Рақам |
5
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Бонки миллии Точикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
01.08.2019
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
01.10.2019
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қарор
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок”
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Постановления Правления Национального банка Таджикистана "О внесении изменений и дополнений в Реестр признаков подозрительных операций и сделок"
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
22.07.2019
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Таҷриба нишон медиҳад, ки ҷинояткорон барои расидан ба мақсадҳои ғаразноки худ роҳу усулҳои нав ба навро ихтироъ мекунанд. Илова бар ин, бо рушди техникаву технологияҳо хизматрасониҳои нав ба нави молиявӣ ба вуҷуд меоянд, ки метавонанд хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро ба вуҷуд оранд. Вобаста ба ин, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Феҳристи аломатҳои аҳд ва амалиёти шубҳанок ба миён омадааст.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо таҷдиди назар ва муайян кардани аломатҳои иловагии аҳд ва амалиёти шубҳанок, ки метавонанд хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро ба вуҷуд оранд, мебошад.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Қабули ин лоиҳа қабл аз ҳама барои пешгирии хавфҳои эҳтимолии қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ва тақвият бахшидани низоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мазкур равона гардидааст.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Тағйиру иловаҳои воридшаванда имкон медиҳад, ки аломатҳои иловагии аҳд ва амалиёти шубҳанок, ки метанонанд бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом истифода гарданд, муайян карда шаванд
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қабули лоиҳаи мазкур маблағгузории иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб наменамояд.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
01.08.2019
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Дар барраси
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00005-MMK-Bonki-milli-1,2,3.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
ш. Душанбе, 44 6003101, asangov@nbt.tj
|
Санаи нашр |
18.06.2019
|
Дастрас он-лайн |
|