Рақам 80
Дар асоси нақша 103
Намуди ҳуҷҷат Тартиб
Ном бо забони тоҷикӣ Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда
Ном бо забони русӣ Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также принимаемые к ним меры
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

 

 

Қоидаҳои анҷом додани аҳду амалиёт бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ

 

Қоидаҳои анҷомдиҳии аҳду амалиёт бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ (минбаъд – Қоидаҳо) мутобиқи қисми 9 моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм» бо мақсади танзими анҷомдиҳии аҳду амалиёт бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ таҳия шудааст.

 

  1. Истилоҳоте, ки дар қоидаҳои мазкур истифода бурда мешаванд

 

  1. Дар Қоидаҳои мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- минтақаҳои оффшорӣ – давлат ва ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) тартиби низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро ҳангоми гузаронидани амалиёти молиявӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк пешбинӣ намекунад;

- субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ – бонкҳо, бонкҳои фаръӣ, ширкатҳои ҳолдингӣ, муассисаҳои молиявию қарзӣ, дигар шахсони ҳуқуқӣ ва шахсони воқеӣ;

- бонки ниҳонӣ – бонке, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифта шуда, иҷозатнома гирифтааст, вале воқеан вуҷуд надорад ва бо ягон гурӯҳи молиявии танзимшаванда, ки бояд таҳти назорати муштарак қарор гирад, муттаҳид нашудааст.

 

  1. Шартҳои гузаронидани аҳду амалиёт

 

2) Ташкилотҳoи қарзие, ки ҳуқуқи кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкиро доранд, гузаронидани аҳду амалиёт ва ба роҳ мондани муносибатҳои мустақими муросилотиро бо бонкҳои ғайрирезиденте, ки дар минтақаҳои оффшорӣ фаъолият менамоянд (рӯйхат замима мегардад), танҳо дар сурати риоя намудани шартҳои зерин ба роҳ мемонанд:

а) маблағҳои худии (сармояи) бонки ғайрирезидент аз рӯи қурби ҳисоб ва муқарраркардаи бонки марказии (миллии) давлате, ки дар қаламрави он бонки ғайрирезидент ба қайд гирифта шудааст, дар санаи пешниҳоди ҳисоботи охирини молиявии бонки ғайрирезидент қабл аз рӯзи бастани шартномаи ба роҳ мондани муносибатҳои муросилотӣ аз маблағи ҳамарзиши 100 млн. евро кам набошад ва бонки ғайрирезидент ҳуҷҷатҳои бо тартиби зерин тасдиқшуда пешниҳод карда бошад:

- нусхаи ҳисоботи молиявии бонки ғайрирезидент бо замимаи шакли ҳисоботи молиявӣ, барои се соли охир бо хулосаи аудиторӣ;

- нусхаи ҳуҷҷатҳое, ки дар давлати бақайдгирифтаи бонки ғайрирезидент офиси доимӣ доштани онро тасдиқ мекунанд ;

б) нишондиҳандаи дарозмӯҳлати қобилияти адои қарзро на поёнтар аз дараҷаи Аа3 (махсусан имконияти баланд барои пӯшонидани қарзҳо) мутобиқи меъёри муайяннамудаи ширкати рейтинги Модус (”Moody’s”) ва ё на поёнтар аз дараҷаи АА (имконияти баланд барои пӯшонидани ӯҳдадориҳо)- мутобиқи меъёри муайяннамудаи ширкатҳои рейтингии Стандарт энд Пу (“Standard and Poor”)/ Фитч рейтинг (“FITCH Raiting”) доранд.

3) Г узаронидани аҳду амалиёт бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ тибқи шартномаҳо ба роҳ монда мешавад.

4) Ташкилотҳoи қарзие, ки ба кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ иҷозатнома доранд, ҳуқуқи ба роҳ мондан ё идома додани муносибатҳои мустақими муросилотиро бо бонкҳои ниҳонӣ надоранд, инчунин бояд барои анҷом надодани амалиёт (муомилот) бо муассисаҳои молиявии хориҷӣ - респондентҳо, ки ба бонкҳои ниҳонӣ имкони истифодаи суратҳисобҳои онҳоро медиҳанд, чораҳои эҳтиётӣ андешанд.

