Рақам |
3
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
10.02.2020
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
30.03.2020
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қарор
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали 211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ”"
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Постановления Правления Национального банка Таджикистана "О внесении изменений и дополнений в Инструкции №211 "О порядке осуществления обменных операций с иностранной валютой"
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
01.03.2020
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Тартиби амалкунандаи амалиёти мубодилавӣ тибқи Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” амалӣ шуда истодааст. Вале муқаррароти Дастурамали мазкур ба муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” мутобиқат намекунад. Чунончӣ, дар моддаи 5 Қонуни мазкур маълумотҳое пешбинӣ шудаанд, ки ташкилотҳои қарзӣ бояд ҳангоми мубодилаи асъор талаб ва муайян намоянд. Вале чунин номгӯи маълумот дар Дастурамали зикршуда пешбинӣ нашудаанд. Бинобар ин, қабул нагардидани қарори мазкур боиси мухолифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда ва духурагӣ дар амалияи татбиқи онҳо мегардад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Максади асосии дахолати давлат бартараф намудани мухолифат миёни муқаррароти Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” ва Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” мебошад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Бо лоиҳаи қарори мазкур ба Дастурамали №211 “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” тағйиру иловаҳо ворид карда шуда, банди 10 он (номгӯи маълумоте, ки ҳангоми анҷом додани амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷии нақд бояд муайян карда шаванд) бо назардошти моддаи 5 Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” такмил дода мешавад.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бонки миллии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани мушкилии зикргардида чораҳои зерин меандешад:
- ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ доир ба тартиби анҷомдиҳии мубодилаи асъор тавсияҳо медиҳад;
- риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз тарафи ташкилотҳои қарзии молиявӣ назорат мебарад;
- чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ ва омӯзиширо доир ба татбиқи дурусти муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда миёни аҳолӣ ба роҳ монда, тартиби дурусти анҷомдиҳии мубодилаи асъорро шарҳу тавзеҳ медиҳад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани қарори мазкур ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми мубодилаи асъор аз шаҳрвандон бо мақсади муайян намудани шафофият ва қонунӣ будани манбаҳои бадастоварии асъори мубодилашаванда пешниҳод намудани маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро талаб менамоянд, ки дар Қонуни ҶТ “Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом” пешбинӣ шудаанд.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
20.11.2019
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00003-MMK-Hulosai-ogohinoma.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
17.06.2019
|
Дастрас он-лайн |
|