Рақам 38
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Бюроҳои таърихи қарз
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.04.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 30.05.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Дастурамал
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Дастурамал «Оид ба тартиб, муҳлат ва ҳаҷми иттилооту маълумоте, ки аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегардад»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Инструкция «О порядке, сроках и объёме информации и сведений, предоставляемых Бюро кредитных историй в Национальный банк Таджикистана»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 01.05.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Қайд карда мешавад, ки гарчанде Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуқуқии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи қарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи қарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни низоми ташаккули таърихи қарзро мукаррар сохта,  муносибатҳои дар ин соҳа ба миён омадаро ба танзим дарорад ҳам, лекин то ба айни ҳол меъёрҳои  вобаста ба  тартиб, муҳлат ва ҳаҷми иттилооту маълумоте, ки аз ҷониби Бюрои таърихи қарз бояд ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод шавад мавҷуд нест.

Бинобар ин, ҷиҳати таъмини Бонки миллии Тоҷикистон бо маълумоти мукаммал ва боэътимод дар бораи фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ташкилотҳои қарзии молиявӣ  ва умуман дар маҷмӯъ оид ба вазъи бозори қарзӣ зарурияти таҳия ва қабули Дастурамали мазкур ба миён омадааст.

Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ин метавонад ба коста шудани танзими фаъолияти таърихи қарз, ҳадафҳои асосии танзим ва назорати фаъолияти Бюрои таърихи қарз ва махсусан дастгирии суботи низоми бонкӣ, ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон ва қарздеҳон, оварда мерасонад

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорати Бюроҳои таърихи қарз буда, стандартҳои назорати фаъолияти онҳоро таҳия намуда, тартиби татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тавсияҳои худро муқаррар менамояд.

Дастурамали мазкур барои ташкил ва таъмини фаъолияти Бюрои таърихи қарз ҳамчун санади меъёрии ҳуқуқии муҳим ба ҳисоб меравад.

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Қабул гардидани Дастурамал “Оид ба тартиб, муҳлат ва ҳаҷми иттилооту маълумоте, ки аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод мегардад” ҷараёни таъмини Бонки миллии Тоҷикистон бо маълумоти мукаммал ва боэътимод дар бораи фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ташкилотҳои қарзӣ  ва умуман дар маҷмӯъ оид ба вазъи бозори қарзӣ мебошад. Ҳисоботи пешниҳодшуда ба Бонки миллии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраршуда, имкон медиҳад, ки ҷиҳати танзим ва назорат таҳлили фаъолияти  Бюрои таърихи қарзро гузаронад, ки ин барои дастгирии суботи низоми бонкӣ, ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон ва қарздеҳон зарур мебошад. Дастурамали мазкур масъалаҳои мундариҷа, тартиб ва муҳлати пешниҳоди иттилооту маълумотро барои Бюрои таърихи қарз бо таври возеҳу мушаххас муайян менамояд.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Дастурамали мазкур бо назардошти талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” ва “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”, Низомнома “Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва таҷрибаи Бонки миллии Тоҷикистон таҳия гардида, дар маҷмӯъ, он барои ҷараёни таъмини Бонки миллии Тоҷикистон бо маълумоти мукаммал ва боэътимод дар бораи фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ташкилотҳои қарзӣ  ва умуман оид ба вазъи бозори қарзӣ мебошад. Ҳисоботи пешниҳодшуда ба Бонки миллии Тоҷикистон, тибқи тартиби муқарраршуда, имкон медиҳад, ки ҷиҳати танзим ва назорат, таҳлили фаъолияти  Бюрои таърихи қарзро гузаронад, ки ин барои дастгирии суботи низоми бонкӣ, ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон ва қарздеҳон мусоидат менамояд.

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таърихи қарз (кредит)” тағйиру иловаҳои дахлдор, ки асоси ҳуқуқӣ барои   қабули санади меъёрии ҳуқуқии мазкур мебошад, дароварда шудаанд.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад. Дар сурати қабул гардидани Дастурамали мазкур ҷараёни таъмини Бонки миллии Тоҷикистон бо маълумоти мукаммал ва боэътимод дар бораи фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ташкилотҳои қарзӣ  ва умуман дар маҷмӯъ оид ба вазъи бозори қарзӣ ва ҷиҳати танзим ва назорати фаъолияти  Бюрои таърихи қарз барои дастгирии суботи низоми бонкӣ, ҳифзи манфиатҳои амонатгузорон ва қарздеҳон таъмин гашта, фаъолияти мусбии Бюроҳои таърихи қарз ба роҳ монда мешавад. Инчунин хавфи қарзӣ дар низоми бонкӣ паст гашта, ба иқтисодиёти кишвар таъсири мусбӣ мерасонад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 01.05.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00038-MMK-H-o#38.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 31.03.2021
Дастрас он-лайн