Рақам 115
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 28.02.2025
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.05.2025
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри с. 2013, №235”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана “О внесении изменений и дополнений в Постановлении Правления Национального банка Таджикистана от 26 сентября 2013 г. за №235 ”
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 10.02.2025
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Бо баробари пешрафти технология хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ низ рушду такомул ёфта, роҳу усул ва технологияи пешниҳоди онҳо тағйир ёфта истодааст. Тайи чанд соли охир дар низоми бонкии кишвар намудҳои нави хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, аз қабили ҳамёнҳои электронӣ, QR-рамзҳо, пардохтҳои бетамос бо истифодаи смартфонҳо ва смартсоатҳо ворид шуда, сатҳи истифодаи онҳо аз ҷониби муштариён бо суръати баланд афзуда истодааст.

     Дастурамали №201 “Дар бораи хизматрасонии фосилавии бонкӣ” бо Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри с. 2013, №235 тасдиқ шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 ноябри соли 2013, №721 ба қайд гирифта шудааст. Бинобар сабаби он, ки хизматрасониҳои фосилавии нав дар низоми бонкии кишвар асосан пас аз солҳои 2019-2020 ҷорӣ шудаанд, дар дастурамали мазкур чунин намуди хизматрасониҳо танзим нашудаанд. Инчунин, талаботи бехатарии дар дастурамали мазкур пешбинишуда ба талаботи меъёрҳои байналмиллалии муосир ҷавобгӯй намебошад.

     Аз ин лиҳоз, пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ тавассути технологияҳои муосир ва истифодаи он, бо як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ шудааст. Яке аз масъалаҳои асосӣ сатҳи нокифояи таъмини амнияти иттилоотӣ, ҷой доштани амалҳои қаллобӣ ва нокифоягии дониши молиявии муштариён мебошад, ки метавонад боиси паст шудани боварӣ ба хизматрасониҳои фосилавӣ гардад.

     Мушкилиҳои асосӣ:

  1. Афзоиши амалҳои қаллобӣ, ки бо истифодаи технологияҳои фосилавӣ ба маълумот ва маблағҳои муштариён таҳдид мекунанд.
  2. Набудани стандартҳои умумӣ ва возеҳи амниятӣ барои пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ.
  3. Сатҳи пасти огоҳии молиявии муштариён дар бораи чораҳои амниятӣ.

     22 июни соли 2023 таҳти №586  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” қабул гардид. Мутобиқи қисми 4 банди 2 Фармони мазкур Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, ташкилотҳои давлатӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявии ҷумҳурӣ вазифадор шудаанд, ки якҷо бо Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини амнияти иттилоотии пардохтҳои ғайринақдӣ чораҷӯйӣ намоянд.

    Вобаста ба гуфтаҳои боло, Бонки миллии Тоҷикистон муҳиммияти рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва таъмини амнияти истифодаи онҳоро зарур шуморида, бо мақсади оммавӣ гардонидани хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, таъмини бехатарии пардохтҳо, афзоиши ҳиссаи пардохтҳои ғайринақдӣ, баланд бардоштани саводнокии молиявӣ ва фарогирии молиявии аҳолӣ тасмим гирифтааст,  ки ба Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри с. 2013, №235 тағйиру иловаҳо ворид намояд.

    Оқибатҳои эҳтимолӣ дар ҳолати таҳия ва қабул накардани санади меъёрии ҳуқуқӣ:

  1. Зарари молиявӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ ва муштариёни онҳо бо сабаби дучор шудан ба амалҳои қаллобӣ.
  2. Паст шудани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ.
  3. Кам шудани истифодаи хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, ки ба раванди рақамикунонии иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад.

    Хулоса:

    Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри с. 2013, №235 барои ҳалли ин мушкилот зарур аст. Он бояд талаботҳои возеҳро оид ба таъмини амнияти иттилоотӣ, назорати хавфҳо, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва масъулияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ муқаррар кунад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

   Мақсади асосии давлат аз дахолат дар самти хизматрасонии фосилавии бонкӣ тақвияти рақамисозии иқтисод, таъмин намудани суботи молиявӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, баланд бардоштани эътимоди мардум ба низоми бонкӣ, коҳиши хавфҳо, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди хизматрасониҳои фосилавӣ ва мутобиқшавӣ ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад.

