ);
- шартҳои гузаронидани лотерея (лотереяи электронӣ, иқдом ва бозиҳои бурднок, ки аз ҷониби ташкилкунанда тасдиқ гардидааст);
- маълумот оид ба ташаккули хазинаи кафолатӣ дар ҳаҷми пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур барои лотереяи электронӣ;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судии бардоштанашуда дар ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудан барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (ба истиснои ҳолатҳои сафедкунанда) нисбат ба роҳбар ва сармуҳосиби шахси ҳуқуқӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи Шартҳо барои гузаронидани лотерея, лотереяи электронӣ, иқдом ва ё бозиҳои бурднок (замимаи 9);
- барои фаъолият оид ба гузаронидани иқдомҳо ва фаъолият оид ба гузаронидани бозиҳои бурднок, ки шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лотерея гирифта шудааст, бояд дар муҳлати на дертар аз 4 (чор) моҳ аз лаҳзаи гирифтани шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лотерея ба анҷом расонида шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда (барои фаъолият оид ба гузаронидани лотерея ва барои фаъолият оид ба гузаронидани лотереяи электронӣ);
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ ва дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо:
1) зернамудҳои фаъолият ва амалҳо, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият оид ба сохтани маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо;
- фаъолият оид ба сохтани дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- нусхаи намунаи номтамға барои сохтани маснуоти заргарӣ;
- нусхаи иҷозатнома барои фаъолияти хусусии тиббӣ (барои фаъолият оид ба сохтани дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти миёнаи махсуси тиббӣ аз рӯйи ихтисоси дандонсозӣ (барои фаъолият оид ба сохтани дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти намунаи номтамға барои маҳсулот;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ;
- барои фаъолият оид ба сохтани маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо - нест;
- барои фаъолият оид ба сохтани дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо - мавҷудияти мутахассиси дорои таҳсилоти миёнаи махсуси тиббӣ аз рӯйи ихтисоси дандонсозӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии коқазҳои қиматнок:
1) зернамудҳои амал, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи қарор дар бораи барориши (барориши иловагии) коғазҳои қиматнок, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- намунаи варақаи коғазҳои қиматнок ва ё сертификати коғазҳои қиматнок дар ҳолати барориши шакли ҳуҷҷатӣ;
- ду нусхаи тарҳи барориши коғазҳои қиматнок;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозори коғазҳои қиматнок;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- барои соҳибкори инфиродӣ – нусхаи шиноснома, барои шахси ҳуқуқӣ рӯйхати кормандон (бо нусхаи шиносномаи онҳо), ки барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ пешниҳод мегарданд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, бонкдорӣ, иқтисодчӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, андоз ва андозбандӣ;
- маълумотнома оид ба надоштани доғи судии бардоштанашуда дар ҷиноятҳои соҳаи иқтисодӣ ва ба ҷавобгарӣ кашида нашудан барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (ба истиснои ҳолатҳои сафедкунанда);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, бонкдорӣ, иқтисодчӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, андоз ва андозбандӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 3. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи рушди иқтисод ва савдо
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: шаҳодатномаи бақайдгирии субъектҳо дар минтақаи озоди иқтисодӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- пешниҳоди бизнес-нақшаи тиҷоратӣ ё лоиҳаҳои сармоягузорӣ;
- варақаи иттилоотӣ оид ба аризадиҳанда;
- лоиҳаи шартнома оид ба фаъолият дар ҳудудии минтақаи озоди иқтисодӣ;
- маълумот оид ба сармояи оиномавӣ;
- оиномаи субъекти хоҷагидор;
- нусхаи шиносномаи роҳбари ҷамъият;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
-ҳангоми фаъолият риояи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ", санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ, шартномаҳо ва меъёру стандартҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- риояи талаботи Низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ;
- иҷрои уҳдадориҳои шартнома бо Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ.
- 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи энергетика ва захираҳои об
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои пайвастшавии дастгоҳу объекти энергетика ва субъекти хоҷагидор ба шабакаи энергетикӣ:
1) зернамудҳои фаъолият ва амалҳо, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал оид ба пайвастшавии дастгоҳу объекти энергетика ба шабакаи энергетикӣ;
- амал оид ба пайвастшавии субъекти хоҷагидор ба шабакаи энергетикӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозат барои пайвастшавии дастгоҳу объекти энергетика ва субъекти хоҷагидор ба шабакаи энергетикиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи техникии дастгоҳҳо ё таҷҳизотҳои барқӣ;
- нусхаи шарти техникӣ;
- лоиҳаи техникии таъминоти барқ;
-нусхаи санади қабулу супоридани корҳои озмоишии муқарраршуда;
- нусхаи санади тасдиқкунанда оид ба ҳудуди хизматрасонӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутахассисони соҳа, доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ба талаботҳои санадҳои меъёрии техникии соҳаи сохтмон, энергетика ва технологияи муосир мутобиқ будани дастгоҳҳои барқии навпайвастшаванда ва таҷдидшавандаи истеъмолкунандагон ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ, техникии қабулу супоридан ва истифодабарӣ;
- мавҷудияти санади тасдиқкунанда оид ба сарҳади хизматрасонӣ ва ҷавобгарӣ ба ҳолатҳои таҷҳизот ва хатҳои интиқоли барқ;
- мавҷудияти хулоса аз натиҷаи корҳои озмоишии электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳо ва ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба мувофиқакунии меъёрҳои сарфи технологии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда;
- мавҷудияти муоинаи техникии ҳарсолаи дастгоҳҳои барқии истеъмолкунандагони мавсимӣ;
- мавҷудияти коргари техникии барқ ва шахси масъули хоҷагии барқ;
- фаъолият ва амале, ки барои он иҷозат барои пайвастшавии дастгоҳу объекти энергетика ва субъекти хоҷагидор ба шабакаи энергетикӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисӣ ва техникӣ;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавии Хадамот.
- 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои нигоҳдорӣ ва кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва сахттаъсири заҳролуд:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои нигоҳдорӣ ва кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- амал барои нигоҳдорӣ ва кашонидани маводи сахттаъсири заҳролуд;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозат барои нигоҳдорӣ ва кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва сахттаъсири заҳролудро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди фаъолияти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- нусхаи шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда;
- нусхаи шаҳодатнома барои харидани маводи тарканда;
- нусхаи хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таъини шахсони масъул бо замимаи шиносномаи миллӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти тандурустӣ ҷиҳати дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштан;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таҷҳизонидани биное, ки дар он фаъолияти иҷозатномашаванда ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхтори низоми «GSM»;
- мавҷудияти шахсони масъули силоҳноки муҳофизавии мақомоти корҳои дохилӣ;
- мавҷудияти китобчаи таркишгарии шахси масъул;
- амале, ки барои он иҷозат барои нигоҳдорӣ ва кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва сахттаъсири заҳролуд гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: хулоса оид ба вазъи бехатарӣ аз сӯхтор:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таҷҳизонидани бино ва иншооте, ки дар он фаъолият ба роҳ монда мешавад, бо воситаҳои зиддисӯхтор;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатнома оид ба тайёр намудани сикка ва муҳр:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал оид ба тайёр намудани сикка;
- амал оид ба тайёр намудани муҳр;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза рухсатнома оид ба тайёр намудани сикка ва муҳрро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди фаъолияти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи Оинномаи субъекти хоҷагидор;
- намунаи (ангораи)тасдиқшудаи шакли сикка ва муҳр;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- амале, ки барои он рухсатнома оид ба тайёр намудани сикка ва муҳр гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад.
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозати шартҳои техникӣ барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва агрегатҳои он:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёте, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирифта мешавад, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва агрегатҳои он аз ҷониби дорандаи иҷозатнома оид ба фаъолияти хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда шавад;
- азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва агрегатҳои он бояд дар муҳлати на зиёда аз 1 моҳ аз лаҳзаи гирифтани иҷозати шартҳои техникӣ барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва агрегатҳои он бояд анҷом дода шавад;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани иҷозати шартҳои техникӣ барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт, қисмҳо ва агрегатҳои он ҳамасола як маротиба дастгоҳ ва таҷҳизотҳои техникии худро аз муоинаи техникӣ гузаронад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ дар воситаҳои нақлиёт:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шартномаи баимзорасонидашуда оид ба паҳн намудани реклама бо соҳибони воситаҳои нақлиёт ё бо шахсони ба воситаҳои нақлиёт ҳуқуқи моликидошта;
- маълумот оид ба объекти рекламашаванда дар воситаҳои нақлиёт;
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёте, ки дар он рекламаҳои берунӣ ҷойгир карда мешавад;
- расм (тасвир) ва нақшаи реклама дар воситаи нацлиёт (аз чор тараф);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- иҷозат барои ҷойгир намудани рекламаҳои берунӣ дар воситаҳои нақлиёт оид ба объекти рекламашаванда ба муҳлати муқаррарнамудаи шартномаи баимзорасонидашуда оид ба паҳн намудани реклама амал мекунад;
- агар рекламадиҳанда ҳам паҳнкунандаи реклама бошаду ҳам соҳиби воситаи нақлиёте, ки дорои рекламаи берунӣ аст, шартнома талаб карда намешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои он, системаи таъминоти сӯзишворӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии воситаи нақлиёте, ки барои он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ гирифта мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои он, системаи таъминоти сӯзишворӣ аз ҷониби дорандаи иҷозатнома оид ба фаъолияти хизматрасонии техникӣ ва таъмир дар нақлиёти автомобилӣ амалӣ карда шавад;
- азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои он, системаи таъминоти сӯзишворӣ бояд дар муҳлати на зиёда аз 1 моҳ аз лаҳзаи гирифтани иҷозат барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт ва қисмҳои он, системаи таъминоти сӯзишворӣ бояд анҷом дода шавад;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки гузаштан аз муоинаи ҳамасолаи техникиро пас аз азнавтаҷҳизонӣ намудани воситаи нақлиёт ва қисмҳои он муқаррар намояд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатнома барои воридоти силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои воридоти силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- амал барои содироти силоҳ ва лавозимоти ҷангии он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза рухсатнома барои воридоти силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда барои таҳвили силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бо замимаи номгӯй, намудҳои муайян, навъ ва миқдори онҳо;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти тандурустӣ ҷиҳати дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштан;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- силоҳ ва лавозимоти ҷангии воридшаванда ва содиршаванда бояд тамға ё нишони мутобиқати стандартро дошта бошанд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатман ба Кадастри давлатӣ дохил карда шавад;
- амале, ки барои он рухсатнома барои воридоти силоҳ ва лавозимоти ҷангии он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва содироти он аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: рухсатнома барои нигоҳ доштани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти тандурустӣ ҷиҳати дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштан;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мақомоти тандурустӣ оид ба надоштани бемориҳо ва нуқсонҳои ҷисмоние, ки ин ҳолатҳо ба муомилаи дуруст бо силоҳ монеъ мешаванд;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи муомилаи эҳтиёткорона бо силоҳи оташфишон;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба бақайдгирии давлатии дактилоскопии ҳатмӣ;
- нусхаи фармони роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба таъин намудани корманди масъул вобаста ба нигоҳ доштани силоҳ ва лавозимоти ҷангии он;
-нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи уҳдадории умумии ҳарбӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона ба силоҳ;
- таҷҳизонидани ҳуҷраҳои нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангии он бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ, зиддисӯхтори низоми «GSM», ҳимояи воситаҳои компютерӣ ва таҳти назорати нуқтаи муттамаркази мушоҳидавӣ қарордошта;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани ҳуҷра (қоидаҳои нигоҳдории аслиҳа ва лавозимоти он, ҷевонҳои (сейфҳои) оҳанин барои нигоҳдории аслиҳа, кисмҳои асосӣ ва лавозимоти он, шабакаҳои муҳандисӣ (қувваи барқ, алоқа, посбонӣ), девор ва дару тирезаҳои ҳуҷра)-е, ки бо ёрии онҳо аз ҷониби иҷозатномадор амалӣ карда мешавад;
- бо риояи шарту талаботҳои муқарраргардида нигоҳдории силоҳ ва лавозимоти ҷангиии он;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи уҳдадории умумии ҳарбӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои клиникӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи молу мулк барои пешбурди фаъолият;
- маълумот оид ба субъекти хоҷагидор (муассисаҳои тиббӣ)-е, ки дар онҳо барои азназаргузарони клиникии дору барои истифодаи тиббӣ пешбинӣ шудааст;
- маълумот дар бораи муҳлатҳои пешбинишудаи озмоиши клиникии дору барои истифодаи тиббӣ;
- нусхаи шартномаи суғуртаи ҳатмӣ, ки тибқи қоидаҳои стандартии суғуртаи ҳатмӣ баста шудааст бо нишон додани шумораи максималии беморон дар озмоиши клиники дору;
- маълумот дар бораи таркиби дору барои истифодаи тиббӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи фаъолияти асосии субъекти хоҷагидор, бо нишон додани намудҳои фаъолияти касбӣ ва илмии субъекти хоҷагидор;
- номгӯйи хизматрасониҳои тиббии субъекти хоҷагидор барои иҷрои озмоиши клиникӣ сафарбаршуда ва тасдиқгардида;
- номгӯйи таҷҳизотҳои тиббӣ ва лавозимотҳои тиббии дар озмоиши клиникӣ истифодашаванда;
- маълумот оид ба номгӯйи таҷҳизоту асбобҳои ҷалбкардашуда барои истифодаи озмоишҳои клиникӣ, ки дар асоси шартномаи иҷора дар дигар субъекти хоҷагидор истифодашаванда;
- маълумот оид ба малакаи касбии муҳаққиқони аз рӯйи ихтисосҳои касбӣ мувофиқ ва малакаи корашон оид ба гузарондани озмоишҳои клиникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ оид ба гузарондани озмоишҳои клиникӣ ва мутобиқати таҷҳизоту асбобҳои муосири техникӣ ба стандарту меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти ҳуҷраҳои эҳёкунӣ ва ёрирасонии таъҷилӣ, озмоишгоҳи лабораторӣ ва инструменталӣ, илмию методӣ, меъёрию ҳуқуқие, ки масъалаҳои ташкилӣ ва гузарондани озмоишҳои клиникиро танзим мекунанд ва шартномаҳои мувофиқ бо дигар муассисаҳои илмию тадқиқотии дар озмошиҳои клиникӣ ширкаткунанда;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи талабот ва шартҳои тахассусии ҳайати шахсии дар озмоиши клиникӣ иштироккунанда;
- мавҷудияти протоколи озмоиши клиникии дору;
- мавҷудияти варақаи ахборотии озмоишшаванда;
- амале, ки барои онҳо рухсатнома барои гузарондани озмоишҳои клиникӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 6 (шаш) моҳ аз рӯзи гирифтани рухсатнома барои гузарондани озмоишҳои клиникӣ анҷом дода шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур рухсатнома барои гузарондани озмоишҳои клиникӣ беэътибор дониста мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ва ё фарматсевтӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатнома барои воридот ва содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои воридоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
- амал барои содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза рухсатнома барои воридот ва содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотиро дастрас намояд, ки амал барои воридот ва содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи сертификати давлати истеҳсолкунанда (оид ба воридоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ);
- нусхаи борхати дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
- нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти фарматсевтӣ;
- нусхаи шартномаи хариду фуруш бо субъектҳои истеҳсолкунанда;
- нусхаи шаҳодатномаи сифати дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ (оид ба воридоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ оид ба шароити нигоҳдории дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти қайди давлатии дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
- амале, ки барои онҳо рухсатнома барои воридот ва содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 6 (шаш) моҳ аз рӯзи гирифтани рухсатнома барои воридот ва содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ анҷом дода шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур рухсатнома барои воридот ва содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ беэътибор дониста мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатномаи воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда;
- амал барои содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза шаҳодатномаи воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашавандаро дастрас намояд, ки амал барои воридот ва содири воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи фаъолияти оид ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, харид, фурӯш, тақсимот, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот)-и дар тиб истифодашаванда;
- сертификати давлати истеҳсолкунанда (оид ба воридоти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда);
- нусхаи шартномаи хариду фуруш бо субъектҳои истеҳсолкунанда;
- нусхаи борхати воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба хариду фурӯши воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда;
- амале, ки барои онҳо шаҳодатномаи воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 6 (шаш) моҳ аз рӯзи гирифтани шаҳодатномаи воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда анҷом дода шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур шаҳодатномаи воридот ва содироти воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиб истифодашаванда беэътибор дониста мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: хулосаи санитарию эпидемиологӣ барои пешбурди амал ва фаъолият:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя гардидани қоида ва меъёрҳои санитарию гигиенӣ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд;
- риоя намудани реҷаҳои санитарию гигиенӣ ва зиддиэпидемикӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои амал: хулоса оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон ва таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, инчунин истифодаи мошинҳо ва механизмҳо:
1) зернамудҳои амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ:
- амал оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон ва таҷдиди иншооти истеҳсолӣ;
- амал оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми истифодаи мошинҳо ва механизмҳо;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза хулоса оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон ва таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, инчунин истифодаи мошинҳо ва механизмҳоро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва мутобиқати мошинҳо ва механизмҳо ба меъёру стандартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- ҳуҷҷати лоиҳаҳои корӣ ва ангоравии сохтмонӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми фаъолият риояи меъёру талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ дар соҳаи меҳнат;
- мутобиқати иншоотҳои истеҳсолӣ, таҷҳизот, равандҳои технологӣ ва маҳсулот ба талаботи ҳифзи меҳнат;
- амале, ки барои он хулоса оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон ва таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, инчунин истифодаи мошинҳо ва механизмҳо гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи идораи замин ва геодезӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои истифодабарии системаҳои моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS):
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии мавҷудияти системаи моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS);
- акси системаи моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS);
- нусхаи иҷозатнома барои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти системаи моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS);
- истифодабарии системаҳои моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS) танҳо аз ҷониби дорандаи иҷозатнома барои фаъолияти геодезӣ ва харитасозӣ ба роҳ монда мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои вайрон кардан, барқарор кардан ва кӯчонидани аломатҳои марзӣ ва марказҳои нуқтаҳои геодезӣ:
1) зернамуди амалҳое, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои вайрон кардан, барқарор кардан ва кӯчонидани аломатҳои марзӣ;
