Рақам 43
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзӣ, ба истиснои ташкилотҳои қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.08.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.09.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ»»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана «О внесении изменений и дополнений в Инструкцию №176 «О порядке регулирования деятельности кредитных организаций»»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 05.08.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд» Бонки миллии Тоҷикистон мақоми танзиму назорати ташкилотҳои қарзӣ мебошад ва бо ин мақсад меъёрҳои мақбул ва тарзи ҳисобкунии онҳоро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муқаррар менамояд. Мақсади асосии танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ нигоҳдории суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ мебошад.

Илова бар ин, бояд қайд кард, ки паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) ба самтҳои мухталифи иқтисодиёти ҷаҳон, аз ҷумла ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низоми бонкии он таъсири манфӣ расонида истодааст.

Бинобар ин, ҷиҳати ба роҳ мондани раванди паст кардани хавфҳои ҷойдошта ва пешгирии хавфҳои азҳад зиёди минбаъда, бо мақсади пешгирии тамоюли манфӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ зиёд намудани сармояи оинномавии (заминаи сармоявии) онҳо ба мақсад мувофиқ мебошад.

Инчунин, боиси зикр аст, ки талабот нисбат ба сармояи оинномавӣ барои бонкҳои навтаъсис аз 3 млн. доллари ИМА дар соли 2005 ба маблағи 50 млн. сомонӣ тақрибан ба 11 млн. доллари ИМА баробар дар соли 2009 зиёд карда шуда буд. Бо назардошти беқурбшавии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА, айни ҳол талаботи андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ тақрибан ба 4,4 млн. доллари ИМА баробар мебошад.

Дар баробари ин, дар давоми шонздаҳ соли охир дар нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ тамоюли зиёдшавӣ дида мешавад, аз ҷумла маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) ба ҳисоби миёна дар доираи 6,8% солона афзоиш ёфта, маҷмӯи маҳсулоти дохилии номиналӣ нисбат ба соли 2005 ба 11,5 маротиба ва маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ б асари аҳолӣ ба андозаи 8,4 маротиба зиёд шудааст. Илова барин, талабот нисбат ба сармояи оинномавии бонкҳои ватанӣ нисбат ба талаботи мазкур дар давлатҳои ИДМ камтар мебошад.

Бо назардошти гуфтаҳои боло ва дар асоси дастуру  супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми хеш санаи 26.01.с.2021 баён доштанд, бо мақсади пурзӯр намудани заминаи сармоявии ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани рақобатнокии ташкилотҳои қарзии амалкунанда ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба онҳо, инчунин,  ҷиҳати пешгирии хавфҳои бонкӣ ва ба тавсияҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ вобаста ба кифоятӣ ва сифати сармояи ташкилотҳои қарзӣ мутобиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкии ҷумҳурӣ ворид намудани тағйиру иловаҳои дахлдор ба Дастурамали №176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» ба миён омадааст.

Бо ин мақсад, барои бо заминаи сармоявии мустаҳкам ба низоми бонкӣ ворид шудани бонкҳои навтаъсис зиёд намудани андозаи ҳадди ақалли сармояи оинномавӣ давра ба давра дар муддати 5 сол то 100 млн. сомонӣ пешниҳод карда мешавад.

Илова бар ин, бо мақсади баланд бардоштани боварии бонкҳои амалкунанда ба хавфҳои ҷойдоштаву минбаъда ва беҳтар намудани сифати сармояи онҳомуқаррарнамуданимеъёри нави кифоятии сармояи асосӣ (К1-3), ки аз маблағҳои худии саҳомон ва захираҳои аз ҳисоби фоида ташаккулёфта иборат аст, дар назар мебошад.

Инчунин, ҷиҳати ба тавсияҳои Кумитаи Базел мутобиқ намудани талабот нисбати кифоятии сармоя ворид намудани тағйирот дар тартиби ҳисоб намудани сармояи танзимшаванда, яъне кам кардани худи сармояи асосӣ, на ин ки сармояи умумӣ, ки сармояи асосӣ қисми он мебошад, мутаносибан ба маблағи сармоягузориҳои ташкилоти қарзӣ ба саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои молиявӣ ва маблағи қисми ташкилнашудаи фонди пӯшонидани талафоти имконпазир мувофиқи мақсад мебошад.

