Санаи 22 июни соли 2023, №1968 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” қабул гардид, ки қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолият ва ё амалҳоеро, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи низоми иҷозатдиҳӣ танзим карда мешаванд, муқаррар намуда, ба таъмини риояи стандартҳо, шартҳои тахассусӣ, инчунин ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шахс, ҷомеа ва давлат равона гардидааст.
Бо мақсади мутобиқ намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Нақшаи амал оид ба таҳия ба муқаррарроти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба “Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда” тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.
Инчунин, бо мақсади мутобиқ намудани муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти танзиму назорати асъор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” санаи 28 марти соли 2024, №157 тағйиротҳо ворид карда шуданд.
Тибқи тағйиротҳои ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” воридкардашуда муқаррароти Дастурамали №251 бояд ба талаботи моддаи 6 “Хироҷи иҷозатномадиҳӣ” мутобиқ карда шавад. Тибқи муқаррароти он резидентҳо мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ба буҷети давлатӣ хироҷ пардохт мекунанд.
Дар баробари ин, мутобиқи зербанди 78, банди 23 “Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташаванда” ба зернамудҳои фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ намудҳои зерини фаъолият дохил мешаванд:
- иҷрои кор ва хизматрасонӣ оид ба таъминот, нигоҳбонӣ, таъмир ва ташхису омодасозии ҳавопаймоҳои ширкатҳои хориҷӣ;
- хизматрасонии консулӣ ба ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳ ва истгоҳҳои байналмилалӣ (марзи гумрукӣ);
- хизматрасонии миёнаравӣ дар хариду фурӯши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ҳангоми воридоту содироти онҳо;
- хизматрасонӣ барои ҳамлу нақли бор дар нақлиёти боркашонии байналмилалӣ, аз ҷумла, хизматрасонии экспедиторӣ, суғуртакунонӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда;
- хизматрасонӣ ба мусофирон дар воситаҳои нақлиёти байналмилалӣ;
- ҳангоми фурӯши мол ва пешниҳоди хизматрасониҳо дар мағозаҳои савдои бебоҷ;
- хизматрасонӣ дар толорҳои фурудгоҳи байналмилалӣ.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” барои амалӣ намудани фаъолият оид ба анҷомдиҳии амалиёт бо асъор, аризадиҳанда барои баррасии ариза ба андозаи 10 (даҳ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо ва барои гирифтани иҷозатнома хироҷи яккарата ба андозаи 5 (панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо бояд пардохт намояд.
Инчунин, барои нигоҳ доштани эътибори иҷозатномаи додашуда хироҷи минбаъдаи ҳарсола ба андозаи 5 (панҷ) нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 31 декабри соли тақвимӣ ба буҷети давлатии дахлдор пардохт карда мешавад.
Дар баробраи ин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳои навбатӣ ба Дастурамал таҷрибаи дигар давлатҳо, аз қабили Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Узбекистон омӯхта шуда, масъалаҳои муҳиме, ки дар Дастурамали мавҷуд набуданд, ворид карда мешаванд.
Дар ҳолати қабул нагардидани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур мухолифати муқаррароти Дастурамал ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” бартараф намегардад.