Рақам |
35
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
05.04.2021
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
02.05.2021
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қарор
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ»
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Постановление Правления Национального банка Таджикистана «О внесении изменений и дополнений в Порядок проведения аттестации кандидатов на должность руководящих работников кредитной организации и исламской кредитной организации»
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
04.04.2021
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Қайд карда мешавад, ки тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” ва “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” танҳо кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо ва бонкҳои исломӣ аз санҷиши тахассусӣ гузашта бо розигии Бонки миллии Тоҷикистон ба вазифа таъин карда мешаванд. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Мақсади гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунанда ташкилотҳои қарзии молиявӣ муайян намудани сатҳи донишу малакаи онҳо дар соҳаи қонунгузории бонкӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон мебошад.
Бо назардошти ин, зарурияти дар Тартиби мазкур иваз намудани калимаҳои “ташкилоти қарзӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ” ба калимаҳои “бонк ва бонки исломӣ” ба миён омадааст. Аз ин рӯ, тағйироти дахлдор, ки хусусияти таҳрири дорад ба Тартиби амалкунанда пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, таҷриба нишон медиҳад, ки бонкҳо бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва инчунин дуруст ба роҳ мондани принсипҳои идоракунии корпоративӣ, баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи кормандони роҳбарикунандаи худ (роҳбар ва сармуҳосиби филиал) ҷои кории онҳоро тез-тез иваз (ротатсия) менамоянд. Дар баъзе ҳолатҳо дида мешавад, ки кормандони роҳбарикунандаи бонк пас аз шаш моҳи аз санҷиши тахассусӣ гузаштан ва гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон ҷой кории онҳо иваз (ротатсия) карда мешаванд.
Бояд зикр намуд, ки мутобиқи талаботи Тартиби амалкунанда кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо ва бонкҳои исломӣ новобаста аз муҳлати гузаштани санҷиши тахассусӣ ҳангоми ҷойвазшавӣ (ротатсия), яъне аз як филиали бонк ба дигар филиал гузаштани онҳо, бояд ҳатман аз санҷиши тахассусӣ гузаранд. Ҳангоми дар муҳлати кутоҳ аз санҷиши тахассусӣ гузаштани кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо ба мақсади Тартиби мазкур мутобиқ намебошад, зеро савия ва сатҳи донишу малакаи онҳо дар соҳаи қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон алакай дар санҷиши тахассусии қаблӣ муайян гаридидааст. Инчунин, ҳолати мазкур барои кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо сарбории иловагиро ба миён меорад, зеро аксарияти онҳо дар филиалҳои бонкҳое, ки берун аз шаҳри Душанбе ҷойгиранд фаъолият менамоянд ва санҷиши тахассусиро дар Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон мегузаранд. Ин ҳолат барои рушди низоми бонкӣ таъсири манфӣ худро мерасонад.
Аз ин лиҳоз, ҷиҳати аз байн бурдани ин ҳолат тағйироти дахлдор вобаста ба дар давоми ду соли гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъин намудани ба вазифаи роҳбар ва сармуҳосиби филиалҳо, равзанаҳои бонкии исломӣ, аз ҷумла филиалҳои бонки хориҷии (бонки исломии хориҷии) ҳамин бонк асос барои нагузаштан аз санҷиши тахассусӣ пешбинӣ шудааст.
Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур дар самти дуруст ба роҳ мондани принсипҳои идоракунии корпоративӣ, аз ҷумла баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо тавассути ҷойивазкунии (ротатсияи) монеъа эҷод карда метавонад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз дахолати давлат, яъне қабули санади мазкур – кам намудани сарбории иловагӣ ҷиҳати аз санҷиши тахассусӣ гузаштани кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар низоми бонкӣ мебошад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Бо қарори мазкур ба Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ тағйиру иловаи дахлдор вобаста ба дар давоми ду соли гирифтани розигии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати таъин намудани ба вазифаи роҳбар ва сармуҳосиби филиалҳо, равзанаҳои бонкии исломӣ, аз ҷумла филиалҳои бонки хориҷии (бонки исломии хориҷии) ҳамин бонк асос барои нагузаштан аз санҷиши тахассусӣ, ворид карда шудааст.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Тағйиру иловаҳо ба Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии номзадҳо ба вазифаи кормандони роҳбарикунандаи ташкилоти қарзӣ ва ташкилоти қарзии исломӣ бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ”, “Дар бораи фаъолияти бонкии исломӣ” ва “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” пешбинӣ гардида, ҷиҳати бартараф намудани мушкилиҳои ҷойдошта дар самти мазкур, мусоидат менамояд.
Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои зерин анҷом дода шуданд:
- пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар низоми бонкӣ;
- дуруст ба роҳ мондани принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти бонкҳо;
- баланд бардоштани савияи дониш ва таҷрибаи кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо тавассути ҷойивазкунии (ротатсияи) онҳо;
пешгири намудани сарбории иловаги ҳангоми ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони роҳбарикунандаи бонкҳо.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани қарори мазкур бонкҳо кормандони роҳбарикунандаи худро тез-тез ҷойивазкуни (ротатсияи) намуда, бо ин роҳ ҳолатҳои коррупсиониро дар низоми бонкӣ пешгирӣ, принсипҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти худ дуруст ба роҳ монда, инчунин савияи дониш ва таҷрибаи онҳоро баланд бардошта ва сарбории иловагии кам менамоянд.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
04.04.2021
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00035-MMK-Hulos-ogoh-#35.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
05.03.2021
|
Дастрас он-лайн |
|