Рақам 32
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 15.10.2020
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 25.12.2020
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон "Дар бораи Талаботи ҳадди ақал оид ба эътимоднокӣ ва таъмини амнияти иттилоот дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ"
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана "О Минимальных требованиях по эффективности и обеспечению информационной безопасности в кредитных финансовых организациях"
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 11.11.2020
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

     Айни замон фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо коркард ва нигаҳдории иттилооти гуногун, ки қисми асосии он маълумоти махфии муштариён мебошад, алоқаманд аст. Ба маълумоти махфии муштариён бештар нусхаҳои ҳуҷҷатҳои онҳо, рақами суратҳисоб, бақияи суратҳисобҳо, маълумот дар бораи амалиётҳо ва ғайра дохил мешаванд. Ҳангоми кор бо ин маълумот, муҳим аст, ки он дастраси шахсони бегона нагардад, тағйир наёбад ва нобуд нашавад.  Бо дарназардошти маълумотҳое, ки дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ нигоҳ дошта мешаванд, аҳамияти талабот барои ҳифзи иттилоот дар солҳои охир хеле афзудааст. Барои бо муваффақият амалӣ намудани талаботи зикргардида, ташкилотҳои қарзии молиявӣ зарур аст, то тадбирҳои муайянро андешанд.

     Азбаски Бонки миллии Тоыикистон мақоми танзиму назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба ҳисоб рафта, ҳар сол фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявиро мавриди санҷиш қарор медиҳад, то ҳол оиди ҳифзи иттилоот ва инфрасохтори технологияҳои иттилоотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ талаботи стандартиро таҳия накардааст, ки барои мутобиқшавӣ асос шуда тавонад.

    Дар ҳолати қабул нагардидани талаботҳои мазкур ташкил ва таъмини фаъолияти боэътимоди соҳаи технологияҳои иттилоотӣ дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ коста мегарданд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

     Мақсад аз қабули Талаботи мазкур таъмини амнияти иттилоот дар ташкилотҳои қарзии молиявӣ буда, он бо роҳи муқаррар намудани талаботи ҳадди ақал нисбати таъминоти техникию барномавии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба даст меояд.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

      Дар доираи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур масъалаҳои зерин муқаррар мегарданд:

  • талабот ба инфрасохтор ва архитектураи технологияҳои инттилоотӣ;
  • талабот ба шабакаи дохилӣ ва таҷҳизоти шабакавӣ;
  • талабот барои дастрасии фосилавӣ;
  • талабот барои дастрасӣ ба захираҳои интернет;
  • талабот барои истифодаи почтаи электронии корпоративӣ;
  • талабот ба вебсайтҳо ва барномаҳои веб;
  • талабот барои назорати дастрасӣ ва аутентификатсия;
  • талаботҳо ба сиёсати гузарвожа ва идоракунии гузарвожаҳо;
  • талабот оид ба бехатарии таҷҳизот;
  • талабот ба наб;
  • талабот ба пойгоҳи додаҳо;
  • талабот ба бонкдории электронӢ ва замимаи мобилӣ;
  • талабот ба сатҳи омодагии кормандон дар соҳаи амният.
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

     Ба ҷуз қабул кардани Талаботи мазкур дигар роҳи ҳал кардани мушкилот вуҷуд надорад, зеро санади меъёрии дигаре, ки талаботи амнияти иттилоотиро бо тамоми ҷузъиёт муқаррар намояд мавҷуд нест. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи иттилоот”, "Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот”, "Дар бораи иттилоот” ва "Дар бораи иттилоотонӣ” масъалаҳои умумиро танзим намуда, талаботи мушаххасро пешбинӣ наменамоянд. Дар самт корҳои фаҳмондадиҳию омӯзишӣ, ки аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон гузаронида шудаанд, натиҷаи дилхоҳ надоданд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

      Қабули Талаботи мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

      Дар мавриди қабул гардидани Талаботи мазкур, ташкилотҳои қарзии молиявӣ аз оқибатҳои зерин дар амон мемонанд:

1. оқибатҳои иқтисодӣ:

- тағйир ёфтан ё нобуд шудани маълумотҳои муҳими ТҚМ, ки на танҳо зарари калони молиявӣ дорад, балки ба обрӯ ва эътибори ТҚМ низ таъсир мерасонад;

- хавфи паҳн шудани маълумоте, ки сирри далатӣ, тиҷоратӣ ё бонкӣ дорад;

- бад гардидани вазъи молиявию пардохтпазирӣ.

2. оқибатҳои иҷтимоӣ:

- аз даст додани боварию эътимоди муштариён;

- ихтисор шудани шумора ва штати кормандон.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 14.10.2020
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00032-MMK-Nalaboti-haddy-aqal.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 08.10.2020
Дастрас он-лайн