5) Ташкилотҳoи қарзие, ки ҳуқуқи кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ доранд, ҳангоми анҷом додани муносибатҳои муросилотӣ ӯҳдадоранд:

- субъектҳое, ки бо онҳо муносибатҳои муросилотии бонкӣ ба роҳ мемонанд ё анҷом медиҳанд, аз вазъи молиявии он бохабар бошанд;

- дар бораи хусусияти фаъолияти субъектҳо маълумот ҷамъоварӣ намоянд;

- дар асоси иттилооти дастрасиаш умум ба мақому эътибори субъектҳо баҳо дода, мавҷудияти мақоми назораткунандаро дар соҳаи муқовимат ба маблағгузории терроризм ва қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда муайян намоянд;

- механизмҳои назоратиеро, ки муассисаи муросилотӣ (муштарии бонк) доир ба масъалаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм истифода мебарад, баҳо диҳанд.

 

  1. Ҷавобгарӣ барои вайрон намудани талаботи қоидаҳои мазкур

 

6) Риояи талаботҳои муқаррарнамудаи Қоидаҳои мазкур аз тарафи ташкилотҳои қарзӣ ва сохторҳои ваколатдори онҳо ҳатмист. Шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ барои иҷро накардани ин Қоидаҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Замимаи 1

ба Қоидаҳои анҷом додани аҳду амалиёт

бо субъектҳои минтақаҳои оффшорӣ

 

 

РӮЙХАТИ ДАВЛАТҲО, ҲУДУДҲО ВА МИНТАҚАҲОИ ОФФШОРӢ

 

  1. Ангила (ҷазира)
  2. Шоҳигарии Андорра
  3. Ҷазираҳои Антил (Шоҳигарии Нидерландия)
  4. Ҷазираи Антигуа
  5. Аруба (ҷазира дар Баҳри Кариб)
  6. Самоаи Ғарбӣ (Давлати мустақили Самоа)
  7. Иттиҳоди ҷазираҳои Багам
  8. Ҷазираи Барбуда
  9. Шоҳигарии Белгия
  10. Белиз (шаҳр, давлат)
  11. Ҷазираҳои Бермуд
  12. Ҷазираҳои Виргинияи Британия
  13. Гватемала
  14. Гренада
  15. Иттиҳоди Доминика (ҷазираи Доминика)
  16. Ҷазираҳои Теркс ва Кайкос (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  17. Ҷумҳурии Либерия
  18. Шоҳигарии Лихтенштейн
  19. Ҷазираҳои Кайман (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  20. Ҷумҳурии Коста Рика
  21. Ҷазираҳои Маршал
  22. Ҷазираи Мен (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  23. Шоҳигарии Монако
  24. Монтсеррат (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  25. Ҷумҳурии Кипр
  26. Ҷумҳурии Науру
  27. Ниуэ (мулки Зеландияи Нав)
  28. Гибралтар (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  29. Ҷумҳурии Сан Марино
  30. Федератсияи Сен Китс ва Невис
  31. Сент Люсия
  32. Сент Винсент ва Гренадинс
  33. Ҷумҳурии Вануату
  34. Ҷумҳурии Шарқии Уругвай
  35. Ҷазираҳои Кук (Зеландияи Нав)
Варианти пешинаи матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

 

 

Правила совершения сделок и операций с субъектами оффшорных зон

 

 

Правила совершения сделок и операций с субъектами оффшорных зон (далее – Правила) подготовлены в соответствии с частью 9 статьи 5 Закона Республики Таджикистан «О противодействии легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путем, и финансированию терроризма», c целью обеспечения регулирования сделок и операций с субъектами оффшорных зон.

 

  1. Термины, используемые в настоящем правиле

 

  1. В настоящем Правиле используются следующие основные понятия:

- оффшорные зоны - государства и территории, предоставляющие порядок льготный налоговый режим для нерезидентов (иностранных физических и юридических лиц), и (или) не предусматривающие раскрытие и предоставление информации при проведении финансовых операций с денежными средствами и иным имуществом;

- субъекты оффшорных зон - банки, филиалы банков, холдинговые компании, финансово - кредитные учреждения, другие юридические и физические лица;

- банк ширма - банк, зарегистрированный и получивший лицензию в установленном законом порядке, но не имеющий физического присутствия, и не аффилированный с какой-либо регулируемой финансовой группой, подлежащей консолидированному надзору;

 

 

 

  1. Условия совершения сделок и операций

 

