Рақам |
107
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳои қарзӣ
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
05.10.2024
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
16.12.2024
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Дастурамал
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Дастурамал “Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд”
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Инструкция “Об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам”
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
05.11.2024
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Мавриди зикр аст, ки Дастурамали №244 “Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд” санади асосии меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ ба ҳисоб рафта, аз санаи 3 майи соли 2021 таҳти №74 бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон тасдиқ ва аз санаи 26 майи соли 2021 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №238 “ё” ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади таъмини заминаҳо барои гузариш ба реҷаи ҳадафгирии таваррум, иҷрои муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат”, “Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” ва “Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) бо Хазинаи Байналмилалии Асъор то соли 2025” тибқи таҷрибаи бонкҳои марказии ҷаҳонӣ, ҷорӣ намудани фишанги такмилёфтаи сиёсати пулию қарзӣ - захираҳои ҳатмӣ, яъне “Механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ” (Reserve requirement averaging mechanism) дар соли 2025 ба нақша гирифта шудааст. Дар ин раванд, ҷиҳати тақвияти самаранокии фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ ва мусоидат намудан ба рушди фаъолияти бозори байнибонкӣ, зарурияти дар таҳрири нав таҳия ва тасдиқ намудани Дастурамал “Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд” (минбаъд –Дастурамал) дар асоси моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” пеш омадааст.
Дастурамали мазкур бо мақсади татбиқ намудани муқаррароти он нисбати ташкилотҳои қарзии маҳалӣ ва намояндагии ташкилотҳои қарзии хориҷӣ, ки дар Бонки миллии Тоҷикистон захираҳои ҳатмӣ таъмин менамоянд, пешбинӣ шудааст.
Бо сабаби мувофиқ набудани санади меъёрии ҳуқуқии амалкунанда оид ба захираҳои ҳатмӣ бо механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ, зарурат пеш омадааст, ки санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор таҳия ва тасдиқ карда шавад, то ин ки таъмини захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ дар доираи талаботи механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ мутобиқ гарданд.
Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ва андешида нашудани ягон амал, ҷорӣ намудани механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ номумкин гардида, барзиёдии маблағҳо дар суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзӣ меафзояд, ки ин дар навбати худ ба заиф гардидани трансмиссияи сиёсати пулию қарзӣ ва суст гардидани фаъолияти бозори байнибонкӣ боис мегардад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Дахолати давлат дар робита ба санади меъёрии ҳуқуқии пешниҳодшуда барои он зарур аст, ки механизми нави таъмини захираҳои ҳатмӣ барои ташкилотҳои қарзии кишвар таҷрибаи нав ба шумор рафта, татбиқи босамари он кафолати пешбурди сиёсати натиҷабахши пулию қарзии давлат ва рушди низоми молиявию бонкӣ ҳисобида мешавад. Дастурамали мазкур барои ҷорӣ намудани механизми нави таъмини захираҳои ҳатмӣ санади меъёрии ҳуқуқии муҳим ба ҳисоб рафта, иҷрои муқаррароти “Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва давраи миёнамуҳлат”, “Стратегияи сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021 - 2025” ва “Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) бо Хазинаи Байналмилалии Асъор то соли 2025” – ро таъмин менамояд.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Лоиҳаи Дастурамали мазкур дар доираи ҳамкорӣ байни Бонки миллии Тоҷикистон ва Корпуси волонтёрони хизматрасониҳои молиявӣ (FSVC) дар якҷоягӣ бо мушовирони байналмилалӣ дар заминаи таҷрибаи ҷаҳонӣ таҳия шудааст.
Дастурамали мазкур андешидани чораҳои зеринро доир ба таъмини захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ тавассути механизми миёнакунонӣ пешбинӣ менамояд:
- муайян намудани тартиби иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ дар шакли нав;
- муайян намудани давраҳои иҷрои талаботи заҳираҳои ҳатмӣ;
- пешниҳоди шаклҳои ҳисобот оиди ҳисоб ва иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ;
- татбиқи чораҳои фаврии ислоҳӣ ва таъсиррасонӣ дар ҳолати аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ риоя нашудани иҷрои талаботи Бонки миллии Тоҷикистон.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Талаботи таъмини захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ тибқи Дастурамали №244 “Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд” (қарори Раёсати БМТ №74 аз 3 майи соли 2021) иҷро гардида истодааст. Санади меъёрии ҳуқуқии зикргардида дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 26 майи соли 2021, №238 “ё” ба қайд гирифта шудааст.
Иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ дар механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ нисбат ба тартиби амалкунанда тафовут дошта, тағйиротҳои зеринро талаб мекунад:
- васеъ намудани пойгоҳи захиравӣ;
- ҷорӣ намудани давраҳои таъминнокӣ;
- таъмини маблағи захираҳои ҳатмӣ дар суратҳисоби муросилотӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон;
- иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ бо ҳисоби миёнаи бақияи маблағ дар суратҳисобӣ муросилотӣ;
Аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ва мутахассисони байналмилалӣ аллакай чанд маротиба бо ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба ҷорӣ намудани тартитби нави иҷрои талаботи захираҳои ҳатмӣ рӯнамо ва вохӯриҳо гузаронида шуд. Инчунин, аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон бо бештари бонкҳо ва якчанд ташкилотҳои амонатии қарзии хурд марҳилаи санҷишии пешниҳоди ҳисобот ба роҳ монда шуда, ҳамкории пайваста идома ёфта истодааст.
Бинобар ин, таҳияи Дастурамали мазкур барои татбиқ ва ворид намудани тағйиротҳои болозикр ҷиҳати гузариши ташкилотҳои қарзӣ ба механизми миёнакунонии захираҳои ҳатмӣ пешбинӣ гардида, қабули саривақтии он муҳим арзёбӣ мегардад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурмали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб карда намешавад. Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
- боиси пешравии фаъолияти ташкилотҳои қарзии кишвар мегардад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон тибқи таҷрибаи бештари бонкҳои марказии ҷаҳонӣ мутобиқ мегардад;
- ба пешбурди сиёсати самараноки пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат менамояд;
- ба рушди фаъолияти бозори байнибонкӣ ва идораи самараноки захираҳои ташкилоти қарзӣ мусоидат менамояд;
-кафолати ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳо ва таъмини фазои одилонаи рақобатпазир мегардад.
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
- мусоидат ба фаъолияти пурсамари низоми молиявию бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
22.10.2024
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00107-MMK-Untitled.FR34.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
16.09.2024
|
Дастрас он-лайн |
|