Барои муайян намудани доираи ташкилотҳо, ки ба ташкилотҳои молиявӣ барои мақсадҳои дастурамали зикргардида дохил карда мешаванд зарурати ворид намудани шарҳи инмафҳум мутобиқи Дастурамали №239 «Дар бораи талаботи сармоягузории ташкилотҳои қарзӣ ба сармояи дигар шахсони ҳуқуқӣ»ки бо қарори раёсати БМТ аз 27.09.с.2019 тасдиқ гардида, дар Вазорати адлияи ҶТ аз 06.12.с.2019 №995 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст ба миён меояд.

Ҳамзамон, бо назардошти таҷрибаи байналмилалӣ ва таклифу пешниҳодҳои коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, дар асоси тавсияҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ доир ба муйян намудани андозаи хавфи қарзии ҳаргуна амалиётҳои бонкӣ бо мақсади коҳиш додани сарбории иловагӣ ба меъёри кифоятии сармояи ташкилотҳои қарзӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба тартиби муайян намудани андозаи хавфи қарзии амалиётҳои СВОП ва Форвард пешбинӣ шудааст.

Бо мақсади босамар амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ, танзиму назорати ташкилотҳои қарзии низомсоз, пешгирии хавфи пардохтпазирӣ, баҳодиҳӣ ва коҳиш додани хавфҳои низом мутобиқи банди 6 моддаи 29 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 26.04.с.2021, №68 дар бораи ба инобат гирифтани қарори Кумитаи суботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон баланд бардоштани талаботи меъёри пардохтпазирии ҷорӣ барои ташкилотҳои қарзии низомсоз аз 30 то 50 фоиз ва барои ташкилотҳои қарзии низомсозе, ки яке аз меъёрҳои мақбулро риоя намекунанд аз 50 то 70 фоиз мувофиқи мақсад мебошад.

Дар баробари ин, дар Дастурамали амалкунанда андозаи ниҳоии хавфи қарзӣ барои як қарзгир аз ду меъёр (андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ё гурӯҳи қарзгирони алоқаманд (К3-1) ва андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир–ташкилоти қарзӣ (К3-3)) иборат мебошад, ки андозаи ҳар яки он то 20 фоизи сармояи танзимшаванда муқаррар гардидааст. Инчунин, бояд зикр намуд, ки ҳангоми муайян намудани андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир - ташкилоти қарзӣ, алоқамандии он бо дигар қарзгирон баҳисоб гирифта намешавад ва ин ҳолат метавонад боиси нодуруст андозагирии хавфи ниҳоии қарзӣ гардад.

Аз ин лиҳоз, бинобар баробар будани андозаи меъёрҳои зикргардида ва дар таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ ҷудо накардани намуди хавфи қарзӣ аз рӯи қарзгирон, аз байн бурдани меъёри К3-3 ва дар меъёри К3-1 ба инобат гирифтани андозаи хавфи қарзии қарзгир-ташкилоти қарзӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳамзамон, ҷиҳати дастгирии тағйироти пешбинишуда нисбат ба сармоя, дуруст ба ҳисоб гирифтани сармоягузориҳои ташкилоти қарзӣ ба саҳмияҳои (ҳиссаҳои) ташкилотҳои молиявӣ, ки аз сармояи асосӣ тарҳ карда мешаванд ва кам кардани сарбории иловагӣ ворид намудани тағйироти дахлдор ба меъёри истифодаи маблағҳои худии ташкилоти қарзӣ барои харидории саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дигар шахсони ҳуқуқӣ (К5) ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар ҳолати қабул нагардидани қарори мазкур, дар самти ҳисоб кардани сармояи воқеии ташкилотҳои қарзӣ, инчунин, дуруст муайян намудан ва баркашидани таъсири хавҳои бонкӣ ба он, номукамалии қонунгузорӣ метавонад ба бад шудани вазъи молиявии ташкилотҳои қарзӣ оварда, ба манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва сармоягузорон таҳдид намояд ва дар ин ҷода боиси коста шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии ҷумҳурӣ гардад, ки дар навбати худ метавонад ба суботи низоми бонкии кишвар таъсири манфии худро расонад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади нигоҳдоштани суботи низоми бонкӣ ва низоми пардохт, ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон, қарздеҳон ва дорандагони суратҳисобҳои сармоягузорӣ меъёрҳои мақбулро, ки риояи онҳо аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳатмӣ мебошад, тартиби гузаронидани амалиёти бонкӣ, ташкили низоми идоракунии хавфҳо ва назорати дохилиро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии худ муайян менамояд.

