Рақам |
50
|
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
|
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад |
Субъектоне, ки дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ амалӣ менамоянд.
|
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ |
27.08.2021
|
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
01.12.2021
|
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Қонун
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ |
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ"
|
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ |
Проект Закона Республики Таджикистан "О лекарственных средствах, медицинских товарах и фармацевтической деятельности"
|
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо |
27.10.2021
|
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад |
Зарурияти таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» аз банди 14 Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Зеро, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ» аз 6 августи соли 2006, №39 қабул карда шудааст, аммо бинобар сабаби рушд кардани муносибатҳо вобаста ба муомилоти дору ва молҳои тиббӣ, инчунин васеъ гардидани фаъолияти фарматсевтӣ дар ҷумҳурӣ зарурат пеш омадааст, ки қонуни болозикр бо дарназардошти воқеияти зикргардида дар таҳрири нав бо мақсади ояндабинии самти мазкур қабул карда шавад.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ин такмили заминаи мавҷудбудаи қонунгузорӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ иборат буда, он ба беҳтар намудани татбиқи ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ва таъмини онҳо ба доруҳо ва молҳои тиббӣ равона карда шудааст.
Инчунин як қатор мафҳумҳое, ки пештар дар қонуни амалкунанда мавҷуд набуданд, ба монанди: амалияҳои муносиби фарматсевтӣ, истеҳсоли шартномавии дору ва молҳои тиббӣ, маводи фармакологӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ, моддаҳои ёрирасон, назорати фармакологӣ, номҳои байналмиллалии патентнашуда, субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ, фуруши чакана ва яклухти молҳои тиббӣ ва ғайраҳо ба лоиҳаи қонуни таҳиягардида ворид карда шуданд. Ба ғайр аз ин, 12 моддаи дигар ба лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида илова карда шудаанд, ки онҳо ба рушди ҳамкориҳои байниидоравӣ ва байналмиллалӣ, рушди истеҳсоли доруҳо ва молҳои тиббии ватанӣ, беҳтар намудани назорати сифат ва гузаронидани экпертизаи дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ, экспертизаи этикӣ, назорати фармакологӣ ва таъмини аҳолӣ бо дастрасии доруҳои судманд ва бехатар , мушаххас намудани раванди фурӯши яклухту чакана, бақайдгирӣ ва гузаронидани озмоишҳои клиникӣ ва эквиваленти биологии доруҳо, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ ва таҳияи дору ва молҳои тиббӣ, васл, таъмир хизматрасониҳои техникӣ ва метрологии молҳои тиббӣ, ҷуброни зарари ба солимии инсон дар натиҷаи истеъмоли дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои фарматсевтӣ расонидашуда аз ҷониби субъектҳои фаъолияти фарматсевтӣ, равона карда шудаанд.
Дар сурати қабул нагардидани дар таҳрири нав санади мумкин аст, ки ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ пурра таъмин нагардад.
|
Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда |
Мақсади дахолати давлат муайян намудани асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ, инчунин танзими муносибатҳои дар самти коркард, тайёр намудан, озмоиши токлиникӣ ва клиникӣ, бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, содирот ва воридот, назорати сифат, судбахшӣ, бехатарӣ ва савдои дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ ва дигар масъалаҳое, ки дар ин соҳа ба миён меоянд.
|
Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад |
Дар лоиҳаи пешниҳодшуда, чораҳои зерин пешбинӣ гардидааст:
- муқарар гардидани мафҳумҳои дар танзими муносибатҳои дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ;
- назорати фаъолияти фарматсевтӣ ва таъмини бехатарии дору, молҳои тиббӣ ва воситаҳои парафарматсевтӣ;
- муайян намудани тартиби фурӯш ва истифодаи дору, молҳои тиббӣ, инчунин воситаҳои парафарматсевтӣ;
- назорати истеҳсол, тайёр кардан, сифат, судмандӣ ва бехатарии дору, молҳои тиббӣ, воситаҳои парафарматсевтӣ ва ғизои таъинотӣ;
- ҷавобгарӣ барои риоя нагардидани меъёрҳои танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ.
|
Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ) |
Чораҳои андешидашуда роҳи ҳали масъалаи мазкур набуда, бидуни таҳия ва қабули қонуни мазкур ба роҳ монда намешавад.
|
Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ |
Лоиҳаи мазкур ба маблағгузории иловагӣ аз буҷети давлатӣ ниёз надорад.
Оқибатҳои иҷтимоии лоиҳаи мазкур:
- сатҳи маърифатнокии ҳуқуқии аҳолӣ баланд мегардад;
- баланд бардоштани сифатнокии дору ва молҳои тиббӣ;
- муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ содда ва дастрас мегарданд;
- ба самаронок амалишавии ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ мусоидат менамояд;
Оқибатҳои иқтисодии лоиҳаи мазкур:
- барои таъмини рақобати солим дар бозори дору ва молҳои тиббӣ мусоидат менамояд;
- бехатарии ҳисоббаробаркуниҳои молиявӣ таъмин мегардад;
- барои ворид гардидани пардохтҳои ҳатмӣ вобаста муомилоти дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фаматсевтӣ дар шаклӣ андоз ва дигар намудҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ мусоидати амалӣ менамояд.
|
Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор |
27.10.2021
|
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа |
Ҳа
|
Хулосаи/Замимаи ММҚ |
N00050-MMK-#50.pdf
|
Тамоси таҳиякунанда |
sh.Dushsnbe, 935675700, sherali1984@mail.ru
|
Санаи нашр |
27.09.2021
|
Дастрас он-лайн |
|