Рақам |
17
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Маркази миллии қонунгузорӣ
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Фурӯшандагоне, ки савдои электронии мол, иҷрои кор ё хизматрасониҳоро амалӣ менамоянд, харидорони дахлдори мол, кор ва хизматрасониҳо, миёнаравони иттилоотӣ ва дигар миёнаравон.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
11.08.2020
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
11.10.2020
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қонун
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи савдои электронӣ”
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Проект Закона Республики Таджикистан “Об электронной торговле”
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
11.09.2020
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Солҳои охир дар ҷумҳури муносибатҳои ҷамъиятӣ дар шабакаҳои иттилоотию коммуникатсионӣ аз ҷумла, дар самти савдои электронӣ тадриҷан рушд намуда, онро намудҳои санадҳои меъёрии ҳукукии гуногун танзим менамояд. Дар ҳамин замина, мувофиқи банди 2 Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозиимарҳилаи сеюми Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 апрели соли 2018, №227 тасдиқ гардидааст, таҳияи санаи меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати танзими муносибатҳо оид ба савдои электронӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар сурати қабул нагардидани санади махсуси танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти савдои электронӣ мумкин аст, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, фаъолияти озодии савдои электронӣ пурра таъмин нагардад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсади дахолати давлат ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни савдои электронӣ мебошад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳаи пешниҳодшуда, чораҳои зерин пешбинӣ гардидааст:
- муқарар гардидани мафҳумҳои дар танзими муносибатҳои савдои электронӣ истифодашаванда;
- танзим ва идоракунии давлатӣ дар савдои электронӣ;
- тартиби барасмиятдарории аҳдҳо дар савдои электронӣ;
- ташкили мубодилаи паёмҳои электронӣ ҳангоми барасмиятдарорӣ ва анҷом додани аҳдҳои электронӣ;
- таъмини бехатарӣ дар савдои электронӣ;
- ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти савдои электронӣ.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Фаҳмондадиҳии муқаррароти асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҷ монда шуд, аммо натиҷа надод.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Мақоми ваколатдори давлатӣ, ки дар оянда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти савдои электронӣ муайян мегардад, ваколатҳои худро дар доираи маблағҳои пешбинишудаи худ амалӣ менамояд.
Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
- сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми фурӯш, харидории дахлдори мол, кор ва хизматрасониҳо технологияҳои иттилоотию коммуникатсиониро васеъ истифода менамоянд;
- фурӯш, харидории мол, кор ва хизматрасониҳо содда ва дастрас мегарданд;
- ба амалишавии ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба иттилоот мусоидат менамояд;
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
- барои таъмини рақобати солим дар бозори савдои электронӣ мусоидат менамояд;
- бехатарии ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ таъмин мегардад;
- таҳвили даврӣ ва қабули молҳо, кор, инчунин хизматрасониҳо тавассути ҳамгироии низоми худкоркунонидашудаи савдо, низоми пардохтҳои электронӣ ва низоми иттилоотии харидор ба роҳ монда шуда, амалисозии бемамониати фаъолияти соҳибкорӣ дар доираи савдои электронӣ таъмин мегардад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
11.09.2020
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00017-MMK-nakshai-se.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
|
Санаи нашр |
12.12.2019
|
Дастрас он-лайн |
|