2.. Кредитные организации, имеющие право на открытие и ведение банковских счетов, совершают сделки и операции и устанавливают прямые корреспондентские отношения с банками-нерезидентами, функционирующими в оффшорных зонах (список прилагается), только при соблюдении следующих условий:

а) собственные средства (капитал) банка-нерезидента по курсу рассчитанному и установленному центральным (национальным) банком государства, в котором зарегистрирован банк-нерезидент, на дату представления последнего финансового отчета банка-нерезидента до заключения договора установления корреспондентских отношений сумму эквивалентную не менее 100 млн. евро и если банк-нерезидент представил документы, утвержденные установленным порядком:

- копия финансового отчета банка-нерезидента с приложением формы финансового отчета за последние три года с аудиторским заключением;

- копия документов, подтверждающих наличие постоянного офиса в государстве, в котором зарегистрирован банк-нерезидент;

б) имеют долгосрочный показатель кредитоспособности не ниже степени АаЗ (исключительно высокие возможности по погашению кредитов) согласно уровню установленного рейтинговой компанией «Moody’s», и не ниже степени АА (высокие возможности по погашению обязательств) в соответствии с установленными нормами рейтинговых компаний “Standard and Poor”/ “FITCH Raiting”.

  1. Проведение сделок и операции с субъектами оффшорных зон проводится на основании договоров.
  2. Кредитные организации, имеющие право на открытие и ведение банковских счетов, не в праве устанавливать или продолжать прямые корреспондентские отношения с банками-ширмами, а также должны принять меры предосторожности против совершения сделок и операций с иностранными финансовыми организациями-респондентами, позволяющими банкам-ширмам пользоваться своими счетами.
  3. Кредитные организации, имеющие право на открытие и ведение банковских счетов при осуществлении корреспондентских отношений обязаны:

- быть в курсе финансового состояния субъектов, с которыми они устанавливают или осуществляют банковские корреспондентские отношения;

- собирать информацию о характере деятельности субъектов;

- на основании общедоступной информации, дать оценку статусу и авторитету субъектов, определить существующий надзорный орган в сфере противодействия легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма;

- дать оценку используемых корреспондентской организацией (клиентом банка) механизмов надзора в сфере противодействия легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма.

 

  1. Ответственность за нарушение требований данных правил

 

  1. Соблюдение требований данных Правил обязательно для кредитных организаций и их структурных подразделений. Физические и юридические лица за неисполнение данных правил будут привлекаться к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Приложение №1

к Правилу совершения сделок и операций

с субъектами оффшорных зон

 

 

СПИСОК ГОСУДАРСТВ, ЗОН И ОФФШОРНЫХ ТЕРРИТОРИЙ

 

  1. Ангилья
  2. Княжество Андорры
  3. Антильские острова (Королевство Нидерландов)
  4. Остров Антигуа
  5. Аруба
  6. Западная Самоа (Независимое Государтсво Самоа)
  7. Содружество Багамских островов
  8. Остров Барбуда
  9. Королевство Бельгия
  10. Белиз
  11. Бермудские острова
  12. Британские Виргинские острова
  13. Гватемала
  14. Гренада
  15. Содружество Доминики (остров Доминика)
  16. Острова Теркс и Кайкос (территория Великобритании)
  17. Республика Либерия
  18. Княжество Лихтенштейн
  19. Каймановы острова (зависимая территория Великобритании)
  20. Республика Коста-Рика
  21. Маршалловы острова
  22. Остров Мен (зависимая территория Великобритании)
  23. Княжество Монако
  24. Монтсеррат (зависимая территория Великобритании)
  25. Республика Кипр
  26. Республика Науру
  27. Ниуэ
  28. Гибралтар (зависимая территория Великобритании)
  29. Республика Сан Марино
  30. Федерация Сент-Китс и Невис
  31. Сент-Люсия
  32. Сент-Винсент и Гренадины
  33. Республика Вануату
  34. Восточная Республика Уругвай
  35. Острова Кука (Новая Зеландия)
Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (тоҷ)

                                                                                                                                           Лоиҳа

 

 Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда

 

Тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда (минбаъд – Тартиб) мутобиқи қисми 3 моддаи 14 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» (минбаъд – Қонун) таҳия гардида, тартиби ташаккул ва интишори феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланди қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, инчунин чораҳои нисбат ба чунин кишварҳо ва ҳудудҳо татбиқшавандаро  барои коҳиш додани хавфҳо муқаррар менамояд.

