Рақам |
49
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳои қарзии молиявӣ
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
30.09.2021
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
03.11.2021
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Дастурамал
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Дастурамал “Дар бораи пур кардани шакли ҳисоботи омории №1-ГПН “Ҳисобот оид ба гардиши пули нақд”
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Инструкция №_ по заполнению статистической формы отчётности №1-ОДН “Отчёт об обороте денежной наличности”
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
23.10.2021
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Айни замон дар Бонки миллии Тоҷикистон якчанд шаклҳои ҳисоботии ба ҳам монанд доир ба гардиши пули нақд мавҷуд мебошад, ки тартиби пур кардан ва пешниҳоди онҳо ба таври дахлдор танзим нашудааст.
Ҷиҳати аз байн бурдани якчанд шаклҳои ҳисоботӣ, ки фаъолияти кории ташкилотҳои қарзии молиявиро дар пешниҳоди ҳисобот осон мегардонад, ба расмият даровардани он зарурияти таҳия ва қабули Дастурамали мазкур ба миён омадааст.
То ин вақт аз ташкилотҳои қарзии молиявӣ вобаста ба гардиши пули нақд якчанд шаклҳои ҳисоботи пешниҳод мегардид, ки дар онҳо нишондиҳандаҳои оморӣ ба пуррагӣ нишон дода намешуданд
Қабули Дастурамали мазкур ҳамчунин барои дақиқу саҳеҳ ҷамъовари намудани маълумотҳои омори бонкӣ, ки он барои таҳлили дурусти вазъияти иқтисодии кишвар зарур мебошад хизмат менамояд.Дар ҳолати қабул нагардидани Дастурамали мазкур ҷараёни пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ дақиқу саҳеҳ ба ҳисоб нарафта, ки он барои таҳлили дурусти вазъияти иқтисодиёти кишвар монеъа эҷод карда метавонад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз дахолати давлат, яъне қабули Дастурамали мазкур - мушаххас намудани мукаррароти умумии конунгузори дар самти пешниҳоди ҳисоботҳои оморӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ. Хамзамон, Бонки миллии Тоҷикистон санади мазкурро ҳамчун мақоми танзим ва назорати ташкилотҳои қарзии молиявӣ бо мақсади таҳлили ҳолати гардиши пули нақд дар муомилот, таъмини устувории қурби пули миллӣ ва рушди истифодабарии он таҳия менамояд.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар доираи Дастурамали мазкур чораҳои зерин пешбинӣ карда мешаванд:
- Шакл ва муҳлати пешниҳоди ҳисобот оид ба гардиши пули нақд ба таври дақиқ муайян мегардад;
- Тартиби пешниҳоди ҳисобот оид ба гардиши пули нақд ба танзим дароварда мешавад;
- Тарзи пур кардани шакли ҳисобот муқаррар мегардад.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Бо мақсади ҳалли мушкилоти зикргардида, аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон корҳои зерин анҷом дода шуданд:
- Мазмун ва муҳтавои Феҳрасти ҳисоботи оморӣ ва дигар ҳисоботҳое, ки ташкилотҳои қарзӣ ва субъектҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд, фаҳмонида дода шуд;
- Муҳлат ва тартиби пешниҳоди ҳисобот, шарҳ дода шуд;
- Тарзи пур кардани шакли ҳисобот фаҳмонида дода шуд.
Бо вучуди аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон андешида шудани чорахои зикршуда бо ташкилотҳои қарзӣ, проблемаи мазкур хамоно ҷой дорад. Аз ин лихоз, ягона рохи бартараф намудани он дар кабули Дастурамали мазкур дида мешавад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули Дастурамали мазкур аз буҷети давлатӣ хароҷотро талаб намекунад.
Қабули Дастурамал мазкур боиси оқибатҳои манфӣ ё мусбии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои ташкилотҳои қарзии молиявӣ намегардад.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
23.10.2021
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00049-MMK-#49.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
21.09.2021
|
Дастрас он-лайн |
|