Рақам |
33
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳои қарзӣ
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
20.11.2020
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
20.01.2021
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Дастурамал
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Дастурамал “Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд”
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Инструкция “Об обязательных резервах кредитных организаций по сбережениям и другим подобным обязательствам”
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
09.12.2020
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Айни замон, бо назардошти таҷрибаи муосири бонкдорӣ бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул зарурати муқаррар намудани талабот оид ба захираҳои ҳатмӣ дар муомилот ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ ба миён омадааст.
Бинобар ин, ҷиҳати минбаъд барои дастгирии соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар, инчунин бо мақсади ҷавобгӯ будан ба талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои амонатгузорону пасандоздорон ва дар сатҳи муайян нигоҳ доштани ҳаҷми пул зарурати дар таҳрири нав қабул намудани Дастурамали мазкур ба миён омадааст.
Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур, ба ҷараёни татбиқи сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Тоҷикистон ва дастгирии соҳаҳои воқеии иқтисодиёти кишвар монеа мегардад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз дар таҳрири нав қабул намудани Дастурамали мазкур такмил додани механизми ташкил ва идоракунии захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ сохтани сиёсати пулию қарзӣ ва танзими ҳаҷми пул, таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва мусоидат намудан ба пастшавии сатҳи таваррум мебошад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар Дастурамал “Дар бораи захираҳои ҳатмии ташкилотҳои қарзӣ аз рӯи пасандозҳо ва уҳдадориҳои дигари ба онҳо монанд” амалӣ гардидани чораҳои зерин дар назар аст. Аз ҷумла:
- тартиби ташкил намудани захираҳои ҳатмӣ;
- назорати иҷро намудани талаботи захираҳои ҳатмӣ;
- иҷрои талабот аз рӯи захираҳои ҳатмӣ ҳангоми кам шудани пойгоҳи захиравӣ ё қатъи фаъолияти ташкилоти қарзӣ; - тартиби баҳисобгирии муҳосибии захираҳои ҳатмӣ.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо мақсади ҳалли мушкилоти вобаста ба ташкили захираҳои ҳатмӣ Бонки миллии Тоҷикистон мунтазам бо ташкилотҳои қарзӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тавзеҳдиҳии муқаррароти қонунгузории амалкунанда гузаронида мешавад. Вале бидуни қабули Дастурамали мазкур ноил гардидан ба ҳалли мушкилиҳои ҷойдошта дар ин самт ғайриимкон мебошад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб наменамояд. Аз нав ба расмият даровардани он ба рушди низоми бонкӣ ва дар навбати худ ба иқтисодиёти мамлакат таъсири мусбӣ расонида, имкон медиҳад, ки хавфи пардохтнопазирии ташкилотҳои қарзӣ кам карда шавад. Инчунин, қабули Дастурамали мазкур боиси оқибатҳои мусбии иҷтимоӣ, бахусус зиёд шудани боварӣ ва эътимоди аҳолӣ ба ташкилотҳои қарзӣ ва аз байн рафтани ҳолатҳои вайрон кардани ҳуқуқ ва манфиатҳои пасандоздорону амонатгузорони ташкилотҳои қарзӣ мегардад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
09.12.2020
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00033-MMK-Khulosai-Naksha-Das-zahirahoi-tash.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
09.11.2020
|
Дастрас он-лайн |
|