Рақам 52
Таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ Хадамоти зиддиинҳисории назди ҲҶТ
Доираи шахсоне, ки амали санади меъёрии ҳуқуқӣ ба онҳо паҳн мегардад Доираи амали санади мазкур нисбати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ ва фаъолияти рекламавӣ амалӣ менамоянд
Муҳлати таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ 01.12.2021
Муҳлати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ 20.12.2021
Намуди санади меъёрии ҳуқуқӣ Фармоиш
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони тоҷикӣ Фармоиш «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қоидаҳои гузаронидани санҷиш ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар соҳаи ҳимоя ва рушди рақобат, танзими инҳисороти табиӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва назорати фаъолияти рекламавӣ»
Номи санади меъёрии ҳуқуқӣ бо забони русӣ Распоряжение "О внесении изменений в Правила проведения проверок деятельности хозяйствующих субъектов в сфере защиты и развития конкуренции, регулирования естественных монополий, защиты право потребителей и контроля рекламной деятельности»
Мӯҳлати қабули пешниҳодҳо 03.12.2021
Тавсифи мушкилот, ки барои ҳал намудани он қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ зарур аст ва оқибатҳои эҳтимолии он дар ҳолате, ки агар ягон амал андешида нашавад

Мушкилоти зерин дар самти мазкур ҷой дорад:

  1. Мавҷуд будани мухолифат ба талаботи қонунгузории зиддиинҳисорӣ;
  2. Танзими давлатии нархгузорӣ ва назорати мониторинги он;
  3. Амали намудани ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
  4. Маҳдуд будани ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ дар самти санҷиши субъектҳои хоҷагидор.

Дар ҳолате, ки ягон амал андешида нашавад, ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатии зиддиинҳисорӣ дар ин самт маҳдуд буда, боиси зиёд гардидани санҷишҳои бенатиҷа мегардад.

Баёни мухтасари мақсади дахолати давлат дар робита ба мушкилоти муайяншуда

Мақсад аз дахолати давлат таъмини риояи ҳуқуқҳои субъектони хоҷагидор, таъмини рақобати солим, танзими нархгузориҳо ва ҷилавгири аз баланд бардоштани беасоси нархгузорӣ дар миёни субъектони хоҷагидор мебошад.

Тавсифи чораҳо, ки дар лоиҳаи пешниҳодшудаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешбинӣ карда мешавад

Доир ба ба ин самт корҳои зерин ба анҷом расонида мешаванд:

- назорати дурусти ташаккулёби нархҳо;

- таҳлили вазъи воқеӣ ва баҳогузории нархҳо;

- талаби маълумотҳо ҳангоми гузаронидани санҷишҳо дар доираи муқаррароти қонунгузорӣ;

- назорати дуруст ва объективонаи иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳангоми гузаронидани санҷишҳо.

Тавсифи роҳҳои ҳалли мушкилот ва ноил гардидан ба мақсадҳои гузошташуда, ки таҳиякунанда баррасӣ намуда буд (бидуни таҳияи санади меъёрии ҳуқуқӣ)

Таҳлили вазъияти мавҷуда ва амалияи мақомоти ваколатдор муайян намуд, ки

ҳарчанд корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳо аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ гузаронидашаванда бенатиҷа бошад, ягона роҳи ҳалли мушкилоти мавҷуда дар қабул намудани тағйироту иловаҳо ба Қоидаи болозикр ба ҳисоб меравад.

Арзёбии мухтасари хароҷоти буҷети давлатӣ ва оқибатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дар сурати қабули санади меъёрии ҳуқуқӣ

Қабул намудани лоиҳаи мазкур аз ҳисоби буҷети давлатӣ ягон хароҷоти зиёдатиро талаб намекунад.

Лоиҳаи мазкур чунин оқибатҳои иҷтимоӣ дорад:

- танзими нархҳо ҳангоми ба фурӯш баровардани мол (кор ва хизматрасонӣ);

- хизматрасониҳо бо дар назардошти хусусиятҳо ва шароит пешниҳод карда мешавад;

- ба истифодабарандагон хизматрасонии қонеъкунандаи талабот пешниҳод карда мешавад.

-                                                           

Оқибатҳои иқтисодӣ

- таъмини рақобати солим миёни субъектҳои хоҷагидор;

- танзими нархгузорӣ;

- таҳлили вазъи воқеӣ нархҳо ва баҳогузорӣ намудани он;

- назорати ва пешбурди дурусти мониторинги омири нархномаҳои мол(кор, хизматрасонӣ).

Санаи анҷом додани машваратҳои оммавӣ бо тарафҳои манфиатдор 30.11.2021
Қабул шуд барои коркарди лоиҳа Ҳа
Хулосаи/Замимаи ММҚ N00052-MMK-#52.pdf
Тамоси таҳиякунанда ш.Душанбе, куч. Шамси 5/1, 988253232, Smile_can_never_last@mail.ru
Санаи нашр 02.11.2021
Дастрас он-лайн