Рақам 42
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Вазорати наклиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқиеро, ки бо ҳамлу нақли мусофирон ва бор машғуланд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 15.04.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 14.06.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2007, №172»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правительства Республики Таджикистан «О внесении дополнений в постановление Правительства Республики Таджикистан от 3 апреля 2007 года, №172»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 14.07.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Аз шумораи умумии воситаҳои нақлиётие, ки дар ҷумҳурӣ мавҷуданд  тақрибан 10 фоизи он дар бозори нақлиётӣ тибқи иҷозатнома фаъолият мекунанд. Аз шумораи нақлиёти иҷозатномадор тақрибан  60 – 65 фоиз воситаҳои нақлиёт бо борхату роҳхат фаро гирифта шудаанду боқимонда бе борхату роҳхат фаъолият доранд, яъне ба ҳисоботи оморӣ фаро гирифта намешаванд, ки ин ба иқтисодиёти кишвар таъсири манфии худро мерасонад.

Дар натиҷаи фароҳам овардани заминаи ҳуқуқи барои ҷорӣ намудани системаи GPS- мониторинг  (англ. Global Positioning System – тоҷ. Низоми умумиҷаҳонии муайян намудани мавқеъ) ба баландшавии умумии сатҳи интизоми ронандагон мусоидат мекунад, ки ин боиси қатъ шудани истифодаи номувофиқи нақлиёт, аз байн бурдани "хатсайрҳои иловагии пинҳонӣ".

Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ягонаи нақлиётиро дар ҷумҳурӣ пеш мебарад. Инчунин нишондиҳандаҳои макроиқтисодии нақлиётӣ аз ҷумла интиқоли бору мусофир ва гардиши онҳо иборатанд, ки ин нишондиҳандаҳо дар Роҳхат ва Борхат дарҷ шудаанд.

Тибқи таҳлили нишондиҳандаҳои зикргардида ҳамасола тақрибан 1,2-1,3 миллиард сомонӣ ҳаҷми хизматрасонии нақлиётӣ ба омори давлатӣ фаро гирифта намешаванд. Бо баҳисобгирии сатҳи андозҳо ва пардохтҳо дар тарифҳои номиналӣ (13-20 фоиз) андозаи баҳисобнагирифтаи андозҳо   170 - 260 миллион сомониро ташкил медиҳанд.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Иловаҳо ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси рақамикунонии фаъолияти воситаҳои нақлиёт гардида, изофанависиҳо ва ҳолатҳои коррупсиони аз байн бурда мешавад

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Такмили сандаҳои меъёрӣ-ҳуқуқи амалкунанда барои ҷорӣ намудани унсурҳои коркарди маълумот бо истифода аз технологияҳо итттлоотию коммуникатсионӣ дар самти амалӣ намудани ҳамлу нақли бору мусофирон.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Илова намудани тағйирот ба қарори №172 барои фарогирии пурра бо роҳхату борхат мусоидат мекунад

Бидуни таҳияи қарори мазкур дигар роҳҳои ҳалли мушкилот дар самт ҷойдошта вуҷуд надорад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

Бояд тазаккур дод, ки қарори мазкур барои рақамикунонӣва фаъолияти воситаҳои нақлиёт, санади калидӣ ба ҳисоб меравад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

дар асоси реҷаи хатсайр, ба роҳ мондани фаъолияти нақлиёти мусофирбар (Онлайн табло), гардиши  пурраи  нақлиёт дар хатсайр (аз нуқтаи А то нуқтаи Б ҳаракати пурраи воситаи нақлиёт), пешгирии таваққуфи аз меъёр зиёд дар истгоҳҳои мусофирбарӣ

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

танзими дурусти фаъолияти нақлиёт, назорати мустақим (онлайн) оғозу анҷоми кори нақлиёти мусофирбар, шумораи нақлиёти мусофирбар дар хатсайр, назорати сарфи сузишворӣ, назорати шумораи гардиши нақлиёт дар хатсайр, назорат ва муайян намудани километражи ҳаракати воситаи  нақлиётӣ бо: вақт, соат, рӯз, моҳ, сол, саҳеҳ, шаффоф ва дар реҷаи мустақим (онлайн) омода намудани ҳисоботи ОМОРӢ.

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 15.05.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Дар барраси
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00042-MMK-#42.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе к. Айни 14, 2222231, huquq@mintrans.tj
Санаи нашр 14.06.2021
Дастрас он-лайн