 

  1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

  1. Дар Тартиби мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд – давлатҳо ва ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, инчунин минтақаҳои оффшорӣ;

- минтақаҳои оффшорӣ – давлатҳо ва (ё) ҳудудҳое, ки ба андозсупорандагон (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) низоми имтиёзноки андозбандиро пешниҳод намуда, маълумотро доир ба амалиётҳои молиявӣ ва амалиётҳои дигари молумулкӣ ифшо ва пешниҳод намекунанд;

- департаменти мониторинги молиявии назди Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд – департаменти мониторинги молиявӣ) – воҳиди сохтории мустақил ва махсуси Бонки миллии Тоҷикистон буда, мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи Қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд.

 

  1. ТАРТИБИ ТАШАККУЛ ВА ИНТИШОРИ ФЕҲРИСТИ КИШВАРҲО ВА ҲУДУДҲОИ ДОРОИ ХАФВИ БАЛАНД
  2. Феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд бо тартиби пешбининамудаи Тартиби мазкур аз ҷониби департаменти мониторинги молиявӣ таҳия ва мунтазам таҷдид карда мешавад.
  3. Ба феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд давлатҳо ва ҳудудҳои зерин дохил карда мешаванд:

- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки стандартҳои байналмилалиро дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ намекунанд ё онҳоро ба таври нокифоя татбиқ мекунанд, ки аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) муайян ва татбиқи чораҳоро нисбат ба онҳо даъват намудааст;

- давлатҳо ё ҳудудҳои дорои хавфи баланд, ки аз ҷониби Гурӯҳи Авруосиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ё Шурои роҳбарони мақомоти кашшофии молиявии давлатҳои иштирокдори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташаккул дода шуда, татбиқи чораҳоро нисбат ба онҳо даъват намудааст;

- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки нисбат ба онҳо бо қарори Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид татбиқи чораҳои таъсиррасонӣ ва маҳдуднамоӣ муқаррар гардида, иҷрои онҳо барои давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ҳатмӣ мебошад;

- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки аз ҷониби Институти идоракунии Базел ҳамчун дорои радабандии баландтарини 10 кишвари аввал бо холи аз ҳама баланди қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда,  маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкнуии силоҳи қатли ом муайян шудаанд;

- давлатҳо ё ҳудудҳое, ки дорои шохиси баландтарини 10 кишвари аввал бо холи аз ҳама баланди фаъолияти террористӣ ва хатари террористӣ мутобиқи Шохиси ҷаҳонии терроризм мебошанд;

- минтақаҳои оффшорие, ки мутобиқи замима ба Тартиби мазкур муқаррар гардидаанд;

- давлатҳо ва ҳудудҳое, ки дар натиҷаи гузаронидани баҳодиҳии хавфҳои қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда,  маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳамчун дорои хавфи баланд муайян шудаанд.

  1. Рӯйхати кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар шакли электронӣ ҷойгир карда мешавад. Сохтор ва шакли рӯйхати кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд аз ҷониби департаменти мониторинги молиявӣ муайян карда мешавад.
  2. Департаменти мониторинги молиявӣ мониторинги мунтазами сомонаҳои расмии ташкилотҳои байналмилалии дар банди 3 Тартиби мазкур муайяншударо амалӣ намуда, дар сурати таҷдид гардидани рӯйхатҳои кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланди аз ҷониби онҳо таҳияшаванда, дар давоми ду рӯзи корӣ тағйиру иловаҳои дахлдорро дар Феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ворид менамояд.
  3. Дар давоми рӯзи корӣ аз лаҳзаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд департаменти мониторинги молиявӣ Феҳристи таҷдидшударо дар сомонаи расмии Бонки миллии Тоҷикистон ҷойгир намуда, ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда ва мақомоти назоратӣ бобати ҷойгир намудани он бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Феҳрист ва ворид/хориҷ шудани давлат ё ҳудуд аз он тариқи шабакаҳои алоқаи электронӣ хабарнома ирсол менамояд.