- амал барои вайрон кардан, барқарор кардан ва кӯчонидани марказҳои нуқтаҳои геодезӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозат барои вайрон кардан, барқарор кардан ва кӯчонидани аломатҳои марзӣ ва марказҳои нуқтаҳои геодезиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амалҳои иҷозатшавандаро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди амале, ки гирифттани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро талаб мекунад ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маълумот дар бораи ҷойи ҷойгиршавии нуқтаҳои вайрон кардан, барқарор кардан ва кӯчонидани аломатҳои марзӣ ва марказҳои нуқтаҳои геодезӣ пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя ҳатмии қоида ва меъёрҳои муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми вайрон кардан, барқарор кардан ва кӯчонидани аломатҳои марзӣ ва марказҳои нуқтаҳои геодезӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 9. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
- Номгӯйи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: иҷозат барои партофтани моддаҳои зараровар ба ҳавои атмосфера:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ меъёри партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки аз ҷониби субъектҳои хоҷагидоре, ки фаъолияташон бо партовҳои моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера алоқаманд аст, таҳия ва тасдиқ шудааст, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, байнидавлатие ва байналмилалӣ, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- риояи талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатдодашуда амалӣ карда мешавад;
- риояи меъёрҳои ҷоизии партови моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера, ки иҷозат дода шудааст;
- ҳамасола пешниҳоди ҳисоботи оморӣ ба мақоми иҷозатдиҳанда оид ба ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда ба ҳавои атмосфера;
-иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи ҳавои атмосфера;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои фаъолият ва амал: иҷозати истифодабарии махсуси об, пармакунии чоҳҳои об ва партофтани партовҳои обӣ:
1) зернамудҳои фаъолият ва амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият оид ба истифодабарии махсуси об;
- амал оид ба пармакунии чоҳҳои об;
- фаъолият оид ба партофтани партовҳои обӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозати истифодабарии махсуси об ва партофтани партовҳои обиро дастрас намояд. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди фаъолияти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад. Иҷозат барои пармакунии чоҳҳои об алоҳида пешниҳод гардида, расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозаттдиҳӣ» ва Тартиби мазкур алоҳида баррасӣ карда мешаванд;
3) муҳлати амал:
- барои фаъолият оид ба истифодабарии махсуси об ва фаъолият оид ба партофтани партовҳои обӣ - номаҳдуд;
- барои амал оид ба пармакунии чоҳҳои об - якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- вобаста ба зернамуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ субъекти иҷозатгиранда чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамояд:
- барои истифодаи махсуси об – меъёри истифодаи махсуси об аз объектҳои об ва ҳисоби меъёри партовҳои обӣ;
- барои партофтани партовҳои обӣ - меъёри ҳади имконпазири партовҳои обӣ ба объектҳои об, натиҷаи ташхиси сифати партовҳои обӣ;
- барои пармакунии чоҳи обгирӣ - лоиҳаи гидрогеологии пармакунии чоҳи обгирӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи ҳаҷми оби иҷозатшуда ва меъёри ҳадди имконпазири партовҳои обии тасдиқшуда;
- риояи хати муҳофизати манбаҳои обӣ;
- ба роҳ мондани ҳисоби оби гирифташуда ва оби партофташуда;
- ҳамасола пешниҳод намудани ҳисоботи оморӣ оид ба истифодаи об ва партофтани партовҳои обӣ;
- иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи об барои ҳар як зернамуд;
- муҳлати амали иҷозат барои пармакунии чоҳи обгирӣ 1 (як) сол муайян карда мешавад. Дар сурате, ки бо сабабҳои объективӣ дар ин муҳлат пармакунии чоҳ анҷом дода нашавад, он гоҳ бо дархости субъекти иҷозатгиранда тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозаттдиҳӣ» ва Тартиби мазкур муҳлати он як сол барои пармакунии чоҳи банақшагирифташуда тамдид карда мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда (ба истиснои амал оид ба пармакунии чоҳҳои об);
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои истифодабарии объекти олами ҳайвонот ва наботот, ҷангал ва воридоту содироти объектҳои олами набототу ҳайвонот, инчунин ғанимати онҳо:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои истифодабарии объекти олами ҳайвонот;
- амал барои истифодабарии объекти олами наботот;
- амал барои истифодабарии ҷангал;
- амал барои воридоти объекти олами наботот;
- амал барои содироти объекти олами наботот;
- амал барои воридоти объекти олами ҳайвонот;
- амал барои содироти объекти олами ҳайвонот;
- амал барои содироти ғанимати ҳайвонот;
2) субъекти хоҷагидор дар асоси ариза алоҳида иҷозатро барои истифодабарии объектҳои олами ҳайвонот, наботот, ҷангал ва воридоту содироти объектҳои олами набототу ҳайвонот, инчунин ғанимати онҳо дастрас намояд. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди фаъолияти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ҳисобот оид ба саршумори ҳайвоноти ваҳшӣ ва парандагони нодир;
- хулосаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба захираҳои набототу ҳайвонот;
- ҳуҷҷат оид ба содироту воридоти ҳайвонот ва парандагони нодире, ки ба рӯйхати «Конвенсия оид ба савдои байналмилалии навъҳои фауна ва флораи ваҳшӣ дар зери хатари нобудшавӣ қарордошта» (СИТЕС) дохил шудаанд;
- маълумот ва санади азназаргузаронӣ барои амал оид ба содироти ғанимати ҳайвонот;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи навъ ва шумораи истифодабарии объекти олами ҳайвонот ва наботот, ҷангал ва воридоту содироти объектҳои олами набототу ҳайвонот, инчунин ғанимати онҳо иҷозатшуда;
- риояи техникаи бехатарӣ;
- амале, ки барои он иҷозат барои истифодабарии объекти олами ҳайвонот ва наботот, ҷангал ва воридоту содироти объектҳои олами набототу ҳайвонот, инчунин ғанимати онҳо гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- муҳлати амали иҷозати якдафъаина барои зернамудҳои истифодабарии олами объектҳои олами ҳайвоноту наботот ва ҷангал мавсимӣ тибқи квотаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
- муҳлати амали иҷозат барои буриши дарахтон якдафъаина буда, муҳлати он то аз 1 то 6 моҳ муқаррар карда мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият ва амал: иҷозат барои муайян кардани меъёри ҳосилшавӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиронии партовҳо, инчунин воридоту содироти онҳо барои истифодабарии такрорӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- фаъолият барои муайян кардани меъёри ҳосилшавии партовҳо;
- фаъолият барои нобудсозии партовҳо;
- фаъолият барои ҷойгиронии партовҳо;
- амал барои воридоти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ;
- амал барои содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозат барои муайян кардани меъёри ҳосилшавӣ, нобудсозӣ ва ҷойгиронии партовҳоро дарстрас кунад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди фаъолияти ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад. Иҷозат барои воридоти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ ва иҷозат барои содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ дар алоҳидагӣ пешниҳод гардида, расмиёти додан, аз нав ба расмият даровардан, бекор кардан, боздоштан ё қатъ намудани амали он тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби мазкур алоҳида баррасӣ карда мешаванд;
3) муҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ:
- фаъолият барои муайян кардани меъёри ҳосилшавии партовҳо, фаъолият барои нобудсозии партовҳо ва фаъолият барои ҷойгиронии партовҳо - номаҳдуд;
- амал барои воридоти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ ва амал барои содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ - якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- вобаста ба ҳар як зернамуди фаъолият субъекти иҷозатгиранда чунин ҳуҷҷатҳоро пешниҳод менамояд:
- меъёри ҳосилшавии партовҳо ва дараҷаи хатарнокии онҳо, мавҷудияти шартнома доир ба кашонидани партовҳо ба партовгоҳ ва таҳияи чорабиниҳо оид ба муомилот бо партовҳо;
- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки мавҷудияти биноҳои истеҳсолӣ, таҷҳизоту дастгоҳи нобудсозии партовҳоро тасдиқ менамояд;
- фаъолият барои ҷойгиронии партовҳо – нусхаҳои ҳуҷҷатҳои мавҷудияти партовгоҳи ҷавобгӯй ба талаботи меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё шартнома барои ҷойгиронии партовҳо дар партовгоҳ, биноҳои истеҳсолӣ, нуқтаҳои ҷойгиркунии партовҳо, таҷҳизоти ба меъёрҳо ва талаботҳои техникӣ ҷавобгӯй, воситаҳои нақлиёт барои кашонидан ва безараргардонии партовҳо;
- амал барои воридоти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ- нусхаи шартнома, огоҳинома оиди азсарҳадгузаронии партовҳо бо замимаи VA (Тартиби Конвенсияи Базел), нусхаи иҷозати содироткунанда, нусхаи иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии партовҳои хатарнок, шиносномаи партовҳои хатарнок, маълумот оиди техника ва технологияи ба меъёру стандартҳои давлатӣ ҷавобгӯй барои имконияти коркарди партовҳо;
- амал барои содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ- нусхаи шартнома, варақаи иттилоот замимаи VA (Тартиби Конвенсияи Базел), нусхаи иҷозатнома барои фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва интиқоли партовҳои хатарнок, шиносномаи партовҳои хатарнок;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ;
- фаъолият барои муайян кардани меъёри ҳосилшавии партовҳо- риояи меъёр ва ҳаҷми ҳосилшавии партовҳо, ки иҷозат дода шудааст, ба роҳ мондани ҳисоби партовҳо, риояи ҷойгиронии партовҳо аз рӯйи дараҷаи хатарнокии онҳо, ҳамасола пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба ҳосилшавӣ ва баровардани партовҳо, иҷрои чорабиниҳо оид ба муомилот бо партовҳо;
- фаъолият барои нобудсозии партовҳо - риояи талаботҳо ҳангоми нобудсозии партовҳо, ба роҳ мондани ҳисоби партовҳои нобудшуда, ҷойгиронии партовҳои боқимонда дар партовгоҳ, ҳамасола пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба нобудсозии партовҳо, иҷрои чорабиниҳо оид ба ҳифзи муҳити зист ҳангоми нобудсозии партовҳо;
- фаъолият барои ҷойгиронии партовҳо - риояи талаботҳо ҳангоми ҷойгиронии партовҳо, ба роҳ мондани ҳисоби партовҳои ҷойгиршуда, ҳамасола пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба безараргардонии партовҳо, иҷрои чорабиниҳо оиди безараргардонии партовҳо;
- амал барои воридоти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ- риояи талаботҳои экологӣ ҳангоми воридоти партовҳо ва истифодабарии такрорӣ, пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба истифодабарии такрории партовҳо;
- амал барои содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ- риояи талаботҳои экологӣ ҳангоми аз сарҳадгузаронии партовҳо барои истифодабарии такрорӣ, пешниҳоди маълумот ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист оид ба партовҳои содиротшуда;
- фаъолият ва амале, ки барои он иҷозати воридот ва содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад. Муҳлати эътибор фиристодани бисёркаратаи партовҳои хатарнок ва дигар партовҳоро дар давоми давраи ҳадди ниҳоӣ 12 моҳро фаро гиранд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда (ба истиснои иҷозат барои амал барои воридоти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ ва барои амал барои содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ);
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозати воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нишон додани кишваре, ки аз он гидрофторкарбонҳо ворид карда мешаванд, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- фаъолият ва амале, ки барои он иҷозати воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- санаде, ки барои он иҷозати воридоти моддаҳои вайронкунандаи қабати озон гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- муҳлати амали иҷозати додашуда бо ҳиссаи ҷудошудаи соли ҳисоботӣ маҳдуд мегардад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозати воридоти карантинӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маълумот оид ба маводи таҳти карантинӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- маводи таҳти карантиние, ки барои он иҷозати воридоти карантинӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 3 (се) моҳ аз рӯзи гирифтани иҷозати воридоти карантинӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур иҷозати воридоти карантинӣ беэътибор дониста мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолот:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми фаъолият риоя қоида ва меъёрҳои муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат додан ба содирот, воридот ва убури маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои содироту убури маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- амал барои воридоту убури маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозат барои содирот, воридот ва убури маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордоштаро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолият ва амалҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молу маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- маълумот оид ба номгӯйи маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта;
- хулосаи ташхиси озмоиши сифати маводи таҳти карантинӣ қарордошта;
- нусхаи шартнома байни воридкунанда ва содироткунанда барои амалиёти иқтисодии хориҷӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми фаъолият риояи қоида ва меъёрҳои муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- содирот, воридот ва убури маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта, ки барои он иҷозати содирот, воридот ва убури маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 60 (шаст) рӯз аз рӯзи гирифтани иҷозати мазкур бояд анҷом дода шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур иҷозати содирот, воридот ва убури маҳсулоти таҳти назорати давлатии байторӣ қарордошта беэътибор дониста мешавад;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатномаи байторӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- номгӯйи борҳои интиқолдиҳандаи таҳти назорати байторӣ қарордошта;
- хулосаи ташхиси озмоиши сифати маводи таҳти байторӣ қарордошта;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми фаъолият риояи қоида ва меъёрҳои муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- интиқоли борҳои таҳти назорати байторӣ қарордошта, ки барои он шаҳодатномаи байторӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 15 (понздаҳ) рӯз аз рӯзи гирифтани шаҳодатномаи мазкур бояд анҷом дода шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур шаҳодатномаи байторӣ беэътибор дониста мешавад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ.
- 11. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон
- Номгӯйи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ:
1) зернамудҳои фаъолият ва амалҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи сохтмони бино ва иншоот;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин;
- ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшуда;
- хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (дар ҳолати тибқи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ будани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ);
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя гардидани муқаррароти Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ;
- амале, ки барои он иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад.
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 12. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои воридоти манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда):
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда)-ро ҳангоми воридот ҳамроҳикунанда;
- нусхаи шартнома байни воридкунанда ва содиркунандаи манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- таъмини риояи талаботи санадҳои меъёриву ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ дар раванди фаъолият;
- амале, ки барои воридоти манбаъҳои афканишоти иондоркунанда (манбаъҳои ҳосилкунанда) иҷозат гирифта шудааст, то лаҳзаи анҷом додани фаъолият бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- 13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатнома барои хизматрасонӣ дар соҳаи байналмилалӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёру стандартҳои байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолият ва амалҳо амалӣ карда мешавад;
- амале, ки барои он рухсатнома барои хизматрасонӣ дар соҳаи байналмилалӣ гирифта шудааст, то декабри соли ҳисоботӣ бояд анҷом дода шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
4) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
5) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 14. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба вақти оғоз ва анҷоми фаъолият;
- маълумот оид ба аэродромҳои фурудоӣ ва аэродромҳои эҳтиётӣ;
- маълумот оид ба тартиби даромад (баромад) ба роҳҳои ҳавоӣ ва хатҳои маҳаллии парвоз;
- маълумот оид ба тартиби хизматрасонии (идоракунии) ҳаракати ҳавоӣ;
- маълумот дар бораи суғурта ё таъмини дигари масъулият барои расонидани зарар ба шахсони сеюм ва ҳавопаймоҳо;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- ҳангоми истифодабарии фазои ҳавоӣ сари вақт пешниҳод намудани дархостҳо (нақша ва ҷадвалҳо);
- иҷрои фаъолияти худро дар фазои ҳавоӣ танҳо пас аз гирифтани рухсати дахлдор аз марказҳои Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи шартномаҳои дар он баёнгардида амалӣ намояд;
- сари вақт дар бораи оғоз ва анҷоми истифодабарии фазои ҳавоӣ ба мақомоти дахлдори таъҷилии Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва қӯшунҳои Мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад;
- ба мақомоти ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар иҷрокунии корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ, ҳамчунин ҳангоми расонидани кӯмак ба ҳавопаймои ба фалокат дучоршудаистода ё ба фалокат гирифторшуда ҳамкорӣ намояд;
- навъҳо ва шаклҳои маълумотро оид ба истифодабарии фазои ҳавоӣ қабул намояд;
- ҳуҷҷатҳои расман нашргардидаи маълумоти аэронавигатсиониро истифода намояд;
- ҳангоми зарур будани тағйир додани шартҳои истифодабарии фазои ҳавоии дар дархост зикргардида, вақти оғози фаъолият бо назардошти вақти омодагӣ ба иҷрои он муқаррар карда мешавад;
- фаъолияти худро дар муҳлати 20 дақиқа аз вақти банақшагирифтаи оғози он ё аз вақти нишондодаи марказҳои Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кунанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- амале, ки барои он иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ гирифта шудааст, дар муҳлати 2 ҳафта аз рӯзи гирифтани иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои парвози байналмилалии мунтазам ва ғайримунтазам (чартерӣ)-и ҳавопаймоҳо:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои парвози байналмилалии мунтазам (чартерӣ)-и ҳавопаймоҳо;
- амал барои парвози байналмилалии ғайримунтазам (чартерӣ)-и ҳавопаймоҳо;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза иҷозат барои парвози байналмилалии мунтазам ва ғайримунтазам (чартерӣ)-и ҳавопаймоҳоро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маълумот дар бораи суғурта ё таъмини масъулияти дигар барои расонидани зарар ба шахсони сеюм ва ҳавопаймоҳо пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қоидаҳои истифодабарии фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- ҳангоми истифодабарии фазои ҳавоӣ сари вақт пешниҳод намудани дархостҳо (барнома ва нақша);
- иҷрои фаъолияти худро дар фазои ҳавоӣ танҳо пас аз гирифтани рухсати дахлдор аз марказҳои Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи шартномаҳои дар он баёнгардида амалӣ намояд;
- сари вақт дар бораи оғоз ва анҷоми истифодабарии фазои ҳавоӣ ба мақомоти дахлдори таъҷилии Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, Қувваҳои ҳарбӣ - ҳавоӣ ва қӯшунҳои Мудофиаи зиддиҳавоии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар диҳад;
- ба мақомоти ташкили ҳаракати ҳавоӣ дар иҷрокунии корҳои ҷустуҷӯию наҷотдиҳӣ, ҳамчунин ҳангоми расонидани кӯмак ба ҳавопаймои ба фалокат дучоршудаистода ё ба фалокат гирифторшуда ҳамкорӣ намояд;
- навъҳо ва шаклҳои маълумотро оид ба истифодабарии фазои ҳавоӣ қабул намояд;
- ҳуҷҷатҳои расман нашргардидаи маълумоти аэронавигатсиониро истифода намояд;
- ҳангоми зарур будани тағйир додани шартҳои истифодабарии фазои ҳавоии дар дархост зикргардида, вақти оғози фаъолият бо назардошти вақти омодагӣ ба иҷрои он муқаррар карда мешавад;
- истифодабарандагони фазои ҳавоӣ вазифадоранд, ки фаъолияти худро дар муҳлати 20 дақиқа аз вақти банақшагирифтаи оғози он ё аз вақти нишондодаи марказҳои Низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз кунанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- амале, ки барои он иҷозат барои парвози байналмилалии мунтазам ва ғайримунтазам (чартерӣ)-и ҳавопаймоҳо гирифта шудааст, дар муҳлати 2 ҳафта аз рӯзи гирифтани иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ анҷом диҳад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозат пешниҳод гардидани ҳуҷҷати тасдиқкунанадаи пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и иҷозат;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои интиқоли ҳавоии борҳои хатарнок:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳавопаймое, ки интиқоли бори хатарнокро амалӣ менамояд;
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба бори хатарнок (намуд, миқдор ва ҳаҷм);
- нусхаи сертификати тахассуси ҳайати шахсӣ, ки интиқоли бори хатарнокро таъмин менамояд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- борҳои хатарнок, ки барои он иҷозат барои интиқоли ҳавоии борҳои хатарнок гирифта шудааст, дар муҳлати 2 ҳафта аз рӯзи гирифтани иҷозат барои интиқоли ҳавоии борҳои хатарнок бояд интиқол дода шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: ҳайати кормандони фаъолияти интиқоли бори хатарнок, сертификати дахлдори тахассусӣ дошта бошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатнома оид ба истифодаи ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба навъи ҳавопаймои бесарнишини истифодашаванда;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба моликияти шахсии субъекти хоҷагидор будани ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ;
- маълумот оид ба мақсади истифодаи парвози ҳавопаймои бесарнишин;
- маълумот дар бораи шахсе, ки ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ ба номи ӯ ҳамчун истифодабаранда ба қайд гирифта мешавад;
- шаҳодатномаи дар бораи аз қайди давлати хориҷӣ баровардани ҳавопаймои бесарнишин (агар ҳавопаймои бесарнишини мазкур дар феҳристи давлатии дигар кишвар ба қайд гирифта шуда бошад);
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияте, ки ҳавопаймои бесарнишини гражданиро истифода мебаранд;
- нусхаи санади мувофиқасозии воридоти ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- шаҳодатнома оид ба истифодаи ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ то муҳлати коршоямии ҳавопаймои бесарнишин амал менамояд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатномаи бақайдгирии киштии ҳавоии гражданӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои бақайдгирии киштии ҳавоии гражданӣ;
