Рақам 117
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад шахсони ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 17.04.2025
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.07.2025
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект Закона Республики Таджикистан о внесении изменений и дополнений в Закон Республики Таджикистан "О разрешительной системы"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 17.04.2025
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Барои таъмини эътимоднокии муътадили интиқоли нерӯи барқ ​​зарур аст, ки васлшавии нутаҳои пуркунии нақлиётҳои барқӣ аз ҷониби мақомоти масъули давлатӣ дар соҳаи энергетика ва шаҳрсозӣ танзим карда шавад. 

Имрӯзҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди пурраи инфрасохтори нақлиёти барқӣ як қатор монеаҳои ҳуқуқӣ мавҷуд мебошанд. Яке аз чунин монеаҳои ҳуқуқӣ ин мавҷуд набудани мақомоти давлатӣ барои танзими фаъолияти истгоҳҳои барқпуркунӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, айни замон, дар робита ба мавҷуд набудани мақоми ваколатдори давлатӣ, истгоҳҳои барқдиҳӣ барои гирифтани иҷозатнома муроҷиат намекунанд. Мақомоти давлатӣ бояд иҷозатномаҳоро барои истифодаи истгоҳҳои барқдиҳӣ дар асоси сиёсати амалкунандаи энергетикӣ бо назардошти воқеияти иқтисодӣ ва энергетикии кишвар, аз ҷумла сарбории мавҷудаи барқии шабака, стандартҳои истгоҳҳои барқдиҳӣ ва ғайра пешниҳод намояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бояд қайд намуд, ки захираҳои энергетикии кишвар маҳдуд мебошанд ва давлат бояд онро танзим намояд. Бо қабуқли қарори мазкур, фаъолияти истгоҳҳои барқпуркунии нақлиёти барқӣ ҳамчун фаъолият ичозатномашаванда муайян карда шуда,  бо назардошти воқеияти иқтисодӣ ва энергетикии кишвар, аз ҷумла сарбории мавҷудаи шабакаҳои барқии минтақаи дахлдор иқозатномаҳо дода мешаванд. 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Мақомоти давлатӣ бояд иҷозатномаҳоро барои истифодаи истгоҳҳои барқдиҳӣ дар асоси сиёсати амалкунандаи энергетикӣ бо назардошти воқеияти иқтисодӣ ва энергетикии кишвар, аз ҷумла сарбории мавҷудаи барқии шабака, стандартҳои истгоҳҳои барқдиҳӣ ва ғайра пешниҳод намояд. 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Қайд намудан зарур аст, ки вобаста ба масъалаи мазкур тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуруҳи кории байниидоравӣ дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, бо ҷалби намояндагони масъули вазорату идораҳо, масъала мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қарор қабул гардид, ки бо мақсади танзими ва рушди нақлиёти барқӣ, нуқтаҳои пуркунии нақлиёти барқӣ ва сарфакорона истифода намудани неруи барқ самти мазкур танзим карда шавад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Лоиҳаи мазкур маблағгузориро аз буҷети давлатӣ тақозо  накарда, ягон оқибати манфии ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқ, гендерӣ, экологӣ ва коррупсиониро ба бор намеорад. Лоиҳаи мазкур ба Конститутсия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифт надошта, оқибатҳои манфии иҷтимоию иқтисодӣ надошта, баръакс имконият медиҳад, ки захираҳои энергетикии кишвар сарфаконрона истифода бурда шаванд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 10.04.2025
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Шамси 5/1, 987892525, husrav.79@mail.ru
Санаи нашр 14.03.2025
Дастрас он-лайн