 

  1. ЧОРАҲОИ НИСБАТ БА КИШВАРҲО ВА ҲУДУДҲОИ ДОРОИ ХАВФИ БАЛАНД ТАТБИҚШАВАНДА

 

  1. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт (аҳдҳо) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд мебошанд, чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштариро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонӣ (расмикунонӣ)-и даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом татбиқ менамоянд.
  2. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштариро мувофиқ ба хавф ва бо назардошти тавсияҳои департаменти мониторинги молиявӣ ва мақомоти назоратӣ татбиқ менамоянд.
  3. Чораҳои нисбат ба кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд татбиқшаванда бо назардошти манфиатҳои миллӣ ва уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
  4. Субъектҳои ҳисоботдиҳанда ва мақомоти назоратӣ дар доираи салоҳияти худ нисбат ба кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд чораҳои зеринро татбиқ менамоянд:

- чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ва (ё) анҷом додани амалиёт (аҳдҳо) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд;

- ба департаменти мониторинги молиявӣ хабар додан оид ба амалиёт (аҳд) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудаанд ё амал мекунанд ё оид ба анҷом додани амалиёт бо онҳо, новобаста аз маблағи амалиёт (аҳд);

- даст кашидан аз ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё анҷом додани амалиёт (аҳд) бо шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ аз кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд;

- даст кашидан ё қатъ намудани муносибатҳои муросилотии бонкӣ ё  муносибатҳои дигари ба онҳо монанд бо шахси ҳуқуқие, ки дар кишвар ва ҳудуди дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудааст;

- татбиқи чораҳои санҷиш (назорат)-и қатъӣ ва (ё) пурзӯр намудани талаботи аудити берунӣ нисбат ба филиалҳо ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқие, ки дар кишвар ва ҳудуди дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудааст;

 - рад намудани пешниҳоди иҷозатнома ба ҷамъиятҳои фаръӣ, филиалҳо ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқие, ки дар кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ба қайд гирифта шудаанд;

- рад намудани иҷозатномадиҳӣ ба шахси ҳуқуқие, ки ба ҳайси муассиси он шахси воқеӣ ё ҳуқуқии дар кишвар ё ҳудуди дорои хавфи баланд бақайдгирифташуда баромад мекунад;

- манъ намудани таъсиси филиал ё намояндагиҳо дар кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд ба субъектҳои ҳисоботдиҳанда.

  1. Чораҳои пешбининамудаи банди 10 Тартиби мазкур танҳо нисбат ба кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, ки номгӯи онҳоро департаменти мониторинги молиявӣ дар асоси изҳороти расмии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии мубориза бар зидди пулшӯӣ (ФАТФ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалии дар банди 3 Тартиби мазкур муқарраршуда муайян ва дар сомона ҷойгир мекунад, татбиқ мегарданд.
  2. Мақомоти назоратӣ чораҳои дар банди 10 Тартиби мазкур пешбинишударо нисбат ба кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ менамоянд.

 

 

 

 

  1. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

  1. Дар ҳолати хориҷ гардидани кишвар ё ҳудуд аз Феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд, нисбат ба чунин кишвар ва ҳудуд татбиқи чораҳои қатъии санҷиши дахлдори муштарӣ ё дигар чораҳои дар Тартиби мазкур пешбинишуда қатъ мегардад.
  2. Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани талаботи Тартиби мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

 

Замима

ба Тартиби ташаккул ва интишори

феҳристи кишварҳо ва ҳудудҳои дорои хавфи баланд,

инчунин чораҳои нисбат ба онҳо татбиқшаванда

 

 

РӮЙХАТИ МИНТАҚАҲОИ ОФФШОРӢ

 

