Рақам 22
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии исломӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 15.02.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.03.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Тартиб
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботҳои молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Порядок подготовки и представления финансовых отчётов исламских кредитных организаций
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 05.03.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

    Қайд кардан зарур аст, ки фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва принсипҳои маблағгузории исломӣ амалӣ мегардад. Бинобар ин, ҷиҳати таҳлили фаъолияти молиявии ташкилоти қарзии исломӣ ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои асосии танзим, назорат ва фаъолияти дурусти иқтисодии ташкилоти қарзии исломӣ,  барои таъмини сиёсати ягонаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, пешбурди баҳисобгирии дороиҳо, уҳдадориҳо, сармоя ва тартиб додани иттилооти муқоисавӣ ва саҳеҳ вобаста ба амалиётҳои молиявие, ки ташкилотҳои қарзии исломӣ мегузаронанд, таҳияи санади алоҳида ба мақсад мувофиқ мебошад.

    Мавриди зикр аст, ки фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ, низ монанди ташкилотҳои қарзии анъанавӣ ҳисоботҳои молиявии ба худ хосро дорад. Илова бар ин, ташкилотҳои қарзии исломӣ метавонанд ба ҳама намуд фаъолиятҳо машғул гарданд, ба монанди истеҳсолот, сохтмон, савдо ва ғайра. Бинобар ин, зарурияти тартиби таҳияи ҳисоботҳои молиявӣ барои ташкилотҳои қарзии исломӣ бо назардошти амалиётҳои бонкии исломӣ ба миён омадааст.

    Дар ҳолати қабул нагардидани Тартиби мазкур  таҳлили фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии исломӣ дар заминаи ҳисоботҳои молиявии онҳо гузаронида мешавад, монеъа эҷод карда метавонад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

    Бонки миллии Тоҷикистон Тартиби мазкурро бо мақсади танзим ва назорати фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ, қоидаҳои ҳисобдорӣ, таҳлили фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ, инчунин барои ба стандартҳои байналмилалӣ ва принсипҳои маблағгузории исломӣ мувофиқ гардондани ҳисоботҳои молиявӣ таҳия менамояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

    Дар Тартиби мазкур талабот вобаста ба пешниҳоди ҳисобот аз рӯи масъалаҳои зерин муқаррар гардидааст:

- тарзи баҳисобгирии тавозуни ташкилотҳои қарзии исломӣ;

- ҳисобот оид ба фоида ва зарар;

- тағйирот дар сармоя;

- коғазҳои қиматнок ва сармоягузорӣ;

- дороиҳои батаъхирафтода;

- таснифи дороиҳо аз рӯи хавф;

- тағйирот дар фонди махсус аз рӯи маблағгузориҳо;

- маблағгузориҳои калон;

- маблағгузориҳои шахсони ба ташкилоти қарзии исломӣ алоқаманд;

- таснифи дороиҳо аз рӯи соҳаҳо;

- гурӯҳбандии амонатҳо аз рӯи соҳаҳои иқтисодиёт;

- бақияи муҳлати пардохти дороиҳо ва уҳдадориҳо аз рӯи муҳлат;

- таснифи амонатҳо аз рӯи маблағ ва ҳисобҳо;

- меъёрҳои мақбули иқтисодӣ;

- ҳисобот оид ба кифоятии сармоя;

- нишондиҳандаҳои моҳонаи миёна;

- тақсимоти фоидаи соф;

- мавқеи асъори хориҷӣ;

- маблағгузориҳои истеъмолӣ ва хурд;

- маблағгузориҳо ва ҷойгиркуниҳои ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

- ҷойгиркуниҳои ҷалбшудаи ташкилотҳои қарзии молиявӣ;

- ҳаракати маблағгузориҳои ғайрифаъол ва фонд аз рӯи онҳо;

- маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъол;

- маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъоли шахсони алоқаманд;

- маблағгузориҳои калонтарини ғайрифаъоли нав;

- бақияи гаравҳои ба тавозун гирифташуда;

- ҳаракати гаравҳои ба тавозун гирифташуда.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

    Қабули Тартиби мазкур чораи зарурӣ барои ҳалли масъалаи таҳлили фаъолияти молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ мебошад ва бидуни қабули Тартиби мазкур ҳал намудани масъалаҳои бамиёномада бо роҳҳои дигар ғайриимкон мебошад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

    Қабули Тартиби мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Тартиби мазкур ташкилотҳои қарзии исломӣ, ки дар соҳаи низоми бонкии кишвар нав фаъолияти худро шуруъ мекунанд, тибқи стандартҳои байналмилалӣ ва мутобиқи принсипҳои маблағгузории исломӣ ҳисоботҳои молиявии худро таҳия намуда, барои танзим ва назорат ба Бонки миллии Тоҷикистон дар муҳлатҳои муқарраршуда ирсол менамоянд. Инчунин, ба ин васила барои ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ, рушди низоми бонкӣ ва дар навбати худ ба рушди бахшҳои алоҳидаи иқтисодиёт шароити мусоид ба вуҷуд меояд. Ин дар навбати худ боиси тақвият бахшидани низоми бонкии кишвар, беҳтар гардидани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзии исломӣ, такмил ёфтани пардохтпазирии онҳо ва ҷорӣ гардидани механизми дурусти идоракунии дороиҳо ва уҳдадориҳо гардида, ба зиёд шудани шумораи ҷойҳои холии корӣ, баланд гардидани маоши кормандони онҳо, сари вақт қонеъ гаштани талаботи муштариёни ташкилоти қарзии исломӣ ва дар маҷмуъ беҳтар гардидани фазои сармоягузориву хизматрасонии бонкии исломӣ дар кишвар мусоидат менамояд.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 10.02.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00022-MMK-takhiya-va-peshn-khisobot.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 31.01.2020
Дастрас он-лайн