Рақам 45
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Бонки миллии Точикистон
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.09.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 05.10.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Қарор
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали №171 “Дар бораи кушодан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкӣ аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон””
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Постановление Правления Национального банка Таджикистана“О внесении изменений и дополнений в Инструкцию№171 “О порядке открытия, переоформления и закрытия банковских счетов кредитными финансовыми организациями в Республике Таджикистан””
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 05.09.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Айни замон аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ ба муштариён хизматрасониҳои пардохтии гуногун дар заминаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионии муосир ба таври фосилавӣ, аз қабили Интернет банкинг, бонкдории мобилӣ, ҳамёнҳои электронӣ пешниҳод шуда истодааст. Тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Бонки миллии Тоҷикистон истифода намудани як қатор хизматрасониҳои бонкӣ, аз қабили гузоштани пасандозу амонатҳо, гирифтани маблағҳои қарзӣ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ ва бастани шартнома бо муштариён ба таври фосилавӣ ғайриимкон мебошад. Барои иҷрои ин амал ба муштариён зарур аст, ки ба ташкилотҳои қарзии молиявӣ ё марказҳои хизматрасонии онҳо муроҷиат намуда, расмиёти пешниҳоди ҳуҷҷатҳои заруриро дар шакли коғазӣ анҷом дода, шартномаи дахлдорро ба имзо расонанд. Чунин тартиби коргузорӣ барои муштариён ниҳоят ноқулай буда, сарборӣ ва сарфи вақтро барои муштариён ва ташкилотҳои қарзӣ эҷод менамояд. Қайд кардан зарур аст, ки дар аксари кишварҳои тараққиёфтаи дунё истифода намудан аз чунин хизматрасониҳои бонкӣ бо назардошти пешрафти технологияҳои муосири молиявӣ имконияти ба таври электронӣ (фосилавӣ) ба роҳ монда шудааст.

Бо назардошти он, ки аксарияти аҳолии  Тоҷикистон дар минтақаҳои дурдаст истиқомат мекунанд, бастани шартнома бо муштариён ба таври фосилавӣ дастрасии аҳолиро ба хизматрасониҳои бонкӣ зиёд хоҳад кард. Инчунин, бояд қайд намуд, ки дар шароити имруза вобаста бо паҳншавии вируси сироятии COVID-19 имконияти нигоҳдории масофаи иҷтимоӣ берун аз мақсад нест. Бинобар ин, Бонки миллии Тоҷикистон лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии мазкурро таҳия намуда, ба ин васила барои таъмини имконияти ба таври фосилавӣ аз хизматрасониҳои бонкӣ баҳраманд шудани муштариён мусоидат намояд.

Дар ҳолати ворид накардани тағйиру иловаҳои дахлдор ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таъмин накардани имконияти ба таври электронӣ (фосилавӣ) анҷом додани амалиётҳои бонкӣ, татбиқи технологияҳои муосири молиявиро дар фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ ғайриимкон мегардонад. Инчунин, аҳолӣ наметавонад аз хизматрасониҳои осону қулай ва саривақтии ташкилотҳои қарзии молиявӣ истифода намояд.

 

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Бонки миллии Тоҷикистон ҳамчун мақоми давлатии танзимгари фаъолияти низоми бонкӣ,бо мақсади таъмини шароити мусоид барои рушди хизматрасониҳои фосилавии бонкӣ ва васеъ намудани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба Дастурамали мазкур ва ба ин васила ҳалли мушкилоти ҷойдоштаро зарур мешуморад. 

 

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Дар доираи лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур масъалаҳои зерин мавриди танзим қарор мегиранд:

1.      Тартиби мушаххаскунии фосилавии шахсияти муштарӣ;

2.      Тартиби ба таври фосилавӣ бастани шартномаи суратҳисоби бонкӣ;

3.      Муқаррарот оид ба гузаронидани маблағҳои суратҳисоби муросилотии ташкилотҳои қарзии молиявӣ ҳангоми барҳамхурии ихтиёрии онҳо;

4.      Муқаррароти иловагӣ ҷиҳати коҳиш додани хавфҳо дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми аз ҷониби муштариён анҷомдодани муносибатҳои муросилотии фаромарзӣ.

 

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Ба ҷуз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур дигар роҳи ҳал кардани мушкилиҳо вуҷуд надоранд, зеро маҳз Дастурамали мазкур тартиби кушодан, бурдан, аз нав ба расмият даровардан ва бастани суратҳисобҳои бонкии бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ барои шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, резидентҳо ва ғайрирезидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз тарафи ташкилоти қарзии молиявӣ танзим менамояд. Бидуни ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкурбо роҳҳои дигарҳал кардани мушкилиҳои ҷойдошта ғайриимкон мебошад.

 

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талабнамекунад.

Татбиқ намудани раванди мушаххаскунии фосилавии муштарӣ як қатор афзалияту бартариҳорофароҳам меоварад, аз ҷумла:

Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:

-  барои сон ва қулай гардидани истифодаи хизматрасониҳои бонкӣ ва баланд гардидани саводнокии молиявии аҳолӣ ва муштариен мусоидат менамояд, зеро, барои ба таврӣ фосилавӣ худро мушаххас намудан истифодабарии таҷҳизотҳои муосири электронӣ аз қабили компютер, смартфон, планшет ва ғайра зарур мегардад;

-  барои коҳиш ефтани сарбории иловагии амалиётии ташкилотҳои қарзии молиявӣ, сарфаи вақт, тезонидани суръати пешниҳоди хизматрасонӣ ва ҷалб гардидани муштариёни нав заминаи мусоид фароҳам меорад;

Оқибати иқтисодии лоиҳаи мазкур:

-    мусоидат намудан ба вусъат ёфтани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ, ки дар натиҷа ба шаффоф гардидани ҷараёнҳои молиявӣ;

- коҳиш ёфтани ҳаҷми иқтисодиёти ғайрирасмӣ, афзоиши воридоти маблағҳои андоз ва зиёдшавии ҳаҷми амонатҳо.

 

 

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 05.09.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00045-MMK-#45.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
Санаи нашр 05.08.2021
Дастрас он-лайн