Рақам |
27
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Кумитаи телевизион ва радиои назди Хукумати ЧТ
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Шахсони воқеи ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳаи телевизион,радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ машғул мебошанд.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
10.07.2020
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
17.09.2020
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қоида
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Правила проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов в области телевидения, радиовещания и производства аудиовизуальной продукции в Республике Таджикистан
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
17.07.2020
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъктҳои хоҷагидор дар соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалиӣ мушкилоти зерин ҷой дорад:
- мутобиқ набудан ба талаботи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, № 265 ҳангоми гузаронидани санҷиш;
- набудани санади танзимкунандаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидори соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ;
- фаъолияти ғайриқонунии субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фаъолияти телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ машғуланд.
Дар ҳолати қабул нагардидани санади мазкур, соҳаи мазкур беназорат монда, фаъолияти ғайриқонунии субъектони хоҷагидор дар соҳаи мазкур афзоиш ёфта, дар ин замина пардохтҳои андозиву боҷҳои иҷозатномадиҳӣ ба буҷети давлатӣ ба таври дахлдор ворид намегардад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз қабули санади мазкур танзими муносибатҳои ҷамъиятие, ки ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон машғул мебошанд, асоҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш, ваколатҳои шахсони мансабдор ва ҳимояи манфиатҳои субъектони хоҷагидо равона шудааст.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳаи қоидаи мазкур ҷиҳати ҳалли мушкилоти зикргардида чунин чораҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
- гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ ва ғайринақшавӣ;
- пеш аз гузаронидани санҷиш огоҳ намудани субъектҳои хоҷагидор;
- фаҳмонидани ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо;
- асоснок гузаронидани санҷиш;
- тартиб додани санади зерқонуни аз натиҷаи санҷиш;
- ба ҷавобгари кашидан ҳангоми ба талабот ҷавобгу набудан.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи воҳидҳои сохтории Кумита корҳои зерин анҷом дода шуд:
- аз ҷониби мутахассисон масъалаи мазкур мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шуда, бо субъектони хоҷагидор ва аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд;
- бо мақсади пешгирӣ аз фаъолияти ғайриқонунии телевизион, радио ва маҳсулотҳои аудиовизуалӣ дастурҳо таҳия карда шуданд;
Корҳои дар боло зикршуда ҷиҳати танзими муносибатҳои мазкур бидуни қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор натиҷаи дилхоҳ нахоҳад дод.
Аз ин рӯ, пеш аз ҳама баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ва ба талаботи қарори Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.05.2017, №265 «Дар бораи Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ҷавобгу будан таҳия карда шуда, бе қабули қоидаи пешниходшуда дигар роҳи ҳалли масъала мавҷуд намебошад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули қоидаи мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Дар асоси қоидаи мазкур минбаъд санҷиш ва назорати субъектони хоҷагидор бо огоҳӣ гузаронида шуда, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо фаҳмонида мешаванд.
Ҳамзамон, ташкили кори субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи телевизион, радио ва истеҳсоли маҳсулоти аудиовизуалӣ дар асоси иҷозатномаҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ сурат гирифта, субъектони хоҷагидор барои фаъолияташон саривақт андозҳои худро месупоранд, ки ин ба иқтисодиёти кишварамон бетаъсир намемонад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
01.07.2020
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00027-MMK-naksha.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш.Душанбе к. Шероз 31, 2216244, info@ktr.tj
|
Санаи нашр |
16.06.2020
|
Дастрас он-лайн |
|