- амал барои азнавбақайдгирии киштии ҳавоии гражданӣ;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба киштии ҳавоии гражданӣ ва коршоям будани он;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба ҳуқуқи моликияти киштии ҳавоии гражданӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба намуди киштии ҳавоии гражданӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда дар бораи хориҷ намудани киштии ҳавоӣ аз феҳристи давлати хориҷӣ, агар то давраи додани дархост киштии ҳавоии гражданӣ дар дигар давлат ба қайд гирифта шуда бошад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- шаҳодатномаи бақайдгирии киштии ҳавоии гражданӣ то давраи бегона кардани (фурӯхтани) киштии ҳавоии гражданӣ амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳи ҳавоии байналмилалӣ ва маҳаллӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи молу мулк ё дигар асосҳои қонунии истифодаи молу мулк барои фаъолият;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникии фаъолияти аэродром ё фурудгоҳи ҳавоии байналмилалӣ ва маҳаллӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии аэродром ё фурудгоҳи ҳавоии байналмилалӣ ва маҳаллӣ ва ҷавобгӯй будани он ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии аэродром ё фурудгоҳи ҳавоии байналмилалӣ ва маҳаллӣ гирифта шудааст, то давраи бегона кардан (фурӯхтан)-и аэродром ё фурудгоҳи ҳавоӣ ё тағйир додани фаъолияти аэродром ё фурудгоҳи ҳавоии байналмилалӣ ва маҳаллӣ амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: сертификати ташкилотҳои (корхонаҳои) авиатсионӣ ва таълимии авиатсионӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- барои фаъолияти ташкилотҳои (корхонаҳои) авиатсионӣ;
- барои фаъолияти ташкилотҳои (корхонаҳои) таълимии авиатсионӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза сертификати ташкилотҳои (корхонаҳои) авиатсионӣ ва таълимии авиатсиониро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои фаъолияти ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: номаҳдуд;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ вобаста ба ташкилотҳои (корхонаҳои) авиатсионӣ ва таълимии авиатсионӣ;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (бино, техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои таълимии ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯй, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд);
- дар ҷадвали баставии ташкилотҳои (корхонаҳои) авиатсионӣ ва таълимии авиатсионӣ мавҷудияти шумораи мутахассисон аз рӯйи зинаи таҳсилот;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯйи ихтисоси соҳаи авиатсияи гражданӣ (барои марказҳои таълимии авиатсионӣ);
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: сертификати мутобиқат барои фаъолияти нақлиётӣ-экспедитсионӣ дар нақлиёти ҳавоӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолияти экспедитсионӣ пешбинӣ шудаанд;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ вобаста ба намудҳои фаъолияти экспедитсионӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба ҳайати кормандоне, ки барои басту банд намудани борҳои интиқолшаванда машғул мебошанд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба ҳамкориҳои тарафайн ҷиҳати интиқоли борҳо тариқи ширкатҳои ҳавопаймоӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, стандартҳои миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисоси нақлиётӣ-экспедитсионӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 15. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи гумрук
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатнома барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;
- маълумотнома дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;
- маълумотнома дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, тарз ва мӯҳлати иҷрои он;
- маълумотнома дар бораи ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;
- маълумотнома дар бораи меъёри маҳсули коркард;
- маълумотнома дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии моли воридшуда бо маҳсули коркард;
- маълумотнома дар бораи ивази моли воридшуда бо моли эквивалентӣ;
- маълумотнома дар бораи муҳлати коркарди мол;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- амале, ки барои он рухсатнома барои коркарди мол дар ҳудуди гумрукӣ гирифта шудааст, бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол ва муҳлате, ки барои ихтиёрдории маҳсули коркарди он зарур аст, наметавонад аз 2 (ду) сол зиёд бошад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд;
- маълумотнома дар бораи моле, ки барои коркард таъин гардидааст, маҳсули коркард, инчунин партову пасмондаҳо;
- маълумотнома дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мӯҳлати иҷрои он;
- маълумотнома дар бораи маҳали ҷойгиршавии иқтидорҳои истеҳсолие, ки тавассути онҳо амалиёти коркарди мол иҷро карда мешавад;
- маълумотнома дар бораи меъёри маҳсули коркард;
- маълумотнома дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли воридотии коркардшуда;
- маълумотнома дар бораи муҳлати коркарди мол;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- амале, ки барои он рухсатномаи коркарди мол барои муомилоти озод гирифта шудааст, бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди он наметавонад аз 1 (як) сол зиёд бошад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: рухсатнома барои коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустақиман амалиёти коркарди молро иҷро менамояд ва маҳали ҷойгиршавии он (онҳо);
- маълумотнома дар бораи моли мавриди коркард;
- маълумотнома дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мӯҳлати иҷрои он;
- маълумотнома дар бораи меъёри маҳсули коркард (агар дар рӯзи пешниҳоди ариза ин меъёр аз ҷониби декларант муайян шуда бошад);
- маълумотнома дар бораи моли коркардшаванда ва миқдори эҳтимолии он;
- маълумотнома дар бораи усулҳои ҳаммонандсозии маҳсули моли содиротии коркардшуда бо маҳсули коркард;
- маълумотнома дар бораи иваз намудани маҳсули коркард ба моли хориҷӣ;
- маълумотнома дар бораи муҳлати коркарди мол;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- амале, ки барои он рухсатнома барои коркарди мол берун аз ҳудуди гумрукӣ гирифта шудааст, бо назардошти давомнокии ҷараёни коркарди мол, мӯҳлате, ки барои интиқоли маҳсули коркард зарур аст, наметавонад аз 2 (ду) сол зиёд бошад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шиносномаи соҳибкори инфиродӣ ва ё кормандони шахси ҳуқуқӣ;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатии соҳибкори инфиродӣ ва ё кормандони шахси ҳуқуқӣ, ки собиқаи на кам аз 2 (ду) соли кориро тасдиқ намояд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва шакли электронии онҳо, ки барои мақсадҳои гумрукӣ зарур мебошанд;
- дар шакли муқарраршуда арз намудани низоми гумрукии интихобгардида оид ба мол ва воситаҳои нақлиёт ва дигар маълумоте, ки барои мақсадҳои гумрукӣ зарур мебошанд;
- дуруст истифода бурдани меъёрҳои боҷҳои гумрукӣ, андозҳо ва хироҷи гумрукӣ;
- дуруст ҳисоб кардани маблағҳои пешбинишудаи пардохтҳои гумрукӣ вобаста ба низоми гумрукии интихобгардида;
- дуруст муайян намудани рамзи мол тибқи Номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
- дуруст муайян намудани кишвари истеҳсоли мол ва воситаҳои нақлиёт;
- дуруст муайян намудани арзиши гумрукӣ;
- дуруст истифода бурдани технологияҳои иттилооти комуникатсионӣ;
- дорандаи шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ вазифадор аст, дар ҳар ду сол баъд аз гирифтани шаҳодатномаи тахассусии мутахассиси барасмиятдарории гумрукӣ, тибқи барномаи такмили дараҷаи тахассусӣ ба таълим фаро гирифта шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти таҳсилоти олӣ, собиқаи кории на кам аз 2 (ду) сол ва дорандаи маълумот оид ба барасмиятдароририи гумрукӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 16. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи
стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: шаҳодатнома оид ба воридот ва ба муомилот баровардани гази моеи карбогидридӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (техникаҳои ҷалбкардашуда);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият, аз ҷумла анборҳои нигоҳдорӣ ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои нигаҳдории газҳои моеи карбогидридӣ;
- маълумот оид ба мутобиқати таҷҳизоту асбобҳо ба стандартҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба нуқтаҳои фурӯши гази моеи карбогидридӣ (агар мавҷуд бошанд);
- номгӯйи воситаҳои интиқолдиҳии газҳои моеи карбогидридӣ (агар мавҷуд бошанд);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёру стандартҳои давлатӣ дар раванди фаъолият;
- таҷҳизонидани бино ва иншоотҳо бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхторӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- пардохт гардидани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пас аз як сол аз санаи гирифташуда ва пешниҳоди маълумот (расиди пардохт) дар ин хусус то 31 декабри соли тақвимӣ ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- қайди пардохти хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар варақаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва Феҳрист аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
163.Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: Шаҳодатнома оид ба воридоти бензин:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (техникаҳои ҷалбкардашуда);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият, аз ҷумла анборҳои нигоҳдорӣ ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои бензин;
- маълумот оид ба мутобиқати таҷҳизоту асбобҳо ба стандартҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба нуқтаҳои фурӯши бензин (агар мавҷуд бошанд);
- номгӯйи воситаҳои интиқолдиҳии бензин (агар мавҷуд бошанд);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меъёру стандартҳои давлатӣ дар раванди фаъолият;
- таҷҳизонидани бино ва иншоотҳо бо воситаҳои техникии муҳофиза, бонгдиҳӣ ва зиддисӯхторӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- пардохт гардидани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пас аз як сол аз санаи гирифташуда ва пешниҳоди маълумот (расиди пардохт) дар ин хусус то 31 декабри соли тақвимӣ ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- қайди пардохти хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дар варақаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва Феҳрист аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: шаҳодатномаи аккредитатсия барои иҷрои корҳо оид ба сертификатсия ё санҷиши маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои амалҳои анҷомдодашаванда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зарурии дастгоҳ ва таҷҳизотҳое, ки барои амалҳои анҷомдодашаванда аккредитатсия карда мешавад;
- маълумот оид ба номгӯйи намудҳои маҳсулот, кор ва хизматрасонӣ, фаъолияти ҳайати кормандон ва объектҳои дигари баҳодиҳии мутобиқат, ки сертификатсия мешаванд;
- маълумотнома барои маҳсулоти барориш (истеҳсол)-и силсилавӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои техникӣ (шартҳои техникӣ, стандартҳои ташкилот, ҳуҷҷатҳои тарҳсозӣ, технологӣ, тарзи истифодабарӣ);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мутобиқати объекти баҳодиҳии мутобиқат ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои меъёрии техникии давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст (аз рӯйи талаботи рамзҳои “ГОСТ ИСО\МЭК 17011”, “ГОСТ ИСО 15189”, “ГОСТ ИСО\МЭК 17025”, “ГОСТ ИСО\МЭК 17065”, “ГОСТ ИСО\МЭК 17021-1”, “ГОСТ ИСО\МЭК 17024”, “ГОСТ ИСО\МЭК 17020”);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти кормандони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси метрология, стандартизатсия ва сертификатсия;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Муассисаи давлатии «Маркази миллӣ оид ба аккредитатсия» Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 17. Мақоми ваколатдор дар соҳаи
танзими сиёсати зиддиинҳисорӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: розигӣ барои таъсис ва аз нав ташкил додани шахси ҳуқуқии дорои мавқеи ҳукмфармоӣ;
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти амалишаванда (истеҳсолӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол;
- нусхаи тавозуни муҳосибӣ ва ё ҳисоботи молиявӣ;
- маълумотнома оид ба тарафҳои содиркунандаи аҳд (амал);
- маълумот оид ба ҳуқуқҳои истисноии (моликияти зеҳнӣ) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони хориҷӣ;
- иттилоот оид ба иштироки муассисон дар дигар бозорҳои моли муайян (кор ва хизматрасонӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
- нусхаи қарори муассисон вобаста ба аҳд (амал);
- нусхаи шартнома оид ба харид ва фурӯши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) аз рӯйи хусусияти азнавташкилдиҳӣ;
- иттилоот оид ба номгӯйи шахсони бонуфуз ва ё гурӯҳи шахсони ба доираи онҳо дохилбуда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани розигӣ барои таъсис ва аз нав ташкил додани шахси ҳуқуқии дорои мавқеи ҳукмфармоӣ амали мазкурро на дертар аз 6 моҳ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: розигӣ барои азнавташкилдиҳӣ, сармоягузорӣ ва бастани аҳдҳо аз ҷониби субъектҳои монополияи табиӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи фаъолият вобаста ба самтҳои дахлдори аҳд ва ё амал;
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти амалишаванда (истеҳсолӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол;
- нусхаи тавозуни муҳосибӣ ва ё ҳисоботи молиявӣ;
- маълумотнома оид ба тарафҳои содиркунандаи аҳд (амал);
- маълумот оид ба ҳуқуқҳои истисноии (моликияти зеҳнӣ) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони хориҷӣ;
- иттилоот оид ба иштироки муассисон дар дигар бозорҳои моли муайян (кор ва хизматрасонӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
-нусхаи қарори муассисон вобаста ба аҳд (амал);
- нусхаи шартнома оид ба харид ва фурӯши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) аз рӯйи хусусияти азнавташкилдиҳӣ;
- иттилоот оид ба номгӯйи шахсони бонуфуз ва ё гурӯҳи шахсони ба доираи онҳо дохилбуда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани розигӣ барои азнавташкилдиҳӣ, сармоягузорӣ ва бастани аҳдҳо аз ҷониби субъектҳои монополияи табиӣ амали мазкурро на дертар аз 6 моҳ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: розигӣ барои таъсис ва азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидор, агар андозаи арзиши сармояи оинномавӣ (шарикона)-и онҳо аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи фаъолият вобаста ба самтҳои дахлдори аҳд ва ё амал;
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти амалишаванда (истеҳсолӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол;
- нусхаи тавозуни муҳосибӣ ва ё ҳисоботи молиявӣ;
- маълумотнома оид ба тарафҳои содиркунандаи аҳд (амал);
- маълумот оид ба ҳуқуқҳои истисноии (моликияти зеҳнӣ) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони хориҷӣ;
- иттилоот оид ба иштироки муассисон дар дигар бозорҳои моли муайян (кор ва хизматрасонӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
-нусхаи қарори муассисон вобаста ба аҳд (амал);
- нусхаи шартнома оид ба харид ва фурӯши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) аз рӯйи хусусияти азнавташкилдиҳӣ;
- иттилоот оид ба номгӯйи шахсони бонуфуз ва ё гурӯҳи шахсони ба доираи онҳо дохилбуда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани розигӣ барои таъсис ва азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидор, агар андозаи арзиши сармояи оинномавӣ (шарикона)-и онҳо аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад, амали мазкурро на дертар аз 6 моҳ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: розигӣ барои муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои онҳо (дороиҳои гурӯҳи шахсон) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи фаъолият вобаста ба самтҳои дахлдори аҳд ва ё амал;
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти амалишаванда (истеҳсолӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол;
- нусхаи тавозуни муҳосибӣ ва ё ҳисоботи молиявӣ;
- маълумотнома оид ба тарафҳои содиркунандаи аҳд (амал);
- маълумот оид ба ҳуқуқҳои истисноии (моликияти зеҳнӣ) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони хориҷӣ;
- иттилоот оид ба иштироки муассисон дар дигар бозорҳои моли муайян (кор ва хизматрасонӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
-нусхаи қарори муассисон вобаста ба аҳд (амал);
- нусхаи шартнома оид ба харид ва фурӯши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) аз рӯйи хусусияти азнавташкилдиҳӣ;
- иттилоот оид ба номгӯйи шахсони бонуфуз ва ё гурӯҳи шахсони ба доираи онҳо дохилбуда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани розигӣ барои муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои онҳо (дороиҳои гурӯҳи шахсон) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад, амали мазкурро на дертар аз 6 моҳ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: розигӣ барои таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавӣ (шарикона)-и он бо саҳмияҳо ва ҳиссаҳо ё молу мулки дигар шахси ҳуқуқӣ;
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи фаъолият вобаста ба самтҳои дахлдори аҳд ва ё амал;
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти амалишаванда (истеҳсолӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол;
- нусхаи тавозуни муҳосибӣ ва ё ҳисоботи молиявӣ;
- маълумотнома оид ба тарафҳои содиркунандаи аҳд (амал);
- маълумот оид ба ҳуқуқҳои истисноии (моликияти зеҳнӣ) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони хориҷӣ;
- иттилоот оид ба иштироки муассисон дар дигар бозорҳои моли муайян (кор ва хизматрасонӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
-нусхаи қарори муассисон вобаста ба аҳд (амал);
- нусхаи шартнома оид ба харид ва фурӯши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) аз рӯйи хусусияти азнавташкилдиҳӣ;
- иттилоот оид ба номгӯйи шахсони бонуфӯз ва ё гурӯҳи шахсони ба доираи онҳо дохилбуда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани розигӣ барои таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавӣ (шарикона)-и он бо саҳмияҳо ва ҳиссаҳо ё молу мулки дигар шахси ҳуқуқӣ, амали мазкурро на дертар аз 6 моҳ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: розигӣ барои ба даст овардани саҳмияҳои овоздор дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи фаъолият вобаста ба самтҳои дахлдори аҳд ва ё амал;
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти амалишаванда (истеҳсолӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол;
- нусхаи тавозуни муҳосибӣ ва ё ҳисоботи молиявӣ;
- маълумотнома оид ба тарафҳои содиркунандаи аҳд (амал);
- маълумот оид ба ҳуқуқҳои истисноии (моликияти зеҳнӣ) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони хориҷӣ;
- иттилоот оид ба иштироки муассисон дар дигар бозорҳои моли муайян (кор ва хизматрасонӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
- нусхаи қарори муассисон вобаста ба аҳд (амал);
- нусхаи шартнома оид ба харид ва фурӯши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) аз рӯйи хусусияти азнавташкилдиҳӣ;
- иттилоот оид ба номгӯйи шахсони бонуфуз ва ё гурӯҳи шахсони ба доираи онҳо дохилбуда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани розигӣ барои ба даст овардани саҳмияҳои овоздор дар сармояи оинномавии субъектҳои хоҷагидор, амали мазкурро на дертар аз 6 моҳ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: розигӣ барои барҳамдиҳӣ ва тақсимкунӣ (ҷудокунӣ)-и шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши дороиҳояш аз бисту панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дорад;
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатномаи фаъолият вобаста ба самтҳои дахлдори аҳд ва ё амал;
- маълумот дар бораи намуди фаъолияти амалишаванда (истеҳсолӣ, воридот ва содироти молу маҳсулот (кор ва хизматрасонӣ), маҷмӯи истеҳсол ва фурӯши маҳсулот (кор, хизматрасонӣ) дар бозорҳои дахлдори мол;
- нусхаи тавозуни муҳосибӣ ва ё ҳисоботи молиявӣ;
- маълумотнома оид ба тарафҳои содиркунандаи аҳд (амал);
- маълумот оид ба ҳуқуқҳои истисноии (моликияти зеҳнӣ) шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва шахсони хориҷӣ;
- иттилоот оид ба иштироки муассисон дар дигар бозорҳои моли муайян (кор ва хизматрасонӣ) бо замимаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда;
-нусхаи қарори муассисон вобаста ба аҳд (амал);
- нусхаи шартнома оид ба харид ва фурӯши ҳиссаҳо дар сармояи оинномавӣ (шарикона) аз рӯйи хусусияти азнавташкилдиҳӣ;
- иттилоот оид ба номгӯйи шахсони бонуфуз ва ё гурӯҳи шахсони ба доираи онҳо дохилбуда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки пас аз гирифтани розигӣ барои барҳамдиҳӣ ва тақсимкунӣ (ҷудокунӣ)-и шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши дороиҳояш аз бисту панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дорад, амали мазкурро на дертар аз 6 моҳ анҷом диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 18. Мақоми ваколатдори давлатии бехатарии
корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатномаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ:
1) зернамудҳои амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои фаъолият;
- варақаи ба ҳисобгирии иншоот дар 3 нусха, оид ба ҳар як иншоот;
- хулосаи ташхиси бехатарии саноатӣ (ҳангоми гузаронидани мушаххасгардонӣ аз тарафи ташкилоти ташхискунанда);
- маълумот оид ба ҳайат ва ҳаҷми истеҳсолоти иншоот;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ҳангоми фаъолият риояи иҷрои талаботи қонунигузорӣ дар самти бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок ва Қоидаҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ;
- ба меъёру талаботҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқат кардани иншоотҳо (истеҳсолкунанда, истифодабаранда, аз нав коркардабароӣ, ба вуҷуд омада, нигоҳдоранда, кашонанда, барҳамдиҳанда)-е, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолият ва амал аз ҷониби дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ амалӣ карда мешавад;
- амале, ки барои он шаҳодатномаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо Қоидаҳои бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ 5 сол муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ:
1) зернамудҳои амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба макони амали намудани иҷрои корҳои таркишӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои фаъолият ва амал;
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани кормандони бо маводи тарканда фаъолияткунанда;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ барои кормандони бо маводи тарканда фаъолияткунанда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