  1. Ангила (ҷазира)
  2. Шоҳигарии Андорра
  3. Ҷазираҳои Антил (Шоҳигарии Нидерланд)
  4. Ҷазираи Антигуа
  5. Аруба (ҷазира дар Баҳри Кариб)
  6. Давлати Мустақили Самоа (Самоаи Ғарбӣ)
  7. Иттиҳоди ҷазираҳои Багам
  8. Ҷазираи Барбуда
  9. Шоҳигарии Белгия
  10. Белиз
  11. Ҷазираҳои Бермуд
  12. Ҷазираҳои Виргинияи Британия
  13. Гватемала
  14. Гренада
  15. Иттиҳоди Доминика (ҷазираи Доминика)
  16. Ҷазираҳои Теркс ва Кайкос (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  17. Ҷумҳурии Либерия
  18. Шоҳигарии Лихтенштейн
  19. Ҷазираҳои Кайман (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  20. Ҷумҳурии Коста-Рика
  21. Ҷазираҳои Маршал
  22. Ҷазираи Мен (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  23. Шоҳигарии Монако
  24. Монтсеррат (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  25. Ҷумҳурии Науру
  26. Ниуэ (ҳудуди тобеи Зеландияи Нав)
  27. Гибралтар (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  28. Ҷумҳурии Сан-Марино
  29. Федератсияи Сент-Китс ва Невис
  30. Сент-Люсия
  31. Сент-Винсент ва Гренадинҳо
  32. Ҷумҳурии Вануату
  33. Ҷумҳурии Шарқии Уругвай
  34. Ҷазираҳои Кук (Зеландияи Нав)
  35. Шоҳигарии Баҳрейн
  36. Ҷумҳурии Барбадос
  37. Давлати Бруней-Даруссалам
  38. Кюрасао (Шоҳигарии Нидерланд)
  39. Гернси (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  40. Гонконг (воҳиди маъмурии махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин)
  41. Макао (воҳиди маъмурии махсуси Ҷумҳурии Мардумии Чин)
  42. Ирландия 
  43. Ҷазираи Ҷерси (ҳудуди тобеи Британияи Кабир)
  44. Лубнон
  45. Люксембург (Герсогии Бузурги Люксембург)
  46. Лабуан (Ҳудуди федеролие, ки ба ҳайати Федератсияи Малай (Малайзия) дохил мешавад)
  47. Малта (Ҷумҳурии Малта)
  48. Маврикий (Ҷумҳурии Маврикий)
  49. Зеландияи Нав
  50. Панама (Ҷумҳурии Панама)
  51. Филиппин (Ҷумҳурии Филиппин)
  52. Вилояти Мухтори Мадейра (Португалия)
  53. Ҷазираҳои Сейшел
  54. Сингапур
  55. Сент-Мартен
  56. Аморати Муттаҳидаи Араб

 

Матни лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ (рус)

                                                                                                                                 Проект

 

 Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также принимаемые к ним меры

 

Порядок формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском, а также принимаемые к ним меры (далее — Порядок) разработан в соответствии с частью 3 статьи 14 Закона Республики Таджикистан «О противодействии легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения» (далее – Закон), и устанавливает процедуры формирования и опубликования перечня стран и территорий с повышенным риском легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, а также принимаемые в отношении таких стран и территорий меры по снижению рисков.

 

  1. ОБЩИЕ ПОЛОЖЕНИЯ
  2. В настоящем Порядке используются следующие основные понятия:

- страны и территории с повышенным риском – государства и территории, которые не применяют или применяют в недостаточной степени международные стандарты в сфере противодействия легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, а также оффшорные зоны;

- оффшорные зоны – государства и (или) территории, которые предоставляют налогоплательщикам (иностранным физическим и юридическим лицам) льготный режим налогообложения, не раскрывают и представляют сведения о финансовых и других имущественных операциях;

- департамент финансового мониторинга при Национальном Банке Таджикистана (далее – департамент финансового мониторинга) – независимая и специализированная структура Национального банка Таджикистана, цель, задача и полномочий которого в сфере противодействия легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путём, финансирования терроризма и финансирования распространения оружия массового поражения определяется Законом и другими нормативными правовыми актами.

 

  1. ПОРЯДОК ФОРМИРОВАНИЯ И ОПУБЛИКОВАНИЯ ПЕРЕЧНЯ СТРАН И ТЕРРИТОРИЙ С ПОВЫШЕННЫМ РИСКОМ
  2. Перечень стран и территорий с повышенным риском формируется и обновляется департаментом финансового мониторинга в порядке, предусмотренным настоящим Порядком.
  3. В перечень стран и территорий с повышенным риском подлежат включению следующие страны и территории:

           - государства или территории, не выполняющие или недостаточно выполняющие международные стандарты по противодействию легализации доходов, полученных преступным путем, финансиованию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения, определенные Группой разработки финансовых мер борьбы с отмыванием денег (ФАТФ) и в отношении которых призывает принять меры;

           - государства или территории с повышенным риском, формируемый  Евразийской группой по противодействию легализации доходов, полученных преступным путем и финансированию терроризма или Советом руководителей подразделений  финансовой разведки государств-участников Содружества Независимых Государств и в отношении которых призывает принять меры;

