Рақам 116
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Агентии Стандартизасия Метрология сертификасия
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.02.2025
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.05.2025
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Регламенти техникии «Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Технический регламент «Требования безопасности пищевых добавок, ароматизаторов и технологических вспомогательных средств»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 14.02.2025
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Мавриди зикр аст, ки солҳои охир бо рушди саноати хӯрокворӣ истеҳсоли иловагиҳои хӯрокворӣ, хушбуйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ ва истифодаи онҳо дар саноати хӯрокворӣ  зиёд гардида истодааст. Бинобар ин бо мақсади танзими истеҳсоли иловагиҳои хӯрокворӣ, хушбуйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ зарурати таҳия намудани санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба миён омадааст.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Регламенти техникии “Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ” дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ”  ва ҷиҳати иҷрои банди 8 Нақшаи кории Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ барои нимсолаи якуми соли 2024, ки аз ҷониби Раиси Шӯро –муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2024, №6/27-2 тасдиқ шудааст,  таҳия гардидааст.

Айни  ҳол, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  стандарти байнидавлатӣ дар ин самт амал менамояд, ки  истеҳсолкунандагон аз ин ҳуҷҷатҳо истифода мебаранд. Дар стандартҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ на ҳамаи талаботи бехатарии маҳсулот ба танзим дароварда шудааст ва тибқи талаботи қонунгузории соҳаи стандартонӣ  интихоби стандарт ва дигар ҳуҷҷати соҳаи стандартонӣ  барои истифода ихтиёрӣ мебошад. Аз ин рӯ, барои муқаррар намудани талаботи ҳатмии бехатарӣ Регламенти техникии «Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ» таҳия гардид.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими техникӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) дар самти бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдо лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Регламенти техникии “Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ”-ро дар асоси муқаррароти боби 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ” бо мақсадҳои зерин таҳия намудааст:

–             ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон;

–             ҳифзи муҳити зист;

–             ҳифзи ҳаёт ва саломатии ҳайвонот;

–             пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандагон ба иштибоҳ моеранд.

Мақсади асосии таҳияи Регламенти техникии “Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ» ба танзим даровардани меъёрҳои бехатарӣ нисбати истифодабарии иловагиҳои хӯрокворӣ  дар маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ мебошад.

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Қайд кардан зарур аст, ки лоиҳаи Регламенти мазкур аз 11 боб, 61 банд ва 29 замима ба он иборат мебошад.

Регламенти техникии «Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ» талаботи ҳатмиро барои истифода ва иҷрои татбиқи иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ ва таркиби онҳоро дар маҳсулоти хӯрокворӣ, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муомилот бароварда мешаванд ва талаботро ба раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва нобудсозӣ, инчунин талабот оид ба тамғагузорӣ, бастабандӣ ва баҳодиҳии мутобиқатро бо мақсади таъмини гардиши озоди маҳсулот муқаррар менамояд.

Маҳз, лоиҳаи регламенти техникии мазкур талабот ба раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва нобудсозӣ, инчунин талабот оид ба тамғагузорӣ, бастабандӣ ва баҳодиҳии мутобиқатро бо мақсади таъмини ҳаракати озоди маҳсулот муқаррар менамояд.

Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи регламенти техникии мазкур ба регламенти техникии дар ин самт қабулгардидаи Иттиҳоди гумрукӣ   “Технический регламент таможенного союза” ТР ТС 029/2012 “Требования безопасностти пищевых добавок, ароматизаторов и технологических вспомогательных средств” ҳамоҳанг мебошад.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Регламенти техникии «Талаботи бехатарии иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ» дар умум талаботи ҳатмиро барои истифода ва иҷрои татбиқи иловаҳои хӯрокворӣ, хушбӯйкунандаҳо ва воситаҳои ёрирасони технологӣ ва таркиби онҳоро дар маҳсулоти хӯрокворӣ ва талаботро ба раванди истеҳсол, нигоҳдорӣ, интиқол, фурӯш ва нобудсозӣ, инчунин талабот оид ба тамғагузорӣ, бастабандӣ ва баҳодиҳии мутобиқатро бо мақсади таъмини гардиши озоди маҳсулот муқаррар менамояд.

Бидуни таҳия ва қабули санади мзкур иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ” стандартҳои байнидавлатӣ, байналмилалӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ ва мушкилоти ҷойдошта аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ғайриимкон мебошад.

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Регламенти мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Оқибатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии лоиҳаи Регламенти мазкур:

  • ҳифзи ҳаёт ва саломатии одамон;
  • ҳифзи муҳити зист;
  • ҳифзи ҳаёт ва саломатии ҳайвонот;
  • пешгирӣ намудани амалҳое, ки истеъмолкунандагон ба иштибоҳ моеранд.
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 10.02.2025
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00116-MMK-Untitled.FR11.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Карабоев 42/2, 936016111, dilafruz.standart@mail.ru
Санаи нашр 15.01.2025
Дастрас он-лайн