-ҳангоми фаъолият риояи иҷрои талаботи қонунгузорӣ дар самти муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ ва бехатарии саноатии иншооти истеҳсолии хатарнок, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- шахсони анҷомдиҳандаи корҳои вобаста ба маводи тарканда аз тайёрии махсус, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, гузашта бошанд;
- бо риояи талаботи стандартҳои давлатӣ, меъёр ва қоидаҳои муқарраршуда истифода ва нигоҳ доштани маводи тарканда, ки ба гум нашудани сифат ва ҳифзи онҳо таъмин гардад;
- суғуртаи ҳатмии шахси анҷомдиҳандаи муомилоти маводи тарканда барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва амвол;
- ба меъёру талаботҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқат кардани иншоотҳо ва таҷҳизотҳое, ки бо ёрии онҳо намуди амал ба роҳ монда мешавад;
- амале, ки барои он иҷозат гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо Қоидаҳои ягонаи бехатарӣ ҳангоми корҳои таркишӣ то 6 (шаш) моҳ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мутахассисони дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи касбии соҳаи кӯҳӣ, маркшейдерӣ ва кӯҳии зеризаминӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти борбардор:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатшаванда: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёт ва сохтмони хатҳои газӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба сатҳи дониши кормандони муҳандисию техникӣ ва коркунони хизматрасон оид ба донистани қоидаҳо ва дастурамалҳои бехатарона пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти борбардор;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ (барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти борбардор);
- амале, ки барои он иҷозат гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо Қоидаҳои бехатарӣ дар хоҷагиҳои газӣ то 1 (як) сол муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатшаванда: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани кормандони бо истифодабарии анборҳои маводи тарканда фаъолияткунанда;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ барои кормандони дар анбори нигоҳдории маводи тарканда фаъолияткунанда;
- нусхаи иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба қабули анбори нигоҳдории маводи тарканда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- бо риояи талаботи стандартҳои давлатӣ ва бехатарӣ, меъёр ва қоидаҳои муқарраршуда нигоҳ доштани маводи тарканда дар анбор, ки ба гум нашудани сифат ва ҳифзи онҳо таъмин гардад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатнома барои харидани маводи тарканда:
1) зернамудҳои фаъолияти иҷозатшаванда: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба заминаи моддию техникӣ;
- рӯйхати маводи таркандае, ки бояд харидорӣ карда шавад;
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани кормандони бо харидани маводи тарканда фаъолияткунанда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба харидорӣ намудани маводҳои тарканда;
- нусхаи иҷозатнома барои фаъолият оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ, паҳн кардан, интиқол додан ва истифодаи маводи таркандаи таъиноти саноатӣ;
- нусхаи шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда;
- маълумот оиди дар куҷо истифода бурдани маводи тарканда ва шартномаи тарафайн;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона барои харидани маводи тарканда;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 19. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: иҷозат барои истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба намуд ва ҳаҷми захираи дархостшуда;
- маълумот оид ба ҳудуди истифодабарии захираи рақамгузорӣ;
- нақшаи сохти шабакаи алоқа ва номгӯйи хизматрасонии алоқаи барқӣ, ки барои расонидани онҳо захираи рақамгузории дархостшаванда бояд истифода бурда шавад;
- маълумотнома дар бораи риояшавии тартиби истифодаи рақамҳои қаблан ҷудошуда, санади муқоисавии пардохти маблағҳои муқарраршуда ва асосноккунии молиявӣ ва техникии зарурияти гирифтани рақамҳои нав;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷуд будани иттилооти дуруст дар ҳуҷҷатҳое, ки ба ариза замима мегарданд;
- мутобиқ будани нақшаи сохти шабакаи алоқаи барқӣ, хизматрасониҳои алоқаи барқӣ ва захираи рақамгузории дархостшаванда ба якдигар;
- маҳдуд набудани захираи рақамгузорӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқ будани захираи рақамгузории дархостшаванда ба Системаи рақамгузорӣ ва Нақшаи рақамгузорӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият: иҷозат барои истифодабарии радиобасомадҳо:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: номаҳдуд;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маълумот оид ба нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизот, ки барои он радиобасомад дархост карда мешавад, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти таҷҳизот барои истифодабарии радиобасомадҳо ва ҷавобгӯй будани он ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият ва амал: иҷозат барои насб ва истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал барои насби воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд;
- фаъолият барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд;
2) муҳлати амал:
- муҳлати амали иҷозат барои насби воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд - номаҳдуд;
- муҳлати амали иҷозат барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд - якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизот, ки барои насби онҳо иҷозат дархост мегардад (барои насби воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд);
- маълумот оид ба нишондиҳандаҳои техникии таҷҳизот, ки тариқи онҳо фаъолият барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд, ба роҳ монда мешавад (оид ба фаъолият барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти таҷҳизот барои фаъолият оид ба истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд ва ҷавобгӯй будани онҳо ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст (оид ба фаъолият барои истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд);
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- то 31 декабри соли тақвимӣ пардохт намудани хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: бақайдгирии шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ нусхаи шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ пешниҳод карда мешавад;;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 20. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи назорати маводи нашъаовар
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: шаҳодатномаи воридот ва содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд:
- амал оид ба воридоти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- амал оид ба содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза шаҳодатномаи воридот ва содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадорро ва моддаҳои психотропӣ дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ танҳо барои як зернамуди амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- номгӯйи прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва ё моддаҳои психотропӣ, ки бояд воридот ва ё содирот карда шаванд;
- маълумотнома оид ба зарурати воридот ё содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба хариду фурӯши прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ (бо корхонаҳои хориҷи кишвар ва ё ватанӣ);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи шарт ва талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- ба меъёру талаботҳои муқарраршуда мутобиқат кардани объектҳое, ки бо ёрии онҳо намуди фаъолияти иҷозатдодашуда амалӣ карда мешавад;
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба муомилоти қонунии прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ оид ба шароити нигоҳдории прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- манъ будани истифодаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ аз тарафи шахсони сеюм;
- дар муддати 10 рӯз пешниҳод намудани маълумот оид ба воридот ё содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ;
- прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, ки барои онҳо шаҳодатномаи воридоти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 1 (як) сол аз рӯзи гирифтани шаҳодатнома, воридоти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон якуякбора ё қисм-қисм ворид намояд. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур шаҳодатномаи воридоти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ беэътибор дониста мешавад;
- прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва ё моддаҳои психотропӣ, ки барои онҳо шаҳодатномаи содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда аз 1 (як) моҳ аз рӯзи гирифтани шаҳодатнома, содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропиро аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот намояд. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур шаҳодатномаи воридот ва содироти прекурсорҳои воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ беэътибор дониста мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 21. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои ҷойгир кардани рекламаи берунӣ:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи паҳн намудани рекламаи берунии пешниҳодшаванда, ҷой ва маҳалли ҷойгиршавии он;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба ҳуқуқи истифодаи мавзеъ, бино, иншоот ва дигар объектҳо барои паҳн намудани реклама;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ паҳн намудани реклама, ки он истифодабарандаро ба иштибоҳ, ба саломатии онҳо, молу мулки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, тарзи ҳаёт, шаъну шараф ё эътибори кории шахсони мазкур таҳдид ва ё зарар нарасонад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин:
1) зернамудҳои фаъолият, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя гардидани муқаррароти Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҷудо гардидани қитъаи замин;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
4) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
5) мақомоти иҷозатдиҳанда: мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозати сохтмони бино ва иншоот:
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин;
- ҳуҷҷати лоиҳавии тасдиқшуда;
- хулосаи мусбии экспертизаи ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ (дар ҳолати тибқи Кодекси шаҳсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳатмӣ будани экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ);
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя гардидани муқаррароти Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ;
- дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ уҳдадор аст сохтмони бино ва иншоотро, ки барои он иҷозати сохтмони бино ва иншоот гирифта шудааст, на дертар аз се сол оғоз намояд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
- Номгӯйи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои амал: иҷозат барои таъсиси шабакаҳои кабелии пахши барномаҳо;
1) зернамудҳои амале, ки гирифтани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро талаб мекунанд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
- пешниҳоди маълумот оид ба басомад, забон, ҳудуди фарогирӣ, усули пахш, фосила, ҳаҷм ва вақти пахш;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радио, алоқаи барқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
- АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛҲОИ ТАСДИҚ ВА МУВОФИҚАСОЗӢ
- 1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия
- Номгӯйи санад: сертификати муҳосиби касбӣ (барои сармуҳосибони субъектҳои дорои манфиати умум):
1)зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- барои соҳибкори инфиродӣ – нусхаи шиноснома, барои шахси ҳуқуқӣ рӯйхати кормандон (бо нусхаи шиносномаи онҳо), ки барои гирифтани шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ пешниҳод мегарданд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, бонкдорӣ, иқтисодчӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, андоз ва андозбандӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- субъекти хоҷагидор уҳдадор аст, ки ҳар се сола аз лаҳзаи гирифтани сертификати муҳосиби касбӣ (барои сармуҳосибони субъектҳои дорои манфиати умум) тахассуси кормандлони худро дар самти муҳосибот такмил диҳад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси молия ва қарз, бонкдорӣ, иқтисодчӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, аудит, андоз ва андозбандӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификати металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷати гумрукӣ, ки воридоти маснуотро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад (агар маснуот аз хориҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида бошад) пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
- сертификате, ки барои металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо дода шудааст, аз лаҳзаи ба фурӯш рафтани металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо беэътибор дониста мешавад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Нозироти давлатии иёргирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификати резидентӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷати муайянкунандаи манбаи даромад аз давлати хориҷӣ (шартномаи басташуда ва (ё) маълумотнома ва ғайра) пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 2. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи энергетика ва захираҳои об
- Номгӯйи санад: хулоса аз натиҷаи корҳои озмоишии электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳо ва ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи нақшаи якхатаи таъминоти энергияи барқ;
- рӯйхати заминпайвандҳо, ноқилу кабелҳо ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти озмоишшаванда бо нишон додани номгӯй, миқдор ва намуди онҳо;
- воситаҳои ҳимоявии озмоишшаванда (барои ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутахассисони соҳа, доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти шартнома оид ба гузаронидани корҳои озмоишӣ;
- амале, ки барои он хулоса аз натиҷаи корҳои озмоишии электротехникии заминпайвандҳо ва оиқи ноқилу кабелҳо ва ташхиси воситаҳои ҳимоявӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисӣ ва техникӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавии Хадамот.
- Номгӯйи санад: мувофиқакунии меъёрҳои сарфи технологии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи техникии дастгоҳҳо ё таҷҳизотҳои барқӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мутахассисони соҳа, доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи шарт ва талаботи қоида ва меъёрҳои сарфи захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ва маҳсулоти истеҳсолшаванда;
- амале, ки барои он мувофиқасозии меъёрҳои сарфи технологии захираҳои сӯзишворию энергетикӣ ба воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисӣ ва техникӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои шаҳрию минтақавии Хадамот.
- 3. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ
- Номгӯйи санад: мувофиқасозии лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири бино, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, пулҳо ва гузаронидани корҳои иктишофӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ нусхаи лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири бино, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, пулҳо ва гузаронидани корҳои иктишофӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири бино, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, пулҳо ва гузаронидани корҳои иктишофӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида таҳия гардидааст;
- лоиҳаҳо, нақшаҳои сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири бино, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, пулҳо ва гузаронидани корҳои иктишофӣ, ки мувофиқасозӣ карда шудааст, то анҷом ёфтани сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири бино, роҳҳои автомобилгард, кӯчаҳо, пулҳо ва гузаронидани корҳои иктишофӣ амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқасозии хатсайри воситаҳои нақлиёт оид ба кашонидани борҳои хатарнок:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома аз мақомоти тандурустӣ дар хусуси дар қайди бемориҳои рӯҳӣ, нашъамандӣ ва майзадагӣ қарор надоштани шахсони анҷомдиҳандаи кашонидани борҳои хатарнок;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ барои шахсони анҷомдиҳандаи кашонидани борҳои хатарнок (барои кашонидани борҳои махсусан хатарнок, аз ҷумла маводҳо ва моддаҳои тарканда, заҳрнок, сирояткунанда ва радиоактивӣ);
- маълумотнома оид ба намуди борҳои хатарноки интиқолшаванда;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба интиқол ва қабули борҳои хатарнок;
-маълумоти техникӣ оид ба мавҷуд будани низоми иттилоот оид ба хатар дар автомобиле, ки борҳои хатарнок тавассути он интиқол дода мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда риояи қоидаҳои муносибати эҳтиёткорона ҳангоми кашонидани борҳои хатарнок;
- ба меъёру талаботи муқарраршуда ҷавобгӯй будани воситаи нақлиёт;
- ҳангоми кашонидани борҳои махсусан хатарнок таъмин гардидани онҳо бо шахсони силоҳдори ташкилоти муҳофизатӣ (барои кашонидани борҳои махсусан хатарнок, аз ҷумла маводҳо ва моддаҳои тарканда, заҳрнок, сирояткунанда ва радиоактивӣ);
- суғуртаи ҳатмии шахси анҷомдиҳандаи кашонидани борҳои хатарнок барои расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ва амвол;
- амале, ки барои он мувофиқасозии хатсайри воситаҳои нақлиёт оид ба кашонидани борҳои махсусан хатарнок, аз ҷумла маводҳо ва моддаҳои тарканда, заҳрнок, сирояткунанда ва радиоактивӣ гирифта шудааст, аз нуқтаи интиқол то таҳвили он ба нуқтаи қабули борҳои хатарнок амал намуда, бояд дар муҳлати 10 (даҳ) рӯз аз лаҳзаи мувофиқасозии хатсайри воситаҳои нақлиёт оид ба кашонидани борҳои махсусан хатарнок гирифта шудааст, анҷом дода шавад;
- амале, ки барои он мувофиқасозии хатсайри воситаҳои нақлиёт оид ба кашонидани борҳои хатарнок, аз ҷумла газҳои фишурда, моеъ, моеъҳои зудоташгиранда, моддаҳои сахти зудоташгиранда, оксидкунанда ва пероксидҳои органикӣ, зангзананда ва дигар моддаҳою маҳсулоти хатарнок гирифта шудааст, дар муҳлати 6 (шаш) моҳ бояд анҷом дода шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: санад аз натиҷаи санҷиши истгоҳҳои ёрии техникӣ ва ташкилотҳои дигар барои иҷозати гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти ба садама дучоршуда, инчунин ташкилотҳои махсусгардонидашуда барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт барои кор бо намудҳои гуногуни сӯзишворӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд:
- амал аз натиҷаи санҷиши истгоҳҳои ёрии техникӣ ва ташкилотҳои дигар барои иҷозати гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти ба садама дучоршуда;
- амал аз натиҷаи санҷиши ташкилотҳои махсусгардонидашуда барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт барои кор бо намудҳои гуногуни сӯзишворӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза санад аз натиҷаи санҷиши истгоҳҳои ёрии техникӣ ва ташкилотҳои дигар барои иҷозати гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти ба садама дучоршуда, инчунин ташкилотҳои махсусгардонидашуда барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт барои кор бо намудҳои гуногуни сӯзишвориро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамуди амалҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани санади мазкур танҳо барои як зернамуди санад ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои анҷом додани амали тасдиқ маълумотнома оид ба мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ барои ёрии техникӣ ва ташкилотҳои дигар барои гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти ба садама дучоршуда, инчунин ташкилотҳои махсусгардонидашуда барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт барои кор бо намудҳои гуногуни сӯзишворӣ пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷуд будани заминаи моддию техникӣ барои ёрии техникӣ ва ташкилотҳои дигар барои гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти ба садама дучоршуда, инчунин ташкилотҳои махсусгардонидашуда барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт барои кор бо намудҳои гуногуни сӯзишворӣ;
- амале, ки барои он санад аз натиҷаи санҷиши истгоҳҳои ёрии техникӣ ва ташкилотҳои дигар барои иҷозати гузаронидани муоинаи техникӣ ва таъмири воситаҳои нақлиёти ба садама дучоршуда, инчунин ташкилотҳои махсусгардонидашуда барои азнавтаҷҳизонии воситаҳои нақлиёт барои кор бо намудҳои гуногуни сӯзишворӣ гирифта шудааст, то иваз кардани самти фаъолияти субъекти хоҷагидор амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 4. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Номгӯйи санад: шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои тандурустӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои амалҳои анҷомдодашаванда (агар шахси ҳуқуқӣ бошад);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зарурии дастгоҳ ва таҷҳизотҳои тиббии субъекти хоҷагидоре, ки барои амалҳои анҷомдодашаванда аккредитатсия карда мешавад;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилот аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя гардидани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии субъекти хоҷагидор ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои фарматсевтӣ ва намояндагони тиббӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои амалҳои анҷомдодашаванда;
- нусхаи хуҷҷатҳое, ки мутобиқати таҷҳизотро барои анҷом додани фаъолияти фарматсевтӣ ва фаъолият оид ба истеҳсоли дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ, истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунониро тасдиқ мекунад (барои субъектқои навтаъсис);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи талабот ва шартҳои тахассусие, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ҳангоми фаъолият оид ба истеҳсоли воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизатсионӣ риояи регламентҳои техникӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя намудани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти заминаи моддию техникии субъекти хоҷагидор ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оиди ба қайди давлатӣ гирифтани дору ва молҳои тиббӣ;
- мавҷудияти низоми дохилии санҷиши сифати воситаҳои дезинфексионӣ, дезинсексионӣ ва дератизасиякунонӣ;
- мавҷудияти қабули иқтидори истеҳсолӣ;
- фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки дорои шаҳодатномаи аккредитатсияи муассисаҳои фарматсевтӣ ва намояндагони тиббӣ мебошанд, танҳо аз ҷониби дорандаи иҷозатномаи фаъолияти фарматсевтӣ ба роҳ монда мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси тиббӣ ва фарматсевтӣ мебошанд;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ.
