Рақам 39
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Шахсони хуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти лотереяи электронӣ машғуланд.
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.04.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 10.06.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қоида
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қоидаҳои гузаронидани лотереяҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Правилах проведения электронных лотерей
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 07.05.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2020, №374 ба банди 4 Тартиби гузаронидани лотереяҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002, №274 тасдиқ гардидааст, тағйиру иловаҳо ворид гардида, қабул намудани Қоидаҳои лотереяи электрониро ба зиммаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор намудааст.

Чунончӣ, тибқи меъёри мазкур Қоидаҳои гузаронидани лотереяи электронӣ, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шабакаи интернет ва ё технологияҳои дигари нав анҷом дода мешавад, аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ ва мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ муқаррар карда мешавад.

Аз ин лиҳоз, зарурати  қабули Қоидаҳои мазкур ба миён омадааст.

Мақсади асосии лоиҳа ин дар амал татбиқи намудани  қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июли соли 2002, №274 тибқи талаботи қонунгузорӣ ва дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани гузаронидани лотереяҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар сурати наандешидани амали муайян холи дар қонунгузорӣ ба вуҷуд омада, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар самти мазкур аз нигоҳи ҳуқуқӣ аз танзими давлатӣ дур мемонад.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсади дахолати давлат ин танзими муносибатҳои ҷамъияти дар самти мазкур, ҳифзи ҳуқуқҳоу озодиҳои инсон ва механизми амалӣ гардонидани лотереяҳоро, ки бо истифода аз технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, шабакаи интернет ва ё дигар технологияҳои нав анҷом дода мешавад, равона гардидааст.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Натиҷаи лоиҳа, ки тибқи қарори мазкур таҳияи гардидааст, боиси он мегардад, ки ҳар як довталаби гирандаи шаҳодатнома муроҷиат менамояд, пас аз бевосита ба Буҷети давлатӣ пардохт намудани маблағҳои дахлдори шаҳодатнома кушиш ба харҷ намедиҳад, ки ба шахсони алоҳида, шахсони мансабдор ва ё ҳамагуна шахсони миёнарав амалӣ муайянеро анҷом диҳад.

Бояд тазаккур дод, ки ҷорӣ намудани механизми мазкур боиси то як сатҳи назаррас паст намудани ҳолатҳои ба миён омадани омилу сабабҳои характери коррупсионидошта ва ҳамагуна кирдорҳои номатлуб мегарданд.

Қайд кардан зарур аст, ки вазъи ташкилкунандагони бозӣ дар кишвар воқеан ташвишовар буда, танзими ин соҳа айни замон такмил ва дастгирии давлатиро тақозо намуда, лоиҳаи мазкур бо мақсади дуруст ва бо дарназардошти манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ ба роҳ мондани ин гузаронидани иқдоми лотерявии мазкур боиси пешгирӣ намудани ҳамагуна кирдорҳое, ки боиси фиреби шаҳрвандон ва давлат мегардад пешгирӣ менамояд.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқии мазкур, тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсад гузошташуда дида намешавад. Бо дар назардошти рушди интернет ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ягона роҳи ҳалли мушкилот қабули санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба ҳисоб мазкур мебошад.

Бинобар ин, аз тарафи Вазорати молия лоиҳаи фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қоидаҳои гузаронидани лотереяҳои электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия гардид.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Оқибатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ:

Дар сурати қабул гардидани қоидаи мазкур тавре зикр намудем, ҳар сол дар натиҷаи гузаронидани иқдоми лотереявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағи муайян барои гирифтани шаҳодатнома ба қисми даромади буҷети давлатӣ ворид карда мешавад.

Аз қабули лоиҳаи мазкур барои гузаронидани иқдоми лотереявӣ якрӯза ва ё худ онҳое, ки дар воқеъ бо мақсадҳои ғайр ба ин намуди кор машғул мешаванд кам мегардад.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 01.06.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00039-MMK-39.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе х. Ак. Рачабовхо 3, 988378978, anvzar051056@mail.ru
Санаи нашр 07.04.2021
Дастрас он-лайн