Мақсад аз қабули қарори мазкур – пурзӯр намудани заминаи сармоявии ташкилотҳои қарзӣ, баланд бардоштани рақобатнокии ташкилотҳои қарзии амалкунанда ва зиёд намудани боварии аҳолӣ ба онҳо, инчунин, пешгирии хавфҳоибонкӣ ва ба тавсияҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ вобаста ба кифоятӣ ва сифати сармояи ташкилотҳои қарзӣ мутобиқ намудани талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бонкии ҷумҳурӣ мебошад.

 

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Бо қарори мазкур ба Дастурамали №176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» тағйиру иловаҳои дахлдор вобаста ба мустаҳкам намудани заминаи сармоявии бонкҳои навтаъсис ва ташкилотҳои қарзии амалкунанда, коҳиш додани сарборӣ ба сармояи ташкилотҳои қарзӣ ҳангоми муайян намудани андозаи хавфи қарзии амалиётҳои СВОП ва Форвард, баланд бардоштани андозаи меъёри пардохтпазирӣ барои ташкилотҳои қарзии низомсоз, содда кардани тартиби муайян намудани андозаи ниҳоии хавф барои як қарзгир ва ба талаботи нав мутобиқ намудани тартиби ҳисоби меъёри истифодаи маблағҳои худии ташкилоти қарзӣ барои харидории саҳмияҳои (ҳиссаҳои) дигар шахсони ҳуқуқӣ пешбинӣ шудааст.

 

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №176 «Дар бораи тартиби танзими фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ» бо назардошти талаботи қонунҳои ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон», «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», «Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», тавсияҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ таҳия гардида, ҷиҳати баланд бардоштани тобоварии сармояи ташкилотҳои қарзӣ ба хавфҳои зиёди эҳтимолӣ, соддаву мукаммал ва ба таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мутобиқ намудани раванди андозагирии хавфи қарзӣ ва босамар амалӣ намудани сиёсати макропруденсиалӣ дар танзиму назорати ташкилотҳои қарзии низомсоз бо мақсади пешгирии хавфи пардохтпазирӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон дастуру тавсияҳо ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ оид ба худдорӣ намудан аз пардохти суди саҳмияҳо ё бонусҳо ҳангоми тақсимоти фоида бо мақсади коҳиш додани сарбории иловагӣ ба сармоя ва аз худ кардани хавфи қарзии ҷойдошта дода шудаанд, қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи ба инбоат гирифтани қарори Кумитаи суботи молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани талаботи меъёри пардохтпазирии ҷорӣ барои ташкилотҳои қарзии низомсоз қабул гардидааст.

Бонки миллии Тоҷикистон бидуни таҳияи тағйиру иловаҳо ба Дастурамали зикргардида дигар роҳи ҳаллии мушкилоти соҳаро намебинад.

 

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабули қарори мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

  • устувории молиявии ташкилотҳои қарзӣ ба баланд гардидани боварии аҳолӣ ба низоми бонкии кишвар мусоидат менамояд;
  • пешниҳоди бештари қарзҳо ба иқтисодиёт боиси болоравии некӯаҳволии мардум мегардад;
  • ҷалби маблағҳои озод ва сармоягузориҳои иловагӣ ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.

Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:

  • сармояи кофӣ барои аз худ кардани хавфҳои қарзии зиёди ҷойдошта дар ташкилотҳои қарзӣ шароит фароҳам оварда, ба баланд бардоштани устувории молиявии онҳо мусоидат хоҳад кард;
  • идоракунии дурусти хавфҳо ба пастшавии сатҳи қарзҳои ғайрифаъол ва беҳтар гардидани сифати дороиҳои ташкилотҳои қарзӣ боис мегардад;
  • ҷалби маблағҳои озоди аҳолӣ ва самроягузориҳои дохиливу хориҷӣ ба иқтисодиёт равона гашта барои рушди он таъсири мусбӣ мерасонад.

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 05.08.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00043-MMK-N00043-MMK-#43.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 05.07.2021
Дастрас он-лайн