- Номгӯйи санад: сертификати дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи рухсатнома барои воридот ва содироти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи миқдори дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти бақайдгирии давлатии дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотии истеҳсоли ватанӣ ва хориҷӣ;
- амале, ки барои анҷом додани он сертификати дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ амал мекунад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқакунонии усулҳои нобудсозии пеститсидҳо ва химикатҳои муҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои пешбурди фаъолият;
- номгӯй, ҳаҷм (партия) ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зархимикатҳо ва пестиситҳо;
- номгӯйи таҷҳизотҳо ва лавозимот барои несту нобуд кардани зархимикатҳо ва пестиситҳо;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мутахассиси соҳаи зархимикатҳо ва пестиситҳо;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ барои нигоҳдорӣ ва несту нобудсозии маводи зархимикатҳо ва пестиситҳо ва ҷавобгӯй будани он ба меъёрҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя гардидани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- мавҷудияти либосҳои махсуси корӣ барои коркарди зархимикат ва пестиситҳо;
- усулҳои нобудсозии пеститсидҳо ва химикатҳои муҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта, ки мувофиқа карда мешаванд, бояд дар муҳлати то 1 моҳ нобуд карда шаванд;
- дар мавриди нобудсозии пеститсидҳо ва химикатҳои муҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта оид ба он маълумот ба мақомоти иҷозатдиҳанда пешниҳод карда мешавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқакунонии лоиҳаҳои биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул) ва таҷҳизоти онҳо:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои пешбурди фаъолият;
- номгӯйи пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга ва нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи онҳо;
- номгӯйи таҷҳизотҳо ва лавозимот барои несту нобуд кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя гардидани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: хулосаи санитарию эпидемиологӣ барои маҳсулот:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани он амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи молу маҳсулот пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ риоя гардидани ҳолати санитарию беҳдоштӣ;
- хулосаи санитарию эпидемиологие, ки барои маҳсулот гирифта шудааст, то муҳлати эътибори маҳсулот амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт
- Номгӯйи санад: мувофиқакунии сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи лоиҳаи сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти лоиҳаи сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард, тибқи тартиби муқарраргардида таҳия гардидааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисе, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси роҳсозӣ ва хоҷагии роҳҳо мебошад;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: хулоса барои иҷро намудани корҳо тибқи лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ё таҷдиди роҳҳои автомобилгард:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи лоиҳаи сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти лоиҳаи сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард, тибқи тартиби муқарраргардида таҳия гардидааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисе, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси роҳсозӣ ва хоҷагии роҳҳо мебошад;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификати мутобиқат дар соҳаи нақлиёт:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ номгӯйи техника, таҷҳизот ва хизматрасоние, ки бояд аз сертификатсия гузарад пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти техника, таҷҳизот ва хизматрасоние, ки ба талаботи меъёрӣ мутобиқат мекунад;
- санаде, ки барои он сертификати мутобиқат дар соҳаи нақлиёт гирифта шудааст, дар давоми 1 (як) сол бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификати баркашӣ дар соҳаи нақлиёт
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ номгӯйи техникае, ки бояд аз сертификатсия гузарад, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти техникае, ки ба талаботи меъёрӣ мутобиқат мекунад;
- санаде, ки барои он сертификати баркашӣ дар соҳаи нақлиёт гирифта шудааст, то ба нуқтаи ниҳоӣ расонидани бор бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқакунии убури роҳҳои автомобилгард бо каналҳо, хатҳои алоқа, интиқоли барқ, лӯлаҳои нафт, газ, об ва роҳҳои оҳан, таҷҳизоти пайвастшавӣ ва воридшавӣ:
1) зернамудҳои фаъолият ва амалҳое, ки анҷом додани мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи лоиҳаи сохтмони роҳҳои автомобилгард бо каналҳо, хатҳои алоқа, интиқоли барқ, лӯлаҳои нафт, газ, об ва роҳҳои оҳан, таҷҳизоти пайвастшавӣ ва воридшавӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти лоиҳаи сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард, тибқи тартиби муқарраргардида таҳия гардидааст;
- санаде, ки барои он мувофиқакунии убури роҳҳои автомобилгард бо каналҳо, хатҳои алоқа, интиқоли барқ, лӯлаҳои нафт, газ, об ва роҳҳои оҳан, таҷҳизоти пайвастшавӣ ва воридшавӣ гирифта шудааст, то ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисе, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси роҳсозӣ ва хоҷагии роҳҳо мебошад;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқакунии иҷрои корҳои коркарди қум ва шағал дар маҷрои дарёҳо болотар ё поёнтар аз пулҳо ба масофаи на камтар аз 2 (ду) км:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи лоиҳаи иҷрои корҳои коркарди қум ва шағал дар маҷрои дарёҳо болотар ё поёнтар аз пулҳо ба масофаи на камтар аз 2 (ду) км;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 5) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти лоиҳаи иҷрои корҳои коркарди қум ва шағал дар маҷрои дарёҳо болотар ё поёнтар аз пулҳо ба масофаи на камтар аз 2 (ду) км;
- санаде, ки барои он мувофиқакунии иҷрои корҳои коркарди қум ва шағал дар маҷрои дарёҳо болотар ё поёнтар аз пулҳо ба масофаи на камтар аз 2 (ду) км гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисе, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси роҳсозӣ ва хоҷагии роҳҳо мебошад;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқакунии шартҳои техникии сохтани иншооти коммуникатсионӣ дар қитъаи ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ лоиҳаи шартҳои техникии сохтани иншооти коммуникатсионӣ дар қитъаи ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти шартҳои техникии сохтани иншооти коммуникатсионӣ дар қитъаи ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ;
- санаде, ки барои он мувофиқакунии шартҳои техникии сохтани иншооти коммуникатсионӣ дар қитъаи ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисе, ки дорои таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси роҳсозӣ ва хоҷагии роҳҳо мебошад;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёти Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 6. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои хориҷӣ
- Номгӯйи санад: додани кортҳои бақайдгирӣ ба кормандони филиал ва намояндагиҳои бонкӣ ва ширкатҳои хориҷӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд:
- ба кормандони намояндагиҳои бонкҳои хориҷӣ;
- ба кормандони филиал ва намояндагиҳои ширкатҳои хориҷӣ;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза санад дар бораи додани кортҳои бақайдгирӣ ба кормандони филиал ва намояндагиҳои бонкӣ ва ширкатҳои хориҷиро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амали мувофиқасозиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани амали мувофиқасозӣ танҳо барои як зернамуди амали мувофиқасозӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нома дар варақаи расмӣ бо имзои роҳбари субъекти хоҷагидор;
- маълумотнома оид ба намояндагиҳои бонкӣ ва ширкатҳои хориҷӣ;
- маълумотнома оид ба шарҳи ҳоли кормандон;
- нусхаи шиносномаи кормандони субъекти хоҷагидор;
- саволномаи (анкетаи) пуркардашуда;
- 1 (як) дона сурат дар шакли «jpg» (бо андозаи 2,5x3,5cm, 300 пиксел);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи қонунгузорӣ ва қоидаҳои кишвари иқоматро эҳтиром ва риоя намояд;
- дахолат накардан ба корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- эҳтиром намудани фарҳанг, анъана, урфу одат ва тарзи зиндагӣ ва таҳаммулпазирӣ нисбат ба миллат ва эътиқоди мазҳабии халқҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 7. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
- Номгӯйи санад: сертификати экологӣ барои маҳсулот:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- хулосаи коршиносон оид ба риояи талаботи ягонаи санитарӣ;
- хулосаи коршиносон оид ба ашёи хом оид ба риояи талаботи ягонаи санитарӣ (агар мавҷуд бошад);
- ҳисоботи санҷиши таҳлилӣ ва регламентҳои техникӣ ё дигар ҳуҷҷатҳое, ки тибқи онҳо маҳсулот истеҳсол карда мешавад;
- маълумот оид ба намуди маҳсулот, ки бояд сертификати экологӣ дода шавад ва шаҳодатномаи бақайдгирии мол ва ё маҳсулот;
- протоколҳои санҷишҳои лабораторӣ, сертификатҳои қабул ва ҳуҷҷатҳои меъёрии ташкилот;
- ҳисоботи санҷиши маҳсулот дар лабораторияи аккредитатсияшуда;
- сертификати сифат (агар бошад);
- варақаи маълумоти бехатарӣ (агар бошад);
- хулосаи маҳсулот, сертификатҳои қабул (агар мавҷуд бошад);
- ҳуҷҷати дигари меъёрие, ки ба истеҳсоли маҳсулот ва маҳсулоти ниҳоӣ мувофиқат мекунанд;
-тавсифи маҳсулоти сертификатсияшуда (хусусиятҳои асосӣ);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи санаде, ки барои он сертификати экологӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ гирифтани хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ тибқи талаботи қонунгузории экспертизаи экологӣ ва арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист вобаста моҳияти таъсиррасонии фаъолияти банақшагирифташуда ҳисобот ва ё изҳорот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист таҳия карда мешавад, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- иҷрои пешниҳодҳои хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
- иҷрои чорабиниҳои ҳисобот дар бораи арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист дар рафти амалисозии иншооти лоиҳавӣ;
- риояи марҳилаҳои арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист;
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои амал пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 8. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи рушди сайёҳӣ
- Номгӯйи санад: сертификати маҳсулоти сайёҳӣ, мол ва хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) зернамудҳои фаъолият ва амалҳое, ки анҷом додани амалҳои тасдиқро талаб менамоянд:
- барои маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) субъекти хоҷагидор ариза барои гирифтани сертификати маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сертификати хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мақомоти иҷозатдиҳанда дар алоҳидагӣ пешниҳод менамояд. Дар ин маврид хироҷ барои додани санад аз рӯйи ҳар як зернамуди амали санад пардохт карда мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои фаъолият (барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда бо ташкилоти суғуртавӣ доир ба суғуртаи сайёҳон (барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқнамудаи нотариалии давлати хориҷӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ оид ба машғул шудан ба фаъолияти сайёҳӣ (барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- номгӯйи маҳсулоти сайёҳӣ (барои маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи доштани таҳсилоти олӣ ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисосе, ки дар зербанди 6) банди мазкур пешбинӣ гардидаанд (барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- ҳангоми фаъолият риояи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи нотариалии давлати хориҷӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеии хориҷӣ оид ба машғул шудан ба фаъолияти сайёҳӣ ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ё апостил гузошта шудааст (барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунанда бо ташкилотҳои суғуртавӣ доир ба суғуртаи сайёҳон (барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- муҳлати амали сертификати маҳсулоти сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба фурӯш рафтани маҳсулоти сайёҳӣ эътибор дорад;
- сертификати хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти якдафъаина дошта, бемуҳлат мебошанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисос дар соҳаи сайёҳӣ (барои хизматрасонии фаъолияти субъектони сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: шиносномаи мақоми объектҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншооту объектҳо барои фаъолият;
- рӯйхати номгӯйи иншооту объектҳои соҳаи сайёҳии аризадиҳанда;
- маълумот оид ба арзиши арзёбӣ, аҳамияти таърихӣ, фарҳангӣ ва илмии объектҳои соҳаи сайёҳии аризадиҳанда бо нишон додани тобеияти он;
- маълумот оид ба мавқеи ҷойгиршавӣ ва таъиноти истифодабарии объектҳои соҳаи сайёҳии аризадиҳанда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
-ҳангоми фаъолият риояи иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ва меъёру стандартҳои давлатӣ, байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- ҳангоми фаъолият истифодаи самаранок, ҳифз ва муаррифии захираҳои нодири таърихию фарҳангӣ, табиӣ ва захираҳои сайёҳӣ;
- шиносномаи мақоми объектҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти якдафъаина дошта, бемуҳлат мебошанд;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсус аз рӯйи ихтисос дар соҳаи сайёҳӣ ё доштани собиқаи корӣ дар ҳамин соҳа на кам аз 2 сол;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 9. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ
- Номгӯйи санад: сертификати карантинӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба номгӯйи маводҳои таҳти карантинӣ қарордошта, ки воридот ва содирот мегардад;
- хулосаи ташхиси озмоиши сифати маводи таҳти карантинӣ қарордошта (дар ҳолатҳои зарурӣ);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя ҳатмии қоида ва меъёрҳои муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- маводи таҳти карантинии содиротие, ки барои он сертификати карантинӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда 15 (понздаҳ) рӯз аз рӯзи гирифтани сертификати карантинӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот карда шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур сертификати карантинӣ беэътибор дониста мешавад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификати фитосанитарӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба номгӯйи маводҳои таҳти карантинӣ қарордошта, ки воридот ва содирот мегардад;
- хулосаи ташхиси озмоиши сифати маводи таҳти карантинӣ қарордошта;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риоя қоида ва меъёрҳои муқарарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- маводи таҳти карантиние, ки барои он сертификати фитосанитарӣ дода шудааст, бояд дар муҳлати на зиёда 15 (понздаҳ) рӯз аз рӯзи гирифтани сертификати карантинӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содирот карда шавад. Дар мавриди гузаштани муҳлати мазкур сертификати фитосанитарӣ беэътибор дониста мешавад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 10. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон
- Номгӯйи санад: хулосаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ
1) зернамудҳои амалҳое, ки анҷом додани амалҳи мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ҳуҷҷатҳои лоиҳавӣ барои иншооти сохтмони асосӣ, ки тибқи талаботи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ва стандартҳои давлатӣ иҷро карда шудаанд;
- нусхаи қарори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар бораи сохтмони бино ва иншоот;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии замин;
- шартҳои техникӣ барои пайвастшавӣ ба шабакаҳои муҳандисӣ;
- супориш барои лоиҳакашӣ, ки аз тарафи фармоишгар тасдиқ ва бо лоиҳакаш мувофиқа карда шудааст;
- супориши меъморию тарҳрезӣ барои лоиҳакашӣ;
- натиҷаҳои корҳои таҳиқоти муҳандисӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талабот барои додани хулосаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ (замимаи 10);
- санаде, ки барои он хулосаи экспертизаи давлатии ҳуҷҷатҳои лоиҳавии шаҳрсозӣ гирифта шудааст, то муҳлати эътибори он, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 11. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз
- Номгӯйи санад: санади муқоисавӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани расмиёти мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ маълумот оид ба номгӯйи андозҳо, бақия дар аввали давра, андозҳо, ҷаримаҳо, дарсадҳо, маблағҳои ҳисобшуда ва пардохтгардида, маблағҳои аз буҷет кам кардашуда ва аз ҳисоб баровардашуда, маблағҳои аз буҷет баргардонидашуда, батаъхиргузорӣ, қарзи андозҳо ва бақия дар охири давра пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: нест;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: тасдиқнома барои содироти алюминийи аввалия:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани расмиёти тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани расмиёти тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- эъломияи андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия);
- эъломияи андоз аз фурӯш (алюминийи аввалия) ҳангоми истифодаи низоми гумрукии коркард дар ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: нест;
5) талаботи тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон.
- 12. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ
- Номгӯйи санад: хулоса оид ба сифати нишондодҳои дастгоҳҳои рентгенӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таснифоти дастгоҳҳои рентгенӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таснифоти дастгоҳҳои рентгенӣ;
- амале, ки барои сифати нишондодҳои таснифоти дастгоҳҳои рентгенӣ хулоса гирифта шудааст, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба муҳлати 2 (ду) сол бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- аз ҷониби иҷозатномадор ҳангоми фаъолият риояи меъёру стандартҳои давлатӣ, инчунин байналмилалӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи дахлдор эътироф кардааст;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификат оид ба санҷиш ё андозагирии воситаҳои ченкунӣ (дозиметрҳо):
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ пешниҳоди асбобу таҷҳизот барои санҷиш ё андозагирии воситаҳои ченкунӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- амали сертификате, ки барои санҷиш ё андозагирии воситаҳои ченкунӣ гирифта шудааст, тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба муҳлати 2 (ду) сол бояд барои истифода пешниҳод карда шавад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: хулоса оид ба мавҷудияти радионуклидҳо дар маҳсулоти сохтмонӣ, озуқаворӣ ва намунаҳои гуногун:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд:
- оид ба мавҷудияти радионуклидҳо дар маҳсулоти сохтмонӣ;
- оид ба мавҷудияти радионуклидҳо дар маҳсулоти озуқаворӣ;
- оид ба мавҷудияти радионуклидҳо дар намунаҳои гуногун;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза хулоса оид ба мавҷудияти радионуклидҳо дар маҳсулоти сохтмонӣ, озуқаворӣ ва намунаҳои гуногунро дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амали санадро талаб мекунанд, дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани санад танҳо барои як зернамуди амали санад ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ намунаи мавод ё маҳсулоти таҳлилшаванда пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификати аккредитатсияи ташкилот, кормандон ва шахсони гузаронандаи экспертизаи бехатарии ядроӣ, радиатсионӣ ва амнияти ҷисмонии ядроӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот дар бораи заминаи моддию техникӣ;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи иншоот барои пешбурди фаъолият;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи таҳсилоти тахассусӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оиди аз курсҳои омӯзиш дар самти бехатарии радиатсионӣ гузашта;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: сертификат оид ба такмили ихтисоси кормандон дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) шартҳои иҷозатдиҳӣ: дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
4) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
5) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқакунонии нақшаҳо, лоиҳаҳо, методикаҳо, конструксияҳо ва ҳуҷҷатҳои ба соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ дахлдошта:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ маълумотнома бо замимаи нақшаҳо, лоиҳаҳо, методикаҳо, конструксияҳо ва ҳуҷҷатҳои ба соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ дахлдошта, пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда ва меъёру стандартҳои байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар соҳаи таъмини амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ҳангоми таҳияи нақшаҳо, лоиҳаҳо, методикаҳо, конструксияҳо ва ҳуҷҷатҳои ба соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва ядроӣ дахлдошта;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: хулоса барои маводи таъиноти дуҳадафа:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи таснифоти маводи таъйиноти дуҳадафа;
- пешниҳоди намунаи мавод ё маҳсулот барои муайянсозии мансубияти он ба мавод ё маҳсулоти таъиноти дуҳадафа;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон.
