Рақам |
14
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Хадамоти алокаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Амалӣ Қоидаҳои мазкур фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ равона шудаанд паҳн мегардад.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
25.10.2019
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
28.12.2019
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қоида
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Правила проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов в сфере электрической связи, почтовой связи и информатизации
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
26.12.2019
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Баҳри дар амал татбиқ намудани иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 № 265 "Дар бораи Қоидаҳои намунавии санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор" зарурияти аз нав таҳияи санади дохилиидоравӣ яъне Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагидор дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ пеш омад. Бинобар ин, санади дохилиидоравӣ аз нав дар асоси қарори зикршуда таҳия карда шудааст. Дар сурате ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи мазкур танзиму назорати соҳаи зикршуда дур монда шавад, ба дуруст пешниҳод накардани ҳисобот, саривақт насупоридани андоз, хироҷи иҷозатнома ва дигар хизматрасониҳои соҳа оварда мерасонад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Аз сабаби он, ки субъектони хоҷагидор дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ фаъолят менамоянд ва иҷозатномадори соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ ба ҳисоб мераванд, аз ҷониби мақомоти ваколатдори соҳаи мазкур тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа фаъолияти онҳо санҷиш гузаронида мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар сабаби набудани санади меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳа ба дур мондан аз саривақт насупоридани андоз, хироҷи иҷозатнома, дуруст пешниҳод накардани ҳисоботҳои дахлдор аз ҷумла, ба ғайриқонуни пешниҳод намудани хизматрасониҳои алоқаи барқӣ алоқаи почта ва иттилоотонӣ оварда мерасонад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Пеш аз ҳамма Қоидаҳои фаъолияти субъектони хоҷагидори соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ барои танзиму назорати соҳаи мазкур ва иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017 № 265 таҳия карда шудааст. Дар асоси Қоидаҳои зикршуда, снҷишҳои нақшавӣ, ғайринақшавӣ ва иловагӣ гузаронида мешавад. Баъд аз санҷиши гузаронидашуда, субъекти хоҷагидори соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ дар сурати пайдо шудани қонунвайронкуни тибқи талаботи лоиҳаи пешбинишуда бо қарори мақомоти ваколатдори соҳа ҷазои маъмури таъин карда мешавад.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Пеш аз ҳамма баҳри дар амал татбиқ намудани иҷрои талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 майи соли 2017 № 265 "Дар бораи Қоидаҳои намунавии санҷиши фаъолияти субъектони хоҷагир" дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ аз ҷумла, барои танзиму назорати соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ таҳия карда шудааст. Бе қабули санди мазкур роҳҳои ҳал вуҷуд надорад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули лоиҳаи пешниҳодгардида аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Баъд аз қабули санади мазкур, назорату танзими соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ барои дуруст ва саривақти пешниҳод намудани ҳисоботҳо, супоридани андоз, хироҷи иҷозатнома аз ҷумла, дар қарамрави ҷумҳурӣ дастрас будани алоқаи барқӣ алоқаи почта ва иттилоотонӣ мусоидат менамояд.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
26.12.2019
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00014-MMK-alokai_barki.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе х. Рудаки 57, 918817701, mincom@rs.tj
|
Санаи нашр |
26.11.2019
|
Дастрас он-лайн |
|