Рақам 26
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото машғуланд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.06.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.07.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қонун
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото”
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Проект Закон Республики Таджикистан «О деятельности касс тотализаторов, букмекерских контор и игры лото»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 01.07.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Қайд карда мешавад, ки зарурати қабули қонуни мазкур дар соҳаи  фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото як қатор мушкилоти зеринро дар бар мегирад:

- набудани санади ягонаи меъёрии ҳуқуқии танзимкуннадаи фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото;

- қабули шартбандиҳо аз ноболиғон;

- истифодабарии барномаҳои хориҷӣ, мизу автоматҳои бозӣ ва ғайра ҷой дошта, ки ин ҳама боиси фиреби мизоҷон, поймол шудани ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиён, яъне шаҳрвандон гардидаанд;

- дуруст ба роҳ монда нашудани танзим ва назорати давлатии фаъолияти идораҳои букмекерӣ, кассаҳои тотализатор ва бозии лото дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо назардошти пешравии босуръати илму техника танзими фаъолияти субъектони дар ин самт фаъолияткунанда бениҳоят маҳдуд мебошад;

- муайян набудани шаффофияти фаъолият, канораҷӯии манбаъҳои андозбандии бозиҳое, ки тариқи шабакаи интернет ба роҳ монда мешавад.

 Дар сурати қабул нагардидани лоиҳаи мазкур чунин мушкилотҳо метавонад дар ин самт ба вуҷуд ояд:

  • Соҳаи фаъолияти идораҳои букмекерӣ, кассаҳои тотализатор ва бозиҳои лото бе танзими мушаххаси ҳуқуқӣ боқи мемонанд;
  • фаъолияти ширкатҳои хориҷии букмекерӣ, ки фаъолияти худро беқайди давлатӣ дар кишвар ба роҳ мондаанд, бе назорати давлатӣ боқӣ мемонанд;
  • гирифтани сади роҳи ширкатҳои якрӯза ҷиҳати воридшавӣ ба ин намуди фаъолият имконнопазир мегардад.
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Тавассути Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото муайян гардида, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилкунандагон, иштирокчиён ва танзими давлатии ин намуди фаъолиятро муқаррар ва муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолиятҳо ба танзим дароварда мешавад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Бо Қонуни мазкур ба фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото тартиби таъсиси воҳидҳои сохторӣ ва филиалҳои онҳо ба муштариён ҷиҳати дар дохили бинои марказҳо ҷойгир кардани маълумот оид ба амалиёти фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото мушаххас пешбинӣ карда мешавад:

- муносибатҳо ҷиҳати ба роҳ мондани кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото тибқи санади меъёрии ҳуқуқии мушаххас ба роҳ монда мешаванд;

- талаботҳои мушаххас нисбати ин гуна ширкатҳо ҷорӣ карда мешавад;

- танзими давлатӣ ба роҳ монда мешавад;

- субъектҳое, ки ба ин намуди фаъолият метавованд машғул шаванд, мушаххас мегарданд;

-  фаъолияти субъектҳои хориҷӣ дар самти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото ба танзим дароварда мешаванд;

- фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото тавассути шабакаҳои интернет пурра ба танзим дароварда мешаванд. 

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Таҷриба нишон медиҳад, ки бинобар мавҷуд набудани санади меъёрии мушаххаси танзимкунандаи соҳа, солҳои зиёд фаъолияти идораҳои букмекерӣ, кассаҳои тотализатор ва бозиҳои лото ба таври худкор танҳо дар асоси як иҷозатнома ба роҳ монда шуда, ҳатто ҳолатҳои қабули асъори хориҷӣ аз мизоҷон, қабули шартбандиҳо аз ноболиғон, истифодабарии барномаҳои хориҷӣ, бахусус казино, бозиҳои ғайриқонунӣ – автоматҳои бозӣ ва ғайра ҷой дошта, боиси фиреби мизоҷон, поймол шудани ҳуқуқи иштирокчиён ва дар маҷмӯъ мадди назар гардидани манфиатҳои шаҳрвандон гардида истодааст.

Дар ин замина, дар рафти гузаронидани семинару машваратҳо аз ҷониби Вазорат муайян гардид, ки яке аз омилҳои муҳими мавҷуд будани мушкилиҳо дар ин самт набудани меъёри танзимкунанда мебошад.

Айни замон танзим ва назорати давлатии фаъолияти идораҳои букмекерӣ, кассаҳои тотализатор ва бозии лото дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дар доираи қонунгузории иҷозатномадиҳӣ ба роҳ монда шуда, бо назардошти пешравии босуръати илму техника танзими фаъолияти субъектони дар ин самт фаъолияткунанда бениҳоят маҳдуд мебошад.

Омӯзиши таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон дод, ки танзими фаъолияти идораҳои букмекерӣ, кассаҳои тотализатор ва бозиҳои лото дар баробари қонунгузории иҷозатномадиҳӣ дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳида ба танзим дароварда мешаванд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото» асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лоторо муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба амалишавии ин намуди фаъолиятҳо ба танзим медарорад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Қонуни “Дар бораи фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото”  аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Қонуни мазкур самаранокии сатҳи баланди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, дастрасии низоми содда ва қулайи соҳибкорӣ, роҳандозии низоми самараноки андозӣ дар ин самт, ҳамчунин, самаранокии низоми буҷети давлатӣ дар сатҳи лозима ба роҳ монда мешавад.

Дар баробари ин дар заминаи дигар меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи дастрасии ноболиғон барои машғул шудан ба фаъолияти кассаҳои тотализатор, идораҳои букмекерӣ ва бозии лото, инчунин, пешгирии аҳолӣ аз ҳар гуна фаъолиятҳои ғайриқонунӣ ва беасос дар соҳаи мазкур ба шумор меравад. 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 18.06.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00026-MMK-nakshai-loikhai-kasai-totalizator.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 988378978, anvzar051056@mail.ru
Санаи нашр 29.05.2020
Дастрас он-лайн