Рақам |
31
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Хадамоти алокаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ" нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолият менамоянд, паҳн мегардад.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
20.09.2020
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
30.10.2020
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қонун
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи алоқаи барқӣ"
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Проект Закон Республики Таджикистан "Об электрической связи"
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
30.09.2020
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» 10 майи соли 2002, таҳти №56 қабул карда шуда, аз давраи қабулшудани он зиёда аз 15 сол гузашта бо Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ”-и зерин шаш маротиба ба он тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд
Дар 15 соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи алоқаи барқӣ” миқдори субъектҳои хоҷагидорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ фаъолияткунанда даҳҳо маротиба зиёд гардида, операторон ва провайдерони нав таъсис ёфта, хизматрасониҳои мобилӣ аз стандартҳои аналогӣ то стандартҳои нави насли 5G расидаанд, хизматрасониҳои интернет, барномаҳо ва сомонаҳои нави иҷтимоӣ, технологияҳои NGN, таҷҳизотҳои нав, хати нахи нурӣ ва дигар хизматрасонию таҷҳизотҳо пайдо шуданд, ки зарурияти танзими пурраро дар қонуни мазкур тақозо мекунад. Гузариш ба стандартҳои нави алоқаи мобилӣ моро водор менамояд, ки шакли пешрафтаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро аз нигоҳи қонун танзим намоем.
Дар сурати қабул нагардидани санади меъёрии ҳуқуқии мазкур аз нигоҳи муосир операторон ва провайдерон, хизматрасониҳои мобилӣ аз стандартҳои аналогӣ то стандартҳои нави насли 5G, хизматрасониҳои интернет, барномаҳо ва сомонаҳои нави иҷтимоӣ, технологияҳои NGN, таҷҳизотҳои нав, хати нахи нурӣ ва дигар хизматрасонию таҷҳизотҳо аз танзими ҳуқуқӣ дур монда ва ин ба амнияти иттилооти давлат таҳдид менамояд.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз дахолати давлат ин тавассути қонуни мазкур ба танзим даровардани соҳаи мазкур, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектони хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст, дар бар мегирад.
Ҳамзамон давлат бо мақсади пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор, таъмини пешниҳоди хизматрасонии қонеъкунандаи талаботи истифодабарандагон, таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои истифодабарандагон ва риояи махфияти иттилооти онҳо лоиҳаи Қонуни мазкур пешниҳод карда шудааст.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо мақсади мутобиқкунии Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии пешрафта, пешгирии таҳдидҳои нав бо истифода аз шабакаҳои алоқаи барқӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, рақобати озод ва рушди соҳа, ҷамъоварӣ ва пардохти саривақтии хироҷҳои соҳаи алоқаи барқӣ ва таъмини қисми даромади буҷети давлатӣ, истифодаи шабакаи алоқаи барқӣ барои мубориза бо ҷинояткорӣ ва дигар мақсадҳои идораи соҳаи алоқаи барқӣ таҳия гардидааст.
Дар лоиҳаи мазкур чорраҳои зерин пешбини карда мешаванд:
- муайян намудани ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ;
- назорат ва танзими истифодабарӣ ва хизматрасонии интернет;
- муайян намудани тартиби бақайдгирии идентификаторҳои таҷҳизоти ниҳоии алоқаи мобилӣ;
- муайян намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои иҷозатномадор ва мақомоти ваколатдор;
- муайян намудан ва тартиби ситонидани ҷуброни зарар.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Лоиҳа дар маҷмӯъ баҳри танзим намудани соҳа, мукаммал намудани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тақвият бахшидани фазои ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ҳалли мушкилиҳои ҷойдоштаи соҳавӣ бидуни таҳияи лоиҳаи мазкур имконнопазир мебошад.
Инчунин қабули қонуни мазкур баҳри иҷрои талаботҳои санадҳои дахлдори соҳа ва дар сатҳи баланд амалӣ намудани танзиму назорат ва ваколатҳои додашуда аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектони хоҷагидоре ки дар соҳаи алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ фаъолият менамояд, роҳандози гардидааст.
Бинобар ин роҳи ягонаи ҳалли мушкилоти баррасишуда бидуни таҳияи санаи меъёрии ҳуқуқии зикргардида имконнопазир аст.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Таҳияи лоиҳаи Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб намекунад, барои ворид шудани даромадҳои иловагӣ ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби ҷамъоварии саривақтии хироҷҳо мусоидат карда, рушди соҳаи алоқаи барқӣ ва амнияти иттилоотиро таъмин менамояд.
Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
- дастрасӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва пайвастшавии байнишабакавӣ таъмин мегардад;
- хизматрасониҳои алоқаи барқӣ бо дар назардошти хусусиятҳо ва шароити миллӣ пешниҳод карда мешавад;
- ба истифодабарандагон хизматрасонии қонеъкунандаи талабот пешниҳод карда мешавад;
- дастрасӣ ба шабакаҳои алоқаи барқӣ бо мақсади идоракунии давлатӣ, аз ҷумла дар замони ҳолатҳои фавқулодда ва бо мақсади дифоъ, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти миллӣ таъмин карда мешавад.
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
- барои таъмини рақобати солим мусоидат менамояд;
- хизматрасониҳои мобилӣ аз стандартҳои аналогӣ то стандартҳои нави насли 5G пешниҳод мегардад;
- идоракунии давлатӣ тавассути алоқаи барқӣ бо истифода аз технологияҳои пешрафта ба роҳ монда мешавад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
25.09.2020
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00031-MMK-alokai-barki.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе х. Рудаки 57, 918817701, mincom@rs.tj
|
Санаи нашр |
31.08.2020
|
Дастрас он-лайн |
|