- 13. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ
- Номгӯйи санад: сертификати шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсиониро анҷом медиҳад:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои пешбурди амал;
- маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ вобаста ба амали намудани хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсионӣ;
- маълумот оид ба дараҷаи касбии ҳайати кормандони аризадиҳанда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (бино, озмоишгоҳ, техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои хизматрасониҳои техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсионӣ ба стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ ҷавобгӯй, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд);
- сертификати шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсиониро анҷом медиҳад, то давраи фаъолияти субъекти хоҷагидор амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахасисони дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ аз рӯйи ихтисоси хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсионӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: шаҳодатнома (сертификат)-и фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ маълумот оид ба заминаи моддию техникӣ вобаста ба намудҳои фаъолияти фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ ва ҷавобгӯй будани онҳо ба меъёру стандартҳои давлатӣ ва байнидавлатие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- шаҳодатнома (сертификат)-и фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ гирифта шудааст, то давраи бегона кардани (фурӯхтани) фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ ё тағйир додани фаъолияти фурудгоҳҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: шаҳодатнома (сертификат)-и хадамоти таҷҳизоти аэронавигатсионӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба таҷҳизоти истифодашавандаи аэронавигатсионӣ;
- маълумот оид ба хадамоти таҷҳизоти аэронавигатсионӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- шаҳодатнома (сертификат)-и хадамоти таҷҳизоти аэронавигатсионӣ то давраи фаъолияти хадамоти таҷҳизоти аэронавигатсионӣ амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: мувофиқасозии сохтмони биноҳо ва иншоотҳое, ки дар минтақаи аэродромҳо ҷойгир мебошанд:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд:
- амал барои сохтмони биноҳо ва иншоотҳое, ки дар минтақаи аэродромҳо ҷойгир мебошанд;
- амал барои азнавсозии биноҳо ва иншоотҳое, ки дар минтақаи аэродромҳо ҷойгир мебошанд;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза мувофиқасозии сохтмони биноҳо ва иншоотҳое, ки дар минтақаи аэродромҳо ҷойгир мебошанд дастрас намояд, ки ҳамаи зернамудҳои амалҳои мувофиқасозиро дар бар гирад. Дар ин маврид, хироҷ барои додани амалҳои мувофиқасозӣ танҳо барои як зернамуди амали мувофиқасозӣ ситонида мешавад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ маълумот оид ба биноҳо ва иншоотҳое, ки дар минтақаи аэродромҳо ҷойгир шуда, бояд сохта ва ё азнавсозӣ карда шавад (маҳалли ҷойгиршавӣ, масоҳат, баландии мутлақи замин) пешниҳод карда мешавад;
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи талаботи Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст;
- санади мувофиқасозии сохтмони биноҳо ва иншоотҳое, ки дар минтақаи аэродромҳо ҷойгир мебошанд, то баанҷом расидани сохтмон ва ё азнавсозии биноҳо ва иншоотҳое, ки дар минтақаи аэродромҳо ҷойгир мебошанд, амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 14. Мақоми ваколатдори давлатии назорат
дар соҳаи маориф ва илм
- Номгӯйи санад: хулоса аз натиҷаи аттестатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бинои таълимӣ, иншооти ёрирасон (хобгоҳ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии тиббию маишӣ), барои фаъолият;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (сохтор, ҷузъҳои таркибӣ, теъдоди омӯзгорон ва таълимгирандагон, масоҳати таълимӣ, адабиёти таълимӣ, утоқҳои махсуси озмоишӣ (лабораторияҳои махсус), аудитория, кабинетҳо, техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои таълимии ба стандартҳои давлатии таҳсилот мутобиқ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф танзим гардидаанд, ҷавобгӯй бошад) дар шакли ҷадвалҳо, аксҳо ва сабтҳои кутоҳи видеоӣ;
- барномаи таълимӣ (таҳсилотӣ) ва нақшаи таълимӣ аз рӯйи самт, ихтисос вобаста ба зинаҳои таҳсилот ё курсҳои кутоҳмуддат;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (бино, техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои таълимии ба стандартҳои миллӣ ҷавобгӯй, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд);
- муассисаи таълимӣ аз лаҳзаи гирифтани хулоса аз натиҷаи аттестатсияи давлати уҳдадор аст, ки дар муддати панҷ сол (муассисаҳои таълимие, ки шартан аз аттестатсияи давлатӣ гузаштаанд, дар муддати 2 сол) тибқи Барномаи гузаронидани аттестатсияи давлатӣ ба таври хизматрасонии пулакӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузарад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ, пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ ва унвонҳои илмӣ аз рӯйи самт, ихтисос;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатии муассисаҳои таълимӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бинои таълимӣ, иншооти ёрирасон (хобгоҳ, нуқтаҳои хӯроки умумӣ ва хизматрасонии тиббию маишӣ) барои фаъолият;
- маълумот оид ба мавҷудияти заминаи моддию техникӣ (сохтор, ҷузъҳои таркибӣ, теъдоди омӯзгорон ва таълимгирандагон, масоҳати таълимӣ, адабиёти таълимӣ, утоқҳои махсуси озмоишӣ (лабораторияҳои махсус), аудитория, кабинетҳо, техника, таҷҳизот ва дастгоҳҳои таълимии ба стандартҳои давлатии таҳсилот мутобиқ, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф танзим гардидаанд, ҷавобгӯй бошанд) дар шакли ҷадвалҳо, аксҳо ва сабтҳои кутоҳи видеоӣ;
- маълумот оид ба меъёрҳои муайянкунандаи мақоми муассисаи таълимӣ вобаста ба зинаҳои таҳсилот, иқтидор, ҳаҷми корӣ;
- нусхаи қарори шӯро (педагогӣ, муҳандисию омӯзгорӣ, олимон) дар бораи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо барои гузаштан аз аккредитатсияи давлатӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти заминаи моддию техникӣ ва кадрии муассисаи таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва мутобиқати фаъолияти муассисаи таълимӣ тибқи меъёрҳои муқарраршуд;
- дар ҷадвали баставии муассисаи таълимӣ мавҷудияти шумораи кадрӣ аз рӯйи зинаҳои таҳсилот, иқтидор, ҳаҷми корӣ;
- ба талаботи қоидаҳо ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгӯй будани муассисаи таълимӣ;
- ба талаботи қоидаҳо ва стандартҳои давлатии таҳсилот ҷавобгӯй будани бино ва иншоот;
- муассисаи таълимӣ аз лаҳзаи гирифтани шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ уҳдадор аст, ки ҳар панҷ сол ба таври хизматрасонии пулакӣ аз аккредитатсияи давлатӣ гузарад;
- риоя гардидани қоида ва меъёрҳои санитарию беҳдоштӣ;
- риоя гардидани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор;
- мавҷудияти нақшаи тасдиқгардида оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои садамавӣ;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ ва унвонҳои илмӣ аз рӯйи самти ихтисос;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 15. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи гумрук
- Номгӯйи санад: қабули қарори пешакӣ мувофиқи номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи таснифоти мол нисбати моли мушаххас:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ карда маълумот оид ба чошнӣ ва (ё) намунаи молҳо, номгӯйи тиҷоратӣ, номгӯйи истеҳсолкунандаи мол, тафсиру сурат, тасвир, нақша, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ, техникӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: амале, ки барои он қабули қарори пешакӣ мувофиқи номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи таснифоти мол нисбати моли мушаххас гирифта шудааст, бояд дар муҳлати то 3 (се) сол анҷом дода шавад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: қабули қарори пешакӣ мувофиқи номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи истеҳсоли мол аз кишвари мушаххас (кишвари истеҳсолкардаи мол):
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ маълумот оид ба чошнӣ ва (ё) намунаи молҳо, номгӯйи тиҷоратӣ, номгӯйи истеҳсолкунандаи мол, тафсиру сурат, тасвир, нақша, ҳуҷҷатҳои тиҷоратӣ ва техникӣ пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: амале, ки барои он қабули қарори пешакӣ мувофиқи номгӯйи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ дар бораи истеҳсоли мол аз кишвари мушаххас (кишвари истеҳсолкардаи мол) гирифта шудааст, бояд дар муҳлати то 3 (се) сол анҷом дода шавад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи истеҳсоли маҳсулоти зераксизӣ дар дохили кишвар ва (ё) воридоти он ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти арзиши тамғаҳои аксизӣ ба буҷети давлатӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: амале, ки барои он хулоса барои гирифтани тамғаҳои аксизӣ гирифта шудааст, то ба фурӯш рафтани молҳои зераксизӣ ва воридоти молҳои зераксизӣ ба ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 16. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи содирот
- Номгӯйи санад: бақайдгирии субъектҳои содироткунанда дар низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд:
- амал оид ба бақайдгирии субъектҳои содироткунанда дар низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо;
- амал оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо;
- амал оид ба хориҷ намудан аз низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо;
- амал оид ба бекор кардани бақайдгирӣ дар низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо;
2) субъекти хоҷагидор ҳуқуқ дорад, ки дар асоси як ариза бақайдгирии субъектҳои содироткунанда дар низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) дастрас намояд, ки ҳамаи зернамуди амалҳои тасдиқро дар бар гирад;
3) муҳлати амал: якдафъаина;
4) барои анҷом додани амали тасдиқ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- ҳуҷҷати тиҷоратӣ – ҳисобнома-фактураи (инвойси) таснифот, варақаҳои бастабандӣ;
- ҳуҷҷати ҳамлу нақли нақлиётӣ (борхат);
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба тавлиди молҳои истеҳсолшуда (барои субъектҳои содироткунанда);
5) шартҳои иҷозатдиҳӣ: риоя намудани шарт ва талаботи Қоидаҳои бақайдгирӣ дар низоми содироткунандагони бақайдгирифташудаи Иттиҳоди Аврупо (Registered Exporter System) ва уҳдадориҳои дар он муқарраршуда;
6) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
7) мақомоти иҷозатдиҳанда: Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 17. Мақоми ваколатдори давлатӣ
дар соҳаи ҳифзи сирри давлатӣ
- Номгӯйи санад: хулосаи озмоишҳои сертификатсионӣ ва аттестатсионӣ тибқи талаботи амнияти иттилоотӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба дастгоҳҳои барномавии сертификатсияшуда пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- риояи меъёрҳо ва қоидаҳои ҳифзи техникии бехатарии иттилоот;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: мавҷудияти мутахассисоне, ки дорои маълумоти олӣ ва ё миёнаи махсус аз рӯйи ихтисоси муҳандисию техникӣ;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 18. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа
- Номгӯйи санад: сертификати мутобиқати ҳатмии таҷҳизот барои соҳаи алоқаи барқӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумот оид ба таҷҳизот барои соҳаи алоқаи барқӣ, ки бояд аз сертификатсия гузарад;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи мавҷудияти таҷҳизот барои соҳаи алоқаи барқӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- мавҷудияти таҷҳизот барои соҳаи алоқаи барқӣ;
- сертификати мутобиқати ҳатмии таҷҳизот барои соҳаи алоқаи барқӣ то муҳлати эътибори таҷҳизот барои соҳаи алоқаи барқӣ амал мекунад;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади мувофиқасозӣ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 19. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология
- Номгӯйи санад: маълумотномаи омӯзиши геологӣ ва нусхабардории мавод:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотнома оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрӣ (субъекти хоҷагидор метавонад, оид ба имкониятҳои молиявӣ, техникӣ, технологӣ ва ҳайати кадрӣ маълумотномаҳоро дар алоҳидагӣ (шакли алоҳида) пешниҳод намояд);
- маълумотнома оид ба нишондодҳои техникию иқтисодии фаъолият дар 5 соли охир (ба истиснои субъектҳои хоҷагидори навтаъсиси дар ин самт фаъолияткунанда);
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: дар раванди фаъолият риоя намудани талаботи қонунгузорӣ дар соҳаи сарватҳои зеризаминӣ;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: санад оид ба хизматрасонии давлатии машваратӣ дар таҳияи ҳисоботи геологӣ ва лоиҳаи омӯзиши геологӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- бастани шартномаи ҳамкорӣ оид ба хизматрасонии давлатии машваратӣ дар таҳияи лоиҳа ва ҳисоботи омӯзиши геологӣ;
- дар муҳлатҳои муқарраргардида супоридани лоиҳа ва ҳисоботи геологӣ барои баррасӣ дар Шӯрои илмӣ–техникии мақомоти иҷозатдиҳанда;
4) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
5) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Номгӯйи санад: санад оид ба хизматрасонии давлатии додани хулосаи тадқиқоти визуалии муҳандисию геологӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) шартҳои иҷозатдиҳӣ: бастани шартномаи ҳамкорӣ оид ба хизматрасонии давлатии додани хулосаи тадқиқоти визуалии муҳандисию геологӣ;
4) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
5) мақомоти иҷозатдиҳанда: Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 20. Мақоми ваколатдор дар соҳаи танзими сиёсати зиддиинҳисорӣ
- Номгӯйи санад: мувофиқа намудани нархҳо (тарифҳо)-и хизматрасонии пулакии субъектҳои хоҷагидор, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- маълумотномаи асоснокии нархҳо (тарифҳо)-и хизматрасонии пулакии субъектҳои хоҷагидор;
- натиҷаи истифодаи нархҳои амалкунанда ба хизматрасонии пулакии субъектҳои хоҷагидор, андозаи фоида (зарар)-и эҳтимолӣ барои давраи минбаъда;
- ҳисобкунии арзиши аслии хизматрасонии пулакии субъектҳои хоҷагидор бо рамзкушоии тамоми моддаҳои хароҷот;
- ҷадвали муқоисавии нархҳои (тарифҳои) амалкунанда хизматрасонии пулакии субъектҳои хоҷагидор ва ҷоришаванда;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: субъекти хоҷагидоре, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд ва нархҳо (тарифҳо)-и хизматрасонии пулакии худро мувофиқа кардааст, ҳангоми анҷом додани хизматрасонии пулакӣ уҳдадор аст нархномаи мувофиқагардидаро риоя намояд;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 21. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи амнияти миллӣ
- Номгӯйи санадҳо: мувофиқасозии воридоти ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амалҳои мувофиқасозиро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба навъи ҳавопаймои бесарнишини истифодашаванда;
- маълумот оид ба мақсади воридот ва истифодаи ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ, маҳалли парвоз ва баландии парвози ҳавопаймои бесарнишин;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ бояд на дертар аз 1 моҳ пас аз мувофиқасозии воридоти ҳавопаймои бесарнишини гражданӣ анҷом дода шавад;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- 22. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ
- Номгӯйи санад: қарор дар бораи тасдиқи санад оид ба қабули иншоот барои истифодабарӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани амали тасдиқро талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани амали тасдиқ санади комиссияи давлатии қабул оид ба санҷиши умумии омодагии бино, иншоот (комплекс), озмоиши назоратии таҷҳизоти техникӣ ва низоми муҳандисии қабули объекти сохташуда барои ба истифода додан пешниҳод карда мешавад;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ:
- бақайдгирии давлатии объектҳои сохташуда, инчунин ҳуқуқ ба онҳо;
- дар давоми понздаҳ рӯзи корӣ аз санаи қабули қарор дар бораи додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ пардохти хироҷ барои додан (азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм (дубликат)-и санади тасдиқ ва пешниҳоди маълумот дар ин хусус ба мақоми иҷозатдиҳанда;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ.
- ОГОҲИНОМАҲОИ ГИРИФТАШАВАНДА
- 1. Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи андоз
- Номгӯйи огоҳиномаҳои гирифташаванда барои амал: огоҳӣ оид ба ворид намудани тағйирот ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани расмиёти мувофиқасозӣ талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани расмиёти мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунанда оид ба хариду фурӯш ва ё ройгон гузашт намудани ҳисса, саҳмия ва ҳуқуқи муассисҳо дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ;
- нусхаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи суроғаи нави шахси ҳуқуқӣ ҳангоми хариду фуруш ва ё ройгон гузашт намудани ҳисса, саҳмия ва ҳуқуқи муассисҳо дар сармояи оинномавии субъекти хоҷагидор;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: нест;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон.
- Номгӯйи огоҳиномаҳои гирифташаванда барои амал: огоҳӣ оид ба кушодани рамзҳои сабабҳои баҳисобгирӣ:
1) зернамудҳои амале, ки анҷом додани расмиёти мувофиқасозӣ талаб менамоянд: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои анҷом додани расмиёти мувофиқасозӣ ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- нусхаи қарори субъекти хоҷагидор дар бораи таъсис додани воҳиди алоҳида;
- нусхаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи ҳуқуқи моликият ё дигар асосҳои қонунии истифодаи бино барои фаъолият;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: нест;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Кумитаи андози назди Ҳукумати Тоҷикистон.
- 2. Бонки миллии Тоҷикистон
- Номгӯйи огоҳиномаҳои гирифташаванда барои амал: хабарнома оид ба огоҳ шудан аз анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя:
1) зернамудҳои огоҳиномаҳои гирифташаванда барои амал: нест;
2) муҳлати амал: якдафъаина;
3) барои гирифтани хабарнома ҳуҷҷатҳои иловагии зерин пешниҳод карда мешаванд:
- огоҳинома барои гирифтани хабарнома оид ба огоҳ шудан аз анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя;
- мушаххасоти резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- хусусиятҳои амалиёти ҳаракати сармоя, аз ҷумла намуд, моҳият, маблағ, асъор, дарсадҳо (фоиз), санаи оғоз ва анҷоми амалиёт, тартиби пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳои ба ин амалиёт вобаста;
- ном ва мушаххасоти тарафи дигари амалиёт;
- мушаххасоти суратҳисоби бонкӣ ва бонки ваколатдори хизматрасони ин амалиёт;
- маблағҳои асъории вобаста ба ин амалиёт пардохтшуда ё гирифташуда;
- мушаххасоти суратҳисоби бонкии дар бонки хориҷӣ бо асъори хориҷӣ кушодашуда, аз ҷумла навъ, асъор, таъинот, санаи кушодашавии он, шарту шароити пардохт ва ҳисоббаробаркуниҳо тавассути ин суратҳисоби бонкӣ, ном ва дигар мушаххасоти шинохти бонки хориҷӣ;
- нусхаи ҳуҷҷат ва санадҳои асосноккунанда вобаста ба намуди амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя, аз ҷумла асоснокии техникию иқтисодии лоиҳаҳои муштарак, таъсиси шахси ҳуқуқӣ дар хориҷа ё иштирок дар он, ҷалби қарзҳо, нусхаи шартномаҳои қарзӣ;
4) шартҳои иҷозатдиҳӣ: нест;
5) талабот ва шартҳои тахассусӣ: нест;
6) мақомоти иҷозатдиҳанда: Бонки миллии Тоҷикистон.
- МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
- Баҳсҳо дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
- Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Тартиби мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Замимаи 1
ба Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Шакли иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ИҶОЗАТНОМА
барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ
Зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда: ________________________
Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба________________________________________________________дода шуд
(ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии иҷозатномадор)
Қитъа (кон) _______________________________________________________
(номи қитъа ё кон)
Муҳлати амали иҷозатнома:
Аз «______» ____________ соли ______
то «______» ____________ соли ______
Рақами иҷозатнома: _________________________________
Санаи додани иҷозатнома: «______» ____________ соли ______
Рақами мушаххаси андозсупоранда: _________________________________
Рақами ягонаи мушаххаси андозсупоранда: __________________________
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон __________________________
__________________________________________________________________
(мансаб, насаб, ном ва номи падар, имзо)
Ҷойи муҳр
Замима ба иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ,
рақами иҷозатнома: ____________
санаи додани иҷозатнома: __________________
ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
бо иҷозатномаи мазкур ҳуқуқи
фаъолият оид ба истифодаи захираҳои табииро ба_________________________________________________
(ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва маҳалли ҷойгиршавии иҷозатномадор)
барои амалӣ намудани __________________________________________
(номи зернамудҳои фаъолияти иҷозатномашаванда)
дар ______________________________медиҳад
( номи қитъа ё кон)
Шартҳои иҷозатдиҳӣ
1._________________________________________________________________
(таъиноти мақсадноки корҳои бо намуди иҷозатномаи вобастабуда)
2._________________________________________________________________
(ҳудудҳои арзии қитъаи кӯҳкорӣ)
3._________________________________________________________________
(худудҳои арзии қитъаи сарватҳои зеризаминӣ)
4._________________________________________________________________
(муҳлати амали иҷозатнома)
5._________________________________________________________________
(пардохтҳои андозӣ, аз ҷумла бонуси обунавӣ ва дигар пардохтҳои давлатӣ
оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ)
6._________________________________________________________________
(ҳаҷмҳои истихроҷи ашёи минералӣ)
7._________________________________________________________________
(тақсимоти саҳмии маҳсулоти бадастоянда)
8._________________________________________________________________
(ҳуқуқ ба иттилооте, ки дар ҷараёни истифодаи сарватҳои зеризаминӣ ба даст меояд)
9.________________________________________________________________
(уҳдадориҳо дар бобати истифодаи оқилона, ҳифзи
сарватҳои зеризаминӣ ва муҳити зист, бехатарии пешбурди корҳо)
10.________________________________________________________________
(тартиби бурдани назорат)
11.________________________________________________________________
(шартҳои аз нав гирифтани иҷозатнома дар қитъа ё кони мазкур)
12.________________________________________________________________
(ҳаҷм ва намудҳои партовҳои истеҳсолӣ)
13.________________________________________________________________
(шартҳои дигари иҷозатдиҳӣ)
Аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии
Тоҷикистон
_________________________________________________________________
(мансаб)
_____________________________________________________________
(насаб, ном, номи падар, имзо)
Ҷойи муҳр "_____" _____________________
Замимаи 2
ба Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Номгӯйи канданиҳои фоиданоки маъмул
- Рег
- Омехтаи регу шағал
- Гил
- Гилхок
- Санги бинокорӣ
- Регсанг
- Бӯр
- Доломит
- Мергел
- Оҳаксанг
- Аргиллитҳо ва алевролитҳо
- Сангҳои магматикӣ, вулқонӣ ва метаморфӣ
Замимаи 3
ба Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Шартҳо
барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ
- Шартҳо барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ (минбаъд - Шартҳо) қоидаҳои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминиро ҳангоми гирифтани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ муайян менамояд.
- Иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ барои истихроҷи кони кандании фоиданок ё як қисми алоҳидаи он дода шавад. Истихроҷи як кони канданиҳои фоиданок аз тарафи истифодабарандагони гуногуни қаъри замин бояд мувофиқи нақшаи технологии мувофиқашудае, ки ба истихроҷи ғайриоқилонаи қаъри замин роҳ намедиҳад, гузаронида шавад. Ҳамохангсозии фаъолияти истифодабарандагони қаъри замин бо қарори онҳо ба зиммаи яке аз субъектҳои хоҷагидор, ки ба он дигар субъекти хоҷагидор иҷрои вазифаи ҳамоҳангсозро бовар мекунанд, гузошта мешавад. Шарти мазкур дар иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ҷиҳати истихроҷи кони мазкур сабт мегардад.
- Иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ барои истифодаи як кон дода мешавад. Дар мавридҳои истисноӣ, иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ҷиҳати истифодаи гурӯҳи конҳои хурде, ки дар шароити якхелаи кӯҳӣ - геологӣ мавҷуданд, барои коркарди комплексӣ муттаҳид карда шудаанд, агар коркардашон аз ҷониби як истифодабарандаи қаъри замин аз назари иқтисодӣ самаранок бошад, дода мешавад.
- Иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо қарор (фармоиш)-и Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дода мешавад.
- Пешниҳод аз ҷониби мақоми иҷроияи иҷозатдиҳанда оид ба додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо вазорату идораҳои зерин бояд мувофиқа карда шаванд:
- вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ, иктишофи геологии сарватҳои зери замин, ҷамъоварии коллексияҳои минералогӣ, палеонтологӣ ва ҷинсҳои кӯҳӣ бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- истихроҷи регу шағал аз маҷрои сой, канал ва дарёҳо бо мақсади пешгирӣ аз ҳолатҳои фавқулодда бо назардошти тоза намудан ва коркарди саноатӣ бе тағйир додани маҷро бо Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;- вобаста ба истихроҷи нафт, газ ва ангишт, истифодаи дигар сарватҳои зеризаминии маъданӣ ва ғайримаъданӣ, аз ҷумла истифодаи партовҳои истеҳсолоти истихроҷи маъдани кӯҳӣ ва коркарди он бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Дар раванди мувофиқа ва баррасии пешниҳод оид ба додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор аз аризадиҳанда талаб намудани нусхаи санад, парванда ва ё ҳуҷҷатҳои дигар манъ аст.
- Мутобиқи иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ қаъри замин ба шакли қитъаҳои иборат аз блокҳои геометрии қаъри замин, ки бо қитъаи кӯҳкорӣ ё геологӣ муайян карда мешавад, пешниҳод мегардад.
- Додани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин баъд аз гирифтани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ ва қитъаи кӯҳкорӣ ё геологӣ бо тартиби муқаррарнамуда амалӣ карда мешавад.
- Барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо истифода аз усулҳои худфаъолӣ ва худбиёрӣ гирифтани иҷозатнома зарур нест ва он дар асоси иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия дода мешавад, амалӣ карда мешавад.
