Рақам 100
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.09.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.11.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект Закона Республики Таджикистан “О внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан «О страховой деятельности»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 02.09.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

   Тибқи талаботи банди 6 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 28 декабри соли 2023 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” зикргардида, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 январи соли 2024, №АП-484 тасдиқ шудааст ва иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ» бо мақсади мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» ба талаботи қонунгузорӣ дар самти вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» омода гардидааст.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкурро бо назардошти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, ки аз талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ» ва Нақшаи болозикр бармеоянд, лоиҳаи мазкурро омода намудааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Натиҷаи тағйиру иловаҳо ба Қонуни мазкур боиси он мегардад, ки низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар рушд ёфта, ба шаффофияти идоракунии маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар самти пардохтҳои суғуртавӣ, ҷуброни суғуртавӣ, суғуртакунӣ, азнавсуғуртакунӣ, суғуртаи ҷамъшаванда, ҳаққи суғуртавӣ (мукофоти суғуртавӣ), суғуртаи мутақобила, инчунин баланд бардоштани рияои ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат намояд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини иҷрои Фармон ва Нақшаи чорабиниҳои болозикр ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ» тағйиру иловҳоро бо мақсади таъмини шаффофияти маблғгузорӣ ва рушди фаъолияти соҳа пешниҳод намуд. Бидуни таҳияи чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ, ки аз талаботи имрӯзаи миллӣ ва байналмлиалӣ бармеояд танзими фаъолият самаранок намебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

   Қабули лоиҳа аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

-                     риояи муқаррароти қонунгузорӣ таъмин мегардад;

-                     сатҳи хизматрасониҳо вобаста ба фаъолияти суғуртавӣ беҳтар мегардад;

-                     низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар кишвар рушд ёфта, ба шаффофияти идоракунии маблағҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ дар самти пардохтҳои суғуртавӣ мусоидат менамояд;

-                     ҳуқуқвайронкуниҳо аз ҷониби субъектҳои фаъолияти суғуртавӣ пешгирӣ карда мешавад.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

-                     шаффофияти маблғгузорӣ ва рушди фаъолияти соҳа таъмин мегардад;

-               низоми ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дуруст ба роҳ монда мешавад.

Дар сурати қабул гардидани Қонуни мазкур фаъолияти субъектони соҳа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи талаботи қонунгузорӣ дуруст роҳандозӣ гардида, ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид гардидани маблағҳо, инчунин таъминоти равандаи низоми идоракунии соҳа ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ-иқтисодии шаҳрвандон шароисти мусоид фароҳам меорад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 02.09.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00100-MMK-Untitled.FR12.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 900784444, Karimzoda87@mail.ru
Санаи нашр 02.08.2024
Дастрас он-лайн