Рақам 105
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.10.2024
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.12.2024
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект закона Республики Таджикистан «О внесении изменений и дополнений в Таможенный кодекс Республики Таджикистан»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 07.10.2024
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва гузариш ба шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ мутобиқи талаботи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин сода ва шаффоф намудани расмиёти гумрукӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мутобиқ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҳия намуд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳои гумрукӣ ва гузариш ба шакли пурраи декларатсиякунонии электронӣ тағйиру иловаҳо ба Кодекси мазкурро бо назардошти гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ дар кишвар, ки аз талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023, №586 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринакдӣ» бармеоянд, таҳия намудааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Тибқи лоиҳаи таҳияшуда, меъёри Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ ва имзои электронӣ” аз 15 марти соли 2023 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” аз 22 июни соли 2023 мутобиқ гардонида мешавад.

Бо таваҷҷуҳ ба ин,  дар лоиҳаи пешниҳодшуда масъалаҳо вобаста ба автоматикунонӣ ва рақамигардонии расмиёти гумрукӣ, идораи таваккал, содагардонии расмиёти иҷозатдиҳии фаъолияти шахсони дар соҳаи гумрук фаъолияткунанда, декларатсиякунонии электронӣ бо татбиқи имзои рақамии электронӣ, аз байн бурдани духуррагӣ ва таззоди меъёрҳои ҳуқуқӣ ва такмили усули муносибат ба фард ҷиҳати ҳавасмандгардонии тоҷирони бовиҷдон, пурра ба инобат гирифта шудаанд.

Ҷорӣ намудани технологияҳо ва системаҳои муосири иттилоотӣ дар барасмиятдарории гумрукии ҳамаи расмиёт, гузаштан ба декларатсиякунонии пурраи электронии фосилавии молу воситаҳои нақлиёт тавассути системаҳои иттилоотии мақомоти гумрук, яъне пешниҳод намудани декларатсия ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар шакли электронӣ тавассути системаҳои иттилооти бо истифода аз имзои электронии рақамӣ ва ҷорӣ намудани раванди пешниҳоди талони электронӣ барои гузаштан аз назорати давлатӣ дар сарҳад тавассути системаи ягонаи иттилоотӣ, барои кам кардани шумораи санҷишу муоинаҳои гумрукии номуносиб ва ихтисор кардани хароҷоти вақт, инчунин пешгирии ҳолатҳои қочоқ ва коррупсия дар барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт мусоидат мекунанд.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Лоиҳа дар маҷмӯъ барои  ба танзим даровардан ва мукаммал намудани муносибатҳои соҳаи мазкур равона гардидааст.

Аз ҷониби таҳиякунанда чунин чораҳо (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) андешида шудаанд:

  • Таҷрибаи қонунгузории давлатҳои хориҷа омӯхта шуда, лозим дониста, мешавад ки ба баъзе моддаҳои алоҳидаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шавад.
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи қарори мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузориро талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

-         сатҳи хизматрасониҳо дар самти мазкур беҳтар мегардад;

-         барои беҳтар намудани шароити воридоту содирот ва транзити мол мусоидат менамояд.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

-     барои беҳтар намудани транзити мол мусоидат менамояд;

-     содагардонии барасмиятдарории гумрукӣ;

-     декларатсиякунонии электронӣ бо татбиқи имзои рақамии электронӣ;

-     аз байн бурдани духуррагӣ ва таззоди меъёрҳои ҳуқуқӣ ва такмили усули муносибат ба фард ҷиҳати ҳавасмандгардонии тоҷирони бовиҷдон;

-     кам гардидани шумораи санҷишу муоинаҳои гумрукии номуносиб;

-     ихтисор гардидани хароҷоти вақт, инчунин пешгирии ҳолатҳои қочоқ ва коррупсия дар барасмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт

Қабул гардидани лоиҳаи пешниҳодшуда барои татбиқи технологияҳо ва системаҳои муосири иттилоотӣ дар барасмиятдарории гумрукии ҳамаи расмиёт, гузаштан ба декларатсиякунонии пурраи электронии фосилавии молу воситаҳои нақлиёт тавассути системаҳои иттилоотии мақомоти гумрук, яъне пешниҳод намудани декларатсия ва ҳамаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳӣ ва иҷозатдиҳӣ дар шакли электронӣ тавассути системаҳои иттилооти бо истифода аз имзои электронии рақамӣ ва ҷорӣ намудани раванди пешниҳоди талони электронӣ барои гузаштан аз назорати давлатӣ дар сарҳад тавассути системаи ягонаи иттилоотӣ мусоидат менамояд.

 Бидуни ворид намудани тағйироти пешбинигардида ҳал намудани мушкилиҳои ҷойдошта, инчунин танзими масъалаи мазкур ғайриимкон мебошад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 07.10.2024
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00105-MMK-Untitled.FR1.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Бухоро 50/1, 918408925, matluba16@mail.ru
Санаи нашр 05.09.2024
Дастрас он-лайн