           - государства или территории, в отношении которых решением Совета Безопасности Организации Объединенных Наций введены ограничительные меры или меры воздействия, исполнения которых обязательны для государств-членов Организации Объединенных Наций;

           - государства или территории, определенные Базельским институтом управления как обладающие наивысшим рейтингом (первые 10 стран с наивысшим баллом) легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения;

           - государства или территории с индексом наибольшей террористической активности и террористической угрозы (первые 10 стран с наивысшим баллом) согласно Глобальному индексу терроризма;

           - оффшорные зоны, предусмотренные в приложении к настоящему Порядку;

           - государства и территории, определенные как высокорискованные по результатам проведения оценки рисков легализации (отмыванию) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения.

  1. Перечень стран и территорий с повышенным риском размещается на официальном сайте Национального банка Таджикистана в электронном формате. Структура и формат перечня стран и территорий с повышенным риском определяются департаментом финансового мониторинга.
  2. Департамент финансового мониторинга осуществляет регулярный мониторинг официальных сайтов международных организаций, указанных в пункте 3 настоящего Порядка, и в случае наличия обновлений в формируемые ими списках стран и территорий с повышенным риском, в течение двух рабочих дней вносит соответствующие изменения и дополнений в Перечень стран и территорий с повышенным риском.
  3. В течение рабочего дня с момента внесения изменений и дополнений в Перечень стран и территорий с повышенным риском, департамент финансового мониторинга размещает на официальном сайте Национального банка Таджикистана обновленный перечень, и направляет уведомление подотчетным субъектам и надзорным органам об опубликовании перечня с учётом внесении изменений и дополнений в Перечень и включении/исключении из неё страны или территории по электронным каналам связи.

                 

  1. МЕРЫ, ПРИМЕНЯЕМЫЕ В ОТНОШЕНИИ СТРАН И ТЕРРИТОРИЙ С ПОВЫШЕННЫМ РИСКОМ
  2. Подотчетные субъекты применяют усиленные меры надлежащей проверки клиента при установлении деловых отношений и (или) осуществлении операций (сделок) с физическими или юридическими лицами из стран и территорий с повышенным риском в порядке, предусмотренном законодательством Республики Таджикистан в сфере противодействия легализации (отмывания) доходов, полученных преступным путем, финансированию терроризма и финансированию распространения оружия массового поражения.
  3. Подотчетные субъекты применяют усиленные меры надлежащей проверки клиента, соразмерные рискам, и с учетом рекомендаций департамента финансового мониторинга и надзорных органов.
  4. Меры, принимаемые в отношении стран и территорий с повышенным риском, определяются с учетом национальных интересов и международных обязательств Республики Таджикистан.
  5. Подотчетные субъекты и надзорные органы, в пределах своих компетенций, применяют в отношении стран и территорий с повышенным риском следующие меры:

           - применение усиленных мер надлежащей проверки клиента при установлении деловых отношений или проведении операций (сделок) с физическими или юридическими лицами из стран и территорий с повышенным риском;

           - представление в департамент финансового мониторинга сообщений об операциях (сделках) с физическими или юридическими лицами, зарегистрированные или действующие в странах и территориях с повышенным риском, или осуществляющие операции с ними независимо от суммы совершенной операции (сделки);

           - отказ в установлении деловых отношений или проведении операций (сделок) с физическими или юридическими лицами из стран и территорий с повышенным риском;

           - отказ в установлении или прекращение корреспондентских банковских, или других подобных отношений с юридическим лицом, зарегистрированным в стране и территории с повышенным риском;

           - применение усиленной проверки (надзора) и (или) ужесточение требований внешнего аудита в отношении филиалов и представительств юридического лица, зарегистрированного в стране и территории с повышенным риском;

           - отказ в лицензировании дочерних обществ, филиалов или представительств юридических лиц, зарегистрированных в странах и территориях с повышенным риском;

           - отказ в лицензировании юридического лица, где в качестве учредителя выступает физическое или юридическое лицо, зарегистрированное в стране и территории с повышенным риском;

           - запрет подотчетным субъектам создавать филиалы или представительства в стране и территории с повышенным риском.