- Андозаи пардохтҳои махсус (бонуси обунавӣ, кашфи тиҷоратӣ, роялтӣ барои истихроҷ ва рентаи содиротӣ) дар шартномаи истифодабарии захираҳои табиӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
- Додани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ бо роҳи музокироти мустақим, инчунин доир намудани озмун (тендер) тибқи тартиби муқарраргардида сурат мегирад.
- Бо роҳи озмун (тендер) додани иҷозатнома дар сурате амалӣ карда мешавад, ки агар барои як объект якчанд дархост пешниҳод гардида бошад.
- Баъди қабули дархост ба истифодабарандаи қаъри замин барои таҳияи нақшаи тиҷоратӣ ё ҳисобҳои техникию иқтисодии корҳо, маҷмӯи кӯтоҳи иттилооти геологӣ оид ба қитаи қаъри замин пешниҳод мегардад.
- Мақомоти иҷроияи иҷозатдиҳанда дар муҳлати як моҳ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси иҷозатномаи додашуда хабардор намуда, нусхаи бастаи пурраи ҳуҷҷатҳоро ба Фонди давлатии маълумоти геологӣ оид ба қаъри замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои нигаҳдорӣ месупорад.
- Баъд аз гирифтани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ иҷозатномадор ҳуқуқ дорад, ки бо пардохти маблағ хаҷми зарурии иттилооти геологиро оид ба қитъаи қаъри замини додашуда гирад. Дар ҳолати мавҷуд набудани нусхаи озоди ҳисобот, нусхаи мавод (ҳисобот)-ҳо аз ҳисоби маблағи иҷозатномадор дода мешавад.
- Ҳангоми аз ҷониби субъекти хоҷагидор аз нав гирифтани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ сифат ва самаранокии кори аз тарафи ӯ иҷрошуда ва тадбирҳо дар бобати ҳифзи қаъри замин ва муҳити зист, пардохтҳои саривақтии истифодаи қаъри замин ба эътибор гирифта мешавад.
- Барои фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҷустуҷӯҳои муҳандисию геологӣ, илмию тадқиқотӣ, палеонтологӣ ва корҳои дигари ба омӯзиши каъри замин равонашуда, корҳои геологии оид ба пешгӯии заминҷунбӣ, таъсис ва пешбурди мониторинги муҳити зист, инчунин корҳои дигаре, ки бутунии қаъри заминро ба таври ҷиддӣ халалдор намесозанд, гирифтани иҷозатнома зарур нест. Корҳои мазкур бо тартиби муқарраршуда дар Фонди давлатии иттилооти геологии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.
- Амалӣ намудани фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии канданиҳои фоиданоки маъмул аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин бе гирифтани иҷозатнома, вале дар асоси лоиҳаи бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда амалӣ карда мешавад. Барои анҷом додани фаъолияти мазкур истифодабарандаи қаъри замин метавонад дар асоси шартнома субъектҳои хоҷагидори соҳавии дигарро ҷалб намояд.
- Барои омӯзиши геологии каъри замин ҳуқуқи бурдани аксбардории геологӣ, ҷустуҷӯйӣ, иктишоф ва арзёбии конҳои канданиҳои фоиданок истифода карда мешаванд.
- Дар ҳолате, ки кони канданиҳои фоиданоки дар ҷараёни ҷустуҷӯ ошкоршуда ва арзёбигардида аз ҳудуди қитъаи геологии тибқи иҷозатнома додашуда берун барояд, он гоҳ бо дархости иҷозатномадор қитъаи ба ӯ додашуда ба андозае, ки тамоми конро дарбар гирифта тавонад, васеъ карда мешавад.
- Баъди аз экспертизаи давлатӣ гузаронидани иттилооти геологӣ оид ба захираҳои канданиҳои фоиданок дар минтақаи қаъри замин, ки дар мавриди он иҷозатнома барои фаъолият вобаста ба корҳои ҷустуҷӯйӣ, арзёбӣ ва иктишофи геологии сарватҳои зеризаминӣ амал мекунад, иҷозатномадор, ки аз ҳисоби худ корҳои геологиро бо маблағ таъмин мекунад, ҳуқуқи дар навбати аввал гирифтани иҷозатнома барои фаъолият оид ба истифодабарии сарватҳои зеризаминиро дорад. Ин ҳуқуқ, агар дар давоми ду соли баъди тасдиқи захираҳои ашёи хоми маъдании кони иктишофшуда истифода нагардад, эътибори худро гум мекунад.
- Истихроҷи кананиҳои фоиданок дар кон ҳамзамон ҳуқуқи иктишофи он (дар ҳудуди қитаъи кӯҳкорӣ), инчунин коркарди партовҳо ва истеҳсоли онро ба субъектҳои хоҷагидори соҳаи истихроҷ медиҳад.
Замимаи 4
ба Тартиби додани иҷозатномаҳо,
ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Шартҳои
махсуси технологии тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда, аз ҷумла тайёр кардани намунаҳо, шаклҳои чопкупӣ
ва рақамгузории онҳо
- Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда маҳсулоти матбаавие, ки на камтар аз ду унсури муҳофизатиро доро буда, бо истифода аз усулҳои матбаавӣ, голографӣ, иттилоотӣ, микропротсессорӣ ва дигар усулҳои муҳофизатӣ тайёр карда мешаванд, ба истиснои ҳуҷҷатҳо ва варақаҳои баҳисобгириву ҳисоботи қатъие, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба онҳо талаботи дигар пешбинӣ мегардад.
- Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда аз тарафи иҷозатномадор дар корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои матбаавӣ (минбаъд-корхонаҳои матбаавӣ) бо истифода аз технологияи махсуси муосири барои ин корҳо пешбинигардида, аз ҷумла термопринтерҳои чопии маҳсулоти матбаавӣ бо миқёси гуногун, термолентаҳо, асбобҳои муайянкунии аслӣ будани маҳсулоти матбаавӣ тайёр карда мешавад.
- Намунаҳои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Корхонаҳои матбаавӣ дар мувофиқа бо фармоишгар метавонанд нисбат ба маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда дараҷа ва нишонаҳои муҳофизатии иловагиро интихоб ва амалӣ намоянд.
- Тамоми намунаҳои маҳсулоти матбаавӣ пеш аз тайёр намудан бояд бо фармоишгари он мувофиқа карда шаванд.
- Корхонаи матбаавӣ ҳар як намунаи маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандаро бояд дар давоми 5 сол маҳфуз нигоҳ дорад.
- Бино (ҳудуд)-и корхонаи матбаавие, ки барои амалӣ намудани фаъолият оид ба тайёр кардани маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда истифода мегардад, бояд бо панҷара иҳота гардида, бо муҳофиз таъмин карда шавад.
- Дарҳои даромадгоҳи бино, инчунин дарҳои коргоҳҳои чопкунӣ бояд металлӣ буда, бо маҳкамкунандаҳои мустаҳкаму босифат, инчунин бо қулфҳо муҷаҳҳаз бошанд.
- Коргоҳҳои чопкунӣ, анборҳо, инчунин ҷойҳои корӣ оид ба қабули фармоиш барои чопкунӣ, тақсимоти маводди тайёр ва фурӯши маводи матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бояд аз утоқҳои дигари ёрирасон ва хизматӣ ҷудо бошанд.
- Пас аз анҷоми вақти корӣ утоқҳои истеҳсолӣ ва анборҳо бо муҳр ва қулф мустаҳкам карда шуда, калиди онҳо ба шахси масъул оид ба муҳофизат бо имзо ва қайди он дар дафтари махсус бо нишон додани сана ва вақт супорида мешавад.
- Даромадан ба утоқҳои истеҳсолӣ ва ба ҳудуди корхонаҳои матбаавӣ танҳо тавассути дидбонгоҳҳои муҳофизатӣ дар асоси рухсатнома ба роҳ монда мешавад.
- Коргоҳҳои чопкунӣ, истеҳсолӣ, анборҳои нигоҳдорӣ, утоқҳои ёрирасон, хизматӣ ва қисмҳои дигари дохили бинои корхонаҳои матбаавӣ бо воситаҳои хабардиҳандаи муҳофизавӣ - зиддисӯхторӣ ва лавозимоти зарурии зидди сӯхтор, инчунин бо камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида мешаванд.
- Шаклҳои чопкунии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тибқи Талаботи мазкур ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти навъи маҳсулот ба роҳ монда мешаванд.
- Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда бояд бо истифодаи коғази андозааш 70-120 г/м2 истеҳсол карда шавад.
- Коғазе, ки аз он маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда истеҳсол карда мешаванд, бояд ба нишондиҳандаҳои зерин мутобиқат намояд:
- дорои аломати обгуни равшани таъминкунандаи назорати визуалии он бошад;
- маҳсулоти матбаавии муҳлати амалаш то як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шавад, ки дар таркибаш 10 – 25 дарсад нахи пахта ва катон дорад;
- маҳсулоти матбаавии муҳлати амалаш зиёда аз як сол бояд аз коғазе истеҳсол карда шавад, ки дар таркибаш 25 – 50 дарсад нахи пахта ва катон дорад.
- Дар рафти истеҳсоли маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда дар баробари рангҳои умумии истифодашаванда, инчунин бояд рангҳои махсуси дорои люминессенсияи зери шуои ултрабунафш дидашаванда, голограмма, рангҳои дорои хусусиятҳои магнитию электроноқилӣ ва ё дар қисмати спектр тасвирнашаванда истифода бурда шаванд.
- Ҳангоми истифода бурдани голограмма ба сифати дараҷаи муҳофизатии маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда голограммаҳо бояд дар шакли фолгаи дар ҳолати тафсон ё ломинатсияи сард иҷро шуда, дизайни такрорнашаванда ва микроматнҳо аз 20 то 100 микрометр дошта бошанд.
- Рангубор ва андозаи ҳошияҳо дар тамоми нусхаҳое, ки дар як адади нашр чоп мешаванд бояд якхела бошанд.
- Маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофшатшаванда бояд на камтар аз се унсурҳои гилоширии аз ҷиҳати шаклу тасвир гуногунро дошта бошад, ки хатҳои иҷрои яке манфӣ ва дигаре мусбат мебошанд.
- Таҳранги варақа бояд аз ду тӯри рангаи болои ҳам омада истеҳсол шуда, яке аз ин тӯрҳо дорои сохтори унсурҳои графикии ғайримунтазам бошад.
- Ба сифати воситаҳои иловагии ҳифзи маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда инҳо метавонанд истифода шаванд:
- тасвири ниҳонӣ дар чопи металлографӣ;
- чопи силсила ва рақамҳо бо истифодаи рангҳои флуоренсентӣ, барқгузаронӣ ва магнитӣ дар чопи баланд;
- чопи ниҳонӣ дар чопи офсет;
- рангҳои металликии флуорессенсияшуда (нуқрагин);
- унсурҳои ба назар нонамоёне, ки дар зери шуои инфрасурх аён мегарданд.
- Рақамгузорӣ ва силсила дар маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда тибқи супориши фармоишгар ба роҳ монда мешавад.
- Корхонаи матбаавӣ бояд маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшавандаро тибқи рақамгузорӣ ва силсилаи дар он ифодашуда дар дафтари махсус ба қайд гирад.
- Риоя накардани Тартиби мазкур асос барои боз доштан ва бекор кардани амали фаъолият оид ба тайёр кардан ва савдои маҳсулоти матбаавии аз сохтакорӣ муҳофизатшаванда мегардад.
- Баҳсҳо оид ба амалисозии Тартиби мазкур аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ё суд ҳаллу фасл карда мешаванд.
Замимаи 5
ба Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Шартҳо
барои ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор,
букмекерӣ ва бозии лото
- Шартҳо барои ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото (минбаъд - Шартҳо) қоидаҳоро барои ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото муайян менамояд.
- Дар Шартҳо мафҳумҳои зерин истифода мешаванд:
- кассаи тотализатор – ҷойи махсуси кассаи тотализаторӣ, ки маблағи муқарраргардидаи бозиро қабул намуда, баҳисобгирии маблағи умумӣ, муайян намудани ҳаҷми бурд ва пардохти маблағи бурдро амалӣ менамояд;
- тотализатор – идораи бозие, ки дар он ташкилкунандаи бозӣ хизматрасониро байни иштирокдорон ҷиҳати бастани шартбандиҳои дуҷониба ва ё бисёрҷониба ба натиҷаи рӯйдодҳои варзишӣ бо дар назар доштани ба даст овардани фоида аз маблағи умумии эълонкардашуда пешниҳод менамояд, ки натиҷаи он номуайян мебошад ва бурд аз мувофиқ омадани пешгӯӣ вобаста аст;
- идораи букмекерӣ – ҷойи махсусе, ки дар он иштирокдор маблағи муқаррарнамудаи ташкилкунандаи бозиро пардохт намуда, нисбат ба варианти эҳтимолии натиҷаи рӯйдодҳои воқеии варзишӣ пешгӯӣ менамояд ва бурд дар он аз қисман ё пурра мувофиқ омадани пешгӯӣ вобаста мебошад;
- бозии лото – намуди бозие, ки дар он ташкилкунанда вариантҳои ҷобаҷогузории рақамҳо ва рамзҳоро муқаррар карда, иштирокдорон маблағи муқаррарнамудаи бозиро пардохт менамоянд ва аз маблағи умумии эълоншуда бурдро вобаста ба варианти эҳтимолии дуруст ҷобаҷогузории рақамҳо ва рамзҳо ба даст меоранд;
- пули интерактивӣ – маблағи пулии ғайри нақдӣ, аз ҷумла маблағи электронӣ, ки тибқи шартнома (созиш)-и бозӣ тавассути воситаҳои электронии пардохт, шабакаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, интернет, воситаҳои алоқа пардохт ва гирифта мешавад;
- ташкилкунандагони бозии кассаҳои тотализатор, фаъолияти букмекерӣ ва бозии лото (минбаъд – ташкилкунандагони бозӣ) – субъекти хоҷагидор, ки фаъолиятро оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лоторо тибқи Талаботи мазкур амалӣ менамоянд;
- нуқтаҳои баргузории бозӣ – бино, иншоот ва иморатҳо, ки дар онҳо фаъолияти оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лотоамалӣ карда мешавад;
- кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, серверҳо ва воситаҳои электронии дигар – низоми электронӣ, ки тавассути он тотализатор ва идораҳои букмекерӣ бо истифода аз шабакаҳои махсуси интернетӣ ва электронӣ қабули маблағи муқарраргардида ва пардохти маблағи бурдро амалӣ менамоянд;
- маркази равандикунонии кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ (минбаъд – маркази равандикунонӣ) – барномаи марказонидашуда, ки тавассути он ташкилкунандагони бозӣ бозиҳоро муайян ва ба ҳисоб гирифта, ҳисоби меъёри маблағи пулии аз иштирокдорони бозӣ қабулнамударо ба таври худкор амалӣ менамоянд, натиҷаи бозиро ба қайд мегиранд, маблағҳои пулиро, ки бояд пардохт шаванд, ҳисоб ва пардохт менамоянд;
- иштирокдорони кассаи тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото (минбаъд – иштирокдорони бозӣ) – шахсоне, ки аз хизматрасониҳои ташкилкунандагони бозӣ бархурдор гардида, дар кассаи тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото пас аз супоридани маблағи муқарраргардида ба бозӣ ва гузоштани шарт машғул мешаванд;
- нуқтаи қабули маблағҳои пулии идораҳои букмекерӣ – хазинаи идораҳои букмекерӣ, ки дар он ташкилкунандагони бозӣ бо иштироккунандагони ҳамин намуди бозӣ шарт мебанданд ва фаъолиятро доир ба пешниҳоди маълумот дар бораи маблағҳои қабулнамуда, бурдҳои пардохтшуда ва пардохтнашуда дар марказҳои идораҳои букмекерӣ амалӣ менамояд;
- нуқтаи қабули маблағҳои пулии кассаҳои тотализатор – хазинаи тотализатор, ки дар он ташкилкунандагони бозӣ бо иштироккунандагони ҳамин намуди бозӣ шарт мебанданд ва фаъолиятро доир ба пешниҳоди маълумот дар бораи маблағҳои қабулнамуда, бурдҳои пардохтшуда ва пардохтнашуда дар марказҳои кассаҳои тотализаторӣ амалӣ менамояд.
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият оид ба ташкил ва гузаронидани қиморхона (казино) ва автомати бозӣ дар дилхоҳ шакл манъ буда, Шартҳои мазкур ба онҳо татбиқ намегардад.
- Фаъолияти кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото аз ҷониби ташкилкунандагони бозӣ танҳо дар нуқтаҳои баргузории бозӣ амалӣ карда мешавад. Ташкилкунандагони идораи букмекерӣ инчунин фаъолияти худро дар ин самт дар шабакаи интернет амалӣ карда метавонанд.
- Фаъолияти кассаҳои тотализатор ва букмекерӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, серверҳо ва воситаҳои электронии дигар, тибқи Талаботи мазкур ва бо риояи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқӣ амалӣ карда мешавад.
- Бастани шарт, қабули маблағҳои гузошташуда (ба истиснои тавассути шабакаҳои интернетӣ) ва пардохти бурд берун аз кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото манъ мебошад.
- Субъекти хоҷагидорӣ зимни анҷом додани амалиёт ва аҳдҳо бо маблағҳои пулӣ уҳдадоранд талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» - ро риоя намоянд.
- Дар сурати ошкор кардани таваккал (хавф) ташкилкунандагони бозӣ пеш аз гирифтани маблағи иштирок дар бозӣ ва пардохт намудани маблағи бурди бозӣ оид ба аҳд (амалиёт)-и шубҳанок ба мақоми иҷозатдиҳанда ва мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабар медиҳанд.
- Аз ҷониби ташкилкунандагони бозӣ махфияти иттилооти ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом доир ба иҷрои аҳдҳо (амалиёт)-и шубҳаноки муштариёни худ пешниҳодшуда, таъмин карда мешавад.
- Субъекти хоҷагидори хориҷӣ зимни анҷом додани фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадор аст барномаҳои букмекерӣ, марказҳои равандикунонӣ ва таҳлилии кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекериро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд ва аз барномаҳо, марказҳои равандикунонӣ ва таҳлилии кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерии ширкатҳои хориҷие, ки берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтаанд, истифода набаранд.
- Ташкилкунандагони бозӣ ва иштирокдорони бозӣ ҳангоми тавассути шабакаҳои интернетӣ, серверҳо ва воситаҳои электронии дигар ба роҳ мондан ва истифода бурдани фаъолияти кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ уҳдадоранд талабот ва шартҳои истифодабарии алоқаи барқиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст, риоя намоянд.
- Ташкилкунандагони бозӣ ҳангоми тавассути шабакаҳои интернетӣ, серверҳо ва воситаҳои электронии дигар ба роҳ мондани бозиҳо, ситонидани андоз аз даромади иштирокдорони бозиро дар манбаи пардохт амалӣ менамоянд.
- Сомонаи интернетии субъекти хоҷагидори хориҷӣ, ки тавассути он имконияти иштирок дар бозӣ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интиқоли маблағи бозӣ ба хориҷи кишвар ҷой дорад, вале дар мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, боздошта мешаванд.
- Маҳдудиятҳо дар фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото:
- ба сифати роҳбар ва сармуҳосиби ташкилкунандаи бозӣ шахсоне, ки дар содир намудани ҷиноятҳои иқтисодӣ доғи судӣ доранд, инчунин шахсони номукаллаф ё дорои қобилияти амали маҳдуд баромад карда наметавонанд;
- шахсоне, ки қаблан барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории силоҳи қатли ом ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд (ба истиснои ҳолатҳои сафедкардашуда), дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор дар кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото роҳ дода намешаванд;
- шахсони аз ҳаждаҳсола хурд наметавонанд корманди кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото бошанд.
- Ташкилкунандагони бозӣ бо мақсади ба роҳ мондани мониторинги фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото, ҳар семоҳа оид ба маблағҳои шартбандӣ, маблағҳои бурдшуда, пардохтнамудаи андоз ва фоидаи худ ба мақоми иҷозатдиҳанда маълумот пешниҳод менамоянд.
- Ташкилкунандагони бозӣ уҳдадоранд ҳуҷҷатҳои муҳосибии худро оид ба фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото ба муҳлати 5 сол нигоҳ доранд.
