Рақам 2
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.11.2019
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 31.12.2019
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ ДАСТУРАМАЛ “Дар бораи тартиби истифодабарӣ ва муомилоти асъори хориҷӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ ИНСТРУКЦИЯ "О порядке использования и обращении иностранной валюты на территории Республики Таджикистан"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 01.12.2019
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Айни замон тартиби истифодабарӣ, муомилот ва анҷомдиҳии амалиёт бо асъори хориҷӣ дар асоси Дастурамали №168 “Дар бораи тартиби истифодабарии асъори хориҷӣ дар қаламрави ҶТ” аз 2 марти соли 2009 ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ – фуруши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар ҶТ” аз 31 майи соли 2012 ба танзим дароварда мешавад. Муқаррароти дастурамалҳои мазкур  дар асоси қонуни қабли “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” (соли 1996) таҳия гардида, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” аз 13 июни соли 2013 мухолифат доранд. Ҳамзамон, бинобар сабаби наздик будани мавзӯи танзими дастрамалҳои мазкур онҳо дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ муттаҳид карда шудаанд. Дар сурати андешида нашудани ягон амал дар амалия ҳангоми татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мазкур духурагӣ ва мухолифат ба миён меояд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсад аз дахолати давлат, яъне қабули Дастурамали мазкур аз байн бурдани мухолифат ва ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” (аз 13 июни соли 2013) мутобиқ намудани Дастурамали №168 “Дар бораи тартиби истифодабарии асъори хориҷӣ дар қаламрави ҶТ” аз 2 марти соли 2009 ва Дастурамали №192 “Дар бораи тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ – фуруши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ дар ҶТ”, инчунин бо роҳи муттаҳид кардани дастурамалҳои зикршуда аз байн бурдани духурагӣ дар фаҳмиши онҳо мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар таҳрири нави Дастурамали мазкур танзими масъалаҳои зерин пешбинӣ карда мешавад:

1.      Доираи истифодабарандагони асъор мушахас нишон дода мешавад;

2.      Соҳаҳои иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти махсус бо асъор муқаррар мегардад;

3.      Тартиби истифодабарии асъор  аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ мушаххас нишон дода мешавад;

4.      Тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ ва табдилдиҳӣ аз ҳам ҷудо карда шудааст;

5.      Тартиби муомилоти асъор аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ дақиқ нишон дода шудааст;

6.      Тартиби табдилдиҳии пули миллӣ ба асъори хориҷӣ нишон дода шудааст.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои зерин анҷом дода шуданд:

  • Мазмун ва муҳтавои санадҳои меъёрии ҳуқуқии ишорашуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фаҳмонида дода шуд;
  • Тартиб ва қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ – фуруши мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ бо асъори хориҷӣ ба дархосткунандагон шарҳ дода шуд;
  • Соҳаҳое, ки дар онҳо анҷом додани амалиёти асъорӣ иҷозат дода шудааст, мушаххас ва дақиқ карда шуданд.
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба соҳа, қоида ва тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар қаламрави мамлакат, асосҳо ва ҳолатҳои гирифтани иҷозатнома барои истифодаи асъори хориҷӣ (фаъолияти махсус) маълумоти мушаххас пайдо мекунанд. Ҳама гуна маҳдудият дар доираи Дастурамали мазкур бо мақсади иҷрои талаботи қонунгузорӣ, бахусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор” ва “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” муқаррар карда мешавад. Дастурамали мазкур барои пешгири намудани муомилоти гайриконунии асъори хоричи, ки ба сатхи иктисодии кишвар таъсир мерасонад, хамчун санади танзимкунанда баромад менамояд.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 20.11.2019
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00002-MMK-ogohinomai_dasturamali_istifodabari_asyori_h.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 17.06.2019
Дастрас он-лайн