Рақам |
21
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Бюроҳои таърихи қарз
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
01.02.2020
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
26.03.2020
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Дастурамал
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Дастурамал “Оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз”
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Инструкция «О требованиях по использованию информационно-коммуникационных технологий и обеспечению информационной безопасности при организации деятельности Бюро кредитных историй»
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
25.02.2020
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Қайд карда мешавад, ки гарчанде Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуқуқии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи қарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи қарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро мукаррар сохта, ва муносибатҳои дар ин соҳа ба миён омадаро ба танзим дарорад ҳам, вале то ба айни ҳол меъёрҳои ҳуқуқӣ вобаста ба талаботи истифодабарии технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз дар қонунгузории ҷории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд нест.
Бинобар ин, ҷиҳати таъмини сатҳи зарурии амнияти иттилоотӣ ва ба таври дахлдор ба роҳ мондани истифодабарии технологияҳои марбут ба фаъолияти Бюрои таърихи қарз зарурияти таҳия ва қабули Дастурамали мазкур ба миён омадааст.
Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ин холигии қонунгузорӣ метавонад ба коста шудани фаъолияти Бюрои таърихи қарз оварда расонида, истифодаи нодурусти технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ба роҳ монда шуда, амнияти иттилоотии чунин ташкилотҳо зери хатар мемонад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзим ва назорати бюроҳои таърихи қарз бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз, истифодабарии самараноки технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ ва амнияти иттилоотии фаъолияти Бюрои таърихи қарз санади мазкурро таҳия ва қабул менамояд.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дастурамал “Оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз” талаботҳои мушаххас оид ба истифодаи технологияҳои боло зикршударо дарбар гирифта, чораҳои мушаххас оид ба таъмини амнияти иттилоотиро муайян намудааст. Аз ҷумла:
- талабот нисбат ба биноҳое, ки дар он Бюрои таърихи қарз бояд фаъолияташро ба роҳ монад;
- талабот нисбат ба таъминоти барномавии кории дар Бюрои таърихи қарз истифодашаванда (низомҳои амалиётӣ, низомҳои идоракунии манбаи иттилоот, барномаҳои дафтарӣ, барномаҳои зиддивирусӣ);
- талабот нисбат ба нисбат ба воситаҳои техникӣ, аз ҷумла мавҷуд будани таъминоти техникии шахсӣ (таҷҳизоти компютерӣ, серверҳо, воситаҳои дастгоҳҳои муҳофизатӣ, таҷҳизоти ҷузъӣ ва дигар таҷҳизот), низоми кафолатноки таъмини нерӯи барқ – қуттии автоматикии насби манбаи нерӯи барқи захиравӣ ва ғайра;
- талабот нисбат ба ташкили кор вобаста ба таъмини бехатарии иттилоот, аз ҷумла мавҷуд будани шабакаи интиқоли иттилооти ҳифзшуда бо рамзикунонии иттилоот (трафик) тавассути маршрутизаторҳои сарҳадии таҷҳизот ва ғайра.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бидуни қабули Дастурамал “Оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоот ҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз” роҳҳои дигари ҳалли мушкилоти ҷойдошта дида намешавад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур истифодаи мақсадноки иттилоот, манбаи маълумоти таърихи қарз ва низоми иттилоотӣ таъмин мегардад ва фаъолияти самараноки бюрои таърихи қарз ба роҳ монда мешавад. Инчунин, бо қабули Дастурамали мазкур, сатҳи зарурии таъмини амнияти иттилоотии фаъолияти Бюрои таърихи қарз таъмин гашта, хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ паст мешавад ва ин дар навбати худ боиси беҳтар гардидани фаъолияти бюроҳои таърихи қарз ва вазъи молиявии ташкилотҳои қарзии молиявӣ гардида, боварии мардумро нисбати низоми бонкӣ зиёд менамояд.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
03.02.2020
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00021-MMK-tekhnologiyai-kommun.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
21.01.2020
|
Дастрас он-лайн |
|