- Роҳ додани шахсони аз ҳаждаҳсола хурд ба бозӣ аз ҷониби ташкилкунандаи бозӣ, боиси қатъ гардидани амали иҷозатнома барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото мегардад.
- Ташкилкунандаи бозӣ талабот оид ба шартҳои ташрифи иштирокдорони бозиро ба кассаҳои тотализатор, идораи букмекерӣ ва бозии лото, тартиби шартбандӣ, шартҳои қабули маблағ барои бозӣ ва пардохти бурдҳоро тасдиқ намуда, то оғози бозӣ нусхаи онро ба мақоми иҷозатдиҳанда барои маълумот пешниҳод менамояд.
- Нуқтаи баргузории бозӣ бояд ба ҳудуди хизматрасонии иштирокдорони бозӣ ва кормандони нуқтаҳои баргузории бозӣ тақсим карда шавад.
- Дар нуқтаҳои баргузории бозӣ бояд ҷойи махсус барои қабули маблағи иштирокдорони бозӣ ва пардохти бурд ба иштирокдорони бозӣ ташкил карда шавад.
- Ташкилкунандагони бозӣ бояд дар дохили бино дар ҷойҳои дастрас ба иштирокдорон нусхаи Талаботи мазкур, нусхаи иҷозатнома барои фаъолият оид ба ташкилу нигоҳдории кассаҳои тотализатор, букмекерӣ ва бозии лото, шартҳои ташрифи иштирокдорони бозӣ ба кассаҳои тотализатор, идораи букмекерӣ ва бозии лото, манъ будани ташрифи ноболиғон ба нуқтаҳои баргузории бозӣ, тартиби шартбандӣ, шартҳои қабули маблағ барои бозӣ ва пардохти бурдро ҷойгир намоянд.
- Раванди гузаронидани бозӣ дар нуқтаҳои баргузории бозӣ танҳо аз ҷониби кормандони ташкилкунандагони бозӣ амалӣ карда мешавад.
- Кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, инчунин нуқтаҳои қабули маблағҳои пулии онҳо, ба истиснои терминалҳои электронии қабули пардохтҳо, танҳо дар бино ва иморатҳо, ки объектҳои асосии сохтмонҳо мебошанд, ҷойгир карда шуда, биноҳои мазкур бо камераҳои мушоҳидавӣ ва тугмачаи бонги хатар таҷҳизонида мешаванд.
- Кассаҳои тотализатор, идораи букмекерӣ ва бозии лото ва нуқтаҳои қабули маблағҳои пулии онҳо ҷойгир карда намешаванд:
- дар объектҳои сохтмони нотамом, объектҳои сохтмони муваққатӣ, дӯконҳо, дар зери айвонҳо ва объектҳои дигари ба ин монанд;
- дар бино ва иморатҳо, ки дар онҳо ташкилотҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, санаторию курортӣ ҷойгир аст;
- дар биноҳои саристгоҳи воситаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, фурудгоҳ, дар истгоҳ ва терминалҳои тамоми намуди воситаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ, шаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва беруназшаҳрӣ;
- дар биноҳое, ки таъиноташон ба амалӣ намудани ташкил ва гузаронидани бозиҳо вобаста намебошад;
- дар бино, сохтмон ва иморатҳое, ки дар моликияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ё бино, сохтмон, иморатҳои дигар, ки дар онҳо мақомоти давлатӣ қарор доранд;
- дар бино ва иморатҳое, ки иттиҳодияҳои динӣ қарор доранд.
- Ташкилкунандагони кассаҳои тотализатор ва фаъолияти букмекерӣ бо ёрии таҷҳизоти техникӣ ва махсус, ки дар маркази равандикунонӣ ҷойгир карда шудаанд, ҳисоб, коркарди маблағҳои пулӣ, бақайдгирии натиҷа ва пардохти бурдро таъмин менамоянд.
- Ташкилкунандагони бозӣ бояд дар кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото имкониятҳоро барои иштирокдорони бозӣ оид ба мушоҳидаи рафти бозӣ ва натиҷаи шарти бозӣ таъмин намоянд.
- Кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото бояд дорои нуқтаҳои қабули маблағҳо бошанд.
- Дар нуқтаи қабули маблағҳои пулӣ бояд таҷҳизоти пайвасткунандаи алоқаи барқӣ ҷойгир карда шуда, ба воситаи онҳо маълумот дар бораи пардохти бурдҳо, дар бораи рафт ва натиҷаи бозӣ, пешниҳоди маълумот оид ба маблағҳои пулии гузошташуда, дар бораи бурдҳои пардохтшуда ё пардохтнашуда ба маркази равандикунонӣ интиқол дода мешаванд.
- Ташкилкунандагони бозӣ марказҳои таҳлилии худро таъсис медиҳанд онҳо сохтори дохилии ташкилкунандагони бозӣ буда, ҳисоби маблағҳои бозиро, ки аз иштироккунандагони бозӣ қабул намудааст, анҷом дода, натиҷаҳои бозиро ба қайд мегирад, маблағҳои пулиро, ки бояд пардохт шаванд, ҳисоб ва пардохт менамояд.
- Маркази таҳлилии кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ бояд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир бошад.
- Маркази таҳлилии кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ фаъолияти зеринро амалӣ намояд:
- мониторинги ташаккулёбии ҳолатҳои бозӣ пеш аз қабули маблағҳои пулӣ ва дар давоми он;
- қабули маблағҳои пулӣ аз нуқтаҳои қабули маблағҳои кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ, инчунин тавассути шабакаи интернет;
- ҳисоби маблағҳои пулӣ ва бурдҳо.
- Ташкилкунандагони кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото уҳдадоранд зимни фаъолият шарту талаботи зеринро риоя намоянд:
- фаъолияти худро дар доираи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монанд;
- шахсоне, ки тибқи Қоидаҳои мазкур ҳуқуқи иштирок дар бозиҳоро надоранд, ба бозӣ роҳ надиҳанд;
- иштирокдороне, ки талаботи ташрифи кассаи тотализатор, идораи букмекерӣ ва бозии лоторо риоя накардаанд, ба ҳудуди биное, ки дар он бозӣ ва ё шартгузорӣ амалӣ мегардад, роҳ надиҳанд;
- дар сурати ба миён омадани зарурат аз иштирокдорон бо мақсади муайян намудани синну сол ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият талаб намоянд;
- танҳо ба фаъолияте, ки барои он иҷозатнома доранд машғул шаванд;
- сари вақт ва дар ҳаҷми пурра маблағҳои бурдшударо ба иштирокдорони бозӣ пардохт намоянд;
- ба амалҳое, ки хусусияти қимор ва автомати бозиҳо бо бурди пулиро доро мебошанд, роҳ надиҳанд;
- ҳангоми маблағгузории интерактивӣ шахсияти иштирокдорони бозиро муайян намоянд;
- зимни анҷом додани амалиёт ва аҳдҳо бо маблағҳои пулӣ талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» - ро риоя намоянд;
- амнияти иштироккунандагони бозӣ, ташрифовардагони дигари бозӣ ва кормандони ташкилоти бозиро ҳангоми гузаронидани бозӣ таъмин намоянд;
- талаботи муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба муомилоти воситаҳои пулӣ ҳангоми ташкил ва гузаронидани бозиҳо риоя намоянд;
- маълумоти пешбининамудаи Қоидаҳои мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро сари вақт ба мақомоти иҷозатдиҳанда пешниҳод намоянд;
- ҳар семоҳа ба мақомоти иҷозатдиҳанда оид ба шумораи иштирокдорон дар бозиҳо, маблағҳои қабулгардида ва маблағҳои пардохтнамуда маълумот пешниҳод намоянд;
- марказҳои равандикунонӣ ва тахлилии кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намоянд;
- маълумотро вобаста ба иштиродорони бозӣ, ҳаҷми маблағҳои бурду бохти онҳо ба шахсони бегона ошкор накунад;
- ҳифзи маълумоти шахсии иштирокдорони бозиро тибқи қонунгузорӣ таъмин намоянд;
- барномаҳо, марказҳои равандикунонӣ ва таҳлилии кассаҳои тотализатор ва идораҳои букмекерӣ ширкатҳои хориҷиро истифода набаранд.
Замимаи 6
ба Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Қоидаҳои
муайян намудани сатҳи масъулиятнокӣ барои корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи сохтмон
- Фаъолияти иҷозатномашаванда дар соҳаи сохтмон фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ, фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷударо дар бар мегирад.
- Фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳои марбут ба тадқиқотҳои муҳандисӣ, таҳияи ҳуҷҷатҳои банақшагирии шаҳрсозӣ, таҳияи нақшаҳои шабакаҳои муҳандисии маҳалҳои истиқоматӣ ва ҳудудҳо, тарҳрезии меъморӣ, тарҳрезӣ ва нақшакашии сохтмон, тарҳрезии шабакаҳо ва низомҳои муҳандисӣ, таҳияи фаслҳои махсуси лоиҳа, тарҳрезии технологӣ (аз рӯйи соҳаҳои саноат ва унсурҳои алоҳидаи хоҷагӣ), таҳияи лоиҳаҳои намуди дохилии иморат ва дизайн, иҷрои вазифаҳои лоиҳакашии куллро дар бар мегирад.
- Фаъолият оид ба сохтмони биноҳо, иморату иншоот корҳои омодасозии майдончаи сохтмон, корҳои заминӣ, сохтмони таҳкурсӣ ва таҳдеворҳо, сохтмони конструксияҳои асосӣ ва деворҳои иморату иншоот, сохтмони шабакаҳо, таркиботи шабакаҳои муҳандисии берунӣ ва таҷҳизот, таркиботи шабакаҳои муҳандисии дохилӣ, корҳо оид ба ҳифзи конструксияҳо ва таҷҳизот, корҳои пардозгарӣ, васлкунии таҷҳизоти технологиро дар бар мегирад.
- Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ҳангоми иҷозатномадиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи сохтмон вобаста ба имконияти аризадиҳанда ва иҷрои корҳои дараҷаи мураккабиашон муайяншуда муқаррар карда мешавад.
- Сатҳи масъулиятнокии корҳои иҷрошаванда ба се дараҷа ҷудо карда мешаванд:
1) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1;
2) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2;
3) сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3.
- Иҷозатномадор ҳуқуқи иҷрои намудҳои муқарраргардидаи корҳоеро дорад, ки сатҳи масъулнокии онҳо дар иҷозатнома нишон дода шудааст.
- Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 ва дараҷан 3-ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 метавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3-ро иҷро намояд, вале наметавонад корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1-ро иҷро намояд. Иҷозатномадори сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 ҳуқуқи иҷро намудани корҳои сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 ва дараҷаи 2-ро надорад.
- Аз як сатҳ ба сатҳи масъулиятнокии дигари дилхоҳ гузаштани иҷозатномадор дар асоси аризаи иҷозатномадор ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо амалӣ карда мешавад.
- Соҳибкори инфиродӣ вобаста ба имкониятҳои доштааш метавонад танҳо барои иҷрои корҳои иҷрошаванда аз рӯйи сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 иҷозатнома гиранд.
- Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳои зерин дохил мешаванд:
- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии бинову иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии аз 12 - ошёна зиёд;
- иншооти гидротехникию мелиоративӣ;
- иншооти энергетикӣ;
- таҳияи асноди ба нақшагирии шаҳрсозӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда.
- Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳои зерин дохил мешаванд:
- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12 - ошёна;
- биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;
- иншооти муҳандисӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 фаъолият оид ба корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотӣ корҳои зерин дохил мешаванд:
- корҳои лоиҳакашӣ ва тадқиқотии биною иморатҳои ҷамъиятии маъмурӣ (биноҳои маъмурии ташкилоту корхонаҳо);
- биноҳои истиқоматии то 5 - ошёна;
- биною иншооти кишоварзӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- қисмҳои алоҳидаи лоиҳа;
- таҳияи лоиҳаҳои дохили бино ва дизайн.
- Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 1 фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда корҳои зерин дохил мешаванд:
- сохтмони бинову иморатҳои истиқоматию ҷамъиятии аз 12 - ошёна зиёд;
- иншооти гидротехникию мелиоративӣ;
- иншооти энергетикӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда.
- Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 2 фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда корҳои зерин дохил мешаванд:
- сохтмони биною иморатҳои истиқоматӣ ва ҷамъиятии то 12-ошёна;
- иншооти муҳандисӣ;
- биноҳои истеҳсолӣ ва маишии корхонаҳои саноатӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- Ба сатҳи масъулиятнокии дараҷаи 3 фаъолият оид ба корҳои сохтмони биноҳо ва иморату иншоот, аз ҷумла дар соҳаи энергетика, инчунин васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқарор кардани объектҳои мавҷуда корҳои зерин дохил мешаванд:
- сохтмони биною иморатҳои ҷамъиятии маъмурӣ (биноҳои маъмурии ташкилоту корхонаҳо);
- биноҳои истиқоматии то 5 - ошёна;
- биною иншооти таъиноти кишоварзӣ;
- васеъкунӣ, азнавсозӣ, таъмир ва барқароркунии объектҳои мавҷуда;
- иҷрои корҳои махсуси сохтмонӣ;
- иҷрои намудҳои алоҳидаи корҳои сохтмонӣ дар бунёди иморату иншоотҳо.
Замимаи 7
ба Тартиби додани иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, қабули огоҳиномаҳо
Шартҳои
иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ
- Шартҳои иҷозатдиҳӣ барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ маҷмуи талабот ва шартҳо дар соҳаи алоқаи барқӣ аз ҷониби аризадиҳанда зимни гирифтани иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ ҳатмӣ мебошад.
- Фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ умумӣ ва инфиродӣ мебошанд:
1) фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии умумӣ зеринро дарбар мегирад:
- хизматрасонии алоқаи радифии глобалии шахсӣ (персоналӣ);
- хизматрасонии алоқаи телефонии байнишаҳрӣ тавассути шабакаи операторон;
- хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилалӣ тавассути шабакаи операторон;
- хизматрасонии алоқаи транкӣ;
- хизматрасонии хадамоти телематикӣ (ба истиснои «IР-телефония»);
- хизматрасонӣ ҷиҳати интиқоли маълумот, аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IР-телефония тавассути шабакаи операторон;
- хизматрасониҳо оид ба истеҳсол, сохтан ва насби шабакаҳо, системаҳо дастгоҳҳои алоқаи барқӣ, радиоалоқа, радиошунавонӣ ва телевизион;
- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии қароргоҳҳои автоматии телефонии хурд;
- васл, ба истифода додан ва хизматрасонии техникии воситаҳои радиоэлектронӣ (радиостансияҳо, телефонҳои радифӣ ва радиоӣ, қароргоҳҳои рӯйизаминӣ, радиомодемҳо);
2) фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии инфиродӣ зеринро дарбар мегирад:
- банақшагирӣ, сохтмон, истифодабарии шабакаҳо, воситаҳои алоқа, аз ҷумла ба истифода додани каналҳо шоҳроҳҳои алоқа;
- хизматрасонии алоқаи телефонии маҳаллӣ;
- хизматрасонии алоқаи телефонии байнишаҳрӣ;
- хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилалӣ;
- хизматрасонӣ ҷиҳати интиқоли маълумот, аз ҷумла алоқаи телеграфӣ ва IР-телефония;
- хизматрасонии алоқаи кандуии мутаҳаррики истифодаи умум;
- хизматрасонии радиодаъвати шахсӣ (персоналӣ);
- хизматрасонӣ ҷиҳати ба истифода додани шабакаҳои пахши барномаҳои телевизион ва радио;
- хизматрасонии хадамоти телематикӣ, аз ҷумла хизматрасонии контент-провайдерӣ (ба истиснои «IР-телефония»).
- Иҷозатномадор уҳдадор аст:
- сирри гуфтугӯйи телефонӣ, иттилооти телеграфӣ ва дигар ахбороти тавассути шабакаҳои алоқа додашаванда, амнияти иттилоотӣ, бехатарӣ ва ҳифзи объект ва иншооти алоқаро таъмин намояд;
- ахбороти тавассути шабакааш додашаванда, инчунин дигар ахбори ба он дахлдоштаро, ба ғайр аз мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон махфӣ нигоҳ дорад;
- дар бино ва иншооте, ки дар он фаъолият ба роҳ монда шудааст, барои иттилоотонии истифодабарандагон нусхаи иҷозатномаро нигоҳ дорад;
- мутобиқи барномаи рушди шабака хизматрасонии алоқаро таъмин намояд;
- таҷҳизоти ба стандартҳои байналмилалӣ ва миллӣ ҷавобгӯй, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар гардидаанд, истифода барад;
- хизмати хушсифати алоқаи кандуии на бештар аз 5 дарсад радия доштаро пешниҳод намуда, ба мақомоти иҷозатдиҳанда ҳамасола дар моҳи январ барои соли гузашта дар бораи теъдоди раддияҳо ахборот манзур намояд.
- Дар замимаи иҷозатнома барои фаъолият дар соҳаи алоқаи барқии инфиродӣ шарт ва талаботҳои иҷозатдиҳии зерин нишон дода мешаванд:
- намуди фаъолияти иҷозатномашаванд;
- тавсифоти техникии таҷҳизот (меъёр ва стандартҳо), воситаҳои алоқа, ки ҷиҳати бунёди шабака ва иншоот истифода мешаванд;
- номинал ё минтақаи радиобасомади (рақами каналҳои тедевизион, номи стандартҳои радиои алоқаи мутаҳаррик ва дастрасии бесим ва ғайра) ҷудокардашуда;
- нақшаи ташкил ва дурнамои рушди шабака (азхудкунии масоҳати фарогирӣ, тавсияи иқтидори фиристанда, теъдоди муштариён);
- таъмини меъёрҳои муқарарнамудаии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сифати хизматрасониҳо;
- тартиби васли шабакаи иҷозатномадор ба шабакаи истифодаи умум;
- тартиби гузаронидани трафики телефонии байнишаҳрӣ ва байналмилалӣ, истифодабарии рамзҳои (кодҳои) телефон, рақамҳо;
- талаботи таъмини кори воситаҳои алоқа ба манфиати амният ва мудофиаи давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои махсусан муҳими ҷамъиятию сиёсӣ, аз ҷумла таъминоти техникии системаи чораҳои оперативию ҷустуҷӯйӣ;
- тартиби истифодаи номиналҳои таъиншуда ё қитъаи радиобасомад.
- Аз ҷониби иҷозатномадор ҷойгир намудани воситаҳои техникӣ дар ҷойҳои зарурӣ, ҷойгир ва истифода намудани хатҳои кабелию радиорелейӣ ва таҷҳизоти иловагӣ барои насб намудани қароргоҳҳои асосӣ бо таҷҳизоти коммутатории шабака ва нуқтаҳои пайвастшавӣ бо ҳар як шабакаи дигари алоқа бо мувофиқаи тарафҳои манфиатдор иҷозат дода мешавад.
- Иҷозатномадор ҳангоми амалӣ намудани хизматрасонии алоқаи телефонии байналмилалӣ бояд шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд:
- шабакаҳои ташкилдиҳандаи алоқаи байиалмилалӣ дар таркиби худ ақаллан як қароргоҳи байналмилалии телефонӣ ва қароргоҳҳои марказии байнишаҳрӣ дар вилоятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дошта бошад;
- таҷҳизоти истифодашаванда бояд ҷавобгӯйи стандартҳои миллӣ ва байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, бошанд;
- қароргоҳи байналмилалии телефонӣ бояд ақаллан ба ду шабакаи марказии шабакаи байналмилалӣ пайванд буда, тавассути роҳи нақлиётии мустақим пайваст шуда тавонад;
- шабакаи алоқаи байналмилалӣ бояд имконияти техникии муайян намудани пайвастҳои байнишаҳриро бо кулли дастгоҳҳои абонентӣ таъмин карда тавонад;
- шабакаҳои алоқаи байналмилалӣ ва байнишаҳрӣ бояд аз маркази идоракунии оператори дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, идора карда шаванд.
- Иҷозатномадори фаъолияти дар соҳаи алоқаи барқии инфиродӣ ҳангоми амалӣ намудани хизматрасонии алоқаи телефонии маҳаллӣ бояд шартҳои иловагии зеринро иҷро намояд:
- ба муштариён бо истифодабарии восит