  1. Меры, предусмотренные в пункте 10 настоящего Порядка, применяются только в отношении отдельных стран и территорий с повышенным риском, перечень которых определяется департаментом финансового мониторинга, на основе публичных заявлений Группой разработки финансовых мер борьбы с отмыванием денег (ФАТФ), и иных международных организаций, указанных в пункте 3 настоящего Порядка, и размещается на сайте.
  2. Надзорные органы принимают в отношении стран и территорий с повышенным риском меры, предусмотренные в пункте 10 настоящего Порядка по согласованию с Министерством иностранных дел Республики Таджикистан.

 

  1. ЗАКЛЮЧИТЕЛЬНЫЕ ПОЛОЖЕНИЯ
  2. При исключении страны или территории из перечня стран и территорий с повышенным риском, в отношении такой страны или территории прекращается применение усиленных мер надлежащей проверки клиента, или иных мер, предусмотренных в настоящем Порядке.
  3. Физические и юридические лица за нарушение требований настоящего Порядка привлекаются к ответственности в порядке, установленном законодательством Республики Таджикистан.

 

Приложение

к Порядку формирования и опубликования

перечня стран и территорий с повышенным риском,

а также принимаемые к ним меры

 

 

СПИСОК ОФФШОРНЫХ ЗОН

 

  1. Ангилья
  2. Княжество Андорры
  3. Антильские острова (Королевство Нидерландов)
  4. Остров Антигуа
  5. Аруба (остров в Карибском море)
  6. Независимое Государство Самоа (Западная Самоа)
  7. Содружество Багамских островов
  8. Остров Барбуда
  9. Королевство Бельгия
  10. Белиз
  11. Бермудские острова
  12. Британские Виргинские острова
  13. Гватемала
  14. Гренада
  15. Содружество Доминики (остров Доминика)
  16. Острова Теркс и Кайкос (территория Великобритании)
  17. Республика Либерия
  18. Княжество Лихтенштейн
  19. Каймановы острова (зависимая территория Великобритании)
  20. Республика Коста-Рика
  21. Маршалловы острова
  22. Остров Мен (зависимая территория Великобритании)
  23. Княжество Монако
  24. Монтсеррат (зависимая территория Великобритании)
  25. Республика Науру
  26. Ниуэ (зависимая территория Новой Зеландии)
  27. Гибралтар (зависимая территория Великобритании)
  28. Республика Сан-Марино
  29. Федерация Сент-Китс и Невис
  30. Сент-Люсия
  31. Сент-Винсент и Гренадины
  32. Республика Вануату
  33. Восточная Республика Уругвай
  34. Острова Кука (Новая Зеландия)
  35. Королевство Бахрейн
  36. Республика Барбадос
  37. Государство Бруней-Даруссалам
  38. Кюрасао (Королевство Нидерландов)
  39. Гернси (зависимая территория Великобритании)
  40. Гонконг (специальный административный район Китайской Народной Республики)
  41. Макао (специальный административный район Китайской Народной Республики)
  42. Ирландия
  43. Остров Джерси (зависимая территория Великобритании)
  44. Ливан
  45. Люксембург (Великое Герцогство Люксембург)
  46. Лабуан (Федеральная территория, входящая в состав Малайской Федерации(Малайзии))
  47. Мальта (Республика Мальта)
  48. Маврикий (Республика Маврикий)
  49. Новая Зеландия
  50. Панама (Республика Панама)
  51. Филиппины (Республика Филиппины)
  52. Автономный регион Мадейра (Португалия)
  53. Сейшельские Острова
  54. Сингапур
  55. Сент-Мартен
  56. Объединенные Арабские Эмираты

 

 

Ҳуҷҷатҳои иловагӣ L00080-HI-ba-loihai-Tartibi-tashakkul-va-intishori-fehristi-kishvarho-va-hududhoi-doroi-khavfi-baland.pdf
Таҳлили таъсири танзимкунӣ вобаста ба муносибатҳои санади меъёрии ҳуқуқӣ L00080-TTT-tasiri-tanzimkunii.pdf
Санаи оғози машварати оммавӣ 29.11.2024
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 29.12.2024
Дастрас он-лайн
Хулосаи мақоми ваколатдор оид ба ТТТ L00080-MMK-Untitled.FR112.pdf
Қабул шуд Дар барраси
Мутасаддӣ оид ба таҳияи лоиҳаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Нусхаи ниҳоӣ
Санаи нусхаи ниҳоӣ
Санаи ворид 29.11.2024
Админ 0