     Мутобиқи қисми 5 моддаи 32 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” Бонки миллии Тоҷикистон метавонад бо мақсади таъмини эътимоднокии низоми пардохтӣ талаботи ҳадди ақал оид ба эътимоднокӣ ва таъмини амнияти иттилооти бонкӣ, ҳисоббаробаркуниҳои электронӣ ва интиқоли маблағҳоро муқаррар намояд. Бо ин мақсад Бонки миллии Тоҷикистон тасмим гирифтааст лоиҳаи Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри с. 2013, №235”-ро таҳия намояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Қарори мазкур, ки ба танзими хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ нигаронида шудааст, чунин чораҳо пешбинӣ мешаванд:

  1. Чораҳои амниятӣ барои муҳофизати маълумоти муштариён. Муайян кардани стандартҳои ҳатмӣ барои муҳофизати шабакаҳои бонкӣ ва серверҳо, аз ҷумла мутобиқат бо стандартҳои байналмилалии амниятӣ.
  2. Чораҳои пешгирикунандаи амалҳои қаллобӣ. Ташкили низоми мониторинг ва таҳлили амалиётҳо дар вақти воқеӣ барои ошкор кардани амалиётҳои шубҳанок.
  3. Чораҳо барои таъмини амнияти платформаҳои мобилӣ, интернет-бонкинг, терминалҳо, банкоматҳо ва дигар воситаҳои пардохтӣ.
  4. Чораҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон.
  5. Чораҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи дониши молиявии муштариён
  6. Чораҳо барои мутобиқат ба стандартҳои байналмилалӣ.
  7. Чораҳои танзимӣ ва назоратӣ.
  8. Чораҳо барои ҷорӣ кардани технологияҳои муосир.

     Хулоса:

     Ин чораҳо барои таъмини амнияти хизматрасониҳои фосилавӣ, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва таҳкими эътимод ба низоми молиявии кишвар равона шудаанд. Татбиқи ин талабот метавонад сатҳи амнияти иттилоотии хизматрасониҳои бонкиро баланд бардошта, хатари дучор шудан ба амалҳои қаллобиро коҳиш диҳад.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Ба ҷуз аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26 сентябри с. 2013, №235 дигар роҳи ҳал кардани мушкилиҳо вуҷуд надоранд, зеро маҳз Қарори мазкур санади меъёрии зерқонунӣ буда, тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, назорати хавфҳо, ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва масъулияти ташкилотҳои қарзии молиявиро муқаррар менамояд.

   Бонки миллии Тоҷикистон бо якчанд дастурҳои худ (мактуби расмӣ) ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ талаботи ҳадди ақалро барои баъзе намудҳои хизматрасонии фосилавӣ муқаррар карда, онҳоро вазифадор намуд, ки барои баланд бардоштани чораҳои амниятӣ ва пешгирии амалҳои қаллобӣ чораҷӯӣ намоянд. Аммо, бояд қайд кард, ки самти хизматрасонии фосилавии бонкӣ бениҳоят васеъ ва муҳим буда, бо мактубу дастурҳо танзимнамоии он ғайрисамаранок мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

Қабули лоиҳаи Қарори мазкур ба ҷомеа ва иқтисодиёт таъсири назаррас хоҳад расонд. Оқибатҳои асосӣ чунинанд:

  1. Оқибатҳои иҷтимоӣ:
    • бехатарии бештар барои муштариён;
    • баланд шудани сатҳи дониш ва фарҳанги молиявӣ;
    • баланд шудани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ;
    • бо паст шудани хавфи қаллобӣ нигаронии молиявии муштариён коҳиш меёбад.
  1. Оқибатҳои иқтисодӣ:
  • рушди иқтисоди рақамӣ;
  • кам шудани хисорот аз қаллобӣ;
  • рақобати солим дар бозори молиявӣ;
  • ҷалби сармоягузориҳо;
  • таъмини суботи молиявӣ;
  • баланд бардоштани даромади ташкилотҳои қарзии молиявӣ дар давраи дарозмӯҳлат.

       Хулоса:

   Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори мазкур ба баланд бардоштани сатҳи амният, густариши иқтисоди рақамӣ ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои молиявӣ мусоидат мекунад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 10.02.2025
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00115-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 09.01.2025
Дастрас он-лайн